الشافي
كلمة (الشافي) في اللغة اسم فاعل من الشفاء، وهو البرء من السقم،...
7.
Он ғанимате, ки Аллоҳ аз молҳои мушрикони мардуми деҳаҳо бе ранҷу заҳмат насиби паёмбараш кардааст, пас он молҳо аз они Аллоҳ аст ва аз они паёмбар ва аз они хешовандони паёмбар ва низ барои ятимон ва мискинону мусофирони дар роҳ мондааст, то миёни тавонгаронатон даст ба даст нашавад. Ҳар чӣ паёмбар ба шумо дод, онро бигиред ва аз ҳар чӣ шуморо манъ кард, аз он бозистед. Ва аз Аллоҳ бо ба ҷо овардани амрҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш битарсед, ки ҳароина, Аллоҳ азоби сахте дорад барои онон, ки Ӯро нофармонбардорӣ кардаанд ва дар амру наҳйи Ӯ зид баромадаанд!(1)