النّور

تفسير سورة النّور

الترجمة الطاجيكية

Тоҷикӣ

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ سُورَةٌ أَنْزَلْنَاهَا وَفَرَضْنَاهَا وَأَنْزَلْنَا فِيهَا آيَاتٍ بَيِّنَاتٍ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ﴾

1.       Сураест, ки онро нозил кардаем ва воҷиб сохтаем амал кардан ба аҳкоми онро ва дар он оёти равшане фиристодаем, эй мӯъминон бошад, ки панд гиред.

﴿الزَّانِيَةُ وَالزَّانِي فَاجْلِدُوا كُلَّ وَاحِدٍ مِنْهُمَا مِائَةَ جَلْدَةٍ ۖ وَلَا تَأْخُذْكُمْ بِهِمَا رَأْفَةٌ فِي دِينِ اللَّهِ إِنْ كُنْتُمْ تُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ ۖ وَلْيَشْهَدْ عَذَابَهُمَا طَائِفَةٌ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ﴾

2.       Ҳар яке аз зану марди зинокорро(1) сад зарба бизанед. Ба агар ба Аллоҳу рӯзи қиёмат имон доред, бояд, ки дар ҳукми Аллоҳ нисбат ба он ду раҳмдил нагардед. Ва бояд ки ба ҳангоми шиканҷа карданашон гурӯҳе аз мӯъминон ҳозир бошанд, то ҳӯшёр шаванд ва панд гиранд.

﴿الزَّانِي لَا يَنْكِحُ إِلَّا زَانِيَةً أَوْ مُشْرِكَةً وَالزَّانِيَةُ لَا يَنْكِحُهَا إِلَّا زَانٍ أَوْ مُشْرِكٌ ۚ وَحُرِّمَ ذَٰلِكَ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ﴾

3.  Марди зинокор ҷуз зани зинокор ё мушрикро намегирад ва зани зинокорро ҷуз марди зинокор ё мушрик намегирад. Ва ин бар мӯъминон ҳаром шудааст.(1)

﴿وَالَّذِينَ يَرْمُونَ الْمُحْصَنَاتِ ثُمَّ لَمْ يَأْتُوا بِأَرْبَعَةِ شُهَدَاءَ فَاجْلِدُوهُمْ ثَمَانِينَ جَلْدَةً وَلَا تَقْبَلُوا لَهُمْ شَهَادَةً أَبَدًا ۚ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ﴾

4.
Касонеро, ки занони покро(1) ба зино мутаҳҳам мекунанд ва чаҳор шоҳид намеоваранд, ҳаштод дарра бизанед ва аз он пас ҳаргиз шаҳодаташонро напазиред, ки мардуми фосиқанд.

﴿إِلَّا الَّذِينَ تَابُوا مِنْ بَعْدِ ذَٰلِكَ وَأَصْلَحُوا فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

5. Ғайри касоне, ки баъд аз он тавба кунанд ва амалашонро ислоҳ намоянд. Зеро Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст!

﴿وَالَّذِينَ يَرْمُونَ أَزْوَاجَهُمْ وَلَمْ يَكُنْ لَهُمْ شُهَدَاءُ إِلَّا أَنْفُسُهُمْ فَشَهَادَةُ أَحَدِهِمْ أَرْبَعُ شَهَادَاتٍ بِاللَّهِ ۙ إِنَّهُ لَمِنَ الصَّادِقِينَ﴾

6.
Ва касоне, ки занони худро ба зино муттаҳам мекунанд ва шоҳиде ҷуз худ надоранд, бояд ки савганд хӯранд ба номи Аллоҳ чаҳор бор, ҳамоно ки ӯ аз росттӯён аст.

﴿وَالْخَامِسَةُ أَنَّ لَعْنَتَ اللَّهِ عَلَيْهِ إِنْ كَانَ مِنَ الْكَاذِبِينَ﴾

7. Ва бори панҷум бигӯяд, ки лаънати Аллоҳ бар ӯ бод, агар аз дурӯғгӯён бошад.

﴿وَيَدْرَأُ عَنْهَا الْعَذَابَ أَنْ تَشْهَدَ أَرْبَعَ شَهَادَاتٍ بِاللَّهِ ۙ إِنَّهُ لَمِنَ الْكَاذِبِينَ﴾

8. Ва агар он зан чаҳор бор ба Аллоҳ савганд хӯрад, ки ҳамоно он мард дурӯғ мегӯяд, ҷазо аз ӯ бардошта мешавад.

﴿وَالْخَامِسَةَ أَنَّ غَضَبَ اللَّهِ عَلَيْهَا إِنْ كَانَ مِنَ الصَّادِقِينَ﴾

9. Ва бори панҷум бигӯяд, ки хашми Аллоҳ бар ӯ (бар зан) бод, агар мард аз ростгӯён бошад.(1)

﴿وَلَوْلَا فَضْلُ اللَّهِ عَلَيْكُمْ وَرَحْمَتُهُ وَأَنَّ اللَّهَ تَوَّابٌ حَكِيمٌ﴾

10.    Чӣ мешуд эй мӯъминон, агар фазлу раҳмате, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ доштааст, намебуд, ҳароина, нобуд мешудед? Ба ҳароина, Аллоҳ тавбапазиру ҳаким аст.

﴿إِنَّ الَّذِينَ جَاءُوا بِالْإِفْكِ عُصْبَةٌ مِنْكُمْ ۚ لَا تَحْسَبُوهُ شَرًّا لَكُمْ ۖ بَلْ هُوَ خَيْرٌ لَكُمْ ۚ لِكُلِّ امْرِئٍ مِنْهُمْ مَا اكْتَسَبَ مِنَ الْإِثْمِ ۚ وَالَّذِي تَوَلَّىٰ كِبْرَهُ مِنْهُمْ لَهُ عَذَابٌ عَظِيمٌ﴾

11.    Касоне, ки он дурӯғи бузургро сохтаанд,(1) гурӯҳе аз шумоянд. Мапиндоред, ки шуморо дар он бадие бувад. Балки, хайри шумо дар он бувад.
Ҳар марде аз онҳо ба он андозаи гуноҳе, ки кардааст, ба ҷазо расад ва аз миёни онҳо, он ки бештарини ин бӯҳтонро ба ӯҳда дорад, ба азобе бузург гирифтор хоҳад шуд.(2)

﴿لَوْلَا إِذْ سَمِعْتُمُوهُ ظَنَّ الْمُؤْمِنُونَ وَالْمُؤْمِنَاتُ بِأَنْفُسِهِمْ خَيْرًا وَقَالُوا هَٰذَا إِفْكٌ مُبِينٌ﴾

12.    Чаро ҳангоме ки он бӯҳтонро шунидед, мардону занони мӯъмин ба худ гумони нек накарданд ва нагуфтанд, ки ин тӯҳмате ошкор аст?

﴿لَوْلَا جَاءُوا عَلَيْهِ بِأَرْبَعَةِ شُهَدَاءَ ۚ فَإِذْ لَمْ يَأْتُوا بِالشُّهَدَاءِ فَأُولَٰئِكَ عِنْدَ اللَّهِ هُمُ الْكَاذِبُونَ﴾

13.    Чаро чаҳор шоҳид бар даъвои худ наёварданд? Пас, агар шоҳидоне наёвардаанд, дар назди Аллоҳ аз зумраи дурӯггӯёнанд.

﴿وَلَوْلَا فَضْلُ اللَّهِ عَلَيْكُمْ وَرَحْمَتُهُ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ لَمَسَّكُمْ فِي مَا أَفَضْتُمْ فِيهِ عَذَابٌ عَظِيمٌ﴾

14.    Агар фазлу раҳмати Аллоҳ дар дунёву охират намебуд, ба сазои он суханон, ки мегуфтед, шуморо, ҳатман азоби бузурге дармерасид.

﴿إِذْ تَلَقَّوْنَهُ بِأَلْسِنَتِكُمْ وَتَقُولُونَ بِأَفْوَاهِكُمْ مَا لَيْسَ لَكُمْ بِهِ عِلْمٌ وَتَحْسَبُونَهُ هَيِّنًا وَهُوَ عِنْدَ اللَّهِ عَظِيمٌ﴾

15.
    Он гоҳ ки он сухани ботилро аз даҳони якдигар мегирифтед ва чизе бар забон мерондед, ки дар бораи он ҳеҷ намедонистед ва мепиндоштед, ки кори хурде аст ва ҳол он ки дар назди Аллоҳ кори бузурге буд,

﴿وَلَوْلَا إِذْ سَمِعْتُمُوهُ قُلْتُمْ مَا يَكُونُ لَنَا أَنْ نَتَكَلَّمَ بِهَٰذَا سُبْحَانَكَ هَٰذَا بُهْتَانٌ عَظِيمٌ﴾

16.
    чаро он гоҳ ки ин суханро шунидед, нагуфтед: «Моро нашояд, ки онро бозгӯем, Парвардигоро, Ту покӣ, ин тӯҳмати бузурге аст дар ҳаққи ҳамсари Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам?»

﴿يَعِظُكُمُ اللَّهُ أَنْ تَعُودُوا لِمِثْلِهِ أَبَدًا إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ﴾

17.    Аллоҳ таоло шуморо наҳй мекунад ва панд медиҳад, ки агар аз мӯъминон ҳастед, бори дигар гирди чунон коре магардед.

﴿وَيُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمُ الْآيَاتِ ۚ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ﴾

18.    Ва Аллоҳ таоло аҳкоми оётро барои шумо баён мекунад ва Аллоҳ доно аст бар кирдори шумо ва дар тадбири кори халқаш ҳаким аст!

﴿إِنَّ الَّذِينَ يُحِبُّونَ أَنْ تَشِيعَ الْفَاحِشَةُ فِي الَّذِينَ آمَنُوا لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ ۚ وَاللَّهُ يَعْلَمُ وَأَنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ﴾

19.    Барои касоне, ки дӯст доранд дар бораи мӯъминон тӯҳмати зино паҳн шавад, ҳароина, дар дунё ҷазои шаръӣ ва дар охират азоби дардоваре муҳайёст(1). Аллоҳ медонад ҳақиқати ҳар чизеро ва шумо намедонед!

﴿وَلَوْلَا فَضْلُ اللَّهِ عَلَيْكُمْ وَرَحْمَتُهُ وَأَنَّ اللَّهَ رَءُوفٌ رَحِيمٌ﴾

20.
    Агар фазл ва раҳмати Илоҳӣ шомили ҳоли шумо намешуд ва агар Аллоҳ таъоло нисбат ба шумо меҳру муҳаббат намедошт, баён намекард ин аҳком ва мавъизаҳоро ва тезй мекард дар азоб кардани онҳое, ки амрҳои Ӯро мухолифат мекунанд.

﴿۞ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّبِعُوا خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ ۚ وَمَنْ يَتَّبِعْ خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ فَإِنَّهُ يَأْمُرُ بِالْفَحْشَاءِ وَالْمُنْكَرِ ۚ وَلَوْلَا فَضْلُ اللَّهِ عَلَيْكُمْ وَرَحْمَتُهُ مَا زَكَىٰ مِنْكُمْ مِنْ أَحَدٍ أَبَدًا وَلَٰكِنَّ اللَّهَ يُزَكِّي مَنْ يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ﴾

21.    Эй касоне, ки имон овардаед, пой ба ҷои пойи шайтон магузоред(1). Ва ҳар ки пой ба ҷои пойи шайтон гузорад, бидонад, ки ӯ ба фаҳшову мункар (корҳои бад) фармон медиҳад. Ва агар фазлу раҳмате, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ доштааст, намебуд, ҳеҷ як аз шумо аз гуноҳ пок намешуд. Лекин ҳароина, Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, покиза месозад. Ва Аллоҳ шунавою доност!

﴿وَلَا يَأْتَلِ أُولُو الْفَضْلِ مِنْكُمْ وَالسَّعَةِ أَنْ يُؤْتُوا أُولِي الْقُرْبَىٰ وَالْمَسَاكِينَ وَالْمُهَاجِرِينَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۖ وَلْيَعْفُوا وَلْيَصْفَحُوا ۗ أَلَا تُحِبُّونَ أَنْ يَغْفِرَ اللَّهُ لَكُمْ ۗ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

22. Ва бояд, ки бузургону тавонгарони шумо бар он савганд нахӯранд, ки чизе ба хешовандону мискинон ва муҳоҷирони дар роҳи Аллоҳ надиҳанд.(1) Бояд бибахшанду гузашт бикунанд. Оё намехоҳед, ки шуморо Аллоҳ биёмурзад? Ва Аллоҳ аст омурзандаи меҳрубон.

﴿إِنَّ الَّذِينَ يَرْمُونَ الْمُحْصَنَاتِ الْغَافِلَاتِ الْمُؤْمِنَاتِ لُعِنُوا فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ وَلَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ﴾

23. Ҳароина, онон, ки занони покдомани бехабари мӯъминро тӯҳмати зино мезананд, дар дунёву охират лаънат шудаанд ва барояшон азоби бузург аст.

﴿يَوْمَ تَشْهَدُ عَلَيْهِمْ أَلْسِنَتُهُمْ وَأَيْدِيهِمْ وَأَرْجُلُهُمْ بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ﴾

24. Рӯзе, ки забонашон ва дастҳояшону пойҳояшон ба зиёнашон бар корҳое, ки мекардаанд, шаҳодат диҳанд.

﴿يَوْمَئِذٍ يُوَفِّيهِمُ اللَّهُ دِينَهُمُ الْحَقَّ وَيَعْلَمُونَ أَنَّ اللَّهَ هُوَ الْحَقُّ الْمُبِينُ﴾

25. Он рӯз, ки Аллоҳ ҷазояшонро ба пуррагӣ бидиҳад ва бидонанд, ки ҳаройна, Аллоҳ таоло барҳақу ошкор аст.

﴿الْخَبِيثَاتُ لِلْخَبِيثِينَ وَالْخَبِيثُونَ لِلْخَبِيثَاتِ ۖ وَالطَّيِّبَاتُ لِلطَّيِّبِينَ وَالطَّيِّبُونَ لِلطَّيِّبَاتِ ۚ أُولَٰئِكَ مُبَرَّءُونَ مِمَّا يَقُولُونَ ۖ لَهُمْ مَغْفِرَةٌ وَرِزْقٌ كَرِيمٌ﴾

26. Занони нопок барои мардони нопок ва мардони нопок барои занони нопок ва занони пок барои мардони пок ва мардони пок барои занони пок. Онҳо аз он чи дар бораашон мегӯянд, поканд. Омурзишу ризқи некӯ дар ҷаннат барои онҳост!

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَدْخُلُوا بُيُوتًا غَيْرَ بُيُوتِكُمْ حَتَّىٰ تَسْتَأْنِسُوا وَتُسَلِّمُوا عَلَىٰ أَهْلِهَا ۚ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ﴾

27.   Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонае ғайр аз хонаи худ, бе он ки иҷозат талабида ва бар сокинонаш салом(1) карда бошед, дохил машавед. Ин барои шумо беҳтар аст, бошад, ки панд гиред.

﴿فَإِنْ لَمْ تَجِدُوا فِيهَا أَحَدًا فَلَا تَدْخُلُوهَا حَتَّىٰ يُؤْذَنَ لَكُمْ ۖ وَإِنْ قِيلَ لَكُمُ ارْجِعُوا فَارْجِعُوا ۖ هُوَ أَزْكَىٰ لَكُمْ ۚ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ عَلِيمٌ﴾

28.   Ва агар дар хона касеро наёфтед, дохил машавед, то шуморо рухсат диҳанд. Ва агар гӯянд: «Бозгардед», бозгардед, ин бароятон покизатар аст. Ва Аллоҳ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст.

﴿لَيْسَ عَلَيْكُمْ جُنَاحٌ أَنْ تَدْخُلُوا بُيُوتًا غَيْرَ مَسْكُونَةٍ فِيهَا مَتَاعٌ لَكُمْ ۚ وَاللَّهُ يَعْلَمُ مَا تُبْدُونَ وَمَا تَكْتُمُونَ﴾

29.   Бар шумо гуноҳе нест, агар ба хонаҳое, ки маскани касе нест ва дар он ҷо манфаъате бошад, дохил шавед.(1) Ҳар чиро ошкор созед ё пинҳон доред, Аллоҳ ба он огоҳ аст.

﴿قُلْ لِلْمُؤْمِنِينَ يَغُضُّوا مِنْ أَبْصَارِهِمْ وَيَحْفَظُوا فُرُوجَهُمْ ۚ ذَٰلِكَ أَزْكَىٰ لَهُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَا يَصْنَعُونَ﴾

30.   Бигӯ эй Паёмбар, ба мардони мӯьмин, ки чашмони худ бипӯшанд аз номаҳрамон ва шармгоҳи худ нигаҳ доранд аз зинову ливота. Ин барояшон покизатар аст. Ҳароина, Аллоҳ ба корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст!

﴿وَقُلْ لِلْمُؤْمِنَاتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا ۖ وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَىٰ جُيُوبِهِنَّ ۖ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوْ آبَائِهِنَّ أَوْ آبَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ أَبْنَائِهِنَّ أَوْ أَبْنَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي أَخَوَاتِهِنَّ أَوْ نِسَائِهِنَّ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُنَّ أَوِ التَّابِعِينَ غَيْرِ أُولِي الْإِرْبَةِ مِنَ الرِّجَالِ أَوِ الطِّفْلِ الَّذِينَ لَمْ يَظْهَرُوا عَلَىٰ عَوْرَاتِ النِّسَاءِ ۖ وَلَا يَضْرِبْنَ بِأَرْجُلِهِنَّ لِيُعْلَمَ مَا يُخْفِينَ مِنْ زِينَتِهِنَّ ۚ وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعًا أَيُّهَ الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ﴾

31.
Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашмони худ бипӯшанд аз номаҳрамон ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд аз ҳаром ва зинатҳои худро ҷуз он миқдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва миқнаъаҳои (рӯймолҳои) худро то гиребон фурӯ гузоранд ва зинатҳои худро ошкор накунанд, ҷуз барои шавҳари худ ё падари худ ё падари шавҳари худ ё писари худ ё писари шавҳари худ ё бародари худ ё писари бародари худ ё писари хоҳари худ ё занони ҳамдини худ ё бандагони (ғулому канизони) худ ё мардони хидматгузори худ, ки рағбат ба зан надоранд ё кӯдаконе, ки аз шармгоҳи занон бехабаранд. Ва низ чунон пой бар замин назананд, то он зинат, ки пинҳон кардаанд, дониста шавад. Эй мӯъминон, ҳамагон ба даргоҳи Аллоҳ тавба кунед, бошад, ки растагор гардед.

﴿وَأَنْكِحُوا الْأَيَامَىٰ مِنْكُمْ وَالصَّالِحِينَ مِنْ عِبَادِكُمْ وَإِمَائِكُمْ ۚ إِنْ يَكُونُوا فُقَرَاءَ يُغْنِهِمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ ۗ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ﴾

32.   Хонадор кунонед, ғулому канизони худро, ки солеҳу шоистакор бошанд.(1) Агар фақиру бенаво бошанд, Аллоҳ ба карами худ бодавлату тавонгарашон хоҳад сохт, ки Аллоҳ кушоишдиҳанда ва доност.

﴿وَلْيَسْتَعْفِفِ الَّذِينَ لَا يَجِدُونَ نِكَاحًا حَتَّىٰ يُغْنِيَهُمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ ۗ وَالَّذِينَ يَبْتَغُونَ الْكِتَابَ مِمَّا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ فَكَاتِبُوهُمْ إِنْ عَلِمْتُمْ فِيهِمْ خَيْرًا ۖ وَآتُوهُمْ مِنْ مَالِ اللَّهِ الَّذِي آتَاكُمْ ۚ وَلَا تُكْرِهُوا فَتَيَاتِكُمْ عَلَى الْبِغَاءِ إِنْ أَرَدْنَ تَحَصُّنًا لِتَبْتَغُوا عَرَضَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ۚ وَمَنْ يُكْرِهْهُنَّ فَإِنَّ اللَّهَ مِنْ بَعْدِ إِكْرَاهِهِنَّ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

33.   Онон, ки ба сабаби камбағалиашон қудрати хонадоршавиро надоранд, бояд покдоманӣ пеша кунанд, то Аллоҳ аз карами хеш тавонгарашон гардонад. Ва аз бандагонатон ононро, ки хоҳони бозхаридани хешанд, агар дар онҳо хайре ёфтед, бозхариданашонро бипазиред. Ва аз он мол, ки Аллоҳ ба шумо арзонӣ доштааст, ба онон бидиҳед. Ва канизони худро агар хоҳанд, ки парҳезгор бошанд, ба хотири сарвати дунявӣ ба зино маҷбур макунед. Ҳар кас, ки ононро ба зино маҷбур кунад, Аллоҳ барои он канизон, ки ба маҷбурӣ ба он кор водор гаштаанд, омурзандаву меҳрубон аст!

﴿وَلَقَدْ أَنْزَلْنَا إِلَيْكُمْ آيَاتٍ مُبَيِّنَاتٍ وَمَثَلًا مِنَ الَّذِينَ خَلَوْا مِنْ قَبْلِكُمْ وَمَوْعِظَةً لِلْمُتَّقِينَ﴾

34.   Ба таҳқиқ барои шумо оятҳои равшану возеҳ ва қиссаву достонҳои ононе, ки пеш аз шумо будаанд ва низ барои парҳезгорон панд ва насиҳатҳо нозил кардем.

﴿۞ اللَّهُ نُورُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ مَثَلُ نُورِهِ كَمِشْكَاةٍ فِيهَا مِصْبَاحٌ ۖ الْمِصْبَاحُ فِي زُجَاجَةٍ ۖ الزُّجَاجَةُ كَأَنَّهَا كَوْكَبٌ دُرِّيٌّ يُوقَدُ مِنْ شَجَرَةٍ مُبَارَكَةٍ زَيْتُونَةٍ لَا شَرْقِيَّةٍ وَلَا غَرْبِيَّةٍ يَكَادُ زَيْتُهَا يُضِيءُ وَلَوْ لَمْ تَمْسَسْهُ نَارٌ ۚ نُورٌ عَلَىٰ نُورٍ ۗ يَهْدِي اللَّهُ لِنُورِهِ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَيَضْرِبُ اللَّهُ الْأَمْثَالَ لِلنَّاسِ ۗ وَاللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ﴾

35.    Аллоҳ нури осмонҳову замин аст. Масали нури Ӯ (Қуръон дар дили мӯъмин(1)) чун чароғдонест, ки дар он чароғе бошад, он чароғ даруни шишае ва он шиша чун ситорае дурахшанда.
Аз равғани дарахти пурбаракати зайтун, ки на шарқӣ аст (яъне, офтоб ба он дар охири рӯз бирасад) ва на ғарбӣ аст (яъне, офтоб ба он дар аввали рӯз мерасад, балки дар миёнаи замин аст). Равғанаш аз шафофиаш равшанӣ бахшад, ҳарчанд оташ ба он нарасида бошад. Нуре болои нур аст. Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба он нур (Қуръон) ҳидоят менамояд ва барои мардум масалҳо меоварад. Ва Аллоҳ таоло бар ҳама чиз доност!(2)

﴿فِي بُيُوتٍ أَذِنَ اللَّهُ أَنْ تُرْفَعَ وَيُذْكَرَ فِيهَا اسْمُهُ يُسَبِّحُ لَهُ فِيهَا بِالْغُدُوِّ وَالْآصَالِ﴾

36.
    Он нур фурӯзон аст дар масҷидҳое, ки Аллоҳ рухсат дод арҷмандаш доранд ва номаш дар он ҷо бо намоз ва тиловати Қуръон, тасбеҳу таҳлил ёд шавад ва Ӯро ҳар бомдоду шабонгоҳ тасбеҳ гӯянд.(1)

﴿رِجَالٌ لَا تُلْهِيهِمْ تِجَارَةٌ وَلَا بَيْعٌ عَنْ ذِكْرِ اللَّهِ وَإِقَامِ الصَّلَاةِ وَإِيتَاءِ الزَّكَاةِ ۙ يَخَافُونَ يَوْمًا تَتَقَلَّبُ فِيهِ الْقُلُوبُ وَالْأَبْصَارُ﴾

37.
    Мардоне, ки ҳеҷ тиҷорат ва хариду фурӯше аз ёди Аллоҳ ва намоз гузоридану закот додан бозашон надорад, аз рӯзи қиёмат, ки дилҳову дидагон аз тарс дигаргун мешаванд, метарсанд.

﴿لِيَجْزِيَهُمُ اللَّهُ أَحْسَنَ مَا عَمِلُوا وَيَزِيدَهُمْ مِنْ فَضْلِهِ ۗ وَاللَّهُ يَرْزُقُ مَنْ يَشَاءُ بِغَيْرِ حِسَابٍ﴾

38.    То Аллоҳ ба некӯтар аз он чи кардаанд, ҷазояшон диҳад ва аз бузургии худ бар он бияфзояд ва Аллоҳ ҳар киро хоҳад, беҳисоб ризқ диҳад.

﴿وَالَّذِينَ كَفَرُوا أَعْمَالُهُمْ كَسَرَابٍ بِقِيعَةٍ يَحْسَبُهُ الظَّمْآنُ مَاءً حَتَّىٰ إِذَا جَاءَهُ لَمْ يَجِدْهُ شَيْئًا وَوَجَدَ اللَّهَ عِنْدَهُ فَوَفَّاهُ حِسَابَهُ ۗ وَاللَّهُ سَرِيعُ الْحِسَابِ﴾

39.    Аъмоли кофирон чун саробест дар биёбоне.(1) Шахси ташна обаш пиндорад ва чун ба он наздик шавад, ҳеҷ обе наёбад ва Аллоҳро назди худ ёбад, пас ҷазои ӯро ба пуррагӣ бидиҳад. Ва Аллоҳ зуд ҳисобгиранда ҳаст!

﴿أَوْ كَظُلُمَاتٍ فِي بَحْرٍ لُجِّيٍّ يَغْشَاهُ مَوْجٌ مِنْ فَوْقِهِ مَوْجٌ مِنْ فَوْقِهِ سَحَابٌ ۚ ظُلُمَاتٌ بَعْضُهَا فَوْقَ بَعْضٍ إِذَا أَخْرَجَ يَدَهُ لَمْ يَكَدْ يَرَاهَا ۗ وَمَنْ لَمْ يَجْعَلِ اللَّهُ لَهُ نُورًا فَمَا لَهُ مِنْ نُورٍ﴾

40.
Ё ки амали кофирон ба монанди торикиҳоест дар дарёи чуқур, ки мепӯшад ин кофирро мавҷ ва бар болои он мавҷи дигарест ва бар болои он мавҷ абри хираест, торикиҳое бар болои якдигар, он тавр ки агар дасти худ берун орад, онро натавонад дид.(1) Ва ҳар киро, Аллоҳ нуре (аз Қуръону суннат) надод, (ки ба он роҳ ёбад,) пас ӯро ҳеҷ нуре нест.

﴿أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّهَ يُسَبِّحُ لَهُ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَالطَّيْرُ صَافَّاتٍ ۖ كُلٌّ قَدْ عَلِمَ صَلَاتَهُ وَتَسْبِيحَهُ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِمَا يَفْعَلُونَ﴾

41.
Оё надидаӣ, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва низ мурғоне, ки болкушода дар парвозанд, тасбеҳгӯи Аллоҳ ҳастанд? Ҳамаи махлуқотро Аллоҳ таоло донондааст чӣ гуна Ӯро намозу тасбеҳ гӯянд. Ва Аллоҳ ба ҳар коре, ки мекунанд, огоҳ аст!(1)

﴿وَلِلَّهِ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ وَإِلَى اللَّهِ الْمَصِيرُ﴾

42. Ва хос барои Аллоҳ аст подшоҳии осмонҳову замин ва бозгашти ҳамагон назди Ӯст.

﴿أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّهَ يُزْجِي سَحَابًا ثُمَّ يُؤَلِّفُ بَيْنَهُ ثُمَّ يَجْعَلُهُ رُكَامًا فَتَرَى الْوَدْقَ يَخْرُجُ مِنْ خِلَالِهِ وَيُنَزِّلُ مِنَ السَّمَاءِ مِنْ جِبَالٍ فِيهَا مِنْ بَرَدٍ فَيُصِيبُ بِهِ مَنْ يَشَاءُ وَيَصْرِفُهُ عَنْ مَنْ يَشَاءُ ۖ يَكَادُ سَنَا بَرْقِهِ يَذْهَبُ بِالْأَبْصَارِ﴾

43.
Оё надидаӣ, ки Аллоҳ абрҳоеро ба оҳистагӣ меронад, он гоҳ онҳоро ба ҳам мепайвандад, боз месозадаш рӯ ба рӯ болои ҳам? Пас мебинӣ боронро, ки хориҷ мешавад аз миёни он абр ва фуруд меорад аз ҷониби боло, аз кӯҳҳои абрӣ, ки он ҷоест, жоларо. Пас ҳар киро хоҳад, бо он осеб мерасонад ва аз ҳар кӣ мехоҳад, бозаш медорад.(1) Раъду барқе, ки дар он абр буда қариб аст, ки бибарад нури чашмҳоро.

﴿يُقَلِّبُ اللَّهُ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَعِبْرَةً لِأُولِي الْأَبْصَارِ﴾

44.   Яке аз нишонаҳои қудрати Аллоҳ таоло ин аст, ки Ӯ шабу рӯзро мегардонад.(1) Бе гумон хирадмандонро дар ин ибратест.

﴿وَاللَّهُ خَلَقَ كُلَّ دَابَّةٍ مِنْ مَاءٍ ۖ فَمِنْهُمْ مَنْ يَمْشِي عَلَىٰ بَطْنِهِ وَمِنْهُمْ مَنْ يَمْشِي عَلَىٰ رِجْلَيْنِ وَمِنْهُمْ مَنْ يَمْشِي عَلَىٰ أَرْبَعٍ ۚ يَخْلُقُ اللَّهُ مَا يَشَاءُ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ﴾

45.   Ва Аллоҳ ҳар ҷонвареро аз об биёфарид. Баъзе аз онҳо бар шикам мераванд (мор....) ва баъзе бар ду по мераванд (инсон) ва баъзе бар чаҳор по мераванд (чаҳорпоён). Аллоҳ ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад. Ҳароина, Аллоҳ бар ҳар коре тавоност!

﴿لَقَدْ أَنْزَلْنَا آيَاتٍ مُبَيِّنَاتٍ ۚ وَاللَّهُ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ إِلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ﴾

46.   Ба таҳқиқ дар Қуръон оятҳои равшану возеҳ нозил кардаем ва Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост (Ислом) ҳидоят мекунад.

﴿وَيَقُولُونَ آمَنَّا بِاللَّهِ وَبِالرَّسُولِ وَأَطَعْنَا ثُمَّ يَتَوَلَّىٰ فَرِيقٌ مِنْهُمْ مِنْ بَعْدِ ذَٰلِكَ ۚ وَمَا أُولَٰئِكَ بِالْمُؤْمِنِينَ﴾

47.   Ва мунофиқон мегӯянд: «Ба Аллоҳу паёмбараш имон овардаем ва итоат мекунем». Пас аз он гурӯҳе аз онон бозмегарданд ва ҳукми паёмбарро қабул намекунанд. Ва инҳо имон наёвардаанд.(1)

﴿وَإِذَا دُعُوا إِلَى اللَّهِ وَرَسُولِهِ لِيَحْكُمَ بَيْنَهُمْ إِذَا فَرِيقٌ مِنْهُمْ مُعْرِضُونَ﴾

48.   Чун онҳоро дар хусуматҳояшон ба сӯи Аллоҳу Паёмбараш даъват кунанд, то миёнашон ҳукм кунад, бинӣ, ки гурӯҳе рӯй мегардонанд.

﴿وَإِنْ يَكُنْ لَهُمُ الْحَقُّ يَأْتُوا إِلَيْهِ مُذْعِنِينَ﴾

49.   Ва агар ҳақ ба тарафи онҳо бошад, дар ҳол меоянд пеши Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гардан ниҳода.

﴿أَفِي قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ أَمِ ارْتَابُوا أَمْ يَخَافُونَ أَنْ يَحِيفَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ وَرَسُولُهُ ۚ بَلْ أُولَٰئِكَ هُمُ الظَّالِمُونَ﴾

50.
   Оё дар дилҳояшон беморист (бемории нифоқ) ё дар шак ҳастанд (аз Паёмбари барҳақ будани Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи вассаллам,) ё бими он доранд, ки Аллоҳу Паёмбараш бар онҳо ситам кунанд?! (Не) Балки, онон худ золиманд!

﴿إِنَّمَا كَانَ قَوْلَ الْمُؤْمِنِينَ إِذَا دُعُوا إِلَى اللَّهِ وَرَسُولِهِ لِيَحْكُمَ بَيْنَهُمْ أَنْ يَقُولُوا سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا ۚ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ﴾

51.
   Чун мӯъминони ҳақиқиро дар хусуматҳояшон ба сӯи китоби Аллоҳ ва паёмбараш даъват кунанд, то миёнашон ҳукм кунад, ин ки мегӯянд: «Шунидем ва итоат кардем», инҳо наҷотёфтагонанд. Ва аз аҳли ҷаннатанд.

﴿وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَيَخْشَ اللَّهَ وَيَتَّقْهِ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْفَائِزُونَ﴾

52.
   Ва касоне, ки фармонбардории Аллоҳу Паёмбараш мекунанд дар амру наҳй ва аз Аллоҳ метарсанд ва ҳазар мекунанд аз азоби Аллоҳ, пас инҳо комёбанд ба неъматҳои ҷаннат.(1)

﴿۞ وَأَقْسَمُوا بِاللَّهِ جَهْدَ أَيْمَانِهِمْ لَئِنْ أَمَرْتَهُمْ لَيَخْرُجُنَّ ۖ قُلْ لَا تُقْسِمُوا ۖ طَاعَةٌ مَعْرُوفَةٌ ۚ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ﴾

53.   Ва мунофиқон ба Аллоҳ қасам хӯрданд, қасамҳои сахт, ки агар ба онҳо фармон диҳӣ эй Паёмбар баромадани ба ҷиҳодро, албатта, ҳамроҳи ту ба ҷиҳод раванд. Бигӯ: «Қасами дурӯғ махӯред, тоати шумо маълум аст, ки фақат бо забон аст. Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, ҳароина, комилан огоҳ аст!»

﴿قُلْ أَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ ۖ فَإِنْ تَوَلَّوْا فَإِنَّمَا عَلَيْهِ مَا حُمِّلَ وَعَلَيْكُمْ مَا حُمِّلْتُمْ ۖ وَإِنْ تُطِيعُوهُ تَهْتَدُوا ۚ وَمَا عَلَى الرَّسُولِ إِلَّا الْبَلَاغُ الْمُبِينُ﴾

54.   Бигӯ эй Паёмбар ба мардум: «Аллоҳро итоат кунед ва паёмбарро итоат кунед.
Пас агар рӯй гардонед, ҳароина, бар Паёмбар анҷоми он чизе воҷиб аст, ки бар дӯши вай ниҳода шудаст (яъне, таблиғи рисолат) ва бар шумо ҳам анҷоми чизе воҷиб аст, ки бар дӯши шумо ниҳода шудааст (яъне, итоати содиқона ва ибодати мухлисона). Ва агар ба ӯ итоат кунед, ҳидоят ёбед. Ва бар паёмбар ҷуз расонидани пайғоми Парвардигораш чизи дигаре нест».

﴿وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا مِنْكُمْ وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَيَسْتَخْلِفَنَّهُمْ فِي الْأَرْضِ كَمَا اسْتَخْلَفَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ وَلَيُمَكِّنَنَّ لَهُمْ دِينَهُمُ الَّذِي ارْتَضَىٰ لَهُمْ وَلَيُبَدِّلَنَّهُمْ مِنْ بَعْدِ خَوْفِهِمْ أَمْنًا ۚ يَعْبُدُونَنِي لَا يُشْرِكُونَ بِي شَيْئًا ۚ وَمَنْ كَفَرَ بَعْدَ ذَٰلِكَ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ﴾

55.
   Аллоҳ ба касоне аз шумо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ваъда дод, ки албатта, дар рӯи замин халифаашон созад, чун мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд, халифаашон сохт. Ва динашонро, ки худ барояшон писандида аст, ки Ислом аст, устувор созад. Ва ваҳшаташонро ба эминӣ бадал кунад, ҳар вақте ки Маро мепарастанд ва ҳеҷ чизеро бо Ман шарик намекунанд. Ва онҳо, ки баъд аз ин ношукрӣ варзанд, пас онон фосиқонанд (яъне, хориҷ аз тоати Аллоҳанд).(1)

﴿وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ﴾

56.    Ва намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба паёмбар итоат кунед, шояд ки бар шумо раҳм карда шавад!

﴿لَا تَحْسَبَنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا مُعْجِزِينَ فِي الْأَرْضِ ۚ وَمَأْوَاهُمُ النَّارُ ۖ وَلَبِئْسَ الْمَصِيرُ﴾

57.    Ҳаргиз, мапиндор, ки кофирон метавонанд дар ин сарзамин ба ҷое бигурезанд аз азоби Аллоҳ. Ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва чӣ бад саранҷомест!

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لِيَسْتَأْذِنْكُمُ الَّذِينَ مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ وَالَّذِينَ لَمْ يَبْلُغُوا الْحُلُمَ مِنْكُمْ ثَلَاثَ مَرَّاتٍ ۚ مِنْ قَبْلِ صَلَاةِ الْفَجْرِ وَحِينَ تَضَعُونَ ثِيَابَكُمْ مِنَ الظَّهِيرَةِ وَمِنْ بَعْدِ صَلَاةِ الْعِشَاءِ ۚ ثَلَاثُ عَوْرَاتٍ لَكُمْ ۚ لَيْسَ عَلَيْكُمْ وَلَا عَلَيْهِمْ جُنَاحٌ بَعْدَهُنَّ ۚ طَوَّافُونَ عَلَيْكُمْ بَعْضُكُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ ۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمُ الْآيَاتِ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ﴾

58.
    Эй касоне, ки имон овардаед, бояд ғуломони шумо ва он фарзандоне, ки ҳанӯз ба балоғат нарасидаанд, дар се вақт аз шумо барои ворид шудан ба хона рухсат талабанд: пеш аз намози субҳ ва ҳангоми зӯҳр, ки либос аз тан берун мекунед ва баъд аз намози хуфтан. Ин се вақт, вақти хилвати шумост.
Дар ғайри ин се вақт нест вуболе на бар шумо ва на бар онҳое, ки назди шумо дохил мешаванд напурсида, чунки баъзеи шумо бар баъзе дигар омаду рафткунандагонед. Аллоҳ оётро инчунин барои шумо баён мекунад. Ва Аллоҳ донову ҳаким аст!(1)

﴿وَإِذَا بَلَغَ الْأَطْفَالُ مِنْكُمُ الْحُلُمَ فَلْيَسْتَأْذِنُوا كَمَا اسْتَأْذَنَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ ۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمْ آيَاتِهِ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ﴾

59.
   Ва чун кӯдакони шумо ба синни балоғат расиданд дар ҳамаи вақтҳо барои даромадан ба маконе, ки падару модар дар он ҷо истироҳат мекунанд, бояд монанди касоне, ки зикрашон гузашт (яъне мисли ба балоғатрасидагон), рухсат талабанд. Аллоҳ таоло оёт ва аҳкоми шариати Худро инчунин равшан ва содда барои шумо баён мекунад. Ва Аллоҳ донову ҳаким аст дар қонунгузорӣ барои бандагонаш!

﴿وَالْقَوَاعِدُ مِنَ النِّسَاءِ اللَّاتِي لَا يَرْجُونَ نِكَاحًا فَلَيْسَ عَلَيْهِنَّ جُنَاحٌ أَنْ يَضَعْنَ ثِيَابَهُنَّ غَيْرَ مُتَبَرِّجَاتٍ بِزِينَةٍ ۖ وَأَنْ يَسْتَعْفِفْنَ خَيْرٌ لَهُنَّ ۗ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ﴾

60.    Занони калонсол, ки дигар умеди никоҳ надоранд ба сабаби калонсолӣ ва бешаҳватӣ гуноҳ нест бар инҳо ин ки фурӯ ниҳанд рӯймол ва рӯкашаки худро. Вале зоҳир накунанд мавзеъи ороиши худро ва агар парҳезгорӣ кунанд (яъне, ба нагирифтани рӯймол ва рӯкашак аз сари худ), ин барояшон беҳтар аст. Ва Аллоҳ таоло шунавову доност!(1)

﴿لَيْسَ عَلَى الْأَعْمَىٰ حَرَجٌ وَلَا عَلَى الْأَعْرَجِ حَرَجٌ وَلَا عَلَى الْمَرِيضِ حَرَجٌ وَلَا عَلَىٰ أَنْفُسِكُمْ أَنْ تَأْكُلُوا مِنْ بُيُوتِكُمْ أَوْ بُيُوتِ آبَائِكُمْ أَوْ بُيُوتِ أُمَّهَاتِكُمْ أَوْ بُيُوتِ إِخْوَانِكُمْ أَوْ بُيُوتِ أَخَوَاتِكُمْ أَوْ بُيُوتِ أَعْمَامِكُمْ أَوْ بُيُوتِ عَمَّاتِكُمْ أَوْ بُيُوتِ أَخْوَالِكُمْ أَوْ بُيُوتِ خَالَاتِكُمْ أَوْ مَا مَلَكْتُمْ مَفَاتِحَهُ أَوْ صَدِيقِكُمْ ۚ لَيْسَ عَلَيْكُمْ جُنَاحٌ أَنْ تَأْكُلُوا جَمِيعًا أَوْ أَشْتَاتًا ۚ فَإِذَا دَخَلْتُمْ بُيُوتًا فَسَلِّمُوا عَلَىٰ أَنْفُسِكُمْ تَحِيَّةً مِنْ عِنْدِ اللَّهِ مُبَارَكَةً طَيِّبَةً ۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمُ الْآيَاتِ لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ﴾

61.    Бар нобино ҳараҷе (гуноҳе) нест ва бар ланг гуноҳе нест ва бар бемор хуноҳе нест барои нарафтан ба ҷиҳод.
Ва бар шумо гуноҳе нест, агар аз хонаи худ ё хонаи падаратон ё хонаи модаратон ё хонаи бародаратон ё хонаи хоҳаратон ё хонаи амакатон ё хонаи аммаатон ё хонаи тағоятон ё хонаи холаатон ё хонае, ки калидҳои он назди шумост (яъне нигаҳбону вакили он хона шумоед) ё хонаи дӯстатон чизе бихӯред. Ва гуноҳе муртакиб нашудаед, агар бо ҳам бихӯред ё ҷудо- ҷудо. Ва чун ба хонае дохил шавед, бар якдигар салом кунед бо лафзи "ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу". Ин таҳиятест муборак ва покиза аз ҷониби Аллоҳ таоло. Ҳамчунин Аллоҳ таоло оятҳои худро барои шумо баён мекунад, бошад, ки оқилона биандешед!

﴿إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَإِذَا كَانُوا مَعَهُ عَلَىٰ أَمْرٍ جَامِعٍ لَمْ يَذْهَبُوا حَتَّىٰ يَسْتَأْذِنُوهُ ۚ إِنَّ الَّذِينَ يَسْتَأْذِنُونَكَ أُولَٰئِكَ الَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ ۚ فَإِذَا اسْتَأْذَنُوكَ لِبَعْضِ شَأْنِهِمْ فَأْذَنْ لِمَنْ شِئْتَ مِنْهُمْ وَاسْتَغْفِرْ لَهُمُ اللَّهَ ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

62.
   Ҳамоно мӯъминон касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳу паёмбараш имон овардаанд ва чун бо паёмбар дар коре якҷоя бошанд, то аз ӯ рухсат наталабидаанд, набояд бираванд. Онон, ки аз ту эй паёмбар, рухсат металабанд, ҳароина, касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳу Паёмбараш имон овардаанд.
Пас, ҳангоме ки аз ту барои баъзе аз корҳояшон рухсат хостанд, бар ҳар як аз онон, ки хоҳӣ, рухсат бидеҳ ва барояшон аз Аллоҳ омурзиш бихоҳ, ки ҳамоно Аллоҳ таоло бахшояндаву меҳрубон аст!

﴿لَا تَجْعَلُوا دُعَاءَ الرَّسُولِ بَيْنَكُمْ كَدُعَاءِ بَعْضِكُمْ بَعْضًا ۚ قَدْ يَعْلَمُ اللَّهُ الَّذِينَ يَتَسَلَّلُونَ مِنْكُمْ لِوَاذًا ۚ فَلْيَحْذَرِ الَّذِينَ يُخَالِفُونَ عَنْ أَمْرِهِ أَنْ تُصِيبَهُمْ فِتْنَةٌ أَوْ يُصِيبَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ﴾

63.
   Эй мӯъминон, он чунон ки якдигарро нидо мекунед, паёмбарро нидо накунед (яъне ё Муҳаммад нагӯед, балки бо эҳтирому иззат ба ин лафз эй паёмбари Аллоҳ, ё расулаллоҳ бигӯед). Албатта, Аллоҳ медонад онҳоеро, ки пинҳонӣ берун мешаванд аз назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам.
Бояд ки битарсанд онҳое, ки хилофи ҳукми паёмбар кор мекунанд аз ин ки бирасад ба онҳо ба сабаби хилофкориашон балову мусибате ё бирасад ба онҳо азоби дарднок.(1)

﴿أَلَا إِنَّ لِلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ قَدْ يَعْلَمُ مَا أَنْتُمْ عَلَيْهِ وَيَوْمَ يُرْجَعُونَ إِلَيْهِ فَيُنَبِّئُهُمْ بِمَا عَمِلُوا ۗ وَاللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ﴾

64.   Огоҳ бошед, ҳароина, аз они Аллоҳ аст ҳар чи дар осмонҳову замин аст. Медонад, ки шумо бар чи коред. Ва он рӯз, ки ба сӯйи Ӯ бозгардонда шаванд, ононро аз корҳое, ки кардаанд, огоҳ месозад ва ҷазо медиҳад. Ва Аллоҳ ба ҳар чизе доност!

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: