الأحقاف

تفسير سورة الأحقاف

الترجمة الطاجيكية

Тоҷикӣ

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ حم﴾

1.       Ҳо Мим. (Зикри ҳарфҳои муқаттъа дар авалли сураи Бақара гузашт.)

﴿تَنْزِيلُ الْكِتَابِ مِنَ اللَّهِ الْعَزِيزِ الْحَكِيمِ﴾

2.       Ин Қуръон китобест нозил гардида аз ҷониби Аллоҳи пирӯзманде, ки мағлуб намешавад ва дар тадбиру кардаҳояш боҳикмат аст.

﴿مَا خَلَقْنَا السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا إِلَّا بِالْحَقِّ وَأَجَلٍ مُسَمًّى ۚ وَالَّذِينَ كَفَرُوا عَمَّا أُنْذِرُوا مُعْرِضُونَ﴾

3.       Мо осмонҳову замин ва он чиро, ки дар миёни он ду аст, барҳақ(1) ва дар муддати муайян офаридаем. Ва кофирон аз он чи Қуръон бимашон медиҳад, рӯй мегардонанд.

﴿قُلْ أَرَأَيْتُمْ مَا تَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ أَرُونِي مَاذَا خَلَقُوا مِنَ الْأَرْضِ أَمْ لَهُمْ شِرْكٌ فِي السَّمَاوَاتِ ۖ ائْتُونِي بِكِتَابٍ مِنْ قَبْلِ هَٰذَا أَوْ أَثَارَةٍ مِنْ عِلْمٍ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ﴾

4.
       Бигӯ эй Паёмбар барои кофирон: Оё дидед он чиро ба ҷуз Аллоҳ мепарастед (аз бутон мурдагон ва тоғутҳо), ба ман нишон диҳед, ки аз ин замин чӣ чизро офаридаанд? Ё дар хилқати (офаридани) осмонҳо бо ҳамроҳи Аллоҳ ширкат доштаанд? Агар рост мегӯед, барои ман китобе, ки пеш аз ин Қуръон омада бошад ё агар донише аз пешиниён мондааст, биёваред!(1)

﴿وَمَنْ أَضَلُّ مِمَّنْ يَدْعُو مِنْ دُونِ اللَّهِ مَنْ لَا يَسْتَجِيبُ لَهُ إِلَىٰ يَوْمِ الْقِيَامَةِ وَهُمْ عَنْ دُعَائِهِمْ غَافِلُونَ﴾

5.
        Ва кист гумроҳтар аз он, ки ба ҷуз Аллоҳ чизеро ба дуъо мехонад, ки то рӯзи қиёмат ба ӯ ҷавоб намедиҳад, чунки онҳо (бутон, ё мурдагон, ё сангҳо ва дарахтон ва монанди инҳо) аз дуъои бутпарастон бехабаранд, на худ мешунаванд ва на мефаҳманд.(1)

﴿وَإِذَا حُشِرَ النَّاسُ كَانُوا لَهُمْ أَعْدَاءً وَكَانُوا بِعِبَادَتِهِمْ كَافِرِينَ﴾

6.        Ва чун дар қиёмат мардумро барои ҳисобу китоб ҷамъ оранд, бутон бо парастандагони хеш душман бошанд ва ибодаташонро инкор кунанд.

﴿وَإِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ آيَاتُنَا بَيِّنَاتٍ قَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا لِلْحَقِّ لَمَّا جَاءَهُمْ هَٰذَا سِحْرٌ مُبِينٌ﴾

7.        Ва чун оёти равшани Мо ба он мушрикон хонда шавад, кофирон Қуръонеро, ки барояшон нозил шудааст, гӯянд: «Ҷодуи ошкор аст».

﴿أَمْ يَقُولُونَ افْتَرَاهُ ۖ قُلْ إِنِ افْتَرَيْتُهُ فَلَا تَمْلِكُونَ لِي مِنَ اللَّهِ شَيْئًا ۖ هُوَ أَعْلَمُ بِمَا تُفِيضُونَ فِيهِ ۖ كَفَىٰ بِهِ شَهِيدًا بَيْنِي وَبَيْنَكُمْ ۖ وَهُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ﴾

8.
        Ё мегӯянд мушрикон: Ин Қуръон дурӯғест, ки худ Муҳаммад бофтааст! Бигӯ эй Паёмбар: Агар ман онро чун дурӯғе ба ҳам бофта бошам, шумо наметавонед хашми Аллоҳро аз ман боздоред. Аллоҳ аз он таънаҳое, ки ба ин Қуръон мезанед, огоҳтар аст. Ва шаҳодати Ӯ миёни ману шумо кофист. Ва Ӯст омӯрзандаи тавбакунандагон, меҳрубони бандагони муъмин!(1)

﴿قُلْ مَا كُنْتُ بِدْعًا مِنَ الرُّسُلِ وَمَا أَدْرِي مَا يُفْعَلُ بِي وَلَا بِكُمْ ۖ إِنْ أَتَّبِعُ إِلَّا مَا يُوحَىٰ إِلَيَّ وَمَا أَنَا إِلَّا نَذِيرٌ مُبِينٌ﴾

9.
       Бигӯ эй Паёмбар ба мушрикони қавмат: Ман аз миёни дигар паёмбарон нахустин паёмбар нестам, (яъне, пеш аз ман низ дигар паёмбарони Аллоҳ гузаштаанд ва шумо медонед, пас чаро аз паёмбарии ман ҳайрон шуда инкор мекунед) ва намедонам, ки бар ман ё бар шумо дар дунё чӣ хоҳад расид, чунки илми ғайб намедонам. Ман аз чизе ҷуз он чӣ ба ман ваҳй мешавад, пайравй намекунам ва шуморо низ ба он амр намекунам ва ман ҷуз бимдиҳандаи ошкоре нестам.(1)

﴿قُلْ أَرَأَيْتُمْ إِنْ كَانَ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ وَكَفَرْتُمْ بِهِ وَشَهِدَ شَاهِدٌ مِنْ بَنِي إِسْرَائِيلَ عَلَىٰ مِثْلِهِ فَآمَنَ وَاسْتَكْبَرْتُمْ ۖ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ﴾

10.
   Бигӯ эй Паёмбар ба мушрикони қавмат: «Ба ман хабар диҳед, агар Қуръон аз ҷониби Аллоҳ бошад ва шумо ба он имон наоваред ва яке аз мардони бани Исроил (мисли Абдулло ибни Салом)(1) ба он гувоҳӣ диҳад ва имон биоварад, вале шумо гарданкашӣ кардед, оё ситамгар нестед? Албатта, Аллоҳ таъоло мардуми ситамкорро ба сӯи Ислом ҳидоят намекунад!»

﴿وَقَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا لِلَّذِينَ آمَنُوا لَوْ كَانَ خَيْرًا مَا سَبَقُونَا إِلَيْهِ ۚ وَإِذْ لَمْ يَهْتَدُوا بِهِ فَسَيَقُولُونَ هَٰذَا إِفْكٌ قَدِيمٌ﴾

11.
   Ва кофирон ба мӯъминон гуфтанд: «Агар он чи ки Муҳаммад аз Қуръон ва нубувват овардааст хубие мебуд, инҳо дар пазируфтанаш бар мо сабқат ва пешдастӣ намекарданд». Ва чун ба василаи Қуръон роҳи ҳидоят наёфтанд, пас мегӯянд, ки ин Қуръон дурӯғи дерина аст.

﴿وَمِنْ قَبْلِهِ كِتَابُ مُوسَىٰ إِمَامًا وَرَحْمَةً ۚ وَهَٰذَا كِتَابٌ مُصَدِّقٌ لِسَانًا عَرَبِيًّا لِيُنْذِرَ الَّذِينَ ظَلَمُوا وَبُشْرَىٰ لِلْمُحْسِنِينَ﴾

12.   Ва пеш аз ин Қуръон китоби Мӯсо (яъне Таврот) барои бани Исроил роҳнамову раҳмат буд ва ба он иқтидо мекарданд.
Ва ин Қуръон китобест тасдиқкунандаи китобҳои пешина, ба забони арабӣ нозил шудааст, то ситамкорон (кофирон)-ро биме ва некӯкорон (мӯъминон)-ро муждае бошад.

﴿إِنَّ الَّذِينَ قَالُوا رَبُّنَا اللَّهُ ثُمَّ اسْتَقَامُوا فَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ﴾

13.
   Албатта, онон, ки гуфтанд, Парвардигори мо Аллоҳ аст ва баъд дар имонашон мустаҳкам истоданд, пас ҳеҷ тарсу андӯҳе нест барояшон аз тарси қиёмат ва бар он чизҳое, ки дар дунё боқӣ гузоштаанд баъд аз маргашон, андӯҳгин намешаванд.

﴿أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ الْجَنَّةِ خَالِدِينَ فِيهَا جَزَاءً بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ﴾

14.   Инҳо аҳли биҳиштанд ва (ба раҳмати Аллоҳ) дар он ҷо ҷовидон бошанд, ба сабаби амалҳои шоистае, ки дар дунё мекарданд.

﴿وَوَصَّيْنَا الْإِنْسَانَ بِوَالِدَيْهِ إِحْسَانًا ۖ حَمَلَتْهُ أُمُّهُ كُرْهًا وَوَضَعَتْهُ كُرْهًا ۖ وَحَمْلُهُ وَفِصَالُهُ ثَلَاثُونَ شَهْرًا ۚ حَتَّىٰ إِذَا بَلَغَ أَشُدَّهُ وَبَلَغَ أَرْبَعِينَ سَنَةً قَالَ رَبِّ أَوْزِعْنِي أَنْ أَشْكُرَ نِعْمَتَكَ الَّتِي أَنْعَمْتَ عَلَيَّ وَعَلَىٰ وَالِدَيَّ وَأَنْ أَعْمَلَ صَالِحًا تَرْضَاهُ وَأَصْلِحْ لِي فِي ذُرِّيَّتِي ۖ إِنِّي تُبْتُ إِلَيْكَ وَإِنِّي مِنَ الْمُسْلِمِينَ﴾

15.   Ва одамиро ба некӣ кардан бо падару модари худ дар ҳаёташон ва баъд аз маргашон амр кардаем. Албатта модараш ӯро ҳангоми ҳомилагӣ бо душворӣ бардошт ва ба душворӣ ба замин ниҳод (яъне, таваллуд кард).
Ва муддати ҳамл ва то аз шир ҷудо шуданаш, сӣ моҳ аст,(1) то чун ба синни ҷавонӣ (пурқувватӣ) расад ва ба чиҳилсолагӣ медарояд, дуъо карда мегӯяд: «Эй Парвардигори ман, ба ман тавфиқ деҳ, то шукри неъмате, ки бар ман ва бар падару модарам арзонӣ доштай, ба ҷой орам ва кори шоиста бикунам, ки Ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони маро солеҳ гардон. Албатта тавба кардам аз тамоми гуноҳҳоям ва бозгаштам ба сӯи Ту. Ҳамоно ман аз зумраи мусулмононам».(2)

﴿أُولَٰئِكَ الَّذِينَ نَتَقَبَّلُ عَنْهُمْ أَحْسَنَ مَا عَمِلُوا وَنَتَجَاوَزُ عَنْ سَيِّئَاتِهِمْ فِي أَصْحَابِ الْجَنَّةِ ۖ وَعْدَ الصِّدْقِ الَّذِي كَانُوا يُوعَدُونَ﴾

16.   Инҳо касоне ҳастанд, ки корҳои некашонро мепазирем ва аз гуноҳашон дармегузарем. Дар зумраи аҳли биҳиштанд. Ин ваъдаи ростине аст, ки ба онҳо дода мешавад.

﴿وَالَّذِي قَالَ لِوَالِدَيْهِ أُفٍّ لَكُمَا أَتَعِدَانِنِي أَنْ أُخْرَجَ وَقَدْ خَلَتِ الْقُرُونُ مِنْ قَبْلِي وَهُمَا يَسْتَغِيثَانِ اللَّهَ وَيْلَكَ آمِنْ إِنَّ وَعْدَ اللَّهِ حَقٌّ فَيَقُولُ مَا هَٰذَا إِلَّا أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ﴾

17.
   Ва касе, ки ба падару модараш, гуфт: «Уф (безорам) аз шумо, оё ба ман ваъда медиҳед, ки аз гӯрам зинда берун оварда хоҳам шуд ва ҳол он ки мардуме пеш аз ман будаанд ва зинда нашуданд.
Ва он ду (волидайн) аз даргоҳи Аллоҳ мепурсанд ҳидояташро ва гӯянд: «Вой бар ту, имон биёвар, ки албатта, ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст ҳамаро зинда мекунад!», мегӯяд: «Инҳо (яъне, он чи ки шумо дар бораи зинда шудани пас аз марг мегӯед) ҷуз ҳамон афсонаҳои пешиниён нест!»(1)

﴿أُولَٰئِكَ الَّذِينَ حَقَّ عَلَيْهِمُ الْقَوْلُ فِي أُمَمٍ قَدْ خَلَتْ مِنْ قَبْلِهِمْ مِنَ الْجِنِّ وَالْإِنْسِ ۖ إِنَّهُمْ كَانُوا خَاسِرِينَ﴾

18.   Дар бораи инҳо(1) ҳамон сухан, ки (воҷиб шудани азоб) дар бораи умматҳои пешин аз ҷинну инс гуфта шуда буд, собит шуда буд. Ҳароина, инҳо зиёнкорон буданд.

﴿وَلِكُلٍّ دَرَجَاتٌ مِمَّا عَمِلُوا ۖ وَلِيُوَفِّيَهُمْ أَعْمَالَهُمْ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ﴾

19.
   Ва барои ҳар як аз ду гӯруҳ (аҳли хайр ва аҳли шар) нисбат ба корҳое, ки кардаанд, назди Аллоҳ дараҷотест, то ки Аллоҳ подоши корҳояшонро, ки дар дунё кардаанд, ба пуррагӣ бидиҳад ва ба онон ситам нашавад, на бар гуноҳашон афзуда мешавад ва на аз хубиҳояшон кам карда мешавад.(1)

﴿وَيَوْمَ يُعْرَضُ الَّذِينَ كَفَرُوا عَلَى النَّارِ أَذْهَبْتُمْ طَيِّبَاتِكُمْ فِي حَيَاتِكُمُ الدُّنْيَا وَاسْتَمْتَعْتُمْ بِهَا فَالْيَوْمَ تُجْزَوْنَ عَذَابَ الْهُونِ بِمَا كُنْتُمْ تَسْتَكْبِرُونَ فِي الْأَرْضِ بِغَيْرِ الْحَقِّ وَبِمَا كُنْتُمْ تَفْسُقُونَ﴾

20.
   Ва рӯзе, ки кофиронро бар оташ барои азоб пешкаш кунанд, ба онон гуфта шавад: шумо дар зиндагии дунявӣ аз чизҳои покиза ва хуш баҳраманд шудед ва онҳоро аз байн бурдед. Имрӯз эй кофирон, ба азобу хорӣ дар дӯзах подошатон медиҳанд. Ва ин ба он сабаб аст, ки дар замин бе ҳеҷ ҳаққе гарданкашӣ мекардед ва исёнгарӣ пеш гирифта будед.

﴿۞ وَاذْكُرْ أَخَا عَادٍ إِذْ أَنْذَرَ قَوْمَهُ بِالْأَحْقَافِ وَقَدْ خَلَتِ النُّذُرُ مِنْ بَيْنِ يَدَيْهِ وَمِنْ خَلْفِهِ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا اللَّهَ إِنِّي أَخَافُ عَلَيْكُمْ عَذَابَ يَوْمٍ عَظِيمٍ﴾

21.
   Ва ба ёд биёвар эй паёмбар, бародари қавми Одро,(1) ки чун қавми худро дар Аҳқоф(2) аз омадани азоби илоҳӣ тарсонд ва ба ростӣ пеш аз ӯ паёмбароне буданд ва рафтанду пас аз ӯ паёмбароне омаданд, бо ин паём, ки ҷуз Аллоҳи якторо напарастед, ки ҳароина, ман аз азоби рӯзи бузурги қиёмат бар шумо метарсам ба сабаби ширк оварданатон.(3)

﴿قَالُوا أَجِئْتَنَا لِتَأْفِكَنَا عَنْ آلِهَتِنَا فَأْتِنَا بِمَا تَعِدُنَا إِنْ كُنْتَ مِنَ الصَّادِقِينَ﴾

22.
   Қавми Ҳуд гуфтанд: «Оё омадаӣ, бо дурӯғҳоят то моро аз парастиши маъбудонамон баргардонӣ? Пас агар рост мегӯӣ, ҳар чӣ ба мо ваъда медиҳӣ, аз азоби бузург ба миён биёвар».

﴿قَالَ إِنَّمَا الْعِلْمُ عِنْدَ اللَّهِ وَأُبَلِّغُكُمْ مَا أُرْسِلْتُ بِهِ وَلَٰكِنِّي أَرَاكُمْ قَوْمًا تَجْهَلُونَ﴾

23.
   Гуфт (Ҳуд алайҳис салом): Ин ваъдаи омадани азобро танҳо Аллоҳ медонад ва ман фиристодаи Аллоҳ ҳастам ва он чиро ба он фиристода шудаам, ба шумо мерасонам. Вале мебинам, ки мардуми нодон ҳастед, дар талаб кардани азоб ва нофармонӣ карданатон ба Аллоҳ.

﴿فَلَمَّا رَأَوْهُ عَارِضًا مُسْتَقْبِلَ أَوْدِيَتِهِمْ قَالُوا هَٰذَا عَارِضٌ مُمْطِرُنَا ۚ بَلْ هُوَ مَا اسْتَعْجَلْتُمْ بِهِ ۖ رِيحٌ فِيهَا عَذَابٌ أَلِيمٌ﴾

24.   Пас чун қавми Ҳуд азобро дар ҳайати абре диданд, ки рӯй оваранда ба сӯи водиҳояшон, гуфтанд: Ин абрест, ки борон меорад ба мо. Пас гуфт Ҳуд алайҳиссалом ба онон: Не, балки ин ҳамон азобе аст, ки ба шитоб талаб намудед омадани онро. Ин бодесг, ки дар он уқубату азоби дарднок аст.

﴿تُدَمِّرُ كُلَّ شَيْءٍ بِأَمْرِ رَبِّهَا فَأَصْبَحُوا لَا يُرَىٰ إِلَّا مَسَاكِنُهُمْ ۚ كَذَٰلِكَ نَجْزِي الْقَوْمَ الْمُجْرِمِينَ﴾

25.   Бо фармон ва хоҳиши Парвардигораш ҳама чизро нобуд мекунад. Пас чунон шуданд, ки ҷуз хонаҳояшон чизи дигаре дида намешуд. Мо ин тавр гунаҳгоронро (ба сабаби туғёнашон) ҷазо медиҳем.(1)

﴿وَلَقَدْ مَكَّنَّاهُمْ فِيمَا إِنْ مَكَّنَّاكُمْ فِيهِ وَجَعَلْنَا لَهُمْ سَمْعًا وَأَبْصَارًا وَأَفْئِدَةً فَمَا أَغْنَىٰ عَنْهُمْ سَمْعُهُمْ وَلَا أَبْصَارُهُمْ وَلَا أَفْئِدَتُهُمْ مِنْ شَيْءٍ إِذْ كَانُوا يَجْحَدُونَ بِآيَاتِ اللَّهِ وَحَاقَ بِهِمْ مَا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُونَ﴾

26.   Ва ҳамоно ба қавми Од дар дунё чунон тавоноию қудрат дода будем, ки ба шумо надодаем эй куффори Қурайш. Барояшон хӯши, шунаво то бишунаванд ва чашмҳои бино то бубинанд ва дилҳо то дарк кунанд, қарор дода будем.
Вале гӯшу чашму дилашон ба ҳолашон ҳеҷ фоидае накард,(1) чунки оёти Аллоҳро инкор мекарданд ва он азоберо, ки ба масхарааш мегирифтанд, онҳоро фаро гирифт.

﴿وَلَقَدْ أَهْلَكْنَا مَا حَوْلَكُمْ مِنَ الْقُرَىٰ وَصَرَّفْنَا الْآيَاتِ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ﴾

27.
   Ба таҳқиқ, Мо ҳамаи деҳаҳоеро(1), ки дар атрофи шумо (эй аҳли Макка) буданд, ҳалок кардем ва Мо оёти худро ба суратҳои гуногун баён доштем, бошад, ки онҳо аз куфри худ баргарданд.

﴿فَلَوْلَا نَصَرَهُمُ الَّذِينَ اتَّخَذُوا مِنْ دُونِ اللَّهِ قُرْبَانًا آلِهَةً ۖ بَلْ ضَلُّوا عَنْهُمْ ۚ وَذَٰلِكَ إِفْكُهُمْ وَمَا كَانُوا يَفْتَرُونَ﴾

28.
   Пас, чаро касонеро, ки ба ғайри Аллоҳ (барои наздикӣ ба Аллоҳи ягона) маъбуд гирифта буданд, ёриашон накарданд, балки аз назарашон гум шуданд?(1) Ин дурӯғ ва бофтаҳои онҳо буд, (яъне, ақида доштанд, ки бутҳо моро ба Аллоҳ наздик месозанд)!(2)

﴿وَإِذْ صَرَفْنَا إِلَيْكَ نَفَرًا مِنَ الْجِنِّ يَسْتَمِعُونَ الْقُرْآنَ فَلَمَّا حَضَرُوهُ قَالُوا أَنْصِتُوا ۖ فَلَمَّا قُضِيَ وَلَّوْا إِلَىٰ قَوْمِهِمْ مُنْذِرِينَ﴾

29.   Ва ба ёд овар эй паёмбар, чун гурӯҳе аз ҷинҳоро назди ту равона кардем, то Қуръонро бишнаванд.
Чун ба наздаш расиданд ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Қуръон мехонд, гуфтанд: «Хомӯш бошед, то Қуръонро бишнавем! Пас чун тиловати Қуръон ба поён расид ҳамоно Қуръон ба онҳо таъсир кард, онҳо ба сӯи қавми худ, ҳушдордиҳанда бозгаштанд, то онҳоро аз азоби Илоҳӣ битарсонанд, агар имон наоранд.(1)

﴿قَالُوا يَا قَوْمَنَا إِنَّا سَمِعْنَا كِتَابًا أُنْزِلَ مِنْ بَعْدِ مُوسَىٰ مُصَدِّقًا لِمَا بَيْنَ يَدَيْهِ يَهْدِي إِلَى الْحَقِّ وَإِلَىٰ طَرِيقٍ مُسْتَقِيمٍ﴾

30.
   Гуфтанд: «Эй қавми мо, ҳароина, мо китоберо шунидем, ки баъд аз Мӯсо нозил шуда, китобҳои пешинро, ки ба паёмбаронаш нозил кардааст, тасдиқ мекунад ва ба ҳақ ва роҳи рост роҳ менамояд.

﴿يَا قَوْمَنَا أَجِيبُوا دَاعِيَ اللَّهِ وَآمِنُوا بِهِ يَغْفِرْ لَكُمْ مِنْ ذُنُوبِكُمْ وَيُجِرْكُمْ مِنْ عَذَابٍ أَلِيمٍ﴾

31.
   Эй қавми мо, суханҳои ин фиристодаи Аллоҳ (Муҳаммад)-ро қабул кунед ва ба ӯ имон биёваред, то Аллоҳ гуноҳҳоятонро биёмӯрзад ва шуморо аз азоби дардовар дар амон Дорад.

﴿وَمَنْ لَا يُجِبْ دَاعِيَ اللَّهِ فَلَيْسَ بِمُعْجِزٍ فِي الْأَرْضِ وَلَيْسَ لَهُ مِنْ دُونِهِ أَوْلِيَاءُ ۚ أُولَٰئِكَ فِي ضَلَالٍ مُبِينٍ﴾

32.
   Ва ҳар касе, ки қабул накунад даъвати даъваткунандаи Аллоҳро, ки даъват мекунад ба сӯи Аллоҳ, наметавонад, дар рӯйи замин аз азоби Аллоҳи барҳақ бигурезад ва ӯро ҷуз Аллоҳи барҳақ ҳеҷ ёваре нест ва дар гумроҳии ошкорест!»

﴿أَوَلَمْ يَرَوْا أَنَّ اللَّهَ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَلَمْ يَعْيَ بِخَلْقِهِنَّ بِقَادِرٍ عَلَىٰ أَنْ يُحْيِيَ الْمَوْتَىٰ ۚ بَلَىٰ إِنَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ﴾

33.   Оё намебинанд ва надонистаанд, Аллоҳе, ки осмонҳову заминро нахустин бор биёфарид(1), дар офаридани онҳо оҷиз намондааст. Ӯ тавоност, бар он ки мурдагонро зинда кунад. Бале, ин кор ба Аллоҳ осон аст. Ӯ бар ҳар коре тавоност!

﴿وَيَوْمَ يُعْرَضُ الَّذِينَ كَفَرُوا عَلَى النَّارِ أَلَيْسَ هَٰذَا بِالْحَقِّ ۖ قَالُوا بَلَىٰ وَرَبِّنَا ۚ قَالَ فَذُوقُوا الْعَذَابَ بِمَا كُنْتُمْ تَكْفُرُونَ﴾

34.
   Ва рӯзи қиёмат, ки кофирон бар оташи дӯзах барои азоб пешкаш карда шаванд, пас гуфта шавад ба онон: Оё ин азоб ҳақ нест? Гӯянд: «Бале, савганд ба Парвардигорамон!» Парвардигорашон мефармояд: «Ба хотири куфре(1), ки меварзидаед, азобро бичашед!»

﴿فَاصْبِرْ كَمَا صَبَرَ أُولُو الْعَزْمِ مِنَ الرُّسُلِ وَلَا تَسْتَعْجِلْ لَهُمْ ۚ كَأَنَّهُمْ يَوْمَ يَرَوْنَ مَا يُوعَدُونَ لَمْ يَلْبَثُوا إِلَّا سَاعَةً مِنْ نَهَارٍ ۚ بَلَاغٌ ۚ فَهَلْ يُهْلَكُ إِلَّا الْقَوْمُ الْفَاسِقُونَ﴾

35.   Пас, сабр кун эй паёмбар, ба озору азияти мушрикон, ҳамчунон ки паёмбарони улулазм(1) сабр карда буданд. Ва дар азоб додани онҳо шитоб макун. Он рӯз, ки он ваъдаеро, ки ба онҳо дода шудааст, бингаранд, пиндоранд, ки ҷуз дар дунё ба қадри соате аз рӯз ҳаёт надидаанд. Ин хабар асту бас барои онон ва ғайрашон. Пас танҳо мардуми фосиқи бадкор, ҳалок (азоб) карда мешаванд.

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: