طه

تفسير سورة طه

الترجمة الطاجيكية

Тоҷикӣ

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ طه﴾

1.       То, Ҳо.(1)

﴿مَا أَنْزَلْنَا عَلَيْكَ الْقُرْآنَ لِتَشْقَىٰ﴾

2.       Эй Расул, Қуръонро бар ту нозил накардаем, ки дар ранҷ афтӣ.

﴿إِلَّا تَذْكِرَةً لِمَنْ يَخْشَىٰ﴾

3.       Ҳароина, Қуръоне, ки Мо нозил кардем танҳо ҳушдорест барои касе, ки аз Аллоҳ метарсад.(1)

﴿تَنْزِيلًا مِمَّنْ خَلَقَ الْأَرْضَ وَالسَّمَاوَاتِ الْعُلَى﴾

4.       Нозил шудааст аз ҷониби касе, ки замину осмонҳои баландро офарида.

﴿الرَّحْمَٰنُ عَلَى الْعَرْشِ اسْتَوَىٰ﴾

5.       Аллоҳи меҳрубон бар болои Арш аст.(1)

﴿لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا وَمَا تَحْتَ الثَّرَىٰ﴾

6.       Аз они Ӯст, он чи дар осмонҳову замин ва миёни онҳост ва он чи дар зери хок аст.

﴿وَإِنْ تَجْهَرْ بِالْقَوْلِ فَإِنَّهُ يَعْلَمُ السِّرَّ وَأَخْفَى﴾

7.       Ва эй Расул, агар сухани баланд бигӯйӣ, ё агар сухани пинҳон бигӯй, Ӯ сухани пинҳону пинҳонтарро медонад.

﴿اللَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۖ لَهُ الْأَسْمَاءُ الْحُسْنَىٰ﴾

8. Аллоҳ, Зотест, ки ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Ӯ нест, дорои некӯтарин ва зеботарин номҳост.

﴿وَهَلْ أَتَاكَ حَدِيثُ مُوسَىٰ﴾

9. Эй Расул? оё хабари Мӯсо (писари Имрон алайҳиссалом) ба ту расидааст?

﴿إِذْ رَأَىٰ نَارًا فَقَالَ لِأَهْلِهِ امْكُثُوا إِنِّي آنَسْتُ نَارًا لَعَلِّي آتِيكُمْ مِنْهَا بِقَبَسٍ أَوْ أَجِدُ عَلَى النَّارِ هُدًى﴾

10. Чун оташе дид ва ба хонаводаи худ гуфт: «Ин ҷо бошед, ки ман аз дур оташе мебинам, шояд бароятон шӯълаеро биёварам ё дар рӯшноии он роҳе биёбам».

﴿فَلَمَّا أَتَاهَا نُودِيَ يَا مُوسَىٰ﴾

11. Чун Мӯсо назди оташ омад, нидо дода шуд: «Эй Мӯсо!

﴿إِنِّي أَنَا رَبُّكَ فَاخْلَعْ نَعْلَيْكَ ۖ إِنَّكَ بِالْوَادِ الْمُقَدَّسِ طُوًى﴾

12. Ҳамоно Ман Парвардигори ту ҳастам. Пас пойафзолатро аз поят бикаш, ки инак дар водии муқаддаси Туво ҳастӣ.

﴿وَأَنَا اخْتَرْتُكَ فَاسْتَمِعْ لِمَا يُوحَىٰ﴾

13. Ва ман туро интихоб кардам (ба пайғамбарӣ). Пас ба он чи ки ваҳй мешавад, гӯш дор.

﴿إِنَّنِي أَنَا اللَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا أَنَا فَاعْبُدْنِي وَأَقِمِ الصَّلَاةَ لِذِكْرِي﴾

14. Ҳароина, Аллоҳи якто Ман ҳастам. Ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз ман нест. Пас танҳо маро бипараст ва намоз бихон, то ба ёди Ман бошӣ.

﴿إِنَّ السَّاعَةَ آتِيَةٌ أَكَادُ أُخْفِيهَا لِتُجْزَىٰ كُلُّ نَفْسٍ بِمَا تَسْعَىٰ﴾

15. Албатта, рӯзи қиёмат, ки мардум дар он аз нав зинда мешаванд, омаданӣ аст. Мехоҳам, ки вақти онро пинҳон дорам, то ҳар касе ба ивази он чи мекард дар дунё аз нек ё бад, ҷазо дода мешавад.(1)

﴿فَلَا يَصُدَّنَّكَ عَنْهَا مَنْ لَا يُؤْمِنُ بِهَا وَاتَّبَعَ هَوَاهُ فَتَرْدَىٰ﴾

16.   Пас он кас, ки ба воқеъ шудани қиёмат имон надорад ва пайравии ҳавои хеш кардааст, туро эй Мӯсо, аз он (имони ба қиёмат) боз надорад, то ба ҳалокат афтӣ.

﴿وَمَا تِلْكَ بِيَمِينِكَ يَا مُوسَىٰ﴾

17.   Эй Мӯсо, он чист ба дасти ростат?

﴿قَالَ هِيَ عَصَايَ أَتَوَكَّأُ عَلَيْهَا وَأَهُشُّ بِهَا عَلَىٰ غَنَمِي وَلِيَ فِيهَا مَآرِبُ أُخْرَىٰ﴾

18.   Гуфт: «Ин асои ман аст. Бар он такя мекунам ва барои гӯсфандонам бо он барг мерезонам. Ва маро бо асо низ корҳои дигаре аст».

﴿قَالَ أَلْقِهَا يَا مُوسَىٰ﴾

19.   Аллоҳ гуфт: «Эй Мӯсо, онро бипарто».

﴿فَأَلْقَاهَا فَإِذَا هِيَ حَيَّةٌ تَسْعَىٰ﴾

20.   Пас, бипартофт онро. Ногаҳон ба амри Аллоҳ море шуд, ки мехазид.

﴿قَالَ خُذْهَا وَلَا تَخَفْ ۖ سَنُعِيدُهَا سِيرَتَهَا الْأُولَىٰ﴾

21.   Гуфт: «Бигираш ва матарс. Бори дигар онро ба сурати нахустинаш бозмегардонем.

﴿وَاضْمُمْ يَدَكَ إِلَىٰ جَنَاحِكَ تَخْرُجْ بَيْضَاءَ مِنْ غَيْرِ سُوءٍ آيَةً أُخْرَىٰ﴾

22.   Дасти хеш дар бағал кун, то сафед ва дурахшон берун ояд бидуни айбу нуқсон зеро ки ин муъҷизаи дигарест барои ту.

﴿لِنُرِيَكَ مِنْ آيَاتِنَا الْكُبْرَى﴾

23.   Мехоҳем, ки то оятҳои бузургтари худро ба ту -эй Мӯсо-, нишон диҳем ва ин ҳама далолат бар бузургии қудрати Мо ва дуруст будани паёмбарии ту мекунад(1).

﴿اذْهَبْ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ إِنَّهُ طَغَىٰ﴾

24.   (Эй Мӯсо) назди Фиръавн бирав, ки ҳамоно ӯ саркашӣ кардааст, пас ӯро ба яктопарастӣ даъват бикун.

﴿قَالَ رَبِّ اشْرَحْ لِي صَدْرِي﴾

25.   (Мӯсо) гуфт: Эй Парвардигори ман, синаи маро барои ман кушода гардон.

﴿وَيَسِّرْ لِي أَمْرِي﴾

26.   Ва кори маро осон бикун.

﴿وَاحْلُلْ عُقْدَةً مِنْ لِسَانِي﴾

27.   Ва гиреҳ аз забони ман бикушой,

﴿يَفْقَهُوا قَوْلِي﴾

28.   То гуфтори маро бифаҳманд.

﴿وَاجْعَلْ لِي وَزِيرًا مِنْ أَهْلِي﴾

29.   Ва вазире аз хонадони ман барои ман қарор деҳ,

﴿هَارُونَ أَخِي﴾

30.   Бародарам Ҳорунро.

﴿اشْدُدْ بِهِ أَزْرِي﴾

31.   Ба сабаби ӯ нотавонии маро бипӯшон.

﴿وَأَشْرِكْهُ فِي أَمْرِي﴾

32.   Ва дар кори ман шариқаш гардон,

﴿كَيْ نُسَبِّحَكَ كَثِيرًا﴾

33.   То тасбеҳи Ту бисёр кунем.

﴿وَنَذْكُرَكَ كَثِيرًا﴾

34.   Ва Туро бисёр ёд кунем,

﴿إِنَّكَ كُنْتَ بِنَا بَصِيرًا﴾

35.   ки албатта, Ту бар ҳоли мо огоҳ ҳастӣ.

﴿قَالَ قَدْ أُوتِيتَ سُؤْلَكَ يَا مُوسَىٰ﴾

36.    Аллоҳ гуфт: Эй Мӯсо, ҳар чи хостӣ, ба ту дода шуд.

﴿وَلَقَدْ مَنَنَّا عَلَيْكَ مَرَّةً أُخْرَىٰ﴾

37.    Ва ҳамоно Мо бори дигар пеш аз ин неъмат ба ту неъмати дигаре додем.(1)

﴿إِذْ أَوْحَيْنَا إِلَىٰ أُمِّكَ مَا يُوحَىٰ﴾

38.    Он гоҳ ки бар модарат он чиро, ки ваҳй шуданй буд, ваҳй кардем,

﴿أَنِ اقْذِفِيهِ فِي التَّابُوتِ فَاقْذِفِيهِ فِي الْيَمِّ فَلْيُلْقِهِ الْيَمُّ بِالسَّاحِلِ يَأْخُذْهُ عَدُوٌّ لِي وَعَدُوٌّ لَهُ ۚ وَأَلْقَيْتُ عَلَيْكَ مَحَبَّةً مِنِّي وَلِتُصْنَعَ عَلَىٰ عَيْنِي﴾

39.    ки ӯро дар сандуқе бинеҳ, сандуқро ба дарё парто, то дарё ба соҳилаш андозад ва яке аз душманони Ман ва душманони ӯ сандуқро баргирад. Муҳаббати хеш бар ту арзонӣ доштам, то зери назари чашми Ман парвариш ёбӣ.(1)

﴿إِذْ تَمْشِي أُخْتُكَ فَتَقُولُ هَلْ أَدُلُّكُمْ عَلَىٰ مَنْ يَكْفُلُهُ ۖ فَرَجَعْنَاكَ إِلَىٰ أُمِّكَ كَيْ تَقَرَّ عَيْنُهَا وَلَا تَحْزَنَ ۚ وَقَتَلْتَ نَفْسًا فَنَجَّيْنَاكَ مِنَ الْغَمِّ وَفَتَنَّاكَ فُتُونًا ۚ فَلَبِثْتَ سِنِينَ فِي أَهْلِ مَدْيَنَ ثُمَّ جِئْتَ عَلَىٰ قَدَرٍ يَا مُوسَىٰ﴾

40.
    (Ба ёд ор) он гоҳ ки хоҳарат мерафт ва мегуфт: «Мехоҳед шуморо ба касе, ки нигаҳдорияш кунад, роҳ бинамоям?» Сипас Мо туро назди модарат бозгардонидем, баъд аз он ки дар дасти Фиръавн афтодӣ то чашмонаш равшан гардад ва ғам нахӯрад. Ва ту якеро аз марди қибтӣ ба хатогӣ бикуштӣ, пас Мо аз ғам озодат кардем ва борҳо - борҳо туро биёзмудем. Пас чанд соле миёни мардуми Мадян зистӣ. Ва акнун, эй Мӯсо, дар ин ҳангом ки тақдир карда будем, омадаӣ.

﴿وَاصْطَنَعْتُكَ لِنَفْسِي﴾

41.    Туро барои Худ баргузидем, то рисолати Маро ба мардум бирасонӣ ва амр ва наҳйи Маро ба ҷо орӣ.(1)

﴿اذْهَبْ أَنْتَ وَأَخُوكَ بِآيَاتِي وَلَا تَنِيَا فِي ذِكْرِي﴾

42.
    Ту ва бародарат Ҳорун нишонаҳои Маро бибаред, ки ин нишонҳо далолат бар улуҳият ва камоли қудрати Ман ва сидқи паёмбарии ту мекунанд ва дар ёд кардани Ман сустӣ макунед!

﴿اذْهَبَا إِلَىٰ فِرْعَوْنَ إِنَّهُ طَغَىٰ﴾

43.    Ба сӯйи Фиръавн бо ҳам биравед, ки ӯ дар куфру туғён аз ҳад гузаштааст.

﴿فَقُولَا لَهُ قَوْلًا لَيِّنًا لَعَلَّهُ يَتَذَكَّرُ أَوْ يَخْشَىٰ﴾

44.    Бо ӯ ба нармӣ сухан гӯед, шояд панд гирад ё битарсад.

﴿قَالَا رَبَّنَا إِنَّنَا نَخَافُ أَنْ يَفْرُطَ عَلَيْنَا أَوْ أَنْ يَطْغَىٰ﴾

45.    Гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, ҳамоно аз он метарсем, ки бар мо зулму ситам кунад ё дар саркашӣ аз ҳад бигузаронад».

﴿قَالَ لَا تَخَافَا ۖ إِنَّنِي مَعَكُمَا أَسْمَعُ وَأَرَىٰ﴾

46.   Аллоҳ барои Мӯсо ва Ҳорун гуфт: Матарсед. Албатта, Ман бо шумо ҳастам. Мешунавам суханони шуморо ва мебинам корҳои шуморо.

﴿فَأْتِيَاهُ فَقُولَا إِنَّا رَسُولَا رَبِّكَ فَأَرْسِلْ مَعَنَا بَنِي إِسْرَائِيلَ وَلَا تُعَذِّبْهُمْ ۖ قَدْ جِئْنَاكَ بِآيَةٍ مِنْ رَبِّكَ ۖ وَالسَّلَامُ عَلَىٰ مَنِ اتَّبَعَ الْهُدَىٰ﴾

47.    Пас, назди ӯ раведу гӯед: «Мо расулони Парвардигори туем. банӣ Исроилро бо мо бифирист ва озорашон мадеҳ. Ба дурустӣ, Мо нишонае аз сӯйи Парвардигорат бароят овардаем. Ва саломат бод аз азоби Аллоҳ касе, ки ба ҳидоят пайравӣ кунад.

﴿إِنَّا قَدْ أُوحِيَ إِلَيْنَا أَنَّ الْعَذَابَ عَلَىٰ مَنْ كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ﴾

48.    Ҳароина, ба мо ваҳй шудааст, ки азоб барои он касест, ки ростро дурӯғ шуморад ва аз он (даъват ва шариат) рӯй бартобад».

﴿قَالَ فَمَنْ رَبُّكُمَا يَا مُوسَىٰ﴾

49.    Фиръавн барояшон гуфт: «Эй Мӯсо, Парвардигори шумо кист?»

﴿قَالَ رَبُّنَا الَّذِي أَعْطَىٰ كُلَّ شَيْءٍ خَلْقَهُ ثُمَّ هَدَىٰ﴾

50.    Мӯсо гуфт: «Парвардигори мо Он аст, ки бар ҳар чизе сурати сазовори ӯро дод, сипас ба ӯ зиндагиашро роҳ намуд».

﴿قَالَ فَمَا بَالُ الْقُرُونِ الْأُولَىٰ﴾

51.    Фиръавн ба Мӯсо гуфт: «Ҳоли қавмҳое, ки аз ин пеш дар куфр мезистанд, чист?»(1)

﴿قَالَ عِلْمُهَا عِنْدَ رَبِّي فِي كِتَابٍ ۖ لَا يَضِلُّ رَبِّي وَلَا يَنْسَى﴾

52.
    Мӯсо ба Фиръавн гуфт: «Илми он қавмҳои гузашта назди Парвардигори ман аст дар китобе (Лавҳул маҳфуз), ки ғалату хато накунад Парвардигори ман ва на фаромӯш созад»(1).

﴿الَّذِي جَعَلَ لَكُمُ الْأَرْضَ مَهْدًا وَسَلَكَ لَكُمْ فِيهَا سُبُلًا وَأَنْزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَخْرَجْنَا بِهِ أَزْوَاجًا مِنْ نَبَاتٍ شَتَّىٰ﴾

53.
   Ӯ он Зотест, ки заминро оромгоҳи шумо сохт ва бароятон дар он замин роҳҳое падид овард ва аз осмон борон фиристод, то бо он об навъҳои туногуне аз наботот бирӯёнем.

﴿كُلُوا وَارْعَوْا أَنْعَامَكُمْ ۗ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِأُولِي النُّهَىٰ﴾

54.   Бихӯред эй мардум аз покиҳое, ки Мо бароятон рӯёндем ва чорпоёнатонро бичаронед. Дар ин ҳама барои хирадмандон ибратҳост!(1)

﴿۞ مِنْهَا خَلَقْنَاكُمْ وَفِيهَا نُعِيدُكُمْ وَمِنْهَا نُخْرِجُكُمْ تَارَةً أُخْرَىٰ﴾

55.   Шуморо аз он замин офаридем ва ба он бозмегардонем ва бори дигар барои ҳисобу ҷазо аз он берун меоварем.

﴿وَلَقَدْ أَرَيْنَاهُ آيَاتِنَا كُلَّهَا فَكَذَّبَ وَأَبَىٰ﴾

56.   Албатта, ҳамаи оёти худро ба ӯ (Фиръавн) нишон додем, вале дурӯғ баровард ва саркашӣ кард аз қабули ҳақ.

﴿قَالَ أَجِئْتَنَا لِتُخْرِجَنَا مِنْ أَرْضِنَا بِسِحْرِكَ يَا مُوسَىٰ﴾

57.   Фиръавн гуфт: «Эй Мӯсо, оё назди мо омадаӣ, то бо сеҳрат моро аз сарзаминамон берун созӣ?

﴿فَلَنَأْتِيَنَّكَ بِسِحْرٍ مِثْلِهِ فَاجْعَلْ بَيْنَنَا وَبَيْنَكَ مَوْعِدًا لَا نُخْلِفُهُ نَحْنُ وَلَا أَنْتَ مَكَانًا سُوًى﴾

58.   Мо низ дар баробари ту ҷодуе чун ҷодуи ту меоварем. Байни мову худ ваъдагоҳе дар замини ҳамвор муайян кун, ки на мо ваъдаро хилоф кунем ва на ту».

﴿قَالَ مَوْعِدُكُمْ يَوْمُ الزِّينَةِ وَأَنْ يُحْشَرَ النَّاسُ ضُحًى﴾

59.
    Мӯсо ба Фиръавн гуфт: «Ваъдагоҳи шумо рӯзи зинат, (рӯзи иди бузурге, ки мардум худро дар он меороянд) аст ва ҳамаи мардум ба он ҳангом, ки офтоб баланд гардад, гирд оянд. (1)

﴿فَتَوَلَّىٰ فِرْعَوْنُ فَجَمَعَ كَيْدَهُ ثُمَّ أَتَىٰ﴾

60.    Фиръавн аз он чи ки Мӯсо оварда аз ҳақ рӯй гардонду баргашт ва ҷодугарони хешро ҷамъ карда ва боз омад. (1)

﴿قَالَ لَهُمْ مُوسَىٰ وَيْلَكُمْ لَا تَفْتَرُوا عَلَى اللَّهِ كَذِبًا فَيُسْحِتَكُمْ بِعَذَابٍ ۖ وَقَدْ خَابَ مَنِ افْتَرَىٰ﴾

61.
    Мӯсо ба ҷодугарони Фиръавн гуфт: «Вой бар шумо, бар Аллоҳ дурӯғ мабандед, ки ҳамаи шуморо ба азобе ҳалок кунад ва ҳар кӣ дурӯғ бандад, ба матлаб нарасад».

﴿فَتَنَازَعُوا أَمْرَهُمْ بَيْنَهُمْ وَأَسَرُّوا النَّجْوَىٰ﴾

62.    Пас ҷодутарон ба якдигар дар кори худ ба машварат пардохтанд. Ва пинҳон розҳо гуфтанд.

﴿قَالُوا إِنْ هَٰذَانِ لَسَاحِرَانِ يُرِيدَانِ أَنْ يُخْرِجَاكُمْ مِنْ أَرْضِكُمْ بِسِحْرِهِمَا وَيَذْهَبَا بِطَرِيقَتِكُمُ الْمُثْلَىٰ﴾

63.    Гуфтанд: «Ин ду (Мӯсо ва Ҳорун) ҷодугароне ҳастанд, ки мехоҳанд ба ҷодуи хеш шуморо аз сарзаминатон биронанд ва дини бартари шуморо нест кунанд.

﴿فَأَجْمِعُوا كَيْدَكُمْ ثُمَّ ائْتُوا صَفًّا ۚ وَقَدْ أَفْلَحَ الْيَوْمَ مَنِ اسْتَعْلَىٰ﴾

64.    Шумо тадбирҳои худ гирд оваред ва дар як саф биёед. Касе, ки имрӯз пирӯз шавад, растагорӣ ёбад».

﴿قَالُوا يَا مُوسَىٰ إِمَّا أَنْ تُلْقِيَ وَإِمَّا أَنْ نَكُونَ أَوَّلَ مَنْ أَلْقَىٰ﴾

65.   Ҷодугарон гуфтанд: «Эй Мӯсо, оё ту асоятро мепартоӣ ё ки мо аввал бипартоем?»

﴿قَالَ بَلْ أَلْقُوا ۖ فَإِذَا حِبَالُهُمْ وَعِصِيُّهُمْ يُخَيَّلُ إِلَيْهِ مِنْ سِحْرِهِمْ أَنَّهَا تَسْعَىٰ﴾

66.   Мӯсо барояшон гуфт: «Шумо бипартоед». Ногаҳон аз ҷодуе, ки карданд, чунон дар назари Мӯсо омад, ки он бандҳо ва асоҳо ба сурати мор ба ҳар сӯ медаванд.

﴿فَأَوْجَسَ فِي نَفْسِهِ خِيفَةً مُوسَىٰ﴾

67.   Пас, Мӯсо хештанро тарсон ёфт.

﴿قُلْنَا لَا تَخَفْ إِنَّكَ أَنْتَ الْأَعْلَىٰ﴾

68.   Мо ба Мӯсо гуфтем: «Матарс, албатта, ту бартар ҳастӣ ва ғолиб меойӣ бар ин ҷодугарон ва Фиръавн ва лашкараш(1).

﴿وَأَلْقِ مَا فِي يَمِينِكَ تَلْقَفْ مَا صَنَعُوا ۖ إِنَّمَا صَنَعُوا كَيْدُ سَاحِرٍ ۖ وَلَا يُفْلِحُ السَّاحِرُ حَيْثُ أَتَىٰ﴾

69.   Он чи дар дасти рост дорӣ, бипарто, то ҳар чиро, ки сохтаанд аз асо ва ресмонҳо, фурӯ барад. Бешак онҳо ҳар чиро, ки сохтаанд найранги ҷодугарона аст ва ҷодугар ҳеҷ гоҳ пирӯз намешавад».

﴿فَأُلْقِيَ السَّحَرَةُ سُجَّدًا قَالُوا آمَنَّا بِرَبِّ هَارُونَ وَمُوسَىٰ﴾

70.    (Вақте ки ҷодугарон диданд, ки ҳақ бар ҷониби Мӯсо аст). Пас ҷодугарон ба саҷда дарафтоданд. Гуфтанд: «Ба Парвардигори Ҳоруну Мӯсо имон овардем».

﴿قَالَ آمَنْتُمْ لَهُ قَبْلَ أَنْ آذَنَ لَكُمْ ۖ إِنَّهُ لَكَبِيرُكُمُ الَّذِي عَلَّمَكُمُ السِّحْرَ ۖ فَلَأُقَطِّعَنَّ أَيْدِيَكُمْ وَأَرْجُلَكُمْ مِنْ خِلَافٍ وَلَأُصَلِّبَنَّكُمْ فِي جُذُوعِ النَّخْلِ وَلَتَعْلَمُنَّ أَيُّنَا أَشَدُّ عَذَابًا وَأَبْقَىٰ﴾

71.   Фиръавн гуфт: «Оё пеш аз он, ки шуморо рухсат диҳам, ба Мӯсо имон овардед? Ҳамоно ӯ бузурги шумост, ки ба шумо ҷодугарӣ омӯхтааст.
Пас дастҳову пойҳоятонро аз чапу рост мебурам ва бар танаи дарахти хурмо ба доратон меовезам, то бидонед, ки азоби кадоми яке аз мо(1) сахттару пояндатар аст».

﴿قَالُوا لَنْ نُؤْثِرَكَ عَلَىٰ مَا جَاءَنَا مِنَ الْبَيِّنَاتِ وَالَّذِي فَطَرَنَا ۖ فَاقْضِ مَا أَنْتَ قَاضٍ ۖ إِنَّمَا تَقْضِي هَٰذِهِ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا﴾

72.
   Ҷодугарон ба Фиръавн гуфтанд: «Савганд ба он Зоте, ки моро офаридааст, ки туро бар он нишонаҳои равшан, ки дидаем, беҳтар намешуморем, ба ҳар чи хоҳӣ, ҳукм кун, ки ривоҷи ҳукми ту дар зиндагии ин ҷаҳон аст ва ба наздикӣ он зуд аз байн меравад.(1)

﴿إِنَّا آمَنَّا بِرَبِّنَا لِيَغْفِرَ لَنَا خَطَايَانَا وَمَا أَكْرَهْتَنَا عَلَيْهِ مِنَ السِّحْرِ ۗ وَاللَّهُ خَيْرٌ وَأَبْقَىٰ﴾

73.
   Ба дурустӣ, ки мо ба Парвардигори хеш имон овардем ва расули Ӯро тасдиқ намудаем ва он чи ки овард ба он амал намудаем, то аз хатоҳои мо ва он ҷодугарӣ, ки моро ба он маҷбур кардӣ, даргузарад, ки Аллоҳ беҳтар аст аз ту эй Фиръавн, дар подош додан ва азоби Аллоҳ пойдортар аст.(1)

﴿إِنَّهُ مَنْ يَأْتِ رَبَّهُ مُجْرِمًا فَإِنَّ لَهُ جَهَنَّمَ لَا يَمُوتُ فِيهَا وَلَا يَحْيَىٰ﴾

74.
   Албатта, ҳар кас, ки гунаҳкор (кофир) назди Парвардигораш биёяд, ҳамоно ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст, ки дар он ҷо на мемирад, ки аз азоб халос шавад ва на зинда мешавад, ки ҳаёти хуш ёбад.

﴿وَمَنْ يَأْتِهِ مُؤْمِنًا قَدْ عَمِلَ الصَّالِحَاتِ فَأُولَٰئِكَ لَهُمُ الدَّرَجَاتُ الْعُلَىٰ﴾

75.   Ва он ки бо имон назди Ӯ (Парвардигор) ояд ва корҳои шоиста кунад, пас барояшон мартабаҳои баланд аст .

﴿جَنَّاتُ عَدْنٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ وَذَٰلِكَ جَزَاءُ مَنْ تَزَكَّىٰ﴾

76.   (Барои онҳост) биҳиштҳои ҷовидон, ки дар он ҷӯйҳо равон аст ва абадӣ дар он ҷо бошанд. Ва ин аст подоши поконе, ки худро аз палидӣ ва ширк тоза намудаанд.(1)

﴿وَلَقَدْ أَوْحَيْنَا إِلَىٰ مُوسَىٰ أَنْ أَسْرِ بِعِبَادِي فَاضْرِبْ لَهُمْ طَرِيقًا فِي الْبَحْرِ يَبَسًا لَا تَخَافُ دَرَكًا وَلَا تَخْشَىٰ﴾

77.
   Ҳамоно ба Мӯсо ваҳй кардем, ки бандагони Моро (банӣ Исроилро) ҳангоми шаб аз Миср бибар ва барояшон дар баҳр гузаргоҳи хушке биҷӯй ва матарс аз Фиръавн ва лашкари ӯ, ки бар ту даст ёбанд ва низ аз ғарқ шудан матарс!

﴿فَأَتْبَعَهُمْ فِرْعَوْنُ بِجُنُودِهِ فَغَشِيَهُمْ مِنَ الْيَمِّ مَا غَشِيَهُمْ﴾

78.   Пас Фиръавн бо лашкараш аз паяшон равон шуд. Ва баҳр ононро чунон фаро гирифт, ки миқдори онҳоро ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ кас надонад, пас ҳама ғарқ шуданд ва наҷот ёфт Мӯсо ва қавмаш.(1)

﴿وَأَضَلَّ فِرْعَوْنُ قَوْمَهُ وَمَا هَدَىٰ﴾

79.   Ва Фиръавн қавмашро ба куфр бурда гумроҳ кард ва ҳидоят наёфт.

﴿يَا بَنِي إِسْرَائِيلَ قَدْ أَنْجَيْنَاكُمْ مِنْ عَدُوِّكُمْ وَوَاعَدْنَاكُمْ جَانِبَ الطُّورِ الْأَيْمَنَ وَنَزَّلْنَا عَلَيْكُمُ الْمَنَّ وَالسَّلْوَىٰ﴾

80.
   «Эй банӣ Исроил, ҳамоно шуморо аз душманатон наҷот додем ва бо шумо дар ҷониби рости кӯҳи Тур ваъда ниҳодем барои нузули Таврот ва бароятон манн (ширинӣ) ва салво (бедона) фурӯ фиристодем. (1)

﴿كُلُوا مِنْ طَيِّبَاتِ مَا رَزَقْنَاكُمْ وَلَا تَطْغَوْا فِيهِ فَيَحِلَّ عَلَيْكُمْ غَضَبِي ۖ وَمَنْ يَحْلِلْ عَلَيْهِ غَضَبِي فَقَدْ هَوَىٰ﴾

81.
   Аз чизҳои покиза, ки шуморо рӯзӣ додаем, бихӯред ва аз ҳад магузаронед дар зулм кардани якдигар, то мабодо хашми Ман ба шумо расад, ки ҳар кас, ки хашми Ман ба ӯ бирасад, ба ростӣ нобуд шудааст.

﴿وَإِنِّي لَغَفَّارٌ لِمَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا ثُمَّ اهْتَدَىٰ﴾

82.   Ва ба ростӣ, ман бисёр омурзанда ҳастам барои касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва корҳои шоиста анҷом диҳад, он гоҳ роҳ ёбад.

﴿۞ وَمَا أَعْجَلَكَ عَنْ قَوْمِكَ يَا مُوسَىٰ﴾

83.   Эй Мӯсо, чӣ чиз туро водошт, ки аз қавми худ пеш ойӣ?»

﴿قَالَ هُمْ أُولَاءِ عَلَىٰ أَثَرِي وَعَجِلْتُ إِلَيْكَ رَبِّ لِتَرْضَىٰ﴾

84.   Гуфт: «Онҳо ҳамонҳоянд, ки аз пайи ман равонанд. Эй Парвардигори ман, ман ба сӯйи Ту шитофтам, то хушнуд гардӣ».

﴿قَالَ فَإِنَّا قَدْ فَتَنَّا قَوْمَكَ مِنْ بَعْدِكَ وَأَضَلَّهُمُ السَّامِرِيُّ﴾

85.   Аллоҳ ба Мӯсо гуфт: «Ба дурустӣ, Мо қавми туро пас аз ту бо ибодати гӯсола озмоиш кардем ва Сомирӣ гумроҳашон сохт».

﴿فَرَجَعَ مُوسَىٰ إِلَىٰ قَوْمِهِ غَضْبَانَ أَسِفًا ۚ قَالَ يَا قَوْمِ أَلَمْ يَعِدْكُمْ رَبُّكُمْ وَعْدًا حَسَنًا ۚ أَفَطَالَ عَلَيْكُمُ الْعَهْدُ أَمْ أَرَدْتُمْ أَنْ يَحِلَّ عَلَيْكُمْ غَضَبٌ مِنْ رَبِّكُمْ فَأَخْلَفْتُمْ مَوْعِدِي﴾

86.
   Мӯсо хашмгин ва пурандӯҳ назди қавмаш бозгашту гуфт: «Эй қавми ман, оё Парвардигоратон шуморо ваъдаҳои некӯ(1) надода буд? Оё муддати набудани ман дароз шуд ё хостед, ки хашми Парвардигоратон ба шумо фуруд ояд, ки ваъдаи манро хилоф кардед?» (2)

﴿قَالُوا مَا أَخْلَفْنَا مَوْعِدَكَ بِمَلْكِنَا وَلَٰكِنَّا حُمِّلْنَا أَوْزَارًا مِنْ زِينَةِ الْقَوْمِ فَقَذَفْنَاهَا فَكَذَٰلِكَ أَلْقَى السَّامِرِيُّ﴾

87.   Гуфтанд: Эй Мӯсо «Мо ба ихтиёри хеш ваъдаи ту хилоф накардем. Лекин мо аз зару зевари қавми Фиръавн бардоштем. Пас онҳоро ба фармони Сомирӣ дар оташ андохтем. Ва Сомирӣ низ андохт он чиро ки бо худ дошт аз хоки зери пои аспи Ҷабраил алайҳиссалом.(1)

﴿فَأَخْرَجَ لَهُمْ عِجْلًا جَسَدًا لَهُ خُوَارٌ فَقَالُوا هَٰذَا إِلَٰهُكُمْ وَإِلَٰهُ مُوسَىٰ فَنَسِيَ﴾

88.   Пас Сомирӣ барои банӣ Исроил ҷасади гӯсолае, ки садои говро дошт, бисохт ва дар фитна афтодагон ба баъзе гуфтанд: «Ин маъбуди шумо ва маъбуди Мӯсост. Ва Мӯсо маъбуди худро фаромӯш кардааст».(1)

﴿أَفَلَا يَرَوْنَ أَلَّا يَرْجِعُ إِلَيْهِمْ قَوْلًا وَلَا يَمْلِكُ لَهُمْ ضَرًّا وَلَا نَفْعًا﴾

89.   Оё касоне ки гӯсоларо парастиш карданд, намедонанд, ки он ҳеҷ посухе ба суханашон намедиҳад ва ҳеҷ фоидаву зиёне барояшон надорад?

﴿وَلَقَدْ قَالَ لَهُمْ هَارُونُ مِنْ قَبْلُ يَا قَوْمِ إِنَّمَا فُتِنْتُمْ بِهِ ۖ وَإِنَّ رَبَّكُمُ الرَّحْمَٰنُ فَاتَّبِعُونِي وَأَطِيعُوا أَمْرِي﴾

90.   Албатта, Ҳорун низ пеш аз баргаштани Мӯсо ба онҳо гуфта буд: «Эй қавми ман, шуморо ба ин гӯсола озмудаанд, то мӯъмин аз кофир маълум гардад. Ҳамоно Парвардигори шумо Аллоҳи меҳрубон аст, аз пайи ман биёед ва дар тарки ибодати гӯсола фармонбардори ман бошед!»(1)

﴿قَالُوا لَنْ نَبْرَحَ عَلَيْهِ عَاكِفِينَ حَتَّىٰ يَرْجِعَ إِلَيْنَا مُوسَىٰ﴾

91.   Бархе аз гӯсолапарастон гуфтанд: «Мо барои парастиши гӯсола ҳамеша қоим хоҳем буд, то вақте ки Мӯсо ба сӯйи мо бозояд».

﴿قَالَ يَا هَارُونُ مَا مَنَعَكَ إِذْ رَأَيْتَهُمْ ضَلُّوا﴾

92.   Мӯсо барои бародараш Ҳорун гуфт: «Эй Ҳорун, ҳангоме ки дидӣ гумроҳ шуданд, чӣ туро боздошт?

﴿أَلَّا تَتَّبِعَنِ ۖ أَفَعَصَيْتَ أَمْرِي﴾

93.   Чаро аз пайи ман наомадӣ. Оё ту низ аз фармони ман сарпечӣ карда будӣ?»(1)

﴿قَالَ يَا ابْنَ أُمَّ لَا تَأْخُذْ بِلِحْيَتِي وَلَا بِرَأْسِي ۖ إِنِّي خَشِيتُ أَنْ تَقُولَ فَرَّقْتَ بَيْنَ بَنِي إِسْرَائِيلَ وَلَمْ تَرْقُبْ قَوْلِي﴾

94.   (Мӯсо даст ба риши Ҳорун ва мӯйи сари ӯ зад, вале Ҳорун ба Мӯсо) гуфт: «Эй писари модарам, магир аз ришу мӯйи сари ман.
Ман тарсидам, ки агар онҳоро гузорам ва ба сӯйи ту оям, бигӯӣ: «Ту миёни банӣ Исроил ҷудоӣ афкандӣ ва онҳоро ба гурӯҳ-гурӯҳ ҷудо намудӣ ва гуфтори маро риоят накардӣ».(1)

﴿قَالَ فَمَا خَطْبُكَ يَا سَامِرِيُّ﴾

95.   Мӯсо ба Сомирӣ гуфт: «Ва ту, эй Сомирӣ, ин чӣ коре буд, ки кардӣ?»

﴿قَالَ بَصُرْتُ بِمَا لَمْ يَبْصُرُوا بِهِ فَقَبَضْتُ قَبْضَةً مِنْ أَثَرِ الرَّسُولِ فَنَبَذْتُهَا وَكَذَٰلِكَ سَوَّلَتْ لِي نَفْسِي﴾

96.   Сомирӣ гуфт: «Ман чизеро дидам, ки онҳо онро надида буданд.
(1) Муште аз хоке, ки пайи пойи аспи Ҷабраил, баргирифтам ва дар он қолабе, ки аз зар сохта будам ба шакли гӯсола дар даҳонаш андохтам ва нафси бади ман ин корро дар чашми ман биёрост.(2).

﴿قَالَ فَاذْهَبْ فَإِنَّ لَكَ فِي الْحَيَاةِ أَنْ تَقُولَ لَا مِسَاسَ ۖ وَإِنَّ لَكَ مَوْعِدًا لَنْ تُخْلَفَهُ ۖ وَانْظُرْ إِلَىٰ إِلَٰهِكَ الَّذِي ظَلْتَ عَلَيْهِ عَاكِفًا ۖ لَنُحَرِّقَنَّهُ ثُمَّ لَنَنْسِفَنَّهُ فِي الْيَمِّ نَسْفًا﴾

97.   Мӯсо ба Сомирӣ гуфт: Бирав, дар зиндагии ин дунё чунон шавӣ, ки пайваста бигӯӣ: «Ба ман наздик машав».
(1) Ва низ туро ваъдаи дигарест, дар рӯзи қиёмат, ки аз он раҳо нашавӣ ва инак, ба сӯйи маъбуди худ, ки пайваста ибодаташ мекардӣ, бингар, ки онро бисӯзонем ва онро ба дарё паҳн ва пароканда созем.

﴿إِنَّمَا إِلَٰهُكُمُ اللَّهُ الَّذِي لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۚ وَسِعَ كُلَّ شَيْءٍ عِلْمًا﴾

98.   Ҷуз ин нест, ки маъбуди шумо Аллоҳ аст, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест ва илмаш ҳама чизро дар бар гирифтааст.

﴿كَذَٰلِكَ نَقُصُّ عَلَيْكَ مِنْ أَنْبَاءِ مَا قَدْ سَبَقَ ۚ وَقَدْ آتَيْنَاكَ مِنْ لَدُنَّا ذِكْرًا﴾

99.   Инчунин хабарҳои гузаштаро аз Мӯсо ва Фиръавн ва қавмашон барои ту эй Расул, ҳикоят мекунем. Ва ба ту аз ҷониби Худ ин Қуръонро ато кардем, ки он панд аст барои шахсе ки панд мегирад.(1)

﴿مَنْ أَعْرَضَ عَنْهُ فَإِنَّهُ يَحْمِلُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وِزْرًا﴾

100. Ҳар кас, ки аз он Қуръон рӯй бартобад, рӯзи қиёмат бори гуноҳ бар дӯш мекашад.

﴿خَالِدِينَ فِيهِ ۖ وَسَاءَ لَهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ حِمْلًا﴾

101.  Дар он азоб ҳамеша бимонад. Ва бори рӯзи қиёмат барояшон бори бадест!

﴿يَوْمَ يُنْفَخُ فِي الصُّورِ ۚ وَنَحْشُرُ الْمُجْرِمِينَ يَوْمَئِذٍ زُرْقًا﴾

102. Рӯзе, ки дар он сур дамида шавад ва гунаҳкоронро дар он рӯз кабудранг гирд оварем, ки рангу чашмонашон аз шиддати ҳавли қиёмат тағйир ёбад.(1)

﴿يَتَخَافَتُونَ بَيْنَهُمْ إِنْ لَبِثْتُمْ إِلَّا عَشْرًا﴾

103.  Оҳиста бо ҳам сухан мегӯянд, ки даҳ шабонарӯз беш дар дунё наистодаед.

﴿نَحْنُ أَعْلَمُ بِمَا يَقُولُونَ إِذْ يَقُولُ أَمْثَلُهُمْ طَرِيقَةً إِنْ لَبِثْتُمْ إِلَّا يَوْمًا﴾

104.  Мо бар гуфтори пинҳон ва ошкори онон огоҳтарем, он гоҳ ки некӯравиштарини онҳо аз сахтии рӯзи қиёмат фаромӯш карда мегӯяд: «Ҷуз як рӯз наистодаед»,

﴿وَيَسْأَلُونَكَ عَنِ الْجِبَالِ فَقُلْ يَنْسِفُهَا رَبِّي نَسْفًا﴾

105.
  Туро эй Расул, қавмат аз кӯҳҳо мепурсанд, ки оқибати онҳо дар рӯзи қиёмат чӣ мешавад? Бигӯ: «Парвардигори ман ҳамаро аз ҷояшон пароканда ва яксон месозад.(1)

﴿فَيَذَرُهَا قَاعًا صَفْصَفًا﴾

106.  Ва онҳоро ба замин ҳамвор мегардонад;

﴿لَا تَرَىٰ فِيهَا عِوَجًا وَلَا أَمْتًا﴾

107.  дар он ҳеҷ каҷиву пастиву баландӣ намебинӣ.

﴿يَوْمَئِذٍ يَتَّبِعُونَ الدَّاعِيَ لَا عِوَجَ لَهُ ۖ وَخَشَعَتِ الْأَصْوَاتُ لِلرَّحْمَٰنِ فَلَا تَسْمَعُ إِلَّا هَمْسًا﴾

108. Дар он рӯз ҳама аз пайи он доъӣ (Исрофил), мераванд, ки дар он пайравӣ ҳеҷ каҷӣ набошад. Ва садоҳо дар баробари Аллоҳи меҳрубон паст мешаванд пас, ба ҷуз паст чизе нашунавӣ.

﴿يَوْمَئِذٍ لَا تَنْفَعُ الشَّفَاعَةُ إِلَّا مَنْ أَذِنَ لَهُ الرَّحْمَٰنُ وَرَضِيَ لَهُ قَوْلًا﴾

109.
Дар он рӯз шафоати ҳеҷ касе фоида надиҳад, магар онро, ки Аллоҳи меҳрубон иҷозат диҳад ва суханашро биписандад ва он иҷозатдодашудагон; паёмбарон ва бандагони наздики Аллоҳ бошанд.(1)

﴿يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ وَلَا يُحِيطُونَ بِهِ عِلْمًا﴾

110. Аллоҳ ҳар чиро дар пеши рӯйи онҳост аз амри қиёмат ва ҳар чиро дар пушти сарашон аст аз амри дунё, медонад ва илми онон (инсонҳо) Ӯро дарбар нагирад.

﴿۞ وَعَنَتِ الْوُجُوهُ لِلْحَيِّ الْقَيُّومِ ۖ وَقَدْ خَابَ مَنْ حَمَلَ ظُلْمًا﴾

111. Ва чеҳраҳо дар баробари Аллоҳи зиндаи поянда(1) мутеъ мешавад ва ба дурустӣ, касе, ки бори ситамро бар дӯш дошта бошад, ноком мегардад.

﴿وَمَنْ يَعْمَلْ مِنَ الصَّالِحَاتِ وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَلَا يَخَافُ ظُلْمًا وَلَا هَضْمًا﴾

112.Ва ҳар кас, ки корҳои шоиста кунад ва мӯъмин бошад, набояд аз ҳеҷ ситаме ва нуқсоне битарсад.(1)

﴿وَكَذَٰلِكَ أَنْزَلْنَاهُ قُرْآنًا عَرَبِيًّا وَصَرَّفْنَا فِيهِ مِنَ الْوَعِيدِ لَعَلَّهُمْ يَتَّقُونَ أَوْ يُحْدِثُ لَهُمْ ذِكْرًا﴾

113.
Ҳамчуноне ки дар ин сура баён намудем, инчунин ин Қуръонро ба забони арабӣ нозил кардем ва дар он бим додан ва тарсониданро бо шеваҳои гуногун баён кардем, шояд битарсанд ё Қуръон барои онҳо пандеро падид оварад то ибрат ва панд бигиранд.(1)

﴿فَتَعَالَى اللَّهُ الْمَلِكُ الْحَقُّ ۗ وَلَا تَعْجَلْ بِالْقُرْآنِ مِنْ قَبْلِ أَنْ يُقْضَىٰ إِلَيْكَ وَحْيُهُ ۖ وَقُلْ رَبِّ زِدْنِي عِلْمًا﴾

114. Пас, Аллоҳ баландқадр аст (аз ҳама айбу нуқсон пок аст) Подшоҳи барҳақ аст! ҳама чиз зери тасарруфи Ӯст, савобу азобаш ҳақ аст. Ва эй Расул, пеш аз он ки ваҳй ба поён расад, дар хондани Қуръон шитоб макун.(1) Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, ба илми ман бияфзой».

﴿وَلَقَدْ عَهِدْنَا إِلَىٰ آدَمَ مِنْ قَبْلُ فَنَسِيَ وَلَمْ نَجِدْ لَهُ عَزْمًا﴾

115.
Ва ба дурустӣ, Мо пеш аз ин бо Одам паймон бастем, ки аз дарахт чизе нахӯрад ва барояш гуфтем, ки шайтон душмани ту ва душмани ҳамсарат аст, пас шуморо аз ҷаннат берун накунад, ки бадбахт шавӣ, вале фаромӯш карда шайтонро итоат кард ва босабраш наёфтем.(1)

﴿وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلَائِكَةِ اسْجُدُوا لِآدَمَ فَسَجَدُوا إِلَّا إِبْلِيسَ أَبَىٰ﴾

116. Ва он гоҳ ки ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷдаи таҳийя ва икром кунед». Пас, ҳама саҷда карданд, магар Иблис сар печид.

﴿فَقُلْنَا يَا آدَمُ إِنَّ هَٰذَا عَدُوٌّ لَكَ وَلِزَوْجِكَ فَلَا يُخْرِجَنَّكُمَا مِنَ الْجَنَّةِ فَتَشْقَىٰ﴾

117. Гуфтем: Эй Одам, ҳамоно ин душмани ту ва ҳамсари туст, шуморо аз биҳишт берун накунад, ки бадбахт шавӣ,

﴿إِنَّ لَكَ أَلَّا تَجُوعَ فِيهَا وَلَا تَعْرَىٰ﴾

118. ки албатта, ту дар биҳишт на гурусна мешавӣ ва на бараҳна мемонӣ.

﴿وَأَنَّكَ لَا تَظْمَأُ فِيهَا وَلَا تَضْحَىٰ﴾

119. Ва на ташна мешавӣ ва на дучори тобиши офтоб.

﴿فَوَسْوَسَ إِلَيْهِ الشَّيْطَانُ قَالَ يَا آدَمُ هَلْ أَدُلُّكَ عَلَىٰ شَجَرَةِ الْخُلْدِ وَمُلْكٍ لَا يَبْلَىٰ﴾

120. Пас шайтон васвасааш карду гуфт: «Эй Одам, оё туро ба дарахти ҷовидонӣ ва мулки заволнопазир роҳ бинамоям?»(1)

﴿فَأَكَلَا مِنْهَا فَبَدَتْ لَهُمَا سَوْآتُهُمَا وَطَفِقَا يَخْصِفَانِ عَلَيْهِمَا مِنْ وَرَقِ الْجَنَّةِ ۚ وَعَصَىٰ آدَمُ رَبَّهُ فَغَوَىٰ﴾

121.  Пас аз он дарахт Одам ва Ҳавво хӯрданд ва шармгоҳашон дар назарашон падидор шуд. Ва ҳамчунон барги дарахтони биҳиштро бар худ мечаспониданд, то шармгоҳи худро бипӯшонанд, вале Одам ба Парвардигори хеш осӣ шуд ва роҳ гум кард.

﴿ثُمَّ اجْتَبَاهُ رَبُّهُ فَتَابَ عَلَيْهِ وَهَدَىٰ﴾

122.  Сипас, Парвардигораш ӯро баргузид ва тавбаашро бипазируфт ва ҳидояташ кард.

﴿قَالَ اهْبِطَا مِنْهَا جَمِيعًا ۖ بَعْضُكُمْ لِبَعْضٍ عَدُوٌّ ۖ فَإِمَّا يَأْتِيَنَّكُمْ مِنِّي هُدًى فَمَنِ اتَّبَعَ هُدَايَ فَلَا يَضِلُّ وَلَا يَشْقَىٰ﴾

123.
  Гуфт Аллоҳ ба Одам ва Ҳавво: «Шумо ҳар ду аз биҳишт фуруд оед, дар ҳоле, ки душмани ҳамдигар ҳастед! Пас агар аз ҷониби Ман шуморо роҳнамоӣ омад, ҳар кас аз он роҳнамоии ман пайравӣ кунад, на гумроҳ мешавад ва на ба ранҷ меафтад.

﴿وَمَنْ أَعْرَضَ عَنْ ذِكْرِي فَإِنَّ لَهُ مَعِيشَةً ضَنْكًا وَنَحْشُرُهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ أَعْمَىٰ﴾

124.
  Ва ҳар кас, ки аз ёди Ман рӯй гардонад, зиндагиаш танг шавад дар ҳаёти дунё, агарчанде молу давлат дошта бошад ҳам ва дар рӯзи қиёмат нобино зиндааш созем».

﴿قَالَ رَبِّ لِمَ حَشَرْتَنِي أَعْمَىٰ وَقَدْ كُنْتُ بَصِيرًا﴾

125. Гӯяд он гунаҳкор: «Эй Парвардигори ман, чаро маро нобино зинда кардӣ ва ҳамоно ман дар дунё бино будам?»

﴿قَالَ كَذَٰلِكَ أَتَتْكَ آيَاتُنَا فَنَسِيتَهَا ۖ وَكَذَٰلِكَ الْيَوْمَ تُنْسَىٰ﴾

126.  Аллоҳ гӯяд: Ҳамчунон ки ту оёти Моро фаромӯш кардӣ, рӯй тофтӣ ва имон наовардӣ, пас инчунин имрӯз худ фаромӯш карда шавӣ ва дар азоб гирифтор шавӣ(1).

﴿وَكَذَٰلِكَ نَجْزِي مَنْ أَسْرَفَ وَلَمْ يُؤْمِنْ بِآيَاتِ رَبِّهِ ۚ وَلَعَذَابُ الْآخِرَةِ أَشَدُّ وَأَبْقَىٰ﴾

127.  Инчунин исрофкорон ва касонеро, ки ба оёти Парвардигорашон имон намеоваранд, дар дунё ҷазо медиҳем. Ва албатта, азоби охират аз азобе, ки дар дунёву қабр азоб карда мешавад сахттару пойдортар аст!(1)

﴿أَفَلَمْ يَهْدِ لَهُمْ كَمْ أَهْلَكْنَا قَبْلَهُمْ مِنَ الْقُرُونِ يَمْشُونَ فِي مَسَاكِنِهِمْ ۗ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِأُولِي النُّهَىٰ﴾

128.
Ва барои онон баён накард, ки пеш аз онҳо бисёре аз мардумонро нобуд кардем, ки акнун онҳо дар маҳалли сукунаташон роҳ мераванд? Бегумон дар ин амр нишонаҳое барои хирадмандон аст.

﴿وَلَوْلَا كَلِمَةٌ سَبَقَتْ مِنْ رَبِّكَ لَكَانَ لِزَامًا وَأَجَلٌ مُسَمًّى﴾

129. Ва агар аз пеш ваъдае аз Парвардигорат сурат нагирифта ва мавъиди мушаххас муқаррар нашуда буд,(1) бидуни шак, азоби онҳо дар ҳамин дунё лозим мешуд.

﴿فَاصْبِرْ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ قَبْلَ طُلُوعِ الشَّمْسِ وَقَبْلَ غُرُوبِهَا ۖ وَمِنْ آنَاءِ اللَّيْلِ فَسَبِّحْ وَأَطْرَافَ النَّهَارِ لَعَلَّكَ تَرْضَىٰ﴾

130. Пас бар он чи мегӯянд, сабр кун ва Парвардигоратро пеш аз тулӯъи хуршед ва пеш аз ғуруби он ба покӣ ва ситойиш ёд кун. Ва дар соатҳои шаб ва аввалу охири рӯз низ ба покӣ ёд кун. Шояд бо анҷоми ин амалҳо савоб дода шавӣ ва хушнуд гардӣ.

﴿وَلَا تَمُدَّنَّ عَيْنَيْكَ إِلَىٰ مَا مَتَّعْنَا بِهِ أَزْوَاجًا مِنْهُمْ زَهْرَةَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا لِنَفْتِنَهُمْ فِيهِ ۚ وَرِزْقُ رَبِّكَ خَيْرٌ وَأَبْقَىٰ﴾

131. Ту ба онҳо (мушрикон ва амсолашон) нанигар, ки гурӯҳҳое аз онҳоро ба он аз ороиши зиндагии дунё баҳраманд сохтаем, то онҳоро дар он биозмоем. Ризқи Парвардигорат ва савобаш беҳтар аст аз он чи ки баҳрамандашон сохтаем дар дунё ва пойдортар аст!(1)

﴿وَأْمُرْ أَهْلَكَ بِالصَّلَاةِ وَاصْطَبِرْ عَلَيْهَا ۖ لَا نَسْأَلُكَ رِزْقًا ۖ نَحْنُ نَرْزُقُكَ ۗ وَالْعَاقِبَةُ لِلتَّقْوَىٰ﴾

132.  Эй Паёмбар, аҳли худро ба намоз фармон деҳ ва худ дар адои он кор сабрро пеша гир. Аз ту рӯзӣ намехоҳем. Мо ба ту рӯзӣ медиҳем. Ва оқибати хайр дар дунёву охират аз они парҳезгорон аст.

﴿وَقَالُوا لَوْلَا يَأْتِينَا بِآيَةٍ مِنْ رَبِّهِ ۚ أَوَلَمْ تَأْتِهِمْ بَيِّنَةُ مَا فِي الصُّحُفِ الْأُولَىٰ﴾

133.  Ва кофирон гуфтанд: «Чаро мӯъҷизае аз Парвардигораш барои мо намеоварад?» Оё далели равшан аз он чи дар китобҳои пешин аст, ба онҳо нарасидааст?

﴿وَلَوْ أَنَّا أَهْلَكْنَاهُمْ بِعَذَابٍ مِنْ قَبْلِهِ لَقَالُوا رَبَّنَا لَوْلَا أَرْسَلْتَ إِلَيْنَا رَسُولًا فَنَتَّبِعَ آيَاتِكَ مِنْ قَبْلِ أَنْ نَذِلَّ وَنَخْزَىٰ﴾

134.
  Агар кофиронро пеш аз омадани паёмбаре азобашон мекардем, мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, чаро расуле бар мо нафиристодӣ, то пеш аз он ки ба хориву расвоӣ афтем, аз оёти Ту пайравӣ мекардем?»

﴿قُلْ كُلٌّ مُتَرَبِّصٌ فَتَرَبَّصُوا ۖ فَسَتَعْلَمُونَ مَنْ أَصْحَابُ الصِّرَاطِ السَّوِيِّ وَمَنِ اهْتَدَىٰ﴾

135.  Эй Расул, ба онҳо бигӯ: «Ҳама мунтазиранд, пас шумо низ мунтазир бимонед. Ба зудӣ хоҳед донист, чи касоне ба роҳи рост буданд ва чи касоне роҳ ёфтаанд».

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: