البحث

عبارات مقترحة:

الخلاق

كلمةُ (خَلَّاقٍ) في اللغة هي صيغةُ مبالغة من (الخَلْقِ)، وهو...

الصمد

كلمة (الصمد) في اللغة صفة من الفعل (صَمَدَ يصمُدُ) والمصدر منها:...

الشاكر

كلمة (شاكر) في اللغة اسم فاعل من الشُّكر، وهو الثناء، ويأتي...

Абубакри Сиддиқ (р)

الطاجيكية - Тоҷикӣ

المؤلف Одил ибни Али аш-Шиддӣ ، Аҳмад ибни Усмон ал-Мазид
القسم كتب وأبحاث
النوع نصي
اللغة الطاجيكية - Тоҷикӣ
المفردات تفسير طبقة الصحابة - عصر الخلافة الراشدة - فضائل الخلفاء الراشدين
Cухани мо дар атрофи шахсе аст ки офтоб ба касе беҳтар аз ӯ баъди Паёмбарон натобидааст. Ин шахс ҳамон шахсе аст, ки имони ӯро ва имони тамоми умматро дар тарозу гузоштанд имони ӯ бар имони тамоми уммат ғолиб (вазнинтар) омад. Ин шахс ҳамон шахсе аст, ки тамоми молашро дар роҳи Худо хайр кард, аз ӯ пурсида шуд оё барои аҳлу оилаат чизе боқи мондай? Дар ҷавоб гуфт: Барои аҳлу оилаам Худову Паёмбарашро мондам. Пас барои шинохтани ин шахс метавонед ба ин китоб ру биоваред, то инки бидонед ки ӯ кист.

التفاصيل

Абубакри Сиддиқ (р) Абубакри Сиддиқ(р) Ҷавонмардӣ ва соҳиби фазл будани Абубакр (р)  Аввалин марди мусалмон Фазилатҳои ҳазрати Абубакр (р) Баъзе ҳадисҳое, ки дар фазилати ҳазрати Абубакр (р) ворид шудаанд Аввалин даъваткунанда ба дини ислом Далелҳое, ки бар дуруст будани халифагии ҳазрати Абубакр (р) далолат мекунанд Суханони саҳобаҳо ва аҳли байт ва уламо дар фазилати ҳазрати Абубакр (р) Хусусиятҳои ҳазрати Абубакр (р) Бузургтарин рӯйдодҳо дар замони хилофати ҳазрати Абубакр (р) Шуҷоъати Абубакр (р) Хоксории Абубакр (р) Баландҳимматии Абубакр (р) Cадақаҳои Абубакр (р) Хотима  Абубакри Сиддиқ (р)Одили Шиддӣ Аҳмади МазидМутарҷим: Мисбоҳиддини Ҳомид «Агар ман касеро халили худ мегирифтам пас Абубакрро мегирифтам» Абубакри Сиддиқ(р)ПешгуфторБа номи Худованди бахшандаи меҳрубонҲамду сано Худованди бузургро ва салавоту салом бар беҳтарини паёмбарон Муҳаммад (с) ва аҳли байту асҳобаш. Cухани мо дар атрофи шахсест, ки офтоб ба касе беҳтар аз ӯ баъди паёмбарон натобида буд. Ин шахс ҳамон шахсест, ки вақте ки имони ӯро ва имони тамоми умматро дар тарозу гузоштанд, имони ӯ бар имони тамоми уммат вазнин (ғолиб) омад.Ин шахс ҳамон шахсест, ки чун тамоми молашро дар роҳи Худо хайр кард, аз ӯ пурсиданд, ки оё барои аҳли оилаат чизе боқӣ мондаӣ? Дар ҷавоб гуфт: «Барои аҳли оилаам Худову паёмбарашро мондам».Ин шахс Абубакри Сиддиқ (р) мебошад.Номи ӯ Абдуллоҳ ибни Усмон ибни Омири Қурайшии Тайимӣ мебошад.Ӯ як марди бисёр кариму шуҷоъу соҳиби фикри расо буд. Дар қабилаи Қурайш шахси бузургу бообрӯ ва ба ҳама маҳбубу аз насабҳо ва аҳволу таърихи Араб бохабар буд. Ва мардум бо Абубакри Сиддиқ барои соҳиби ақл ва илму эҳсон будани он ҳазрат дӯстӣ ва муомилаи нек мекарданд. Бинобар ин ягон маротиба Қурайшиҳо ҳазрати Абубакрро ҳатто дар замони ҷоҳилият, бо ягон айбе ё нуқсоне айбдор накарда буданд ва ин хусусият дар дигар касе ғайри Абубакр ёфт намешуд. Ибни Ҷавзӣ мегӯяд: «Бидон ки халил будани Абубакр (р) аз парҳезгорӣ ва тавозӯъу зоҳидиву тарси зиёдаш аз Худованд маълум буд, вақте, ки ӯ халифа шуд, субҳи ҳамон рӯз ба сӯи бозор барои кор кардану пайдо кардани ризқу рӯзиаш рафт.Пеш аз халифа шуданаш гӯсфандони мардуми маҳалларо барояшон меҷӯшид, вақте ки халифа шуд, духтараке аз он маҳалла гуфт: «Акнун кӣ гӯсфандони моро меҷӯшида бошад?! Ҳазрати Абубакр (р) гуфт: «Бале, ин ман ҳастам, ки гӯсфандони шуморо бароятон меҷӯшам ва аз Худованд умедворам, ки дар он чи ки ман дохил шудам (роҳбарии мардум) тағйирам надиҳад».Ва тамоми саҳобагон ба фазлу бузургии ӯ эътироф доштанд.*** Ҷавонмардӣ ва соҳиби фазл будани Абубакр (р) Ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р) ҷавонмарди соҳиби ақли расову нишонрасе буд, ҳатто дар замони ҷоҳилият (пеш аз ислом) арақ наменӯшид, ба хотири ин ки шояд ақлашро аз даст диҳаду кори баде анҷом диҳад.Ибни Ҷавзӣ мегӯяд: «Бидон, ки Абубакр (р) ҳам дар замони ҷоҳилият марди боэҳтирому бофазилат буд ва ҳам дар Ислом».***  Аввалин марди мусалмонВақте, ки Худованди бузург ҳазрати Муҳаммадро паёмбар гардонид ва барои расонидани дини ислом ӯро амр кард, ҳазрати Абубакр аввалин шуда ба қабул кардани дини муқаддаси ислом шитоб кард ва ба ин дин имон овард. Ва барои қабул кардани дини ислом шакку шубҳае накард, балки муддате ҳам фикр накард, ки оё ин дини навро қабул кунам ё не. Ва бе ягон пурсише аз паёмбар (с) дар бораи ин дин, аввалин шуда номи мусулмониро аз худ кард.Барои ҳамин тамоми уммати ислом ӯро "Сиддиқ" мегӯянд ва маънои "Сиддиқ", яъне ростгӯейтарини ростгӯйҳо.Ислом овардани ҳазрати Абубакр (р) ба ислому мусулмонон манфиатҳои зиёде бахшид. Чунон, ки ислому мусулмонон аз ҳазрати Абубакр (р) фоидаву манфиат диданд, аз дигарҳо чунин манфиатро надида буданд, чунки ба сабаби ислом овардани ҳазрати Абубакр (р) бисёре аз бузургон ва саҳобагони машҳур ислом оварданд. Мисли ҳазрати Усмон (р), Абдураҳмон ибни Авф (р), Саъд ибни Абиваққос (р), Зубайр ибни Аввом (р) ва Талҳа ибни Убайдуллоҳ (р). Хулоса, ҳамаи ин бузургони саҳоба ва дигарон аз дасти ҳазрати Абубакр (р) мусулмон шуданд.Вакте, ки ҳазрати Абубакр (р) мусулмон шуд, чиҳил ҳазор дирҳам дошт, ҳамаи онҳоро дар роҳи Худо хайр кард.Ва бисёре аз ғуломони заиферо, ки ба сабаби мусулмон шуданашон азобу шиканҷа медиданд, мисли ҳазрати Билол (р), ҳазрати Абубакр (р) аз пулу моли худаш харида озод кард.Паёмбар (с)-ро ҳама вақт ҳамроҳӣ мекард: дар Макка ҳамроҳи ӯ буд, дар ғор ҳамроҳаш буд, дар ҳиҷраташ ба сӯи Мадинаи мунаввара ҳамроҳаш буд, дар худи Мадина низ ҳамроҳаш буд, инчунин дар ҳама ҷангҳое, ки миёни мусулмонону мушрикон шуда буд, мисли ҷанги Бадр, Уҳуд ва Хандақу Фатҳ, Ҳунайну Табук ва ба сабаби он меҳру муҳаббати зиёде, ки ба паёмбар (с) дошт, тамоми кӯшишҳояшро сарф мекард, ки аз ӯ лаҳзае ҳам ҷудо набошад.*** Фазилатҳои ҳазрати Абубакр (р) Дар фазилату бузургии ҳазрати Абубакр (р) оятҳо ва ҳадисҳои зиёде ворид шудааст.Аз ҷумлаи оятҳои Қуръонӣ дар фазилати Абубакр (р) ин оятҳо мебошанд.Худованд мефармояд:﴿وَسَيُجَنَّبُهَا ٱلۡأَتۡقَى ١٧ ٱلَّذِي يُؤۡتِي مَالَهُۥ يَتَزَكَّىٰ ١٨ وَمَا لِأَحَدٍ عِندَهُۥ مِن نِّعۡمَةٖ تُجۡزَىٰٓ ١٩ إِلَّا ٱبۡتِغَآءَ وَجۡهِ رَبِّهِ ٱلۡأَعۡلَىٰ ٢٠ وَلَسَوۡفَ يَرۡضَىٰ ٢١ ﴾ [الليل: ١٧ – ٢١]«Ва дур хоҳад шуд аз ин оташ парҳезгортарини мардум. Он ки медиҳад моли худро дар роҳи хайр то ки нафсаш пок гардад. Нест ҳеҷ касро назди ӯ неъмате, ки подош дода шавад. Лекин медиҳад моли худро танҳо барои ба даст овардани хушнудии Парвардигори худ. Албатта ин парҳезгор аз мукофоти Худованд, ки ҷаннат аст хушнуд хоҳад шуд». (Сураи Лайл, ояти 17 - 21) Ибни Ҷавзӣ мегӯяд: «Иҷмоъи тамоми уламо бар ин аст, ки ин оятҳо дар шаъни ҳазрати Абубакр (р) нозил шудаанд. Худованд дар ин оятҳо ошкоро хабар медиҳад, ки ҳазрати Абубакр (р) ботақвота-рини уммат аст ва чунон ки Худованд хабар меди-ҳад, мукаррамтарин инсон дар назди Худованд ботақвотарин инсон аст, чунон, ки Худованд мефармояд:﴿إِنَّ أَكۡرَمَكُمۡ عِندَ ٱللَّهِ أَتۡقَىٰكُمۡ١٣ ﴾ [الحجرات: ١٣] «Албатта гиромитарини (мукаррамтарини) шумо назди Худо парҳезгортарини (ботақвотари-ни) шумост».(Сураи Ҳуҷурот, ояти 13)Ва ин оят далолат бар ин мекунад, ки ҳазрати Абубакр (р) баъди паёмбар (с) беҳтарини уммат ба ҳисоб меравад.Худованд мефармояд:﴿ثَانِيَ ٱثۡنَيۡنِ إِذۡ هُمَا فِي ٱلۡغَارِ إِذۡ يَقُولُ لِصَٰحِبِهِۦ لَا تَحۡزَنۡ إِنَّ ٱللَّهَ مَعَنَاۖ فَأَنزَلَ ٱللَّهُ سَكِينَتَهُۥ عَلَيۡهِ وَأَيَّدَهُۥ بِجُنُودٖ لَّمۡ تَرَوۡهَا ٤٠ ﴾ [التوبة: ٤٠]«Дуввумини ин ду кас, он гоҳ ки ин ду кас дар ғор буданд (Паёмбару Абубакр) он гоҳ (паёмбар) мегуфт: «Ба соҳибаш (яъне Абубакр) ғам махӯр, Худо бо мост, пас Худованд оромие бар паёмба-раш нозил карду онҳоро бо лашкарҳое қуввату нусрат дод, ки бо чашмашон надиданд (яъне бо малоикаҳо)».(Сураи Тавба, ояти 40)Бо иттифоқи тамоми мусулмонон мурод аз (соҳиб) дар ин оят ҳазрати Абубакр (р) аст. Дар ояти дигар Худованд мефармояд:﴿وَٱلَّذِي جَآءَ بِٱلصِّدۡقِ وَصَدَّقَ بِهِۦٓ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُتَّقُونَ ٣٣ ﴾ [الزمر: ٣٣]«Он касе, ки (яъне Муҳаммад) овард дини ростро (яъне ҳақро) ва тасдиқ кард (яъне бе ягон шаку шубҳа) онро (яъне Абубакр) пас инҳо ҳастанд аз аҳли тақво». (Сураи Зумар, ояти 33)Имом Баззор ва ибни Асокир ривоят мекунанд, ки ҳазрати Алӣ (р) дар тафсири ин оят гуфт: мақсад аз:﴿وَٱلَّذِي جَآءَ بِٱلصِّدۡقِ ٣٣ ﴾ [الزمر: ٣٣]«Оне, ки сидқу ростиро овард» Муҳаммад (c) аст.Ва мақсад аз:﴿وَصَدَّقَ بِهِۦٓ ﴾٣٣ [الزمر: ٣٣]«ӯро тасдиқ кард» ва росташ шумурд ва қабулаш кард, Абубакр аст.*** Баъзе ҳадисҳое, ки дар фазилати ҳазрати Абубакр (р) ворид шудаандҲадиси якум:عن عمرو بن العاص رضي الله عنه أنه سأل النبي صلى الله عليه وسلم فقال: أي الناس أحب إليك؟ قال: "عائشة" فقلت من الرجال؟ فقال: "أبوها".Аз Амр ибни Ъос (р) ривоят шудааст, ки аз паёмбар (с) пурсид: «Эй Расули Худо, дӯстдоштатарини мардум дар назди шумо кист?» паёмбар (с) гуфт: «Оиша». Пурсида шуд: «Аз мардҳо чӣ?» паёмбар (с) гуфт: «Падараш (яъне Абубакр (р))».(Муттафақун алайҳ, 3/1339)Ҳадиси дувум:عن محمد ابن الحنفية قال: قلت لأبي- يعني علي رضي الله عنه- أي الناس خير بعد رسول الله صلى الله عليه وسلم ؟ قال: أبو بكر, قلت: ثم من؟ قال ثم عمر, وخشيت أن يقول عثمان, قلت ثم أنت؟ قال ما أنا إلا رجل من المسلمين.Аз Муҳаммад ибни Ҳанафия ривоят шудааст, ки гуфт: «Аз падарам (ҳазрати Алӣ) пурсидам, ки беҳтарини мардум баъд аз паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) кист? Дар ҷавоб гуфт: «Абубакр». Гуфтам: «Сипас кист?» Гуфт: «Умар». Сипас фикр кардам, ки агар боз пурсам шояд Усмон мегуяд, ба ӯ гуфтам: «Сипас шумо ҳастед?» Дар ҷавоб гуфт: «Ман ҷуз як марди мусалмон касе нестам». (Ривояти Бухорӣ 3\1342)Ҳадиси сеюм:عن أبي سعيد الخدري رضي الله عنه قال أن النبي صلى الله عليه وسلم قال: "إن من أمن الناس علي في صحبته وماله أبا بكر ولو كنت متخذا خليلا لاتخذت أبا بكر خليلا, ولكن أخوة الإسلام ومودته لا يبقي في المسجد باب إلا سد إلا باب أبي بكر.Аз Абусаъиди Худрӣ (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) гуфт: «Дилпуртарин ва бовариноктарин инсон дар сӯҳбату молаш барои ман Абубакр аст. Агар ман касеро халили худ мехондам, пас Абубакрро мехондам, лекин дар ислом бародариву меҳрубо-нӣ аст. Дар масҷид, ягон дар намонда ҳамаи дарҳо баста шаванд, магар дари Абубакр, баста нашавад». (Муттафақун алайҳ 3\1337)Мақсад аз ин сухани паёмбар (с) ин буд, ки дар он вақт баъзе аз саҳобаҳое, ки ҳамсояи масҷид буданд аз хонаҳояшон ба дохили масҷид дар кушода буданд, паёмбар (с) амр кард, ки ҳамаи дарҳо баста шаванд, магар дари Абубакр ба хотири манзилату баланд мартабагии ҳазрати Абубакр (р) дар назди паёмбар (с). Аммо мақсад аз Халил: «Яъне маҳбубтарин шахсе, ки ба ӯ касеро дар муҳаббат наздик ва баробар карда намешавад».Ҳадиси чаҳорум:عن أبي هريرة رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: "ما لأحد عندنا يد إلا وقد كافأناه بها, ما خلا أبا بكر, فإن له عندنا يدا يكافئه الله بها يوم القيامة, وما نفعني مال أحد قط ما نفعني مال أبي بكر, ولو كنت متخذا خليلا لاتخذت أبا بكر خليلا, إلا وأن صاحبكم خليل الله".Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) гуфт: «Касе набуд, ки ба мо хубӣ накарда бошаду хубияшро нагардонда бошем, магар Абубакр. Абубакр ба мо хубиҳое кардааст, ки Худованд онҳоро рӯзи қиёмат хоҳад гардонд, моли касе ба ман фоида нарасонд, чунон ки моли Абубакр ба ман фоида расонд, агар ман касеро халил мегирифтам, бешак Абубакрро халил мегириф-там, магар ин ки соҳиби шумо халили Худост».(Ривояти Тирмизӣ)Ҳадиси панҷум:عن أبي هريرة رضي الله عنه قال: سمعت رسول الله صلى الله عليه وسلم يقول: "من أنفق زوجين في سبيل الله دعي من أبواب الجنة: يا عبدالله هذا خير لك فمن كان من أهل الصلاة دعي من باب الصلاة, ومن كان من أهل الجهاد دعي من باب الجهاد, ومن كان من أهل الصيام دعي من باب الريان, ومن كان من أهل الصدقة دعي من باب الصدقة. فقال أبو بكر: وهل يدعى أحد من تلك الأبواب كلها يا رسول الله؟ قال: نعم وأرجو أن تكون منهم".Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) гуфт: «Касе, ки дар роҳи Худо ду ҷуфтеро садақа кунад аз дарҳои ҷаннат хонда мешавад, ки эй бандаи Худо ин беҳтар аст барои ту. Касе, ки аз аҳли намоз бошад, аз дарвозаи намоз хонда мешавад. Ва касе, ки аз аҳли ҷиҳод бошад, аз дарвозаи ҷиҳод хонда мешавад. Ва касе, ки аз аҳли рӯзадорон бошад, аз дарвозаи Раён, ки махсус барои рӯзадорон аст, хонда мешавад. Ва касе, ки аз аҳли садақа бошад, аз дарвозаи садақа хонда мешавад». Ҳазрати Абубакр (р), ки дар ин маҷлис ҳузур дошт, аз Паёмбар (с) пурсид: «Эй Расули Худо, оё шахсе ҳаст, ки аз ҳамаи ин дарвозаҳо хонда шавад?» Паёмбар (с) гуфт: «Бале ва ман умед дорам, ки ту, эй Абубакр, аз онҳо бошӣ». (Муттафақун алайҳ, 3\1340)Ҳадиси шашум:عن أبي بكر الصديق رضي الله عنه أن رسول الله صلى الله عليه وسلم قال له و هما في الغار: "يا أبا بكر ما ظنك باثنين الله ثالثهما".Аз ҳазрати Абубакр (р) ривоят шудааст, ки вақте, ки ӯ ҳамроҳи паёмбар (с) дар Ғор буд, паёмбар (с) ба ӯ гуфт: «Эй Абубакр, ту чӣ фикр дорӣ, нисбат ба ду шахсе, ки Худованд сеюмини онҳо бошад».(Муттафақун алайҳ, 4\1854)Ҳадиси ҳафтум: عن أنس -رضي الله عنه- عن النبي -صلى الله عليه وسلم- "أرحم أمتي بأمتي أبوبكر.........."Аз Анас (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) гуфт: «Бораҳм-тарини умматам бар умматам Абубакр аст» (Ривояти имом Аҳмад ва Тирмизӣ)Ҳадиси ҳаштум: عن أنس بن مالك رضي الله عنه قال: صعد النبي صلى الله عليه وسلم وأبو بكر وعمر وعثمان أحدا, فرجف بهم فضربه النبي صلى الله عليه وسلم برجله و قال: "اثبت أحد, فإنما عليك نبي وصديق وشهيدان".Аз Анас (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) ва Абубакру Умару Усмон ба болои кӯҳи Уҳуд баромаданд, дар ин ҳол кӯҳи Уҳуд ба ларза даромад. Паёмбар (с) пояшро дар замин куфту гуфт: «Ором бош, эй Уҳуд, дар болои ту Паёмбару Сиддиқу ду шаҳид истодааст».(Ривояти Бухорӣ, 3\1344)Ҳадиси нӯҳум:عن أبي الدرداء -رضي الله عنه- قال: كنت جالسا عند النبي - صلى الله عليه وسلم- إذ أقبل أبو بكر فسلم وقال إني كان بيني وبين ابن الخطاب شيء فأسرعت إليه ثم ندمت فسألته أن يغفر لي فأبى علي فأقبلت إليك فقال: "يغفر الله لك يا أبا بكر, يغفر الله لك يا أبا بكر, يغفر الله لك يا أبا بكر" . ثم إن عمر ندم فأتى منزل أبي بكر فسأل أثم أبو بكر فقالوا لا فأتى إلى النبي - صلى الله عليه وسلم- فسلم فجعل وجه النبي صلى الله عليه وسلم يتمعر حتى أشفق أبو بكر فجثا على ركبتيه فقال يا رسول الله والله أنا كنت أظلم, أنا كنت أظلم, فقال النبي صلى الله عليه وسلم إن الله بعثني إليكم فقلتم كذبت وقال أبو بكر صدقت . وواساني بنفسه وماله فهل أنتم تاركوا لي صاحبي؟ فهل أنتم تاركوا لي صاحبي؟ فما أوذي أبوبكر بعدها.Аз Абудардо (р) ривоят шудааст, ки дар назди паёмбар (с) нишаста будааст, ки Абубакр омада салом дода гуфтааст: «Миёни ману Умар нофаҳмие шуд, ман пешдастӣ кардам, сипас пушаймон шудаму аз ӯ бахшиш пурсидам, вале манро набахшид. Инак, пеши шумо омадам». Паёмбар (с) гуфт: «Худо туро бибахшад эй Абубакр! Худо туро бибахшад эй Абубакр! Худо туро бибахшад, эй Абубакр! Яъне паёмбар (с) ин калимаро се бор такрор кард. Аз тарафи дигар Умар пушаймон шуду хост, ки аз Абубакр бахшиш пурсад, ба хонаи Абубакр рафту ӯро пайдо накард ва ӯ ҳам ба назди паёмбар (с) омад ва салом дод. Вақте, ки паёмбар (с) ӯро дид дар рӯяш осори хашмгини пайдо шуд, то ба дараҷае, ки раҳми Абубакр ба Умар омад. Баъд аз он Умар (р) назди паёмбар (с) дузону нишасту гуфт «Эй Расули Худо, гуноҳ бештар аз ман буд, гуноҳ бештар аз ман буд» (мисли ин ки мегуянд, айби ман шуд, айби ман шуд). Сипас паёмбар (с) гуфт: «Вақте, ки Худо маро ба сӯи шумо фиристод, ба ман гуфтед, ки дурӯғгӯ ҳастӣ, аммо Абубакр гуфт, ки ростгӯ ҳастӣ ва маро бо ҷону молаш дастгирӣ кард». Оё мешавад, ки дӯстамро бароям вогузоред, оё мешавад, ки дӯстамро бароям вогузоред, аз он рӯз ва баъд Абубакр (р) мавриди азияти касе қарор нагирифт». (Ривояти Бухорӣ, 3/1339)Ҳадиси даҳум:Аз имом Муслим ривоят аст, ки паёмбар (с) Абубакрро ба ду паёмбар монанд мекард, ба Иброҳим ва ба Исо. (Ривояти Муслим) Ҳадиси ёздаҳум:Паёмбар (с) гуфт:"أما إِنك يا أبابكر أول من يدخل الجنة من امتي" «Бидон, эй Абубакр! Ту аввалин шахсе ҳастӣ, ки аз уммати ман ба ҷаннат медароӣ!» (Ривояти Абудовуд) Огоҳӣ: Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ дар китоби «Савоиқи муҳриқа» дар фазилати Абубакр (р) зиёда аз яксаду даҳ ҳадис зикр кардааст. Пас, оё дар ҳаққи Абубакр чизе гуфтан мумкин аст?.*** Аввалин даъваткунанда ба дини исломҲазрати Абубакр (р) аввалин шахсе буд, ки ба дини Ислом мардумро даъват кард. Аз дасти Абубакри Сиддиқ панҷ нафар аз даҳнафараи ваъдашудагон ба ҷаннат исломро қабул кардаанд. Онҳо Усмон ва Талҳа, Саъд ва Зубайру Абдурраҳмон ибни Авф (р) мебошанд. Худованд аз ҳамаи онҳо розӣ шавад.Аввалин шахсе буд, ки паёмбар (с)-ро аз мушрикон ҳимоя кард ва аввалин шахсе буд, ки баъди паёмбар (с) дар роҳи даъват ба дини ислом азият дода шуд, то ин ки аз Макка ҳиҷрат карданд. Ҳазрати Абубакр ҳамроҳи паёмбар (с), аз он рӯзе, ки паёмбар шуд, то рӯзи вафоташ ӯро ҳамроҳиву ҳамсӯҳбатӣ кард. Аниси паёмбар (с) дар ғор буд ва ҳамсафари паёмбар (с) аз Макка ба Мадина буд ва куҷое, ки паёмбар (с) мерафт, албатта, ӯ ҳамроҳаш буд ва ҳама вақт кӯшиш мекард, ки дар ҳама корҳои хайр аввалин бошад ва тамоми дороияшро дар роҳи Худову нусрати дин сарф карда буд.Паёмбар (с) дар шаъни Ӯ мегӯяд: «Аз ягон мол, мисли моли Абубакр фоида надидам».Нафақаҳои Абубакри сиддиқ (р) барои таому либоси паёмбар (с) набуд ва ӯ эҳтиёҷ ба моли касе ҳам надошт, зеро ки Худованди бузург паёбарашро намегузошт, ки ба моли мардум мӯҳтоҷ шавад. Аммо нафақаҳои Абубакр (р) бошад, барои нусрати дини мукаддаси Ислом буд. Ба мусалмонон нафақа ва хайрот мекард, ва дуртарин шахс аз миннати мардум буд. *** Далелҳое, ки бар дуруст будани халифагии ҳазрати Абубакр (р) далолат мекунандИбни Ҷавзӣ мегӯяд: «Ҳазрати Абубакр ягона саҳо-бае буд, ки дар ҳузури паёмбар (с) фатво медод ва ҳукм мекард, ва паёмбар (с) Абубакрро дар ин кораш иқрор мекард. Ва ин мартаба дар касе ғай-ри Абубакр ёфт намешуд ва ягона шахсе буд, ки ӯро паёмбар (с) дар намоз пеш дароварда буд».Ва ҳадисҳое, ки далолат бар саҳиҳ будани хилофати ҳазрати Абубакр (р) мекунанд, инҳо ҳастанд:Ҳадиси якум:عن جبير بن مطعم -رضي الله عنه- قال: أتت إمرأة إلى النبي- صلى الله عليه وسلم- فأمرها أن ترجع إليه, فقالت: أرأيت إن جئت و لم أجدك؟ كأنها تقول: الموت. قال: إن لم تجدني, فأتي أبا بكر.Аз Ҷубайр ибни Мутъим (р) ривоят аст, ки гуфт: «Зане назди паёмбари Худо (с) омад, паёмбар (с) ба вай амр кард, ки боз ҳам ба наздаш биёяд, он зан гуфт: «Агар омадам ва шуморо надидам, гӯё маргро дар назар дошт. Паёмбари Худо (с) гуфт: «Агар омади манро наёфтӣ, назди Абубакр бирав».(Муттафақун алайҳ, 3\1338) Ин ҳадис бо сароҳат бар ҷонишинии Абубакр (р) баъд аз паёмбар (с) далолат мекунад.Ҳадиси дуюм:عن عائشة -رضي الله عنها- قالت: قال لي رسول الله صلى الله عليه وسلم في مرضه الذي مات فيه: ادعي لي أباك وأخاك حتى أكتب كتابا, فإني أخاف أن يتمنى متمن, ويقول قائل: أنا أولى ويأبى الله والمؤمنون إلا أبا بكر.Аз ҳазрати Оиша (р) ривоят аст, ки гуфт: «Паёмбар (с) дар вақти беморие, ки баъди ӯ аз дунё гузашта буд, ба ман гуфт: «Эй Оиша, падару бародаратро ба назди ман бихон, то ки ман чизе навишта кунам, чунки ман метарсам, ки таманнокунандае пайдо шаваду таманно кунаду бигӯяд, ки ман авлотарам ва Худованду муъминон қабул надо-ранд магар Абубакрро». (Муттафақун алайҳ, 4\1857)Ҳадиси сеюм:عن أبي موسى الأشعري -رضي الله عنه- قال: مرض النبي صلى الله عليه وسلم فاشتد مرضه فقال: "مروا أبا بكر فليصلي بالناس" قالت عائشة: يا رسول الله: إن أبا بكر رجل أسيف, إذا قام مقامك لم يستطع أن يصلي بالناس. فقال: "مروا أبابكر فليصلي بالناس" .Аз Абумусои Ашъари (р) ривоят шудааст, ки гуфт: «Вақте, ки бемории паёмбар (с) шиддат гирифт, гуфт: "Абубакрро бигӯед, ки ба мардум имомати кунад, ҳазрати Оиша гуфт: «Эй Расули Худо! Абубакр мардест, дили нозук дорад, наметавонад ба ҷои шумо истода, намози мардумро бихонад». Паёмбар (с) дубора суханашро такрор карда гуфт: «Абубакрро бигӯед, то намози мардумро бихо-над». (Муттафақун алайҳ)Аз ин кори паёмбар (с) фаҳмида мешавад, ки агар Абубакр аз дигарон илми баланд ва лоиқи имомати-ро намедошт, имоматиро ба Абубакр намесупорид.Ва дар ҳадиси ибни Замъа омадааст, ки паёмбар (с) мардумро амр кард, ки намозро барпо доранд. Дар ин ҳангом ҳазрати Абубакр (р), ки ғоиб буд, ҳазрати Умар (р) хост, ки намози мардумро бихонад. Паём-бар (с) гуфт: «На, на, на, Худованду мусулмонон қабул надоранд магар Абубакрро».Дар ривояти ибни Асокир омадааст, ки ҳазрати Алӣ (р) гуфт: «Паёмбар (с) Абубакр (р)-ро амр кард, ки намози мардумро бихонад ва ман шоҳиди ин ҳол будам, на ғоиб будам ва на мариз будам».Пас мо розӣ ҳастем барои дунёамон пешвоии касеро, ки паёмбар (с) барои динамон пешвояш кард.Инчунин паёмбар (с) соли аввале, ки ҳаҷ фарз шуд, Абубакр (р)-ро пешво карда, ба ҳаҷ фиристод. Ибни Абдулҳалим раҳматуллоҳи алайҳ гуфт:"و علم المناسك أَدق ما في العبادات, و ليس في مسائل العبادات أشكل منها, و لولا سعة علمه لم يستعمله"«Илми ҳаҷу умра, аз нозуктарини ибодатҳо аст ва дар масоили ибодот ягон масъала мисли масоили ҳаҷ мушкилтар нест. Ва агар Абубакри Сиддиқ (р) илми баланд намедошт, паёмбар (с) ӯро ба ҳаҷ пешво карда намефиристод». Ва дар намозу ҳаҷ паёмбар (с) ғайри Абубакр (р) касеро халифа нагузошта буд.*** Суханони саҳобаҳо ва аҳли байт ва уламо дар фазилати ҳазрати Абубакр (р) Саҳобагони киром, ҳазрати Абубакрро бузург мешу-моранд ва ӯро дӯст медоштанд. Умар (р) вақте шу-нид, ки касе Умарро аз Абубакр беҳтар мешуморад, гуфт:"والله لليلة من أبي بكر و يوم, خير من عمر و آل عمر"«Қасам ба номи Худо, ки як шабонарӯзии Абубакр, беҳтар аст аз Умар ва оли Умар».Ҳазрати Умар (р) дар назди саҳобагон мегуфт: "أبو بكر سيدنا و خيرنا و أحبنا إلى رسول الله"«Абубакр сайиди моcт ва беҳтарини моcт ва маҳбубтарини мо дар назди Паёмбар аст». (Ривояти Бухорӣ)Ва касе ин суханро инкор намекард.Ибни Умар (р) гуфт:  "كنا زمن النبي لا نعدل بأبي بكر أحدا".«Мо дар замони паёмбар (с) касеро ба Абубакр баробар намекардем». (Ривояти Бухорӣ) Аммо саҳобагон аз дӯст доштани зиёдашон Абубакр-ро, фарзандони худро бо номи Абубакр ном мегу-зоштанд. Ҳазрати Алӣ (р) яке аз фарзандонашонро Абубакр ном гузошт ва дигареро Умар.Ҳазрати Алӣ (р) гуфт:"لا يفضلني أحد على أبي بكر و عمر, إلا جلدته حد المفتري" «Маро касе аз Абубакр ва Умар беҳтар намешумо-рад, магар ин ки ӯро ҳадди дуруғгӯӣ мезанам, яъне агар касе маро аз Абубакру Умар беҳтар гӯяд, ӯро ба ҳадди дуруғгӯӣ дурра мезанам».(Ривояти Ибни Аби Осим)Ҳазрати Умар (р) гуфт: «Абубакр сайиди (сарвари) мост ҳамчуноне, ки сайиди моро озод кард, яъне Билол».(Ривояти Бухорӣ)Инчунин гуфт: «Эй кош мӯйе дар сари синаи Абубакр мебудам». (Бо ихроҷи Мусаддад)Ҳазрати Алӣ (р) гуфт: «Беҳтарини мардум баъди паёмбар (с) Абубакру Умар ҳастанд, дӯстдории ману буғзу кина бо Абубакру Умар дар дили муъмин якҷоя намешавад». (Ривояти Табаронӣ дар Авсат)Яъне муъмин касе нест, ки маро дӯст бидораду Абубакру Умарро бад бинад.Абу Саъиди Худрӣ гуфт:"كان أبو بكر أعلمنا" «Абубакр олимтарини мо буд». (Муттафақун алайҳ) Дорулқутнӣ ривоятеро ихроҷ кардааст, ки дар он имом Ҷаъфари Содиқ аз падараш Муҳаммад Боқир ривоят мекунад, ки марде ба назди падараш Зайналобиддин Алӣ ибни Ҳусейн омаду гуфт: «Маро дар бораи Абубакр хабар бидеҳ». Зайналобиддин гуфт: «Мехоҳӣ дар бораи Сиддиқ хабарат биди-ҳам?» Мард гуфт: «Оё ту ӯро Сиддиқ меномӣ?» Зайналобиддин гуфт: «Модарат дар мотамат нишинад, чӣ тавр ман ӯро Сиддиқ нагӯям, ки паёмбар (с) ӯро Сиддиқ ном гузоштааст. Муҳоҷи-рину ансор ӯро Сиддиқ мегуфтанд, ҳар касе, ки ӯро Сиддиқ намегӯяд, Худованд дар дунёву охи-рат ростгӯяш нашуморад, бирав Абубакру Умар-ро дӯст бидор».Ибни Ҷавзӣ аз Зайд ибни Алӣ ривоят мекунад, ки гуфт: «Бидон, ба Худо қасам, ки безорӣ аз Шай-хайн, (Абубакру Умар), безорӣ аз Алӣ аст, пас худат фикратро бикун».*** Хусусиятҳои ҳазрати Абубакр (р)Аз имом Шаъбӣ ривояте ҳаст, ки Худованд барои Абубакр (р) чаҳор хусусият додааст, ки ба каси дигаре чунин хусусиятҳоро надода буд:Якум: ин ки ӯро Сиддиқ ном гузошт, ин номро ба каси дигаре нагузошта буд.Дуввум: ин ки ӯро шарики паёмбараш дар Ғор гардонд. قال : "أبوبكر صاحبي و مونسي في الغار" Паёмбар (с) гуфт: «Абубакр соҳибу анисам дар ғор буд». (Ривояти имом Аҳмад)Паёмбар (с) ва Абубакр дар ғор ду шахсе буданд, ки сеюмини онҳо Худованди бузург буд. Вақте ки мушрикон дар ҷустуҷӯи онҳо буданду ба дари ғор наздик шуданд, Абубакр гуфт:"يا رسول الله لو أن أحدهم نظر تحت قدميه لأبصرنا"«Эй паёмбари Худо! Агар якеи аз онҳо ба зери қадамаш назар кунад моро мебинад». Сипас Паёмбар гуфт:"ما ظنك يا أبابكر باثنين الله ثالثهما" «Ту чӣ гумон дорӣ, эй Абубакр, ба он ду шахсе, ки сеюмини онҳо Оллоҳ таъоло аст».(Ривояти Бухорӣ)Ва ин фазилат хос ба Абубакр аст, ки касе аз саҳобаҳо ба ӯ шарик нестанд ва Паёмбар (с) дар ғор, вақте ки ғамгинии Абубакрро дид, гуфт: "لا تحزن ان الله معنا" «Ғамгин машав! Худованди бузург ҳамроҳи мост». Ва дар он ҷо ғайри паёмбар (с) ва Абубакр касе набуд ва ногуфта намонад, ки ғамгинии ҳазрати Абубакр аз тарси ҷони худаш набуд, балки ӯ аз ин ғамгин буд, ки ба паёмбар (с) аз мушрикон ягон осебе нарасад.Сеюм: ин ки ӯро рафиқи ҳиҷрати паёмбараш гардонд.Чаҳорум: ин ки Паёмбар (с) дар ҳаёташ ӯро амр кард, ки пеш даромада, намози мардумро бихонад ва худаш ҳам аз пушти ӯ намоз хонд, дар ҳоле ки тамоми мусалмонон шоҳиди ин ҳол буданд.Панҷум: ин ки дар ҳаёташ ягон маротиба арақ нанӯшида, дар ҳоле ки арақнӯшӣ пеш аз ислом, дар миёни мардуми Араб як одати маъмулӣ буд.Шашум: ин ки дар ҳаёташ ягон бут ё санамеро ибодат накарда буд, агарчӣ бутпарастӣ дини аҷдоди он мардум буд ва аз забонаш ягон бор сухани дурӯғ шунида нашуда буд, балки ростгӯю ростқавл буд. Ин сифатҳо дар касе ғайри Абубакр (р) ёфт намешуд.Имом Ҳоким аз имом Мусайяб низ ривоят мекунад, ки гуфт: Абубакр (р) барои паёмбар (с) мисли вазир буд, дар ҳама корҳояш аз ӯ машварат мегирифт.Ва аввалин марди мусулмон баъди паёмбар (с) Абубакр (р) буд.Ва аввалин шахсе, ки паёмбар (с)-ро дар ғор ҳамроҳи кард, Абубакр (р) буд.Аввалин шахси ҳамсафари паёмбар (с) аз Макка ба Мадина буд.Ва аввалин шахсе, ки дар рӯзи ҷанги Бадр дар Ъариш (Хайма) паёмбар (с)-ро ҳамроҳи кард, Абубакр (р) буд.Ва аввалин шахсе, ки дар паҳлӯи паёмбар (с) ба хок супорида шуд, Абубакр (р) буд.(Таърихи хулафо, аз имом Суюти, саҳ. 56)*** Бузургтарин рӯйдодҳо дар замони хилофати ҳазрати Абубакр (р) 1) Омода сохтани лашкари Усома (р).2) Ҷанг бо муртадҳо ва манъкунандагони закот.3) Ҷанг бо Мусайламаи каззоб (дурӯғгӯй).4) Ҷамъи Қуръон.5) Оғози фатҳи шаҳрҳои Шому Ироқ.***Аввалин корҳое, ки Абубакр (р) анҷом дода будАввалин марде, ки мусалмон шуд ва мардумро ба дини ислом даъват кард аз ҷумлаи касоне, ки ба дасти ӯ мусалмон шуданд, Усмон ва Талҳа ва Саъд ва Зубайру Абдурраҳмон ибни Авф, мебошанд, ки Худованд аз ҳамаи онҳо розӣ бошад.Аввалин шахсе, ки Қуръонро ҷамъ карда буд.Аввалин шахсе, ки Қуръонро Мусҳаф ном гузошт, бинобар ин ҳазрати Алӣ (р) мегуфт: "أعظم الناس أجرا في المصحف أبوبكر" «Бузургтарин шахс аз рӯи аҷру савоб, дар ҷамъ кардани мусҳаф, Абубакр ҳаст».  (Ривояти Абуяъло дар Муснад)Аввалин шахсе, ки байтулмолро ташкил дод (вазора-ти молия).Аввалин шахсе, ки Халифа номида шуд ва барои мардум аз байтулмол ҳақ таъин кард.Аввалин шахсе буд, ки дар ислом лақабаш гузоштанд, ӯро лақаби Ъатиқ (озод) гузоштанд. Яъне халос ёфта аз оташи дӯзах ва дар ривояти дигаре ба хотири ин ки ғуломонро мехариду озод мекард.(Таърихи хулафо, саҳ. 72 - 74)Аввалин шахсе буд, ки баъди паёмбар (с) дар роҳи даъват ба дини ислом азият дода шуд, то ин ки аз Макка ҳиҷрат карданд. *** Шуҷоъати Абубакр (р) Аз Ъурва ибни Зубайр ривоят аст, ки аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос аз бадтарин коре, ки ба паёмбар (с) карданд, пурсидам, дар ҷавоб гуфт: «Вақте, ки паёмбар (с) намоз мехонд, дидам, ки Ъақаба ибни Муъит омаду ридоашро (рӯймолашро) ба гардани паёмбар (с) андохту ӯро бошиддат аз ду тарафаш кашид, дар ин ҳангом Абубакр омаду ӯро бошид-дат тела доду гуфт: «Оё мардеро, ки мегӯяд Пар-вардигорам Аллоҳ аст мекушед? Ӯ аз назди Пар-вардигоратон суханони ӯро бароятон овардааст». (Ривояти Бухорӣ)Инчунин ҷангаш бо муртаддону манъкунандагони закот низ далолат бар шуҷоъати ӯ мекунад. Ҳазрати Абубакр (р) гуфта буд, ки ба Худо қасам, агар ресмо-ни уштуре, ки ба паёмбар (с) закоташ медоданд, барои ман манъаш кунанд, барои ин ресмон ман ба онҳо меҷангам.Парҳезгорӣ ва канорагирии Абубакр (р) аз лаззатҳои дунё ба хотири охиратИмом Табарони дар Муснадаш аз ҳазрати Ҳасан ибни Алӣ (р) ривоят мекунад, ки вақте ки Абубакр (р) бемор шуд, ба Оиша (р) гуфт: «Духтарам, уштуре, ки аз ӯ шир менӯшидем ва тағорае, ки дар он ли-босшӯӣ мекардем ва ҷомаеро, ки ӯро мепӯшидем, мо аз онҳо дар ҳоле фоида мебурдем, ки зимоми роҳбарии мусулмонон дар дасти мо буд. Вақте ки ман аз дунё гузаштам, ҳамаи онҳоро ба Умар бисупор».Вақте, ки Абубакр аз дунё гузашт, ҳазрати Оиша, модари муъминон, ҳамаи онҳоро ба Умар (р) равон кард. Умар (р) вақте онҳоро дид, гуфт: «Бешак, ки ояндагони баъд аз худатро хаста кардӣ». Яъне, ин парҳезгориву хоксорие, ки ту доштӣ, эй Абубакр, ояндагон тоқати чунин парҳезгориву хоксориро надоранд. Хоксории Абубакр (р) Ибни Асокир аз Абу Солеҳи Ғаффорӣ ривоят меку-над, ки Умар ибни Хаттоб (р) пиразани нобиноеро, ки дар атрофи Мадина зиндаги мекард, доимо хабар мегирифту ба ӯ об медоду эҳтиёҷоти ӯро бароварда месохт.Бисёри вақтҳое мешуд, ки меомад, лекин медид, ки пеш аз ӯ касе омада, эҳтиёҷоти ин пиразанро баро-вардаасту дигар пиразан ба ӯ эҳтиёҷе надорад. Умар (р) ҳайрон шуду қасд кард, то бидонад, ки кист ғайри ӯ ин корро мекунад. Вақте ки поида нишаст, дид ки Абубакр (р) аст, ки пиразанро кумак мекунаду ҳоҷат-ҳои ӯро бароварда месозад, вақте, ки Умар (р) ин ҳодисаро дид гуфт: «Кист, ки ба ғайр аз ту ин корро бикунад, эй Абубакр».Ин кор дар замоне буд, ки Абубакр (р) халифа буд.*** Баландҳимматии Абубакр (р)Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) гуфт: «Кадоме аз шумо имрӯз рӯзадор аст?» Абубакр (р) гуфт: «Ман».Боз пурсид: «Кадоме аз шумо имрӯз дар ҷанозае иштирок кардааст?»Абубакр (р) гуфт: «Ман».Боз пурсид: «Кадоме аз шумо имрӯз мискинеро таъом додааст?»Абубакр (р) гуфт: «Ман».Боз пурсид: «Кадоме аз шумо имрӯз маризеро хабар гирифтааст?»Абубакр (р) гуфт: «Ман».Паёмбар (с) гуфт: «Ҳар касе, ки ҳамаи ин амалҳоро ба ҷо биёрад, бешубҳа дохили ҷаннат мешавад». (Ривояти Муслим)*** Cадақаҳои Абубакр (р) дар роҳи ХудоАз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят аст, ки гуфт: «Паёмбари Худо (с) моро амр кард, ки дар роҳи Худо садақа кунем ва ин амри паёмбари Худо (с) ба ҳолате рост омад, ки ман хеле моли бисёр доштам ва бо худам гуфтам, ки агарчи дар ягон кори хайр аз Абубакр пеш набудам, акнун имрӯз аз ӯ пеш хоҳам шуд, сипас нисфи тамоми молҳоямро ба назди паёмбар (с) овардам. Паёмбар (с) ба ман гуфт: «Оё ба аҳли оилаат чизе боқӣ мондӣ?» Гуфтам: «Бале, нисфи моламро хайр кардаму нисфашро ба онҳо боқи мондам».Сипас Абубакр омаду тамоми пулу молашро дар назди паёмбар (с) гузошт. Паёмбар (с) ба ӯ гуфт: «Оё барои аҳлу оилаат чизе боқӣ мондӣ?» Гуфт: «Бале, Худову Расулашро ба онҳо боқӣ мондам, (яъне онҳоро ба Худо супоридам)». Ҳазрати Умар вақте ин ҳодисаро дид, гуфт: «Қасам ба Худо, ки аз Абубакр ба ягон амал пеш гузашта намешавад».(Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ ва гуфтааст, ки ин ҳадис ҳасану саҳиҳ аст)*** ХотимаДар охир чанд сухане барои онҳое, ки бо Абубакр (р) буғзу кинаварзи мекунанд.Бигӯед!Кӣ буд, ки муҳоҷирину ансор дар байъаташ иҷмоъ (иттифоқ) карданд?Кӣ буд, ки паёмбар (с)-ро аз ҷавонияш то охири умраш дӯстӣ карду ҳамеша ҳамроҳаш буд?Кӣ буд, ки аввалин шуда, бе ягон шаку тардид даъвати паёмбар (с)-ро қабул карду ислом овард?Кӣ буд, ки дар ҳаёти паёмбар (с) фатво медоду паёмбар (с) инкораш намекард?Кӣ буд, ки аввалин бор бо паёмбар (с) намоз хонд?Кӣ буд, ки бар паёмбар (с) намоз (ҷаноза) хонд?Кӣ буд, ки ҳатто баъди вафоташ дар паҳлӯи паёмбар (с) ба хок супурда шуд?Пас, ҳаққи ӯро бидонед, ҳаққи ӯро поймол накунед. Ба Худо қасам, ки дӯстдории мо нисбати Абубакр (р) ба хотири ҳавову ҳавасамон нест, балки мо фақат пайравии сухани Алӣ (р)-ро мекунему бас. Чунон ки ҳазрати Алӣ (р) гуфта буд: вақте ки паёмбар (с) Абубакр (р)-ро барои динамон ихтиёр карду дар намозамон ӯро имом кард, пас чаро мо ӯро барои дунёямон ихтиёр накунем, (яъне, ба халифагӣ байъаташ накунем).***ФатвоҲасани Басриро пурсиданд, ки оё муҳаббати Абубак-ру Умар суннат аст? Ҳасани Басрӣ гуфт: «На, балки фарз аст». ***Вафоти Абубакри Сиддиқ (р)Ҳазрати Абубакр (р) дар сини 63-солагӣ, дар синни вафоти паёмбар (с) вафот кард. Ва дар ҳуҷраи Оиша ҳамроҳи паёмбар (с) ба хок супурда шуд.(Ривояти Ибни Саъд) Худованд аз Абубакр розӣ бод!Парвардигоро, мо шаҳодат медиҳем, ки ҳазрати Абубакрро ва инчунин ҳамаи халифаҳои рошидин ва тамоми саҳобагонро дӯст медорем. Парвардигоро, аз ҳамаи онҳо розӣ бош!Салавоту дуруд бар набии мо ва олу асҳобаш.***