البقرة

تفسير سورة البقرة آية رقم 165

﴿ﭽﭾﭿﮀﮁﮂﮃﮄﮅﮆﮇﮈﮉﮊﮋﮌﮍﮎﮏﮐﮑﮒﮓﮔﮕﮖﮗﮘﮙﮚﮛﮜﮝ ﴾

﴿وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَتَّخِذُ مِنْ دُونِ اللَّهِ أَنْدَادًا يُحِبُّونَهُمْ كَحُبِّ اللَّهِ ۖ وَالَّذِينَ آمَنُوا أَشَدُّ حُبًّا لِلَّهِ ۗ وَلَوْ يَرَى الَّذِينَ ظَلَمُوا إِذْ يَرَوْنَ الْعَذَابَ أَنَّ الْقُوَّةَ لِلَّهِ جَمِيعًا وَأَنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعَذَابِ﴾

165.   Бо вуҷуди ин далелҳои равшан баъзе аз мардум бо Аллоҳ шариконе ихтиёр мекунанд ва онҳоро бо таъзиму тоъат чунон дӯст медоранд, ки гӯё Аллоҳанд. Ҳол он ки таъзиму тоъат ҷуз барои Аллоҳ ба касе ё чизе сазовор нест. Вале онон, ки имон овардаанд, қавитаранд дар дӯстии Аллоҳ аз дӯстии кофирон бар маъбудони худ. Зеро мӯъминон ҳамаи муҳаббатро холис аз барои Аллоҳ медоранд ва мушрикон дар муҳаббат шарик қарор медиҳанд.
Онон, ки нафси худро бо ширк зулм кардаанд ва агар азоби охиратро мушоҳида мекарданд, медонистанд, ки танҳо Аллоҳ дорои ҳамаи қувват аст ва Ӯ сахт азобкунандааст. Он гоҳ ба ҷуз Аллоҳ касеро маъбуд намегирифтанд ва наздик намешуданд.(1)

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

الترجمات والتفاسير لهذه الآية: