السجدة

تفسير سورة السجدة

الترجمة الطاجيكية

Тоҷикӣ

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ الم﴾

1.       Алиф, Лом, Мим. (1)

﴿تَنْزِيلُ الْكِتَابِ لَا رَيْبَ فِيهِ مِنْ رَبِّ الْعَالَمِينَ﴾

2.       Нозил шудани ин китоби Қуръон, ки ҳеҷ шакке дар он нест, аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст.

﴿أَمْ يَقُولُونَ افْتَرَاهُ ۚ بَلْ هُوَ الْحَقُّ مِنْ رَبِّكَ لِتُنْذِرَ قَوْمًا مَا أَتَاهُمْ مِنْ نَذِيرٍ مِنْ قَبْلِكَ لَعَلَّهُمْ يَهْتَدُونَ﴾

3.
       Оё мушрикон мегӯянд: Муҳаммад онро ба дурӯғ бофтааст? На, онҳо дурӯғ мегӯянд, балки Қуръон суханест барҳақ аз ҷониби Парвардигорат барои ту нозил шудааст, то мардумеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае надоштаанд, битарсонӣ. Шояд аз гумроҳиашон наҷот ёбанд ва ба роҳи ҳидоят афтанд.(1)

﴿اللَّهُ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا فِي سِتَّةِ أَيَّامٍ ثُمَّ اسْتَوَىٰ عَلَى الْعَرْشِ ۖ مَا لَكُمْ مِنْ دُونِهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا شَفِيعٍ ۚ أَفَلَا تَتَذَكَّرُونَ﴾

4.       Аллоҳ зотест, ки осмонҳову заминро ва он чи миёни онҳост, дар шаш рӯз биёфарид ва он гоҳ бар Арш истиво ёфт.(1) Шуморо ғайри Ӯ дӯст ё шафоаткунандае нест. Оё панд намегмред?

﴿يُدَبِّرُ الْأَمْرَ مِنَ السَّمَاءِ إِلَى الْأَرْضِ ثُمَّ يَعْرُجُ إِلَيْهِ فِي يَوْمٍ كَانَ مِقْدَارُهُ أَلْفَ سَنَةٍ مِمَّا تَعُدُّونَ﴾

5.       Кори ҷаҳони ҳастиро аз осмон то замин тадбир менамояд. Сипас он корҳо дар рӯзе, ки миқдори он ҳазор сол аст, чунон ки дар ин дунё мешуморед, ба сӯи Ӯ боло мераванд.

﴿ذَٰلِكَ عَالِمُ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ﴾

6.       Аллоҳ, ки донои пинҳону ошкор аст ва чизе бар Ӯ пӯшида намемонад, ғолибу меҳрубон аст.

﴿الَّذِي أَحْسَنَ كُلَّ شَيْءٍ خَلَقَهُ ۖ وَبَدَأَ خَلْقَ الْإِنْسَانِ مِنْ طِينٍ﴾

7.       Он Зоте, ки ҳар чиро офарид ба некӯтарин сурат офарид ва офариниши одамро аз гил оғоз кард. (Ҳамоно он, Одам алайҳиссалом аст).

﴿ثُمَّ جَعَلَ نَسْلَهُ مِنْ سُلَالَةٍ مِنْ مَاءٍ مَهِينٍ﴾

8.       Сипас насли ӯро аз қатраи оби пасту ночиз офарид.

﴿ثُمَّ سَوَّاهُ وَنَفَخَ فِيهِ مِنْ رُوحِهِ ۖ وَجَعَلَ لَكُمُ السَّمْعَ وَالْأَبْصَارَ وَالْأَفْئِدَةَ ۚ قَلِيلًا مَا تَشْكُرُونَ﴾

9.       Он гоҳ аъзои шакли ӯро рост кард ва пурра гардонид ва офариниши ӯро бисёр зебо ва некӯ намуд ва аз Рӯҳи Худ ба воситаи малоика дар он бидамид. Ва бароятон гӯшу чашмҳо сохт, то байни овозу рангҳоро ҷудо кунед ва дилҳо офарид, то ба ақли хеш байни неку бад ва фоидаву зарарро дарк намоед. Чи андак шумо шукр мегӯед!(1)

﴿وَقَالُوا أَإِذَا ضَلَلْنَا فِي الْأَرْضِ أَإِنَّا لَفِي خَلْقٍ جَدِيدٍ ۚ بَلْ هُمْ بِلِقَاءِ رَبِّهِمْ كَافِرُونَ﴾

10.
   Ба мушрикон гуфтанд: Оё вақте ки дар замин бо гӯшту устухонамон несту нобуд шавем, оё бори дигар дар офариниши нав хоҳем буд? Балки онҳо ба дидори Парвардигорашон имон надоранд!

﴿۞ قُلْ يَتَوَفَّاكُمْ مَلَكُ الْمَوْتِ الَّذِي وُكِّلَ بِكُمْ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّكُمْ تُرْجَعُونَ﴾

11.   Бигӯ эй Расул: Фариштаи марг (Малакулмавт), ки бар шумо муваккал (вазифадор карда шудааст), ҷонатонро мегирад ва лаҳзае таъхир намекунад. Сипас ба сӯи Парвардигоратон бозгардонида мешавед ва он гоҳ шуморо тибқи амалҳоятон подош ва ҷазо хоҳад дод.(1)

﴿وَلَوْ تَرَىٰ إِذِ الْمُجْرِمُونَ نَاكِسُو رُءُوسِهِمْ عِنْدَ رَبِّهِمْ رَبَّنَا أَبْصَرْنَا وَسَمِعْنَا فَارْجِعْنَا نَعْمَلْ صَالِحًا إِنَّا مُوقِنُونَ﴾

12.
   Ва агар он гоҳ бубинӣ, ки гунаҳкоронро дар назди Парвардигорашон сархам кардаанд ва мегӯянд: Эй Парвардигори мо, дидем амалҳои бадамонро ва шунидем он чиро, ки дар дунё Расулат бо мо мефармуд. Акнун моро бозгардон, ба дунё то кори шоистае кунем, ки инак, ба яқин расидаем ва он чиро, ки пеш дурӯғ мебаровардем, акнун ба он бовар дорем.(1)

﴿وَلَوْ شِئْنَا لَآتَيْنَا كُلَّ نَفْسٍ هُدَاهَا وَلَٰكِنْ حَقَّ الْقَوْلُ مِنِّي لَأَمْلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنَ الْجِنَّةِ وَالنَّاسِ أَجْمَعِينَ﴾

13.   Агар Мо мехостем, ба ҳар кас ҳидояташро медодем, вале ваъдаи Ман ҳақ аст, ки ҷаҳаннамро аз ҳамаи ҷинҳо ва одамиён пур мекунам. Ва ин ба он сабаб буд, ки онҳо гумроҳиро ба ҷои ҳидоят ихтиёр намуданд.

﴿فَذُوقُوا بِمَا نَسِيتُمْ لِقَاءَ يَوْمِكُمْ هَٰذَا إِنَّا نَسِينَاكُمْ ۖ وَذُوقُوا عَذَابَ الْخُلْدِ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ﴾

14.   Эй мушрикон, пас ба сазои он, ки дидори чунин рӯзеро фаромӯш карда будед, акнун азобро бичашед. Ҳароина, Мо низ шуморо имрӯз фаромӯш кардаем. Ба сазои куфр ва маъсияте, ки мекардед, азоби доимиро бичашед!

﴿إِنَّمَا يُؤْمِنُ بِآيَاتِنَا الَّذِينَ إِذَا ذُكِّرُوا بِهَا خَرُّوا سُجَّدًا وَسَبَّحُوا بِحَمْدِ رَبِّهِمْ وَهُمْ لَا يَسْتَكْبِرُونَ ۩﴾

15.
   Танҳо касоне ба оёти Қуръони Мо имон овардаанд, ки чун оёти Моро бишнаванд, ба саҷда бияфтанд ва Парвардигорашонро ба покӣ биситоянд ва онҳо аз саҷда кардан ва ба покӣ ёд намудани Офаридгорашон такаббур намекунанд.

﴿تَتَجَافَىٰ جُنُوبُهُمْ عَنِ الْمَضَاجِعِ يَدْعُونَ رَبَّهُمْ خَوْفًا وَطَمَعًا وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنْفِقُونَ﴾

16.
Аз бистари хоб пахлӯҳояшон дур мемонад(1), Парвардигорашонро бо биму умед илтиҷо мекунанд, ки амалҳояшонро мақбули даргоҳаш кунад ва аз он ризқе, ки ба онҳо дар роҳи Аллоҳ додаем, садақа мекунанд.(2)

﴿فَلَا تَعْلَمُ نَفْسٌ مَا أُخْفِيَ لَهُمْ مِنْ قُرَّةِ أَعْيُنٍ جَزَاءً بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ﴾

17.
Пас, ҳеҷ кас намедонад, дар баробари корҳое, ки мӯъминон дар дунё анҷом медиҳанд, чи чизҳое дар охират барояшон пинҳон шуда, сабаби равшании чашмҳо аст ва дилҳояшон ба он ором мегирад.

﴿أَفَمَنْ كَانَ مُؤْمِنًا كَمَنْ كَانَ فَاسِقًا ۚ لَا يَسْتَوُونَ﴾

18. Оё касе, ки мӯъмин аст, монанди касест, ки фосиқ аст? На, ҳаргиз дар назди Аллоҳ баробар нестанд!

﴿أَمَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ فَلَهُمْ جَنَّاتُ الْمَأْوَىٰ نُزُلًا بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ﴾

19. Аммо онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба сабаби он амалҳое, ки дар дунё мекарданд, барояшон манзилгоҳе дар боғҳои биҳишт мебошад.

﴿وَأَمَّا الَّذِينَ فَسَقُوا فَمَأْوَاهُمُ النَّارُ ۖ كُلَّمَا أَرَادُوا أَنْ يَخْرُجُوا مِنْهَا أُعِيدُوا فِيهَا وَقِيلَ لَهُمْ ذُوقُوا عَذَابَ النَّارِ الَّذِي كُنْتُمْ بِهِ تُكَذِّبُونَ﴾

20. Ва аммо касоне, ки фосиқ буданд, онон ки аз тоати Аллоҳ берун омаданд ва корҳои гуноҳ карданд, манзилгоҳашон оташи дӯзах аст.
Ҳар гоҳ бихоҳанд, ки аз он берун оянд, бори дигар онҳоро ба даруни оташ бозгардонанд ва ба онҳо бигӯянд: Бичашед азоби оташеро, ки дар дунё дурӯғаш мепиндоштед!

﴿وَلَنُذِيقَنَّهُمْ مِنَ الْعَذَابِ الْأَدْنَىٰ دُونَ الْعَذَابِ الْأَكْبَرِ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ﴾

21.
   Ва албатта, бичашонем фосиқонро аз азоби наздики ин дунё; (монанди офат, бало ва дигар мусибатҳо), пеш аз азоби бузурги охират, шояд онҳо аз гуноҳони худ тавба карда баргарданд!(1)

﴿وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنْ ذُكِّرَ بِآيَاتِ رَبِّهِ ثُمَّ أَعْرَضَ عَنْهَا ۚ إِنَّا مِنَ الْمُجْرِمِينَ مُنْتَقِمُونَ﴾

22.   Кист ситамкортар аз он касе, ки ӯро ба оёти Парвардигораш панд диҳанд, сипас аз ҳамаи онҳо рӯй гардонад? Мо, ҳароина, аз гунаҳкорон интиқом мегирем!

﴿وَلَقَدْ آتَيْنَا مُوسَى الْكِتَابَ فَلَا تَكُنْ فِي مِرْيَةٍ مِنْ لِقَائِهِ ۖ وَجَعَلْنَاهُ هُدًى لِبَنِي إِسْرَائِيلَ﴾

23.   Дар ҳақиқат ба Мӯсо китоб додем, (чунон ки ба ту эй Расул Қуръонро додем.) Пас аз дидори Мӯсо дар шаби Исро ва Меъроҷ дар шубҳа мабош. Ва онро роҳнамои банӣ Исроил қарор додем.(1)

﴿وَجَعَلْنَا مِنْهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنَا لَمَّا صَبَرُوا ۖ وَكَانُوا بِآيَاتِنَا يُوقِنُونَ﴾

24.
   Ва аз фарзандони Исроил пешвоёне қарор додем, ки ба фармони Мо мардумро ҳидоят мекарданд ва онҳоро ба ибодати Аллоҳ даъват мекарданд ва чун сабр пеша карданд бар душвориҳои даъват ва ҳидояти мардум ва ба оёти Мо, яқин доштанд.

﴿إِنَّ رَبَّكَ هُوَ يَفْصِلُ بَيْنَهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فِيمَا كَانُوا فِيهِ يَخْتَلِفُونَ﴾

25.
   Албатта, Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар он чӣ кофирон ва мӯъминон ихтилоф мекарданд, миёнашон бо адл доварӣ мекунад ва ҳар киро ҷазои муносиб хоҳад дод.

﴿أَوَلَمْ يَهْدِ لَهُمْ كَمْ أَهْلَكْنَا مِنْ قَبْلِهِمْ مِنَ الْقُرُونِ يَمْشُونَ فِي مَسَاكِنِهِمْ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ ۖ أَفَلَا يَسْمَعُونَ﴾

26.
   Оё барои кофирони Макка равшан нашудааст, ки пеш аз онҳо чӣ қадар аз наслҳоро нобуд кардем ва инҳо дар сафарҳои худ аз диёрҳои қавми Ҳуд, Солеҳ ва Лут мегузаранд ва он вайронаҳоро мушоҳида мекунанд ва дар хонаву ҷои онҳо роҳ мераванд. Бегумон дар ин нишонаҳоест бар ҳақиқат будани паёмбарон, оё намешунаванд ин оятҳоро, то аз онҳо панд пазиранд.(1)

﴿أَوَلَمْ يَرَوْا أَنَّا نَسُوقُ الْمَاءَ إِلَى الْأَرْضِ الْجُرُزِ فَنُخْرِجُ بِهِ زَرْعًا تَأْكُلُ مِنْهُ أَنْعَامُهُمْ وَأَنْفُسُهُمْ ۖ أَفَلَا يُبْصِرُونَ﴾

27.
   Оё надидаанд, дурӯғшуморандагони рӯзи қиёмат, ки ҳароина, Мо обро ба замини хушку бегиёҳ равона месозем, то киштзорҳо бирӯёнем чорпоёнашон ва худашон аз он бихӯранд? Оё ин неъматҳоро бо чашмони худ намебинанд? Пас бидонанд, ки Аллоҳ таоло ин гуна чизҳоеро, ки падид овард, албатта, бар зинда гардондани мурдаҳо қодир аст.

﴿وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا الْفَتْحُ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ﴾

28.   Мушрикон ба азоби Аллоҳ шитобида ва мегӯянд: Агар рост мегӯед ва даъво мекунед, ки мо ба азоб гирифтор хоҳем шуд, пас пирӯзӣ(1) чӣ вақт хоҳад буд?(2)

﴿قُلْ يَوْمَ الْفَتْحِ لَا يَنْفَعُ الَّذِينَ كَفَرُوا إِيمَانُهُمْ وَلَا هُمْ يُنْظَرُونَ﴾

29.
   Бигӯ эй Расул: Дар рӯзи пирӯзӣ имон овардани кофирон судашон надиҳад, зеро имонашон, имони ночорӣ аст ва ба онҳо мӯҳлат дода нашавад, то аз гуноҳҳои гузаштаи худ тавба кунанд.(1)

﴿فَأَعْرِضْ عَنْهُمْ وَانْتَظِرْ إِنَّهُمْ مُنْتَظِرُونَ﴾

30.   Пас, (эй Расули Мо), аз мушрикон рӯй гардон ва мунтазир бош, ки онҳо ба азоб гирифтор хоҳанд шуд ва низ онҳо дар интизоранд, ки ту дар азобе мубтало шавӣ.(1)

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: