المسح على الخفين والجبيرة وأحكامهما

Масҳ бар мўзаҳо (масҳиҳо), захмбанд, тахтаи шикастабандӣ ва аҳкоми он


هذه المقالة تحتوي على الأحاديث التي تدل على سنية المسح على الخفين، ورخصة المسح على الجبيرة, وطريقة المسح, ومدة هذا المسح.
قال الله تعالى: { يُرِيْدُ اللهُ بِكُمُ اليُسْرَ وَلاَ يُرِيْدُ بِكُمُ العُسْرَ } «Худованд осониро барои шумо мехоҳад ва сахтиву душвориро барои шумо намехоҳад».<br /> Барои эҷоди суҳулат дар анҷоми ибодатҳо шариъат як силсила сабукиҳоеро дар назар гирифтааст, ки масҳ кашидан бар масҳӣ, захмбанд ва … аз он ҷумла мебошанд. Масҳ аслан бо суннати Расули Худо (с) собит гардидааст.<br /> Аз ҷумла аз Алӣ ибни Абутолиб (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) муддати масҳро барои мусофир се шабонарўз ва барои муқим як шабонарўз муайян намудааст, он ҷо, ки мефармояд: «Мусофир то се шабонарўз ва муқим то як шабонарўз (бар мўзаҳояшон) масҳ мекашанд».