إبراهيم

تفسير سورة إبراهيم

الترجمة الطاجيكية

Тоҷикӣ

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ الر ۚ كِتَابٌ أَنْزَلْنَاهُ إِلَيْكَ لِتُخْرِجَ النَّاسَ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ بِإِذْنِ رَبِّهِمْ إِلَىٰ صِرَاطِ الْعَزِيزِ الْحَمِيدِ﴾

1.       Алиф, Лом, Ро.
(1) Ин Қуръон китобест, ки бар ту эй Паёмбар, нозил кардем, то мардумро (дар партави таълимоти он) ба фармони Парвардигорашон аз торикӣ(2) ба рӯшноӣ(3) ва ба роҳи Аллоҳи пирӯзманде, ки сазовори ситойиш аст, роҳ намоӣ.

﴿اللَّهِ الَّذِي لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۗ وَوَيْلٌ لِلْكَافِرِينَ مِنْ عَذَابٍ شَدِيدٍ﴾

2.
       Аллоҳе, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст, азони Ӯст! Пас вой бар кофирон, ки имон ба Аллоҳ наёварданд ва пайрави расул нашуданд ва дар рӯзи қиёмат барояшон азоби сахтест.

﴿الَّذِينَ يَسْتَحِبُّونَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا عَلَى الْآخِرَةِ وَيَصُدُّونَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ وَيَبْغُونَهَا عِوَجًا ۚ أُولَٰئِكَ فِي ضَلَالٍ بَعِيدٍ﴾

3.
Ва инҳо касонеанд, ки рӯй тофтанд ва имон ба Аллоҳ наоварданд ва пайравии расулаш накарданд, балки зиндагии дунёро аз охират дӯсттар доранд ва дигаронро аз роҳи Аллоҳ бозмедоранд ва роҳи Аллоҳро нодуруст ва каҷ нишон медиҳанд ва онҳо сахт дар гумроҳии дуру дароз ҳастанд.(1)

﴿وَمَا أَرْسَلْنَا مِنْ رَسُولٍ إِلَّا بِلِسَانِ قَوْمِهِ لِيُبَيِّنَ لَهُمْ ۖ فَيُضِلُّ اللَّهُ مَنْ يَشَاءُ وَيَهْدِي مَنْ يَشَاءُ ۚ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ﴾

4. (Эй Муҳаммад) ва ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар ба забони мардумаш сухангӯ бошад, то паёми Аллоҳро барояшон баён кунад ва ҳақро бифаҳмонад.
Пас Аллоҳ ҳар киро ки ба фармонаш гӯш накардааст бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар киро ки мувофиқи дастураш амал намудааст бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯст пирӯзманду ҳаким!(1)

﴿وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مُوسَىٰ بِآيَاتِنَا أَنْ أَخْرِجْ قَوْمَكَ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ وَذَكِّرْهُمْ بِأَيَّامِ اللَّهِ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِكُلِّ صَبَّارٍ شَكُورٍ﴾

5.
Ва батаҳқиқ Мӯсоро бо оёти худ, ки далолат бар ҳақиқати паёмбарии ӯ мекунад, фиристодем, ки қавми худро аз торикӣ ба рӯшноӣ берун ор ва рӯзҳои Аллоҳро ба ёдашон биёвар ва дар ин ёдовариҳо барои ҳар сабркунандаи итоаткор бар тоати Ӯ ва парҳезгор аз маъсияти Ӯ ва шукргузор бар неъматҳо ва атоҳои Илоҳӣ, ибратҳост!(1)

﴿وَإِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِ اذْكُرُوا نِعْمَةَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ أَنْجَاكُمْ مِنْ آلِ فِرْعَوْنَ يَسُومُونَكُمْ سُوءَ الْعَذَابِ وَيُذَبِّحُونَ أَبْنَاءَكُمْ وَيَسْتَحْيُونَ نِسَاءَكُمْ ۚ وَفِي ذَٰلِكُمْ بَلَاءٌ مِنْ رَبِّكُمْ عَظِيمٌ﴾

6.
Ва ёд ор барои қавмат, эй Паёмбар, қиссаи Мӯсоро ва онгоҳ ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Неъматеро, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ доштааст, ба ёд оваред, он гоҳ ки шуморо аз фиръавниён наҷот дод.
Ба сахтӣ озоратон мекарданд ва писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд ва дар ин аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо озмойиши бузурге буд».(1)

﴿وَإِذْ تَأَذَّنَ رَبُّكُمْ لَئِنْ شَكَرْتُمْ لَأَزِيدَنَّكُمْ ۖ وَلَئِنْ كَفَرْتُمْ إِنَّ عَذَابِي لَشَدِيدٌ﴾

7.
Ва Мӯсо барояшон гуфт: ба ёд оред вақтеро, ки Парвардигоратон эълом кард, ки агар Маро шукр гӯед, бар неъмати шумо меафзоям ва агар ношукрӣ кунед, бидонед, ки азоби Ман сахт аст!(1)

﴿وَقَالَ مُوسَىٰ إِنْ تَكْفُرُوا أَنْتُمْ وَمَنْ فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا فَإِنَّ اللَّهَ لَغَنِيٌّ حَمِيدٌ﴾

8.
Ва Мӯсо барояшон гуфт: «Агар шумо ва ҳамаи мардуми рӯи замин кофир шавед, ҳаргиз ба Аллоҳ чизеро зарар оварда натавонед, зеро, Аллоҳ мӯҳтоҷ нест аз офаридагонаш ва сазовори ситойиш аст дар ҳама ҳол!»

﴿أَلَمْ يَأْتِكُمْ نَبَأُ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ قَوْمِ نُوحٍ وَعَادٍ وَثَمُودَ ۛ وَالَّذِينَ مِنْ بَعْدِهِمْ ۛ لَا يَعْلَمُهُمْ إِلَّا اللَّهُ ۚ جَاءَتْهُمْ رُسُلُهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ فَرَدُّوا أَيْدِيَهُمْ فِي أَفْوَاهِهِمْ وَقَالُوا إِنَّا كَفَرْنَا بِمَا أُرْسِلْتُمْ بِهِ وَإِنَّا لَفِي شَكٍّ مِمَّا تَدْعُونَنَا إِلَيْهِ مُرِيبٍ﴾

9.
     Эй уммати Муҳаммад, оё ба шумо нарасидааст хабари касоне, ки пеш аз шумо будаанд, чун қавми Нӯҳ ва Од ва Самуд ва низ касоне, ки баъд аз онҳо будаанд? Ҷуз Аллоҳ касеро аз онон огоҳӣ нест.
Паёмбаронашон ҳамроҳ бо далелҳои равшан омаданд ва онҳо даст бар даҳон бурданду аз ниҳояти тааҷҷуб ва инкор ангуштони худро газиданд, гуфтанд: «Мо ба он чӣ ба он амр шудаед, имон намеоварем ва дар чизе, ки моро ба он мехонед, сахт дар шубҳа ҳастем».(1)

﴿۞ قَالَتْ رُسُلُهُمْ أَفِي اللَّهِ شَكٌّ فَاطِرِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ يَدْعُوكُمْ لِيَغْفِرَ لَكُمْ مِنْ ذُنُوبِكُمْ وَيُؤَخِّرَكُمْ إِلَىٰ أَجَلٍ مُسَمًّى ۚ قَالُوا إِنْ أَنْتُمْ إِلَّا بَشَرٌ مِثْلُنَا تُرِيدُونَ أَنْ تَصُدُّونَا عَمَّا كَانَ يَعْبُدُ آبَاؤُنَا فَأْتُونَا بِسُلْطَانٍ مُبِينٍ﴾

10.
      Паёмбаронашон гуфтанд: «Оё дар зоти Аллоҳ ва яктопарастии Ӯ, ки офаринандаи осмонҳову замин аст, шакке ҳаст? Шуморо даъват мекунад, то гуноҳонатонро биёмурзад ва то муддати муайян шуморо зинда гузорад ва дар дунё азобатон накунад». Гуфтанд: «Шумо ба ҷуз одамӣ, монанди мо каси дигар нестед. Мехоҳед моро аз он чӣ падаронамон мепарастиданд, боздоред ва дар ҳақиқат будани он чи ки мегӯед барои мо далеле равшан биёваред!»(1)

﴿قَالَتْ لَهُمْ رُسُلُهُمْ إِنْ نَحْنُ إِلَّا بَشَرٌ مِثْلُكُمْ وَلَٰكِنَّ اللَّهَ يَمُنُّ عَلَىٰ مَنْ يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ ۖ وَمَا كَانَ لَنَا أَنْ نَأْتِيَكُمْ بِسُلْطَانٍ إِلَّا بِإِذْنِ اللَّهِ ۚ وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ﴾

11.
     Вақте ки паёмбарон суханони қавмашонро шуниданд, барояшон гуфтанд: Мо ба ҷуз одамӣ монанди шумо каси дигар нестем, вале Аллоҳ ба ҳар яке аз бандагонаш, ки бихоҳад, неъмати фаровон медиҳад ва ба рисолати худ бармегузинад. Ва он чи талаб доред аз далели равшан моро мумкин нест, ки ҷуз ба ҳукми Аллоҳ ҳуҷҷате биёварем ва мӯъминон дар ҳама корашон бар Аллоҳ таваккал мекунанд.(1)

﴿وَمَا لَنَا أَلَّا نَتَوَكَّلَ عَلَى اللَّهِ وَقَدْ هَدَانَا سُبُلَنَا ۚ وَلَنَصْبِرَنَّ عَلَىٰ مَا آذَيْتُمُونَا ۚ وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُتَوَكِّلُونَ﴾

12.
     Ва чаро бар Аллоҳ таваккал накунем ва ҳол он ки Ӯ роҳи наҷоти моро ба мо нишон дод? Ва бар озорҳое, ки шумо бар мо мерасонед (ба сабаби даъватамон шуморо ба яктопарастӣ) албатта, сабр хоҳем кард ва таваккалкунандагон бар Аллоҳ тавваккал мекунанд ва аммо касе ки кофир бошад, сарпарасташ шайтон аст».(1)

﴿وَقَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا لِرُسُلِهِمْ لَنُخْرِجَنَّكُمْ مِنْ أَرْضِنَا أَوْ لَتَعُودُنَّ فِي مِلَّتِنَا ۖ فَأَوْحَىٰ إِلَيْهِمْ رَبُّهُمْ لَنُهْلِكَنَّ الظَّالِمِينَ﴾

13.      Ва кофирон ҳолашон аз даъвати паёмбаронашон ба танг омад ба паёмбаронашон гуфтанд: «Ё шуморо аз сарзамини худ меронем, ё ба дини мо бозгардед». Пас, Парвардигорашон ба паёмбарон ваҳй кард, ки ситамкоронро, ҳатман, ҳалок хоҳем кард.(1)

﴿وَلَنُسْكِنَنَّكُمُ الْأَرْضَ مِنْ بَعْدِهِمْ ۚ ذَٰلِكَ لِمَنْ خَافَ مَقَامِي وَخَافَ وَعِيدِ﴾

14.      Ва шуморо пас аз он кофироне, ки ҳалокашон сохтем дар он сарзамин ҷой хоҳем дод. Ин ваъда барои касест, ки аз истодан дар пешгоҳи Ман ва аз ваъдаи азоби Ман битарсад!(1)

﴿وَاسْتَفْتَحُوا وَخَابَ كُلُّ جَبَّارٍ عَنِيدٍ﴾

15.      Пирӯзӣ хостанд паёмбарон аз Парвардигори худ бар душманонашон ва ҳар золими саркаше ноумед шуд ва ҳалок гашт.(1)

﴿مِنْ وَرَائِهِ جَهَنَّمُ وَيُسْقَىٰ مِنْ مَاءٍ صَدِيدٍ﴾

16.      Аз пеши ҳар саркаши кофир ҷаҳаннам аст, то дар он ҷо ӯро аз оби чирку хуне, ки аз бадани ахли дӯзах мерезад, бинӯшонанд.(1)

﴿يَتَجَرَّعُهُ وَلَا يَكَادُ يُسِيغُهُ وَيَأْتِيهِ الْمَوْتُ مِنْ كُلِّ مَكَانٍ وَمَا هُوَ بِمَيِّتٍ ۖ وَمِنْ وَرَائِهِ عَذَابٌ غَلِيظٌ﴾

17.
      Қатра-қатра бинӯшад ва натавонад, ки ба осонӣ фурӯ барад онро (яъне аз гулӯяш ба осонӣ нагузарад) ва биёяд ӯро марг аз ҳар ҷонибе ва ӯ мурда набувад ва пеши вай аст азоби сахт.

﴿مَثَلُ الَّذِينَ كَفَرُوا بِرَبِّهِمْ ۖ أَعْمَالُهُمْ كَرَمَادٍ اشْتَدَّتْ بِهِ الرِّيحُ فِي يَوْمٍ عَاصِفٍ ۖ لَا يَقْدِرُونَ مِمَّا كَسَبُوا عَلَىٰ شَيْءٍ ۚ ذَٰلِكَ هُوَ الضَّلَالُ الْبَعِيدُ﴾

18.      Мисоли корҳои касоне, ки ба Аллоҳ кофир шудаанд (ба монанди некӯӣ ва силаи раҳм), чун хокистарест, ки дар рӯзи тӯфоне боди сахте бар он вазад. Тавоноии нигоҳ доштани он чиро, ки ба даст овардаанд, надоранд, зеро куфр амалҳояшонро бирабуд, чунон ки шамол хокистарро. Ин аст гумроҳии дуру дароз!(1)

﴿أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّهَ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ بِالْحَقِّ ۚ إِنْ يَشَأْ يُذْهِبْكُمْ وَيَأْتِ بِخَلْقٍ جَدِيدٍ﴾

19.
      Оё надидаӣ,(1) ки Аллоҳ осмонҳову заминро бар ҳақ офаридааст? (Ва офариниши ҳар ду бар камоли қудрати Аллоҳ далолат мекунанд, то Ӯро ба танҳоӣ парастиш кунанд ва ба Ӯ шарик наоранд) Агар бихоҳад, шуморо аз байн мебарад ва офариниши нав меоварад.(2)

﴿وَمَا ذَٰلِكَ عَلَى اللَّهِ بِعَزِيزٍ﴾

20.      Ва ин ҳалок шуданатон ва дар ҷои шумо махлуқи нав овардан барои Аллоҳ мушкил нест.

﴿وَبَرَزُوا لِلَّهِ جَمِيعًا فَقَالَ الضُّعَفَاءُ لِلَّذِينَ اسْتَكْبَرُوا إِنَّا كُنَّا لَكُمْ تَبَعًا فَهَلْ أَنْتُمْ مُغْنُونَ عَنَّا مِنْ عَذَابِ اللَّهِ مِنْ شَيْءٍ ۚ قَالُوا لَوْ هَدَانَا اللَّهُ لَهَدَيْنَاكُمْ ۖ سَوَاءٌ عَلَيْنَا أَجَزِعْنَا أَمْ صَبَرْنَا مَا لَنَا مِنْ مَحِيصٍ﴾

21.      Ва ҳама халоиқ аз зери қабрҳо берун оянд ва дар пешгоҳи Аллоҳ ҳозир шаванд. Нотавонон (тобеъон) ба мутакаббирон (пешвоён) гӯянд: «Мо пайравони шумо будем.
Оё акнун метавонед андаке аз азоби Аллоҳ аз мо дур кунед?» (Пешвоён барои тобеъонашон) гӯянд: «Агар Аллоҳ моро ҳидоят карда буд, мо низ шуморо ҳидоят мекардем. Ҳоло моро роҳи халосӣ нест. Барои мо баробар аст, чӣ бетоқатӣ кунем, чӣ сабр варзем, ҳеҷ паногоҳе надорем».(1)

﴿وَقَالَ الشَّيْطَانُ لَمَّا قُضِيَ الْأَمْرُ إِنَّ اللَّهَ وَعَدَكُمْ وَعْدَ الْحَقِّ وَوَعَدْتُكُمْ فَأَخْلَفْتُكُمْ ۖ وَمَا كَانَ لِيَ عَلَيْكُمْ مِنْ سُلْطَانٍ إِلَّا أَنْ دَعَوْتُكُمْ فَاسْتَجَبْتُمْ لِي ۖ فَلَا تَلُومُونِي وَلُومُوا أَنْفُسَكُمْ ۖ مَا أَنَا بِمُصْرِخِكُمْ وَمَا أَنْتُمْ بِمُصْرِخِيَّ ۖ إِنِّي كَفَرْتُ بِمَا أَشْرَكْتُمُونِ مِنْ قَبْلُ ۗ إِنَّ الظَّالِمِينَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ﴾

22.
      Чун кор ба поён ояд(1), шайтон гӯяд: «Аллоҳ ба шумо омадани рӯзи қиёматро ваъда дод ва ваъдаи Ӯ дуруст буд ва ман низ ба шумо ваъдаи нусрат додам, вале ваъдаи худ хилоф кардам.
Ва бароятон ҳеҷ далелу бурҳоне наёвардам, ҷуз он ки ба куфру гумроҳӣ даъвататон кардам, шумо низ даъвати маро иҷобат кардед, пас маро маломат макунед, худро маломат кунед зеро гуноҳ, гуноҳи шумост. На ман фарёдраси шумоям аз азоби Аллоҳ, на шумо фарёдраси ман. Аз ин ки маро пеш аз ин дар дунё шарики Аллоҳ карда будед, безорам». Зеро барои ситамкорон азобест дардовар!(2)

﴿وَأُدْخِلَ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِمْ ۖ تَحِيَّتُهُمْ فِيهَا سَلَامٌ﴾

23.
      Ва касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дарёҳо дар он ҷорист, дароваранд, ба фармони Парвардигорашон дар он ҷо ҷовидона бимонанд ва дурудашон дар он ҷо салом гуфтан аст.

﴿أَلَمْ تَرَ كَيْفَ ضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا كَلِمَةً طَيِّبَةً كَشَجَرَةٍ طَيِّبَةٍ أَصْلُهَا ثَابِتٌ وَفَرْعُهَا فِي السَّمَاءِ﴾

24.
      Оё намедонӣ, эй Расул, ки Аллоҳ чӣ гуна мисол меорад? Сухани пок(1) чун дарахти (хурмо) пок аст, ки решааш дар замин устувор ва шохаҳояш боло ба сӯи осмон аст.(2)

﴿تُؤْتِي أُكُلَهَا كُلَّ حِينٍ بِإِذْنِ رَبِّهَا ۗ وَيَضْرِبُ اللَّهُ الْأَمْثَالَ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ﴾

25.      Ба фармони Аллоҳ ҳар фасле меваи худро медиҳад.
Ҳамчунин дарахти имон решааш дар дили мӯъмин устувор аст ҳам дар илм ва ҳам дар эътиқод ва шохаҳояш амалҳои солеҳ ва ахлоқи ҳамида аст, ки ба сӯи Аллоҳ боло мераванд ва ҳама вақт соҳиби савоб мешавад, Аллоҳ барои мардум мисолҳо меоварад, шояд, ки панд гиранд!(1)

﴿وَمَثَلُ كَلِمَةٍ خَبِيثَةٍ كَشَجَرَةٍ خَبِيثَةٍ اجْتُثَّتْ مِنْ فَوْقِ الْأَرْضِ مَا لَهَا مِنْ قَرَارٍ﴾

26.      Ва мисоли сухани нопок (куфр) чун дарахти нопок(1) аст, ки реша дар замин надорад ва барпо натавонад монд.
Ҳамчунин сухани куфри кофир ва маъсияташ устувор нест ва дар вай хайр вуҷуд надорад ва амалҳояш ба сӯи Аллоҳ боло намераванд ва аз он чизе қабул намешавад.(2)

﴿يُثَبِّتُ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا بِالْقَوْلِ الثَّابِتِ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَفِي الْآخِرَةِ ۖ وَيُضِلُّ اللَّهُ الظَّالِمِينَ ۚ وَيَفْعَلُ اللَّهُ مَا يَشَاءُ﴾

27.
      Аллоҳ мӯъминонро дар зиндагонии дунё ба сабаби эътиқоди мустаҳкамашон, ки он гувоҳӣ доданашон ба калимаи "Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадан расулуллоҳ" аст ва дар охират (яъне, дар қабр ба ҷавоб додани суоли Накиру Мункар) устувор медорад. Ва золимонро гумроҳ месозад дар дунёву охират ва Аллоҳ ҳар чӣ хоҳад, ҳамонро мекунад.(1)

﴿۞ أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ بَدَّلُوا نِعْمَتَ اللَّهِ كُفْرًا وَأَحَلُّوا قَوْمَهُمْ دَارَ الْبَوَارِ﴾

28.      Оё надидаӣ (эй Муҳаммад) он касонеро, ки (аз қурайшиҳо ва қавмат) неъмати Аллоҳро(1) ба куфр иваз сохтанд ва мардуми худро ба диёри ҳалокат бурданд?

﴿جَهَنَّمَ يَصْلَوْنَهَا ۖ وَبِئْسَ الْقَرَارُ﴾

29.      Он сарои нобудӣ ҷаҳаннам аст, ки дохили он мешаванд ва ҷойгоҳи баде аст.(1)

﴿وَجَعَلُوا لِلَّهِ أَنْدَادًا لِيُضِلُّوا عَنْ سَبِيلِهِ ۗ قُلْ تَمَتَّعُوا فَإِنَّ مَصِيرَكُمْ إِلَى النَّارِ﴾

30.      Ва инҳо кофирон барои Аллоҳ ҳамтоёне қарор доданд, то мардумро аз роҳи Ӯ гумроҳ созанд. Бигӯ барояшон эй Муҳаммад: «Акнун дар зиндагонии дунёи фонӣ баҳра ва лаззат баред, ки оқибати бозгаштатон оташ аст».(1)

﴿قُلْ لِعِبَادِيَ الَّذِينَ آمَنُوا يُقِيمُوا الصَّلَاةَ وَيُنْفِقُوا مِمَّا رَزَقْنَاهُمْ سِرًّا وَعَلَانِيَةً مِنْ قَبْلِ أَنْ يَأْتِيَ يَوْمٌ لَا بَيْعٌ فِيهِ وَلَا خِلَالٌ﴾

31.
      Ба бандагони Ман, ки имон овардаанд, бигӯ, эй Расул, то намоз бигузоранд ва аз он чӣ рӯзияшон додаем, ниҳону ошкоро инфоқ (харҷ) кунанд, пеш аз он, ки рӯзе фаро расад, ки дар он на хариду фурӯше бошад ва на ҳеҷ дӯстие ба кор ояд.

﴿اللَّهُ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَأَنْزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَخْرَجَ بِهِ مِنَ الثَّمَرَاتِ رِزْقًا لَكُمْ ۖ وَسَخَّرَ لَكُمُ الْفُلْكَ لِتَجْرِيَ فِي الْبَحْرِ بِأَمْرِهِ ۖ وَسَخَّرَ لَكُمُ الْأَنْهَارَ﴾

32.
      Аллоҳ аст, ки осмонҳову заминро (аз нестӣ) офарид ва аз осмон борон нозил кард ва замини мурдаро зинда гардонд ва ба он борон барои рӯзии шумо меваҳо рӯёнид ва киштиҳоро роми шумо кард, то ба фармони Ӯ дар баҳрҳо равон шаванд ва дарёҳоро мутеъи шумо сохт.

﴿وَسَخَّرَ لَكُمُ الشَّمْسَ وَالْقَمَرَ دَائِبَيْنِ ۖ وَسَخَّرَ لَكُمُ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ﴾

33.      Ва офтобу моҳро, ки ҳамеша дар ҳаракатанд, роми шумо кард ва шабро барои истироҳат ва рӯзро барои маишати зиндагӣ фармонбари шумо гардонид.(1)

﴿وَآتَاكُمْ مِنْ كُلِّ مَا سَأَلْتُمُوهُ ۚ وَإِنْ تَعُدُّوا نِعْمَتَ اللَّهِ لَا تُحْصُوهَا ۗ إِنَّ الْإِنْسَانَ لَظَلُومٌ كَفَّارٌ﴾

34.
      Ва ҳар чӣ аз Ӯ хостед, ба шумо арзонӣ доштааст ва агар хоҳед, ки неъматҳояшро шумор кунед, натавонед ҳисоби онро ва на адо намудани шукрашро, ки ҳароина, одамӣ бисёр ситамкор ва ношукри неъмат аст!(1)

﴿وَإِذْ قَالَ إِبْرَاهِيمُ رَبِّ اجْعَلْ هَٰذَا الْبَلَدَ آمِنًا وَاجْنُبْنِي وَبَنِيَّ أَنْ نَعْبُدَ الْأَصْنَامَ﴾

35.
      Ва ба ёд ор, эй Расул, вақте ки Иброҳим ба Парвардигораш дуо хонда гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин сарзаминро эмин гардон ва марову фарзандонамро аз парастиши бутон дур бидор.

﴿رَبِّ إِنَّهُنَّ أَضْلَلْنَ كَثِيرًا مِنَ النَّاسِ ۖ فَمَنْ تَبِعَنِي فَإِنَّهُ مِنِّي ۖ وَمَنْ عَصَانِي فَإِنَّكَ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

36.
      Эй Парвардигори ман, ин бутҳо бисёре аз мардумро хумроҳ кардаанд, пас ҳар кас, ки аз ман пайравӣ кунад, аз дин ва суннати ман аст ва ҳар кас фармони ман набарад, ту омурзандаву меҳрубонӣ!(1)

﴿رَبَّنَا إِنِّي أَسْكَنْتُ مِنْ ذُرِّيَّتِي بِوَادٍ غَيْرِ ذِي زَرْعٍ عِنْدَ بَيْتِكَ الْمُحَرَّمِ رَبَّنَا لِيُقِيمُوا الصَّلَاةَ فَاجْعَلْ أَفْئِدَةً مِنَ النَّاسِ تَهْوِي إِلَيْهِمْ وَارْزُقْهُمْ مِنَ الثَّمَرَاتِ لَعَلَّهُمْ يَشْكُرُونَ﴾

37.
      Эй Парвардигори мо, баъзе аз фарзандонамро ба водии бекишт, наздики хонаи гиромии Ту ҷой додам, эй Парвардигори мо, ин ҳама ба фармони Ту кардаам, то намозро барпо доранд. Дилҳои мардумонро чунон кун, ки таваҷҷӯҳи ба онҳо кунанд ва аз ҳар меваҳо рӯзиашон деҳ, бошад, ки сипос гузоранд!

﴿رَبَّنَا إِنَّكَ تَعْلَمُ مَا نُخْفِي وَمَا نُعْلِنُ ۗ وَمَا يَخْفَىٰ عَلَى اللَّهِ مِنْ شَيْءٍ فِي الْأَرْضِ وَلَا فِي السَّمَاءِ﴾

38.      Эй Парвардигори мо, ҳар чиро пинҳон медорем, ё ошкор месозем, Ту ба он огоҳи. Ва назди Аллоҳ ҳеҷ чиз дар замину осмон пӯшида нест!

﴿الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي وَهَبَ لِي عَلَى الْكِبَرِ إِسْمَاعِيلَ وَإِسْحَاقَ ۚ إِنَّ رَبِّي لَسَمِيعُ الدُّعَاءِ﴾

39.      Сипос Аллоҳеро, ки дар синни пирӣ Исмоилу Исҳоқро ба ман ато кард. Парвардигори ман дуоҳоро мешунавад ва маро ноумед нагардонд!

﴿رَبِّ اجْعَلْنِي مُقِيمَ الصَّلَاةِ وَمِنْ ذُرِّيَّتِي ۚ رَبَّنَا وَتَقَبَّلْ دُعَاءِ﴾

40.      Эй Парвардигори ман, манро ва фарзандони маро (ба пуррагӣ) барпойдорандагони намоз гардон. Эй Парвардигори мо, дуои маро бипазир.

﴿رَبَّنَا اغْفِرْ لِي وَلِوَالِدَيَّ وَلِلْمُؤْمِنِينَ يَوْمَ يَقُومُ الْحِسَابُ﴾

41.      Эй Парвардигори мо, манро ва падару модарам ва ҳамаи мӯъминонро дар рӯзе, ки ҳисоб барпо мегардад(1), биёмурз!(2)

﴿وَلَا تَحْسَبَنَّ اللَّهَ غَافِلًا عَمَّا يَعْمَلُ الظَّالِمُونَ ۚ إِنَّمَا يُؤَخِّرُهُمْ لِيَوْمٍ تَشْخَصُ فِيهِ الْأَبْصَارُ﴾

42.      Ва мапиндор, эй Расул, ки Аллоҳ аз кирдори ситамкороне, ки туро ва дигар паёмбаронро дурӯғ мебароранд ва мӯъминонро азият медиҳанд, ғофил аст. Азобашонро то он рӯз, ки чашмҳо дар он хира мемонанд, ба таъхир мегузорад!

﴿مُهْطِعِينَ مُقْنِعِي رُءُوسِهِمْ لَا يَرْتَدُّ إِلَيْهِمْ طَرْفُهُمْ ۖ وَأَفْئِدَتُهُمْ هَوَاءٌ﴾

43.
      Рӯзе ситамкорон аз қабрҳояшон бошитоб бармехезанд барои ҳисоб, сарҳо ба боло шах шуда, аз сахтии он рӯз чашм бар ҳам намезананд ва дилҳояшон холӣ аст ба ҷуз аз ғаму ғусса.(1)

﴿وَأَنْذِرِ النَّاسَ يَوْمَ يَأْتِيهِمُ الْعَذَابُ فَيَقُولُ الَّذِينَ ظَلَمُوا رَبَّنَا أَخِّرْنَا إِلَىٰ أَجَلٍ قَرِيبٍ نُجِبْ دَعْوَتَكَ وَنَتَّبِعِ الرُّسُلَ ۗ أَوَلَمْ تَكُونُوا أَقْسَمْتُمْ مِنْ قَبْلُ مَا لَكُمْ مِنْ زَوَالٍ﴾

44. Эй Расул), мардумро аз он рӯзи қиёмат, ки азоб фаро мерасад, битарсон. Ва он замон ситамкорон мегӯянд: "Бор Илоҳо, моро каме мӯҳлат деҳ, то даъвати Туро иҷобатт кунем". (Пас барояшон гуфта шавад:) Оё шумо пеш аз ин дар ҳаёти дунё савганд ёд намекардед, ки ҳаргиз аз байн намеравед?(1)

﴿وَسَكَنْتُمْ فِي مَسَاكِنِ الَّذِينَ ظَلَمُوا أَنْفُسَهُمْ وَتَبَيَّنَ لَكُمْ كَيْفَ فَعَلْنَا بِهِمْ وَضَرَبْنَا لَكُمُ الْأَمْثَالَ﴾

45.
   Дар хонаҳои касоне, ки худ бар хештан ситам мекарданд (ба монанди қавми Ҳуд ва Солеҳ), ҷой гирифтед ва барои шумо баён карда шуд, ки бо онон чӣ гуна рафтор кардем ва бароятон дар Қуръон мисолҳо овардем. Пас, чаро панд намегиред?(1)

﴿وَقَدْ مَكَرُوا مَكْرَهُمْ وَعِنْدَ اللَّهِ مَكْرُهُمْ وَإِنْ كَانَ مَكْرُهُمْ لِتَزُولَ مِنْهُ الْجِبَالُ﴾

46. Ҳамоно мушрикони Макка барои куштани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) магру ҳила намуданд. Ва Аллоҳ доност ба макру ҳилаашон. Ва ҳарчанд, ки бо макрашон кӯҳҳо аз ҷо канда шаванд, вале макрашон заифу ночиз аст.

﴿فَلَا تَحْسَبَنَّ اللَّهَ مُخْلِفَ وَعْدِهِ رُسُلَهُ ۗ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ ذُو انْتِقَامٍ﴾

47.   Мапиндор эй Расул, ки Аллоҳ ваъдаеро,(1) ки ба паёмбаронаш додааст, хилоф мекунад. Аллоҳ пирӯзманд ва интиқомгиранда аст.(2)

﴿يَوْمَ تُبَدَّلُ الْأَرْضُ غَيْرَ الْأَرْضِ وَالسَّمَاوَاتُ ۖ وَبَرَزُوا لِلَّهِ الْوَاحِدِ الْقَهَّارِ﴾

48.
   Он рӯз, ки замин ба замине ғайри ин замин (монанди нуқра тоза) иваз шавад ва инчунин осмонҳо ба осмони дигар ва ҳама аз қабрҳояшон берун оянд ва дар пешгоҳи Аллоҳи ягонаи ғолиб ҳозир оянд!(1)

﴿وَتَرَى الْمُجْرِمِينَ يَوْمَئِذٍ مُقَرَّنِينَ فِي الْأَصْفَادِ﴾

49.   Эй Расул, гунаҳкоронро дар он рӯзи қиёмат бо занҷирҳо, дасту по ба гардан, баста бубинӣ, ки дар ҳолати хорӣ ва пастӣ бошанд.

﴿سَرَابِيلُهُمْ مِنْ قَطِرَانٍ وَتَغْشَىٰ وُجُوهَهُمُ النَّارُ﴾

50.   Ҷомаҳояшон аз миси гудохташуда алангазанандааст ва оташ чеҳраҳояшонро мепӯшад.(1)

﴿لِيَجْزِيَ اللَّهُ كُلَّ نَفْسٍ مَا كَسَبَتْ ۚ إِنَّ اللَّهَ سَرِيعُ الْحِسَابِ﴾

51.   То Аллоҳ ҳар касро баробари амалаш нек ё бад ҷазо диҳад, ҳароина, Аллоҳ зуд ҳисобгир аст!

﴿هَٰذَا بَلَاغٌ لِلنَّاسِ وَلِيُنْذَرُوا بِهِ وَلِيَعْلَمُوا أَنَّمَا هُوَ إِلَٰهٌ وَاحِدٌ وَلِيَذَّكَّرَ أُولُو الْأَلْبَابِ﴾

52.   Ин Қуръон паёмест барои мардум, то ба он бим карда шаванд ва бидонанд, ки Ӯст маъбуди якто(1) ва то хирадмандон панд бигиранд!

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: