البحث

عبارات مقترحة:

الغفور

كلمة (غفور) في اللغة صيغة مبالغة على وزن (فَعول) نحو: شَكور، رؤوف،...

الإله

(الإله) اسمٌ من أسماء الله تعالى؛ يعني استحقاقَه جل وعلا...

Бо мо савор шав! (Киштии наҷот)

الطاجيكية - Тоҷикӣ

المؤلف Муҳаммад ибни Абдурраҳмон ал-Арифӣ ، قسم اللغة الطاجيكية بموقع دار الإسلام
القسم كتب وأبحاث
النوع نصي
اللغة الطاجيكية - Тоҷикӣ
المفردات التوحيد
Бо мо савор шав! Киштии наҷот: китобчае аст, ки ҳоли мусулмонҳои ин замонро баён мекунад, ки аз ҷоҳили ва нодони рӯй ба ақоиди фосид ва ширку дуъои ғайри Худованд овардаанд. Ва ибодатҳое ки хос барои Худованд аст, аз ҷумлаи табаррук, тавассул, қурбонӣ ва назрро барои ғайри Худованд ба ҷой меоранд.

التفاصيل

Бо мо савор шав! (Киштии наҷот) Намунаи дуввум Дарёи хурӯшон Киштии наҷот Сароғози гумроҳӣ Қисса Ҳақиқат Қисса Воқеъияти дарднок Мақом ва манзилати шайх Баракот Дар онҷо чи корҳоро анҷом медиҳанд? Дилҳояшон монанди ҳамдигар аст Ширк чигуна пайдо шуд? Ворисони ширк Чаҳор эътироз Нидо.... Нидо Сеҳру ҷоду ва фолбинӣ аз василаҳои ширк аст Дар поён  Бо мо савор шав! (Киштии наҷот)Муҳамад ибни Абдурраҳмон ал-Арифӣ—™Тарҷума: Абу АҳмадБа номи Худованди бахшанда ва меҳрубонҲамд ва ситоиш мар Худои якторо ва дуруд салом бар Расул ва Фиристодаи Худовандро.. Ва Баъд:Намунаи аввал:Дар назди ман ғамгин ва нороҳат нишаст ва гуфт:Эй шайх....! Дар ғурбат мондан ва аз ғарибӣ хаста ва монда шудаам....Ба ӯ гуфтам: Умедворам, ки Худованд баргашти туро ба аҳлу сарзаминат муяссар гардонад.Эҳсоси хафагӣ карда гиря кард ва сипас гуфт: Қасам ба Худо эй шайх агар миқдори шавқу ҳавасам нисбат ба хонаводаам ва миқдори шавқу ҳаваси онҳоро нисбати ман медонистӣ???Эй шайх!! Оё бовари дорӣ, ки модарам масофаи беш аз чаҳорсад милро ба тарафи қабри фалон шайх рафта ва аз ӯ талаб кардааст, ки манро ба ӯ баргардонад.... Ва ӯ марди бобаракат аст, ки дуъоҳои ӯ қабул карда мешавад ва ҳоҷатҳо ва ниёзҳоро бароварда мегардонад ва баъд аз маргаш ҳамаи дуо ва дархости дуокунандагонро мешунавад. Намунаи дуввумШайх ва алломаи мо Абдуллоҳ ибни Ҷибрин (р.ҳ) ба ман нақл карда гуфт:Дар майдони Арафот будам ва мардум дар ҳоли гиряву зорӣ ва дуо бо либоси иҳромашон печида ва дастонашонро ба тарафи Парвардигори олам дароз карда буданд...Ва дар ҳоле, ки мо дар ҳолати хушуъ ва ибодат будем ва аз Худованд талаби нозилшудани раҳматро аз осмон мекардем...Таваҷҷуҳ ва нигоҳи ман ба пирамарде ҷалб шуд, ки устухонҳои баданаш борик ва баданаш заиф ва камараш низ хам шуда буд ва ӯ такрор мекард, ки эй фалон валӣ!! Аз ту мехоҳам, ки ғаму андӯҳи маро бароварда бисоз, бар ман шафоат ва раҳм кун (чунин мегуфту) гиряву зорӣ мекард.(Устод Ҷибрин) мегӯяд: Баданам ларзид ва пусти ҷисмам ҷамъ шуд ва ба он пирамард фарёд зада гуфтам: Аз Худо битарс, чигуна (ба худ иҷозат медиҳӣ), ки ғайр аз Худоро фарёд ва дуо мекунӣ!! Ва эҳтиёҷот ва ниёзмандиҳоятро аз ғайри Худованд мехоҳи ва талаб мекунӣ!! Ин Ҷилонӣ (валӣ) махлуқ ва бандае аст монанди ту, (фарёдро) намешунавад ва тавони иҷобат кардан ба туро надорад.. Танҳо эҳтиёҷоти худро аз Худованд талаб кун ва бо Худованд касеро шарик қарор мадеҳ....Пирамард ба ман нигоҳ карду гуфт: Аз ман дур шав эй пирамард.. Ту қадру манзилати фалон шайхро дар назди Худованд намедонӣ!! Ман яқин ва имон дорам, ки қатрае аз осмон намерезад ва донае аз замин намерӯяд, магар ин ки ин Валӣ иҷозат диҳад.(Устод Ҷибрин) мегӯяд: Ҳангоме ин ҷумларо гуфт: Ба ӯ гуфтам: Худованд баландмартаба аст. Пас чи чиз барои Худованд боқи гузоштӣ?? Аз Худованд битарс.. Ҳангоме, ки инро аз ман шунид, пушт бар ман карду рафт...Аммо сеюм... чаҳорум..... ва панҷум....Ҳикоятҳои онҳо бар рӯи варақ дар рӯ ба рӯят аст.. Худованд пок аст (Субҳона Аллоҳ)... Касоне, ки ба ғайр аз Худовандашон паноҳ мебаранд, дар кадом дараҷаи фикр ҳастанд, ки ҳоҷатҳо ва ниёзмандиҳои худашонро аз мурдагонашон талаб мекунанд ва ғаму андӯҳи худашонро равона ба устухонҳои пусида ва ҷисмҳои беҷон менамоянд. Магар Худованд куҷост? Подшоҳи ҳақ ва ошкор, Худованде, ки аз ҳаракатҳои ҷанин дар раҳми модар огоҳ аст, ва дуоҳои ғамгинҳоро мешунавад ва ҳаргиз розӣ нест, ки бандагонаш ғайр аз Ӯро талаби ҳоҷат намоянд. Агар бихоҳӣ ба ҳоли Уммати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) гиря кун, ва як назар ва нигоҳе бар сарзаминҳои исломӣ бикун. Хоҳи дид (ки чи қадар бисёранд) қабрҳо ва ҷойҳое, ки дар ҳангоми сахтӣ ва мушкилот паноҳгоҳи муъминон ва мусалмонон шудаанд. Хурдсол бо (ин ақида) рушд карда ва бузургсол ингуна умри худро гузаронидааст.Инҳо калимаҳо, суханҳо, нидоҳо, балки фарёдҳо ва даъватҳое аст, ки ба тарафи мардону занони ғарқшуда равона мешавад. Онҳое, ки миёни мавҷҳои пурталотум гирифтор шуда ва дар ҳоли ғарқ шудан ҳастанд ва аз киштии наҷот қафо мондаанд ва дар ҳоли ширк аз дунё мераванд. Дар ҳоле ки худро мусалмон мепиндоранд. (Яктопарасти) киштии наҷот аст, ба монанди киштии Нуҳ (а), ҳар касе ба он савор шавад наҷот меёбад ва ҳар касе аз он қафо монад ҳалок ва нобуд хоҳад шуд. Ба сарзаминҳои исломӣ, ки назар кунем, бародарону хешовандон ва ҳамсоягон ва....-ро мебинем, ки саъй ва кӯшиши онҳо дар зиндагӣ пуч ва беҳуда гаштааст, дар ҳоле ки гумон мекунанд корҳои хубро анҷом додаанд.Бинобарин ин китоб нидое аст ба бандагони Худованд, ки биёед танҳо Худовандро бидуни он ки шарике ба Ӯ биёваред, ибодат кунед ва ғайр аз Ӯ касеро ба фарёд нахонед.Доктор Муҳаммад ибни Абдурраҳмон ал-АрифӣДокторӣ Ақида ва Мазҳабҳои муосирE-Mail: [email protected] Дарёи хурӯшонДунё пур аз мушрикон буд... яке бутеро парастиш мекард ва дигаре аз қабр умедвор буд ва сеюми башареро ибодат карда ва дигари дарахтеро таъзим мекард. Парвардигорашон ба онон назаре кард ва арабу аҷами ононро ба ғайр аз яктопарастони аҳли китоб ҳалок намуд.Ва дар миёни онон бузурге аз бузургон бо номи (Амр ибни Ҷамуҳ) соҳиби буте ба номи Маноф буд ва ба хотири ӯ корҳоеро анҷом медод ва рӯ ба рӯяш саҷда мекард. Ва Маноф дар вақтҳои ғаму андӯҳ ва баровардани ҳоҷатҳояш паноҳгоҳи ӯ буд. Буте буд, ки бо дастонӣ худаш аз чуб сохта буд, аммо аз аҳлу оилааш ва молҳояш барои ӯ маҳбубтар буд ва дар тақдис ва зиннат додани он исроф мекард, ва ин одаташ аз замоне буд, ки дунёро шинохт ва то вақте ки умраш аз 60 солагӣ гузашта буд. Ҳангоме ки Паёмбар Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар Маккаи Мукаррама бар паёмбарӣ фиристода шуд, Мусъаб ибни Умайр (р.з)-ро ба унвони муаллим ва даъватгар ба Мадина (Мадинаи Мунаввара) фиристод. Се фарзанди Амр ибни Ҷамуҳ бо ҳамроҳии модарашон мусалмон шуданд, бидуни он ки ӯ бохабар шавад. Фарзандонаш ба назди падарашон рафта ва хабари даъватгари тавҳидро ба ӯ расонданд ва Қуръонро барои ӯ қироат намуданд ва гуфтанд: Эй падар мардум аз ӯ пайравӣ мекунанд, Оё шумо моил ба пайравӣ аз ӯ нестед?(Амр) гуфт: То вақте, ки бо Маноф машварат накунам ва фикрашро нафаҳмам коре анҷом нахоҳам дод!!Сипас Амр ба тарафи Маноф рафт, (ва одати онҳо агар қасди суҳбат бо буташонро доштанд ингуна буд, ки дар пушти он як зани пиреро мегузоштанд ва гумон мекарданд, ки бут ҷавоби онҳоро бо илҳом ба он зани пир мерасонад....)Яке аз пойҳои Амр аз дигари кутоҳтар буд, барои ҳамин лангида-лангида ба тарафи Маноф рафт ва дар муқобили ӯ бо такя бар пойи солимаш бо таъзим ва эҳтиром истод ва бар ӯ ҳамду сано гуфт ва сипас фармуд: Эй Маноф беягон шак дар бораи марде, ки аз Макка омадааст хабар доред, ки ба шумо назари бад дорад ва моро аз ибодати шумо манъ мекунад. Бинобарин барои мо фикр ва машварати худро баён намоед. Вале Маноф ҷавобе ба ӯ надод ва дубора бар ӯ суханонашро такрор кард, вале ҷавобе нашунид.Амр гуфт: Шояд аз ин вазъият нороҳат ҳастед ва ман чанд рӯзе ба шумо чизе нахоҳам гуфт, то қаҳру ғазаби шумо поён ояд. Сипас онро тарк карда ва хориҷ шуд. Шаб ки фаро расид, фарзандони Амр ба назди Маноф омада ва онро ба чоҳе, ки пур аз наҷосат ва партов буд партофтанд. Вақто ки Амр субҳ бедор шуд, тибқи одати ҳаррӯза, ӯ барои салом ва дуруд ба утоқи Маноф ворид шуд ва бо садои баланд фарёд зад: Вой бар шумо! Чи касе ҷурат карда ба худои бузурги мо даст задааст?? Фарзандони ӯ сокит монданд.Бинобарин дар ҳолати нороҳатӣ ва парешонӣ аз хона хориҷ шуда ва ба ҷустуҷӯи Маноф шуруъ кард ва онро дар ҳолати сарозер дар чоҳ ёфт ва онро баровард ва тоза карда дар ҷояш гузошт. Ва ба Маноф гуфт: Агар шахсеро, ки ба ту чунин корро кардааст пайдо кунам, ӯро хору залил хоҳам кард.Ва дар шаби дуюм низ, фарзандони Амр бутро гирифта боз дар ҳамон чоҳи қабеҳ партофтанд. Ва вақто ки пирамард субҳ хест ва бути худро пайдо накард ғазаболуд шуд ва анҷом диҳандаи ин корро таҳдиду ваъиди сахте кард. Сипас онро аз чоҳ пайдо карда онро поку тоза кард. Сипас фарзандони Амр ҳар шаб бо Маноф чунин мекарданд ва ӯ субҳ онро аз чоҳи бадбӯй ва пур аз наҷосат хориҷ мекард. Вақто, ки тавон ва тоқати Амр суст ва заъиф шуд, пеш аз хобаш назди маноф рафта ва гуфт: вой бар ту эй Маноф! Буз пушташро муҳофизат мекунад (зарбулмасали арабӣ: масад аз пушт аврат аст) ва дар гарданӣ Маноф шамшереро овезон кард ва гуфт: Душманатро аз худат дур кун (худатро муҳофизат кун).Вақто, ки шаб торик шуд, фарзандони ӯ бутро (Манофро) гирифта бар пушти саги мурдае баста дар чоҳе, ки пур аз наҷосат ва бадбӯйи буд партофтанд. Дар субҳ пирамард ба ҷустуҷӯи Маноф шуруъ кард, вақте ки онро дар чунин ҳол дар дохили чоҳ дид, фармуд: "Парвардигоре, ки рубоҳҳо бар сари он пешоб кунанд, хору залилу паст аст."Сипас ба дини Худованди якто дохил шуд ва дар майдонҳои дин собит қадам гашт ва бо солеҳон мусобиқа мекард. Ба ӯ нигаред! Вақто, ки мусалмонон қасди баромадан ба майдони ҷанги Бадрро доштанд, фарзандонаш ба хотири куҳансолӣ ва шиддати лангидани пояш ӯро аз рафтан ба ҷанг манъ карданд, вале ӯ барои баромадан ба ҷанг пофишори кард. Бинобарин аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) кумак хостанд то ин ки ӯро аз баромадан манъ кунад ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) амраш кард то дар Мадинаи Мунаввара бимонад, Ӯ амри Паёмбарро қабул карда дар Мадина боқи монд.Вақте, ки замони ҷанги Уҳуд фаро расид, Амр қасди баромадан ба ҷиҳодро кард, вале фарзандонаш дубора ӯро манъ карданд. Вале ӯ ба назди Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) рафт ва аз қасду нияташ дифоъ намуда, фармуд: “Эй Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фарзандонам мехоҳанд монеъи баромадани ман ба ҷиҳод ҳамроҳи шумо шаванд”. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуданд: “Худованд туро маъзур гардонидааст”.Дубора гуфт: “Эй Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)! Қасам ба Худованд умед ба ин дорам, ки бо ин пои ланг ва ноқисам, ба биҳишт қадам гузорам”.Бинобарин Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ба ӯ иҷозаи ба ҷиҳод баромаданро дод ва ӯ силоҳашро гирифта ва гуфт: «اللهم ارزقنی الشهادة ولاتردنی إلی أهلی» “Парвардигоро, шаҳодатро бар ман насиб гардон ва маро (аз майдони ҷанг) ба тарафи хонаводаам бар нагардон”.Ҳангоме, ки ба майдони ҷанг расида ва ду гурӯҳ (мусулмонон ва мушрикон) ҳамдигарро мулоқот намуданд ва паҳлавонон фарёд заданд ва тирпарони оғоз шуд, Амр ба тарафи лашкари гумроҳ ҳамла карда ва бо шамшераш онҳоро мезад ва бо бутпарастон меҷангид, то вақте ки яке аз кофирон ба сӯи ӯ рафт ва бо зарбаи шамшер ӯро ба ҳалокат расонид ва бо ин зарба, шаҳодат бар ӯ навишта шуд.Ӯ бо ҳамроҳии шаҳидон дафн шуда ва ҳамроҳи онҳо раҳсипори манзилгоҳи абадӣ шудаанд. Ва баъд аз 46 сол аз ҷанги Уҳуд, дар замони ҳукумати Муовия (р.з) сели сахте бар қабрҳои шаҳидон омад ва қабри онҳоро пушонид. Бинобарин, қабри онҳоро ба дигар макон интиқол доданд, ҳангоме, ки қабри Амр ибни Ҷамуҳ (р.з)-ро кушоданд, диданд, ки ӯ бо бадани нарм, ки замин аз ҷасади ӯ чизеро нахурда буд ва гуё ин ки ӯ хобида бошад, солим монда буд.Фикру андеша кунед, ки чигуна Худованд оқибати ӯро -вақто ки ҳақиқатро фаҳмид ва ба  тарафи он баргашт- ба хайру хуби анҷом дод,  балки ба ин нуқта низ таваҷҷуҳ намоед, ки Худованд каромати ӯро қабл аз охират дар ин дунё нишон дод, чун тибқи фармудаҳои (لا اله الا الله) амал намуда буд.Ин калима, (لا اله الا الله) калимаест, ки ба сабаби он осмонҳо ва замин барпо шудаанд ва Худованд ҳамаи махлуқотро ба сабаби он халқ намудааст, калимае аст, ки сабаби дохил шудани биҳишт аст. Ва ба сабаби он биҳишту дӯзах халқ шуда ва махлуқот ба ду қисм кофир ва муъмин ва фоҷиру неку тақсим шудаанд.Бандагон дар назди Парвардигор собит қадам хоҳанд монд, то ин ки дар бораи ду чиз мавриди савол қарор хоҳанд гирифт:1-    Чи чизеро ибодат кардед?2-    Ва дар баробари даъвати Паёмбарон чи ҷавобе додед? Киштии наҷотЧи қадар инсонҳои зиёде ҳалок шуданд ва то рӯзи қиёмат сазовори лаънат гардидаанд,   Чаро?  Чунки ба тавҳид ва яктопарастии комил ноил нашудаанд.Рабб ва Молик танҳо Худованд аст, ки ҳар инсоне бояд фақат бар Ӯ таваккал намояд ва танҳо ба сӯи Ӯ рағбат дошта бошад ва танҳо аз Ӯ хавфу тарс дошта бошад ва агар бихоҳад, ки савганд ёд кунад фақат ба номи Ӯ савганд хурад ва назрро бояд хос барои Худо анҷом диҳад ва тавба ва бозгаштӣ ӯ низ фақат ба сӯи Ӯст.Бинобарин тавҳиди комил як матлаби воло аст ва маънои шаҳодати «لا اله الا الله» “Лоилоҳа Илло Аллоҳ” низ ҳамин аст ва ба ҳамин далел Худованд ба ҳар кас, ки шаҳодати «لا اله الا الله» -ро комил кунад оташи дӯзахро бар ӯ ҳаром гардонидааст.Ба Муоз (р.з) нигар, вақто, ки бар пушти Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ҳаракат мекард, Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ногаҳон ба ӯ рӯй овард ва фармуд:"يا معاذ: أتدري ما حق الله على العباد .. وما حق العباد على الله .. قال: الله ورسوله أعلم .. فقال صلى الله عليه وسلم: حق الله على العباد أن يعبدوه ولا يشركوا به شيئاً .. وحق العباد على الله أن لا يعذب من لا يشرك به شيئاً .."«Эй Муъоз! Оё медонӣ, ки ҳаққи Худо бар бандагонаш ва ҳаққи бандагон ба Худованд чист? (Ҳазрати Муъоз фармуданд) Худо ва Паёмбараш огоҳтаранд. Сипас Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуданд: Ҳаққи Худованд бар бандагонаш ин аст, ки танҳо Ӯро ибодат намоянд ва ба Ӯ шарике қоил нашаванд. Ва ҳаққи бандагон низ ин аст, ки ба ҳар касе, ки ба Худованд шарике наовардааст азоб надиҳад» Ривояти Бухорӣ ва МуслимВа дар ҳадиси дигар яке аз саҳобагон Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)-ро пурсид: أنه رضي الله عنه  سأل النبي صلى الله عليه وسلم فقال: يا رسول الله .. أي ذنب عند الله أعظم .. فقال صلى الله عليه وسلم : أن تجعل لله نداً وهو خلقك“Эй Расули Худо! Бузургтарин гуноҳ ва хато дар назди Худованд чист? Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуданд: Ба Худованд шарике ва ҳамтое қоил шави дар ҳоле, ки Ӯ туро офаридааст”.Бале... Худованд Паёмбаронро барои тавҳид ва даъват ба яктопарастӣ фиристодааст ва Худованд дар ин замина мефармояд:﴿وَلَقَدۡ بَعَثۡنَا فِي كُلِّ أُمَّةٖ رَّسُولًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱجۡتَنِبُواْ ٱلطَّٰغُوتَۖ ٣٦﴾ [النحل: ٣٦]“Ва дар ҳақиқат миёни ҳар миллате паёмбаре фиристодем то Худовандро бипарастед ва аз (ибодат ва парастишӣ) бут (Тоғут) дурӣ ҷӯед”.Сураи Наҳл, ояти 36Ва тоғут ба ҳар чизе, ки ғайр аз Худованд ибодат ва парастиш мешавад гуфта мешавад, ба монанди бут, санг ва ё қабру дарахт.Тавҳид ва яктопарастӣ муҳимтарин вазифаи Паёмбарон будааст, ҳамчуноне, ки Худованди мутаол мефармояд:﴿وَسۡ‍َٔلۡ مَنۡ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ مِن رُّسُلِنَآ أَجَعَلۡنَا مِن دُونِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ءَالِهَةٗ يُعۡبَدُونَ ٤٥﴾ [الزخرف: ٤٥]“(Эй Муҳаммад) Аз паёмбарони Мо, ки пеш аз ту фиристодаем, бипурс: «Оё ғайри Худои раҳмон дигареро барои парастиши онҳо қарор дода будем?».Сураи Зухруф, ояти 45Балки тамоми махлуқот танҳо ба ин сабаб офарида шудаанд то Худовандро ба яктои парастиш кунанд.Худованд дар ин бора мефармояд:﴿وَمَا خَلَقۡتُ ٱلۡجِنَّ وَٱلۡإِنسَ إِلَّا لِيَعۡبُدُونِ ٥٦﴾ [الذاريات: ٥٦]“Ҷинну инсро фақат ва фақат барои парастиши Худам (Худо) офаридаам».Сураи Зориёт, ояти 56Ва қабули тамоми корҳои солеҳ вобаста ба тавҳид мебошад. Худованд мефармояд:﴿وَلَوۡ أَشۡرَكُواْ لَحَبِطَ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ٨٨﴾ [الانعام: ٨٨]“...Ва агар ширк оварда буданд (ба Худованд), амалҳое, ки анҷом дода буданд, нобуд (ботил) мегардад”.Сураи Анъом, ояти 88Ва ҳар кас тавҳид ва яктопарастиро комил намояд, наҷот ёфтааст, чуноне, ки дар ҳадиси қудсие имом Тирмизӣ ба он дараҷаи сиҳҳатро додааст, Худованд мефармояд:كما صح في الحديث القدسي عند الترمذي .. أن الله تعالى قال: "يا ابن آدم لو أتيتني بقراب الأرض خطايا ثم لقيتني لا تشرك بي شيئاً لأتيتك بقرابها مغفرة".“Эй фарзанди одам! Агар ба андозаи замин гуноҳ ва хато карда бошӣ, вале бо тавҳид ва бидуни ширк (шарик овардан бар Худованд) манро мулоқот кунӣ (дар рӯзи қиёмат) ман низ ба андозаи гуноҳонат бо мағфирату бахшиш бо ту мулоқот хоҳам кард”.Аҳамияти тавҳид чунон бузург ва асоси аст, ки ҳатто Паёмбарон барои аз даст додани он дар тарсу ҳарос буданд.Падари тамоми муваҳҳидон, ки бутро шикасту нобуд сохт ва хонаи Худовандро бино кард: Иброҳим (а) нигар, ки аз Худованд чи дархосте менамояд, мефармояд:﴿وَٱجۡنُبۡنِي وَبَنِيَّ أَن نَّعۡبُدَ ٱلۡأَصۡنَامَ ٣٥﴾ [ابراهيم: ٣٥]“Павардигоро ман ва фарзандонамро аз ибодати бутҳо, бар ҳазар ва дур гардон”.Сураи Иброҳим, ояти 35Ва вақто, ки Иброҳим (а) дар хавфу тарси аз даст додан ва дури аз тавҳид бошад, пас чи касе баъд аз ӯ дар амну амон хоҳад буд?... Сароғози гумроҳӣШарик қарор додан барои Худованд, аввалин бор дар миёни қавми Нуҳ (а) рух дод. Бинобарин, Худованд Нуҳ (а)-ро фиристод то онҳоро аз ширк ва парастиши ғайри Худо манъ намояд ва ҳар кас аз ӯ итоат карда бошад ва Худовандро ягона қарор дода бошад, наҷот ёфтааст, ва ҳар касе бар кори ширкиаш исрор намуд, Худованд ӯро бо туфон ҳалок намуд. Ва мардум баъд аз Нуҳ (а) муддате бар тавҳид ва яктопарасти буданд. Ва иблис дубора ширкро байни бандагони Худованд ривоҷ дод ва Худованд низ Паёмбарони башоратдиҳанда ва тарсонандаро мефиристод то ин ки Худованд Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)-ро ба паёмбарӣ мабъус кард ва ӯ низ даъват ба тавҳид ва яктопарастӣ мекард ва бо мушрикон ҷиҳод менамуд ва бутҳоро мешикаст.Уммати ӯ низ бар тавҳид ва яктопарастӣ сайр мекард то ин ки ширк бар баъзе аз уммати ӯ ба воситаи таъзими авлиё ва солиҳон баргашт. Ва бар қабрҳои онҳо (авлиё ва солеҳон) гунбазҳо ва биноҳо сохта шуд ва талаби дуо, кумак, қурбонӣ ва назр кардан барои онҳо равона шуд.Ва касоне, ки корҳои зикр кардаро анҷом медоданд, ин корҳои худро ҳамчун тавассул (васила) ва тақарруб (барои қариб шудан) ба Худованд мепиндоштанд ва иддаъо мекарданд, ки муҳаббат доштан ба онҳо ва таъзими қабрҳояшон онҳоро ба Худованд наздик хоҳад кард. Дар ҳоле ки фаромуш кардаанд, ки ин иддиъо, ҳуҷҷат ва далели мушрикони гузашта буд, ки онҳо низ мегуфтанд:﴿مَا نَعۡبُدُهُمۡ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَآ إِلَى ٱللَّهِ زُلۡفَىٰٓ ٣﴾ [الزمر: ٣]“Инонро (маъбудони заминро) аз он рӯ мепарастем, то василаи наздикии мо ба Худои якто шаванд”.Сураи Зумар, ояти 3Ва тааҷҷуббарангезтарини масъала ин аст, ки вақте кори ширкии онҳоро инкор мекунем, мегӯянд, ки мо муваҳҳид ва аҳли тавҳид ҳастем ва Парвардигорамонро ибодат ва бандагӣ менамоем ва гумон мекунанд, ки маънои тавҳид иқрор кардан ба вуҷуди Худованд ва лоиқ будани Ӯ ба ибодат аст. Дар ҳоле, ки ин фаҳми ғалат ва кутоҳе аз тавҳид аст.(Агар тавҳид тибқи гуфтаи онҳо мебуд) мебоист Абуҷаҳл ва Абулаҳаб низ аз аҳли тавҳид бошанд, зеро онҳо низ муътақид буданд, ки маъбуди бузург, ки сазовори ибодат ва парастиш аст, танҳо Худованд аст. Вале онҳоро мушрик гуфтанд, ба сабаби инки онҳо бутҳоро бо Худованд шарик қарор доданд ва фикру гумон мекарданд, ки бутҳо онҳоро ба Худованд наздик намуда ва дар назди Худованд ба нафъ ва фоидаи онҳо шафоат хоҳанд кард. ҚиссаБайҳақӣ ва дигар олимон ривоят мекунанд: “Ҳангоме, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) даъвати худро байни мардум ошкор намуд, кофирон ва мушрикони Қурайш тасмим гирифтанд, ки мардумро аз гирди ӯ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) пароканда кунанд, бинобарин лақабҳои монанди соҳир, коҳин (фолбин) ва маҷнун (девона)-ро ба Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) нисбат доданд. Вале бо ин ҳолатҳам медиданд, ки атрофиёни Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) натанҳо камтар мешуданд, балки рӯз то рӯз афзоиш меёфтанд.Бинобарин, роҳи ҳалли дигарро маддӣ назари худ қарор доданд, ва хостанд, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)-ро бо моли дунё фиреб бидиҳанд ва мағрураш кунанд. Ва Ҳусайн ибни Мунзирӣ Хузоира, ки яке аз бузургони қавм буд ба сӯи Ӯ фиристоданд. Ва Ҳусайн пас аз ворид шуданаш ба Ӯ гуфт:قال: يا محمد .. فرقت جماعتنا .. وشتت شملنا .. وفعلت .. وفعلت .. فإن كنت تريد مالاً جمعنا لك حتى تكون أكثرنا مالاً .. وإن أردت نساءً زوجناك أجمل النساء .. وإن كنت تريد ملكاً ملكناك علينا .. ومضى في كلامه وإغرائه ..والنبي صلى الله عليه وسلم  ينصت إليه .. فلما انتهى من كلامه .. قال له صلى الله عليه وسلم : أفرغت يا أبا عمران ..قال: نعم .. قال: فأجبني عما أسألك .. قال : سل عما بدا لك ..قال: يا أبا عمران .. كم إلهاً تعبد؟ قال : أعبد سبعة .. ستة في الأرض .. وواحداً في السماء!!قال: فإذا هلك المال .. من تدعوا!؟قال: أدعوا الذي في السماء .. قال: فإذا انقطع القطر من تدعوا؟قال: أدعوا الذي في السماء .. قال: فإذا جاع العيال .. من تدعوا؟قال: أدعوا الذي في السماء .. قال: فيستجيب لك وحده .. أم يستجيبون لك كلهم ..قال: بل يستجيب وحده ..فقال صلى الله عليه وسلم: يستجيب لك وحده .. وينعم عليك وحده .. وتشركهم في الشكر .. أم أنك تخاف أن يغلبوه عليك .. قال حصين : لا .. ما يقدرون عليه ..فقال صلى الله عليه وسلم : يا حصين ..أسلم أعلمك كلمات ينفعك الله بهن ..فقيل إنه أسلم فعلمه النبي صلى الله عليه وسلم دعاء يدعو به.Эй Муҳаммад! Ҷамоат ва иттифоқию ҳамоҳангии моро пароканда намудӣ.... ва дар поёни суханонаш гуфт:Агар молу сарват бихоҳӣ, молу сарват ҷамъ карда шуморо босарваттарини мардум хоҳем кард.Ва агар хоҳонӣ издивоҷ бошӣ, зеботарин занро барои шумо хоҳем дод.Ва агар хоҳонӣ подшоҳи ва пешвои дошта бошӣ, шуморо фармонравои худамон қарор хоҳем дод. Ва суханашро бо ин мазмун идома дод, дар ҳоле, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) хомуш ӯро гуш мекард. Вақто, ки сухани ӯ ба поён расид, Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ба ӯ гуфт: Эй падари Имрон! Оё суханатро тамом кардӣ? Гуфт: Бале.Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуданд: Ба саволҳои ман ҷавоб бидеҳ.Гуфт (Ҳусайн): Бипурс ҳар чизе мехоҳӣ.Гуфт (Паёмбар): Эй падари Имрон! Чанд Худоро парастиш мекунӣ?Гуфт (Ҳусайн): Ҳафт Худоро: 6 худо дар замин ва якто дар осмон парастиш мекунам.Гуфт (Паёмбар): Агар молат ҳалок шавад аз кадом худоят талаби мадад ва ёрӣ мекунӣ?Гуфт (Ҳусайн): Аз худое, ки дар осмон аст, талаби мадад мекунам.Гуфт (Паёмбар): Агар борон наборад аз кадом худоят талаби мадад ва ёрӣ мекунӣ?Гуфт (Ҳусайн): Аз худое, ки дар осмон аст, талаби мадад мекунам.Гуфт (Паёмбар): Агар қаҳти ва гуруснагӣ ояд аз кадом худоят талаби мадад ва ёрӣ мекунӣ?Гуфт (Ҳусайн): Аз худое, ки дар осмон аст, талаби мадад мекунам.Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуданд: Ҳаргоҳе, ки аз ин маъбудат (Худованд) кумак ва ёри мехоҳӣ, ҳама худоҳоят ба ту иҷобат мекунанд, ё Ӯ ба танҳои иҷобати дархостатро мекунад?Ҳусайн гуфт: На! Ӯ бо танҳои дуо ва талабамро иҷобат мекунад.Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ба ӯ фармуданд: “Танҳо Ӯ (Худои якто) дар муқобили фарёдҳо ва дуоҳо туро иҷобат мекунад, ва танҳо Ӯ ба ту неъмат медиҳад, вале ту дар шукргузорӣ ба Ӯ шарик ва ҳамто қарор медиҳӣ. Ва ё метарси агар ту танҳо аз Худои яктоят мададу ёрӣ биталабӣ онҳо (худоёни заминӣ) бар зидди ту ва Худои осмониат ғазаб ва ғалаба мекунанд? Ҳусайн гуфт: На, онҳо қодир ва тавоноии инро надоранд.Сипас Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуданд: Эй Ҳусайн! Мусалмон шав, бар ту баъзе калимаҳо ва суханҳоеро таълим хоҳам дод, ки Худованд бо он калимаҳо бар ту нафъ ва фоида мерасонад”. Ривоят шудааст, ки ӯ мусалмон шуд ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) барои ӯ баъзе дуоҳоро таълим дод ва ӯ бо онҳо дуо мекард. ҲақиқатБале, онҳо Лот ва Уззоро ибодат мекарданд, вале мепиндоштанд, ки инҳо маъбудони хурде ҳастанд, ки мардумро ба маъбуди бузург (Худованд) наздик хоҳанд кард. Бинобарин баъзе ибодатҳоро барои онҳо мекарданд то маъбудҳои заминӣ дар назди Худованд ба онҳо восита шуда шафоат намоянд. Бинобарин мегуфтанд:﴿مَا نَعۡبُدُهُمۡ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَآ إِلَى ٱللَّهِ زُلۡفَىٰٓ ٣﴾ [الزمر: ٣]“Инонро (маъбудони заминро) аз он рӯ мепарастем, то воситаи наздикии мо ба Худои якто шаванд”.Сураи Зумар, ояти 3Ва эътиқод доштанд, ки Худованд холиқ (халқкунанда), розиқ (ризқдиҳанда) ва зиндакунанда ва миронанда аст. Худованд дар ин замина мефармояд:﴿وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۚ قُلِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ٢٥﴾ [لقمان: ٢٥]“Агар (Эй Муҳаммад) аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст?» Хоҳанд гуфт: «Худо». Бигӯ: «Шукр Худоро!» Балки бештарашон нодонанд!”.Сураи Луқмон, ояти 25Ва дар саҳеҳ Бухорӣ ва Муслим ва дигар манобеъи ҳадис, Аз Абуҳурайра (р.з) ривоят шудааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) лашкарӣ хурдеро ба тарафи Наҷд фиристод то аз он чизе, ки дар атрофи ин шаҳр аст бохабар шаванд, ва дар ҳоле, ки лашкариён дар рӯи савораҳояшон ва дар ҳолати ҳаракат буданд, мардеро вохурданд, ки силоҳашро бар гарданаш овезон карда ва эҳром пушида буд ва талбия мегуфт:لبيك اللهم لبيك .. لبيك لا شريك لك .. إلا شريكاً هو لك .. تملكه وما ملكМегуфт, ки Парвардигоро, бар ту шарике нест, бағайр аз шарике, ки молик ва соҳибаш ҳастӣ вале ӯ молики ту нест, ва ин ибораҳоро такрор мекард.Саҳобагон ба ӯ ру ба ру шуда аз ӯ пурсиданд, ба куҷо равонаӣ? Ӯ гуфт: мехоҳам Макка равам. Вақто, ки аз аҳволи ӯ ҷустуҷӯ карданд, фаҳмиданд, ки аз минтақаи Мусайламаи Каззоб аст, касе ки иддиъои паёмбарӣ карда буд.Бинобарин ӯро дастгир карда ва ба Мадинаи Мунаввара ба назди Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) оварданд то дар бораи ӯ ҳукме содир намояд. Вақто ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ӯро дид, ру ба саҳобагон карда ва гуфт: Медонед, ки чи касеро асир гирифтаед? Ӯ Сумома ибни Усол сайид ва сарвари қабилаи Бани Ҳанифа мебошад. Сипас гуфт: Ӯро ба сутуне аз сутунҳои масҷид бибандед ва икрому эҳтиромаш кунед.Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ба хонааш рафта ва таому хуроке таҳия карда ба ӯ фиристод ва дастур дод то ба чорпои Сумома низ хурок диҳанд.Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) наздаш омаданд ва гуфтанд: Эй Сумома! Фикр мекуни ман бо ту чӣ хоҳам кард? Гуфт: Эй Муҳаммад! назарам ба хайр аст, агар маро бикушӣ, қавми ман интиқоми хунамро хоҳанд гирифт ва агар миннат бигзорӣ, бар шукргузоре миннат гузоштаӣ ва агар мол мехоҳӣ, ҳар андоза, ки мехоҳӣ, талаб кун.Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) он шахсро ҳамон тавр то фардо ба ҳоли худаш гузошт, бори дигар Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) омаданд ва барояш гуфтанд: «Эй Сумома! фикр мекуни ман бо ту чӣ хоҳам кард?» Гуфт: Ҳамон чизеро ки гуфтам: Агар маро бикушӣ, қавми ман интиқоми хунамро хоҳанд гирифт ва агар миннат бигзорӣ, бар шукргузоре миннат гузоштаи ва агар мол мехоҳӣ, ҳар андоза, ки мехоҳӣ талаб кун. Боз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ӯро то фардо ба ҳоли худаш гузоштанд ва фардо аз вай пурсиданд: «Эй Сумома, фикр мекуни ман бо ту чӣ хоҳам кард? Гуфт: Чизеро фикр мекунам, ки барои шумо гуфтам. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) вақто, диданд, ки ӯ бо вуҷуде ки намози муслмононро дид ва суханҳои онҳоро гуш кард ва караму саховатмандии мусалмононро дид, вале ҳеҷ гуна рағбату хоҳише ба ислом надорад. Фармони озодии ӯро дод ва саҳобагон низ ӯро озод карда ва чорпояшро ба ӯ баргардонданд ва бо ӯ видоъ карданд.Сумома баъд аз ин ки озод шуд, рафт ва аз обе ки наздики масҷид буд ғусл намуд ва баъд аз он ба масҷид омад ва гуфт: «Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ». Эй Муҳаммад! Ба Худованд савганд, дар рӯи замин касе бадтар аз ту дар назарам набуд. Акнун дар рӯи замин шахсе маҳбубтар аз ту дар назди ман нест ва ба Худованд савганд, ҳеҷ дине аз дини ту дар наздам бадтар набуд, вале акнун дини ту маҳбубтарини динҳо дар наздам мебошад. Ба Худованд савганд, ҳеҷ шаҳре аз шаҳри ту дар назарам бадтар набуд, вале акнун шаҳри ту дар наздам аз беҳтарин шаҳрҳо мебошад ва саворони ту маро вақте дастгир намуданд, ки қасди умра доштам ва акнун чӣ бояд кунам? Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ӯро башорат доданд ва амр намуданд, ки умраи худро анҷом диҳад. Ва вақто, ки ба Макка рафт талбияи тавҳидиро гуфт: لبيك لا شريك لك .. لبيك لا شريك لك (Парвардигоро, бар ту шарике нест... Парвардигоро, бар ту шарике нест...)Бале, ӯ мусалмон шуд ва гуфт: لبيك لا شريك لك (Парвардигоро, бар ту шарике нест) пас қабре ҳамроҳи Худованд ибодат карда намешавад ва барои буте намоз ва саҷда карда намешавад.Вақте Сумома дохили Макка шуд, бузургони Қурайш аз омаданаш хабардор шуда ба наздаш омаданд ва ба талбияи ӯ гуш фаро доданд, ки ӯ мегуфт: لبيك لا شريك لك  (Парвардигоро, бар ту шарике нест... Парвардигоро, бар ту шарике нест...). шахсе ба ӯ гуфт: Оё Собиъи (Собиъ ба шахсе, ки аз дини падару бобоҳояш рӯ гардонад ва хориҷ шавад, мегуфтанд) шудай?Сумома гуфт: На, ба Худованд савганд, ки чунин нест, балки бо Муҳаммад Расулаллоҳ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) мусалмон шудам.Қасди азиятӣ ӯро карданд ва ӯ фарёд заду гуфт: Ба Худованд савганд аз тарафи Ямома донае гандум беиҷозати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ба тарафи шумо нахоҳад гузашт.Бале, онҳо Худовандро бештар аз маъбудони заминиашон таъзим мекарданд.Ба ман бигу! Байни ширки Абуҷаҳл ва Абулаҳаб ва ширки касе, ки имрӯз дар канори қабр қурбонӣ мекунад ва ё барои соҳиби қабр саҷда ва тавоф мекунад ё ин ки дар мазори фалон вали ҳозир шуда ва худро залил ва шикаста мегирад ва аз соҳиби қабр талаби ҳоҷат ва кушоиши ғаму андӯҳ мекунад ва аз устухонҳои пусида шифои маризеро ва ё баргашти мусофиреро металабад, чи тафовут ва фарқе вуҷуд дорад.Чи қадар аҷиб аст, Худованд мефармояд:﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ عِبَادٌ أَمۡثَالُكُمۡۖ فَٱدۡعُوهُمۡ فَلۡيَسۡتَجِيبُواْ لَكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ١٩٤﴾ [الاعراف: ١٩٣]“Касонеро, ки ба ғайр аз Худованд (ҳар чи ва касе, ки набошад) мехонед (ва талаби баровардани эҳтиёҷотатон мекунед) бандагоне монанди шумоянд (агар ба рости дар ақидаи худ исрор доред, пас) Агар рост мегӯед, онҳоро бихонед, ки шуморо иҷобат кунанд!” Сураи Аъроф, ояти 193Он корҳое, ки дар назди қабрҳо анҷом мешавад, монанди қурбонӣ, тавоф ва тақарруб ба мурдагон, аз ҷумлаи корҳои ширки аст ва бузургтарини хатоҳо ва лағжишҳост.Бале, (ин корҳо) бузургтар ва бадтар аз зино ва нушидани арақ ва куштор ва нофармонию оқи волидайн аст. Чуноне, ки Худованд мефармояд:﴿إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَغۡفِرُ أَن يُشۡرَكَ بِهِۦ وَيَغۡفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَآءُۚ ٤٨﴾ [النساء : ٤٨]“Албатта Худо гуноҳи касонеро, ки ба Ӯ ширк оваранд, намебахшад ва гуноҳони дигарро барои ҳар кӣ бихоҳад, меомурзад”.Сураи Нисо, ояти 48Бале, Худованд ҳеҷ гоҳе ширкро намебахшад, вале мумкин аст Худованд зинокор ва қотилу ҷинояткорро мавриди гузашт ва мағфирати Худ қарор бидиҳад. Дар саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ривоят шудаст:Зани зинокоре аз қавми Исроил дар саҳрое мегузашт, сагеро дид, ки дар рӯзи гармӣ аз шиддати ташнагӣ забонашро берун бароварда ва атрофи чоҳе давр мезанад то об бинушад, вале қодир набуд (аз чоҳ об барорад). Ҳангоме, ки ин зан, бештари вақтҳояш нофармонии Худовандро карда буд ва ба фоҳишагӣ ва гуноҳ гирифтор шуда буд ва моли ҳаромро хурда буд. Сагро бо ин ҳолат дид, кафшашро бароварда ба руймолаш баст ва бо ин роҳ аз чоҳ об кашида ба саг нушонид. Ва Худованд низ ба ҳамин хотир аз тамоми гуноҳони ӯ гузашт кард.Худованд ӯро мағфират кард...Аллоҳу акбар (Худованд бузург аст)... Худованд ӯро бахшид... Чаро? Оё шабҳо намоз хонда ва рӯзҳо рӯза мегирифт? Оё дар роҳи Худованд шаҳид шуда буд?Ҳаргиз, ӯ ба саги ташнае, об нушонид ва Худованд ӯро мағфират кард. Ва ӯ ба фоҳишаги ва гуноҳ даст зада буд, вале соҳиби қабреро ва ё валиеро шарики Худованд қарор намедод ва ба инсоне ва санге таъзим намекард... пас Худованд ӯро мағфират кард. Мағфират ва гузаштӣ Худованд чи қадар ба гунаҳкорон наздиктар аст ва аз мушрикон дур аст. ҚиссаБаъзе аз инсонҳо аз бисёрии зино ва шаробхури нигарон ва ғамгин мешаванд, вале аз дидани инсонҳои зиёде, ки ба деворҳои қабрҳо часпида ва атрофи он тавоф мекунанд ва низ ибодатҳои дигареро барои он қабрҳо менамоянд ба онҳо ҳеҷгуна таъсир ва нигарон намешаванд. Дар ҳоле ки зино ва шаробхӯрӣ, агар чи аз гуноҳони кабира ба шумор меравад, вале гирифторӣ ба чунин гуноҳон инсонро аз доираи Ислом берун намесозад. Аммо анҷоми яке аз ибодатҳо барои ғайри Худованд, мусалмонро аз доираи Ислом хориҷ месозад.Ба ҳамин сабаб олимони раббонӣ, омузонданӣ ақидаро дар авлавият қарор додаанд. Яке аз олимони бузург ба ном Шайх Муҳаммад, китобе дар бораи ақида таълиф намуда ва онро ба шогирдонаш шарҳ ва дарс медод ва масалаҳои онро бар онҳо такрор мекард.Рӯзе шогирдонаш ба ӯ гуфтанд: Устод! Мо мехоҳем дарси моро ба мавзӯъҳои дигаре, монанди қиссаҳо, таърих ва сирати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод).... тағир диҳед.Устод гуфт: дар ин бора фикр хоҳад кард.Фардои он рӯз, устод нороҳат ва парешон ба дарс ҳозир шуд ва шогирдон аз сабаби нороҳатии ӯ пурсон шуданд. Ва ӯ гуфт: Шунидам ки марде дар деҳаи ҳамсоя барои даромадан ба хонаи наваш ва барои дури аз зарар ва зиёни ҷинҳо, як хурусеро барои хурсанди ва ризогии ҷинҳо қурбонӣ кардааст, барои қариби ҷустан ба ҷинҳо. Ва як шахсеро барои собит сохтанӣ ин хабар ба онҷо равон кардам. Шогирдон аз шунидани ин хабар зиёд мутаассир нашуданд ва танҳо дар ҳаққи он мард дуои хайр ва ҳидоят карданд ва хомуш шуданд.Ва фардои он рӯз, устод гуфт: Аз хабаре, ки дирӯз барои шумо расонида будам таҳқиқ карда фаҳмидам, ки нодуруст будаст, он мард бахотири ризогии ҷин хурусро қурбонӣ накарда будааст. Балки бо модараш як кори фоҳиша ва зино карда будааст. Шогирдон бо шунидани ин хабар бисёр нороҳат шуданд ва ба ӯ суханҳои бад гуфтанд ва гуфтанд бояд ин амалро инкор кард ва он шахсро насиҳат ва ба ҷавобгарӣ кашида шавад, ва суханони онҳо дар ин мавзуъ бисёр зиёд шуд.Устод гуфт: Вокуниши шумо аҷибу ғариб аст, шахсеро, ки гирифтори як гуноҳи кабира шудааст, вале ин гуноҳ ӯро аз ислом хориҷ намекунад ингуна бо шиддат инкор мекунед. Вале шахсеро, ки як кори ширки ва ё ба Худованд шарик оварда ва ба хотири ғайри Худованд (ҷин) қурбонӣ кардааст ва онро ибодат мекунад, инкор ва манъ намекунед.Шогирдон ҳама сокит шуданд, ва устод низ ба яке аз онҳо ишора намуда ва гуфт: Баланд шав ва китоби тавҳидро биёр то онро дубора бароятон шарҳ бидиҳам.Бале, ширк бузургтарини гуноҳон аст. Ва ҳаргиз Худованд онро мавриди мағфирати худ қарор намедиҳад. Чуноне, ки Худованд фармудааст:﴿إِنَّ ٱلشِّرۡكَ لَظُلۡمٌ عَظِيمٞ ١٣﴾ [لقمان: ١٣]“Ширк (як) зулми бузурге аст”.Сураи Луқмон, ояти 13Ва биҳишт низ барои мушрикон ҳаром аст ва онҳо ҷовидона дар дӯзах хоҳанд монд. Худованд мефармояд:﴿إِنَّهُۥ مَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَقَدۡ حَرَّمَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِ ٱلۡجَنَّةَ وَمَأۡوَىٰهُ ٱلنَّارُۖ وَمَا لِلظَّٰلِمِينَ مِنۡ أَنصَارٖ ٧٢﴾ [المائ‍دة: ٧٢]“....Мусалламан ҳар кас, ки барои Худованд шарике қарор диҳад, бетардид Худо биҳиштро бар ӯ ҳаром кунад ва ҷойгоҳи ӯ оташ аст ва ситамкоронро ёваре нест». Сураи Моида, ояти 72Ҳар касе гирифтори кори ширкие шавад, ин кори ширкӣ тамоми ибодатҳои ӯро монанди намоз, рӯза, ҳаҷ, ҷиҳод ва садақаи ӯро фосид ва ботил мегардонад. Чуноне Худованд мефармояд:﴿وَلَقَدۡ أُوحِيَ إِلَيۡكَ وَإِلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكَ لَئِنۡ أَشۡرَكۡتَ لَيَحۡبَطَنَّ عَمَلُكَ وَلَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ ٦٥﴾ [الزمر: ٦٤]«(Эй Муҳаммад) Ба ту ва паёмбарони пеш аз ту ваҳй шудааст, ки агар ширк биёваред, амалҳоятон ночиз гардад ва худ аз зиёнкунандагон хоҳед буд». Сураи Зумар, ояти 64Ширк, навъҳо ва шаклҳои гуногун дорадБаъзе аз навъҳои ширк шахсе, ки онро муртакиб шавад аз дини ислом хориҷ карда ва агар бидуни тавба бимирад ҷовидона дар дӯзах хоҳад монд. Ба монанди дуо кардани ғайр аз Худованд, ва қурбонӣ ва назр кардан ба ғайри Худованд монанди: қабрҳо, ҷину шайтонҳо. Ва инчунин тарс аз мурдагон ё ҷин ва шайтонҳо, ки ба ӯ зарар хоҳанд расонд ё ӯро мариз ва касалӣ хоҳанд кард.Ва умедворӣ аз ғайри Худованд дар корҳое, ки касе ғайр аз Худованд ба он қодир ва тавоно нест, монанди баровардани ҳоҷатҳо ва кушоиши ғаму андӯҳ (мисли инҳо), ки дар ин замона дар назди қабрҳо ва зиёратгоҳҳо (монанди қабрҳои баъзе валиҳо) мунташир аст.Агар зиёрати қабрҳо бахотири панд гирифтан ва дуо дар ҳаққи мурдагон бошад, барои мардон ҷоиз аст, чуноне, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармудаанд:"زوروا القبور فإنها تذكركم الآخرة".“Қабрҳоро зиёрат намоед, зеро он охиратро ба ёди шумо меорад”Аммо зиёрати қабрҳо барои занон манъ ва номашруъ аст, чун ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) занонеро, ки ба зиёрати қабрҳо мераванд лаънат ва нафрин кардааст, зеро зиёрати онҳо сабаби фитна барои онҳо ва дигарон мегардад.Аммо агар зиёрати қабрҳо ба нияти дуои мурдагон, талаби ниёз аз мурдагон ва дархости кушоиши мушкилот ва қурбонӣ барои онҳо ва ё ба нияти табаррук ва низ табаррук будани онҳо ва назр барои онҳо бошад, ширки бузург аст. Ва фарқу тафовуте надорад, ки соҳиби қабри зиёратшуда набӣ ва ё валӣ ва ё яке аз солиҳон бошад.Зеро ҳамаи инҳо инсонҳое ҳастанд, ки фоида ва зарар расониданро қудрат надоранд ва Худованд ба маҳбубтарини махлуқоташ Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) мефармояд:﴿قُل لَّآ أَمۡلِكُ لِنَفۡسِي نَفۡعٗا وَلَا ضَرًّا ١٨٨﴾ [الاعراف: ١٨٧]«Бигӯ; «Ман молики нафъу зиёни худ нестам».Сураи Аъроф, ояти 187Ончизе, ки ҷоҳилон дар назди қабри Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва Ҳусейну Бадавӣ ва Ҷилонӣ ва ғайри инҳо анҷом медиҳанд аз ҷумлаи ин намуди ширк ба ҳисоб меравад. Агар зиёрати қабрҳо ба нияти намоз хондан ва қироати Қуръон бошад дуруст нест ва бидъат (амали навовардашуда дар дин) аст. Бинобарин, зиёрати қабрҳо фақат ба нияти панд гирифтан ва дуо дар ҳаққи майт ҷоиз ва машруъ мебошад.Тааҷҷубовараст, ки мусалмоне ба назди қабре меравад ва кушоиши ғаму андӯҳашро аз онҳо талаб менамояд. Аз мурдагон мехоҳад, ки дуоҳояшро иҷобат намоянд бо ин ки медонад мурдагон устухонҳои пусидае ҳастанд, ки наметавонанд худро аз мушкилиҳо наҷот диҳанд.Ва бисёри аз ин қабрҳое, ки онро бузург мешуморанд ва бар онҳо биноҳо сохтаанд, хизматгорҳо ва нигаҳбононе доранд, ки худро бо тақво ва Худопараст нишон дода ва ба мардум дуруғҳое мебофанд ва онҳоро ба тарафи ширки акбар (бузург) роҳнамои мекунанд.Ҷавзи ҳиндиро (кокос) ибодат мекунандМан ба тамоми касоне, ки ҳоҷатҳояшонро аз мурдагон талаб мекунанд, мегӯям: Ин мурдагоне, ки шумо дар назди қабрҳояшон гиря мекунед ва аз шафоати онҳо умедворед, мурдагони шумо ҳастанд.﴿...هَلۡ يَسۡمَعُونَكُمۡ إِذۡ تَدۡعُونَ ٧٢ أَوۡ يَنفَعُونَكُمۡ أَوۡ يَضُرُّونَ ٧٣﴾ [الشعراء : ٧٢،  ٧٣]«...Оё вақте онҳоро мехонед, садоятонро мешунаванд? Ё барои шумо фоидаву зиёне доранд?» Сураи Шуаро, оятҳои 72-73Қасам ба Худованд, ки онҳо намешунаванд ва фоидае намерасонанд, балки сабаби зиллат ва хорӣ ва зарару зиён мешаванд.Чи зебост, кори навҷавони 13 солае ки бо ҳамроҳии падараш ба Ҳиндустон сафар кард. Сарзамине, ки масоҳаташ бузург аст ва дорои маъбудҳои ботили зиёде аст, монанди ҳайвонҳо, наботот, ҷимодот ва башару ситорагон.Ин навҷавон вориди ибодатгоҳе шуд ва дид ки мардум меваи какосро, ки онро чашму бини ва даҳон кашидаанд, ибодат мекунанд ва барои он хушбӯи ва таому шароб тақдим менамоянд.Навҷавон дид, ки онҳо он меваро саҷда менамоянд, вақто ки онҳо саҷда карданд, он навҷавон ба тарафи он мева рафта ва онро дуздида бо худ бурд.Ҳангоме, ки аз саҷда баланд шуданд, маъбуди худро наёфтанд ва атрофашонро ҷустуҷӯ карданд, диданд, ки навҷавоне худои онҳоро гирифта ва дар ҳоли фирор аст. Бинобарин саҷдаашонро қатъ карданд ва аз қафои ӯ давиданд.Вақте ки ӯ аз мардум дур шуд, дар замин нишаста ва он меваро (какосро) шикаста ва оби онро нушид ва онро бар замин партофт. Мардум бо тамошо кардани шикаста шудани маъбудашон, доду фарёд бароварда ва навҷавонро шиканҷа дода ба назди қозӣ бурданд.Қозӣ ба ӯ гуфт: Ту ҳамон шахсе ҳастӣ ки маъбудро шикастааст?Навҷавон гуфт: На, ман меваро шикастам.Қозӣ гуфт: Вале он маъбуд ва худои ин мардум аст.Навҷавон гуфт: Оё шумо рӯзе ин меваро шикаста ва обашро нушидаед?Қозӣ гуфт: Бале.Навҷавон гуфт: Бинобарин чи фарқе байни кори ман ва шумо вуҷуд дорад?Қозӣ дар ҳайрат монд ва сокит шуд ва ба мардум назар карда медид, ки мардум дар интизори ҷавоби ӯ мебошанд.Мардум гуфтанд, ки ин ду ҷашм ва даҳон дорад, навҷавон ба онҳо фарёд зада гуфт: Оё ҳарф мезанад?Гуфтанд: На.Навҷавон гуфт: Оё мешунавад?Гуфтанд: На.Гуфт: Пас чигуна ва чаро онҳоро ибодат мекунед?﴿فَبُهِتَ ٱلَّذِي كَفَرَۗ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ ٢٥٨﴾ [البقرة: ٢٥٨]“....Пас он ки кофир шуда буд ҳайрон шуд. ва Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад!”Сураи Бақара, ояти 258Қозӣ ба мардум назаре кард ва бахотири дур кардани азият ва озори мардум ба ин навҷавон ӯро 150 рупия (воҳиди пулӣ) ҷарима кард.Сипас навҷавон ҷаримаро ноилоҷ пардохт кард ва аз онҷо бо нусрат ва пирӯзи (бар ширку мушрикон) хориҷ шуд.Онҳое, ки ба қабрҳо дил мебанданд, танҳо ба таъзими мурдагон ва талаби ҳоҷатҳояшон аз онҳо иктифо намекунанд, балки молҳои худро дар сохтани қубба, гумбаз ва хушрӯй кардани онҳо низ сарф мекунанд. Ва қуббаҳо ва биноҳое, ки бар қабрҳо сохта мешавад, бар ду навъ тақсим мешаванд:1-      Қуббаҳое, ки бар ҳамаи қабрҳои мусалмонон сохта мешавад, баланд ва дар байни қабрҳо мебошанд.2-      Қуббаҳое, ки дар масҷидҳо сохта мешавад ва ё ин ки қуббаҳо бар қабрҳо сохта шуда ва бар онҳо масҷидҳо сохта мешавад ва гоҳо ин қабрҳо дар қиблаи масҷид ё дар пушти он ва ё дар яке аз ҷонибҳои он қарор мегиранд.Дар ҳоле, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) аз он наҳй ва манъ карда ва фармудаанд:"اللهم لا تجعل قبري وثناً يُعبد .. لعن الله قوماً اتخذوا قبور أنبيائهم مساجد"."Парвардигоро қабри манро буте қарор мадеҳ, ки он ибодат шавад (мардум онро ҷои ибодатгоҳ қарор диҳанд) ва лаънату нафрини Худованд бар он қавме, ки қабрҳои Паёмбаронашонро бар масҷидҳо табдил медиҳанд”.Ва ин ҳукм бар қабри Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва тамоми дигар қабрҳо мебошад.Аз ҳазрати Алӣ (р.з) ривоят шудааст, ки ба Абил-Ҳиёҷ фармуданд: “Оё ман шуморо ба иҷрои коре нафиристам, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) манро ба ҳамон хотир фиристод? Агар муҷассамае ёфти онро нобуд соз ва агар қабри баланд диди онро ҳамвор намо”. Ривояти МуслимВа Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) лаънат ва нафрин кардааст шахсонеро, ки қабрҳоро бар масҷидҳо мубаддал мекунанд (мақсад аз масҷид он масҷидҳое аст, ки дар он ибодати Худовандро мекунанд) ва бар қабрҳо чароғ мегузоранд.Ва дар асри саҳобагон (р.з) ва тобиъин ва табаъа тобиъин инчунин маврид дар давлатҳои Исломӣ вуҷуд надошт. На дар қабри Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва на қабрҳои дигарон... Воқеъияти дарднокДар шаҳрҳо ва қишлоқҳои Миср тақрибан 6000 қабр ва зиёратгоҳҳои авлиё вуҷуд дорад. Ва онҳо марказҳо ва ҷойҳои баргузории ҷашни таваллуди муридҳо ва дӯстдоронӣ ин авлиё мебошанд. Балки, бисёр душвор аст, ки дар Миср рӯзе аз рӯзҳои сол бидуни ҷашн ва пешвозгирии мавлуди яке аз авлиё сипари шавад. Ва қишлоқ ва ё деҳае, ки дар он мазор ва қабр набошад онро ҷои бебаракат мешуморанд.Ва қабрҳо ба ду қисм, бузург ва хурд тақсим мешаванд. Ҳар миқдоре, ки бинои қабр бузург ва кушод бошад ва соҳибаш шахси муътабар бошад, ҳамон қадар машҳур мешавад ва зиёратгоронаш низ зиёд мешаванд.Аз ҷумлаи қабрҳо ва зиёратгоҳҳои бузург ва машҳур дар Миср зиёратгоҳи Ҳусейн (р.з)... ва сайида Зайнаб... ва сайида Оиша... ва сайида Сакина... ва сайида Нафиса... ва зиёратгоҳи имом Шофеъӣ (р) ва Лайс ибни Саъд ба шумор мераванд. Ва изофа бар инҳо зиёратгоҳ ва қабри Бадавӣ дар Танто, ва Дассуқӣ дар Дассуқ, ва Шозилӣ дар деҳаи Ҳамисра воқеъ аст.Ва қабри Ҳусайн (р.з), ки мардум ба тарафи он ҳаҷ карда ва барои ӯ назру қурбонӣ мекунанд. Ва бадтар аз ин дар гирди он тавоф карда ва аз ӯ талаби шифой мекунанд. Ва инчунин дар ҳолати зарури аз ӯ талаби баровардани ҳоҷатҳои худ мешаванд.Зиёратгоҳи сайид Бадавӣ, ки дар давоми сол онҷо маросимҳое баргузор мешавад, ки монанд ба Ҳаҷҷи Акбар мебошад. Мардум аз хориҷ ва дохили кишвар аз сунни ва шиъа ба тарафи он сарозер мешаванд ва дар ин маросимҳо ширкат мекунанд.Зиёратгоҳи Ҷалолиддини Румӣ, ки дар қабр ва мазори ӯ навишта шудааст, барои динҳои сегона солеҳ ва муносиб аст.... Мусалмонҳо...Яҳуд... ва Насрониҳо, ва онро қутби аъзам ва бузург мешуморанд.Аммо дар давлати Шом муҳаққиқон гуфтаанд, ки танҳо дар шаҳри Димишқ 194 мазор ва зиёратгоҳ вуҷуд дорад ва 44-тои инҳо аз ҳама машҳуртаранд. Ва беш аз 27 қабрро ба саҳобагони Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) нисбат медиҳанд. Ва дар Димишқ зиёратгоҳеро ба сари Яҳё ибни Закариё (алайҳи салом) нисбат медиҳанд, ки дар масҷиди ал-Умавӣ воқеъ аст ва дар паҳлуи масҷид қабри Салоҳиддини Аюбӣ ва Имодуддини Зангӣ ва қабрҳои дигаре мебошад, ки мардум онҳоро васила ва зиёратгоҳ қарор додаанд.Ва ҳамчунин дар Сурия зиёратгоҳи Муҳиддин ибни Арабӣ муаллифи китоби (Фусус ал-Ҳикам), ки шахси фоҷир ва гумроҳ аст, вуҷуд дорад.Ва дар Туркия, бештар аз 481 масҷиди бузург ва ҷумъахони вуҷуд дорад, ки ягонто аз ин масҷидҳо аз зиёратгоҳ ва қабре холи нест ва машҳуртарини онҳо масҷиди ҷомеъе аст, ки дар он қабри Абу Аюбӣ Ансорӣ дар Истамбул воқеъ аст.Дар Ҳиндустон бештар аз 150 зиёратгоҳи машҳуре вуҷуд дорад, ки мардум онҳоро зиёрат мекунанд.Дар Ироқ: Танҳо дар шаҳри Бағдод бештар аз 150 масҷиди ҷомеъ вуҷуд дорад ва кам масҷиде ёфт мешавад, ки дар он қабре вуҷуд надошта бошад. Ва дар шаҳри Мавсил, бештар аз 76 масҷиди ҷомеъ вуҷуд дорад, ки дар ҳамаи онҳо қабре вуҷуд дорад ва инҳо изофа ба қабрҳое, ки дар ҷойҳои гуногун ва дигар масҷидҳо ва танҳо воқеъ ҳастанд. (Нигар: ал-Инҳирофот ал-Ақадия, саҳифаи 289, 294, ва 295).Ва дар Ҳиндустон, қабри шайх Баҳоуддин Закариё ал-Мултанӣ ба зиёратгоҳе мубаддал шуда аст, ки дар он ибодатҳои гуногунеро анҷом медиҳанд, монанди саҷда ва назр ва ғайри инҳо.Ва дар Покистон, қабри шайх Алӣ ал-Ҳаҷҷурӣ дар Лоҳур, ки аз бузугтарини қабрҳо мебошад.Ва тааҷҷубовараш он аст, ки бисёри мардум ба онҳо мафтун ва дилбастаанд, дар ҳоле ки аксари онҳо қабрҳои дуруғин ва ҳақиқат надоранд.Монанди қабри Ҳусайн (р.з), ки қабреро ба ӯ нисбат медиҳанд дар шаҳри Қоҳира, ва ба сӯи ӯ ибодатҳои гуногунеро анҷом медиҳанд монанди дуо, қурбонӣ ва тавоф. Ва инчунин дар шаҳри Асқалон як қабре ба номи қабри Ҳусайн (р.з) низ вуҷуд дорад.Ва инчунин дар доманаи куҳи ал-Ҷавшани ғарбии шаҳри Ҳалаб зиёратгоҳ ва қабре низ ба сари ҳазрати Ҳусайн (р.з) нисбат дода шудааст.Ва чаҳор макони гуногуне вуҷуд дорад, ки мегӯянд дар онҳо низ сари ҳазрати Ҳусайн (р.з) дафн карда шудааст: дар Димишқ ва ал-Ҳанона байни Наҷаф ва Куфа. Ва дар Мадина (Мадинаи Мунаввара) дар назди қабри модараш Фотима (р.з) ва дар Наҷаф дар канори қабре, ки ба падараш (р.з) нисбат додаанд ва дар Карбало, ки гуфта мешавад, ки сараш ба баданаш баргардонида шудааст. (нигар, ал-Инҳирофот ал-Ақадия, саҳифаи 288, ва Маҷаллаи (Луғат ал-Араб) ҷ.7, соли ҳафтум (1929м) с. 557 ва 561 ва Маолими Ҳалаб ал-Асария, Абдуллоҳ Ҳиҷор).Аммо сайида Зайнаб духтари Алӣ (р.з) дар Мадинаи Мунаввара вафот карда ва дар қабристони Бақеъ ӯро дафн карданд. Вале шиаҳо як қабреро дар Димишқ бар ӯ нисбат додаанд. (нигар: Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Хамис, Шаҳрун фи Димишқ, с 67). Ва низ дар Миср қабрҳои зиёдеро ба ӯ нисбат медиҳанд, дар ҳоле ки китобҳои таърих ҳаргиз баён накардаанд, ки ӯ дар ҳаёт ва баъди маргаш ба Миср омада бошад.Ва аҳолии Искандария дар Миср эътиқод ва боварии ҷозим доранд, ки Абу Дардоъ (р.з) дар мазоре, ки дар шаҳрашон аст ва онҳо онро ба ӯ нисбат додаанд дафн шудааст. Ва назди олимон яқин ва қатъист, ки ӯ дар Искандария дафн нашудааст. (Нигар: Масоҷиди Миср ва Авлиёуҳо ас-Солиҳун 2/33)Ва монанди инҳо низ қабри сайида Руқайя духтари Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар Қоҳира, ки ҳамсари халифаи Фотимӣ, ки номаш Омир Биҳукмиллоҳ буд онро бино кард ва низ оромгоҳ ва зиёратгоҳи сайида Сакина духтари Ҳусайн ибни Алӣ (р.з).Ва аз машҳуртарини қабрҳо, ин зиёратгоҳе аст дар Наҷафи Ироқ, ки онро ба ҳазрати Алӣ нисбат додаанд дар ҳоле, ки он қабри дурӯғин аст ва хилофи воқеият мебошад, зеро ҳазрати Алӣ дар қасри иморат дар Куфа дафн шудааст.Ва инчунин дар Басра, қабре ба номи Абдурраҳмон ибни Авф вуҷуд дорад, дар ҳоле, ки эшон дар Мадина вафот карда ва дар Бақеъ дафн шудааст.Ва дар шаҳри Ҳалаб оромгоҳи Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р.з) вуҷуд дорад, дар ҳоле ки ӯ дар Мадина вафот кардааст.Инчунин дар Шом мардум қабреро ба Умми Кулсум ва Руқайя ду духтари Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) нисбат медиҳанд, дар ҳоле, ки он ду бо Усмон (р.з) издивоҷ карда ва дар Мадинаи Мунаввара ва дар замони Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) вафот кардаанд ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) онҳоро дар Бақеъ дар шаҳри Мадина дафн кардааст.Ва инчунин аз қабрҳои дуруғине, ки байни аҳли илм иттифоқ аст, қабре аст дар масҷиди Димишқ, ки онро ба Ҳуд (алайҳи салом) нисбат медиҳанд, дар ҳоле ки Ҳуд (алайҳи салом) ба Шом наомада буд. Ва инчунин қабреро дар Ҳазрамавти (Яман) низ ба ӯ нисбат медиҳанд.Ва дар Ҳазрамавт низ қабре ҳаст, ки мардум онро ба Солеҳ (алайҳи салом) нисбат медиҳанд, дар ҳоле, ки ӯ дар Ҳиҷоз вафот кардааст ва инчунин қабреро дар Ёфои Фаластин низ ба ӯ (алайҳи салом) нисбат медиҳанд, ва қабри дигареро дар онҷо ба Айюб (алайҳи салом) нисбат додаанд. Мақом ва манзилати шайх БаракотНигаред чигуна шайтон бо ақлу зеҳни мардум бози карда ва тавонистааст онҳоро аз ибодати Молик ва Соҳиби замину осмонҳо дур кардааст ва равона ба сӯи  таъзим ва бузургдошти мурдагон машғул сохтааст, балки ба таъзими хок ва устухонҳо кашондааст. Ва мавзӯъ (ибодати ғайри Худованд) аз машҳур ва паҳн шудани хабари қабре аз қабрҳо шуруъ мешавад. Ва ин ки ин қабр фоидарасонанда ва шафоаткунандаи зиёраткунандагон мебошад. То ин ки қиссаҳои дуруғини каромот дар миёни мардум паҳншуда ва мубаддал ба ҳақиқат мешавад. Ва сипас суратҳои гуногуни ширк намоён мешавад, монанди тавоф ва дуову дархост кардан аз мурда. Ва ин корҳо дар бисёри аз қабрҳои дар боло зикр шуда анҷом мешавад ва фарқе намекунад, ки шахси нисбатдода ба ин қабр дуруст бошад ё дурӯғ.Ин матлаб, қиссаи зиёратгоҳи шайхи баракотро ба хотирам меорад. Қиссае, ки байни ду ҷавон ба номҳои Одил ва Саъид, ки донишгоҳро хатм карда ва вазифадор шудаанд, ки дар қишлоқе, ки дар он қабрро таъзим мекунанд ва барои он назр мекунанд муаллим шуда кор кунанд.Одил ва Саъид дар роҳ ба сӯи  мактаб ва савори нақлиёти омма (Автобус) буданд дар дохили нақлиёт ва боҳам суҳбат доштанд, ки ногаҳон марди гадо ва қамақлу солхурдае, ки меларзид ва оби даҳонашро бо остини чиркинаш пок мекард дохили нақлиёт шуда онҳоро таҳдид ва ваъдаи бад карда чунин мегуфт, ки дуо мекунад то автобусашон дар роҳ чаппа шавад, зеро дуоҳои ӯ иҷобат хоҳанд шуд.Чун Саъид дар хонаводае, ки аз каромотҳо ва қиссаҳои авлиё таъсир гирифта рушд карда буд. Дарҳол ошуфта ва парешон шуда аз Одил талаб намуд, ки пеш аз он ки автобусро чаппа намояд ба он миқдоре пул диҳанд. Зеро ин талбанда (Абдулкарим Абу Шатта) мебошад ва ӯ аз дарвешони пурбаракат ва мустаҷоби дуо башумор меравад.Одил тааҷҷуб карду гуфт: Бале аҳли суннат ва ҷамоат қаромоти авлиёро қабул ва ба он имон доранд, вале он каромот бояд аз инсонҳои солеҳ ва парҳезгоре, ки амалҳояшонро пинҳони ва барои касб кардани ризои Худованд анҷом медиҳанд, бошад, на аз шасхҳои мисли ин девонагон ва бенавоёне, ки ба воситаи динашон, рӯзгорашонро мегузаронанд.Саъид фарёд заду гуфт: Ин суханро магу, зеро корҳои хориқулодае, ки ин шахс анҷом додааст, хурду бузрг аз он огоҳ аст ва дар бораи он сухан меронанд. Ва хоҳӣ дид, ки ӯ аз автобус пиёда хоҳад шуд ва бо пои пиёда зудтар аз мо ба қишлоқ хоҳад расид ва дар интизори мо онҷо меистад. Бале, ин каромот аст, Оё ту каромотро инкор мекунӣ?Одил: Ман мутлақан ва ба кулли каромотро инкор намекунам, чун Худованд қодир аст ва ҳар яке аз бандагонашро ки бихоҳад икром менамояд вале ин ки каромот таъом ва шароби мо бошад ва ин ки мо ин бардагон ва мурдагонро дар халқ кардан ва амр намудану тасарруф ва дигаргуни дар ҷаҳон шарики Худованд қарор диҳем, ва ҳатто, ки аз ғазаби онҳо дар тарсу ҳарос бошем ҳаргиз қабул надорам.Саъид: Яъне ту қабул надорӣ, ки шайх Аҳмад Абу Суруд аз Арафот ба Истамбул омада ва кабоби кубидаро дар назди хонаводааш хурда ва шабона ба арафот баргаштааст?Одил: Эй Саъид! Худованд дар ақлу фаҳмат баракат диҳад, оё ин аст он чи ки ту дар донишгоҳ омухтай?Саъид: Масхаракуниро шуруъ кардем!Одил: Ман туро масхара надорам вале набояд сухани оммаи мардум ва хурофоти онҳоро, сухане бигардони, ки муҳкам ва ғайри қобили нақд набошад,  инро қабул надорам.Саъид: Каромоти зикршударо натанҳо оммаи мардум зикр ва нақл мекунанд, балки бузургон ва шайхҳои мо аз каромоти авлиё ва мурдагон низ ривоят ва нақл мекунанд.Одил: Бисёр хуб агар ман бо далелҳои қотеъ собит намоям, ки тамоми ин мақом ва зиёратгоҳҳо ва қабрҳо дурӯғ ва беасл аст, ва ин ки аксари қабрҳо ҳақиқат надошта ва қабре ва дафнкарда шудае ва инсони солеҳе ё валие вуҷуд надорад ва онҳо чизе ҷуз овоза ва дурӯғбофиҳое нест, ки байни мардум паҳну ривоҷ ёфтааст... (чи хоҳи гуфт)Саъид баланд шуда ва такрор мекард: Паноҳ бар Худо... Паноҳ бар Худо.Ҳарду як муддате бо ҳам сукут карданд ва нақлиёт онҳоро ба гардиши даромадгоҳи қишдоқ расонд. Одил ба Саъид нигоҳе карда гуфт: Оё дар ин гардиш қабр, оромгоҳ ё зиёратгоҳе вуҷуд дорад?Саъид: На, чун дафн кардани валие дар миёни роҳ ва теппае аз рӯи ақл нест.Одил: Фикри ту дар бораи ин ки мо будани як қабри қадима ва куҳна шуда ва нишонаҳояш аз байн рафтаро, ки ба яке аз солеҳон дар ин теппа вуҷуд дорадро, дар миёни мардум овоза ва паҳн намоем. Ва навиштаҷоте дар бораи каромот ва иҷобати дуои ӯ навишта миёни мардум паҳн кунем. Ва бубинем, ки оё мардум ба он бовар мекунанд ё на?Ман қатъан бовар дорам, ки мардум онро ҷидди қабул карда ва дар соли оянда гунбаз ва биное дар болои ӯ хоҳанд сохт ва аз ӯ талаби хоҷатҳояшонро хоҳанд кард. Дар ҳоле, ки он чизе ба ҷуз хок нест ва агар онро бикобанд чизе нахоҳанд ёфт.Саъид: Ин фикрро аз сарат дур кун. Оё фикр мекуни, ки мардум то ин ҳадд нодон ва бефаҳм ҳастанд?Одил: бисёр хуб, ту чи чизро аз даст хоҳи дод агар бо ман ҳамкорӣ кунӣ? Ё ин ки аз натиҷаи ин кор метарсӣ?Саъид: Ман тарс надорам вале розӣ ва қонеъ ба анҷом додани он нестам.Одил: Бисёр хуб, бо ин ки нисбатан мувофиқ ҳастӣ, фикри ту чист, ки номи ӯро шайхи Баракот бигзорем?Саъид: Хуб аст, ҳаргуна ки ту бихоҳӣ.Одил ва Саъид тасмим гирифтанд то ин хабари дурӯғро бо равиши ором байни ҳамкорону муаллимони худ дар мактаб ва дар сартарошхонаҳо, ки беҳтарин роҳ барои таблиғот ва овозаи хабарҳост анҷом диҳанд.Ҳангоме, ки ба қишлоқ расиданд ва аз автобус пиёда шуданд, мустақиман ба сартарошхонаи Салим рафта ва дар бораи авлиё ва солеҳон ва ин ки яке аз авлиё, ки дар назди Худованд бисёр манзилати боло дорад ва чандин сол қабл дафн шудааст ва зиёратгарони ӯ кам аст, суҳбат карданд.Ва сартарош аз онҳо макони қабрро пурсид. Онҳо ба ӯ гуфтанд, ки он дар теппаи даромадгоҳи қишлоқ мебошад.Сартарош гуфт: Алҳамду Лиллоҳ, ки моро бо вуҷуди яке аз авлиё дар қишлоқамон икром ва эҳтиром намуд ва ман инро аз солҳои дарозест, ки орзу мекардам. Оё аз рӯи ақл аст, ки қишлоқҳои ҳамсояи мо монанди: (Ҷадида ва Амми ал-Кавсо) даҳҳо қабрҳо ва зиёратгоҳи авлиё дошта бошанд ва мо як қабри инсони солеҳе надошта бошем?Одил гуфт: Эй ҳоҷи Салим, шайх Баракот аз бузургони солеҳон буда ва дорои баракат ва манзилате дар назди Худованд аст.Сартарош фарёд зада гуфт: Ту ин ҳама маълумотро дар бораи шайх баракот доштӣ ва хомуш нишастӣ? Сипас хабар дар қишлоқ ба монанди оташ дар хирман паҳн шуд.Мардуми қишлоқ аз он ки дар бораи шайх баракот бисёр суҳбат мекарданд, ҳатто ӯро дар хоб медиданд ва кор ба ҷое расид, ки дар нишастгоҳҳо ва ҷамъомадҳои худ дар бораи қади ӯ ва аз бузургии салла ва каромоти бешумори ӯ суханҳо мегуфтанд. Ва дар мактаб низ, ҳаргоҳе суҳбате мешуд дар бораи шайх Баракот буд. Ҳангоме сухан аз ҳадди худаш болотар рафт, Саъид натавонист сабрро пеша кунад ва фарёд зад, эй оқилон! Ин хурофотро тарк намоед. Муаллимон бо як овоз гуфтанд: Хурофот, яъне ин ки шайх Баракот вуҷуд надорад ва хурофоту дурӯғ аст.Саъид: Бале, қатъан вуҷуд надорад ва қабри ӯ низ ҳақиқат надорад ва ҳамаи инҳо ба ҷуз овозаи бофташуда ва дурӯғ нест, ва шайху валӣ ва оромгоҳе вуҷуд надорад ва чизе ғайр аз хок бар рӯи хок нест. Муаллимон ҳамаги ба ҷуш омада гуфтанд: Эй мард! Ин чи сухане ҳаст, ки мезани ва чигуна ҷуръат мекуни, ки дар бораи шайх Баракот ингуна сухан бигуи. Шайх Баракот ҳамон шахсе аст, ки чашмаи ғарбии қишлоқро бо дасташ ҷушонид.Саъид аз зиёд фарёд кардани муаллимон беқарору пушаймон шуда гуфт: Ихтиёри ақли худатонро ба дигарон надиҳед, шумо ку оқил ва муаллим ҳастед ва набояд шумо ҳар боре шахсе дар бораи қабр ва оромгоҳе сухан гуфт ва ё бо бозӣ ва дасисаи шайтон он чи ки дар хоб мебинадро тасдиқ ва бовар намоед.Дар ин ҳолат мудири мактаб вориди баҳс шуд ва гуфт: Вале сифатҳои шайх Баракот вуҷуд дорад ва он ҳам аниқ аст, магар нахондӣ рӯзномаеро, ки дишаб дар бораи ин воқеъа навишта буд?Саъид тааҷуб карда гуфт: Ҳатто рӯзнома!! Магар чи навишта буд?Мудир гуфт: Зери сарлавҳаи “Кашф ва пайдо кардани шайх Баракот”, навишта буд:Шайх Баракот дар соли 1100-и ҳиҷри таваллуд шуда ва аз насл ва сулолаи Холид ибни Валид (р.з) мебошад. Ва олимони зиёде монанди фалон ва фалон ифтихори шогирдии ӯро доштанд ва бо ҳамроҳии лашкари Туркҳо дар майдони ҷанг бо салибиҳо ширкат карда буд ва дар замоне, ки ҷанг бо салибиҳо сахт ва шиддат гирифт, бо даҳонаш пуф кард ва аз асари он боди сахте пайдо шуда ва лашкарони салибиҳоро ба масофаи 100 метр дар ҳаво пароканда намудааст, ва тамоми онҳо хуншор шуда ба замин афтоданд.Саъид гуфт: Мошоаллоҳ, аз куҷо ин рӯзнома чунин маълумоти дақиқ дар бораи шайх Баракот ҷамъ намудааст??!!Мудир гуфт: Инҳо ҳақиқатҳои таърихӣ аст, инҳоро ки аз хонаи падараш наовардааст!!Саъид гуфт: Вале ин иддиоҳо аст, ки эҳтиёҷ ба исбот ва далел дорад, бинобарин ҳар кас иддиое дошта бошад бояд шоҳиде дар исботи он дошта бошад ва бар ману ту лозим аст, ки дар бораи сиҳат ва дуруст будани ҳар иддиое таҳқиқ ва ҷустуҷӯ намоем. Ва дар ғайри ин сурат, ҳар кас мувофиқ бо хостааш иддиое хоҳад кард, ба монанди қабрҳо, авлиё ва каромот.Сипас Саъид ба онҳо фарёд зада гуфт: Эй мардум, бо сароҳат ва ошкори тамом мегӯям, ки мақоми шайх Баракот чизе ҷуз дурӯғи бофта шуда нест, ки онро ман ва устод Одил сохта будем, то бо ин роҳ ҷаҳлу нодони ва қабул кардани мардум иддиоеро бе ягон исбот ва таҳқиқ, собит намоем ва ин ҳам устод Одил, ки дар муқобили шумо нишастааст ва метавонед аз ӯ пурсон шавед.Онҳо ру ба Одил оварда гуфтанд: Ӯ ҳам ба монанди ту эй Саъид як марди баҳсхоҳ ва ҷадал аст ва дар муқобили ҳар масъалае талаби далел ва исбот мекунад ва кинатезӣ авлиё ва солиҳонро мекунад.Ҳар чанд ту ва Саъид чунин иддиое дошта бошед ҳам, вале мо имон дорем, ки шайх Баракот (қаддаса Аллоҳу сирраҳу) аз замони падарону бобоён вуҷуд дошта ва дунё низ ҳаргиз аз авлиё ва солеҳон ва қабрҳои онҳо холи нахоҳад шуд, ва мо ба Худованд аз гумроҳ шудан паноҳ мебарем.Одил ва Саъид хомуш карданд ва дар ин ҳангом занги дарсҳо зада шуд ва ҳама устодон ба тарафи синфҳои худ рафтанд. Ва Саъид аз он чи ки мушоҳида карда буд ғамгин ва нороҳат шуда ва бо худ суҳбат карда мегуфт: Шайх Баракот... каромот... оё маъқул аст, ки ин гуна бошад? Оё мумкин аст, ки ҳамаи инҳо хато карда бошанд ва рӯзнома низ дурӯғ чоп карда бошад? Бисёр ғариб ва аҷиб аст! Зеро шайхҳо ва бузургон дирӯз дар теппа ҷамъ шуда ва ҷашну маросиме барои шайхи Баракот анҷом доданд, вале масъалаи шайх Баракотро, ки Одил ихтироъ кард.Оё мумкин аст, ки нодони ва камақлии мардум то ба ин ҳад расида бошад? Ғайри мумкин аст.... ин ғайри мумкин аст.Ва фикрҳои наве ба зеҳни Саъид меомад: Шояд устод Одил будани шайх Баракотро аз қабл медонист ва бо ин кор мехост худро ихтироъкунандаи он нишон бидиҳад. Саъид дар ин бора фикр намуд, вале ба Худованд аз шарри Шайтон паноҳ бурд то ин фикрро аз зеҳни ӯ хориҷ кунад, вале муваффақ нашуд.Ва дар рӯзи дигар, муноқиша дар ин бора бадин минвол анҷом ёфт ва соли хониш низ ба итмом расид. Ва ингуна баҳсу ҷадал бо саршавии истироҳати тобистона ва рафтани ҳар як устод ба минтақаҳои худ хотима ёфт.Дар соли таҳсили оянда, Одил ва Саъид савори автобус шуда ва ба сӯи мактаб ва қишлоқи пешина равона шуданд. Одил, ки ихтироъ кунандаи шайх Баракот буд, вале ин мавзуъро ба кулли фаромуш карда буд. Вақто, ки ба даромадгоҳи қишлоқ наздик шуданд, Одил ҳис кард, ки устод Саъид баъзе зикрҳо ва дуоҳоеро ба забон оварда истодааст. Ва ҳангоми расидан ба теппаи даромадгоҳи қишлоқ даҳшатзада шуданд, зеро дар болои қабри шайх баракот як бинои баланде сохта шуда буд ва дар паҳлуи он як масҷиди бузурги барҳавое бо ҳунари меъмории туркӣ низ сохта шуда буд.Одил табассуме кард ва донист, ки чигуна мардуми бечора содалаҳв ва эҳсосоти ҳастанд ва шайтон ба осони тавонист миёни онҳо ширкро паҳн ва мунташир кунад. Ва ру ба Саъид овард то дар табассум шарики ӯ шавад. Вале, Саъидро ғарқ дар дуоҳояш ёфт ва балки ӯ ба тарафи ронанда дод зада ва аз ӯ талаб кард, то каме истод шавад ва сипас дастҳояшро боло бурда ва сураи Фотиҳаро хонду ба руҳи шайх Баракот бахшид.(Бо тасарруф аз моҳномаи Ал-Баён. Адади:..... Устоз: Алӣ Муҳаммад). Дар онҷо чи корҳоро анҷом медиҳанд?Бисёре аз қабрпарастон бо худ гусфанду гов ва қаҳваю шакару чой гирифта ба зиёрати қабрҳо мераванд ва инчунин навъҳои гуногун ва молҳо бо худ гирифта бахотири қурбонӣ кардан барои соҳиби қабр ҳозир мекунанд. Ва инчунин барои тақарруб ва наздики бо валӣ ва ё шайх дар назди қабри онҳо гусфандонро қурбонӣ мекунанд ва гоҳҳо ба қабр тавоф карда аз хоки он ба баданҳои худ мемоланд ва барои бартараф кардани ҳоҷатҳо ва кушоиши ғаму андӯҳашон аз онон талаб мекунанд. Ва гоҳо он нодонон ва ҷоҳилон бо номи мурдагон қасам мехуранд.         Ҳар гоҳе яке аз онҳо (қабрпарастон) бихоҳад бахотири чизе қасам ва савганд ёд кунад, агар ӯ бо номи Аллоҳ қасам бихурад аз ӯ қабул намекунанд, аммо агар ба номи яке аз валиҳо қасам бихурад, қасами ӯро қабул карда ва суханашро бовар мекунанд, ва гоҳо кор ба ҷое мерасад, ки баъзе аз онҳо ҳаҷ карданро ба сӯи қабрҳо ҷузъе аз шариат медонанд ва барои пурра кардани он маносик ва ибодатҳое тартиб додаанд ва ҳатто китобҳое низ дар ин маврид ба номи “Маносики ҳаҷҷи Машҳадҳо” (мазорҳо) навиштаанд, ки бо ин васила ва равиш қабрҳоро бо Хонаи Худованд (Каъба) монанд ва баробар кардаанд.Ва бо сабаби муболаға ва зиёдаравии онҳо дар ширку бидъатҳо, барои зиёрати қабрҳо баъзе одобҳо гузоштаанд, монанди: бояд зиёраткунандагон пойафзолҳои худро бароварда баъд дохили зиёратгоҳ шаванд, бо нияти эҳтиром ба соҳиби қабр ва инчунин бояд бо иҷозати хизматгорӣ қабр вориди қабр шаванд. Ва хидматгори қабр бояд саффи зиёраткунандагонро тартибу танзим дода онҳоро бо равиши хосе роҳнамои кунад, ки дар гирди қабр тавоф кунанд, монанди он ки мусалмонон дар гирди Қаъба тавоф мекунанд. Ва зиёраткунандагон аз қабр ва гумбаз бо роҳҳои гунонгун талаби баракат мекунанд, монанди: баъзе аз зиёраткунандагон аз хокки он гирифта бо нияти баракат ва баъзеи дигар бо гузоштани даст ва масҳ кашидан бар девори оҳанине, ки дар гирди қабр сохта шудааст ва онро бар бадан ва либосҳои хеш мемолад ва гумон мекунад, ки ин ӯро бобаракат мегардонад.Ва ҳангоме вориди қабр мешавед ибодатҳоеро хоҳед дид, ки барои ғайри Худо анҷом мешаванд ва ту дар тааҷҷуб хоҳӣ монд, баъзеҳо мурдаро фарёд зада дуо мекунанд ва аз он кумак ва ёрӣ металабанд ва дар дуо ва ёрии худ исрор меварзанд. Балки, занеро мебинӣ, ки кӯдаки худро баланд бардошта ва умедворона аз соҳиби қабр барои фарзанди хурдсолаш талаби баракат менамояд.Ва баъзеҳо рӯй ба қабр оварда онро саҷда мекунанд, илова бар ин зикр шудаҳо назрҳои худро низ дар назди ин қуббаҳо тақдим ва қурбонӣ мекунанд. Баъзе аз мардум дар назди қабрҳо рӯзҳо ва моҳҳои дароз эътикоф менишинанд то шифо ёфтани маризеро ва ё барои баровардани ҳоҷатеро аз мурда талаб кунанд ва дар баъзе қабрҳо ва зиёратгоҳҳо утоқҳое бо номи утоқҳои интизорӣ барои ин ҳадаф сохта шудааст.Ва дар чеҳраи зиёраткунанда як хушуъу оромиш ва таассуроте ҳувайдо мешавад, ки ҳатто ба ҳадди гиря низ мерасад.Бинобарин, мурдагон ва соҳибони қабрҳо ба маъбудоне мубаддал шудаанд, ки ба ғайр аз Худованд парастида мешаванд, дар ҳоле ки Худованд розӣ нест, ки бо ҳамроҳии Ӯ паёмбаре ва ё фариштае ибодат ва парастида шавад, пас чигуна хоҳад буд вақто, ки бо Худованд дигаре парастида шавад? Дилҳояшон монанди ҳамдигар астШахсоне, ки дар қабрҳо гузошта ва дафн шудаанд, қодир ва тавонои фоида ва зарар расонидан ба худ нестанд, чи бирасад ба ин ки бихоҳанд ба дигарон фоида ва зараре бирасонанд.То чи андоза ҳоли шахсоне, ки қабрҳоро таъзим мекунанд ва аз онҳо метарсанд, ба ҳоли гурӯҳи “Сақиф” наздик аст, ки онҳо мусалмон шуда буданд, вале аз буте ки дар назди онҳо буд тарс доштанд, дар ҳоле ки он бут наметавонист ба касе зарар ва фоидае бирасонад.Мусо ибни Уқба мегӯяд: Замоне, ки Ислом миёни мардум паҳн ва устувор шуд, қабилаҳо намояндагони худро ба сӯи Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фиристода ва дар назди Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) исломи худро эълон мекарданд. Бинобарин, ҷамоате иборат аз даҳ нафар аз қабилаи Сақиф ба назди Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) омаданд ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) низ ононро ба масҷид дохил кард, то Қуръонро бишнаванд.Ҳангоме, ки хостанд ислом овардани худро эълон намоянд, ба ҳамдигар нигоҳе андохтанд ва дар ёди буте, ки онро ибодат мекарданд афтоданд ва онро “Рабба” меномиданд. Аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар бораи ҳукми Рибо, зино ва шароб (хамр) суол карданд ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ҳамаи инҳоро бар онҳо ҳаром гардонд ва онҳо ба фармудаҳои Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) итоат намуданд, сипас дар бораи Рабба аз Ӯ пурсон шуданд, ки вазифаи инҳо дар баробари он чи мебошад? Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуданд: Онро чаппа ва яксон кунед.Гуфтанд: Ҳаргиз, агар бидонад, ки онро чаппа мекунӣ аҳл ва атрофиёнашро хоҳад кушт.Умар (р.з) гуфт: Вой бар шумо! То чи андоза шумо нодон ва ҷоҳил ҳастед??!! Рабба фақат як санг аст.Гуфтанд: Мо ба назди шумо наомадаем эй писари Хаттоб.Сипас гуфтанд, ки эй Расули Худо, чаппа кардани онро шумо бар уҳдаи худ бигиред, мо ҳаргиз нахоҳем тавонист онро аз байн бибарем.Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуданд: Шахсеро барои аз байн бурдан ва чаппа кардани он ба сӯи шумо мефиристам ва сипас онҳо аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) иҷозати баргашт ба сӯи қавмашон хостанд. Ва дар миёни қавми худ машғул ба даъвати ислом шуданд ва дар ҳоле ки онҳо мусалмон шуда буданд, вале дар қалби онҳо тарсу хавф аз ҷониби бут вуҷуд дошт.Холид ибни Валид ва Муғира ибни Шуъба бо ҳамроҳии гурӯҳе аз саҳобагон (р.з) раҳсипори қавми Сақиф шуданд то бутро вайрон ва чаппа кунанд, вақто ки ба назди бут рафтанд, мардону занон ва кудакон дар ҳолати тарс ба тамошои онҳо ҷамъ шуданд ва бовар доштанд, ки бут чаппа нахоҳад шуд, балки ҳар касе ба он даст бизанад ӯро хоҳад кушт.Муғира ибни Шуъба (р.з) табарро бардошта ва ба тарафи бут ва дар ҳоле, ки ба ёронаш мегуфт: Шуморо ба коре, ки Сақиф кард хоҳам хандонд, ҳаракат кард ва онро бо табар зада ва бо лағат ба он кубид ва худ бар замин афтод.Мардум фарёд заданд, зеро гумон карданд, ки бут ӯро куштааст, сипас ба Холид ибни Валид ва ҳамроҳанаш гуфтанд: Кадоме аз шумо мехоҳад ба бут наздик шавад? (бо як равиши таҳқиромез ва ин ки ин бут қодир ва тавоноии дифоъ аз худро дорад ва нахоҳад иҷозат дод, ки онро чаппа кард). Ҳангоме ки Муғира хушҳолии онҳоро дид ва бо гумони онҳо, ки буташон пирӯз шудааст, баланд шуда ва гуфт: Қасам ба Худованд эй мардуми Сақиф! Ин бут пасту залил ва ғайри қодир аст ва ба ҷуз санг чизе дигаре нест, пас шумо ба ибодати Худованд рӯй оваред ва ӯ бутро зада шикаст ва саҳобагон низ бар рӯи он савор шуда ва онро пора-пора карда ба сангпораҳо майда табдил намуданд.Ва дар вақти ҳозир низ агар ҳамаи ин қабрҳо ва зиёратгоҳҳоро, муваҳҳиде омада шикаста ва бар сари соҳибонаш чаппа кунад, онҳо қодир ва тавонои интиқомро надоранд. Ширк чигуна пайдо шуд?Агар дар чигунагии пайдоиши ширк дар рӯи замин фикр кунем, хоҳем ёфт, ки сабаби он чизе ба ҷуз ғулув ва ифротгарӣ дар ҳаққи солеҳон ва бардоштани мақому манзилати онҳо аз ҳадди лозима чизи дигаре нест. Дар қавми Нуҳ (алайҳи салом), мардум аз ҷумлаи инсонҳои муваҳҳид ва яктопараст буданд ва Худовандро беягон шарик ва ҳамто ибодат мекарданд ва дар рӯи замин ҳеҷ гуна корҳои ширкие вуҷуд надошт. Ва дар миёни онҳо панҷ шахси солеҳ ва некӯкор бо номҳои Вуд, Сувоъ, Яғус, Яъуқ ва Наср зиндагӣ мекардаданд ва ибодату бандагии Худоро анҷом медоданд ва ба мардум динашонро таълим медоданд.Вақто, ки онҳо вафот карданд, мардум ғамгин ва нороҳат шуданд ва гуфтанд: Ононе ки моро ба ибодати бештар ва итоати Худованд амр менамуданд аз миёни мо рафтанд. Ва шайтон онҳоро васваса карда гуфт: Агар сурати онҳоро ба шакли муҷассамаҳое бисозед ва дар масҷидҳоятон бигзоред, бо дидани онҳо барои анҷоми ибодат бо рӯҳи баланд ва чолок хоҳед шуд.Онҳо аз роҳнамоии шайтон итоат намуда ва бутҳо ва муҷассамаҳои онҳоро як рамзе барои ёдоварии ибодат ва корҳои солеҳи худ қарор доданд. Ва дар ҳақиқат ба ин гуна буд, ки онҳо бо дидани муҷассамаҳо ба ёди анҷом додани ибодат меафтоданд ва солҳо ба ин минвол гузашт. Солҳо гузашт ва ин насл аз дунё даргузаштанд ва фарзандони онҳо, ки таъзим ва бузургдоштӣ муҷассамаҳоро аз тарафи падаронашон дида буданд, онҳо низ ин муҷассамаҳоро таъзим ва эҳтиром мекарданд зеро онҳоро ба ёди ибодат меовард.Сипас қавм ва насли дигаре баъд аз онҳо бавоя расид ва иблис ба онҳо гуфт: “Ононе (Падару бобоҳоятон), ки қабл аз шумо зиндагӣ мекарданд, ин муҷассамаҳоро ибодат мекарданд ва дар ҳангоми қаҳтӣ ва ниёзмандӣ ба онҳо рӯй меоварданд ва аз онҳо талаби кумак мекарданд” пас шумо низ ононро ибодат кунед.Онҳо низ ба гуфтаҳои шайтон итоат карда ва ба парастиш ва ибодати муҷассамаҳо шуруъ карданд, то ин ки Худованд Нуҳ (алайҳи салом) -ро ба сӯи  онҳо фиристод ва ӯ низ дар тули 950 сол ба тавҳид ва яктопарастӣ даъват кард, вале ба ғайр аз теъдоди андаке ба ӯ имон наоварданд. Бинобарин, ғазаби Худованд ононро фаро гирифт ва бо туфон онҳоро ҳалок кард.Ин буд воқеае, ки дар қавми Нуҳ (алайҳи салом) рух дода буд.Ва чигуна ширк ва парастидани ғайри Худованд дар қавми Иброҳим (алайҳи салом) пайдо шуд? Онҳо ситорагон ва коинотро ибодат карда ва ҳаққи тасарруф ва таҳаккум дар ҷаҳонро ба онҳо қоил мешуданд ва эътиқод доштанд, ки ситорагон ғаму андӯҳро аз миён бурда хостаҳоро бароварда месозад ва низ эътиқод доштанд, ки ситорагон воситаҳое байни Худованд ва махлуқоташ ҳастанд ва ҳаққи тасарруфу таҳаккум ва дигаргунӣ дар дунё ба онҳо дода шудааст.Як муддате баъд ба сохтани муҷассамаҳо ва бутҳои ситорагон ва коинот шуруъ карданд. Падари Иброҳим (алайҳи салом) низ бутҳо ва муҷассамаҳо месохт ва фарзандонаш онҳоро мефурухтанд ва Иброҳимро низ маҷбур мекард то муҷассамаҳоро бурда фурушад. Ва Иброҳим (алайҳи салом) ба мардум фарёд зада мегуфт: чи касе мехоҳад чизеро бихарад, ки ба ӯ зарар мерасонад ва фоидае намерасонад? Бародаронаш бо фурурши бутҳо ба назди падар бармегаштанд вале Иброҳим (алайҳи салом) дар ҳоле, ки ҳеҷ бутеро нафурухта буд бармегашт.Сипас падар ва қавмашро ба тарки бутҳо даъват кард, вале онҳо даъваташро напазируфтанд, ӯ низ бутҳои онҳоро шикаста вайрон намуд ва онҳо низ қасди сузондани Иброҳимро карданд вале Худованд ӯро аз оташ наҷот дод. Ворисони ширкИн ҳоли қавми Нуҳ ва Иброҳим (алайҳимо-ссалом) буд. Ва дар асри ҳозир аз қабрпарастон мепурсам, ки чигуна иртибот ва алоқа миёни шумо ва қабрҳо ва оромгоҳҳо барои аввалин бор шуруъ шуд ва чигуна он алоқа бо ширк тамом шуд? Алоқаи онҳо бо бузургдошт ва бузургнамоии шахсони солеҳ ва ботақво шуруъ шуда буд. Ва сипас, зиёрати ин маконҳоро (қабрҳо ва оромгоҳҳо) ҳамчун мустаҳаб шуморида буданд ва ин зиёратҳо на ба хотири ёдоварии марг ва рӯзи охират аст, балки барои ёдоварии ҳамон инсони солеҳ ва ботақво. Ва сипас дуо кардан ва аз Худованд талаб кардани эҳтиёҷотҳояшонро дар назди қабрҳо ва бо умеди иҷобати дуо дар назди онҳо. Ва сипас бо ламс ва бӯсаи қабр анҷом мешавад.Сипас онро ҳамчун восита ва василае байни худ ва Худованд барои талаби шафоат қарор медиҳанд. Ва эътиқод доранд, ки шахсе, ки олуда бо гуноҳ ва маъсият аст бо таври мустақим аз Худованд талаби дуо ва баровардани эҳтиёҷотҳояш ҷоиз нест. Бинобарин, мурдагони солеҳ ва ботақво соҳиби манзилат ва наздик ба Худованд ва маконати хоссе доранд, дар назди Худованд ва онҳоро ба унвони восита ва васила барои иҷобати дуоҳояшон қарор медиҳанд.Сипас шайтон дар дилҳои зиёраткунандагон илҳом карда мегӯяд: Ҳаргоҳ, ки ин мурда икром ва эҳтиром карда мешавад, пас Худованд ба онҳо қудрати тасарруф ва дигаргуниро медиҳад. Бинобарин зиёраткунанда ба таъзими мурда, тарсидан ва умедвор будан аз ӯро шурӯъ мекунад, ва баъд аз он мустақим аз ӯ талаби баровардани эҳтиёҷот ва ниёзҳояш мешавад ва дар рӯи он қабр қубба ва гунбаз сохта ва дар он чароғҳо равшан карда мешавад. Ва пардаҳо овезон мекунанд ва шурӯъ ба бӯса кардани он ва ҳаҷ кардан ба сӯи онҳо ва қурбонӣ кардан ва бофтанӣ каромот ва қиссаҳои дурӯғин ва ба таъзим ва бузургнамоии онҳо мепардозанд. Ва инчунин мегӯянд, ки фалон зан аз фалони қабр талаби шавҳар кард ва ба ӯ шавҳар дода шуд ва ё дигаре фарзанд талаб буд ва ӯ ба мақсадаш расид ва ингуна қиссаҳо ва хабарҳоро мунташир мекунанд. Ва дар ҷойҳои гуногуне фарёд зада мегӯянд, ки ҳар касе қабр ва оромгоҳи мурдагонро зиёрат намояд, ба мақсадаш расида ва ҳоҷатҳояш бароварда мешавад.Яке аз тоҷирон пурсида шуд: Чаро барои харидорон ба номи қабри фалон шайхи солеҳ қасам мехӯред ва на ба номи Худованд?Ӯ дар ҷавоб гуфт: Касоне, ки аз мо талаби қасам мекунанд, бо қасам хурдан бо номи Худованд розӣ намешаванд ва барои қонеъ кардани онҳо бояд ба номи авлиё ва солеҳин қасам ёд карда шавад.Бингар ба ҳоли чунин инсонҳо, ки таъзим ва эҳтироми онон нисбат ба қабрҳо то чи андоза аз таъзими Худованд фаротар ва болотар рафтааст. Ва дар чунин ҳолат, чи фарқ аст байни хок ва сангу чуб ва ё зиёратгоҳе ва қабрҳо ва ё суратҳо ва бутҳо ва ё ҳар чизе бошад аз махлуқоти Худованд? Фарқе надорад... муҳим он аст, ки як сирре вуҷуд дорад ва он равона ба сӯи соҳиби он аст ва эътиқод кардан аст, ки он фоида ва зарар мерасонад ва шахсеро ғанӣ мегардонад ва шафоат мекунад.То чи андоза ҳолати чунин инсонҳо ба он чи, ки Абураҷои ал-Аторудӣ (р.з) ривоят мекунад наздик ва монанд аст, ӯ мегӯяд: “Дар замони ҷоҳилият (пеш аз Ислом) бут, муҷассама, сангҳо ва дарахтони гуногунро ибодат мекардем, ба ин гуна ки агар яке аз мо сангеро ибодат мекард ва агар санги софтаре аз он пайдо мекард сангҳои қаблии худро партофта ва дигареро ибодат мекард, ва ҳаргоҳе санге намеёфтем хокро ҷамъ карда ва гусфандро оварда ва бар рӯи он душида ва тавоф мекардем.Рӯзе бо нияти сафар бо ҳамроҳии маъбудонамон (сангу хок) хориҷ шудем ва он санге, ки дар хурҷин гузошта будем ва ҳаргоҳ, ки оташ барои пухтани таом равшан мекардем ва санги сеюмро барои зери дег пайдо намекардем, маъбудро (санг) ба зери дег мегузоштем. Рӯзе дар маконе барои истироҳат нишастем ва сангро аз хурҷин баровардем ва ҳангоме, ки қасди ҳаракат ва рафтанро аз онҷо намудем, фарде фарёд заду гуфт, ки парвардигоратон гумшудааст, онро ҷустуҷӯ кунед, бар шутурон савор шуда ва дар ҷустуҷӯи он гаштем, ки дар ин ҳангом шахсе фарёд зада гуфт, ки ман онро ёфтам ва ба миёни қавми худ баргаштам ва дидам, ки онҳо ба он саҷда карда ва шутуреро дар назди он қурбонӣ кардем”.Мо аз ҷоҳилияти баъд аз ислом зиёдтар аз ҷоҳилияти пеш аз ислом дар таъаҷубем. Шуморо ба Худованд қасам медиҳам, фарқ миёни шахсе, ки сангро ибодат мекунад ва миёни касе, ки қабреро ибодат мекунад, чист? Ва байни шахсе, ки ҳоҷатҳо ва ниёзҳояшро аз бутҳо ва мурдагон металабад ва байни касоне, ки барои қабри авлиё ва байни касоне, ки барои обу хок ибодат мекунанд дар чист? Бале, ҳамаи онҳо мегӯянд: Мо ба нияти наздики ба Худованд онҳоро ибодат мекунем ва ин нияти онҳо ҳамон чизе аст, ки ононро дар бутпарастӣ ва қабрпарастии равшану ошкор ворид намуд.  Чаҳор эътирозЯкум:Баъзе аз шахсоне, ки ба қабрҳо алоқаманданд ва аз онҳо талаби баровардани ҳоҷатҳо ва ниёзҳояшон ҳастанд, мегӯянд: Шумо бо дидгоҳи ифротӣ ва равишӣ тунд ба мо менигаред, дар ҳоле ки мо мурдагонро ибодат намекунем. Ва чун онҳо аз ҷумлаи авлиё ва солеҳин мебошанд ва дар назди Худованд дорои мақом ва ҷойгоҳи хоссеро доранд, мо аз онҳо мехоҳем, ки ба фоида ва нафъи мо дар назди Худованд шафоат ва воситагарӣ кунанд. Ва дар ҷавоб ба онҳо мегӯем: Амал ва кирдорӣ шумо ҳамон ширке аст, ки қофирони Қурайш мубтало ба он шуда буданд. Мушрикони араб ба Холиқ, Розиқ ва Мудаббир будани Худованд қабул ва иқрор мекарданд. Ҳамчуноне, ки Худованд дар бораи онҳо мефармояд:﴿قُلۡ مَن يَرۡزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ أَمَّن يَمۡلِكُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَمَن يُخۡرِجُ ٱلۡحَيَّ مِنَ ٱلۡمَيِّتِ وَيُخۡرِجُ ٱلۡمَيِّتَ مِنَ ٱلۡحَيِّ وَمَن يُدَبِّرُ ٱلۡأَمۡرَۚ فَسَيَقُولُونَ ٱللَّهُۚ فَقُلۡ أَفَلَا تَتَّقُونَ ٣١﴾ [يونس : ٣١]«(Эй Паёмбар ба куффори Қурайш) Бигӯ: «Чӣ касе аз осмону замин ба шумо рӯзӣ медиҳад? Кист, ки шунавоиву биноӣ мебахшад? Зиндаро аз мурда падид меорад ва мурдаро аз зинда ва корҳоро ба сомон меоварад?» Хоҳанд гуфт: «Оллоҳ». Бигӯ: «Оё наметарсед?». Сураи Юнус, ояти 31Бо ин ки ақидаи онҳо нисбат ба Худованд ингуна буд, вале Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) хуну моли онҳоро ҳалол шуморид ва бо онҳо ҷангид, зеро онҳо тамоми ибодатҳоро хос барои Худованд анҷом надоданд ва бо Худованд дигареро дар ибодатҳо шарик қарор доданд.Оятҳои Қуронӣ ва ҳадисҳои набавие, ки ибодати ғайри Худовандро манъ ва наҳй менамоянд, возеҳ баён ва равшан сохтаанд, ки ширк ба Худованд маънояш, қарор додани ҳамто барои Худованд дар ибодат кардан аст ва фарқ миёни бут, санг, паёмбар, валӣ ва қабре вуҷуд надорад (ҳамаи инҳо дар қарор додани шарик ва ҳамто бо Худованд яксон ҳастанд). Бале, ширк яъне, он чи ки хосси Худованд аст ба дигаре анҷом шавад ва тафовуту фарқе нест, ки ғайри Худованд ба монанди замони ҷоҳилият номҳои бутҳо гузошта шавад ва ё ба монанди замонӣ имрӯза, ки ба номи валӣ, қабр ва мазор гузошта шавад.Агар дар ин замон гурӯҳе ва ё фирқае пайдо шавад ва эътиқод дошта бошанд, ки Худованд (наузу биллоҳ) соҳиби фарзанд ва ҳамсар аст, ҳукми онон ба монанди ҳукми насоро мебошад ва оятҳои Қуръоние, ки дар ҳаққи насрониҳо нозил шудааст ба онҳо низ ҳукмраво аст, агар чи номи худро насронӣ наноманд, ҳукми онҳо як аст. Ибодаткунандагони қабрҳо дар замони мо ингуна ҳастанд.Дуввум: Шахсоне, ки ба қабрҳо алоқаманданд эътироз карда мегӯянд: Мо ба нияти талаби шафоат ба солеҳон ва авлиё наздики мекунем, он мурдагоне ки дар қабрҳо дафн шудаанд, дар дунё рӯзҳо рӯзадор буданд ва дар шабҳо бо Худояшон розу ниёз карда гирён буданд. Бинобарин, онҳо дар назди Худованд манзилате доранд ва мо аз онҳо мехоҳем, ки дар ҳаққи мо дар назди Худованд шафоат намоянд.Мо ба онҳо мегӯем: Эй мардум! Вой бар шумо, даъвати Худовандро иҷобат кунед ва ба Ӯ имон биоваред. Худованд гирифтани шафоатро ширк номидааст.Худованд мефармояд:﴿وَيَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَضُرُّهُمۡ وَلَا يَنفَعُهُمۡ وَيَقُولُونَ هَٰٓؤُلَآءِ شُفَعَٰٓؤُنَا عِندَ ٱللَّهِۚ قُلۡ أَتُنَبِّئ‍ُٔونَ ٱللَّهَ بِمَا لَا يَعۡلَمُ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَلَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ١٨﴾ [يونس : ١٨] «Ғайри Худо чизҳоеро мепарастанд, ки на судашон мерасонад на зиён. Ва мегӯянд: «Инҳо шафеъони мо дар назди Худоянд». Бигӯ: «Оё ба Худо аз чизе хабар медиҳед, ки дар замину осмон аз он хабаре надорад? Худо пок аст ва аз он чӣ бо Ӯ шарик месозед, болотар аст!» Сураи Юнус, ояти 18Мо ҳамчунин ба онҳо мегӯем: Мо бо ҳамроҳии шумо имон дорем, ки Худованд ба анбиё, солиҳин ва авлиё шафоатро додааст ва онҳо наздиктарин мардум ба Худованд ҳастанд вале Парвардигори мо, моро аз дархост кардан ва ҳоҷат хостан аз онҳо манъ ва наҳй намудааст.Бале, анбиё, авлиё ва шаҳидон ҳаққи шафоатро дар назди Худованд доранд, вале шафоат дар дасти онҳо нест, ки битавонанд дар ҳаққи ҳар кас, ки бихоҳад шафоат намоянд, ҳаргиз балки дар ҳаққи касоне шафоат хоҳанд кард, ки Худованд иҷозат диҳад ва аз онҳо розӣ бошад.Саввум:Гоҳо шахсоне, ки ба қабрҳо алоқаманд ҳастанд, мегӯянд: Аксари мусалмонон дар замони қадим ва то ҳол бар рӯи қабрҳо биноҳо сохта ва машҳаду қуббаҳо бар рӯи он месозанд ва дар назди қабрҳо дуо мекунанд, ва оё кори ҳамаи ин уммат ботил аст ва танҳо шумо барҳақ ҳастен?Мо ба онҳо мегӯем: Аксари ин мазорҳо ва зиёратгоҳҳо дурӯғ буда ва нисбате ба соҳибаш надоранд, чуноне, ки дар бораи он дар сафҳаҳои гузашта суҳбат кардем. Ва ҳамчунин биносозӣ бар рӯи қабрҳо ва дуо кардан дар назди онҳо бидъате аст, ки инкор нопазир аст. Чуноне, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармудаанд:"لعن الله اليهود والنصارى اتخذوا قبور أنبيائهم مساجد  يحذّر ما صنعوا". متفق عليه“Худованд яҳуд ва насороро лаънат кунад, ки қабрҳои пайғамбарони худро масҷид сохтанд ва аз иқдоми онон бар ҳазар медошт.” Муттафақун алайҳиЧароҳум:Дар инҷо шубҳае вуҷуд дорад, ки шайтон онро ба дили баъзе аз инсонҳо меандозад.Ин ки қабри Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар зимни масҷиди Набавӣ воқеъ шудааст ва инро касе инкор карда наметавонад. Ва агар будани қабр дар масҷид ҳаром мебуд, Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар онҷо дафн намешуд. Ва сохта шудани қубба бар рӯи қабри Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод), як далеле барои сохтани қубба бар рӯи дигар қабрҳо дар назди онҳо мебошад.Ҷавоб: Тибқи ҳадисҳои ворид шуда аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод), Паёмбарон дар ҳамон маконе, ки фавт кардаанд дар ҳамонҷо дафн мешаванд, ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) низ чун дар ҳуҷраи Оиша (р.з) вафот карда буд дар ҳамонҷо дафн шудааст ва он ҳазрат дар масҷид дафн нашудааст балки Ӯро дар ҳуҷраи Оиша (р.з) дафн карданд, ин сабаби аввал аст. Ва сабаби дигаре, ки саҳобагон (р.з) он ҳазратро дар ҳуҷраи Оиша (р.з) дафн карда буданд, ин буд, ки касе баъд аз онҳо натавонад қабри Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)-ро масҷид бисозад, ҳамонгуна, ки дар ҳадиси Оиша (р.з) омадааст, ки модарамон мефармояд:قال رسول الله  صلى الله عليه وسلم في مرضه الذي مات فيه: "(لعن الله اليهود والنصارى اتخذوا قبور أنبيائهم مساجد( .. قالت: فلولا ذلك أُبرِزَ قبره غير أنه خشي أن يتخذ مسجداً" أخرجه البخاري ومسلمАз Оиша (р.з) аз Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ривоят аст, ки дар бемории фавти худ фармуданд: “Худованд яҳуд ва насороро лаънат кунад, ки қабрҳои пайғамбарони худро масҷид сохтанд.” Оиша (р.з) мегўяд: Агар ҳамин сабаб намебуд, қабри он ҳазрат (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)-ро ба ҷои намоён қарор медоданд ва бо ин ҳам ман метарсам, ки рӯзе қабрашон масҷид сохта шавад”. Ривояти Бухорӣ ва МуслимБале, он ҳазрат дар утоқи Оиша (р.з) дафн шуд ва утоқи ӯ аз ҷиҳати шарқии масҷиди набавӣ ба он часпида буд. Ва солҳо мегӯзашт ва теъдоди мардум афзоиш меёфт ва саҳобагон масҷидро аз тамоми ҷиҳатҳо тавсиа медоданд магар аз ҷиҳати қабр (шарқ). Аз тамоми атроф ғарбу шимол ва ҷануб масҷидро тавсиа дода бузург карданд магар аз ҷиҳати шарқӣ, зеро қабри Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) монеъаи онҳо мешуд. Ва дар соли 88 яъне баъди вафоти Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ба 77 сол ва низ баъди вафоти аксари саҳобагон, ки дар Мадина буданд, халифа Валид ибни Абдулмалик фармон дод, то ин ки масҷиди Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) чаппа карда шавад ва онро тавсиа ва калон кунанд ва инчунин фармон дод, ки тавсиа бояд аз ҳамаи тарафҳои масҷид сурат гирад ва тамоми ҳуҷраҳои ҳамсарони Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) низ дар ин тавсиа шомил шаванд. Бинобарин, аз ҷиҳати шарқи низ тавсиа суратгирифт ва ҳуҷраи модарамон Оиша (р.з) шомил ва дохили масҷид шуд ва бо ин сурат қабр зимни масҷид қарор гирифт. (Нигар: ар-Радд ало ал-Ахноӣ, с 184, ва Маҷмуъ Фатово, 27-323, Торих Ибни Касир, 9/74)Ин ҳикояти қабр ва масҷид буд.Бинобарин бар ҳеҷ касе ҷоиз нест то воқеае, ки баъд аз вафоти саҳобагон (р.з) рух додааст ҳуҷҷат ва далели шаръи қарор диҳад. Чун ки ин мухолифи ҳадисҳои собит шуда ва фаҳми салафи солеҳ аз шариат аст. Ва Валид ибни Абдулмалик (Худованд ӯро авф кунад) дар бораи дохил кардани ҳуҷраи Паёмбар бар масҷид хато карда буд, зеро Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) аз сохтанӣ масҷид бар рӯи қабрҳо манъ ва наҳй карда буд. Ва дар асл бояд масҷид аз тамоми ҷиҳатҳояш ғайр аз ҷиҳати ҳуҷраи набавӣ тавсиа ва кушод карда мешуд.Ва қиссаи қуббаи сохта шуда бар рӯи қабри Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) чунин аст, он сохта шудаи Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва саҳобагон (р.з) ва тобиъин ва табаъа тобиъин ва ё аз тарафи уламо ва имомони ин уммат нест, балки аз тарафи Қолуни Солиҳӣ маъруф ба малики Мансур буд, дар соли 678 ҳиҷрӣ аз подшоҳони мутааххири Миср буд. (Нигар: Таҳзир ас-Соҷидӣ Албонӣ с 93, ва Сироъ байни Ҳақ ва Ботил таълифи Саъд Содиқ с 106, Татҳир ал-Эътиқод с 43). Нидо.... НидоБа шахсоне, ки ба қабрҳо мутаалиқ ва алоқаманд ҳастанд, мегӯям: Эй қавми мо, ба доъиёни Аллоҳ лаббайк гуфта ва ба Худованд имон биоваред.Оё шумо далелеро медонед аз гузаштагонӣ солеҳин, ки қабреро гаҷкори карда бошанд ва ё аз инсоне умедвор буданд ва ё ба мазор ва зиёратгоҳе тавассул карда бошанд ва аз Худои Молик ва Доно ғофил монда бошанд?Оё медонед, ки яке аз онҳо дар назди қабри Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ё қабри яке аз саҳобагон ва аҳли байти Расули Аллоҳ истода бошанд ва талаби бароварданӣ ҳоҷатҳо ва ниёзҳояшонро аз онҳо карда бошанд?Оё фикр мекунед, ки Рифоъӣ, Дассуқӣ, Ҷилонӣ ва Бадавӣ дар назди Худованд бо манзилаттар ва бузургтар аз Паёмбарон ва саҳобагону тобиъин ҳастанд? (албатта не)Ба саҳобагони замони ҳазрати Умар (р.з) дар шаҳри Мадина бингаред, ҳангоме, ки борондагӣ қатъ шуд ва заминро қаҳтӣ фаро мегирифт. Онҳо ба ҳазрати Умар аз ин қаҳтӣ ва беборони шикоят карданд, ҳазрати Умар (р.з) бо онҳо ба беруни шаҳр баромада ва намози талаби боронро хонд ва сипас дастонашро бардошта ва фармуданд:اللهم إنا كنا إذا أجدبنا توسلنا بدعاء نبينا لنا فأسقيتنا .. اللهم وإنا نتوسل إليك بدعاء عم نبيك صلى الله عليه وسلم .. ثم التفت إلى العباس رضي الله عنه وقال : قم يا عباس فادعُ الله أن يسقينا .. فقام العباس ودعا الله تعالى .. وأمن الناس على دعائه وبكوا وابتهلوا .. حتى اجتمع فوقهم السحاب وأمطروا ..Парвардигоро, ҳангоме, ки мо гирифторӣ қаҳти мешудем, дуои Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)-ро васила қарор медодем ва ту ба мо борон мебахшидӣ. Парвардигоро, (акнун ва баъди вафоти Паёмбар) дуои ҳазрати Аббос (р.з) амаки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)-ро васила қарор медиҳем, сипас рӯ ба сӯи ҳазрати Аббос карда ва гуфт: Эй Аббос баланд шав ва аз Худованд талаби борон кун. Ва ҳазрати Аббос баланд шуд ва Худовандро дуо кард ва мардум ба дуои ӯ омин гуфта ва гиряву зори мекарданд. То ин ки абр бар рӯи онҳо ҷамъ шуда ва борон шурӯъ ба боридан мекард.Ба саҳобагони киром бингар! Онҳо аз мо донотар ва олимтар буданд, ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)-ро аз мо низ зиёдтар ва бузургтар дӯст медоштанд, вале ҳангоме, ки ниёзманд мешуданд ва онҳо гирифтори ғаму андӯҳ мешуданд, ба назди қабри Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) намерафтанд ва намегуфтанд: Эй Расули Аллоҳ! Барои мо дар назди Худованд шафоат кун.Ҳаргиз! Чунин кор аз онҳо содир нашудааст, чун онҳо медонистанд, ки дуои мурда ва талаби ҳоҷат аз ӯ аслан ҷоиз нест, агар чи он мурда набӣ ва фиристодаи Худо бошад ва ё валию солеҳ бошад.Вақте, ки онҳо қасди талаби ҳоҷатҳо ва ниёзҳояшон мешуданд, бо дуоҳои солеҳ ва мувофиқӣ шариат таманнои ҳалли мушкилоташон мешуданд. Ва сад оҳу афсус бар мискинон ва бечорагони имрӯза, ки гирди устухонҳои пӯсида ҷамъ шуда ва аз онҳо талаби мағфират ва раҳмат мекунанд.Эй қавми мо вой бар шумо, оё фикр мекунед, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) вақто, ки аз барпо доштани суратҳо ва муҷассамаҳо наҳй карда буд... оё он наҳй беҳуда ва барои бозӣ буд? Ва ё ин ки тарси он ҳазрат (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) аз баргаштани ҷоҳилияти пешин бо ибодати суратҳо ва муҷассамаҳо бар мусалмонон буд? Чи фарқ аст байни шахсе, ки сурату муҷассамаҳоро таъзим мекунад ва шахсе, ки қабрҳо ва зиёратгоҳҳоро таъзим мекунад? Модоме, ки ҳар яки аз инҳо сабаб ва соҳибашро гирифтори ширк мекунад ва ақидаи тавҳидро фосид менамояд.Савганд ба ғайри Худованд.. Аз ҷумлаи василаҳои ширк аст.Савганд ба номи Каъба ва ба амонату шараф ва ба баракати фалонӣ ва ё ба ҳаёти дигарон ва ё ба мақом ва ҷойгоҳи Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва ё валӣ ва ё қасам ба падару модар ба ҳамаи инҳо қасам хурдан ҳаром аст. Зеро, савганд ва қасам ин таъзим ва бузургдошт аст, ки ба ғайр аз Худованд дар ҳаққи ҳеҷ касе ҷоиз нест.Имом Аҳмад аз Ибни Умар (р.з) ривоят карда фармудааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуданд:"من حلف بغير الله فقد أشرك"“Ҳар касе ба ғайри Худованд савганд ёд кунад, дар ҳақиқат ширк овардааст”. Ва инчунин Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармудаанд:"من كان حالفاً فليحلف بالله أو ليصمت"“Ҳар касе бихоҳад қасам бихурад, бо номи Худованд қасам бихурад ва ё ин ки хомуш биншинад”.Бинобарин, ҳар касе ба ғайри Худованд қасам ёд кунад ва ӯ ба баробарии азамати қасам ёд кардашуда бо азамати Худованд эътиқод дошта бошад, ин ширки акбар (бузург) аст, вале агар эътиқодаш ин бошад, ки ба он чизе ки қасам хурдааст он аз азамати Худованд паст ва поён аст, ин ширки асғар (хурд) мебошад.Ва агар ҳар шахсе бидуни қасд ва ҳадаф савганд ба ғайри Худованд бихурад, ҷубронаш он аст, ки калимаи لا إله إلا الله -ро бигуяд, чуноне, ки имом Бухорӣ (р.ҳ) ривоят мекунад, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуданд:"من حلف فقال في حلفه باللات والعزى فليقل: لا إله إلا الله"“Ҳар касе қасам ёд кунад ва қасамашро бо номи лот ва уззо анҷом диҳад, пас لا إله إلا الله бигӯяд”. Ва ҳар касе, ки ба ғайри Худованд қасам мехурад аз ғайри қасд ва нофаҳмоӣ, бояд барои тарки ин кор ҷуҳду кӯшиш кунад.Дар миёни одамон баъзеҳо қасдан ба Худованд қасами бар дурӯғ мехуранд, вале ҷуръати қасами бар дурӯғ хурданро барои шайх ва пешвояш надорад.Ва баъзе ибораҳо ва суханҳое, ки дар он ширк аст, аз забони баъзе инсонҳо шунида мешавад, монанди суханашон: “Ҳар чи ки Худованд ва шумо бихоҳед” ё “Агар Худо ва фалонӣ набуд” ё “Ёваре ба ғайр аз Худо ва шумо надорам” ва ё “Ин аз баракатҳои Худо ва шумост” аз ҷумлаи ширки лафзӣ мебошад. Ва тариқа ва роҳи дурусташ ин аст: “Ҳар чи Худованд бихоҳад ва сипас шумо бихоҳед” ё “Агар Худованд ва сипас шумо набудед ингуна мешуд”.Ва аз ҷумлаи василаҳои ширк:Овезон кардани тумор, тилисмҳо, коғаз ва донаҳо (ё санги чашмӣ) мебошад, ки бахотири тарс аз чашм кардан ва монанди инҳо онҳоро овезон мекунанд. Ва агар инсоне, инҳоро истифода бурд ва эътиқод дошта бошад, ки инҳо фақат васила ва сабабгори дур кардани бало мебошанд, ин ширки асғар (хурд) мебошад. Ва агар эътиқод дошта бошад, ки инҳо мустақиман худашон балоро дафъ мекунанд ширки бузург ба ҳисоб меравад, зеро ӯ ба ғайри Худованд эътиқод карда ва ихтиёр ва тасарруфи ва дигаргунии дунёро ба ғайри Худованд ато намудааст.Туморҳо ду навъ мебошанд:1-     Қуръонӣ: Шахсе, ки дар пораи латтае ё пусте ва ё қитъае аз тилло ва монанди инҳо оятҳои Қуръонро навишта (ва онро дар хона ва ё бадани худ) овезон мекунад, ва ин кор ҷоиз нест. Зеро, на аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва на аз саҳобагонаш чунин кор ривоят нашудааст, ва ин кор сабаби овезон кардани дигар чизҳо низ мегардад.2-     Ва навъи дигар ғайри Қуръонӣ: Монанди шахсе, ки навиштаҷоте, ки дар он номҳои ҷин ва рамзҳои соҳирон бошад бар худ овезон кунад ва ин аз василаҳои ширк мебошад, ва паноҳ ба Худо мебарем. Саҳобаи бузургвор Ибни Масъуд (р.з) мефармояд: Ҳар касе тумори инсонеро биканад, савоби озод кардани банда ё ғуломе хоҳад шуд.Ва ҳазрати Ҳузайфа ибни Ямонӣ шахсеро дид, ки дар дасташ ҳалқае аз оҳан баста буд, ба ӯ гуфт: Ин чист? Гуфт: инро ба хотири тарс аз ҷашм (чашми кардани дигарон) бастаам. Ба ӯ гуфт: Онро аз дастат бикшо ва дур кун, зеро он тарсу хавфи туро зиёд мекунад ва агар дар ин ҳолат ва бо ин эътиқод вафот кунӣ, рӯи саодат ва хушбахтиро нахоҳӣ дид.Руқяи шаръӣ (дуо хондан), яъне: зикрҳо ва авроде аз оятҳои Қуръонӣ ва суннати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) мебошад ва бар мариз хонда ва суф карда мешавад. Ва агар ин қироат аз суханони Худованд ё номҳо ва сифатҳои Ӯ ва монанди сураи Ҳамд (Алҳамд), Фалақ ва Нос бошад ҷоиз аст. Вале такрори номҳои ҷин ва ё ҳатто номҳои малоика, анбиё ва солиҳин бошад, ҳам ҷоиз нест ва ширки акбар (бузург) ба ҳисоб меравад.Ва роҳи дурустӣ он (Руқяи шаръӣ): Қироати он (Қуръон ва дуоҳои аз ҳадисҳои паёмбар гирифташуда) ва пуф кардани он бар мариз ва ё хондани он бар об ва нушонидани он маризро мебошад.Даъвои донистани илми ғайб, аз ҷумлаи ширк астҒайбро фақат Худованд медонад, чун Ӯ мефармояд:﴿قل لا يعلم من في السموات والأرض الغيب إلا الله﴾ [النمل: 65]“Бигӯ: «Ҳеҷ кас дар осмонҳову замин ғайбро намедонад, магар Аллоҳ». Сураи Намл, ояти 65Бинобарин, барои ҳеҷ касе мумкин нест, ки аз олами ғайбиёт бохабар бошад, чи фаришта ва ё паёмбар, ё валӣ ва ё имом бошад, илми ғайбро фақат Аллоҳ медонад.Ва Худованд танҳо Паёмбаронро бо воситаи ваҳй аз баъзе корҳои ғайбиёт хабар медиҳад, чуноне, ки Худованд ба Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) хабари ҳила ва макри кофиронро дод ва инчунин аломатҳои қиёматро ба Ӯ омӯзонид ва монанди инҳо. Пас ҳар касе, ки бо ҳар роҳу василае, ки набошад монанди хондани кафи даст ва пиёла, ё аз рӯи назар кардан ба ситорагон ва ё аз рӯи сеҳру ҷодугарӣ даъвои донистани илми ғайбро намояд, дурӯғгу ва кофир мебошад.Ва он чизе, ки аз тарафи баъзе ҷодугарон ва даҷҷолон дар бораи чизҳои гумшуда ва пинҳоншуда хабар медиҳанд ва ё сабаби баъзе аз маризиҳоро пешгӯи мекунанд, бахотири истифода бурдани ҷин ва шайтонҳо мебошад.Гоҳо баъзе аз эмонзаъифон ба назди ситорашиносон рафта ва аз ояндаи худ ва оиладориаш пурсон мешаванд ва ё ба пешгуиҳое, ки дар маҷаллаҳо ва рӯзномаҳо мебошад пайрави мекунад ва ё бо касоне, ки даъвои илми ғайбро доранд занг зада суолу ҷавоб мекунад, тамоми инҳо ҳаром аст ва ҳар касе, ки даъвои доштани илми ғайбро кунад ва ҳар касе, ки ӯро тасдиқ ва бовар кунад дар он чи мегӯяд, онҳо мушрик ва кофир мешаванд. Сеҳру ҷоду ва фолбинӣ аз василаҳои ширк астСеҳр иборат аст аз афсунҳо, сухан, доруворӣ ва дуд андозиҳо ва он ҳақиқат дорад. Ва гоҳо дар дилҳо ва баданҳо таъсир мегузорад ва мариз мегардонад ва ё сабаби қатл ва куштор ҳам мешавад ва инчунин метавонад байни зану шавҳар ҷудогӣ биандозад. Ва он аз бузургтарин гуноҳон аст, чуноне, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармудаанд:"اجتنبوا السبع الموبقات قالوا: وما هي؟ قال: الإشراك بالله والسحر".“Аз ҳафт чизи ҳалоккунанда парҳез кунед, гуфтанд: Онҳо чи ҳастанд? Фармуданд: Ширк ба Худованд ва сеҳр....” Муттафақун алайҳи.Ва дар амалҳои сеҳркунӣ шайтонҳоро истифода мебаранд ва ба онҳо алоқаманд шудан ва барои он ки шайтонҳо фармоишоти соҳиронро иҷро намоянд, бояд корҳои дӯстдоштаи онҳо иҷро шавад ва чун дар он (сеҳр) даъвои доштани илми ғайб мебошад, пас ин кор куфр ва гумроҳист. Ва ба ҳамин хотир Худованд мефармояд:﴿إِنَّمَا صَنَعُواْ كَيۡدُ سَٰحِرٖۖ وَلَا يُفۡلِحُ ٱلسَّاحِرُ حَيۡثُ أَتَىٰ ٦٩﴾ [طه: ٦٩]«Ба таҳқиқ ончи сохтаанд ҷодуи ҷодугар аст ва ҷодугар ҳеҷ гоҳ пирӯз намешавад». Сураи Тоҳо, ояти 69Ҳукми соҳир чуноне, ки гурӯҳе аз саҳобагон (р.з) ба он амал кардаанд қатл ва куштанӣ ӯст. Ва тааҷҷуб овараст, ки дар замони мо нисбат ба соҳир саҳлангорӣ ва кутоҳи намуда ва гоҳо онро фанне аз фанҳо шуморида ва ба он ифтихор менамоянд ва туҳфаҳову ҳадяҳоеро ба соҳирон тақдим менамоянд ва инчунин барои онҳо ҷашнҳо ва мусобиқаҳо тартиб дода ва ҳазорон нафар дар он ширкат ва ҳозир мешаванд ва ин нишонаи сустӣ ва бепарвоӣ дар ақида мебошад.Кореро, ки Абузарри Ғифорӣ (р.з) бо як соҳир анҷом дод чи хуб аст, ки бо соҳирон анҷом дода шавад. Ӯ ба маҷлисгоҳӣ яке аз амирон дохил шуд ва соҳиреро дар муқобилаш дид, ки бо шамшере, ки дар дасташ буд бозӣ мекард ва мардум тасаввур мекарданд, ки ӯ сари мардеро мебурад ва сипас боз ба ҷояш бармегардонад.Ӯ фардои он рӯз, ридо ва либосашро пушида ва шамшерашро дар зери он пинҳон карда ва ба маҷлиси халифа ворид шуд ва соҳир бо шамшераш бозӣ мекард ва дар муқобили мардум ба сеҳр машғул буд ва мардум дар тааҷҷуб ва ҳайрат буданд. Ва ҳазрати Абузар ба ӯ наздик шуда ва шамшерашро ногаҳон бароварда ва бар гардани соҳир зада ва сарашро аз танаш ҷудо намуд.Ва соҳир бар замин афтод ва Абузар (р.з) гуфт: Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)-ро шунидам, ки мегуфт:حد الساحر ضربة بالسيف ..“Ҳадди (ҷазо) шаръии соҳир, задани ӯ бо шамшер аст”. Ва рӯ ба соҳир карду гуфт: (Агар тавонои ва қудрати зинда карданро дошта бошӣ) Худатро зинда гардон... Худатро зинда гардон.Ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармудаанд:"من أتى كاهنا فصدقه بما يقول فقد كفر بما أنزل على محمد (صلى الله عليه وسلم)"“Ҳар касе ба назди ғайбгуянда (фолбин ва соҳир) биравад ва гуфтаҳояшро тасдиқ ва бовар кунад ба он чи ки бар Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) нозил шудааст (Қуръони карим) кофир шудааст”.Он чи ки бояд аҳамият дода шавад он аст, ки соҳирон ва фолбинону ҷодугарон бо ақидаҳои мардум бозӣ мекунанд, монанди худашонро дар либоси духтур ва табиб дароварда маризон ва касалиҳоро ба қурбонӣ кардан барои ғайри Худованд амр мекунанд ва касалиҳоро амр мекунанд, ки гусфандеро ва ё хурусеро бо чунин ва чунон сифатҳо забҳ бикунанд. Ва гоҳо нақша ва навиштаҷотӣ ширкӣ ва таъвизотӣ шайтониро навишта ва онро ё ба гардани мариз ва ё дастур медиҳанд, ки онро дар хонаҳо ва ё сандуқҳоятон бигзоред.Ва гоҳҳо худашонро ба авлиёе, ки соҳиби каромот ва корҳои хориқул одат (ғайри одди) мебошанд вонамуд ва нишон медиҳанд. Ва корҳоеро монанди худро бо шамшер задан ва ё дар зери мошин партофанро намоиш медиҳанд ва гуё бар онҳо ҳеҷ асар ва зараре нарасидааст. Ва дигар корҳоеро, ки монанди инҳост намоиш медиҳанд, ки дар ҳақиқат чашмбандӣ ва аз амали шайтон аст, зоҳиран тавассути онҳо анҷом дода мешавад.Чуноне, ки ҷавоне ҳикоят мекард, ки ба яке аз кишварҳо сафар карда буд ва ба ниятӣ истироҳат вориди сирке шуд. Ҷавон мегӯяд: дар ҳоле, ки ба бозиҳои гуногун нигоҳ мекардам, занеро дидам, ки бо қудрати аҷибе бар рӯи ресмон роҳ мерафт ва сипас бар рӯи девор парид ва ба монанди пашшае рӯи он роҳ рафт ва мардум низ комилан аз ҳаракатҳои ӯ дар ҳайрат ва тааҷҷуб буданд.Ва ба худ гуфтам: Ҳаракатҳо ва бозиҳои ин зан мумкин нест, ки аз рӯи паҳлавонӣ ва ё машқ бошад. Дуруст аст, ки ман инсони гунаҳкор ва хатокор ҳастам, вале ман муваҳҳид ҳастам. Ва қонеъ ва қабул намекунам мисли инро ва ҳайрон мондам то чи кор кунам? Ногаҳон ёдам омад, рӯзе дар хутбаи намози ҷумъа ҳозир шуда будам, ва хатиб дар хутбааш дар бораи сеҳру соҳирон суҳбат мекард. Ва хатиб гуфта буд, ки соҳирон бо ёрӣ ва истифодаи шайтонҳо корҳои хориқул ода анҷом медиҳанд ва макру қуввати онро низ танҳо зикр ва ёдӣ Худованд бекор ва нобуд мекунад.Бинобарин, аз курсиям бархостам ва ба тарафи саҳна ва намоишгоҳ ҳаракат кардам ва мардум низ тааҷҷуб кунон даст мезаданд ва фикр мекарданд, ки ман ба сабаби тааҷҷуб ва ҳайрат ба зани соҳир наздик мешавам.  Ва вақто, ки ба саҳна наздик шудам ва он соҳир низ ба ман наздик буд, ба тарафи он соҳир ва ҷодугар нигоҳ карда ва Оятулкурсиро хондам:( الله لا إله إلا هو الحي القيوم لا تأخذه سنة ولا نوم .. )Он зан шурӯъ ба ларзиш ва ҳаракат кард, ва қасам ба Худованд тиловати он оятро тамом накарда будам, ки ӯ бар замин афтода ва меларзид ва мардум ҳама тарсида ӯро ба бемористон бурданд.Ва чуноне, ки Худованди Содиқ фармудааст:﴿إِنَّ كَيۡدَ ٱلشَّيۡطَٰنِ كَانَ ضَعِيفًا ٧٦﴾ [النساء : ٧٦]“Ба таҳқиқ, ки макри (ҳилаи) шайтон ночиз (заъиф) аст!».Сураи Нисо, ояти 76Ва инчунин мефармояд:﴿وَمَكَرُواْ وَمَكَرَ ٱللَّهُۖ وَٱللَّهُ خَيۡرُ ٱلۡمَٰكِرِينَ ٥٤﴾ [ال عمران: ٥٤]“(Душманони Паёмбар барои нобудии ӯ) макр (ҳила) кашиданд ва Худованд ҳам (барои ҳифзи ӯ) чораҷӯй кард, ва Худованд беҳтарини чораҷуён аст”.Сураи Оли Имрон, ояти 54Аз ҷумлаи василаҳои ширк, бузургдоштӣ муҷассамаҳо ва гузоштанӣ ҳайкал мебошад.Тамосил ҷамъи тимсол мебошад ва он муҷассамаҳое, ки ба шакли инсон ё ҳайвон сохта шудааст мебошад.Гузоштанӣ ҳайкалҳо: Муҷассама ва ҳайкалҳои бузургон ва раисонеро, ки месозанд ва дар майдонҳо ва паркҳо мегузоранд. Дар ҳоле, ки пайдоиши ширк бахотири ҳамин ҳайкалҳо ва муҷассамаҳо буд.Магар намедонед, ки қавми Нуҳ (алайҳи салом) ҳангоме, ки ҳайкали шахсони бузургашонро сохтанд, вақти зиёде нагузашт то ин ки ба ҷои Худованд онҳоро ибодат карданд. Ва ба ҳамин хотир Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) аз гузоштани ҳайкалҳо ва овезон кардани суратҳо манъ намудааст, чун онҳо василае мебошанд, ки ба тарафи ширк мебаранд. Балки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) наққош ва суратгиронро лаънат ва нафрин кардааст ва хабар додааст, ки сахттарин азобро дар рӯзи қиёмат онҳо мекашанд ва фармон додааст, ки суратҳоро пок кунед. Ва инчунин хабар додааст, ки дар хонае, ки сурат бошад малоика ба он хона дохил намешавад.Ва аз ҷумлаи василаҳои ширк, тавассули номашруъ мебошадМонанди тавассул кардан ба маконат ва мақомӣ Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ё ба зот ва ҳаққи махлуқон ва ё талаби дуо ва шафоат аз мурдагон ҷоиз нест. Бинобарин, ҷоиз нест, ки дар дуо кардан бигуяд:اللهم إني اسألك بجاه نبيك .. أو بحق فلان .. أو بروح الميت فلان .. كل هذا لا يجوزПарвардигоро ман туро ба мақоми набӣ дуо мекунам.. ва ё ба ҳаққи фалонӣ.. ва ё ба руҳи мурдаи фалонӣ ва ғайри инҳо.Тавассули ҷоиз ва машруъ: тавассули ҷоиз тавассулест, ки бо номҳо ва сифатҳои Худованд анҷом дода мешавад. Монанди ин ки шахсе бигуяд: Эё Раҳим манро раҳм бикун ва ё Ғафур манро мағфират бикун.Ва инчунин тавассул ва наздики ба Худованд бо Имон ва амалҳои солеҳ. Ба монанди ин ки бигуяд:اللهم بإيماني بك وتصديقي لرسلك .. أدخلني جنتك ..Парвардигоро ба сабаби имон оварданам ба Ту ва бовар карданам бар паёмбаронат манро дохили ҷаннат бигардон.Ва тавассул ва наздики ба Худованд бо дуои инсонҳои солеҳ ва зинда, монанди ин ки аз бандаи солеҳе ва парҳезгори зинда талаб ва хоҳиш бикунад, ки дар ҳаққи ӯ дуо бикунад. Зеро дуои мусалмон дар ҳаққи бародари мусалмонаш ғоибан иҷобат карда мешавад вале талаби дуо аз мурдаи дар қабр буда ҷоиз нест.Ва ҳар он чизе, ки гузашт аз ҳуқуқҳои Худованд бар бандагонаш мебошад ва онҳоро барои ғайри Худованд анҷом додан ҷоиз нест.Аз ҷумлаи имон ба Худованд: Эътиқод ва яқин доштани он, ки Ӯ Молик ва Соҳиби тамоми чизҳост ва танҳо Ӯ мустаҳиқи ибодат аст ва Ӯ дорои номҳо ва сифатҳои воло ва баланд мартаба мебошад.﴿لَيۡسَ كَمِثۡلِهِۦ شَيۡءٞۖ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ ١١﴾ [الشورى: ١١]“Ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест ва Ӯ шунавову биност”.Сураи Шӯро, ояти 11Ва имон дорем ба ин ки Худованд ҳар вақт, ки бихоҳад ва бо ҳар ҳолате, ки бихоҳад ҳарф ва сухан мезанад, чуноне, ки Худованд фармудааст:﴿وَكَلَّمَ ٱللَّهُ مُوسَىٰ تَكۡلِيمٗا ١٦٤﴾ [النساء : ١٦٤]«Ва Худо бо Мӯсо сухан гуфт, сухан гуфтани бевосита».Сураи Нисо, ояти 164Ва ин ки Қуръон ва ҳамаи китобҳои осмонӣ калом ва сухани Худованд аст.Ва имон дорем ба ин ки Худованд мусаллат аст бар махлуқоташ бо зот ва сифатҳояш ва ба ин ки Ӯ осмонҳо ва заминро дар муддати шаш рӯз халқ карда ва ба рӯи арш қарор гирифтааст, ва қарор гирифтани Ӯ бар рӯи арш лоиқ ва сазовор ба ҷалол ва азамати Ӯ мебошад ва кайфият ва чигунагии онро ба ғайр аз худаш касе намедонад. Ва бо ин ки Ӯ дар аршаш қарор гирифтааст, вале аз аҳволи махлуқоташ бохабар мебошад ва суханони онҳоро мешунавад ва кору кирдори онҳоро низ мебинад ва корҳои онҳоро тадбир ва идора мекунад.Ва имон дорем ба ин ки муъминон дар рӯзи қиёмат Парвардигорашонро хоҳанд дид, Худованд мефармояд:﴿وُجُوهٞ يَوۡمَئِذٖ نَّاضِرَةٌ ٢٢ إِلَىٰ رَبِّهَا نَاظِرَةٞ ٢٣﴾ [القيامة: ٢٢،  ٢٣]«Дар он рӯз рӯйҳое ҳаст зебову дурахшон, ки сӯи Парвардигорашон назар мекунанд».Сураи Қиёмат, оятҳои 22-23Бинобарин, ба тамоми он чи ки Худованд дар китобаш ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар бораи сифатҳои Парвардигорамон хабар додаанд, имон меоварем ва ҳақиқати онро ба ваҷҳе, ки лоиқи Худованд аст, тасдиқ мекунем.Имон ба фариштагонХудованд ононро аз нур халқ кардааст ва ба онҳо анҷоми баъзе корҳо супоридааст ва бандагоне ҳастанд, ки дар баробари фармонҳо ва амрҳои Худованд сарпечи намекунанд ва теъдоди онҳо аз мо бештар аст. Ва тарсу хавфу ибодати онҳо нисбати Худованд аз мо бештар ва хубтар аст. Имом Бухорӣ ва имом Муслим ривоят мекунанд, ки дар осмон хонае ба номи “Байтулмаъмур” вуҷуд дорад, ки ҳаррӯз ҳафтод ҳазор фаришта вориди он шуда ва сипас аз он хориҷ мешаванд ва то рӯзи қиёмат ба он барнамегарданд.Ва аз Абудовуд ва Табаронӣ бо санади Саҳеҳ ривоят шудааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармудаанд:"أُذن لي أن أحدث عن ملك من ملائكة الله عز وجل من حملة العرش ما بين شحمة أذنه إلى عاتقه مسيرةُ سبعمائة عام"“Барои ман иҷозат дода шуд то дар бораи фариштае аз ҳомилон ва бардорандагони арш суҳбат намоям, ки байни нармии гуш ва гарданаш масири ҳафсад сола роҳ буд”.Ва барои баъзе фариштагон корҳои хосе вуҷуд дорад ва ба он амал мекунанд. Ба Ҷибрил (а) вазифаи расонидани ваҳй ба паёмбаронро дода шудааст. Ва Микоил (а) фариштаи борон ва рӯёндани наботот аст. Ва ба Исрофил (а) дамидан дар сур, вақти барпо шудани қиёмат. Олами фариштагон олами ғайбие аст ва ба он нодида имон меоварем.Махлуқоти дигаре, ки аз мо ғоибанд низ вуҷуд дорад, ва онҳо ҷинҳо мебошанд, ки аз оташ халқ шудаанд ва Худованд онҳоро қабл аз офаринишӣ инсон халқ кардааст.Чуноне, ки Худованд мефармояд:﴿وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِن صَلۡصَٰلٖ مِّنۡ حَمَإٖ مَّسۡنُونٖ ٢٦ وَٱلۡجَآنَّ خَلَقۡنَٰهُ مِن قَبۡلُ مِن نَّارِ ٱلسَّمُومِ ٢٧﴾ [الحجر: ٢٦،  ٢٧]«Мо одамиро аз гили хушк, аз лаҷани (лойи) бӯйнок офаридем. Ва ҷинро пеш аз он аз оташи сӯзандаи бедуд офарида будем».Сураи Ҳиҷр, оятҳои 26-27Ва онҳо мукаллаф ва маъмур ба ибодат ҳастанд ва дар миёни онон кофир ва муъмин итоатгор ва гунаҳгор ёфт мешавад. Ва гоҳо онҳо ба инсон зарар мерасонанд чуноне, ки инсонҳо низ бар онҳо гоҳе зарар мерасонанд. Ва зарари инсон бар онҳо дар истинҷо (пок кардан баъд аз мустароҳ рафтан) кардан бо устухонҳо ва ахлоти ҳайвонҳо мебошад. Чуноне, ки дар саҳеҳи Муслим Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармудаанд:"لا تستنجوا بهما فإنهما طعام إخوانكم من الجن"“Ба онҳо (Устухон ва ахлоти ҳайвонҳо) истинҷо накунед, зеро онҳо таом ва хуроки бародарони ҷини шумо мебошанд”.Ва зарар расонидани ҷинҳо бар инсонҳо бо воситаи васваса ва тарсонда ва беҳуш кардани онҳо мебошад. Ва бандаи мусалмон худро бо роҳи азкори шаръӣ монанди хондани Оятулкурсӣ, ва сураҳои Муаввизот (Сураҳои Нос, Фалақ ва Ихлос) ва зикрҳои шаръие, ки аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) собит шудааст дар амон ва ҳифз нигоҳ дорад.Аммо қурбонӣ кардан бо номи онҳо ва дуо кардани онҳо бахотири дар амон мондан аз шар ва зарари онҳо аз ҷумлаи ширкиёт мебошад. Ва шакке нест, ки ҷин ва шайтонҳо заъиф ҳастанд ва макру ҳилаи онҳо низ заъиф аст. Вале вақто, ки гуноҳони инсон зиёд мешавад ва бар чизҳои ҳаром назар мекунад ва мусиқӣ гуш мекунад, дар чунин ҳолат имонаш заиф мешаваду алоқааш бо Худованд низ заъиф ва кам мегардад ва аз зикри Худованд ғофил мешавад ва дар ин сурат паноҳгоҳашро (зикрҳои шаръӣ) аз даст медиҳад ва шайтонҳо тавоноии ғолибият ва ҳамла бар ӯро ба даст меоранд. Худованд дар бораи шайтон ва лашкарӣ ӯ мефармояд:﴿إِنَّهُۥ لَيۡسَ لَهُۥ سُلۡطَٰنٌ عَلَى ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَلَىٰ رَبِّهِمۡ يَتَوَكَّلُونَ ٩٩ إِنَّمَا سُلۡطَٰنُهُۥ عَلَى ٱلَّذِينَ يَتَوَلَّوۡنَهُۥ وَٱلَّذِينَ هُم بِهِۦ مُشۡرِكُونَ ١٠٠﴾ [النحل: ٩٩،  ١٠٠]«Шайтонро бар касоне, ки имон овардаанд ва бар Худо таваккал мекунанд, ғолибияте нест. Ғолибияти ӯ танҳо бар касонест, ки дӯсташ медоранд ва ба Худо ширк меоваранд». Сураи Наҳл, оятҳои 99, 100Имон ба китобҳо (китобҳои осмонӣ)Инҳо китобҳое ҳастанд, ки Худованд бар паёмбаронаш нозил кардааст, барои ҳидоят ва роҳнамоии башарият. Ва теъдоди онҳо бисёр ва фаровон аст, ки Худованд чаҳортои онҳоро барои мо муаррифи намудааст. Қуръон, китобе ки Худованд бар Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) нозил кардааст. Ва Тавротро бар Мусо (алайҳис-салом) ва Инҷилро бар Исо (алайҳис-салом) ва Забурро бар Довуд (алайҳис-салом) нозил кардааст. Ва ҳамаи инҳо суханон ва каломи Худованд мебошанд, ки Қуръон охирин ва бузургтарини онҳо аст, ки маънои ҳамаи китобҳои пешин дар он ҷамъ шудааст.Худованд мефармояд:﴿وَأَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّ مُصَدِّقٗا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيۡهِ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَمُهَيۡمِنًا عَلَيۡهِۖ ٤٨﴾ [المائ‍دة: ٤٨]«Ва ин китобро ба ростӣ бар ту нозил кардем; тасдиқкунанда ва ҳоким бар китобҳоест, ки пеш аз он будаанд». Сураи Моида, ояти 48Имон ба Паёмбарон ва Расулон (алайҳимус-салом)Худованд бар ҳар як ҷамоат ва уммате паёмбареро фиристодааст то онҳоро ба ибодати Худованди якто даъват кунанд ва ба Ӯ касеро шарик наоранд. Ва аввалин расулони Аллоҳ,  Нуҳ (алайҳи салом) буд ва охиринашон Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод). Теъдоди онҳо зиёд аст, баъзе аз номҳо ва ҳикоятҳои онҳоро Худованд бар мо хабар додааст ва баъзеи дигари онҳоро хабар надодааст ва мо ба ҳамаи онҳо имон меоварем.Худованд мефармояд:﴿وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا رُسُلٗا مِّن قَبۡلِكَ مِنۡهُم مَّن قَصَصۡنَا عَلَيۡكَ وَمِنۡهُم مَّن لَّمۡ نَقۡصُصۡ عَلَيۡكَۗ ٧٨﴾ [غافر: ٧٨]«Пеш аз ту паёмбароне фиристодаем. Достони баъзеро бароят гуфтаем ва достони баъзеро нагуфтаем». Сураи Ғофир, ояти 78Ва онҳо инсонҳое ҳастанд ва фарқе байни онҳо ва дигар башарият нест, ба ғайр аз ин ки ба онҳо аз ҷониби Худованд ваҳй фиристода мешавад. Худованд мефармояд:﴿قُلۡ إِنَّمَآ أَنَا۠ بَشَرٞ مِّثۡلُكُمۡ يُوحَىٰٓ إِلَيَّ ١١٠﴾ [الكهف: ١١٠]«Бигӯ; Ман инсоне ҳастам  монанди  шумо. Ба ман ваҳй фиристода мешавад».Сураи Каҳф, ояти 110Бале, онҳо башаранд мехӯранду меошоманд ва мариз мешаванду вафот мекунанд. Ва имон овардан ба ҳамаи онҳо воҷиб аст ва ҳар касе ба паёмбарии яке аз онҳо имон надошта бошад рисолат ва пайғоми ҳамаи онҳоро қабул накардааст ва ба ҳамаи онҳо кофир шудааст. Худованд дар бораи қавми Нӯҳ (алайҳис-салом) фармудааст:﴿كَذَّبَتۡ قَوۡمُ نُوحٍ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٠٥﴾ [الشعراء : ١٠٥]«Қавми Нӯҳ паёмбаронро дурӯғ бароварданд». Сураи Шуъаро, ояти 105Ва дар бораи қавми Ҳуд фармудааст:﴿كَذَّبَتۡ عَادٌ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٢٣﴾ [الشعراء : ١٢٣]«Қавми Од паёмбаронро такзиб карданд (дурӯғ бароварданд)». Сураи Шуъаро, ояти 123Ва бо вуҷуди ин ҳар як уммат, набӣ ва паёмбари худро дурӯғгу бароварданд, вале чуноне ки рисолат ва пайғоми тамоми паёмбарон як аст, ҳар касе яке аз онҳоро дурӯғ бишуморад гӯё тамоми онҳоро дурӯғ ва қабул накардааст.Бинобарин, масеҳиёне ки Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)-ро дурӯғ шумориданд ва аз ӯ пайрави накарданд, онҳо ҳазрати Исо ибни Марямро низ дурӯғ шуморидаанд, чунки Исо (алайҳи салом) ба онҳо паёмбарии Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)-ро башорат дода буд ва онҳоро амр ба пайрави аз Ӯ карда буд, вале онҳо аз Исо (алайҳи салом) итоат накарданд. Инчунин яҳудиҳо ва пайравони дигар динҳо низ монанди инҳо мебошанд.Имон ба рӯзи охиратВа (охират) он аст, ки Худованд онро дар Қуръон зикр кардааст ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) онро хабар додааст, ва он ҳам иттифоқҳое, ки баъд аз марг рӯх медиҳад, мебошад. Бинобарин, аввалан имон меоварем ба азоб ва неъмати қабр, чуноне, ки дар Қуръон ва суннат собит шудааст. Худованд мефармояд:﴿وَحَاقَ بِ‍َٔالِ فِرۡعَوۡنَ سُوٓءُ ٱلۡعَذَابِ ٤٥ ٱلنَّارُ يُعۡرَضُونَ عَلَيۡهَا غُدُوّٗا وَعَشِيّٗاۚ وَيَوۡمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ أَدۡخِلُوٓاْ ءَالَ فِرۡعَوۡنَ أَشَدَّ ٱلۡعَذَابِ ٤٦﴾ [غافر: ٤٥،  ٤٦]«...ва он азоби ногувор (сахт) хонадони Фиръавнро дар миён гирифт. Оташ, Ҳар субҳу шом бар онон ҳозир карда шуда ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, нидо диҳанд ки хонадони Фиръавнро ба сахттарин азобҳо дароваред!»Сураи Ғофир, оятҳои 45,46Ва Худованд дар бораи мунофиқон фармудаанд:﴿سنعذبهم مرتين ثم يردون إلى عذاب عظيم﴾ [التوبة: 101]«Ононро ду бор азоб хоҳем дод ва сипас ба тарафи азоби бузург баргардонда хоҳанд шуд». Сураи Тавба, ояти 101Ибни Масъуд ва дигарон гуфтаанд, ки “Азоби аввал дар дунё ва азоби дуюм дар қабр мебошад ва сипас ба тарафи азоби бузург дар оташ баргардонда хоҳанд шуд”.Аммо ҳадисҳо дар боби азоби қабр бисёр ворид шудааст ва ҳатто Ибни ал-Қайим (р.ҳ) ва ғайр аз ӯ сароҳатан фармудаанд, ки ҳадисҳо дар ин боб ба тавотур расидааст, ки бештар аз панҷоҳ ҳадис дар ин бора ривоят шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо ҳадисе аст, дар Бухорӣ ва Муслим ривоят шудааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) аз канори ду қабр мегузаштанд ва фармуданд:"إنهما ليعذبان و ما يعذبان في كبير أما أحدهما  فكان لا يستتر من البول و أما الآخر كان يمشي بالنميمة...".“Ин ду шахс азоб дода мешаванд ва сабаби таъзибашон кори бузурге нест, Яке аз инҳо аз пешоб худро пок намекард ва дигари суханчинӣ мекардааст”.Ва дар ҳадиси саҳеҳи дигаре Он ҳазрат (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар дуояш мефармуданд:"اللهم إني أعوذ بك من عذاب القبر"“Парвардигоро ман аз азоби қабр ба ту паноҳ мебарам”. Азоб ва неъмати қабр корҳои ғайбие ҳастанд ва бо ақл қобили қиёс нестанд.Аз ҷумлаи имон овардан ба рӯзи охират ин аст:Имон ва бовар доштан ба баъс ва зиндашудани мурдагон, ҳангоме, ки дар сур дамида хоҳад шуд, Сипас мурдагон побараҳна ва лухт (ва хатна нашуда) аз замин баланд хоҳанд шуд. Чуноне, ки Худованд мефармояд:﴿ثُمَّ إِنَّكُم بَعۡدَ ذَٰلِكَ لَمَيِّتُونَ ١٥ ثُمَّ إِنَّكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ تُبۡعَثُونَ ١٦﴾ [المؤمنون : ١٥،  ١٦]«Шумо баъд аз ҳаёти дунявӣ, мурдагоне ҳастед, ки дар рӯзи қиёмат зинда гардонида хоҳед шуд».Сураи Муъминун, оятҳои 15, 16Имон ва бовар доштан ба ҳисоб ва ҷазои амалҳо. Худованд мефармояд:﴿إِنَّ إِلَيۡنَآ إِيَابَهُمۡ ٢٥ ثُمَّ إِنَّ عَلَيۡنَا حِسَابَهُم ٢٦﴾ [الغاشية: ٢٥،  ٢٦]«Албатта бозгашти онон ба сӯи Мост. Сипас ҳисобашон бо Мост». Сураи Ғошия, оятҳои 25, 26Имон ба биҳишт ва оташи ҷаҳаннамБиҳишт манзилгоҳи инсонҳои ботақвост, ки васоил ва чизҳои зиёфати онро на чашме дида ва на гуше шунида ва на бар қалби башаре хутур кардааст.Ва оташ манзилгоҳи азоб аст, ва дар он тамоми намуди азобҳо вуҷуд дорад, ки ба фикри ҳеҷ касе хутур накардааст.Ва ба аломатҳои суғро (хурд) ва кубро (бузург)-и қиёмат имон овардан, монанди баромадани Даҷҷол ва фаромадани Исо (алайҳи салом) аз осмон ва тулуъ кардани офтоб аз мағриб ва баромадани ҳайвони заминӣ аз маконаш ва дигар аломатҳои қиёмат. Имон ба шафоат ва ҳавз (ҳавзи кавсар) ва мизон (тарозу) ва руъяти (дидани) Худованд  ва мавридҳои дигаре, ки дар рӯзи қиёмат воқеъ хоҳад шуд.Имон ба хайр ва бадии қадарВа имон дорем ба он ки Худованд қабл аз он ки башариятро халқ кунад, бо илми васеъ ва бемаҳдуди хеш аз тамоми чизҳо ҷумлатан ва бо тафсил хабар дошт ва онҳоро дар лавҳи маҳфуз навиштааст ва ҳамаи коинотро халқ кардааст.Худованд мефармояд:﴿ٱللَّهُ خَٰلِقُ كُلِّ شَيۡءٖۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ وَكِيلٞ ٦٢﴾ [الزمر: ٦١]«Худост, ки офаридгори ҳар чизест ва Ӯст нигаҳбони ҳар чизе». Сураи Зумар, ояти 61Бинобарин, дар ин дунё чизе ба вуҷуд намеояд, ки Худованд аз вуҷудаш огоҳ набошад ва ба он иҷозаи вуқуъ надиҳад. Худованд дар ин маврид мефармояд:﴿إِنَّا كُلَّ شَيۡءٍ خَلَقۡنَٰهُ بِقَدَرٖ ٤٩﴾ [القمر: ٤٩]«Мо ҳама чизро ба андоза офаридаем!».Сураи Қамар, ояти 49Ва ҳар инсоне дорои машиат ва ирода ва қудрату тавоноие аст, ки бо он анҷом ё тарки чизе ё кореро ихтиёр менамояд.Агар бихоҳад, таҳорат карда намоз мехонад ва агар ҳам бихоҳад гумроҳ шуда зино мекунад ва ба сабаби доштани ихтиёр ва интихоб, инсон мавриди ҳисобпурсӣ ва муҷозот қарор мегирад ва ҷоиз нест, ки барои тарки воҷибот ва анҷом додани муҳаррамот қазову қадарро ҳамчун далел ва ҳуҷҷат барои худ қарор диҳад.Мавридҳо ва ҳолатҳое, ки дар имон халал ворид менамояндМасхара кардани дини Ислом, ва масхаракунанда муртад шуда аз ислом хориҷ мешавад. Худованд мефармояд:﴿قل أبالله وآياته ورسوله كنتم تستهزءون * لا تعتذروا قد كفرتم بعد إيمانكم﴾ [التوبة: 65-66]«(Агар аз онҳо бипурсӣ, ки чӣ мекардед? Мегӯянд: «Мо бо ҳам харф мезадем ва бозӣ мекардем».) Бигӯ: «Оё Худо ва оёти Ӯ ва паёмбарашро масхара мекардед?». Узр наёваред. Яқинан шумо пас аз имонатон кофир шудаед». Сураи Тавба, оятҳои 65, 66Ва баъзеҳо ингуна мегӯянд: Ислом дини қадим ва куҳна аст ва салоҳият ва имконияти истифодаи он дар асри моро надорад, ё ин ки он (Ислом) дини ақибмонда ва пасмонда аст. Ва ё мегӯяд: Қонунҳои вазъӣ ва ҳозира (ва онҳое, ки башарият онҳоро ихтироъ кардааст) беҳтар аз қонунҳои Ислом мебошанд ва ё ба касе, ки даъват ба тавҳид ва яктопарастӣ мекунад ва ибодати қабрҳо ва мазорҳоро инкор ва манъ мекунад, ӯро тундрав ё ваҳҳоби ва ё тафриқаандоз байни мусалмонон меноманд.Ҳукм кардан ба ғайри он чи ки Худованд нозил кардааст, аз бузургтарин халалҳо дар имон ҳисоб мешавад.Аз лавозим ва муқтазаётӣ имон ба Худованд, дар ҳамаи корҳо ва гуфторҳо ва хусуматҳову молҳо ва тамоми ҳуқуқҳо бояд бо шариъати Аллоҳ амал кард ва онро ҳукмгузори худ қарор дод. Бинобарин, бар ҳокимон воҷиб аст, ки бо қонунҳои Худованд ҳукмҳоро содир намоянд ва бар раъият ва мардум низ воҷиб аст, ки бар қозӣ иҷозат диҳанд, ки бо ҳукми Аллоҳ ҳукмҳоро содир намояд. Худованд дар ин боб мефармояд:﴿فَلَا وَرَبِّكَ لَا يُؤۡمِنُونَ حَتَّىٰ يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيۡنَهُمۡ ثُمَّ لَا يَجِدُواْ فِيٓ أَنفُسِهِمۡ حَرَجٗا مِّمَّا قَضَيۡتَ وَيُسَلِّمُواْ تَسۡلِيمٗا ٦٥ ﴾ [النساء : ٦٥]«На, савганд ба Парвардигорат (Эй Муҳаммад), ки имон наёваранд, магар он, ки дар низоъе, ки миёни онҳост, туро довар қарор диҳанд ва аз ҳукме, ки ту медиҳӣ, ҳеҷ нохушнуд нашаванд ва саросар таслими он гарданд».Сураи Нисо, ояти 65Ва инчунин мефармояд:﴿وَمَن لَّمۡ يَحۡكُم بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡكَٰفِرُونَ ٤٤ ﴾ [المائ‍دة: ٤٤]«Ва ҳар кӣ мувофиқи он чизе, ки Худо нозил кардааст ҳукм накунад, онҳо кофир ҳастанд».Сураи Моида, ояти 44Бинобарин, лозим аст дар ҳар маврид, чи дар хариду фуруш (муомилаҳои молӣ) ва дуздӣ ва зино ва ғайри инҳо бояд ҳукми Илоҳӣ иҷро шавад ва набояд ҳукмҳои Худовандро фақат дар масалаҳои талоқ ва издивоҷ ва ҳолатҳои шахсӣ истифода бурд. Ва ҳар касе қонуне барои мардум бигзорад ва пешниҳод кунад ва даъвои онро дошта бошад, ки бо вуҷуди ин қонунҳо ниёз ва эҳтиёҷе ба аҳкоми Илоҳӣ нест ва ё даъвое кунад, ки қонунҳои гузошта шуда беҳтар ва хубтару муносибтар аз қонунҳои Худованд дар асри мо мебошад, кофир шудааст.Бале, ӯ кофир аст, Худованд мефармояд:﴿أَمۡ لَهُمۡ شُرَكَٰٓؤُاْ شَرَعُواْ لَهُم مِّنَ ٱلدِّينِ مَا لَمۡ يَأۡذَنۢ بِهِ ٱللَّهُۚ ٢١﴾ [الشورى: ٢١]«Оё онон маъбудҳое доранд, ки барои эшон, динеро падид овардаанд, ки Худованд ба он иҷоза надодааст».Сураи Шуро, ояти 21Ва мефармояд:﴿أَفَحُكۡمَ ٱلۡجَٰهِلِيَّةِ يَبۡغُونَۚ وَمَنۡ أَحۡسَنُ مِنَ ٱللَّهِ حُكۡمٗا لِّقَوۡمٖ يُوقِنُونَ ٥٠﴾ [المائ‍دة: ٥٠]«Оё ҳукми ҷоҳилиятро мехоҳанд? Барои он мардуме, ки аҳли яқин ҳастанд, чӣ ҳукме аз ҳукми Худо беҳтар аст?».Сураи Моида, ояти 50Ва дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки вақто Худованд ояти:﴿اتخذوا أحبارهم ورهبانهم أربابا من دون الله﴾ [التوبة: 31]«(Яҳудон ва насоро) олимон ва роҳибони хешро ба ҷои Оллоҳ ба худоӣ гирифтанд».Сураи Тавба, ояти 31Нозил шуд, Адӣ ибни Ҳотим (р.з) гуфт: Эй расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ҳангоме, ки мо масеҳӣ будем, онҳоро ибодат намекардем. Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуданд: Магар он чиро, ки Худованд ҳаром карда буд ҳалол намекарданд ва шумо низ онро ҳалол намешуморидед ва он чиро, ки Худованд ҳалол карда буд, ҳаром намекарданд ва шумо онро ҳаром намешуморидед? Гуфт: Бале. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуданд: Ин аст ибодати онҳо.Ва аз ҷумлаи халал ва ноқисиҳои Имон дӯсти бо кофирон ва душмани бо муъминон мебошад.Бе ягон шакку шубҳа бар ҳар мусалмон воҷиб аст, ки кофиронро монанди яҳуд ва насоро ва дигар мушрикон душмани худ қарор диҳад ва аз дустӣ ва муҳаббати онҳо парҳез намояд.Худованд мефармояд:﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَّخِذُواْ عَدُوِّي وَعَدُوَّكُمۡ أَوۡلِيَآءَ تُلۡقُونَ إِلَيۡهِم بِٱلۡمَوَدَّةِ وَقَدۡ كَفَرُواْ بِمَا جَآءَكُم مِّنَ ٱلۡحَقِّ ١﴾ [الممتحنة : ١]«Эй касоне, ки имон овардаед, душмани Ману душмани худро ба дӯстӣ ихтиёр накунед. Шумо бо онон пайғоми дӯсти меафканед ва ҳол он ки онҳо ба сухани ҳаққе, ки бар шумо омадааст, имон надоранд».Сураи Мумтаҳина, ояти 1Балки Худованд муҳаббат ва дӯсти кардан бо падарон ва бародарони кофирро ҳаром намудааст. Худованд мефармояд:﴿لَّا تَجِدُ قَوۡمٗا يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ يُوَآدُّونَ مَنۡ حَآدَّ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَلَوۡ كَانُوٓاْ ءَابَآءَهُمۡ أَوۡ أَبۡنَآءَهُمۡ أَوۡ إِخۡوَٰنَهُمۡ أَوۡ عَشِيرَتَهُمۡۚ٢٢﴾ [المجادلة: ٢٢]«Намеёби мардумеро, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварда бошанд, вале бо касоне, ки бо Худову паёмбараш мухолифат меварзанд, дӯсти кунанд, ҳарчанд он мухолифон падарон ё фарзандон ё бародарон ва ё қабилаи онҳо бошанд». Сураи Муҷодала, ояти 22Ва оятҳои дигаре дар ин замина зиёд зикр шудааст, ва тамоми онҳо далолат ба воҷиб будани буғз ва бадбинӣ нисбати кофирон ва душмани бо онҳо ба далели кофир шуданашон ба Худованд ва душмании онҳо бо дин ва дӯтони Худованд ва ҳилаву макри онҳо нисбат ба дин мебошад.Чуноне, ки Худованд мефармояд:﴿.... قَدۡ بَدَتِ ٱلۡبَغۡضَآءُ مِنۡ أَفۡوَٰهِهِمۡ وَمَا تُخۡفِي صُدُورُهُمۡ أَكۡبَرُۚ قَدۡ بَيَّنَّا لَكُمُ ٱلۡأٓيَٰتِۖ إِن كُنتُمۡ تَعۡقِلُونَ ١١٨ هَٰٓأَنتُمۡ أُوْلَآءِ تُحِبُّونَهُمۡ وَلَا يُحِبُّونَكُمۡ وَتُؤۡمِنُونَ بِٱلۡكِتَٰبِ كُلِّهِۦ وَإِذَا لَقُوكُمۡ قَالُوٓاْ ءَامَنَّا وَإِذَا خَلَوۡاْ عَضُّواْ عَلَيۡكُمُ ٱلۡأَنَامِلَ مِنَ ٱلۡغَيۡظِۚ قُلۡ مُوتُواْ بِغَيۡظِكُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ ١١٩ إِن تَمۡسَسۡكُمۡ حَسَنَةٞ تَسُؤۡهُمۡ وَإِن تُصِبۡكُمۡ سَيِّئَةٞ يَفۡرَحُواْ بِهَاۖ وَإِن تَصۡبِرُواْ وَتَتَّقُواْ لَا يَضُرُّكُمۡ كَيۡدُهُمۡ شَيۡ‍ًٔاۗ إِنَّ ٱللَّهَ بِمَا يَعۡمَلُونَ مُحِيطٞ ١٢٠﴾ [ال عمران: ١١٨،  ١٢٠]«Ва душманӣ аз гуфторашон ошкор аст ва он кина, ки дар дил доранд, бештар аст аз он чӣ ба забон меоваранд. Оётро бароятон ошкор сохтем, агар ба ақл дарёбед!. 119- Огоҳ бошед, ки шумо ононро дӯст медоред ва ҳол он ки онҳо шуморо дӯст надоранд. Шумо ба ҳамаи ин китоб имон овардаед. Чун шуморо бубинанд, гӯянд: «Мо ҳам имон овардаем». Ва чун хилват кунанд, аз ғояти кинае, ки ба Шумо доранд, сарангушти худ ба дандон газанд. Бигӯ: «Дар кинаи хеш бимиред! Албатта Худо ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст». 120  Агар хайре ба шумо расад, андӯҳгин шаванд ва агар ба мусибате гирифтор оед, шодмон гарданд. Агар сабр варзед ва парҳезгорӣ кунед, аз макрашон ба шумо зиёне нарасад, ки Худо бар ҳар коре, ки мекунанд, огоҳӣ дорад!». Сураи Оли Имрон, ояти 118-120Душмании яҳуд ва насоро ва макру ҳилаашон нисбат бар ислом ва мусалмонон ва харҷу сарф кардани молу амволи фаровон барои ҷилавгирӣ аз густариши ислом, бар ҳеҷ касе пӯшида нест.Ва аз ҷумлаи муҳаббат ва дӯстии баъзе мусалмонҳо бо кофирон дар: ҳамнишини ва муҳаббати онҳо бе ягон мақсади даъвати онҳо (ба дини Ислом), зиндагӣ кардан дар сарзамин ва давлатҳои онҳо, ва сафар кардан ба он ҷойҳо бе ягон зарурат, ва монанди кардани онҳо дар либос, равиш ва зиндагӣ ва суҳбат кардан бо забони онҳо дар ғайри эҳтиёҷмандӣ мебошад.Ва аз бузургтарин халал ва таън дар имон:Айбҷӯии саҳобагони Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва ё дашном додани онҳо ва ё айбҷӯии хонаводаи Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) мебошад.Мо ҳамаи саҳобагони Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)-ро дӯст дошта ва ба онҳо муҳаббат дорем ва дар дӯст доштани онҳо ғулув ва зиёдаравӣ намекунем ва инчунин на дар дӯст доштани Алӣ (р.з) ва на ғайри ӯ низ ғулув намекунем. Ва аз онҳо низ безорӣ намеҷӯем ва душмани ононро бад дида, онҳоро бо зикр хайр ва хубӣ ёдовар мешавем.Худованд мутаъол мефармояд:﴿وَالسَّابِقُونَ الْأَوَّلُونَ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ وَالَّذِينَ اتَّبَعُوهُمْ بِإِحْسَانٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ﴾ [التوبة: 100]«Аз он гурӯҳи нахустин, аз муҳоҷирон ва Ансор (аҳли Мадина), ки пешқадам шуданд ва онон, ки ба некӣ аз паяшон рафтанд, Худо хушнуд аст ва онҳо низ аз Худо хушнуданд». Сураи Тавба, ояти 100Ва мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат дар бораи ихтилофот ва ҷангҳое, ки миёни онҳо (саҳобагон) рӯх дода буд чунин аст, Аз баҳс ва муноқиша дар бораи ин мавзуъ дурӣ ҷӯянд, зеро онҳо низ башар ҳастанд ва гоҳе ба роҳи хато рафта ва гоҳе роҳи дурустеро интихоб мекунанд. Чуноне, ки Худованд шамшерҳои моро аз он фитнаҳо нигоҳ доштааст, бинобарин забонҳоямонро низ аз сухан гуфтан ва баҳс кардан дар бораи ин фитнаҳо нигаҳ медорем ва мегӯем: Онҳо инсонҳое ҳастанд, ки Парвардигорашон дар рӯзи қиёмат ҳамаи онҳоро ҷамъ карда ва байнашон ҳукм хоҳад кард.Ва хилофатро баъд аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ба Абубакр (р.з) ба хотири фазлу бузургиаш ва пешқадам будани ӯ бар тамоми уммати исломӣ сипас ба Умар (р.з) ва Усмону Алӣ (р.з) собит менамоем.Ва аз ҷумлаи халал ва таън дар имон:Он чизе, ки баъзе аз мусалмонон дар дини ислом навоварие оварда ва иддаъо доранд, ки тавассути он навовариҳо ба Худованд наздики хоҳанд кард, аст.Монанди ҷашн гирифтани мавлуди Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва баланд шудан дар ҳангоми он ва салом додан бар Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва инчунин баргузор кардани ҷашни таваллуди дигар авлиё ва солиҳон. Тамоми инҳо бидъат ва навовари дар дини ислом ба ҳисоб мераванд, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва асҳоби киромаш онро анҷом надодаанд. Ва аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) собит шудааст, ки фармуданд:"من أحدث في أمرنا هذا ما ليس منه فهو رد"“Ҳар касе дар ин (дини) мо чизеро эҷод ва навовари кунад, ки аз дини мо набошад, пас он (амал) мардуд ва ботил мебошад”. Ва инчунин фармудааст:"كل محدثة بدعة وكل بدعة ضلالة"“Ҳар навоварие (дар дин) бидъат аст, ва ҳар бидъате гумроҳи ва залолат мебошад”.Ва Худованд мефармояд:﴿ٱلۡيَوۡمَ أَكۡمَلۡتُ لَكُمۡ دِينَكُمۡ وَأَتۡمَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ نِعۡمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ ٱلۡإِسۡلَٰمَ دِينٗاۚ ٣﴾ [المائ‍دة: ٣]«Имрӯз дини шуморо ба камол расонидам ва неъмати худро бар шумо тамом кардам ва исломро дини шумо баргузидам». Сураи Моида, ояти 3Вале аз навовари ва барпо кардани чунин ҷашнҳо, чунин фаҳмида мешавад, ки Худованд динро комил ва пурра накардааст, то ҳадде, ки мардуми мутааххирин ибодатҳоеро эҷод кардаанд ва иддиъо доранд ки ба воситаи онҳо худро ба Худованд наздик менамоянд. Дар ҳоле, ки ин кор эътироз ва айбҷӯи барои Худо ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) мебошад. Ва агар баргузории ҷашнҳои таваллуд аз ибодатҳое, ки марбут ба дини ислом мебуд ва он сабаб ва муҷиби ризогии Аллоҳ мешуд, ҳатман Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) онро барои умматаш баён мекард.Дар ҳоле, ки олимон сароҳатан ва ошкоро баргузории чунин ҷашнҳоро инкор кардаанд, чун ки он ибодати навпайдо ва бидъат аст. Ва хусусан: дар ин ҷашнҳо нисбат ба Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) зиёдаравӣ ва ғулув  мешавад, Ва зану мард бо ҳам иштирок мекунад, Ва аз асбобҳои мусиқӣ истифода бурда мешавад. Ва гоҳо дар ингуна ҷашнҳо мардум гирифтори ширки акбар (бузург) мешаванд ва онҳам бо талаби мадад ва ёрӣ аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва бо иддиъои ин ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) илми ғайбро медонад. Ва монанди ингуна амалҳои куфрие, ки дар чунин ҷашнҳо анҷом дода мешавад.Агар гуфта шавад, ки дар ингуна ҷашнҳо ёде аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) шуда ва сирату зиндагиномаи ӯро зикр мекунанд. Мо дар ҷавоб мегӯем: Ин бисёр сухани хубе мебошад, вале барои ёдовари ва зикри таъриху зиндагиномаи Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) вақт ва рӯзҳои муайяне лозим нест. Ва таъриху зиндагиномаи Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)-ро дар минбарҳо, гуфгугуҳо ва суханрониҳову маҷлисҳо зикр ва ёдоварӣ кардан кори хуб ва писандидааст.Худованди мутаол мефармояд:﴿فَإِن تَنَٰزَعۡتُمۡ فِي شَيۡءٖ فَرُدُّوهُ إِلَى ٱللَّهِ وَٱلرَّسُولِ ٥٩﴾ [النساء : ٥٩]«Ва чун дар коре ихтилоф кардед, (агар ба Худову рӯзи қиёмат имон доред), ба Худову (Қуръон) паёмбар (Суннати Ӯ) руҷӯъ кунед». Сураи Нисо, ояти 59Ва мо барои иҷобати фармони Худованд, баргузории мавлудро ба китоби Худо баргардондем ва мушоҳида намудем, ки Худованд моро ба пайравӣ аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дастур медиҳад ва хабар медиҳад, ки дини ислом комил ва пурра шудааст. Ва бинобарин ба суннати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) рӯй овардем, вале дар он низ наёфем, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) мавлудро ҷашн гирифта бошад ва ё ба ҷашнгирии он амр карда бошад ва ё саҳобагони киром ин корро анҷом дода бошанд. (Пас ин амале аст, ки баъди Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва саҳобагону тобиъин пайдо шудааст ва он наовари дар дин аст.)Сипас донистем, ки он аз дини ислом нест, балки бидъат ва навоварӣ дар дин аст. Балки он як монандӣ ва ташаббуҳ ба тариқаи пешвозгирии идҳои яҳудиён  ва насоро мебошад.Ва барои инсони оқил шоиста нест, ки ба хотири он ки бисёри мардум ин корро анҷом медиҳанд, фирефта шуда онро анҷом диҳад. Худованд мефармояд:﴿وَإِن تُطِعۡ أَكۡثَرَ مَن فِي ٱلۡأَرۡضِ يُضِلُّوكَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِۚ ١١٦﴾ [الانعام: ١١٦]«Агар аз бисёриҳое, ки дар ин сарзаминанд, пайравӣ куни, туро аз роҳи Худо гумроҳ созанд». Сураи Анъом, ояти 116Тааҷҷубовар он аст, ки баъзе аз мардумон барои ҳозир шудан дар чунин маҳфилҳои навоварӣ ва бидъат кӯшиш мекунанд, ҳатто бо вуҷуди мушкилиҳо худро ба онҷо мерасонанд, аммо аз ҳозир шудан дар намози ҷамоъат дури меҷӯянд. Ва баъзеҳо гумон мекунанд, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар ҷашни мавлуд ҳозир мешавад, бинобарин барои хушомадгӯйи аз ҷой худ баланд мешаванд, ки ин корҳо ботил ва ҷоҳили мебошад. Зеро, Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар қабраш мадфун аст ва пеш аз барпо шудани рӯзи қиёмат низ аз он берун нахоҳад шуд. Ва рӯҳи ӯ низ дар дараҷаи иллийн ва дар назди Парвардигораш мебошад. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар ин бора фармудаанд:"أنا أول من ينشق عنه القبر يوم القيامة"“Ман аввалин нафаре ҳастам, ки қабрам дар рӯзи қиёмат боз хоҳад шуд”.Аммо салому салавот фиристодан бар Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) аз беҳтарин ибодатҳост. Худованд мефармояд:﴿إِنَّ ٱللَّهَ وَمَلَٰٓئِكَتَهُۥ يُصَلُّونَ عَلَى ٱلنَّبِيِّۚ يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ صَلُّواْ عَلَيۡهِ وَسَلِّمُواْ تَسۡلِيمًا ٥٦﴾ [الاحزاب : ٥٦]«Худо ва фариштагонаш бар паёмбар салавот мефиристанд. Эй касоне, ки имон овардаед, бар ӯ салавот фиристед ва салом кунед, саломе некӯ». Сураи Аҳзоб, ояти 56Ва ҳамаи мо медонем, ки имони банда комил нахоҳад шуд, магар ин ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)-ро дӯст бидорад ва ӯро эҳтиром бикунад ва аз таъзим ва эҳтиром кардани ӯ ҳамчун як имом ва пешво итоъат ва пайрави кардани ӯст. Ва аз ибодатҳое, ки ӯ фармудааст таҷовуз ва зиёдаравӣ накардан аст.Худованд мефармояд:﴿قُلۡ إِن كُنتُمۡ تُحِبُّونَ ٱللَّهَ فَٱتَّبِعُونِي يُحۡبِبۡكُمُ ٱللَّهُ وَيَغۡفِرۡ لَكُمۡ ذُنُوبَكُمۡۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ ٣١﴾ [ال عمران: ٣١]«Бигӯ: Агар Худоро дӯст медоред, аз ман пайравӣ кунед, то Ӯ низ шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмурзад, ки омурзанда ва меҳрубон аст!»Сураи Оли Имрон, ояти 31Ва аз ҷумлаи бидъатҳои зоҳир ва ошкор:Ҷашнгирифтанӣ шаби 27-уми моҳи РамазонРоҳ ва суннати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар моҳи рамазон ибодатро зиёд кардан аст, хусусан дар даҳ шабонарӯзи охири он. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар саҳеҳ Бухорӣ ва Муслим фармудаанд:"من قام رمضان إيماناً واحتساباً غفر له ما تقدم من ذنبه .. ومن قام ليلة القدر إيماناً واحتساباً غفر له ما تقدم من ذنبه"“Ҳар касе моҳи рамазонро бо имон ва бо умеди аҷру савоб барпо дорад гуноҳони гузаштааш мағфират ва бахшида мешавад.... ва ҳар касе шаби қадрро бо имон ва бо умеди аҷру савоб барпо дорад гуноҳони гузаштааш мағфират ва бахшида мешавад”.Ин аст суннат ва роҳу равиши Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар моҳи рамазон ва шаби қадр. Аммо ҷашн гирифтанӣ шаби 27-уми рамазон ба ин далел, ки шаби қадр аст мухолифи суннати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) аст ва ҷашн гирифтани он бидъат аст. Ва хоссатан ин ки шаби лайлатул қадр имкон дорад, ки дар шаби 27-ум бошад ва ё дар шабҳои дигари даҳҳаи охири моҳи рамазон.Ва аз ҷумлаи бидъатҳо:Ҷашн гирифтани шаби Исро ва Меъроҷ мебошад.Шакке нест, ки Исро ва Меъроҷ (Мусофирати шабонаи Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) аз Макка ба Байтул-Муқаддас) аз далелҳоест, ки далолат ба содиқ будани Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) мекунад. Ҳодисаи Исро ва Меъроҷ дар Қуръон ва суннат собит шудааст. Вале дар бораи таъйин ва муҳаддад кардани шабе, ки исро ва меъроҷ дар он анҷом ёфтааст, ҳадис ва далеле ривоят нашудааст, ки оё он дар моҳи раҷаб буд ва ё моҳи дигаре.Ва агар ҳам моҳ ва ё рӯзе, ки дар он анҷом ёфта шуда бошад ҳам муайян бошад, ҷоиз нест ибодат ва ё ҷашнеро барои он анҷом дод. Зеро, Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва саҳобагони кироми Ӯ дар он ҷашне баргузор накардаанд ва ягон ибодатеро хосси он нашуморидаанд. Ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) рисолати худро ба пуррагӣ ба мо расонидааст ва амонатро адо намудааст ва агар бузург доштани ин шаб ва ҷашн гирифтани он аз дини ислом мебуд, ҳатман онро барои мо баён мекард.Ва аз ҷумлаи бидъатҳо:Ҷашн гирифтани шаби нисфи моҳи шаъбон ва рӯза доштани рӯзи он аст.Дар бораи машруъияти он далеле вуҷуд надорад, ки битавон бар он эътимод намуд ва дар бораи фазилати он низ ҳадисҳои заифе ривоят шудааст, ки наметавон ба он эътимод кард.Аммо ҳадисҳое, ки дар бораи фазилати намоз дар он рӯз ривоят шудаанд, ҳамагӣ заиф (асл надошта ва ба Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) бар дурӯғ нисбат дода шудааст) аст, ҳамчуноне, ки Ибни Раҷаб дар ин бора огоҳи додааст. Ибни Ваззоҳ аз Зайд ибни Аслам ривоят мекунад, ки фармудааст: Мо ягон нафаре аз устодон ва фақиҳони худ надидем, ки ба нисфи шаби шаъбон аҳамияте дода бошанд. Дар поёнОлимон фармудаанд, ки мусалмон бо анҷом додани корҳои зиёде аз навоқизи ислом метавонад муртад шавад ва хуну моли ӯ ҳалол ва ҷоиз гардад ва ба сабаби он аз доираи Ислом хориҷ мешавад.Ва аз хатарноктарин ва зиёд воқеъшавандатарини онҳо даҳ навоқиз аст:1-    Ширк дар ибодати Худованди таоло... чуноне, ки дар боло зикр шуд.2-    Ҳар касе миёни худ ва Худованд восита ва василаҳое қарор бидиҳад, ки онҳоро дуо кунад ва аз онҳо талаби шафоат намояд ва дар анҷом додани корҳояш ба онҳо таваккал намояд, дар ҷумла кофир мешавад.3-    Ҳар касе мушриконро кофир надонад ва ё дар куфри онҳо шак дошта бошад ва мазҳабу тариқаи онҳоро саҳеҳ бидонад.4-    Ҳар касе муътақид бошад, ки роҳу равиш ва ҳукми ба ғайр аз роҳ ва ҳукми Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) комилтар ва беҳтар аз роҳ ва ҳукми Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) аст, ба монанди касе, ки ҳукми тоғутро бартар аз ҳукм ва дастуротӣ Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) бидонад кофир аст. Ва аз ҷумлаи эътиқодҳое, ки дар ин ҳукм дохил мешаванд: Ҳар касе муътақид бошад, ки қонунҳои дунявие, ки ба воситаи мардум гузошта мешавад, хубтар ва бартар аз шариатӣ исломӣ аст ва ё аз ҷиҳати ҳукм баробар аст, ва ё ҷоиз аст ба онҳо амал кард (ва ҳатто агар эътиқод дошта бошад, ки шариатӣ исломӣ беҳтар аст) ва ё муътақид бошад, ки татбиқ ва иҷро намудани ислом дар қарни 21 ва баъд аз он ба маслиҳат ва фоидаи мардум нест ва ё сабаби ақибмондагии мусалмонон мешавад, ва ё шариатӣ исломиро фақат барои робитаи банда бо парвардигораш бидонад ва он набояд ба ҳаёти дунявиаш дахолат намояд. Ва ё эътиқод дошта бошад, ки иҷрои ҳукми Худованд дар бораи буриданӣ дасти дузд ва ё сангсор кардани зинокорӣ муҳсан (ҳамсар дор) муносиби асри ҳозир нест, низ кофир ва муртад мешавад. Ва инчунин ҳар касе эътиқод дошта бошад, ки дар масъалаҳои муомалоти молӣ (хариду фуруш ва монанди инҳо) ва ҳудуд ба қонунҳои ғайри Худовандӣ амал кардан ҷоиз аст ва агар чи эътиқод надошта бошад, ки онҳо аз ҳукми Худованд беҳтаранд дар ин ҳукм ворид мешаванд. Зеро, бо ин равиш он чизеро, ки Худованд ҳаром гардонидааст ӯ онро ҳалол мегардонад. Ва ҳар касе ҳаромҳои Худовандро ки қатъиян ҳаром будани он собит шудааст, монанди зино, арақ, рибо, ва ҳукм кардан ба ғайри шариатӣ Худованд ҳалол бишуморад, пас ӯ бо иттифоқи мусалмонон кофир шудааст.5-    Ҳар касе нисбат ба он чизе, ки бар Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) нозил шудааст бадбинӣ ва нафрат дошта бошад, агар чи ба он амал ҳам кунад, кофир мешавад. Чуноне, ки Худованд мефармояд:﴿ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ كَرِهُواْ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ فَأَحۡبَطَ أَعۡمَٰلَهُمۡ ٩﴾ [محمد : ٩]«Зеро онон чизеро, ки Худо нозил кардааст, нохуш доранд. Худо низ амалҳояшонро нобуд кард».Сураи Муҳаммад, ояти 96-    Ҳар касе чизе аз дини Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва ё савобу азоби онро масхара кунад, ӯ кофир аст. Худованд дар ин маврид мефармояд:﴿قل أبالله وآياته ورسوله كنتم تستهزءون * لا تعتذروا قد كفرتم بعد إيمانكم﴾ [التوبة: 65-66]«Бигӯ: «Оё Худо ва оёти Ӯ ва паёмбарашро масхара мекардед?». Узр наёваред. Яқинан шумо пас аз имонатон кофир шудаед». Сураи Тавба, оятҳои 65, 667-    Ҳар касе ба сеҳру ҷодугарӣ эътиқод дошта бошад ва ё Сарф (эҷоди нафрат ва бадбинӣ байни зану шавҳар) ва атф (эҷоди дӯстӣ ва муҳаббат байни зану шавҳар) ҳар касе ин корҳоро кунад ва ё ба он розӣ бошад, кофир мешавад, ва далели ин ҳукм Худованд мефармояд:﴿وَمَا يُعَلِّمَانِ مِنۡ أَحَدٍ حَتَّىٰ يَقُولَآ إِنَّمَا نَحۡنُ فِتۡنَةٞ فَلَا تَكۡفُرۡۖ ١٠٢﴾ [البقرة: ١٠٢]«Онҳо (Ҳорут ва Морут сеҳрро) ба касе намеомухтанд то ин ки нагӯянд мо (бало) ва фитнаем пас кофир нашавед».Сураи Бақара, ояти 1028-    Ҳамкорӣ ва таъовун бо мушрикон бар зидди мусалмонон, ва далели ин сухани Худованди мутаол:﴿وَمَن يَتَوَلَّهُم مِّنكُمۡ فَإِنَّهُۥ مِنۡهُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ ٥١﴾ [المائ‍دة: ٥١]«Ҳар кас аз шумо, ки онҳоро дӯст гирад, аз ҷумлаи онҳост. Ва Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад!».Сураи Моида, ояти 519-    Ҳар касе эътиқод дошта бошад, ки баъзе аз мардум иҷозати баромадан аз шариати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)-ро доранд, монанди баромадани Хизр (алайҳи салом) аз шариатӣ Мусо (алайҳи салом). Ва ба монанди эътиқоди баъзе аз суфиҳо, ки фикр мекунанд таклифҳо ва фармудаҳои шариат аз онҳо бардошта шудааст, ингуна шахсҳо низ кофир мешавад бо далели сухани Худованд, ки мефармояд:﴿وَمَن يَبۡتَغِ غَيۡرَ ٱلۡإِسۡلَٰمِ دِينٗا فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡهُ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ ٨٥﴾ [ال عمران: ٨٥]«Ва ҳар кас, ки дине ҷуз ислом ихтиёр кунад, аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва дар охират аз зиёндидагон хоҳад буд».Сураи Оли Имрон, ояти 8510-                        Рӯйгардондан аз дини Худованд, ба сурате, ки на онро меомузад ва на ба он амал мекунад ва далели ин ҳукм сухани Худованд, чуноне, ки мефамояд:﴿وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن ذُكِّرَ بِ‍َٔايَٰتِ رَبِّهِۦ ثُمَّ أَعۡرَضَ عَنۡهَآۚ إِنَّا مِنَ ٱلۡمُجۡرِمِينَ مُنتَقِمُونَ ٢٢﴾ [السجدة : ٢٢]«Кист ситамкортар аз он касе, ки ӯро ба оёти Парвардигораш панд диҳанд, вале рӯй гардонад? Мо аз гунаҳкорон интиқом мегирем!»Сураи Саҷда, ояти 22Ист (Таваққуф)Тарки намоз аз бузургтарин гуноҳон аст, ва тарккунандагони намоз ансор ва дӯстони шайтон ва душманони Худованд ва мусалмонон ва бародарони кофирон ба ҳисоб мераванд. Онҳо, ки бо Фиръавн ва Ҳомон маҳшур хоҳанд шуд, бо ҳамроҳии онҳо низ дохили оташи дӯзах хоҳанд шуд. Тибқи ҳадисе, ки имом Муслим ривоят мекунад, Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармудаанд:        "بين الرجل وبين الكفر أو الشرك ترك الصلاة"“(деворӣ) Байни куфр ва ширк ва исломи ҳар шахс, тарки намоз аст”.  Ва тибқи ҳадиси саҳеҳ дар назди Тирмизӣ ва Ҳоким аз Абдуллоҳ ибни Шақиқ ва ӯ ҳам аз Абуҳурайра (р.з) ривоят мекунад, ки саҳобагони Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) аз миёни тарк кардани аъмол (ибодатҳо) фақат тарки намозро куфр медонистанд.Шайх ибни Усаймин (р.ҳ) мегӯяд: Вақто, ки бар тарккунандаи намоз ҳукми куфрро содир намоем, лозим аст, ки бар ӯ аҳкоми муртаддин (аз дини ислом хориҷшудаҳоро) иҷро шавад. Бинобарин, набояд духтари мусалмонеро ба ӯ ақд ва никоҳ бикунанд ва агар ақд ва никоҳ карда бошанд, вале мард намозхон набошад, никоҳи ӯ ботил аст ва ҳар гоҳ, ки баъди ақди никоҳ намозро тарк намояд, никоҳ фасх ва бурида мешавад ва зан бар ӯ ҳаром мегардад. Ва ҳар гоҳ тарккунандаи намоз ҳайвонеро бикушад, аз гӯшти он ҳайвон хурда нашавад зеро он ҳаром аст ва ӯ ҳаққи дохил шудан ба Маккаро надорад. Ва агар шахсе аз наздикони бенамоз вафот кунад ӯ ҳаққи гирифтани меросро надорад.Ва ҳар гоҳ, ки дар ҳолати тарки намоз вафот кунад, ӯро бояд ғусл (шустушу) карда нашавад ва кафан пушонида нашавад ва инчунин бар ӯ бояд ҷаноза хонда нашвад ва дар қабристони мусалмонон бояд дафн карда нашавад. Ва дар рӯзи қиёмат низ бо ҳамроҳии кофирон ҳашр шуда вориди биҳишт нахоҳад шуд ва барои аҳлу наздиконаш ҷоиз нест, ки дуои раҳмат ва мағфират барои ӯ бинамоянд, чун ӯ кофир аст. Ва ҳолати тарккунандаи намоз дар вақти вафот бадтар ва нигаронкунандатар аст.Ибни Қайим (р.ҳ) мефармояд: Як нафаре, ки дар ҳолати видоъ ва тарки дунё (вафот) буд ва ӯ  дар ҳаёташ гуноҳи зиёд карда буд. Дар ҳоли сакароти мавт атрофиёнаш (لا إله إلا الله)- ро ба ӯ талқин ва ёдовар мешуданд. Вақте ҷонаш наздики баромадан шуд, бо садои баланд фарёд зад: Ман (لا إله إلا الله) мегӯям, вале он чи фоидае барои ман хоҳад расонд? Дар ҳоле, ки намедонам намозеро барои Худованд хонда бошам, сипас ҷон дод ва дунёи фониро падруд гуфт.Аммо Омир ибни Абдуллоҳ ибни Зубайр (р.з) бар рӯи бистари марг дароз кашида буд ва нафасҳои зиндагиашро мешуморид ва хонаводааш дар атрофи ӯ гиря менамуданд, садои муаззинро шунид, ки барои намози шом азон медод. Дар ҳоле ки нафаси ӯ кутоҳи мекард ва дар ҳалқаш мепечид ва ғаму андӯҳу заъф бадани ӯро фаро гирифта буд. Ҳангоми шунидани азон ба атрофиёнаш гуфт: Дасти манро бигиред. Гуфтанд: Ба куҷо меравӣ? Гуфт ба тарафи масҷид. Гуфтанд: Мехоҳӣ ба масҷид равӣ ва ту дар ин ҳол ҳастӣ? Гуфт: Субҳоналлоҳ! Ман садои муаззинро бишунавам ва онро иҷобат накунам? Дастамро бигиред, бинобарин дар байни ду нафар ба тарафи масҷид ҳаракат кард ва як ракаатро бо ҳамроҳии имом хонд ва дар вақти саҷда вафот намуд. Бале, ӯ дунёро тарк кард, дар ҳоли дар саҷда буданаш.Ато ибни Соиб фармуданд: Ба назди АбуАбдурраҳмони Суламӣ ҳозир шудем, дар ҳоле, ки ӯ мариз ва дар ҷои намозхониаш дар масҷид буд. Ва маризии ӯ зиёд шуд ва руҳи ӯ ба баромадан шуруъ кард, ва ба ӯ раҳмамон омад ва ба ӯ фармудем: Хуб мешуд, ки ба ҷои хобат мегузаштӣ. Ӯ фармуд: Шахсе аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ба ман ривоят карда буд, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармудаанд: Ҳар касе, ки дар ҷои намозаш бошад гуё дар ҳолати интизори намоз аст. Бинобарин, ман мехоҳам дар ин ҳолат вафот кунам. Ва ҳар касе ба намоз побанд бошад ва дар тоату ибодати Худованд сабр кунад, хотимаи ӯ бо ризогии Худованд ба поён мерасад.Ва Саъд ибни Муоз (р.з) инсони солеҳ, итоаткор ва обиду хомуше буд. Шаб ӯро бо гиря ва рӯз бо намозу истиғфор мешинохт. Дар ҷангӣ Банӣ Қурайза маҷруҳ шуд ва муддатеро бо маризи гузаронида вафот кард ва ҳангоме хабари марги ӯ ба Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) расонда шуд, ба саҳобагонаш фармуданд: Бархезед ва назди ӯ биравед. Ҷобир (р.з) мегӯяд: Бо ҳамроҳии Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) хориҷ шудем ва аз сахтии ҳаракатамон банди кафшҳоямон парида ридоҳоямон афтод ва саҳобагон аз сахт ҳаракат кардани Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) тааҷҷуб карданд, Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуданд: Метарсам фариштагон зудтар аз мо ҳозир шуда ва ба монанди Ҳанзала (р.з) ӯро ғусл намоянд. Ба хонааш расидем дар ҳоле, ки ӯ вафот карда буд ва дӯстону ҳамроҳонаш машғули ғусл дорондани ӯ буданд ва модараш барои ӯ гиря мекард, Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) гуфт: Ҳар зани гирёне ба ҷуз модари Саъд дурӯғгуст. Сипас Саъд (р.з)-ро ба тарафи қабраш бардоштанд ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ҷанозаи ӯро хонд ва мардуме, ки ҷанозаи ӯро мебардоштанд гуфтанд: Эй Расули Худо то кунун мурдае бо ин сабукиро набардошта будем.        Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) гуфт: Иллати сабукии ӯ ба ин сабаб аст, ки теъдоди зиёде аз фариштагон ба замин поён омаданд, ки дар ягон вақте чунин адад поён наомада буд ва ӯро бо ҳамроҳии шумо мебардоранд. Ва қасам ба он зоте, ки нафси ман дар дасти Ӯст малоикаҳо ба руҳи Саъд башорат додаанд ва арш ба ларза даромадааст.           ﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ كَانَتۡ لَهُمۡ جَنَّٰتُ ٱلۡفِرۡدَوۡسِ نُزُلًا ١٠٧ خَٰلِدِينَ فِيهَا لَا يَبۡغُونَ عَنۡهَا حِوَلٗا ١٠٨﴾ [الكهف: ١٠٧،  ١٠٨]«Касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, меҳмонсарояшон боғҳои фирдавс аст. Дар он ҷо ҷовидонанд ва ҳаргиз ҳаваси кӯчидан накунанд». Сураи Каҳф, оятҳои 107-108Аз бузургтарини гуноҳон манъ кардани закот астЗакот рукни сеюми аз рукнҳои ислом мебошад. Ва дар китоби саҳеҳ Муслим ривоят шудааст, ки:         "ما من صاحب ذهب ولا فضة لا يؤدي منها حقها، إلا إذا كان يوم القيامة صفحت له صفائح من نار، فأحمي عليها في نار جهنم، فيكوى بها جنبه وجبينه وظهره، كلما بردت أعيدت له، في يوم كان مقداره خمسين ألف سنة حتى يقضى بين العباد فيرى سبيله إما إلى الجنة وإما إلى النار"“Ҳар касе, ки соҳиби тилло ва нуқрае бошад ва закоти онҳоро надиҳад, рӯзи қиёмат он тилло ва нуқра барояш ба варақҳои оташин мубаддал шуда бо оташи ҷаҳаннам гарм мешаванд. Ва бо онҳо паҳлу, пушт ва пешониаш сӯзонида мешавад. Ва ҳаргоҳ онҳо сарду хунук шаванд, дубора гарм карда мешаванд. Ин кор дар рӯзе, ки ба андозаи панҷоҳ ҳазор сол (соли дунё) баробар аст, такрор карда мешавад, то ин ки миёни бандагон қазоват карда шавад ва роҳашро ба сӯи  биҳишт ва ё дӯзах мушоҳида кунад”.Имом Бухорӣ ривоят мекунад, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуданд:        "من آتاه الله مالا فلم يؤد زكاته مثّل له يوم القيامة شجاعا أقرع له زبيبتان يطوقه يوم القيامة ثم يأخذ بلهزمتيه – يعني شدقيه – ثم يقول: أنا مالك، أنا كنزك. ثم تلا النبي الآية:  ولا يحسبن الذين يبخلون بما آتاهم الله من فضله هو خيراً لهم بل هو شر لهم سيطوقون ما بخلوا به يوم القيامة"“Худованд ба ҳар касе моле ато намояд ва ӯ закоти молро пардохт накунад, молу сармояи ӯ ба монанди мори шохдоре, ки дар зери чашмонаш сиёҳи дорад мубаддал мегардад ва дар рӯзи қиёмат ба гардани ӯ мепечад ва бо даҳонаш ӯро газида ва мегӯяд: ман молу сармояи ту ҳастам (ки закоташро адо нанамуда будӣ).Сипас Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ояти зеринро қироат намуданд:           ﴿وَلَا يَحۡسَبَنَّ ٱلَّذِينَ يَبۡخَلُونَ بِمَآ ءَاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦ هُوَ خَيۡرٗا لَّهُمۖ بَلۡ هُوَ شَرّٞ لَّهُمۡۖ سَيُطَوَّقُونَ مَا بَخِلُواْ بِهِۦ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ ١٨٠﴾ [ال عمران: ١٨٠]“Онон, ки дар неъмате, ки Худо ба онҳо ато кардааст, бахилӣ мекунанд, напиндоранд, ки дар бахилӣ кардан барояшон хайр аст. На, шарр аст! Дар рӯзи қиёмат он чиро, ки дар бахшиданаш бухл меварзиданд, чун тавқе ба гарданашон хоҳанд овехт”.Сураи Оли Имрон, ояти 180Ва дар поён бародар ва хоҳари гиромиамЭй қавми мо, даъвати доъии Худовандро иҷобат намуда ва ба он имон биёваред (дар ин сурат) гуноҳони шуморо мебахшад ва аз азоби дарднок шуморо наҷот хоҳад дод. Ва қасам ба Худо, ки ман насиҳатгари шумо ҳастам ва ҳақ барои ту ошкор ва ҳувайдо шуд ва донистӣ, ки дин яктост ва мутааддид нест, ва Худованд танҳо маъбуди барҳақ аст, зиндае, ки барпо кунандаи тамоми мавҷудот ва танҳо дари талаби ҳоҷатҳост ва ҳаргиз розӣ нест ба ӯ касеро шарик қабул кард. Ва аз ҷумлаи касоне набош, ки мегӯянд: Мо падарони худро дар роҳе ёфтем ва мо бар асари онҳо иқтидо менамоем, балки бигӯ: Мо муваҳҳид, итоаткунандагон ва пайравон ҳастем (пайравони Қурон ва суннати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод).Ва ба бисёрии касоне, ки дар назди қабрҳо қурбонӣ мекунанд ва ё дар назди он қабрҳо ибодатҳои ширкиеро анҷом медиҳанд фирефта машав. Ва инчунин туро қиссаҳо ва афсонаҳои бофташудаи бисёре, ки дар бораи мурдагоне, ки онҳо мушкилотро ҳалл ва осон мекунанд ва ё дуоҳо ва дархостҳоро бароварда мегардонанд, фиреб надиҳад.           Ба Абутолиб амаки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) назар кун! Касе, ки барҳақ будани паёмбарии Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)-ро қабул дошт ва дини исломро дини барҳақ дониста ва бутпарастиро канор гузошта буд ва ӯ доиман такрор мекард:          Қасам ба Худованд эй (Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)) ҳаргиз нахоҳанд ба ту даст дарозӣ кунанд то вақте, ки хок бароям пушида шавад.Ва ту манро даъват намудӣ ва донистам, ки ту барои ман насиҳатгар ҳастӣ, ва ман туро бовар кардам ва ту дар миёни мо амин будӣ.Ва динеро пешниҳод кардӣ, ки донистам аз беҳтарини динҳо мебошад.Ва агар тарс аз маломат ва носазогӯи (мардум ва қавму қабила) набуд манро ошкоро қабулкунанда (дини ислом) меёфтӣ.Тарси мухолифат кардани падарон ва гузаштагонаш, ӯро аз пайравӣ кардани ҳақ манъ кард.Нигоҳе бар ӯ биандоз, дар ҳоле, ки дар фироши марг буд ва пиру фарсуда ва ҷисмаш заъиф шуда буд ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар канораш истода ва мегуфт: амакам «لا الله الا الله» ло илоҳа иллаллоҳ, бигӯ, «لا الله الا الله» ло илоҳа иллаллоҳ, бигӯ. Ва инчунин дар назди ӯ бузургони қурайш истода буданд ва ҳар бор, ки Абутолиб кӯшиш мекард, ки калимаи тавҳидро ба забон орад, онҳо ба ӯ мегуфтанд: Оё мехоҳӣ аз миллат ва дини Абдулмутталиб рӯй гардонӣ? Оё мехоҳӣ аз миллат ва дини Абдулмутталиб рӯй гардонӣ?Ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) низ калимаи шаҳодатро такрор мекард то амакаш онро ба забон оварад (ва бо тавҳид ва имон вафот кунад) вале бузургони қурайш ӯро ташвиқ ба боқи мондан дар дини Абдулмуталлиб мекарданд, то ин ки ӯ ҷон дод. Дар ҳоле, ки ӯ бар дини падарон ва қавмаш боқи монд ва бар ибодати бутҳо ва ширк бар Худои якто овардан вафот кард. Ӯ вафот кард ва аз ин дунё куч баст ва ҷойгоҳаш ҷаҳаннам, ки бадтарин ҷои бозгашт аст, мебошад, ва Худованд ба биҳишт дохил шудани кофиронро ҳаром намудааст.           Дар саҳеҳ Бухорӣ ва Муслим ривоят мешавад, ки аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) пурсида шуд:"يا رسول الله إن عمك كان يحوطك وينصرك فهل أغنيت عنه شيئاً؟ فقال: نعم .. وجدته في غمرات من النار .. فأخرجته إلى ضحضاح من نار .. تحت قدميه جمرتان من نار يغلي منهما دماغه"“Эй расули Худо! Амакат аз шумо дифоъ менамуд ва шуморо нусрат медод, оё барои амаки худ чӣ фоида расонидед? (Яъне: дар наҷоти Абутолиб аз оташи дӯзах чӣ кардед?) Фармуданд: Бале, ӯро дар сахтарини азоби оташ ёфтам, то ин ки ӯро ба сӯи осонтарини азоби оташ баровардам, дар ҳолате, ки дар зери пойҳояш лахчаи оташ вуҷуд дорад, ки аз шиддати он мағзи сараш меҷӯшад”.Балки ба сарнагункунандаи бутҳо ва бинокунандаи хонаи Худо (Каъба), ба Иброҳим (а) бингар, он Иброҳиме, ки ба хотири Худованд ба мусибатҳои зиёде гирифтор шуд ва дар роҳи Ӯ азобҳои зиёдеро таҳаммул кард, наметавонад дар рӯзи қиёмат ба падараш фоидае бирасонад, зеро падари ӯ дар ҳолати шарик ба Худованд овардан вафот кард.Бухорӣ (р.ҳ) ривоят мекунад, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуданд: Иброҳим (а) дар рӯзи қиёмат падараш Озарро мулоқот мекунад, дар ҳоле, ки рӯи Озар ғубор ва дудолуд аст, Иброҳим (а) ба ӯ хоҳад гуфт: Падарам магар ба ту нагуфта будам, ки аз ман итоат кун ва ба ман мухолифати макун? Падараш ба ӯ хоҳад гуфт: Имрӯз ба ту мухолифати намекунам. Иброҳим (а) хоҳад гуфт: Парвардигоро ту ба ман ваъда дода буди, ки дар рӯзи биъсат ва растохез туро хор ва залил нахоҳам кард ва оё хорӣ ва пастӣ бузургтар аз дурии падарам (воридшудани падараш ба ҷаҳаннам) вуҷуд дорад? Худованд дар ҷавоб хоҳад гуфт: Ман ҷаннатро барои кофирон ҳаром гардонидаам.Ва ба ин таваҷҷуҳ кун ва панд бигир, Худованд мефармояд:           ﴿يَوۡمَ يَفِرُّ ٱلۡمَرۡءُ مِنۡ أَخِيهِ ٣٤ وَأُمِّهِۦ وَأَبِيهِ ٣٥ وَصَٰحِبَتِهِۦ وَبَنِيهِ ٣٦ لِكُلِّ ٱمۡرِيٕٖ مِّنۡهُمۡ يَوۡمَئِذٖ شَأۡنٞ يُغۡنِيهِ ٣٧﴾ [عبس : ٣٤،  ٣٧]«Рӯзе, ки одамӣ аз бародараш ва аз модарашу падараш ва аз занашу фарзандонаш мегурезад.  Ҳар касе аз онҳо дар  он рӯз корест, ки ба худ машғулаш дорад». Сураи Абаса, оятҳои 34-37           ﴿يَوۡمَ لَا يَنفَعُ مَالٞ وَلَا بَنُونَ ٨٨ إِلَّا مَنۡ أَتَى ٱللَّهَ بِقَلۡبٖ سَلِيمٖ ٨٩﴾ [الشعراء : ٨٨،  ٨٩]«Рӯзе, ки на мол нафъ медиҳад ва на фарзандон, ғайри он кас, ки бо қалбе покиза аз ширк ба назди Худо биёяд!».Сураи Шуаро, оятҳои 88-89         Бозгашт ба сӯи  ҳақро шуруъ кун ва дигаронро насиҳат бикун ва даъватгарӣ тавҳид бош.Аз Худованд барои ҳамаи бандагонаш ҳидоят ва роҳнамои мехоҳам... ва Худованд донотар аст ва салому дуруд бар Расули Худо.Бо мо савор шав! Киштии наҷот: китобчае аст, ки ҳоли мусулмонҳои ин замонро баён мекунад, ки аз ҷоҳили ва нодони рӯй ба ақоиди фосид ва ширку дуъои ғайри Худованд овардаанд. Ва ибодатҳое ки хос барои Худованд аст, аз ҷумлаи табаррук, тавассул, қурбонӣ ва назрро барои ғайри Худованд ба ҷой меоранд.