الأعراف

تفسير سورة الأعراف

الترجمة الطاجيكية

Тоҷикӣ

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ المص﴾

1.   Алиф, лом, мим, сод. (1)

﴿كِتَابٌ أُنْزِلَ إِلَيْكَ فَلَا يَكُنْ فِي صَدْرِكَ حَرَجٌ مِنْهُ لِتُنْذِرَ بِهِ وَذِكْرَىٰ لِلْمُؤْمِنِينَ﴾

2.  Қуръон китобест, ки бар ту эй Паёмбар нозил шуда, дар дили ту аз он шубҳае набошад. Он аз тарафи Аллоҳ фуруд оварда шудааст, то ба он бим кунӣ кофиронро аз азоби Аллоҳ ва мӯъминонро панду андарзе бошад.

﴿اتَّبِعُوا مَا أُنْزِلَ إِلَيْكُمْ مِنْ رَبِّكُمْ وَلَا تَتَّبِعُوا مِنْ دُونِهِ أَوْلِيَاءَ ۗ قَلِيلًا مَا تَذَكَّرُونَ﴾

3.
  Пайравӣ кунед эй мардум китоберо, ки нозил шуд ба сӯи шумо аз ҷониби Парвардигоратон ва ғайри Ӯ дӯстонеро (яъне пешвоёнатонро монанди шайтонҳо ва раҳбониҳо) пайравӣ макунед! Ҳамоно шумо каме панду насиҳатро мепазиред! (1)

﴿وَكَمْ مِنْ قَرْيَةٍ أَهْلَكْنَاهَا فَجَاءَهَا بَأْسُنَا بَيَاتًا أَوْ هُمْ قَائِلُونَ﴾

4.
   чӣ басо деҳаҳо, ки мардумашро ба сабаби итоъат накарданашон амри Моро ба ҳалокат расонидаем ва азоби мо ҳангоми шаб ё он гоҳ, ки ба хоби нисфирӯзӣ фурӯ рафта буданд, ба онон даррасид. (Аллоҳ ин ду вақтро махсус зикр намудааст, зеро ин ду вақт; вақти оромиш ва истироҳатанд. Пас омадани азоб дар ин вақтҳо бадтар ва сахттар аст.)

﴿فَمَا كَانَ دَعْوَاهُمْ إِذْ جَاءَهُمْ بَأْسُنَا إِلَّا أَنْ قَالُوا إِنَّا كُنَّا ظَالِمِينَ﴾

5.  Чун азоби Мо ба онон даррасид, суханашон ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Ҳамоно мо ситамкор будем. (яъне ба гуноҳояшон иқрор шуданд)!» (1)

﴿فَلَنَسْأَلَنَّ الَّذِينَ أُرْسِلَ إِلَيْهِمْ وَلَنَسْأَلَنَّ الْمُرْسَلِينَ﴾

6.   Албатта, хоҳем пурсид(1) аз мардуме, ки барояшон паёмбароне фиристода шуда ва низ аз паёмбароне, ки фиристода шудаанд.

﴿فَلَنَقُصَّنَّ عَلَيْهِمْ بِعِلْمٍ ۖ وَمَا كُنَّا غَائِبِينَ﴾

7.
   Албатта ҳамаи он амалҳое, ки дар дунё гуфтаанд ва кардаанд аз рӯи илму дониш бар онҳо баён хоҳем кард, зеро Мо ҳаргиз аз онон ва аҳволашон ғоиб набудаем! (1)

﴿وَالْوَزْنُ يَوْمَئِذٍ الْحَقُّ ۚ فَمَنْ ثَقُلَتْ مَوَازِينُهُ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ﴾

8.  Дар он рӯзи қиёмат дар тарозу баркашидани амалҳои бандагон ҳақ хоҳад буд. Онҳое, ки тарозуҳои аъмоли некашон вазнин аст, растагоронанд (наҷот ёфтагонанд). (1)

﴿وَمَنْ خَفَّتْ مَوَازِينُهُ فَأُولَٰئِكَ الَّذِينَ خَسِرُوا أَنْفُسَهُمْ بِمَا كَانُوا بِآيَاتِنَا يَظْلِمُونَ﴾

9. Онон, ки ба сабаби бадиҳояшон тарозуи аъмолашон сабук гаштааст, касоне ҳастанд, ки ба оёти Мо имон наёварда буданд ва аз ин рӯ, ба худ зиён расонидаанд.

﴿وَلَقَدْ مَكَّنَّاكُمْ فِي الْأَرْضِ وَجَعَلْنَا لَكُمْ فِيهَا مَعَايِشَ ۗ قَلِيلًا مَا تَشْكُرُونَ﴾

10.   Ҳамоно -эй мардум- дар замин ҷойгоҳатон додем ва роҳҳои маъишататонро (1) дар он муқаррар намудем. Ва чӣ андак шукр мекунед!

﴿وَلَقَدْ خَلَقْنَاكُمْ ثُمَّ صَوَّرْنَاكُمْ ثُمَّ قُلْنَا لِلْمَلَائِكَةِ اسْجُدُوا لِآدَمَ فَسَجَدُوا إِلَّا إِبْلِيسَ لَمْ يَكُنْ مِنَ السَّاجِدِينَ﴾

11.   Ва ҳамоно шуморо (яъне падари шумо Одам алайҳиссаломро) биёфаридаем ва ӯро беҳтарин сурат бахшидем он гоҳ ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед». (1) Ҳама саҷда карданд, ҷуз Иблис ва (Иблис аз рӯи такаббур) аз саҷдакунандагон набуд. (2)

﴿قَالَ مَا مَنَعَكَ أَلَّا تَسْجُدَ إِذْ أَمَرْتُكَ ۖ قَالَ أَنَا خَيْرٌ مِنْهُ خَلَقْتَنِي مِنْ نَارٍ وَخَلَقْتَهُ مِنْ طِينٍ﴾

12.   (Аллоҳ ба Иблис) гуфт: «Вақте туро ба саҷда фармон додам, чӣ чиз туро аз он боздошт?» Иблис гуфт: «Ман аз ӯ беҳтарам, маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил». (Иблис бар ин бовар буд, ки унсури оташ аз унсури гил беҳтар аст.) (1)

﴿قَالَ فَاهْبِطْ مِنْهَا فَمَا يَكُونُ لَكَ أَنْ تَتَكَبَّرَ فِيهَا فَاخْرُجْ إِنَّكَ مِنَ الصَّاغِرِينَ﴾

13.   (Аллоҳ ба Иблис) гуфт: «Пас фуруд рав аз ҷаннат, зеро лоиқ нест туро, ки дар он саркаши кунӣ, пас берун шав аз ҷаннат. Ҳамоно ту эй Иблис аз хору зор шудагонӣ.

﴿قَالَ أَنْظِرْنِي إِلَىٰ يَوْمِ يُبْعَثُونَ﴾

14.   (Иблис) гуфт: «Маро то рӯзи қиёмат, ки зинда мешаванд, мӯҳлат деҳ».

﴿قَالَ إِنَّكَ مِنَ الْمُنْظَرِينَ﴾

15.   (Аллоҳ) гуфт: «Ҳамоно ту то дамидани сури аввал аз мӯҳлатёфтагонӣ».

﴿قَالَ فَبِمَا أَغْوَيْتَنِي لَأَقْعُدَنَّ لَهُمْ صِرَاطَكَ الْمُسْتَقِيمَ﴾

16.  (Иблис) гуфт: «Ба сабаби он, ки гумроҳ кардӣ маро, албатта бинишинам, то боздорам фарзандони Одамро аз роҳи рости Ту. (1)

﴿ثُمَّ لَآتِيَنَّهُمْ مِنْ بَيْنِ أَيْدِيهِمْ وَمِنْ خَلْفِهِمْ وَعَنْ أَيْمَانِهِمْ وَعَنْ شَمَائِلِهِمْ ۖ وَلَا تَجِدُ أَكْثَرَهُمْ شَاكِرِينَ﴾

17.
   Пас албатта биёям ба сӯяшон аз пеш то дар дилашон ба рӯзи охират шакро дохил кунам ва аз пушт муҳаббати дунёро дар дилашон ҷо кунам ва аз ҷониби рост дар динашон шубҳа андозам ва аз чап бар гуноҳ ҷалбмандашон кунам ва наёби бисёрии ононро шукргузор. (1)

﴿قَالَ اخْرُجْ مِنْهَا مَذْءُومًا مَدْحُورًا ۖ لَمَنْ تَبِعَكَ مِنْهُمْ لَأَمْلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنْكُمْ أَجْمَعِينَ﴾

18.
   (Аллоҳ ба Иблис) гуфт: «Аз ин ҷо (ҷаннат) берун шав, мазамматшудаву рондашуда! Ҳар, ки пайравӣ кунад туро аз фарзандони Одам, албатта пур кунам дӯзахро аз ҳамаи шумоён. (1)

﴿وَيَا آدَمُ اسْكُنْ أَنْتَ وَزَوْجُكَ الْجَنَّةَ فَكُلَا مِنْ حَيْثُ شِئْتُمَا وَلَا تَقْرَبَا هَٰذِهِ الشَّجَرَةَ فَتَكُونَا مِنَ الظَّالِمِينَ﴾

19.   Эй Одам, ту ва ҳамсарат (Ҳавво) дар биҳишт макон гиред. Пас аз ҳар ҷо, ки хоҳед, бихӯред аз меваҳои ҷаннат, вале ба ин дарахт наздик машавед, ки дар сурати наздик шудан, аз ситамгорон хоҳед шуд.

﴿فَوَسْوَسَ لَهُمَا الشَّيْطَانُ لِيُبْدِيَ لَهُمَا مَا وُورِيَ عَنْهُمَا مِنْ سَوْآتِهِمَا وَقَالَ مَا نَهَاكُمَا رَبُّكُمَا عَنْ هَٰذِهِ الشَّجَرَةِ إِلَّا أَنْ تَكُونَا مَلَكَيْنِ أَوْ تَكُونَا مِنَ الْخَالِدِينَ﴾

20.   Пас шайтон он дуро (Одам ва Ҳавворо) васваса кард, то шармгоҳашонро, ки пӯшида буданд, дар назарашон ошкор кунад. Ва он дуро фиреб дода гуфт: «Парвардигоратон шуморо аз ин дарахт манъ кард, то мабодо ду фариштае мешавед ё ки ҷовидона дар ҷаннат мемонед. (1)

﴿وَقَاسَمَهُمَا إِنِّي لَكُمَا لَمِنَ النَّاصِحِينَ﴾

21.   Ва (Иблис) барояшон савганд хӯрд, ки насиҳатгару хайрхоҳи шумоям.

﴿فَدَلَّاهُمَا بِغُرُورٍ ۚ فَلَمَّا ذَاقَا الشَّجَرَةَ بَدَتْ لَهُمَا سَوْآتُهُمَا وَطَفِقَا يَخْصِفَانِ عَلَيْهِمَا مِنْ وَرَقِ الْجَنَّةِ ۖ وَنَادَاهُمَا رَبُّهُمَا أَلَمْ أَنْهَكُمَا عَنْ تِلْكُمَا الشَّجَرَةِ وَأَقُلْ لَكُمَا إِنَّ الشَّيْطَانَ لَكُمَا عَدُوٌّ مُبِينٌ﴾

22.Ва он ду (Одам ва Ҳавво)- ро фиреб дод ва ба пастӣ афканд.
Чун аз он меваи дарахт хӯрданд, шармгоҳҳояшон ошкор шуд, шарм доштанд ва баргеро болои барге бар тани худ мечаспонданд то аврати худро бипӯшонанд аз баргҳои биҳишт. Парвардигорашон нидо дод: «Оё шуморо аз хӯрдани он дарахт манъ накарда будам ва нагуфта будам, ки шайтон ошкоро душмани шумост?»(1)

﴿قَالَا رَبَّنَا ظَلَمْنَا أَنْفُسَنَا وَإِنْ لَمْ تَغْفِرْ لَنَا وَتَرْحَمْنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ الْخَاسِرِينَ﴾

23.
Гуфтанд (Одам ва Ҳавво): «Эй Парвардигори мо, ба худ ситам кардем ба хӯрдани меваи он дарахт ва агар моро наёмӯрзӣ ва бар мо меҳрубонӣ накунӣ, албатта аз зиёндидагон хоҳем буд».

﴿قَالَ اهْبِطُوا بَعْضُكُمْ لِبَعْضٍ عَدُوٌّ ۖ وَلَكُمْ فِي الْأَرْضِ مُسْتَقَرٌّ وَمَتَاعٌ إِلَىٰ حِينٍ﴾

24.
Аллоҳ (ба Одаму Ҳавво ва Иблис) гуфт: «Фуруд оед аз осмон, бархе душмани бархе дигар ва то дами марг замин қароргоҳ ва ҷои таматтӯьи (баҳрабардории) шумо хоҳад буд».(1)

﴿قَالَ فِيهَا تَحْيَوْنَ وَفِيهَا تَمُوتُونَ وَمِنْهَا تُخْرَجُونَ﴾

25.Аллоҳ (ба Одам ва Ҳавво) гуфт: «Дар он ҷо зиндагӣ хоҳед кард ва дар он ҷо хоҳед мурд ва аз он берун оварда шавед дар рӯзи қиёмат».

﴿يَا بَنِي آدَمَ قَدْ أَنْزَلْنَا عَلَيْكُمْ لِبَاسًا يُوَارِي سَوْآتِكُمْ وَرِيشًا ۖ وَلِبَاسُ التَّقْوَىٰ ذَٰلِكَ خَيْرٌ ۚ ذَٰلِكَ مِنْ آيَاتِ اللَّهِ لَعَلَّهُمْ يَذَّكَّرُونَ﴾

26.
   Эй фарзандони Одам, ҳамоно барои шумо либосе фиристодем, то шармгоҳатонро бипӯшад ва ин либос зарурӣ аст ва низ либоси зиннатро, ки ин либоси камоли неъмат аст. Ва либоси парҳезгорӣ, (1) ки ин ба ҷо овардани амрҳои Аллоҳ ва дур будан аз манъкардаҳои Ӯст ва он беҳтарин либос аст барои мӯъмин. Ва ин яке аз оёти Аллоҳ аст, бошад, ки панд гиранд.

﴿يَا بَنِي آدَمَ لَا يَفْتِنَنَّكُمُ الشَّيْطَانُ كَمَا أَخْرَجَ أَبَوَيْكُمْ مِنَ الْجَنَّةِ يَنْزِعُ عَنْهُمَا لِبَاسَهُمَا لِيُرِيَهُمَا سَوْآتِهِمَا ۗ إِنَّهُ يَرَاكُمْ هُوَ وَقَبِيلُهُ مِنْ حَيْثُ لَا تَرَوْنَهُمْ ۗ إِنَّا جَعَلْنَا الشَّيَاطِينَ أَوْلِيَاءَ لِلَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ﴾

27.
   Эй фарзандони Одам, шайтон шуморо нафиребад, ҳамчунон ки падару модаратонро (Одам ва Ҳавворо) аз биҳишт берун ронд, либос аз танашон берун кард, то шармгоҳашонро ба онҳо бинамоёнад. Ҳамоно шайтон ва ҳампешагонаш аз ҷое, ки онҳоро намебинед, шуморо мебинанд. Ҳамоно Мо шайтонҳоро дӯстони касоне қарор додем, ки ба ягонагии Аллоҳ имон намеоваранд.

﴿وَإِذَا فَعَلُوا فَاحِشَةً قَالُوا وَجَدْنَا عَلَيْهَا آبَاءَنَا وَاللَّهُ أَمَرَنَا بِهَا ۗ قُلْ إِنَّ اللَّهَ لَا يَأْمُرُ بِالْفَحْشَاءِ ۖ أَتَقُولُونَ عَلَى اللَّهِ مَا لَا تَعْلَمُونَ﴾

28.   Чун куффор кори зиште кунанд, (1) гӯянд: «Падарони худро низ чунин ёфтаем ва Аллоҳ моро ба он фармон додааст». Бигӯ (эй Паёмбар): «Аллоҳ ба зишткорӣ фармон намедиҳад. Чаро ба Аллоҳ нисбат медиҳед, он чизҳоеро, ки намедонед?»

﴿قُلْ أَمَرَ رَبِّي بِالْقِسْطِ ۖ وَأَقِيمُوا وُجُوهَكُمْ عِنْدَ كُلِّ مَسْجِدٍ وَادْعُوهُ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ ۚ كَمَا بَدَأَكُمْ تَعُودُونَ﴾

29.   Бигӯ эй Паёмбар: «Парвардигори ман ба адл фармон додааст ва ба ҳангоми ҳар намоз рӯй ба ҷониби Ӯ доред ва Ӯро бо имони холис бипарастед. Ва ҳамчунон ки шуморо офаридааст (аввалин бор), бори дигар ба сӯи Ӯ бозмегардед. (1)

﴿فَرِيقًا هَدَىٰ وَفَرِيقًا حَقَّ عَلَيْهِمُ الضَّلَالَةُ ۗ إِنَّهُمُ اتَّخَذُوا الشَّيَاطِينَ أَوْلِيَاءَ مِنْ دُونِ اللَّهِ وَيَحْسَبُونَ أَنَّهُمْ مُهْتَدُونَ﴾

30.   Гурӯҳеро ҳидоят кард ба роҳи рост ва гурӯҳе собит шуд барояшон он гумроҳиву торикӣ. Ҳамоно онҳо шайтонҳоро ба ҷои Аллоҳ дӯст гирифта ва ононро итоъат карданд ва мепиндоранд, ки ҳидоят ёфтаанд».

﴿۞ يَا بَنِي آدَمَ خُذُوا زِينَتَكُمْ عِنْدَ كُلِّ مَسْجِدٍ وَكُلُوا وَاشْرَبُوا وَلَا تُسْرِفُوا ۚ إِنَّهُ لَا يُحِبُّ الْمُسْرِفِينَ﴾

31.   Эй фарзандони Одам, дар вақти ҳар намоз либоси худ бипӯшед ва худро зиннат диҳед. Ва низ бихӯреду биёшомед аз он чизҳои поке, ки Аллоҳ ба шумо додааст, вале исроф макунед, ки ҳамоно Аллоҳ исрофкоронро дӯст намедорад.(1)

﴿قُلْ مَنْ حَرَّمَ زِينَةَ اللَّهِ الَّتِي أَخْرَجَ لِعِبَادِهِ وَالطَّيِّبَاتِ مِنَ الرِّزْقِ ۚ قُلْ هِيَ لِلَّذِينَ آمَنُوا فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا خَالِصَةً يَوْمَ الْقِيَامَةِ ۗ كَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ الْآيَاتِ لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ﴾

32.
    Бигӯ (эй Паёмбар барои мушрикони ҷоҳил): «Чӣ касе либосҳоеро, ки Аллоҳ барои бандагонаш падид оварда ва хӯрданиҳои хуштаъмро ҳаром кардааст?» Бигӯ (эй Паёмбар барои инҳо мушрикон): «Ин чизҳо дар ин дунё барои касонест, ки имон овардаанд (яъне лоиқи мусалмонон аст, агарчи дигарон ҳам истифода баранд) ва дар рӯзи қиёмат низ хоси мӯъминон бошанд». Ҳамчунон оёти Аллоҳро барои доноён ба тафсил баён мекунем.

﴿قُلْ إِنَّمَا حَرَّمَ رَبِّيَ الْفَوَاحِشَ مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَمَا بَطَنَ وَالْإِثْمَ وَالْبَغْيَ بِغَيْرِ الْحَقِّ وَأَنْ تُشْرِكُوا بِاللَّهِ مَا لَمْ يُنَزِّلْ بِهِ سُلْطَانًا وَأَنْ تَقُولُوا عَلَى اللَّهِ مَا لَا تَعْلَمُونَ﴾

33.
    Бигӯ (эй Паёмбар барои инҳо мушрикон): «Ҳамоно Парвардигори ман, зишткориҳоро (гуноҳони кабираро), чи ошкор бошанд бо бадан ва чи пинҳон дар дил аз кибру худнамоӣ ва низ зулму аз ҳад гузаронии ноҳақро ҳаром кардааст ва низ ҳаром кардааст, чизеро шарики Аллоҳ созед, ки ҳеҷ далеле бар шарик овардани он нозил нашудааст ё дар бораи Аллоҳ (дар номҳо ва сифатҳояш) чизҳое бигӯед, ки намедонед. (1)

﴿وَلِكُلِّ أُمَّةٍ أَجَلٌ ۖ فَإِذَا جَاءَ أَجَلُهُمْ لَا يَسْتَأْخِرُونَ سَاعَةً ۖ وَلَا يَسْتَقْدِمُونَ﴾

34.   Ҳар умматеро аз мушриконе ки паёмбари Аллоҳро дурӯғ бароварданд вақти муайянест, ки омадани азоби Аллоҳ барояшон ҳал мешавад. Чун аҷалашон бирасад, як соат пешу пас нашаванд».

﴿يَا بَنِي آدَمَ إِمَّا يَأْتِيَنَّكُمْ رُسُلٌ مِنْكُمْ يَقُصُّونَ عَلَيْكُمْ آيَاتِي ۙ فَمَنِ اتَّقَىٰ وَأَصْلَحَ فَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ﴾

35.
   Эй фарзандони Одам, ҳар гоҳ паёмбароне аз худи шумо биёянд ва оёти Маро бар шумо бихонанд, касоне, ки парҳезгорӣ кунанд ва некукорӣ намоянд, тарсе бар онҳо нест дар рӯзи қиёмат ва низ ғамгин намешаванд барои чизҳои дунё! (1)

﴿وَالَّذِينَ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا وَاسْتَكْبَرُوا عَنْهَا أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ﴾

36.   Ва онҳо, ки оёти Моро ба дурӯғ нисбат дода ва саркашиву нофармонӣ карданд, аҳли ҷаҳаннаманд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд!

﴿فَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ افْتَرَىٰ عَلَى اللَّهِ كَذِبًا أَوْ كَذَّبَ بِآيَاتِهِ ۚ أُولَٰئِكَ يَنَالُهُمْ نَصِيبُهُمْ مِنَ الْكِتَابِ ۖ حَتَّىٰ إِذَا جَاءَتْهُمْ رُسُلُنَا يَتَوَفَّوْنَهُمْ قَالُوا أَيْنَ مَا كُنْتُمْ تَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ ۖ قَالُوا ضَلُّوا عَنَّا وَشَهِدُوا عَلَىٰ أَنْفُسِهِمْ أَنَّهُمْ كَانُوا كَافِرِينَ﴾

37.
   Кист ситамкортар аз он, ки ба Аллоҳ дурӯғ бандад ё оёти Ӯро дурӯғ пиндорад? Насибе, ки аз азоб барояшон муқаррар шуда, (дар Лавҳулмаҳфуз) ба онҳо хоҳад расид.
Он гоҳ ки фиристодагони Мо (қабзкунандагони арвоҳ) биёянд, то ҷонашонро бигиранд мепурсанд: «Он чизҳое, ки ба ҷои Аллоҳ парастиш мекардед, акнун куҷоянд?» Гӯянд: «Гум шуданд ва аз дасти мо рафтанд!» Ва дар ин ҳол ба зиёни худ шаҳодат диҳанд, ки кофир будаанд. (1)

﴿قَالَ ادْخُلُوا فِي أُمَمٍ قَدْ خَلَتْ مِنْ قَبْلِكُمْ مِنَ الْجِنِّ وَالْإِنْسِ فِي النَّارِ ۖ كُلَّمَا دَخَلَتْ أُمَّةٌ لَعَنَتْ أُخْتَهَا ۖ حَتَّىٰ إِذَا ادَّارَكُوا فِيهَا جَمِيعًا قَالَتْ أُخْرَاهُمْ لِأُولَاهُمْ رَبَّنَا هَٰؤُلَاءِ أَضَلُّونَا فَآتِهِمْ عَذَابًا ضِعْفًا مِنَ النَّارِ ۖ قَالَ لِكُلٍّ ضِعْفٌ وَلَٰكِنْ لَا تَعْلَمُونَ﴾

38.   Гӯяд (Аллоҳ ба мушрикон): «ҳамроҳи умматҳое, ки пеш аз шумо будаанд, аз ҷинну инс дар оташ дохил шавед. Ҳар уммате, ки ба оташ дохил шавад, уммати ҳаммонанди худро лаънат кунад.
То чун ҳамагӣ дар он ҷо гирд оянд, гурӯҳҳое, ки пайрав будаанд, дар бораи гурӯҳҳое, ки пешво будаанд, гӯянд: «Парвардигоро, инҳо моро дар дунё гумроҳ карданд, дучандон дар оташ азобашон кун». Гӯяд (Аллоҳ): «Азоби ҳама дучандон аст, вале шумо намедонед!» (1)

﴿وَقَالَتْ أُولَاهُمْ لِأُخْرَاهُمْ فَمَا كَانَ لَكُمْ عَلَيْنَا مِنْ فَضْلٍ فَذُوقُوا الْعَذَابَ بِمَا كُنْتُمْ تَكْسِبُونَ﴾

39.Пешвоён ба пайравон гӯянд: «Шуморо бар мо ҳеҷ бартарӣ нест, (Аллоҳ гӯяд ба ҳамаашон) инак, ба ҷазои корҳое, ки карда будед, азобро бичашед!»

﴿إِنَّ الَّذِينَ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا وَاسْتَكْبَرُوا عَنْهَا لَا تُفَتَّحُ لَهُمْ أَبْوَابُ السَّمَاءِ وَلَا يَدْخُلُونَ الْجَنَّةَ حَتَّىٰ يَلِجَ الْجَمَلُ فِي سَمِّ الْخِيَاطِ ۚ وَكَذَٰلِكَ نَجْزِي الْمُجْرِمِينَ﴾

40.
Ҳамоно дарҳои осмон бар рӯи касоне, ки оёти Моро дурӯғ шуморидаанд ва аз онҳо саркашӣ кардаанд, ҳаргиз кушода нахоҳад шуд ва ба биҳишт дохил нахоҳанд шуд, то он гоҳ, ки шутур аз сӯрохи сӯзан бигзарад. (1) Ва муҷримонро инчунин ҷазо медиҳем!

﴿لَهُمْ مِنْ جَهَنَّمَ مِهَادٌ وَمِنْ فَوْقِهِمْ غَوَاشٍ ۚ وَكَذَٰلِكَ نَجْزِي الظَّالِمِينَ﴾

41.   Бистаре аз оташи ҷаҳаннам дар зер ва пӯшише аз оташи ҷаҳаннам бар рӯй доранд. Ва ситамкоронро инчунин ҷазо медиҳем!

﴿وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَا نُكَلِّفُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ الْجَنَّةِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ﴾

42.   Ба ҳеҷ кас ҷуз андозаи тавону тоқаташ таклиф (вазифадор) намекунем. Онон, ки имон овардаанд ва корҳои некӯ кардаанд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷо ҷовидонанд.

﴿وَنَزَعْنَا مَا فِي صُدُورِهِمْ مِنْ غِلٍّ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهِمُ الْأَنْهَارُ ۖ وَقَالُوا الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي هَدَانَا لِهَٰذَا وَمَا كُنَّا لِنَهْتَدِيَ لَوْلَا أَنْ هَدَانَا اللَّهُ ۖ لَقَدْ جَاءَتْ رُسُلُ رَبِّنَا بِالْحَقِّ ۖ وَنُودُوا أَنْ تِلْكُمُ الْجَنَّةُ أُورِثْتُمُوهَا بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ﴾

43.   Ва ҳар гуна кинаеро аз дилашон бармеканем. Ҷӯйборҳо дар зери пояшон ҷорист. Гӯянд: «Сипос Аллоҳро, ки моро ба ин роҳи рост раҳбарӣ карда ва агар моро раҳбарӣ накарда буд, роҳи хеш намеёфтем. Расулони Парвардигори мо ба дини ҳақ омаданд. Ва он гоҳ биҳиштиёнро нидо диҳанд, ки ба подоши корҳое, ки мекардед, ин биҳиштро ба шумо додаанд!» (1)

﴿وَنَادَىٰ أَصْحَابُ الْجَنَّةِ أَصْحَابَ النَّارِ أَنْ قَدْ وَجَدْنَا مَا وَعَدَنَا رَبُّنَا حَقًّا فَهَلْ وَجَدْتُمْ مَا وَعَدَ رَبُّكُمْ حَقًّا ۖ قَالُوا نَعَمْ ۚ فَأَذَّنَ مُؤَذِّنٌ بَيْنَهُمْ أَنْ لَعْنَةُ اللَّهِ عَلَى الظَّالِمِينَ﴾

44.
    Биҳиштиён дӯзахиёнро овоз диҳанд, ки мо ба ҳақиқат ёфтем он савоби амалҳое, ки Парвардигорамон ба мо ваъда дода буд, оё шумо низ ба ҳақиқат ёфтаед он иқоби амалҳое, ки Парвардигоратон ваъда дода буд? Гӯянд: «Оре». Он гоҳ нидодиҳандае дар миёнашон садо диҳад, ки лаънати Аллоҳ бар кофирон бод! (1)

﴿الَّذِينَ يَصُدُّونَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ وَيَبْغُونَهَا عِوَجًا وَهُمْ بِالْآخِرَةِ كَافِرُونَ﴾

45.
    Он кофирон худ ва дигаронро аз роҳи Аллоҳ боз медоранд ва онро каҷравӣ мепиндоранд (яъне, мехостанд, ки бо шубҳаҳо роҳи ҳақро ботил созанд) ва ба қиёмат имон надоранд! (1)

﴿وَبَيْنَهُمَا حِجَابٌ ۚ وَعَلَى الْأَعْرَافِ رِجَالٌ يَعْرِفُونَ كُلًّا بِسِيمَاهُمْ ۚ وَنَادَوْا أَصْحَابَ الْجَنَّةِ أَنْ سَلَامٌ عَلَيْكُمْ ۚ لَمْ يَدْخُلُوهَا وَهُمْ يَطْمَعُونَ﴾

46.
   Ва миёни биҳиштиён ва дӯзахиён деворест (он Аъроф аст) ва бар Аъроф мардоне (1) ҳастанд, ки ҳар як аз аҳли биҳишт ва дӯзахро ба симояшон (2) мешиносанд ва ахли биҳиштро овоз медиҳанд, ки салом бар шумо бод. Инҳо ҳарчанд умеди биҳишт доранд, вале ҳанӯз ба он дохил нашудаанд.

﴿۞ وَإِذَا صُرِفَتْ أَبْصَارُهُمْ تِلْقَاءَ أَصْحَابِ النَّارِ قَالُوا رَبَّنَا لَا تَجْعَلْنَا مَعَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ﴾

47.   Чун аърофиён чашм ба ҷониби дӯзахиён гардонанд, гӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро дар шумори ситамкорон қарор мадеҳ!»

﴿وَنَادَىٰ أَصْحَابُ الْأَعْرَافِ رِجَالًا يَعْرِفُونَهُمْ بِسِيمَاهُمْ قَالُوا مَا أَغْنَىٰ عَنْكُمْ جَمْعُكُمْ وَمَا كُنْتُمْ تَسْتَكْبِرُونَ﴾

48.
   Сокинони Аъроф пешвоёни куффорро, ки аз симояшон мешиносанд, овоз диҳанд ва гӯянд: «Он мол, ки дар дунё гирд оварда будед ва он ҳама саркашӣ, ки доштед, шуморо фоидае набахшид! (1)

﴿أَهَٰؤُلَاءِ الَّذِينَ أَقْسَمْتُمْ لَا يَنَالُهُمُ اللَّهُ بِرَحْمَةٍ ۚ ادْخُلُوا الْجَنَّةَ لَا خَوْفٌ عَلَيْكُمْ وَلَا أَنْتُمْ تَحْزَنُونَ﴾

49.
   Аллоҳ ба мутакаббирони саркаши аҳли дӯзах мефармояд: Оё инҳо, (камбағалони ахли Аъроф) нестанд, ки дар ҳаққашон савганд ёд кардед, ки раҳмати Аллоҳ насибашон намешавад? Ба дурустӣ, аз гуноҳонашон даргузаштам ва ба фазлу раҳматам онҳоро насибадор кардам. Дароед эй аҳли Аъроф ба биҳишт ҳеҷ тарсе нест бар шумо, ки баъд аз ин ба азоб гирифтор шавед ва на ғамгин мешавед аз он чи ки дар дунё аз шумо фавт шуд!»(1)

﴿وَنَادَىٰ أَصْحَابُ النَّارِ أَصْحَابَ الْجَنَّةِ أَنْ أَفِيضُوا عَلَيْنَا مِنَ الْمَاءِ أَوْ مِمَّا رَزَقَكُمُ اللَّهُ ۚ قَالُوا إِنَّ اللَّهَ حَرَّمَهُمَا عَلَى الْكَافِرِينَ﴾

50.
   Дӯзахиён биҳиштиёнро нидо кунанд, ки андаке об ё аз чизҳое, ки Аллоҳ ба шумо арзонӣ кардааст, бар мо фурӯ резед! Гӯянд: «ҳамоно Аллоҳ онҳоро бар кофирон ҳаром кардааст!

﴿الَّذِينَ اتَّخَذُوا دِينَهُمْ لَهْوًا وَلَعِبًا وَغَرَّتْهُمُ الْحَيَاةُ الدُّنْيَا ۚ فَالْيَوْمَ نَنْسَاهُمْ كَمَا نَسُوا لِقَاءَ يَوْمِهِمْ هَٰذَا وَمَا كَانُوا بِآيَاتِنَا يَجْحَدُونَ﴾

51.
   Имрӯз ононро, ки динашонро бозичаву шӯхӣ ва масхара пиндоштанд ва зиндагии дунё фиребашон дода буд, фаромӯш мекунем онҳоро дар рӯзи қиёмат, ҳамчунон ки онҳо амал кардан барои ин рӯзро тарк карда буданд ва оёти Моро бовар намекарданд!

﴿وَلَقَدْ جِئْنَاهُمْ بِكِتَابٍ فَصَّلْنَاهُ عَلَىٰ عِلْمٍ هُدًى وَرَحْمَةً لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ﴾

52.
   Ҳамоно барои кофирон китоби Қуръон овардем, ки дар он ҳар чизеро аз рӯи дониш ба тафсил баён кардаем ва раҳмат аст барои қавме, ки имон меоранд ва амал ба шариати Ӯ мекунанд.

﴿هَلْ يَنْظُرُونَ إِلَّا تَأْوِيلَهُ ۚ يَوْمَ يَأْتِي تَأْوِيلُهُ يَقُولُ الَّذِينَ نَسُوهُ مِنْ قَبْلُ قَدْ جَاءَتْ رُسُلُ رَبِّنَا بِالْحَقِّ فَهَلْ لَنَا مِنْ شُفَعَاءَ فَيَشْفَعُوا لَنَا أَوْ نُرَدُّ فَنَعْمَلَ غَيْرَ الَّذِي كُنَّا نَعْمَلُ ۚ قَدْ خَسِرُوا أَنْفُسَهُمْ وَضَلَّ عَنْهُمْ مَا كَانُوا يَفْتَرُونَ﴾

53.
   Оё кофирон ҷуз далели сидқи ин ваъдаро (яъне, ваъдаҳое, ки дар Қуръон дода шуда буданд), интизорӣ доранд? Рӯзе, ки далели сидқаш падидор шавад, кофироне, ки он рӯзро аз ёд бурда буданд, мегӯянд: « Ҳамоно паёмбарони Парвардигори мо ба ҳақ омаданд.
Пас оё шафоъаткунандагоне ҳастанд, ки моро шафоъат кунанд? Ё бозгардонида шавем ба сӯи дунё, пас амал кунем ғайри он чи мекардем?» Ҳамоно ба худ зиён расонданд ва он бутонро, ки ба дурӯғ сохта буданд, инак аз даст додаанд.

﴿إِنَّ رَبَّكُمُ اللَّهُ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٍ ثُمَّ اسْتَوَىٰ عَلَى الْعَرْشِ يُغْشِي اللَّيْلَ النَّهَارَ يَطْلُبُهُ حَثِيثًا وَالشَّمْسَ وَالْقَمَرَ وَالنُّجُومَ مُسَخَّرَاتٍ بِأَمْرِهِ ۗ أَلَا لَهُ الْخَلْقُ وَالْأَمْرُ ۗ تَبَارَكَ اللَّهُ رَبُّ الْعَالَمِينَ﴾

54.   Ҳамоно Парвардигори шумо Аллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз (1) офарид. Сипас бар Арш муставӣ шуд. (2) Шабро ба рӯз мепӯшонад ва шаб шитобон ба дунболи рӯз дар ҳаракат аст. Ва офтобу моҳ ва ситорагон мусаххари (ромшудаи) фармони Ӯ ҳастанд. Инҳо аз нишонаҳои бузурги Аллоҳанд. Огоҳ бошед, ки Ӯрост офаринишу фармонравоӣ. Аллоҳ, он Парвардигори ҷаҳониён, бисёр бузург аст ва аз айбу нуқсон пок аст!

﴿ادْعُوا رَبَّكُمْ تَضَرُّعًا وَخُفْيَةً ۚ إِنَّهُ لَا يُحِبُّ الْمُعْتَدِينَ﴾

55.    (Эй мӯъминон) бипурсед Парвардигоратонро бо зориву илтиҷо ва пинҳону пӯшида, то ки дуъоятон аз риё дур бошад. Ҳамоно Аллоҳ дӯст надорад аз ҳад гузарандагонро. (Бузургтарин аз ҳад гузарандагон, онҳоеанд, ки дар вақти дуъо кардан бо Аллоҳ шарик меоранд. Ба монанди талаб кардан аз мурдаҳо ва ғайра.) (1)

﴿وَلَا تُفْسِدُوا فِي الْأَرْضِ بَعْدَ إِصْلَاحِهَا وَادْعُوهُ خَوْفًا وَطَمَعًا ۚ إِنَّ رَحْمَتَ اللَّهِ قَرِيبٌ مِنَ الْمُحْسِنِينَ﴾

56.    Ва фасод (яъне гуноҳ) накунед дар рӯи замин баъди ислоҳ кардани Аллоҳ таъоло заминро бо фиристодани паёмбарон (алайҳимуссаллом). Ва Аллоҳро аз тарси азобаш ва умед ба раҳматаш парастиш кунед! Ҳамоно раҳмати Аллоҳ ба некӯкорон наздик аст. (1)

﴿وَهُوَ الَّذِي يُرْسِلُ الرِّيَاحَ بُشْرًا بَيْنَ يَدَيْ رَحْمَتِهِ ۖ حَتَّىٰ إِذَا أَقَلَّتْ سَحَابًا ثِقَالًا سُقْنَاهُ لِبَلَدٍ مَيِّتٍ فَأَنْزَلْنَا بِهِ الْمَاءَ فَأَخْرَجْنَا بِهِ مِنْ كُلِّ الثَّمَرَاتِ ۚ كَذَٰلِكَ نُخْرِجُ الْمَوْتَىٰ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ﴾

57.   Ва Ӯст, ки пешопеши раҳмати худ (1) бодҳоро ба башорат мефиристад.
Чун бодҳо абрҳои гаронборро бардоранд, Мо он абрро ба сарзаминҳои мурда (аз беобӣ) равон созем ва аз он борон мефиристем ва бо борон ҳар гуна меваҳоеро мерӯёнем. Чунон ки замини мурдаро бо оби борон зинда мегардонем, мурдагонро низ инчунин зинда мегардонем, шояд панд гиред!

﴿وَالْبَلَدُ الطَّيِّبُ يَخْرُجُ نَبَاتُهُ بِإِذْنِ رَبِّهِ ۖ وَالَّذِي خَبُثَ لَا يَخْرُجُ إِلَّا نَكِدًا ۚ كَذَٰلِكَ نُصَرِّفُ الْآيَاتِ لِقَوْمٍ يَشْكُرُونَ﴾

58.   Ва чун борон бар сарзамини хуб фуруд ояд, гиёҳи он ба фармони Парвардигораш ба осонӣ мерӯяд. Ва инчунин мӯъмин, ки ба ӯ оёти Аллоҳ нозил шавад, аз он баҳраманд мешавад ва ҳаёти хуш ба ӯ самара медиҳад. Ва дар замини бад ҷуз андак гиёҳи бефоидае падид намеояд. Ва инчунин кофир, аз шунидани оёти Аллоҳ фоида намебинад. Оёти Аллоҳро барои мардуме, ки сипос мегӯянд, инчунин гуногун баён мекунем!. (1)

﴿لَقَدْ أَرْسَلْنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوْمِهِ فَقَالَ يَا قَوْمِ اعْبُدُوا اللَّهَ مَا لَكُمْ مِنْ إِلَٰهٍ غَيْرُهُ إِنِّي أَخَافُ عَلَيْكُمْ عَذَابَ يَوْمٍ عَظِيمٍ﴾

59.   Ҳамоно фиристодем Нӯҳ (алайҳиссалом)-ро ба сӯи қавмаш . Пас Нуҳ гуфт: Эй қавми ман, ибодат кунед Аллоҳеро, ки нест шуморо ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ. Ҳамоно ман метарсам аз азобу уқубати рӯзи бузург (қиёмат), ки бар шумо ояд.

﴿قَالَ الْمَلَأُ مِنْ قَوْمِهِ إِنَّا لَنَرَاكَ فِي ضَلَالٍ مُبِينٍ﴾

60.   Бузургони қавмаш гуфтанд: «Ҳамоно туро -эй Нӯҳ- ошкоро дар гумроҳӣ мебинем».

﴿قَالَ يَا قَوْمِ لَيْسَ بِي ضَلَالَةٌ وَلَٰكِنِّي رَسُولٌ مِنْ رَبِّ الْعَالَمِينَ﴾

61.  (Нӯҳ алайҳиссалом) гуфт: «Эй қавми ман, ман гумроҳ нестам ва лекин ман паёмбаре ҳастам аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён.

﴿أُبَلِّغُكُمْ رِسَالَاتِ رَبِّي وَأَنْصَحُ لَكُمْ وَأَعْلَمُ مِنَ اللَّهِ مَا لَا تَعْلَمُونَ﴾

62.   Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва шуморо панд медиҳам ва аз Аллоҳ шариъатеро медонам, ки шумо онро намедонед.

﴿أَوَعَجِبْتُمْ أَنْ جَاءَكُمْ ذِكْرٌ مِنْ رَبِّكُمْ عَلَىٰ رَجُلٍ مِنْكُمْ لِيُنْذِرَكُمْ وَلِتَتَّقُوا وَلَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ﴾

63.   Оё инкор варзидед ва тааҷҷуб кардед аз он ки омад шуморо панду насиҳате аз ҷониби Парвардигоратон.
Фуруд омад ин панди Аллоҳ ба забони марде(1) аз ҷинси худатон, то бим кунад шуморо аз азоби Аллоҳ ва то парҳезгорӣ кунед, то ки раҳмату меҳрубонӣ карда шавад бар шумо.

﴿فَكَذَّبُوهُ فَأَنْجَيْنَاهُ وَالَّذِينَ مَعَهُ فِي الْفُلْكِ وَأَغْرَقْنَا الَّذِينَ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا ۚ إِنَّهُمْ كَانُوا قَوْمًا عَمِينَ﴾

64.
   Пас дурӯғгӯ пиндоштанд Нуҳро ва Мо, ӯ ва касонеро, ки бо ӯ дар киштӣ буданд, наҷот додем ва ононро, ки оёти Моро дурӯғ мепиндоштанд, ғарқ кардем, ки ҳамоно мардуми нобино буданд (яъне, ҳақро намедиданд)! (1)

﴿۞ وَإِلَىٰ عَادٍ أَخَاهُمْ هُودًا ۗ قَالَ يَا قَوْمِ اعْبُدُوا اللَّهَ مَا لَكُمْ مِنْ إِلَٰهٍ غَيْرُهُ ۚ أَفَلَا تَتَّقُونَ﴾

65.   Ва бар қавми Од бародарашон (1) Ҳуд (алайҳиссалом)-ро фиристодем.
Ҳангоме, ки бутҳоро парастиданд барояшон гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, ки шуморо ҷуз Ӯ маъбуди барҳаққе нест ва чаро аз азоб ва ғазаби Ӯ наметарсед?»

﴿قَالَ الْمَلَأُ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ قَوْمِهِ إِنَّا لَنَرَاكَ فِي سَفَاهَةٍ وَإِنَّا لَنَظُنُّكَ مِنَ الْكَاذِبِينَ﴾

66.   Бузургони қавми ӯ, ки кофир шуда буданд, гуфтанд эй Ҳуд: «Ҳамоно мебинем, ки ба бехирадӣ гирифтор шудаӣ ва пиндорем, ки аз дурӯггӯён бошӣ».

﴿قَالَ يَا قَوْمِ لَيْسَ بِي سَفَاهَةٌ وَلَٰكِنِّي رَسُولٌ مِنْ رَبِّ الْعَالَمِينَ﴾

67.   Ҳуд (алайҳиссалом) гуфт: «Эй қавми ман, дар ман нишонае аз бехирадӣ нест, ман паёмбари Парвардигори ҷаҳониёнам.

﴿أُبَلِّغُكُمْ رِسَالَاتِ رَبِّي وَأَنَا لَكُمْ نَاصِحٌ أَمِينٌ﴾

68.   Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва ман хайрхоҳу аминам барои шумо.

﴿أَوَعَجِبْتُمْ أَنْ جَاءَكُمْ ذِكْرٌ مِنْ رَبِّكُمْ عَلَىٰ رَجُلٍ مِنْكُمْ لِيُنْذِرَكُمْ ۚ وَاذْكُرُوا إِذْ جَعَلَكُمْ خُلَفَاءَ مِنْ بَعْدِ قَوْمِ نُوحٍ وَزَادَكُمْ فِي الْخَلْقِ بَسْطَةً ۖ فَاذْكُرُوا آلَاءَ اللَّهِ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ﴾

69.
   Оё аз ин, ки бар марде аз худатон аз ҷониби Парвардигоратон ваҳй нозил шудааст, то шуморо битарсонад, таъаҷҷуб мекунед? Ба ёд оред (неъмати Аллоҳро) он замонро, ки шуморо ҷонишини қавми Нӯҳ сохт ва ба ҷисми шумо қувват дод. (1) Пас неъматҳои Аллоҳро ба ёд оваред, бошад, ки растагор гардед!»

﴿قَالُوا أَجِئْتَنَا لِنَعْبُدَ اللَّهَ وَحْدَهُ وَنَذَرَ مَا كَانَ يَعْبُدُ آبَاؤُنَا ۖ فَأْتِنَا بِمَا تَعِدُنَا إِنْ كُنْتَ مِنَ الصَّادِقِينَ﴾

70.
   Қавми Од ба Ҳуд (алайҳиссалом) гуфтанд: «Оё назди мо омадаӣ, то танҳо Аллоҳро бипарастем ва он чиро, ки падаронамон мепарастиданд аз бутҳо, раҳо кунем? Агар рост мегӯӣ, он чиро, ки ба мо ваъда медиҳӣ (яъне азобро), биёвар!»

﴿قَالَ قَدْ وَقَعَ عَلَيْكُمْ مِنْ رَبِّكُمْ رِجْسٌ وَغَضَبٌ ۖ أَتُجَادِلُونَنِي فِي أَسْمَاءٍ سَمَّيْتُمُوهَا أَنْتُمْ وَآبَاؤُكُمْ مَا نَزَّلَ اللَّهُ بِهَا مِنْ سُلْطَانٍ ۚ فَانْتَظِرُوا إِنِّي مَعَكُمْ مِنَ الْمُنْتَظِرِينَ﴾

71.   (Ҳуд алайҳиссалом) гуфт: «Азобу хашми Парвардигоратон ҳатман бар шумо нозил хоҳад шуд.
Оё дар бораи ин бутҳое, ки худ ва падаронатон ба ин номҳо гузоштаед ва Аллоҳ ҳеҷ далеле бар онҳо нозил насохтааст, бо ман ситезаву муноқиша мекунед? Пас интизор бошед азоби Аллоҳро, ҳамоно ман ҳам бо шумо мунтазир ҳастам».

﴿فَأَنْجَيْنَاهُ وَالَّذِينَ مَعَهُ بِرَحْمَةٍ مِنَّا وَقَطَعْنَا دَابِرَ الَّذِينَ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا ۖ وَمَا كَانُوا مُؤْمِنِينَ﴾

72.
   Пас (Ҳуд алайҳиссаломро) ва ҳамроҳонашро ба фазлу раҳмати хеш наҷот додем ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ пиндоштанд ва имон наёварда буданд, аз реша баркандем.

﴿وَإِلَىٰ ثَمُودَ أَخَاهُمْ صَالِحًا ۗ قَالَ يَا قَوْمِ اعْبُدُوا اللَّهَ مَا لَكُمْ مِنْ إِلَٰهٍ غَيْرُهُ ۖ قَدْ جَاءَتْكُمْ بَيِّنَةٌ مِنْ رَبِّكُمْ ۖ هَٰذِهِ نَاقَةُ اللَّهِ لَكُمْ آيَةً ۖ فَذَرُوهَا تَأْكُلْ فِي أَرْضِ اللَّهِ ۖ وَلَا تَمَسُّوهَا بِسُوءٍ فَيَأْخُذَكُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ﴾

73.   Бар қавми Самуд бародарашон Солеҳ (алайҳиссалом)-ро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, шуморо ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуди барҳақ нест. Аз ҷониби Аллоҳ барои шумо нишонае ошкор омад. Ин модашутури Аллоҳ бароятон нишонаест. Раҳояш кунед, то дар замини Аллоҳ бичарад ва ҳеҷ осебе ба ӯ нарасонед, ки азобе дардовар шуморо фаро хоҳад гирифт.

﴿وَاذْكُرُوا إِذْ جَعَلَكُمْ خُلَفَاءَ مِنْ بَعْدِ عَادٍ وَبَوَّأَكُمْ فِي الْأَرْضِ تَتَّخِذُونَ مِنْ سُهُولِهَا قُصُورًا وَتَنْحِتُونَ الْجِبَالَ بُيُوتًا ۖ فَاذْكُرُوا آلَاءَ اللَّهِ وَلَا تَعْثَوْا فِي الْأَرْضِ مُفْسِدِينَ﴾

74.
   Ба ёд оред он замонро, ки шуморо пас аз қавми Од ҷонишинон қарор дод ва шуморо дар ин замин ҷой дод, то бар рӯи замини ҳамвораш қасрҳо барафрозед ва кӯҳҳояшро тарошида хонаҳое бисозед. Неъматҳои Аллоҳро ёд кунед ва дар замин табаҳкориву фасод макунед!»

﴿قَالَ الْمَلَأُ الَّذِينَ اسْتَكْبَرُوا مِنْ قَوْمِهِ لِلَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا لِمَنْ آمَنَ مِنْهُمْ أَتَعْلَمُونَ أَنَّ صَالِحًا مُرْسَلٌ مِنْ رَبِّهِ ۚ قَالُوا إِنَّا بِمَا أُرْسِلَ بِهِ مُؤْمِنُونَ﴾

75.
   Бузургони қавмаш, ки гарданкашӣ мекарданд, ба бечорагони қавм, ки имон оварда буданд, гуфтанд: «Оё медонед, ки Солеҳ аз ҷониби Парвардигораш омадааст?» Гуфтанд: «Мо ба он шариаъте, ки бар ӯ фиристода шудааст, имон дорем!»

﴿قَالَ الَّذِينَ اسْتَكْبَرُوا إِنَّا بِالَّذِي آمَنْتُمْ بِهِ كَافِرُونَ﴾

76.   Гарданкашон гуфтанд: «Мо ба касе, ки шумо имон овардаед, имон намеоварем».

﴿فَعَقَرُوا النَّاقَةَ وَعَتَوْا عَنْ أَمْرِ رَبِّهِمْ وَقَالُوا يَا صَالِحُ ائْتِنَا بِمَا تَعِدُنَا إِنْ كُنْتَ مِنَ الْمُرْسَلِينَ﴾

77.
   Пас модашутурро куштанд ва аз фармони Парвардигорашон саркашӣ карданд ва гуфтанд: «Эй Солеҳ, агар паёмбар ҳастӣ, он чиро ба мо ваъда медиҳӣ аз азоб, биёвар!»

﴿فَأَخَذَتْهُمُ الرَّجْفَةُ فَأَصْبَحُوا فِي دَارِهِمْ جَاثِمِينَ﴾

78.   Пас ларзиши сахту (яъне, овози) даҳшатоваре ононро фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ ба зону афтода, пас ҳалок шуданд ва ҳеҷ касе аз онҳо боқӣ намонд.(1)

﴿فَتَوَلَّىٰ عَنْهُمْ وَقَالَ يَا قَوْمِ لَقَدْ أَبْلَغْتُكُمْ رِسَالَةَ رَبِّي وَنَصَحْتُ لَكُمْ وَلَٰكِنْ لَا تُحِبُّونَ النَّاصِحِينَ﴾

79.
   Солеҳ (алайҳиссалом) аз онон рӯй баргардонид ва гуфт: «Эй қавми ман, рисолати Парвардигорамро ба шумо расонидам ва барои шумо некӯӣ хостам, вале шумо некхоҳонро дӯст надоред!»

﴿وَلُوطًا إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِ أَتَأْتُونَ الْفَاحِشَةَ مَا سَبَقَكُمْ بِهَا مِنْ أَحَدٍ مِنَ الْعَالَمِينَ﴾

80.   Ва Лут (алайҳиссаломро) фиристодем. Он гоҳ ба қавми худ гуфт: «Чаро кори баде мекунед, ки ҳеҷ кас аз мардуми ҷаҳон пеш аз шумо накардааст?

﴿إِنَّكُمْ لَتَأْتُونَ الرِّجَالَ شَهْوَةً مِنْ دُونِ النِّسَاءِ ۚ بَلْ أَنْتُمْ قَوْمٌ مُسْرِفُونَ﴾

81.   Шумо ба ҷои занон бо мардон шаҳват меронед. (1) Шумо мардуми таҷовузкор ҳастед».

﴿وَمَا كَانَ جَوَابَ قَوْمِهِ إِلَّا أَنْ قَالُوا أَخْرِجُوهُمْ مِنْ قَرْيَتِكُمْ ۖ إِنَّهُمْ أُنَاسٌ يَتَطَهَّرُونَ﴾

82.
   Ҷавоби қавми ӯ ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Онҳоро (1) аз деҳаи худ биронед, ки онон мардуме ҳастанд, ки аз кори мо безорӣ меҷӯянд»! (яъне, бо мардон ҷимоъ намекунанд ) (2)

﴿فَأَنْجَيْنَاهُ وَأَهْلَهُ إِلَّا امْرَأَتَهُ كَانَتْ مِنَ الْغَابِرِينَ﴾

83.   Лут ва хонадонашро аз азоби худ наҷот додем, ҷуз занаш, ки кофира буд, ки бо дигарон дар шаҳр монд.

﴿وَأَمْطَرْنَا عَلَيْهِمْ مَطَرًا ۖ فَانْظُرْ كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الْمُجْرِمِينَ﴾

84.   Бар онҳо бороне аз санг боронидем, бингар -эй Паёмбар-, ки оқибати гунаҳкорону ситамкорон чӣ гуна буд?

﴿وَإِلَىٰ مَدْيَنَ أَخَاهُمْ شُعَيْبًا ۗ قَالَ يَا قَوْمِ اعْبُدُوا اللَّهَ مَا لَكُمْ مِنْ إِلَٰهٍ غَيْرُهُ ۖ قَدْ جَاءَتْكُمْ بَيِّنَةٌ مِنْ رَبِّكُمْ ۖ فَأَوْفُوا الْكَيْلَ وَالْمِيزَانَ وَلَا تَبْخَسُوا النَّاسَ أَشْيَاءَهُمْ وَلَا تُفْسِدُوا فِي الْأَرْضِ بَعْدَ إِصْلَاحِهَا ۚ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ﴾

85.   Ва бар мардуми Мадян бародарашон Шуъайб (алайҳиссалом)-ро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, шуморо маъбуде ҷуз Ӯ нест. Аз ҷониби Парвардигоратон нишонае равшан омадааст.
Паймонаву тарозуро пурра адо кунед ва ба мардум кам мафурӯшед ва аз он пас, ки замин ба салоҳ омадааст, (аз овардани паёмбарон дини ҳақро) дар он фасод макунед, ки агар имон овардаед, ин бароятон дар дунёву охират беҳтар аст! (1)

﴿وَلَا تَقْعُدُوا بِكُلِّ صِرَاطٍ تُوعِدُونَ وَتَصُدُّونَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ مَنْ آمَنَ بِهِ وَتَبْغُونَهَا عِوَجًا ۚ وَاذْكُرُوا إِذْ كُنْتُمْ قَلِيلًا فَكَثَّرَكُمْ ۖ وَانْظُرُوا كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الْمُفْسِدِينَ﴾

86.   Ва бар сари роҳҳо манишинед, то касонеро, ки ба Аллоҳ имон овардаанд бо азобу шиканҷаҳо битарсонед ва аз роҳи Аллоҳ боздоред ва ба каҷравӣ водоред. Ва ёд оред он гоҳ, ки андак (камқувват) будед, Аллоҳ бар шумори шумо афзуд ва шумо дорои қувват ва азиз гаштед. Ва бингаред, ки оқибати фасодкорон чӣ гуна будааст!

﴿وَإِنْ كَانَ طَائِفَةٌ مِنْكُمْ آمَنُوا بِالَّذِي أُرْسِلْتُ بِهِ وَطَائِفَةٌ لَمْ يُؤْمِنُوا فَاصْبِرُوا حَتَّىٰ يَحْكُمَ اللَّهُ بَيْنَنَا ۚ وَهُوَ خَيْرُ الْحَاكِمِينَ﴾

87.
   Агар гурӯҳе аз шумо ба он чӣ ман аз ҷониби Аллоҳ ба он фиристода шудаам, имон овардаанд ва гурӯҳе ҳанӯз имон наовардаанд, сабр кунед, то Аллоҳ миёни мо ҳукм кунад, ки Ӯ беҳтарини ҳукмкунандагон аст!»

﴿۞ قَالَ الْمَلَأُ الَّذِينَ اسْتَكْبَرُوا مِنْ قَوْمِهِ لَنُخْرِجَنَّكَ يَا شُعَيْبُ وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَكَ مِنْ قَرْيَتِنَا أَوْ لَتَعُودُنَّ فِي مِلَّتِنَا ۚ قَالَ أَوَلَوْ كُنَّا كَارِهِينَ﴾

88.
   Ашрофзодагони қавмаш, ки саркашӣ пеша карда буданд, гуфтанд: «Эй Шуъайб, ту ва касонеро, ки ба ту имон овардаанд, аз шаҳри хеш меронем, магар он ки ба дини мо бозгардед». Шуъайб (алайҳиссалом) гуфт: «Оё бозгардем ба дини куфр, агарчи аз он нафрат дошта бошем?

﴿قَدِ افْتَرَيْنَا عَلَى اللَّهِ كَذِبًا إِنْ عُدْنَا فِي مِلَّتِكُمْ بَعْدَ إِذْ نَجَّانَا اللَّهُ مِنْهَا ۚ وَمَا يَكُونُ لَنَا أَنْ نَعُودَ فِيهَا إِلَّا أَنْ يَشَاءَ اللَّهُ رَبُّنَا ۚ وَسِعَ رَبُّنَا كُلَّ شَيْءٍ عِلْمًا ۚ عَلَى اللَّهِ تَوَكَّلْنَا ۚ رَبَّنَا افْتَحْ بَيْنَنَا وَبَيْنَ قَوْمِنَا بِالْحَقِّ وَأَنْتَ خَيْرُ الْفَاتِحِينَ﴾

89.
   Пас аз он ки Аллоҳ моро аз дини шумо наҷот додааст, агар ба он бозгардем, бар Аллоҳ дурӯғ баста бошем ва мо дигар бор ба он дин бознамегардем, магар он ки Аллоҳ, Парвардигори мо хоста бошад. Зеро илми Парвардигори мо бар ҳама чиз иҳота дорад. Мо бар Аллоҳ таваккал мекунем. Эй Парвардигори мо, миёни мову қавми мо ба ҳақ ҳукм кун, ки Ту беҳтарини ҳукмкунандагон ҳастӣ!»(1)

﴿وَقَالَ الْمَلَأُ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ قَوْمِهِ لَئِنِ اتَّبَعْتُمْ شُعَيْبًا إِنَّكُمْ إِذًا لَخَاسِرُونَ﴾

90.Ашрофзодагони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: «Агар аз Шуъайб пайравӣ кунед, сахт зиён кардаед».

﴿فَأَخَذَتْهُمُ الرَّجْفَةُ فَأَصْبَحُوا فِي دَارِهِمْ جَاثِمِينَ﴾

91.Пас ларзиши сахту даҳшатноке ононро фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ ба зону афтода, пас ҳалок шуданд.

﴿الَّذِينَ كَذَّبُوا شُعَيْبًا كَأَنْ لَمْ يَغْنَوْا فِيهَا ۚ الَّذِينَ كَذَّبُوا شُعَيْبًا كَانُوا هُمُ الْخَاسِرِينَ﴾

92.Онон, ки Шуъайбро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд, гӯё, ки ҳаргиз дар он диёр набудаанд (1). Онон, ки Шуъайбро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд, худ зиён карданд.

﴿فَتَوَلَّىٰ عَنْهُمْ وَقَالَ يَا قَوْمِ لَقَدْ أَبْلَغْتُكُمْ رِسَالَاتِ رَبِّي وَنَصَحْتُ لَكُمْ ۖ فَكَيْفَ آسَىٰ عَلَىٰ قَوْمٍ كَافِرِينَ﴾

93.Пас аз онҳо рӯй гардонид (Шуъайб) ва гуфт: «Эй қавми ман, ҳар оина паёмҳои Парвардигорамро ба шумо расонидам ва пандатон додам. Чӣ гуна бар мардуми кофир андӯҳгин шавам?»

﴿وَمَا أَرْسَلْنَا فِي قَرْيَةٍ مِنْ نَبِيٍّ إِلَّا أَخَذْنَا أَهْلَهَا بِالْبَأْسَاءِ وَالضَّرَّاءِ لَعَلَّهُمْ يَضَّرَّعُونَ﴾

94.Ва Мо дар ҳеҷ деҳае паёмбареро нафиристодем, магар он ки аҳли онро ба сахтию ранҷ гирифтор кардем, то бувад, ки тавбаву зорӣ кунанд.

﴿ثُمَّ بَدَّلْنَا مَكَانَ السَّيِّئَةِ الْحَسَنَةَ حَتَّىٰ عَفَوْا وَقَالُوا قَدْ مَسَّ آبَاءَنَا الضَّرَّاءُ وَالسَّرَّاءُ فَأَخَذْنَاهُمْ بَغْتَةً وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ﴾

95.
Боз додем ба онҳо ба ҷои балову ранҷ, хубиву роҳатро (дунёву сарват ва хотирҷамъиро), то шуморашон афзун шуда молҳояшон зиёд шуд, гуфтанд: «ҳароина расида буд падарони моро сахтиву роҳат ва ин одати замона аст, ки гоҳе сахтӣ ва гоҳе роҳат мебошад. Пас гирифтем ононро ба азоби ногаҳон ва онон хабар надоштанд.(1)

﴿وَلَوْ أَنَّ أَهْلَ الْقُرَىٰ آمَنُوا وَاتَّقَوْا لَفَتَحْنَا عَلَيْهِمْ بَرَكَاتٍ مِنَ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ وَلَٰكِنْ كَذَّبُوا فَأَخَذْنَاهُمْ بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ﴾

96.   Ва агар мардуми деҳаҳо имон оварда ва парҳезгорӣ мекарданд, баракоти осмону заминро ба рӯяшон мекушодем(1). Вале паёмбаронро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд. Мо низ ба ҷазои кирдорашон азобашон кардем.

﴿أَفَأَمِنَ أَهْلُ الْقُرَىٰ أَنْ يَأْتِيَهُمْ بَأْسُنَا بَيَاتًا وَهُمْ نَائِمُونَ﴾

97.   Оё мардумони ин деҳаҳо эмин шуданд аз ин ки азоби Мо ҳангоми шаб хоб рафтан, пеши онҳо биёяд.

﴿أَوَأَمِنَ أَهْلُ الْقُرَىٰ أَنْ يَأْتِيَهُمْ بَأْسُنَا ضُحًى وَهُمْ يَلْعَبُونَ﴾

98.   Ва оё мардумони ин деҳаҳо эмин шудаанд, аз ин ки азоби Мо чоштгоҳон ба суроғи онҳо биёяд, дар ҳоле ки онҳо бозӣ мекунанд.

﴿أَفَأَمِنُوا مَكْرَ اللَّهِ ۚ فَلَا يَأْمَنُ مَكْرَ اللَّهِ إِلَّا الْقَوْمُ الْخَاسِرُونَ﴾

99.    Оё, мардуми деҳа, ки куфр варзиданд, аз азоби Аллоҳ дар амонанд? Аллоҳ аввал мӯҳлаташон диҳад баъд аз он ба ҳалокӣ гирифторашон кунад. Аз тадбири Аллоҳ ҷуз зиёнкорон эмин намешаванд. (1)

﴿أَوَلَمْ يَهْدِ لِلَّذِينَ يَرِثُونَ الْأَرْضَ مِنْ بَعْدِ أَهْلِهَا أَنْ لَوْ نَشَاءُ أَصَبْنَاهُمْ بِذُنُوبِهِمْ ۚ وَنَطْبَعُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ فَهُمْ لَا يَسْمَعُونَ﴾

100.
Оё барои онон, ки баъд аз ҳалоки сокинони замин вориси он мешаванд, равшан нашуд, ки агар мехостем, онҳоро ба сабаби гуноҳонашон ба уқубату азоб мерасонидем ва бар дилҳояшон мӯҳр мениҳем, то шунидан натавонанд?

﴿تِلْكَ الْقُرَىٰ نَقُصُّ عَلَيْكَ مِنْ أَنْبَائِهَا ۚ وَلَقَدْ جَاءَتْهُمْ رُسُلُهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ فَمَا كَانُوا لِيُؤْمِنُوا بِمَا كَذَّبُوا مِنْ قَبْلُ ۚ كَذَٰلِكَ يَطْبَعُ اللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِ الْكَافِرِينَ﴾

101.Инҳо шаҳрҳое ҳастанд, ки мо аз қавми Нӯҳ, Ҳуд, Солеҳ, Лут ва Шуъайб ахборашонро бар ту, (эй Расул) ҳикоят мекунем. Паёмбаронашон бо далелҳои равшан омаданд. Ва ба он чизҳо, ки аз он пеш дурӯғ хонда буданд, ба сабаби саркашиашон ва тасдиқ накарданашон ҳақро имон наёварданд. Ва Аллоҳ бар дилҳои кофирон инчунин мӯҳр мениҳад! Ин ҷазо ва азобест аз ҷониби Аллоҳ. Ва Аллоҳ бар онҳо ситам накардааст, балки онон худ бар хештан ситам карданд. (1)

﴿وَمَا وَجَدْنَا لِأَكْثَرِهِمْ مِنْ عَهْدٍ ۖ وَإِنْ وَجَدْنَا أَكْثَرَهُمْ لَفَاسِقِينَ﴾

102.
Дар бисёрии умматҳое ки паёмбароне ба сӯи онҳо фиристода шуд, вафодорӣ ба аҳд наёфтем, балки бештаринашонро нофармон ва фосиқ ёфтем (яъне аз итоати Аллоҳ берун рафта бо ҳавову ҳаваси худ пайравӣ намуданд). (1)

﴿ثُمَّ بَعَثْنَا مِنْ بَعْدِهِمْ مُوسَىٰ بِآيَاتِنَا إِلَىٰ فِرْعَوْنَ وَمَلَئِهِ فَظَلَمُوا بِهَا ۖ فَانْظُرْ كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الْمُفْسِدِينَ﴾

103. Баъд аз онҳо Мӯсоро бо нишона ва мӯъҷизаҳоямон бар Фиръавни саркаш ва қавмаш фиристодем. Пас кофир шуданд ва таслим ба нишона ва мӯъҷизаҳои мо нашуданд. Инак, бингар, ки оқибати фасодкорон чӣ гуна будааст!

﴿وَقَالَ مُوسَىٰ يَا فِرْعَوْنُ إِنِّي رَسُولٌ مِنْ رَبِّ الْعَالَمِينَ﴾

104.
Чун Мӯсо ба назди Фиръавн омад, ӯро даъват карда гуфт: «Эй Фиръавн, ман паёмбаре аз ҷониби Парвардигори оламиёнам, ки Ӯ офаридагор, мураббӣ ва подшоҳи ҳама чиз аст ва маро ба сӯи ту фиристод. (1)

﴿حَقِيقٌ عَلَىٰ أَنْ لَا أَقُولَ عَلَى اللَّهِ إِلَّا الْحَقَّ ۚ قَدْ جِئْتُكُمْ بِبَيِّنَةٍ مِنْ رَبِّكُمْ فَأَرْسِلْ مَعِيَ بَنِي إِسْرَائِيلَ﴾

105. Шоиста аст, ки дар бораи Аллоҳ ҷуз ба ростӣ сухан нагӯям. Ман барои тасдиқ кардани паёмбарии худ ҳамроҳ бо мӯъҷизае аз ҷониби Парвардигоратон омадаам. Бани Исроилро озод кун ва бо ман бифирист, то ба замини муқаддас бозгарданд ва Аллоҳро парастиш кунанд». (1)

﴿قَالَ إِنْ كُنْتَ جِئْتَ بِآيَةٍ فَأْتِ بِهَا إِنْ كُنْتَ مِنَ الصَّادِقِينَ﴾

106.Фиръавн гуфт: «Агар рост мегӯӣ ва мӯъҷизае ба ҳамроҳ дорӣ, онро биёвар, ки ту фиристодаи Парвардигори оламиён ҳастӣ».

﴿فَأَلْقَىٰ عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ ثُعْبَانٌ مُبِينٌ﴾

107.Пас Мӯсо асояшро ба замин андохт, ногаҳон он аждаҳои воқеӣ шуд.

﴿وَنَزَعَ يَدَهُ فَإِذَا هِيَ بَيْضَاءُ لِلنَّاظِرِينَ﴾

108.Ва дасташро берун овард, дар назари онон, ки медиданд сафеду дурахшон буд.

﴿قَالَ الْمَلَأُ مِنْ قَوْمِ فِرْعَوْنَ إِنَّ هَٰذَا لَسَاحِرٌ عَلِيمٌ﴾

109.Пешвоёни қавми Фиръавн гуфтанд: «Ин шахс ҷодугари доно аст,

﴿يُرِيدُ أَنْ يُخْرِجَكُمْ مِنْ أَرْضِكُمْ ۖ فَمَاذَا تَأْمُرُونَ﴾

110.мехоҳад ҳамаи шуморо аз сарзаминатон (аз Миср) берун кунад. (Фиръавн гуфт): Эй қавм чӣ мефармоед?»

﴿قَالُوا أَرْجِهْ وَأَخَاهُ وَأَرْسِلْ فِي الْمَدَائِنِ حَاشِرِينَ﴾

111.Гуфтанд: «Ӯ ва бародарашро нигаҳ дор ва ба онон мӯхлат бидеҳ ва касонеро ба шаҳрҳо бифирист то ҳамаро ҷамъ кунанд, (1)

﴿يَأْتُوكَ بِكُلِّ سَاحِرٍ عَلِيمٍ﴾

112.то ҳамаи ҷодугарони доноро назди ту биёваранд».

﴿وَجَاءَ السَّحَرَةُ فِرْعَوْنَ قَالُوا إِنَّ لَنَا لَأَجْرًا إِنْ كُنَّا نَحْنُ الْغَالِبِينَ﴾

113.Ҷодугарон назди Фиръавн омаданду гуфтанд: «Агар пирӯз шавем, моро мукофоте ҳаст?»

﴿قَالَ نَعَمْ وَإِنَّكُمْ لَمِنَ الْمُقَرَّبِينَ﴾

114.Гуфт: «Оре ва шумо аз наздиконам хоҳед буд».

﴿قَالُوا يَا مُوسَىٰ إِمَّا أَنْ تُلْقِيَ وَإِمَّا أَنْ نَكُونَ نَحْنُ الْمُلْقِينَ﴾

115.Ҷодугарон гуфтанд: «Эй Мӯсо, ё ту он чиро ҳамроҳи худ дорӣ бияндоз ё мо бияндозем?»

﴿قَالَ أَلْقُوا ۖ فَلَمَّا أَلْقَوْا سَحَرُوا أَعْيُنَ النَّاسِ وَاسْتَرْهَبُوهُمْ وَجَاءُوا بِسِحْرٍ عَظِيمٍ﴾

116.Мусо (алайҳиссалом) гуфт: «Шумо бияндозед».
Чун ресмон ва асоҳояшонро андохтанд ногоҳ бар асари ҷодуяшон ресмонҳо ба морҳо табдил шуданд, ки роҳ мерафтанд(1), чашмони мардумро ҷоду карданд ва онҳоро тарсониданд ва ҷодуе азим оварданд.

﴿۞ وَأَوْحَيْنَا إِلَىٰ مُوسَىٰ أَنْ أَلْقِ عَصَاكَ ۖ فَإِذَا هِيَ تَلْقَفُ مَا يَأْفِكُونَ﴾

117.Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки асои худро бияфкан. Ба ногаҳ диданд, фурӯ мебарад он морҳоеро, ки ба дурӯғ сохта буданд ва ба он мардумро фиреб медоданд.

﴿فَوَقَعَ الْحَقُّ وَبَطَلَ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ﴾

118.Пас ҳақ ба субут расид ва зоҳир шуд, корҳои ҷодугарон ботил гардид.

﴿فَغُلِبُوا هُنَالِكَ وَانْقَلَبُوا صَاغِرِينَ﴾

119.Дар ҳамон ҷо мағлуб шуданд ва хору зор бозгаштанд. (Пас онон донистанд ин нишона ва мӯъҷизаи бузург аз нишонаҳои Аллоҳ аст, ки онро ҷуз ба паёмбарон ба ҳеҷ кас намедиҳад) (1)

﴿وَأُلْقِيَ السَّحَرَةُ سَاجِدِينَ﴾

120.Ҷодугарон ба саҷда афтоданд.

﴿قَالُوا آمَنَّا بِرَبِّ الْعَالَمِينَ﴾

121.Гуфтанд: «Ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем, (яъне, ба мӯъҷизаҳое, ки Мӯсо оварадааст, тасдиқ намудем) (1)

﴿رَبِّ مُوسَىٰ وَهَارُونَ﴾

122.Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун».

﴿قَالَ فِرْعَوْنُ آمَنْتُمْ بِهِ قَبْلَ أَنْ آذَنَ لَكُمْ ۖ إِنَّ هَٰذَا لَمَكْرٌ مَكَرْتُمُوهُ فِي الْمَدِينَةِ لِتُخْرِجُوا مِنْهَا أَهْلَهَا ۖ فَسَوْفَ تَعْلَمُونَ﴾

123.
Фиръавн гуфт: «Оё пеш аз он ки ман ба шумо рухсат диҳам, ба ӯ имон овардед ва тасдиқ намудед? Ин ҳиллаест, ки дар бораи ин шаҳр андешидаед, то мардумашро берун кунед. Эй ҷодугарон ба зудӣ хоҳед донист, ки чи балое бар саратон хоҳад омад! (1)

﴿لَأُقَطِّعَنَّ أَيْدِيَكُمْ وَأَرْجُلَكُمْ مِنْ خِلَافٍ ثُمَّ لَأُصَلِّبَنَّكُمْ أَجْمَعِينَ﴾

124.Дастҳову пойҳоятонро ба хилофи якдигар хоҳам бурид (1) ва ҳамаатонро дар дарахтони хурмо бар дор хоҳам овехт, то расво шавед. (Аввалин шахсе ба дор овехт ва дасту поро бар хилофи якдигар бурид, Фиръавн буд!» (2)

﴿قَالُوا إِنَّا إِلَىٰ رَبِّنَا مُنْقَلِبُونَ﴾

125.
Ҷодугарон ба Фиръавн гуфтанд: «Мо ба назди Парвардигорамон бозмегардем, ки азоби Ӯ аз азоби ту сахттар аст, то ки худро аз азоби рӯзи қиёмат наҷот диҳем! (1)

﴿وَمَا تَنْقِمُ مِنَّا إِلَّا أَنْ آمَنَّا بِآيَاتِ رَبِّنَا لَمَّا جَاءَتْنَا ۚ رَبَّنَا أَفْرِغْ عَلَيْنَا صَبْرًا وَتَوَفَّنَا مُسْلِمِينَ﴾

126.
Ва Ту моро мавриди айб ва ор қарор намедиҳӣ ва ту амали моро инкор намекунӣ, магар барои он ки чун нишонаҳои Парвардигорамон бар мо ошкор шуд, ба онҳо имон овардем.
(Сипас аз Аллоҳ хостанд:) Эй Парвардигори мо, бар мо сабри бузурге ато кун ва моро мусалмон (яъне, таслими амри худат ва пайрави паёмбаронат ва бар дини Ислом дини халили Худат Иброҳим алайҳиссалом) (1) бимирон!

﴿وَقَالَ الْمَلَأُ مِنْ قَوْمِ فِرْعَوْنَ أَتَذَرُ مُوسَىٰ وَقَوْمَهُ لِيُفْسِدُوا فِي الْأَرْضِ وَيَذَرَكَ وَآلِهَتَكَ ۚ قَالَ سَنُقَتِّلُ أَبْنَاءَهُمْ وَنَسْتَحْيِي نِسَاءَهُمْ وَإِنَّا فَوْقَهُمْ قَاهِرُونَ﴾

127.
Пешвоёни қавми Фиръавн гуфтанд: «Оё Мӯсо ва қавмашро мегузорӣ, то дар замин фасод кунанд ва туву маъбудонатро тарк гӯянд?» Фиръавн гуфт: «Писаронашонро хоҳам кушт ва занонашонро зинда хоҳам гузошт. Мо болотар аз онҳоем ва бар онҳо пирӯзӣ меёбем (ва онҳо наметавонанд аз фармони мо сар битобанд ва берун раванд!») (1)

﴿قَالَ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِ اسْتَعِينُوا بِاللَّهِ وَاصْبِرُوا ۖ إِنَّ الْأَرْضَ لِلَّهِ يُورِثُهَا مَنْ يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ ۖ وَالْعَاقِبَةُ لِلْمُتَّقِينَ﴾

128.
Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Аз Аллоҳ мадад ҷӯед ва сабр пеша созед ба он чи ки аз зарари Фиръавн нохушӣ дидед ва мунтазири пирӯзӣ бошед, ки ин замин аз они Аллоҳ аст ва ба ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад, онро ба мерос медиҳад. Ва оқибати нек аз они парҳезгорон аст!» (1)

﴿قَالُوا أُوذِينَا مِنْ قَبْلِ أَنْ تَأْتِيَنَا وَمِنْ بَعْدِ مَا جِئْتَنَا ۚ قَالَ عَسَىٰ رَبُّكُمْ أَنْ يُهْلِكَ عَدُوَّكُمْ وَيَسْتَخْلِفَكُمْ فِي الْأَرْضِ فَيَنْظُرَ كَيْفَ تَعْمَلُونَ﴾

129.(Қавми Мӯсо дар ҳоле ки муддати бисёре дар азоби Фиръавн буданд,) гуфтанд: «Пеш аз он ки ту биёӣ, дар ранҷ будем ва пас аз он ки омадӣ, боз дар ранҷем». (Мӯсо ононро ба пирӯзӣ умедвор карда гуфт): «Умед аст, ки Парвардигоратон душманатонро ҳалок кунад ва шуморо дар рӯи замин халифа гардонад. Он гоҳ бингарад, ки чӣ мекунед! Оё шукри Ӯро ба ҷо меоред ё не? (Ин ваъдае буд, ки Аллоҳ дар замони муқаррар ба он вафо кард)» (1)

﴿وَلَقَدْ أَخَذْنَا آلَ فِرْعَوْنَ بِالسِّنِينَ وَنَقْصٍ مِنَ الثَّمَرَاتِ لَعَلَّهُمْ يَذَّكَّرُونَ﴾

130.Қавми Фиръавнро ба қаҳтсолӣ ва камбудии меваҳо гирифтор кардем, шояд панд гиранд ва ба сӯи Аллоҳ ба тавба боз гарданд!

﴿فَإِذَا جَاءَتْهُمُ الْحَسَنَةُ قَالُوا لَنَا هَٰذِهِ ۖ وَإِنْ تُصِبْهُمْ سَيِّئَةٌ يَطَّيَّرُوا بِمُوسَىٰ وَمَنْ مَعَهُ ۗ أَلَا إِنَّمَا طَائِرُهُمْ عِنْدَ اللَّهِ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ﴾

131.Чун қавми Фиръавнро некие (ризқи фаровон) насибашон мешуд, мегуфтанд: «Ҳаққи мост». Ва чун бадие (хушкӣ ва қаҳтӣ) ба онҳо мерасид, мегуфтанд: «Аз шумии Мӯсо ва пайравони ӯст». Огоҳ бошед, он неку бад, ки ба онҳо расад, аз қазо ва қадари Аллоҳ аст ва ба сабаби гуноҳ ва куфри ононанд, вале бештаринашон онро намедонанд! (1)

﴿وَقَالُوا مَهْمَا تَأْتِنَا بِهِ مِنْ آيَةٍ لِتَسْحَرَنَا بِهَا فَمَا نَحْنُ لَكَ بِمُؤْمِنِينَ﴾

132.Ва (қавми Фиръавн ба Мусо) гуфтанд: «Ҳар гуна мӯъҷизае барои мо биёварӣ, ки моро ба он ҷоду кунӣ, ба ту имон нахоҳем овард»!

﴿فَأَرْسَلْنَا عَلَيْهِمُ الطُّوفَانَ وَالْجَرَادَ وَالْقُمَّلَ وَالضَّفَادِعَ وَالدَّمَ آيَاتٍ مُفَصَّلَاتٍ فَاسْتَكْبَرُوا وَكَانُوا قَوْمًا مُجْرِمِينَ﴾

133.
Мо низ ба онҳо нишонаҳое ошкор ва гуногун фиристодем, чун селе, ки дарахтон ва киштзорҳояшонро ғарқ кард ва малахро фиристодем, мева, киштзор ва гиёҳонашонро хӯрд ва шабӯшк ва қурбоққаро фиристодем, ки зарфҳо ва ҷои хобашон аз қурбоққа пур шуд ва хунро фиристодем, ки онҳо менӯшиданд ва чашмаву ҷӯйҳояшон ба хун табдил мешуд. Инҳо аз нишонаҳои Аллоҳанд, ки ғайр аз Ӯ касе бар инҳо қодир шуда наметавонад. Бо вуҷуди ин қавми Фиръавн ин нишонаҳоро дида боз саркашӣ карданд, ки мардуме гунаҳгор буданд. (1)

﴿وَلَمَّا وَقَعَ عَلَيْهِمُ الرِّجْزُ قَالُوا يَا مُوسَى ادْعُ لَنَا رَبَّكَ بِمَا عَهِدَ عِنْدَكَ ۖ لَئِنْ كَشَفْتَ عَنَّا الرِّجْزَ لَنُؤْمِنَنَّ لَكَ وَلَنُرْسِلَنَّ مَعَكَ بَنِي إِسْرَائِيلَ﴾

134.
  Ва чун азоб (тоъун) бар онҳо фурӯд омад, гуфтанд: «Эй Мӯсо, ба он аҳде, ки Аллоҳро бо ту ҳаст, ӯро бихон, ки агар ин азобро аз мо дур кунӣ тавба мекунем, ба ту имон меоварем ва он чи ки ту моро ба он даъват мекунӣ, пайравӣ мекунем ва бани Исроилро озод мекунем ва бо ту мефиристем».(1)

﴿فَلَمَّا كَشَفْنَا عَنْهُمُ الرِّجْزَ إِلَىٰ أَجَلٍ هُمْ بَالِغُوهُ إِذَا هُمْ يَنْكُثُونَ﴾

135.  Ва чун азобро то он замоне, ки ба он расандаанд, аз онҳо дур кардем, он гоҳ паймони худро шикастанд ва бар куфру гумроҳиашон боқи монданд. (1)

﴿فَانْتَقَمْنَا مِنْهُمْ فَأَغْرَقْنَاهُمْ فِي الْيَمِّ بِأَنَّهُمْ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا وَكَانُوا عَنْهَا غَافِلِينَ﴾

136.Пас муддати муқаррар кардашуда омад, аз онҳо интиқом гирифтем ва дар баҳр ғарқашон кардем. Зеро оёти Моро инкор карданд ва аз он дар ғафлат монданд. (Ва ин ғафлат ба сабаби тасдиқ накарданашон ба оёти Аллоҳ буд)! (1)

﴿وَأَوْرَثْنَا الْقَوْمَ الَّذِينَ كَانُوا يُسْتَضْعَفُونَ مَشَارِقَ الْأَرْضِ وَمَغَارِبَهَا الَّتِي بَارَكْنَا فِيهَا ۖ وَتَمَّتْ كَلِمَتُ رَبِّكَ الْحُسْنَىٰ عَلَىٰ بَنِي إِسْرَائِيلَ بِمَا صَبَرُوا ۖ وَدَمَّرْنَا مَا كَانَ يَصْنَعُ فِرْعَوْنُ وَقَوْمُهُ وَمَا كَانُوا يَعْرِشُونَ﴾

137.
Ва ба он мардуме (яъне бани Исроил), ки ба нотавонӣ афтода буданд, шарқу ғарби он сарзаминро (яъне Шом), ки баракат дода будем (бо зироат, меваҳо ва дарёҳо), ба мерос додем ва ваъдаи некӯе, (1) ки Парвардигори ту ба бани Исроил дода буд, ба он сабаб, ки сабр варзида буданд, таҳқиқ ёфт ва ҳар чиро Фиръавну қавмаш месохтанд аз иморатҳо ва он чизеро, ки бино мекарданд, аз қасрҳо вайрон кардем!

﴿وَجَاوَزْنَا بِبَنِي إِسْرَائِيلَ الْبَحْرَ فَأَتَوْا عَلَىٰ قَوْمٍ يَعْكُفُونَ عَلَىٰ أَصْنَامٍ لَهُمْ ۚ قَالُوا يَا مُوسَى اجْعَلْ لَنَا إِلَٰهًا كَمَا لَهُمْ آلِهَةٌ ۚ قَالَ إِنَّكُمْ قَوْمٌ تَجْهَلُونَ﴾

138.Ва бани Исроилро аз баҳр гузаронидем. Пас бар қавме омаданд, ки парастиши бутҳои худро пайваста анҷом медоданд. Гуфтанд: «Эй Мӯсо, ҳамон тавр, ки онҳоро маъбудонест, барои мо ҳам маъбуде қарор бидеҳ». Ин гуфторашон аз рӯи шак набуд, балки аз ҷиҳати таъзим ва наздик шудан ба Аллоҳ буд.
Аз ҳамин сабаб Мӯсо барояшон гуфт: «Шумо мардуми нодон ва бехирад ҳастед ва таъзими Аллоҳро намедонед, ки ибодат ҷуз ба Аллоҳи якто ба дигар чизе сазовор нест. (1)

﴿إِنَّ هَٰؤُلَاءِ مُتَبَّرٌ مَا هُمْ فِيهِ وَبَاطِلٌ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ﴾

139.
  Он чӣ онҳо дар он ширке, ки қарор доранд ва ибодате, ки барои он бутҳо анҷом медиҳанд, нобудшаванда ва коре, ки мекунанд, ботил аст ва азоби Аллоҳро аз онҳо дур карда наметавонанд».

﴿قَالَ أَغَيْرَ اللَّهِ أَبْغِيكُمْ إِلَٰهًا وَهُوَ فَضَّلَكُمْ عَلَى الْعَالَمِينَ﴾

140.Мӯсо гуфт: «Оё ҷуз Аллоҳ бароятон маъбуде (1) биҷӯям ва ҳол он ки Уст, ки шуморо бар ҷаҳониёни замонатон бартарӣ додааст?»

﴿وَإِذْ أَنْجَيْنَاكُمْ مِنْ آلِ فِرْعَوْنَ يَسُومُونَكُمْ سُوءَ الْعَذَابِ ۖ يُقَتِّلُونَ أَبْنَاءَكُمْ وَيَسْتَحْيُونَ نِسَاءَكُمْ ۚ وَفِي ذَٰلِكُمْ بَلَاءٌ مِنْ رَبِّكُمْ عَظِيمٌ﴾

141.
Ва ба ёд оваред, ҳангоме ки шуморо аз хонадони Фиръавн наҷот додем, ки: Ба азобҳои сахттарин гирифторатон мекарданд, писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд ва наҷот додани шумо аз азоби онҳо аз ҷониби Парвардигоратон неъмати бузург буд, ё ин ки азобе, ки онон ба шумо медоданд, дар ин озмоиши бузурге буд аз тарафи Парвардигоратон. (1)

﴿۞ وَوَاعَدْنَا مُوسَىٰ ثَلَاثِينَ لَيْلَةً وَأَتْمَمْنَاهَا بِعَشْرٍ فَتَمَّ مِيقَاتُ رَبِّهِ أَرْبَعِينَ لَيْلَةً ۚ وَقَالَ مُوسَىٰ لِأَخِيهِ هَارُونَ اخْلُفْنِي فِي قَوْمِي وَأَصْلِحْ وَلَا تَتَّبِعْ سَبِيلَ الْمُفْسِدِينَ﴾

142.Сӣ шаб (1) бо Мӯсо ваъда ниҳодем ва даҳ шаби дигар бар он афзудем, то ваъдаи Парвардигораш чиҳил шаби комил шуд. Ва Мӯсо ба бародараш Ҳорун (хотиррасон карда) гуфт: «Бар қавми ман, то бозгаштани ман ҷонишини ман бош ва роҳи салоҳ пеш гир ва ба роҳи фасодкорон марав».

﴿وَلَمَّا جَاءَ مُوسَىٰ لِمِيقَاتِنَا وَكَلَّمَهُ رَبُّهُ قَالَ رَبِّ أَرِنِي أَنْظُرْ إِلَيْكَ ۚ قَالَ لَنْ تَرَانِي وَلَٰكِنِ انْظُرْ إِلَى الْجَبَلِ فَإِنِ اسْتَقَرَّ مَكَانَهُ فَسَوْفَ تَرَانِي ۚ فَلَمَّا تَجَلَّىٰ رَبُّهُ لِلْجَبَلِ جَعَلَهُ دَكًّا وَخَرَّ مُوسَىٰ صَعِقًا ۚ فَلَمَّا أَفَاقَ قَالَ سُبْحَانَكَ تُبْتُ إِلَيْكَ وَأَنَا أَوَّلُ الْمُؤْمِنِينَ﴾

143.Чун Мӯсо ба миъодгоҳи (ваъдагоҳи) Мо омад ва Парвардигораш бо ӯ сухан гуфт ва дастуроте аз амру наҳй ба ӯ пешниҳод кард. Мӯсо Парвардигорашро дӯст дошт ва ба дидани Ӯ муштоқ шуда гуфт: «Эй Парвардигори ман, худро бинамой, то дар Ту назар кунам». Гуфт: «Ҳаргиз Маро нахоҳӣ дид дар дунё. Вале ба он кӯҳ бинигар. Агар ба ҷои худ қарор ёфт, ту низ Маро хоҳӣ дид». Чун Парвардигораш бар кӯҳ ҷилвагар (зуҳур) шуд, кӯҳро ба замин яксон кард ва Мӯсо беҳӯш бияфтод.
Чун ба ҳӯш омад, гуфт: «Бор Илоҳо, Ту аз ҳамаи он чи ки шоистаи азаматат нест, пок ҳастӣ, ба Ту бозгаштам ва ҷасорате, ки нисбат ба Ту раво доштам тавба кардам ва ман нахустини мӯъминонам». (1)

﴿قَالَ يَا مُوسَىٰ إِنِّي اصْطَفَيْتُكَ عَلَى النَّاسِ بِرِسَالَاتِي وَبِكَلَامِي فَخُذْ مَا آتَيْتُكَ وَكُنْ مِنَ الشَّاكِرِينَ﴾

144.
  Аллоҳ гуфт: «Эй Мӯсо, Ман бо паёмҳоям ва сухан гуфтанам туро бевосита аз миёни мардум бартарӣ додам ва баргузидам, пас бигир он чиро ба ту додаам, аз амру наҳй ва аз сипосгузорон бош ва талаб макун он чиро, ки ту бар он тоқат надорӣ!» (1)

﴿وَكَتَبْنَا لَهُ فِي الْأَلْوَاحِ مِنْ كُلِّ شَيْءٍ مَوْعِظَةً وَتَفْصِيلًا لِكُلِّ شَيْءٍ فَخُذْهَا بِقُوَّةٍ وَأْمُرْ قَوْمَكَ يَأْخُذُوا بِأَحْسَنِهَا ۚ سَأُرِيكُمْ دَارَ الْفَاسِقِينَ﴾

145.  Барои ӯ дар он лавҳаҳо ҳар гуна панде, ки бандагон ба он ниёз (эҳтиёҷ) доранд ва тафсили ҳар чизеро аз аҳкоми шаръӣ, ақидаҳо ва ахлоқу одоб навиштем.
Пас гуфтем: «Онро ба нерӯмандӣ (ҷиддӣ ва саъю кӯшиш) бигир ва қавматро бифармой, то ба беҳтарини он амал кунанд, пас касе аз онҳо ё ғайри онҳо ба Ман шарик орад, ба зудӣ ба шумо бошишгоҳи фосиқон ва гунаҳкоронро нишон диҳам ва оташест, ки Аллоҳ онро барои душманонаш омода кардааст». (1)

﴿سَأَصْرِفُ عَنْ آيَاتِيَ الَّذِينَ يَتَكَبَّرُونَ فِي الْأَرْضِ بِغَيْرِ الْحَقِّ وَإِنْ يَرَوْا كُلَّ آيَةٍ لَا يُؤْمِنُوا بِهَا وَإِنْ يَرَوْا سَبِيلَ الرُّشْدِ لَا يَتَّخِذُوهُ سَبِيلًا وَإِنْ يَرَوْا سَبِيلَ الْغَيِّ يَتَّخِذُوهُ سَبِيلًا ۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا وَكَانُوا عَنْهَا غَافِلِينَ﴾

146.
  Он касонеро, ки ноҳақ дар рӯи замин саркашӣ мекунанд, ба зудӣ аз фаҳми оёти хеш ва далелҳое, ки бар бузургии Ман ва шариъат ва аҳкоми Ман далолат мекунанд, дилҳояшонро боздорам, чунон ки ҳар оятеро, ки бубинанд, (ки ибодат ба ҷуз Аллоҳ ба касе сазовор нест), ба сабаби кибрашон имон наёваранд ва агар тариқи ҳидоят бубинанд, аз он нараванд ва агар роҳи гумроҳӣ бубинанд, аз он бираванд ва онро барои худ дин гиранд. Зеро инҳо оётро дурӯғ бароварданд ва аз он ғафлат варзиданд ва тафаккур дар оёти Аллоҳ намекунанд ва ибрат намегиранд. (1)

﴿وَالَّذِينَ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا وَلِقَاءِ الْآخِرَةِ حَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ ۚ هَلْ يُجْزَوْنَ إِلَّا مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ﴾

147.  Ва аъмоли касоне, ки оятҳои Мо ва мулоқоти охиратро дурӯғ доштанд, нобуд шавад (1) онҳо ҷуз ба он чи мекарданд, ҷазо дода нашаванд. (Яъне, мувофиқи кирдорашон ҷазояшон хоҳем дод, агар нек бошад, нек аст, бад бошад, бад аст) (2)

﴿وَاتَّخَذَ قَوْمُ مُوسَىٰ مِنْ بَعْدِهِ مِنْ حُلِيِّهِمْ عِجْلًا جَسَدًا لَهُ خُوَارٌ ۚ أَلَمْ يَرَوْا أَنَّهُ لَا يُكَلِّمُهُمْ وَلَا يَهْدِيهِمْ سَبِيلًا ۘ اتَّخَذُوهُ وَكَانُوا ظَالِمِينَ﴾

148.  Қавми Мӯсо баъд аз рафтани ӯ ба ваъдагоҳи Парвардигораш ба кӯҳи Тур аз зеварҳояшон шакли гӯсолае сохтанд ва онро маъбуди худ гирифтанд, ки ӯ ҷасаде буд. (1) Оё намебинанд, ки он гӯсола бо онҳо сухан намегӯяд ва онҳоро ба ҳеҷ роҳе ҳидоят намекунад?» Онро барои худ маъбуд гирифтанд ва бар худ ситам карданд.

﴿وَلَمَّا سُقِطَ فِي أَيْدِيهِمْ وَرَأَوْا أَنَّهُمْ قَدْ ضَلُّوا قَالُوا لَئِنْ لَمْ يَرْحَمْنَا رَبُّنَا وَيَغْفِرْ لَنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ الْخَاسِرِينَ﴾

149.
  Ва чун баъд аз омадани Мӯсо аз муноҷоти Парвардигораш аз он кор пушаймон шуданд ва диданд, ки дар гумроҳӣ афтодаанд, гуфтанд: «Агар Парвардигорамон ба мо раҳм накунад ва моро наёмӯрзад, дар зумраи зиёнкардагон хоҳем буд».

﴿وَلَمَّا رَجَعَ مُوسَىٰ إِلَىٰ قَوْمِهِ غَضْبَانَ أَسِفًا قَالَ بِئْسَمَا خَلَفْتُمُونِي مِنْ بَعْدِي ۖ أَعَجِلْتُمْ أَمْرَ رَبِّكُمْ ۖ وَأَلْقَى الْأَلْوَاحَ وَأَخَذَ بِرَأْسِ أَخِيهِ يَجُرُّهُ إِلَيْهِ ۚ قَالَ ابْنَ أُمَّ إِنَّ الْقَوْمَ اسْتَضْعَفُونِي وَكَادُوا يَقْتُلُونَنِي فَلَا تُشْمِتْ بِيَ الْأَعْدَاءَ وَلَا تَجْعَلْنِي مَعَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ﴾

150.
  Чун Мӯсо хашмгину андӯҳнок назди қавми худ бозгашт (зеро Аллоҳ ӯро огоҳ намуд, ки қавмат дар фитнае мубтало шуданд ва онҳоро Сомирӣ ба залолат бурд), гуфт: «Дар набудани ман чӣ бад ҷонишинӣ кардед. Чаро бар фармони Парвардигори худ шитоб варзидед?» Ва лавҳаҳоро бар замин афканд ва мӯйи сари бародарашро гирифту ба сӯи худ кашид.
Ҳорун гуфт: Эй писари модарам, ин қавм маро заъиф шумурданд ва наздик буд, ки маро бикушанд, пас гумон мабар, ки ман кӯтоҳӣ варзидаам, душманонро хурсанд макун ва маро дар шумори ситамкороне, ки хилофи амри туанд ва парастиши гӯсола кардаанд, (1) қарор мадеҳ!»

﴿قَالَ رَبِّ اغْفِرْ لِي وَلِأَخِي وَأَدْخِلْنَا فِي رَحْمَتِكَ ۖ وَأَنْتَ أَرْحَمُ الرَّاحِمِينَ﴾

151.
  Вақте Мӯсо аз кардаи худ пушаймон шуд, гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз ғазабам ва бародарамро аз он чи байни ӯ ва байни бани Исроил гузашт, биёмӯрз ва моро дар раҳмати хеш дохил кун, ки Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ!» (1)

﴿إِنَّ الَّذِينَ اتَّخَذُوا الْعِجْلَ سَيَنَالُهُمْ غَضَبٌ مِنْ رَبِّهِمْ وَذِلَّةٌ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ۚ وَكَذَٰلِكَ نَجْزِي الْمُفْتَرِينَ﴾

152.
Онон, ки хӯсоларо барои худ маъбуд интихоб карданд, ба зудӣ ба ғазаби сахти Парвардигорашон гирифтор хоҳанд шуд ва ба сабаби куфрашон дар зиндагонии ин дунё ба хорӣ хоҳанд афтод. Ва ба касоне, ки дурӯғ мебанданд ва ибодати ғайри Ӯро иқрор мекунанд, инчунин ҷазо медиҳем! (1)

﴿وَالَّذِينَ عَمِلُوا السَّيِّئَاتِ ثُمَّ تَابُوا مِنْ بَعْدِهَا وَآمَنُوا إِنَّ رَبَّكَ مِنْ بَعْدِهَا لَغَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

153.
  Онон, ки корҳои бадро анҷом медиҳанд (аз ширк ва гуноҳони кабира ва сағира), сипас тавба мекунанд ва ба Аллоҳ ва он чи воҷиб гардондаст, имон меоваранд, бидонанд, ки Парвардигори ту пас аз тавба омӯрзандаи гуноҳон аст, гарчи ба андозаи замин бошад ва меҳрубон аст бо пазируфтани тавба! (1)

﴿وَلَمَّا سَكَتَ عَنْ مُوسَى الْغَضَبُ أَخَذَ الْأَلْوَاحَ ۖ وَفِي نُسْخَتِهَا هُدًى وَرَحْمَةٌ لِلَّذِينَ هُمْ لِرَبِّهِمْ يَرْهَبُونَ﴾

154.  Чун хашми Мӯсо фурӯ нишаст, лавҳаҳоро баргирифт. Ва дар навиштаҳои он барои онҳое, ки аз Парвардигорашон метарсанд, ҳидоят ва раҳмат буд.

﴿وَاخْتَارَ مُوسَىٰ قَوْمَهُ سَبْعِينَ رَجُلًا لِمِيقَاتِنَا ۖ فَلَمَّا أَخَذَتْهُمُ الرَّجْفَةُ قَالَ رَبِّ لَوْ شِئْتَ أَهْلَكْتَهُمْ مِنْ قَبْلُ وَإِيَّايَ ۖ أَتُهْلِكُنَا بِمَا فَعَلَ السُّفَهَاءُ مِنَّا ۖ إِنْ هِيَ إِلَّا فِتْنَتُكَ تُضِلُّ بِهَا مَنْ تَشَاءُ وَتَهْدِي مَنْ تَشَاءُ ۖ أَنْتَ وَلِيُّنَا فَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَا ۖ وَأَنْتَ خَيْرُ الْغَافِرِينَ﴾

155.  Ва Мӯсо барои ваъдагоҳи Мо аз миёни қавмаш ҳафтод мардро ихтиёр кард ва онҳоро ба кӯҳи Тур баровард, то қавмаш аз Парвардигорашон маъзаратхоҳӣ кунанд. Пас, чун ҳозир шуданд, гуфтанд: "Эй Мӯсо Аллоҳро ба мо ошкоро нишон деҳ!". Чун зилзила онҳоро фурӯ гирифт, беҳӯш афтоданд ва ҳалок шуданд. Ва Мӯсо ба зорӣ ва дуъо пардохт ва гуфт: «Эй Парвардигори ман, агар мехостӣ онҳоро ва маро пеш аз ин ҳалок мекардӣ. Оё ба хотири аъмоле, ки бехирадони мо анҷом додаанд, моро ба ҳалокат мерасонӣ? Ва ин ҷуз имтиҳони Ту нест. Ҳар касро бихоҳӣ, ба он гумроҳ мекунӣ ва ҳар касро бихоҳӣ, ҳидоят мекунӣ. Ту сарпарасти мо ҳастӣ, моро биёмӯрз ва бар мо раҳм фармо, ки Ту беҳтарини омӯрзандагон ҳастӣ! (1)

﴿۞ وَاكْتُبْ لَنَا فِي هَٰذِهِ الدُّنْيَا حَسَنَةً وَفِي الْآخِرَةِ إِنَّا هُدْنَا إِلَيْكَ ۚ قَالَ عَذَابِي أُصِيبُ بِهِ مَنْ أَشَاءُ ۖ وَرَحْمَتِي وَسِعَتْ كُلَّ شَيْءٍ ۚ فَسَأَكْتُبُهَا لِلَّذِينَ يَتَّقُونَ وَيُؤْتُونَ الزَّكَاةَ وَالَّذِينَ هُمْ بِآيَاتِنَا يُؤْمِنُونَ﴾

156.  Барои мо дар ин дунё некӣ ва амали солеҳ муқаррар дор ва дар охират низ некӣ бинавис! Мо ба сӯи ту бозгаштаем (яъне, тавба кардем). Аллоҳ гуфт: «Азоби худро ба ҳар кас, ки бихоҳам, мерасонам ва раҳмати Ман (1) ҳама чизро дарбар мегирад. Онро барои касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд (2) ва закот медиҳанд ва ба оёти Мо имон меоваранд, муқаррар хоҳам дошт,

﴿الَّذِينَ يَتَّبِعُونَ الرَّسُولَ النَّبِيَّ الْأُمِّيَّ الَّذِي يَجِدُونَهُ مَكْتُوبًا عِنْدَهُمْ فِي التَّوْرَاةِ وَالْإِنْجِيلِ يَأْمُرُهُمْ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَاهُمْ عَنِ الْمُنْكَرِ وَيُحِلُّ لَهُمُ الطَّيِّبَاتِ وَيُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبَائِثَ وَيَضَعُ عَنْهُمْ إِصْرَهُمْ وَالْأَغْلَالَ الَّتِي كَانَتْ عَلَيْهِمْ ۚ فَالَّذِينَ آمَنُوا بِهِ وَعَزَّرُوهُ وَنَصَرُوهُ وَاتَّبَعُوا النُّورَ الَّذِي أُنْزِلَ مَعَهُ ۙ أُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ﴾

157.
Ин раҳматро барои касоне муқаррар дошт, ки аз Аллоҳ метарсанд ва аз маъсияти Ӯ дур мешаванд ва аз ин расул, ин паёмбари уммӣ (дарснахонда), ки номашро дар Тавроту Инҷили худ навишта меёбанд, пайравӣ мекунанд, он кӣ ба некӣ (тавҳиду тоъат) фармонашон медиҳад ва аз корҳои ношоиста (ширку маъсият) онҳоро бозмедорад ва чизҳои покизаро (1) бар онҳо ҳалол мекунад ва чизҳои нопокро (2) ҳаром ва бори гаронашонро аз дӯшашон бармедорад ва банду занҷирашонро мекушояд.
(3) Пас касоне, ки ба паёмбари уммӣ (дарснахонда, Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) имон оварданд ва ҳурматашро нигоҳ доштанд ва ёриаш карданд ва аз он китоби Қуръон, ки ба ӯ нозил кардаем ва ба суннати ӯ пайравӣ карданд, растагоронанд!» (4)

﴿قُلْ يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنِّي رَسُولُ اللَّهِ إِلَيْكُمْ جَمِيعًا الَّذِي لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ يُحْيِي وَيُمِيتُ ۖ فَآمِنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ النَّبِيِّ الْأُمِّيِّ الَّذِي يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَكَلِمَاتِهِ وَاتَّبِعُوهُ لَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ﴾

158.Бигӯ (эй Расул, барои тамоми мардум): «Эй мардум, ман фиристодаи Аллоҳ бар ҳамаи шумо ҳастам на барои баъзеи шумо. Он Аллоҳе, ки фармонравоии осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост аз они Ӯст ва ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест. Зинда мекунад ва мемиронад.
Пас ба Аллоҳ ва расули Ӯ, он паёмбари уммӣ (дарснахонда), ки ба Аллоҳу суханони ӯ имон дорад, имон биёваред, ки ақида ва амалҳояш ба роҳи дуруст ва рост қарор дорад ва аз ӯ пайравӣ кунед, то манфиъатҳои динӣ ва дунявии худро дарёбед. Бошад, ки ҳидоят шавед!» (1)

﴿وَمِنْ قَوْمِ مُوسَىٰ أُمَّةٌ يَهْدُونَ بِالْحَقِّ وَبِهِ يَعْدِلُونَ﴾

159.Гурӯҳе аз (миёни) қавми Мӯсо ҳастанд, ки мардумро ба сӯи ҳақ роҳ менамоянд ва одилона рафтор мекунанд.

﴿وَقَطَّعْنَاهُمُ اثْنَتَيْ عَشْرَةَ أَسْبَاطًا أُمَمًا ۚ وَأَوْحَيْنَا إِلَىٰ مُوسَىٰ إِذِ اسْتَسْقَاهُ قَوْمُهُ أَنِ اضْرِبْ بِعَصَاكَ الْحَجَرَ ۖ فَانْبَجَسَتْ مِنْهُ اثْنَتَا عَشْرَةَ عَيْنًا ۖ قَدْ عَلِمَ كُلُّ أُنَاسٍ مَشْرَبَهُمْ ۚ وَظَلَّلْنَا عَلَيْهِمُ الْغَمَامَ وَأَنْزَلْنَا عَلَيْهِمُ الْمَنَّ وَالسَّلْوَىٰ ۖ كُلُوا مِنْ طَيِّبَاتِ مَا رَزَقْنَاكُمْ ۚ وَمَا ظَلَمُونَا وَلَٰكِنْ كَانُوا أَنْفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ﴾

160.Бани Исроилро ба дувоздаҳ сибт (қабила ва шоха) тақсим кардем, (ки сабаби пайдоиши насли ҳар қабила марде аз фарзандони Яъқуб буд.) Ва чун қавми Мусо аз ӯ об хостанд, ба ӯ ваҳй кардем, ки асоятро бар санг бизан, пас бар санг зад, ки аз он санг дувоздаҳ чашма равон шуд. Ва ҳар гурӯҳ ҷои обхӯриши хешро бишинохт. Ва абрро барояшон соябон сохтем ва барояшон «манна ва салво» (1) нозил кардем. Бихӯред аз ин чизҳои покиза, ки бар шумо рӯзӣ додаем! Аммо ононро малол шуд аз бардавом фуруд омадани он неъматҳо, пас носипосӣ карданд. Ва онон ба мо ситам накарданд, вақте ки шукри неъматро ба ҷо наоварданд, балки ба худашон ситам мекарданд ва худро дар азоб қарор доданд. Ва ин дар вақти дар биёбон монданашон буд. (2)

﴿وَإِذْ قِيلَ لَهُمُ اسْكُنُوا هَٰذِهِ الْقَرْيَةَ وَكُلُوا مِنْهَا حَيْثُ شِئْتُمْ وَقُولُوا حِطَّةٌ وَادْخُلُوا الْبَابَ سُجَّدًا نَغْفِرْ لَكُمْ خَطِيئَاتِكُمْ ۚ سَنَزِيدُ الْمُحْسِنِينَ﴾

161.
Ва ба ёд ор эй Расул, нофармонии бани Исроил Парвардигорашонро ва паёмбарашон Мӯсо (алайҳиссалом)-ро ва табдил доданашон суханеро, ки ба онҳо фармудашуда буд гуфтанашро, вақте ки Аллоҳ ба онҳо фармуда буд, ки дар ин шаҳр(1) сукунат кунед ва ҳар ҷо ҳар чӣ хоҳед, бихӯред ва бигӯед, ки гуноҳони моро бирез ва саҷдакунон (бо фурӯтанӣ) аз дарвоза дохил шавед, то гуноҳонатонро биёмурзем. Ба подоши некӯкорон аз хайри дунё ва охират бароятон хоҳем афзуд. Пас онҳо аз дастури Аллоҳ фармон набурданд.(2)

﴿فَبَدَّلَ الَّذِينَ ظَلَمُوا مِنْهُمْ قَوْلًا غَيْرَ الَّذِي قِيلَ لَهُمْ فَأَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ رِجْزًا مِنَ السَّمَاءِ بِمَا كَانُوا يَظْلِمُونَ﴾

162. Аз миёни онон, он гурӯҳ, ки бар худ ситам карда буданд, суханеро, ки ба онҳо гуфта шуда буд, дигаргун карданд. (Яъне, ба ҷои омӯрзиш талаб кардан, донаи гандум гуфтанд.
Онҳоро мебоист бо таъзиму эҳтиром ба ин шаҳр дохил шаванд, балки Аллоҳро нофармонӣ карданд ва амрашро сабук шумориданд ва бо ҳолати хазидан ва нишаста дохили он шуданд)(1) Пас ба сабаби ситаме, ки мекарданд, барояшон аз осмон азоб фиристодем.

﴿وَاسْأَلْهُمْ عَنِ الْقَرْيَةِ الَّتِي كَانَتْ حَاضِرَةَ الْبَحْرِ إِذْ يَعْدُونَ فِي السَّبْتِ إِذْ تَأْتِيهِمْ حِيتَانُهُمْ يَوْمَ سَبْتِهِمْ شُرَّعًا وَيَوْمَ لَا يَسْبِتُونَ ۙ لَا تَأْتِيهِمْ ۚ كَذَٰلِكَ نَبْلُوهُمْ بِمَا كَانُوا يَفْسُقُونَ﴾

163.  Эй Паёмбар, аз яҳудиён дар бораи он шаҳре, ки наздик ба баҳр буд, аз онҳо бипурс. Он гоҳ, ки дар рӯзи шанбе аз ҳад (ҳудуд ва муқарароти Аллоҳ) таҷовуз мекарданд. Аллоҳ онҳоро дар озмоиши худ қарор дод, то рӯзи шанберо эҳтиром ва таъзим кунанд ва ба шикор напардозанд. Зеро дар рӯзе, ки эҳтироми он мекарданд, моҳиён ошкор бар рӯи об меомаданд ва дар ғайри рӯзи шанбе намеомаданд. Пас онҳо барои шикор кардан ҳилаеро ба кор бурданд. Чуқуриҳо канданд ва ба онҳо дом монданд. Вақте рӯзи шанбе фаро расид, моҳиён дар ин чуқуриҳо ба домҳо меафтоданд ва он моҳиёнро рӯзи якшанбе бармедоштанд. Онҳоро ба сабаби он, ки гуноҳ мекарданд, ҳамчунин меозмудем!(1)

﴿وَإِذْ قَالَتْ أُمَّةٌ مِنْهُمْ لِمَ تَعِظُونَ قَوْمًا ۙ اللَّهُ مُهْلِكُهُمْ أَوْ مُعَذِّبُهُمْ عَذَابًا شَدِيدًا ۖ قَالُوا مَعْذِرَةً إِلَىٰ رَبِّكُمْ وَلَعَلَّهُمْ يَتَّقُونَ﴾

164.
  Ва эй Расул, ба ёд ор он гоҳ, ки бани Исроил ба се гурӯҳ тақсим шуданд: (гурӯҳи аввал: золимон, дуввум: насиҳатгарон, сеюм: бетарафон) гурӯҳи бетарафон ба гурӯҳи насиҳатгарон гуфтанд: «Чаро қавмеро, ки дар рӯзи шанбе аз ҳудуд ва муқарароти Аллоҳ таҷовуз карданд, панд медиҳед, ки Аллоҳ ҳалокашон хоҳад кард ва ба азоби дарднок мубтало хоҳад сохт?» Гурӯҳи насиҳатгарон гуфтанд: «То моро назди Парвардигоратон узре (1) бошад. Ва бошад, ки парҳезгор шаванд. (2)

﴿فَلَمَّا نَسُوا مَا ذُكِّرُوا بِهِ أَنْجَيْنَا الَّذِينَ يَنْهَوْنَ عَنِ السُّوءِ وَأَخَذْنَا الَّذِينَ ظَلَمُوا بِعَذَابٍ بَئِيسٍ بِمَا كَانُوا يَفْسُقُونَ﴾

165.
  Чун пандеро, ки ба онҳо дода шуда буд, фаромӯш карданд (яъне насиҳатро қабул накарданд), ононро, ки аз бадӣ парҳез мекарданд, наҷот додем ва гунаҳкоронро, ки дар рӯзи шанбе таҷовуз карданд ва ҳаром кардаи Аллоҳро ҳалол шумориданд ба сабаби гуноҳашон онҳоро ба азоби сахт дучор кардем. (1)

﴿فَلَمَّا عَتَوْا عَنْ مَا نُهُوا عَنْهُ قُلْنَا لَهُمْ كُونُوا قِرَدَةً خَاسِئِينَ﴾

166.
  Пас, вақте ки дилҳои онҳо сахт шуд, аз тарки чизе, ки аз он манъашон карда буданд, сарпечӣ карданд, ҳақро қабул накарданд, гуфтем: «Бузинагони (маймунони) хоршуда шавед!»

﴿وَإِذْ تَأَذَّنَ رَبُّكَ لَيَبْعَثَنَّ عَلَيْهِمْ إِلَىٰ يَوْمِ الْقِيَامَةِ مَنْ يَسُومُهُمْ سُوءَ الْعَذَابِ ۗ إِنَّ رَبَّكَ لَسَرِيعُ الْعِقَابِ ۖ وَإِنَّهُ لَغَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

167.
  (Ба ёд ор эй Расул), ки Парвардигори ту эълом кард, то касеро (1) бар яҳудиён бифиристад, ки то дар рӯзи қиёмат ба азоби сахт азобашон кунад (яъне, онҳоро хору залил мегардонад). Ҳароина Парвардигори ту зуд уқубат мекунад ва низ омӯрзандаву меҳрубон аст!.

﴿وَقَطَّعْنَاهُمْ فِي الْأَرْضِ أُمَمًا ۖ مِنْهُمُ الصَّالِحُونَ وَمِنْهُمْ دُونَ ذَٰلِكَ ۖ وَبَلَوْنَاهُمْ بِالْحَسَنَاتِ وَالسَّيِّئَاتِ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ﴾

168.  Ононро (яҳудиёнро) гурӯҳ- гурӯҳ дар замин тақсим кардем, баъзе аз онҳо некӯкор ҳастанд ва баъзе дигар ғайри он ҳастанд. Ва онҳоро ба некиҳову (фаровонӣ ва тандурустӣ) бадиҳо (қаҳтӣ ва вазнинӣ) озмудем, шояд ба тоъати Аллоҳ бозгарданд ва тавба кунанд. (1)

﴿فَخَلَفَ مِنْ بَعْدِهِمْ خَلْفٌ وَرِثُوا الْكِتَابَ يَأْخُذُونَ عَرَضَ هَٰذَا الْأَدْنَىٰ وَيَقُولُونَ سَيُغْفَرُ لَنَا وَإِنْ يَأْتِهِمْ عَرَضٌ مِثْلُهُ يَأْخُذُوهُ ۚ أَلَمْ يُؤْخَذْ عَلَيْهِمْ مِيثَاقُ الْكِتَابِ أَنْ لَا يَقُولُوا عَلَى اللَّهِ إِلَّا الْحَقَّ وَدَرَسُوا مَا فِيهِ ۗ وَالدَّارُ الْآخِرَةُ خَيْرٌ لِلَّذِينَ يَتَّقُونَ ۗ أَفَلَا تَعْقِلُونَ﴾

169.
  Баъд аз инҳо гурӯҳе бадкор ба ҷояшон нишастанд ва вориси он китоби Таврот шуданд, ки ба матоъи дунявӣ дил бастанд байни ҳалолу ҳаром фарқе намегузоштанд ва онро мегирифтанд ва иқрор мекарданд, ки ин кор гуноҳ аст ва мегуфтанд, ки ба зудӣ омӯрзида мешавем. Ва агар монанди он боз ҳам матоъе биёбанд, баргиранд.
Оё аз онон дар китоб паймон гирифта нашуда буд, ки дар бораи Аллоҳ ҷуз ба ростӣ сухан нагӯянд, ҳол он ки он чӣ дар он китоб омада буд, хонда буданд? Сарои охират барои касоне, ки мепарҳезанд, беҳтар аст. Оё андеша намекунед?

﴿وَالَّذِينَ يُمَسِّكُونَ بِالْكِتَابِ وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ إِنَّا لَا نُضِيعُ أَجْرَ الْمُصْلِحِينَ﴾

170.
  Онон, ки дар илму амал ба китоби Аллоҳ тамассук (наздикӣ) меҷӯянд ва бо фармудаҳои он иқтидо мекунанд ва аз манъкардаҳои он дурӣ меҷӯянд ва намозро ба сурати зоҳирӣ ва ботиниаш адо менамоянд, бидонанд, ки подоши ислоҳгаронро бекор намесозем.(1)

﴿۞ وَإِذْ نَتَقْنَا الْجَبَلَ فَوْقَهُمْ كَأَنَّهُ ظُلَّةٌ وَظَنُّوا أَنَّهُ وَاقِعٌ بِهِمْ خُذُوا مَا آتَيْنَاكُمْ بِقُوَّةٍ وَاذْكُرُوا مَا فِيهِ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ﴾

171. Ва (ба ёд ор эй Расул), ки кӯҳро бар болои сарашон чун соябоне нигоҳ доштем ва мепиндоштанд, агар аҳкоми онро қабул накунанд, бар сарашон хоҳад афтод.
Ва барояшон гуфтем: Китоберо, ки ба шумо додаем, бо нерӯмандӣ бигиред ва ҳар чиро, ки дар он омадааст, (аз аҳду паймон) ба ёд доред, бошад, ки парҳезгор шавед ва аз азоби Аллоҳ худро наҷот диҳед!(1)

﴿وَإِذْ أَخَذَ رَبُّكَ مِنْ بَنِي آدَمَ مِنْ ظُهُورِهِمْ ذُرِّيَّتَهُمْ وَأَشْهَدَهُمْ عَلَىٰ أَنْفُسِهِمْ أَلَسْتُ بِرَبِّكُمْ ۖ قَالُوا بَلَىٰ ۛ شَهِدْنَا ۛ أَنْ تَقُولُوا يَوْمَ الْقِيَامَةِ إِنَّا كُنَّا عَنْ هَٰذَا غَافِلِينَ﴾

172. Ва (ба ёд ор эй Расул,) Парвардигори ту аз пушти бани Одам фарзандонашро берун овард(1). Ва ононро бар худашон гувоҳ гирифт ва пурсид: «Оё Ман Парвардигоратон нестам?» Гуфтанд: «Оре, гувоҳӣ медиҳем ин ки Ту Парвардигори мо ҳастӣ». То дар рӯзи қиёмат нагӯед, ки мо аз он бехабар будем.

﴿أَوْ تَقُولُوا إِنَّمَا أَشْرَكَ آبَاؤُنَا مِنْ قَبْلُ وَكُنَّا ذُرِّيَّةً مِنْ بَعْدِهِمْ ۖ أَفَتُهْلِكُنَا بِمَا فَعَلَ الْمُبْطِلُونَ﴾

173.
Ё нагӯед, ки падарони мо пеш аз ин мушрик буданд ва мо насле пас аз онҳо будем ба онҳо иқтидо кардем, оё ба сабаби коре, ки гумроҳон карда буданд, моро ба ҳалокат мерасонӣ?

﴿وَكَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ الْآيَاتِ وَلَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ﴾

174.
Ҳамчунон баён кардем оётро ба умматҳои пешина, (инчунин оётро барои қавмат эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) )ба равшанӣ баён мекунем, шояд ки ба сӯи он чи ки бо Аллоҳ паймон бастаанд, аз ширкашон бозгарданд! (1)

﴿وَاتْلُ عَلَيْهِمْ نَبَأَ الَّذِي آتَيْنَاهُ آيَاتِنَا فَانْسَلَخَ مِنْهَا فَأَتْبَعَهُ الشَّيْطَانُ فَكَانَ مِنَ الْغَاوِينَ﴾

175.
Эй Паёмбар, бар уммати худ бихон хабари он мардеро аз бани Исроил, ки оятҳои китоби худро ба ӯ ато карда будем, пас олими бузург ва донишманди моҳир шуд ва ӯ пас аз донистани ин оятҳо хориҷ шуд ва шайтон дар паяш афтод ва ба сабаби мухолифати амри Парвардигор ва итоъати шайтон дар зумраи гумроҳон даромад. (1)

﴿وَلَوْ شِئْنَا لَرَفَعْنَاهُ بِهَا وَلَٰكِنَّهُ أَخْلَدَ إِلَى الْأَرْضِ وَاتَّبَعَ هَوَاهُ ۚ فَمَثَلُهُ كَمَثَلِ الْكَلْبِ إِنْ تَحْمِلْ عَلَيْهِ يَلْهَثْ أَوْ تَتْرُكْهُ يَلْهَثْ ۚ ذَٰلِكَ مَثَلُ الْقَوْمِ الَّذِينَ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا ۚ فَاقْصُصِ الْقَصَصَ لَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُونَ﴾

176.
Агар хоста будем, ба сабаби он илм, ки ба ӯ дода будем, мартабаи баландаш мебахшидем, вале ӯ коре кард, ки расвоӣ ба бор овард ва аз паи ҳавою ҳаваси хеш рафт. Масали ӯ чун масали он саг аст, ки агар ба ӯ ҳамла кунӣ, забон аз даҳон берун орад ва агар раҳояш кунӣ, боз ҳам забон аз даҳон берун орад. Ин мисоли қавмест, ки оёти Моро дурӯғ шумориданд ва аз он итоъат нанамуданд. Пас қиссаро барояшон бихон, то шояд дар ин мисолҳо ба андеша фурӯ раванд! (1)

﴿سَاءَ مَثَلًا الْقَوْمُ الَّذِينَ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا وَأَنْفُسَهُمْ كَانُوا يَظْلِمُونَ﴾

177.
  Чи бад аст масали мардуме, ки оёти Моро дурӯғ шумориданд ва ба сабаби рӯйгардонданашон аз пайравии ҳақ ва тоъати Парвардигорашон ба худашон ситам мекарданд! (1)

﴿مَنْ يَهْدِ اللَّهُ فَهُوَ الْمُهْتَدِي ۖ وَمَنْ يُضْلِلْ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ﴾

178.  Ҳар касро, ки Аллоҳ ба сӯи имон ва тоъаташ роҳ намояд, пас ӯ ҳақиқатан роҳ ёфтааст. Ва ҳар касро, ки гумроҳ созад, бар анҷоми кори хайр тавфиқ надиҳад. Пас бегумон онҳо зиёнкоронанд. (1)

﴿وَلَقَدْ ذَرَأْنَا لِجَهَنَّمَ كَثِيرًا مِنَ الْجِنِّ وَالْإِنْسِ ۖ لَهُمْ قُلُوبٌ لَا يَفْقَهُونَ بِهَا وَلَهُمْ أَعْيُنٌ لَا يُبْصِرُونَ بِهَا وَلَهُمْ آذَانٌ لَا يَسْمَعُونَ بِهَا ۚ أُولَٰئِكَ كَالْأَنْعَامِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ ۚ أُولَٰئِكَ هُمُ الْغَافِلُونَ﴾

179.  Барои ҷаҳаннам бисёре аз ҷинну инсро биёфаридем.
Онҳоро дидҳоест, ки ба он намефаҳманд амри охиратро ва умеди савоб надоранд ва аз азоби Аллоҳ наметарсанд ва онҳоро чашмҳоест, ки ба он чизеро, ки фоидаашон бошад, намебинанд ва гӯшҳоест, ки намешунаванд ҳақро, (яъне маъно ва фаҳмиши он дар дилҳояшон роҳ намеёбад.) Инҳо монанди чорпоёнанд, ки ақл надоранд, ҳатто гумроҳтар аз онҳоянд. Зеро чорпоён нафъ ва зарари худро дарк менамоянд. Инҳо худ аз имони ба Аллоҳ ва тоъаташ дар ғафлатанд. (1)

﴿وَلِلَّهِ الْأَسْمَاءُ الْحُسْنَىٰ فَادْعُوهُ بِهَا ۖ وَذَرُوا الَّذِينَ يُلْحِدُونَ فِي أَسْمَائِهِ ۚ سَيُجْزَوْنَ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ﴾

180.  Аз они Аллоҳ аст, некӯтарин номҳо, ки далолат бар камоли азамати Ӯ ҳаст. Ба он номҳояш нидо кунед, он чиро ки ирода мекунед. Ва тарк кунед онҳоеро, ки ба номҳои Аллоҳ каҷравӣ (1) мекунанд. Ба зудӣ ҷазои он чиро ки мекунанд, хоҳанд дид.

﴿وَمِمَّنْ خَلَقْنَا أُمَّةٌ يَهْدُونَ بِالْحَقِّ وَبِهِ يَعْدِلُونَ﴾

181.
  Аз офаридагони мо гурӯҳе (1) ҳастанд, ки ба дини ҳақ роҳ менамоянд ва ба адолат рафтор мекунанд ва онон пешвоёни роҳи ҳақанд, ки Аллоҳ бар онҳо имон ва амали солеҳ рӯзӣ кардааст.

﴿وَالَّذِينَ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا سَنَسْتَدْرِجُهُمْ مِنْ حَيْثُ لَا يَعْلَمُونَ﴾

182.
  Ва ононро, ки оёти моро дурӯғ шумориданд ва инкор карданд ва панд нагирифтанд ба зудӣ барояшон рӯзии фаровон ато мекунем ва онон гумон мекунанд, ки бар ҳақиқатанд, пас азобашон кунем аз роҳе, ки худ намедонанд. Зина ба зина ононро то мавзеъм ҳалокат бикашем. (1)

﴿وَأُمْلِي لَهُمْ ۚ إِنَّ كَيْدِي مَتِينٌ﴾

183.  Ва ба онҳо мӯҳлат диҳам, ки тадбири (макри) Ман устувор ва маҳкам аст.

﴿أَوَلَمْ يَتَفَكَّرُوا ۗ مَا بِصَاحِبِهِمْ مِنْ جِنَّةٍ ۚ إِنْ هُوَ إِلَّا نَذِيرٌ مُبِينٌ﴾

184.
  Оё фикр накардаанд, ки дар ҳамнишинашон (1) нишоне аз девонагӣ нест ва ӯ ошкоро бимдиҳанда аст? (Яъне, мардумро ба сӯи он чи ки онҳоро аз азоб наҷот медиҳад ва подошро барои онҳо ҳақ медорад, даъват мекунад) (2)

﴿أَوَلَمْ يَنْظُرُوا فِي مَلَكُوتِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا خَلَقَ اللَّهُ مِنْ شَيْءٍ وَأَنْ عَسَىٰ أَنْ يَكُونَ قَدِ اقْتَرَبَ أَجَلُهُمْ ۖ فَبِأَيِّ حَدِيثٍ بَعْدَهُ يُؤْمِنُونَ﴾

185.
  Касоне ки оёти Аллоҳро дурӯғ мешуморанд, оё дар подшоҳӣ ва тасарруфи осмонҳову замин ва чизҳое, ки Аллоҳ офаридааст, намеандешанд? Ва шояд, ки маргашон наздик бошад ва ногаҳон бар куфрашон ҳалок гарданд. Ва баъд аз Қуръон кадом суханро бовар доранд?

﴿مَنْ يُضْلِلِ اللَّهُ فَلَا هَادِيَ لَهُ ۚ وَيَذَرُهُمْ فِي طُغْيَانِهِمْ يَعْمَهُونَ﴾

186.  Ҳар касро, ки Аллоҳ гумроҳ кунад, ҳеҷ роҳнамое барояш нест. Ва ононро вомегузорад, то ҳамчунон дар саркашии хеш саргардон бимонанд.

﴿يَسْأَلُونَكَ عَنِ السَّاعَةِ أَيَّانَ مُرْسَاهَا ۖ قُلْ إِنَّمَا عِلْمُهَا عِنْدَ رَبِّي ۖ لَا يُجَلِّيهَا لِوَقْتِهَا إِلَّا هُوَ ۚ ثَقُلَتْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ لَا تَأْتِيكُمْ إِلَّا بَغْتَةً ۗ يَسْأَلُونَكَ كَأَنَّكَ حَفِيٌّ عَنْهَا ۖ قُلْ إِنَّمَا عِلْمُهَا عِنْدَ اللَّهِ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ﴾

187.
(Кофирони Макка) дар бораи қиёмат аз ту (эй Расул) мепурсанд гӯё аз он бисёр пурсидаӣ ва омадани онро медонӣ, ки чи вақт фаро мерасад? Бигӯ: «Илми он назди Парвардигори ман аст. Танҳо Ӯст, ки чун замонаш фаро расад, ошкораш месозад. Фаро расидани он бар аҳли осмонҳову замин пӯшида аст, магар ин ки бар шумо ногаҳон меояд». Чунон аз ту мепурсанд, ки гӯё ту аз он огоҳи, Бигу: «Илми он назди Аллоҳ аст, вале бештари мардум намедонанд».

﴿قُلْ لَا أَمْلِكُ لِنَفْسِي نَفْعًا وَلَا ضَرًّا إِلَّا مَا شَاءَ اللَّهُ ۚ وَلَوْ كُنْتُ أَعْلَمُ الْغَيْبَ لَاسْتَكْثَرْتُ مِنَ الْخَيْرِ وَمَا مَسَّنِيَ السُّوءُ ۚ إِنْ أَنَا إِلَّا نَذِيرٌ وَبَشِيرٌ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ﴾

188. Бигӯ (эй Расул): «Ман барои худ нафъ ва зарар карда наметавонам, магар ончи Аллоҳ бихоҳад. Ва агар илми ғайб медонистам ба хайри худ басе меафзудам ва ҳеҷ шарре ба ман намерасид.
Ман фиристодаи Аллоҳ ҳастам ба сӯи шумо ва аз азобаш шуморо метарсонам ва мужда медиҳам ба савобаш қавмеро, ки рисолати маро тасдиқ менамояд ва ба шариъати ман амал мекунад. (1)

﴿۞ هُوَ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَجَعَلَ مِنْهَا زَوْجَهَا لِيَسْكُنَ إِلَيْهَا ۖ فَلَمَّا تَغَشَّاهَا حَمَلَتْ حَمْلًا خَفِيفًا فَمَرَّتْ بِهِ ۖ فَلَمَّا أَثْقَلَتْ دَعَوَا اللَّهَ رَبَّهُمَا لَئِنْ آتَيْتَنَا صَالِحًا لَنَكُونَنَّ مِنَ الشَّاكِرِينَ﴾

189.  Аллоҳ Зоте аст, ки ҳамаи шуморо аз як шахс биёфарид, (ки он падари шумо Одам аст.) Ва аз Одам занашро (Ҳавворо) биёфарид, то ба ӯ оромиш ёбад. Чун бо ӯ даромехт, ба боре сабук бордор шуд (1) ва чанде бо он рӯзгорро ба сар бурд. Ва чун бор вазнин гардид, он ду нафар, Аллоҳ, Парвардигори хешро бихонданд, ки агар моро фарзанде шоиста диҳӣ, аз сипосгузорон хоҳем буд!

﴿فَلَمَّا آتَاهُمَا صَالِحًا جَعَلَا لَهُ شُرَكَاءَ فِيمَا آتَاهُمَا ۚ فَتَعَالَى اللَّهُ عَمَّا يُشْرِكُونَ﴾

190.  Ва ҳангоме ки ба он ду фарзанди солеҳ ва солиме дод дар он чӣ Аллоҳ ба эшон дода буд, барои Аллоҳ шариконе қарор доданд. Ва Аллоҳ бартар аст аз он чи ба Ӯ шарик мегардонанд.

﴿أَيُشْرِكُونَ مَا لَا يَخْلُقُ شَيْئًا وَهُمْ يُخْلَقُونَ﴾

191.  Оё инҳо, (мушрикон) шарики Аллоҳ месозанд чизҳоеро, ки наметавонанд ҳеҷ чиз биёфаринанд ва худ махлуқ ҳастанд?

﴿وَلَا يَسْتَطِيعُونَ لَهُمْ نَصْرًا وَلَا أَنْفُسَهُمْ يَنْصُرُونَ﴾

192.  Наметавонанд обидони худро ёварӣ кунанд ва на ба ёрии худ бархезанд. Пас чи гуна онҳоро бо ҳамроҳи Аллоҳ маъбуд гирифта мешавад? (1)

﴿وَإِنْ تَدْعُوهُمْ إِلَى الْهُدَىٰ لَا يَتَّبِعُوكُمْ ۚ سَوَاءٌ عَلَيْكُمْ أَدَعَوْتُمُوهُمْ أَمْ أَنْتُمْ صَامِتُونَ﴾

193.  Эй бутпарастон, агар бутҳоеро, ки ба ҷои Аллоҳ ибодат мекунед, то шуморо ҳидоят кунанд, ба шумо ҷавоб намедиҳанд. Бароятон баробар аст, чи даъваташон кунед ва чи хомӯш бошед. Зеро онҳо намешунаванд ва намебинанд ва на ҳидоят мекунанд ва на худ ҳидоят мешаванд. (1)

﴿إِنَّ الَّذِينَ تَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ عِبَادٌ أَمْثَالُكُمْ ۖ فَادْعُوهُمْ فَلْيَسْتَجِيبُوا لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ﴾

194.  Эй мушрикон, онҳоеро, ки ғайр аз Аллоҳ мехонед, бандагоне чун шумоянд.
Агар рост мегӯед, ки онҳо чизеро аз ибодат сазовор мешаванд, пас онҳоро бихонед, бояд дуъои шуморо иҷобат кунанд! Ва агар шуморо иҷобат карданд ва талаботи шуморо ба ҷо оварданд, рост гуфтаед, вагарна дар ин даъвоятон дурӯғгӯ ҳастед ва бузургтарин дурӯғро ба Аллоҳ нисбат медиҳед. (1)

﴿أَلَهُمْ أَرْجُلٌ يَمْشُونَ بِهَا ۖ أَمْ لَهُمْ أَيْدٍ يَبْطِشُونَ بِهَا ۖ أَمْ لَهُمْ أَعْيُنٌ يُبْصِرُونَ بِهَا ۖ أَمْ لَهُمْ آذَانٌ يَسْمَعُونَ بِهَا ۗ قُلِ ادْعُوا شُرَكَاءَكُمْ ثُمَّ كِيدُونِ فَلَا تُنْظِرُونِ﴾

195.
  Оё он бутҳоро пойҳое ҳаст, ки бо он роҳ бираванд ё онҳоро дастҳое ҳаст, ки бо он бигиранд ё чашмҳое ҳаст, ки бо он бубинанд ё гӯшҳое ҳаст, ки бо он бишнаванд? Пас маъбудоне, ки шумо парастиш мекунед, чунин чизҳо дар онҳо вуҷуд дошта набошад, онҳоро ибодат кардани шумо барои чист? Бигӯ эй Расул, барои ин мушрикон: «Шариконатонро бихонед ва бар зидди ман макр кунед ва маро мӯҳлат мадиҳед, балки ба он шитобед. Зеро сарпарасти ман Аллоҳ аст, ки маро сарпарастӣ менамояд(1)

﴿إِنَّ وَلِيِّيَ اللَّهُ الَّذِي نَزَّلَ الْكِتَابَ ۖ وَهُوَ يَتَوَلَّى الصَّالِحِينَ﴾

196.  Сарпарасти ман Аллоҳ аст, ки ин китобро нозил карда ва Ӯ шоистакоронро сарпарастӣ менамояд.

﴿وَالَّذِينَ تَدْعُونَ مِنْ دُونِهِ لَا يَسْتَطِيعُونَ نَصْرَكُمْ وَلَا أَنْفُسَهُمْ يَنْصُرُونَ﴾

197.  Эй мушрикон, ононро, ки ба ҷои Аллоҳ маъбуд мехонед, на шуморо метавонанд ёрӣ кунанд ва на худро.

﴿وَإِنْ تَدْعُوهُمْ إِلَى الْهُدَىٰ لَا يَسْمَعُوا ۖ وَتَرَاهُمْ يَنْظُرُونَ إِلَيْكَ وَهُمْ لَا يُبْصِرُونَ﴾

198.  Ва агар бутҳоро ба роҳи ҳидоят бихонед, намешунаванд ва (эй Расул) мебинӣ, ки ба ту менигаранд, вале гӯё, ки намебинанд. Зеро на чашм доранд на биноӣ.

﴿خُذِ الْعَفْوَ وَأْمُرْ بِالْعُرْفِ وَأَعْرِضْ عَنِ الْجَاهِلِينَ﴾

199.  Эй Паёмбар ту ва умматат гузашт карданро пеш гир ва ба онҳо осонгирӣ кун, то аз ту магурезанд ва ба некӣ фармон деҳ ва аз нодонон рӯй гардон!(1)

﴿وَإِمَّا يَنْزَغَنَّكَ مِنَ الشَّيْطَانِ نَزْغٌ فَاسْتَعِذْ بِاللَّهِ ۚ إِنَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ﴾

200.
  Ва агар аз ҷониби шайтон дар ту ғазаб ё васвасае падид омад, ки туро аз кори хайр бозмедорад ё бар анҷоми кори бад васваса мекунад, ба Аллоҳ паноҳ бибар, зеро Ӯ ба ҳар сухан шунаво ва ба ҳар кор доност! (1)

﴿إِنَّ الَّذِينَ اتَّقَوْا إِذَا مَسَّهُمْ طَائِفٌ مِنَ الشَّيْطَانِ تَذَكَّرُوا فَإِذَا هُمْ مُبْصِرُونَ﴾

201.
  Касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд ва аз азоби Аллоҳ метарсанд ва фарзҳои Ӯро ба ҷо меоранд ва аз он чи ки манъ кардааст, дурӣ меҷӯянд, чун аз шайтон васвасае ба онҳо бирасад ва он чиро ки Аллоҳ бар онҳо воҷиб намуда ёд мекунанд ва ногаҳон (барҳақ) бино шаванд. Ва аз Аллоҳ талаби омӯрзиш менамоянд. (1)

﴿وَإِخْوَانُهُمْ يَمُدُّونَهُمْ فِي الْغَيِّ ثُمَّ لَا يُقْصِرُونَ﴾

202.  Ва бародаронашон (яъне, кофирон ва шайтонҳои инсӣ) ононро ба гумроҳӣ мекашанд ва шайтонҳои ҷин аз амали хеш бознамеистанд.

﴿وَإِذَا لَمْ تَأْتِهِمْ بِآيَةٍ قَالُوا لَوْلَا اجْتَبَيْتَهَا ۚ قُلْ إِنَّمَا أَتَّبِعُ مَا يُوحَىٰ إِلَيَّ مِنْ رَبِّي ۚ هَٰذَا بَصَائِرُ مِنْ رَبِّكُمْ وَهُدًى وَرَحْمَةٌ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ﴾

203.
  (Эй Расул), чун ояте барои мушрикон наоварӣ гӯянд: «Чаро аз худ чизе ихтироъ накардӣ?» Бигӯ: «Ман пайрави чизе ҳастам, ки аз Парвардигорам ба ман ваҳй мешавад. Ва зери тадбири Аллоҳ мебошам ва Аллоҳ нишонаҳо ва оётро бар асоси бузургворӣ ва ҳикмати худ нозил мекунад. Ва ин Қуръон нишонаҳоест аз ҷониби Парвардигоратон ва раҳнамову раҳмат аст барои мардуме, ки имон меоваранд. (1)

﴿وَإِذَا قُرِئَ الْقُرْآنُ فَاسْتَمِعُوا لَهُ وَأَنْصِتُوا لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ﴾

204.  Чун Қуръон хонда шавад, ба он гӯш диҳед ва хомӯш бошед, то ки шомили раҳмати Аллоҳ шавед!

﴿وَاذْكُرْ رَبَّكَ فِي نَفْسِكَ تَضَرُّعًا وَخِيفَةً وَدُونَ الْجَهْرِ مِنَ الْقَوْلِ بِالْغُدُوِّ وَالْآصَالِ وَلَا تَكُنْ مِنَ الْغَافِلِينَ﴾

205.  (Эй Расул), Парвардигоратро дар дили худ ба зориву тарс, бе он, ки садои худ баланд кунӣ, ҳар субҳу шом ёд кун ва аз ғофилон (1) мабош!

﴿إِنَّ الَّذِينَ عِنْدَ رَبِّكَ لَا يَسْتَكْبِرُونَ عَنْ عِبَادَتِهِ وَيُسَبِّحُونَهُ وَلَهُ يَسْجُدُونَ ۩﴾

206.
  Албатта, онон, ки дар назди Парвардигори ту ҳастанд, (1) аз парастиши Ӯ сар наметобанд, балки ба ибодати Ӯ тан медиҳанд ва шабу рӯз тасбеҳаш мегӯянд ва барояш саҷда (2) мекунанд

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: