ق

تفسير سورة ق

الترجمة الطاجيكية

Тоҷикӣ

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ ق ۚ وَالْقُرْآنِ الْمَجِيدِ﴾

1. Қоф. (1) (Аллоҳ қасам ёд мекунад): Савганд ба ин Қуръони арҷманд!

﴿بَلْ عَجِبُوا أَنْ جَاءَهُمْ مُنْذِرٌ مِنْهُمْ فَقَالَ الْكَافِرُونَ هَٰذَا شَيْءٌ عَجِيبٌ﴾

2.
  Балки дар таъаҷҷуб шуданд, аз ин ки аз миёни худашон бимдиҳандае ба сӯяшон омад (ва он Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд,) ки онҳоро аз азоби Аллоҳ бим мекард ва кофирон гуфтанд: «Ин чизе аҷиб аст. (1)

﴿أَإِذَا مِتْنَا وَكُنَّا تُرَابًا ۖ ذَٰلِكَ رَجْعٌ بَعِيدٌ﴾

3. Оё замоне, ки мурдему хок шудем, бори дигар ба зиндагӣ бармегардем? Чунин бозгашт аз ақл дур аст!»

﴿قَدْ عَلِمْنَا مَا تَنْقُصُ الْأَرْضُ مِنْهُمْ ۖ وَعِنْدَنَا كِتَابٌ حَفِيظٌ﴾

4.  Ҳақиқатан Мо медонем, ки замин чӣ гуна аз ҷасадҳои онҳо кам мекунад ва нобуд месозад. Ва китобе, (ки ба номи Лавҳи Мафҳуз ҳама чиз дар он нигаҳдорӣ шуда,) назди мост.

﴿بَلْ كَذَّبُوا بِالْحَقِّ لَمَّا جَاءَهُمْ فَهُمْ فِي أَمْرٍ مَرِيجٍ﴾

5. На! Балки он мушрикон сухани ростеро (яъне, Қуръон), ки бар онҳо омада буд, дурӯғ шумурданд. Пас, дар кори парешону нобасомон афтоданд. (1)

﴿أَفَلَمْ يَنْظُرُوا إِلَى السَّمَاءِ فَوْقَهُمْ كَيْفَ بَنَيْنَاهَا وَزَيَّنَّاهَا وَمَا لَهَا مِنْ فُرُوجٍ﴾

6.
Оё (ин мункирони рӯзи баъс дар ғафлатанд:) ба ин осмон, бар болои сарашон назар намекунанд, ки чӣ гуна онро бе сутун бино кардаем ва онро бо ситораҳо оростаем ва ҳеҷ шикофе дар он нест? (1)

﴿وَالْأَرْضَ مَدَدْنَاهَا وَأَلْقَيْنَا فِيهَا رَوَاسِيَ وَأَنْبَتْنَا فِيهَا مِنْ كُلِّ زَوْجٍ بَهِيجٍ﴾

7.  Ва заминро паҳн кардем ва дар он кӯҳҳои баланд афкандем, то устувору қарор гирад ва аз ҳар гуна набототи хушманзар дар он рӯёнидем.

﴿تَبْصِرَةً وَذِكْرَىٰ لِكُلِّ عَبْدٍ مُنِيبٍ﴾

8. Дар офариниши осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост, аз нишонаҳои бузург, барои раҳнамоӣ ва панд додани ҳар бандаи тавбакунанда муқаррар доштем. (1)

﴿وَنَزَّلْنَا مِنَ السَّمَاءِ مَاءً مُبَارَكًا فَأَنْبَتْنَا بِهِ جَنَّاتٍ وَحَبَّ الْحَصِيدِ﴾

9. Ва аз осмон обе пурбаракат фиристодем. Пас, бо он боғҳову донаҳои даравшуданӣ рӯёнидем.

﴿وَالنَّخْلَ بَاسِقَاتٍ لَهَا طَلْعٌ نَضِيدٌ﴾

10.   Ва дарахтҳои хурмои баланд, ки хӯшаҳои барҳамчида доранд.

﴿رِزْقًا لِلْعِبَادِ ۖ وَأَحْيَيْنَا بِهِ بَلْدَةً مَيْتًا ۚ كَذَٰلِكَ الْخُرُوجُ﴾

11. Ҳама ин чизҳоро рӯёнидем, то ризқи бандагон бошад ва ба он об сарзамини хушку бегиёҳи мурдаро зинда кардем. Баромадан (зинда шудан) аз гӯр низ чунин аст.

﴿كَذَّبَتْ قَبْلَهُمْ قَوْمُ نُوحٍ وَأَصْحَابُ الرَّسِّ وَثَمُودُ﴾

12. Пеш аз он (мушрикони Қурайш) қавми Нӯҳ ва асҳоби Рас (1) ва Самуд паёмбаронро дурӯғ шуморида буданд.

﴿وَعَادٌ وَفِرْعَوْنُ وَإِخْوَانُ لُوطٍ﴾

13. Ва ҳамчунин қавми Оду Фиръавн ва қавми Лут.

﴿وَأَصْحَابُ الْأَيْكَةِ وَقَوْمُ تُبَّعٍ ۚ كُلٌّ كَذَّبَ الرُّسُلَ فَحَقَّ وَعِيدِ﴾

14.   Ва асҳоби Айка (1) ва қавми Туббаъ (2) ҳамагӣ паёмбаронро дурӯғгӯ шумурданд. Пас, сазовори ваъдаи азоби Ман шуданд. (3)

﴿أَفَعَيِينَا بِالْخَلْقِ الْأَوَّلِ ۚ بَلْ هُمْ فِي لَبْسٍ مِنْ خَلْقٍ جَدِيدٍ﴾

15.
Оё аз офариниши нахустин оҷизу нотавон шуда будем дар ҳоле ки чизе набуданд? Балки, онҳо дар офариниши нав (яъне, баъд аз марг зинда шудан дар рӯзи қиёмат) дар шак ҳастанд. (1)

﴿وَلَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ وَنَعْلَمُ مَا تُوَسْوِسُ بِهِ نَفْسُهُ ۖ وَنَحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنْ حَبْلِ الْوَرِيدِ﴾

16. Ва ҳароина, Мо одамиро офаридаем ва медонем он чиро ки нафсаш ба ӯ васваса мекунад, зеро аз раги гарданаш ба ӯ наздиктарем.

﴿إِذْ يَتَلَقَّى الْمُتَلَقِّيَانِ عَنِ الْيَمِينِ وَعَنِ الشِّمَالِ قَعِيدٌ﴾

17. Ҳангоме ки он ду фариштаи фарогиранда дар ҷониби росту ҷониби чапи ӯ нишастаанд, ҳар чизро фаро мегиранд. Пас фариштае, ки аз ҷониби рост аст амалҳои хубро менависад ва дигаре аз ҷониби чап аст, амалҳои бадро менависад. (1)

﴿مَا يَلْفِظُ مِنْ قَوْلٍ إِلَّا لَدَيْهِ رَقِيبٌ عَتِيدٌ﴾

18. Ҳеҷ каломе намегӯяд, магар он ки дар канори ӯ нозиру нависандае ҳозир аст.

﴿وَجَاءَتْ سَكْرَةُ الْمَوْتِ بِالْحَقِّ ۖ ذَٰلِكَ مَا كُنْتَ مِنْهُ تَحِيدُ﴾

19.   Ва ба ростй, ки беҳушии сахтии марг фаро расид. Эй инсон, ин ҳамон марг аст он чӣ аз он мегурехтй.

﴿وَنُفِخَ فِي الصُّورِ ۚ ذَٰلِكَ يَوْمُ الْوَعِيدِ﴾

20. Ва дар сур бори дуввум дамида мешавад. Ин ҳамон рӯз аст, рӯзи ваъдаи азоб аст, ки Аллоҳ ба кофирон бим карда буд! (1)

﴿وَجَاءَتْ كُلُّ نَفْسٍ مَعَهَا سَائِقٌ وَشَهِيدٌ﴾

21.
Ҳар касе дар рӯзи маҳшар меояд ва ҳамроҳ бо ӯ фариштае ронандааст, ки ӯро ба сӯи маҳшар меронад ва фариштае, гувоҳидиҳандааст ва барои кори неку бадаш гувоҳӣ медиҳад. (1)

﴿لَقَدْ كُنْتَ فِي غَفْلَةٍ مِنْ هَٰذَا فَكَشَفْنَا عَنْكَ غِطَاءَكَ فَبَصَرُكَ الْيَوْمَ حَدِيدٌ﴾

22.Эй инсон, ба дурустӣ, ту аз ин рӯзи сахт ғофил будӣ. Мо парда аз дидаи ту бардоштем, ғафлат аз ту дур шуд ва имрӯз аз он чи мебинӣ, чашмонат тезбин шудааст.(1)

﴿وَقَالَ قَرِينُهُ هَٰذَا مَا لَدَيَّ عَتِيدٌ﴾

23.Ва ҳамроҳаш фариштаи нависандаи амалҳои ӯ гӯяд: «Ин девони амали ӯ аст он чӣ ман омода кардаам».(1)

﴿أَلْقِيَا فِي جَهَنَّمَ كُلَّ كَفَّارٍ عَنِيدٍ﴾

24.Аллоҳ барои ҳар ду фаришта яке ронанда ва дигаре гувоҳидиҳанда, мефармояд: Ҳар носипоси саркашро ба ҷаҳаннам бияндозед;

﴿مَنَّاعٍ لِلْخَيْرِ مُعْتَدٍ مُرِيبٍ﴾

25.он: ҳар боздорандаи хайр, таҷовузкори шакковардаеро,

﴿الَّذِي جَعَلَ مَعَ اللَّهِ إِلَٰهًا آخَرَ فَأَلْقِيَاهُ فِي الْعَذَابِ الشَّدِيدِ﴾

26.он касе, ки бо Аллоҳи барҳақ маъбуди дигаре қарор додааст. Пас, ӯро ба азоби сахти дӯзах бияндозед!

﴿۞ قَالَ قَرِينُهُ رَبَّنَا مَا أَطْغَيْتُهُ وَلَٰكِنْ كَانَ فِي ضَلَالٍ بَعِيدٍ﴾

27.Ҳамнишини ӯ (шайтоне, ки дар дунё бо ӯ буд), бигӯяд: «Эй Парвардигори мо, ман ӯро ба саркашӣ водор накардам, балки ӯ худ сахт дар гумроҳӣ буд».

﴿قَالَ لَا تَخْتَصِمُوا لَدَيَّ وَقَدْ قَدَّمْتُ إِلَيْكُمْ بِالْوَعِيدِ﴾

28.Аллоҳ таъоло мегӯяд: «Назди Ман имрӯз, ки рӯзи ҷазо аст, муҷодала макунед. Ман пеш аз ин дар дунё бо шумо ҳушдор фиристонда будам.

﴿مَا يُبَدَّلُ الْقَوْلُ لَدَيَّ وَمَا أَنَا بِظَلَّامٍ لِلْعَبِيدِ﴾

29.   Ваъдаи Ман дигаргун намешавад ва касеро бо гуноҳи касе азоб намекунам. Ва Ман ба бандагон ситам намекунам, магар баъд аз он, ки ҳуҷҷат барояшон равшан шавад». (1)

﴿يَوْمَ نَقُولُ لِجَهَنَّمَ هَلِ امْتَلَأْتِ وَتَقُولُ هَلْ مِنْ مَزِيدٍ﴾

30.
   (Ба ёд ор эй Расул,) рӯзе, ки ҷаҳаннамро мегӯем: «Оё пур шудаӣ?» Дӯзах мегӯяд: «Ҳеҷ зиёдатӣ аз ин ҳаст?» (Пас Аллоҳ қадами худро бар рӯи ҷаҳаннам мегузорад, он гоҳ ҷаҳанам фушурда мегардад ва мегӯяд бас аст, бас аст.) (1)

﴿وَأُزْلِفَتِ الْجَنَّةُ لِلْمُتَّقِينَ غَيْرَ بَعِيدٍ﴾

31.   Ва биҳиштро барои парҳезгорон наздик биёваранд ва аз онон дур нахоҳад буд, тавре ки неъматҳои шодӣ ва хурсандие, ки дар он ҳаст, мушоҳида мегардад.

﴿هَٰذَا مَا تُوعَدُونَ لِكُلِّ أَوَّابٍ حَفِيظٍ﴾

32.
 Барояшон гуфта мешавад: Ин ҳамон чизест, ки ба ҳар тавбакунандаи аз гуноҳон парҳезгоре, ки бо фарзҳову тоъатҳои Парвардигораш муҳофизат дорад, ваъда дода мешуд.

﴿مَنْ خَشِيَ الرَّحْمَٰنَ بِالْغَيْبِ وَجَاءَ بِقَلْبٍ مُنِيبٍ﴾

33. Ҳамон касе, ки дар пинҳонӣ аз Аллоҳи меҳрубон битарсад ва бо дили тавбакор пеш ояд.(1)

﴿ادْخُلُوهَا بِسَلَامٍ ۖ ذَٰلِكَ يَوْمُ الْخُلُودِ﴾

34.  Барои ин мӯъминон гӯянд: «Ба саломат дохили биҳишт шавед. Ин рӯз рӯзи ҷовидонист».

﴿لَهُمْ مَا يَشَاءُونَ فِيهَا وَلَدَيْنَا مَزِيدٌ﴾

35. Дар он ҷо барои он мӯъминон ҳар чӣ бихоҳанд, ҳаст ва афзун бар он назди Мо неъматҳои дигаре вуҷуд дорад ва он нигаристан ба дидори Парвардигор аст.

﴿وَكَمْ أَهْلَكْنَا قَبْلَهُمْ مِنْ قَرْنٍ هُمْ أَشَدُّ مِنْهُمْ بَطْشًا فَنَقَّبُوا فِي الْبِلَادِ هَلْ مِنْ مَحِيصٍ﴾

36. Ва пеш аз он мушрикон чӣ мардумеро, ки нерӯмандтар буданд ва дар шаҳрҳо сайру ҷустуҷӯ мекарданд, ба ҳалокат овардем. Оё аз азоби Аллоҳ роҳи гурезе ҳаст?

﴿إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَذِكْرَىٰ لِمَنْ كَانَ لَهُ قَلْبٌ أَوْ أَلْقَى السَّمْعَ وَهُوَ شَهِيدٌ﴾

37. Ҳароина, дар ин сухан барои соҳибдилон ё онон, ки бо ҳузур гӯш фаро медоранд, андарз ва пандест.

﴿وَلَقَدْ خَلَقْنَا السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا فِي سِتَّةِ أَيَّامٍ وَمَا مَسَّنَا مِنْ لُغُوبٍ﴾

38. Албатта Мо осмонҳову замин ва он чиро миёни онҳост, аз ҳар гуна махлуқот дар шаш рӯз офаридем ва ҳеҷ хастагӣ ва мондагӣ ба Мо нарасид. (Ин қудрати бузург далолат бар он мекунад, ки Аллоҳ таъоло бар зинда кардани мурдагон низ тавоност.) (1)

﴿فَاصْبِرْ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ قَبْلَ طُلُوعِ الشَّمْسِ وَقَبْلَ الْغُرُوبِ﴾

39.
 (Пас бар он чи мегӯянд) сабр кун эй Паёмбар, зеро Аллоҳ ба гуфтаҳояшон назар дорад ва пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз ғуруби он Парвардигоратро бо ситоиш тасбеҳ гӯй.

﴿وَمِنَ اللَّيْلِ فَسَبِّحْهُ وَأَدْبَارَ السُّجُودِ﴾

40. Ва низ дар қисмате аз шаб ва баъд аз ҳар саҷда ӯро тасбеҳ гӯй. (1)

﴿وَاسْتَمِعْ يَوْمَ يُنَادِ الْمُنَادِ مِنْ مَكَانٍ قَرِيبٍ﴾

41. (Ва эй Расул бишнав!) Рӯзе, ки фаришта аз макони наздике дар сур нидо медиҳад.

﴿يَوْمَ يَسْمَعُونَ الصَّيْحَةَ بِالْحَقِّ ۚ ذَٰلِكَ يَوْمُ الْخُرُوجِ﴾

42. Рӯзе, ки он овози сахтро (1) ба ҳақ мешунаванд ва дар он ҳеҷ шакке нест, он рӯзи берун шудан аз гӯр аст.

﴿إِنَّا نَحْنُ نُحْيِي وَنُمِيتُ وَإِلَيْنَا الْمَصِيرُ﴾

43. Ҳароина, Мо зинда мекунем халқро ва дар дунё мемиронем ва бозгашти ҳама рӯзи қиёмат барои ҳисобу ҷазо ба сӯйи Мост.

﴿يَوْمَ تَشَقَّقُ الْأَرْضُ عَنْهُمْ سِرَاعًا ۚ ذَٰلِكَ حَشْرٌ عَلَيْنَا يَسِيرٌ﴾

44. Рӯзе, ки замин бишкофад ва онҳо ба шитоб берун оянд ва ин гирдоварӣ барои Мо осон аст. (1)

﴿نَحْنُ أَعْلَمُ بِمَا يَقُولُونَ ۖ وَمَا أَنْتَ عَلَيْهِمْ بِجَبَّارٍ ۖ فَذَكِّرْ بِالْقُرْآنِ مَنْ يَخَافُ وَعِيدِ﴾

45. Мо ба он чи мегуянд, (ин мушрикон аз сухани бардурӯғ бофтан ба Аллоҳ ва оёти Ӯ) донотарем ва ту ба онҳо маъмур (маҷбуркунанда) нестӣ. (Ба ростӣ, ки ту расонандаи паёми илоҳӣ ҳастӣ.) Пас, ҳар киро аз ваъдаи азоби Ман метарсад, ба Қуръон панд деҳ! (Ва он касе, ки аз Мо наметарсад, панд барояш таъсир намебахшад.) (1)

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: