الحشر

تفسير سورة الحشر

الترجمة الطاجيكية

Тоҷикӣ

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ سَبَّحَ لِلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۖ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ﴾

1.Аллоҳро ба покӣ ёд кард ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст. Ва Ӯст пирӯзманд дар мулкаш ва ҳаким аст дар андоза, тадбир ва санъаташ, ки ашёро дар мавзеъи муносиби онҳо қарор медиҳад!(1)

﴿هُوَ الَّذِي أَخْرَجَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ مِنْ دِيَارِهِمْ لِأَوَّلِ الْحَشْرِ ۚ مَا ظَنَنْتُمْ أَنْ يَخْرُجُوا ۖ وَظَنُّوا أَنَّهُمْ مَانِعَتُهُمْ حُصُونُهُمْ مِنَ اللَّهِ فَأَتَاهُمُ اللَّهُ مِنْ حَيْثُ لَمْ يَحْتَسِبُوا ۖ وَقَذَفَ فِي قُلُوبِهِمُ الرُّعْبَ ۚ يُخْرِبُونَ بُيُوتَهُمْ بِأَيْدِيهِمْ وَأَيْدِي الْمُؤْمِنِينَ فَاعْتَبِرُوا يَا أُولِي الْأَبْصَارِ﴾

2.
Ӯст он Аллоҳе, ки дар нахустин гирдиҳамоӣ (аз ҷазираи Араб ба сарзамини Шом) кофирони аҳли китобро, ки (онҳо яҳудони бани Назир буданд), аз хонаҳояшон берун ронд ва шумо (эй мусалмонон) гумон намебурдед, ки бо ин қуввату тавоноиашон хору залил шуда берун раванд. Ва онҳо гумон бурданд, ки қалъаҳояшон боздорандаи онҳо ҳаст, аз азоби Аллоҳ.
Пас Аллоҳ аз сӯе омад, ки гумонашро намекарданд, (яъне, бар онҳо азоб овард) ва дар дилашон тарс афканд, чунон ки хонаҳои худро бо дасти худ ва бо дасти мӯъминон вайрон мекарданд. Пас, эй соҳибхирадмандон ибрат бигиред аз он чи ба онҳо рух дод!(1)

﴿وَلَوْلَا أَنْ كَتَبَ اللَّهُ عَلَيْهِمُ الْجَلَاءَ لَعَذَّبَهُمْ فِي الدُّنْيَا ۖ وَلَهُمْ فِي الْآخِرَةِ عَذَابُ النَّارِ﴾

3.
        Ва агар Аллоҳ тарки диёрро бар онҳо муқаррар накарда буд, дар дунё ба азоби қатл ва асирӣ гирифторашон мекард ва барояшон дар охират азоби оташи дӯзах аст.

﴿ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ شَاقُّوا اللَّهَ وَرَسُولَهُ ۖ وَمَنْ يُشَاقِّ اللَّهَ فَإِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ﴾

4.
        Ин мусибате, ки дар дунё ба яҳудиҳо расид ва он чи дар охират мунтазир мешаванд, ба ҷазои он буд, ки бо Аллоҳу паёмбараш душманӣ карданд ва ҳар кӣ бо Аллоҳ душманӣ меварзад, бидонад, ки албатта, Аллоҳ сахт азобкунандааст!(1)

﴿مَا قَطَعْتُمْ مِنْ لِينَةٍ أَوْ تَرَكْتُمُوهَا قَائِمَةً عَلَىٰ أُصُولِهَا فَبِإِذْنِ اللَّهِ وَلِيُخْزِيَ الْفَاسِقِينَ﴾

5.
        Ҳар дарахти хурмоеро, ки буридед (эй мӯъминон) ё онро бар решааш боқӣ гузоридед, ба фармони Аллоҳ буд, то фосиқон(1) хор гарданд, (яъне, хор шуданашон ин буд, ки шуморо бар онҳо ҳукмрон кард, то дарахтонашонро қатъ кунед ва бисӯзонед).(2)

﴿وَمَا أَفَاءَ اللَّهُ عَلَىٰ رَسُولِهِ مِنْهُمْ فَمَا أَوْجَفْتُمْ عَلَيْهِ مِنْ خَيْلٍ وَلَا رِكَابٍ وَلَٰكِنَّ اللَّهَ يُسَلِّطُ رُسُلَهُ عَلَىٰ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ﴾

6.
        Ва он чӣ Аллоҳ аз молҳои яҳудиҳои бани Назир ба паёмбари худ бозгардонда ва бахшидааст, пас бар он (амвол) на аспе тохтаед ва на шутуре(1) ва лекин Аллоҳ паёмбаронашро бар ҳар касе, ки аз душманонаш бихоҳад, ғолиб мегардонад, пас душманон барояшон бе ҳеҷ ҷанг таслим мешаванд ва Аллоҳ бар ҳар чизе қодир аст ва ҳеҷ чизе Ӯро нотавон карда наметавонад!(2)

﴿مَا أَفَاءَ اللَّهُ عَلَىٰ رَسُولِهِ مِنْ أَهْلِ الْقُرَىٰ فَلِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ وَلِذِي الْقُرْبَىٰ وَالْيَتَامَىٰ وَالْمَسَاكِينِ وَابْنِ السَّبِيلِ كَيْ لَا يَكُونَ دُولَةً بَيْنَ الْأَغْنِيَاءِ مِنْكُمْ ۚ وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ﴾

7.
        Он ғанимате, ки Аллоҳ аз молҳои мушрикони мардуми деҳаҳо бе ранҷу заҳмат насиби паёмбараш кардааст, пас он молҳо аз они Аллоҳ аст ва аз они паёмбар ва аз они хешовандони паёмбар ва низ барои ятимон ва мискинону мусофирони дар роҳ мондааст, то миёни тавонгаронатон даст ба даст нашавад. Ҳар чӣ паёмбар ба шумо дод, онро бигиред ва аз ҳар чӣ шуморо манъ кард, аз он бозистед.
Ва аз Аллоҳ бо ба ҷо овардани амрҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш битарсед, ки ҳароина, Аллоҳ азоби сахте дорад барои онон, ки Ӯро нофармонбардорӣ кардаанд ва дар амру наҳйи Ӯ зид баромадаанд!(1)

﴿لِلْفُقَرَاءِ الْمُهَاجِرِينَ الَّذِينَ أُخْرِجُوا مِنْ دِيَارِهِمْ وَأَمْوَالِهِمْ يَبْتَغُونَ فَضْلًا مِنَ اللَّهِ وَرِضْوَانًا وَيَنْصُرُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ ۚ أُولَٰئِكَ هُمُ الصَّادِقُونَ﴾

8.
        Низ ғаниматҳо барои фақирони муҳоҷире, ки аз диёр ва амволи худ аз Макка берун ронда шудаанд ва онҳо бо ризқу рӯзӣ ёфтан дар дунё ва касби ризои ҳақ дар охират фазлу хушнудии Аллоҳро металабанд ва дини Аллоҳ ва паёмбарашро ёрӣ мекунанд, инҳо ростгӯёнанд, ки сухани хешро бо амал рост гардонидаанд!(1)

﴿وَالَّذِينَ تَبَوَّءُوا الدَّارَ وَالْإِيمَانَ مِنْ قَبْلِهِمْ يُحِبُّونَ مَنْ هَاجَرَ إِلَيْهِمْ وَلَا يَجِدُونَ فِي صُدُورِهِمْ حَاجَةً مِمَّا أُوتُوا وَيُؤْثِرُونَ عَلَىٰ أَنْفُسِهِمْ وَلَوْ كَانَ بِهِمْ خَصَاصَةٌ ۚ وَمَنْ يُوقَ شُحَّ نَفْسِهِ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ﴾

9.
        Ва касоне(1), ки пеш аз омадани муҳоҷирон дар диёри худ дар Мадина ҷой гирифтанд ва низ имон оварда буданд, касонеро, ки ба сӯяшон муҳоҷират кардаанд, дӯст медоранд ва дар амволу ҷойҳои худ онҳоро шарик месозанд.
Ва аз он чӣ дода шудааст аз ғаниматҳо дар дилҳои худ ба муҳоҷирон эҳсоси ҳасад ва ниёзмандӣ намекунанд ва онҳоро (яъне, муҳоҷирон ва ниёзмандонро) бар худ муқаддам медоранд, ҳар чанд худ (ансор) мӯҳтоҷ бошанд. Ва касоне, ки аз ҳирсу бухли хеш дар амон монда бошанд, пас он гурӯҳ растагоронанд(2)!

﴿وَالَّذِينَ جَاءُوا مِنْ بَعْدِهِمْ يَقُولُونَ رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا وَلِإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْإِيمَانِ وَلَا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلًّا لِلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا إِنَّكَ رَءُوفٌ رَحِيمٌ﴾

10.
    Ва касоне, ки аз паси онҳо (муҳоҷиру ансор) омадаанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, гуноҳони мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон овардаанд, биёмурз ва дар дилҳои мо нисбат ба касоне, ки имон овардаанд, ҳеҷ кинае қарор надеҳ. Эй Парвардигори мо, ҳароина, ту бо бандагони худ мушфиқу меҳрубон ҳастӣ!»

﴿۞ أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ نَافَقُوا يَقُولُونَ لِإِخْوَانِهِمُ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ لَئِنْ أُخْرِجْتُمْ لَنَخْرُجَنَّ مَعَكُمْ وَلَا نُطِيعُ فِيكُمْ أَحَدًا أَبَدًا وَإِنْ قُوتِلْتُمْ لَنَنْصُرَنَّكُمْ وَاللَّهُ يَشْهَدُ إِنَّهُمْ لَكَاذِبُونَ﴾

11.
    Оё мунофиқонро надидаӣ, ки ба бародарони аҳли китобашон, аз бани Назир, ки куфр варзидаанд, мегуфтанд: «Агар шуморо Муҳаммад ва асҳобаш аз манзилҳоятон бадарға кунанд, мо низ бо шумо берун меоем ва ҳаргиз сухани касеро дар мавриди шумо итоъат нахоҳем кард ва агар бо шумо ҷангиданд, ҳатман, ёриатон мекунем». Ва ҳол он ки Аллоҳ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳароина, мунофиқон дурӯғгӯ ҳастанд дар он чи ки ба яҳудиёни бани Назир ваъда додаанд.(1)

﴿لَئِنْ أُخْرِجُوا لَا يَخْرُجُونَ مَعَهُمْ وَلَئِنْ قُوتِلُوا لَا يَنْصُرُونَهُمْ وَلَئِنْ نَصَرُوهُمْ لَيُوَلُّنَّ الْأَدْبَارَ ثُمَّ لَا يُنْصَرُونَ﴾

12.   Агар яҳудиён аз Мадина бадарға шаванд, мунофиқон бо онҳо берун намераванд. Ва агар ба онҳо ҷанг шавад, онҳоро ёрӣ намекунанд ва агар ҳам ба ёриашон бархезанд, ҳатман пушт ба майдон карда фирор мекунанд. Сипас яҳудиён ёрӣ дода намешаванд, балки Аллоҳ хору залилашон мегардонад(1).

﴿لَأَنْتُمْ أَشَدُّ رَهْبَةً فِي صُدُورِهِمْ مِنَ اللَّهِ ۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لَا يَفْقَهُونَ﴾

13.   Бешак, хавф аз шумо (эй мӯъминон) дар дилҳояшон бештар аз тарси Аллоҳ аст. Зеро онҳо мардуме ҳастанд, ки бузургии Аллоҳро намефаҳманд ва аз азобаш наметарсанд.(1)

﴿لَا يُقَاتِلُونَكُمْ جَمِيعًا إِلَّا فِي قُرًى مُحَصَّنَةٍ أَوْ مِنْ وَرَاءِ جُدُرٍ ۚ بَأْسُهُمْ بَيْنَهُمْ شَدِيدٌ ۚ تَحْسَبُهُمْ جَمِيعًا وَقُلُوبُهُمْ شَتَّىٰ ۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لَا يَعْقِلُونَ﴾

14.   Яҳудиён ҳамагӣ бо шумо ҷанг намекунанд, магар дар деҳаҳое, ки қалъа дошта бошад ё аз паси девор. Онҳо сахт бо якдигар душмананд, ту онҳоро муттаҳид мепиндорӣ ва ҳол он ки дилҳояшон аз ҳам ҷудо аст. Ин ба он сабаб аст, ки ҳароина, онҳо мардуми бехираданд ва дар оёти Аллоҳ намеандешанд.

﴿كَمَثَلِ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ قَرِيبًا ۖ ذَاقُوا وَبَالَ أَمْرِهِمْ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ﴾

15.
   Саргузашти яҳудиён монанди саргузашти онҳоест,(1) ки чанде пеш дар ҷанги Бадр оқибати гуноҳи хешро чашиданд ва дар охират ба азоби дардовар низ гирифтор хоҳанд шуд.

﴿كَمَثَلِ الشَّيْطَانِ إِذْ قَالَ لِلْإِنْسَانِ اكْفُرْ فَلَمَّا كَفَرَ قَالَ إِنِّي بَرِيءٌ مِنْكَ إِنِّي أَخَافُ اللَّهَ رَبَّ الْعَالَمِينَ﴾

16.
   Саргузашти мунофиқон бо яҳудиён дар бевафоӣ(1) монанди саргузашти шайтон бо инсон аст, ки куфрро дар нигоҳи вай ороста ва ба он даъват намудааст, чун ба одамӣ гуфт: «Кофир шав!» Чун кофир шуд, (шайтон) гуфт: «Ҳароина, ман аз ту безорам. Албатта, ман аз Аллоҳ Парвардигори ҷаҳониён метарсам!»(2)

﴿فَكَانَ عَاقِبَتَهُمَا أَنَّهُمَا فِي النَّارِ خَالِدَيْنِ فِيهَا ۚ وَذَٰلِكَ جَزَاءُ الظَّالِمِينَ﴾

17.   Пас оқибати кори ҳар дуи онҳо (яъне, шайтон ва инсони кофир) он шуд, ки ҳарду ба оташ афтанд ва ҷовидона дар он бошанд. Ва ин аст ҷазои ситамкорон!

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَلْتَنْظُرْ نَفْسٌ مَا قَدَّمَتْ لِغَدٍ ۖ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۚ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ﴾

18.
   Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, аз Аллоҳ бо ба ҷо овардани амрҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш, битарсед. Ва ҳар кас бояд бингарад, ки барои фардо рӯзи қиёмат чӣ фиристодааст. Аз Аллоҳ битарсед, дар ҳар фармудаҳо ва манъкардаҳояш, ки ҳароина, Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст ва чизе аз аъмоли шумо бар Вай пӯшида нест!(1)

﴿وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ نَسُوا اللَّهَ فَأَنْسَاهُمْ أَنْفُسَهُمْ ۚ أُولَٰئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ﴾

19.
   Ва эй мӯъминон, аз он касоне мабошед, ки Аллоҳро фаромӯш карданд ва фармонҳояшро тарк карданд ва Аллоҳ низ чунон кард, ки насибаи неки худро, ки аз азоби рӯзи қиёмат наҷоташон медод, фаромӯш кунанд. Онҳо фосиқонанд. (яъне, аз тоъати Аллоҳ ва расулаш берунрафтагонанд)(1)

﴿لَا يَسْتَوِي أَصْحَابُ النَّارِ وَأَصْحَابُ الْجَنَّةِ ۚ أَصْحَابُ الْجَنَّةِ هُمُ الْفَائِزُونَ﴾

20.   Аҳли дӯзах ва аҳли биҳишт дар мартабаи худ бо ҳам баробар нестанд. Аҳли биҳишт худ комёбшудагонанд ва аз ҳама нохушиҳо наҷотёфтагонанд(1).

﴿لَوْ أَنْزَلْنَا هَٰذَا الْقُرْآنَ عَلَىٰ جَبَلٍ لَرَأَيْتَهُ خَاشِعًا مُتَصَدِّعًا مِنْ خَشْيَةِ اللَّهِ ۚ وَتِلْكَ الْأَمْثَالُ نَضْرِبُهَا لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُونَ﴾

21.
   Агар ин Қуръонро бар кӯҳе аз кӯҳҳо нозил мекардем, аз ваъдаву ваъидҳое, ки дар он Қуръон аст, кӯҳ бо сахтӣ ва маҳкамиаш аз хавфи Аллоҳ онро хоксор ва аз ҳам пошида медидӣ. Ва ин мисолҳоест, ки барои мардум меоварем, шояд дар қудрати Аллоҳ ва бузургиаш биандешанд.(1)

﴿هُوَ اللَّهُ الَّذِي لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۖ عَالِمُ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ ۖ هُوَ الرَّحْمَٰنُ الرَّحِيمُ﴾

22.   Ӯст Аллоҳи ягона, ки ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Ӯ нест. Донои ниҳону ошкор, медонад он чи ғоибу ҳозир аст ва ба аҳли имон бахшояндаву меҳрубон аст!

﴿هُوَ اللَّهُ الَّذِي لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ الْمَلِكُ الْقُدُّوسُ السَّلَامُ الْمُؤْمِنُ الْمُهَيْمِنُ الْعَزِيزُ الْجَبَّارُ الْمُتَكَبِّرُ ۚ سُبْحَانَ اللَّهِ عَمَّا يُشْرِكُونَ﴾

23.
Ӯст Аллоҳи ягона, ки ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Ӯ нест, подшоҳи ҷамиъи ашёҳо аст, ниҳоят пок аст, саломат аст (аз ҳар айбу нуқс), эминибахш аст, ки паёмбаронашро ба воситаи мӯъҷизоти равшан тасдиқ менамояд, нигаҳбон аст, бар ҳамаи аъмоли халқаш, пирӯзманд аст, ки ҳаргиз мағлуб намешавад, ҷаббор аст, ки ғалабаи Ӯро касе тоб оварда наметавонад ва ҳамаи офаридаҳо дар баробари Ӯ фурӯтананд, бузургвор аст, ки дорои кибриё ва азамат аст. Пок аст Аллоҳ аз он чи мушрикон барои Ӯ дар ибодат ва сифот ва офариниши Ӯ шарик қарор медиҳанд!(1)

﴿هُوَ اللَّهُ الْخَالِقُ الْبَارِئُ الْمُصَوِّرُ ۖ لَهُ الْأَسْمَاءُ الْحُسْنَىٰ ۚ يُسَبِّحُ لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ﴾

24. Ӯст Аллоҳе, ки офаридгори ҳамаи махлуқот аст, эҷодкунандаи ҳамаи ашё аст ва суратбахш аст, чи гуна хоҳад тасвир мекунад барои Ӯ номҳои некӯ аст. Ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст, тасбеҳгӯйи Ӯ ҳастанд ва Ӯ пирӯзманд аст бар душманонаш ва ҳаким аст дар тадбири умури халқаш!(1)

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: