المنافقون

تفسير سورة المنافقون

الترجمة الطاجيكية

Тоҷикӣ

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ إِذَا جَاءَكَ الْمُنَافِقُونَ قَالُوا نَشْهَدُ إِنَّكَ لَرَسُولُ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ يَعْلَمُ إِنَّكَ لَرَسُولُهُ وَاللَّهُ يَشْهَدُ إِنَّ الْمُنَافِقِينَ لَكَاذِبُونَ﴾

1. Чун мунофиқон назди ту оянд, (бо забонашон) гӯянд: «Шаҳодат (гувоҳӣ) медиҳем, ки ту ҳаройина, паёмбари Аллоҳ ҳастӣ».
Албатта, Аллоҳ медонад, ки ту паёмбараш ҳастӣ ва Аллоҳ шаҳодат медиҳад, ки ҳаройина, мунофиқон дурӯғгӯянд (он чӣ бароят зоҳир кардаанд бо забонашон, вале дар дил куфрро пинҳон доштаанд).

﴿اتَّخَذُوا أَيْمَانَهُمْ جُنَّةً فَصَدُّوا عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۚ إِنَّهُمْ سَاءَ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ﴾

2.
(Мунофиқон) савгандҳои худро сипар сохтанд, (то худашонро аз азоб нигоҳ доранд) ва (мардумро) аз роҳи Аллоҳ боздоштанд ва дар ҳақиқат чӣ бад аст, он чӣ онҳо мекунанд.

﴿ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ آمَنُوا ثُمَّ كَفَرُوا فَطُبِعَ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ فَهُمْ لَا يَفْقَهُونَ﴾

3. Ин ба он сабаб аст, ки ҳаройина, онҳо (зоҳиран ба забон) имон оварданд, сипас (ботинан дар дил) кофир шуданд. (Ба сабаби куфрашон) Аллоҳ бар дилҳояшон мӯҳр ниҳод, пас онон дарнамеёбанд (он чиро ки салоҳияташон дар он аст)1

﴿۞ وَإِذَا رَأَيْتَهُمْ تُعْجِبُكَ أَجْسَامُهُمْ ۖ وَإِنْ يَقُولُوا تَسْمَعْ لِقَوْلِهِمْ ۖ كَأَنَّهُمْ خُشُبٌ مُسَنَّدَةٌ ۖ يَحْسَبُونَ كُلَّ صَيْحَةٍ عَلَيْهِمْ ۚ هُمُ الْعَدُوُّ فَاحْذَرْهُمْ ۚ قَاتَلَهُمُ اللَّهُ ۖ أَنَّىٰ يُؤْفَكُونَ﴾

4.
       Ва чун онҳоро бубинӣ, туро аз (тану ҳайъати) бадани онҳо хуш меояд ва агар сухан бигӯянд, (аз фасоҳати забонашон) ба суханашон гӯш медиҳӣ (ва ҳол он ки дилҳояшон аз имон холӣ аст). Гӯё, ки ҳаройина, онҳо (ақлашон дар илми нофеъ ва фаҳмиши ҳақ, монанди) чӯбҳое ҳастанд ба девор такя дода. (Аз сабаби донистани ҳақиқати ҳоли хеш ва буздилӣ ва тарсу ҳаросе, ки дар дилашон ҷой гирифтааст,) ҳар овозеро ба зиёни худ мепиндоранд. Онҳо (барои ту ва мӯъминон) душмани (ашаддии ҳақиқӣ) ҳастанд. Аз онҳо ҳазар кун. Аллоҳ онҳоро бикушад, (яъне, Аллоҳ онҳоро хор ва аз раҳматаш маҳрум гардонад)! чӣ гуна (аз ҳақ) каҷрав мешаванд (ба сӯи куфру нифоқ)?(1)

﴿وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ تَعَالَوْا يَسْتَغْفِرْ لَكُمْ رَسُولُ اللَّهِ لَوَّوْا رُءُوسَهُمْ وَرَأَيْتَهُمْ يَصُدُّونَ وَهُمْ مُسْتَكْبِرُونَ﴾

5.
Ва чун ба онҳо (мунофиқон) гуфта шавад, ки биёед, (тавба ва узрхоҳӣ кунед аз суханони баде, ки аз шумо сар задааст,) то паёмбари Аллоҳ бароятон омӯрзиш бихоҳад, (бо такаббур ва тамасхӯр) сар мепечанд. Ва онҳоро мебинӣ, ки (аз суханони ту эй Расул) рӯй мегардонад ва кибр мекунанд.(1)

﴿سَوَاءٌ عَلَيْهِمْ أَسْتَغْفَرْتَ لَهُمْ أَمْ لَمْ تَسْتَغْفِرْ لَهُمْ لَنْ يَغْفِرَ اللَّهُ لَهُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْفَاسِقِينَ﴾

6. Барои онҳо баробар аст (эй Расул), чӣ барояшон омӯрзиш бихоҳӣ ё барояшон омӯрзиш нахоҳӣ, ҳаргиз Аллоҳ (гуноҳони) онҳоро нахоҳад омӯрзид. (Зеро онҳо дар фисқу куфрашон сахт устуворанд). Бегумон Аллоҳ гурӯҳи фосиқонро (ба сӯи имон) ҳидоят намекунад.(1)

﴿هُمُ الَّذِينَ يَقُولُونَ لَا تُنْفِقُوا عَلَىٰ مَنْ عِنْدَ رَسُولِ اللَّهِ حَتَّىٰ يَنْفَضُّوا ۗ وَلِلَّهِ خَزَائِنُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَلَٰكِنَّ الْمُنَافِقِينَ لَا يَفْقَهُونَ﴾

7. Инҳо (мунофиқон) ҳамонҳоянд, ки (ба аҳли Мадина) мегӯянд: «Бар онҳо, (муҳоҷирон), ки гирди паёмбари Аллоҳанд, чизе надиҳед, то аз гирдаш пароканда шаванд».
Ва ҳол он ки хазинаҳои осмонҳову замин (ва он чӣ миёни онҳост аз ризқу рӯзиҳо) аз они Аллоҳ аст, (ба касе, ки хоҳад медиҳад ва аз касе, ки хоҳад бозмедорад,) вале мунофиқон (онро) намефаҳманд!(1)

﴿يَقُولُونَ لَئِنْ رَجَعْنَا إِلَى الْمَدِينَةِ لَيُخْرِجَنَّ الْأَعَزُّ مِنْهَا الْأَذَلَّ ۚ وَلِلَّهِ الْعِزَّةُ وَلِرَسُولِهِ وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَلَٰكِنَّ الْمُنَافِقِينَ لَا يَعْلَمُونَ﴾

8. (Мунофиқон) мегӯянд: «Агар ба Мадина бозгардем, соҳибони иззат хору залилҳоро аз он ҷо ҳатман берун хоҳанд кард». Иззат аз они Аллоҳу паёмбараш ва мӯъминон аст, (на аз они дигарон). Вале мунофиқон (аз сабаби ҷахду ҷаҳолаташон ин ҳақиқати равшанро) намедонанд.

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تُلْهِكُمْ أَمْوَالُكُمْ وَلَا أَوْلَادُكُمْ عَنْ ذِكْرِ اللَّهِ ۚ وَمَنْ يَفْعَلْ ذَٰلِكَ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ﴾

9.
 Эй касоне, ки (ба Аллоҳ ва расулаш) имон овардед (ва ба шариъати Ӯ амал кардаед,) амволу авлодатон шуморо аз зикри Аллоҳ ба худ машғул надорад, ки ҳар кӣ чунин кунад, пас он гурӯҳ худ зиёнкоронанд (ва аз каромат ва раҳмати Аллоҳ бенасиб шудагонанд).(1)

﴿وَأَنْفِقُوا مِنْ مَا رَزَقْنَاكُمْ مِنْ قَبْلِ أَنْ يَأْتِيَ أَحَدَكُمُ الْمَوْتُ فَيَقُولَ رَبِّ لَوْلَا أَخَّرْتَنِي إِلَىٰ أَجَلٍ قَرِيبٍ فَأَصَّدَّقَ وَأَكُنْ مِنَ الصَّالِحِينَ﴾

10.
    Аз он чӣ (ризқу) рӯзиятон додем, (эй мӯъминон) дар роҳи Аллоҳ садақа кунед, пеш аз он ки яке аз шуморо марг фаро расад (ва нишонаҳои онро мушоҳида кунад) ва (бо пушаймонӣ) бигӯяд: «Эй Парвардигори ман, чаро марги маро андаке ба дертар наяндохтӣ, то садақа диҳам аз моли худ ва аз зумраи шоистагони тақводор бошам?»

﴿وَلَنْ يُؤَخِّرَ اللَّهُ نَفْسًا إِذَا جَاءَ أَجَلُهَا ۚ وَاللَّهُ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ﴾

11.    Чун касе аҷалаш фаро расад, Аллоҳ марги ӯро ба таъхир (дертар) намеафканад. Ва Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, аз неку бад огоҳ аст ва дар баробари аъмолатон ҷазо хоҳад дод!(1)

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: