الحجرات

تفسير سورة الحجرات

الترجمة الطاجيكية

Тоҷикӣ

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تُقَدِّمُوا بَيْنَ يَدَيِ اللَّهِ وَرَسُولِهِ ۖ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۚ إِنَّ اللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٌ﴾

1.
 Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед, дар баробари Аллоҳу паёмбари Ӯ пешдастӣ макунед (ҳеҷ ҳукмеро бар ҳукми Аллоҳ ва паёмбараш муқаддам масозед ва аз пеши худ ҳукме накунед ва дар гуфтору кирдоратон) аз Аллоҳ битарсед, зеро Аллоҳ ба гуфторатон шунаво ва ба кирдоратон доност. (1)

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَرْفَعُوا أَصْوَاتَكُمْ فَوْقَ صَوْتِ النَّبِيِّ وَلَا تَجْهَرُوا لَهُ بِالْقَوْلِ كَجَهْرِ بَعْضِكُمْ لِبَعْضٍ أَنْ تَحْبَطَ أَعْمَالُكُمْ وَأَنْتُمْ لَا تَشْعُرُونَ﴾

2.
  Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати ӯ амал кардаед, садои худро аз садои Паёмбар баландтар макунед ва ҳамчунон ки бо якдигар баланд сухан мегӯед, бо ӯ ба овози баланд сухан магӯед, то надониста аъмолатон зоеъ нашавад.

﴿إِنَّ الَّذِينَ يَغُضُّونَ أَصْوَاتَهُمْ عِنْدَ رَسُولِ اللَّهِ أُولَٰئِكَ الَّذِينَ امْتَحَنَ اللَّهُ قُلُوبَهُمْ لِلتَّقْوَىٰ ۚ لَهُمْ مَغْفِرَةٌ وَأَجْرٌ عَظِيمٌ﴾

3. Ҳароина, касоне, ки дар назди паёмбари Аллоҳ садояшонро поин меоваранд, ҳамонҳоянд, ки Аллоҳ дилҳояшонро ба тақво озмудааст ва софу холис гардонидааст. Онҳоро дар баробари ин одобашон омӯрзиш ва музди бузург аст ва ҳамон ҷаннат аст.(1)

﴿إِنَّ الَّذِينَ يُنَادُونَكَ مِنْ وَرَاءِ الْحُجُرَاتِ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْقِلُونَ﴾

4.
  Ҳароина, онҳое, ки аз он сӯи ҳуҷраҳо нидоят медиҳанд, (эй Паёмбар) бештарашон намедонанд, (ки ту чӣ мақоми волое дар даргоҳи Аллоҳ дорӣ ва бояд бо ту бо эҳтиром рафтор кунанд.) (1)

﴿وَلَوْ أَنَّهُمْ صَبَرُوا حَتَّىٰ تَخْرُجَ إِلَيْهِمْ لَكَانَ خَيْرًا لَهُمْ ۚ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

5.
  Агар сабр мекарданд, то ту худ берун меомадӣ ва назди онҳо мерафтӣ, албатта, барояшон беҳтар мебуд ва Аллоҳ омӯрзанда аст онҳоро, аз сабаби беадабӣ ва кӯтоҳие, ки аз рӯи нодонӣ аз онон сар зад ва меҳрубон аст, ба онҳо, ки зуд онҳоро азоб намекунад. (1)

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنْ جَاءَكُمْ فَاسِقٌ بِنَبَإٍ فَتَبَيَّنُوا أَنْ تُصِيبُوا قَوْمًا بِجَهَالَةٍ فَتُصْبِحُوا عَلَىٰ مَا فَعَلْتُمْ نَادِمِينَ﴾

6.
  Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардед, ва ба шариъати ӯ амал намудаед, агар фосиқе бароятон хабаре овард, таҳқиқ кунед, мабодо аз рӯи нодонӣ ба мардуме осеб бирасонед, он гоҳ аз коре, ки кардаед, пушаймон шавед.

﴿وَاعْلَمُوا أَنَّ فِيكُمْ رَسُولَ اللَّهِ ۚ لَوْ يُطِيعُكُمْ فِي كَثِيرٍ مِنَ الْأَمْرِ لَعَنِتُّمْ وَلَٰكِنَّ اللَّهَ حَبَّبَ إِلَيْكُمُ الْإِيمَانَ وَزَيَّنَهُ فِي قُلُوبِكُمْ وَكَرَّهَ إِلَيْكُمُ الْكُفْرَ وَالْفُسُوقَ وَالْعِصْيَانَ ۚ أُولَٰئِكَ هُمُ الرَّاشِدُونَ﴾

7.Ва бидонед, ки ҳароина, паёмбари Аллоҳ дар миёни шумост, ҳурмати ӯро нигаҳ доред. Агар дар бисёре аз корҳо шуморо итоъат кунад, ба машаққат хоҳед афтод. Вале Аллоҳ имонро маҳбуби шумо сохт ва онро дар дилатон биёрост ва куфру фисқу исёнро дар назаратон нописанд ва зишт гардонид. Инҳо худ ба ҳақ роҳёфтагонанд.

﴿فَضْلًا مِنَ اللَّهِ وَنِعْمَةً ۚ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ﴾

8.
Ин хайре, ки барояшон муваффақ шуд, бахшишу неъматест аз ҷониби Аллоҳ ва Аллоҳ доно аст ба касе, ки Ӯро шукргузорӣ мекунад ва дар тадбири умури халқаш бо ҳикмат аст!(1)

﴿وَإِنْ طَائِفَتَانِ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ اقْتَتَلُوا فَأَصْلِحُوا بَيْنَهُمَا ۖ فَإِنْ بَغَتْ إِحْدَاهُمَا عَلَى الْأُخْرَىٰ فَقَاتِلُوا الَّتِي تَبْغِي حَتَّىٰ تَفِيءَ إِلَىٰ أَمْرِ اللَّهِ ۚ فَإِنْ فَاءَتْ فَأَصْلِحُوا بَيْنَهُمَا بِالْعَدْلِ وَأَقْسِطُوا ۖ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُقْسِطِينَ﴾

9.Ва агар ду гурӯҳ аз мӯъминон бо якдигар ба ҷанг бархостанд, миёнашон (бо ҳукми китоби Аллоҳ ва суннати расулаш) оштигӣ барқарор кунед. Ва агар як гурӯҳ бар дигаре дастдарозӣ кард ва қабул накард, бо он ки дастдарозӣ кардааст, биҷангед, то ба фармони Аллоҳ бозгардад. Пас, агар бозгашт, миёнашон сулҳи одилонае барқарор кунед ва адолат варзед, ки ҳароина, Аллоҳ одилонро дӯст дорад.(1)

﴿إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ إِخْوَةٌ فَأَصْلِحُوا بَيْنَ أَخَوَيْكُمْ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ﴾

10.  Ҳароина, мӯъминон бо якдигар дар дин бародаронанд. Миёни бародаронатон сулҳ барқарор кунед ва аз Аллоҳ битарсед, то бар шумо раҳмат орад.

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا يَسْخَرْ قَوْمٌ مِنْ قَوْمٍ عَسَىٰ أَنْ يَكُونُوا خَيْرًا مِنْهُمْ وَلَا نِسَاءٌ مِنْ نِسَاءٍ عَسَىٰ أَنْ يَكُنَّ خَيْرًا مِنْهُنَّ ۖ وَلَا تَلْمِزُوا أَنْفُسَكُمْ وَلَا تَنَابَزُوا بِالْأَلْقَابِ ۖ بِئْسَ الِاسْمُ الْفُسُوقُ بَعْدَ الْإِيمَانِ ۚ وَمَنْ لَمْ يَتُبْ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الظَّالِمُونَ﴾

11.
 Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати ӯ амал намудаед гурӯҳе аз мардон гурӯҳи дигарро масхара накунанд, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва гурӯҳе аз занон гурӯҳи дигарро масхара накунанд, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва аз ҳам айбҷӯӣ макунед ва якдигарро ба лақабҳои зишт махонед. чӣ бад аст номи фисқ пас аз имон овардан. Ва касоне, ки аз масхара кардан, айбҷӯӣ кардан ва ба лақаби зишт ном гирифтан тавба намекунанд, худ ситамкоронанд. (1)

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اجْتَنِبُوا كَثِيرًا مِنَ الظَّنِّ إِنَّ بَعْضَ الظَّنِّ إِثْمٌ ۖ وَلَا تَجَسَّسُوا وَلَا يَغْتَبْ بَعْضُكُمْ بَعْضًا ۚ أَيُحِبُّ أَحَدُكُمْ أَنْ يَأْكُلَ لَحْمَ أَخِيهِ مَيْتًا فَكَرِهْتُمُوهُ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۚ إِنَّ اللَّهَ تَوَّابٌ رَحِيمٌ﴾

12. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати ӯ амал намудаед, аз бисёре аз гумонҳо бипарҳезед. Ҳароина, баъзе аз гумонҳо гуноҳ мебошанд. Ва дар корҳои пинҳонии якдигар ҷосусӣ макунед ва айби мусалмононро фош макунед ва бархе аз шумо бархе дигареро ғайбат накунад. Оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Пас, худатон онро нохуш хоҳед дошт. Ва аз Аллоҳ битарсед, ҳароина, Аллоҳ ба бандагонаш тавбапазиру меҳрубон аст!(1)

﴿يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُمْ مِنْ ذَكَرٍ وَأُنْثَىٰ وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا ۚ إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٌ﴾

13. Эй мардум, ҳароина, Мо шуморо аз як марду як зан биёфаридем, (ки он ду Одам ва Ҳаво алайҳимассаломанд.) Ва шуморо ҷамоъатҳо ва қабилаҳо кардем, то якдигарро бишиносед. Албатта, гиромитарини шумо назди Аллоҳ парҳезгортарини шумост. Пас фахр кардан бо насабро тарк кунед. Ҳароина, Аллоҳ огоҳ ва бохабар аст!

﴿۞ قَالَتِ الْأَعْرَابُ آمَنَّا ۖ قُلْ لَمْ تُؤْمِنُوا وَلَٰكِنْ قُولُوا أَسْلَمْنَا وَلَمَّا يَدْخُلِ الْإِيمَانُ فِي قُلُوبِكُمْ ۖ وَإِنْ تُطِيعُوا اللَّهَ وَرَسُولَهُ لَا يَلِتْكُمْ مِنْ أَعْمَالِكُمْ شَيْئًا ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

14.  Арабҳои бодиянишин гуфтанд: «Ба Аллоҳу расулаш комилан имон овардем!» Бигӯ барояшон эй Расул: Комилан «имон наёвардаед. Бигӯед, ки таслим шудаем ва ҳанӯз имон дар дилҳоятон дохил нашудааст. Ва агар Аллоҳу паёмбарашро итоъат кунед, аз савоби аъмоли шумо чизе кам карда намешавад. Ҳароина, Аллоҳ омӯрзанда аст барои касе, ки аз гуноҳони худ тавба кардааст ва ба ӯ меҳрубон аст». (1)

﴿إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ ثُمَّ لَمْ يَرْتَابُوا وَجَاهَدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۚ أُولَٰئِكَ هُمُ الصَّادِقُونَ﴾

15.
 Ҳароина, мӯъминони комил касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳу паёмбари ӯ имон овардаанд ва ба шариъати ӯ амал намуданд ва дар имонашон дигар шак накардаанд ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод карданд. Инҳо дар имонашон росткирдоранд. (1)

﴿قُلْ أَتُعَلِّمُونَ اللَّهَ بِدِينِكُمْ وَاللَّهُ يَعْلَمُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۚ وَاللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ﴾

16.
Бигӯ (эй Расул барои ин аъробиҳо): «Оё мехоҳед Аллоҳро аз диндории худ огоҳ кунед? Ҳол он ки Аллоҳ аз ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, огоҳ аст ва Ӯ ба ҳар чизе дақиқан огоҳ аст!» ва чизе, ки дар дилҳои шумо ҳаст; аз имон ё куфр ё некӯӣ ё бадӣ, бар Ӯ пӯшида нест. (1)

﴿يَمُنُّونَ عَلَيْكَ أَنْ أَسْلَمُوا ۖ قُلْ لَا تَمُنُّوا عَلَيَّ إِسْلَامَكُمْ ۖ بَلِ اللَّهُ يَمُنُّ عَلَيْكُمْ أَنْ هَدَاكُمْ لِلْإِيمَانِ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ﴾

17.  Аз ин ки ислом овардаанд, (инҳо аъробиҳо) бар ту эй Расул миннат мекунанд.
Бигӯ барояшон: «Ба хотири исломатон бар ман миннат магузоред, чаро ки нафъи имон ба худи он инсон бармегардад, балки Аллоҳ ба он сабаб, ки шуморо ба имон роҳ намудааст, бар шумо миннат мениҳад, агар дар иддиъои имонатон рост ва дуруст ҳастед!»

﴿إِنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ غَيْبَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ وَاللَّهُ بَصِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ﴾

18.
 Ҳароина, Аллоҳ он чи пинҳон ва махфӣ аст дар осмонҳову заминро медонад ва ҳеҷ чизе бар Ӯ пӯшида намемонад ва ба ҳар коре, ки мекунед, биност! Ва Ӯ ҷазодиҳандаи шумост, дар баробари некӯӣ подоши нек ва дар баробари бадӣ ҷазои бад медиҳад. (1)

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: