الطلاق

تفسير سورة الطلاق

الترجمة الطاجيكية

Тоҷикӣ

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ إِذَا طَلَّقْتُمُ النِّسَاءَ فَطَلِّقُوهُنَّ لِعِدَّتِهِنَّ وَأَحْصُوا الْعِدَّةَ ۖ وَاتَّقُوا اللَّهَ رَبَّكُمْ ۖ لَا تُخْرِجُوهُنَّ مِنْ بُيُوتِهِنَّ وَلَا يَخْرُجْنَ إِلَّا أَنْ يَأْتِينَ بِفَاحِشَةٍ مُبَيِّنَةٍ ۚ وَتِلْكَ حُدُودُ اللَّهِ ۚ وَمَنْ يَتَعَدَّ حُدُودَ اللَّهِ فَقَدْ ظَلَمَ نَفْسَهُ ۚ لَا تَدْرِي لَعَلَّ اللَّهَ يُحْدِثُ بَعْدَ ذَٰلِكَ أَمْرًا﴾

1. Эй Паёмбар, агар ту ва мӯъминон мехоҳед, ки занонатонро талоқ диҳед, пас талоқ диҳед занҳоро дар аввали иддаашон.(1) Ва шумори иддаро нигаҳ доред, то бидонед вақти бозгаштанро, агар бихоҳед онҳоро бозгардонед. Ва аз Аллоҳи якто, Парвардигоратон битарсед.
Ва онҳоро аз хонаҳояшон, ки зиндагӣ мекарданд, то комил шудани иддаи худ берун накунед(2): Ва аз хона танҳо берун нараванд, магар он ки ба ошкоро кори зиште (зино) кунанд. Инҳо аҳкоми Аллоҳ ҳастанд, ки барои бандагон амр кардааст ва ҳар кӣ аз он таҷовуз кунад, пас ҳамоно ба худ ситам карда худро мавриди ҳалок қарор додааст. Ту чӣ донӣ (эй талоқшуда), шояд Аллоҳ баъд аз ин талоқ амреро падид оварад, ки ту намедонистӣ ва ӯ туро бозгардонад.(3)

﴿فَإِذَا بَلَغْنَ أَجَلَهُنَّ فَأَمْسِكُوهُنَّ بِمَعْرُوفٍ أَوْ فَارِقُوهُنَّ بِمَعْرُوفٍ وَأَشْهِدُوا ذَوَيْ عَدْلٍ مِنْكُمْ وَأَقِيمُوا الشَّهَادَةَ لِلَّهِ ۚ ذَٰلِكُمْ يُوعَظُ بِهِ مَنْ كَانَ يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ ۚ وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجًا﴾

2.Пас, вақте ки иддаи занҳои талоқшуда буд шавад, пас ба ваҷҳи некӯ(1) нигоҳашон доред ё ба ваҷҳи некӯ(2) аз онҳо ҷудо шавед. Ва дар ҳарду ҳолат ҳам, албатта гувоҳ гиред ду мусалмони соҳибтақворо. Ва (эй шоҳидон) холис барои Аллоҳ гувоҳиро адо кунед, на барои чизи дигар. Ин ҳукми Аллоҳ аст, панд дода мешавад ба он ҳар киро, ки имон дорад ба Аллоҳу рӯзӣ қиёмат.
Ва ҳар кӣ аз Аллоҳ битарсад, пас амрҳои Ӯро ба ҷой орад ва аз манъ кардаҳояш парҳез кунад, Аллоҳ роҳи наҷоту халосиро аз тамоми ғаму андӯҳ барояш пайдо кунад.

﴿وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لَا يَحْتَسِبُ ۚ وَمَنْ يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ ۚ إِنَّ اللَّهَ بَالِغُ أَمْرِهِ ۚ قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْرًا﴾

3. Ва аз ҷое, ки гумонашро надорад, сабабҳои ба даст овардани ризқу рӯзиро ба ӯ осон мегардонад. Ва ҳар кӣ ба Аллоҳ таваккал кунад, Аллоҳ ӯро кофист дар анҷоми тамоми корҳо. Ҳароина, Аллоҳ кори худро ба иҷро мерасонад(1). Ҳамоно Аллоҳ барои ҳар чиз (яъне аз сахтиҳо ва осудаҳолиҳо) як андозаву миқдори муайянро муқаррар кардааст.(2)

﴿وَاللَّائِي يَئِسْنَ مِنَ الْمَحِيضِ مِنْ نِسَائِكُمْ إِنِ ارْتَبْتُمْ فَعِدَّتُهُنَّ ثَلَاثَةُ أَشْهُرٍ وَاللَّائِي لَمْ يَحِضْنَ ۚ وَأُولَاتُ الْأَحْمَالِ أَجَلُهُنَّ أَنْ يَضَعْنَ حَمْلَهُنَّ ۚ وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مِنْ أَمْرِهِ يُسْرًا﴾

4.
Ва занҳое, ки ба сабаби калонсолиашон аз дидани ҳайз ноумед шуданд, агар дар шубҳа афтодед, ки идаашон чи қадар бошад? Пас бидонед, ки иддаашон гузаштани се моҳ аст. Ва занҳое, ки ба синни ҳайз дидан нарасидаанд, иддаи онҳо низ се моҳ аст. Ва иддаи занҳои ҳомиладор, вазъи ҳамл (таваллуд) аст. Ва ҳар ки аз Аллоҳ битарсад ва ҳукмҳои Ӯро ба ҷой орад, Аллоҳ корашро дар дунёву охират осон хоҳад кард.

﴿ذَٰلِكَ أَمْرُ اللَّهِ أَنْزَلَهُ إِلَيْكُمْ ۚ وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يُكَفِّرْ عَنْهُ سَيِّئَاتِهِ وَيُعْظِمْ لَهُ أَجْرًا﴾

5. Ин ҳама он чи зикр шуд аз аҳкоми талоқ ва идда, фармони Аллоҳ аст, ки бар шумо (эй одамон) нозил кардааст, то ба он амал кунед. Ва ҳар ки аз Аллоҳ битарсад, аз гуноҳҳо парҳез кунад ва фарзҳоро ба ҷой орад, гуноҳашро аз ӯ дур мекунад ва ӯро дар охират подоши бузурге (ҷаннат) медиҳад.

﴿أَسْكِنُوهُنَّ مِنْ حَيْثُ سَكَنْتُمْ مِنْ وُجْدِكُمْ وَلَا تُضَارُّوهُنَّ لِتُضَيِّقُوا عَلَيْهِنَّ ۚ وَإِنْ كُنَّ أُولَاتِ حَمْلٍ فَأَنْفِقُوا عَلَيْهِنَّ حَتَّىٰ يَضَعْنَ حَمْلَهُنَّ ۚ فَإِنْ أَرْضَعْنَ لَكُمْ فَآتُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ ۖ وَأْتَمِرُوا بَيْنَكُمْ بِمَعْرُوفٍ ۖ وَإِنْ تَعَاسَرْتُمْ فَسَتُرْضِعُ لَهُ أُخْرَىٰ﴾

6. Ба қадри тавоноии худ занони талоқшударо дар вақти идаашон дар ҷое, ки худ сукунат ихтиёр кардед, ҷой диҳед. Ва ба онҳо зиён нарасонед, то ки тангирӣ кунед ба онҳо дар маскан. Ва агар ҳомила буданд, нафақаашонро бидиҳед (дар вақти идаашон), то ки таваллуд кунанд. Пас агар фарзанди шуморо шир медиҳанд, муздашонро ба пуррагӣ бидиҳед. Ва бо тарзи некӯ бо якдигар корфармоӣ (тавофуқ) кунед. Ва агар дар боби шир додан ба тавофуқ нарасидед, пас зани дигар (ғайри модари талоқшуда) бихоҳед, ки кӯдакро шир диҳад.(1)

﴿لِيُنْفِقْ ذُو سَعَةٍ مِنْ سَعَتِهِ ۖ وَمَنْ قُدِرَ عَلَيْهِ رِزْقُهُ فَلْيُنْفِقْ مِمَّا آتَاهُ اللَّهُ ۚ لَا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلَّا مَا آتَاهَا ۚ سَيَجْعَلُ اللَّهُ بَعْدَ عُسْرٍ يُسْرًا﴾

7.Ҳар шавҳари молдоре аз моли худ бар зани талолқшуда ва бар фарзанди навзод нафақа диҳад. Ва касе, ки фақир ва тангдаст бошад, аз ҳар чӣ Аллоҳ ба ӯ додааст, нафақа диҳад. Аллоҳ ҳеҷ камбағалро ба монанди молдор вазифадор намесозад ва ба зудӣ Аллоҳ пас аз тангдастӣ ва сахтӣ, молдорӣ ва осонӣ пеш орад.

﴿وَكَأَيِّنْ مِنْ قَرْيَةٍ عَتَتْ عَنْ أَمْرِ رَبِّهَا وَرُسُلِهِ فَحَاسَبْنَاهَا حِسَابًا شَدِيدًا وَعَذَّبْنَاهَا عَذَابًا نُكْرًا﴾

8. Чӣ басо мардуми деҳаҳое, ки аз фармони Парвардигорашон ва паёмбаронаш саркашӣ карданд ва ба куфру туғён ҷуръат карданд. Пас ба сабаби носипосии неъматҳои Мо сахт ба ҳисобашон расидем ва ба азоби вазнин азобашон кардем.

﴿فَذَاقَتْ وَبَالَ أَمْرِهَا وَكَانَ عَاقِبَةُ أَمْرِهَا خُسْرًا﴾

9. Пас, уқубати амали худро чашиданд. Оқибати корашон зиёнкорӣ буд.(1)

﴿أَعَدَّ اللَّهُ لَهُمْ عَذَابًا شَدِيدًا ۖ فَاتَّقُوا اللَّهَ يَا أُولِي الْأَلْبَابِ الَّذِينَ آمَنُوا ۚ قَدْ أَنْزَلَ اللَّهُ إِلَيْكُمْ ذِكْرًا﴾

10. Аллоҳ таъоло барои онҳое, ки амрҳои Аллоҳ ва расулашро ба ҷо наоварданд, азоби сахт омода кард. Пас, эй хирадмандоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ битарсед.
Ҳамоно Аллоҳ барои шумо (эй мӯъминон) зикре нозил кардааст, ки шуморо мутаззакир месозад ва шуморо бар насибатон аз имони ба Аллоҳ ва амал кардан ба тоъаташ огаҳ менамояд.

﴿رَسُولًا يَتْلُو عَلَيْكُمْ آيَاتِ اللَّهِ مُبَيِّنَاتٍ لِيُخْرِجَ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ ۚ وَمَنْ يُؤْمِنْ بِاللَّهِ وَيَعْمَلْ صَالِحًا يُدْخِلْهُ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۖ قَدْ أَحْسَنَ اللَّهُ لَهُ رِزْقًا﴾

11.
Ва ин зикр Расулаллоҳ мебошад, ки оёти равшани Аллоҳро бароятон мехонад, то касонеро, ки ба Аллоҳу расулаш имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, аз торикии куфр ба рӯшноии имон оварад ва ҳар ки ба Аллоҳ имон оварад ва кори шоиста кунад, ба биҳиштҳое медароварад, ки дар зери дарахтҳояш рудҳо ҷорист, ҳамеша дар он ҷо бимонанд ва ҳамоно Аллоҳ барои мӯъмини солеҳ ризқашро дар ҷаннат некӯ гардонад.(1)

﴿اللَّهُ الَّذِي خَلَقَ سَبْعَ سَمَاوَاتٍ وَمِنَ الْأَرْضِ مِثْلَهُنَّ يَتَنَزَّلُ الْأَمْرُ بَيْنَهُنَّ لِتَعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ وَأَنَّ اللَّهَ قَدْ أَحَاطَ بِكُلِّ شَيْءٍ عِلْمًا﴾

12. Аллоҳ аст, ки ҳафт осмону монанди онҳо замин(1) биёфарид.
Фурӯд меояд тадбири кор аз ҷониби Аллоҳ миёни осмонҳову замин, то яқин бидонед, эй одамон, ки ҳароина, Аллоҳ ба ҳар чиз қодир аст, чизе Ӯро оҷиз накунад ва ҳароина Аллоҳ ба илм бар ҳама чиз иҳота дорад, пас чизе аз илм ва қудрати Ӯ берун намешавад.

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: