النحل

تفسير سورة النحل

الترجمة الطاجيكية

Тоҷикӣ

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ أَتَىٰ أَمْرُ اللَّهِ فَلَا تَسْتَعْجِلُوهُ ۚ سُبْحَانَهُ وَتَعَالَىٰ عَمَّا يُشْرِكُونَ﴾

1.
       (Эй мушрикон, он чи Аллоҳ ба шумо дар рӯзи қиёмат аз азоб ваъда додааст), наздик омад, инак барои вуқӯъи он фармони Аллоҳ даррасид, пас онро бо шитобзадагӣ талаб макунед ва барои расулонаш масхаракунон нагӯед, ки агар рост мегӯед, ки қиёмате ҳаст аз Аллоҳ бихоҳед ҳар чи зудтар азоби онро бинамояд. Ӯ пок аст аз сифатҳое, ки мушрикон дар бораи Ӯ ба забон меронанд ва аз ҳар чӣ, ки шарики Ӯ месозанд, болотар аст.(1)

﴿يُنَزِّلُ الْمَلَائِكَةَ بِالرُّوحِ مِنْ أَمْرِهِ عَلَىٰ مَنْ يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ أَنْ أَنْذِرُوا أَنَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا أَنَا فَاتَّقُونِ﴾

2.
       Фариштагонро ҳамроҳи ваҳй, ки фармони Ӯст, бар ҳар яке аз бандагонаш, ки бихоҳад, фурӯ мефиристад, то бим диҳед бандагони Маро аз шарик овардан ба Ман, ки ҷуз Ман, ҳеҷ маъбуди барҳақе нест, пас аз Ман битарсед бо адо намудани фарзҳо ва холис Маро ибодат кунед.(1)

﴿خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ بِالْحَقِّ ۚ تَعَالَىٰ عَمَّا يُشْرِكُونَ﴾

3. Осмонҳову заминро бар ҳақ биёфарид, аз ҳар чӣ бо Ӯ шарик месозанд, пок аст.(1)

﴿خَلَقَ الْإِنْسَانَ مِنْ نُطْفَةٍ فَإِذَا هُوَ خَصِيمٌ مُبِينٌ﴾

4. Одамиро аз нутфа биёфарид, чун ӯ тавоноӣ ёфт, ба он мағрур мешавад. Пас, он гоҳ ӯ ошкоро хусумат мекунад бо Офаридгори худ, ба монанде, ки мегӯяд: "кӣ устухонҳои пӯсидаро зинда мегардонад?"(1).

﴿وَالْأَنْعَامَ خَلَقَهَا ۗ لَكُمْ فِيهَا دِفْءٌ وَمَنَافِعُ وَمِنْهَا تَأْكُلُونَ﴾

5.
Чаҳорпоёнро (чун гову, бузу, шутуру гӯсфанд) бароятон биёфарид, шуморо аз пашм ва пӯсти онҳо гармӣ дод ва дигар фоидаҳоест чун насл гирифтан ва ширу саворӣ дарёфт кардан. Ва аз гӯшти ҳалоли онҳо мехӯред.(1)

﴿وَلَكُمْ فِيهَا جَمَالٌ حِينَ تُرِيحُونَ وَحِينَ تَسْرَحُونَ﴾

6. Ва бароятон дар онҳо зебоиву ҳусну ҷамол аст, чун ҳангоми шаб онҳоро аз чарогоҳон бозмегардонед ва бомдодон онҳоро ба саҳро берун меронед,

﴿وَتَحْمِلُ أَثْقَالَكُمْ إِلَىٰ بَلَدٍ لَمْ تَكُونُوا بَالِغِيهِ إِلَّا بِشِقِّ الْأَنْفُسِ ۚ إِنَّ رَبَّكُمْ لَرَءُوفٌ رَحِيمٌ﴾

7. Борҳоятонро ба шаҳрҳое, ки ҷуз ба ранҷи бисёре ба онҳо натавонед расид, ба худ бардошта мебаранд. Ҳамоно Парвардигоратон мушфиқу меҳрубон аст!(1)

﴿وَالْخَيْلَ وَالْبِغَالَ وَالْحَمِيرَ لِتَرْكَبُوهَا وَزِينَةً ۚ وَيَخْلُقُ مَا لَا تَعْلَمُونَ﴾

8.       Ва аспону уштурону харонро барои он офаридааст, ки саворашон шавед ва низ зиннати шумо бошанд. Ва Аллоҳ чизҳоеро меофарад, ки шумо намедонед.

﴿وَعَلَى اللَّهِ قَصْدُ السَّبِيلِ وَمِنْهَا جَائِرٌ ۚ وَلَوْ شَاءَ لَهَدَاكُمْ أَجْمَعِينَ﴾

9.       Ҳидояти мардум бар Аллоҳ аст, ки роҳи ростро бинамояд роҳе, ки ба хайру ҳақ мерасад ва он Ислом аст. Аз миёни роҳҳо низ роҳе каҷ ҳаст, ки ба хайр ё ҳақ намерасад ва он роҳи тамоми миллатҳои куфр аст. Агар Аллоҳ мехост, ҳамаи шуморо ҳидоят мекард.

﴿هُوَ الَّذِي أَنْزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً ۖ لَكُمْ مِنْهُ شَرَابٌ وَمِنْهُ شَجَرٌ فِيهِ تُسِيمُونَ﴾

10.   Ӯ зоте аст, ки аз осмон бароятон борон нозил кард. Аз он менӯшед ва аз он гиёҳ ва дарахт мерӯяд ва чорпоёнро дар он мечаронед.

﴿يُنْبِتُ لَكُمْ بِهِ الزَّرْعَ وَالزَّيْتُونَ وَالنَّخِيلَ وَالْأَعْنَابَ وَمِنْ كُلِّ الثَّمَرَاتِ ۗ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً لِقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ﴾

11.   Ва бо он борон бароятон киштзор ва зайтуну хурмоҳо ва ангур ва ҳар навъ мева бирӯёнад. Албатта, дар ин боридани борон ва рӯёнидани гиёҳ ибратест барои мардуме, ки меандешанд.

﴿وَسَخَّرَ لَكُمُ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ وَالشَّمْسَ وَالْقَمَرَ ۖ وَالنُّجُومُ مُسَخَّرَاتٌ بِأَمْرِهِ ۗ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ﴾

12. .
Ва мусаххару тобе кард шабро барои роҳати шумо ва рӯзро барои дарёфти зиндагиатон ва хуршедро бароятон равшан сохт ва моҳро бароятон партави нур гардонд ва ситорагон ҳама дар осмон фармонбардори амри Ӯ ҳастанд. Албатта, дар ин кори офаридан ва мутеъ сохтан, ки хирадмандон меандешанд, ибоатҳост.(1)

﴿وَمَا ذَرَأَ لَكُمْ فِي الْأَرْضِ مُخْتَلِفًا أَلْوَانُهُ ۗ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً لِقَوْمٍ يَذَّكَّرُونَ﴾

13. Дар замин чизҳое бо рангҳои гуногун офарид аз чорпоён, дарахтҳо ва меваҳо,(1) ҳамоно дар ин ибратест барои мардуме, ки панд мегиранд!

﴿وَهُوَ الَّذِي سَخَّرَ الْبَحْرَ لِتَأْكُلُوا مِنْهُ لَحْمًا طَرِيًّا وَتَسْتَخْرِجُوا مِنْهُ حِلْيَةً تَلْبَسُونَهَا وَتَرَى الْفُلْكَ مَوَاخِرَ فِيهِ وَلِتَبْتَغُوا مِنْ فَضْلِهِ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ﴾

14.
Ӯст, ки дарёро мусаххар сохтааст, то аз он гӯшти моҳие, ки сайд мекунед тоза бихӯред ва зеварҳое аз он берун оред ва хештанро бо он биороед ва киштиҳоро бинӣ, ки баҳрро мешикофанд ва пеш мераванд ва меоянд ва саворашон мешавед, то аз фазли Аллоҳ рӯзӣ биталабед, бошад, ки шукр гӯед бар он неъмати бузурге, ки ба шумо арзонӣ кард, пас ғайри Ӯро ибодат макунед!(1)

﴿وَأَلْقَىٰ فِي الْأَرْضِ رَوَاسِيَ أَنْ تَمِيدَ بِكُمْ وَأَنْهَارًا وَسُبُلًا لَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ﴾

15. Ва бар замин кӯҳҳоро устувор ва мустаҳкам қарор дод, то шуморо наларзонад. Ва дарёҳову роҳҳо падид овард. Шояд ҳидоят ёбед!

﴿وَعَلَامَاتٍ ۚ وَبِالنَّجْمِ هُمْ يَهْتَدُونَ﴾

16. Ва дар рӯз нишонаҳоеро қарор дод чун дарёҳо ва кӯҳҳо ва дар шаб ба василаи ситорагон роҳ меёбанд.(1)

﴿أَفَمَنْ يَخْلُقُ كَمَنْ لَا يَخْلُقُ ۗ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ﴾

17. Оё он касе, ки меофарад ҳамаи чизҳоро, монанди касест, ки намеофарад? Оё аз бузургии Аллоҳ панд намегиред, то Ӯро ба ягонагиаш парастиш намоед.(1)

﴿وَإِنْ تَعُدُّوا نِعْمَةَ اللَّهِ لَا تُحْصُوهَا ۗ إِنَّ اللَّهَ لَغَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

18.   Агар бихоҳед неъматҳои Аллоҳро шумор кунед, пас аз сабаби бисёр ва гуногун буданаш ҳисобидан натавонед. Албатта, Аллоҳ барои шумо омурзандаву меҳрубон аст ва аз камбудиҳоятон неъматашро аз шумо қатъ намекунад ва шуморо тез ба уқубат намегирад!(1)

﴿وَاللَّهُ يَعْلَمُ مَا تُسِرُّونَ وَمَا تُعْلِنُونَ﴾

19.   Он чиро, ки пинҳон мекунед ва ё ошкор месозед, Аллоҳ ба он огоҳ аст. Ва аз он дар рӯзи қиёмат ҳисобатон хоҳад кард(1)

﴿وَالَّذِينَ يَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ لَا يَخْلُقُونَ شَيْئًا وَهُمْ يُخْلَقُونَ﴾

20.   Ва онҳоеро, ки ба ҷои Аллоҳ маъбуд мехонанд аз бутон, наметавонанд чизе биёфаринанд ва худ офарида мешаванд.

﴿أَمْوَاتٌ غَيْرُ أَحْيَاءٍ ۖ وَمَا يَشْعُرُونَ أَيَّانَ يُبْعَثُونَ﴾

21.   Он бутҳоеро, ки мепарастанд мурдаанд ва беҷонанд, намедонанд, ки чи вақт зинда мешаванд.(1)

﴿إِلَٰهُكُمْ إِلَٰهٌ وَاحِدٌ ۚ فَالَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِالْآخِرَةِ قُلُوبُهُمْ مُنْكِرَةٌ وَهُمْ مُسْتَكْبِرُونَ﴾

22.   Аллоҳи шумо ягона маъбудест, ки Ӯст сазовори ибодат.
Ва онон, ки ба охират имон намеоваранд, дилҳояшон ягонагии Аллоҳро инкоркунандааст ва аз сабаби натарсиданашон аз азоби Парвардигор худашон мутакаббир ҳастанд.(1)

﴿لَا جَرَمَ أَنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعْلِنُونَ ۚ إِنَّهُ لَا يُحِبُّ الْمُسْتَكْبِرِينَ﴾

23.
   Ба ростӣ, ки Аллоҳ медонад, ки чӣ дар ақидаҳо, гуфторҳо ва кирдорҳо пинҳон медоранд ва чӣ чизеро аз он ошкор месозанд ва Ӯ мутакаббиронро дӯст намедорад ва рӯзи қиёмат мувофиқи аъмолашон онҳоро ҷазо хоҳад дод!(1)

﴿وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ مَاذَا أَنْزَلَ رَبُّكُمْ ۙ قَالُوا أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ﴾

24.
   Чун ба онҳое, ки ба охират имон намеоранд аз мушрикон гуфта шавад: «Парвардигоратон чӣ чизҳоеро нозил кардааст?» Ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд: «Афсонаҳои гузаштагонро нозил кардааст».(1)

﴿لِيَحْمِلُوا أَوْزَارَهُمْ كَامِلَةً يَوْمَ الْقِيَامَةِ ۙ وَمِنْ أَوْزَارِ الَّذِينَ يُضِلُّونَهُمْ بِغَيْرِ عِلْمٍ ۗ أَلَا سَاءَ مَا يَزِرُونَ﴾

25.   То дар рӯзи қиёмат ҳамаи бори гуноҳи хеш(1) ва бори гуноҳи касонеро, ки ба нодонӣ гумроҳашон карда буданд, бардоранд. Огоҳ бош, ки чи бори баде бар дӯш мебардоранд!

﴿قَدْ مَكَرَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ فَأَتَى اللَّهُ بُنْيَانَهُمْ مِنَ الْقَوَاعِدِ فَخَرَّ عَلَيْهِمُ السَّقْفُ مِنْ فَوْقِهِمْ وَأَتَاهُمُ الْعَذَابُ مِنْ حَيْثُ لَا يَشْعُرُونَ﴾

26.
   Дар ҳақиқат пеш аз мушрикон ахли куффор низ бар паёмбаронашон ва барои рад кардани он чи аз даъвати ҳақ оварда буданд, ҳилаву найрангҳоро ба кор бурданд.
Пас, фармони Аллоҳ даррасид ва он биноҳояшонро аз поя вайрон сохт ва сақф аз болои сарашон фурӯ афтод ва азоби Аллоҳ аз ҷое, ки фикрашро намекарданд, ба онон расид, балки гумони он доштанд, ки комилан дар амонанд.(1)

﴿ثُمَّ يَوْمَ الْقِيَامَةِ يُخْزِيهِمْ وَيَقُولُ أَيْنَ شُرَكَائِيَ الَّذِينَ كُنْتُمْ تُشَاقُّونَ فِيهِمْ ۚ قَالَ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ إِنَّ الْخِزْيَ الْيَوْمَ وَالسُّوءَ عَلَى الْكَافِرِينَ﴾

27.
    Пас, дар рӯзи қиёмат хорашон месозад ва мефармояд: «Бутоне, ки шарики Ман мехондед ва бар сари онҳо бо якдигар ихтилоф мекардед, акнун куҷоянд то ки аз шумо азобро дур кунанд?» Донишмандони мӯъминон мегӯянд: «Ба ростӣ, имрӯз насиби кофирон хориву ранҷ аст!»(1)

﴿الَّذِينَ تَتَوَفَّاهُمُ الْمَلَائِكَةُ ظَالِمِي أَنْفُسِهِمْ ۖ فَأَلْقَوُا السَّلَمَ مَا كُنَّا نَعْمَلُ مِنْ سُوءٍ ۚ بَلَىٰ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ﴾

28.
    Касоне ҳастанд, ки бар худ ситам раво доштаанд дар ҳоли куфрашон, чун фариштагон ҷонашонро биситонанд, сари таслим фуруд оранд ва гӯянд: «Мо ҳеҷ кори баде (ширке) намекардем». Фариштагон барояшон гӯянд: Оре, Аллоҳ аз корҳое, ки мекардед, огоҳ аст ва бар он амалҳоятон ҷазоятон хоҳад дод.(1)

﴿فَادْخُلُوا أَبْوَابَ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا ۖ فَلَبِئْسَ مَثْوَى الْمُتَكَبِّرِينَ﴾

29.    Сипас аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед, дар ҳоле ки дар он ҷо ҷовидона хоҳед буд. Чи бад аст ҷойгоҳи мутакаббирон!

﴿۞ وَقِيلَ لِلَّذِينَ اتَّقَوْا مَاذَا أَنْزَلَ رَبُّكُمْ ۚ قَالُوا خَيْرًا ۗ لِلَّذِينَ أَحْسَنُوا فِي هَٰذِهِ الدُّنْيَا حَسَنَةٌ ۚ وَلَدَارُ الْآخِرَةِ خَيْرٌ ۚ وَلَنِعْمَ دَارُ الْمُتَّقِينَ﴾

30.
   Ва аз парҳезгороне, ки аз Аллоҳ метарсанд, пурсанд: «Парвардигори шумо бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам чӣ чиз нозил кардааст», мегӯянд: «Хайр ва хубӣ, ки барои некӯкорон дар ҳамин дунё некӣ аст ва сарои охират беҳтар хоҳад буд ва чи хуб аст сарои парҳезгорон»!(1)

﴿جَنَّاتُ عَدْنٍ يَدْخُلُونَهَا تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ ۖ لَهُمْ فِيهَا مَا يَشَاءُونَ ۚ كَذَٰلِكَ يَجْزِي اللَّهُ الْمُتَّقِينَ﴾

31.   Ба боғҳои биҳишт, ки ба он ворид мешаванд, ҷуйборҳое дар зери дарахтони он равон аст, дар он ҷо ҳар чӣ бихоҳанд, хоҳанд дошт. Аллоҳ инчунин ба парҳезгорон подош медиҳад.

﴿الَّذِينَ تَتَوَفَّاهُمُ الْمَلَائِكَةُ طَيِّبِينَ ۙ يَقُولُونَ سَلَامٌ عَلَيْكُمُ ادْخُلُوا الْجَنَّةَ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ﴾

32.
   Онон, ки фариштагон дар ҳоле ҷонашонро мегиранд, ки бар тақвои Аллоҳ пойдор буданд, мегӯянд: «Салом бар шумо! Ба подоши корҳое, ки мекардаед, ба биҳишт дароед».

﴿هَلْ يَنْظُرُونَ إِلَّا أَنْ تَأْتِيَهُمُ الْمَلَائِكَةُ أَوْ يَأْتِيَ أَمْرُ رَبِّكَ ۚ كَذَٰلِكَ فَعَلَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ ۚ وَمَا ظَلَمَهُمُ اللَّهُ وَلَٰكِنْ كَانُوا أَنْفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ﴾

33.
   Оё мунтазиранд, ки фариштагон наздашон биёянд ва дар ҳоли куфрашон ҷонашонро бигиранд, ё фармони Парвардигорат фаро расад ва ба азоб ҳалокашон созад? Гурӯҳе низ, ки пеш аз онҳо буданд, чунин мекарданд, пас Аллоҳ ҳалокашон кард ва Аллоҳ ба онон ситам накард, балки онон худ ба худ ситам мекарданд.(1)

﴿فَأَصَابَهُمْ سَيِّئَاتُ مَا عَمِلُوا وَحَاقَ بِهِمْ مَا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُونَ﴾

34.    Пас, ба ҷазои кирдори бадашон расиданд ва ҳамон чизҳоеро, ки ба масхара мегирифтанд, (яъне азоб) бар сарашон омад.(1)

﴿وَقَالَ الَّذِينَ أَشْرَكُوا لَوْ شَاءَ اللَّهُ مَا عَبَدْنَا مِنْ دُونِهِ مِنْ شَيْءٍ نَحْنُ وَلَا آبَاؤُنَا وَلَا حَرَّمْنَا مِنْ دُونِهِ مِنْ شَيْءٍ ۚ كَذَٰلِكَ فَعَلَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ ۚ فَهَلْ عَلَى الرُّسُلِ إِلَّا الْبَلَاغُ الْمُبِينُ﴾

35.
   Мушрикон аз рӯи истеҳзо ва тамасхӯр гуфтанд: «Агар Аллоҳ мехост, мову падаронамон ғайр аз Аллоҳ ҳеҷ чизеро намепарастидем ва он чиро ҳаром кардаем, ҳаром намекардем».
(1) Мардуме ҳам, ки пеш аз онҳо буданд, чунин мекарданд (ва бо ин гуна баҳонаҳо ва ҳаром гардонидани чизҳо мақсадашон қабул накардани ҳақ буд, вале худашон медонистанд, ки ин дар назди Аллоҳ ҳуҷҷат намешавад.)(2) Бар паёмбарон ҷуз таблиғи ошкоро вазифаи дигаре нест.

﴿وَلَقَدْ بَعَثْنَا فِي كُلِّ أُمَّةٍ رَسُولًا أَنِ اعْبُدُوا اللَّهَ وَاجْتَنِبُوا الطَّاغُوتَ ۖ فَمِنْهُمْ مَنْ هَدَى اللَّهُ وَمِنْهُمْ مَنْ حَقَّتْ عَلَيْهِ الضَّلَالَةُ ۚ فَسِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَانْظُرُوا كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الْمُكَذِّبِينَ﴾

36.   Ва ба таҳқиқ дар миёни ҳар миллате паёмбаре фиристодем, ки Аллоҳро бипарастед ва аз тоғут(1) дурӣ ҷӯед. Баъзеро, ки Аллоҳ ҳидоят кард, ки илман ва амалан пайрави паёмбарон буданд ва бар баъзе гумроҳӣ муқаррар гашт, ки онон пайрави роҳи гумроҳӣ буданд. Пас, дар замин бигардед ва бинед, ки оқибати кори касоне, ки паёмбаронро ба дурӯғ нисбат медоданд, чӣ гуна будааст.(2)

﴿إِنْ تَحْرِصْ عَلَىٰ هُدَاهُمْ فَإِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي مَنْ يُضِلُّ ۖ وَمَا لَهُمْ مِنْ نَاصِرِينَ﴾

37.
   Ва агар ту ба ҳидояти онҳо ҳарис бошӣ, ҷаҳди худро дар онҳо сарф намоӣ, Аллоҳ онро, ки гумроҳ кардааст, ҳидоят намекунад ва ин гумроҳонро ҳеҷ ёридиҳандае нест, ки аз азоби Аллоҳ наҷоташон диҳад.(1)

﴿وَأَقْسَمُوا بِاللَّهِ جَهْدَ أَيْمَانِهِمْ ۙ لَا يَبْعَثُ اللَّهُ مَنْ يَمُوتُ ۚ بَلَىٰ وَعْدًا عَلَيْهِ حَقًّا وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ﴾

38.
   Ва ба таври ҷиддӣ ба Аллоҳ қасам хӯрданд, ки Аллоҳ мурдаро рӯзи қиёмат аз нав зинда намекунад, аммо Аллоҳ ин қасамҳои онҳоро дурӯғ бароварда мегӯяд: Оре, ин ваъдаест (яъне дубора зинда кардани Аллоҳ мурдагонро), ки бешубҳа, анҷом додани он бар ӯҳдаи Ӯст, вале бештари мардум аз сабаби ҷаҳлашон намедонанд ва мухолифати паёмбарон карда дучори куфр мешаванд.(1)

﴿لِيُبَيِّنَ لَهُمُ الَّذِي يَخْتَلِفُونَ فِيهِ وَلِيَعْلَمَ الَّذِينَ كَفَرُوا أَنَّهُمْ كَانُوا كَاذِبِينَ﴾

39.
   Оре, Аллоҳ ҳама бандагонро зинда мегардонад, то он чиро, ки дар он ихтилоф мекарданд, барояшон ошкор кунад ва ҳамоно кофирон бидонанд, ки ҳақиқатан дурӯғ мегуфтанд.(1)

﴿إِنَّمَا قَوْلُنَا لِشَيْءٍ إِذَا أَرَدْنَاهُ أَنْ نَقُولَ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ﴾

40.   Ҳаргоҳ фармони Мо ба ҳар чизе,(1) ки иродаашро бикунем, ин аст, ки мегӯем: «Мавҷуд шав!», пас мавҷуд мешавад.

﴿وَالَّذِينَ هَاجَرُوا فِي اللَّهِ مِنْ بَعْدِ مَا ظُلِمُوا لَنُبَوِّئَنَّهُمْ فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً ۖ وَلَأَجْرُ الْآخِرَةِ أَكْبَرُ ۚ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ﴾

41.   Ва ононе, ки мавриди ситам қарор гирифтанд ва дар роҳи Аллоҳ муҳоҷират карданд, дар ин ҷаҳон(1) ҷойгоҳе некӯ медиҳем. Ва агар инҳо, пасмондагон медонистанд, чӣ гуна аҷри охират бузургтар аст, ҳеҷ кас аз муҳоҷират кардан дар роҳи Аллоҳ дар ватанаш боқӣ намемонд.(2)

﴿الَّذِينَ صَبَرُوا وَعَلَىٰ رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ﴾

42.   Ононе, ки сабр пеша карданд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд.

﴿وَمَا أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ إِلَّا رِجَالًا نُوحِي إِلَيْهِمْ ۚ فَاسْأَلُوا أَهْلَ الذِّكْرِ إِنْ كُنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ﴾

43.   Ва нафиристодем пеш аз ту эй Расул, магар паёмбаронеро, ки ваҳй фиристодем ба сӯяшон аз мардони башарият буданд на фариштагон. Ва агар худ намедонед эй мушрикони Қурайш, пас аз уламои аҳли китоб бипурсед, ки оё паёмбарон башар буданд?(1)

﴿بِالْبَيِّنَاتِ وَالزُّبُرِ ۗ وَأَنْزَلْنَا إِلَيْكَ الذِّكْرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إِلَيْهِمْ وَلَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُونَ﴾

44.   Онҳоро ба далелҳои равшан ва китобҳои осмонӣ фиристодем. Ва ба сӯи ту эй Расул, низ Қуръонро нозил кардем, то он чиро барои мардум нозил шудааст, барояшон баён кунӣ ва бошад, ки бияндешанд ва итоат кунанд.(1)

﴿أَفَأَمِنَ الَّذِينَ مَكَرُوا السَّيِّئَاتِ أَنْ يَخْسِفَ اللَّهُ بِهِمُ الْأَرْضَ أَوْ يَأْتِيَهُمُ الْعَذَابُ مِنْ حَيْثُ لَا يَشْعُرُونَ﴾

45.
   Оё он мушрикони араб, ки муртакиби бадиҳо мешаванд, магар эминанд аз ин, ки замин ба фармони Аллоҳ онҳоро фурӯ барад ё азоб аз ҷое, ки намедонанд, бар сарашон фуруд ояд?

﴿أَوْ يَأْخُذَهُمْ فِي تَقَلُّبِهِمْ فَمَا هُمْ بِمُعْجِزِينَ﴾

46.   Ё ба ҳангоми омаду рафт онҳоро фурӯ бигирад, пас онҳо оҷиз карда наметавонанд Аллоҳро.

﴿أَوْ يَأْخُذَهُمْ عَلَىٰ تَخَوُّفٍ فَإِنَّ رَبَّكُمْ لَرَءُوفٌ رَحِيمٌ﴾

47.
   Ё ин ки дар ҳоли бим ва ҳаросе аз марг, беморӣ, тангдастӣ ва дигар балову мусибатҳо азобашон кунанд? Пас, ҳароина, Парвардигоратон мушфиқу меҳрубон аст, зуд ба уқубат намегирад!(1)

﴿أَوَلَمْ يَرَوْا إِلَىٰ مَا خَلَقَ اللَّهُ مِنْ شَيْءٍ يَتَفَيَّأُ ظِلَالُهُ عَنِ الْيَمِينِ وَالشَّمَائِلِ سُجَّدًا لِلَّهِ وَهُمْ دَاخِرُونَ﴾

48.
   Оё инҳо кофирон чизҳоеро, ки Аллоҳ офаридааст, наменигаранд, ки барои саҷда ба даргоҳи Ӯ сояҳояшон аз росту чап ҳаракат доранд ва дар баробари Ӯ фурӯтан шудаанд.?

﴿وَلِلَّهِ يَسْجُدُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ مِنْ دَابَّةٍ وَالْمَلَائِكَةُ وَهُمْ لَا يَسْتَكْبِرُونَ﴾

49.   Ва он чӣ дар осмонҳову замин аст аз ҷунбандагон ва фариштагон Аллоҳро саҷда мекунанд ва онҳо такаббур намеварзанд.

﴿يَخَافُونَ رَبَّهُمْ مِنْ فَوْقِهِمْ وَيَفْعَلُونَ مَا يُؤْمَرُونَ ۩﴾

50. Малоикаҳо аз Парвардигорашон, ки дар болои сарашон аст, метарсанд ва ба ҳар чӣ амр шудаанд, ҳамонро мекунанд.(1)

﴿۞ وَقَالَ اللَّهُ لَا تَتَّخِذُوا إِلَٰهَيْنِ اثْنَيْنِ ۖ إِنَّمَا هُوَ إِلَٰهٌ وَاحِدٌ ۖ فَإِيَّايَ فَارْهَبُونِ﴾

51. Аллоҳ ба бандагонаш гуфт: «Ду маъбудро мапарастед ва ҷуз ин нест, ки Ӯ таоло маъбуди ягона. Пас аз Ман битарсед!»

﴿وَلَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَلَهُ الدِّينُ وَاصِبًا ۚ أَفَغَيْرَ اللَّهِ تَتَّقُونَ﴾

52. Ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст аз фариштагону бандагон, аз они Ӯст ва ҳамеша бо ихлос парастиш кардан хоси Ӯст. Оё аз ғайри Аллоҳ метарсед?(1)

﴿وَمَا بِكُمْ مِنْ نِعْمَةٍ فَمِنَ اللَّهِ ۖ ثُمَّ إِذَا مَسَّكُمُ الضُّرُّ فَإِلَيْهِ تَجْأَرُونَ﴾

53.
Ва ҳар неъмате, аз саломатӣ, фарохии ризқ ва фарзанд шумо доред, аз ҷониби Аллоҳ аст ва чун ранҷе ба шумо расад аз камбағалӣ, беморӣ ва қаҳтӣ, пас, ба сӯи Ӯ зорӣ ва илтиҷо мекунед.(1)

﴿ثُمَّ إِذَا كَشَفَ الضُّرَّ عَنْكُمْ إِذَا فَرِيقٌ مِنْكُمْ بِرَبِّهِمْ يُشْرِكُونَ﴾

54. Ва боз чун сахтиро аз сари шумо бардорад, гурӯҳе аз шумо ба Парвардигорашон мушрик мешаванд.

﴿لِيَكْفُرُوا بِمَا آتَيْنَاهُمْ ۚ فَتَمَتَّعُوا ۖ فَسَوْفَ تَعْلَمُونَ﴾

55. Бигузор, то неъматеро, ки ба онҳо додаем, ношукрӣ кунанд. Пас, баҳраманд шавед, дар дунё андаке ба зуди хоҳед донист оқибати исён ва куфри худро!(1)

﴿وَيَجْعَلُونَ لِمَا لَا يَعْلَمُونَ نَصِيبًا مِمَّا رَزَقْنَاهُمْ ۗ تَاللَّهِ لَتُسْأَلُنَّ عَمَّا كُنْتُمْ تَفْتَرُونَ﴾

56.   Ва он гоҳ аз он чӣ рӯзиашон додаем, барои бутоне, ки ҳеҷ фоида ва зараре намерасонанд, ҳиссае муъайян мекунанд. Ба Аллоҳ савганд, ба сабаби дурӯғе, ки мебандед, пурсида мешавед!

﴿وَيَجْعَلُونَ لِلَّهِ الْبَنَاتِ سُبْحَانَهُ ۙ وَلَهُمْ مَا يَشْتَهُونَ﴾

57.
   Ва кофирон барои Аллоҳ духтаронро муқаррар мекунанд, ки Ӯ пок аст ва ниёз ба фарзанд надорад ва барои худ ҳар чӣ дӯст доранд аз писарон, онро муқаррар мекунанд.

﴿وَإِذَا بُشِّرَ أَحَدُهُمْ بِالْأُنْثَىٰ ظَلَّ وَجْهُهُ مُسْوَدًّا وَهُوَ كَظِيمٌ﴾

58.   Ва чун ба якешон муждаи таваллуди духтар диҳанд, сияҳрӯй шавад аз ғаме, ки ба ӯ расидааст ва хашмгин гардад.(1)

﴿يَتَوَارَىٰ مِنَ الْقَوْمِ مِنْ سُوءِ مَا بُشِّرَ بِهِ ۚ أَيُمْسِكُهُ عَلَىٰ هُونٍ أَمْ يَدُسُّهُ فِي التُّرَابِ ۗ أَلَا سَاءَ مَا يَحْكُمُونَ﴾

59.
   Ба хотири ин муждаи бад аз мардум пинҳон мешавад ва ба андеша афтад, ки оё бо хорӣ духтарро нигоҳаш дорад ё зинда дар зери хок қарораш кунад? Огоҳ бошед, ки чи қазовати баде мекарданд.(1)

﴿لِلَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِالْآخِرَةِ مَثَلُ السَّوْءِ ۖ وَلِلَّهِ الْمَثَلُ الْأَعْلَىٰ ۚ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ﴾

60.   Сифати бад аз они касонест, ки ба қиёмат имон намеоваранд ва сифати бартар ва олӣ аз они Аллоҳ аст. Ва Ӯст пирӯзманду ҳаким!

﴿وَلَوْ يُؤَاخِذُ اللَّهُ النَّاسَ بِظُلْمِهِمْ مَا تَرَكَ عَلَيْهَا مِنْ دَابَّةٍ وَلَٰكِنْ يُؤَخِّرُهُمْ إِلَىٰ أَجَلٍ مُسَمًّى ۖ فَإِذَا جَاءَ أَجَلُهُمْ لَا يَسْتَأْخِرُونَ سَاعَةً ۖ وَلَا يَسْتَقْدِمُونَ﴾

61.
   Ва агар Аллоҳ бихоҳад, ки мардумро ба гуноҳашон ҳалок кунад, бар рӯи замин ҳеҷ ҷунбандае боқӣ нагузорад, вале Аллоҳ бо меҳрубониаш ононро то муддате муайян ба таъхир меафканад. Ва чун аҷалашон фаро расад, на соате бозмонанд ва на соате пеш раванд.(1)

﴿وَيَجْعَلُونَ لِلَّهِ مَا يَكْرَهُونَ وَتَصِفُ أَلْسِنَتُهُمُ الْكَذِبَ أَنَّ لَهُمُ الْحُسْنَىٰ ۖ لَا جَرَمَ أَنَّ لَهُمُ النَّارَ وَأَنَّهُمْ مُفْرَطُونَ﴾

62.
   Ва он чиро намеписанданд барои худашон аз духтарон, ба Аллоҳ нисбат мекунанд ва забонҳояшонро бо дурӯғ пардохта мегӯянд, ки хубиҳо (яъне ҷаннат) аз они онҳост. На, бешак, насиби онҳо дар охират оташ аст ва онҳоро ба шитоб ба сӯи он баранд!

﴿تَاللَّهِ لَقَدْ أَرْسَلْنَا إِلَىٰ أُمَمٍ مِنْ قَبْلِكَ فَزَيَّنَ لَهُمُ الشَّيْطَانُ أَعْمَالَهُمْ فَهُوَ وَلِيُّهُمُ الْيَوْمَ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ﴾

63.   Ба Аллоҳ савганд чунон ки ба ин уммат паёмбар фиристодаем, барои мардуме ҳам, ки пеш аз ту будаанд, паёмбароне фиристодаем. Ва шайтон аъмоли бадашонро дар чашмашон биёрост. Пас, имрӯз шайтон дӯст ва ёри онҳо аст ва барои онҳо дар охират азоби дарддиҳанда ҳаст!(1).

﴿وَمَا أَنْزَلْنَا عَلَيْكَ الْكِتَابَ إِلَّا لِتُبَيِّنَ لَهُمُ الَّذِي اخْتَلَفُوا فِيهِ ۙ وَهُدًى وَرَحْمَةً لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ﴾

64.   Мо ин китоб (Қуръон)-ро бар ту нозил кардаем, барои он ки ҳар чиро, ки дар он ихтилоф доранд, барояшон баён кунӣ. Ва низ роҳнамову раҳмате барои мӯъминон бошад.

﴿وَاللَّهُ أَنْزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَحْيَا بِهِ الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً لِقَوْمٍ يَسْمَعُونَ﴾

65.   Ва Аллоҳ аз осмон борон фиристод ва замини мурда (хушк)-ро бо он зинда кард. Бегумон барои мардуме, ки гӯши шунаво доранд, дар ин ибратест!

﴿وَإِنَّ لَكُمْ فِي الْأَنْعَامِ لَعِبْرَةً ۖ نُسْقِيكُمْ مِمَّا فِي بُطُونِهِ مِنْ بَيْنِ فَرْثٍ وَدَمٍ لَبَنًا خَالِصًا سَائِغًا لِلشَّارِبِينَ﴾

66.   Ва бегумон дар вуҷуди чорпоён барои шумо пандест. Аз шири холис, ки аз шикамашон, аз миёни саргину хун, берун меояд, ба шумо менӯшонем. Шире, ки барои нӯшандагон гуворост.

﴿وَمِنْ ثَمَرَاتِ النَّخِيلِ وَالْأَعْنَابِ تَتَّخِذُونَ مِنْهُ سَكَرًا وَرِزْقًا حَسَنًا ۗ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ﴾

67.   Ва бароятон низ ибратест аз меваҳои дарахтони хурмоҳову ангурҳо шароби мастиоваре ва ризқи некӯ ба даст меоваред ва хирадмандонро дар ин ибратест.(1)

﴿وَأَوْحَىٰ رَبُّكَ إِلَى النَّحْلِ أَنِ اتَّخِذِي مِنَ الْجِبَالِ بُيُوتًا وَمِنَ الشَّجَرِ وَمِمَّا يَعْرِشُونَ﴾

68.   Парвардигори ту ба занбӯри асал илҳом кард, ки аз кӯҳҳову дарахтон ва дар биноҳое, ки мардум месозанд, лонае интихоб кун.

﴿ثُمَّ كُلِي مِنْ كُلِّ الثَّمَرَاتِ فَاسْلُكِي سُبُلَ رَبِّكِ ذُلُلًا ۚ يَخْرُجُ مِنْ بُطُونِهَا شَرَابٌ مُخْتَلِفٌ أَلْوَانُهُ فِيهِ شِفَاءٌ لِلنَّاسِ ۗ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً لِقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ﴾

69.   Он гоҳ аз ҳар мева бихӯр ва фармонбардорона ба роҳи Парвардигорат бирав. Аз шикамҳои занбӯрон шаробе (асали) рангоранге (сафед, сурх, зард) берун меояд, ки дар он шифо аст барои мардум. Ҳамоно барои гурӯҳе, ки тафаккур мекунанд, дар ин ибратест.(1)

﴿وَاللَّهُ خَلَقَكُمْ ثُمَّ يَتَوَفَّاكُمْ ۚ وَمِنْكُمْ مَنْ يُرَدُّ إِلَىٰ أَرْذَلِ الْعُمُرِ لِكَيْ لَا يَعْلَمَ بَعْدَ عِلْمٍ شَيْئًا ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ قَدِيرٌ﴾

70.
   Ва Аллоҳ шуморо биёфарид, баъд аз он мемиронад шуморо дар синни кудакӣ ё ҷавонӣ ва аз миёни шумо касеро ба пирӣ мерасонад, то ҳар чиро, ки омӯхтааст, аз ёд бибарад, зеро Аллоҳ донову тавоност!(1)

﴿وَاللَّهُ فَضَّلَ بَعْضَكُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ فِي الرِّزْقِ ۚ فَمَا الَّذِينَ فُضِّلُوا بِرَادِّي رِزْقِهِمْ عَلَىٰ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُمْ فَهُمْ فِيهِ سَوَاءٌ ۚ أَفَبِنِعْمَةِ اللَّهِ يَجْحَدُونَ﴾

71.   Аллоҳ рӯзии баъзе аз шуморо аз баъзе дигар афзун кардааст.
(1) Пас онон, ки ризқу рӯзиашон зиёд шуд, аз рӯзии худ ба зердастони хеш намедиҳанд, то ҳама дар ризқу рӯзӣ баробар шаванд, пас чӣ гуна барои Аллоҳ шариконеро муқаррар менамоянд, ки бо Аллоҳ баробар бошанд. Оё неъмати Аллоҳро инкор мекунанд, агар ба неъмати Аллоҳ иқрор мебуданд, ҳеҷгоҳ барои Ӯ шарик намеоварданд?(2)

﴿وَاللَّهُ جَعَلَ لَكُمْ مِنْ أَنْفُسِكُمْ أَزْوَاجًا وَجَعَلَ لَكُمْ مِنْ أَزْوَاجِكُمْ بَنِينَ وَحَفَدَةً وَرَزَقَكُمْ مِنَ الطَّيِّبَاتِ ۚ أَفَبِالْبَاطِلِ يُؤْمِنُونَ وَبِنِعْمَتِ اللَّهِ هُمْ يَكْفُرُونَ﴾

72.
   Аллоҳ барои шумо аз ҷинси худатон занонро офарид то бо онҳо оромиш ёбед ва аз занонатон барои шумо писарону наберагонро офарид, то бароятон хизмат кунанд ва ҳоҷатҳоятонро баробар намоянд ва аз чизҳои ҳалолу пок рӯзиятон дод. Оё ҳанӯз ба ботил (бутон) имон меоваранд ва неъмати Аллоҳро ношукрة мекунанд?(1)

﴿وَيَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ مَا لَا يَمْلِكُ لَهُمْ رِزْقًا مِنَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ شَيْئًا وَلَا يَسْتَطِيعُونَ﴾

73.   Ва ғайр аз Аллоҳ касонеро мепарастанд, ки барояшон аз осмонҳо борон ва аз замин чизе рӯзӣ дода наметавонанд ва қудрату тавоноӣ надоранд.(1)

﴿فَلَا تَضْرِبُوا لِلَّهِ الْأَمْثَالَ ۚ إِنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ وَأَنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ﴾

74.
   Пас, барои Аллоҳ чизеро мисол (шабеҳ, назир, анбоз) наёваред; Албатта, Аллоҳ медонад ва гувоҳӣ медиҳад ин ки ба ҷуз Ӯ ҳеҷ касеро ибодат карда намешавад ва шумо намедонед ва ба Ӯ шарик меоред.(1)

﴿۞ ضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا عَبْدًا مَمْلُوكًا لَا يَقْدِرُ عَلَىٰ شَيْءٍ وَمَنْ رَزَقْنَاهُ مِنَّا رِزْقًا حَسَنًا فَهُوَ يُنْفِقُ مِنْهُ سِرًّا وَجَهْرًا ۖ هَلْ يَسْتَوُونَ ۚ الْحَمْدُ لِلَّهِ ۚ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ﴾

75.
   Аллоҳ баён мекунад ақидаи вайрони мушриконро ба мисоли ғуломеро, ки ҳеҷ қудрате надорад, ки молеро дар роҳи Аллоҳ хайр кунад ва касеро, ки аз назди худ ризқи некӯяш (ҳалол) додаем ва дар пинҳону ошкоро нафақа мекунад. Оё ин ду баробаранд? Сипосу ситойиш хоси Аллоҳ аст, балки бештари мушрикон намедонанд.(1)

﴿وَضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا رَجُلَيْنِ أَحَدُهُمَا أَبْكَمُ لَا يَقْدِرُ عَلَىٰ شَيْءٍ وَهُوَ كَلٌّ عَلَىٰ مَوْلَاهُ أَيْنَمَا يُوَجِّهْهُ لَا يَأْتِ بِخَيْرٍ ۖ هَلْ يَسْتَوِي هُوَ وَمَنْ يَأْمُرُ بِالْعَدْلِ ۙ وَهُوَ عَلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ﴾

76.
   Ва Аллоҳ мисоли ду марди дигареро баён мекунад, ки яке гунг асту намефаҳмад ва фаҳмонида наметавонад ва бар ҳеҷ чиз қудрате надорад ва ӯ бар хоҷаи худ гарон аст, ҳар ҷо ки ӯро бифиристад, ҳеҷ фоидае ҳосил намекунад.
Оё ин мард бо он кас, ки мардумро ба адл фармон медиҳад ва худ бар роҳи рост меравад, баробар аст? (Пас, чӣ гуна байни бутони гунгу кар ва байни Аллоҳи қодиру мунъим баробар медонед).(1)

﴿وَلِلَّهِ غَيْبُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ وَمَا أَمْرُ السَّاعَةِ إِلَّا كَلَمْحِ الْبَصَرِ أَوْ هُوَ أَقْرَبُ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ﴾

77.   Аз они Аллоҳ аст илми ниҳони (ғайб) осмонҳову замин. Ва фаро расидани қиёмат танҳо як чашм барҳам задан (як мижа задан) ё наздиктар аз он аст. Ҳамоно Аллоҳ бар ҳар коре тавоност!

﴿وَاللَّهُ أَخْرَجَكُمْ مِنْ بُطُونِ أُمَّهَاتِكُمْ لَا تَعْلَمُونَ شَيْئًا وَجَعَلَ لَكُمُ السَّمْعَ وَالْأَبْصَارَ وَالْأَفْئِدَةَ ۙ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ﴾

78.   Аллоҳ шуморо аз батни модаронатон берун овард ва ҳеҷ чизро намедонистед. Ва бароятон чашму гӯшу дил биёфарид, то ки шукргузорӣ кунед!(1)

﴿أَلَمْ يَرَوْا إِلَى الطَّيْرِ مُسَخَّرَاتٍ فِي جَوِّ السَّمَاءِ مَا يُمْسِكُهُنَّ إِلَّا اللَّهُ ۗ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ﴾

79.   Оё инҳо мушрикон он парандагони ромшударо дар фазои осмон намебинанд? Ҳеҷ кас ҷуз Аллоҳ онҳоро дар ҳаво нигоҳ дошта наметавонад. Ҳамоно дар ин парандаи ромшудае, ки дар ҳаво парвоз мекунад барои мардуме, ки имон меоваранд, ибратҳост.

﴿وَاللَّهُ جَعَلَ لَكُمْ مِنْ بُيُوتِكُمْ سَكَنًا وَجَعَلَ لَكُمْ مِنْ جُلُودِ الْأَنْعَامِ بُيُوتًا تَسْتَخِفُّونَهَا يَوْمَ ظَعْنِكُمْ وَيَوْمَ إِقَامَتِكُمْ ۙ وَمِنْ أَصْوَافِهَا وَأَوْبَارِهَا وَأَشْعَارِهَا أَثَاثًا وَمَتَاعًا إِلَىٰ حِينٍ﴾

80.
   Ва Аллоҳ хонаҳоятонро ҷои оромишатон қарор дод ва дар он аз гармию хунукӣ шуморо муҳофизат намуд ва аз пӯсти чаҳорпоён бароятон чодарҳо сохт, ки ба ҳангоми сафар ва ҳангоми иқомат сабукашон меёбед ва аз бардоштани онҳо дар ранҷ намеафтед. Ва аз пашми гӯсфанд ва пашми шутур ва мӯйи буз то рӯзи қиёмат бароятон асоси хона ва асбоби зиндагӣ сохт.(1)

﴿وَاللَّهُ جَعَلَ لَكُمْ مِمَّا خَلَقَ ظِلَالًا وَجَعَلَ لَكُمْ مِنَ الْجِبَالِ أَكْنَانًا وَجَعَلَ لَكُمْ سَرَابِيلَ تَقِيكُمُ الْحَرَّ وَسَرَابِيلَ تَقِيكُمْ بَأْسَكُمْ ۚ كَذَٰلِكَ يُتِمُّ نِعْمَتَهُ عَلَيْكُمْ لَعَلَّكُمْ تُسْلِمُونَ﴾

81.    Ва Аллоҳ барои шумо аз чизҳое, ки офаридааст мисли дарахтон ва дигар чизҳо, сояҳо падид овард. Ва дар кӯҳҳо бароятон ғорҳо сохт. Ва ҷомаҳо аз пахтаю пашм, ки шуморо аз гармӣ ва хунукӣ ҳифз мекунад ва либосҳое (зиреҳҳо), ки дар ҷанг нигаҳдори шумост. Аллоҳ неъматҳои худро инчунин бар шумо комил мекунад. Бошад ки таслими фармони Ӯ шавед ва дар ибодати Ӯ чизеро шарик наоред.(1)

﴿فَإِنْ تَوَلَّوْا فَإِنَّمَا عَلَيْكَ الْبَلَاغُ الْمُبِينُ﴾

82.    Пас, агар аз тоати Ӯ рӯй гардонанд, ҷуз ин нест, ки вазифаи ту таблиғи ошкор аст, аммо ҳидоят аз тарафи Мост, эй Расул.(1)

﴿يَعْرِفُونَ نِعْمَتَ اللَّهِ ثُمَّ يُنْكِرُونَهَا وَأَكْثَرُهُمُ الْكَافِرُونَ﴾

83.
    Инҳо мушрикон неъматҳои Аллоҳро мешиносанд ва он ба паёмбарӣ фиристода шудани Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст, боз ҳам мункири нубуввати он мешаванд, зеро бисёрии онҳо кофиронанд.(1)

﴿وَيَوْمَ نَبْعَثُ مِنْ كُلِّ أُمَّةٍ شَهِيدًا ثُمَّ لَا يُؤْذَنُ لِلَّذِينَ كَفَرُوا وَلَا هُمْ يُسْتَعْتَبُونَ﴾

84.
   Хабар деҳ, эй Муҳаммад, барояшон, ки рӯзе қиёмат фаро мерасад аз ҳар уммате паёмбарашро бар қавми худ гувоҳе бигирем, сипас ба кофирон рухсати сухан гуфтан дода нашавад, то узри худ баён кунанд ва узрашон пазируфта нашавад.(1)

﴿وَإِذَا رَأَى الَّذِينَ ظَلَمُوا الْعَذَابَ فَلَا يُخَفَّفُ عَنْهُمْ وَلَا هُمْ يُنْظَرُونَ﴾

85.   Ва чун ситамкорон (яъне кофирон) азоби дӯзахро бингаранд, локин азобашон аз онон сабук намешавад ва онон мӯҳлат намеёбанд.(1)

﴿وَإِذَا رَأَى الَّذِينَ أَشْرَكُوا شُرَكَاءَهُمْ قَالُوا رَبَّنَا هَٰؤُلَاءِ شُرَكَاؤُنَا الَّذِينَ كُنَّا نَدْعُو مِنْ دُونِكَ ۖ فَأَلْقَوْا إِلَيْهِمُ الْقَوْلَ إِنَّكُمْ لَكَاذِبُونَ﴾

86.
   Ва чун мушрикон рӯзи қиёмат маъбудони худро, ки шарики Аллоҳ месохтанд, бубинанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, инҳо шарикони мо ҳастанд, ки мо ба ҷои Ту онҳоро ибодат мекардем». Маъбудонашон дар ҷавоб мегӯянд, ки шумо дурӯғ мегӯед!(1)

﴿وَأَلْقَوْا إِلَى اللَّهِ يَوْمَئِذٍ السَّلَمَ ۖ وَضَلَّ عَنْهُمْ مَا كَانُوا يَفْتَرُونَ﴾

87.
    Ва дар ин рӯз ҳамаи мушрикон баъд аз такаббур ва саркашиҳои дунявӣ ба бандагӣ хештанро таслими Аллоҳ мекунанд ва он дурӯғҳо, ки мебофтанд, нобуд шавад.(1)

﴿الَّذِينَ كَفَرُوا وَصَدُّوا عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ زِدْنَاهُمْ عَذَابًا فَوْقَ الْعَذَابِ بِمَا كَانُوا يُفْسِدُونَ﴾

88.
    Онон, ки кофир шуданд (ва паёмбарии туро, эй Муҳаммад, инкор намуданд) ва дигаронро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд, ба ҷазои фасоде, ки мекарданд, азобе бар азобашон хоҳем афзуд.(1)

﴿وَيَوْمَ نَبْعَثُ فِي كُلِّ أُمَّةٍ شَهِيدًا عَلَيْهِمْ مِنْ أَنْفُسِهِمْ ۖ وَجِئْنَا بِكَ شَهِيدًا عَلَىٰ هَٰؤُلَاءِ ۚ وَنَزَّلْنَا عَلَيْكَ الْكِتَابَ تِبْيَانًا لِكُلِّ شَيْءٍ وَهُدًى وَرَحْمَةً وَبُشْرَىٰ لِلْمُسْلِمِينَ﴾

89.    Ва рӯзе бошад, ки аз ҳар уммате гувоҳе аз худашон бар худашон бифиристем ва туро бар онон (қавмат ва умматонат) гувоҳ мегирем. Ва мо Қуръонро, ки баёнкунандаи ҳар чизест аз ҳалолу ҳаром, савобу азоб, ҳидояту раҳмат ва муждаест барои мусалмонон, бар ту нозил кардаем.(1)

﴿۞ إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُ بِالْعَدْلِ وَالْإِحْسَانِ وَإِيتَاءِ ذِي الْقُرْبَىٰ وَيَنْهَىٰ عَنِ الْفَحْشَاءِ وَالْمُنْكَرِ وَالْبَغْيِ ۚ يَعِظُكُمْ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ﴾

90.    Ҳамоно Аллоҳ дар ин китоб бар адлу инсоф эҳсон ба мардум ва бахшиш ба хешовандон, силаи раҳм фармон медиҳад. Ва аз фаҳшову зишткорӣ аз гуфтору кирдори бад ва он чи дар шариат писандида нашудааст ва аз ситам кибру зулм, бозмедорад. Шуморо панд медиҳад, бошад ки панд бигиред.(1)

﴿وَأَوْفُوا بِعَهْدِ اللَّهِ إِذَا عَاهَدْتُمْ وَلَا تَنْقُضُوا الْأَيْمَانَ بَعْدَ تَوْكِيدِهَا وَقَدْ جَعَلْتُمُ اللَّهَ عَلَيْكُمْ كَفِيلًا ۚ إِنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ مَا تَفْعَلُونَ﴾

91.
   Чун бо Аллоҳ аҳду паймон бастед ё ки бо мардум, пас агар он аҳду паймонатон мухолифи китоби Аллоҳ ва суннати паёмбар набошад, ба он вафо кунед ва чун савганд хӯрдед баъди таъкид сохтан, онро нашиканед, ки шумо Аллоҳро бар худатон нигаҳбон гардонидаед ва ҳамоно Аллоҳ медонад, ки чӣ мекунед. Ва ҳар касеро мувофиқи ният ва мақсадаш ҷазо хоҳад дод!(1)

﴿وَلَا تَكُونُوا كَالَّتِي نَقَضَتْ غَزْلَهَا مِنْ بَعْدِ قُوَّةٍ أَنْكَاثًا تَتَّخِذُونَ أَيْمَانَكُمْ دَخَلًا بَيْنَكُمْ أَنْ تَكُونَ أُمَّةٌ هِيَ أَرْبَىٰ مِنْ أُمَّةٍ ۚ إِنَّمَا يَبْلُوكُمُ اللَّهُ بِهِ ۚ وَلَيُبَيِّنَنَّ لَكُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ مَا كُنْتُمْ فِيهِ تَخْتَلِفُونَ﴾

92.
   Ва дар аҳду паймонҳои худ мабошед, монанди он зан, ки риштаеро, ки маҳкам тофта буд, аз ҳам кушод ва пора-пора кард ва савгандҳои худро василаи фиреби якдигар насозед, то гурӯҳе аз гурӯҳе афзунтар шавад.(1) Ба дурустӣ, ки Аллоҳ шуморо ба он меозмояд ва албатта, дар рӯзи қиёмат чизеро, ки дар он ихтилоф мекардед, бароятон баён мекунад.(2)

﴿وَلَوْ شَاءَ اللَّهُ لَجَعَلَكُمْ أُمَّةً وَاحِدَةً وَلَٰكِنْ يُضِلُّ مَنْ يَشَاءُ وَيَهْدِي مَنْ يَشَاءُ ۚ وَلَتُسْأَلُنَّ عَمَّا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ﴾

93.
   Агар Аллоҳ мехост, ҳамаи шуморо як уммат (яъне бар миллати ислом) карда буд, вале ҳар киро бихоҳад, бо адолаташ гумроҳ месозад ва ҳар киро бихоҳад, аз фазли худ тавфиқу ҳидоят мекунад ва албатта, аз ҳар коре, ки мекунед, рӯзи қиёмат ҳатман пурсида мешавед.(1)

﴿وَلَا تَتَّخِذُوا أَيْمَانَكُمْ دَخَلًا بَيْنَكُمْ فَتَزِلَّ قَدَمٌ بَعْدَ ثُبُوتِهَا وَتَذُوقُوا السُّوءَ بِمَا صَدَدْتُمْ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۖ وَلَكُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ﴾

94.
   Савгандҳои худро василаи фиреби якдигар масозед, то қадамеро, ки устувор сохтаед, билағжад ва ба сабаби рӯйгардониатон аз роҳи Аллоҳ ба гирифтори бад дучор шавед ва ба азоби бузург гирифтор оед.

﴿وَلَا تَشْتَرُوا بِعَهْدِ اللَّهِ ثَمَنًا قَلِيلًا ۚ إِنَّمَا عِنْدَ اللَّهِ هُوَ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ﴾

95.   Паймони Аллоҳро ба баҳои андак барои моли дунё мафурӯшед, бегумон агар бидонед, он чи дар назди Аллоҳ аст, аз савоб бароятон беҳтар аст!(1)

﴿مَا عِنْدَكُمْ يَنْفَدُ ۖ وَمَا عِنْدَ اللَّهِ بَاقٍ ۗ وَلَنَجْزِيَنَّ الَّذِينَ صَبَرُوا أَجْرَهُمْ بِأَحْسَنِ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ﴾

96.   Он чи назди шумост, дар дунё фано мешавад ва он чи назди Аллоҳ аст, боқӣ мемонад. Ва ҳамоно ононро, ки сабр варзиданд бар вафо кардан дар осудаҳолию сахтӣ, подоши беҳтар аз кирдорашон хоҳем дод.(1)

﴿مَنْ عَمِلَ صَالِحًا مِنْ ذَكَرٍ أَوْ أُنْثَىٰ وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَلَنُحْيِيَنَّهُ حَيَاةً طَيِّبَةً ۖ وَلَنَجْزِيَنَّهُمْ أَجْرَهُمْ بِأَحْسَنِ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ﴾

97.
    Ҳар зану марде, ки кори некӯ анҷом диҳад, агар ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон оварда бошад, зиндагии хушу покизае (яъне, ризқи ҳалолу пок) ба ӯ хоҳем дод агарчанде молу мулки каме ҳам дошта бошад ва дар охират подоши беҳтар аз кирдорашон ато хоҳем кард.(1)

﴿فَإِذَا قَرَأْتَ الْقُرْآنَ فَاسْتَعِذْ بِاللَّهِ مِنَ الشَّيْطَانِ الرَّجِيمِ﴾

98.    Ва чун эй мӯъмин, хоҳӣ ки Қуръон бихонӣ, пас аз шайтони раҷим, ки аз раҳмати Аллоҳ ронда шудааст, ба Аллоҳ паноҳ бубар.(1)

﴿إِنَّهُ لَيْسَ لَهُ سُلْطَانٌ عَلَى الَّذِينَ آمَنُوا وَعَلَىٰ رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ﴾

99.    Албатта, шайтонро бар касоне, ки имон оварданд ва бар Аллоҳ таваккал мекунанд, ғолибияте нест.(1)

﴿إِنَّمَا سُلْطَانُهُ عَلَى الَّذِينَ يَتَوَلَّوْنَهُ وَالَّذِينَ هُمْ بِهِ مُشْرِكُونَ﴾

100. Ҳамоно ғолибияти ӯ танҳо бар касонест, ки дӯсташ медоранд ва ӯро итоат мекунанд ва аз фармонаш берун намеоянд ва касоне, ки ба Аллоҳ ширк меоваранд.(1)

﴿وَإِذَا بَدَّلْنَا آيَةً مَكَانَ آيَةٍ ۙ وَاللَّهُ أَعْلَمُ بِمَا يُنَزِّلُ قَالُوا إِنَّمَا أَنْتَ مُفْتَرٍ ۚ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ﴾

101.
Ва чун оятеро ба ҷои ояти дигар ҷойгир кунем, Аллоҳ беҳтар медонад, ки чи чизеро барои бандагонаш хубӣ меорад ва медонад дар чи чиз ҳукмашро тағйир диҳад. Мушрикон мегӯянд: Эй Муҳаммад, ба дурустӣ, ки ту бар Аллоҳ дурӯғ мебандӣ, балки бештари онҳо намедонанд!(1)

﴿قُلْ نَزَّلَهُ رُوحُ الْقُدُسِ مِنْ رَبِّكَ بِالْحَقِّ لِيُثَبِّتَ الَّذِينَ آمَنُوا وَهُدًى وَبُشْرَىٰ لِلْمُسْلِمِينَ﴾

102.
Бигӯ: «Он Қуръонро Руҳулқудс (Ҷабраил) ба ҳақу ростӣ аз ҷониби Парвардигорат нозил кардааст, то мӯъминонро устувор созад ва ҳидояту башорате бошад барои мусалмонон».(1)

﴿وَلَقَدْ نَعْلَمُ أَنَّهُمْ يَقُولُونَ إِنَّمَا يُعَلِّمُهُ بَشَرٌ ۗ لِسَانُ الَّذِي يُلْحِدُونَ إِلَيْهِ أَعْجَمِيٌّ وَهَٰذَا لِسَانٌ عَرَبِيٌّ مُبِينٌ﴾

103. Ва ба ростӣ медонем, ки мушрикон мегӯянд: «Ин Қуръонро башаре ба ӯ меомӯзонад».
Забони касе,(1) ки ба ӯ нисбат медиҳанд, ғайри арабист, ҳол он ки ин Қуръон бо забони арабии равшанест, ки ҳатто шумо арабҳо ҳам дар фасоҳати он ҳайрон ва аз сохтани як сурааш нотавон ва дармондаед.(2)

﴿إِنَّ الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِآيَاتِ اللَّهِ لَا يَهْدِيهِمُ اللَّهُ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ﴾

104. Бегумон Аллоҳ касонеро, ки ба оёташ имон намеоваранд, ҳидоят намекунад ва барояшон азоби дардоваре муҳайёст.

﴿إِنَّمَا يَفْتَرِي الْكَذِبَ الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِآيَاتِ اللَّهِ ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْكَاذِبُونَ﴾

105. Ҳақиқатан касоне, ки дурӯғ мебофанд, ба оёти Аллоҳ имон надоранд ва инҳо худ дурӯғгӯянд. Аммо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба оёти Аллоҳ имон дорад ва фармонбардори Парвардигораш аст, маҳол аст, ки ӯ дурӯғ бофад.(1)

﴿مَنْ كَفَرَ بِاللَّهِ مِنْ بَعْدِ إِيمَانِهِ إِلَّا مَنْ أُكْرِهَ وَقَلْبُهُ مُطْمَئِنٌّ بِالْإِيمَانِ وَلَٰكِنْ مَنْ شَرَحَ بِالْكُفْرِ صَدْرًا فَعَلَيْهِمْ غَضَبٌ مِنَ اللَّهِ وَلَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ﴾

106.
Ҳамоно дурӯғ мебофад ба Аллоҳ касе, ки ба ихтиёри худ, пас аз имон оварданаш ба Аллоҳ кофир мешавад, магар он ки ӯро ба зӯрӣ маҷбур карда шавад, то изҳори куфр кунад ва ҳол он ки дилаш ба имони хеш оромгирандаву осуда аст. Вале онон, ки дари дилро ба рӯи куфр мекушоянд, (яъне розӣ ҳастанд) мавриди хашми Аллоҳанд ва барояшон азоби бузург аст.

﴿ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمُ اسْتَحَبُّوا الْحَيَاةَ الدُّنْيَا عَلَى الْآخِرَةِ وَأَنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْكَافِرِينَ﴾

107.
  Ва ин хашми Аллоҳ ва азоби бузург ба он сабаб аст, ки ин мушрикон зиндагии дунёро бештар аз зиндагии охират дӯст доранд ва Аллоҳ мардуми кофирро ҳидоят намекунад.(1)

﴿أُولَٰئِكَ الَّذِينَ طَبَعَ اللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ وَسَمْعِهِمْ وَأَبْصَارِهِمْ ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْغَافِلُونَ﴾

108.  Онҳо касоне ҳастанд, ки Аллоҳ бар дилу гӯшҳо ва чашмонашон мӯҳр ниҳодааст ва онҳо аз азоби Аллоҳ бехабаранд, пас имон намеоранд ва ҳидоят намеёбанд.

﴿لَا جَرَمَ أَنَّهُمْ فِي الْآخِرَةِ هُمُ الْخَاسِرُونَ﴾

109.  Шак нест, ки дар охират ҳам аз зиёндидагон бошанд.(1)

﴿ثُمَّ إِنَّ رَبَّكَ لِلَّذِينَ هَاجَرُوا مِنْ بَعْدِ مَا فُتِنُوا ثُمَّ جَاهَدُوا وَصَبَرُوا إِنَّ رَبَّكَ مِنْ بَعْدِهَا لَغَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

110.
  Сипас Парвардигори ту эй Муҳаммад, барои касоне, ки пас аз ранҷ кашидан ҳиҷрат карданд ва баъд аз он ба ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ рафтанд ва дар баробари сахтиҳо сабр ва шикебоӣ варзиданд, албатта, Парвардигорат баъд аз ин ҳама машаққатҳо омурзандаву меҳрубон аст.(1)

﴿۞ يَوْمَ تَأْتِي كُلُّ نَفْسٍ تُجَادِلُ عَنْ نَفْسِهَا وَتُوَفَّىٰ كُلُّ نَفْسٍ مَا عَمِلَتْ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ﴾

111.
Ба ёд ор барояшон эй Паёмбар, ки рӯзи қиёмат ҳар кас барои дифои худ ба муҷодала мепардозад(1) ва ба ҳар шахс ҷазои он чи кардааст, ба пуррагӣ дода шавад ва онҳо ситам карда нашаванд.(2)

﴿وَضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا قَرْيَةً كَانَتْ آمِنَةً مُطْمَئِنَّةً يَأْتِيهَا رِزْقُهَا رَغَدًا مِنْ كُلِّ مَكَانٍ فَكَفَرَتْ بِأَنْعُمِ اللَّهِ فَأَذَاقَهَا اللَّهُ لِبَاسَ الْجُوعِ وَالْخَوْفِ بِمَا كَانُوا يَصْنَعُونَ﴾

112.
Аллоҳ деҳаеро (яъне, Маккаро) мисол меорад, ки амну ором буд, ризқи мардумаш ба фаровонӣ аз ҳар ҷо мерасид, аммо ношукрии неъмати Аллоҳ карданд (яъне оёти Аллоҳро инкор карданд ва ба расулаш имон наоварданд) ва Аллоҳ ба ҷазои аъмолашон ба гуруснагӣ ва хавф аз лашкарҳои паёмбар саллаллоху алайҳи ва саллам мубталояшон сохт.(1)

﴿وَلَقَدْ جَاءَهُمْ رَسُولٌ مِنْهُمْ فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَهُمُ الْعَذَابُ وَهُمْ ظَالِمُونَ﴾

113.
Аллоҳ таоло ба аҳли Макка, Паёмбареро аз худашон ба наздашон фиристод, ки ӯ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд, насабу ростӣ ва амонаташро медонистанд, вале он чиро ки барояшон овард, қабулаш накарданд, дурӯғгӯяш номиданд, пас азоби сахт ва гуруснагию хавф он ситамкоронро фаро гирифт.(1)

﴿فَكُلُوا مِمَّا رَزَقَكُمُ اللَّهُ حَلَالًا طَيِّبًا وَاشْكُرُوا نِعْمَتَ اللَّهِ إِنْ كُنْتُمْ إِيَّاهُ تَعْبُدُونَ﴾

114.
  Пас, эй мӯъминон, аз ин чизҳои ҳалолу покизае, ки Аллоҳ ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва шукри неъматашро ба ҷой оваред, агар Аллоҳро мепарастед ва Ӯро дар он чи ки амр ва наҳй мекунад, итоат мекардед!(1)

﴿إِنَّمَا حَرَّمَ عَلَيْكُمُ الْمَيْتَةَ وَالدَّمَ وَلَحْمَ الْخِنْزِيرِ وَمَا أُهِلَّ لِغَيْرِ اللَّهِ بِهِ ۖ فَمَنِ اضْطُرَّ غَيْرَ بَاغٍ وَلَا عَادٍ فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

115.  Аллоҳ ҳаром кардааст бар шумо моли худмурдаву хун ва гӯшти хук ва ҳар чиро, ки дар вақти забҳ бо номи ғайри Аллоҳ забҳ кунанд.
Аммо касе, ки ночор шавад, ба хотири ҳифзи ҷон аз чизи ҳаром бихӯрад, дар ҳоле ки ситамгор набошад ва аз ҳад таҷовуз накунад, пас Аллоҳ таоло омурзандаву меҳрубон аст.(1)

﴿وَلَا تَقُولُوا لِمَا تَصِفُ أَلْسِنَتُكُمُ الْكَذِبَ هَٰذَا حَلَالٌ وَهَٰذَا حَرَامٌ لِتَفْتَرُوا عَلَى اللَّهِ الْكَذِبَ ۚ إِنَّ الَّذِينَ يَفْتَرُونَ عَلَى اللَّهِ الْكَذِبَ لَا يُفْلِحُونَ﴾

116.  Ва чизеро ки забони шумо ба дурӯғ баёни ҳукми он мекунад, нагӯед, ки ин ҳалол аст ва ин ҳаром аст, то бар Аллоҳ дурӯғро бандед. Албатта, касоне, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебанданд, наҷот намеёбанд на дар дунё ва на дар охират!(1)

﴿مَتَاعٌ قَلِيلٌ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ﴾

117. Чизи андакест дар дунё ва дар охират барояшон азоби дардовар аст.(1)

﴿وَعَلَى الَّذِينَ هَادُوا حَرَّمْنَا مَا قَصَصْنَا عَلَيْكَ مِنْ قَبْلُ ۖ وَمَا ظَلَمْنَاهُمْ وَلَٰكِنْ كَانُوا أَنْفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ﴾

118. Ба Мо бар яхудиён он чиро, ки пеш аз ин барои ту эй Паёмбар ҳикоят кардем, ҳаром карда будем.(1) Мо ба онҳо ситам накардаем, онон худ ба хештан ситам кардаанд.

﴿ثُمَّ إِنَّ رَبَّكَ لِلَّذِينَ عَمِلُوا السُّوءَ بِجَهَالَةٍ ثُمَّ تَابُوا مِنْ بَعْدِ ذَٰلِكَ وَأَصْلَحُوا إِنَّ رَبَّكَ مِنْ بَعْدِهَا لَغَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

119.
Пас, бегумон Парвардигори ту барои касоне, ки аз рӯи нодонӣ анҷомдиҳандаи кори зиште шаванд, сипас тавба кунанд аз гуноҳони худ ва ислоҳ шаванд ва ба он чи ки Аллоҳ дӯст медорад ва розӣ аст, амал намоянд, ҳамоно Парвардигори ту баъд аз тавбаашон барои онҳо омурзандаву меҳрубон аст!(1)

﴿إِنَّ إِبْرَاهِيمَ كَانَ أُمَّةً قَانِتًا لِلَّهِ حَنِيفًا وَلَمْ يَكُ مِنَ الْمُشْرِكِينَ﴾

120. Дар ҳақиқат Иброҳим пешвои аҳли ҳидоят итоаткунанда ва фармонбари Аллоҳ ва соҳиби дини ҳаниф (ҳақгаро) буд. Ва аз мушрикон набуд.

﴿شَاكِرًا لِأَنْعُمِهِ ۚ اجْتَبَاهُ وَهَدَاهُ إِلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ﴾

121.  Ва шукргузори неъматҳои Ӯ буд, Аллоҳ ӯро ба паёмбарӣ баргузид ва ба роҳи рост ҳидоят кард.(1)

﴿وَآتَيْنَاهُ فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً ۖ وَإِنَّهُ فِي الْآخِرَةِ لَمِنَ الصَّالِحِينَ﴾

122.
  Ва бинобар итоати Парвардигораш ва шукргузории неъматаш ва ихлос дар ибодаташ,(1) дар дунё ба ӯ некӣ иноят кардем ва албатта, ӯ дар охират низ аз ҷумлаи солеҳон хоҳад буд.

﴿ثُمَّ أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ أَنِ اتَّبِعْ مِلَّةَ إِبْرَاهِيمَ حَنِيفًا ۖ وَمَا كَانَ مِنَ الْمُشْرِكِينَ﴾

123.  Сипас эй Паёмбар, ба ту низ ваҳй кардем, ки ба дини ҳанифи Иброҳим пайравӣ кун, ки ӯ мусалмон буд ва аз мушрикон набуд.(1)

﴿إِنَّمَا جُعِلَ السَّبْتُ عَلَى الَّذِينَ اخْتَلَفُوا فِيهِ ۚ وَإِنَّ رَبَّكَ لَيَحْكُمُ بَيْنَهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فِيمَا كَانُوا فِيهِ يَخْتَلِفُونَ﴾

124.  Ҳамоно бузург доштани рӯзи шанбе воҷиб гардид барои яҳудиҳое, ки дар он ихтилоф карда буданд. Албатта, Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар бораи он чи ихтилоф мекарданд, ҳукм хоҳад кард!(1)

﴿ادْعُ إِلَىٰ سَبِيلِ رَبِّكَ بِالْحِكْمَةِ وَالْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ ۖ وَجَادِلْهُمْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ ۚ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعْلَمُ بِمَنْ ضَلَّ عَنْ سَبِيلِهِ ۖ وَهُوَ أَعْلَمُ بِالْمُهْتَدِينَ﴾

125. Мардумро бо ҳикмат (Қуръону суннат) ва панду насиҳати некӯ ба роҳи Парвардигорат даъват кун ва бо беҳтарин тарз бо онон гуфтугӯ кун.(1) Бегумон Парвардигори ту ба ҳоли касоне, ки аз роҳи Ӯ гумроҳ мешаванд, огоҳтар аст ва Ӯ ба роҳёфтагон донотар аст.

﴿وَإِنْ عَاقَبْتُمْ فَعَاقِبُوا بِمِثْلِ مَا عُوقِبْتُمْ بِهِ ۖ وَلَئِنْ صَبَرْتُمْ لَهُوَ خَيْرٌ لِلصَّابِرِينَ﴾

126. Ва агар хоҳед, ки интиқом (қасос) кунед, пас, чунон интиқом кунед, ки шуморо интиқом кардаанд. Ва агар сабр кунед, собиронро сабр некӯтар аст.

﴿وَاصْبِرْ وَمَا صَبْرُكَ إِلَّا بِاللَّهِ ۚ وَلَا تَحْزَنْ عَلَيْهِمْ وَلَا تَكُ فِي ضَيْقٍ مِمَّا يَمْكُرُونَ﴾

127.
Эй паёмбар! Сабр кун, ки сабри ту ҷуз ба тавфиқи Аллоҳ нест ва барояшон (яъне барои имон наёвардани кофирон, ки туро мухолифат мекунанд) ғамгин мабош ва аз макру душманиашон дилтангӣ нанамоӣ.

﴿إِنَّ اللَّهَ مَعَ الَّذِينَ اتَّقَوْا وَالَّذِينَ هُمْ مُحْسِنُونَ﴾

128.Бегумон Аллоҳ бо ҳамроҳи касоне аст, ки парҳез мекунанд ва онон некӯкоронанд!(1)

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: