النساء

تفسير سورة النساء آية رقم 102

﴿ﭑﭒﭓﭔﭕﭖﭗﭘﭙﭚﭛﭜﭝﭞﭟﭠﭡﭢﭣﭤﭥﭦﭧﭨﭩﭪﭫﭬﭭﭮﭯﭰﭱﭲﭳﭴﭵﭶﭷﭸﭹﭺﭻﭼﭽﭾﭿﮀﮁﮂﮃﮄﮅﮆﮇﮈﮉﮊﮋﮌﮍﮎﮏﮐﮑﮒﮓ ﴾

﴿وَإِذَا كُنْتَ فِيهِمْ فَأَقَمْتَ لَهُمُ الصَّلَاةَ فَلْتَقُمْ طَائِفَةٌ مِنْهُمْ مَعَكَ وَلْيَأْخُذُوا أَسْلِحَتَهُمْ فَإِذَا سَجَدُوا فَلْيَكُونُوا مِنْ وَرَائِكُمْ وَلْتَأْتِ طَائِفَةٌ أُخْرَىٰ لَمْ يُصَلُّوا فَلْيُصَلُّوا مَعَكَ وَلْيَأْخُذُوا حِذْرَهُمْ وَأَسْلِحَتَهُمْ ۗ وَدَّ الَّذِينَ كَفَرُوا لَوْ تَغْفُلُونَ عَنْ أَسْلِحَتِكُمْ وَأَمْتِعَتِكُمْ فَيَمِيلُونَ عَلَيْكُمْ مَيْلَةً وَاحِدَةً ۚ وَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ إِنْ كَانَ بِكُمْ أَذًى مِنْ مَطَرٍ أَوْ كُنْتُمْ مَرْضَىٰ أَنْ تَضَعُوا أَسْلِحَتَكُمْ ۖ وَخُذُوا حِذْرَكُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ أَعَدَّ لِلْكَافِرِينَ عَذَابًا مُهِينًا﴾

Ва [эй паёмбар] чун [вақти ҷанг] дар миёни онон будӣ ва барояшон намоз барпо доштӣ, пас, бояд гурӯҳе аз онон бо ту [ба намоз] истанд ва [ҳамчунин] бояд ҷангафзорҳояшонро бо худ баргиранд [ва як ракаатро ҳамроҳи ту бихонанд ва намозро ба сурати фуродо (танҳо) идома диҳанд] ва чун саҷда карданд [ва намозашон тамом шуд], бояд пушти саратон қарор гиранд ва бояд он дастае, ки намоз нахондаанд, биёянд ва [як ракъат] бо ту намоз бихонанд [ва пас аз ин ки намозат ба поён расид, идомаи намозашонро комил кунанд] ва [онон низ] бояд эҳтиёт кунанд ва ҷангафзорҳояшонро [дар намоз бо худ] баргиранд, [зеро] кофирон умед доранд, ки шумо аз ҷангафзорҳо ва таҷҳизоти худ ғофил шавед, то якбора бар шумо битозанд.
Ва агар аз борон [ё монеаҳои дигар] дар ранҷ будед ва [ё] бемор [ва маҷруҳ] будед, гуноҳе бар шумо нест, ки ҷангафзорҳои худро [бар замин] бигзоред, вале ҷониби эҳтиётро риоя кунед. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло барои кофирон азоби хоркунанда муҳайё кардааст

الترجمة الطاجيكية - عارفي

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها من الفارسية وراجعها فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام www.islamhouse.com.

الترجمات والتفاسير لهذه الآية: