محمد

تفسير سورة محمد

الترجمة الطاجيكية - عارفي

Тоҷикӣ

الترجمة الطاجيكية - عارفي

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها من الفارسية وراجعها فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام www.islamhouse.com.

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ الَّذِينَ كَفَرُوا وَصَدُّوا عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ أَضَلَّ أَعْمَالَهُمْ﴾

Аллоҳ таоло талоши кофиронро, ки [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоранд, табоҳ мекунад

﴿وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَآمَنُوا بِمَا نُزِّلَ عَلَىٰ مُحَمَّدٍ وَهُوَ الْحَقُّ مِنْ رَبِّهِمْ ۙ كَفَّرَ عَنْهُمْ سَيِّئَاتِهِمْ وَأَصْلَحَ بَالَهُمْ﴾

Ва онон, ки муъмин ва накукор буданд ва ба оёти ҳаққе, ки аз ҷониби Парвардигорашон бар Муҳаммад нозил шудааст, имон овардаанд, бадиҳояшонро мезудояд ва умур [-и дунё ва дин]-ашонро сомон мебахшад [ва ислоҳ мекунад]

﴿ذَٰلِكَ بِأَنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا اتَّبَعُوا الْبَاطِلَ وَأَنَّ الَّذِينَ آمَنُوا اتَّبَعُوا الْحَقَّ مِنْ رَبِّهِمْ ۚ كَذَٰلِكَ يَضْرِبُ اللَّهُ لِلنَّاسِ أَمْثَالَهُمْ﴾

Ин [подош ва ҷазо] бад-он сабаб аст, ки кофирон пайрави ботил шуданд ва муъминон пайрави [оёти] ҳаққи Парвардигорашон. Аллоҳ таоло барои мардум масалҳояшонро чунин баён мекунад

﴿فَإِذَا لَقِيتُمُ الَّذِينَ كَفَرُوا فَضَرْبَ الرِّقَابِ حَتَّىٰ إِذَا أَثْخَنْتُمُوهُمْ فَشُدُّوا الْوَثَاقَ فَإِمَّا مَنًّا بَعْدُ وَإِمَّا فِدَاءً حَتَّىٰ تَضَعَ الْحَرْبُ أَوْزَارَهَا ۚ ذَٰلِكَ وَلَوْ يَشَاءُ اللَّهُ لَانْتَصَرَ مِنْهُمْ وَلَٰكِنْ لِيَبْلُوَ بَعْضَكُمْ بِبَعْضٍ ۗ وَالَّذِينَ قُتِلُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَلَنْ يُضِلَّ أَعْمَالَهُمْ﴾

Чун бо кофирон рӯ ба рӯ шудед, ононро гардан бизанед, то он ки [бисёре аз ононро] бикушед, он гоҳ асиронро ба банд кашед, сипас ё бар онон миннат гузоред [ва бидуни ҳеҷ чашмдоште озодашон кунед] ё [аз онон] фидя бигиред [ва раҳояшон кунед], то сангинии ҷанг фурукаш кунад.
Ин [ҳукми илоҳӣ] аст ва агар Аллоҳ таоло мехост, худ аз онон интиқом мегирифт, вале [фармони ҷанг дод] то шуморо баробари якдигар озмоиш кунад ва касоне, ки дар роҳи Аллоҳ таоло кушта шуданд, [Аллоҳ таоло ҳаргиз] натиҷаи талошашонро табоҳ намекунад

﴿سَيَهْدِيهِمْ وَيُصْلِحُ بَالَهُمْ﴾

Аллоҳ таоло [ба роҳи рост] ҳидояташон хоҳад кард ва умурашонро сомон хоҳад бахшид

﴿وَيُدْخِلُهُمُ الْجَنَّةَ عَرَّفَهَا لَهُمْ﴾

ва ононро ба биҳиште, ки [авсофашро] барояшон баён кардааст, ворид хоҳад намуд

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنْ تَنْصُرُوا اللَّهَ يَنْصُرْكُمْ وَيُثَبِّتْ أَقْدَامَكُمْ﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, агар [дину паёмбари] Аллоҳро ёрӣ кунед, ӯ низ шуморо ёрӣ мекунад ва гомҳоятонро [собиту] устувор медорад

﴿وَالَّذِينَ كَفَرُوا فَتَعْسًا لَهُمْ وَأَضَلَّ أَعْمَالَهُمْ﴾

Ва бар кофирон нагунсорӣ ва ҳалок бод! Аллоҳ таоло аъмолашонро табоҳ мегардонад

﴿ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ كَرِهُوا مَا أَنْزَلَ اللَّهُ فَأَحْبَطَ أَعْمَالَهُمْ﴾

Зеро он чиро, ки Аллоҳ таоло нозил кардааст, хуш надоштанд, пас, Аллоҳ таоло низ аъмолашонро табоҳ намуд.

﴿۞ أَفَلَمْ يَسِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَيَنْظُرُوا كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ ۚ دَمَّرَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ ۖ وَلِلْكَافِرِينَ أَمْثَالُهَا﴾

Оё дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз онон буданд, чи гуна будааст? Аллоҳ таоло [хонаҳояшонро] бар сарашон вайрон кард [ва ононро нобуд сохт] ва ин кофирон [низ кайфаре] ҳаммонанди он [дар пеш] хоҳанд дошт

﴿ذَٰلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ مَوْلَى الَّذِينَ آمَنُوا وَأَنَّ الْكَافِرِينَ لَا مَوْلَىٰ لَهُمْ﴾

Зеро Аллоҳ таоло [ёвару] корсози муъминон аст, ва[-ле] кофирон ҳеҷ корсозе надоранд

﴿إِنَّ اللَّهَ يُدْخِلُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ ۖ وَالَّذِينَ كَفَرُوا يَتَمَتَّعُونَ وَيَأْكُلُونَ كَمَا تَأْكُلُ الْأَنْعَامُ وَالنَّارُ مَثْوًى لَهُمْ﴾

Аллоҳ таоло муъминони накукорро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст ва кофирон [танҳо дар дунё] баҳраманд мешаванд ва ҳамчун чаҳорпоён мехӯранд ва оташ [-и дузах] ҷойгоҳашон аст

﴿وَكَأَيِّنْ مِنْ قَرْيَةٍ هِيَ أَشَدُّ قُوَّةً مِنْ قَرْيَتِكَ الَّتِي أَخْرَجَتْكَ أَهْلَكْنَاهُمْ فَلَا نَاصِرَ لَهُمْ﴾

Ва чи бисёр шаҳрҳое, ки сокинонаш аз [мардуми] шаҳри ту, ки берунат кардаанд, тавонмандтар буданд. Мо ҳалокашон кардем ва [дар баробари азоби илоҳӣ] ҳеҷ ёваре надоштанд

﴿أَفَمَنْ كَانَ عَلَىٰ بَيِّنَةٍ مِنْ رَبِّهِ كَمَنْ زُيِّنَ لَهُ سُوءُ عَمَلِهِ وَاتَّبَعُوا أَهْوَاءَهُمْ﴾

Оё касе, ки бар шеваи равшане аз ҷониби Парвардигори хеш аст, ҳамчун касоне аст, ки зиштии рафторашон дар назарашон ороста шуда ва аз ҳавасҳои хеш пайравӣ мекунанд?

﴿مَثَلُ الْجَنَّةِ الَّتِي وُعِدَ الْمُتَّقُونَ ۖ فِيهَا أَنْهَارٌ مِنْ مَاءٍ غَيْرِ آسِنٍ وَأَنْهَارٌ مِنْ لَبَنٍ لَمْ يَتَغَيَّرْ طَعْمُهُ وَأَنْهَارٌ مِنْ خَمْرٍ لَذَّةٍ لِلشَّارِبِينَ وَأَنْهَارٌ مِنْ عَسَلٍ مُصَفًّى ۖ وَلَهُمْ فِيهَا مِنْ كُلِّ الثَّمَرَاتِ وَمَغْفِرَةٌ مِنْ رَبِّهِمْ ۖ كَمَنْ هُوَ خَالِدٌ فِي النَّارِ وَسُقُوا مَاءً حَمِيمًا فَقَطَّعَ أَمْعَاءَهُمْ﴾

Васфи биҳиште, ки ба парҳезкорон ваъда дода шуда, [чунин аст, ки] дар он ҷӯйборҳое ҷорӣ аст, ки таъми обаш тағйирнопазир аст ва ҷӯйборҳое аз шир, ки таъмаш дигаргун намешавад ва ҷӯйборҳое аз шароб, ки мояи лаззати нӯшандагон аст ва ҷӯйборҳое аз асали ноб ва дар он ҷо ҳамаи [анвои] меваҳо дар дастрасашон аст ва [аз ҳама бартар] омурзиши Парвардигорашон. Оё [биҳиштиён] чун сокинони ҷовидони дузаханд, ки обе чунон ҷӯшон ба онон менӯшонанд, ки рӯдаҳояшонро муталошӣ [пора-пора] мекунад?

﴿وَمِنْهُمْ مَنْ يَسْتَمِعُ إِلَيْكَ حَتَّىٰ إِذَا خَرَجُوا مِنْ عِنْدِكَ قَالُوا لِلَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ مَاذَا قَالَ آنِفًا ۚ أُولَٰئِكَ الَّذِينَ طَبَعَ اللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ وَاتَّبَعُوا أَهْوَاءَهُمْ﴾

[Эй паёмбар] бархе аз мунофиқон ба [гуфтори] ту гӯш фаро медиҳанд ва чун аз ҳузурат хориҷ мешаванд, ба аҳли дониш [бо тамасхур] мегӯянд: «[Фаҳмидед] Лаҳазоте пеш чи мегуфт?» Аллоҳ таоло бар дилҳояшон муҳри [ғафлат] ниҳодааст ва онон аз ҳавасҳои хеш пайравӣ кардаанд

﴿وَالَّذِينَ اهْتَدَوْا زَادَهُمْ هُدًى وَآتَاهُمْ تَقْوَاهُمْ﴾

Аллоҳ таоло бар ҳидояти парҳезкорон меафзояд ва парҳезкориашон [-ро қувват] мебахшад

﴿فَهَلْ يَنْظُرُونَ إِلَّا السَّاعَةَ أَنْ تَأْتِيَهُمْ بَغْتَةً ۖ فَقَدْ جَاءَ أَشْرَاطُهَا ۚ فَأَنَّىٰ لَهُمْ إِذَا جَاءَتْهُمْ ذِكْرَاهُمْ﴾

Оё кофирон ҷуз ин интизор доранд, ки қиёмат ногаҳон бар онон фаро расад, дар ҳоле ки нишонаҳои он ошкор шудааст? Пас, он гоҳ ки қиёмат фаро расад, панд гирифтанашон чи суде хоҳад дошт?

﴿فَاعْلَمْ أَنَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا اللَّهُ وَاسْتَغْفِرْ لِذَنْبِكَ وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ ۗ وَاللَّهُ يَعْلَمُ مُتَقَلَّبَكُمْ وَمَثْوَاكُمْ﴾

[Эй паёмбар] бидон, ки маъбуде [ба ҳақ] ба ҷуз Аллоҳ таоло нест ва барои гуноҳи хеш ва [гуноҳи] мардон ва занони муъмин омурзиш бихоҳ ва [ба ёд дошта бош, ки] Аллоҳ таоло маҳалли рафтуомад [-и рӯзона] ва оромидан [-и шабона]-и шуморо медонад

﴿وَيَقُولُ الَّذِينَ آمَنُوا لَوْلَا نُزِّلَتْ سُورَةٌ ۖ فَإِذَا أُنْزِلَتْ سُورَةٌ مُحْكَمَةٌ وَذُكِرَ فِيهَا الْقِتَالُ ۙ رَأَيْتَ الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ يَنْظُرُونَ إِلَيْكَ نَظَرَ الْمَغْشِيِّ عَلَيْهِ مِنَ الْمَوْتِ ۖ فَأَوْلَىٰ لَهُمْ﴾

Муъминон мегӯянд: «Чаро сурае [дар бораи иҷозати ҷиҳод] нозил намешавад?» Аммо ҳангоме ки оёти сареҳе дар мавриди ҷанг нозил мегардад, [мунофиқону] бемордилонро мебинӣ, ки ҳамчун касе, ки аз [сахтии] марг дар ҳоли беҳушӣ шуда бошад, ба ту менигаранд, [маргу азоби илоҳӣ] бар онон шоистатар аст

﴿طَاعَةٌ وَقَوْلٌ مَعْرُوفٌ ۚ فَإِذَا عَزَمَ الْأَمْرُ فَلَوْ صَدَقُوا اللَّهَ لَكَانَ خَيْرًا لَهُمْ﴾

Итоату гуфтори шоиста [беҳтар аст] ва чун тасмими қатъӣ [-и ҷиҳод] гирифта шавад, агар [дар тааҳҳуди худ] бо Аллоҳ таоло содиқ бошанд, барои онон [аз нифоқ ва саркашӣ] беҳтар аст

﴿فَهَلْ عَسَيْتُمْ إِنْ تَوَلَّيْتُمْ أَنْ تُفْسِدُوا فِي الْأَرْضِ وَتُقَطِّعُوا أَرْحَامَكُمْ﴾

[Эй мунофиқон] Оё [ҷуз ин] интизор доред, ки агар [аз Қуръону суннати паёмбараш] рӯй бигардонед, дар замин табоҳӣ кунед ва аз хешовандонатон бибуред?

﴿أُولَٰئِكَ الَّذِينَ لَعَنَهُمُ اللَّهُ فَأَصَمَّهُمْ وَأَعْمَىٰ أَبْصَارَهُمْ﴾

Инон касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло [бо дурӣ аз раҳмати хеш] лаънаташон кардааст, пас, [гӯши дили] эшонро кар ва чашми [дили] ононро кӯр сохтааст

﴿أَفَلَا يَتَدَبَّرُونَ الْقُرْآنَ أَمْ عَلَىٰ قُلُوبٍ أَقْفَالُهَا﴾

Оё дар Қуръон тадаббур намекунанд ё бар дилҳояшон қуфлҳо[-и ғафлат] ниҳода шудааст?

﴿إِنَّ الَّذِينَ ارْتَدُّوا عَلَىٰ أَدْبَارِهِمْ مِنْ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ الْهُدَى ۙ الشَّيْطَانُ سَوَّلَ لَهُمْ وَأَمْلَىٰ لَهُمْ﴾

Касоне, ки пас аз равшан шудани [роҳи] ҳидоят ба роҳи пешини хеш бозгаштаанд [ва муртад шуданд], шайтон [аъмоли зишташонро] барояшон ороста ва [бо орзуҳои дароз] фиребашон додааст

﴿ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ قَالُوا لِلَّذِينَ كَرِهُوا مَا نَزَّلَ اللَّهُ سَنُطِيعُكُمْ فِي بَعْضِ الْأَمْرِ ۖ وَاللَّهُ يَعْلَمُ إِسْرَارَهُمْ﴾

Ин [ҷаҳлу гумроҳӣ] бад-он хотир аст, ки мунофиқон ба мушриконе, ки аз ваҳйи илоҳӣ кароҳат доштанд, гуфтанд: «Мо дар бархе аз умур аз шумо пайравӣ мекунем» ва Аллоҳ таоло пинҳонкориашонро медонад

﴿فَكَيْفَ إِذَا تَوَفَّتْهُمُ الْمَلَائِكَةُ يَضْرِبُونَ وُجُوهَهُمْ وَأَدْبَارَهُمْ﴾

Пас, он гоҳ ки фариштагони илоҳӣ бар чеҳра ва пушташон мезананд ва ҷонашонро мегиранд, [ҳоли ин мунофиқон] чи гуна хоҳад буд?

﴿ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمُ اتَّبَعُوا مَا أَسْخَطَ اللَّهَ وَكَرِهُوا رِضْوَانَهُ فَأَحْبَطَ أَعْمَالَهُمْ﴾

Ин [кайфар] аз он рӯст, ки онон пайрави роҳе шуданд, ки Аллоҳро ба хашм меоварад ва аз анҷоми корҳое, ки муҷиби хушнудии илоҳӣ мешавад, кароҳат доштанд. Пас, [Аллоҳ таоло низ натиҷаи] корҳояшонро табоҳ сохт

﴿أَمْ حَسِبَ الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ أَنْ لَنْ يُخْرِجَ اللَّهُ أَضْغَانَهُمْ﴾

Оё бемордилон [-и мунофиқ] пиндоштаанд, ки Аллоҳ таоло ҳаргиз кинаҳояшонро ошкор нахоҳад сохт?

﴿وَلَوْ نَشَاءُ لَأَرَيْنَاكَهُمْ فَلَعَرَفْتَهُمْ بِسِيمَاهُمْ ۚ وَلَتَعْرِفَنَّهُمْ فِي لَحْنِ الْقَوْلِ ۚ وَاللَّهُ يَعْلَمُ أَعْمَالَكُمْ﴾

[Эй паёмбар] агар мехостем, ононро ба ту нишон медодем, ки [ботини] эшонро аз зоҳирашон бозшиносӣ; ва мусалламан аз шеваи суханашон ба хубӣ ононро хоҳӣ шинохт ва [бидонед, ки] Аллоҳ таоло аз корҳоятон огоҳ аст

﴿وَلَنَبْلُوَنَّكُمْ حَتَّىٰ نَعْلَمَ الْمُجَاهِدِينَ مِنْكُمْ وَالصَّابِرِينَ وَنَبْلُوَ أَخْبَارَكُمْ﴾

Ҳатман, [ҳамаи] шуморо озмоиш мекунем, то аз миёнатон муҷоҳидон ва шикебоёнро бозшиносем ва аҳволи шуморо меозмоем [то ростгӯён мушаххас гарданд]

﴿إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا وَصَدُّوا عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ وَشَاقُّوا الرَّسُولَ مِنْ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ الْهُدَىٰ لَنْ يَضُرُّوا اللَّهَ شَيْئًا وَسَيُحْبِطُ أَعْمَالَهُمْ﴾

Касоне, ки пас аз равшан шудани роҳи ҳидоят бар онон, куфр варзиданд ва мардумро аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд ва ба мухолифат бо паёмбар бархостанд, ҳаргиз зиёне ба Аллоҳ таоло нахоҳанд расонид ва [Аллоҳ таоло низ натиҷаи] аъмолашонро табоҳ хоҳад сохт

﴿۞ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ وَلَا تُبْطِلُوا أَعْمَالَكُمْ﴾

Эй муъминон, ба Аллоҳ таоло ва паёмбар итоат кунед ва [бо куфру риё] аъмоли [шоистаи] хешро табоҳ накунед

﴿إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا وَصَدُّوا عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ثُمَّ مَاتُوا وَهُمْ كُفَّارٌ فَلَنْ يَغْفِرَ اللَّهُ لَهُمْ﴾

Касоне, ки куфр варзиданд ва [дигаронро низ] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд ва дар ҳоли куфр мурданд, Аллоҳ таоло ҳаргиз ононро нахоҳад омурзид

﴿فَلَا تَهِنُوا وَتَدْعُوا إِلَى السَّلْمِ وَأَنْتُمُ الْأَعْلَوْنَ وَاللَّهُ مَعَكُمْ وَلَنْ يَتِرَكُمْ أَعْمَالَكُمْ﴾

Пас, [эй муъминон аз рӯёрӯӣ бо душманон] сустӣ наварзед ва [аз тарси ҷанг ононро] ба сулҳу оштӣ даъват накунед, дар ҳоле ки шумо бартаред ва Аллоҳ таоло бо шумост ва аз [подоши] аъмолатон нахоҳад кост

﴿إِنَّمَا الْحَيَاةُ الدُّنْيَا لَعِبٌ وَلَهْوٌ ۚ وَإِنْ تُؤْمِنُوا وَتَتَّقُوا يُؤْتِكُمْ أُجُورَكُمْ وَلَا يَسْأَلْكُمْ أَمْوَالَكُمْ﴾

Ба ростӣ, ки зиндагии дунё бозича ва саргармӣ аст; ва агар имон биёваред ва парҳезкорӣ кунед, [Аллоҳ таоло] подошатонро [бекаму кост] хоҳад дод ва [тамоми] амволатонро намехоҳад [балки мефармояд, ки закоташро бипардозед]

﴿إِنْ يَسْأَلْكُمُوهَا فَيُحْفِكُمْ تَبْخَلُوا وَيُخْرِجْ أَضْغَانَكُمْ﴾

Агар [тамоми] онро аз шумо бихоҳад ва [бар ин дастур] исрор кунад, бухл меварзед ва [ин кор] кинаҳоятонро ошкор месозад

﴿هَا أَنْتُمْ هَٰؤُلَاءِ تُدْعَوْنَ لِتُنْفِقُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَمِنْكُمْ مَنْ يَبْخَلُ ۖ وَمَنْ يَبْخَلْ فَإِنَّمَا يَبْخَلُ عَنْ نَفْسِهِ ۚ وَاللَّهُ الْغَنِيُّ وَأَنْتُمُ الْفُقَرَاءُ ۚ وَإِنْ تَتَوَلَّوْا يَسْتَبْدِلْ قَوْمًا غَيْرَكُمْ ثُمَّ لَا يَكُونُوا أَمْثَالَكُمْ﴾

Огоҳ бошед! Шумо касоне ҳастед, ки барои инфоқ дар роҳи Аллоҳ таоло даъват мешавед, вале бархе аз шумо бухл меварзанд ва ҳар ки бухл биварзад, ба зиёни хеш бухл варзидааст ва Аллоҳ таоло бениёз аст ва [ин шумо ҳастед, ки] ниёзмандед ва агар [аз ислом ба сӯйи куфр] бозгардед, Аллоҳ таоло гурӯҳи дигареро ҷойгузинатон хоҳад кард, ки ҳамчун шумо [ба бухл мубтало] набошанд

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: