المجادلة

تفسير سورة المجادلة

الترجمة الطاجيكية

Тоҷикӣ

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ قَدْ سَمِعَ اللَّهُ قَوْلَ الَّتِي تُجَادِلُكَ فِي زَوْجِهَا وَتَشْتَكِي إِلَى اللَّهِ وَاللَّهُ يَسْمَعُ تَحَاوُرَكُمَا ۚ إِنَّ اللَّهَ سَمِيعٌ بَصِيرٌ﴾

1.
Ба таҳқиқ Аллоҳ сухани Хавла бинти Саълабаро, ки дар бораи шавҳараш Авс бинни Сомит он чизе, ки аз ӯ содир шуд(1), бо ту гуфтугӯ мекард ва ба Аллоҳ шикоят мекард, шунид. Ва Аллоҳ гуфтугӯи шуморо бегумон мешунавад, Аллоҳ шунавою бино ба ҳама чиз аст! Ҳеч чиз аз Ӯ пӯшида намемонад.

﴿الَّذِينَ يُظَاهِرُونَ مِنْكُمْ مِنْ نِسَائِهِمْ مَا هُنَّ أُمَّهَاتِهِمْ ۖ إِنْ أُمَّهَاتُهُمْ إِلَّا اللَّائِي وَلَدْنَهُمْ ۚ وَإِنَّهُمْ لَيَقُولُونَ مُنْكَرًا مِنَ الْقَوْلِ وَزُورًا ۚ وَإِنَّ اللَّهَ لَعَفُوٌّ غَفُورٌ﴾

2.
Аз миёни шумо касоне, ки занонашонро зиҳор(1) мекунанд, ҳамоно пеши Аллоҳ гунаҳгоранд ва мухолифати шариъат кардаанд, бидонанд, ки занонашон модаронашон нашаванд, балки ҳамсаронашон ҳастанд. Модаронашон фақат заноне ҳастанд, ки онҳоро зоидаанд. Албатта ин ашхоси зиҳоркунанда сухани дӯруғу нописанде мегӯянд, ки ҳақиқат надорад. Ва ҳароина, Аллоҳ аз баъзе гуноҳони содиршуда даргузаранда ва омӯрзанда аст. Ва он омӯрзиш ба тавбаи насуҳ аст.(2)

﴿وَالَّذِينَ يُظَاهِرُونَ مِنْ نِسَائِهِمْ ثُمَّ يَعُودُونَ لِمَا قَالُوا فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مِنْ قَبْلِ أَنْ يَتَمَاسَّا ۚ ذَٰلِكُمْ تُوعَظُونَ بِهِ ۚ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ﴾

3.
        Ва онон, ки бо занони худ зиҳор мекунанд, сипас аз он чӣ гуфтаанд, бозмегарданд, пас озод кардани ғуломе пеш аз он ки зану мард бо якдигар ҳамхобӣ кунанд, воҷиб аст. Ин дарс ва панде аст, ки ба шумо дода мешавад ва Аллоҳ ба он чӣ мекунед, огоҳ аст.

﴿فَمَنْ لَمْ يَجِدْ فَصِيَامُ شَهْرَيْنِ مُتَتَابِعَيْنِ مِنْ قَبْلِ أَنْ يَتَمَاسَّا ۖ فَمَنْ لَمْ يَسْتَطِعْ فَإِطْعَامُ سِتِّينَ مِسْكِينًا ۚ ذَٰلِكَ لِتُؤْمِنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ ۚ وَتِلْكَ حُدُودُ اللَّهِ ۗ وَلِلْكَافِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمٌ﴾

4.
        Пас ҳар касе, ки ғуломеро барои озод кардан наёбад, воҷиб аст бар вай ду моҳ пай дар пай (бе фосила) пеш аз ҳамхобӣ, рӯза бидорад, пас ҳар кӣ рӯза доштанро ба узри шаръӣ, натавонад, пас бояд шаст мискинро ба серӣ таъом диҳад. Ин ҳукмҳои зиҳоре, ки барои шумо баён кардем ба он сабаб аст, ки ба Аллоҳу паёмбараш имон биёваред ва корҳои давраи ҷоҳилиятро тарк намоед. Ва ин аҳкоми баёншуда ҳадди қонуни муқарраркардаи Аллоҳ аст, пас онро таҷовуз накунед. Ва барои мункирони ин ҳукм азоби дарднок аст!(1)

﴿إِنَّ الَّذِينَ يُحَادُّونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ كُبِتُوا كَمَا كُبِتَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ ۚ وَقَدْ أَنْزَلْنَا آيَاتٍ بَيِّنَاتٍ ۚ وَلِلْكَافِرِينَ عَذَابٌ مُهِينٌ﴾

5.        Ҳароина, касоне, ки бо Аллоҳу паёмбараш мухолифат (зиддият, муқобала) меварзанд, хору залил мешаванд, ҳамчунон ки умматони пешина хор шудаанд.
Ва ҳамоно Мо оятҳои возиҳу равшане нозил кардем, ки далолат мекунад бар ин, ки шариъати Аллоҳ ҳақ аст ва мункирони ин оятҳоро азоби хоркунандае аст дар ҷаҳаннам!(1)

﴿يَوْمَ يَبْعَثُهُمُ اللَّهُ جَمِيعًا فَيُنَبِّئُهُمْ بِمَا عَمِلُوا ۚ أَحْصَاهُ اللَّهُ وَنَسُوهُ ۚ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدٌ﴾

6.
        Ба ёд ор эй Паёмбар рузи қиёматро, рӯзе, ки Аллоҳ ҳамаи мурдагонро зинда мекунад ва аввалину охиринро дар як замин ҷамъ меоварад, пас хабар медиҳад ба онҳо он амалҳои бад ва некеро, ки анҷом дода буданд. Ёд дошт ва ҳифз кард онҳоро Аллоҳ дар Лавҳи Маҳфуз ва навишт онҳоро дар номаҳои аъмолашон. Ва ҳамоно инҳо онро фаромӯш карданд. Ва Аллоҳ бар ҳама чиз шоҳид аст, чизе аз Ӯ махфи намемонад!(1)

﴿أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۖ مَا يَكُونُ مِنْ نَجْوَىٰ ثَلَاثَةٍ إِلَّا هُوَ رَابِعُهُمْ وَلَا خَمْسَةٍ إِلَّا هُوَ سَادِسُهُمْ وَلَا أَدْنَىٰ مِنْ ذَٰلِكَ وَلَا أَكْثَرَ إِلَّا هُوَ مَعَهُمْ أَيْنَ مَا كَانُوا ۖ ثُمَّ يُنَبِّئُهُمْ بِمَا عَمِلُوا يَوْمَ الْقِيَامَةِ ۚ إِنَّ اللَّهَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ﴾

7.
        Оё надонистаӣ, ки Аллоҳ ҳар чиро ки дар осмонҳову замин аст, медонад? Се кас бо ҳам наҷво (роз, сухани бади махфӣ) кунанд, Аллоҳ бо илмаш чаҳорумини онҳост ва панҷ кас бошанд, Аллоҳ шашумини онҳост. Ва камтар аз ин, ҳар ҷо ки бошанд ва бештар аз ин, Аллоҳ бо илмаш дар куҷое бошанд, бо онҳост. Чизе аз Ӯ махфӣ намемонад. Сипас ҳамаро дар рӯзи қиёмат ба корҳои баду неке, ки кардаанд, огоҳ мекунад ва ҷазояшон медиҳад. Ҳароина, Аллоҳ бар ҳама чиз огоҳ аст!

﴿أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ نُهُوا عَنِ النَّجْوَىٰ ثُمَّ يَعُودُونَ لِمَا نُهُوا عَنْهُ وَيَتَنَاجَوْنَ بِالْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَمَعْصِيَتِ الرَّسُولِ وَإِذَا جَاءُوكَ حَيَّوْكَ بِمَا لَمْ يُحَيِّكَ بِهِ اللَّهُ وَيَقُولُونَ فِي أَنْفُسِهِمْ لَوْلَا يُعَذِّبُنَا اللَّهُ بِمَا نَقُولُ ۚ حَسْبُهُمْ جَهَنَّمُ يَصْلَوْنَهَا ۖ فَبِئْسَ الْمَصِيرُ﴾

8.
        Оё на нигаристаӣ эй Паёмбар, ба яҳудиёне, ки аз наҷво(1), ки дар нафси мӯъминон шакку шубҳаро меоварад, манъ шуда буданд, боз ҳам ба гуноҳ наҷво мекунанд.
Ва бо якдигар пинҳонӣ сухан мегӯянд, сухане, ки дар он гуноҳу душманӣ ва нофармонӣ аз паёмбар аст? Ва чун (эй Паёмбар) он яҳудиён назди ту барои коре меоянд, ба тавре туро салом мегӯянд, ки Аллоҳ туро ба он тавр салом нагуфтааст(2) ва дар байни худ мегӯянд: Чаро Аллоҳ моро ба он чӣ ба Муҳаммад мегӯем, азоб намекунад, агар ӯ паёмбари барҳақ бошад? Чаҳаннам барояшон кофист. Ба он дохил мешаванд ва ин бад саранҷомест!(3)

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا تَنَاجَيْتُمْ فَلَا تَتَنَاجَوْا بِالْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَمَعْصِيَتِ الرَّسُولِ وَتَنَاجَوْا بِالْبِرِّ وَالتَّقْوَىٰ ۖ وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي إِلَيْهِ تُحْشَرُونَ﴾

9.
        Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, агар бо якдигар наҷво (роз, сухани махфӣ) мекунед, дар боби гуноҳу душманӣ ва нофармонӣ аз паёмбар наҷво (сухан бад) магӯед, балки дар боби некиву парҳезгорӣ наҷво кунед.
Ва аз Аллоҳ битарсед бо ба ҷой овардани амрҳояш ва ба парҳез кардан аз манъ кардаҳояш, пас ҳамагон (ба амалҳо ва суханҳоятон) ба сӯи Ӯ бозмегардед ва зуд аст, ки мувофиқи он шуморо ҷазо медиҳад.

﴿إِنَّمَا النَّجْوَىٰ مِنَ الشَّيْطَانِ لِيَحْزُنَ الَّذِينَ آمَنُوا وَلَيْسَ بِضَارِّهِمْ شَيْئًا إِلَّا بِإِذْنِ اللَّهِ ۚ وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ﴾

10.
    Ҳароина наҷво (роз гуфтани бад), аз васвасаи шайтон аст(1), ки мехоҳад мӯьминонро ғамгин кунад ва ҳол он ки ҳеҷ зиёне ҷуз ба фармону хоҳиши Аллоҳ ба онҳо намерасонад. Ва мӯъминон бояд, ки бар Аллоҳи ягона таваккал кунанд!

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا قِيلَ لَكُمْ تَفَسَّحُوا فِي الْمَجَالِسِ فَافْسَحُوا يَفْسَحِ اللَّهُ لَكُمْ ۖ وَإِذَا قِيلَ انْشُزُوا فَانْشُزُوا يَرْفَعِ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا مِنْكُمْ وَالَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ دَرَجَاتٍ ۚ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ﴾

11.
    Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, чун шуморо гӯянд, дар маҷлисҳо ҷой васеъ кунед, пас ҷой васеъ кунед, то Аллоҳ дар дунёву охират барои шумо васеъ кунад.(1) Ва чун гӯянд, ки бархезед, бархезед.
Аллоҳ онҳоеро, ки имон овардаанд ва касонеро, ки ахли илм мебошанд ба дараҷаҳои баланди савоб ва мартабаҳои ризвон бардорад ва Аллоҳ таъоло ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст. Аз Ӯ чизе махфӣ намемонад ва мувофиқи он шуморо ҷазо медиҳад)!(2)

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا نَاجَيْتُمُ الرَّسُولَ فَقَدِّمُوا بَيْنَ يَدَيْ نَجْوَاكُمْ صَدَقَةً ۚ ذَٰلِكَ خَيْرٌ لَكُمْ وَأَطْهَرُ ۚ فَإِنْ لَمْ تَجِدُوا فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

12.
    Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, чун бихоҳед, ки бо паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) наҷво кунед (пинҳонӣ сухан гӯед), пеш аз наҷво карданатон садақа бидиҳед ба ҳоҷатмандон. Ин барои шумо аз ҷиҳати савоб беҳтар ва бар дилҳоятон покизатар аст. Ва агар барои садақа чизе наёфтед боке нест, пас ҳамоно Аллоҳ омӯрзандаву меҳрубон аст!

﴿أَأَشْفَقْتُمْ أَنْ تُقَدِّمُوا بَيْنَ يَدَيْ نَجْوَاكُمْ صَدَقَاتٍ ۚ فَإِذْ لَمْ تَفْعَلُوا وَتَابَ اللَّهُ عَلَيْكُمْ فَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ وَأَطِيعُوا اللَّهَ وَرَسُولَهُ ۚ وَاللَّهُ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ﴾

13.
    Оё тарсидед аз садақа додан, пеш аз рози пинҳонӣ гуфтан бо паёмбар ин, ки камбағал мешавед? Пас чун накардед (яъне садақа надодед) ва Аллоҳ шуморо бахшид ва рухсат дод шуморо ба садақа надодан, пас намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва Аллоҳу паёмбарашро итоъат кунед, ки Аллоҳ ба корҳое мекунед, огоҳ аст ва шуморо мувофиқи он ҷазо медиҳад!

﴿۞ أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ تَوَلَّوْا قَوْمًا غَضِبَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ مَا هُمْ مِنْكُمْ وَلَا مِنْهُمْ وَيَحْلِفُونَ عَلَى الْكَذِبِ وَهُمْ يَعْلَمُونَ﴾

14.    Оё надидаӣ он мунофиқонро, ки бо мардуме, ки Аллоҳ бар онҳо хашм гирифта буд, (яҳудиён) дӯстӣ карданд? Инҳо мунофиқон на аз шумоянд ва на аз яҳудиёнанд. Ва қасами бардурӯғ мехӯранд, ки онҳо мусалмонанд ва ту фиристодаи Аллоҳ ҳастӣ ва худ медонанд, ки бардурӯғ савганд мехӯранд.(1)

﴿أَعَدَّ اللَّهُ لَهُمْ عَذَابًا شَدِيدًا ۖ إِنَّهُمْ سَاءَ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ﴾

15.    Аллоҳ барои он мунофиқон азоби сахте омода кардааст. Зеро корҳое, ки мекунанд, (аз нифоқу қасами бардурӯғ) хеле ҳам нописанданд!

﴿اتَّخَذُوا أَيْمَانَهُمْ جُنَّةً فَصَدُّوا عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ فَلَهُمْ عَذَابٌ مُهِينٌ﴾

16.    Сипар гирифтанд мунофиқон савгандҳои дурӯғини худро. Пас ба ин фиребу найранги худ боздоштанд худро ва дигаронро аз роҳи Аллоҳ (Ислом). Пас, барои онҳост азоби хоркунанда дар дӯзах ба сабаби такаббурашон аз имони ба Аллоҳ ва расулаш!(1)

﴿لَنْ تُغْنِيَ عَنْهُمْ أَمْوَالُهُمْ وَلَا أَوْلَادُهُمْ مِنَ اللَّهِ شَيْئًا ۚ أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ﴾

17.    Амволу фарзандонашон барояшон дар баробари азоби Аллоҳ фоидае накунад. Онҳо аҳли ҷаҳаннаманд ва дар он ҷовидонанд, аз он ҷо хориҷ намешаванд.(1)

﴿يَوْمَ يَبْعَثُهُمُ اللَّهُ جَمِيعًا فَيَحْلِفُونَ لَهُ كَمَا يَحْلِفُونَ لَكُمْ ۖ وَيَحْسَبُونَ أَنَّهُمْ عَلَىٰ شَيْءٍ ۚ أَلَا إِنَّهُمْ هُمُ الْكَاذِبُونَ﴾

18.
    Рӯзе, ки Аллоҳ ҳамаи мунофиқонро аз қабрҳояшон зинда мекунад, пас ҳамчунон ки дар дунё барои шумо қасам мехӯрданд, барои Ӯ ҳам қасам хоҳанд хӯрд, ки мӯъминанд. Ва мепиндоранд, ки ин қасам дар назди Аллоҳ фоидаашон медиҳад, чуноне, ки дар дунё назди мӯъминон фоидаашон медод. Огоҳ бошед, ки ҳароина, онҳо хеле дурӯғгӯёнанд.

﴿اسْتَحْوَذَ عَلَيْهِمُ الشَّيْطَانُ فَأَنْسَاهُمْ ذِكْرَ اللَّهِ ۚ أُولَٰئِكَ حِزْبُ الشَّيْطَانِ ۚ أَلَا إِنَّ حِزْبَ الشَّيْطَانِ هُمُ الْخَاسِرُونَ﴾

19.    Шайтон бар онҳо ғолиб шудааст ҳатто ин, ки амрҳои Аллоҳ ва амал ба тоъати Вайро тарк кардаанд. Онҳо худ ҳизби шайтонанд. Огоҳ бош, ки ҳизби шайтон дар дунё ва охират зиёнкоронанд!

﴿إِنَّ الَّذِينَ يُحَادُّونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ أُولَٰئِكَ فِي الْأَذَلِّينَ﴾

20.    Ҳароиина, касоне, ки ба амрҳои Аллоҳу паёмбараш мухолифат меварзанд, инҳо аз гӯруҳи хоршудагон ва мағлубшудагонанд дар дунё ва охират.

﴿كَتَبَ اللَّهُ لَأَغْلِبَنَّ أَنَا وَرُسُلِي ۚ إِنَّ اللَّهَ قَوِيٌّ عَزِيزٌ﴾

21.    Аллоҳ муқарар кардааст, ки ман ва паёмбаронам пирӯз мешавем. Бегумон Парвардигор тавоною пирӯзманд аст! Ҳеҷ чиз Ӯро оҷиз оварда наметавонад.

﴿لَا تَجِدُ قَوْمًا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ يُوَادُّونَ مَنْ حَادَّ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَلَوْ كَانُوا آبَاءَهُمْ أَوْ أَبْنَاءَهُمْ أَوْ إِخْوَانَهُمْ أَوْ عَشِيرَتَهُمْ ۚ أُولَٰئِكَ كَتَبَ فِي قُلُوبِهِمُ الْإِيمَانَ وَأَيَّدَهُمْ بِرُوحٍ مِنْهُ ۖ وَيُدْخِلُهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ ۚ أُولَٰئِكَ حِزْبُ اللَّهِ ۚ أَلَا إِنَّ حِزْبَ اللَّهِ هُمُ الْمُفْلِحُونَ﴾

22.    Гӯруҳеро, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон меоваранд нахоҳӣ ёфт, ки дӯстӣ кунанд бо касоне, ки бо Аллоҳ ва паёмбари Ӯ мухолифат варзиданд. Агар чи онҳо падаронашон ё фарзандонашон ё бародаронашон ё дигар хешовандонашон бошанд ҳам.
Инҳо ҳастанд, ки Аллоҳ дар дилҳояшон имонро андохтааст ва онҳоро бо файзе аз тарафи худ тавоно гардонидааст ва онҳоро ба ҷаннатҳое медарорад, ки аз зери қасрҳо ва дарахтони онҳо дарёҳо равон аст ва ҷовидона дар он ҷо мемонанд. Парвардигор аз онҳо хушнуд аст ва онҳо (низ) аз Ӯ хушнуд ҳастанд. Инҳо лашкарон ва дӯстони Аллоҳанд, огоҳ бош, ки лашкарони Аллоҳ, ҳароина дар дунёву охират наҷотёфтагонанд!

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: