المائدة

تفسير سورة المائدة

الترجمة الطاجيكية - عارفي

Тоҷикӣ

الترجمة الطاجيكية - عارفي

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها من الفارسية وراجعها فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام www.islamhouse.com.

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَوْفُوا بِالْعُقُودِ ۚ أُحِلَّتْ لَكُمْ بَهِيمَةُ الْأَنْعَامِ إِلَّا مَا يُتْلَىٰ عَلَيْكُمْ غَيْرَ مُحِلِّي الصَّيْدِ وَأَنْتُمْ حُرُمٌ ۗ إِنَّ اللَّهَ يَحْكُمُ مَا يُرِيدُ﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, ба паймонҳо [-и худ] вафо кунед.
[Хӯрдани гушти] Чаҳорпоён бар шумо ҳалол аст, магар он чи [ҳукмаш] бар шумо хонда шавад ва [ба шарти он ки] дар ҳоли эҳром [ҳаҷ ё умра] шикорро ҳалол нашуморед. Ҳамоно Аллоҳ таоло ҳар чи бихоҳад ҳукм мекунад

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تُحِلُّوا شَعَائِرَ اللَّهِ وَلَا الشَّهْرَ الْحَرَامَ وَلَا الْهَدْيَ وَلَا الْقَلَائِدَ وَلَا آمِّينَ الْبَيْتَ الْحَرَامَ يَبْتَغُونَ فَضْلًا مِنْ رَبِّهِمْ وَرِضْوَانًا ۚ وَإِذَا حَلَلْتُمْ فَاصْطَادُوا ۚ وَلَا يَجْرِمَنَّكُمْ شَنَآنُ قَوْمٍ أَنْ صَدُّوكُمْ عَنِ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ أَنْ تَعْتَدُوا ۘ وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَىٰ ۖ وَلَا تَعَاوَنُوا عَلَى الْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, [ҳурмати] шаоири илоҳӣ ва моҳи ҳаром [-ро нигаҳ доред] ва [ҳамчунин, ҳурмати] қурбонии бенишон ва қурбониҳои қалодадор (гардандбанддор) ва роҳиёни Байт-ул-ҳаром, ки фазлу хушнудии Парвардигорашонро металабанд.
Ва чун аз эҳром хориҷ шудед, [метавонед озодона] ба шикор бипардозед ва [мабодо] душмании гурӯҳе, ки шуморо аз масҷидулҳаром боз доштанд, ба тааддӣ ва таҷовуз водоратон кунад.
Ва дар накукорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар ёрӣ кунед ва дар гуноҳу таҷовуз дастёри ҳам нашавед ва аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло сахткайфар аст

﴿حُرِّمَتْ عَلَيْكُمُ الْمَيْتَةُ وَالدَّمُ وَلَحْمُ الْخِنْزِيرِ وَمَا أُهِلَّ لِغَيْرِ اللَّهِ بِهِ وَالْمُنْخَنِقَةُ وَالْمَوْقُوذَةُ وَالْمُتَرَدِّيَةُ وَالنَّطِيحَةُ وَمَا أَكَلَ السَّبُعُ إِلَّا مَا ذَكَّيْتُمْ وَمَا ذُبِحَ عَلَى النُّصُبِ وَأَنْ تَسْتَقْسِمُوا بِالْأَزْلَامِ ۚ ذَٰلِكُمْ فِسْقٌ ۗ الْيَوْمَ يَئِسَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ دِينِكُمْ فَلَا تَخْشَوْهُمْ وَاخْشَوْنِ ۚ الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الْإِسْلَامَ دِينًا ۚ فَمَنِ اضْطُرَّ فِي مَخْمَصَةٍ غَيْرَ مُتَجَانِفٍ لِإِثْمٍ ۙ فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

[Инҳо ҳама] Бар шумо ҳаром шудааст: [Гӯшти] Мурдор ва хуну гӯшти хук ва он чи [ҳангоми забҳ] номи ғайри Аллоҳ таоло бар он бурда шавад ва [ҳайвони ҳалолгӯшти] хафашуда ва ба зарби [чӯбу санг] мурда ва азбаландиафтода ва шоххӯрдаву нимхӯрдаи [ҳайвоноти] дарранда – магар он чи [пеш аз мурдан] забҳ [-и шаръӣ] карда бошед – ва [ҳамчунин] он чи дар баробари бутҳо забҳ мешавад ва он чи бо чӯбҳои қуръа тақсим мекунед. Ва [ба яқин бидонед, ки рӯй овардан ба тамоми] инҳо нофармонӣ аст. Имрӯз кофирон аз дини шумо [ва бозгаштатон ба куфр] ноумед шудаанд, пас, аз онон натарсед ва аз ман битарсед. Имрӯз динатонро комил кардам ва неъматро бар шумо тамом намудам ва исломро [ба унвони беҳтарин] дин бароятон баргузидам. Пас, ҳар ки [барои ҳифзи ҷони худ ва] бидуни он ки ба гуноҳе мутамоил бошад, ночор [ба хӯрдани гӯштҳои манъшуда] шавад [бар ӯ гуноҳе нест]. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

﴿يَسْأَلُونَكَ مَاذَا أُحِلَّ لَهُمْ ۖ قُلْ أُحِلَّ لَكُمُ الطَّيِّبَاتُ ۙ وَمَا عَلَّمْتُمْ مِنَ الْجَوَارِحِ مُكَلِّبِينَ تُعَلِّمُونَهُنَّ مِمَّا عَلَّمَكُمُ اللَّهُ ۖ فَكُلُوا مِمَّا أَمْسَكْنَ عَلَيْكُمْ وَاذْكُرُوا اسْمَ اللَّهِ عَلَيْهِ ۖ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۚ إِنَّ اللَّهَ سَرِيعُ الْحِسَابِ﴾

[Эй паёмбар, асҳобат] Аз ту мепурсанд, чи чиз барояшон ҳалол шудааст.
Бигӯ: "Чизҳои покиза бароятон ҳалол гаштааст ва [ҳамчунин] он чи ба кумаки ҳайвоноти шикорӣ [ба даст меоваред, чаро], ки онҳоро бо он чи Аллоҳ таоло ба шумо омӯхтааст, дастомӯз мекунед.
Пас, аз он чи [худ нахӯрдаанд ва] барои шумо гирифтаанд, бихӯред ва [ба ҳангоми забҳ ё фиристодани ҳайвоноти шикорӣ] номи Аллоҳро бар он бибаред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед]. Бе гумон, Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст"

﴿الْيَوْمَ أُحِلَّ لَكُمُ الطَّيِّبَاتُ ۖ وَطَعَامُ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ حِلٌّ لَكُمْ وَطَعَامُكُمْ حِلٌّ لَهُمْ ۖ وَالْمُحْصَنَاتُ مِنَ الْمُؤْمِنَاتِ وَالْمُحْصَنَاتُ مِنَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ مِنْ قَبْلِكُمْ إِذَا آتَيْتُمُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ مُحْصِنِينَ غَيْرَ مُسَافِحِينَ وَلَا مُتَّخِذِي أَخْدَانٍ ۗ وَمَنْ يَكْفُرْ بِالْإِيمَانِ فَقَدْ حَبِطَ عَمَلُهُ وَهُوَ فِي الْآخِرَةِ مِنَ الْخَاسِرِينَ﴾

[Эй мусулмонон] Имрӯз хӯрокҳои покиза бароятон ҳалол шудааст ва [забоиҳу] ғизои аҳли китоб барои шумо ҳалол аст ва ғизои шумо [низ] барои онон ҳалол аст ва [ҳамчунин издивоҷ бо] занони покдомани мусулмон ва занони покдоман аз [аҳли китоб, яъне] касоне, ки пеш аз шумо ба онон китоб [-и осмонӣ] дода шудааст [ҳалол мебошад], ба шарти он ки маҳрияҳои ононро бипардозед, дар ҳоле ки худ покдоман бошед, на зинокор бошед ва на [занонро] пинҳонӣ ба дӯстӣ бигиред. Ва ҳар ки ба [аркони] имон куфр биварзад, ҳатман, амалаш табоҳ шудааст ва дар охират аз зиёндидагон хоҳад буд

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا قُمْتُمْ إِلَى الصَّلَاةِ فَاغْسِلُوا وُجُوهَكُمْ وَأَيْدِيَكُمْ إِلَى الْمَرَافِقِ وَامْسَحُوا بِرُءُوسِكُمْ وَأَرْجُلَكُمْ إِلَى الْكَعْبَيْنِ ۚ وَإِنْ كُنْتُمْ جُنُبًا فَاطَّهَّرُوا ۚ وَإِنْ كُنْتُمْ مَرْضَىٰ أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ أَوْ جَاءَ أَحَدٌ مِنْكُمْ مِنَ الْغَائِطِ أَوْ لَامَسْتُمُ النِّسَاءَ فَلَمْ تَجِدُوا مَاءً فَتَيَمَّمُوا صَعِيدًا طَيِّبًا فَامْسَحُوا بِوُجُوهِكُمْ وَأَيْدِيكُمْ مِنْهُ ۚ مَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيَجْعَلَ عَلَيْكُمْ مِنْ حَرَجٍ وَلَٰكِنْ يُرِيدُ لِيُطَهِّرَكُمْ وَلِيُتِمَّ نِعْمَتَهُ عَلَيْكُمْ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ﴾

Эй касоне, ки имон овардаед чун ба [қасди] намоз бархостед, рӯйи худ ва дастҳоятонро то оринҷ бишӯед ва саратонро масҳ кунед ва пойҳоятонро то ду шитолинг [буҷулак бишӯед] ва агар ҷунуб будед, худро [бо ғусл кардан] пок созед ва агар бемор ё мусофиред ё ҳар як аз шумо аз маҳалли қазои ҳоҷат омадааст ё бо занон омезиш кардаед ва об намеёбед, пас, ба хоки пок таяммум кунед ва аз он бар сурату дастҳоятон бикашед. Аллоҳ таоло намехоҳад шуморо ба сахтӣ бияндозад, балки мехоҳад шуморо пок созад ва неъмати хешро бар шумо тамом кунад, бошад, ки шукр гузоред

﴿وَاذْكُرُوا نِعْمَةَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ وَمِيثَاقَهُ الَّذِي وَاثَقَكُمْ بِهِ إِذْ قُلْتُمْ سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا ۖ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ﴾

Ва ба ёд оваред неъмати Аллоҳро бар хеш ва [низ] паймоне, ки шуморо ба [анҷоми] он муваззаф гардондааст, он гоҳ ки [дар бораи даъват ба фармонбардорӣ ба паёмбар] гуфтед: "Шунидем ва итоат кардем". Ва аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед], [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи даруни синаҳост, доност

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُونُوا قَوَّامِينَ لِلَّهِ شُهَدَاءَ بِالْقِسْطِ ۖ وَلَا يَجْرِمَنَّكُمْ شَنَآنُ قَوْمٍ عَلَىٰ أَلَّا تَعْدِلُوا ۚ اعْدِلُوا هُوَ أَقْرَبُ لِلتَّقْوَىٰ ۖ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۚ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, барои Аллоҳ таоло ба адл бархезед, [ва] ба адолат шаҳодат диҳед. Ва албатта, набояд душмании як гурӯҳ шуморо бар он дорад, ки адолат накунед. Адолат кунед, ки ин [кор] ба парҳезкорӣ наздиктар аст ва аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед], [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст

﴿وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ ۙ لَهُمْ مَغْفِرَةٌ وَأَجْرٌ عَظِيمٌ﴾

Аллоҳ таоло ба онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ваъдаи омурзиш ва подоши бузурге додааст

﴿وَالَّذِينَ كَفَرُوا وَكَذَّبُوا بِآيَاتِنَا أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ الْجَحِيمِ﴾

Ва касоне, ки куфр варзиданд ва оёти моро такзиб карданд, онон аҳли дузаханд

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اذْكُرُوا نِعْمَتَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ هَمَّ قَوْمٌ أَنْ يَبْسُطُوا إِلَيْكُمْ أَيْدِيَهُمْ فَكَفَّ أَيْدِيَهُمْ عَنْكُمْ ۖ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۚ وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред, он гоҳ ки гурӯҳе [аз душманон] қасд карданд, ки ба сӯятон даст дароз кунанд, пас, [Аллоҳ таоло] дасташонро аз шумо боздошт. Ва аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед]. Ва муъминон бояд танҳо бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд

﴿۞ وَلَقَدْ أَخَذَ اللَّهُ مِيثَاقَ بَنِي إِسْرَائِيلَ وَبَعَثْنَا مِنْهُمُ اثْنَيْ عَشَرَ نَقِيبًا ۖ وَقَالَ اللَّهُ إِنِّي مَعَكُمْ ۖ لَئِنْ أَقَمْتُمُ الصَّلَاةَ وَآتَيْتُمُ الزَّكَاةَ وَآمَنْتُمْ بِرُسُلِي وَعَزَّرْتُمُوهُمْ وَأَقْرَضْتُمُ اللَّهَ قَرْضًا حَسَنًا لَأُكَفِّرَنَّ عَنْكُمْ سَيِّئَاتِكُمْ وَلَأُدْخِلَنَّكُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ ۚ فَمَنْ كَفَرَ بَعْدَ ذَٰلِكَ مِنْكُمْ فَقَدْ ضَلَّ سَوَاءَ السَّبِيلِ﴾

Ва бе тардид, Аллоҳ таоло аз Бани Исроил паймон гирифт ва аз миёни онон [ба теъдоди қабоилашон] дувоздаҳ солор баргумоштем ва Аллоҳ таоло гуфт: "Ман бо шумо ҳастам.
Агар намоз барпо доред ва закот бипардозед ва ба паёмбарони ман имон биёваред ва ононро гиромӣ доред ва дар роҳи Аллоҳ таоло воми наку диҳед, гуноҳонатонро мезудоям ва шуморо ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунам, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст. Пас, ҳар як аз шумо, ки баъд аз ин кофир шавад, мусалламан, роҳи ростро гум кардааст"

﴿فَبِمَا نَقْضِهِمْ مِيثَاقَهُمْ لَعَنَّاهُمْ وَجَعَلْنَا قُلُوبَهُمْ قَاسِيَةً ۖ يُحَرِّفُونَ الْكَلِمَ عَنْ مَوَاضِعِهِ ۙ وَنَسُوا حَظًّا مِمَّا ذُكِّرُوا بِهِ ۚ وَلَا تَزَالُ تَطَّلِعُ عَلَىٰ خَائِنَةٍ مِنْهُمْ إِلَّا قَلِيلًا مِنْهُمْ ۖ فَاعْفُ عَنْهُمْ وَاصْفَحْ ۚ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُحْسِنِينَ﴾

Пас, ба [сазои] паймоншиканиашон ононро аз раҳмати хеш дур сохтем ва дилҳояшонро сахт гардондем, [зеро бо тағйири лафзу таъвили маъно] суханон [-и Аллоҳ таоло]-ро аз ҷойгоҳаш таҳриф мекунанд ва бахше аз он чиро бад-он панд дода шуданд, фаромӯш карданд. Ва [эй паёмбар] ту пайваста дар бораи хиёнате аз сӯйи онон огоҳ мешавӣ, магар [шумори] андак аз эшон [ки хиёнаткор нестанд]. Пас, аз онон даргузар ва чашмпӯшӣ кун, [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло накукоронро дӯст медорад

﴿وَمِنَ الَّذِينَ قَالُوا إِنَّا نَصَارَىٰ أَخَذْنَا مِيثَاقَهُمْ فَنَسُوا حَظًّا مِمَّا ذُكِّرُوا بِهِ فَأَغْرَيْنَا بَيْنَهُمُ الْعَدَاوَةَ وَالْبَغْضَاءَ إِلَىٰ يَوْمِ الْقِيَامَةِ ۚ وَسَوْفَ يُنَبِّئُهُمُ اللَّهُ بِمَا كَانُوا يَصْنَعُونَ﴾

Ва [ҳамчунин] аз касоне, ки гуфтанд: "Мо масеҳӣ ҳастем", паймон гирифтем, [ки пайрави Қуръон ва расули Аллоҳ таоло бошанд] ва [-ле динашонро таҳриф намуданд ва] бахше аз он чиро, ки бад-он панд дода шуданд, фаромӯш карданд ва мо [низ] то рӯзи қиёмат миёнашон душманиву кина афкандем ва [дар он рӯз] Аллоҳ таоло ононро [аз натиҷаи] он чи кардаанд, огоҳ хоҳад сохт

﴿يَا أَهْلَ الْكِتَابِ قَدْ جَاءَكُمْ رَسُولُنَا يُبَيِّنُ لَكُمْ كَثِيرًا مِمَّا كُنْتُمْ تُخْفُونَ مِنَ الْكِتَابِ وَيَعْفُو عَنْ كَثِيرٍ ۚ قَدْ جَاءَكُمْ مِنَ اللَّهِ نُورٌ وَكِتَابٌ مُبِينٌ﴾

Эй аҳли китоб, ҳамоно паёмбари мо ба сӯйи шумо омадааст, ки бисёре аз [матолибу омӯзаҳои] китоб [-и осмонии худ]-ро, ки пинҳон мекардед, бароятон ба равшанӣ баён кунад ва аз бисёре [аз матолибу аҳкоми он] даргузарад. Ҳатман, аз ҷониби Аллоҳ таоло бароятон нуру китоби равшангар омадааст

﴿يَهْدِي بِهِ اللَّهُ مَنِ اتَّبَعَ رِضْوَانَهُ سُبُلَ السَّلَامِ وَيُخْرِجُهُمْ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ بِإِذْنِهِ وَيَهْدِيهِمْ إِلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ﴾

Аллоҳ таоло ба василаи ин [китоб] касонеро, ки аз хушнудии Ӯ пайравӣ кунанд, ба роҳҳои саломат ҳидоят мекунад ва ба фармони Хеш ононро аз торикиҳо ба сӯйи рӯшноӣ мебарад ва ба роҳи рост ҳидояташон мекунад

﴿لَقَدْ كَفَرَ الَّذِينَ قَالُوا إِنَّ اللَّهَ هُوَ الْمَسِيحُ ابْنُ مَرْيَمَ ۚ قُلْ فَمَنْ يَمْلِكُ مِنَ اللَّهِ شَيْئًا إِنْ أَرَادَ أَنْ يُهْلِكَ الْمَسِيحَ ابْنَ مَرْيَمَ وَأُمَّهُ وَمَنْ فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا ۗ وَلِلَّهِ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا ۚ يَخْلُقُ مَا يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ﴾

Касоне, ки гуфтанд: "Аллоҳ таоло ҳамон Масеҳ – писари Марям – аст", яқинан, кофир шуданд.
[Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Агар Аллоҳ таоло бихоҳад, ки Масеҳ – писари Марям – ва модараш ва ҳамаи касонеро, ки рӯйи замин ҳастанд, нобуд кунад, чи касе дар баробари Аллоҳ таоло ихтиёре дорад, ки монеъ шавад? Фармонравоии осмонҳо ва замин ва он чи миёни он ду қарор дорад, аз они Аллоҳ таоло аст; ҳар чи бихоҳад меофаринад ва Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност"

﴿وَقَالَتِ الْيَهُودُ وَالنَّصَارَىٰ نَحْنُ أَبْنَاءُ اللَّهِ وَأَحِبَّاؤُهُ ۚ قُلْ فَلِمَ يُعَذِّبُكُمْ بِذُنُوبِكُمْ ۖ بَلْ أَنْتُمْ بَشَرٌ مِمَّنْ خَلَقَ ۚ يَغْفِرُ لِمَنْ يَشَاءُ وَيُعَذِّبُ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَلِلَّهِ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا ۖ وَإِلَيْهِ الْمَصِيرُ﴾

Яҳудиён ва масеҳиён гуфтанд: "Мо фарзандони Аллоҳ таоло ва дӯстони Ӯ ҳастем".
[Эй паёмбар, дар посухашон] Бигӯ: "Пас, чаро Ӯ шуморо ба кайфари гуноҳонатон азоб мекунад? Балки шумо [низ] башар ва аз ҷумлаи афроде ҳастед, ки офаридааст.
Ҳар киро бихоҳад, меомурзад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва фармонравоии осмонҳо ва замин ва он чи миёни он ду қарор дорад, аз они Аллоҳ таоло аст ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Ӯст"

﴿يَا أَهْلَ الْكِتَابِ قَدْ جَاءَكُمْ رَسُولُنَا يُبَيِّنُ لَكُمْ عَلَىٰ فَتْرَةٍ مِنَ الرُّسُلِ أَنْ تَقُولُوا مَا جَاءَنَا مِنْ بَشِيرٍ وَلَا نَذِيرٍ ۖ فَقَدْ جَاءَكُمْ بَشِيرٌ وَنَذِيرٌ ۗ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ﴾

Эй аҳли китоб, паёмбари мо ба сӯйи шумо омад, то дар давраи фатрати паёмбарон [фосила байни биъсати Исо ва Муҳаммад] [аҳкому омӯзаҳои илоҳиро] ба равшанӣ бароятон баён кунад, ки мабодо [рӯзи қиёмат] бигӯед: "На башоратбахше ба суроғамон омад, на бимдиҳандае". Пас, яқинан, [инак] паёмбари башоратбахш ва бимдиҳанда ба сӯятон омадааст ва Аллоҳ таоло бар ҳама чиз тавоност

﴿وَإِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِ يَا قَوْمِ اذْكُرُوا نِعْمَةَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ جَعَلَ فِيكُمْ أَنْبِيَاءَ وَجَعَلَكُمْ مُلُوكًا وَآتَاكُمْ مَا لَمْ يُؤْتِ أَحَدًا مِنَ الْعَالَمِينَ﴾

Ва [эй паёмбар, ёд кун аз] Ҳангоме ки Мӯсо ба қавмаш гуфт: "Эй қавми ман, неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред, он гоҳ ки байни шумо паёмбароне барангехт ва [пас аз бардагии Фиръавн афроде аз] шуморо фармонравоён [-и худатон] сохт ва чизҳое ба шумо бахшид, ки ба ҳеҷ як аз ҷаҳониён [-и муосиратон] надода буд

﴿يَا قَوْمِ ادْخُلُوا الْأَرْضَ الْمُقَدَّسَةَ الَّتِي كَتَبَ اللَّهُ لَكُمْ وَلَا تَرْتَدُّوا عَلَىٰ أَدْبَارِكُمْ فَتَنْقَلِبُوا خَاسِرِينَ﴾

Эй қавм, ба сарзамини муқаддасе, ки Аллоҳ таоло бароятон муқаррар намудааст, ворид шавед ва ба ақиб бознагардед [ва аз динатон даст накашед], ки зиёндида хоҳед шуд"

﴿قَالُوا يَا مُوسَىٰ إِنَّ فِيهَا قَوْمًا جَبَّارِينَ وَإِنَّا لَنْ نَدْخُلَهَا حَتَّىٰ يَخْرُجُوا مِنْهَا فَإِنْ يَخْرُجُوا مِنْهَا فَإِنَّا دَاخِلُونَ﴾

[Онон] Гуфтанд: "Эй Мӯсо, бе гумон он ҷо қавми зӯрманд ҳастанд, [ва] то онон аз он ҷо берун нараванд, мо ҳаргиз вориди он намешавем. Пас, агар аз он ҷо берун бираванд, мо ворид хоҳем шуд"

﴿قَالَ رَجُلَانِ مِنَ الَّذِينَ يَخَافُونَ أَنْعَمَ اللَّهُ عَلَيْهِمَا ادْخُلُوا عَلَيْهِمُ الْبَابَ فَإِذَا دَخَلْتُمُوهُ فَإِنَّكُمْ غَالِبُونَ ۚ وَعَلَى اللَّهِ فَتَوَكَّلُوا إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ﴾

Ду тан аз мардоне, ки [аз нофармонӣ ва азоби илоҳӣ] метарсиданд ва Аллоҳ таоло ба онон неъмат [-и итоат ва бандагӣ] дода буд, гуфтанд: "Аз он дарвоза бар эшон [ҳуҷум баред ва] ворид шавед, ки агар аз он даромадед, ҳатман, пирӯз хоҳед шуд ва агар муъминед, бар Аллоҳ таоло таваккал кунед"

﴿قَالُوا يَا مُوسَىٰ إِنَّا لَنْ نَدْخُلَهَا أَبَدًا مَا دَامُوا فِيهَا ۖ فَاذْهَبْ أَنْتَ وَرَبُّكَ فَقَاتِلَا إِنَّا هَاهُنَا قَاعِدُونَ﴾

[Бани Исроил] Гуфтанд: "Эй Мӯсо, то замоне ки онон дар он ҷо хастанд, мо ҳаргиз ворид намешавем. Ту ва Парвардигорат биравед ва биҷангед. Мо ҳамин ҷо менишинем"

﴿قَالَ رَبِّ إِنِّي لَا أَمْلِكُ إِلَّا نَفْسِي وَأَخِي ۖ فَافْرُقْ بَيْنَنَا وَبَيْنَ الْقَوْمِ الْفَاسِقِينَ﴾

[Мӯсо] Гуфт: "Парвардигоро, ман ҷуз ихтиёри худам ва бародарам [ихтиёри шахси дигареро] надорам, пас, миёни мо ва ин гурӯҳи нофармон ҷудоӣ бияфкан"

﴿قَالَ فَإِنَّهَا مُحَرَّمَةٌ عَلَيْهِمْ ۛ أَرْبَعِينَ سَنَةً ۛ يَتِيهُونَ فِي الْأَرْضِ ۚ فَلَا تَأْسَ عَلَى الْقَوْمِ الْفَاسِقِينَ﴾

[Аллоҳ таоло] Фармуд: "Дар ин сурат [вуруд ба] он [сарзамини муқаддас] то чиҳил сол бар онон ҳаром шудааст, [ва пайваста] дар замин саргардон хоҳанд буд. Пас, ба хотири [рафтори] ин гурӯҳи нофармон афсӯс махӯр"

﴿۞ وَاتْلُ عَلَيْهِمْ نَبَأَ ابْنَيْ آدَمَ بِالْحَقِّ إِذْ قَرَّبَا قُرْبَانًا فَتُقُبِّلَ مِنْ أَحَدِهِمَا وَلَمْ يُتَقَبَّلْ مِنَ الْآخَرِ قَالَ لَأَقْتُلَنَّكَ ۖ قَالَ إِنَّمَا يَتَقَبَّلُ اللَّهُ مِنَ الْمُتَّقِينَ﴾

Ва [эй паёмбар] достони ду писари Одам [Ҳобил ва Қобил]-ро ба ҳақ бар эшон бихон: ҳангоме ки [ҳар кадом] барои тақарруб [ба даргоҳи Аллоҳ таоло] як қурбонӣ тақдим карданд, аз яке пазируфта шуд ва аз дигаре пазируфта нашуд. [Қобил ба Ҳобил] Гуфт: "Ҳатман, туро хоҳам кушт". [Ҳобил] Гуфт: "Аллоҳ таоло [қурбониро] фақат аз парҳезкорон мепазирад

﴿لَئِنْ بَسَطْتَ إِلَيَّ يَدَكَ لِتَقْتُلَنِي مَا أَنَا بِبَاسِطٍ يَدِيَ إِلَيْكَ لِأَقْتُلَكَ ۖ إِنِّي أَخَافُ اللَّهَ رَبَّ الْعَالَمِينَ﴾

Агар ту дастро барои куштани ман дароз кунӣ, ман ҳаргиз дастамро барои куштан ба сӯят дароз нахоҳам кард, [зеро] бе тардид, ман аз Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён – метарсам

﴿إِنِّي أُرِيدُ أَنْ تَبُوءَ بِإِثْمِي وَإِثْمِكَ فَتَكُونَ مِنْ أَصْحَابِ النَّارِ ۚ وَذَٰلِكَ جَزَاءُ الظَّالِمِينَ﴾

[Он гоҳ барои он ки ӯро битарсонад гуфт] "Ман мехоҳам, ки ту бо гуноҳи [қатли] ман ва гуноҳи [аъмоли] худат [ба сӯйи Аллоҳ таоло] бозгардӣ ва аз аҳли дузах бошӣ. Ва ин аст сазои ситамгорон"

﴿فَطَوَّعَتْ لَهُ نَفْسُهُ قَتْلَ أَخِيهِ فَقَتَلَهُ فَأَصْبَحَ مِنَ الْخَاسِرِينَ﴾

Пас, нафси [саркаши] ӯ куштани бародарашро барояш орост [ва муваҷҷаҳу осон ҷилва дод]. Пас, ӯро кушт ва аз зиёнкорон шуд

﴿فَبَعَثَ اللَّهُ غُرَابًا يَبْحَثُ فِي الْأَرْضِ لِيُرِيَهُ كَيْفَ يُوَارِي سَوْءَةَ أَخِيهِ ۚ قَالَ يَا وَيْلَتَا أَعَجَزْتُ أَنْ أَكُونَ مِثْلَ هَٰذَا الْغُرَابِ فَأُوَارِيَ سَوْءَةَ أَخِي ۖ فَأَصْبَحَ مِنَ النَّادِمِينَ﴾

Он гоҳ Аллоҳ таоло калоғ [зоғ]-еро фиристод, ки дар замин ҷустуҷӯ [ва ковиш] мекард, то [калоғи мурдаеро дафн кунад ва ин гуна] ба вай нишон диҳад, ки чи гуна ҷасади бародарашро бипӯшонад.
[Қобил] Гуфт: "Вой бар ман! Оё нотавон будам аз ин ки ҳамчун ин калоғ бошам ва ҷасади бародарамро бипӯшонам"? Он гоҳ [ба сахтӣ аз кори зишти хеш] пушаймон шуд

﴿مِنْ أَجْلِ ذَٰلِكَ كَتَبْنَا عَلَىٰ بَنِي إِسْرَائِيلَ أَنَّهُ مَنْ قَتَلَ نَفْسًا بِغَيْرِ نَفْسٍ أَوْ فَسَادٍ فِي الْأَرْضِ فَكَأَنَّمَا قَتَلَ النَّاسَ جَمِيعًا وَمَنْ أَحْيَاهَا فَكَأَنَّمَا أَحْيَا النَّاسَ جَمِيعًا ۚ وَلَقَدْ جَاءَتْهُمْ رُسُلُنَا بِالْبَيِّنَاتِ ثُمَّ إِنَّ كَثِيرًا مِنْهُمْ بَعْدَ ذَٰلِكَ فِي الْأَرْضِ لَمُسْرِفُونَ﴾

Ба ҳамин сабаб, бар Бани Исроил муқаррар доштем, ки ҳар кас инсонеро ҷуз барои [қасоси] касе ё фасоде [ки] дар замин [муртакиб шудааст] ба қатл бирасонад, чунон аст, ки гӯӣ ҳамаи мардумро куштааст ва ҳар кас [бо худдорӣ аз қатлҳои худсарона ва беҳуда] инсонеро зинда бидорад, чунон аст, ки ҳамаи мардумро зинда кардааст.
Ва бе гумон, паёмбарони мо бо далоили равшан барои онон [Бани Исроил] омаданд, [вале] боз ҳам бисёре аз эшон пас аз он [бо иртикоби гуноҳ] дар замин [по аз ҳудуди илоҳӣ фаротар гузоштанд ва] зиёдаравӣ карданд

﴿إِنَّمَا جَزَاءُ الَّذِينَ يُحَارِبُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَيَسْعَوْنَ فِي الْأَرْضِ فَسَادًا أَنْ يُقَتَّلُوا أَوْ يُصَلَّبُوا أَوْ تُقَطَّعَ أَيْدِيهِمْ وَأَرْجُلُهُمْ مِنْ خِلَافٍ أَوْ يُنْفَوْا مِنَ الْأَرْضِ ۚ ذَٰلِكَ لَهُمْ خِزْيٌ فِي الدُّنْيَا ۖ وَلَهُمْ فِي الْآخِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٌ﴾

Сазои касоне, ки бо Аллоҳ таоло ва паёмбараш меҷанганд ва [бо қатлу дуздӣ ва фаҳшо] дар замин ба фасод мекӯшанд, ҷуз ин нест, ки кушта шаванд ё ба дор овехта шаванд ё даст [-и рост] ва пой [-и чапи] онҳо дар хилоф [ҷиҳати якдигар] қатъ шавад ё аз сарзамин [-и худ] табъид гарданд. Ин [муҷозот мояи] расвоии онҳо дар дунёст ва дар охират [низ] азоби бузург [дар пеш] доранд

﴿إِلَّا الَّذِينَ تَابُوا مِنْ قَبْلِ أَنْ تَقْدِرُوا عَلَيْهِمْ ۖ فَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

Магар касоне, ки [шумо ҳокимон] пеш аз он ки бар онон даст ёбед, тавба кунанд. Пас, [агар чунин карданд, аз онон даргузаред ва] бидонед, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَابْتَغُوا إِلَيْهِ الْوَسِيلَةَ وَجَاهِدُوا فِي سَبِيلِهِ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед] ва [бо анҷоми корҳои нек, барои тақарруб] ба сӯйи Ӯ васила биҷӯед ва дар роҳаш ҷиҳод кунед, бошад, ки растагор шавед

﴿إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا لَوْ أَنَّ لَهُمْ مَا فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا وَمِثْلَهُ مَعَهُ لِيَفْتَدُوا بِهِ مِنْ عَذَابِ يَوْمِ الْقِيَامَةِ مَا تُقُبِّلَ مِنْهُمْ ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ﴾

Дар ҳақиқат касоне, ки куфр варзиданд, агар тамоми он чи дар замин аст, барои онон бошад ва ҳаммонандаш [низ] бо он [дар ихтиёрашон бошад ва бихоҳанд], то ба бад-он васила худро аз азоби рӯзи қиёмат бозхаранд, аз эшон пазируфта намешавад ва азоби дарднок [дар пеш] доранд

﴿يُرِيدُونَ أَنْ يَخْرُجُوا مِنَ النَّارِ وَمَا هُمْ بِخَارِجِينَ مِنْهَا ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ مُقِيمٌ﴾

Мехоҳанд аз оташ [-и дузах] берун раванд, ва [-ле] аз он [азоб] наметавонанд хориҷ шаванд ва барояшон азоби пойдор [муҳайё] аст

﴿وَالسَّارِقُ وَالسَّارِقَةُ فَاقْطَعُوا أَيْدِيَهُمَا جَزَاءً بِمَا كَسَبَا نَكَالًا مِنَ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ﴾

[Эй ҳокимони мусулмон] Дасти марду зани дуздро ба сазои амале, ки муртакиб шудаанд, ба унвони муҷозоте аз ҷониби Аллоҳ таоло қатъ кунед ва [бидонед, ки] Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст

﴿فَمَنْ تَابَ مِنْ بَعْدِ ظُلْمِهِ وَأَصْلَحَ فَإِنَّ اللَّهَ يَتُوبُ عَلَيْهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

Пас, ҳар ки баъд аз [гуноҳ ва] ситам карданаш тавба кунад ва [аъмоли худро ҷуброн ва] ислоҳ намояд, бе тардид, Аллоҳ таоло тавбаашро мепазирад. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

﴿أَلَمْ تَعْلَمْ أَنَّ اللَّهَ لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ يُعَذِّبُ مَنْ يَشَاءُ وَيَغْفِرُ لِمَنْ يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ﴾

Оё намедонӣ, ки фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст, [ва] ҳар киро бихоҳад азоб мекунад ва ҳар киро бихоҳад мебахшад? Ва Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност

﴿۞ يَا أَيُّهَا الرَّسُولُ لَا يَحْزُنْكَ الَّذِينَ يُسَارِعُونَ فِي الْكُفْرِ مِنَ الَّذِينَ قَالُوا آمَنَّا بِأَفْوَاهِهِمْ وَلَمْ تُؤْمِنْ قُلُوبُهُمْ ۛ وَمِنَ الَّذِينَ هَادُوا ۛ سَمَّاعُونَ لِلْكَذِبِ سَمَّاعُونَ لِقَوْمٍ آخَرِينَ لَمْ يَأْتُوكَ ۖ يُحَرِّفُونَ الْكَلِمَ مِنْ بَعْدِ مَوَاضِعِهِ ۖ يَقُولُونَ إِنْ أُوتِيتُمْ هَٰذَا فَخُذُوهُ وَإِنْ لَمْ تُؤْتَوْهُ فَاحْذَرُوا ۚ وَمَنْ يُرِدِ اللَّهُ فِتْنَتَهُ فَلَنْ تَمْلِكَ لَهُ مِنَ اللَّهِ شَيْئًا ۚ أُولَٰئِكَ الَّذِينَ لَمْ يُرِدِ اللَّهُ أَنْ يُطَهِّرَ قُلُوبَهُمْ ۚ لَهُمْ فِي الدُّنْيَا خِزْيٌ ۖ وَلَهُمْ فِي الْآخِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٌ﴾

Эй паёмбар, касоне, ки дар [роҳи] куфр шитоб мекунанд, туро ғамгин насозад - [хоҳ] аз касоне, ки ба забонашон мегӯянд: "Имон овардем" ва қалбашон имон наовардааст ва [хоҳ] аз яҳудиён [бошанд, ҳамон касоне, ки ба суханони пешвоёну бузургонашон] гӯш месупоранд, [оре, онон фақат] шунавандаи [дурӯғҳо ва муқаллиди дастурҳои] гурӯҳи дигаре [аз уламояшон] ҳастанд, ки [туро бовар надоранд ва ҳаргиз] наздат наомадаанд.
Онон суханон [-и Аллоҳ таоло]-ро [бар асоси майлу манфиати худ] аз ҷойгоҳашон таҳриф мекунанд ва [ба якдигар] мегӯянд: "Агар ин [ҳукм аз суйи Муҳаммад] ба шумо дода шуд, пас, [аз ӯ] бипазиред ва агар он [чизи дилхоҳатон аст] ба шумо дода нашуд, [аз ӯ] дурӣ кунед". Ва [эй паёмбар] ҳар ки Аллоҳ таоло гумроҳиашро хоста бошад, ту ҳаргиз дар баробари Аллоҳ таоло барояш ихтиёр надорӣ [ва наметавонӣ аз ӯ дифоъ кунӣ]. Онон [яҳудиён ва мунофиқон] касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло нахостааст дилҳояшонро [аз палидии куфр] пок кунад. Онон дар дунё расвоӣ [ва хорӣ дар интизор] доранд ва дар охират барояшон азоби бузурге [дар пеш] аст

﴿سَمَّاعُونَ لِلْكَذِبِ أَكَّالُونَ لِلسُّحْتِ ۚ فَإِنْ جَاءُوكَ فَاحْكُمْ بَيْنَهُمْ أَوْ أَعْرِضْ عَنْهُمْ ۖ وَإِنْ تُعْرِضْ عَنْهُمْ فَلَنْ يَضُرُّوكَ شَيْئًا ۖ وَإِنْ حَكَمْتَ فَاحْكُمْ بَيْنَهُمْ بِالْقِسْطِ ۚ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُقْسِطِينَ﴾

Онон [яҳудиён] бисёр гӯш ба дурӯғ месупоранд, [ва] моли ҳароми фаровон мехӯранд. Пас, [эй паёмбар] агар [барои додхоҳӣ] наздат омаданд, миёнашон доварӣ кун ё аз эшон рӯй бигардон. Ва [яқин бидон, ки] агар аз онон рӯй бигардонӣ, ба ту ҳеҷ зиёне намерасонанд, ва [-ле] агар доварӣ кардӣ, бо адолат миёнашон доварӣ кун. Бе тардид, Аллоҳ таоло додгаронро дӯст медорад

﴿وَكَيْفَ يُحَكِّمُونَكَ وَعِنْدَهُمُ التَّوْرَاةُ فِيهَا حُكْمُ اللَّهِ ثُمَّ يَتَوَلَّوْنَ مِنْ بَعْدِ ذَٰلِكَ ۚ وَمَا أُولَٰئِكَ بِالْمُؤْمِنِينَ﴾

Ва онон чи гуна туро ба доварӣ металабанд, дар ҳоле ки Таврот наздашон аст, [ва] ҳукми Аллоҳ таоло дар он вуҷуд дорад? Сипас баъд аз он [додхоҳӣ, агар сухане хилофи майлашон бигӯӣ, аз дастури Таврот ва ҳукми ту] руй мегардонанд ва инон муъмин нестанд

﴿إِنَّا أَنْزَلْنَا التَّوْرَاةَ فِيهَا هُدًى وَنُورٌ ۚ يَحْكُمُ بِهَا النَّبِيُّونَ الَّذِينَ أَسْلَمُوا لِلَّذِينَ هَادُوا وَالرَّبَّانِيُّونَ وَالْأَحْبَارُ بِمَا اسْتُحْفِظُوا مِنْ كِتَابِ اللَّهِ وَكَانُوا عَلَيْهِ شُهَدَاءَ ۚ فَلَا تَخْشَوُا النَّاسَ وَاخْشَوْنِ وَلَا تَشْتَرُوا بِآيَاتِي ثَمَنًا قَلِيلًا ۚ وَمَنْ لَمْ يَحْكُمْ بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْكَافِرُونَ﴾

Ба ростӣ, Мо Тавротро нозил кардем, ки дар он ҳидоят ва нур аст.
Паёмбароне, ки [дар баробари фармони Аллоҳ таоло] таслим буданд, бар асоси [омӯзаҳои] он барои яҳудиён доварӣ мекарданд ва донишмандону фақеҳон [-и яҳудӣ], ки посдорӣ аз китоби Аллоҳ таоло [ва ҷилавгирӣ аз таҳрифи Таврот] ба онон супурда шуда буд ва бар [ҳаққонияти] он гувоҳ буданд [ва бино ба дастурҳояш ҳукм мекарданд]. Пас, [эй яҳудиён, дар иҷрои аҳкоми илоҳӣ] аз мардум натарсед ва аз Ман битарсед ва оётамро ба баҳои ночиз нафурӯшед. Ва ҳар кас ба аҳкоме, ки Аллоҳ таоло нозил кардааст, доварӣ накунад, кофир аст

﴿وَكَتَبْنَا عَلَيْهِمْ فِيهَا أَنَّ النَّفْسَ بِالنَّفْسِ وَالْعَيْنَ بِالْعَيْنِ وَالْأَنْفَ بِالْأَنْفِ وَالْأُذُنَ بِالْأُذُنِ وَالسِّنَّ بِالسِّنِّ وَالْجُرُوحَ قِصَاصٌ ۚ فَمَنْ تَصَدَّقَ بِهِ فَهُوَ كَفَّارَةٌ لَهُ ۚ وَمَنْ لَمْ يَحْكُمْ بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الظَّالِمُونَ﴾

Ва дар он [Таврот] барои эшон [Бани Исроил] муқаррар доштем, ки: "Ҷон дар баробари ҷону чашм дар баробари чашм ва бинӣ дар баробари бинӣ ва гӯш дар баробари гӯш ва дандон дар баробари дандон аст ва [ҳатто] захмҳо қасос доранд". Пас, ҳар ки аз он гузашт намояд, он [бахшиш] каффораи [гуноҳони] ӯст. Ва ҳар кас ба аҳкоме, ки Аллоҳ таоло нозил кардааст, ҳукм накунад, [аз ҳудуди илоҳӣ фаротар рафтааст ва] ситамгор аст

﴿وَقَفَّيْنَا عَلَىٰ آثَارِهِمْ بِعِيسَى ابْنِ مَرْيَمَ مُصَدِّقًا لِمَا بَيْنَ يَدَيْهِ مِنَ التَّوْرَاةِ ۖ وَآتَيْنَاهُ الْإِنْجِيلَ فِيهِ هُدًى وَنُورٌ وَمُصَدِّقًا لِمَا بَيْنَ يَدَيْهِ مِنَ التَّوْرَاةِ وَهُدًى وَمَوْعِظَةً لِلْمُتَّقِينَ﴾

Ва ба дунболи онон [паёмбарони Бани Исроил] Исо писари Марямро фиристодем, ки тасдиқкунандаи Таврот буд, ки пеш аз ӯ фиристода будем ва Инҷилро, ки дар он ҳидоят ва нур буд, ба ӯ додем, ки тасдиқкунандаи Тавроти пеш аз вай буд ва ҳидояту андарзе буд барои парҳезкорон

﴿وَلْيَحْكُمْ أَهْلُ الْإِنْجِيلِ بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ فِيهِ ۚ وَمَنْ لَمْ يَحْكُمْ بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ﴾

Ва аҳли Инҷил бояд ба он чи Аллоҳ таоло дар он [китоб] нозил кардааст, ҳукм кунанд. Ва ҳар ки ба он чи Аллоҳ таоло нозил кардааст, ҳукм накунад, нофармон аст

﴿وَأَنْزَلْنَا إِلَيْكَ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ مُصَدِّقًا لِمَا بَيْنَ يَدَيْهِ مِنَ الْكِتَابِ وَمُهَيْمِنًا عَلَيْهِ ۖ فَاحْكُمْ بَيْنَهُمْ بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ ۖ وَلَا تَتَّبِعْ أَهْوَاءَهُمْ عَمَّا جَاءَكَ مِنَ الْحَقِّ ۚ لِكُلٍّ جَعَلْنَا مِنْكُمْ شِرْعَةً وَمِنْهَاجًا ۚ وَلَوْ شَاءَ اللَّهُ لَجَعَلَكُمْ أُمَّةً وَاحِدَةً وَلَٰكِنْ لِيَبْلُوَكُمْ فِي مَا آتَاكُمْ ۖ فَاسْتَبِقُوا الْخَيْرَاتِ ۚ إِلَى اللَّهِ مَرْجِعُكُمْ جَمِيعًا فَيُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ فِيهِ تَخْتَلِفُونَ﴾

Ва [эй паёмбар, мо ин] китобро ба ҳақ бар ту нозил кардем, [ки] тасдиқкунандаи китобҳои пешин аст ва мавриди эътимод [-и китобҳои осмонӣ ба унвони меъёре барои ҳақ ва ботил] аст.
Пас, байни онон бар асоси он чи Аллоҳ таоло нозил кардааст, ҳукм кун ва ба ҷойи ҳақиқате, ки [аз ҷониби Қуръон] ба ту раисдааст, аз ҳавасҳои онон пайравӣ макун.
[Эй мардум] Мо барои ҳар яке аз шумо оину роҳи равшан карор додем ва агар Аллоҳ таоло мехост, ҳамаи шуморо уммати воҳид карор медод, вале [Аллоҳ таоло мехоҳад] шуморо дар [мавриди] он чи ба шумо бахшидааст, биозмояд, пас, дар некиҳо бар якдигар пешӣ гиред. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯйи Аллоҳ таоло аст. Он гоҳ Ӯ аз он чи дар он ихтилоф мекардед, огоҳатон месозад

﴿وَأَنِ احْكُمْ بَيْنَهُمْ بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ وَلَا تَتَّبِعْ أَهْوَاءَهُمْ وَاحْذَرْهُمْ أَنْ يَفْتِنُوكَ عَنْ بَعْضِ مَا أَنْزَلَ اللَّهُ إِلَيْكَ ۖ فَإِنْ تَوَلَّوْا فَاعْلَمْ أَنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ أَنْ يُصِيبَهُمْ بِبَعْضِ ذُنُوبِهِمْ ۗ وَإِنَّ كَثِيرًا مِنَ النَّاسِ لَفَاسِقُونَ﴾

Ва [эй паёмбар] миёни онон [яҳуд] бар асоси он чи Аллоҳ таоло [дар Қуръон] нозил кардааст, ҳукм кун ва аз ҳавасҳояшон пайравӣ макун ва бар ҳазар бош аз ин ки туро аз бархе аз он чи Аллоҳ таоло бар ту нозил кардааст, мунҳариф кунанд. Пас, агар [аз пазириши доварии ту] рӯй гардонанд, бидон, ки Аллоҳ таоло мехоҳад ононро ба [хотири] бархе аз гуноҳонашон муҷозот кунад. Ва ба ростӣ, ки бисёре аз мардум нофармонанд

﴿أَفَحُكْمَ الْجَاهِلِيَّةِ يَبْغُونَ ۚ وَمَنْ أَحْسَنُ مِنَ اللَّهِ حُكْمًا لِقَوْمٍ يُوقِنُونَ﴾

Оё онон доварии [бар асоси ченакҳои] ҷоҳилиятро мехоҳанд? Ва барои аҳли яқин, доварии чи касе беҳтар аз Аллоҳ таоло аст?

﴿۞ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا الْيَهُودَ وَالنَّصَارَىٰ أَوْلِيَاءَ ۘ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ وَمَنْ يَتَوَلَّهُمْ مِنْكُمْ فَإِنَّهُ مِنْهُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, яҳудиён ва масеҳиёнро ба дӯстӣ нагиред. Онон дӯстони якдигаранд ва ҳар ки аз шумо, ки бо эшон дӯстӣ кунад, ҳатман, аз онҳост. Бе тардид, Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгоронро [ба хотири дӯстӣ бо кофирон] ҳидоят намекунад

﴿فَتَرَى الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ يُسَارِعُونَ فِيهِمْ يَقُولُونَ نَخْشَىٰ أَنْ تُصِيبَنَا دَائِرَةٌ ۚ فَعَسَى اللَّهُ أَنْ يَأْتِيَ بِالْفَتْحِ أَوْ أَمْرٍ مِنْ عِنْدِهِ فَيُصْبِحُوا عَلَىٰ مَا أَسَرُّوا فِي أَنْفُسِهِمْ نَادِمِينَ﴾

Пас, [эй паёмбар] касонеро, ки дар дилҳояшон беморӣ [нифоқ] аст, мебинӣ, ки дар [дӯстӣ бо] онон мешитобанд, [ва] мегӯянд: "Метарсем, ки [агар пирӯз шаванд, аз ҷониби онон] осебе ба мо бирасад".
Умед аст, ки Аллоҳ таоло [барои мусулмонон] аз ҷониби Худ пирӯзӣ [ва кушоише] пеш оварад, он гоҳ [ин мунофиқон] аз он чи дар дили худ пинҳон медоштанд, пушаймон шаванд

﴿وَيَقُولُ الَّذِينَ آمَنُوا أَهَٰؤُلَاءِ الَّذِينَ أَقْسَمُوا بِاللَّهِ جَهْدَ أَيْمَانِهِمْ ۙ إِنَّهُمْ لَمَعَكُمْ ۚ حَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ فَأَصْبَحُوا خَاسِرِينَ﴾

Ва онон, ки имон овардаанд мегӯянд: "Оё инҳо [мунофиқон] ҳамон касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳ таоло савгандҳои сахт мехӯрданд, ки бо шумо ҳастанд"? Аъмолашон табоҳ гашт ва зиёнкор шуданд

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا مَنْ يَرْتَدَّ مِنْكُمْ عَنْ دِينِهِ فَسَوْفَ يَأْتِي اللَّهُ بِقَوْمٍ يُحِبُّهُمْ وَيُحِبُّونَهُ أَذِلَّةٍ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ أَعِزَّةٍ عَلَى الْكَافِرِينَ يُجَاهِدُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَلَا يَخَافُونَ لَوْمَةَ لَائِمٍ ۚ ذَٰلِكَ فَضْلُ اللَّهِ يُؤْتِيهِ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар касе аз шумо, ки аз дини худ баргардад [ба Аллоҳ таоло зиёне намерасонад], Аллоҳ таоло ба зудӣ гурӯҳеро меоварад, ки ононро дӯст медорад ва онҳо [низ] Ӯро дӯст медоранд, [онон] нисбат ба муъминон фурӯтан ва дар баробари кофирон сарсахт ҳастанд, дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод мекунанд ва аз сарзаниши ҳеҷ маломатгаре намеҳаросанд. Ин фазли Аллоҳ таоло аст, ки ба ҳар кас бихоҳад медиҳад ва Аллоҳ таоло кушоишгари доност

﴿إِنَّمَا وَلِيُّكُمُ اللَّهُ وَرَسُولُهُ وَالَّذِينَ آمَنُوا الَّذِينَ يُقِيمُونَ الصَّلَاةَ وَيُؤْتُونَ الزَّكَاةَ وَهُمْ رَاكِعُونَ﴾

[Эй муъминон] Бе тардид, [ёвару] дӯсти шумо фақат Аллоҳ таоло ва паёмбараш ва [ҳамчунин] афроде ҳастанд, ки имон овардаанд. [Ҳамон] Касоне, ки намоз барпо медоранд ва бо фурӯтанӣ [ва ризояти комил] закот мепардозанд

﴿وَمَنْ يَتَوَلَّ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَالَّذِينَ آمَنُوا فَإِنَّ حِزْبَ اللَّهِ هُمُ الْغَالِبُونَ﴾

Ва ҳар ки Аллоҳ таоло ва паёмбараш ва муъминонро ба дӯстӣ бигирад, [аз гурӯҳи Аллоҳ таоло аст ва] яқинан, гурӯҳи Аллоҳ таоло пирӯзанд

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا الَّذِينَ اتَّخَذُوا دِينَكُمْ هُزُوًا وَلَعِبًا مِنَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ مِنْ قَبْلِكُمْ وَالْكُفَّارَ أَوْلِيَاءَ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, касонеро, ки динатонро ба тамасхур ва бозӣ гирифтаанд, дӯст [-они худ] нагиред, [хоҳ] аз касоне [бошанд], ки пеш аз шумо ба онон китоб дода шудааст ва [хоҳ аз] кофирон. Ва агар имон доред, аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед]

﴿وَإِذَا نَادَيْتُمْ إِلَى الصَّلَاةِ اتَّخَذُوهَا هُزُوًا وَلَعِبًا ۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لَا يَعْقِلُونَ﴾

Ва [ин афрод касоне ҳастанд, ки] вақте [тавассути азон мардумро] ба намоз мехонед, онро ба масхара ва бозӣ мегиранд, зеро онон гурӯҳе ҳастанд, ки намеандешанд

﴿قُلْ يَا أَهْلَ الْكِتَابِ هَلْ تَنْقِمُونَ مِنَّا إِلَّا أَنْ آمَنَّا بِاللَّهِ وَمَا أُنْزِلَ إِلَيْنَا وَمَا أُنْزِلَ مِنْ قَبْلُ وَأَنَّ أَكْثَرَكُمْ فَاسِقُونَ﴾

[Эй паёмбар] Бигӯ: "Эй аҳли китоб, оё [иллати ин ки] бар мо хурда мегиред, ҷуз ин аст, ки мо ба Аллоҳ таоло ва он чи бар мо нозил шуда ва [ба] он чи пеш аз мо нозил гардидааст, имон овардаем ва [ҳамчунин бар ин боварем, ки] ағлаби шумо нофармонед"

﴿قُلْ هَلْ أُنَبِّئُكُمْ بِشَرٍّ مِنْ ذَٰلِكَ مَثُوبَةً عِنْدَ اللَّهِ ۚ مَنْ لَعَنَهُ اللَّهُ وَغَضِبَ عَلَيْهِ وَجَعَلَ مِنْهُمُ الْقِرَدَةَ وَالْخَنَازِيرَ وَعَبَدَ الطَّاغُوتَ ۚ أُولَٰئِكَ شَرٌّ مَكَانًا وَأَضَلُّ عَنْ سَوَاءِ السَّبِيلِ﴾

Бигӯ: "Оё [мехоҳед] шуморо аз [ҳоли] касоне огоҳ кунам, ки назди Аллоҳ таоло ҷазое аз ин бадтар доранд? [Онон] Касоне [ҳастанд], ки Аллоҳ таоло лаънаташон кард ва бар эшон хашм гирифт ва бархе аз ононро [масх намуд ва ба шакли] бузина ва хук даровард ва [низ] касоне, ки [ба ҷойи Аллоҳ таоло] тоғут [ва ҳокимони худкома]-ро бандагӣ карданд. Инон [аз ҳама] бадмақомтар ва аз роҳи рост гумгаштатаранд

﴿وَإِذَا جَاءُوكُمْ قَالُوا آمَنَّا وَقَدْ دَخَلُوا بِالْكُفْرِ وَهُمْ قَدْ خَرَجُوا بِهِ ۚ وَاللَّهُ أَعْلَمُ بِمَا كَانُوا يَكْتُمُونَ﴾

Ва [эй паёмбар] вақте [яҳудиёни мунофиқ] наздатон меоянд, мегӯянд: "Имон овардаем", ҳол он ки бо куфр ворид шуданд ва бо ҳамон [куфр] берун рафтаанд; ва Аллоҳ таоло ба он чи пинҳон мекарданд, донотар аст

﴿وَتَرَىٰ كَثِيرًا مِنْهُمْ يُسَارِعُونَ فِي الْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَأَكْلِهِمُ السُّحْتَ ۚ لَبِئْسَ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ﴾

Ва бисёре аз ононро мебинӣ, ки дар гуноҳ ва таҷовуз [ба ҳуқуқи дигарон] ва ҳаромхӯрӣ шитоб мекунанд. Чи бад аст, он чи мекунанд!

﴿لَوْلَا يَنْهَاهُمُ الرَّبَّانِيُّونَ وَالْأَحْبَارُ عَنْ قَوْلِهِمُ الْإِثْمَ وَأَكْلِهِمُ السُّحْتَ ۚ لَبِئْسَ مَا كَانُوا يَصْنَعُونَ﴾

Чаро донишмандон ва фақеҳон [-и яҳуд] ононро аз гуфтори гуноҳ [-олуд] ва ҳаромхорагиашон бознамедоранд? Ростӣ, чи бад аст, он чи анҷом медиҳанд!

﴿وَقَالَتِ الْيَهُودُ يَدُ اللَّهِ مَغْلُولَةٌ ۚ غُلَّتْ أَيْدِيهِمْ وَلُعِنُوا بِمَا قَالُوا ۘ بَلْ يَدَاهُ مَبْسُوطَتَانِ يُنْفِقُ كَيْفَ يَشَاءُ ۚ وَلَيَزِيدَنَّ كَثِيرًا مِنْهُمْ مَا أُنْزِلَ إِلَيْكَ مِنْ رَبِّكَ طُغْيَانًا وَكُفْرًا ۚ وَأَلْقَيْنَا بَيْنَهُمُ الْعَدَاوَةَ وَالْبَغْضَاءَ إِلَىٰ يَوْمِ الْقِيَامَةِ ۚ كُلَّمَا أَوْقَدُوا نَارًا لِلْحَرْبِ أَطْفَأَهَا اللَّهُ ۚ وَيَسْعَوْنَ فِي الْأَرْضِ فَسَادًا ۚ وَاللَّهُ لَا يُحِبُّ الْمُفْسِدِينَ﴾

Ва яҳудиён [ҳангоми сахтӣ ва тангдастӣ] гуфтанд: "Дасти Аллоҳ таоло [аз хайру бахшиш] бастааст". Дастҳояшон баста бод ва ба сазои он чи гуфтанд лаънат бар онон бод! [Ҳаргиз чунин нест] Балки ҳар ду дасти Ӯ кушодааст [ва] ҳар гуна ки бихоҳад, мебахшад. [Эй паёмбар] Ин оёт, ки аз тарафи Парвардигорат бар ту нозил шудааст, бар саркашӣ ва куфри бисёре аз онон меафзояд. Мо миёнашон то рӯзи қиёмат душманӣ ва кина афкандем. Ҳар замон оташи ҷанг барафрӯхтанд, Аллоҳ таоло онро хомӯш кард. Онон [пайваста] дар замин ба табаҳкорӣ [ва фасод] мекӯшанд ва Аллоҳ таоло табаҳкоронро дӯст намедорад

﴿وَلَوْ أَنَّ أَهْلَ الْكِتَابِ آمَنُوا وَاتَّقَوْا لَكَفَّرْنَا عَنْهُمْ سَيِّئَاتِهِمْ وَلَأَدْخَلْنَاهُمْ جَنَّاتِ النَّعِيمِ﴾

Ва агар аҳли китоб имон меоварданд ва парҳезкорӣ мекарданд, яқинан, гуноҳонашонро мезудудем ва ононро ба боғҳои пурнеъмат [-и биҳишт] ворид мекардем

﴿وَلَوْ أَنَّهُمْ أَقَامُوا التَّوْرَاةَ وَالْإِنْجِيلَ وَمَا أُنْزِلَ إِلَيْهِمْ مِنْ رَبِّهِمْ لَأَكَلُوا مِنْ فَوْقِهِمْ وَمِنْ تَحْتِ أَرْجُلِهِمْ ۚ مِنْهُمْ أُمَّةٌ مُقْتَصِدَةٌ ۖ وَكَثِيرٌ مِنْهُمْ سَاءَ مَا يَعْمَلُونَ﴾

Ва агар онон ба Таврот ва Инҷил ва он чи аз сӯйи Парвардигорашон бар онҳо нозил шудааст [Қуръон] амал мекарданд, ҳатман, аз [баракоти осмони] болои сарашон ва аз [неъматҳои замини] зери пояшон бархӯрдор мешуданд. Бархе аз онон миёнарав ҳастанд, ва [-ле] бисёре аз эшон [ба сабаби беимонӣ] корҳои баде анҷом медиҳанд

﴿۞ يَا أَيُّهَا الرَّسُولُ بَلِّغْ مَا أُنْزِلَ إِلَيْكَ مِنْ رَبِّكَ ۖ وَإِنْ لَمْ تَفْعَلْ فَمَا بَلَّغْتَ رِسَالَتَهُ ۚ وَاللَّهُ يَعْصِمُكَ مِنَ النَّاسِ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْكَافِرِينَ﴾

Эй паёмбар, он чиро аз тарафи Парвардигорат бар ту нозил шудааст, [ба таври комил ба мардум] иблоғ кун ва агар [чунин] накунӣ, рисолати Ӯро [ба анҷом] нарасондаӣ ва Аллоҳ таоло туро аз [газанди] мардум ҳифз мекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад

﴿قُلْ يَا أَهْلَ الْكِتَابِ لَسْتُمْ عَلَىٰ شَيْءٍ حَتَّىٰ تُقِيمُوا التَّوْرَاةَ وَالْإِنْجِيلَ وَمَا أُنْزِلَ إِلَيْكُمْ مِنْ رَبِّكُمْ ۗ وَلَيَزِيدَنَّ كَثِيرًا مِنْهُمْ مَا أُنْزِلَ إِلَيْكَ مِنْ رَبِّكَ طُغْيَانًا وَكُفْرًا ۖ فَلَا تَأْسَ عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ﴾

Бигӯ: "Эй аҳли китоб, шумо бар ҳеҷ [оини дурусте] нестед, магар ин ки Таврот ва Инҷил ва он чиро, ки аз тарафи Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, барпо доред".
Ва [эй паёмбар] бе тардид, он чи аз сӯйи Парвардигорат бар ту нозил шудааст, бар саркашӣ ва куфри бисёре аз онон меафзояд, пас, бар [ин] гурӯҳи кофир афсӯс махӯр

﴿إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَالَّذِينَ هَادُوا وَالصَّابِئُونَ وَالنَّصَارَىٰ مَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَعَمِلَ صَالِحًا فَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ﴾

Бе гумон, касоне, ки имон овардаанд ва касоне, ки яҳудӣ ва соибӣ [фитратгаро] ва масеҳӣ ҳастанд, ҳар ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон оварад ва корҳои шоиста анҷом диҳад, на тарсе хоҳанд дошт ва на андуҳгин мешаванд

﴿لَقَدْ أَخَذْنَا مِيثَاقَ بَنِي إِسْرَائِيلَ وَأَرْسَلْنَا إِلَيْهِمْ رُسُلًا ۖ كُلَّمَا جَاءَهُمْ رَسُولٌ بِمَا لَا تَهْوَىٰ أَنْفُسُهُمْ فَرِيقًا كَذَّبُوا وَفَرِيقًا يَقْتُلُونَ﴾

Яқинан, мо аз Бани Исроил [дар мавриди итоат аз фармони ҳақ] паймон гирифтем ва паёмбароне ба сӯяшон фиристодем. Ҳар гоҳ паёмбаре чизе овард, ки ҳавои нафсашон намеписандад, гурӯҳеро дурӯғгӯ хонданд ва гурӯҳеро куштанд

﴿وَحَسِبُوا أَلَّا تَكُونَ فِتْنَةٌ فَعَمُوا وَصَمُّوا ثُمَّ تَابَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ ثُمَّ عَمُوا وَصَمُّوا كَثِيرٌ مِنْهُمْ ۚ وَاللَّهُ بَصِيرٌ بِمَا يَعْمَلُونَ﴾

[Оре, яҳудиён паймон шикастанд] Ва пиндоштанд, ки муҷозоте дар кор нест, пас, кӯр гаштанд [ва ҳақро надиданд] ва кар шуданд [ва ҳақро нашуниданд]. Он гоҳ [тавба карданд ва] Аллоҳ таоло тавбаи эшонро пазируфт. Сипас бисёре аз эшон [боз ҳам дар баробари ҳидоят] кӯру кар шуданд ва Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳанд, биност

﴿لَقَدْ كَفَرَ الَّذِينَ قَالُوا إِنَّ اللَّهَ هُوَ الْمَسِيحُ ابْنُ مَرْيَمَ ۖ وَقَالَ الْمَسِيحُ يَا بَنِي إِسْرَائِيلَ اعْبُدُوا اللَّهَ رَبِّي وَرَبَّكُمْ ۖ إِنَّهُ مَنْ يُشْرِكْ بِاللَّهِ فَقَدْ حَرَّمَ اللَّهُ عَلَيْهِ الْجَنَّةَ وَمَأْوَاهُ النَّارُ ۖ وَمَا لِلظَّالِمِينَ مِنْ أَنْصَارٍ﴾

Онон, ки гуфтанд: "Аллоҳ таоло ҳамон Масеҳ писари Марям аст", яқинан кофир шуданд, дар ҳоле ки [худи] Масеҳ гуфт: "Эй Бани Исроил, Аллоҳро бипарастед, ки Парвардигори ману Парвадигори шумост. Бе тардид, ҳар ки ба Аллоҳ таоло ширк оварад, Аллоҳ таоло биҳиштро бар ӯ ҳаром кардааст ва ҷойгоҳаш дузах аст ва ситамгорон ҳеҷ ёваре надоранд"

﴿لَقَدْ كَفَرَ الَّذِينَ قَالُوا إِنَّ اللَّهَ ثَالِثُ ثَلَاثَةٍ ۘ وَمَا مِنْ إِلَٰهٍ إِلَّا إِلَٰهٌ وَاحِدٌ ۚ وَإِنْ لَمْ يَنْتَهُوا عَمَّا يَقُولُونَ لَيَمَسَّنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ﴾

Касоне, ки [маъбуди ҳақиқиро маҷмуаи падар, писар ва Рӯҳ-ул-қудус донистанд ва] гуфтанд: "Аллоҳ таоло савумин [нафар аз] се [маъбуд] аст", ҳатман, кофир шуданд. Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз маъбуди ягона нест. Ва агар аз он чи мегӯянд, бознаистанд, ҳатман, ба афроде аз эшон, ки куфр варзиданд, азоби дардноке хоҳад расид

﴿أَفَلَا يَتُوبُونَ إِلَى اللَّهِ وَيَسْتَغْفِرُونَهُ ۚ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

Оё ба сӯйи Аллоҳ таоло бознамегарданд ва аз Ӯ талаби омурзиш намекунанд? Ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

﴿مَا الْمَسِيحُ ابْنُ مَرْيَمَ إِلَّا رَسُولٌ قَدْ خَلَتْ مِنْ قَبْلِهِ الرُّسُلُ وَأُمُّهُ صِدِّيقَةٌ ۖ كَانَا يَأْكُلَانِ الطَّعَامَ ۗ انْظُرْ كَيْفَ نُبَيِّنُ لَهُمُ الْآيَاتِ ثُمَّ انْظُرْ أَنَّىٰ يُؤْفَكُونَ﴾

Масеҳ писари Марям ҷуз паёмбаре нест, ки пеш аз ӯ [низ] паёмбарони дигаре буданд ва модараш зани ростгӯ буд. Ҳар ду [монанди инсонҳои дигар] ғизо мехӯрданд. [Эй паёмбар] Бингар, ки чи гуна оёт [-и худ]-ро барояшон равшан месозем ва боз бингар, ки чи гуна рӯйгардон мешаванд

﴿قُلْ أَتَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ مَا لَا يَمْلِكُ لَكُمْ ضَرًّا وَلَا نَفْعًا ۚ وَاللَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ﴾

[Эй паёмбар] Бигӯ: "Оё чизеро ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед, ки суду зиёне бароятон надорад? Ва [ҳол он ки] Аллоҳ таоло шунавову доност"

﴿قُلْ يَا أَهْلَ الْكِتَابِ لَا تَغْلُوا فِي دِينِكُمْ غَيْرَ الْحَقِّ وَلَا تَتَّبِعُوا أَهْوَاءَ قَوْمٍ قَدْ ضَلُّوا مِنْ قَبْلُ وَأَضَلُّوا كَثِيرًا وَضَلُّوا عَنْ سَوَاءِ السَّبِيلِ﴾

Бигӯ: "Эй аҳли китоб, дар дини худ ба ноҳақ ғулув [ва зиёдаравӣ] накунед ва аз ҳавасҳои гурӯҳе пайравӣ накунед, ки пештар гумроҳ шуданд ва бисёре [аз пайравонашон]-ро гумроҳ карданд ва аз роҳи рост мунҳариф гаштаанд"

﴿لُعِنَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ بَنِي إِسْرَائِيلَ عَلَىٰ لِسَانِ دَاوُودَ وَعِيسَى ابْنِ مَرْيَمَ ۚ ذَٰلِكَ بِمَا عَصَوْا وَكَانُوا يَعْتَدُونَ﴾

[Афроде] Аз Бани Исроил, ки куфр варзиданд, аз забони Довуд [дар Забур] ва [аз қавли] Исо писари Марям [дар Инҷил] мавриди лаънат қарор гирифтанд. Ин [нафрин] ба хотири он буд, ки нофармонӣ карданд ва [аз ҳудуди илоҳӣ] таҷовуз менамуданд

﴿كَانُوا لَا يَتَنَاهَوْنَ عَنْ مُنْكَرٍ فَعَلُوهُ ۚ لَبِئْسَ مَا كَانُوا يَفْعَلُونَ﴾

Онон якдигарро аз [гуноҳону] кор [-ҳои] зиште, ки анҷом медоданд, наҳй намекарданд. Ба ростӣ, чи бад буд он чи мекарданд!

﴿تَرَىٰ كَثِيرًا مِنْهُمْ يَتَوَلَّوْنَ الَّذِينَ كَفَرُوا ۚ لَبِئْسَ مَا قَدَّمَتْ لَهُمْ أَنْفُسُهُمْ أَنْ سَخِطَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ وَفِي الْعَذَابِ هُمْ خَالِدُونَ﴾

[Эй паёмбар] Бисёре аз ононро мебинӣ, ки бо кофирон дӯстӣ мекунанд. Ба ростӣ, чи зишт аст, он чи барои худ пеш фиристоданд, ки [дар натиҷаи он низ] Аллоҳ таоло бар онон хашм гирифт ва ҷовидона дар азоб мемонанд

﴿وَلَوْ كَانُوا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالنَّبِيِّ وَمَا أُنْزِلَ إِلَيْهِ مَا اتَّخَذُوهُمْ أَوْلِيَاءَ وَلَٰكِنَّ كَثِيرًا مِنْهُمْ فَاسِقُونَ﴾

Ва агар [яҳудиён] ба Аллоҳ таоло ва паёмбар ва он чи бар ӯ нозил шудааст, имон меоварданд, онон [кофирон]-ро ба дӯстӣ намегирифтанд, вале бисёре аз онон нофармонанд

﴿۞ لَتَجِدَنَّ أَشَدَّ النَّاسِ عَدَاوَةً لِلَّذِينَ آمَنُوا الْيَهُودَ وَالَّذِينَ أَشْرَكُوا ۖ وَلَتَجِدَنَّ أَقْرَبَهُمْ مَوَدَّةً لِلَّذِينَ آمَنُوا الَّذِينَ قَالُوا إِنَّا نَصَارَىٰ ۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّ مِنْهُمْ قِسِّيسِينَ وَرُهْبَانًا وَأَنَّهُمْ لَا يَسْتَكْبِرُونَ﴾

[Эй паёмбар] Яқинан, яҳудиён ва касонеро, ки ширк варзиданд, душмантарини мардум нисбат ба муъминон хоҳӣ ёфт ва наздиктарин дӯстон ба муъминонро касоне хоҳӣ ёфт, ки мегӯянд: "Мо масеҳӣ ҳастем". Ин ба хотири он аст, ки миёни эшон кашишон ва роҳибон [-и ҳақпараст] ҳастанд ва [низ] аз он рӯст, ки такаббур намеварзанд

﴿وَإِذَا سَمِعُوا مَا أُنْزِلَ إِلَى الرَّسُولِ تَرَىٰ أَعْيُنَهُمْ تَفِيضُ مِنَ الدَّمْعِ مِمَّا عَرَفُوا مِنَ الْحَقِّ ۖ يَقُولُونَ رَبَّنَا آمَنَّا فَاكْتُبْنَا مَعَ الشَّاهِدِينَ﴾

Ва чун оётеро, ки бар паёмбар нозил шудааст, мешунаванд, мебинӣ бар асари он чи аз ҳақ шинохтаанд, чашмонашон ашк меборад ва мегӯянд: "Парвардигоро, имон овардем, пас, моро дар зумраи [мусулмонон ва] гувоҳон бинавис

﴿وَمَا لَنَا لَا نُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَمَا جَاءَنَا مِنَ الْحَقِّ وَنَطْمَعُ أَنْ يُدْخِلَنَا رَبُّنَا مَعَ الْقَوْمِ الصَّالِحِينَ﴾

Чаро ба Аллоҳ таоло ва он чи аз ҳақ ба мо расидааст, имон наёварем, ҳол он ки умед дорем, ки Парвардигорамон моро бо гурӯҳи шоистагон [ба биҳишт] дароварад"?

﴿فَأَثَابَهُمُ اللَّهُ بِمَا قَالُوا جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ وَذَٰلِكَ جَزَاءُ الْمُحْسِنِينَ﴾

Пас, Аллоҳ таоло ба поси он чи гуфтанд, ба онон боғҳое [аз биҳишт] подош дод, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст ва ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ва ин аст ҷазои накукорон

﴿وَالَّذِينَ كَفَرُوا وَكَذَّبُوا بِآيَاتِنَا أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ الْجَحِيمِ﴾

Ва касоне, ки куфр варзиданд ва оёти моро такзиб карданд, онон аҳли дузаханд

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تُحَرِّمُوا طَيِّبَاتِ مَا أَحَلَّ اللَّهُ لَكُمْ وَلَا تَعْتَدُوا ۚ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ الْمُعْتَدِينَ﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, чизҳои покизаеро, ки Аллоҳ таоло барои [истифодаи] шумо ҳалол кардааст, [ба баҳонаи зуҳду диндорӣ бар худ] ҳаром накунед ва [аз ҳад] таҷовуз нанамоед. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло мутаҷовизон [-и ҳудуди илоҳӣ]-ро дӯст намедорад

﴿وَكُلُوا مِمَّا رَزَقَكُمُ اللَّهُ حَلَالًا طَيِّبًا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي أَنْتُمْ بِهِ مُؤْمِنُونَ﴾

Ва аз чизҳои ҳалол [ва] покизае, ки Аллоҳ таоло бар шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва аз Аллоҳ таоло, ки ба Ӯ имон доред, парво кунед

﴿لَا يُؤَاخِذُكُمُ اللَّهُ بِاللَّغْوِ فِي أَيْمَانِكُمْ وَلَٰكِنْ يُؤَاخِذُكُمْ بِمَا عَقَّدْتُمُ الْأَيْمَانَ ۖ فَكَفَّارَتُهُ إِطْعَامُ عَشَرَةِ مَسَاكِينَ مِنْ أَوْسَطِ مَا تُطْعِمُونَ أَهْلِيكُمْ أَوْ كِسْوَتُهُمْ أَوْ تَحْرِيرُ رَقَبَةٍ ۖ فَمَنْ لَمْ يَجِدْ فَصِيَامُ ثَلَاثَةِ أَيَّامٍ ۚ ذَٰلِكَ كَفَّارَةُ أَيْمَانِكُمْ إِذَا حَلَفْتُمْ ۚ وَاحْفَظُوا أَيْمَانَكُمْ ۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمْ آيَاتِهِ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ﴾

Аллоҳ таоло шуморо ба хотири савгандҳои беҳуда [ва беихтиёратон] бозхост намекунад, вале дар савгандҳое, ки [огоҳона] мехӯред [ва мешканед], муохаза мекунад.
Пас, каффораи он, хӯрок додан ба даҳ тиҳидаст аз ғизоҳои [маъмулӣ ва] мутавассити шаҳратон аст ё либос додан ба даҳ нафар [аз мустамандон] ё озод кардани як барда. Агар касе [тавоноии молӣ надорад ё ҳеҷ як аз инҳоро] намеёбад, пас, се рӯз рӯза [бигирад]. Ин каффораи савгандҳои шумост, [барои] ҳар замон, ки савганд ёд кардед [ва онро шикастед]. Ва савгандҳои худро ҳифз кунед [ва нашканед]. Аллоҳ таоло ин чунин оёти худро барои шумо баён мекунад, бошад, ки сипос гузоред

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْخَمْرُ وَالْمَيْسِرُ وَالْأَنْصَابُ وَالْأَزْلَامُ رِجْسٌ مِنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ فَاجْتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, бе тардид, шаробу қимор ва бутҳову тирҳои қуръакашӣ палид [ва] аз кор [-ҳои] шайтон ҳастанд, пас, аз онҳо дурӣ кунед, бошад, ки растагор шавед

﴿إِنَّمَا يُرِيدُ الشَّيْطَانُ أَنْ يُوقِعَ بَيْنَكُمُ الْعَدَاوَةَ وَالْبَغْضَاءَ فِي الْخَمْرِ وَالْمَيْسِرِ وَيَصُدَّكُمْ عَنْ ذِكْرِ اللَّهِ وَعَنِ الصَّلَاةِ ۖ فَهَلْ أَنْتُمْ مُنْتَهُونَ﴾

Дар ҳақиқат, шайтон мехоҳад бо шаробу қимор, миёнатон душманӣ ва кина эҷод кунад ва шуморо аз ёди Аллоҳ таоло ва аз намоз боздорад, пас, [эй муъминон, ҳоло ки ҳақиқатро донистед] оё аз онҳо даст бармедоред?

﴿وَأَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ وَاحْذَرُوا ۚ فَإِنْ تَوَلَّيْتُمْ فَاعْلَمُوا أَنَّمَا عَلَىٰ رَسُولِنَا الْبَلَاغُ الْمُبِينُ﴾

Ва аз Аллоҳ таоло итоат кунед ва фармонбари паёмбар бошед ва [аз гуноҳу нофармонӣ] ҳазар кунед. Пас, агар рӯй гардондед, бидонед, ки вазифаи паёмбари Мо [чизе] ҷуз иблоғи ошкор нест

﴿لَيْسَ عَلَى الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ جُنَاحٌ فِيمَا طَعِمُوا إِذَا مَا اتَّقَوْا وَآمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ ثُمَّ اتَّقَوْا وَآمَنُوا ثُمَّ اتَّقَوْا وَأَحْسَنُوا ۗ وَاللَّهُ يُحِبُّ الْمُحْسِنِينَ﴾

Бар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, гуноҳе дар он чи [пеш аз ҳукми таҳрими шароб] хӯрдаанд, нест, [албатта] дар сурате ки [аз муҳаррамот] парҳез кунанд ва имон биоваранд ва корҳои шоиста анҷом диҳанд, сипас парҳезкорӣ кунад ва имон биоваранд, он гоҳ [беш аз пеш] парҳезкорӣ кунанд ва некӣ намоянд. Ва Аллоҳ таоло накукоронро дӯст медорад

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَيَبْلُوَنَّكُمُ اللَّهُ بِشَيْءٍ مِنَ الصَّيْدِ تَنَالُهُ أَيْدِيكُمْ وَرِمَاحُكُمْ لِيَعْلَمَ اللَّهُ مَنْ يَخَافُهُ بِالْغَيْبِ ۚ فَمَنِ اعْتَدَىٰ بَعْدَ ذَٰلِكَ فَلَهُ عَذَابٌ أَلِيمٌ﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, Аллоҳ таоло шуморо [дар ҳоле ки муҳрим ҳастед] ба чизе аз шикори [саҳроӣ], ки дар дастраси шумо ва найзаҳоятон бошад, меозмояд, то маълум дорад, чи касе дар ниҳон аз Ӯ метарсад. Пас, ҳар ки баъд аз ин [озмун] аз ҳад даргузарад [ва дар ҳоли ҳаҷ ё умра шикор кунад], азоби дарднок [дар пеш] дорад

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَقْتُلُوا الصَّيْدَ وَأَنْتُمْ حُرُمٌ ۚ وَمَنْ قَتَلَهُ مِنْكُمْ مُتَعَمِّدًا فَجَزَاءٌ مِثْلُ مَا قَتَلَ مِنَ النَّعَمِ يَحْكُمُ بِهِ ذَوَا عَدْلٍ مِنْكُمْ هَدْيًا بَالِغَ الْكَعْبَةِ أَوْ كَفَّارَةٌ طَعَامُ مَسَاكِينَ أَوْ عَدْلُ ذَٰلِكَ صِيَامًا لِيَذُوقَ وَبَالَ أَمْرِهِ ۗ عَفَا اللَّهُ عَمَّا سَلَفَ ۚ وَمَنْ عَادَ فَيَنْتَقِمُ اللَّهُ مِنْهُ ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ ذُو انْتِقَامٍ﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, дар ҳоли эҳром, шикорро накушед ва ҳар касе аз шумо, ки қасдан онро бикушад, бояд ҳаммонанди он чи ки куштааст, каффорае аз чаҳорпоён бидиҳад, [ба шарте] ки ду нафари одил аз шумо [баробарарзишии] онро таъйид кунанд ва [он гоҳ он каффораро ба сурати] қурбонӣ [ба мустамандони перомуни] Каъба бирасонад ё [муодили баҳои онро] ба тиҳидастони [Ҳарам] ғизо диҳад ё [агар тавони молӣ надошт] муодили онро [дар муқобили ҳар фақир як] рӯза бигирад, то кайфари амали худро бичашад.
Аллоҳ таоло он чиро, ки [пеш аз ин таҳрим] гузаштааст, авф намуд ва ҳар ки [ба ин гуноҳ] бозгардад, [бидонад, ки] Аллоҳ таоло аз ӯ интиқом мегирад ва Аллоҳ таоло шикастнопазири додситон аст

﴿أُحِلَّ لَكُمْ صَيْدُ الْبَحْرِ وَطَعَامُهُ مَتَاعًا لَكُمْ وَلِلسَّيَّارَةِ ۖ وَحُرِّمَ عَلَيْكُمْ صَيْدُ الْبَرِّ مَا دُمْتُمْ حُرُمًا ۗ وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي إِلَيْهِ تُحْشَرُونَ﴾

[Эй мусулмонон, дар ҳоли эҳром] Сайди дарёӣ ва хӯроки он барои шумо ҳалол шудааст, то шумо [ки дар Макка муқим ҳастед] ва корвониён [ки мусофиранд, ҳамагӣ] аз он бархӯрдор шавед, ва [-ле] то замоне ки муҳрим ҳастед, сайди саҳроӣ бар шумо ҳаром аст ва аз Аллоҳ таоло, ки [рӯзи қиёмат] назди Ӯ ҷамъ мешавед, парво кунед

﴿۞ جَعَلَ اللَّهُ الْكَعْبَةَ الْبَيْتَ الْحَرَامَ قِيَامًا لِلنَّاسِ وَالشَّهْرَ الْحَرَامَ وَالْهَدْيَ وَالْقَلَائِدَ ۚ ذَٰلِكَ لِتَعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ وَأَنَّ اللَّهَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ﴾

Аллоҳ таоло Каъбаи Байт-ул-ҳаромро василае барои устуворӣ [ва сомон бахшидан ба кори] мардум қарор дод ва [ҳамчунин, ҳурмати ҷангу даргирӣ дар] моҳи ҳаром ва [куштани] қурбонӣ [-и бенишон] ва қурбонии қалодадор [-ро барои осоиши мардум вазъ кард]. Ин [гуна аҳком] барои он аст, ки бидонед Аллоҳ таоло он чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст медонад ва ин ки Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност

﴿اعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ وَأَنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

[Эй мардум] Бидонед, ки Аллоҳ таоло сахткайфар аст ва [дар айни ҳол] Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

﴿مَا عَلَى الرَّسُولِ إِلَّا الْبَلَاغُ ۗ وَاللَّهُ يَعْلَمُ مَا تُبْدُونَ وَمَا تَكْتُمُونَ﴾

Паёмбар вазифае ҷуз расондани [ваҳй] надорад ва Аллоҳ таоло он чиро, ки ошкор мекунед ва пинҳон медоред, [ҳамаро] медонад

﴿قُلْ لَا يَسْتَوِي الْخَبِيثُ وَالطَّيِّبُ وَلَوْ أَعْجَبَكَ كَثْرَةُ الْخَبِيثِ ۚ فَاتَّقُوا اللَّهَ يَا أُولِي الْأَلْبَابِ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ﴾

[Эй паёмбар] Бигӯ: "Палид ва пок яксон нестанд, ҳарчанд фаровонии палид [ӣ] туро ба шигифт оварад. Пас, эй хирадмандон, аз Аллоҳ таоло парво кунед, бошад, ки растагор шавед"

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَسْأَلُوا عَنْ أَشْيَاءَ إِنْ تُبْدَ لَكُمْ تَسُؤْكُمْ وَإِنْ تَسْأَلُوا عَنْهَا حِينَ يُنَزَّلُ الْقُرْآنُ تُبْدَ لَكُمْ عَفَا اللَّهُ عَنْهَا ۗ وَاللَّهُ غَفُورٌ حَلِيمٌ﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, аз чизҳое напурсед, ки агар [посухи ҳақиқиаш] бароятон ошкор гардад, андуҳгинатон мекунад ва агар замоне, ки Қуръон нозил мегардад, пурсуҷӯ кунед, [ҳукму посухи пурсишҳоятон] бар шумо ошкор мегардад. Аллоҳ таоло аз он [масоил ва баёни онҳо] даргузашт ва Аллоҳ таоло омурзандаи бурдбор аст

﴿قَدْ سَأَلَهَا قَوْمٌ مِنْ قَبْلِكُمْ ثُمَّ أَصْبَحُوا بِهَا كَافِرِينَ﴾

Дар ҳақиқат, гурӯҳе [ки] пеш аз шумо [буданд низ] аз ин [гуна] пурсишҳо карданд, сипас [вақте ки ҷавоби ногувор барояшон омад], ба он [амал накарданд ва] куфр варзиданд

﴿مَا جَعَلَ اللَّهُ مِنْ بَحِيرَةٍ وَلَا سَائِبَةٍ وَلَا وَصِيلَةٍ وَلَا حَامٍ ۙ وَلَٰكِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا يَفْتَرُونَ عَلَى اللَّهِ الْكَذِبَ ۖ وَأَكْثَرُهُمْ لَا يَعْقِلُونَ﴾

Аллоҳ таоло ҳеҷ гуна "баҳира" ва "соиба" ва "васила" ва "ҳом" [анвои шутурҳои мухталифе, ки мушрикон вақфи бутҳояшон мекарданд]-ро [барои худ] қарор надодааст, вале касоне, ки куфр варзиданд, [бо иддаои ҳурмати ин ҳайвонот] бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд ва бештарашон дарнамеёбанд

﴿وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ تَعَالَوْا إِلَىٰ مَا أَنْزَلَ اللَّهُ وَإِلَى الرَّسُولِ قَالُوا حَسْبُنَا مَا وَجَدْنَا عَلَيْهِ آبَاءَنَا ۚ أَوَلَوْ كَانَ آبَاؤُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ شَيْئًا وَلَا يَهْتَدُونَ﴾

Ва ҳангоме ки ба онон гуфта шавад: "Ба сӯйи он чи Аллоҳ таоло нозил кардааст ва ба сӯйи паёмбар биёед", мегӯянд: "Он чи ниёгонамонро бар он ёфтаем, бароямон кофист". Оё агар ниёгонашон чизе намедонистанд ва ҳидоят наёфта буданд [боз ҳам аз онон пайравӣ мекарданд]?

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا عَلَيْكُمْ أَنْفُسَكُمْ ۖ لَا يَضُرُّكُمْ مَنْ ضَلَّ إِذَا اهْتَدَيْتُمْ ۚ إِلَى اللَّهِ مَرْجِعُكُمْ جَمِيعًا فَيُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, муроқиби [имон ва тоати] худ бошед. Агар ҳидоят ёфта бошед, гумроҳии касоне, ки гумроҳ шудаанд, ба шумо зиёне намерасонад. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯйи Аллоҳ таоло аст, он гоҳ шуморо аз он чи мекардед, огоҳ месозад

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا شَهَادَةُ بَيْنِكُمْ إِذَا حَضَرَ أَحَدَكُمُ الْمَوْتُ حِينَ الْوَصِيَّةِ اثْنَانِ ذَوَا عَدْلٍ مِنْكُمْ أَوْ آخَرَانِ مِنْ غَيْرِكُمْ إِنْ أَنْتُمْ ضَرَبْتُمْ فِي الْأَرْضِ فَأَصَابَتْكُمْ مُصِيبَةُ الْمَوْتِ ۚ تَحْبِسُونَهُمَا مِنْ بَعْدِ الصَّلَاةِ فَيُقْسِمَانِ بِاللَّهِ إِنِ ارْتَبْتُمْ لَا نَشْتَرِي بِهِ ثَمَنًا وَلَوْ كَانَ ذَا قُرْبَىٰ ۙ وَلَا نَكْتُمُ شَهَادَةَ اللَّهِ إِنَّا إِذًا لَمِنَ الْآثِمِينَ﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки [нишонаҳои] марги яке аз шумо фаро расид, ҳангоми васият бояд аз миёнатон ду нафари одилро гувоҳ бигиред ё агар мусофират кардед ва пешомади марг ба шумо расид [ва мусулмонеро наёфтед], ду нафар аз ғайри худ [ғайри мусулмон]-ро ба гувоҳӣ биталабед ва агар [дар ростгӯии онҳо] тардид доштед, он дуро баъд аз намоз нигоҳ доред, то ба Аллоҳ таоло савганд бихӯранд, ки: "Мо ҳозир нестем он [васият]-ро ба чизе фурӯшем, агарчи [ба суди] хешонамон бошад. Ва шаҳодати Аллоҳро китмон намекунем, ки дар ин сурат, ҳатман, аз гунаҳгорон хоҳем буд"

﴿فَإِنْ عُثِرَ عَلَىٰ أَنَّهُمَا اسْتَحَقَّا إِثْمًا فَآخَرَانِ يَقُومَانِ مَقَامَهُمَا مِنَ الَّذِينَ اسْتَحَقَّ عَلَيْهِمُ الْأَوْلَيَانِ فَيُقْسِمَانِ بِاللَّهِ لَشَهَادَتُنَا أَحَقُّ مِنْ شَهَادَتِهِمَا وَمَا اعْتَدَيْنَا إِنَّا إِذًا لَمِنَ الظَّالِمِينَ﴾

Пас, агар маълум шуд, ки он ду муртакиби гуноҳ [хиёнат ва дурӯғгӯӣ] шудаанд, ду тан аз касоне, ки мавриди ҷафои гувоҳон қарор гирифтаанд ва аз наздикон [-и майит] ҳастанд, ба ҷойи онон бархезанд ва ба Аллоҳ таоло савганд бихӯранд, ки: "Гувоҳии мо аз гувоҳии он ду дурустар аст ва мо [аз ҳақ] таҷовуз намекунем ва дар ғайри ин сурат, аз ситамгорон хоҳем буд"

﴿ذَٰلِكَ أَدْنَىٰ أَنْ يَأْتُوا بِالشَّهَادَةِ عَلَىٰ وَجْهِهَا أَوْ يَخَافُوا أَنْ تُرَدَّ أَيْمَانٌ بَعْدَ أَيْمَانِهِمْ ۗ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَاسْمَعُوا ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْفَاسِقِينَ﴾

Ин [равиш] наздиктар аст ба он ки шаҳодат ба сурати дурусташ адо шавад ё шоҳидон битарсанд, ки пас аз савганди онон [ворисон] савгандҳояшон рад шавад [ва хиёнаташон ошкор гардад] ва аз Аллоҳ таоло парво кунед ва [ин пандҳоро] бишнавед ва [бидонед, ки] Аллоҳ таоло мардуми [бадкор ва] нофармонро ҳидоят намекунад

﴿۞ يَوْمَ يَجْمَعُ اللَّهُ الرُّسُلَ فَيَقُولُ مَاذَا أُجِبْتُمْ ۖ قَالُوا لَا عِلْمَ لَنَا ۖ إِنَّكَ أَنْتَ عَلَّامُ الْغُيُوبِ﴾

Рӯзе [хоҳад расид], ки Аллоҳ таоло паёмбаронро гирд меоварад ва мепурсад: "[Умматҳоятон] Чи посухе ба [даъвати] шумо доданд"? Онон гӯянд: "Мо донише [ба ҳақиқати амр] надорем. Бе тардид, Туӣ, ки донои розҳои ниҳонӣ"

﴿إِذْ قَالَ اللَّهُ يَا عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ اذْكُرْ نِعْمَتِي عَلَيْكَ وَعَلَىٰ وَالِدَتِكَ إِذْ أَيَّدْتُكَ بِرُوحِ الْقُدُسِ تُكَلِّمُ النَّاسَ فِي الْمَهْدِ وَكَهْلًا ۖ وَإِذْ عَلَّمْتُكَ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَالتَّوْرَاةَ وَالْإِنْجِيلَ ۖ وَإِذْ تَخْلُقُ مِنَ الطِّينِ كَهَيْئَةِ الطَّيْرِ بِإِذْنِي فَتَنْفُخُ فِيهَا فَتَكُونُ طَيْرًا بِإِذْنِي ۖ وَتُبْرِئُ الْأَكْمَهَ وَالْأَبْرَصَ بِإِذْنِي ۖ وَإِذْ تُخْرِجُ الْمَوْتَىٰ بِإِذْنِي ۖ وَإِذْ كَفَفْتُ بَنِي إِسْرَائِيلَ عَنْكَ إِذْ جِئْتَهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ فَقَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْهُمْ إِنْ هَٰذَا إِلَّا سِحْرٌ مُبِينٌ﴾

[Эй паёмбар, ёд кун аз] Ҳангоме ки Аллоҳ таоло фармуд: "Эй Исо – писари Марям, неъмати маро бар худ ва бар модарат ба ёд овар, он гоҳ ки туро бо Рӯҳ-ул-қудус [Ҷабраил] таъйид кардам, ки дар гаҳвора [ба эъҷоз] ва дар миёнсолӣ [ба ваҳй] бо мардум сухан мегуфтӣ ва он гоҳ ки ба ту китобу ҳикмат ва Тавроту Инҷил омӯхтам ва он гоҳ ки ба фармони Ман аз гил [чизе] ба шакли паранда месохтӣ ва дар он медамидӣ ва ба фармони Ман паррандае мешуд ва кӯри модарзоду бемории мубтало ба песиро ба фармони Ман шифо медодӣ ва он гоҳ ки мурдагонро ба фармони Ман [зинда аз қабр] берун меовардӣ ва он гоҳ ки [озори] Бани Исроилро – он гоҳ ки муъҷизоти ошкор барояшон оварда будӣ – аз ту боздоштам. Пас, касоне аз онон, ки куфр варзида буданд, гуфтанд: "Ин [корҳо чизе] нест магар афсуни ошкор"

﴿وَإِذْ أَوْحَيْتُ إِلَى الْحَوَارِيِّينَ أَنْ آمِنُوا بِي وَبِرَسُولِي قَالُوا آمَنَّا وَاشْهَدْ بِأَنَّنَا مُسْلِمُونَ﴾

Ва [Эй Исо, ба ёд овар] Замоне, ки ба ҳавориён ваҳй фиристодам, ки: "Ба Ман ва ба фиристодаам имон биёваред". Онон гуфтанд: "Имон овардем ва гувоҳ бош, ки мо таслим [-и фармонат] шудаем"

﴿إِذْ قَالَ الْحَوَارِيُّونَ يَا عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ هَلْ يَسْتَطِيعُ رَبُّكَ أَنْ يُنَزِّلَ عَلَيْنَا مَائِدَةً مِنَ السَّمَاءِ ۖ قَالَ اتَّقُوا اللَّهَ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ﴾

[Ва ёд кун аз] Он гоҳ ки ҳавориён гуфтанд: "Эй Исо – писари Марям, оё Парвардигорат метавонад суфрае [пур аз ғизо] аз осмон бар мо нозил кунад"? [Исо дар посух] Гуфт: "Агар муъмин ҳастед, аз Аллоҳ таоло парво кунед"

﴿قَالُوا نُرِيدُ أَنْ نَأْكُلَ مِنْهَا وَتَطْمَئِنَّ قُلُوبُنَا وَنَعْلَمَ أَنْ قَدْ صَدَقْتَنَا وَنَكُونَ عَلَيْهَا مِنَ الشَّاهِدِينَ﴾

Онон гуфтанд: "Мехоҳем аз он бихӯрем ва дилҳоямон [ба рисолати ту] итминон ёбад ва бидонем, ки ба мо рост гуфтаӣ ва худ аз гувоҳони он бошем"

﴿قَالَ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ اللَّهُمَّ رَبَّنَا أَنْزِلْ عَلَيْنَا مَائِدَةً مِنَ السَّمَاءِ تَكُونُ لَنَا عِيدًا لِأَوَّلِنَا وَآخِرِنَا وَآيَةً مِنْكَ ۖ وَارْزُقْنَا وَأَنْتَ خَيْرُ الرَّازِقِينَ﴾

Исо – писари Марям - [дуо кард ва] гуфт: "Бор Илоҳо, Парвардигоро, суфраи [пурғизо] аз осмон бар мо бифрист, то иде бошад барои имрӯзиён ва ояндагонамон ва [ҳамчунин] муъҷизае аз [ҷониби Ту] бошад ва ба мо рӯзӣ деҳ, ки Ту беҳтарин рузидиҳандаӣ"

﴿قَالَ اللَّهُ إِنِّي مُنَزِّلُهَا عَلَيْكُمْ ۖ فَمَنْ يَكْفُرْ بَعْدُ مِنْكُمْ فَإِنِّي أُعَذِّبُهُ عَذَابًا لَا أُعَذِّبُهُ أَحَدًا مِنَ الْعَالَمِينَ﴾

Аллоҳ таоло [дуои ӯро иҷобат кард ва] фармуд: "Ман онро бар шумо нозил мекунам, аммо ҳар касе аз шумо, ки пас аз он куфр биварзад, ӯро ба чунон азоб [-и сахт] дучор мекунам, ки ҳеҷ як аз ҷаҳониёнро ончунон азоб накарда бошам"

﴿وَإِذْ قَالَ اللَّهُ يَا عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ أَأَنْتَ قُلْتَ لِلنَّاسِ اتَّخِذُونِي وَأُمِّيَ إِلَٰهَيْنِ مِنْ دُونِ اللَّهِ ۖ قَالَ سُبْحَانَكَ مَا يَكُونُ لِي أَنْ أَقُولَ مَا لَيْسَ لِي بِحَقٍّ ۚ إِنْ كُنْتُ قُلْتُهُ فَقَدْ عَلِمْتَهُ ۚ تَعْلَمُ مَا فِي نَفْسِي وَلَا أَعْلَمُ مَا فِي نَفْسِكَ ۚ إِنَّكَ أَنْتَ عَلَّامُ الْغُيُوبِ﴾

Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки [рӯзи қиёмат] Аллоҳ таоло мефармояд: "Эй Исо – писари Марям, оё ту ба мардум гуфтӣ, ки: "Ману модарамро [ҳамчун] ду маъбуд ба ҷойи Аллоҳ таоло баргузинед"? [Исо] мегӯяд: "[Бор Илоҳо] Ту муназзаҳӣ, шоиста нест, ки ман [дар бораи хештан] чизе, ки ҳаққам нест бигӯям. Агар чунин [суханеро] гуфта бошам, бе гумон, Ту медонӣ. Ту он чиро, ки дар нафси ман аст, медонӣ ва [-ле] ман он чиро, ки дар зоти [поки] Туст намедонам. Бе тардид, Ту худ донои розҳои ниҳонӣ

﴿مَا قُلْتُ لَهُمْ إِلَّا مَا أَمَرْتَنِي بِهِ أَنِ اعْبُدُوا اللَّهَ رَبِّي وَرَبَّكُمْ ۚ وَكُنْتُ عَلَيْهِمْ شَهِيدًا مَا دُمْتُ فِيهِمْ ۖ فَلَمَّا تَوَفَّيْتَنِي كُنْتَ أَنْتَ الرَّقِيبَ عَلَيْهِمْ ۚ وَأَنْتَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدٌ﴾

Ҷуз он чи маро ба он фармон додӣ, чизе ба онон нагуфтам. [Гуфтам, ки] "Аллоҳро бипарастед, ки Парвардигори ману шумост".
Ва то замоне, ки миёнашон ба сар мебурдам, бар [суханони] онон гувоҳ будам ва чун маро [ба сӯйи Хеш] баргирифтӣ, Ту худ муроқибашон будӣ ва Ту бар ҳар чизе гувоҳӣ

﴿إِنْ تُعَذِّبْهُمْ فَإِنَّهُمْ عِبَادُكَ ۖ وَإِنْ تَغْفِرْ لَهُمْ فَإِنَّكَ أَنْتَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ﴾

Агар ононро [бо адолатат] азоб кунӣ, бандагони Ту ҳастанд ва агар ононро [бо раҳматат] бубахшоӣ, Туӣ, ки шикастнопазири ҳакимӣ"

﴿قَالَ اللَّهُ هَٰذَا يَوْمُ يَنْفَعُ الصَّادِقِينَ صِدْقُهُمْ ۚ لَهُمْ جَنَّاتٌ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۚ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ ۚ ذَٰلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ﴾

Аллоҳ таоло мефармояд: "Имрӯз рӯзест, ки ростии ростгӯён ба онон суд мебахшад. Онон боғҳое [дар биҳишт] доранд, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст ва то абад ҷовидона дар он мемонанд. Аллоҳ таоло аз [аъмоли] онон хушнуд аст ва онон [низ] аз [подоши] Ӯ хушнуданд. Ин ҳамон растагории бузург аст"

﴿لِلَّهِ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا فِيهِنَّ ۚ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ﴾

Фармонравоии осмонҳо ва замин ва он чи дар онҳост, аз они Аллоҳ таоло аст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: