الجن

تفسير سورة الجن

الترجمة الطاجيكية

Тоҷикӣ

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ قُلْ أُوحِيَ إِلَيَّ أَنَّهُ اسْتَمَعَ نَفَرٌ مِنَ الْجِنِّ فَقَالُوا إِنَّا سَمِعْنَا قُرْآنًا عَجَبًا﴾

1.Бигӯ эй Паёмбар: Аллоҳ таъоло ба ман ваҳй кардааст, ки гурӯҳе аз ҷин ҳамоно гӯш фаро доданд, ҳангоме ки ман тиловати Қуръон мекардам. Пас чун шуниданд, ба қавмашон гуфтанд: Ҳамоно шунидем Қуръонро, хеле хуш аст дар балоғаташ, фасоҳаташ ва дар ахкому ахбораш,

﴿يَهْدِي إِلَى الرُّشْدِ فَآمَنَّا بِهِ ۖ وَلَنْ نُشْرِكَ بِرَبِّنَا أَحَدًا﴾

2.даъват мекунад ба сӯӣ ҳақ ва ҳидоят. Пас, мо ба ин Қуръон имон овардем ва ҳаргиз касеро дар ибодат шарики Парвардигорамон намесозем.

﴿وَأَنَّهُ تَعَالَىٰ جَدُّ رَبِّنَا مَا اتَّخَذَ صَاحِبَةً وَلَا وَلَدًا﴾

3.Ва албатта, азамати Парвардигори мо олист. На ҳамсаре гирад ва на фарзанде дорад.

﴿وَأَنَّهُ كَانَ يَقُولُ سَفِيهُنَا عَلَى اللَّهِ شَطَطًا﴾

4.Ва бехиради мо Иблис дар бораи Аллоҳ таъоло суханони дур аз ҳақ мегуфт(1).

﴿وَأَنَّا ظَنَنَّا أَنْ لَنْ تَقُولَ الْإِنْسُ وَالْجِنُّ عَلَى اللَّهِ كَذِبًا﴾

5.Ва мо, ҳароина, мепиндоштем, одаму ҷин дар бораи Аллоҳ таъоло, ҳаргиз дурӯғ намегӯянд(1).

﴿وَأَنَّهُ كَانَ رِجَالٌ مِنَ الْإِنْسِ يَعُوذُونَ بِرِجَالٍ مِنَ الْجِنِّ فَزَادُوهُمْ رَهَقًا﴾

6.Ва низ мардоне буданд аз одамиён, ки ба мардоне аз ҷин паноҳ мебурданд, пас зиёда карданд мардони ҷин бар инсҳои паноҳҷӯй тарсу ҳароси бештарро.(1)

﴿وَأَنَّهُمْ ظَنُّوا كَمَا ظَنَنْتُمْ أَنْ لَنْ يَبْعَثَ اللَّهُ أَحَدًا﴾

7.
Ва ҳамчунон, ки шумо эй гӯруҳи ҷинҳо мепиндоштед, инсонҳои кофир ҳам мепиндоштанд, ки Аллоҳ таъоло, ҳаргиз, ҳеҷ касро дубора баъд аз марг зинда намегардонад.

﴿وَأَنَّا لَمَسْنَا السَّمَاءَ فَوَجَدْنَاهَا مُلِئَتْ حَرَسًا شَدِيدًا وَشُهُبًا﴾

8.
Ва мо гӯруҳи ҷинҳо талаб кардем ба осмон расиданро то бишнавем суханҳои аҳли осмонро, пас онро ёфтем пур аз фариштагони нигаҳбону қудратманд бо ситорагон, ки андохта мешавад ба он касеро, ки ба осмон наздик мешавад.(1)

﴿وَأَنَّا كُنَّا نَقْعُدُ مِنْهَا مَقَاعِدَ لِلسَّمْعِ ۖ فَمَنْ يَسْتَمِعِ الْآنَ يَجِدْ لَهُ شِهَابًا رَصَدًا﴾

9.Ва мо, ҳароина менишастем пеш аз ин ба ҷойҳое аз осмон; то бишнавем ахборашро. Пас, ҳар кӣ акнун барои гӯш кардан нишинад, шиҳоберо (оташпораеро) дар камини худ ёбад, ки ӯро сӯзонда ҳалок мекунад.(1)

﴿وَأَنَّا لَا نَدْرِي أَشَرٌّ أُرِيدَ بِمَنْ فِي الْأَرْضِ أَمْ أَرَادَ بِهِمْ رَبُّهُمْ رَشَدًا﴾

10.Ва мо гӯруҳи ҷинҳо намедонем, ки оё барои касоне, ки ба рӯйи замин ҳастанд, бадӣ муқаддар мешавад ё Парвардигорашон мехоҳад ба роҳи росташон бибарад?

﴿وَأَنَّا مِنَّا الصَّالِحُونَ وَمِنَّا دُونَ ذَٰلِكَ ۖ كُنَّا طَرَائِقَ قِدَدًا﴾

11.Ва баъзе аз мо некӯкору солеҳанд ва баъзе аз мо ғайри ин кофиру фосиқанд ва гурӯҳҳои гуногунем.

﴿وَأَنَّا ظَنَنَّا أَنْ لَنْ نُعْجِزَ اللَّهَ فِي الْأَرْضِ وَلَنْ نُعْجِزَهُ هَرَبًا﴾

12.Ва мо яқин донистем, ки Аллоҳ бар мо қодир аст ва мо дар зери қабза ва фармонравоии Ӯ мебошем, пас агар кореро ба мо хоҳад, аз Ӯ гурехтан натавонем. Ва ҳаргиз натавонем сӯи осмон гурехтан аз азобаш, агар бадиеро ба мо хоҳад.

﴿وَأَنَّا لَمَّا سَمِعْنَا الْهُدَىٰ آمَنَّا بِهِ ۖ فَمَنْ يُؤْمِنْ بِرَبِّهِ فَلَا يَخَافُ بَخْسًا وَلَا رَهَقًا﴾

13. Ва чун Қуръонро шунидем, ба он имон овардем ва иқрор кардем, ки Қуръон аз назди Аллоҳ аст. Пас ҳар ки ба Парвардигораш имон оварад, пас на аз нуқсони ҳасаноташ метарсад ва на аз ситам (яъне, мабодо, ки дар бадиҳояш изофае нашавад).(1)

﴿وَأَنَّا مِنَّا الْمُسْلِمُونَ وَمِنَّا الْقَاسِطُونَ ۖ فَمَنْ أَسْلَمَ فَأُولَٰئِكَ تَحَرَّوْا رَشَدًا﴾

14.   Ва ҳароина, баъзе аз мо ҷинҳо мусалмононанд ва баъзе аз ҳақ дур. Пас онҳое, ки ислом овардаанд(1), пас онҳо қасд кардаанд роҳи ростро.

﴿وَأَمَّا الْقَاسِطُونَ فَكَانُوا لِجَهَنَّمَ حَطَبًا﴾

15.   Ва аммо онҳое, ки аз роҳи Ислом дуранд, пас онҳо ҳезуми ҷаҳаннаманд.

﴿وَأَنْ لَوِ اسْتَقَامُوا عَلَى الطَّرِيقَةِ لَأَسْقَيْنَاهُمْ مَاءً غَدَقًا﴾

16.   Ва агар одамони кофир ва ҷинҳои кофир ба роҳи Ислом мерафтанд, ҳароина, барои онҳо оби бисёреро фуруд меовардем ва ризқашонро дар дунё фарох мекардем,

﴿لِنَفْتِنَهُمْ فِيهِ ۚ وَمَنْ يُعْرِضْ عَنْ ذِكْرِ رَبِّهِ يَسْلُكْهُ عَذَابًا صَعَدًا﴾

17.
   то онҳоро биёзмоем чи гуна неъматҳои Аллоҳро шукр мекунанд? Ва ҳар ки аз тоъати Парвардигораш ва гӯш кардани Қуръон ва амал кардан ба он рӯй гардонад, ӯро ба азобе сахт дарандозанд.(1)

﴿وَأَنَّ الْمَسَاجِدَ لِلَّهِ فَلَا تَدْعُوا مَعَ اللَّهِ أَحَدًا﴾

18.   Ва ҳароина, масҷидҳо барои ибодати Аллоҳи ягона ҳастанд. Пас ибодат накунед дар он ҷо ғайрашро. Ҳамоно масҷидҳо фақат барои ибодати Аллоҳи ягона сохта шудаанд. (1)

﴿وَأَنَّهُ لَمَّا قَامَ عَبْدُ اللَّهِ يَدْعُوهُ كَادُوا يَكُونُونَ عَلَيْهِ لِبَدًا﴾

19.
   Ва чун бандаи Аллоҳ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои парастиши Парвардигораш бархост, наздик буд, ки ҷинҳо ӯро боло-болои ҳам гирд кунанд, то бишнаванд аз ӯ Қуръонро.

﴿قُلْ إِنَّمَا أَدْعُو رَبِّي وَلَا أُشْرِكُ بِهِ أَحَدًا﴾

20. Бигӯ эй Паёмбар ба он кофирон: Танҳо Парвардигорамро ягона парастиш мекунам ва ҳеҷ касро дар ибодат шарики Ӯ намесозам.

﴿قُلْ إِنِّي لَا أَمْلِكُ لَكُمْ ضَرًّا وَلَا رَشَدًا﴾

21.    Бигӯ эй Паёмбар ба онҳо: Албатта, ман наметавонам бар шумо зиёне бирасонам ё барои шумо фоидае биёварам.

﴿قُلْ إِنِّي لَنْ يُجِيرَنِي مِنَ اللَّهِ أَحَدٌ وَلَنْ أَجِدَ مِنْ دُونِهِ مُلْتَحَدًا﴾

22.    Бигӯ: Ҳеҷ кас маро, аз азоби Аллоҳ наҷот надиҳад агар нофармонии Ӯ кунам ва ман ҷуз Ӯ, ҳаргиз, паноҳгоҳе намеёбам,

﴿إِلَّا بَلَاغًا مِنَ اللَّهِ وَرِسَالَاتِهِ ۚ وَمَنْ يَعْصِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَإِنَّ لَهُ نَارَ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا﴾

23.    Вале он чӣ метавонам расондани пайёми Ӯ таъоло ва анҷом додани рисолатҳои Ӯ мебошад. Ва ҳар ки Аллоҳу паёмбарашро нофармонӣ кунад, пас, насиби ӯ, ҳароина, оташи ҷаҳаннам аст, ки ҳамеша дар он хоҳад буд,

﴿حَتَّىٰ إِذَا رَأَوْا مَا يُوعَدُونَ فَسَيَعْلَمُونَ مَنْ أَضْعَفُ نَاصِرًا وَأَقَلُّ عَدَدًا﴾

24.    То он гоҳ, ки он чиро ба мушрикон ваъда дода буданд, (яъне азобро) бингаранд. Пас, хоҳанд донист, чӣ касонеро ёрони нотавонтар ва шумори камтар будааст.

﴿قُلْ إِنْ أَدْرِي أَقَرِيبٌ مَا تُوعَدُونَ أَمْ يَجْعَلُ لَهُ رَبِّي أَمَدًا﴾

25.    Эй Паёмбар, ба мушрикон бигӯ: Ман намедонам, ки оё он ваъдаи азобе, ки ба шумо додаанд, наздик аст ё Парвардигори ман барои он замоне ниҳодааст?

﴿عَالِمُ الْغَيْبِ فَلَا يُظْهِرُ عَلَىٰ غَيْبِهِ أَحَدًا﴾

26.    Ӯ таъоло донои ғайб аст(1) ва ғайби Худро бар ҳеҷ кас аз халкаш ошкор намесозад,

﴿إِلَّا مَنِ ارْتَضَىٰ مِنْ رَسُولٍ فَإِنَّهُ يَسْلُكُ مِنْ بَيْنِ يَدَيْهِ وَمِنْ خَلْفِهِ رَصَدًا﴾

27.
    магар бар он паёмбаре, ки ӯро барои рисолаташ ихтиёр кардааст ва аз ӯ хушнуд бошад, пас ӯро ба баъзе аз илми ғайбаш хабардор мекунад ва барои нигаҳбонии ӯ (аз ҷин), аз пеши рӯй ва пушти сараш нигаҳбоне (фариштае) қарор медиҳад, мабодо хабари ғайбро надузданд ва ба гӯши коҳинон нарасонанд.(1)

﴿لِيَعْلَمَ أَنْ قَدْ أَبْلَغُوا رِسَالَاتِ رَبِّهِمْ وَأَحَاطَ بِمَا لَدَيْهِمْ وَأَحْصَىٰ كُلَّ شَيْءٍ عَدَدًا﴾

28.
    То бидонад, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва салллам), паёмбарони пеш аз ӯ низ ҳам паёмҳои Парвардигорашонро ҳақ ва рост расонидаанд ва ӯ ҳам ҳифз карда шудааст аз ҷин, ҳамчунон ки паёмбарони пешина ҳифз карда шуда буданд.
Ва Аллоҳ таъоло ба он чӣ дар назди онҳост, аз илмҳои ошкоро ва пинҳонӣ амрҳо ва ҳукмҳо иҳота дорад, чизе аз Ӯ фавт нашавад ва Ӯ таъоло ҳама чизро ба адад шумор кардааст.(1)

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: