العليم
كلمة (عليم) في اللغة صيغة مبالغة من الفعل (عَلِمَ يَعلَمُ) والعلم...
1. Рӯзи ҳисоби мардум наздик шуд ва он кофирон бо вуҷуди ин ҳам дар ғафлат рӯйгардонанд.
2.Аз сӯйи Парвардигорашон барояшон ҳеҷ панди тозае наёмад, ҷуз он ки онро ба шӯхӣ мешунаванд ва ба бозӣ мегиранд.
3. Дар ҳоле ки дилҳояшон аз Қуръон дар ғафлатаст ва ба шаҳватҳои дунё машғул шудаанд. Ва он ситамкорони Қурайш сар ба гӯши якдигар ниҳоданду пинҳонӣ гуфтанд: «Оё ин мард ҷуз ин аст, ки инсоне монанди шумост?(1) Оё бо он ки ба чашми худ ҳақиқатро мебинед, ҳамчунон аз паи ҷоду меравед?»
4. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гфт: «Парвардигори ман ҳар суханеро, ки дар осмону замин бошад медонад ва Ӯ шунаво аст ба гуфтори шумо ва доно аст бар ҳоли шумо».
5. Балки кофирон гуфтанд: «Ин Қуръон хобҳои парешон аст ё ки гӯянд (Муҳаммад) аз назди худ дурӯғ бастааст, балки гӯянд ӯ шоирест. Ва агар бихоҳад, ки мо ӯро тасдиқ намоем, пас барои мо аз он гуна, ки ба паёмбарони пешин дода шуда буд, мӯъҷизае биёварад».(1)
6. Пеш аз онҳо (яъне кофирони Макка) мардуми шаҳреро, ки ҳалок кардем, имон наёварда буданд. Оё инҳо (кофирони Макка) имон меоваранд?(1)
7. Ва нафиристодем пеш аз ту эй Расул, магар паёмбаронеро, ки ваҳй фиристодем ба сӯяшон аз мардони башарият буданд на фариштагон. Ва агар худ намедонед эй мушрикони Қурайш, пас аз уламои ахли китоб бипурсед, ки оё паёмбарон башар буданд?(1)
8. Ва Мо Паёмбаронро ба сурати ҷасадҳое, ки таом нахӯранд, наофаридаем ва онҳо ҷовидона ҳам набуданд.
9. Сипас ваъдаи хешро дар ҳаққи онҳо рост гардонидем(1) ва онҳову ҳар касро, ки хостем, наҷот додем ва аз ҳад гузарандагонро (яъне мушриконро) ҳалок кардем.
10. Ба дурустӣ, китобе (Қуръон) барои шумо нозил кардаем, ки дар он иззат ва шарафи шумост. Оё ба ақл дарнамеёбед чӣ ба шумо нафъ меоварад ва чӣ зарар?(1)
11. Ва чӣ бисёр аҳолии ободиҳоеро, ки ситам карда буданд, ҳалок кардем ва ба ҷояшон мардуми дигаре аз нав пайдо кардем.
12. Чун ситамкорон азоби моро диданд, ногаҳон онҳо аз он ҷо мегурехтанд.
13. Пас ба онон нидо карда шавад.
Магурезед ва ба сӯйи маконе, ки дар он ба шумо осудагӣ дода шуд ва ба сӯйи хонаҳои хеш, ки ба он фахр мекардед бозгардед, то бувад, ки пурсида шавед аз дунёатон чизеро! Ин нидо барои истеҳзо гуфта мешавад, чунки вақт тамом шуд ва азоби Аллоҳ онҳоро фаро гирифт.(1)
14. Он замон ба гуноҳи худ иқрор шуда гуфтанд: «Вой бар ҳоли мо, албатта, мо ситамкор будем!»(1)
15. Ва пайваста ин фарёди онҳо хоҳад буд, то ин ки онҳоро монанди гиёҳони даравшуда мегардонем.
16. Мо ин осмону замин ва он чиро миёни он ду ҳаст, барои шӯхӣ ва бозӣ наофаридаем. Балки бар шумо хуҷҷате гардондем, то шумо панд бигиред ва бидонед, ки он Зоте, ки биёфарид инҳоро, чизе Ӯро монанд нест ва ибодат ҷуз барои Ӯ ба дигар кас шоиста нест.(1)
17. Агар мехостем, ки бозичае бигирем, (яъне мехостем, ки ҳамсар ё фарзанде бигирем) қатъан, чизе муносиби худ интихоб мекардем, агар анҷомдиҳандаи ин кор мебудем. Вале ин корро намекунем, зеро Аллоҳ ба ҳамсар ва фарзанд муҳтоҷ нест.(1)
18. Балки ҳақро бар сари ботил мезанем, то онро дар ҳам кӯбад ва ба ногоҳ ботил нобуд мешавад. Ва вой бар шумо эй мушрикон, аз он чи ба Аллоҳ нисбат медиҳед.
19. Аз они Ӯст, ҳар кӣ дар осмонҳову замин аст. Ва фариштагоне, ки дар назди Ӯ ҳастанд, аз парастиши Ӯ сар наметобанд ва хаста намешаванд.(1)
20. Ҳамеша шабу рӯз тасбеҳ мегӯянд; сустӣ намеварзанд.
21. Оё мушрикон дар замин маъбудонеро гирифтаанд, ки мурдагонро аз гӯр бармеангезанд?
22. Агар дар замину осмон маъбудоне ҷуз Аллоҳи барҳақ мебуд, ҳар ду (яъне, замину осмон) табоҳ мешуданд. Пас, Аллоҳ, Парвардигори Арш аст, аз ҳар чи ба Ӯ сифат мекунанд, пок аст.
23. Аллоҳ таоло аз он чи ки ҳукм мекунад, пурсида намешавад ва ҳамаи онҳо аз гуфтору кирдорашон пурсида мешаванд.(1)
24. Оё ин мушрикон ғайр аз Ӯ (Аллоҳи барҳақ) маъбудоне гирифтаанд, ки на фоида меоранд ва на зарар ва на зинда мегардонанд ва намемиронанд? Бигӯ эй Паёмбар: «Ҳуҷҷати худ биёваред.
Дар ин китоб сухани касонест, ки бо ман ҳастанд аз умматони ман ва сухани касоне, ки пеш аз ман будаанд аз умматони гузашта», балки бештарашон ҳақро намедонанд ва аз рӯи ҷаҳолат ва тақлид ширк меоранд, пас аз он рӯй мегардонанд.(1)
25. Мо пеш аз ту эй Расул, ҳеҷ паёмбаре нафиристодем, магар он ки ба ӯ ваҳй кардем, ки ҷуз Ман маъбуди барҳақ нест. Пас, ба ихлос Маро бипарастед.
26. Ва мушрикон гуфтанд, ки Аллоҳи меҳрубон фарзанд ихтиёр кардааст,(1) пок аст Ӯ. Балки онон (фариштагон дар назди Аллоҳ) бандагоне гиромӣ ҳастанд.
27. Дар сухан гуфтан бар Аллоҳ пешдастӣ намекунанд ва ба фармони Ӯ кор мекунанд.
28. Аллоҳ медонад ҳар чи дар баробари фариштагон аст ва ҳар чи пушти сари онҳост(1). Ва онон шафъоат намекунанд, магар барои касе, ки Аллоҳ аз ӯ хушнуд шудааст ва аз тарси Ӯ ҳаросонанд.
29. Ҳар кас аз онҳо (фариштагон), ки бигӯяд: «Ман ғайри Ӯ Аллоҳи барҳақам», ҷаҳаннамро сазои ӯ мегардонем ва ситамкоронро чунин ҷазо медиҳем.
30. Оё кофирон намедонанд, ки осмонҳову замин фурӯ баста буданд, на борон аз осмон меборид ва на гиёҳ аз замин мерӯид, пас Мо онҳоро ба қудрати худ кушодем(1). Ва ҳар чизи зиндаеро аз об падид овардем? Чаро имон намеоваранд?(2)
31. Ва бар рӯи замин кӯҳҳои устувор биёфаридем, то замин қарор гирад ва онҳоро наларзонад. Ва дар миёни он кӯҳҳо роҳҳои кушоде ба вуҷуд овардем, то бувад, ки онҳо роҳ биёбанд.
32. Ва осмонро сақфе барои замин бе сутун нигоҳдошташуда сохтем ва боз ҳам кофирон аз нишонаҳои он рӯй мегардонанд ва тафаккур дар нишонаҳои осмон намекунанд, монанди офтоб, маҳтоб ва ситораҳо.(1)
33. Ва Ӯст он Аллоҳе, ки шабу рӯз ва офтобу моҳро биёфарид, ки ҳар яке дар мадори муайяне шино мекунанд,
34. Мо пеш аз ту эй Расул, ҳеҷ инсонеро ҷовидон насохтаем. Оё агар ту бимирӣ, онҳо ҷовидон бимонанд?(1)
35. Ва ҳар инсоне мазаи маргро мечашад ва шуморо ба тариқи имтиҳон ба сахтию осудагӣ гирифтор мекунем ва ба сӯи Мо барои ҳисобу ҷазо бозгардонида мешавед.
36.
(Эй Расул), чун кофирон туро бубинанд, ҷуз ба тамасхур туро наменигаранд ва бо ҳамдигар мегӯянд: «Оё ин шахс аст, ки маъбудонатонро ба бадӣ ёд мекунад?» Ва инҳо худ аз ёди Аллоҳи меҳрубон ва неъматҳояш ва он чи нозил кардааст аз Қуръон мункиранд.
37. Одамӣ, шитобкор офарида шудааст. Ва қурайшиҳо саркашона ба фуруд омадани азоб шитоб намуданд, вале Аллоҳ таоло бимашон карда фармуд: Зуд аст, ки оёти (азоби) худро ба шумо нишон хоҳам дод. Пас шитоб макунед.
38. Ва кофирон масхара карда мегӯянд: «Агар рост мегӯед, пас он ваъдаи азоб куҷост?»(1)
39.
Агар кофирон сурати ҳоли он вақтро медонистанд, ки оташро аз рӯи хеш ва аз пушти хеш боздошта наметавонанд ва ба онҳо нусрат дода намешавад, ҳароина, бар ақидаи куфрашон намеистоданд ва бар зарари худ талаби шитоби азоб намекарданд.(1)
40. Балки азоби рӯзи қиёмат ногаҳон ба онҳо биёяд, пас онҳоро ҳайрон гардонад ва онро дафъ карда натавонанд ва барояшон мӯҳлат дода намешавад, то тавба кунанд.
41. Ба дурустӣ, паёмбаронеро, ки пеш аз ту буданд, низ ба масхара гирифта буданд, вале азобе, ки масхарааш мекарданд, бар сари масхаракунандагон фуруд омад.
42. (Эй Расул), барои онон бигӯ, ки шитоб мекунанд дар азоб: «Кист, он ки шуморо шабу рӯз аз азобу қаҳри Аллоҳи меҳрубон нигоҳ медорад?» Балки онҳо аз ёд кардани Парвардигорашон ва Қуръон рӯйгардонанд.(1)
43. Оё барои мушрикон маъбудоне ҳастанд ғайри мо, ки муҳофизат мекунанд онҳоро аз мусибатҳо, ҳол он ки худро ёрӣ дода наметавонанд, пас чӣ гуна пайравонашонро ёрӣ медиҳанд? Ва онҳо аз азоби Мо маҳфуз намемонанд.
44. Балки Мо онҳо ва падаронашонро баҳраманд кардем, то муддати умрашон дароз шуд. Вале кофирон бо молу фарзанд ва ҳаёти дарозашон мағрур шуда бар куфрашон боқӣ монданд ва гӯё, ки азоб дода намешаванд. Оё ин мушрикон, ки шитоби азоби Аллоҳ мекунанд намебинанд, ки Мо пайваста ба суроғи сарзамини куфр меоем, ки онро аз атроф ва доманаҳояш мекоҳем? Оё онҳо пирӯзанд ё Мо?(1)
45. Бигӯ эй Расул барои он гуяндгоне, ки аз ту талаб мекунанд, то барояшон нишонае биёварӣ: «Ман шуморо бо ваҳй (Қуръон) бим медиҳам», вале одамони карро (яъне кофирон) чун бим диҳанд, садоро намешунав анд.(1)
46. Ва агар андаке аз азоби Парвардигорат ба онҳо (кофирон) бирасад, бар гуноҳи худ иқрор шаванд ва хоҳанд гуфт: «Вой бар мо, ба дурустӣ, ки мо ситамкор будаем!»(1)
47. Барои рӯзи қиёмат тарозуҳои адлро омода мекунем ва ба ҳеҷ кас чизе (камтарин) ситам намешавад. Агар чи амале ба вазни як хардал(1) ҳам бошад, ба ҳисобаш меоварем, ки мо ҳисобро басандаем!
48. Ва ба дурустӣ, ки ба Мӯсо ва Ҳорун ҳуҷҷат ва нусрате додем бар ғолиб омадани душманашон ва низ китоби (Тавротро) додем, ки ҳаққу ботилро аз якдигар ҷудо мекунад ва он равшаниву панд аст барои парҳезгорон.(1)
49. Онон, ки аз Аллоҳи хеш ғоибона метарсанд ва аз рӯзи қиёмат ҳаросноканд.
50. Ва ин Қуръоне, ки нозил кардаем бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам он пандест барои касе, ки панд мегирад ва амал ба он мекунад ва бисёр фоидаовару бобаракат аст. Оё шумо мункири он ҳастед?(1)
51. Ва ба таҳқиқ Мо пеш аз ин додем ба Иброҳим ҳидоят ва роҳёбиашро, ки мардумро ба он даъват намуд ва ба аҳволи ӯ доно будем.(1)
52. Он гоҳ ки ба падараш ва қавмаш гуфт: «Ин бутҳое, ки худ сохтаед ва парастиши онҳоро лозим гирифтаед, чистанд?»
53. Гуфтанд: «Падаронамонро дидем, ки онҳоро мепарастиданд».
54. Иброҳим барояшон гуфт: «Албатта, шумо ва падаронатон дар гумроҳии ошкоро будаед».
55. Гуфтанд: «Барои мо сухани ҳаққе овардаӣ ё аз касони шӯхикунандаву бозингар ҳастӣ?»
56. Иброҳим барояшон гуфт: «Балки ҳақро овардаам ва шуморо даъват ба ибодати Вай мекунам, балки Парвардигори шумо, Парвардигори осмонҳову замин аст. Он зотест, ки онҳоро биёфаридааст. Ва ман бар ин сухан, ки мегӯям, гувоҳӣ медиҳам.(1)
57. Ва ба Аллоҳ савганд, баъде ки шумо биравед, чораи ин бутонатонро хоҳам кард».
58. Пас Иброҳим онҳоро пора-пора кард. Магар бузургтаринашонро, шояд, ки қавмаш ба сӯйи ӯ руҷӯъ кунанд ва аз ӯ бипурсанд, то ҷавоб додан натавонад ва гумроҳиашон баён гардад ва ҳуҷҷат бар онҳо барпо шавад.(1)
59. Қавми Иброҳим гуфтанд: «чӣ касе ба маъбудони мо чунин кардааст? Албатта, ӯ аз ситамкорон аст!»
60. Касоне, ки шунида буданд Иброҳим савганд ёд кардааст ва ба бутҳояшон чорае мебинад, гуфтанд: «Шунидаем, ки ҷавоне ба номи Иброҳим ба бадӣ аз онҳо сухан мегуфтааст».(1)
61. Сардорони қавм гуфтанд: «Иброҳимро ба назди мардум биёваред, то бошад, ки онҳо шаҳодат диҳанд».
62.Гуфтанд: «Эй Иброҳим, оё ту бо маъбудони мо чунин кардаӣ?»
63.Иброҳим гуфт: «Балки бути бузургтаринашон чунин кардааст. Агар сухан мегӯянд, аз онҳо бипурсед».
64. Чун гумроҳиашон зоҳир шуд бо худ омаданд ва гуфтанд: «Бегумон шумо худ ситамкор ҳастед».
65. Он гоҳ ба ҳайрат сар фурӯ доштанд ва боз ба саркашии худ бозгашта гуфтанд: «Ту худ медонӣ, ки инҳо сухан намегӯянд».
66. Иброҳим барояшон гуфт: «Оё ғайри Аллоҳ чизеро мепарастед, ки шуморо на фоида мерасонад, на зиён?
67. Вой бар шумо ва вой бар чизҳое, ки ба ҷои Аллоҳ мепарастед. Оё хирад намеварзед?
68. Чун ҳақ зоҳир шуд ва ҳуҷҷаташон ботил гашт, гуфтанд: «Агар мехоҳед коре бикунед, ӯро бисӯзонед ва маъбудони худро нусрат диҳед».
69. Гуфтем: «Эй оташ, бар Иброҳим сард ва саломат бош!»(1)
70. Қавмаш мехостанд барои Иброҳим макре бияндешанд, вале Мо онҳоро зиёнкортарини мардум намудем
71. Ва наҷот додем Иброҳим ва Лутро аз душманашон Намруд ва қавмаш аз сарзамини Ироқ ба сӯйи сарзамини Шом, ки дар он барои ҷаҳониён баракат ниҳодаем.(1)
72. Ва ба Иброҳим Исҳоқро ва илова бар он наберае, чун Яъқубро бахшидем. Ва ҳамаро аз шоистагон гардонидем.
73. Ва ҳама Иброҳиму Исҳоқ ва Яъқубро пешвоёне сохтем, ки ба амри Мо ҳидоят мекарданд. Ва анҷом додани корҳои нек ва барпой доштани намоз ва додани закотро ба онҳо ваҳй кардем ва ҳама парастандаи Мо буданд.
74. Ва ба Лут ҳукму илм додем ва ӯро аз деҳае (Садум), ки мардумаш корҳои палид мекарданд, наҷоташ бахшидем. Ҳароина, ба сабаби анҷом додани корҳои нопок ва мункар онҳо мардуми баду фосиқ буданд!(1)
75. Лутро дар раҳмати хеш дохил кардем, ки албатта, ӯ аз шоистагон буд.
76. Ва Нӯҳро ёд кун эй Расул, ки пеш аз ту ва пеш аз Иброҳиму Лут, Моро нидо кард. Пас, дуои ӯро қабул кардем ва ӯ ва хонадонашро аз ранҷи бузург наҷот додем.
77. Ва ӯро бар мардуме, ки оёти Моро дурӯғ мебароварданд, пирӯзӣ додем. Ҳамоно онон мардуми бад буданд, пас Мо ҳамаро ғарқ сохтем.
78. Ва Довуду Сулаймонро ёд кун эй Расул, он гоҳ ки дар бораи киштзоре доварӣ карданд, ки гӯсфандони қавме шабона ба киштзори дигаре даромада дар он ҷо чарида киштзорашро талаф доданд. Ва Мо шоҳиди доварии онҳо будем. Пас Довуд ҳукм кард: гӯсфандоне, ки киштзорро талаф додаанд, ба соҳиби замин дода шавад.
Аммо Сулаймон ҳукми дуруст кард, ки соҳибони гӯсфандон, гусфандонро ба соҳиби киштзор медиҳад ва аз насли он ва пашми он ва аз шири он истифода мебарад, то баробар шудани қимати кишт, баъд аз он соҳибони гӯсфандон гӯсфандонро мегиранд.(1)
79. Ва ин шеваи довариро ба Сулаймон омӯхтем ва ҳар якеро ҳукму илме додем ва кӯҳҳоро мутеъи Довуд гардонидем, ки онҳо ва паррандагон бо ӯ (Довуд) тасбеҳ мегуфтанд ва ин ҳамаро Мо кардем.
80. Ва ба ӯ омӯхтем, то бароятон зиреҳ бисозад. То шуморо ба ҳангоми ҷангиданатон ҳифз кунад. Пас, оё неъматеро, ки Аллоҳ таоло ба шумо арзонӣ кард ба воситаи бандааш Довуд алайҳиссалом, шукркунанда ҳастед?(1)
81. Ва барои Сулаймон тундбодро фармонбардор кардем, ки ба амри ӯ ба сӯйи сарзамини (Шом), ки баракаташ дода будем, ҳаракат мекард. Ва мо ба ҳар чизе огоҳем.
82. Ва гурӯҳе аз шайтонҳо (ҷинҳо) барояш дар баҳр шиноварӣ мекарданд ва аз он барояш дурру гавҳарро мебароварданд ва ҷуз он ба корҳои дигар машғул буданд ва Мо ҳофизи онҳо будем.(1)
83.
Ва ёд кун эй Расул, ки Мо Айюбро ба бемории бузург имтиҳонаш кардем, ки аҳл ва молу фарзандаш аз даст рафтанд, пас, сабр кард ва умеди савоб кард, он гоҳ ки Парвардигорашро нидо дод: «Ба ман беморӣ ва ранҷ расидааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ, пас маро шифо деҳ».(1)
84. Пас дуояшро иҷобат кардем. Ва он чиро, ки аз ранҷ бо вай буд, аз ӯ дур кардем ва хонадонашро ва монанди онҳоро бо онҳо ба ӯ бозгардонидем. Ва ин раҳмате буд аз ҷониби Мо, то ибодаткунандагон ҳамеша ба ёд дошта бошанд.
85. Ва Исмоил ва Идрис ва Зулкифлро ёд кун, ки ҳама аз сабркунандагон дар тоати Аллоҳ ва дур аз маъсияти Аллоҳ ва розишаванда бар қазову қадари Аллоҳ буданд.(1)
86. Ононро дар раҳмати худ даровардем ва ба дурустӣ, ки онҳо ҳам дар зоҳир ва ботин аз шоистагон буданд.
87.
Ва Зуннун; (Юнус ибни Матто алайҳиссалом)-ро ёд кун, (ки Аллоҳ таоло ӯро ба сӯйи қавмаш фиристод, то қавмашро даъват намояд, вале даъвати ӯро қабул накарданд ва ӯ ваъда бар азобашон кард, тавба накарданд ва худ сабр накард), чун хашмнок бирафт ва пиндошт, ки ҳаргиз бар ӯ танг намегирем, (лекин Аллоҳ таоло ӯро ба тангӣ ва зиндон имтиҳон кард, ки моҳӣ ӯро дар баҳр ба ҳалқаш фурӯ бурд. Ва дар се торикӣ; торикии шаб ва баҳр ва шиками моҳӣ тавба карда) нидо дод: «Ҳеҷ Аллоҳе барҳақ ҷуз Ту нест. Ту пок ҳастӣ ва ман аз ситамкорон ҳастам».(1)
88. Пас дуояшро қабул кардем ва ӯро аз ғам наҷот додем ва ҳамчунин мӯъминонро наҷот медиҳем.
89. Ва Закариёро ёд кун, ки дар пиронсолӣ аз Аллоҳ талаби фарзанд кард, он гоҳ ки Парвардигорашро нидо кард: «Эй Парвардигори ман, маро танҳо магузор. Ва Ту беҳтарини ворисонӣ!»
90. Дуояшро қабул кардем ва ба ӯ Яҳёро бахшидем ва занашро барояш дар ахлоқ ва ҳомиладорӣ ва вилодат шоиста гардонидем. Ба дурустӣ, ки ин паёмбарон дар корҳои нек шитоб мекарданд ва ба биму умед Моро мехонданд ва дар баробари Мо фурӯтан буданд.
91.
Ва ёд кун эй Расул, он занро (яъне, қиссаи Марям, духтари Имрон)-ро, ки шармгоҳи худро аз ҳаром нигоҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худ дар ӯ дамидем (яъне, бе ҳеҷ шавҳар ҳомиладор шуд), пас, ӯ ва фарзандаш (Исо алайҳиссалом)-ро барои ҷаҳониён ибрате гардонидем.(1)
92. Гуфтем: Эй мардум, ба дурустӣ, ки ин дини шумост, дини ягона ва он ислом аст, ки ҳамаи паёмбарони гузашта бар он буданд. Ва албатта, Ман Парвардигори шумоям, пас Маро бипарастед!(1)
93. Лекин мардум бар паёмбарони худ ихтилоф карданд.(1) Ва дар дини хеш фирқа-фирқа шуданд. Ҳама ба назди Мо бозмегарданд ва бар он чи ки кардаанд, муҳосаба карда мешаванд!(2)
94. Ҳар кас, ки коре шоиста кунад ба қадри тавоноиаш ва дар ҳоле ки имон оварда бошад ба Аллоҳ ва Расулаш, Аллоҳ таоло амали ӯро барбод нахоҳад кард, балки чандон зиёд хоҳад кард ва рӯзи қиёмат амалашро навишта меёбад.(1)
95. Ва шаҳреро, ки ба сабаби куфр ва зулмашон ба ҳалокат расонидаем (мардумашро), муҳол аст, ки ба дунё бозгарданд.(1)
96. То он гоҳ ки пеши роҳи Яъҷуҷу Маъҷуҷ кушода шаванд ва онон аз баландиҳо ба шитоб фароянд.
97. Ва дар ин вақт ваъдаи ростин наздик гардад ва он гоҳ якбора чашмони кофирон боло дӯхта шавад, (гӯянд): «Вой бар мо, дар ҳақиқат мо аз ин ҳол ғофил будем. Балки мо ситамкор будем!»
98. Ҳамоно шумо эй кофирон ва он чизҳое, ки ғайри Аллоҳ мепарастидед аз бутон, ҳезумҳои ҷаҳаннамед. Шумо ба ҷаҳаннам ворид хоҳед шуд!
99. Агар инҳо маъбудони ҳақиқӣ ва лоиқи парастиш мебуданд, ба ҷаҳаннам намерафтанд ва ҳол он ки ҳама (ибодаткунанда ва ибодат кардашуда) дар ҷаҳаннам ҷовидонанд.
100. Онон (бутпарастон) дар ҷаҳаннам фарёд мекашанд ва ҳол он ки онҳо дар он ҷо ҳеҷ намешунаванд фарёди якдигарашонро.
101. Ба дурустӣ, касоне, ки барояшон аз ҷониби Мо аз пештар некӯӣ муқаррар шуд, аз дӯзах дур нигоҳ дошта мешаванд.
102. Инҳо ҳатто садои оташи дӯзахро намешунаванд ва дар биҳишт, ки ҳар чи ки дилхоҳашон аст, муҳайёст ва дар он ҷо ҷовидонанд.
103. Рӯзи қиёмат он ваҳшати бузург ғамгинашон накунад ва фариштагон ба дидорашон оянд башорат диҳанд, ки ин ҳамон рӯзест, ки ба шумо савобҳои бисёр ваъда дода буданд.
104. Рӯзе, ки осмонро чун саҳифаи навишта дар ҳам печонем. Ва чунон ки нахустин бор биёфаридем, онро аз сар бозгардонем. Ин ваъдаест, ки бароварданаш бар ӯҳдаи Мост, албатта, Мо чунон хоҳем кард.
105. Ва ба ростӣ дар Забур (китобҳои нозил шуда) навиштаем, пас аз он ки дар Лавҳи Маҳфуз навишта шуд, ки ҳамоно заминро бандагони солиҳи ман ба ирс мебаранд
106. Ва дар ин китоб таблиғест (далели кофӣ) барои ибодаткунандагон!
107. Ва нафиристодем туро эй Расул, ҷуз он ки ба мардуми ҷаҳон раҳмате арзонӣ дорем. Пас, касе имон овард ба ту некбахт гашт ва наҷот ёфт ва касе, ки имон наовард ноумед гашт ва зиён дид.(1)
108. Бигӯ: «Ҳамоно ба ман ваҳй шуда, ки маъбуди шумо, ки сазовори ибодат аст Аллоҳи яктост, оё ба он таслим мешавед?» Пас, таслим шавед ва дар ибодаташ сар фурӯ оред.(1)
109. Пас агар онҳо аз Ислом рӯй гардониданд, бигӯ: «Шуморо хабар додам, то ҳама дар огоҳӣ баробар бошед. Ва ман намедонам, он чи шуморо ба азобе ваъда дода мешавед, наздик аст ё дур.
110. Ҳамоно Ӯст, ки медонад ҳар суханеро, ки ба овози баланд гӯед ё дар дил пинҳон доред ва ба он муҳосаба карда мешавед.
111. Ва намедонам шояд ин таъхири азоб озмоише барои шумо ва баҳрамандӣ, то муддате бошад, ки куфратон зиёд гардад ва ба азоби бузург дучор гардед.(1)
112. (Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: «Эй Парвардигори ман, байни ман ва байни касе, ки маро дурӯғ баровард ба ҳақ доварӣ кун. Ва Парвардигори мо Аллоҳи меҳрубон аст, ки аз Ӯ мадад пурсида мешавад дар баробари он чи шумо баён мекунед».(1)