المائدة

تفسير سورة المائدة آية رقم 41

﴿ﮓﮔﮕﮖﮗﮘﮙﮚﮛﮜﮝﮞﮟﮠﮡﮢﮣﮤﮥﮦﮧﮨﮩﮪﮫﮬﮭﮮﮯﮰﮱﯓﯔﯕﯖﯗﯘﯙﯚﯛﯜﯝﯞﯟﯠﯡﯢﯣﯤﯥﯦﯧﯨﯩﯪﯫﯬﯭﯮﯯﯰﯱﯲﯳﯴﯵﯶﯷﯸﯹﯺﯻﯼﯽ ﴾

﴿۞ يَا أَيُّهَا الرَّسُولُ لَا يَحْزُنْكَ الَّذِينَ يُسَارِعُونَ فِي الْكُفْرِ مِنَ الَّذِينَ قَالُوا آمَنَّا بِأَفْوَاهِهِمْ وَلَمْ تُؤْمِنْ قُلُوبُهُمْ ۛ وَمِنَ الَّذِينَ هَادُوا ۛ سَمَّاعُونَ لِلْكَذِبِ سَمَّاعُونَ لِقَوْمٍ آخَرِينَ لَمْ يَأْتُوكَ ۖ يُحَرِّفُونَ الْكَلِمَ مِنْ بَعْدِ مَوَاضِعِهِ ۖ يَقُولُونَ إِنْ أُوتِيتُمْ هَٰذَا فَخُذُوهُ وَإِنْ لَمْ تُؤْتَوْهُ فَاحْذَرُوا ۚ وَمَنْ يُرِدِ اللَّهُ فِتْنَتَهُ فَلَنْ تَمْلِكَ لَهُ مِنَ اللَّهِ شَيْئًا ۚ أُولَٰئِكَ الَّذِينَ لَمْ يُرِدِ اللَّهُ أَنْ يُطَهِّرَ قُلُوبَهُمْ ۚ لَهُمْ فِي الدُّنْيَا خِزْيٌ ۖ وَلَهُمْ فِي الْآخِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٌ﴾

Эй паёмбар, касоне, ки дар [роҳи] куфр шитоб мекунанд, туро ғамгин насозад - [хоҳ] аз касоне, ки ба забонашон мегӯянд: "Имон овардем" ва қалбашон имон наовардааст ва [хоҳ] аз яҳудиён [бошанд, ҳамон касоне, ки ба суханони пешвоёну бузургонашон] гӯш месупоранд, [оре, онон фақат] шунавандаи [дурӯғҳо ва муқаллиди дастурҳои] гурӯҳи дигаре [аз уламояшон] ҳастанд, ки [туро бовар надоранд ва ҳаргиз] наздат наомадаанд.
Онон суханон [-и Аллоҳ таоло]-ро [бар асоси майлу манфиати худ] аз ҷойгоҳашон таҳриф мекунанд ва [ба якдигар] мегӯянд: "Агар ин [ҳукм аз суйи Муҳаммад] ба шумо дода шуд, пас, [аз ӯ] бипазиред ва агар он [чизи дилхоҳатон аст] ба шумо дода нашуд, [аз ӯ] дурӣ кунед". Ва [эй паёмбар] ҳар ки Аллоҳ таоло гумроҳиашро хоста бошад, ту ҳаргиз дар баробари Аллоҳ таоло барояш ихтиёр надорӣ [ва наметавонӣ аз ӯ дифоъ кунӣ]. Онон [яҳудиён ва мунофиқон] касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло нахостааст дилҳояшонро [аз палидии куфр] пок кунад. Онон дар дунё расвоӣ [ва хорӣ дар интизор] доранд ва дар охират барояшон азоби бузурге [дар пеш] аст

الترجمة الطاجيكية - عارفي

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها من الفارسية وراجعها فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام www.islamhouse.com.

الترجمات والتفاسير لهذه الآية: