الأنفال

تفسير سورة الأنفال

الترجمة الطاجيكية

Тоҷикӣ

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ يَسْأَلُونَكَ عَنِ الْأَنْفَالِ ۖ قُلِ الْأَنْفَالُ لِلَّهِ وَالرَّسُولِ ۖ فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَصْلِحُوا ذَاتَ بَيْنِكُمْ ۖ وَأَطِيعُوا اللَّهَ وَرَسُولَهُ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ﴾

1.
   (Эй Паёмбар асҳобат) туро аз ғаниматҳои (1) ҷанги "Бадр" мепурсанд, (чи гуна ва бар чи касон онҳоро тақсим менамоӣ?) Бигӯ (барояшон): «Ғаниматҳои ҷангӣ аз они Аллоҳу паёмбар аст. (Пас Расул ба амри Парвардигораш онро тақсим менамояд.
) Агар аз мӯъминон ҳастед, аз азоби Аллоҳ битарсед ва бар маъсияти Ӯ пеш наоед ва ба сабаби молҳо байни якдигар кашмакашӣ ва душманӣ макунед ва бо якдигар ба оштӣ зиндагӣ кунед ва аз Аллоҳу паёмбараш фармон баред!»(2)

﴿إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ إِذَا ذُكِرَ اللَّهُ وَجِلَتْ قُلُوبُهُمْ وَإِذَا تُلِيَتْ عَلَيْهِمْ آيَاتُهُ زَادَتْهُمْ إِيمَانًا وَعَلَىٰ رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ﴾

2.
   Мӯъминон касоне ҳастанд, ки чун номи Аллоҳ зикр карда шавад, хавф дилҳояшонро фаро гирад ва чун оёти Аллоҳ бар онон хонда шавад, имонашон ба сабаби андеша кардани оёташ афзун гардад ва бар Парвардигорашон таввакал мекунанд ва умед ба ҷуз Ӯ надоранд ва ғайр аз Ӯ аз касе намеҳаросанд, (1)

﴿الَّذِينَ يُقِيمُونَ الصَّلَاةَ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنْفِقُونَ﴾

3.   касоне, ки намози фарзиро дар вақташ мегузоранд ва аз он чӣ рӯзияшон додаем, садақа мекунанд.

﴿أُولَٰئِكَ هُمُ الْمُؤْمِنُونَ حَقًّا ۚ لَهُمْ دَرَجَاتٌ عِنْدَ رَبِّهِمْ وَمَغْفِرَةٌ وَرِزْقٌ كَرِيمٌ﴾

4.   Инҳо мӯъминони ҳақиқӣ ҳастанд дар зоҳир ва ҳам дар ботин. Дар назди Парвардигорашон соҳиби дараҷот ва омӯрзишу ризқи пок ҳастанд. (Ва он ҷаннат аст.) (1)

﴿كَمَا أَخْرَجَكَ رَبُّكَ مِنْ بَيْتِكَ بِالْحَقِّ وَإِنَّ فَرِيقًا مِنَ الْمُؤْمِنِينَ لَكَارِهُونَ﴾

5. Чунон ки шумо дар ғаниматҳо кашмакаш кардед, Аллоҳ онҳоро аз шумо баргирифт ва тақсимоти онҳоро ба худ ва расулаш қарор кард.
Инчунин Парвардигорат фармоиш дод, ки туро аз хонаат (1) ба ҳақ берун кунад ва берун омадани ту ба тариқи ваҳй буд, ки Ҷабраил бароят овард, ҳол он ки гурӯҳе аз мӯъминон нохушнуд буданд ба вохӯрии ҷанги мушрикон. (2)

﴿يُجَادِلُونَكَ فِي الْحَقِّ بَعْدَمَا تَبَيَّنَ كَأَنَّمَا يُسَاقُونَ إِلَى الْمَوْتِ وَهُمْ يَنْظُرُونَ﴾

6.
(Эй Муҳаммад, чун барои онҳо ҳақ равшан шуд, ки ҷанг ба вуқуъ хоҳад пайваст,) гурӯҳе аз мӯъминон дар бораи ҷанг бо Паёмбар муҷодала намуданд ва рӯ ба рӯ шудани душманро написандиданд, ки гӯё онҳоро ба сӯи марг меронанд ва онҳо ба он менигаранд.(1)

﴿وَإِذْ يَعِدُكُمُ اللَّهُ إِحْدَى الطَّائِفَتَيْنِ أَنَّهَا لَكُمْ وَتَوَدُّونَ أَنَّ غَيْرَ ذَاتِ الشَّوْكَةِ تَكُونُ لَكُمْ وَيُرِيدُ اللَّهُ أَنْ يُحِقَّ الْحَقَّ بِكَلِمَاتِهِ وَيَقْطَعَ دَابِرَ الْكَافِرِينَ﴾

7.Ва ба ёд оваред онгоҳ, ки Аллоҳ ба шумо ваъда дод, яке аз ду гурӯҳ (яъне, корвони тиҷорати Қурайш ё ҷанги душман) аз они шумост ва бар он пирӯз мешавед.
Ва шумо дӯст доштед, ки гурӯҳе насиби шумо гардад, ки қудрат ва силоҳ надоред, вале Аллоҳ мехоҳад, ки ҳақро бо суханонаш ошкор ва устувор бигардонад ва кофиронро решакан созад.(1)

﴿لِيُحِقَّ الْحَقَّ وَيُبْطِلَ الْبَاطِلَ وَلَوْ كَرِهَ الْمُجْرِمُونَ﴾

8.Аллоҳ мехост, то дини ҳақро собит ва ботилро (ширк ва аҳли онро) нобуд гардонад, ҳарчанд мушрикони гунаҳкор хушнуд набошанд.

﴿إِذْ تَسْتَغِيثُونَ رَبَّكُمْ فَاسْتَجَابَ لَكُمْ أَنِّي مُمِدُّكُمْ بِأَلْفٍ مِنَ الْمَلَائِكَةِ مُرْدِفِينَ﴾

9.
   Ва ба ёд оред он неъматеро, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ кард дар ҷанги Бадр, он гоҳ, ки аз Парвардигоратон ёрӣ хостед ва Аллоҳ дуъои шуморо бипазируфт, ки Ман бо ҳазор фариштаи аз паи якдигар оянда, ёриатон мекунам! (1)

﴿وَمَا جَعَلَهُ اللَّهُ إِلَّا بُشْرَىٰ وَلِتَطْمَئِنَّ بِهِ قُلُوبُكُمْ ۚ وَمَا النَّصْرُ إِلَّا مِنْ عِنْدِ اللَّهِ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ﴾

10.  Ва Аллоҳ ин мададро (яъне, фиристонидани фариштагонро) накард, магар барои шодмонии шумо, то дилҳоятон ба он ором гирад. Ва ёрӣ танҳо аз сӯи Аллоҳ аст на аз қуввату тавоноии шумо, ки Ӯ пирӯзманд аст дар мулкаш ва дар тадбиру шариаташ бо ҳикмат аст!

﴿إِذْ يُغَشِّيكُمُ النُّعَاسَ أَمَنَةً مِنْهُ وَيُنَزِّلُ عَلَيْكُمْ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً لِيُطَهِّرَكُمْ بِهِ وَيُذْهِبَ عَنْكُمْ رِجْزَ الشَّيْطَانِ وَلِيَرْبِطَ عَلَىٰ قُلُوبِكُمْ وَيُثَبِّتَ بِهِ الْأَقْدَامَ﴾

11.
 Ва ба ёд оред он замонеро, ки Аллоҳ аз хавфи душманатон чунон оромиатон дода буд, ки хоби сабуке шуморо фурӯ гирифт ва аз осмон бароятон бороне борид, то зоҳири шуморо ба он пок кунад ва ботинатонро аз васвасаҳои шайтон дур намояд ва дилҳоятонро бо сабр кардан дар муқобили душман қавӣ гардонад ва қадамҳоятонро устувор созад. (1)

﴿إِذْ يُوحِي رَبُّكَ إِلَى الْمَلَائِكَةِ أَنِّي مَعَكُمْ فَثَبِّتُوا الَّذِينَ آمَنُوا ۚ سَأُلْقِي فِي قُلُوبِ الَّذِينَ كَفَرُوا الرُّعْبَ فَاضْرِبُوا فَوْقَ الْأَعْنَاقِ وَاضْرِبُوا مِنْهُمْ كُلَّ بَنَانٍ﴾

12. (Ва ба ёд ор эй Паёмбар он замонеро, ки) Парвардигорат ба фариштагон (ононе ки мусалмононро дар ҷанги Бадр ёрӣ доданд) ваҳй кард: «Ман бо шумоям. Шумо дилҳои мӯъминонро устувор созед. Ман дар дилҳои кофирон бим хоҳам афканд. гарданҳояшонро бизанед (1) ва тамоми пайвандҳои узви онҳоро бизанед!»

﴿ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ شَاقُّوا اللَّهَ وَرَسُولَهُ ۚ وَمَنْ يُشَاقِقِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَإِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ﴾

13.  Зеро ин ба он сабаб аст, ки бо Аллоҳу паёмбараш ба мухолифат бархостанд. Ва ҳар ки бо Аллоҳу паёмбараш мухолифат варзад, бидонад, ки уқубати Аллоҳ сахт аст!

﴿ذَٰلِكُمْ فَذُوقُوهُ وَأَنَّ لِلْكَافِرِينَ عَذَابَ النَّارِ﴾

14.  Ин азобро бичашед ва ин азоби шумо дар дунёст ва дар охират азоби оташ барои кофирон аст!

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا لَقِيتُمُ الَّذِينَ كَفَرُوا زَحْفًا فَلَا تُوَلُّوهُمُ الْأَدْبَارَ﴾

15.
 Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, чун бо кофирон дар ҷанг рӯ ба рӯ шудед, пас пушт нагардонед ва нагурезед, балки собитқадам бошед ва дар баробари сахтиҳои ин кор сабр кунед. Зеро ин амр боиси нусрат ва пирӯзии дини Аллоҳ мешавад. (1)

﴿وَمَنْ يُوَلِّهِمْ يَوْمَئِذٍ دُبُرَهُ إِلَّا مُتَحَرِّفًا لِقِتَالٍ أَوْ مُتَحَيِّزًا إِلَىٰ فِئَةٍ فَقَدْ بَاءَ بِغَضَبٍ مِنَ اللَّهِ وَمَأْوَاهُ جَهَنَّمُ ۖ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ﴾

16.
  Ва ҳар кӣ аз онон дар вақти ҷанг пушти худро бигардонад ва рӯ ба гурез кунад, -магар он ки ҳадафаш аз канорагирӣ барои ҳамлаи дубора ё ба қасди пайвастан ба гӯруҳи дигар бошад- пас, мавриди хашми Аллоҳ қарор мегирад ва ҷойгоҳи ӯ ҷаҳаннам аст ва чи бад ҷойгоҳест!

﴿فَلَمْ تَقْتُلُوهُمْ وَلَٰكِنَّ اللَّهَ قَتَلَهُمْ ۚ وَمَا رَمَيْتَ إِذْ رَمَيْتَ وَلَٰكِنَّ اللَّهَ رَمَىٰ ۚ وَلِيُبْلِيَ الْمُؤْمِنِينَ مِنْهُ بَلَاءً حَسَنًا ۚ إِنَّ اللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٌ﴾

17.      Шумо ононро намекуштед ба тавоноӣ ва қудрати худ, Аллоҳ буд, ки онҳоро мекушт бо ин ки шуморо бар куштани онҳо қодир гардонид.
Ва он гоҳ, ки рег ба сӯи онон андохтӣ, бар рӯи мушрикон бирасид, ту наяндохтӣ, балки Аллоҳ андохт то мӯъминонро хуб биозмояд ва ба василаи ҷиҳод ба болотарин дараҷаҳо бирасонад. Ва неъмати худашро бар онҳо шиносонад, то ки шукри Ӯро ба ҷо оранд. Албатта, Аллоҳ ба дуъо ва гуфтаҳое, ки пинҳон ё ошкор медоред, шунаво аст ва он чи дар он салоҳи бандагонаш аст, доност! (1)

﴿ذَٰلِكُمْ وَأَنَّ اللَّهَ مُوهِنُ كَيْدِ الْكَافِرِينَ﴾

18.     Ин пирӯзӣ аз ҷониби Аллоҳ буд, ки ба шумо расид! Ва Аллоҳ (дар оянда) заъифкунандаи ҳилаи кофирон аст, ё барои ҳақ сар фурӯ меоранд ё ҳалок мешаванд. (1)

﴿إِنْ تَسْتَفْتِحُوا فَقَدْ جَاءَكُمُ الْفَتْحُ ۖ وَإِنْ تَنْتَهُوا فَهُوَ خَيْرٌ لَكُمْ ۖ وَإِنْ تَعُودُوا نَعُدْ وَلَنْ تُغْنِيَ عَنْكُمْ فِئَتُكُمْ شَيْئًا وَلَوْ كَثُرَتْ وَأَنَّ اللَّهَ مَعَ الْمُؤْمِنِينَ﴾

19.
  (Эй мушрикон), агар пирӯзии гурӯҳи ҳақро металабед, инак пирӯзӣ ба суроғи шумо омадааст (яъне, Муҳаммадро бар шумо нусрат додем) ва агар аз куфр бозистед, бароятон беҳтар аст ва агар бозгардед ба ҷанги зидди Муҳаммад, бозмегардем боз Муҳаммадро бар шумо нусрат медиҳем, он гуна ки дар Бадр шикаст ҳӯрдед ва гурӯҳи шумо ҳарчанд бисёр бошад, бароятон суде нахоҳад дошт, ки Аллоҳ бо мӯъминон аст бо кӯмак ва нусрати худ. (1)

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَطِيعُوا اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَلَا تَوَلَّوْا عَنْهُ وَأَنْتُمْ تَسْمَعُونَ﴾

20.
   Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед, Аллоҳу паёмбарашро итоъат кунед ба он чи ки шуморо фармудааст ва аз он чи ки шуморо манъ кардааст ва тарки тоъати Ӯ ва расулаш макунед, дар ҳоле, ки сухани ӯро мешунавед аз он чи ки тиловат карда мешавад бароятон аз Қуръон. (1)

﴿وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ قَالُوا سَمِعْنَا وَهُمْ لَا يَسْمَعُونَ﴾

21.
  Ва (эй мӯъминон), дар мухолифати амри Аллоҳ ва расулаш монанди мушрикон ва мунофиқоне мабошед, ки оятҳои Аллоҳ бар онҳо хонда мешуд, гуфтанд, ки шунидем, дар ҳоле, ки намешуниданд. (1)

﴿۞ إِنَّ شَرَّ الدَّوَابِّ عِنْدَ اللَّهِ الصُّمُّ الْبُكْمُ الَّذِينَ لَا يَعْقِلُونَ﴾

22.
  Ба дурустӣ бадтарини ҷонварон дар назди Аллоҳ ин карону (касоне, ки ҳақро намешунаванд) гунгон (касоне, ки ҳақро намегӯянд) ҳастанд, ки ба ақл (амр ва наҳйи Аллоҳро) дарнамеёбанд. (1)

﴿وَلَوْ عَلِمَ اللَّهُ فِيهِمْ خَيْرًا لَأَسْمَعَهُمْ ۖ وَلَوْ أَسْمَعَهُمْ لَتَوَلَّوْا وَهُمْ مُعْرِضُونَ﴾

23.
  Ва агар дар онон Аллоҳ хайре меёфт, ҳақро ба онҳо мешунавонид, лекин медонад дар онҳо хайре нест ва имон намеоранд ва агар ҳам ба онон ҳақро мешунавонд аз сабаби саркашӣ ва инкорашон ҳақро, боз ҳам бармегаштанд ва аз ҳақ руй мегардониданд. (1)

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَجِيبُوا لِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُمْ لِمَا يُحْيِيكُمْ ۖ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ يَحُولُ بَيْنَ الْمَرْءِ وَقَلْبِهِ وَأَنَّهُ إِلَيْهِ تُحْشَرُونَ﴾

24.
  Эй касоне, ки ба Аллоҳ имон овардаед, ки Ӯ Парвардигори шумост ва ба Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки ӯ паёмбар ва фиристодаи Ӯст, чун Аллоҳу паёмбараш шуморо ба чизе фаро хонанд, ки зиндагиятон мебахшад (зиндагии маънавӣ, яъне шуморо ба сӯи дини ҳақ ва имон мехонад), даъваташонро иҷобат кунед ва эй мӯъминон бидонед, ки Аллоҳ миёни одамӣ ва қалбаш ҳоил аст (1) ва ҷамиъи ашё зери тасарруфи Ӯ ҳастанд.
Сазовор аст, ки даъваташ пазируфта шавад ва бидонед, ки ҳама ба пешгоҳи Ӯ гирд оварда шавед! Ва некӯкорро ба некӯияш подош дода мешавад ва бадкорро ба бадиаш ҷазо дода мешавад. (2)

﴿وَاتَّقُوا فِتْنَةً لَا تُصِيبَنَّ الَّذِينَ ظَلَمُوا مِنْكُمْ خَاصَّةً ۖ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ﴾

25.
 Ва эй мӯъминон, битарсед аз фитнае (бало ва азоб), ки танҳо ситамкоронатонро (1) дар бар нахоҳад гирифт ва бидонед, ки Аллоҳ касеро, ки ба мухолифати амр ва нахяш барояд, ба сахтӣ уқубат мекунад!

﴿وَاذْكُرُوا إِذْ أَنْتُمْ قَلِيلٌ مُسْتَضْعَفُونَ فِي الْأَرْضِ تَخَافُونَ أَنْ يَتَخَطَّفَكُمُ النَّاسُ فَآوَاكُمْ وَأَيَّدَكُمْ بِنَصْرِهِ وَرَزَقَكُمْ مِنَ الطَّيِّبَاتِ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ﴾

26.
  Ва ба ёд оваред, (эй мӯъминон), неъматеро, ки бар шумо арзонӣ кард, он замонеро, ки андак будед ва дар шумори хоршудагони ин сарзамини Макка будед ва бими он доштед, ки мардум шуморо аз миён бардоранд ва Аллоҳ паноҳатон дод дар Мадина ва ёрӣ кард ва пирӯзатон гардонид дар Бадр ва аз чизҳои покиза рӯзиатон дод, бошад, ки шукргузорӣ кунед!

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَخُونُوا اللَّهَ وَالرَّسُولَ وَتَخُونُوا أَمَانَاتِكُمْ وَأَنْتُمْ تَعْلَمُونَ﴾

27.
 Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед ба Аллоҳ ва паёмбараш хиёнат макунед ва низ дар амонатҳои худатон хиёнат макунед ва худ медонед, ки он амонат аст ва вафо намудан бар он воҷиб аст. (1)

﴿وَاعْلَمُوا أَنَّمَا أَمْوَالُكُمْ وَأَوْلَادُكُمْ فِتْنَةٌ وَأَنَّ اللَّهَ عِنْدَهُ أَجْرٌ عَظِيمٌ﴾

28.
 Эй мӯъминон, бидонед, ки дороиҳо ва фарзандон василаи озмоиши шумоянд, то шуморо маълум бидорад оё шумо Ӯро шукр мекунед ва итоъаташро ба ҷо меоред ё шуморо молу фарзанд аз тоъаташ машғул месозад ва бидонед, ки подоши бузург дар назди Аллоҳ аст. (1)

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنْ تَتَّقُوا اللَّهَ يَجْعَلْ لَكُمْ فُرْقَانًا وَيُكَفِّرْ عَنْكُمْ سَيِّئَاتِكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ۗ وَاللَّهُ ذُو الْفَضْلِ الْعَظِيمِ﴾

29.
 Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, агар аз Аллоҳ битарсед (ба анҷом додани амрҳояш ва дур будан аз манъ кардаҳояш), шуморо биноии шинохти ҳақ аз ботил диҳад ва гуноҳонатонро маҳв созад ва шуморо биёмӯрзад, ки Аллоҳ соҳиби фазлу карами (1) бузург аст! (2)

﴿وَإِذْ يَمْكُرُ بِكَ الَّذِينَ كَفَرُوا لِيُثْبِتُوكَ أَوْ يَقْتُلُوكَ أَوْ يُخْرِجُوكَ ۚ وَيَمْكُرُونَ وَيَمْكُرُ اللَّهُ ۖ وَاللَّهُ خَيْرُ الْمَاكِرِينَ﴾

30.  Ва он ҳангомро ба ёд овар, ки кофирон дар бораи ту нақша мекашиданд, то дар зиндонат афкананд ё бикушандат ё аз шаҳри Макка берунат созанд. Онон нақша мекашиданд ва Аллоҳ низ макру ҳиллаи онҳоро ботил мекард ва Аллоҳ беҳтарини тадбиркунандагон аст.

﴿وَإِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ آيَاتُنَا قَالُوا قَدْ سَمِعْنَا لَوْ نَشَاءُ لَقُلْنَا مِثْلَ هَٰذَا ۙ إِنْ هَٰذَا إِلَّا أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ﴾

31.
 Чун оёти Мо хонда шуд бар онон, ки аз рӯи ҷаҳл ва саркашиашон ба Аллоҳ ва оятҳои Қуръон кофир шуданд, гуфтанд: «Шунидем ва агар мехостем қатъан мо ҳам мисли ин Қуръонро мегуфтем, (вале аз рӯи саркашиашон гуфтанд), ки ин Қуръон ғайр аз афсонаҳои пешиниён чизи дигаре нест!» (1)

﴿وَإِذْ قَالُوا اللَّهُمَّ إِنْ كَانَ هَٰذَا هُوَ الْحَقَّ مِنْ عِنْدِكَ فَأَمْطِرْ عَلَيْنَا حِجَارَةً مِنَ السَّمَاءِ أَوِ ائْتِنَا بِعَذَابٍ أَلِيمٍ﴾

32.
 Ва эй Паёмбар сухани мушриконро ба ёд овар), ки гуфтанд: «Бор Илоҳо, агар ин (Муҳаммад) аз ҷониби Ту омадаву ҳақ аст, бар мо аз осмон бороне аз санг бибор ё азобе дардоваре бар мо бифирист».

﴿وَمَا كَانَ اللَّهُ لِيُعَذِّبَهُمْ وَأَنْتَ فِيهِمْ ۚ وَمَا كَانَ اللَّهُ مُعَذِّبَهُمْ وَهُمْ يَسْتَغْفِرُونَ﴾

33.
  То он гоҳ, ки ту (эй Расул), дар миёнашон ҳастӣ, Аллоҳ ин мушриконро азоб накунад ва то он гоҳ, ки аз Аллоҳ омӯрзиш металабанд, низ Аллоҳ азобашон нахоҳад кард.

﴿وَمَا لَهُمْ أَلَّا يُعَذِّبَهُمُ اللَّهُ وَهُمْ يَصُدُّونَ عَنِ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ وَمَا كَانُوا أَوْلِيَاءَهُ ۚ إِنْ أَوْلِيَاؤُهُ إِلَّا الْمُتَّقُونَ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ﴾

34.
  Чаро Аллоҳ мушриконро азоб накунад, ҳол он ки дӯстонаш (мӯъминон)- ро аз тавоф кардан ва намоз гузоридан дар Масҷидулҳаром бозмедоранд ва соҳибони он нестанд? Соҳибони он танҳо парҳезгоронанд, ки фарзҳои Аллоҳро барпо медоранд ва аз нофармонии Ӯ дур меистанд, вале бештаринашон намедонанд! (1)

﴿وَمَا كَانَ صَلَاتُهُمْ عِنْدَ الْبَيْتِ إِلَّا مُكَاءً وَتَصْدِيَةً ۚ فَذُوقُوا الْعَذَابَ بِمَا كُنْتُمْ تَكْفُرُونَ﴾

35.  Ва намози мушрикон дар назди хонаи Каъба ҷуз ҳуштак кашидан ва кафкубӣ чизи дигаре нест. Пас ба подоши куфратон азоби қатл ва асириро, ки дар рӯзи Бадр ба онон расид, бичашед! (1)

﴿إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا يُنْفِقُونَ أَمْوَالَهُمْ لِيَصُدُّوا عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۚ فَسَيُنْفِقُونَهَا ثُمَّ تَكُونُ عَلَيْهِمْ حَسْرَةً ثُمَّ يُغْلَبُونَ ۗ وَالَّذِينَ كَفَرُوا إِلَىٰ جَهَنَّمَ يُحْشَرُونَ﴾

36.
  Онон, ки ягонагии Аллоҳро инкор карданд ва паёмбарашро нофармонӣ карданд, амволашонро харҷ мекунанд ва ба мушрикон ва гумроҳон медиҳанд, то мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоранд. Молҳояшонро харҷ хоҳанд кард ва ҳасрат хоҳанд бурд, мехоҳанд, ки нури Аллоҳро хомӯш кунанд, сипас бо дасти мӯъминон мағлуб мешаванд. Ва кофиронро дар ҷаҳаннам гирд меоваранд! (1)

﴿لِيَمِيزَ اللَّهُ الْخَبِيثَ مِنَ الطَّيِّبِ وَيَجْعَلَ الْخَبِيثَ بَعْضَهُ عَلَىٰ بَعْضٍ فَيَرْكُمَهُ جَمِيعًا فَيَجْعَلَهُ فِي جَهَنَّمَ ۚ أُولَٰئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ﴾

37.  То Аллоҳ нопокро аз пок ҷудо намояд ва нопоконро баъзеро бо баъзеи дигар рӯи ҳам биниҳад. Он гоҳ ҳамаро гирд оварад ва ба ҷаҳаннам афканад. Инҳо кофирон дар дунёву охират зиёнкоронанд!

﴿قُلْ لِلَّذِينَ كَفَرُوا إِنْ يَنْتَهُوا يُغْفَرْ لَهُمْ مَا قَدْ سَلَفَ وَإِنْ يَعُودُوا فَقَدْ مَضَتْ سُنَّتُ الْأَوَّلِينَ﴾

38.
     Ба кофирони қавмат, (ки ягонагии Аллоҳро инкор карданд), бигӯй, ки агар бозистанд аз куфр (ва душманиашон бар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ба сӯи имон бозгарданд,) гуноҳони гузаштаи онҳо омӯрзида мешавад ва агар бозгарданд ва давомат кунанд бар куфрашон, донанд, ки бо пешиниён чӣ рафторе шудааст (яъне Аллоҳ паёмбаронашро нусрат медиҳад ва душманонашро ҳалок мегардонад). (1)

﴿وَقَاتِلُوهُمْ حَتَّىٰ لَا تَكُونَ فِتْنَةٌ وَيَكُونَ الدِّينُ كُلُّهُ لِلَّهِ ۚ فَإِنِ انْتَهَوْا فَإِنَّ اللَّهَ بِمَا يَعْمَلُونَ بَصِيرٌ﴾

39. Эй мӯъминон бо мушрикон биҷангед, то дигар фитнае (ширк) набошад ва дин, ҳама дини Аллоҳ гардад. Пас бало аз бандагони Аллоҳ бардошта мешавад. Пас агар бозистоданд (аз ширк), Аллоҳ кирдорашонро мебинад ва чизе бар Ӯ пӯшида ва пинҳон намемонад. (1)

﴿وَإِنْ تَوَلَّوْا فَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ مَوْلَاكُمْ ۚ نِعْمَ الْمَوْلَىٰ وَنِعْمَ النَّصِيرُ﴾

40.
Ва агар ин мушрикон рӯй гардонанд аз даъват карданатон онҳоро ба сӯи имон (ба Аллоҳ ва расулаш) ва бо шумо ҷанг накарданро ва бар куфр ва ҷангидани шумо барпой истанд, пас бидонед, ки Аллоҳ мавлои (1) шумост Ӯ мавло ва ёридиҳандаи некӯст! (2)

﴿۞ وَاعْلَمُوا أَنَّمَا غَنِمْتُمْ مِنْ شَيْءٍ فَأَنَّ لِلَّهِ خُمُسَهُ وَلِلرَّسُولِ وَلِذِي الْقُرْبَىٰ وَالْيَتَامَىٰ وَالْمَسَاكِينِ وَابْنِ السَّبِيلِ إِنْ كُنْتُمْ آمَنْتُمْ بِاللَّهِ وَمَا أَنْزَلْنَا عَلَىٰ عَبْدِنَا يَوْمَ الْفُرْقَانِ يَوْمَ الْتَقَى الْجَمْعَانِ ۗ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ﴾

41.
Ва бидонед, ки ончи (моле), ки ғанимат ёфтед аз кофирон ва он мол аз ҳар ҷинсе, ки бошад, пас аз панҷ як ҳиссааш аз они Аллоҳ ва паёмбар ва хешовандони Паёмбар (ки қабилаи Ҳошим ва Мутталибанд) ва ятимон, мискинҳо, мусофирон аст, агар имон овардед ба Аллоҳ ва Қуръоне, ки фиристодем ба бандаи худ (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар он рӯзе, ки ҷудо шуд ҳақ аз ботил ва рӯзе, ки ба ҳам омаданд он ду гурӯҳ (1) ва Аллоҳ бар ҳама чиз тавоност. (2)

﴿إِذْ أَنْتُمْ بِالْعُدْوَةِ الدُّنْيَا وَهُمْ بِالْعُدْوَةِ الْقُصْوَىٰ وَالرَّكْبُ أَسْفَلَ مِنْكُمْ ۚ وَلَوْ تَوَاعَدْتُمْ لَاخْتَلَفْتُمْ فِي الْمِيعَادِ ۙ وَلَٰكِنْ لِيَقْضِيَ اللَّهُ أَمْرًا كَانَ مَفْعُولًا لِيَهْلِكَ مَنْ هَلَكَ عَنْ بَيِّنَةٍ وَيَحْيَىٰ مَنْ حَيَّ عَنْ بَيِّنَةٍ ۗ وَإِنَّ اللَّهَ لَسَمِيعٌ عَلِيمٌ﴾

42.
    Ба ёд оред, ҳангоме ки шумо дар канораи водии наздиктар (ба Мадина) будед ва душманони шумо дар канораи водии дуртар (аз Мадина) буданд ва он корвон дар маконе поинтар (аз соҳили баҳри Сурх) аз шумо буд.
Агар шумо бо якдигар замони ҷангро таъйин мекардед, боз ҳам аз он хилоф меварзидед, то коре, ки Аллоҳ муқаррар кардааст, воқеъ шавад, то ҳар ки ҳалок мешавад, ба далеле ҳалок шавад ва ҳар ки зинда мемонад, ба далеле зинда монад. Ва ба дурустӣ, ки Аллоҳ ба гуфтори ҳар ду гурӯҳ шунавост ва чизе бар Ӯ пӯшида намемонад ва ба ниятҳои шумо доност!

﴿إِذْ يُرِيكَهُمُ اللَّهُ فِي مَنَامِكَ قَلِيلًا ۖ وَلَوْ أَرَاكَهُمْ كَثِيرًا لَفَشِلْتُمْ وَلَتَنَازَعْتُمْ فِي الْأَمْرِ وَلَٰكِنَّ اللَّهَ سَلَّمَ ۗ إِنَّهُ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ﴾

43.    Ба ёд ор (эй Паёмбар), Аллоҳ дар хоб миқдори душманонатро ба ту кам нишон дод. Пас мӯъминонро ба ин хабар додӣ, дилашон қувват пайдо кард ва бар ҷанги онҳо ҷасорат пайдо карданд.
Агар шумораи онҳоро бисёр нишон медод, аз тарс нотавон мешудед ва дар тасмим ба ҷанг ба низоъ (ихтилоф) бармехостед, вале Аллоҳ шуморо аз душманон дар амон дошт, ки Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст! (1)

﴿وَإِذْ يُرِيكُمُوهُمْ إِذِ الْتَقَيْتُمْ فِي أَعْيُنِكُمْ قَلِيلًا وَيُقَلِّلُكُمْ فِي أَعْيُنِهِمْ لِيَقْضِيَ اللَّهُ أَمْرًا كَانَ مَفْعُولًا ۗ وَإِلَى اللَّهِ تُرْجَعُ الْأُمُورُ﴾

44.
   Ва он гоҳ, ки чун ба ҳам расидед, ононро дар чашми шумо кам намуд ва шуморо низ дар чашми онон кам намудор кард, то ду гурӯҳ ба ҳамдигар ҳамлавар шаванд ва то Аллоҳ кореро, ки шуданӣ буд, ба анҷом расонад (ва он пирӯзии мусалмонон ва шикаст ва расвоии кофирон ва кушта шудани раҳбарони онон аст). Ва ҳамаи корҳо ба Аллоҳ бармегардад! Ва Аллоҳ покро аз нопок ҷудо месозад. (1)

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا لَقِيتُمْ فِئَةً فَاثْبُتُوا وَاذْكُرُوا اللَّهَ كَثِيرًا لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ﴾

45.
   Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, агар ба гурӯҳе аз душман бархӯрдед, пойдорӣ кунед ва Аллоҳро бисёр ёд кунед, то нусраташро ба шумо арзонӣ намояд, бошад, ки пирӯз шавед. (1)

﴿وَأَطِيعُوا اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَلَا تَنَازَعُوا فَتَفْشَلُوا وَتَذْهَبَ رِيحُكُمْ ۖ وَاصْبِرُوا ۚ إِنَّ اللَّهَ مَعَ الصَّابِرِينَ﴾

46.   Ва ба Аллоҳу паёмбараш итоъат кунед ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон ва буздил шавед ва давлату қуввати шумо биравад. Дар муқобили душман сабр пеша гиред, ки Аллоҳ ҳамроҳи собирон аст! Онҳоро нусрат диҳад ва хорашон нагардонад. (1)

﴿وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ خَرَجُوا مِنْ دِيَارِهِمْ بَطَرًا وَرِئَاءَ النَّاسِ وَيَصُدُّونَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۚ وَاللَّهُ بِمَا يَعْمَلُونَ مُحِيطٌ﴾

47.  Монанди он касон (мушрикон) мабошед, ки сармасти мағрур ва барои худнамоӣ аз диёри хеш берун омаданд ва дигаронро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд. Ва Аллоҳ ба ҳар коре, ки мекунанд, иҳота (огоҳии комил) дорад.

﴿وَإِذْ زَيَّنَ لَهُمُ الشَّيْطَانُ أَعْمَالَهُمْ وَقَالَ لَا غَالِبَ لَكُمُ الْيَوْمَ مِنَ النَّاسِ وَإِنِّي جَارٌ لَكُمْ ۖ فَلَمَّا تَرَاءَتِ الْفِئَتَانِ نَكَصَ عَلَىٰ عَقِبَيْهِ وَقَالَ إِنِّي بَرِيءٌ مِنْكُمْ إِنِّي أَرَىٰ مَا لَا تَرَوْنَ إِنِّي أَخَافُ اللَّهَ ۚ وَاللَّهُ شَدِيدُ الْعِقَابِ﴾

48.
    Ба ёд оред, вақте ки шайтон кирдори мушриконро дар назарашон биёрост ва барояшон гуфт: «Имрӯз аз мардум касе бар шумо пирӯз намешавад ва ман паноҳдиҳандаи шумоям». Вале чун ду гурӯҳ рӯ ба рӯ шуданд; мушрикон ҳамроҳи шайтон ва мӯъминон ҳамроҳи фариштагон шуданд.
Ӯ (шайтон) бозгашту гуфт: «Ҳароина ман аз шумо безорам, дар ҳақиқат ман чизҳоеро мебинам, ки шумо намебинед, (яъне шайтон нишонаҳои пирӯзии мусалмононро бо мадади Аллоҳ аз тариқи фиристодани фириштагон дид ва гуфт, ки) ман аз Аллоҳ метарсам, ки Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад шахсеро, ки ба Ӯ нофармонӣ кунад!» (1)

﴿إِذْ يَقُولُ الْمُنَافِقُونَ وَالَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ غَرَّ هَٰؤُلَاءِ دِينُهُمْ ۗ وَمَنْ يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَإِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ﴾

49.
   Ба ёд оред, вақте ки аҳли ширк ва мунофиқон ва он касоне, ки дар дил беморие доранд, ҳол он ки медиданд, ки мусалмонон андакеанд ва душманонашон бисёр, гуфтанд: «Дини инҳо (яъне мусалмонон) фирефта аст».
Ва инҳо (мунофиқон) дарк накарданд, ки ҳар кас, ки ба Аллоҳ таваккал кунад ва ба ваъдаи Ӯ шак накунад, Аллоҳ ӯро хор накунад, ба дурустӣ, ки Аллоҳ тавоно аст ва ҳеҷ нерӯе наметавонад Ӯро шикаст диҳад ва дар он чи тақдир карда иҷро намудааст, бо ҳикмат мебошад! (1)

﴿وَلَوْ تَرَىٰ إِذْ يَتَوَفَّى الَّذِينَ كَفَرُوا ۙ الْمَلَائِكَةُ يَضْرِبُونَ وُجُوهَهُمْ وَأَدْبَارَهُمْ وَذُوقُوا عَذَابَ الْحَرِيقِ﴾

50.   (Эй Расул), агар бубинӣ он замонро, ки фариштагон ҷони кофиронро меситонанд ва ба рӯю пушташон мезананд ва мегӯянд: «Азоби сӯзонро бичашед!»

﴿ذَٰلِكَ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيكُمْ وَأَنَّ اللَّهَ لَيْسَ بِظَلَّامٍ لِلْعَبِيدِ﴾

51.   Ин азоб ба сабаби он кирдорҳоест, ки пеш аз ин карда будед ва Аллоҳ ба бандагонаш мисқоли заррае ситам раво намедорад.

﴿كَدَأْبِ آلِ فِرْعَوْنَ ۙ وَالَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ ۚ كَفَرُوا بِآيَاتِ اللَّهِ فَأَخَذَهُمُ اللَّهُ بِذُنُوبِهِمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ قَوِيٌّ شَدِيدُ الْعِقَابِ﴾

52.
   Кирдори мушрикони Қурайш, ки дар ҷанги Бадр кушта шуданд, ба монанди одати қавми Фиръавн буд ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, онҳо ба оёти Аллоҳ кофир шуданд.
Пас Аллоҳ онҳоро ба ҷазои гуноҳонашон азоб кард, ки Аллоҳ нерӯманд ва сахтуқубат аст! Ва ҳар касро ки бихоҳад бигирад, ӯ наметавонад Аллоҳро нотавон намояд.(1)

﴿ذَٰلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ لَمْ يَكُ مُغَيِّرًا نِعْمَةً أَنْعَمَهَا عَلَىٰ قَوْمٍ حَتَّىٰ يُغَيِّرُوا مَا بِأَنْفُسِهِمْ ۙ وَأَنَّ اللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٌ﴾

53.
   Ин ҷазои бад ба он хотираст, ки Аллоҳ неъматеро, ки ба қавме арзонӣ доштааст, дигаргун насозад, то ҳоли худро аз итоъат кардан ба анҷом додани гуноҳ тағйир диҳанд ва дар муқобили неъмат носипосӣ кунанд. Ва Аллоҳ ба гуфтори халқаш шунаво ва ба ҳолашон доност!(1)

﴿كَدَأْبِ آلِ فِرْعَوْنَ ۙ وَالَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ ۚ كَذَّبُوا بِآيَاتِ رَبِّهِمْ فَأَهْلَكْنَاهُمْ بِذُنُوبِهِمْ وَأَغْرَقْنَا آلَ فِرْعَوْنَ ۚ وَكُلٌّ كَانُوا ظَالِمِينَ﴾

54.
   Ҳоли инҳо (кофирон) монанди одати қавми Фиръавн буд, ки Мӯсоро дурӯғгӯй бароварданд ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, онҳо оёти Парвардигорашонро дурӯғ шумориданд ва Мо ба ҷазои гуноҳонашон ҳалокашон кардем ва қавми Фиръавнро ғарқ сохтем, зеро ҳама ситамгор буданд. Пас инчунин онҳоро ҳалок кардем дар Бадр ва баъзеашонро бо асир афтодан хор кардем. (1)

﴿إِنَّ شَرَّ الدَّوَابِّ عِنْدَ اللَّهِ الَّذِينَ كَفَرُوا فَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ﴾

55.
   Албатта, бадтарин ҷунбандагон (инсонҳо) дар назди Аллоҳ онҳоянд, ки кофир шудаанд ва бар куфри худ давомат карданд ва ба расулони Аллоҳ имон намеоваранд ва ягонагии Ӯро иқрор намекунанд ва ба шариъати Ӯ низ пайравӣ намекунанд. (1)

﴿الَّذِينَ عَاهَدْتَ مِنْهُمْ ثُمَّ يَنْقُضُونَ عَهْدَهُمْ فِي كُلِّ مَرَّةٍ وَهُمْ لَا يَتَّقُونَ﴾

56.
   Касоне, ки ту аз онон (аз яҳудиёни Қурайза) паймон гирифтӣ, ки бо ту ҷанг намекунанд, сипас паёпай паймони хешро мешикананд ва бо шикастани паймонашон аз Аллоҳ наметарсанд. (1)

﴿فَإِمَّا تَثْقَفَنَّهُمْ فِي الْحَرْبِ فَشَرِّدْ بِهِمْ مَنْ خَلْفَهُمْ لَعَلَّهُمْ يَذَّكَّرُونَ﴾

57.
   пас агар онҳоро (1) дар ҷанг биёбӣ, парокандаашон соз (бо куштан), то пайравонашон низ пароканда шаванд ва ба ин гуна корашон ҷуръат накунанд ва низ дигар душманон (аз арабҳо ва ғайрашон) битарсанд ва бошад, ки ибрат гиранд (2)

﴿وَإِمَّا تَخَافَنَّ مِنْ قَوْمٍ خِيَانَةً فَانْبِذْ إِلَيْهِمْ عَلَىٰ سَوَاءٍ ۚ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ الْخَائِنِينَ﴾

58.
   Эй Расул, агар тарсидӣ, ки гурӯҳе дар паймон хиёнат меварзанд, ба онон эълон кун, ки байни ману шумо паймоне боқӣ намондааст, (яъне ҳар ду гурӯҳ донанд, ки байнашон паймоне намондааст) монанди худашон амал хоҳӣ кард. Зеро Аллоҳ хоинони аҳдшиканро дӯст надорад!(1)

﴿وَلَا يَحْسَبَنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا سَبَقُوا ۚ إِنَّهُمْ لَا يُعْجِزُونَ﴾

59.
   Онон, ки кофир шудаанд, напиндоранд, ки пешдастӣ кардаанд (яъне, аз қудрати Аллоҳ берун шудаанд ва ӯ онҳоро ҷазо дода наметавонад), (1) зеро Аллоҳро нотавон карда наметавонанд.

﴿وَأَعِدُّوا لَهُمْ مَا اسْتَطَعْتُمْ مِنْ قُوَّةٍ وَمِنْ رِبَاطِ الْخَيْلِ تُرْهِبُونَ بِهِ عَدُوَّ اللَّهِ وَعَدُوَّكُمْ وَآخَرِينَ مِنْ دُونِهِمْ لَا تَعْلَمُونَهُمُ اللَّهُ يَعْلَمُهُمْ ۚ وَمَا تُنْفِقُوا مِنْ شَيْءٍ فِي سَبِيلِ اللَّهِ يُوَفَّ إِلَيْكُمْ وَأَنْتُمْ لَا تُظْلَمُونَ﴾

60.
   Ва (эй мусалмонон), дар баробари душманонатон метавонед нерӯ ва аспони саворӣ омода кунед, то душманони Аллоҳ ва душманони худ ва ғайри онҳоро, ки шумо онҳоро намешиносед ва Аллоҳ мешиносад, битарсонед.
Ва он чиро, ки дар роҳи Аллоҳ харҷ мекунед, (андак ё бисёр) подоши он дар рӯзи қиёмат ба пурраги ба шумо бозгардонда шавад ва аз савоби он аз шумо кам карда нашавад. (1)

﴿۞ وَإِنْ جَنَحُوا لِلسَّلْمِ فَاجْنَحْ لَهَا وَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ ۚ إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ﴾

61.   Ва агар ба сулҳ майл кунанд, (эй Паёмбар) ту низ ба сулҳ майл кун ва бар Аллоҳ таваккал кун, ки Ӯст шунаво ба суханони шумо ва доно ба ниятҳои шумо!

﴿وَإِنْ يُرِيدُوا أَنْ يَخْدَعُوكَ فَإِنَّ حَسْبَكَ اللَّهُ ۚ هُوَ الَّذِي أَيَّدَكَ بِنَصْرِهِ وَبِالْمُؤْمِنِينَ﴾

62.   Ва агар онон, ки бо ту аҳд бастанд ва хостанд, ки туро бифиребанд, Аллоҳ барои ту кофист. Ӯст, ки туро ба ёрии хеш ва ёрии мӯъминон қувват додааст.

﴿وَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِهِمْ ۚ لَوْ أَنْفَقْتَ مَا فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا مَا أَلَّفْتَ بَيْنَ قُلُوبِهِمْ وَلَٰكِنَّ اللَّهَ أَلَّفَ بَيْنَهُمْ ۚ إِنَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ﴾

63.   Дилҳояшонро (1) ба якдигар меҳрубон сохт. Агар ту ҳамаи он чиро, ки дар рӯи замин аст, харҷ мекардӣ, наметавонистӣ, ки дилҳои онҳоро ба якдигар меҳрубон созӣ. Вале Аллоҳ дилҳояшонро ба якдигар меҳрубон кард, ки бо якдигар дӯсту бародар гаштанд. Ба дурустӣ, ки Ӯ пирӯзманду ҳаким аст!

﴿يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ حَسْبُكَ اللَّهُ وَمَنِ اتَّبَعَكَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ﴾

64.   Эй Паёмбар, Аллоҳ туро ва мӯъминонеро, ки аз ту пайравӣ мекунанд, аз бадии душманонатон кифоякунандааст.(1)

﴿يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ حَرِّضِ الْمُؤْمِنِينَ عَلَى الْقِتَالِ ۚ إِنْ يَكُنْ مِنْكُمْ عِشْرُونَ صَابِرُونَ يَغْلِبُوا مِائَتَيْنِ ۚ وَإِنْ يَكُنْ مِنْكُمْ مِائَةٌ يَغْلِبُوا أَلْفًا مِنَ الَّذِينَ كَفَرُوا بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لَا يَفْقَهُونَ﴾

65.   Эй Паёмбар, мӯъминонро ба ҷанг барангез. Агар аз шумо бист тан сабркунандагон бошанд ва дар ҷанг пойдорӣ кунанд, бар дусад тан аз душманонашон пирӯзӣ хоҳанд ёфт. Ва агар сад тан сабркунандагон (1) бошанд, ба ҳазор тан аз кофирон пирӯз мешаванд. Зеро онҳо кофирон мардуме маҳрум аз илму фаҳманд. (Яъне мушрикон барои умеди савоб намеҷанганд ва дар ҷанг устувор намебошанд, зеро хавф мебаранд, ки кушта шаванд) (2)

﴿الْآنَ خَفَّفَ اللَّهُ عَنْكُمْ وَعَلِمَ أَنَّ فِيكُمْ ضَعْفًا ۚ فَإِنْ يَكُنْ مِنْكُمْ مِائَةٌ صَابِرَةٌ يَغْلِبُوا مِائَتَيْنِ ۚ وَإِنْ يَكُنْ مِنْكُمْ أَلْفٌ يَغْلِبُوا أَلْفَيْنِ بِإِذْنِ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ مَعَ الصَّابِرِينَ﴾

66.Акнун Аллоҳ бар шумо сабук кард (эй мӯъминон) ва аз нотавониятон огоҳ шуд. Агар аз шумо сад тан сабркунандагон(1) бошанд ва дар ҷанг пой фушуранд, бар дусад тан пирӯз мешаванд. Ва агар аз шумо ҳазор тан бошанд, ба ёрии Аллоҳ бар ду ҳазор тан аз кофирон пирӯз мешаванд. Ва Аллоҳ бо сабркунандагон аст.

﴿مَا كَانَ لِنَبِيٍّ أَنْ يَكُونَ لَهُ أَسْرَىٰ حَتَّىٰ يُثْخِنَ فِي الْأَرْضِ ۚ تُرِيدُونَ عَرَضَ الدُّنْيَا وَاللَّهُ يُرِيدُ الْآخِرَةَ ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ﴾

67.
Барои ҳеҷ паёмбаре шоиста нест, ки дар вақти асир гирифтани кофирон, онҳоро ба хотири фидя гирифтан озод кунад, бояд онҳо аз байн бурда шаванд ва шарри онҳо кам гардад. Шумо бо гирифтани фидя ва зинда нигоҳ доштани онҳо молу матоъи дунёро мехоҳед ва Аллоҳ маслиҳати охиратро мехоҳад. Ва Ӯ пирӯзманду ҳаким аст!(1)

﴿لَوْلَا كِتَابٌ مِنَ اللَّهِ سَبَقَ لَمَسَّكُمْ فِيمَا أَخَذْتُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ﴾

68.
Агар аз ҷониби Аллоҳ ҳукме, ки қазо ва қадари Ӯ бар он рафтааст, (яъне, бар ҳалол будани ғаниматҳо ва фидя гирифтан бар асирон)- намебуд, азоби бузург ба шумо мерасид.(1)

﴿فَكُلُوا مِمَّا غَنِمْتُمْ حَلَالًا طَيِّبًا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

69.   Эй мӯъминон, аз он чӣ ба ғанимат гирифтаед, (аз моли мушрикон дар Бадр) (1) ки ҳалол асту покиза, бихӯред. Ва аз Аллоҳ битарсед. Албатта, Аллоҳ барои бандагонаш омӯрзанда ва ба онҳо меҳрубон аст!

﴿يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُلْ لِمَنْ فِي أَيْدِيكُمْ مِنَ الْأَسْرَىٰ إِنْ يَعْلَمِ اللَّهُ فِي قُلُوبِكُمْ خَيْرًا يُؤْتِكُمْ خَيْرًا مِمَّا أُخِذَ مِنْكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ۗ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

70.
   Эй Паёмбар, ба асироне, ки дар дасти шумо ҳастанд, бигӯ: «Агар Аллоҳ дар дилҳоятон нишони имон бубинад, беҳтар аз он моле, ки аз шумо гирифта шудааст, ба шумо хоҳад дод ва аз фазли хеш хайри фаровоне бароятон фароҳам менамояд ва гуноҳонтонро меомӯрзад ва шуморо дохили биҳишт менамояд ва Аллоҳ тавбакунандагонро омӯрзанда ва ба онҳо меҳрубон аст!». (1)

﴿وَإِنْ يُرِيدُوا خِيَانَتَكَ فَقَدْ خَانُوا اللَّهَ مِنْ قَبْلُ فَأَمْكَنَ مِنْهُمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ﴾

71.
   Агар қасди хиёнат (1) ба туро дошта бошанд, пеш аз ин ба Аллоҳ хиёнат варзидаанд ва Аллоҳ туро бар онҳо нусрат додааст ва Аллоҳ доно аст бар он чи дар замирҳо (дилҳо) ҳаст, ҳаким аст дар тадбири ҳоли бандагонаш!

﴿إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَهَاجَرُوا وَجَاهَدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَالَّذِينَ آوَوْا وَنَصَرُوا أُولَٰئِكَ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ وَالَّذِينَ آمَنُوا وَلَمْ يُهَاجِرُوا مَا لَكُمْ مِنْ وَلَايَتِهِمْ مِنْ شَيْءٍ حَتَّىٰ يُهَاجِرُوا ۚ وَإِنِ اسْتَنْصَرُوكُمْ فِي الدِّينِ فَعَلَيْكُمُ النَّصْرُ إِلَّا عَلَىٰ قَوْمٍ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَهُمْ مِيثَاقٌ ۗ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ﴾

72.
   Онон, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаанд ва ба шариъати Ӯ амал кардаанд ва ҳиҷрат (1) кардаанд ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кардаанд ва онон, (2) ки ба муҳоҷирон ҷой дода ва ёриашон кардаанд онҳо дӯстон ва ёрони якдигаранд. Ва онон, ки имон овардаанд ва ҳиҷрат накардаанд, шумо ҳомӣ ва нусратдиҳандаи онон нестед, то он гоҳ, ки муҳоҷират кунанд.
Вале агар шуморо ба ёрӣ талабиданд, пас ёрӣ кардани онҳо ва дар канори онҳо ҷангидан воҷиб аст, магар он, ки бар зидди он гурӯҳе бошад, ки миёни шумо ва онҳо паймоне баста шуда бошад. Ва Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, биност! Ва ҳар якеро мувофиқи ният ва амалаш подош медиҳад.

﴿وَالَّذِينَ كَفَرُوا بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ إِلَّا تَفْعَلُوهُ تَكُنْ فِتْنَةٌ فِي الْأَرْضِ وَفَسَادٌ كَبِيرٌ﴾

73.   Кофирон низ дӯст ва мададгори якдигаранд. Агар шумо бо мӯъминон дӯстӣ накунед ва бо кофирон душманӣ наварзед, дар ин сарзамин фитнаву фасоди бузург падид хоҳад омад. (1)

﴿وَالَّذِينَ آمَنُوا وَهَاجَرُوا وَجَاهَدُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَالَّذِينَ آوَوْا وَنَصَرُوا أُولَٰئِكَ هُمُ الْمُؤْمِنُونَ حَقًّا ۚ لَهُمْ مَغْفِرَةٌ وَرِزْقٌ كَرِيمٌ﴾

74.
   Онон, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаанд ва тарки диёри худ (1) карда ҳиҷрат карданд ва дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кардаанд ва онон, (2) ки ҷояшон додаанд ва ёриашон кардаанд, ба ҳақиқат мӯъминонанд, омӯрзиши гуноҳон ва рӯзии некӯ дар ҷаннатҳои наъим аз они онҳост.

﴿وَالَّذِينَ آمَنُوا مِنْ بَعْدُ وَهَاجَرُوا وَجَاهَدُوا مَعَكُمْ فَأُولَٰئِكَ مِنْكُمْ ۚ وَأُولُو الْأَرْحَامِ بَعْضُهُمْ أَوْلَىٰ بِبَعْضٍ فِي كِتَابِ اللَّهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ﴾

75.
   Ва ҳамчунин касоне, ки баъд аз муҳоҷирон ва ансор омадаанд ва ба хубӣ аз онон пайравӣ карда, имон овардаанд ва ҳиҷрат кардаанд ва ҳамроҳи шумо ҷиҳод кардаанд, аз шумо ҳастанд.
(Яъне, он чи барои шумост, ба онон ҳам мерасад ва он чи ки ба зарари шумост, ба зарари онҳо низ мебошад) Ба ҳукми китоби Аллоҳ хешовандон ба якдигар сазовортаранд ба ҷуз асабаҳо (1) ва касоне ки дорои саҳме аз тарака ҳастанд, касе дигар аз майит мерос намебарад. Ва агар асабаҳо ва касоне, ки дорои саҳме аз тарака ҳастанд, вуҷуд надошта бошанд, наздиктарин хешовандони мурда мерос мебаранд. Ва Аллоҳ бар ҳар чизе доност! (2)

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: