الجاثية

تفسير سورة الجاثية

الترجمة الطاجيكية

Тоҷикӣ

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ حم﴾

1. Ҳо, Мим(1)

﴿تَنْزِيلُ الْكِتَابِ مِنَ اللَّهِ الْعَزِيزِ الْحَكِيمِ﴾

2. Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Аллоҳи пирӯзманди ҳаким, ки дар интиқом гирифтан аз душманонаш ғолиб аст ва дар тадбири умури халқаш бо ҳикмат аст(1).

﴿إِنَّ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ لَآيَاتٍ لِلْمُؤْمِنِينَ﴾

3. Албатта, дар ҳафт табақаҳои осмону замин ва он чӣ миёни онҳост, аз махлуқоти гуногун нишонаҳои ибратест барои мӯъминон!(1)

﴿وَفِي خَلْقِكُمْ وَمَا يَبُثُّ مِنْ دَابَّةٍ آيَاتٌ لِقَوْمٍ يُوقِنُونَ﴾

4. Ва эй мардум, дар офариниши шумо ва пароканда шудани ҷунбандагон (ҷонварон) ибратҳост барои мардуме, ки ба Аллоҳ ва шариъати Ӯ боварии яқин доранд.

﴿وَاخْتِلَافِ اللَّيْلِ وَالنَّهَارِ وَمَا أَنْزَلَ اللَّهُ مِنَ السَّمَاءِ مِنْ رِزْقٍ فَأَحْيَا بِهِ الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا وَتَصْرِيفِ الرِّيَاحِ آيَاتٌ لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ﴾

5.
Ва аз пайи якдигар омадани шабу рӯз ва ризқе, ки Аллоҳ аз осмон (борон) мефиристад ва замини мурдаро бо он борон зинда мекунад ва низ дар вазидани бодҳо, ки аз ҳар ҷиҳат барои манфиати шумо мевазанд, ибратҳоест барои оқилон.

﴿تِلْكَ آيَاتُ اللَّهِ نَتْلُوهَا عَلَيْكَ بِالْحَقِّ ۖ فَبِأَيِّ حَدِيثٍ بَعْدَ اللَّهِ وَآيَاتِهِ يُؤْمِنُونَ﴾

6.       Инҳо оятҳои (каломи) Аллоҳ аст, ки ба ростӣ бар ту эй Расул тиловат мекунем. Пас баъд аз китоби Аллоҳ ва оёти Ӯ ва ҳуҷҷатҳое, ки далолат бар маъбуди ҳақиқии Ӯ мекунанд, ба кадом сухан имон меоваранд?(1)

﴿وَيْلٌ لِكُلِّ أَفَّاكٍ أَثِيمٍ﴾

7.       Вой, (ҳалок бод) ба ҳар сахт дурӯғпардози гунаҳкоре!

﴿يَسْمَعُ آيَاتِ اللَّهِ تُتْلَىٰ عَلَيْهِ ثُمَّ يُصِرُّ مُسْتَكْبِرًا كَأَنْ لَمْ يَسْمَعْهَا ۖ فَبَشِّرْهُ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ﴾

8.       Оятҳои (каломи) Аллоҳро, ки бар ӯ хонда мешаванд, мешунавад. Он гоҳ мутакаббирона давомат бар куфр дорад ва барои Аллоҳ ва расулаш сар фурӯ намеорад чунонки гӯйи ҳеҷ нашунидааст. Пас, эй Расул ӯро ба азоби дардоваре, ки дар рӯзи қиёмат воқеъ аст, башорат деҳ.(1)

﴿وَإِذَا عَلِمَ مِنْ آيَاتِنَا شَيْئًا اتَّخَذَهَا هُزُوًا ۚ أُولَٰئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ مُهِينٌ﴾

9.       Ва ҳаргоҳ бар чизе аз оёти Мо огоҳ шавад, он оятҳоро ба масхара мегирад, рӯзи қиёмат инҳо сазовори азоби хоркунандаанд.

﴿مِنْ وَرَائِهِمْ جَهَنَّمُ ۖ وَلَا يُغْنِي عَنْهُمْ مَا كَسَبُوا شَيْئًا وَلَا مَا اتَّخَذُوا مِنْ دُونِ اللَّهِ أَوْلِيَاءَ ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ﴾

10.Аз пушти сари онҳо(1) ҷаҳаннам аст. Ва моле, ки ба даст овардаанд ва касоне, ки ғайри Аллоҳи барҳақ маъбуд гирифтаанд, ба ҳолашон фоида накунад. Ва барои онҳо азоби бузург аст!(2)

﴿هَٰذَا هُدًى ۖ وَالَّذِينَ كَفَرُوا بِآيَاتِ رَبِّهِمْ لَهُمْ عَذَابٌ مِنْ رِجْزٍ أَلِيمٌ﴾

11.   Ин Қуръоне, ки бар ту эй Расул нозил кардем, раҳнамудест барои роҳёфтагон ба Қуръони азим. Ва онон, ки ба оёти Парвардигорашон имон намеоваранд ва онро тасдиқ надоранд, барояшон азобест аз навъи сахттарин азобҳои дардовар.(1)

﴿۞ اللَّهُ الَّذِي سَخَّرَ لَكُمُ الْبَحْرَ لِتَجْرِيَ الْفُلْكُ فِيهِ بِأَمْرِهِ وَلِتَبْتَغُوا مِنْ فَضْلِهِ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ﴾

12.
   Аллоҳ Зотест, ки баҳрро барои шумо мусаххар кард, то дар он ба фармони Ӯ киштиҳо равон бошанд ва талаби маъишат кунед, то ки ба неъматҳояш сипосгузор бошед ва танҳо Ӯро парастиш кунед ва дар он чи мефармояд ва манъ мекунад, фармонбардор бошед!(1)

﴿وَسَخَّرَ لَكُمْ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا مِنْهُ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ﴾

13.   Ва он чиро дар осмонҳо аз офтобу маҳтоб ва ситорагон ва он чиро дар замин аст аз ҷонварон, дарахтон ва киштиҳо ва ғайраҳо барои фоидаи шумо ром кард. Ҳама аз они Ӯст. Ҳароина, дар ин нишонаҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки бар ягонагии Аллоҳ далолат мекунанд, барои мардуме, ки андеша мекунанд, ибратҳоест.(1)

﴿قُلْ لِلَّذِينَ آمَنُوا يَغْفِرُوا لِلَّذِينَ لَا يَرْجُونَ أَيَّامَ اللَّهِ لِيَجْزِيَ قَوْمًا بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ﴾

14.
   Бигӯ эй Расул ба касоне, ки имон ба Аллоҳ овардаанд ва ба паёмбараш пайравӣ намудаанд: «Аз хатои касоне, ки ба рӯзҳои Аллоҳ(1) умеди савоб надоранд ва аз азоби Ӯ наметарсанд, гӯш ба азият ва озори кофирон ва мушрикон надиҳанд ва даргузаранд, то Аллоҳ он мардумро ба ҷазои аъмоле, ки дар дунё муртакиб шудаанд, подош диҳад.(2)

﴿مَنْ عَمِلَ صَالِحًا فَلِنَفْسِهِ ۖ وَمَنْ أَسَاءَ فَعَلَيْهَا ۖ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّكُمْ تُرْجَعُونَ﴾

15.   Ҳар кас кори шоистае кунад, дар дунё ба фоидаи худи ӯст ва ҳар кас муртакиби кори баде шавад, ба зиёни ӯст. Сипас ҳама рӯзи қиёмат ба сӯи Парвардигоратон бозгардонда мешавед ва У шуморо дар баробари амалҳоятон ҷазо медиҳад.(1)

﴿وَلَقَدْ آتَيْنَا بَنِي إِسْرَائِيلَ الْكِتَابَ وَالْحُكْمَ وَالنُّبُوَّةَ وَرَزَقْنَاهُمْ مِنَ الطَّيِّبَاتِ وَفَضَّلْنَاهُمْ عَلَى الْعَالَمِينَ﴾

16.
   Мо бани Исроилро китоби Таврот ва Инҷил ва илми довариву нубувват ато кардем ва аз фарзандони Иброҳим алайҳиссалом бисёреро ба нубувват ва рисолат баргузидем ва аз чизҳои покизаву хуш рӯзиашон додем. Ва бар ҷаҳониёни асри худашон бартариашон додем.(1)

﴿وَآتَيْنَاهُمْ بَيِّنَاتٍ مِنَ الْأَمْرِ ۖ فَمَا اخْتَلَفُوا إِلَّا مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَهُمُ الْعِلْمُ بَغْيًا بَيْنَهُمْ ۚ إِنَّ رَبَّكَ يَقْضِي بَيْنَهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فِيمَا كَانُوا فِيهِ يَخْتَلِفُونَ﴾

17.   Ва онҳоро(1) дар амри дин, дар баёни ҳалолу ҳаром далелҳое равшан додем. Ва дар он аз рӯи ҳасаду кина ихтилоф накарданд, магар он гоҳ ки дониш дар бораи ҳақиқати дин ва аҳкоми он ёфтанд. Аллоҳ дар рӯзи қиёмат дар он чӣ ки дар дунё ихтилоф мекарданд, доварӣ хоҳад кард.(2)

﴿ثُمَّ جَعَلْنَاكَ عَلَىٰ شَرِيعَةٍ مِنَ الْأَمْرِ فَاتَّبِعْهَا وَلَا تَتَّبِعْ أَهْوَاءَ الَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ﴾

18.   Пас, туро эй Расул ба роҳи зоҳир аз дин (яъне, шариъат) андохтем. Пас, ба он роҳи шариъат бирав ва аз хоҳишҳои нодонон пайравӣ макун, ки онҳо шариъат ва аҳкоми динро намедонанд.(1)

﴿إِنَّهُمْ لَنْ يُغْنُوا عَنْكَ مِنَ اللَّهِ شَيْئًا ۚ وَإِنَّ الظَّالِمِينَ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۖ وَاللَّهُ وَلِيُّ الْمُتَّقِينَ﴾

19.
   Ҳароина, ин мушрикон, ки туро бо хоҳишҳои худ даъват менамоянд туро ҳеҷ аз Аллоҳ бениёз намекунанд ва азоби Ӯро аз ту дур карда наметавонанд, агар ту пайрави хоҳишҳои онҳо кунӣ ҳароина, золимон (мунофиқон ва яҳудиён) дӯстдорони якдигаранд ва Аллоҳ ёридиҳанда ва дӯстдори парҳезгорон аст.(1)

﴿هَٰذَا بَصَائِرُ لِلنَّاسِ وَهُدًى وَرَحْمَةٌ لِقَوْمٍ يُوقِنُونَ﴾

20.
   Ин Куръоне, ки Мо ба ту фуруд овардем, далелҳои возеҳ барои мардумон аст, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунанд ва роҳи ҳақро меёбанд ва ҳидояту раҳматесг барои қавме, ки ба ҳақиқати он бовар доранд, ки нозил шудани ин китоб аз ҷониби Аллоҳи пирӯзманди ҳаким аст.(1)

﴿أَمْ حَسِبَ الَّذِينَ اجْتَرَحُوا السَّيِّئَاتِ أَنْ نَجْعَلَهُمْ كَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ سَوَاءً مَحْيَاهُمْ وَمَمَاتُهُمْ ۚ سَاءَ مَا يَحْكُمُونَ﴾

21.
Оё онон, ки муртакиби бадиҳо шуданд, паёмбаронро дурӯғ бароварданд ва амри Парвардигорашонро мухолифат карданд ва ғайри Ӯро парастиш карданд, гумон карданд, ки Мо онҳоро дар шумори касоне, ки имон ба Аллоҳ овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, қарор медиҳем? Ва оё зиндагиву маргашон баробар аст? Ҳаргиз баробар нестанд! Чӣ бад доварӣ мекунанд миёни некӯкорон ва бадкорон дар охират.(1)

﴿وَخَلَقَ اللَّهُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ بِالْحَقِّ وَلِتُجْزَىٰ كُلُّ نَفْسٍ بِمَا كَسَبَتْ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ﴾

22. Ва Аллоҳ осмонҳову заминро ба ҳақ ва ба адлу ҳикмат биёфарид, то ҳар касеро баробари коре, ки аз неку бад кардааст, подош диҳад ва ба онҳо ситам нашавад.

﴿أَفَرَأَيْتَ مَنِ اتَّخَذَ إِلَٰهَهُ هَوَاهُ وَأَضَلَّهُ اللَّهُ عَلَىٰ عِلْمٍ وَخَتَمَ عَلَىٰ سَمْعِهِ وَقَلْبِهِ وَجَعَلَ عَلَىٰ بَصَرِهِ غِشَاوَةً فَمَنْ يَهْدِيهِ مِنْ بَعْدِ اللَّهِ ۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ﴾

23.
Оё дидаи касеро, ки ҳавову ҳавасашро чун маъбуди худ гирифт ва Аллоҳ бо вуҷуди огоҳӣ аз ҳаққу ботил, гумроҳаш кард ва бар гӯшу дилаш мӯҳр ниҳод то панду мавъизаеро нашунавад ва ҳидоятро дарк накунад ва бар дидагонаш парда афканд, то роҳи дурустро набинад? Агар Аллоҳ тавфиқу ҳидоят ба роҳи ҳақ накунад, чӣ касе ӯро ҳидоят хоҳад кард? (Эй мардум!) чаро панд намегиред, то ҳақиқати ҳолро бидонед?(1)

﴿وَقَالُوا مَا هِيَ إِلَّا حَيَاتُنَا الدُّنْيَا نَمُوتُ وَنَحْيَا وَمَا يُهْلِكُنَا إِلَّا الدَّهْرُ ۚ وَمَا لَهُمْ بِذَٰلِكَ مِنْ عِلْمٍ ۖ إِنْ هُمْ إِلَّا يَظُنُّونَ﴾

24. Ва мушрикон гуфтанд: "Ба ҷуз ин зиндагии дунявии мо ҳеҷ ҳаёте нест. Гурӯҳе аз мо мемирем ва гурӯҳе зинда мешавем. Ва моро ҷуз даҳр, (яъне гузари рӯзҳову шабҳо ва гузашти умр) ҳалок намекунад». Онон ба ин суханҳояшон донише надоранд, балки танҳо гумон меварзанд ва тахмин мезананд.(1)

﴿وَإِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ آيَاتُنَا بَيِّنَاتٍ مَا كَانَ حُجَّتَهُمْ إِلَّا أَنْ قَالُوا ائْتُوا بِآبَائِنَا إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ﴾

25.
Ва чун оёти равшангари Мо ба ин мушрикони мункир ба рӯзи баъс тиловат шавад, ҳуҷҷаташон ин аст, ки мегӯянд: «Агар ту эй Муҳаммад ва пайравонат рост мегӯед, падарони моро, пас аз маргашон зинда кунед».

﴿قُلِ اللَّهُ يُحْيِيكُمْ ثُمَّ يُمِيتُكُمْ ثُمَّ يَجْمَعُكُمْ إِلَىٰ يَوْمِ الْقِيَامَةِ لَا رَيْبَ فِيهِ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ﴾

26.
      Бигӯ эй Расул барои ин мушрикони мункир ба рӯзи баъс: «Аллоҳест, ки шуморо дар дунё зинда мекунад, пас мемиронад ва сипас ҳамаро дар рӯзи қиёмат, ки шакке дар он нест, гирд меоварад. Вале бештари мардум ин ҳақиқатро намедонанд, аз ин рӯ дар зинда шудани баъд аз марг шак мекунанд!(1)»

﴿وَلِلَّهِ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ وَيَوْمَ تَقُومُ السَّاعَةُ يَوْمَئِذٍ يَخْسَرُ الْمُبْطِلُونَ﴾

27.      Аз они Аллоҳ аст фармонравоии ҳафт осмону замин ва касе дар мулк ва офариниш ва сазовори парастиш бо Ӯ шарик нест. Ва он рӯз, ки қиёмат барпо шавад, мурдаҳо аз қабрҳояшон барои ҳисобу китоб бархезанд ва аҳли ботил (кофирон) зиён хоҳанд кард.(1)

﴿وَتَرَىٰ كُلَّ أُمَّةٍ جَاثِيَةً ۚ كُلُّ أُمَّةٍ تُدْعَىٰ إِلَىٰ كِتَابِهَا الْيَوْمَ تُجْزَوْنَ مَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ﴾

28.      Эй Расул, рӯзи қиёмат ҳар умматеро бубинӣ, ки ба зону даромадааст ва ҳар умматеро барои гирифтани номаи аъмолаш бихонад. Ва барояшон гуфта шавад: Дар чунин рӯзе дар баробари ҳар аъмоле, ки аз неку бад кардед, подош мебинед.(1)

﴿هَٰذَا كِتَابُنَا يَنْطِقُ عَلَيْكُمْ بِالْحَقِّ ۚ إِنَّا كُنَّا نَسْتَنْسِخُ مَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ﴾

29.
      Ин навиштаи Мост, ки барҳақ сухан мегӯяд(1), ҳароина, Мо аз фариштагони худ хоста будем, ки тамоми корҳоеро, ки дар дунё мекардаед, бе зиёдатӣ ва камбудӣ бинависанд.(2)

﴿فَأَمَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ فَيُدْخِلُهُمْ رَبُّهُمْ فِي رَحْمَتِهِ ۚ ذَٰلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْمُبِينُ﴾

30.
      Аммо касоне, ки дар дунё имон ба Аллоҳ ва расулаш овардаанд ва корҳои шоиста анҷом доданд, Парвардигорашон ононро дар ҷавори раҳмати Хеш дар биҳишт дохил мекунад ва ин комёбии ошкор аст.(1)

﴿وَأَمَّا الَّذِينَ كَفَرُوا أَفَلَمْ تَكُنْ آيَاتِي تُتْلَىٰ عَلَيْكُمْ فَاسْتَكْبَرْتُمْ وَكُنْتُمْ قَوْمًا مُجْرِمِينَ﴾

31.
      Ва аммо, касоне, ки кофир мешаванд, ба онҳо аз рӯи сарзаниш гуфта мешавад, магар оёти Мо бар шумо хонда намешуд ва шумо такаббур меварзидед ва мардуми гунаҳкоре будед ва ба савобу иқоб имон намеовардед?(1)

﴿وَإِذَا قِيلَ إِنَّ وَعْدَ اللَّهِ حَقٌّ وَالسَّاعَةُ لَا رَيْبَ فِيهَا قُلْتُمْ مَا نَدْرِي مَا السَّاعَةُ إِنْ نَظُنُّ إِلَّا ظَنًّا وَمَا نَحْنُ بِمُسْتَيْقِنِينَ﴾

32.
      Чун гуфта мешуд, ки ҳароина, ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст ва дар вуқуъи қиёмат шакке нест, ки ҳатман омаданист, мегуфтед: «Мо намедонем қиёмат чист? Ҷуз гумоне намебарем (яъне, мо қиёматро хаёли маҳз мепиндорем) ва аз воқеъ шудани он ба бовари нарасидаем».

﴿وَبَدَا لَهُمْ سَيِّئَاتُ مَا عَمِلُوا وَحَاقَ بِهِمْ مَا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُونَ﴾

33.      Аъмоли зишташон(1) дар баробарашон ошкор шуд ва он чизе, ки масхарааш мекарданд, аз азоби дӯзах гирд ба гирдашонро бигирифт.

﴿وَقِيلَ الْيَوْمَ نَنْسَاكُمْ كَمَا نَسِيتُمْ لِقَاءَ يَوْمِكُمْ هَٰذَا وَمَأْوَاكُمُ النَّارُ وَمَا لَكُمْ مِنْ نَاصِرِينَ﴾

34.
      Аз сӯйи Аллоҳ ба кофирон гуфта шавад: « Имрӯз фаромӯшатон мекунем ва дар азоб фурӯ мегузорем, ҳамчунон ки шумо дидори чунин рӯзатонро, бо тарки имон ва амал фаромӯш карда будед. Ҷойгоҳатон дар оташ аст ва шуморо ҳеҷ ёваре нест, ки аз азоби Аллоҳ шуморо наҷот диҳад.(1)

﴿ذَٰلِكُمْ بِأَنَّكُمُ اتَّخَذْتُمْ آيَاتِ اللَّهِ هُزُوًا وَغَرَّتْكُمُ الْحَيَاةُ الدُّنْيَا ۚ فَالْيَوْمَ لَا يُخْرَجُونَ مِنْهَا وَلَا هُمْ يُسْتَعْتَبُونَ﴾

25. Ва ин азоб аз он рӯй бар шумо фуруд меояд ба сабабе, ки оёти Аллоҳро ба масхара мегирифтед ва зинати ҳаёти дунё шуморо бифирефт». Пас, имрӯз аз ин оташ касе онҳоро берун набарад ва на ба дунё бозгардонда шаванд, то тавба кунанд ва амали шоиста кунанд ва на касе узрашонро пазирад.(1)

﴿فَلِلَّهِ الْحَمْدُ رَبِّ السَّمَاوَاتِ وَرَبِّ الْأَرْضِ رَبِّ الْعَالَمِينَ﴾

36.
     Ситоиш аз они Аллоҳ аст, Парвардигори осмонҳову Парвардигори замин ва Парвардигори ҷаҳониён, ки ҷуз Ӯ касе шоистаи ҳамду ситоиш нест, чунки Ӯ холиқ ва молики ҷамиъи махлуқот ва коинот аст.(1)

﴿وَلَهُ الْكِبْرِيَاءُ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ﴾

37.
     Бузургворӣ, шукӯҳу бақову пойдориву камол дар осмонҳову замин дар ҳама умур хоси Ӯст ва Ӯст пирӯзманди ҳаким, ки бар душманонаш ғолиб аст ва дар гуфтору кирдораш ва дар тадбири умури халқаш бо ҳикмат аст. Пок аст Ӯ, ба ҷуз Ӯ ҳеҷ кас сазовори парастиш нест!(1)

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: