المائدة

تفسير سورة المائدة آية رقم 110

﴿ﭤﭥﭦﭧﭨﭩﭪﭫﭬﭭﭮﭯﭰﭱﭲﭳﭴﭵﭶﭷﭸﭹﭺﭻﭼﭽﭾﭿﮀﮁﮂﮃﮄﮅﮆﮇﮈﮉﮊﮋﮌﮍﮎﮏﮐﮑﮒﮓﮔﮕﮖﮗﮘﮙﮚﮛﮜﮝﮞﮟﮠﮡﮢﮣﮤﮥﮦﮧ ﴾

﴿إِذْ قَالَ اللَّهُ يَا عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ اذْكُرْ نِعْمَتِي عَلَيْكَ وَعَلَىٰ وَالِدَتِكَ إِذْ أَيَّدْتُكَ بِرُوحِ الْقُدُسِ تُكَلِّمُ النَّاسَ فِي الْمَهْدِ وَكَهْلًا ۖ وَإِذْ عَلَّمْتُكَ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَالتَّوْرَاةَ وَالْإِنْجِيلَ ۖ وَإِذْ تَخْلُقُ مِنَ الطِّينِ كَهَيْئَةِ الطَّيْرِ بِإِذْنِي فَتَنْفُخُ فِيهَا فَتَكُونُ طَيْرًا بِإِذْنِي ۖ وَتُبْرِئُ الْأَكْمَهَ وَالْأَبْرَصَ بِإِذْنِي ۖ وَإِذْ تُخْرِجُ الْمَوْتَىٰ بِإِذْنِي ۖ وَإِذْ كَفَفْتُ بَنِي إِسْرَائِيلَ عَنْكَ إِذْ جِئْتَهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ فَقَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْهُمْ إِنْ هَٰذَا إِلَّا سِحْرٌ مُبِينٌ﴾

110.
Он гоҳ ки Парвардигор рӯзи қиёмат ба Исо писари Марям гӯяд: "Эй Исо! Ба ёд овар неъмати маро, ки бар ту ва модарат арзонӣ доштам (ва туро бе падар офаридам ва модаратро бар тамоми занҳои олам баргузидам ва аз тӯҳмат ӯро пок сохтам.
Ва аз неъматҳое, ки Парвардигор ба Исо арзонӣ кард;) ба воситаи Ҷабраил ӯро қувват бахшид ва ёрӣ кард, дар гаҳвора бо мардум сухан мегуфт ва дар миёнсолӣ онҳоро ба сӯи Аллоҳ даъват менамуд.
( Ва аз он неъматҳо;) Парвардигор бе воситаи муаллим ба ӯ таълими навиштанро омӯзонд ва қуввати фаҳм ва идрокро барояш ато кард ва таълим дод ба ӯ Тавротро, (ки бар Мӯсо алайҳиссалом фуруд овард) ва Инҷилро, (ки барои ҳидояти мардум барояш фуруд овард). (Ва аз он неъматҳо, ки ба дастури Парвардигор) аз гил чизе ба шакли парранда месохт ва дар он медамид, пас ба фармони Аллоҳ парранда мешуд. Ва кӯри модарзод ва фарди мубтало ба бемории песиро ба изни Аллоҳ шифо медод. Ва аз он неъматҳо, ки мурдагонро ба фармони Аллоҳ аз қабр зинда берун меовард. Ва ҳамаи ин ба хост ва изни Парвардигор буд. Ва ин мӯъҷизаҳо ҳама далолат бар паёмбарии Исо (алайҳиссалом) мекунад. Пас касоне аз онон, ки кофир шуда буданд, гуфтанд: "Он чи ки Исо аз далелҳое, ки овард, ҷодуи ошкоро аст".

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

الترجمات والتفاسير لهذه الآية: