البحث

عبارات مقترحة:

الواحد

كلمة (الواحد) في اللغة لها معنيان، أحدهما: أول العدد، والثاني:...

المتين

كلمة (المتين) في اللغة صفة مشبهة باسم الفاعل على وزن (فعيل) وهو...

الخبير

كلمةُ (الخبير) في اللغةِ صفة مشبَّهة، مشتقة من الفعل (خبَرَ)،...

РӮҲИ ИСЛОМ (Қисми аввал)

الطاجيكية - Тоҷикӣ

المؤلف عفيف عبد الفتاح طبارة ، Абдулҳалим ОРИФӢ
القسم كتب وأبحاث
النوع نصي
اللغة الطاجيكية - Тоҷикӣ
المفردات الدعوة إلى الإسلام - تعريف الإسلام
Китоби «Рӯҳи ислом» асосҳои дини мубини исломро дар партави Қуръону ҳадис ва пажӯҳишҳои илмии нав баён намуда, каломи илоҳӣ будани Қуръони карим ва ҳаққонияти паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бо далоили илмӣ бозгӯ менамояд.

التفاصيل

РӮҲИ ИСЛОМ ПЕШГУФТОР МУҚАДДИМАИ МУАЛЛИФ БАДБАХТӢ ВА НОБАСОМОНИИ ВАЗЪИЯТИ ДИНИИ МУСУЛМОНҲО КАСОНЕ, КИ ЧЕҲРАИ ИСЛОМРО ЗИШТ ҶИЛВА ДОДААНД Фасли аввал : МАЪНОИ ИСЛОМ Фасли дуввум : Қуръони КАРИМ Фасли cеюм : МЎъҶизоти  илмии Қуръон Фасли чаҳорум : ДАЛОИЛИ АҚЛИ БАР СИДҚ ВА ҶАҲОНИЯТИ МУҲАММАД (с)  РӮҲИ ИСЛОМ (Таҳқиқ ва баррасӣ дар усули Ислом, одоб ва аҳкоми он бо равишу услуби илм ва фалсафа) (Қисми аввал)АФИФ АБДУЛФАТТОҲ ТАББОРА—™Абӯбакри ҲасанзодаТаҳия, тадвин, тахриҷи оёту аҳодис, баргардонӣ бо хатти  кириллӣ ва пешгуфтори Абдулҳалим  ОРИФӢДушанбе«Ирфон»2011ББК 86.38+87.717А-90Бо ташхиси Кумита оид ба корҳои динӣ наздиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 16.06.2011 таҳти рақами 275 ба чоп пешниҳод шуд.Аз забони арабӣ тарҷумаиАбӯбакри ҲасанзодаТаҳия, тадвин, тахриҷи оёту аҳодис,баргардонӣ бо хатти  кириллӣ ва пешгуфториАбдулҳалим  ОРИФӣМуқарризакадемик Мӯсо ДИНОРШОЕВМуҳарриронАбдушариф БОҚИЗОДА, Сироҷиддин ИКРОМӣАфиф Абдулфаттоҳ ТаббораА-90    Рӯҳи ислом. –  Душанбе: «Ирфон»,  2011. – 600 саҳ.Китоби «Рӯҳи ислом» асосҳои дини мубини исломро дар партави Қуръону ҳадис ва пажӯҳишҳои илмии нав баён намуда, каломи илоҳӣ будани Қуръони карим ва ҳаққонияти паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бо далоили илмӣ бозгӯ менамоядҲамчунин, эродҳо ва шубҳаҳоеро, ки дар атрофи Ислом ангехта шудаанд, баррасӣ намуда, бо санаду далелҳои илмӣ бутлони онҳоро собит менамояд.Азбаски китоби мавриди назар бо забони илм ва услуби равон таълиф гардидааст, мутолиаи он барои олимон, муҳаққиқони адён, рӯшанфикрон ва оммаи васеи хонандагон ғановати фар¬ҳангӣ ва дарёфти бесобиқа хоҳад буд.А         0401000000-013         -2009            М501 (12) - 2009       ISBN 978-99947-63-33-7                                                 ББК 86.38+87.717© таҳия аз Орифӣ А., 2011Ба ифтихори бузургдоштиолими оламшумул, фақеҳи тавоно, нобиғаи замон, пешвои аввалин мазҳаби аҳли суннату ҷамоат Имоми Аъзам Нӯъмон ибни Собит(раҳматуллоҳи алайҳ)  ба нашр расидБа номи Худованди Бахшояндаи МеҳрубонТАҚРИЗба китоби «Рӯҳи ислом»-и Афифи Таббора, кибарои нашр ба хатти кириллӣ омода шудаастКитоби «Рӯҳи ислом»-и Афифи Таббора аз беҳтарин таҳқиқот дар мавзӯи исломшиносӣ аст. Он чандин бор ба забони арабӣ табъу нашр гардида, ба забонҳои гуногуни ҷаҳон низ борҳо тарҷума шудааст. Ин китоб ба забони фасеҳи форсӣ ҳам баргардон шудааст ва акнун ба хатти кириллӣ барои чоп омода аст, то хонандаи тоҷик низ аз он баҳра бардорад.Китоби мазкур бартариҳои зиёд дорад, аз ҷумла:– дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи сарчашмаҳои дараҷаи аввали дини мубини Ислом – Қуръони маҷид ва суннати набавӣ ва ҳамчунин осори дигари мӯътабари исломӣ навишта шудааст;– китоб бо назардошти дастовардҳои илми муосир (хусусан то солҳои 50-60-уми қарни гузашта) таълиф шудааст, ки барои созгор донистани усули умдаи дини мубини Ислом ва илми ҳозира камназир аст;– бо назардошти ду моддаи фавқуззикр китоб барои таҳкими шуури дини ноби исломӣ ва зудудани хурофоти гуногун дар ҷомеаи мо мадрак ва манбаи бебаҳо хоҳад буд;– китоб  дар таҳкими ахлоқи ҳамида ва ташаккули мудорои огоҳона дар ҷомеаи кунунии тоҷик  саҳми шоиста хоҳад дошт.            Бо назардошти ин мазиятҳои китоб мутмаинам, ки нашри оммавии он барои ҷомеаи тоҷик бисёр судманд хоҳад буд.Академик                                                      М.Диноршоев    08.01.2009с.      Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим ПЕШГУФТОРШоёни зикр аст, ки тамоми аҳкоми шаръӣ, арзишҳои имонӣ ва паёмҳои ҷовидонаи Қуръони карим дорои ҳикмату фалсафае ҳастанд. Ҳикмати расои илоҳӣ дар саросари таълимоти арзишманди ин дин ба сурати равшан мушоҳида ва дарк мегардад, гарчанде дар баъзе мавридҳои тааббудӣ дарки фалсафаи онҳо аз ҳавзаи тавонои фикри башарӣ болотар буда, барои он тавзеҳи равшане додан аз имкон берун аст.Ҳамин тавр, ҳадафҳои олӣ ва мақсадҳои бузурги таълимоти Ислом, паёмҳои ҷовидонаи Қуръони карим ниҳоят пурарзиш ва ба андозаи каломи ҷовидонаи Худо густурда, фарогир ва дорои ҳикмати олӣ мебошанд. Меҳвари асосӣ ва яке аз муҳимтарин ҳадафҳои дини Ислом ин ба вуҷуд овардани имон дар замири инсон, таҳкими пояҳои шахсияти солими фард ва сохтани ҷомеаи намунавӣ аз одамони ақлан ва рӯҳан рушдёфта ва умуман таъмини саодати инсон дар дунё ва охират аст.Қуръони карим барои расидан ба ин ҳадафҳои олӣ равиши қонеъ гардонидани ақлҳо ва исботи ҳақоиқро аз роҳи баёни мусалламоти илмӣ, далелҳои мантиқӣ ва бурҳонҳои ақлӣ дар пеш гирифтааст. Ба хусус, аз шевае, ки дар илми мантиқ бо бурҳони инӣ (индуктивное доказательство) маъруф мебошад ва хиради инсониро аз ҷузъиёт ба кулл, аз осор ба муассир ва аз санъ ба санеъ ҳидоят менамояд. Дар баёни ҳақоиқи имонӣ, исботи ваҳдонияти Парвардигор,  сарчашмаи илоҳӣ доштани дини Ислом ва паёмбарии Расули акрам (с) дар Қуръон ба таври васеъ истифода шудааст.Бинобар ин, таълимоти нуронии дини Ислом ва паёмҳои ҷовидонаи Қуръон бар пояи илму ҳикмат ва ақлу хиради башарӣ бино ёфтаанд. Бандаи мӯъмин ба ҳикмати умумии аҳкоми дини Худо ва ҳадафҳои арзишманду паёмҳои каломи Ҳақ имон дорад ва ҳеҷ ҳукмеро дар он аз доираи ҳикмати расои илоҳӣ берун намедонад ва ба вуҷуди фалсафаи тамоми аҳком бовар мекунад. Зеро ҳарчанд ба дарки ҳикмати баъзе аз онҳо ҳанӯз нарасида бошад ҳам, вале ҳамаро аз ҷониби Худованди огоҳу ҳаким (боҳикмат) медонад.Вале Қуръони карим аз тариқи манбаъҳои илмӣ, бурҳонҳои мантиқӣ ва эъҷози расои паёмҳои худ ақлҳоро тасхир карда,  дилҳоро ба пайравии хеш моил месозад. Илова бар эҷози фарогире, ки дар сар то сари паёмҳои он мушоҳида мегардаду тамоми ҷанбаҳоро дар бар гирифтааст, дар замири баъзе оятҳо ганҷинаҳои нафиси илмӣ ва ҳақоиқеро дарҷ намудааст, ки дар истилоҳи муфассирон ба ҳақоиқи офариниш ва ишороти кавнӣ маъруф мебошанд. Ба ҳар андозае уфуқҳои илми башар вусъат ёбад ва ба дастовардҳои тозае ноил гардад, гӯшаҳое аз ин ҳақоиқи илмӣ ва арзишҳои қуръонӣ барояш равшан мегардад.Бинобар ин, донишмандони ҷаҳони исломро зарур аст, ки ҳамқадами аср ҳаракат намоянд ва ҳақоиқи қуръониро  бар асоси равишҳои илмӣ ва далелҳои мантиқӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ пешкаш намоянд. Касе дар даъвати худ муваффақ мегардад, ки онро бар ҳама шеваи қуръонӣ бино намояд, фалсафаи аҳком, ҳикматҳои амалӣ ва ҳадафҳои таълимоти исломро бо истинод ба равиши илмии худи Қуръон барои мардум бозгӯ созад. Ба хусус, дар ин аср, ки андешаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гироиши сахте ба воқеиятҳои илмӣ пайдо карда, афкори умум дар зери таъсири ҷазбаҳои илмгароӣ қарор гирифтааст, ин ниёз бештар эҳсос мегардад.Устод Абдулфаттоҳ Афиф Таббора, собиқ устоди донишгоҳи Азҳар, воқеан ҳам тавонистааст ин рисолати азими илмиро дар китоби гаронмояи худ «Рӯҳи ислом» ба беҳтарин ваҷҳ анҷом диҳад. Эшон яке аз муваффақтарин донишмандони ибтикорофарине дар ин ҷода мебошад, ки бо навиштаҷоти илмии худ дар ташаккули афкори умуми ҷаҳони Ислом дар бештар аз се даҳаи гузашта нақши босазо гузоштааст. Номбурда дар китоби «Рӯҳи ислом» ҳақоиқи исломро дар пӯшиши тозаи илмӣ ва бо диди нав барои дӯстдорони фарҳангу тамаддуни исломӣ пешкаш кардааст. ӯ воқеиятҳои имонӣ ва арзишҳои эътиқодиро бар асоси илму бурҳон баррасӣ намуда, мавқеияти илмии Қуръонро дар ин маврид ба таври равшан бозгӯ кардааст. Сипас ба баёни фалсафа ва фоидаҳои гуногуни рукнҳои дигари Ислом: намоз, рӯза, ҳаҷ ва ғайра дар ҳаёти фардӣ ва иҷтимоии шахси мусулмон пардохта, таъсир ва коршоямии ин барномаи ибодатӣ ва худопарастиро дар ташаккули шахсияти солими инсон ва такомули иҷтимоии ӯ бо нигоҳи фарогир баён кардааст.Ҳамин тавр, дар нигориши Афифи Таббора арзиши амалӣ ва таъсири созандаи аъмоли нек, рафтори дурусти инсон дар ташаккули маънавиёт, такомули шахсияти ӯ, ҳадафи тавсияҳо ва таъкидҳои Ислом бар пойбандӣ ба онҳо дар раванди баёни фалсафа ва инчунин фоидаҳои аъмол ва рафтори нек дар китоб бозтоби равшане ёфтааст. Паёмадҳои бади гуноҳон, зиёнҳои маргбори аъмоли бад дар ҳаёти шахс, зарарҳои иҷтимоии зиштиҳо ва аҳамияти илмии таъкидоти Қуръонро ба дурӣ ҷустан аз муҳити олуда ба гуноҳу нопокӣ аз дидгоҳи улуми иҷтимоӣ ва равоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.Ӯ ҳамчунин арзиши илмии пушаймонӣ ва бозгашт ба сӯйи Худоро, ки дар истилоҳи шаръ тавба номида мешавад, бо баёни расо бозгӯ намуда. Ин тавба ва бозгашти инсон таҳаввули азимеро дар вуҷуди шахс ба вуҷуд меоварад, ки ӯ ҷойгоҳи муносиби худро ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар пешгоҳи Худо пайдо мекунад. Зарарҳои ҷуброннопазири гуноҳон, корҳои зишт ва хӯрдани чизҳои ҳаромро низ аз дидгоҳи илми муосир мавриди баррасӣ қарор додааст. Масалан, микробҳо ва кирмҳои микроскопие, ки дар таркиби гӯшти хук вуҷуд доранд ва ҳаёти амалии миллионҳо одамон, ки аз истеъмоли он ба бемориҳои гуногун мубтало гаштаанд,  баён кардааст.Абдулфаттоҳ Таббора намунаҳое аз кашфиётҳои илмӣ ва дастовард¬ҳои навинеро, ки башарият дар асри гузашта ба он даст ёфтааст, вале Қуръони карим чордаҳ аср пеш ба онҳо ишора карда буд, зикр намуда, ҳамин тавр сабқати дини исломро дар тамоми арсаҳо бар дастовардҳои башарӣ таъйид менамояд. Хулоса, ӯ тавонистааст ба хубӣ собит созад, ки илм бо Қуръон ҳамоҳанг аст ва дар миёни илму дин ва ақлу нақл ҳеҷ гуна таззод ва ҷудоие вуҷуд надорад, Қуръон аз манбаи файзи илоҳӣ сарчашма гирифтааст ва он бо азамат ва эъҷозе, ки дорад, наметавонад каломи башарӣ бошад.Дар фароварди пешгуфтор таъкид ба маврид аст, ки китоби «Рӯҳи  ислом» ба забонҳои зиёде тарҷима ва нашр гардидааст.  Инак, бори аввал ба забони тоҷикӣ бо алифбои кириллӣ баргардон ва омодаи чоп шудааст. Бояд гуфт, ки китоби мазкур чанд сол қабл аз сӯйи ҷаноби Абӯбакри Ҳасанзода ба форсӣ тарҷума шуда буд ва акнун баргардони тоҷикии он пас аз бозбинӣ ва мутобиқсозии он бо меъёрҳои имлоии забони тоҷикӣ пешкаши хонандагон мегардад. Ростӣ, бо назардошти он аҳамияти илмӣ ва назари тозае, ки китоб дар баёни ҳақоиқи динӣ ва воқеиятҳои қуръонӣ дорад, муҳим мешуморем, ки он бояд дар ҳар як хонадони мусулмон вуҷуд дошта бошад ва барои дӯстдорони фарҳанги исломӣ чун китоби рӯйимизӣ гардад.Бояд гуфт матни тоҷикии китоби «Рӯҳи Ислом»-ро бо нусхаи арабии нашри 34-уми он ки аз тарафи «Дору-л-илм лилмалойин»-и Байрут соли 2006-и милодӣ чоп шудааст, муқоисаву бозбинӣ намудем ва баъзе матолиби тоза аз он афзуда, ҳамчунин бобҳо ва фаслҳоро мутобиқи он тартиб додем.Дар охир аз пешгоҳи Худованди мутаол таманно дорем, ки онро ба унвони амали солеҳ, ки бо нияти холис анҷом гирифтааст, қабул фармояд, мавриди истифодаи мусулмонон воқеъ шаваду боиси дуои хайри онон гардад...Абдулҳалим Орифӣ,шаҳри Душанбе, 22.11.08Бисмиллоҳир раҳмонир раҳимТАҚРИЗ ВА ТАЪРИФ АЗ ТАРАФИ ҶАНОБИ ОҚОИ ШАЙХ ҲУСАЙН ЮСУФИ ҒАЗЗОЛ –  ҚОЗИИ МӮҲТАРАМИ ШАРЪБаъд аз сипос ва ситоиши Парвардигори ҷаҳон ва дуруду салом бар равони поки хотами пайғамбарон (с), бисту шашумин чопи китоби «Рӯҳи дини исломӣ» таълифи устод Афифи Таббора пешкаши хонандагон шуд. Ҷойи басе хушҳолӣ аст, ки дар натиҷаи истиқболи пуршӯри мардум ин китоби нафис дар бозор ноёб мегардад ва ба суръат таҷдиди чоп мешавад.Албатта, аввалин боре, ки ин китоб ба чоп расид, ман интизор доштам, ки мавриди таваҷҷӯҳи мардум қарор гирад ва ба истиқболи фаровоне рӯ ба рӯ шавад ва ба сурати густурдае дар байни табақоти мухталифи мардум мунташир гардад. Хушбахтона, таҷдиди чопҳои бешумори он яке баъд аз дигаре интизории маро ба беҳтарин ваҷҳ бароварда намуд. Ин истиқболи беназир намоёнгари он аст, ки ашхоси босавод ва бофарҳанги араб дар ҳоли пешрафти худ китобҳоро дақиқан мавриди санҷиш қарор медиҳанд ва беҳтарини онҳоро барои мутолиа интихоб менамоянд. Бидуни шак, ҳар хонандае гумшудаи худро дар ин китоб пайдо менамояд ва тамоми таълимоти исломиро, чи дар бораи худошиносӣ ва анвоъи ибодату ахлоқ бошад ва чи роҷеъ ба рӯҳу асрори нафс ва чигунагии тарбият ва таҳзиби он баҳс кунад, дар ин китоб ба осонӣ ба даст хоҳад овард.Ба ростӣ, мактаби Ислом бисёр ғанӣ ва ин гуна мабоҳис (матлабҳо) дар он фаровон аст ва китобҳои боҳаҷме дар ин мавридҳо навишта шудааст, вале танҳо ашхоси муҳаққиқу мутахассис бештар метавонанд аз ин китобҳо истифода намоянд. Оммаи мардум вақти онро надоранд, ки онҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳанд ва дурҳои гаронбаҳоро аз садафҳо берун кашанд. Агар вақт ҳам дошта бошанд, китоберо, ки битавонад тамоми ниёзҳои ботинии онҳоро бартараф созад, дар даст надоранд. Оммаи мардум ниёз ба китобе доранд, ки масоили муҳимми исломиро ба ибороти саҳлу осон ва назму тартиби ҷолибу гиро (муассир) баён намояд. Бояд бигӯям, ки ин ниёз ба хубӣ бо мутолиаи ин китоби нафис бартараф мешавад.          Муаллифи фозил ва донишманди мо Афифи Таббора китобҳои нафис ва фаровонеро мавриди мутолиа қарор дода, ҳарчи ки аз қадиму ҷадид дар бораи Ислом навишта шудааст, ба баҳсу баррасӣ кашида ва бо диққату ҳушёрии кофӣ гавҳарҳои ноёберо интихоб намуда, китоби арзишманди худро бо он оростааст, то дар натиҷаи фаровон шудани нури ақида рӯҳи ибодат, тазкия ва тасфияи нафсро дар инсон тақвият намояд ва лаккаҳои торикро аз нафс бизудояд ва рӯҳро ба сӯйи олами малакут ва нуру ишроқ ҳидоят кунад.Хушбахтона, ҳамон гуна, ки уламо ва донишмандон аз аҳамияти ин китоб огоҳӣ доранд, оммаи мардум низ ба хубӣ арзиши воқеии онро шинохтанд. Ба ҳамин далел аст, ки дар аксари донишкадаҳо ва донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ ин китоб тадрис мешавад ва ба чанд забон тарҷума ҳам шудааст ва баид нест, ки ба дигар забонҳо низ тарҷума шавад, то тамоми мардуми дунё бо ҳақиқати пок ва мутараққии Ислом ошно шаванд.Ба ростӣ, ин китоб дарҳои басташудаеро аз асрори дини Ислом ба рӯйи ниёзмандон мекушояд ва фаҳму дарки саҳеҳу пешрафтае аз Қуръон нишон медиҳад, ки бо тамаддуни нав комилан ҳамоҳанг ва ҳамсайр мебошад.Метавонам бигӯям омили дигари истиқболи гарм  аз ин китоб ин аст, ки мавҷи куфру бединӣ дар ҳоли фурӯ нишастан ва ақибнишинӣ мебошад, дар сурате ки дунё ба таври яқин дар ҳоли расидан ба ин ҳақиқат аст, ки саодати инсон дар ин ҷаҳон танҳо аз роҳи баргашт ба дини ҳақиқӣ ва сероб шудан аз сарчашмаи зулоли имон имконпазир мебошад ва куфру бединӣ дар инзивою саршикастагии бештаре қарор мегиранд.Лаззатҳои зудгузари моддӣ, ки мардум ба дунболи он ҳастанд, наметавонад саодати инсонро таъмин намояд ва дурахшишу чашмрабоиҳои модда қодир ба равшан намудан ва бахшидани оромиш бар қалбҳо нест. Ҳар андоза инсон ба моддиёт наздик шавад ва ба дунболи хостаҳои нафс талош намояд, сер нахоҳад шуд ва монанди касе аст, ки ҳар қадар аз оби шӯри дарё менӯшад, ташнагӣ ва ҳарорати дарунаш бештар мегардад. Бинобар ин, мардум баъд аз талошу даводави бисёр ба ин тарафу он тараф ба ин ҳақиқат расидаанд, ки саодат аз дарун ва нафси инсон сарчашма мегирад ва наметавон дар беруни нафс  ба ҷустуҷӯи он пардохт.Дунёи имрӯза ба суръат ба сӯйи  асолати рӯҳ ва олами маънавиёт гом бармедорад ва ин китоб ба навбати худ инсонҳоро ба сӯйи ҳақиқат роҳнамоӣ мекунад ва худошиносиро ба онҳо нишон медиҳад, то бифаҳманд, ки ҳеҷ чиз монанди имон ба Худо наметавонад  итминон ва оромишро ба дилҳо бозгардонад.“Бидонед, ки танҳо бо имон ва ёди Худо дилҳо ором мегиранд”.Шайх Ҳусайн Юсуфи ҒаззБисмиллоҳир раҳмонир раҳимБаъд аз сипос ва ситоиши Худованди мутаол ва дуруду салом бар равони поки хотами пайғамбарон Муҳаммади Мустафо (с) наметавонам бо ин чанд калима фоидаҳо ва арзиши воқеии ин китобро баён  намоям. Танҳо хонанда он аст, ки бо огоҳӣ ва ҳушёрии худ метавонад ба аҳамияти ин китоб пай бибарад. Вале мехоҳам, назари хонандаи мӯҳтарамро ба ин воқеият ҷалб намоям, ки ин китоб маҷмӯан се ҳадафи аслиро пайгирӣ менамояд:Аввал, усули Ислом ва аҳкому одоби дини исломро дар канори тамаддуни ҷадид ва пешрафтаи асри ҳозир баён медорад ва равшан месозад, ки Ислом ҳамгом бо тамаддуни ҳақиқӣ дар ҳоли ҳаракат ва пешрафт мебошад.Сониян, собит мекунад, ки Қуръон каломи Худою ваҳйи илоҳӣ ва ҳазрати Муҳаммад (с) пайғамбари ростини Ислом аст.Солисан, эътиризоту эродҳои душманони исломро, ки мехоҳанд чеҳраи ин динро зишт нишон диҳанд ва онро ба нобудӣ бикашанд, рад менамояд.Аммо дар мавриди ҳадафи аввал муаллиф масоили фаровонеро марбут ба усул ва аҳкому одоби Ислом чунон мавриди баррасӣ қарор дода, ба тафсил дар бораи онҳо ба таҳқиқ пардохта ва ҳар мавзӯи диние, ки ниёзи инсон бошад, ба риштаи таҳрир даровардааст, ки ҳеҷ хонандае наметавонад ин масоилро дар китоби дигаре ҷуз бо машаққати фаровон ба даст оварад.Дар ин китоб баъзе аз назариёти нав дар бораи фаҳму дарки фалсафаи Ислом баён шуда, ки қаблан ҳеҷ касе натавонистааст бо ин диққату тафсил дар ин маврид таҳқиқ намояд. Аз ҷумла, мавзӯи бисёр муҳим «Имон ба Худо» аст, ки назариёти донишмандони Ғарбро ҳамроҳ бо далоили қуръонӣ ба шеваи мантиқӣ мавриди баррасӣ қарор дода, бо далоилу бурҳони қотеъ ҳар гуна шакку тардидеро дар ин бора аз байн мебарад ва ҳар мункиру мулҳидро маҳкум месозад.Яке дигар аз мавзӯъҳои бисёр муҳими ин китоб «Иртиботи инсон бо Худо ва таъсири ин робита дар муолиҷаи нафс» мебошад, ки муаллиф ба хубӣ аз ӯҳдаи баёни ин мавзӯи муҳим, ки дар солҳои охир таҳти унвони  «равонпизишкӣ» мавриди таваҷҷӯҳи шоён қарор гирифтааст, баромадааст. Ахиран, собит шуда, ки аксари нороҳатиҳои ҷисм дар натиҷаи нороҳатиҳои рӯҳӣ ва равонӣ ба вуҷуд меоянд. Бидуни шак, ғам ва нигарониҳои ботинӣ таъсири бевоситае бар бадан доранд ва саломатии ҷисмро ба хатар меандозанд. Дар ин ҷо муаллиф равшан месозад, ки иртибот ва алоқаи инсон бо Худо дар Ислом чӣ гуна аксари бемориҳо ва нороҳатиҳои равониро муолиҷа менамояд ва рӯҳро аз чанголи бемориҳои хатарнок озод месозад.Аз дигар мавзӯъҳои муҳими ин китоб мавзӯи «Иқтисод дар Ислом» аст. Муаллиф дар он пояҳои адолати исломиро, ки мавриди ниёзи сахти ҳар ҳукумат ва давлати солим ва ба дур аз фасоду беназмӣ мебошад, мушаххас месозад.Муаллиф дар мавзӯи «Зан ва хонавода» усулеро, ки Ислом барои озодӣ, пешрафти занон ва ислоҳи хонавода поягузорӣ намудааст, баён менамояд ва собит мекунад, ки то ба ҳол ҷуз Ислом ҳеҷ касу ҳеҷ мактабе натавонистааст чунин усулеро пешкаш намояд.Аммо роҷеъ ба ҳадафи дувуми ин китоб, ки  Қуръон каломи Худо ва ваҳйи илоҳӣ аст, бояд гуфт, ки ин мавзӯъ яке аз масоили бисёр муҳим ва боаҳамияти асри ҳозир ба шумор меояд, зеро ҷамъияти зиёде, ки исломро қабул надоранд, нубуввати пайғамбарро низ намепазиранд. Ҳар гоҳ касе битавонад далоили қонеъкунандаеро пешкаш намояд ва собит созад, ки Қуръон каломи Худо аст, метавонад кофирону мулҳидонро қонеъ кунад ва роҳи имон ба Худо ва амал ба дастуроти исломро ба онҳо нишон диҳад. Муаллиф дар ин маврид далоили  илмии бисёр равшанеро аз Қуръон истихроҷ  намудааст, ба тавре ки ҳар касе толиби ҳақиқат бошад ва бихоҳад аз ҳақоиқи илмӣ пайравӣ кунад, дар баробари онҳо сари таслим фуруд меоварад ва эътироф менамояд, ки Қуръон каломи Худо аст. Муаллиф дар бахши «Қуръони карим» ба хубӣ ҳаққи матлабро адо карда, эъҷози Қуръонро ба исбот расонида ва гӯшаҳое аз мӯъҷизоти илмии Қуръонро баён намудааст. Он гоҳ мӯъҷизоти тиббию пизишкии Қуръонро дар зимни мавзӯи махсусе бо номи “Беҳдошт ва ҳифзи саломати бадан” зикр кардааст. Муаллиф танҳо ба инҳо иктифо накарда, балки мебинам дар тамоми баҳсҳои худ далоили ҳиссию ақлӣ ва адабии қотеъ ва равшанеро ба хонанда пешкаш ва аз ин тариқ собит месозад, ки Қуръон каломи Худо ва Муҳаммад (с) пайғамбари ростини Ислом аст. Ҳамчунин мавзӯи мустақилеро таҳти унвони «Далоили ақлӣ бар сидқи нубуввати Муҳаммад (с)» ба баёни сидқи нубуввати Муҳаммад (с), ихтисос додааст.Аммо ҳадафи севум дар робита бо ботил намудани шубҳаҳо, эроду эътирозҳои душманони ситезаҷӯи Ислом аст, ки ҳеҷ фурсатеро барои  дурӯғ бастан ба Ислом ва зишт ҷилва додани чеҳраи он аз даст намедиҳанд ва барои расидан ба ҳадафҳои палиди худ ба ҳар бӯҳтону тӯҳмате мутавассил мешаванд. Муаллиф дар баробари онҳо вазифаи бисёр азимеро ба ӯҳда гирифта, ба муқобила бо эътирозот ва шубҳаҳои онҳо бархоста, бо далоили муҳками илмӣ ба радди якояки онҳо пардохтааст. Вай дар баёни далоили худ бар оятҳои равшани Қуръон, ҳақоиқи собити таърих, мантиқ ва равиши нави илмӣ такя намудааст. Яке аз эродҳое, ки муаллиф нисбат ба ботил сохтани он иқдом намуда, ин аст, ки Ислом дине аст марбут ба масоили маданию моддӣ ва ба ҷанбаи маънавию рӯҳии инсон таваҷҷӯҳе надорад ва намехоҳад маънавиятро дар даруни мусулмонҳо тақвият намояд.Муаллиф дар баҳсҳои мухталифи худ, аз ҷумла баҳси робитаи инсон бо дунё ва ибодатҳо,  ба хубӣ ба ин эътироз посух дода, онро ботил намудааст.Дар мавзӯи «Илм дар Ислом» муаллиф иддаои олими фаронсавӣ Эрнест Ринонро, ки мегӯяд Ислом душмани озодии фикру андеша мебошад ва тамоми ҳаракоти илмиро саркӯб намудааст, рад менамояд. Ҳамчунин дар мавзӯи «Низоми ҷанг дар Ислом» муаллиф ин эътирозро, ки гӯё «Ислом бо зӯри шамшер ва сарнайза густариш ёфтааст, на ба василаи далелу бурҳон» рад месозад. Ва дар мавзӯи «Ахлоқ дар Ислом» иддаои касонеро, ки мегӯянд “Қуръон натавонистааст усули ахлоқро баён намояд”, мардуд месозад.Инҳо ишораҳои кӯтоҳу зудгузаре дар бораи матолиби муҳими ин китоб мебошанд ва ҳар хонандае шадидан нисбат ба онҳо  эҳсоси ниёз менамояд ва зиндагии худ ва ҷомеаро ба он алоқаманд медонад. Бинобар ин, шоиста аст, ки ин китоб дар манзили ҳар мусулмоне ва дар китобхонаи ҳар муҳаққиқу донишманде вуҷуд дошта  бошад. Ман ба тамоми роҳбарони донишгоҳҳо ва донишкадаҳо ва дигар марказҳои илмӣ ва устодони онҳо тавсия менамоям, ки назари донишҷӯёни худро ба ин китоб ҷалб намоянд, то бо хондани он ба ҳақиқати Ислом ошно шаванд ва агар  иштибоҳотеро, ки дар натиҷаи мутолиаи китобҳои душманони Ислом дар зеҳни онҳо рӯ карда, ислоҳ намоянд ва дарсҳои тарбиявию ахлоқӣ ва розҳои маънавию рӯҳиро, ки дар ин ҷаҳони моддӣ ба онҳо ниёзи мубрам доранд, аз ин китоб биёмӯзанд.Худованд ҳамаи моро дар роҳи хидмат ба Ислом ва расидан ба ҳақиқат муваффақ фармояд.Шариф Халил Саккар МУҚАДДИМАИ МУАЛЛИФБИЁЕД, ТО ДИНРО АЗ РӮЙИ ДАЛЕЛУ БУРҲОНБИПАЗИРЕМЯке аз хусусиятҳои тамаддуни имрӯз ин аст, ки мазҳабҳо (динҳо), ақидаҳо ва гурӯҳҳои зиёди иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар он ба вуҷуд омадааст ва аксар касоне, ки саҳме дар пешрафт ва тамаддун доранд, бо истиқлоли фикрии худ мазҳаб (дин) ва низомеро, ки бо он қонеъ мешаванд ва онро бо манофеи худ ҳамоҳанг ва ташхис медиҳанд, интихоб менамоянд. Оё ин истиқлоли фикрӣ метавонад дар ояндаи наздик шахсиятҳои олим ва мутамаддинро ба интихоби дине водор кунад, ки рӯҳан ба он розӣ бошанд?Ба ростӣ, пайравони имрӯза динро аз падарони худ ба ирс гирифтаанд ва ин ҳақиқате аст ошкор ва инкорнопазир, ба тавре ки яке падараш мусулмон аст, динро аз ӯ ба ирс мегирад, дигареро падараш масеҳӣ ё яҳудӣ аст ва дини худро аз онҳо ба ирс мебарад. Дар ин асри ҷадид, ки донишу маорифи башарӣ ба авҷи худ расида, зарурат дорад, ки фикру ақли башарӣ аз қайди асорати тақлид озод шавад ва аз рӯйи илму дониш ва далелу бурҳон динеро интихоб намояд, ки ба сиҳату дурустии он итминон дошта бошад ва масоил ва мавзӯоти он бо далоили илмӣ таъйид шуда бошанд.Ақидаи фитрӣ дар нафси инсон малҷаъ ва паноҳгоҳе аст, ки ба ҳангоми бурузи мушкилот ба он паноҳ бурда мешавад. Ва ин ақидаи фитрӣ арзиши онро дорад, ки қисмати азиме аз таҳқиқотҳо ва баррасиҳо ба он ихтисос дода шавад ва онро бар пояи далоил ва бурҳони ақлӣ, ки аз афкори озоди муҳаққиқон таровиш менамояд, донист.Мутаассифона, аксари мардуми ҷаҳон ҳанӯз ба  ҳақиқати пок ва азамати Ислом ноошно мебошанд, дар ҳоле ки ҳар инсоне, ки баҳрае аз илму дониш дошта бошад ва бихоҳад ба дур аз таассуби динию қавмӣ Исломро мавриди баррасӣ қарор диҳад, таҳти таъсири ҷамол ва зебоии он қарор мегирад ва ба он майл пайдо мекунад ва бо итминони хотир дастуроти онро мепазирад. Зеро мебинад, ки Ислом ниёзҳои дарунии ӯро бароварда месозад, ташнагии рӯҳии ӯро бартараф  менамояд, изтиробҳо ва ноормиҳои ботиниашро таскин мебахшад ва ҳақоиқеро дар ихтиёри ӯ мегузорад, ки саодати инсонро таъмин менамоянд, ки қаблан аз онҳо бехабар будааст. БАДБАХТӢ ВА НОБАСОМОНИИ ВАЗЪИЯТИ ДИНИИ МУСУЛМОНҲОМуҳаққиқон вақте Қуръон ва осори тамаддуни исломиро баррасӣ менамоянд, чеҳраи зебое аз Ислом дар  зеҳнашон тарсим мешавад, вале мутаассифона, вақте мусулмонҳоро мебинанд ва гуфтору рафтори онҳоро мушоҳида менамоянд, бо чеҳраи зишту сад дар сад мухолиф бо чеҳраи тарсимгаштаи қаблӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳақиқат ин аст, бояд эътироф кунем, ки Ислом як чиз аст ва мусулмонҳо чизи дигар. Ба ростӣ, гуфтаи Шайх Муҳаммад  Абду дар ин бора бисёр дуруст аст, ки мегӯяд: «Аксари чизҳое, ки имрӯз оммаи мардум онро Ислом меноманд, дар ҳақиқат Ислом нест, балки танҳо шакли зоҳирии намоз ва рӯзаю ҳаҷ аз Ислом ҳифз гардида ва аксари дастуроти Ислом........ аз маънои ҳақиқии худ ба дур мондаанд. Ва мардум бидъатҳо ва хурофоте, ки дохили дин шудааст, онҳоро ҷузъи дин ба ҳисоб меоваранд, ба баландтарин дараҷаи рукуд ва нопӯёӣ дучор гардидаанд. Аз шарри ин мусулмоннамоҳо ва дурӯғе, ки ба дини Ислом менамоянд, ба Худо паноҳ мебарем ва ҳар эроду айбе, ки имрӯз бо номи Ислом бар мусулмонҳо ворид мегардад, ин эродҳо ҷузъи дини Ислом нестанд, балки чизҳои дигаре ҳастанд, ки ба номи Ислом маъруф шудаанд...».[1]Сайид Ҷамолуддини Афғонӣ – донишманди ҷаҳони Ислом мӯътақид аст, ки бадбахтӣ ва нобасомонии авзоъи динии мусулмонҳо бузургтарин монеае аст, ки миллати Аврупоро аз қабули дини Ислом боз медорад ва дар ин бора мегӯяд: «Ҳар гоҳ бихоҳем мардумони озода ва равшанфикри Аврупоро ба дини Ислом даъват кунем, қабл аз ҳар чиз онҳоро қонеъ намоем, ки мо мусулмон нестем ва танҳо шиносномаи исломӣ дорем, зеро мардуми Аврупо аз равзанаи Қуръон ба мо менигаранд ва рафтори моро бо оятҳои он муқоиса менамоянд. Вақте мебинанд, мо қавме ҳастем, ки ҷаҳлу нодонӣ ва бадбахтию сустӣ бар мо ғолиб шудааст, бо худ мегӯяд: «Агар Қуръон муслиҳ ва мушкилкушои воқеӣ аст, чаро пайравонаш ба чунин сарнавишти шуме дучор омадаанд?».Ба ҳақиқат бояд эътироф кунем, ки аксари мусулмонҳо дар ин аср танҳо ба ном мусулмон мебошанд ва қонуну дастуроти динро дар масоили зиндагии худ риоя намекунанд. Касе пойбанди дастуроти Ислом набошад, ҷоиз нест, ки номи мусулмон бар ӯ итлоқ шавад. Ҳамон гуна, ки ҳеҷ гурӯҳ ва ҳизбе ҳозир нест, касеро ба унвони узви худ  қабул кунад, магар ин ки тамоми муқаррарот ва дастуроти он ҳизбро бипазирад ва амалан онҳоро иҷро намояд, Ислом ҳам касеро ба унвони мусулмон қабул надорад, магар ин ки тамоми рафтору гуфтораш бар асоси муқаррароти он бошад.Аз ин ҷиҳат  мо дар ин китоб мушоҳида мекунем, ки Ислом барои ин ки касеро ба унвони мусулмон дар ҷомеаи мусулмонҳо қабул кунад, чанд шарту қонуни махсусро дар назар гирифтааст, ки лозим аст ӯ ба ин шароит ва қонунҳо амал кунад.Хушбахтона, мо ҳоло шоҳиди наҳзатҳои пурқудрату нерӯманде барои эҳёи Ислом ва нишон додани чеҳраи воқеии он мебошем. Бисёр хушвақтем, ки шумораи зиёде аз уламою донишмандони мухлис ва сарони давлатҳои исломӣ, ки интизор меравад масдари хайру баракат бошанд, фаъолона ва  бо имону нияти холис по ба арсаҳои фаъолият гузоштаанд. Аз тарафи дигар, чандин муассисаю марказҳои динӣ таъсис гардида, ки исломро ба маънои воқеӣ ва саҳеҳи худ тадрис ва мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор медиҳанд. КАСОНЕ, КИ ЧЕҲРАИ ИСЛОМРО ЗИШТ ҶИЛВА ДОДААНДВақте Ислом аз маънои воқеии худ дур монда бошад, ҷойи тааҷҷуб нест, ки афроди ғайримусулмон онро қабул намекунанд. Махсусан миллати Аврупо, ки ҳақиқати дини исломро намешинохтанд ва ба воситаи ифтиро (дурӯғбофӣ) ва ҳамлаҳои муғризонаи душманони Ислом, ки аз ҳеҷ дурӯғ ва тӯҳмате бар зидди Ислом кӯтоҳӣ намекарданд ва ҳақиқати таърихи исломро ба хотири ғаразҳои палиди худ воруна (чаппа) нишон дода ва ба интишори китобҳову мақолоту қасоиди бешуморе бар зидди Ислом мепардохтанд, эҳсосоти мардумро алайҳи Ислом таҳрик менамуданд. Кант Ҳенри Костри дар китоби худ ба номи «Ислом: хотираҳо ва сониҳаҳо аст» мегӯяд: «Вақте мусулмонҳо бифаҳманд, ки достонсароёни масеҳӣ дар асрҳои миёна чӣ достонҳое бар зидди онҳо нақл мекарданд ва ё овозхонҳои масеҳӣ чӣ сурудҳои муғризонаеро  алайҳи Ислом месуруданд, аз шиддати нороҳатӣ бояд чӣ аксуламале аз худ нишон диҳанд?! Ва бо чӣ навъ калимоте онҳоро  посух гӯянд? Зеро тамоми ин достонҳо ва сурудҳо аз фикре, ки боиси ҷангҳои салибӣ гирдида буд, таровиш менамоянд ва тамоми онҳо кинаву адоватро алайҳи мусулмонҳо таҳрик мекунанд. Зеро онҳо ба ҳақиқати дини Ислом ба куллӣ ноошно ҳастанд ва дар натиҷаи такрори сурудҳои мазкур достонҳое, ки алайҳи мусулмонҳо нақл шуда, дар зеҳни мардум русух пайдо кардааст ва иштибоҳоту ғалатҳои зиёд бар зидди Ислом дар дили мардум ҷойгир шуда, ки баъзе аз онҳо то имрӯз ҳам дар зеҳни мардум боқӣ мондааст ва ҳар як аз ин сарояндаҳо мусулмонҳоро мушрик, бутпараст ва беимону хунхор мепиндорад».[2] Устод Дермангом дар ин бора мегӯяд:  «Ҳангоме ки оташи ҷанг дар байни мусулмонҳо ва масеҳиён шӯълавар шуд ва чанд қарн тӯл кашид, кинаву адоват дар байни онҳо шиддат гирифт. Ҳеҷ як аз ду тараф тарафи дигарро дарк намекард ва нисбат ба  ҳам бадрафторӣ мекарданд. Вале бояд эътироф намуд, ки адами дарк накардан ва бадрафторӣ аз ҷониби ғарбиҳо бештар аз шарқиҳо (мусулмонҳо) буд, ки дар натиҷа ин тазодди шадиди фикрии ҷадалкунандагони аврупоӣ Исломро ба боди интиқод гирифтанд ва ифтироҳои нораво ва таҳқиромези фаровонеро ба он нисбат доданд, бидуни ин ки ба худ заҳмат диҳанд ва дар бораи Ислом ба баҳсу баррасӣ бипардозанд. Нависандагону шоирони муздур дар ниҳояти беинсофӣ арабҳоро мавриди ҳуҷум қарор доданд, ки дар ҳақиқат, ҷуз як ҳуҷуми ботилу ноҳақ ва мутаноқиз чизи дигаре набуд».Баҳсу баррасии ҷадид дар бораи қавонин, дастуроти исломӣ, таҳқиқоти дақиқи дур аз ғаразҳои шахсӣ роҷеъ ба фалсафа ва бартариятҳои Ислом дар қарни нуздаҳуми мелодӣ шурӯъ гардид. Дар он ҳангом баррасии тамаддуну фарҳанги Шарқ дар Аврупо оғоз шуд ва мусташриқон, ки бо ҷиддияти тамом иқдом ба кашфу шиносоии фарҳангу тамаддуни Ислом намуданд, ба ду даста тақсим шуданд, дастаи аввал шефтаву ошиқи Қуръон гашта, таҳти таъсири мафоҳими баланди он қарор гирифтанд, аммо дастаи дувум ба хотири ғаразҳои шахсӣ Қуръонро мавриди таън ва эътироз қарор доданд.[3]Бидуни шак, имрӯз Ислом ниёзи шадид ба ин дорад, ки бартариятҳо, фалсафаву ҳикмат ва фазоили он ба таври дақиқ барои инсони мутамаддини имрӯз равшану ошкор гардад ва тамоми ақоиду хурофоте, ки ба номи Ислом вориди он шуда, ба дур андохта шаванд ва роҳи ҳалҳое, ки Ислом барои чора намудани мушкилот ва хурӯҷ аз бунбастҳое, ки одамони саркаш дар он қарор мегиранд, пешбинӣ ва ба хубӣ мушаххасу равшан шавад.Дар ҷаҳони имрӯз одамоне вуҷуд доранд, ки ба дунболи пайдо намудани роҳи ҳалли мушкилоте ҳастанд, ки ҷомеаи башариро дар бар гирифтааст ва роҳҳои ҳалли воқеиро марбут ба ҳар дину қавме, ки  бошад, бидуни таассуб мепазиранд. Ҳамон тавре ки аз мутолиаи ин китоб равшан мешавад, метавон гуфт Ислом беҳтарин роҳи ҳалли мушкилотро ба инсон нишон медиҳад.Афиф Абдулфаттоҳ ТаббораБоби якумҲУҶҶАТИ ХУДО БАР БАНДАГОНАШ§  Маънои Ислом §  Қуръони карим ва баъзе ҷанбаҳои эъҷози он.§  Мӯъҷизаҳои илмии Қуръон§  Далелҳои ақлӣ бар сидқ ва ҳаққонияти Муҳаммад (с)   Фасли аввал : МАЪНОИ ИСЛОМ1. Маънои луғавии Ислом. 2. Маънои шаръии Ислом. 3. Динҳо мардумро ба ваҳдонияти Худо даъват мекунанд. 4. Ихтилоф дар дин ба хотири зулм ва таҷовуз аз ҳақ мебошад.1. Ислом номи дине аст, ки ҳазрати Муҳаммад  саллаллоҳу алайҳи ва саллам, онро бо худ овардааст. Ва  ин номгузорӣ аз ҷониби Пайғамбар (с) ба тариқи иҷтиҳод анҷом нагирифта, балки Худованди мутаол номи Исломро барои дини Муҳаммад (с) интихоб намудааст, ки мефармояд:﴿وَرَضِيتُ لَكُمُ ٱلۡإِسۡلَٰمَ دِينٗاۚ ٣﴾ [المائ‍دة: ٣]«Ва барои шумо дини Исломро баргузидам» (Моида,  3).2.  МАЪНОИ ЛУҒАВӢ ВА ЛАФЗИИ ИСЛОМУламо ва муфассирону мусташриқон бо аҳамияти фаровон  мехоҳанд маънои шаръӣ ва истилоҳии калимаи ислом-ро ба сӯйи маънои луғавии он баргардонанд (ва мегӯянд Ислом дар луғат ба чӣ маъное аст, дар шаръ низ ба ҳамон маъно мебошад) ва мубоҳисоту ҷадалҳои фаровонеро дар ин маврид ба вуҷуд овардаанд. Вале мо мехоҳем қавли саҳеҳ ва роҷеҳро нишон диҳем. Ҳар гоҳ решаи калимаи салм-ро дар забони арабӣ мавриди баррасӣ қарор диҳем, мебинем, ки дорои се маъно ба шарҳи зер мебошад:1.     Хулус ва дурӣ аз ҳар нақси зоҳирию ботинӣ;2.     Сулҳу оштӣ ва амну амонӣ;3.     Итоат ва фармонбардорӣ.МАЪНОИ ШАРЪИИ ИСЛОМИслом иборат аст аз парастиши Худои ягона ва таслиму хушӯъ ва ихлоси қалбӣ дар пешгоҳи Парвардигори олам ва имону бовар ба тамоми усул, қавонин ва дастуроти диние, ки аз ҷониби Худо нозил шудааст. Қуръон исломро дар муқобили ширк қарор дода,  мефармояд:﴿قُلۡ أَغَيۡرَ ٱللَّهِ أَتَّخِذُ وَلِيّٗا فَاطِرِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَهُوَ يُطۡعِمُ وَلَا يُطۡعَمُۗ قُلۡ إِنِّيٓ أُمِرۡتُ أَنۡ أَكُونَ أَوَّلَ مَنۡ أَسۡلَمَۖ وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ ١٤﴾ [الانعام: ١٤]«Бигӯ, оё (равост) ғайри Худоро сарпараст ва маъбуди худ қарор диҳам?! Дар ҳоле ки ӯ офарандаи осмонҳо ва замин аст. Ва ӯ рӯзӣ медиҳад (ва розиқи ҳамагон аст ва ҳама ба ӯ ниёзманданд) ва ба ӯ рӯзӣ дода намешавад (ва ниёзманди касе нест) Бигӯ: Ба ман дастур дода шуда, (то дар байни мусулмонҳо аввалин касе бошам, ки худро таслими фармони Худо мекунад ва) аввалин мусулмон бошам ва (ба ман дастур дода шудааст, ки) аз зумраи мушрикон набошам» (Анъом,  14).Ҳамин тавр, Қуръон исломро дар муқобили куфр қарор медиҳад ва мефармояд:«(Ҳеҷ як аз пайғамбарон) ба шумо фармон намедиҳад, ки фариштагон ва пайғамбаронро ба унвони Парвардигори худ қабул кунед. Оё (ақлан пазируфтааст, ки) шуморо ба куфр фармон диҳанд, баъд аз он ки (мухлисона рӯ ба Худо карда ва) мусулмон шудаед?!...» (Оли Имрон, 80).Ва Қуръон исломро ба маънои ихлос барои Худо ба кор бурда ва мефармояд: «Ойини чи касе  беҳтар аз ойини он касе аст, ки холисона худро таслими Худо кунад, дар ҳоле ки некӯкор бошад» (Нисо, 125).Ин оят касонеро  мавриди таърифу тавсиф қарор медиҳад, ки нафсашон холисона таслими Худо бошад ва ба ҷуз Худо касе ва ё чизи дигареро ба унвони маъбуд ва Парвардигор қабул наменамоянд. Ислом дар Қуръон ба маънои хузӯъ ва фурӯтанӣ ва таслим дар баробари Худо омада ва мефармояд: «Ба сӯйи Офаридгори худатон баргардед ва дар баробари ӯ таслим ва фурӯтан бошед» (Зумар, 54).Лафзи аслам, ки ба маънои таслим ва фурӯтанӣ мебошад, гоҳе дар Қуръон барои ҳар ду – мӯъмину кофир ба кор рафтааст, чун тамоми инсонҳо чи мусулмон ва чи кофир ба муқтазои табиати башарии худ дар баробари амру қудрати Худо таслиму хозеъ мебошанд ва хоҳ-нохоҳ, муқаррарот ва қонуни илоҳӣ, ки бар ҷаҳон ҳукмфармост, шомили онҳо низ мебошанд. Ба ҳамин далел аст, ки Худованд мефармояд: «Оё ба ҷуз дини Худо, ки Ислом аст, дини дигареро меҷӯянд? Дар ҳоле онҳо, ки дар осмонҳо ва заминанд, аз рӯйи ихтиёр ва ё иҷбор дар баробари ӯ таслиманд ва ба сӯйи Худо боз гардонида мешаванд» (Оли Имрон, 83).Аслама дар ин оят ба маънои  хузӯъ ва таслим дар баробари амри илоҳӣ ва қонунмандиҳои ҳоким бар ҷаҳон аст, вале баъдан дар истилоҳи шаръ бар касоне итлоқ гардид, ки аз рӯйи имону ихлос таслими амри илоҳӣ мешаванд. Танҳо касе мусулмон аст, ки ба итоату таслим дар баробари Худо розӣ аст ва итоату таслими табиӣ ва иродӣ ҳар ду дар ӯ ҷамъ мебошад. Ҳамин далел аст, ки калимаи муслим барои тамоми касоне, ки аз амри Худо итоат намуда, аз яке аз пайғамбарони Худо пайравӣ кардаанд, ба кор гирифта мешавад. Пайғамбари Худо  Нӯҳ мегӯяд: «Ба ман дастур дода шуд, то аз касоне бошам, ки мусулмон ва дар баробари амри Худо таслиманд» (Юнус, 72).Ва Худованд пайғамбари худ Иброҳимро чунин тавсиф менамояд: ﴿وَلَقَدِ ٱصۡطَفَيۡنَٰهُ فِي ٱلدُّنۡيَاۖ وَإِنَّهُۥ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ لَمِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ ١٣٠ إِذۡ قَالَ لَهُۥ رَبُّهُۥٓ أَسۡلِمۡۖ قَالَ أَسۡلَمۡتُ لِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٣١﴾ [البقرة: ١٣٠،  ١٣١]«Мо Иброҳимро дар дунё ба унвони усва, намуна ва раҳбар барои дигарон баргузидем ва ӯ дар ҷаҳони охират аз зумраи шоистагон (муқаррабони даргоҳи илоҳӣ) аст. Он гоҳ, ки Парвардигораш (зимни нишон додани оятҳои кавнӣ ва нафсӣ) ба ӯ гуфт: таслими амри Худо бишав ва ихлос дошта бош!», Иброҳим гуфт: «Холисона таслими Парвардигори ҷаҳониён мебошам» (Бақара, 130-131).Пайғамбари Худо Юсуф хитоб ба Парвардигори худ мегӯяд: «Парвардигоро, ту сарпараст ва маъбуди ман дар дунёву охират ҳастӣ. Маро бо имон бимирон ва ба солеҳону покон мулҳақ гардон» (Юсуф, 101).Ва Мӯсо ба қавмаш мегӯяд: «Мӯсо гуфт, эй қавми ман, агар воқеан, ба Худо имон доред, бар ӯ таваккул кунед, агар (ба ҳақиқат) мусулмон мебошед ва худро ба Худо таслим кардаед» (Юнус, 84).Қуръон дар бораи Исо мегӯяд: «Вале ҳангоме, ки Исо  аз эшон эҳсоси куфру саркашӣ кард, гуфт: «Кист, ки ёвар ва ҳамкори ман ба сӯйи Худо бошад?» Ҳавориюн гуфтанд: «Мо ёварони дини Худоем ва ба ӯ имон овардаем ва (ту низ) гувоҳ бош, ки мо мусулмон ва холисона таслими фармони Худо ҳастем» (Оли Имрон, 51).Саранҷом, Худованди мутаол пайғамбари худ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро ҳамроҳ бо дине, ки такмилкунандаи шариати  тамоми пайғамбарон мебошад, фиристод ва хитоб ба ӯ фармуд: «Мо бар ту (эй Муҳаммад (с)) дин ва шариате нозил кардем, ҳамон гуна, ки пеш аз ту бар Нӯҳ ва бар пайғамбарони баъд аз ту дину шариат нозил намудем ва ҳамин тавр ба Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наводагони (наберагон) ӯ ва Исову Айюб ва Юнусу Ҳорун ва Сулаймон ваҳй кардаем ва ба Довуд (китоби) Забур додем. Мо пайғамбаронеро равона кардаем, ки саргузашти баъзе аз онҳоро қаблан барои ту баён кардаем ва саргузашти баъзе аз онҳоро барои ту баён нанамудаем ва Худованд бидуни восита бо Мӯсо сухан гуфт. Мо пайғамбаронро фиристодаем, то (мӯъминонро ба савоб) муждарасон ва кофиронро ба азоб бимдиҳанда бошанд ва баъд аз омадани пайғамбарони дигар ҷое барои ҳеҷ гуна эътирозу баҳонае барои мардум бар Худо боқӣ намонад. Ҳамоно Худованд тавоно ва ҳаким аст» (Нисо, 163-165).Чунончи касе ба эътироз бигӯяд: агар Худованд ба Муҳаммад (с) ва ҳама пайғамбарон ваҳй карда ва дини ҳамаи онҳо аз ҷониби Худо нозил шуда бошад, пас чаро ҳама бо ҳам ихтилоф ва тафовут доранд?! Дар ҷавоб мегӯям: «Қуръон худ ин эътирозро аз ҷониби мухолифин матраҳ кардаю посух додааст ва бо далоили илмию мантиқӣ ҳақиқати тамоми динҳои мавҷудро равшану мушаххас карда, ки ба хубӣ ҳақу ботили онҳоро аз ҳам ҷудо месозад». Бинобар ин, барои фаҳми он лозим аст, ки ба матолиби зер таваҷҷӯҳ намоед.ҲАМАИ ДИНҲО МАРДУМРО БА ПАРАСТИШИХУДОВАНДИ ЯГОНА ДАЪВАТ МЕНАМОЯНДБа ҳамин делал аст, ки Қуръон ба мо хабар медиҳад, ки Худованд ҳеҷ пайғамбареро нафиристода, магар ин ки ба ӯ фармон додааст, то мардумро ба сӯйи парастиши Худои ягона даъват намояд ва Худованд хитоб ба пайғамбараш Муҳаммад (с) мефармояд: «Мо пеш аз ту ҳеҷ пайғамбареро нафиристодаем, магар  ин ки ба ӯ ваҳй кардаем ки маъбуде ҷуз Ман нест, бинобар ин танҳо Маро парастиш кунед» (Анбиё, 25).Ва барои ҳамин Худованд ба пайғамбараш Муҳаммад (с) дастур медиҳад, то яҳуду насороро ба тавҳид ва яктопарастии холис даъват намояд:﴿قُلۡ يَٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ تَعَالَوۡاْ إِلَىٰ كَلِمَةٖ سَوَآءِۢ بَيۡنَنَا وَبَيۡنَكُمۡ أَلَّا نَعۡبُدَ إِلَّا ٱللَّهَ وَلَا نُشۡرِكَ بِهِۦ شَيۡ‍ٔٗا وَلَا يَتَّخِذَ بَعۡضُنَا بَعۡضًا أَرۡبَابٗا مِّن دُونِ ٱللَّهِۚ فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَقُولُواْ ٱشۡهَدُواْ بِأَنَّا مُسۡلِمُونَ ٦٤﴾ [ال عمران: ٦٤]«Эй Муҳаммад (с), бигӯ: «Эй аҳли Китоб, биёед ба сӯйи сухани додгаронае, ки миёни мо ва шумо муштарак аст ва биёед, то ба ин сухан амал кунем ва он ин аст, ки ҷуз Худованди ягонаро ба унвони маъбуд сарпараст напазирем ва чизеро шарики ӯ накунем ва бархе аз мо бархе дигареро ба ҷойи Худованди ягона ба худоӣ напазирад. Ҳар гоҳ аз ин даъват сар битобанд, бигӯед: «Гувоҳ бошед, ки мо холисона таслими фармони Худо ҳастем» (Оли Имрон, 64).Ин оятҳо эълом медоранд, ки Худованд ҳеҷ пайғамбареро нафиристода, магар ин ки ба ӯ дастур  дода, ки мардумро ба сӯйи яктопарастӣ даъват намояд. Бинобар ин, парастиши ғайри Худо ҷузъи динҳои илоҳӣ нест, балки ба ноҳақ онро вориди динҳо намудаанд.ИХТИЛОФ ДАР ДИН ДАР НАТИҶАИ  ЗУЛМ ВА ТАҶОВУЗАЗ ҲАҚ БА ВУҶУД ОМАДААСТДалели дигар, ки дини Худо яке аст ва ихтилофоте, ки дар масири таърих дар дин ба вуҷуд омадааст, ба сабаби зулму таҷовузе аст, ки ба дин шудааст, раҳбарон ва сарпарастони динӣ ба хотири ҳифзи манофеи шахсӣ ва  дастёбӣ ба қудрат ва раёсат бар мардум динро таҳриф намудаанд. Ислом ин ҳақиқатро ошкор месозад ва ҳамаи мардумро даъват мекунад, ки дар атрофи дини Ислом ҷамъ шаванд ва онро бипазиранд.«Бегумон, дини ҳақ дар пешгоҳи Худованд Ислом аст ва аҳли китоб ба воситаи ситамгарию саркашӣ дар байни худ, баъд аз огоҳӣ бар ҳақиқат ва сиҳати дин бо ҳам ба ихтилоф бархостанд. Касе ба оятҳои Худо куфр варзад, (бояд бидонад), ки Худованд зуд ҳисобрасӣ мекунад. Ҳар гоҳ бо ту ба ситеза пардохтанд, бигӯ ман ва касоне, ки аз ман пайравӣ намудаанд, хештанро таслими Худо карда ва ба сӯйи ӯ рӯ овардаем ва ба аҳли Китоб ва мушрикони араб бигӯ: «Оё шумо таслими амри Худо шудаед?!» Агар мухлисона таслими амри Худо шаванд, бегумон, ҳидоят ёфтаанд ва агар аз фармони Худо сарпечӣ кунанд, нигарон набош, чун вазифаи ту расонидани рисолат асту бас. Худованд ба аъмол ва нияти бандагон огоҳ мебошад» (Оли Имрон, 19-20).Вақте дин дар пешгоҳи Худованд яке бошад, ихтилоф дар он ҷоиз нест. Тафриқаву ихтилофе, ки дар байни пайравони динҳо – яҳудиву масеҳӣ ва мусулмон ба вуҷуд омадааст, ҳар як ба фирқаҳои мухталифе, ки бо ҳам адовату душманӣ доранд, тақсим шудаанд, мусалламан бар хилофи дастуру таълимоти Худое аст, ки динро барои эҷоди дӯстӣ ва муҳаббат дар байни афроду миллатҳо ва густариши сулҳу оромиш дар рӯйи Замин фиристодааст. Барои ҳамин Парвардигори олам Муҳаммад (с)-ро фиристода, то дар байни мухолифон сулҳу оштӣ барқарор намояд ва ҳақро барои онҳо равшан созад ва онҳоро аз тафриқаву ихтилоф барҳазар дорад. Худованд хитоб ба мусулмонҳо мефармояд: «Худованд барои шумо (мӯъминон) ойинеро баён дошта, ки онро ба Нӯҳ ҳам тавсия карда буд. Мо он чиро, ки ба ту ваҳй кардаем ва ба Иброҳим, Мӯсо ва Исо ҳам тавсия намудаем, ин аст, ки динро побарҷо доред ва ихтилофу тафриқаро дар дин ба вуҷуд наоваред. Ин амр, ки ту мушриконро ба он даъват менамоӣ, ки усули динро риоят намоянд, бар мушрикон сахту сангин мебошад. Худованд ҳар киро бихоҳад, барои ин дин бармегузинад ва ҳар кас ба сӯйи Худо баргардад, Худованд ӯро ба дини худ ҳидоят медиҳад. Пайравони пайғамбарони пешин баъд аз илму огоҳӣ ба ҳақиқати дин ва усули он ба гурӯҳҳо ва дастаҳои мухталиф пароканда шуданд ва ин тафриқаҷӯӣ танҳо ба хотири ситамгариву каҷравӣ дар миёни худашон буд. Агар фармоне аз сӯйи Худо содир нашуда буд, ки онҳо то саромади муайяне вуҷуд дошта бошанд, дар миёни онҳо доварӣ ба амал меомад ва онҳо нобуд мешуданд. Касоне, ки китобҳои осмониро баъдан аз гузаштагон ба ирс бурда ва онҳоро дар ихтиёр доранд, дар бораи сиҳати ин китобҳо дучори шакку бадбинӣ шудаанд. Ту ҳам мардумро ба сӯйи дини Худо даъват кун, ҳамон тавре ки ба ту дастур дода шуда, сабру истиқомат дошта бош ва аз хостаҳои нодурусти онҳо пайравӣ накун ва бигӯ: «Ман ба ҳар китобе, ки аз сӯйи Худо нозил шуда бошад, имон дорам ва ба ман дастур шудааст, ки дар миёни шумо додгарӣ намоям ва Худованд Парвардигори мову шумо мебошад. Натиҷаи рафтору аъмоли мо ба худи мо бармегардад ва натиҷаи рафтори шумо ҳам ба худи шумо тааллуқ дорад ва дар байни мову шумо ҳеҷ хусумату муҷодалае вуҷуд надорад ва Худованд ҳамаи моро дар як ҷо ҷамъ хоҳад кард ва бозгашти ҳама ба сӯйи ӯ аст» (Шӯро, 13-15). Бо таваҷҷӯҳ ба ояти фавқ ваҳдат ва ягонагии дин мусаллам гардид ва ин амри ҳақиқатест, ки Қуръон онро эълом намудааст ва эроду эътирози касонеро, ки мегӯянд: Усули ҳақиқати динҳо яке нест ва бо ҳам ихтилоф доранд ва барои ҳамин мо динҳоро қабул надорем, мардуд ва ботил мебошад. Иддаое аст пучу ботил, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақиқат надорад ва бо усули динҳо, ки ҳамаи онҳо яке аст, муғоярат дорад. Бинобар ин, аз назари Қуръон усули динҳо яке аст, вале ихтилоф дар масоили фаръӣ ва қавонини амалию иҷтимоӣ ба хотири ихтилофи шароит ва авзои миллатҳо ва шароити иҷтимоӣ ва дараҷаи рушди фикрию ақлии онҳо мебошад.Худованд динҳои осмониро бо дини Ислом хатм намуд ва шариатеро ба Муҳаммад (с) бахшид, ки носихи тамоми шариатҳои пешин мебошад ва ҳақиқату моҳияти дини Худо дар ин шариат мушаххасу равшан аст. Ин шариат, ки бо пешрафти илму тамаддун ва тараққии фикру ақл ҳамоҳанг мебошад ва дар ҳар замону маконе қобили иҷро аст, шариате аст, ки мавриди писанди Худованд қарор гирифтааст, ба тавре ки ба ҷуз Ислом дини дигарро қабул надорад.﴿وَمَن يَبۡتَغِ غَيۡرَ ٱلۡإِسۡلَٰمِ دِينٗا فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡهُ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ ٨٥﴾ [ال عمران: ٨٥]«Касе ғайр аз ойини Ислом ойини дигареро баргузинад, аз ӯ пазируфта намешавад ва  ӯ дар охират аз зумраи зиёндидагон хоҳад буд» (Оли Имрон, 85).Яъне баъд аз биъсати Муҳаммад (с) агар касе динеро баргузинад, ки ғайри Ислом бошад, ин дин аз ӯ пазируфта намешавад ва Худованд ба он розӣ нест ва дар қиёмат ҷузъи бадбахтон ва зиёндидагон хоҳад буд.Ва саллаллоҳу ало саййидино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин. Фасли дуввум : Қуръони КАРИМБАЁНИ ҶАНБАҲОЕ АЗ ЭЪҶОЗИ ҚУРЪОН ВА ДАЛОИЛИ ИЛМӢ БАР ИН КИ ОН  КАЛОМИ ХУДОСТ.1. Маънои ваҳй. 2. Ибтоли эроде нисбат ба ваҳй. 3. Ҷамъи Қуръон ва навиштани он дар масоҳиф. 4. Маҳфуз мондани Қуръон аз тағйир. 5. Чигунагии нузули Қуръон ва фалсафаи он. 6. Қуръон мубориз мехоҳад ва ба мубориза бармехезад. 7.  Қуръон мӯъҷизаи Муҳаммад (с) аст. 8. Услуб ва шеваи Қуръон. 9. Хусусиятҳое аз услуби Қуръон ва балоғати он. 10. Ҷанбаҳое аз эъҷози Қуръон. 11. Қуръон хабарҳои ғайбро дар бар гирифтааст. 12. Достон дар Қуръон. 13. Рӯҳи Қуръон.Қуръон ваҳй аст, ки аз ҷониби Худо бар хотами пайғамбарон Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, нозил ва ба сурати тавотур  аз Пайғамбар (с) нақл шуда ва охирин китоби илоҳӣ аст, ки бар беҳтарини бандагонаш нозил гардидааст.Қабл аз он ки вориди шарҳу тафсили мавзӯи Қуръон шавем, беҳтар аст, ишораи кӯтоҳе ба маънои «ваҳй» намоем ва бидонем, ки ваҳй чӣ тавр ва ба чӣ шева бар Муҳаммад (с) нозил мешуд.Ваҳй дар луғат ва забони араб ба маънои ишора, китобат, рисолат, маъмурият, илҳом, сухан, каломи пинҳонӣ, сирру роз ва ҳар чизе, ки ба дигаре илқо шавад, омадааст. Асли ваҳй дар луғат ба маънои эъломи матлаб ба сурати сиррӣ ва  пинҳонӣ аст ва гуфта мешавад: «ваҳо илайҳи ва авҳо илайҳи калиматан», яъне бо ӯ ба сурати пинҳонию махфиёна сӯҳбат намуд ва ишора кард. Қуръон мефармояд: «Худованд ба онҳо бо ишора гуфта, ки бомдодон ва шомгоҳон ба тасбеҳу тақдиси Худо бипардозед»  (Марям, 11). Калимаи авҳо дар ин ҷо ба маънои ишора аст.Ваҳй дар Қуръон ба маънои илҳом ҳам омадааст: «Эй Муҳаммад (с), ба ёд овар ҳангомеро, ки ба ёрони Исо  илҳом кардам, ки ба Ман ва фиристодаи Ман (Исо) имон биоваред» (Моида, 111).Ваҳй дар истилоҳи шаръ ба маънои дастуроте аст, ки  Худованд онҳоро ба сӯйи пайғамбарони худ мефиристод, то онҳоро аз қонун ва муқаррароти дин огоҳ намояд.Ҳамон гуна, ки Қуръон мефармояд, «ваҳй» ба чанд навъ ва шева бар пайғамбарон нозил гардидааст:﴿وَمَا كَانَ لِبَشَرٍ أَن يُكَلِّمَهُ ٱللَّهُ إِلَّا وَحۡيًا أَوۡ مِن وَرَآيِٕ حِجَابٍ أَوۡ يُرۡسِلَ رَسُولٗا فَيُوحِيَ بِإِذۡنِهِۦ مَا يَشَآءُۚ إِنَّهُۥ عَلِيٌّ حَكِيمٞ ٥١﴾ [الشورى: ٥١]«Ҳеҷ кас сазовори он нест, ки Худованд бо ӯ сухан бигӯяд, магар аз тариқи илҳом ё аз паси пардаҳо ва мавонеи табиӣ ва ё ин ки қосидеро (ба номи Ҷабраил ба сӯйи ӯ бифиристад ва Ҷабраил ба фармони Парвардигор он чиро, ки Худо мехоҳад ба пайғамбарон) ваҳй кунад ва Худованд бузургвор ва дурусткор аст» (Шӯро, 51).Муфассирон дар тафсири  ин оят гуфтаанд, ки Худованд танҳо ба ин се сурат бо пайғамбарони худ  (алайҳимуссалом) сухан гуфтааст:1. Ваҳй ва илҳоми қалбӣ ё дар ҳолати бедорӣ бошад ва ё дар ҳолати хоб.2. Дар пушти пардаҳо ва мавонеи табиӣ бошад, ба тавре ки каломи Худоро бишунавад, вале Худоро набинад, ҳамон гуна ки Мӯсо каломи Худоро мешунид, вале Худоро намедид.3. Ваҳй ба василаи яке аз фариштагон ба тавре ки худи фаришта дида шавад ва суханонаш ҳам шунида шавад, чуноне ки фариштаи ваҳй Ҷабраил дастуроти Худоро ба сӯйи Муҳаммад (с) меовард ва Пайғамбар (с) ӯро медид ва суханонашро мешунид.ВАҲЙ АЗ ДИДГОҲИ СУННАТУ ҲАДИСКитоби ҳадис маротиби ваҳйро ба сӯйи Муҳаммад (с) ба шарҳи зер баён кардаанд:Аввал, ба сурати рӯъё ва хоби содиқона мебошад. Дар «Саҳеҳ»- и Бухорӣ аз Оиша ҳамсари Пайғамбар (с) ривоят шуда: «Аввалин боре, ки ваҳй ба сӯйи Пайғамбар (с) фиристода шуд, ба сурати рӯъёи содиқа дар хоб буд, Пайғамбар (с) ҳар хоберо, ки медид, монанди рӯзи равшан возеҳу ошкор буд».Дувум, гоҳе фариштаи маъмур ваҳйро бар қалби Пайғамбар (с) илқо менамуд, бе ин ки Пайғамбар (с) худ фариштаро бибинад. Пайғамбар  (с) мефармояд: «Рӯҳулқудс (Ҷабраил) дар қалби ман дамид ва илқо кард, ки ҳеҷ касе нахоҳад мурд, то он ки рӯзиеро, ки Худованд барои ӯ муқаддар намудааст, ба тамом дарёфт намояд. Бинобар ин, аз Худованд тарсу тақво дошта бошед ва ба шеваҳои дурусту зебо ва ҳалол рӯзиро талаб кунед. Таъхир дар расидани ризқ ва дер омадани он шуморо водор накунад, ки аз роҳи ҳаром ба дунболи касби рӯзӣ бошед, зеро он чи ки дар назди Худост ва мулки ӯст, ҷуз аз тариқи итоату фармонбардории ӯ набояд дархост шавад».Сеюм, баъзе вақтҳо ваҳй ба шеваи садои ҷарас ва занг бар Пайғамбар (с) нозил мешуд.Чаҳорум, гоҳе Ҷабраил ба сурати инсон барои Пайғамбар (с) зоҳир мегардид. Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ омада: «Ҳорис писари Ҳишом аз Пайғамбар (с) пурсид: «Эй Расули Худо, ба чӣ шевае ваҳй бар Шумо нозил мегардад?» Расули Худо (с) фармуд: «Баъзе вақтҳо монанди садои занг ваҳй бар ман нозил мешавад. Ин навъи он аз дигар анвоъи он бар ман сангинтару сахттар аст. Вақте ин ҳолати ваҳй тамом шуд, тамоми он чиро, ки бар ман нозил шудааст, ҳифз менамоям. Баъзе вақтҳо фариштаи ваҳй ба сурати инсон пеши ман меояд ва бо ман сухан мегӯяд ва суханонашро ҳифз мекунам».Панҷум, баъзе вақтҳо фариштаи маъмур ба сурат ва шакли аслии худ барои Пайғамбар (с)  зоҳир мешуд ва ваҳйи илоҳиро ба сӯйи ӯ меовард.Шашумин навъи ваҳй он аст, ки Худованд дар шаби меъроҷ бар фарози осмонҳо бар Пайғамбар (с)  нозил намуд ва намозу баъзе чизҳои дигарро бар Пайғамбар (с)  ва умматаш фарз гардонд.РАДДУ БОТИЛ НАМУДАНИ ШУБҲА ВА ИФТИРОЕ, КИ НИСБАТ БА ВАҲЙ ВОРИД НАМУДААНДШева ва чигунагии нузули ваҳйро баён намудем. Аммо оё он чи ки бар Муҳаммад (с) нозил мешуд, ҳақиқате буд дорои вуҷуди хориҷӣ ва ҳамон тавре ки Пайғамбар (с) мегуфт, дар ҳақиқат ҳам ваҳй бар ӯ нозил мешуд? Ё ин ки танҳо дар хаёл мепиндошт, ки ваҳй бар вай нозил мешавад ва чизҳои хаёлиро мегуфт? Ҳамон гуна ки одамоне, ки ба бемории равоние ба ном «ҳастрӣ» мубтало ҳастанд, шабаҳҳоеро мебинанд, ки ҳақиқат надоранд. Ҳатто баъзе аз нависандагони Ғарб бо камоли беинсофию берӯӣ ин дурӯғро ба Пайғамбар (с) нисбат додаанд ва иддао кардаанд, ки ваҳйе, ки бар Муҳаммад (с) нозил мегардид, аз навъи шабаҳҳое мебошад, ки аз бемории ҳастрӣ ба вуҷуд омадааст, вале бо таваҷҷӯҳ ба далоили зер ин гуфта ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақиқат надорад ва бар появу асоси илмӣ  собит нагаштааст, балки аз ҳақиқат дур мебошад.Аввал, ҳазён ношӣ аз марази ҳастрӣ ҳатман ҳамроҳ бо аворизи сангину ногуворе аз қабили хубту девонагӣ ва изтиробу нигаронӣ ва доду фарёд аст, дар ҳоле ки ҳеҷ ваҷҳ, ҳатто дар сангинтарин ҳолати ваҳй чунин ҳолоте барои Пайғамбар (с) ба вуҷуд наёмадааст.  Дувум, ҳазён аз бемории ҳастрӣ ҳангоме ба вуҷуд меояд, ки он беморӣ бар шахс ориз мегардаду шиддат меёбад ва ҳамин ки ин мараз бартараф шуд, шахс ҳазёнҳои худро фаромӯш мекунад ва шабаҳҳоеро, ки дар он ҳолот дидааст, ба фаромӯшӣ месупорад, аммо ҳолати Муҳаммад (с) ҳангоми нузули ваҳй дуруст ба акси ин буд. Вақте ваҳй бар ӯ нозил мешуд, то замоне ки тамом мешуд, сукут мекард ва баъд аз он тамоми он чи ки бар ӯ нозил шуда буд, дар зеҳнаш боқӣ мемонд ва барои дигарон баён мекарду дастур медод, ки онҳоро бинависанд.Сеюм, ҳазёнҳои ношӣ аз бемории ҳастрӣ маъмулан танҳо хаёлоти пароканда ва беарзише аст, ки мутаносиб бо аъсоби хаставу носолими шахси ҳазёнгӯ мебошад. Масалан, бемор мепиндорад, ки рӯҳи бад ва палиде ӯро таҳдид мекунад ва мехоҳад ӯро нобуд намояд, ё ӯро мавриди тамасхуру таҳқир ва истеҳзо қарор медиҳад. Бинобар ин, ба гуфтани ҳазёну калимоти берабт мепардозад. Ҳаргиз мушоҳида нашудааст, ки ҳазёнҳои як бемори зиёнвара сарчашмаи назму қонун ва фазоили ахлоқӣ қарор гирифта бошанд (дар ҳоле ки гуфтаҳои Пайғамбар (с) боиси саодату хушбахтӣ ва эҷоди назму қонуни инсонӣ гардидааст).ОҒОЗИ НУЗУЛИ ҚУРЪОН  ВА СУРАҲОИ ОНАввалин  оятҳои Қуръон дар Макка, ҳангоме ки Пайғамбар (с) дар ғори Ҳиро  машғули ибодат буд, бар ӯ нозил гардид.﴿ٱقۡرَأۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلَّذِي خَلَقَ ١ خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ مِنۡ عَلَقٍ ٢ ٱقۡرَأۡ وَرَبُّكَ ٱلۡأَكۡرَمُ ٣ ٱلَّذِي عَلَّمَ بِٱلۡقَلَمِ ٤ عَلَّمَ ٱلۡإِنسَٰنَ مَا لَمۡ يَعۡلَمۡ ٥﴾ [العلق: ١،  ٥]«Эй Муҳаммад (с), бихон ба номи Парвардигорат, ки ҳамаи ҷаҳонро офаридааст ва инсонро аз хуни баста офаридааст. Бихон, Парвардигорат бузургвортар ва бахшандатар аз ҳама мебошад. Ҳамон Худойе, ки инсонро таълим дод ва ба василаи қалам чизҳоеро ба ӯ омӯхт ва чизҳоеро ба ӯ омӯхт, ки  қаблан онҳоро намедонист» (Алақ, 1-5).Он гоҳ нузули Қуръон ба муқтазои ҳаводис тақрибан бисту се сол идома дошт. Қуръон сураҳои зиёдеро дар бар гирифтааст. Сура иборат аст аз миқдор ва қисмати мустақиле аз Қуръон, ки шомили се оят ё бештар аз се оят мебошад.  Теъдоди сураҳои Қуръон яксаду чаҳордаҳ адад аст, ки ҳар яке аз онҳо дорои номи махсус буда, баъзе аз онҳо ду ном ё бештар аз ин дорад, аз ҷумла сураи «Фотиҳа» дорои ду номи дигар, яке «Уммулкитоб» ва дигаре «Сабъулмасонӣ» аст. Номи сураҳои Қуръон баъзе вақтҳо аз оятҳои аввали онҳо гирифта шудааст ва гоҳе ба муносибати баъзе чизҳое, ки теъдоде аз оятҳо ба баёни онҳо ихтисос доранд, номгузорӣ гардидаанд ва баъзе аз сураҳо ба муносибати такрори матлабе ё достоне дар онҳо ба исми он матлаб ё достон номгузорӣ шудаанд.Сураҳои Қуръон ду навъанд: сураҳое, ки қабл аз ҳиҷрат нозил шудаанд, сураҳои Маккӣ ҳастанд ва сураҳое, ки баъд аз ҳиҷрат фуруд омадаанд, сураҳои Маданӣ ном доранд (ва ё сураҳои аҳди Маккӣ ва сураҳои аҳди Маданӣ номида мешаванд).КОТИБОНИ ҚУРЪОНПайғамбар  (с) чанд нафар котибро таъйин карда буд. Онҳо ҳар оятеро, ки бар Пайғамбар (с) нозил мешуд, менавиштанд. Машҳуртарини онҳо хулафои рошидин – Абӯбакр, Умар, Усмон ва Алӣ (р) буданд. Зайд ибни Собит, Убай ибни Каъб, Муовия ибни Абисуфён, Собит  ибни Қайс ва Холид ибни Валид ҳам ҷузъи котибони Қуръон буданд. Онҳо Қуръонро  бар қитъаҳои нозуки пӯсти дарахти хурмо, санг, устухонҳои шона ва қабурғаи шутуру гӯсфанд ва чизҳои дигар, монанди пӯсти ҳайвонот, менавиштанд ва Пайғамбар (с)  онҳоро роҳнамоӣ мекард, ки ҳар оятро дар чӣ сурае ва дар чӣ ҷое аз он сура қарор диҳанд.Дар замони ҳаёти Пайғамбар (с) чандин нафар аз асҳоб тамоми Қуръонро дар синаи худ ҷамъу ҳифз намуда буданд, аз ҷумла Абдуллоҳ ибни Масъуд, Солим ибни Маъқил, Мавлон ибни Ҳузайфа, Муъоз ибни Ҷабал, Убай ибни Каъб ва Зайд ибни Собит.ҶАМЪОВАРИИИ ҚУРЪОН  ВА НАВИШТАНИОН ДАР ЧАНД МУСҲАФДар замони ҳаёти Пайғамбар (с) бо таваҷҷӯҳ ба ин ки нузули ваҳй идома хоҳад дошт, Қуръонро дар як мусҳаф ҷамъ накарданд ва Пайғамбар (с) дар ҳоле вафот кард, ки Қуръон  танҳо дар синаҳо ва бар рӯйи баргҳову сафҳаҳои зиёд ва ҷудо аз ҳам ҷамъу ҳифз шуда буд. Абӯбакри Сиддиқ, ки баъд аз Пайғамбар (с) ба ҷойнишини ӯ баргузида шуд, дар даврони хилофаташ бо касоне, ки баъд аз Пайғамбар (с)  аз дин баргашта буданд, ба ҷанг пардохт.Дар ҷанги Ямома шумори фаровоне аз ҳофизони Қуръон ба шаҳодат расиданд. Умар ибни Хаттоб аз бими ин ки мабодо бо аз байн рафтани ҳофизони Қуръон худи Қуръон низ аз байн биравад, ба Абӯбакр (р) пешниҳод намуда, ки Қуръонро дар як мусҳаф ҷамъ намояд. Абӯбакр дар ибтидо аз пазируфтани ин пешниҳод мутараддид буд, чун мегуфт чӣ тавр даст ба коре бизанад, ки дар замони Пайғамбар (с) чунин коре анҷом нагирифтааст? Аммо саранҷом пешниҳоди Умар (р)-ро пазируфт ва онро ба маслиҳати Ислом донист. Ба Зайд ибни Собит, ки аз ҳама асҳоб бештар дар маҷлиси Пайғамбар (с) ҳузур дошт ва яке аз беҳтарин ҳофизони Қуръон  буд, дастур дод, то Қуръонро дар як мусҳаф ҷамъ намояд. Зайд ҳам тамоми авроқ ва сафаҳоти Қуръонро дар як мусҳаф ҷамъ намуд ва онҳоро ба сурати як китоб даровард. Ин мусҳаф то замоне, ки Абӯбакр дар қайди ҳаёт буд, дар назди ӯ нигоҳдорӣ мешуд. Баъд аз вафоти Абӯбакр дар назди Умар ибни Хаттоб қарор гирифт, сипас Умар онро ба духтараш Ҳафса – ҳамсари  Пайғамбар (с) супурд.Ҳангоме мусулмонҳо дар нуқоти мухталифи ҷаҳон ҳузур пайдо карданд, мардум бар асос ва мизони тафовут ва ихтилофе, ки дар лаҳҷаҳо бо ҳам доштанд, дар қироат ва тиловати Қуръон низ бо ҳам ихтилоф пайдо намуданд. Масалан, баъзеҳо калимаи «тобут»-ро бо то (تابوت - тобут) ва баъзеҳо бо ҳо (تابوة - тобуҳ) қироат мекарданд. Дар замони хилофати Усмон ибни Аффон ба ӯ хабар доданд, ки ихтилоф дар қироати Қуръон дар байни мардум шоеъ шуда ва зарурат дорад, ки онро бартараф намояд. Усмон (р) ҳам дастур дод, то мусҳаферо, ки назди Ҳафса буд, биёваранд ва ба се нафар асҳоб, ки дар байни мардум ба хотири ҳофизаи қавиашон машҳур буданд ва тамоми Қуръонро ба хубӣ дар сина ҳифз карда ва маъруф буданд, дастур дод, ки Қуръонро бар асоси охирин қироате, ки Пайғамбар (с) дар охирин моҳи рамазон барои Ҷабраил тиловат намуд, бинависанд. Пайғамбар (с) дар моҳи рамазони ҳар сол Қуръонро бар Ҷабраил қироат менамуд.Бо вуҷуди ин ки сафаҳоту авроқи Қуръон дар як ҷо  ҷамъ шуда буданд, Зайд ибни Собит камоли диққат ва эҳтиётро риоя мекард ва ҳеҷ оятеро наменавишт, магар пас аз ин ки он ду нафари дигар шаҳодат бидиҳанд, ки айни ҳамин оятро бо ҳамин сурат аз даҳони худи Пайғамбар (с) ба ҳангоми нузули ваҳй шунидаанд. Саранҷом ин се нафари қурайшӣ чаҳор нусха ва ба қавли баъзе ҳафт нусха Қуръонро навиштанд ва амирулмӯъминин Усмон (р) се нусхаи онро ба шаҳрҳои Куфа, Басра ва Шом фиристод ва як нусхаро пеши худ нигоҳ дошт. Ва баъзеҳо гуфтаанд: нусхаи панҷумро ба Яман, нусхаи шашумро ба Баҳрайн ва нусхаи ҳафтумро ба Маккаи мукаррама фиристод. Он гоҳ дастур дод ба ҷуз ин чанд мусҳафе, ки бар асоси охирин қироати Пайғамбар (с) бар Ҷабраил навишта шудааст, ҳар мусҳафи дигаре, ки вуҷуд дорад, ба манзури ҷилавгирӣ аз ихтилоф бисӯзонанд ва танҳо ин чаҳор ё ҳафт мусҳаф ба унвони имом ва марҷаъи мардум қарор гиранд ва нусхабардорию навиштани мусҳафҳои дигар бояд фақат аз рӯйи ин чаҳор ё ҳафт мусҳаф бошад.МАҲФУЗ МОНДАНИ ҚУРЪОН АЗ ТАҲРИФЭҳтимоме, ки мусулмонҳо нисбат ба ҳифз, китобат ва навиштани Қуръони карим мабзул доштаанд, то ба ҳол дар байни ҳеҷ як аз миллатҳои ҷаҳон ва нисбат ба ҳеҷ китобе, хоҳ аз китобҳои осмонӣ ё заминӣ, дида нашуда ва дар тӯли таърих ҳеҷ китобе вуҷуд надошта, ки бо чунин эҳтимому тақдис ва риоятҳое аз он муҳофизат ва нигаҳдорӣ шуда бошад. Ҳар оят ва ё маҷмӯи оятҳое, ки нозил мешуд, Пайғамбар (с) онҳоро дар синаи худ ҳифз менамуд. Ҳамин ки ваҳй тамом мешуд, Расули Худо оятҳои нозилшударо барои ҳозирин мехонд ва ба котибони ваҳй дастур медод, ки онҳоро бинависанд ва худ як нусха аз оятҳои навишташударо дар манзили худ нигоҳдорӣ мекард.Албатта, Қуръон ба монанди дигар китобҳои муқаддаси осмонии пешин  танҳо дар инҳисор (монополия)-и иддаи хосе набуд, то ин эҳтимол пеш ояд, ки амдан ё саҳван тағйире дар он ба вуҷуд омада бошад. Чун Қуръон дар дастраси тамоми қишрҳо ва табақоти мухталифи мардуми мусулмон қарор дошт ва тамоми мусулмонҳо ногузир буданд дар ҳолати намозу ғайри намоз онро тиловат намоянд, ба Қуръон  ҳукму қазоват кунанд ва ба ҳифзи ҳарф ба ҳарфи он ҳиммат бигуморанд. Дар чунин шароите ба ҳеҷ ваҷҳ қобили тасаввур нест, ки касе битавонад қасдан ё аз рӯйи иштибоҳ тағйиру таҳрифе дар Қуръон  ба вуҷуд оварад ва бақияи уммати Ислом аз он бехабар бошанд, дар ҳоле ки Қуръон ба сурати қонуни асосӣ ва барномаи зиндагӣ ва имому марҷаъи тамоми масоили динию иҷтимоии мусулмонҳо даромада буд.Албатта, қабл аз ин ки ба дастури Абӯбакр (р) тамоми авроқ ва сафаҳоти Қуръон дар як ҷилд ҷамъ шавад, тамоми оятҳои Қуръон ба сурати навишта дар назди Пайғамбар (с) ва аксари асҳоб мавҷуд буд ва асҳоб Қуръонро дар манзили худ аз рӯйи нусхаҳои навишташуда тиловат мекарданд. Ҳангоме ки Усмон (р) охирин бор Қуръонро ҷамъ намуд, аксари ҳофизон ва котибони Қуръон  ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданд. Пас дар чунин авзоъ ва аҳвол чӣ тавр тасаввур мешавад, ки таҳрифе дар он ба вуҷуд омада бошад?! Садақаллоҳу-л-азим, ки мефармояд:﴿إِنَّا نَحۡنُ نَزَّلۡنَا ٱلذِّكۡرَ وَإِنَّا لَهُۥ لَحَٰفِظُونَ ٩﴾ [الحجر: ٩]«Ба ростӣ, мо худамон Қуръонро бар Муҳаммад (с) нозил кардаем ва ҳам худамон онро аз ҳар тағйиру таҳрифе нигаҳ медорем» (Ҳиҷр, 9).ҚУРЪОН БА ЧӢ ШЕВАЕ БАР  ПАЙҒАМБАР (С) НОЗИЛ ШУД   ВА НУЗУЛИ ОН БА ИН ШЕВА ЧӢ ФАЛСАФАЕ ДОШТ?Қуръон тақрибан дар зарфи бисту се сол ба сурати тадриҷӣ бар Пайғамбар (с) нозил шудааст. Баъзе вақтҳо танҳо ояте ва гоҳе то даҳ оят бар ҳасби ниёз ва тақозои авзоъ ва шароит нозил мегардид. Нузули тадриҷии Қуръон бар ҳасби ниёз боис шуд, ки оятҳои нозилгашта бештар ба табъи арабҳо созгор бошад, мавриди истиқболи онҳо қарор гирад, бурҳони Қуръон қотеътару ошкортар шавад ва ҷанбаҳои эъҷози Қуръон беҳтар намоён гардад. Агар  Қуръон ба сурати бахш-бахш аз як то чанд ояте маъдуд нозил намешуд, ин далел, ки «Қуръон арабҳоро ба мубориза талабида ва гуфта агар шак доред, ки Қуръон каломи Худост, шумо сураеро биёваред, ки дар фасоҳату балоғат ва адабу ҳидоят монанди кӯтоҳтарин сураҳои Қуръон бошад» боиси илзом ва шикасти арабҳо дар ин таҳаддӣ ва мубориза намешуд. Чун Қуръон арабҳоро ба мубориза талабида ва гуфта сураеро ба монанди яке аз сураҳои Қуръон биёваред, агар Қуръон якҷо ва ба сурати як сура нозил мешуд, арабҳо то андозае маъзур буданд ва метавонистанд бигӯянд ба хотири ин ки Қуръон як сураи тӯлонӣ аст, мо вақти онро надорем, ки сурае монанди онро биёварем ва агар Қуръон то ин андоза сурааш тӯлонӣ намебуд, метавонистем дар фасоҳату балоғат ва... бо Қуръон мубориза кунем.Аммо вақте ки Қуръон ба сурати як ё чанд оят дар фосилаҳои тӯлонӣ ва шароиту авзоъ ва макони мухталиф бар Пайғамбар (с) нозил мегардид, арабҳоро ба мубориза металабид, ки ҳама ҷамъ шаванд ва ҳамдигарро кӯмак кунанду сураеро монанди кӯтоҳтарин сураҳои Қуръон бо худ биёваранд. Вақте ки ҳама арабҳо бо тамоми имконоту фурсате, ки доштанд ва бо исрор мехостанд Пайғамбар (с)-ро шикаст диҳанд, натавонистанд ба муборизаталабии Қуръон посух гӯянд ва аз овардани сурае монанди кӯтоҳтарин сураҳои он оҷиз монданд. Ин амр яке аз бузургтарин далелҳо бар эъҷози Қуръон аст ва нишонаи он аст, ки Қуръон каломи Худо аст ва башар аз гуфтаи чунин каломе оҷизу нотавон мебошад. Мо мебинем, ки аз ибтидои нузули Қуръон то замоне, ки Пайғамбар (с) ба Мадина ҳиҷрат кард, аксар оятҳое, ки нозил мешуд, ба сурати сураҳои кӯтоҳ буд ва имкони мубориза бо онҳо бештар буд, вале бо вуҷуди ин арабҳо аз мубориза бо он оҷиз монда буданд.Яке дигар аз ҳикматҳои нузули Қуръон  ба сурати тадриҷӣ ин аст, ки Худованд мехост арабҳоро батадриҷ тарбият кунад ва ба муқтазои шароиту ҳаводис Қуръонро нозил кунад, то дастуроти илоҳӣ беҳтар дар қалби онҳо ҷой гирад ва беҳтар онро дарк намоянд (ва беҳтарин кор ин аст, ки ба ҳангоми бурузи дард даво истифода шавад). Ин шева боис шуд, ки арабҳо битавонанд тадриҷан ахлоқу одоти нописанди худро ба осонӣ тағйир диҳанд. Албатта, арабҳо дар даврони ҷоҳилият пойбанди ҳеҷ ахлоқе набуданд ва ҳар кореро мубоҳ медонистанд, агар Қуръон ба сурати дар як ҷо ва якбора бар онҳо нозил мегардид, амал ба ҳама дастурот ва таколифи он ва парҳез аз ҳама корҳои ҳарому нописанд дар як замон барои онҳо бисёр сангин ва душвор буд ва аз қабули ин ҳама дастурот ва парҳезу ин ҳама манҳиёт метарсиданд ва аз он гурезон мешуданд.Ҳикмат ва фалсафаи дигари нузули Қуръон ба сурати тадриҷӣ ин аст, ки иродаи Худо бар ин буда, ки Пайғамбар (с) Қуръонро дар синаи худ ҳифзу забт намояд ва ба  ҳангоми мубориза бо душманон қалби худро бо он тақвият кунад ва оромиш бахшад, ҳамон гуна ки Худованд мефармояд: «Кофирон мегуфтанд, чаро Қуръон якҷо ва якбора бар Муҳаммад (с) нозил нашуд? (Ва тадриҷан дар фосилаҳои гуногуни замонӣ нозил мегардад)? Вале мо ҳамин гуна (Қуръонро тадриҷан бар шумо нозил мекунем ва бахш-бахш онро барои ту мефиристем), то дили туро (бо унс ба он ва ҳифзи он)  побарҷову устувор бидорем ва Қуръонро бахш-бахш ба тадриҷ (ба василаи Ҷабраил) бар ту мехонем» (Фурқон, 32).Аз як тараф Пайғамбари Худо (с) бесавод буд ва қудрати хондану навиштанро надошт, аммо дигар пайғамбарон босавод буданд ва қудрати хондану навиштанро доштанд ва метавонистанд китобҳоеро, ки якҷоя бар онҳо нозил мешуд, бинависанд ва забт намоянд.ҚУРЪОН БА МУБОРИЗА БАРМЕХЕЗАДВА МУБОРИЗ МЕТАЛАБАДҚуръон арабҳоро ба мубориза талабид ва аз онҳо хост, агар метавонанд китоберо монанди Қуръон бо сураҳое ба мисли кӯтоҳтарин сураҳои он бо худ биёваранд, аммо душманон қодир ба мубориза бо Қуръон  набуданд ва аз ибтидои нузули Қуръон  то ба имрӯз аз овардани каломе, ки битавонад дар фасоҳату балоғат, ҳидоят, адабу услуб бо кӯтоҳтарин сураи Қуръон  баробарӣ кунад, оҷиз монда ва ин аҷз дар баробари таҳаддӣ ва муборизаталабии Қуръон бузургтарин гувоҳ аст бар ин ки Қуръон  каломи Худост  ва ҳеҷ кас ва ҳатто  тамоми инсонҳо, агарчи якдигарро ёрӣ диҳанд ҳам, аз овардани китобе ба мисоли Қуръон ва ё яке аз сураҳои он оҷизу нотавонанд. Ҳоло ба тавзеҳ ва тафсили ин матлаб таваҷҷӯҳ фармоед. Арабҳо қабл аз Ислом табиатан дорои алоқа, завқи адабӣ, шеъру хитоба, суханронӣ ва ишқ ба балоғату фасоҳат буданд. Ҳар сол чандин кунгура (гирдиҳамоӣ)-и шеъру адабро дар маҳалле ба номи Уккоз ташкил медоданд ва шуаро бо ҳам ба мусобиқа мепардохтанд ва ҳар як ашъори худро месуруд, фасоҳату балоғати худро дар маърази намоиш қарор медод ва чандин нафар аз шуарои барҷаста ва устоди мусаллам дар шеър, ки дар он ҷо буданд, ба унвони довар дар байни онҳо қазоват мекарданд ва беҳтарин шеъру шоирро интихоб менамуданд.Араб ба тафаввуқ дар фунуни адабӣ ва шеъру балоғат машҳур буд ва ин тафаввуқ яке аз бузургтарин хусусиёт ва имтиёзоти он ба шумор меомад, ки ба  ду далел аъроб тавониста буданд ба ин имтиёз ноил шаванд.Аввалан, зиндагӣ дар саҳрову саҳронишинӣ инсонро ба тааммул ва тафаккур водор месозад ва авотифу эҳсосотро бармеангезад ва қувваи тахайюлро нерӯманд менамояд. Вақте авомил ва шароити лозим ба вуҷуд омад, мусалламан шеър ба дарунҳо илҳом мешавад ва адабу балоғатро ба  шеваҳои мухталиф ҳамроҳ хоҳад дошт.Сониян, зиндагии қабилавӣ иқтизо мекард, ки қабилаҳо нисбат ба ҳам дар ҳоли тафохуру адоват ва ҷанги шадид бошанд, ҳар қабилае ниёзи шадиде ба як шоири фасеҳу балеғ дошта, ки ба ӯ таърифу тавсифи қабилаи худ бипардозад ва шарафи ифтихорро барои он касб кунад ва манзалати иҷтимоии онро боло барад ва қабилаи мухолифро мавриди таън ва ҳаҷву интиқод қарор диҳад ва онро дар чашми мардум беобрӯ ва беарзиш нишон диҳад. Ба ҳамин далел ба фанни хитоба ва шеър фавқулодда аҳамият медоданд ва барои шуарои барҷаста ва хатибҳои фасеҳу балеғ эҳтироми фаровон  қоил буданд.Қуръони карим, ки фасеҳу балеғтарин калом аз лиҳози услуб ва маъно аст, аз ҷониби Худо бар Пайғамбар (с) нозил шуд, то дар дили мардуми Ҷазиратулараб, ки ҳамеша муташанниҷ, ноором ва музтариб буд, нуфуз кунад ва бар онҳо мусаллат гардад. Мусалламан, Қуръон наметавонист бар қалбҳо тасаллут пайдо намояд, магар ин ки қавитар ва боарзиштар аз чизҳое бошад, ки ин қалбҳо аз онҳо нерӯ мегирифтанд ва онҳоро боарзиш медонистанд. Зарурати дошти фасоҳату балоғати Қуръон ба ҷое бирасад, ки ин дилҳо дар баробари он таслим шаванд ва ба нотавонию аҷзи худ иқрор намоянд. Яке аз хусусиятҳои фитрии нафс ин аст, ки ҳар гоҳ дар нуқтае, ки боиси ифтихори ӯ аст ва аз нуқоти барҷастаи зиндагӣ ва мавриди эҳтимоми он ба шумор меояд, шикаст бихӯрад, нафс дучори заъфу сустӣ мешавад ва яъсу навмедӣ ва сархӯрдагӣ бар он ғолиб мегардад, тавре ки дигар камтар чизе метавонад онро аз ин бӯҳрон наҷот бахшад ва камтар нерӯе қодир аст онро ёрӣ расонад. Ба ҳамин далел буд, ки баъд аз нузули Қуръон ва шикасту аҷзи арабҳо дар муқобила бо он аз лиҳози фасоҳату балоғат, ки аз муҳимтарин корҳо ва сармояи зиндагӣ ва ифтихороти онҳо ба шумор мерафт, дигар арабҳо натавонистанд дар ин замина сар баланд кунанд ва иддаое дошта бошанд.Вақте фусаҳову булағои араб Қуръонро шуниданд, дар баробари фасоҳати он моту мутаҳаййир гаштанд, ба бартарӣ ва балоғати фавкулодаи он  эътироф намуданд, чашми шуаро дар баробари нури Қуръон хира шуд ва забонашон аз баёни ҷумлае дар баробари он лол гашт, эҳсоси шоирии онҳо хомӯш монда, илҳоми шеърии онҳо ба заъф гароид ва нерӯи балоғати онҳо дар амвоҷи нерӯманди Қуръон маҳву нобуд шуд. Вале бо ҳамаи инҳо сарони ширку куфр аз имон ба дини нав худдорӣ карданд ва рисолати Муҳаммад (с)-ро напазируфтанд ва бо тавассул ба мавҳумот ва хурофот ба мубориза ва мухолифат бо ҳақ пардохтанд ва гоҳе ба ифтиро мегуфтанд, ки Қуръон шеър аст ва гоҳе онро сеҳр ном мениҳоданд ва дигар бор онро дар ҷузъи достонҳои гузаштагон ба ҳисоб меоварданд ва  Пайғамбар (с)-ро ба девонагӣ муттаҳам мекарданд ва ё ӯро ба унвони коҳин ва раммол муаррифӣ менамуданд.Чун одати араб бар ин буд, ки маҷолисро ташкил диҳанд ва дар фасоҳату  балоғат ва хитобаву шоирият бо ҳам ба мусобиқа ва мубориза бипардозанд ва хутбаву ашъор ва қитъаҳои фасеҳи худро бо ҳам бихонанду ба маърази намоиш қарор диҳанд, Қуръони карим ҳам бар ҳасби ҳамин одат дар чандин оят онҳоро ба мубориза талабид ва гуфт, агар тардид доред, ки ин Қуръон каломи Худо аст, шумо  ҳама бо ҳам ҷамъ шаведу китоберо мисли Қуръон ва ё кӯтоҳтарин сураҳои он бо худ биёваред.Албатта, ҳикмат ва фалсафаи ин муборизаталабӣ ва зикри он дар Қуръон  ин аст, ки таърих дар тамоми асрҳо шоҳид бошад, ки арабҳое, ки  дар авҷи фасоҳату балоғат ва қудрати шеъру суханварӣ қарор доштанд, дар баробари Қуръон  оҷизу нотавон монданду сари таслим фуруд оварданд ва дигар арабҳои ғайрифасеҳ ва ғайриарабҳои дурӯғгӯ ё мунофиқ ва ё ашхоси фиребхӯрдаву ноогоҳ, ки баъд аз замони ваҳй меоянд, натавонанд иддао кунанд, ки арабҳо қодир ба муқобалаи ба мисл бо Қуръон  буданд ва Қуръон  мӯъҷиз нест...[4]Аммо шевае, ки Қуръон дар ин таҳаддӣ ва муборизаҷуӣ дар пеш гирифта, ин  аст, ки танҳо миллати арабро ба мубориза даъват намудааст ва аз онҳо дархост карда, то китоберо монанди Қуръон бо худ биёваранд. Ва мефармояд: «(Эй Муҳаммад (с)) бигӯ, агар шумо рост мегӯед (ки Қуръон ва Таврот каломи Худо нестанд), пас китобе равшантару ҳидоятбахштар аз онҳо бо худ биёваред, то ман аз онҳо пайравӣ кунам. Агар ба пешниҳоди шумо посух надоданд, бидон, ки эшон танҳо аз ҳавову ҳавасҳои худ пайравӣ мекунанд. Охир, чӣ касе гумроҳтару саргаштатар аз касе аст, ки (дар масоили динӣ) аз ҳавову ҳавас пайравӣ намояд, бидуни ин ки далелу раҳнамуде аз ҷониби Худо (ба он шуда) бошад?! Мусалламан, Худованд мардумони ситампешаро (ба сӯйи худ) раҳнамуд наменамояд» (Қасас, 49-50).Ҳангоме ки ин оят аз арабҳо дархост кард, ки китоберо монанди Қуръон  биёваранд, чиҳилу ҳафтум сура аз Қуръони карим нозил шуда буд. Арабҳо саргаштаву мутаҳаййир монда буданд, ки чӣ тавр китобе ба монанди Қуръон биёваранд, хеле саъй карданд, ки ба ин таҳаддӣ ва муборизаталабии Қуръон посух диҳанд, вале оҷизу сарафканда шуданд. Ба ҳамин далел аст, ки Қуръон дар ояти 88-уми сураи «Исро» онҳоро мавриди хитоб қарор медиҳад ва ба эшон мегӯяд:﴿قُل لَّئِنِ ٱجۡتَمَعَتِ ٱلۡإِنسُ وَٱلۡجِنُّ عَلَىٰٓ أَن يَأۡتُواْ بِمِثۡلِ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ لَا يَأۡتُونَ بِمِثۡلِهِۦ وَلَوۡ كَانَ بَعۡضُهُمۡ لِبَعۡضٖ ظَهِيرٗا ٨٨﴾ [الاسراء: ٨٨]«Агар инсону ҷин ҳама бо ҳам ҷамъ шаванд ва якдигарро ёрӣ диҳанд, боз наметавонанд китоберо ба монанди Қуръон бо худ (ба миён) биёваранд». (Исро, 88).Қуръон дар ин мубориза ва таҳаддӣ қадами дигареро ба пеш бардошт ва гуфт: «Агар наметавонед китоберо ба монанди Қуръон биёваред, даҳ сура ба монанди сураҳои Қуръон биёваред».«Балки (мушрикон) мегӯянд, ки Муҳаммад (с) худаш Қуръонро таълиф намуда ва онро ба дурӯғ ба Худо нисбат медиҳад, бигӯ, агар мегӯед ин Қуръон каломи башар аст, пас шумо ҳам даҳ сураи дурӯғинро ба монанди сураҳои он таълиф кунед ва ба ҷуз Худо ҳар касеро, ки метавонед, даъват ва ба ёрии худ биталабед, агар воқеан, ростгӯ мебошед. Пас, эй мушрикон, агар касоне, ки шумо онҳоро ба ёрӣ даъват мекунед, ба шумо посух надоданд ва натавонистанд шуморо ёрӣ диҳанд, бидонед, ки ин Қуръон бо илму ваҳйи илоҳӣ нозил шудааст (ва он аз илми илоҳӣ сарчашма мегирад) ва маъбуди барҳаққе ҷуз Худо вуҷуд надорад. Пас оё дини Исломро мепазиред ва таслими амри Худо мешавед?» (Ҳуд, 13-14).Қуръон аз иддаои касоне, ки гуфтанд Қуръон каломи Муҳаммад (с) аст ва Муҳаммад (с) ба дурӯғ онро ба Худо нисбат медиҳад, тааҷҷуб менамояд ва ба онҳо мегӯяд, агар ин иддаои шумо рост аст, даҳ сура ба монанди сураҳои Қуръон биёваред ва аз тамоми фусаҳову булағо ҳам кӯмак бигиред. Вале мушрикон дар ин муқобала низ оҷиз монданд ва қодир ба овардани даҳ сура ба монанди сураҳои он нашуданд. Таърих ин аҷзро то ба имрӯз собит ва сабт намудааст. Шоёни таваҷҷӯҳ аст, ки Худованди мутаол  аҷзи онҳоро аз овардани даҳ сура далели он қарор дода, ки Қуръон  каломи Худо ва Худованд бешарику беҳамтост.Баъд аз аҷзи мушрикон аз таҳаддии собиқ Қуръон  сеюмин қадамро ба пеш бардошт ва мушриконро ба таҳаддӣ ва мубориза даъват намуд. Гуфт, агар тардид доред, ки Қуръон  каломи Худо аст, як сурае монанди сураҳои Қуръон биоваред. Қуръон  ин бор таҳаддии худро ба охирин марҳала мерасонад ва мефармояд:﴿وَإِن كُنتُمۡ فِي رَيۡبٖ مِّمَّا نَزَّلۡنَا عَلَىٰ عَبۡدِنَا فَأۡتُواْ بِسُورَةٖ مِّن مِّثۡلِهِۦ وَٱدۡعُواْ شُهَدَآءَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ٢٣ فَإِن لَّمۡ تَفۡعَلُواْ وَلَن تَفۡعَلُواْ فَٱتَّقُواْ ٱلنَّارَ ٱلَّتِي وَقُودُهَا ٱلنَّاسُ وَٱلۡحِجَارَةُۖ أُعِدَّتۡ لِلۡكَٰفِرِينَ ٢٤﴾ [البقرة: ٢٣،  ٢٤]«Агар дар бораи он чи бар бандаи худ нозил кардаем, дучори шак ва дудилагӣ мебошед, пас сурае монанди он биоваред ва онро нишон диҳед ва ба ҷуз Худо тамоми худоёну маъбудони ноҳаққи худро, ки мегӯед дар қиёмат барои мо гувоҳӣ медиҳанд, даъват намоед ва аз онҳо ёрӣ биҷӯед, агар воқеан дар иддаои худ ростгӯ бошед. Агар натавонистед сураеро биоваред ва ҳаргиз нахоҳед тавонист, пас бо дурӣ аз куфр ва бо имон ба Худо худро аз оташе ба дур доред, ки қисме аз афрӯзина ва сӯзишвории он инсону санг (асном) мебошад ва барои кофирон афрӯхта ва омода гаштааст» (Бақара, 23-24).Ин ҳукми қотеъ, ки Қуръон мегӯяд, ҳаргиз ҳеҷ кас наметавонад сураеро ҳарчанд ба андозаи кӯтоҳтарин сураҳои он бошад, таълиф кунад ва ба мардум нишон диҳад, як ҳукм ва қазовати башарӣ нест, зеро имкон надорад як инсони оқил чунин иддаое кунад ва чунин шартеро бар алайҳи худ дар ихтиёри душманонаш қарор диҳад. Чун ҳар инсони оқиле эҳтимол медиҳад, ки дар ҷаҳон инсонҳое ҳастанд ва хоҳанд омад, ки аз ҳар ҷиҳат аз ӯ нерӯмандтару қавитар бошанд. Пас маълум мегардад, ки содиркунандаи ин ҳукм Муҳаммад (с) нест, балки ин Худованди мутаол аст, ки бар тамоми асрори вуҷуд мусаллату огоҳ аст ва чунин ҳукми қотеъеро содир мекунаду медонад, ки ҳаргиз ҳеҷ кас қудрати инро надораду нахоҳад дошт, ки бо ӯ мубориза кунад ва чизеро бо худ биоварад, ки Худованд қудрати овардани онро надорад.[5]Арабҳо оятҳои марбут ба муборизаталабиро шуниданд ва ин мавзӯъ дар байни онҳо шоеъ шуд ва дар маҷолису маҳофил аз он баҳс мекарданд. Аммо аҷзу нотавонии эшон дар ин майдон ошкор гардид ва ба хубӣ ин ҳақиқатро дарк намуданд, ки ҳеҷ вақт қудрати мубориза бо Қуръонро нахоҳанд дошт.Агар Қуръон каломи ғайрифасеҳ мебуд ва ё фасоҳаташ ғайримӯъҷиз мебуд ва қудрати инро намедошт, ки бо равишу услуби худ арабҳоро дар мубориза ба аҷзу шикаст водор кунад, ҳатман ба ҳамон сарнавиште дучор мегашт, ки қасоиду хитобаҳо ва достонҳо дар байни арабҳо ба он дучор гашта буданд ва монанди онҳо аз дараҷаи эътибор соқит мешуд. Он вақт арабҳо калима ба калима ва оят ба оят Қуръонро ботил мекарданд, бидуни ин ки рӯҳашон заифу табъи шеърии онҳо ба хомӯшӣ гароид. Он вақт сарнавишти арабҳо ва сарнавишти Қуръон ғайри ин буд, ки ҳоло ҳаст. Бояд гуфт, ки фусаҳову булағои фаровоне дар миёни арабҳо вуҷуд дошт, ки шадидан бо дини Ислом душманӣ меварзиданд ва дар ҷустуҷӯи эроду нақс аз он ба сар мебурданд. Агар нуқтаи заъфе аз балоғати Қуръон ба даст меоварданд, онро ба ҳама нишон медоданд ва мардумро аз он бохабар менамуданд ва каломи фасеҳтар аз Қуръонро бо худ меоварданд.[6]Ҷоҳиз дар бораи Қуръон мегӯяд: «Худо шуморо мавриди раҳмат қарор диҳад, чӣ тавр мумкин аст тамоми арабҳо дар як амри зоҳиру ошкор иштибоҳ кунанд ва бар як амри ғалат муттафиқ шаванд; ба ин маъно, ки дар ҳоле ки қудрати мубориза бо Қуръонро дошта бошанд, ҳама ба иштибоҳ бигӯянд, ки ин қудратро  надорем ва нангу ор ва зиллату шикастро қабул кунанд ва ба аҷзу нотавонии худ эътироф намоянд. Арабҳое, ки ғуруру худхоҳӣ яке аз хусусиятҳои онҳо ба  шумор мерафт ва бартарӣ дар фасоҳат бузургтарин ифтихори онҳо буд, ба ҳеҷ ваҷҳ ҳозир ба қабули ин зиллат набуданд. Арабҳо, ки барои пирӯзии худ ҳатто дар корҳои беаҳамият ҳам ба анвоъи ҳилаву дасиса мутавассил мешуданд, чӣ гуна дар ин мавзӯи бисёр муҳим ва пурманфиат таслим шуданд?! Ҳамон тавр ки муҳол аст гуфта шавад арабҳо  ба муддати бисту се сол ба ғалату иштибоҳ дар муқобила бо Қуръон сукут карданд, муҳол аст, ки гуфта шавад арабҳо медонистанд, ки қудрати мубориза бо Қуръонро доранд ва медонистанд  ба чӣ тариқе бо он мубориза кунанд, вале амдан мубориза накарданд».То ба ҳол наслҳои бешуморе омада ва қарнҳо сипарӣ шуда, дар  ҳар асру замоне уламову удабо, суханварон, муҳаққиқон ва нависандагон ба эъҷози Қуръон иқрор карда ва эътироф намудаанд, ки қудрати инро надоранд, то ба мақоми шомихи фасоҳату балоғати Қуръон наздик шаванд.Дар таърихи миллати араб насрнависони чирадаст дар сатҳи аъло, ба монанди Ибни Муқаффаъ, Ҷоҳиз, Ибни Амид ва Бадеъ, шоирони дараҷаи аввал ба монанди  Ҷарир, Фараздақ, Башшор, Абӯнувос, Абӯтамом, Мутанаббӣ, Мисрӣ, Шавқӣ ва ғайри онҳо бисёр будаанд, вале фасоҳату балоғати онҳо куҷо ва фасоҳату балоғати Қуръон куҷо?! Магар ҳеҷ як аз онҳо ҷуз таслиму имон ба ин ки Қуръон ваҳйи илоҳӣ аст, аксуламали дигаре аз худ нишон додаанд?!ҚУРЪОН МӮЪҶИЗАИ МУҲАММАД (С)АЛАЙҲИССАЛОМ  АСТҲикмат ва машияти илоҳӣ иқтизо намуд, то мӯъҷизаи Муҳаммад (с) аз ҷинси мавзӯъ ва коре бошад, ки араб дар он маҳорат ва нубуғ доштанд. Чун мӯъҷизаи ҳар як аз пайғамбарони пешин аз ҷинси ҳамон амр ва мавзӯе буд, ки миллаташ дар он амр маҳорат ва нубуғ доштанд. Ҳангоме қавми Фиръавн дар риёзот, улуми табиӣ ва сеҳр ва нубуғ маҳорат доштанд, мебинем Худованд оятҳо ва мӯъҷизотеро ба Мӯсо мебахшад, ки уламо ва соҳирон аз ҳама беҳтар донистанд, ки ин мӯъҷизот аз ҷониби Худо аст ва аз қудрати Мӯсо хориҷ мебошад. Вақте асои Мӯсо ба аждаҳое табдил мешавад ва тамоми ресмонҳои соҳиронро, ки дар чашми мардум ба сурати аждаҳо даромада буданд, фурӯ мебарад, соҳирон мефаҳаманд, ки ин мӯъҷизаи илоҳӣ аст ва фавран имон меоваранд.Қавми Исо ҳам дар табобат ва илми пизишкӣ маҳорат ва нубуғ доштанд ва мункири рӯҳ буданд. Худованди мутаол ба Исо иҷоза дод, то кӯри модарзод ва марази барасро муолиҷа кунад ва шифо  бахшад ва мурдаро зинда намояд.Ба ҳақиқат, мӯъҷизоти пайғамбарони пешин, ки бар сидқи нубуввати онҳо далолат мекард, ҳаводис ва вақоеъе буд гузаро ва ғайридоимӣ ва танҳо касоне, ки бо пайғамбарон ҳамаср буданд ва онҳоро мушоҳида мекарданд, ба онҳо имон меоварданд ва таъсири онҳо бар касоне, ки дар асри анбиё вуҷуд надоштанд ва баъдан меомаданд ва аз тариқи ривоят аз ин мӯъҷизот бохабар мешуданд, камтар буд. Албатта, мӯъҷизоти пайғамбарони пешин мутаносиб бо фарҳангу огоҳӣ ва тарзи тафаккури давраҳое буд, ки ақли башарӣ рушди кофӣ наёфта буд ва ҳанӯз дар мароҳили туфулият ба сар мебурд. Аммо вақте ки ақл ба камоли худ расида ва ба улуму дониши фаровоне даст ёфта ва эродҳову эътирозҳое бар динҳо ворид намудаанд, дигар мӯъҷизоти пайғамбарони пешин наметавонанд ҷавобгӯи онҳо бошанд. Бинобар ин, таъсири ин мӯъҷизот ба пайравони динҳои пешин заиф гаштааст ва ё беҳтар бигӯем, имонҳо заиф шуда ва куфру илҳод ҳуҷум овардаанд. Аз ин рӯ, дин ниёз ба далоили қотеъ ва равшан дорад, ки ғайри  далоили пайғамбарони пешин бошад.Аксари мардум ба дурустӣ намедонанд, ки Ислом барои даъвати мардум шеваеро дар бар гирифтааст, ки хилофи шеваи динҳои гузашта мебошад ва дар баёни далелу бурҳон бар дурустӣ ва ҳаққонияти худ роҳи тозаеро дар пеш гирифтааст ва Қуръонро ба унвони мӯъҷиза ва далелу бурҳон бар ҳаққонияти худ қарор додааст. Қуръон каломе аст абадию азалӣ, дар тӯли таърих бо инояти Худо  боқӣ хоҳад монд ва ба воситаи нури ҳидоят, қонун, шева, услуби баён ва азамати маънои он башарро ба таслим ва аҷз дар баробари худ водор намудааст. Қуръон дар ҳоле ба Пайғамбар (с) нозил гардид, ки ақли башарӣ ба рушду тараққии кофӣ расида буд, бурҳону далоили мантиқӣ ва илмии Қуръон ҳамоҳанг бо пешрафти илму тамаддун мебошад. Мо ба таври хулоса ба як  баррасии илмӣ дар бораи эъҷози Қуръон мепардозем, ки  гувоҳӣ медиҳад, ки Қуръон каломи Худост ва ҳар инсоне, ки дорои ақли солим бошад, ба ин баррасӣ қонеъ мешавад ва ба Қуръон имон меоварад ва танҳо афроди ҷоҳилу кӯрдил ва душмани ҳақиқат аз пазируфтани он рӯгардон хоҳад шуд.ЭЪҶОЗИ ҚУРЪОНЭъҷоз дар луғат ба маънои ин аст, ки касе беқудрат ва нотавонӣ дар анҷоми кореро ба дигаре нисбат медиҳад ва ин қудратро барои худ собит менамояд. Масалан, вақте гуфта мешавад, ки Қуръон мӯъҷиза аст, ин ба маънои он аст, ки ба ҷуз Худо касе наметавонад китобе монанди он биоварад. Ҳамон гуна, ки аз итлоқи лафзи эъҷоз бар Қуръон фаҳмида мешавад, Қуръони карим аз тамоми ҷанбаҳо мӯъҷиза аст ва башар қудрат надорад дар ҳеҷ як аз ҷанбаҳои лафзӣ, маънавӣ, ҳидоятӣ ва... ба соҳати муқаддаси он наздик шавад. Қуръони карим яке аз осори қудрати илоҳӣ аст ва монанди дигар осори илоҳӣ касе тавону қудрати овардани мисли онро надорад ва аз тамоми ҷанбаҳо мӯъҷиз мебошад.[7]Абъод ва ҷанбаҳои эъҷози Қуръон бисёр аст ва баёни ҳамаи онҳо ниёз ба тафсилу баррасӣ ва истидлол ба оятҳои Қуръон дорад ва ин амр мусталзими навиштани чандин ҷилд китоб аст, вале мо ночорем дар ин маврид ба таври ихтисор ба баъзе аз ҷанбаҳои эъҷози Қуръон ишора намоем, то хонандаи мӯҳтарам ба таври умумӣ ба чигунагии эъҷози Қуръон огоҳ шавад ва яқин ҳосил кунад, ки Қуръон ваҳйи илоҳӣ аст.Ибтидо ба баёни шева, услуб ва сохтори калимот, ҷумлаҳо ва оятҳои Қуръон мепардозем ва хусусиятҳое, ки ин услубро аз дигар услуби каломӣ ҷудо сохтааст, баён медорем.УСЛУБ ВА САБКИ ҚУРЪОНЯке аз мазоҳири аҷиб ва ҷанбаҳои муҳимми эъҷози Қуръон сабки баён ва таркиби калимот, ҷумалот ва оятҳои он аст, ки ҳар хонанда ва шунавандаеро ба эъҷоб меандозад ва таҳти таъсир қарор медиҳад. Қуръон аз ҷанбаҳои балоғату фасоҳат, равонии лафзу маъно, забон, камоли назм ва ҳамоҳангӣ дар байни ҳуруфу калимот, ҷумалот, ҳусни дебоча ва услубу таркиб дорои шеваи мунҳасир ба фард аст ва  бо тамоми услуб, шева ва назми каломи араб муғоярат дорад.Доктор Тоҳо Ҳусайн мегӯяд: «Қуръон ҳамон гуна, ки наср нест, шеър ҳам нест, бояд гуфт Қуръон Қуръон аст, на ғайри он ва ҳеҷ исме дигаре ба ҷуз лафзи «Қуръон»-ро наметавон бар он итлоқ намуд. Маълум аст, ки Қуръон шеър нест, чун муқайяд ба қофия ва дигар қайдҳои шеър намебошад. Аз тарафи дигар, наср ҳам нест, чун Қуръон дорои назму қайдҳои махсус ба худ мебошад, ки дар ғайри Қуръон вуҷуд  надорад. Баъзе аз ин қайдҳо ба охири оятҳои муттасил дида мешавад ва баъзе дигар  оҳанг ва нағмаи мусиқии хоси оятҳоро танзим менамояд». Қозӣ Абӯбакри Боқилонӣ мегӯяд: «Назми Қуръон бо тамоми услуб ва шеваҳои гуногуни он аз ҷамеъи  назмҳои мутадовил дар каломи араб фарқ дорад ва мухолиф бо тартиби одии суханони онҳо аст, он дорои шеваи таркибии махсус ба худ мебошад, тарзи баёни он бо тамоми услуби каломи мутадовил муғоярат дорад». Ва боз мегӯяд: «Барои мо мушаххас мешавад, ки Қуръони карим дорои назму сабки махсус ба худ ва мунҳасир ба фард мебошад, зеро бешак ин сабку назм сохтаи башарӣ нест, агар сохтаи башарӣ мебуд, ҳатман ба шевае баён мешуд, ки бо яке аз услуб ва  сабкҳои арабҳои он замон ва ё сабкҳое, ки баъдан омадаанд, шабоҳат дошта бошад».[8]Ҳеҷ олиму донишманд ва инсони балиғе нест, ки иқрор накунанд, ки сабк ва услуби Қуръон аз тамоми сабкҳои араб фарқ дорад. Тамоми донишмандон ин тафовутро далели эъҷози Қуръон медонанд ва ба ҳамин далел мегӯянд, ки Қуръон каломи Муҳаммад (с) ё инсони дигаре нест. Агар Қуръон ба ин шеваву сабки хос баён намешуд, наметавонист арабҳоро дар ин мубориза шикаст диҳад ва онҳоро ба таслим шудан водор намояд. Онҳо вақте диданд, ки Қуръон дорои сабке аст, ки муҳол аст аз қареҳаву табъи башарӣ сарчашма гирифта бошад, ба аҷзи худ эътироф карданд.Баъзе аз арабҳо ба монанди Мусайлима, ки иддаои пайғамбарӣ мекард, вақте хост бо Қуръон ба мубориза бархезад, ҷумлаҳоеро бар забон овард, ки на танҳо шабеҳи Қуръон набуданд, балки аз суханони собиқи худи Мусайлима заифтару номарғубтар ва аз тамоми фасоҳату балоғату ҷанбаҳо ва ... холӣ буданд.САБК ВА УСЛУБИ ҚУРЪОН БО САБКИ ҲАДИСИПАЙҒАМБАР (С) МУҒОЯРАТ ДОРАДМавзӯи муҳиме, ки лозим аст онро мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳем ва далели қотеъе аст, ки Қуръон ваҳйи илоҳӣ аст, ин аст  ки вақте   Қуръон ва ҳадисро дар канори ҳам қарор диҳем ва бо диққат сабку услуб ва назми ҳар як аз онҳоро баррасӣ намоем, ба хубӣ маълум мегардад, ки сабку услуби Қуръон бо сабку услуби баёни ҳадиси Пайғамбар (с) фарқи ошкор дорад ва  шеваи баён ва тартиби мавзӯот ва матолиби Қуръон бо сабку тартиби ҳадис  мухолиф мебошад. Ҳар гоҳ диққат кунем, мебинем, ки шеваи муҳовара, гуфтугӯ, сабки тафҳиму таълим ва суханронӣ дар ҳадиси Пайғамбар (с) бо каме тафовут ҳамон шева ва сабки мутадовил дар байни арабҳо мебошад, дар ҳоле ки шева ва сабки Қуръон ба ҳеҷ ваҷҳ бо услуб ва сабки араб монандие надорад. Дар хилоли услуб ва сабки ҳадиси набавӣ хусусиятҳо ва шахсияти башарӣ намоён мегардад ва маълум мешавад, ки гӯяндаи он бандаи заифе аст ва дар пешгоҳи Худованд ба ин заъф иқрор ва ифтихор менамояд. Аммо баръакс, Қуръон ба шумо нишон медиҳад, ки гӯяндаи он дорои хусусиятҳои мумтозе аст, ки дар камоли қудрату тасаллут, илму адолат ва ҳикмату меҳрубонӣ зуҳур мекунад ва дар ҳеҷ вазъу шароите, ҳатто дар ҳолати лутфу меҳрубонӣ, ҳам худро заиф нишон намедиҳад.Бинобар ин, агар Қуръон каломи Муҳаммад (с) бошад, ҳамон гунна, ки иддае чунин ифтироеро мебанданд, мебоист сабку шеваи Қуръон бо сабку шеваи ҳадиси набавӣ яке бошад, зеро ҳар инсони адибу олим ва огоҳ ба хубӣ медонад, ки муҳол аст як инсон ду сабку шеваи комилан мухолиф барои баёни матолиби худ дошта бошад. Ин ихтилофи ошкор дар байни сабки Қуръон бо сабку услуби ҳадис, ки бар ҳеҷ кас пӯшида нест, далели ин аст, ки Қуръон каломи Худост.ПОРАЕ АЗ ХУСУСИЯТҲОИ САБКУ УСЛУБИҚУРЪОН ВА БАЛОҒАТИ ОНШумори зиёде аз удабову фусаҳо ва уламои балоғат дар бораи сабку услуби Қуръон ва баёни нукоти балоғии он ба баҳсу баррасӣ пардохта, китобҳои боарзишеро дар ин бора  ба риштаи таҳрир даровардаанд, ки мо фурсати баёни ҳамаи онҳоро надорем, вале ба баёни баъзе аз вежагиҳои услуби Қуръон иктифо менамоем ва масоили роҷеъ ба ташбеҳу истиора ва эъҷозу зарбулмасалҳои Қуръонро баён мекунем, то хонанда ба таври умумӣ аз балоғати Қуръон огоҳ шавад ва ҳангоми тиловат аз шеваи баёну зебоии сабки он низ шод гардаду ҳаловат барад. Дар ҳақиқат, танҳо касоне, ки дорои илми фаровонанд ва аз афкору ақоиди арабҳо огоҳӣ доранд ва бар фунун ва хусусиятҳои услубҳои арабӣ  мусаллат ҳастанд ва медонанд, ки баъзе аз латоиф танҳо хоси забони араб аст ва бо ҳамаи инҳо Қуръонро бо диққат ва бисёр тиловат менамоянд, метавонанд ба  азамати Қуръон пай бибиранд. ВАЗНИ ҚУРЪОН ВА ҶАМОЛУ ЗЕБОИИ САВТИИ ОНУслуб ва сабки Қуръон ба воситаи нағмаи хос ва бисёр зебои мусиқӣ, ки бархоста аз интихоби ҳуруфу калимоти бисёр равону гуворо ва қарор гирифтани ҳар яке аз онҳо дар маҳалли махсус ва муносибе аст, ки холӣ аз ҳар гуна нақсу айб мебошад, аз дигар услуб ва сабкҳои арабӣ мутамойиз мегардад. Алфоз ва климоти он дорои чунон назми мураттабу мунсаҷаме аст, ки дар фасоҳат ба авҷ расида ва болотар аз он қобили тасаввур нест.Ин нағмаи зебои мусиқӣ махсуси сабки Қуръон аст ва дар баъзе мавридҳо чунин менамояд, ки ояте бо яке аз вазнҳои шеърӣ ҳамоҳанг мешавад. Албатта, ин ба он маъно нест, ки Қуръон шеър аст. Қуръон шеър нест, вале мазоёи насру шеър ҳар дуро дар худ ҷамъ кардааст ва зимнан аз пойбандӣ ва илтизом ба як қофияву тафъилоти комил сарфи назар намудааст. Ба ҳамин далел бо озодии баёни ҳарчи тамомтар аҳдоф ва матолиби мавриди назари худро баён медорад ва дар айни ҳол аз мазоёи назм низ баҳраманд аст, муштамил бар мусиқии дохилии шеър ва фосилаҳои  наздик ба ҳам дар вазн аст, ки онро аз риояти (тафоъил) бениёз намуда ва низ ҳамоҳангии муназзами оятҳо, ки пушти сари ҳам қарор доранд, Қуръонро бениёз аз риоятҳои қофияи шеърӣ сохтааст.[9]Дар баъзе маворид мо мушоҳида мекунем, ки дар услуб ва сабки Қуръон бо саҷъ мушобаҳат вуҷуд дорад, вале  ғолибан бо саҷъи ирсолӣ, ки дар байни араб мутадовил аст, фарқ мекунад. Қуръон ҳарфи саҷъро дар бештар аз ду оят риоят мекунад, ҳатто баъзе вақтҳо мебинем, ки саҷъи як сураи комил бар як ҳарф мебошад ва ҳарфи саҷъ дар тамоми оятҳои он омадааст. Монанди сураи «Қамар», ки ҳарфи «ро» дар охири тамоми оятҳо омадааст. Албатта, саҷъ як навъ баён ва зебоии алфоз аст, ки аз қадимулайём мавриди таваҷҷӯҳи арабҳо будааст ва арабҳо худро мулзам ба риояти он медонистанд ва аз шунидани каломи мусаҷҷаъ, ки дорои оҳанги танинандоз ва нағмаи хос мебошад, лаззат мебурданд. Дар даврони ҷоҳилият суханварон ва коҳинон барои таҳти таъсир қарор додани шунавандагони худ аз каломи мусаҷҷаъ истифода мекарданд, вале бо ҳамаи инҳо Қуръон мусаҷҷаъ нест.Сабки Қуръон бо оҳанги гирову ҷаззоб ва зебое, ки дорад, аз дигар сабкҳо фарқ дорад ва арабҳо бо ин сабк ноошно буданд, чунин сабк на дар каломи мурсал ва на дар каломи мусаҷҷаъи эшон дида намешуд.Дар аввалҳои нузули Қуръон, вақте арабҳо бо сабки ҷадиди он рӯ ба рӯ шуданд, хаёл карданд, ки Қуръон шеър аст, чун аз истимоъи он таъсиру лаззатеро эҳсос намуданд, ки мушобеҳи онро ҷуз дар шеър эҳсос накарда буданд, вале дере нагузашта ба иштибоҳи худ пай бурданд. Онҳо медонистанд, лозимаи шеър ин аст, ки дорои вазну қофия бошад, дар ҳоле ки Қуръон чунин нест.ТАШБЕҲ ДАР ҚУРЪОНТашбеҳ иборат аст аз нишон додани ду чиз, ки бо ҳам дар амре шарик ҳастанд. Фалсафа ва фоидаи ташбеҳ таъсир ва тавзеҳи калом аст. Қуръони карим муштамил бар чанд навъ ташбеҳи балеғ аст, ки ҷилваи хосе ба маъно мебахшанд ва боиси таъсири бештари он дар нафс мегардад.Яке аз равишҳои Қуръон ошкор намудан ва равшан сохтани масоили маънавӣ ба василаи ташбеҳи онҳо ба ашёи маҳсус ва аёнӣ аст. Масалан, Худованди мутаол, ки мехоҳад оқибати бади мушриконро нишон диҳаду равшан намояд, ки ибодату парастиши онҳо барои ғайри Худо ҳеҷ фоидае надорад ва ҷуз бадбахтию хисорат чизе ба онҳо нахоҳад дод, анвоъ ва аҳволи мушриконро ба авзоъи анкабут, ки ҳашароти хурд аст, ташбеҳ менамояд, ки ҳамеша дар талошу кӯшиш барои сохтани хона аст, вале ҷуз бунёди бисёр сусту заиф чизи дигаре намесозад. Дар ин бора мефармояд:﴿مَثَلُ ٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَوۡلِيَآءَ كَمَثَلِ ٱلۡعَنكَبُوتِ ٱتَّخَذَتۡ بَيۡتٗاۖ وَإِنَّ أَوۡهَنَ ٱلۡبُيُوتِ لَبَيۡتُ ٱلۡعَنكَبُوتِۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ ٤١﴾ [العنكبوت: ٤١]«Кору авзоъи касоне, ки ба ҷуз Худо маъбудон ва сарпарастоне баргузидаанд, ҳамчу кори анкабут аст, ки бо торҳои сусту заиф хона месозад, бегумон, заифтарин ва сусттарин хонаҳо хонаву кошонаи анкабут аст. Агар мушрикон дорои илму огоҳӣ мебуданд, (медонистанд, ки маъбудҳои ноҳаққи онҳо то чӣ андоза заифу нотавонанд ва дар ҳақиқат бар тори анкабут такя задаанд)». (Анкабут, 41).Қуръон ба мо хабар медиҳад, ки аъмоли кофирон бефоида аст ва дар қиёмат натиҷае аз  он намебинанд ва онро ба хокистаре ташбеҳ мекунад, ки дар масири боди шадид қарор гирифта, бод онро батамом пароканда намуда, осоре аз онро  боқӣ намегузорад: «Ҳолу вазъи касоне, ки ба Парвардигори худ имон надоранд, аъмоли онҳо ба монанди вазъ ва ҳоли хокистаре аст, ки дар як рӯзи тӯфонӣ боди сахте бар он бивазад (ва онро пароканда кунад ва чизе аз он ба ҷой намонад ва кофирон ҳам дар рӯзи қиёмат) ба чизе аз он чи дар дунё анҷом додаанд, нахоҳанд расид ва даст намеёбанд» (Иброҳим, 18).Ҳамон гуна, ки соҳиби хокистари пароканда наметавонад дигар ба он дастрасӣ пайдо кунад, кофирон ҳам наметавонанд дар рӯзи қиёмат фоидае аз аъмоли дунёияшонро дарёфт созанд.Аркон ва аносири ташбеҳоти Қуръон аз табиат ва воқеият кӯмак мегирад ва ба ҳамин далел аст, ки таъсири амиқе дар шунаванда эҷод менамояд, чун шунаванда ба хубӣ аносир ва аркони онҳоро ташхис медиҳаду мушоҳида ва ламс менамояд. Мулоҳиза фармоед... Қуръон аъмоли кофиронро ба саробе ташбеҳ мекунад, ки инсони ташна вақте онро аз дур дар саҳро мебинад, хаёл мекунад, ки об аст ва бошитоб ба сӯйи он мешитобад, то ҳарчи тезтар ба он бирасад ва ташнагии худро бартараф намояд, вале вақте  ба он ҷо мерасад, яъсу навмедӣ бар қалбаш мусаллат мегардад, зеро оберо дар он ҷо намеёбад. Кофирон ҳам дар охират бо ҳамин яъсу навмедӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Зеро дар дунё ба аъмолу рафтори худ мағрур мегарданд ва хаёл мекунанд, ки ибодату парастиши маъбудони ноҳақ барои онҳо фоидае дорад, вале вақте қиёмат фаро расид, мебинанд, ки ин аъмол бефоида буда, дар баробари онҳо ба азобу иқобе дучор шудаанд, ки Худованд онҳоро аз дучор  сохтани худ ба он барҳазар дошта буд. Ва мефармояд:﴿وَٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَعۡمَٰلُهُمۡ كَسَرَابِۢ بِقِيعَةٖ يَحۡسَبُهُ ٱلظَّمۡ‍َٔانُ مَآءً حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَهُۥ لَمۡ يَجِدۡهُ شَيۡ‍ٔٗا وَوَجَدَ ٱللَّهَ عِندَهُۥ فَوَفَّىٰهُ حِسَابَهُۥۗ وَٱللَّهُ سَرِيعُ ٱلۡحِسَابِ ٣٩﴾ [النور : ٣٩]«Кофирон аъмолашон ба саробе мемонад, ки дар биёбони беобу алафе шахси ташнае онро мебинад ва мепиндорад, ки об аст, аммо ҳангоме ки ба суръат ба он ҷо расид, аслан чизеро намеёбад, вале Худоро меёбад, ки ӯро мемиронад ва ба ҳисоби ӯ мерасад ва ҷазои аъмолашро батамом дарёфт медорад». (Нур, 39).Қуръон авзоъ ва аҳволи дунё ва касонеро, ки ба он мағрур мешаванд ва ба қудрати худ меболанд, ба василаи ташбеҳ дар ин оят чунин мушаххас менамояд. «Ҳоли дунё аз ҷиҳати заволу нопойдорӣ монанди бороне аст, ки онро аз осмон фурӯ мерезем ва бар асари он сабзиҳову гиёҳони замин, ки инсону ҳайвон аз онҳо мехӯранд, омезиш ва ҳаёти дубора пайдо менамоянд ва ба воситаи таровати онҳо замин комилан музайяну ороста мегардад. Дар ин ҳангом ки мардум мепиндоранд, ки бар замин тасаллут пайдо кардаанд ва метавонанд аз неъмату самароти он баҳраманд шаванд, ногоҳ фармони Мо барои дарҳам кӯбидани он дар шаб ё рӯз содир мешавад ва тамоми сабзиҳо ва  гиёҳҳоро аз реша берун меоварем ва нобудаш мекунем ва ба сурате дармеояд, ки гӯё дирӯз ҳеҷ гиёҳе бар рӯйи он набудааст» (Юнус, 24).Вазъи дунё ва зандагии он дар ҳоле ки ба дараҷаи олии оростагию шукуфоӣ мерасад, ба вазъи обе ташбеҳ шуда, ки аз осмон нозил мешавад ва дар асари он гиёҳони замин ба рушду шукуфоӣ мерасанд ва бо ҳам дармеомезанд ва инсону ҳайвон аз онҳо истифодаю баҳрабардорӣ мекунанд то ҷое ки оростагиву ҷамол ва зебоии замин ба ҳадди камол мерасад, он гоҳ инсон мепиндорад, ки метавонад бо қудрат ва имконоти худ комилан бар замин мусаллат шавад ва ба майли худ аз самароту неъмати он истифода намояд, худро бениёз мебинаду туғён менамояд ва аз ҳидояти Худо рӯгардон мешавад. Дар ин асно ногаҳон бо ғазаби Худо рӯ ба рӯ мешавад ва Худованд неъматҳои заминро ба василаи балое монанди зилзила ё тӯфон ё чангҳои вайронгар аз байн мебарад ва заминро ба ҳолате дармеоварад, ки гӯё ҳаргиз гиёҳе бар рӯйи он сабз нашудааст.Мулоҳиза кунед, ки шумораи ҷумлаҳои ин оят, ки ба даҳ мерасад, ба шевае бо ҳам муртабит мебошанд, ки гӯё тамоми ҷумлаҳои даҳгона як ҷумла мебошанд. Ташбеҳе, ки дар ин оят вуҷуд дорад, як ташбеҳи интизоӣ аст, ки аз маҷмӯи ҷумлаҳо  интизоъ гардидааст (гирифта шудааст).ИСТИОРА ДАР  ҚУРЪОНИстиора иборат аз ин аст, ки калимаеро дар  ғайри маънои аслии худ мавриди истифода қарор диҳем ва онро дар маънои тозае, ки дар асли луғат ба он маъруф нест, ба кор барем. Ин истеъмол вақте ҷоиз аст, ки байни маънои аслӣ ва маънои нав мушобаҳате вуҷуд дошта бошад. Албатта, ҳикмат ва фалсафаи ин кор ошкор намудани чизҳое аст, ки пинҳону мубҳам мебошанд ва чизҳои зоҳирро зоҳиртару возеҳтар месозад.Қуръони карим шомили чандин навъи истиора аст, ки балоғат ва қудрати фавқулодаи онро  дар баёни мақсуд нишон медиҳад. Истиора бо ҷумлаҳои мухтасару пурмаъно адо мешавад. Аз ҷумла Қуръон мефармояд: «Ваштаълар - раъсу шайбо», яъне ва монанди шӯъла дурхашида мӯйи сарам (Марям:4). Лафзи иштиъол, ки ба маънои шӯълавар шудани оташ аст, барои пирию сафедии мӯйи сар ба кор гирифта шудааст ва робитаи байни шӯълавар шудани оташ ва сафед шудани мӯйи сар ин аст, ҳамон гуна ки вақте оташ дар зуғол (ангиштсанг) пайдо шуд, ба тадриҷ сиёҳии онро аз байн мебарад ва он ба сурати як ахгари (лахча) шӯълавар мешавад, пирию сафедии мӯйи сар ҳам ба тадриҷ шурӯъ мешавад ва мӯйҳои сиёҳ кам-кам сафед мешаванд, то ин ки тамоман сафед мегарданд ва ба ҳамин муносибат лафзи иштиъол ба таври орият аз маънои аслии худ дур шуда, барои ин маънои нав ба кор бурда шудааст. Яке дигар аз истиораҳои Қуръон ин аст, ки мефармояд:﴿بَلۡ نَقۡذِفُ بِٱلۡحَقِّ عَلَى ٱلۡبَٰطِلِ فَيَدۡمَغُهُۥ فَإِذَا هُوَ زَاهِقٞۚ وَلَكُمُ ٱلۡوَيۡلُ مِمَّا تَصِفُونَ ١٨﴾ [الانبياء: ١٨]«Ҳақро бар сари ботил мекӯбем, то мағзашро аз ҳам мепошад, он гоҳ ботил ҳарчи зудтар аз байн меравад». (Анбиё, 18).Лафзи кӯбидан ва мағз ду калимае  ҳастанд, ки аз маънои аслии худ дур сохта шудаанд ва аслу ҳақиқати ҷумла ин аст: Мо ҳақро ба ҷойи ботил қарор медиҳем ва ботилро нобуд мекунем, вале лафзи (қазф) кӯбиданро ба истиора гирифта, то нишон диҳад, ки ҳақ дорои қудрат ва нерӯи кӯбанда аст ва ботил дар муқобили он тоби муқовиматро надорад ва лафзи ядмағу (мағзашро аз ҳам мепошад) истиорае аст, ки муборизаи ҳаққу ботилро ба тасвир мекашонад ва саҳнаи онро нишон медиҳад, ки чӣ гуна ҳақ монанди як қаҳрамони барҷаста гурзи сангини худро ба даст гирифта ва мағзи душманро ҳадаф қарор дода, онро аз пой дармеоварад ва нобуд месозад.Боз мефармояд: «Қасам ба субҳ, ҳангоме ки нафас мекашад» (Таквир:18) ва аз уфуқ ба тадриҷ зоҳир мешавад. Калимаи танаффаса аз маънои аслии худ нафас кашидан ҷудо сохта шуда ва дар маънои нав зоҳир шудани тадриҷӣ аз уфуқ истеъмол шудааст, то нишон диҳад, ки офтоб сарчашмаи хайру баракат ва мояи зиндагӣ аст. Вақте торикии шаби сиёҳ пардаи худро ба рӯйи офтоб мекашонад ва оламро аз файзу баракати он маҳрум месозад, мисли ин аст, ки ҳама чиз дар ҳоли буҳту мотам ва сукуту сукун қарор мегирад ва дигар ҳаёте боқӣ намемонад, аммо ҳамин ки субҳ аз уфуқ ба тадриҷ зоҳир шуд, мавҷудот ҳам фараҳу шодӣ ва ҳаёти худро боз меёбанд».Қуръон таҷаммӯи мардумро дар рӯзи қиёмат ва  интизори онҳоро барои ҳисоб тавсиф мекунад ва мефармояд:﴿وَتَرَكۡنَا بَعۡضَهُمۡ يَوۡمَئِذٖ يَمُوجُ فِي بَعۡضٖۖ وَنُفِخَ فِي ٱلصُّورِ فَجَمَعۡنَٰهُمۡ جَمۡعٗا ٩٩﴾ [الكهف: ٩٩]«Дар рӯзи қиёмат мо онҳоро раҳо месозем, то монанди дарё бархе дар бархе мавҷ зананд, он гоҳ дар сур дамида мешавад ва Мо эшонро ба таври шигифтоваре ҷамъ мекунем». (Каҳф, 99).Албатта, мавҷ дар асл ба маънои ҳаракати об аст, ки барои ҳаракати пайдогашта аз изтироби дарёе аз инсонҳо ба кор гирифта шуда ва дар он истеъмол гардидааст ва саҳнаи ҳавлноки қиёматро муҷассам месозад, ки дарёи бекароне аз инсонҳо дар он рӯз ҷамъ мешаванд ва изтиробу нигаронӣ бар онҳо соя меафканад ва ҳеҷ ҷойи фирору паноҳгоҳе надоранд ва монанди мавҷи дарё дарҳам мепечанд.Боз Қуръон ба таври истиора мефармояд: «Вақте хашми Мӯсо сокит ва ором шуд». Маъно ин аст, ки вақте хашми Мӯсо бартараф шуд. Лафзи сукут-ро ба истиора гирифта, гӯё хашми Мӯсо ба сурати инсоне даромада буд, ки ӯро ба нишон додани аксуламали шадид таҳрик мекард, вале баъдан хомӯшу бесарусадо шуд.Истиораи дигарро дар ин оят мушоҳида мекунем: «Оё касоне, ки ба воситаи гумроҳию саргаштагӣ монанди мурдагон буданд, вале ба сабаби нури ҳидоят то онҳоро зинда намудем ва нури азимеро дар пеши роҳи онҳо қарор додем, то дар партави он дар миёни мардум ҳаракат намоянд ва масири худро ба хубӣ бишиносанд, монанди касоне ҳастанд, ки дар торикии ҷаҳлу гумроҳӣ ғарқ шудаанд ва дигар аз он берун нахоҳанд омад?!» (Анъом, 122).Дар ин оят калимаи нур барои ҳидоят ба истиора гирифта шудааст, то нишон диҳад, ки ҳамон тавре нур боис мешавад, ки инсон роҳи худро биёбад ва аз ҷодаи мустақим мунҳариф нашавад ва хатароти мавонеъро ба хубӣ ташхис карда, бо итминону саломатӣ зуд ба мақсад бирасад, ҳидоят ҳам инсонро аз фасоду куфр дур менамояд ва ҳаққу ҳақпарастиро ба ӯ нишон медиҳад. Аз тарафи дигар, лафзи зулмат барои гумроҳӣ ва саргаштагӣ ба истиора гирифта шудааст, то нишон диҳад, ҳамон гуна ки инсон дар торикӣ қодир ба ҳаракат нест ва наметавонад ба ҷое роҳ бибарад, инсони гумроҳу бедин ҳам саргашта аст ва наметавонад хатаротеро, ки дар пеш дорад, ташхис диҳад.ЭЪҶОЗ ВА КАЛИМОТИ КӮТОҲ ДАР ҚУРЪОНЭъҷоз он аст, ки матлаб бо кӯтоҳтарин лафз ба равшанӣ баён шавад. Бинобар ин, каломе ки кӯтоҳ бошад ва маънои фаровоне аз он истифода шавад, каломе аст балеғ ва ҳар андоза алфоз кӯтоҳтар ва маънои он бештар бошад, аз балоғати бештаре баҳраманд аст, то ба марҳалаи эъҷоз мерасад.Мо мушоҳида мекунем, ки Қуръон бо як ва ё чанд калимаи кӯтоҳ чандин маънои васеъро баён менамояд, ки шарҳу басти онҳо ниёз  ба вақти фаровон дорад ва агар ашхоси балеғ бихоҳанд маъноеро, ки мавриди назари Қуръон аст, тағйир диҳанд, ночоранд барои расидан ба умқи он ҷумлаҳо ва ибораҳои тӯлониеро бо ҳадди далолат ба кор гиранд. Барои намуна Қуръон дар мавриди ваҳдонияти Худо мефармояд:﴿مَا ٱتَّخَذَ ٱللَّهُ مِن وَلَدٖ وَمَا كَانَ مَعَهُۥ مِنۡ إِلَٰهٍۚ إِذٗا لَّذَهَبَ كُلُّ إِلَٰهِۢ بِمَا خَلَقَ وَلَعَلَا بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖۚ سُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ عَمَّا يَصِفُونَ ٩١﴾ [المؤمنون : ٩١]«Худованд фарзандеро барои худ барнагузида ва ҳеҷ маъбуде бо  ӯ шарику анбоз нест ва агар шарике медошт, ҳар шарике ба офаридашудагони худ мепардохт ва онҳоро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медод (ва дар натиҷа ҳар бахш аз ҷаҳон бо назми хосе идора мегардид ва ваҳдат ва назми саросарии ҷаҳон ошуфта мешуд) ва ҳар як аз шарикон бар дигаре бартарӣ меҷуст». (Мӯъминун, 91).Худованди мутаол дар ин ояти кӯтоҳ бақо ва давоми олами ҳастиро нишонаи ваҳдонияти худ қарор дода ва тааддуди Худоро мояи нобудии ҷаҳон донистааст. Пас, дар ҳоле ки ҷаҳон мавҷуд ҳаст, маълум мегардад, ки тааддуди Худо нест. Донишмандони динӣ ва каломӣ садҳо сафҳаро дар баёни матолибе, ки ин оят ба онҳо ишора дорад, навиштаанд.Боз Қуръон дар бораи исботи ваҳдонияти Худованд мефармояд: «Агар дар Замину Осмон ба ҷуз Аллоҳ Худои дигаре мебуд, Замину Осмон нобуд мешуданд» (Анбиё, 22). Ин ояти шарифа мефармояд, ки  агар чанд Худо вуҷуд медошт, ҷаҳонро дар байни худ тақсим мекарданд ва дучори муборизаву ихтилоф мешуданд ва дар натиҷа ҷаҳон ба фасоду вайронӣ кашида мешуд. Вақте мебинем, ҷаҳон аз байн нарафтааст, ин далели он аст, ки Худо яке аст. Ин оят бо калимаҳои кӯтоҳи худ маънои фаровонеро дар бар дорад, ки уламои илми калом дар ин бора ба тафсил баҳс намудаанд.Ва боз Қуръон мефармояд: «Бо гузашт (афвкунанда) ва бурдбор бош. Ба корҳои нек дастур бидеҳ ва аз одамони нодон ва мункири Ҳақ дурӣ кун» (…….)Қуръон дар ин чанд калимаи кӯтоҳ тамоми фазоили ахлоқиро ҷамъ кардааст, чун гузашту афв боиси эҷоди муҳаббат дар байни мухолифон мегардад ва дастур ба некӣ ва амр ба маъруф мӯҷиб мешавад, ки инсон ба Худо бештар тақво дошта бошад ва аз корҳои бад дурӣ намояд, зеро касе, ки мардумро ба некӣ даъват мекунад, бояд худ ҷузъи некӯкорон бошад. Амр ба маъруф силаи раҳмро тақвият менамояд, тақвияти силаи раҳм аз корҳои нек мебошад ва дурӣ ҷустан аз инсонҳои фосиду нодон боиси ҳифзи шахсият ва дур шудан аз корҳои нописанд ва эҷоди сабру истиқомат аст.Аз калимоти қусори Қуръон аст, ки мефармояд: «Худованд ҳатман ба додгарию некӯкорӣ ва бахшиш бо наздикон дастур медиҳад ва аз иртикоби ҳар гуноҳи бузурге ва ё ношоисте ва ҳар гуна зулму таҷовуз ба ҳаққи дигарон шуморо барҳазар медорад ва ба шумо фармон медиҳад, то аз онҳо парҳез кунед, Худованд шуморо андарз медиҳад, ба умеди ин ки панди ӯро бипазиред» (Наҳл, 90).Худованди мутаол бо ин чанд калимаи кӯтоҳ ба анҷоми тамоми некиҳо дастур медиҳад ва аз анҷоми ҳар шарру фасод мардумро барҳазар медорад ва бо расотарин ҷумлаи панду андарз оятро хатм мекунад.Худованд дар бораи тавсифи биҳишт мефармояд:﴿وَفِيهَا مَا تَشۡتَهِيهِ ٱلۡأَنفُسُ وَتَلَذُّ ٱلۡأَعۡيُنُۖ وَأَنتُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ ٧١﴾ [الزخرف: ٧١]«Дар биҳишт ҳарчи ки нафс онро орзу кунад ва боиси лаззат ва равшании чашм бошад, вуҷуд дорад». (Зухруф, 71).Бо ин калимаҳои кӯтоҳ ба беҳаду шумор будани неъматҳои биҳишт ишора фармуда, мефармояд, ки хостаҳои нафс аз ҳар навъе, ки бошанд, дар он ҷо мавҷуд аст.Ва бо ишора ба неъматҳои замин мефармояд:﴿وَٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ ذَٰلِكَ دَحَىٰهَآ ٣٠ أَخۡرَجَ مِنۡهَا مَآءَهَا وَمَرۡعَىٰهَا ٣١﴾ [النازعات: ٢٩،  ٣٠]«Сипас Заминро густаронид ва обу чарогоҳи онро ба вуҷуд овард». (Нозиъот, 30-31).Худованд бо ду калима – «моъ» (об) ва «маръо» (чарогоҳ) ба тамоми неъматҳои рӯйи замин ишора менамояд.  Ва ё мефармояд: «Эй касоне, ки соҳиби ақлу хирад ҳастед, дар қисос барои шумо ҳаёт ва зиндагӣ вуҷуд дорад»  (Бақара, 179).Ин оят ҳикмат ва фалсафаи қисосро ба расотарин ва кӯтоҳтарин лафз баён менамояд ва уламои (фанни) балоғат дар баҳси марбут ба эъҷоз ба хубӣ ҳаққи матлабро дар мавриди ин оят адо кардаанд.ЭЪҶОЗИ ҚУРЪОН ДАР ТАСВИРИ ТӮФОНИ НӮҲ (А)Яке аз балеғтарин эъҷозҳои Қуръон вақте аст, ки Худованд тӯфони Нӯҳро тавсиф мекунад ва саҳнаи онро ба тасвир мекашонад ва мефармояд:﴿كَذَّبَتۡ قَبۡلَهُمۡ قَوۡمُ نُوحٖ فَكَذَّبُواْ عَبۡدَنَا وَقَالُواْ مَجۡنُونٞ وَٱزۡدُجِرَ ٩ فَدَعَا رَبَّهُۥٓ أَنِّي مَغۡلُوبٞ فَٱنتَصِرۡ ١٠ فَفَتَحۡنَآ أَبۡوَٰبَ ٱلسَّمَآءِ بِمَآءٖ مُّنۡهَمِرٖ ١١ وَفَجَّرۡنَا ٱلۡأَرۡضَ عُيُونٗا فَٱلۡتَقَى ٱلۡمَآءُ عَلَىٰٓ أَمۡرٖ قَدۡ قُدِرَ ١٢ وَحَمَلۡنَٰهُ عَلَىٰ ذَاتِ أَلۡوَٰحٖ وَدُسُرٖ ١٣ تَجۡرِي بِأَعۡيُنِنَا جَزَآءٗ لِّمَن كَانَ كُفِرَ ١٤﴾ [القمر: ٩،  ١٤]«Пеш аз эшон қавми Нӯҳ – бандаи мо (Нӯҳ)-ро такзиб карданд ва гуфтанд, ки девона аст. Мардум ӯро аз худ дур намуданд. Он гоҳ Нӯҳ Парвардигори худро ба фарёду ёрӣ хонд. Гуфт: Парвардигоро, ман шикаст хӯрдаам ва мустаҳаққи кӯмакам ва маро ёрию кӯмак кун. Баъд аз дуову шикваи Нӯҳ дарҳои осмонро  ҳамроҳ бо оби фаровон ва резон кушодем ва чашмасорони зиёдеро дар замин ба ҷӯш овардем ва обҳо барои иҷрои фармони муқарраршудаи илоҳӣ ба ҳам пайвастанд ва Нӯҳро бар киштӣ, ки бо тахтаҳо сохта шуда буд, савор кардем ва киштӣ дар зери муроқибат ва назорати мо ҳаракат мекард ва ин наҷот подоши касе буд, ки мавриди такзиб қарор гирифта ва ба ӯ куфр варзида шуда буд». (Қамар, 9-14).Хонандаи мӯҳтарам, сабки зебо ва равон ва вазнҳои бисёр муназзами ин  оятҳоро мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳед, ки ба чи шевае саҳнаи тӯфонро бо кӯтоҳтарин ва камтарин калимот ба тасвир мекашонад ва расотарин маъноро баён менамояд! Сипас мулоҳиза кунед, ки бо чӣ каломи балеғе фурӯкашӣ кардан ва поён ёфтани тӯфонро баён медорад ва мефармояд: «Баъд аз ҳалоки кофирон ба замин гуфта шуд, то оби худро фурӯ барад ва онро бибалъад, ба осмон дастур дода шуд, то боридани боронро қатъ кунад ва обҳо аз миён бардошта шуд, фармони Худо иҷро гардид ва кор ба анҷом расид ва киштӣ бар кӯҳи Ҷудӣ паҳлӯ гирифт ва овоз баромад: мурда ва нобуд бод ситамгорон» (Ҳуд, 44).Ин оятҳо фурӯкаш кардан ва хотима пазируфтани тӯфонро бо калимоти мухтасар, ҳамоҳанг ва равону гуворо, ки лафзу маънои онҳо дар ҷамолу зебоӣ бо ҳам дар мусобиқа мебошанд, эълом медорад.Ба ҷумлҳояш нигоҳ кунед, ки чӣ гуна пушти сари ҳам қарор гирифта ва ба василаи «вов»-и атф, ки нишонаи пайваст ва иртибот аст, ба ҳам васл шуда ва балоғатро ба авҷи худ расонидаанд. Қуръон қабл аз ҳар чиз  ба муҳимтарин масъала, ки наҷоти киштӣ аз тӯфон аст, мепардозад ва ин амр то замоне, ки об рӯйи заминро фаро гирифта бошад, мумкин нест, Аз ин рӯ, ба замин дастур медиҳад, то оберо, ки бар рӯйи он қарор гирифтааст, фурӯ бараду онро бибалъад. Аз тарафи дигар, то вақте резиши борон шадид идома  дошта бошад, сокинони киштӣ наметавонанд мутмаину роҳат бошанд. Бинобар ин, Худованд ба осмон дастур медиҳад, то боришро қатъ кунад, сипас Худованд эълом медорад, ки авомираш иҷро гардид ва саранҷом тӯфон аз байн рафт ва обҳо хушк шуданд ва он чи ки Худо муқаддар карда буд, анҷом гирифт, иддае ба ҳалокат расиданд ва иддае ҳам наҷот ёфтанд ва мефармояд киштӣ бар кӯҳи Ҷудӣ ба оромӣ паҳлӯ гирифт, он гоҳ касонеро, ки ба ҳалокат расидаанд, нафрин менамояд ва онҳоро ба унвони золим муаррифӣ мекунад.Вале чун амри Худо дар мавриди ба нобудӣ кашонидани золимон ба сурате содир нашуда, ки касе онро бишунавад, барои ҳамин феълро ба сурати маҷҳул, ки фоили он мушаххас нест, зикр менамояд ва мефармояд:﴿وَقِيلَ يَٰٓأَرۡضُ ٱبۡلَعِي مَآءَكِ ٤٤﴾ [هود: ٤٤]«Ва қила ё арзу», яъне ба Замин гуфта шуд, то оби худро фурӯ барад. (Ҳуд:44).«Ба ҳамоҳангӣ, таносуб ва таносуқу оҳанги мусиқӣ, ки дар байни иблаъӣ ва ақлиъӣ вуҷуд дорад, таваҷҷӯҳ фармоед, ки дар чи мартабаи волое аз балоғат қарор доранд ва аз тарафи дигар, ҳар ду истиора мебошанд, ки аз ин ҷиҳат низ аз балоғати кофӣ бархурдоранд ва калимаи иблаъӣ, ки барои балъидани фаврии об ба василаи замин ба кор гирифта шуда, хеле беҳтар ин мақсудро, масалан, аз калимаи имтассӣ, ки далолат бар суръат дар сероб  шудан дорад, баён медорад. Ва калимаи моъ ба ки, ки замири замин аст, изофа шуда, ба хотири ин аст, ки нишон диҳад ин дастур амр ба муҳол нест, чун ин об моли худи замин аст. Ва калимаи «иставо»-ро барои паҳлӯ гирифтани киштӣ бар кӯҳи Ҷудӣ интихоб карда, чун иставо ба маънои паҳлӯ гирифтан дар камоли амну оромӣ ва итминон аз набудани ҳар гуна мавонеъе аст, вале масалан, калимаи истақарра чунин маъноро намерасонад. Ва калимаи «буъдан»-ро бар калимаи ҳалокан тарҷеҳ дода, то нишон диҳад ҳадаф аз нобудии золимон дур сохтани эшон аз фасод бар рӯйи Замин аст».[10]АМСОЛ ДАР ҚУРЪОНЯке аз хусусиятҳои сабки Қуръон мисол задан ва намуна овардан аст. «Дар ин Қуръон барои мардум ҳар навъ намуна ва мисолеро овардаем, то ҳушёр шаванд ва панд бигиранд» (Зумар, 27).Мисол овардан дар тасвири маъно ва матлаб ба сурати маҳсусот боиси  таваҷҷӯҳи бештар ба он матлаб мебошад ва зудтар фаҳмида мешавад ва дертар фаромӯш мегардад. Масалҳо дар Қуръон ба ду қисм аст: яке амсоли ошкору зоҳир аст, ки ба лафз мисл ва монанди он баён шудааст. Ҳамон тавр ки Худованд ба мисол ва намунаи аҳволи мунофиқон тасреҳ менамояд ва мефармояд:﴿مَثَلُهُمۡ كَمَثَلِ ٱلَّذِي ٱسۡتَوۡقَدَ نَارٗا فَلَمَّآ أَضَآءَتۡ مَا حَوۡلَهُۥ ذَهَبَ ٱللَّهُ بِنُورِهِمۡ وَتَرَكَهُمۡ فِي ظُلُمَٰتٖ لَّا يُبۡصِرُونَ ١٧﴾ [البقرة: ١٧]«Авзоъи мунофиқон монанди авзоъи касе аст, ки бо кӯшиши фаровон оташеро равшан кунад, ҳамин ки оташ атрофи ӯро равшан намуд, Парвардигор оташи онҳоро хомӯшу нобуд намояд ва эшонро дар торикиҳои анбӯҳ раҳо созад, ба гунае, ки чашмонашон чизеро набинад». (Бақара, 17).Мисол дар ин оят возеҳу равшан аст ва қисми дувум мисоли зимнӣ ва ғайри сареҳ аст ва лафз мислу монанди он баён нашуда аст ва мефармояд: «Балки кофирон чизеро, ки дар бораи он илм надоштанд, такзиб карданд» (Юнус, 39).Ин оят як мисоли зимнӣ аст, чун мегӯяд: Инсон душмани чизе аст, ки аз он огоҳ нест. Ё монанди ин оят: «Мушрикон ҳеҷ эрод ва узру баҳонае надоранд, магар ин ки мушоҳида мекунанд, ки ба фазлу карами Худо ва Расули Худо (с) бениёз шудаанд» (Тавба, 74).Мисол дар ин оят ҳам зимнӣ аст ва ба маънои зарбулмасали арабӣ аст, ки ба маънои «аз шарри касоне, ки бо онҳо некӣ кардаӣ, барҳазар бош» мебошад, ё мефармояд: «Худованд ба Иброҳим гуфт: «Магар имон надорӣ (ки талаби зинда шудани мурдаро мекунӣ?) Иброҳим гуфт: «Бале, имон дорам, вале мехоҳам қалбам мутмаин шавад» (Бақара, 260). Мисол дар ин оят низ зимнӣ аст ва ба маънои масали роиҷи арабӣ аст, ки ба маънои «Шунидан кай бувад монанди дидан» мебошад, ё:  «Мардони Худо касоне ҳастанд, ки ба ҳангоми инфоқ ва бахшиш, исроф ва зиёдаравӣ намекунанд ва аз бухл ва бебахшишӣ ҳам парҳез менамоянд, балки дар ин байн ҳадди васатро риоя мекунанд» (Фурқон, 67).Ин мисоли зимнӣ ба маънои мисоли мутадовили арабӣ, яъне  «Беҳтарини корҳо миёна аст» мебошад ва ё мефармояд: «Ҳар кас чӣ гуноҳе кунад, ҷазои онро мебинад», ки ба маънои ин масали роиҷ  аст: «Ҳар чи бикорӣ, онро дарав мекунӣ».(Нисо, 123).Дар Қуръон калимаҳое вуҷуд доранд, ки ба сурати мисол даромадаанд. Масалан, ба ҳангоми рӯйдоди кори мушкил гуфта мешавад: Яъне ҷуз Худо касе наметавонад ин мушкилро ҳал кунад»  (Наҷм, 58). Ё ҳангоме ки инсон ба сазои фиребкории худаш мерасад, ин оятро мехонанд: «Ҳиллаву хиёнати ҳиллагар танҳо ба худаш бармегардад» (Фотир, 43).Ё ҳангоме ки касе вазифаи худро анҷом медиҳад ва дигарон арзиши кору суханони ӯро намедонанд, ин оятро мехонад: «Ва нест бар паёмбар ҷуз расондан» (Моида, 99).Ҳангоме ба инсони некӯкор подоши некияш дода мешавад», ин оят хонда мешавад: «Ҷазои некӣ ба ҷуз некӣ чӣ чизе аст?» (Раҳмон, 60).Ва ё ҳангоме дида мешавад, иддае роҳи дурустро дар пеш гирифтаанд ва иддаи дигаре дар гумроҳӣ қадам бармедоранд, гуфта мешавад: «Ҳар яке аз онҳо баробари шахсияти худ амал менамояд». (Исро, 84).Ва ё ба ҳангоми пеш омадани нороҳатӣ барои таскин ин оят хонда мешавад: «Басо, ки чизеро дӯст надоред, вале барои шумо хайру баракат аст» (Бақара, 216). Ва ё ба ҳангоми муқоисаи ду чизи хубу бад ин оят хонда мешавад: «Баду хуб яксон нестанд» (Моида, 100). Ва ё барои инсонҳои гумроҳ ин оят хонда мешавад: «Агар Худо хайреро дар вуҷуди онҳо медид, онҳоро ҳидоят мекард» (Анфол, 23). Ва ё ба ҳангоми ташвиқ бар кори хайре ин оятро мехонанд:﴿وَذَكِّرۡ فَإِنَّ ٱلذِّكۡرَىٰ تَنفَعُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٥٥﴾ [الذاريات: ٥٥]«Ту мардумро ба некӣ тазаккур бидеҳ, зеро тазаккур ҳатман барои мӯъминон манфиат дорад». (Зориёт, 55).Ва ё ба ҳангоми интихоби дӯст ва ё ҳамсари хуб ба василаи инсони хуби дигаре ин оят хонда мешавад: «Покон барои покон мебошанд». (Нур, 26).Ва ё вақте касе ба сазои аъмолаш мерасад, ин оят барояш хонда мешавад: «Ин сазои аъмоли худат мебошад». (Ҳаҷ, 10).Ва ё ҳангоме, ки касеро аз оянда ва оқибати кораш метарсонанд, ин оят хонда мешавад:﴿أَلَيۡسَ ٱلصُّبۡحُ بِقَرِيبٖ ٨١﴾ [هود: ٨١]«Магар фардо наздик нест?». (Ҳуд, 81).Ва ё  ҳангоме, ки ҳар кас ба назди ҳамфикрони худ меравад, гуфта мешавад: «Ҳар гурӯҳ ва ҳизбе ба атрофиёни худ шод мебошанд». (Рум, 32).Ва ё ҳангоме, ки касе орзуи кори хайреро дорад, вале қудрати анҷом додани он корро надорад, барои таскини ӯ ин оят хонда мешавад: «Худованд инсонро ҷуз ба андозаи тавоноияш мукаллафу масъул наменамояд». (Бақара, 286).ТАКРОРИ ЯК МАЪНО БО ИБОРАҲОИ ГУНОГУН ДАР ҚУРЪОНЯке аз хусусиятҳои дигари сабк ва услуби Қуръон ин аст, ки як маъноро дар баъзе оятҳо бо ибораҳои гуногун баён менамояд, вале асли маъно як аст. Ҳамон тавре ки мебинем, дар баъзе аз достонҳояш ба муносибатҳои гуногун ба манзури таъкид ё сарзаниш ва таҳдид, ё тафсили мавъиза ва тасбити ҳуҷҷат ва... достонеро бо ибораҳои мухталиф баён менамояд, ё ба ҳангоми баёни неъмат ва баракати худ бар бандагонаш як мавзӯъро бо ибороти гуногун адо мекунад.Овардани ибороти мухталиф дар оятҳо ва мавзеъҳои бешумори мутааддад, ки ҳар як аз лиҳози лафзу маъно дар фасоҳату балоғат бо ҳам яксон ва мушобеҳ бошанд, яке аз асрор ва розҳои шигифтангези Қуръон аст ва як навъ бартарӣ ва тафаввуқи каломӣ аст, ки хоси Қуръон мебошад. Қуръон аҳдоф ва мақосидро ба гунае ба баландтарин дараҷаи азамат ва камол мерасонад, ки ҳар андоза такрор шавад, ҳаловати он бештар мегардад.Фалсафаву ҳикмати ин такрорҳо дар ин аст, ки Қуръон аз лиҳози ҳидояту балоғат арабҳоро ба мубориза хонда, ба ҳамин далел дар баъзе оятҳо ба сурати итноб (муфассал) як маъноро такрор намуда ва дар оятҳои дигар ба сурати эъҷоз маъноро баён медорад (ва бо тасаллути комил дар майдони эъҷозу итноб гӯйи сабқатро мерабояд) ва эъҷози худро ошкор сохта ва фасоҳату равонии лафзро нишон медиҳад, то ҳама бидонанд, ки Қуръон каломи башар нест. Зеро ҳар гоҳ нависанда ва шоире матлаберо такрор намояд, гуфтаи ӯ дар мартабаи дувум аз лиҳози фасоҳат поёнтар аз дафъаи аввал аст ва осори тасаннӯъ ва такаллуф дар он ошкортар мегардад.Аз тарафи дигар, такрор барои устувор сохтани як матлаб ва ақида дар зеҳни мардум яке аз васоили бисёр боаҳамият ба шумор меояд. Ба ҳамин далел аст, ки дар ин аср ҳам мебинем, ки мубаллиғону васоили иртиботи ҷамъӣ барои устувор намудани ҳадафҳои худ то чӣ андоза бар такрор такя менамоянд ва як маъноро ба ибораҳо ва шаклҳои гуногун нишон медиҳанд.ҶАНБАҲОЕ АЗ ЭЪҶОЗИ ҚУРЪОНҚуръон дорои ҷанбаҳои фаровони эъҷоз аст, ки ба ваҳйи илоҳӣ будани Қуръон гувоҳӣ медиҳанд.ФАСОҲАТИ ҚУРЪОН ДАР ТАМОМИ ҶАНБАҲОБа ростӣ, назми шигифтангез, таълифи бадеъ ва беназири Қуръон дар тамоми мавридҳо собит аст ва бо вуҷуди ин ки мавзеъҳо ва ҷанбаҳои он аз қабили достон, мавъиза, баёни аҳком, ваъд, ваъид, ахлоқи карима  зиёд ва бешумор аст ва ҳар ҷанбае дорои хусусиятҳое аст, ки лозим аст ба муқтазои онҳо дар шева ва сабки баён тағйирот ва дигаргуниҳои зарурӣ ба амал ояд, вале бо ин ҳама бисёрии ҷанбаҳо ва тағйироту дигаргуниҳо назми аҷиб ва таълифи бадеи Қуръон собиту маҳфуз аст.Мебинем, ки суханони одамони адибу балеғ ва ашъори шуарои барҷаставу тавоно бар ҳасби ҷанбаҳо мавзеъҳо ва матолиб бо ҳам тафовут ва ихтилофи ошкор  доранд, масалан баъзе шуаро дар мадеҳасароӣ тафаввуқ доранд ва дар ҳаҷву накӯҳиш заиф мебошанд ва баъзе ҳам дар васфи баҳору табиат гӯйи сабқатро мерабоянд, вале дар дигар мавридҳо чандон пирӯз нестанд ва ба ҳамин тартиб ҳеҷ шоир, адиб ва суханваре вуҷуд надорад, ки дар тамоми мавридҳо яксон дар майдони фасоҳату балоғат турктозӣ кунад. Масалан, Имрулқайс дар майдони ҷанг ва Нобиғаи Зубёнӣ ба ҳангоми тарс ва Заҳир ба вақти шодӣ дар фасоҳату балоғат зарбулмасал будаанд. Албатта, дар арсаи хитоб, суханронӣ, наср ва дигар ақсоми калом ҳам ҳамин тавр аст ва тафовуте нест. Ҳеҷ хатибе қодир нест аз ҳамаи ҷанбаҳои балоғат худро яксон ҳифз кунад, аммо ба хилофи ҳама ба тасдиқи донишмандон, фусаҳо ва суханварони араб Қуръон дар тамоми мавридҳо ва ҷанбаҳои калом бе тафовут дар сатҳи бисёр болое аз фасоҳату балоғат қарор гирифта ва дар тамоми заминаҳо эъҷози худро нигоҳ доштааст.Масъалаи дигаре, ки лозим аст ба он таваҷҷӯҳ шавад, ин аст ки интихоби лафзҳо барои маънои машҳуру мутадовил дар байни мардум бисёр саҳлу осонтар аз гузиниши калимот барои маъноҳои тоза ва ибтикорӣ аст. Бояд эътироф кард, ки фасоҳати араб бештар марбут ба тавсифи дашту саҳро, кӯҳу сангҳо, шикоят аз дурии аҳбоб, тавсифи шутуру шикори оҳу ва ё мадҳу зам ва ифтихор мебошад. Албатта, балоғат дар тавсифи ин масоил ва ашёи маҳсус ба гунаи фаровону густурда вуҷуд дорад ва дастрасӣ ба он осон аст, чун табъи аксари мардум ба ин гуна масоил тамоюл дорад, аксари шуаро аз ин ҷиҳатҳо доди суханро додаанд ва ба мартабаи қобили таҳсине аз фасоҳат расидаанд. Касоне, ки баъд аз онҳо меоянд ва ашъори пешкисватони худро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, малакаи фасоҳату балоғат барояшон ҳосил мегардад.Аммо агар Қуръонро мулоҳиза кунем, мебинем, ки ҳеҷ як аз ин ҷиҳатҳои маҳсусро мавриди таваҷҷӯҳ қарор надодааст. Ҳарчанд амри табиӣ аст, ки калимоте дар Қуръон вуҷуд дошта бошад, ки тамоми арабҳо бар фасоҳати он иттифоқи назар доранд, аммо Қуръон ҷиҳатҳоеро мавриди таваҷҷӯҳи худ қарор додааст, ки барои араб ношинохта ва ғайримутадовил будааст. Қуръон Худованд ва  азамати ӯро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад ва ба тавсифи қудрати ӯ мепардозад, мардумро ба ибодати Худо ва танзеҳу тавҳид ва таваҷҷӯҳ даъват менамояд. Неъматҳоеро, ки дар биҳишт барои некӯкорон омода шудааст, тавсиф мекунад, азоби бадкоронро баён медорад ва достони пайғамбарон бо миллатҳояшонро, ки шомили панду андарз ва баёни анвоъи ибодатанд, бозгӯ мекунад. Қуръон мардумро ба ахлоқи писандида ташвиқ ва аз пайравӣ аз фасод барҳазар медорад ва қонуни иқтисодӣ ва низоми хонавода ва ғайри инҳоро вазъ менамояд. Инҳо ҳама масоиле ҳастанд тозаву навзуҳур, ки имкон надорад ашхоси адибу балеғ бо адабиёт ва балоғати мутадовили худ битавонанд аз тамоми ин ҷиҳатҳо ҳаққи матлабро дар он бо риояти фасоҳат адо намояд.Аммо агар оятҳои Қуръонро бодиққат мутолиа ва баррасӣ кунем, ба хубӣ мебинем, ки Қуръон дар тамоми ин маворид дар ниҳояти фасоҳату балоғат эъҷози худро нишон додааст ва анвоъу ақсоми фунуни балоғатро аз қабили ақсоми таъкид, анвоъи ташбеҳ ва тамсилу истиора ба кор гирифтааст ва тамоми хонандагони худ, махсусан хонандаи арабро таҳти таъсири худ қарор дода.АВҶИ БАЛОҒАТ ДАР ҚУРЪОНЯке дигар аз ҷанбаҳои эъҷози Қуръон ин аст, ки араб назм ва ё насре надоранд, ки муштамил ба ин ҳама фасоҳати чашмгир, навзуҳур, шигифтангез, дорои ҷанбаҳои беназир, маонии нозуку латиф, фавоиди касир ва қазовату ҳукми фаровон бошад.  Аммо Қуръон бо вуҷуди муфассал будани оятҳо, матолиб ва мавориди он аз тамоми ҷиҳатҳо ба таври яксон ва мутаносиб фасоҳату балоғатро ба авҷи худ расонида ва муборизони худро дар майдони набард ба зону дароварда ва онҳоро оҷиз кардааст. Арабҳо гоҳе чанд ҷумлаи фасеҳеро ба донишмандони худ ва ё қасоиди балеғеро ба шоири барҷастае нисбат медиҳанд, вале Қуръон бо ин ки китобе аст муфассал ва тӯлонӣ, аз тамоми ҷанбаҳо ба таври мутаносиб фасеҳ аст.[11]Бинобар ин, ҳаргиз як инсони таҳсилнакарда монанди Муҳаммад (с), алайҳиссалом ва ё ҳар таҳсилкардаву олими барҷастаи дигаре наметавонад дар ҳудуди шашҳазору дусад оят ба таври тақриб ба ин шеваи саропо фасоҳату балоғат ва ҳамоҳанг китобе таълиф намояд. Қатъан ин беҳтарин далел аст, ки Қуръон ваҳйи илоҳӣ аст.САЛОМАТ ВА МАСУНИЯТИ ҚУРЪОН АЗТАНОҚУЗУ ИШТИБОҲМавзӯи бисёр муҳимми дигар ин аст, ки Қуръон бо вуҷуди ин ки китобе аст муфассал, аз ҳар гуна таорузу таззод ва  иштибоҳу ихтилоф холӣ аст, ба хилофи каломи тамоми инсонҳо, ки ҳеҷ гоҳ аз чунин матонату фазилате бархурдор намебошад, мебинем, ки уламову донишмандон дар давронҳои мухталиф китобҳое таълиф менамоянд ва онҳоро ба чоп мерасонанд ва дар байни мардум мунташир мешаванд, вале маълум мешавад, ки дорои таорузу таноқуз ва ихтилофу иштибоҳи лафзию маънавӣ мебошанд. Ё мебинем, китобе дар як аср ҷузъи беҳтарин китобҳо будааст, вале бо пешрафти илму дониш ва тағйири авзоъ ва аҳвол аҳамияти худро аз даст медиҳад ва хатову иштибоҳоти он ошкор мегардад. Ин амре аст, ки дар назди уламо ва донишмандон муҳаққақ ва мутадовил мебошад. Аммо Қуръон чаҳордаҳ қарн пеш,  ки бо забони инсони таҳсилнокардае, ки қудрати хондану навиштанро надошта, баён гардидааст ва тарзи тафаккурҳо, фарҳангҳо ва ақоиду русум дигаргун гаштаанд, на танҳо таззоду ихтилофе дар он дида намешавад, балки ҳамон тавре ки баъдан дар ин китоб мебинем, усулу пояҳое бо худ овардааст, ки бо ҳар замону маконе созгору ҳамоҳанг ва қобили интибоқ  мебошанд.ҚОБИЛИ ТАТБИҚ БУДАНИ МАОНИИ ҚУРЪОНЯке аз хусусиятҳо ва ҷанбаҳои эъҷози Қуръон ин аст, ки маъно ва услуби он латифу нарм, шаклпазир ва қобили интибоқ ва таъвил бо авзоъ ва аҳволи мухталиф аст ва бо аксари афкор, назариёт ва дигаргунию пешрафте, ки дар давронҳои гуногун ба вуҷуд меоянд, таззоду бархӯрд надорад ва дар ҳар асре ба муқтазои тамаддуну тафаккур ва пешрафт тафсиру таъбир мешавад.Арабҳои даврони ҷоҳилият, ки ба ҷуз сиришту илҳоми фитрӣ чизе надоштанд, Қуръонро ба мизони идрок ва шуури худ мефаҳмиданд ва уламову донишмандоне, ки баъд аз он омаданд, Қуръонро ба миқёси илму дониши худ санҷиданд ва ба азамати он эътироф карданд. Ба ҳамин тартиб сарони ҳар гурӯҳу фирқае Қуръонро дастовези худ қарор доданд ва зимни таъвилоту тафсироте онро далелу шоҳид бар сиҳати андешаҳои худ қарор медоданд.Имрӯз ҳам илми ҷадид бисёре аз ҳақоиқи Қуръонро собит намуда, ки қаблан аз диди мардум пинҳону махфӣ буданд. Бидуни тардид, каломи ҳеҷ инсоне дар ҳеҷ асру замоне чунин хусусиятеро надорад ва  наметавонад бо ҳар авзоъ ва шароиту аҳволе созгор ва қобили тафсир бошад, ба ҷуз каломи худовандӣ, ки бар ҳамаи авзоъ ва аҳволу давронҳо огоҳ ва мусаллат  аст.[12]Аз ҷиҳати дигар маонию аҳдоф ва мавзӯоти Қуръон  ба андозае фаровон аст, ки агар каломи инсон мебуд, ҳатман дар ҷое асар ва рангу нақши башарӣ дар он мушоҳида мешуд ва дар мавридҳои зиёде ба хубӣ осори табъи инсонӣ дар он ба чашм мехӯрд.[13]Бояд бидуни таассуб эътироф кунем, ки сабку услуб ва маънои Қуръон бо дигар каломи фусаҳову булағо ва удабову хутабо ҳеҷ гуна шабоҳате надорад. Худованд низ ба ин амр  ишора мефармояд:﴿أَفَلَا يَتَدَبَّرُونَ ٱلۡقُرۡءَانَۚ وَلَوۡ كَانَ مِنۡ عِندِ غَيۡرِ ٱللَّهِ لَوَجَدُواْ فِيهِ ٱخۡتِلَٰفٗا كَثِيرٗا ٨٢﴾ [النساء : ٨٢]«Чаро дар фаҳми оятҳои Қуръон  тадаббуру диққат намекунанд (ки холӣ аз ҳар гуна ихтилофу таноқузгӯӣ аст) Агар Қуръон каломи каси дигаре ба ҷуз Худо мебуд, таноқузгӯии фаровоне дар он мушоҳида мекарданд». (Нисо, 82).ФАРОГИРИИ ҚУРЪОН БАР АХБОРИ ҒАЙБӢЯке аз далоили эъҷози Қуръон  ва ин ки китоби осмонӣ ва ваҳйи илоҳӣ аст, муштамил будани он бар ахбори ғайбӣ аст, ки ҳаводис сидқи онҳоро таъйид ва собит кардааст, ки таъкиди Қуръон ба пирӯзии мусулмонҳо бар душманон яке аз намунаҳои он мебошад.Чизе, ки боиси тааҷҷуб ва таҳайюри ақл аст ва наметавон далеле барои он пайдо кард, ҷуз ин ки эътироф кард Қуръон каломи Худост, ин аст ки вақте дар баъзе аз оятҳо муждаи пирӯзии мусулмонҳо бо ҳама таъкидот нозил мешуд, ибтидо шунавандаи он хаёл мекард, ки шояд манзур муболиға ва ташвиқ бошад. Аз ҷумла, замоне ки Худованд ба мӯъминон башорат медиҳад, ки хилофати заминро дар даст хоҳанд гирифт: «Худованд ба касоне аз шумо, ки имон оварда ва аъмоли неку шоиста анҷом додаанд, ваъда медиҳад, ки ҳатман онҳоро ҷойгузини пешиниён ва вориси ҳукумати онҳо дар замин хоҳад кард (то бар пояи адолат онҳоро обод намоянд), ҳамон гуна, ки пешиниёни одилу додгари дигар миллатҳои гузаштаро ҷойгузини ситамгарон кардааст ва ойини онҳоро, ки Ислом аст ва Худо ҳам розӣ аст, ки Ислом ойини эшон бошад, ҳатман дар замин барқарору побарҷо менамояд» (Нур, 55).Ин оят вақте нозил шуд, ки мусулмонҳо баъд аз ҳиҷрат ба Мадина шабу рӯз силоҳро ҳамроҳ доштанд ва ҳамеша дар ҳоли омодабош ба сар мебурданд ва мегуфтанд: «Магар рӯзе хоҳад расид, ки мо бо итминони хотир ва бидуни тарс аз ҷону моли худ битавонем ибодат ва шаоири динии худро анҷом диҳем?»Чандон тӯле накашид, ки чунин рӯзе фаро расид ва муждаи ин оят таҳаққуқ ёфт ва уммати Ислом бо адлу додгарӣ ҷойгузини ситамгорон шуданд. Яке дигар аз ахбори ғайбии Қуръон ин аст, ки Худованд ба Пайғамбар (с) хабар медиҳад, ки Худованд ҳофизи ӯст ва кофирон наметавонанд ӯро бикушанд: «Эй фиристода ва пайғамбари Худо, ҳар он чи аз сӯйи Парвардигорат бар ту нозил шудааст, бидуни каму кост ва ҳарос ба мардум бирасон ва агар чунин накунӣ, рисолати Худоро ба мардум нарасонидаӣ. Аз онҳо тарсу ҳаросе ба дил роҳ мадеҳ, зеро Худованд туро аз хатароти кофирон ва мардум маҳфуз медорад ва Худованд кофиронро, ки дар гумроҳӣ фурӯ рафтаанд ва душмани Ҳақ мебошанд, ҳидоят нахоҳад кард» (Моида, 67).Баъзе аз асҳоби пайғамбар бо хотири хуш ва довталабона муҳофизати Пайғамбар (с)-ро дар баробари кофирон ба ӯҳда  гирифта буданд, аммо ҳамин, ки ин оят нозил шуд, Пайғамбар (с) аз панҷараи ҳуҷрааш сар берун овард ва ба муҳофизони худ гуфт: «Шумо ба дунболи  кори худатон биравед, Худованд маро аз шарри мардум муҳофизат менамояд». Ин оят қавитарин далел аст, ки  Қуръон каломи Худо аст ва илло чӣ касе метавонад бо камоли итминон ва қотеият ҷони касеро тазмин кунад, ки ба муборизаи оштинопазире бо як миллат бархоста ва афкору ақоид, анъанаҳо ва гузаштагони онро ба боди интиқоду истеҳзо гирифта, худро ҳадафи ҳар  гуна озору сӯйиқасди душманон қарор додааст?Яке дигар аз ахбори ғайбии Қуръон, ки баъд аз қарнҳо аз нузули он таҳаққуқ пазируфт, ин оят аст: «Бигӯ, Худо метавонад, ки азоби бузургеро аз осмону замин бар шумо нозил кунад ва шуморо дучори тафриқа ва чанддастагӣ кунад ва ҳар дастае аз ҷониби дастаи дигар ранҷу азоб бичашад» (Анъом, 65).Абдуллоҳ ибни Масъуд дар бораи ин оят мегӯяд: «Ин хабари ғайбие аст, ки баъдан хоҳад омад».Мо мебинем дар ду ҷанги Арабу Исроил (ва дар ҷанги Амрикову мутаҳиддони он бо Ироқ) чӣ гуна мусулмонҳо аз осмону замин ва дарё мавриди ҳуҷум қарор гирифтанд ва чӣ гуна давлатҳои исломӣ алайҳи ҳамдигар меҷангиданд ва ҳамдигарро нобуд месохтанд. Ин ахбори ғайбӣ бидуни шак далели ошкор бар сидқи рисолати Муҳаммад (с) ва ваҳйи илоҳӣ будани Қуръон аст, чун ҷуз Худованди мутаол аз ғайб касе огоҳ нест.ҚИССАҲО ВА ДОСТОНҲОИ ҚУРЪОНЯке аз ахбори ғайбии Қуръон баёни авзоъ, аҳвол ва саргузашти пайғамбарони пешин ба зеботарин ва балеғтарин услуб ва сабк аст, ки назире барои он дида нашудааст. Албатта, мо ҷанбаи достонии Қуръонро дар мавзӯи эъҷози он баён мекунем, чун ба ростӣ, достонҳои Қуръон беҳтарин далел бар эъҷози он мебошанд. Ошкор ва мусаллам аст, ки Муҳаммад (с) саводи хондану навиштан надошт ва барои ҳама маълум буд, ки ҳеҷ гоҳ пеши уламои яҳуд ва роҳибони насоро наменишаст, то аз онҳо достон ёд бигирад. Бо вуҷуди ин ба саҳеҳтарин ва зеботарин ваҷҳ достони пайғамбаронеро, ба монанди Иброҳим, Юсуф, Мӯсо, Исо ва ғайраро баён менамуд. Қуръони карим худ баёни достони пайғамбарони собиқро дар Қуръон далели ваҳйи илоҳӣ буданаш муаррифӣ кардааст ва дар авоил ё дар авохири баъзе аз достонҳо ба ин амр ишора кардааст, чунончи дар аввали сураи «Юсуф» мефармояд:﴿نَحۡنُ نَقُصُّ عَلَيۡكَ أَحۡسَنَ ٱلۡقَصَصِ بِمَآ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ وَإِن كُنتَ مِن قَبۡلِهِۦ لَمِنَ ٱلۡغَٰفِلِينَ ٣﴾ [يوسف: ٣]«Аз тариқи ваҳйи ин Қуръон некӯтарин саргузаштҳоро барои ту бозгӯ мекунем, ҳарчанд, қаблан дар бораи онҳо аз зумраи бехабарон будӣ». (Юсуф, 3).Дар сураи «Ҳуд» баъд аз баёни достони Нӯҳ мефармояд: «Ин достон ҷузъи ахбори ғайбиест, ки онро ба ту ваҳй мекунем, на ту ва на қавмат қабл аз ин онро намедонистанд» (Ҳуд, 49).Бо таваҷҷӯҳ ба ин оятҳо маълум мешавад, ки арабҳо аз саргузашти дақиқу воқеии пайғамбарон қабл аз нузули Қуръон беиттилоъ будаанд. Аз тарафи дигар саргузашту достони пайғамбарон дар Қуръон муғойир бо саргузашти онҳо дар китоби муқаддасаи пешин аст ва он чи дар Қуръон омада, хеле боазаматтар аст. Агар достонҳои Тавротро мулоҳиза кунем, мебинем, ки корҳои нописанду зиштеро ба баъзе пайғамбарон нисбат медиҳанд, ки ақли салим ба ҳеҷ ваҷҳ онро қабул намекунад, ки чунин рафторе аз пайғамбароне, ки барои ҳидояти мардум омадаанд, сар зада бошад, дар ҳоле ки Худованд онҳоро ба камолу фазл, ҳусни амал ва ба унвони пешвоёни солеҳ тавсиф менамояд. Ба ростӣ, вуҷуди чунин достонҳои дурусте дар Қуръон бо ин услуб ва сабки беназир далели қотеъ бар сидқи нубуввати Муҳаммад (с) ва ваҳйи илоҳӣ будани Қуръон мебошад.Ҳадафи аслӣ аз зикри қиссаву достон дар Қуръон баёни таърихи пайғамбарон ва ақвоми онҳо нест, балки мақсуд баёни дарси ибратҳо ва андарзҳое аст, ки ҳидояти бузурге дар онҳо мушоҳида мешавад, ки ҳам касоне, ки даъват ба сӯйи Ҳақ мекунанд ва ҳам касоне, ки ба сӯйи он даъват мешаванд, ба ин дарсҳои ибрат ниёзманд мебошанд.Доктор Филипп Ҳаййӣ ба ин мавзӯъ эътироф мекунад ва дар китоби худ «Таърихи араб» мегӯяд: «Ҳадафи аслӣ аз зикри ин достонҳо баёни дарсҳои ибрат ва андарзҳои ахлоқӣ аст, то хонандагону шунавандагонро ба ахлоқу рафтор ва тафаккури дурусту саҳеҳ ҳидоят намояд ва ба онҳо бигӯяд аз саргузашти ақвоми пайғамбарони гузашта ибрат бигиранд ва аз суннати Худо огоҳ шаванд, ки некӯкоронро подоши нек медиҳад ва бадкоронро ба кайфар мерасонад».РӮҲИ ҚУРЪОНДалели дигаре, ки гувоҳ ба эъҷози Қуръон аст, рӯҳоният ва ё рӯҳи ҳаётбахши он аст. Худованд  хитоб ба Пайғамбар (с) мефармояд: «Ҳамон гуна, ки ба пайғамбарони пешин ваҳй кардем, ба амри худ ба ту низ рӯҳу ҷонро ваҳй кардем (ки Қуръон ном дорад ва мояи ҳаёти дилҳо аст) ва қабл аз нузули Қуръон ту намедонистӣ, ки китоб чист ва имон кадом аст, вале мо Қуръонро ба унвони нури азиме қарор додем, то дар партави он ҳар кас аз бандагони хешро бихоҳем, ҳидоят диҳем.  Ҳамоно, ту бо ин Қуръон мардумонро ба роҳи рост роҳнамоӣ мекунӣ» (Шӯро, 52).Худованди мутаол Қуръонро «рӯҳ» ном ниҳода, чун дилҳоро зинда менамояд ва барои онҳо ба манзалаи рӯҳ барои ҷисм аст. Худованд Қуръонро нуре қарор дода, ки монанди офтоб дунёро равшан месозад.Магар намебинед арабҳо пеш аз Қуръон дар чи ошуфтагию беназмӣ ва бадбахтӣ ба сар мебурданд, ба тавре ки ҳеҷ робитаи сиёсӣ ё қавмӣ ё динӣ онҳоро ба даври ҳам ҷамъ намекард ва чӣ гуна одоту ахлоқи нописанд бар онҳо мусаллат шуда буд. Аммо баъд аз омадани Қуръону имон дар кӯтоҳтарин муддат ба як миллати нерӯманду муттаҳид мубаддал гардиданд ва намунаву сармашқи фазилат, ахлоқи писандида ва дигар камолоти инсонӣ барои дигар миллатҳо воқеъ шуданд. Ин амр яке аз бузургтарин ва қотеътарин далоил аст, ки Қуръон каломи Худо ва рӯҳу ҷони ҳаётбахш аз ҷониби ӯ аст.Рӯҳоният ва ҳаётбахшии Қуръон ба хотири ин аст, ки муштамил бар улуми худошиносӣ ва усули ақоиди динӣ, қавонини фазоили ахлоқӣ ва адаби инсонӣ, усули қавонини қазоию сиёсӣ ва маданию иҷтимоӣ ва дигар усули лозим барои як зиндагии шарофатмандона дар як ҷомеаи пешрафта мебошад. Усули Қуръон комилтару муфидтар аз  тамоми қонунҳои башарӣ мебошад. Албатта, ман инро бидуни далел намегӯям, балки далоилу шавоҳиди фаровоне аз Қуръон барои ин мавзӯъ дорам, ки дар фаслҳои мухталифи ин китоб ба хубӣ онро собиту равшан сохтаам.Бидуни шак, ин мавзӯъ аз муҳимтарин ҷанбаҳои эъҷози Қуръон аст. Чун ба ҳақиқат илми ақоид, худошиносӣ ва илми одобу ахлоқ ва қавонини қазоӣ ва динию маданӣ аз улуми бисёр муҳим ва доманадору густурда мебошад ва дар байни касоне, ки тамоми вақтҳои худро вақфи таҳқиқу баррасӣ дар ин улум кардаанд, фақат теъдоди башуморе нубуғ ва шоистагии лозимро дар онҳо ба даст меоварад. Дар ҳоле ки мебинем, як инсони бесавод, ки тавоноии хондану навиштан надорад, дар як маркази илмӣ ва қазоию қонунӣ парвариш наёфтаст, Қуръонеро бо худ меоварад, ки усул ва қавонини он аз ҳар лиҳоз дар ниҳояти камолу ҳақиқатбинӣ баён шудааст, ки далоилу бурҳон ҳаққонияти онҳоро таъйид менамояд. Ҷолиби таваҷҷӯҳ ин аст ки ин усулро бо худ замоне меоварад, ки ду севум аз умраш сипарӣ гашта ва қаблан аз онҳо беиттилоъ буда, ҳеҷ гоҳ аз онҳо сухан нагуфтааст ва ҳатто яке аз онҳоро бар забон нарондааст, чун дар он замон Қуръон нозил нашуда буд ва то синни чиҳилсолагӣ аз ҳама чизҳо беиттилоъ буд.Ба ҳамин далел аст, ки Худованд ба ҳазрати Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳи ва саллам дастур медиҳад ба касоне, ки дар рисолати ту тардид доранд: «Бигӯ, агар Худо мехост Қуръонро бар ман нозил намекард ва ман ҳам онро бар шумо намехондам ва шуморо аз он огоҳ намекардам. Умре пеш аз ин дар миёни шумо басар бурдам (ҳеҷ гоҳ дар бораи Қуръон ҳарф назадам ва шумо хуб маро мешиносед ва садоқату амонати худро нишон додам), чаро ин мавзӯи равшанро дарк намекунед» (Юнус, 16).Яке аз ҷанбаҳои эъҷози Қуръон, ки дар фасли баъдӣ ба баёни он мепардозем, вуҷуди мӯъҷизоти фаровони илмӣ дар Қуръон аст, ки дар асри нузули он шинохта нашуда буданд ва баъд аз пешрафти улуми табиӣ ва таҳқиқу баррасии  уламои табиӣ ин мӯъҷизоти илмӣ дар Қуръон ошкор гардид.Ва саллаллоҳу ало саййидино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин. Фасли cеюм : МЎъҶизоти  илмии Қуръон1. Ваҳдати ҷаҳони офариниш ва рамзи ҳаёт. 2. Пайдоиши ҷаҳон. 3. Густариши ҷаҳон ва вусъати он. 4. Ҳаракати Офтоб, Моҳ ва Замин. 5. Камбуди оксиген дар иртифоот (баландиҳо) 6. Шикофтан ва таҷзияи атом. 7. Завҷият (ҷуфтӣ) ва дугонагӣ дар тамоми мавҷудот. 8. Абрҳои ҳаркаткунанда ва хусусиёти онҳо. 9. Сабзиши Замин дар асари борон. 10. Таодул  дар байни аносири ҷаҳон ва мушаххас будани миқдори онҳо. 11. Амвоҷи дарунӣ ва сатҳи дарё. 12. Шабоҳати олами ҳайвонот ва парандаҳо ба дунёи инсон. 13. Ахбори ғайбии Қуръон дар бораи васоили нақлия. 14. Мароҳили рушди ҷанин. 15. Пардаҳое, ки ҷанинро мепӯшонанд. 16. Маншаъ ва макони пайдоиши нутфа дар мард. 17. Чигунагии пайдоиши нару мода. 18. Ҳуҷайрае, ки дар мании инсон вуҷуд дорад, шабеҳи зовул (шулук) аст. 19. Фарқи хатҳо ва нақши сари ангуштони ҳар инсоне бо ангуштони дигар.Албатта, ҳадафи Қуръон ин нест, ки дар бораи розҳову асрори аҷиби кавн ва ҳақоиқи илмӣ бо мардум ба баҳсу гуфтугӯ бипардозад. Чун Қуръон китоби ҳидояту иршод аст ва мардумро дар масоили динӣ ва дунявӣ роҳнамоӣ менамояд, аммо бо вуҷуди ин ҳақоиқи фаровоне аз масоили табиӣ, пизишкӣ, ҷуғрофӣ ва ғайра дар хилоли таъбироти дақиқ ва иршодоти латифи он фаҳмида мешавад, ки мӯъҷиза ва ваҳйи илоҳӣ  будани Қуръонро нишон медиҳад.Аз мусалламоти таърих аст, ки Муҳаммад (с) саводи хондану навиштан надошт ва дар Макка ба дунё омад ва муддати панҷоҳ сол аз умри худро дар ин шаҳр сипарӣ кард, ки мадорису марокизе барои тадриси улуми табиӣ дар он мавҷуд набуд ва дар натиҷа Муҳаммад (с) ба таври куллӣ аз марказҳои илмӣ, ки дар он замон дар Шому Искандария ва Афина буданд, дур ва беиттилоъ буд, аммо назариёти илмие, ки Қуръон ба онҳо ишора кардааст, ба ҳеҷ ваҷҳ дар он аср (қарни ҳафтуми мелодӣ) барои касе шинохта нашуда буд, балки илм онҳоро ба тозагӣ кашф кардааст.Дар ин мавзӯъ қисмате аз ҳақоиқи илмиеро, ки Қуръон ба онҳо ишора кардааст, зикр мекунем ва қазоват дар бораи онҳоро ба хонандаи мӯҳтарам вогузор менамоем, то бо ақли солими худ ва ба дур аз таассубу ҳавои нафс назари худро эълом намояд. Оё қобили тасаввур аст, ки ин оятҳои қуръонӣ бо ҳама ҳақоиқи илмии муҳиме, ки дар бар доранд, аз ҷониби худи Муҳаммад (с) бошанд?! Бояд эътироф намуд, ки Қуръон ваҳйи илоҳӣ аст ва Худованд онро бар Муҳаммад (с) нозил кардааст.ВАҲДАТИ ҶАҲОНИ ОФАРИНИШ ВА РАМЗИ ҲАЁТХудованди мутаол мефармояд: «Оё кофирон намебинанд, ки осмонҳо ва замин (дар оғози хилқат ба сурати тӯдаи азими гази фишурда ва якпорчае фазоро пур карда ва) ба ҳам муттасил буданд, сипас (дар асари ҳаракоти сареъ ва мудовим ва инфиҷороти (таркиши) дарунии ҳавлноке) онҳоро аз ҳам ҷудо намудем (ва тадриҷан онҳоро ба сурати ҷаҳони кунунӣ даровардем) ва ҳар чизи зиндае (ба шумули инсону ҳайвон ва гиёҳ)-ро аз об офаридаем. Оё (дар бораи офариниши коинот намеандешанд ва) имон намеоваранд» (Анбиё, 30).Ин ояти шарифа дар ду қисмат ба ду масъалаи бисёр муҳимми илмӣ ишора менамояд. Дар қисмати аввал, ки мефармояд «онҳо муттасил ва якпорча буданд», ба мо хабар медиҳад, ки ибтидо Замин ва осмонҳо «ратқ» будаанд, яъне як моддаи воҳидаи ба ҳам пайваста будаанд. Албатта, эъломи ин матлаб ба василаи Қуръон дар чаҳордаҳ қарн пеш яке аз бузургтарин далоил бар эъҷози Қуръон ва ваҳйи Худой будани он аст. Зеро илм ба тозагӣ исбот кардааст, ки моддаи аслии ҷаҳон ба таври умумӣ яке будааст ва дар ибтидо  ба сурати тӯдаи азими гази фишурда ва ба ҳам пайваста буда, сипас дар асари ҳаракоти сареъ ва  доимӣ ва инфиҷороти (таркиши) ҳавлноки дарунӣ ин газ ба сурати абрпораҳои бешуморе тақсим ва аз ҳам ҷудо гардидаанд ва манзумаи  шамсӣ, ки замин ҷузъи он аст,  аз ин таҷзия ва тақсим ба вуҷуд омадааст. Аз далоили донишмандон бар сиҳати ин мавзӯъ ин аст ки собит кардаанд, ки Замин дорои 93 унсури (элемент) шинохташуда мебошад ва аносири шинохташудаи офтобро ҳам баррасӣ карда ва дидаанд, ки 67 унсури он бо аносири Замин монанд мебошанд. Интизор меравад бо пешрафти илм аносири муштараки бештаре дар байни Замину Офтоб кашф шавад. Аносири машҳур дар Офтоб айни ҳамон унсурҳои маъруф дар байни  мо – аҳли Замин мебошад, ки иборатанд аз гидроген, гелий, карбон, азот, оксиген, фосфор, оҳан ва ғайра. Донишмандон ба василаи равише ба номи «таҳлили тайфӣ» тавонистаанд ин масоилро собит намоянд.Таҳлили тайфӣ (спектрӣ) равише аст, ки уламои табиӣ ба василаи он метавонанд теъдоду навъи аносири мавҷуд дар ҷаҳон ва дарсади дақиқи ҳар унсуреро маълум созанд. Ҳамон гуна, ки дар байни аксари аносири Офтобу Замин иштирок вуҷуд дорад, дар байни аносири Замину Моҳ ҳам иштироки комил мавҷуд аст. Донишмандон пас аз озмоиши сангҳову хокҳо ва дигари маводе, ки ба василаи фазонавардон аз кураи Моҳ ба Замин оварда шуда буд, эълом доштанд, ки маводи кураи Моҳ шомили андигари мавҷуд дар кураи Замин аст. Аммо қисмати дувуми ин оят, ки мефармояд: «Ва ҳама чизи зиндаро аз об офаридем», яке аз муҳимтарин ҳақоиқи илмӣ аст, ки дар Қуръон омада ва уламои улуми табиӣ ба тозагӣ сирру рози онро кашф кардаанд.Қисмати аъзами фаъолиятҳои кимиёӣ, ки барои ҳаёт ва нашъу намои  мавҷудоти зинда зарурӣ аст, ниёз ба об дорад. Об унсури асосӣ ва зарурӣ барои идомаи ҳаёти ҳайвоноту наботот аст, ки 4/3 сатҳи заминро фаро гирифта ва дорои дараҷаи саялони болое мебошад ва ба воситаи доштани ин хосият муддати тӯлонӣ дар ҳолати сайёлӣ ва адами инҷимод боқӣ мемонад.Об хосияти дигаре дорад, ки ҳарорати офтобро ҷазб ва онро пас медиҳад ва ин ҳарорат дар иртифоъ қобили таваҷҷӯҳ қарор мегирад ва ин амр боис мешавад, ки дараҷаи ҳарорат дар сатҳи Замин дар як ҳадди миёна собит бимонад ва тағйироти шадиде дар он ба вуҷуд наояд. Агар об дорои ин хосияти ҷазб ва дафъи ҳарорат, ки ба василаи он дараҷаи ҳарорати Замин дар ҳадди миёна боқӣ мемонад, намебуд, имкони зиндагӣ дар рӯйи Замин бисёр заиф мебуд.Яке дигар аз хусусиёти об ин аст, ки бар хилофи тамоми мавод танҳо моддае аст, ки ях кардани фишор ва ба ҳампайвастагии он камтар ва ҳаҷмаш бештар мешавад, ин хосият барои идомаи зиндагии обзиҳо аз аҳамияти фаровоне бархурдор аст, чунки  ҳайвоноти обии пӯсткулуфт ва нерӯманд ба ҳангоми  шиддати сармо ба ҷойи ин ки ба қаъри дарё фурӯ раванд, метавонанд бо шикастани яхҳо ба сатҳи дарё биёянд. Аз тарафи дигар яхҳое, ки ба рӯйи онҳо қарор мегиранд, аз нуфузи сармои шадид ба умқи онҳо ҷилавгирӣ менамоянд ва дараҷаи ҳарорати онро болотар аз сифр нигаҳ медоранд.Об ҳангоми поён будани дараҷаи ҳарорат миқдори фаровони оксигенро ҷазб карда ва ҳарорати зиёдро пас медиҳад, ки ин амр кӯмаки зиёде ба идомаи ҳаёти  обзиён менамояд. Ба ростӣ, ҳикмату азамати Қуръон болотар аз идроки башарӣ аст. Мушоҳида мекунем, ки Қуръон бо калимоти кӯтоҳ ва башуморе дар ниҳояти балоғату фасоҳат дарёе аз асрору розҳои ҳаёт бар кураи заминро ошкор сохтааст. Оё ин оят яке аз далоили қотеи ақлию нақлӣ бар сидқи рисолати Муҳаммад (с) нест?Қуръон дар чаҳордаҳ қарн пеш, ки ҷаҳон дар ҷаҳлу ноогоҳӣ фурӯ рафта буд, кофиронро сарзаниш менамояд, ки чӣ гуна ба Худой куфр меварзанд, дар ҳоле ки тамоми ҷаҳонро аз як асл ба вуҷуд оварда ва обро мояи ҳаёти ҷовидон (ба шумул аз инсону ҳайвон ва наботот) қарор додааст? Ва ҳақоиқеро эълом медорад, ки арабҳо аз дарки воқеии он оҷиз буданд ва танҳо ба андозаи шуури худ онро мефаҳмиданд, вале баъд аз гузашти қарнҳо аз нузули Қуръон уламову донишмандон пас аз даҳҳо соли талош ва кӯшиши пайваста ваҳдати ҷаҳон ва асрори мавҷуд дар об барои ҳаёт ва идомаи он бар рӯйи заминро кашф карданд. Оё пас аз огоҳӣ бар ин ҳақиқат сазовор аст ҷое барои шакку тардид дар сидқи рисолати Муҳаммад  саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар дил боқӣ бимонад ва ба пайравӣ аз нафсу шайтон ба куфру гумроҳӣ идома дода шавад?!Дар ишора ба қотеияти ин далел ва равшан будани он Худованд дар охири ин оят ба кофирон мефармояд: «Оё бо вуҷуди ин далели возеҳ боз ба Худо имон намеоваред?»ПАЙДОИШИ ҶАҲОНХудованди мутаол мефармояд: «Бигӯ: оё ба касе, ки заминро дар ду рӯз офарида, имон надоред ва барои ӯ шарику анбоз қарор медиҳед? ӯ (илова бар ин ки Офаридгори Замин аст) Офаридгори ҷаҳониён ҳам мебошад.  Худое, ки дар Замин кӯҳҳои устуворе қарор дод, хайру баракоти фарвоне дар он ба вуҷуд овард ва рӯзию маводи ғизоиро ба андозаи лозим дар он мушаххас намуд. Халқи Замин, эҷоди кӯҳҳо ва бароварда сохтани рӯзиҳо ҷамъан дар чаҳор рӯз ва чаҳор даврон ба поён омад ба гунае, ки ниёзи ниёзмандон ва рӯзии рӯзихоҳон бароварда шуд ва ҳеҷ нақсе дар он набуд... Сипас Худованд ирода кард осмонро биофаринад, дар ҳоле ки дудгуна ва ба шакли абрҳо дар фазои беинтиҳо густурда буд. Сипас ба Осмону Замин дастур дод: хоҳ-нохоҳ бояд падид оед ва (шакл гиред) Гуфтанд: бо камоли итоат ҳозирем (ва ба ҳамон сурат даромадаем, ки ирода кардаӣ)» (Фуссилат, 9-11).Қуръони карим ба сароҳат мефармояд, ки Осмон қабл аз халқи ҷаҳон ба шакли дуд (газмонанд) будааст. Донишмандони имрӯза дар бораи оғози пайдоиши ҷаҳон дорои назариёти мухталиф ҳастанд. Ситорашиноси маъруф Ҷеймс Ҷейнз мегӯяд:  «Қавли дуруст дар бораи пайдоиш ин аст, ки моддаи аслии ҷаҳон ибтидо ба шакли гази бисёр муназзам дар фазо пароканда гардид ва дар асари суръати ҳаракати пайваста ва фишурдагии он саҳобиҳо (туманҳо) ба вуҷуд омаданд».[14]Доктор Ҷорҷ Ҷому – устоди кимиёи назарӣ дар Донишгоҳи Вашингтон[15]   мегӯяд: «Ҷаҳон қабл аз оғози пайдоиш пур аз газе буд, ки ба сурати муназзам ҳама ҷоро қарор гирифта буд ва ин газ дорои чунон ҳарорату фишурдагӣ буд, ки қобили тасаввур намебошад. Инфиҷорот ва таҳаввулоти ҳастаӣ (ядроӣ) дар баъзе аносири ин газ ба вуқӯъ пайваст ва таҳти таъсири ин фишору ҳарорати ваҳшатнок густариш ва имтидоди ҷаҳон шурӯъ шуд ва ба тадриҷ аз фишурдагӣ ва ҳарорати  ин моддаи газӣ коста гардид ва дар марҳалае аз ин мароҳили тадриҷӣ ин кори фишурдагӣ ба сурати саҳобиҳои ҷудогона, ки аз лиҳози назму ҳаҷм бо ҳам як набуданд, тақсим гардид ва ситораҳои гуногуне аз он падид омаданд».Мулоҳиза фармоед, Қуръон бо сароҳат маншаъ ва моддаи аслии ҷаҳонро ба исми дуд (духон), ки барои араб  мафҳуму  малмус буд, баён мефармояд.Ин оят, ки эълом медорад, кӯҳҳои устувореро ба манзури ҳифозат аз Замин дар баробари фишорҳову зилзилаҳо дар он қарор додаем ва осмону ҷаҳонро аз дуд ба вуҷуд овардаем, то чанде пеш ҳақиқати он барои касе равшан набуд, вале ҳоло ба сурати як амри возеҳу мусаллам даромада ва уламо онро таъйид менамоянд ва яке аз бузургтарин далоил бар сидқи рисолати Муҳаммад (с) мебошад.ГУСТАРИШИ ҶАҲОН ВА ВУСЪАТИ ОНХудованди мутаол мефармояд:﴿وَٱلسَّمَآءَ بَنَيۡنَٰهَا بِأَيۡيْدٖ وَإِنَّا لَمُوسِعُونَ ٤٧﴾ [الذاريات: ٤٧]«Мо осмонро бо қудрат бино сохтаем ва ҳамвора онро вусъат ва густариш мебахшем».[16]  (Зориёт, 47).Ин оят эҳтимоли ду маъноро медиҳад: яке ин ки Мо осмонро бо қудрат бино сохтаем ва онро васеъ ва густурда қарор додаем. Дигаре: Мо онро густариш медиҳем ва онро васеътар мегардонем.Дар таъйиди маънои аввал мебинем, ки Эйнштейн ақида дорад, ки ин ҷаҳон ба андозае васеъ аст, ки гунҷоиши триллионҳо каҳкашонро дорад, ки ҳар як дорои садҳо миллион ситорае аст, ки ҳаҷми баъзе аз ин ситораҳо миллионҳо баробари Офтоб аст.[17]Аммо дар таъйиди маънои дувум назарияи густариш ва тавсеаи ҷаҳонро мебинем. Донишмандон ва ситорашиносон ба василаи дурбинҳои фавқулода қавии худ ташхис додаанд, ки каҳкашонҳо ба сурати муназзаме дар ҳоли ҳаракату фосила гирифтан аз ҳам ҳастанд ва ҷаҳон сокин нест, балки мутаҳаррику пӯё аст ва пайваста дар ҳоли кушодашавӣ ва тавсеа мебошад.Шуморе аз донишмандон назариёти худро дар бораи густариши ҷаҳон эълом доштаанд, ки боиси равшан шудани ин масъалаи печида шудааст, аз ҷумла доктор Ҳобел – раҳбари донишмандоне, ки дар  бораи каҳкашонҳо таҳқиқ менамоянд, мегӯяд: «Танҳо вежагии ҳаракати маҷмӯаи ситораҳои бисёр дур аз мо ин аст, ки ин маҷмӯаҳо бештар тамоюли фосила гирифтан аз моро доранд, на рӯй овардан ба  тарафи мо ва ҳар андоза дуртар мешаванд, бар суръат ақибнишинии онҳо афзуда мегардад».[18]Хонандаи мӯҳтарам, баъд аз диққат дар ояти фавқ ва татбиқи он бо назарияи илмӣ ва тозакашфшудаи донишмандон қазоват фармо. Оё ҷуз ин ки бигӯем: «Ашҳаду анло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадар расулуллоҳ», роҳи дигаре боқӣ мемонад?!ҲАРАКАТИ ОФТОБУ МОҲ ВА ЗАМИНХудованд мефармояд:﴿وَٱلشَّمۡسُ تَجۡرِي لِمُسۡتَقَرّٖ لَّهَاۚ ذَٰلِكَ تَقۡدِيرُ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡعَلِيمِ ٣٨ وَٱلۡقَمَرَ قَدَّرۡنَٰهُ مَنَازِلَ حَتَّىٰ عَادَ كَٱلۡعُرۡجُونِ ٱلۡقَدِيمِ ٣٩ لَا ٱلشَّمۡسُ يَنۢبَغِي لَهَآ أَن تُدۡرِكَ ٱلۡقَمَرَ وَلَا ٱلَّيۡلُ سَابِقُ ٱلنَّهَارِۚ وَكُلّٞ فِي فَلَكٖ يَسۡبَحُونَ ٤٠﴾ [يس: ٣٨،  ٤٠]«Офтоб дар меҳвар ва қароргоҳи худ дар ҳаракат аст. Ин муҳосиба ва андозагирии дақиқ аз ҷониби Худованди донову тавоно мебошад. Ва барои Моҳ низ манзилгоҳҳое таъйин кардаем, ки пас аз паймудани онҳо ба сурати шохчаи кӯҳнаи хурмо, яъне ба шакли қавс ва зардранг дармеояд.  На офтобро месазад, ки дар мадори худ сареътар шавад ва ба мадори Моҳ бирасад ва на шаб  қудрат дорад, ки бар рӯз пешӣ гирад ва монеи пайдоиши он шавад ва ҳар як дар масир ва мадори худ бидуни камтарин тағйире шиноваранд ва ба ҳаракати худ идома медиҳанд» (Ёсин, 38-40).Қуръон бо сароҳат мегӯяд, ки Офтоб дар мадори муайяне дар ҳоли ҳаракат мебошад ва ин амр бо воқеияти илмӣ мутобиқ аст, ки мегӯяд: Офтоб бо манзумаи худ дар баробари сайёраи бисёри пурнуре дар манзума (ҷосе) қарор гирифта ва ҳаракат менамояд. Дар қисмати охири оят мефармояд: «Ҳар як дар мадори худ мутаҳаррику шиновар мебошанд» Ин ҷумла бо сароҳат мегӯяд, ки ҳар як аз сайёраҳои манзумаи офтобӣ таҳти ҷозибаи Офтоб дар мадорҳои байзашакл ба даври Офтоб мечарханд ва Қуръон ба ҳаракати Замин ишора карда, мефармояд: «Шаб қудрати пешӣ гирифтан аз рӯзро надорад»Маълум аст, ки дар асари ҳаракати Замин ба даври худ шабу рӯз ба сурати муназзам ба вуҷуд меоянд. Бинобар ин, бояд Замин ба даври худ бичархад, то шабу рӯз ба вуҷуд оянд (хонандаи мӯҳтарам, чандин қарн пеш аз ин ки Галилей бо ҳаракати Замин ошно шавад ва калисо ба иттиҳоми ин ки ӯ бо эъломи чунин назарияе кофир шуда ё бояд  тавба кунад ё эъдом шавад ва Галилейро ночор ба қабули тавба намуд, Қуръони карим ҳаракати офтобу моҳро бо сароҳат эълом карда ва ба ҳаракати Замин ҳам ишора фармудааст).АБРҲОИ МУТАРОКИМ (АНБОШТА)ВА ХУСУСИЯТҲОИ ОНҲОХудованд мефармояд:﴿أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ يُزۡجِي سَحَابٗا ثُمَّ يُؤَلِّفُ بَيۡنَهُۥ ثُمَّ يَجۡعَلُهُۥ رُكَامٗا فَتَرَى ٱلۡوَدۡقَ يَخۡرُجُ مِنۡ خِلَٰلِهِۦ وَيُنَزِّلُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مِن جِبَالٖ فِيهَا مِنۢ بَرَدٖ فَيُصِيبُ بِهِۦ مَن يَشَآءُ وَيَصۡرِفُهُۥ عَن مَّن يَشَآءُۖ يَكَادُ سَنَا بَرۡقِهِۦ يَذۡهَبُ بِٱلۡأَبۡصَٰرِ ٤٣﴾ [النور : ٤٣]«Магар намебинӣ, ки Худованд оҳиста абрҳоро ба сӯйи ҳам ҳаракат медиҳад, сипас онҳоро ҷамъ мекунад ва баъд онҳоро мутароким ва фишурда месозад, он гоҳ мебинӣ, ки борон аз миёни онҳо берун мерезад ва Худованд аз кӯҳҳои абрии мавҷуд дар осмон жолаҳои дуруштдонаро фурӯ меоварад ва ҳар касеро бихоҳад, бо он зиён мерасонад ва ҳар касеро бихоҳад, аз зиёни он ба дур медорад ва партаву шуъои барқи ҳосил аз бархӯрди он ба андозае нерӯманд аст, ки наздик аст чашмҳоро хира ва аз миён бардорад». (Нур, 43).Қуръон дар ин ҷо ҳам аз корвони илм, ки қарнҳо баъд аз нузули он ба ҳаракат даромада пешӣ гирифтааст, дар ин оят мароҳили ба вуҷуд омадан ва шаклгирии абрҳои мутарокиму фишурда ва хасоиси онҳоро баён медорад, дар ҳоле ки танҳо дар ин авохир барои донишмандон маълум шуда, ки абрҳои бороновар ибтидо ба сурати пораҳои пароканда ҳастанд ва дар асари фишору вазиши бод ба ҳам муттасил ва бар рӯйи ҳам фишурда мешаванд ва онҳоро таҳти унвони абрҳои мутароким ном мебаранд, чун пораҳои мухталифи онҳо бар рӯйи ҳам анбоштагашта ва фишурда шудаанд. Он гоҳ бодҳое аз Замин мевазад, ки дорои бори (заряди) электрикии мусбат аст ва бо иттиҳод бо бори электрикии мавҷуд дар фазо мӯҷиби ташкили майдони электрикӣ дар он мешавад ва боиси табдили бухори фазо ва қатраҳои хурди об мегардад, ки ба тадриҷ бузург мешаванд ва ба сурати борон фурӯ меоянд. Мулоҳиза фармоед, айни ин воқеияти илмӣ аз он оят фаҳмида мешавад. «Худованд ба оромӣ ба василаи бод абрҳоро ба сӯйи ҳам меронад. Худованд пораҳои абрҳоро бо ҳам ҷамъ мекунад, сипас онҳоро ба рӯйи ҳам мутароким ва фишурда месозад. Мебинӣ, ки борон аз миёни ин абрҳо берун меояд» Бояд гуфта шавад яке аз мазоҳири абрҳои мутароким ин аст, ки аз тарафи боло ва фавқонӣ густариш меёбанд ва ба сурати тӯдаҳои бисёр бузург дармеоянд. Касе, ки ин тӯдаҳоро аз дур мушоҳида мекунад, онҳоро ба шакли кӯҳҳои азим мебинад, танҳо касе метавонад шабоҳати кӯҳҳо ва абрҳоро бо ҳам дарк кунад, ки бо ҳавопаймо бар фарози тӯдаҳои азими абрҳо парвоз намояд ва қуллаҳову дараҳо ва пастию баландиҳои абрҳоро бинигарад ва манзараи ноҳамвориҳоро аз болои абрҳо назорат кунад, он гоҳ мебинад, ки кӯҳҳои абрӣ айнан монанди кӯҳҳои заминӣ ҳастанд. Қуръон абрҳои мутарокимро чунин тавсиф менамояд: «Худованд ба ҷойи ин ки жоларо аз осмон нозил кунад, онро аз кӯҳҳои абрӣ, ки дар осмон вуҷуд доранд, фурӯ меоварад».Мебинем, ки Қуръон қабл аз ба вуҷуд омадани ҳавопаймо ва кашфи кӯҳҳои абрӣ дар фазо аз абрҳои мутароким ба унвони кӯҳ ном мебарад ва мефармояд жолаҳои дуруштдона аз ин абрҳои кӯҳпайкар фурӯ меоянд. Оё ин ахбори ғайбӣ ва мӯъҷизаҳои илмӣ ҷузъи равшантарин далел бар сидқи рисолати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ваҳйи илоҳӣ будани Қуръон намебошад?Қуръони карим дар ин оят як ҳақиқати илмии дигарро эълон менамояд ва мефармояд: «Абрҳои мутароким боиси ба вуҷуд омадани жола мешаванд ва аз ин абрҳо жола нозил мешавад».Чигунагии ташкили жола аз назари илмӣ ин аст: вақте дар асари ба вуҷуд омадани майдони электрикӣ бухор ба қатраҳои хурди об табдил мешавад, ҷараёни ҳаво онҳоро ба иртифоте дар фазо мерасонад, ки дараҷаи ҳарорати онҳо 40 то 50 дараҷа поёнтар аз сифр аст. Дар ин марҳала қатраҳои об ба сурати ях дармеоянд ва  дар асари бархӯрд бо ҳам чандин донаи онҳо бо ҳам ҷамъ мешаванд ва ба сурати жолаҳои сангине дармеоянд, ки ҳаво қудрати нигаҳдории онҳоро надорад ва ба замин фурӯ меоянд.Боз Қуръони карим дар ин оят ҳақиқати илмии дигарро ба мо нишон медиҳад ва мефармояд: танҳо абрҳои мутароким ҳастанд, ки барқ ва соиқа (оташак)-ро ба вуҷуд меоваранд. «Партав ва шуъои ҳосил аз бархӯрди абрҳо ба андозае нерӯманд аст, ки наздик аст чашмҳоро хира ва аз миён бардорад».Бояд бидонем, барқ иборат аст аз дурахшиш ва шуъои бисёр қавии электрикӣ, аммо маншаи ин шуъои электрикӣ чист? Аз бори (заряди) электрикии мавҷуд дар қатраҳои об дар байни абрҳо ва ҳамчунин бори электрикии мавҷуд дар фазо барқ тавлид мегардад ва ҳамчунин дар асари сангин шудани жолаҳои мавҷуд дар абрҳо, ки бо борҳои азими электрикӣ ҳамроҳ ҳастанд ва ба таври мустамар дар ҳоли офариниши тарокум ва фишор қарор мегиранд то ҷое, ки байни борҳои мусбату манфӣ як қитъаи абр ё дар байни борҳои мусбату манфии ду абри наздик ба ҳам бархӯрд ҳосил мегардад. Баъзе вақтҳо бархӯрди миёни ин ду абрҳо ва Замин ба вуҷуд меояд ва мӯҷиби тавлиди барқ мешавад. Зоҳиртарин зарари бавуҷудомада аз барқ хира шудани чашм ва нобиноии муваққатӣ мебошад. Шояд сарнишинони ҳавопаймо бештар аз дигарон аз ин нороҳатӣ ранҷ бибаранд, махсусан ҳангоме ки аз абрҳои мутароким убур менамоянд.Бояд донист, ки ба муҷарради шакл гирифтани қатраҳои борон ва донаҳои жола фуруд омадани онҳо ҳатмӣ нахоҳад буд, чун баъзе вақтҳо ҷараёни ҳавои боло монеи нозил шудани онҳо дар як ҷойи муайян мегардад, ба тавре ки аслан фурӯ намеоянд. Ин аст, ки Худованд мефармояд: «Ҳар касро, ки бихоҳад бо он зиён мерасонад, ҳар касро, ки бихоҳад  аз зиёни он ба дур медорад».КАМБУДИ ОКСИГЕН ДАР ИРТИФООТХудованд мефармояд:﴿فَمَن يُرِدِ ٱللَّهُ أَن يَهۡدِيَهُۥ يَشۡرَحۡ صَدۡرَهُۥ لِلۡإِسۡلَٰمِۖ وَمَن يُرِدۡ أَن يُضِلَّهُۥ يَجۡعَلۡ صَدۡرَهُۥ ضَيِّقًا حَرَجٗا كَأَنَّمَا يَصَّعَّدُ فِي ٱلسَّمَآءِۚ كَذَٰلِكَ يَجۡعَلُ ٱللَّهُ ٱلرِّجۡسَ عَلَى ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ ١٢٥﴾ [الانعام: ١٢٥]«Касе, ки Худо бихоҳад ӯро ҳидоят кунад, синаашро (бо партави нури имон боз ва) барои пазириши Ислом гушода месозад ва он касро, ки бихоҳад гумроҳу саргашта кунад, синаашро ба гунае танг месозад, ки гӯё ба сӯйи осмон сууд менамояд». (Анъом, 125).Аз замоне, ки фазо тасхир гардида ва ба василаи сафинаҳову ҳавопаймоҳо парвоз ва рафтуомад дар он ҷараён дорад, ба ин ҳақиқат пай бурда, ки ҳар гоҳ касе ба табақоти болотари фазо парвоз намояд, фишор ва зиқи нафасро бештар дар худ эҳсос мекунад ва Қуръон ҳам ба сароҳат мефармояд, ки касоне  ба осмон боло мераванд, эҳсоси тангии нафас мекунанд.Ҳатто қабл аз тасхири фазо кӯҳнавардон низ мутаваҷҷеҳи ин мавзӯъ шуда буданд, вале ҷолиб ин аст, ки Қуръон ин мавзӯъро бо ибораи «суъудун фил ҷибол» баён накардааст, балки бо ибораи «суъудун фи-с-само» онро таъбир намудааст, ки дар он замон ба ҳеҷ ваҷҳ қобили тасвир набудааст. Ин оят дар ҳақиқат ду мавзӯи муҳими илмиро эълом медорад: яке камбуд ва норасоии оксиген дар иртифоти фазо ва дигаре рафтан ба осмон ва парвоз дар он, ки ба ростӣ, далели возеҳ бар сидқи рисолати ҳазрати Муҳаммад (с) мебошад.ШИКОФТАН ВА ТАҶЗИЯИ АТОМХудованд мефармояд: «Ва ҳеҷ чизе дар Замину Осмон аз Парвардигори ту пинҳон намемонад, чӣ заррае бошад ва чӣ хурдтар ва ё бузургтар аз он ва ҳама инҳо дар китоби возеҳу равшан (ба номи Лаҳулмаҳфуз дар назди Парвардигор сабту забт мегардад) (Юнус, 61).Албатта, хурдтарин ҷузъи ҳар унсуреро зарра ё атом мегӯянд. То қарни нуздаҳум эътиқоди росих бар ин буд, ки зарра ё атом қобили таҷзия нест ва онро (ҷузъи лоятаҷаззо) мегуфтанд, вале аз даҳҳо сол пеш донишмандон эҳтимоми худро мутаваҷҷеҳи мушкили таҷзияи зарра ва атом карда ва дар ин авохир муваффақ ба таҷзия ва тақсими он шуданд ва диданд, ки сохтмони атом муштамил бар се чиз ба номҳои протон, нейтрон ва электрон мебошад. Ибораи хурдтар аз зарра, ки дар ин оят омадааст, тасреҳи ошкор ба имкони таҷзияи атом мебошад. Ва калимаи заррае ё хурдтар ва ё бузургтар дар Осмон аз Худо пинҳон нахоҳад монд. Ин ҳақиқатро нишон медиҳад, ки хусусиятҳои зарроти Замин айни хусусиятҳои мавҷуд дар зарроти Офтоб ва дигар ситораҳо ва сайёраҳо мебошад ва ҳамон тавре ки қаблан баён кардем, маншаи ҳамаи онҳо як аст. Бо ин тавзеҳот мепурсем: Муҳаммад (с) дар кадом донишгоҳ ё академия хусусиятҳои атом ё имкони таҷзияи онро баррасӣ ва мутолиа кардааст, ки ончунон сареҳу қотеъ зимни баёни як иборати кӯтоҳ онро эълом медорад? Оё ин оятҳои эъҷозангез далели муҳкам бар ин нест, ки Қуръон ваҳйи илоҳӣ аст?ЗАВҶИЯТ ВА ДУГОНАГӢ ДАР ТАМОМИ МАВҶУДОТАз қадимулайём маълум буда, ки завҷият ва дугонагӣ ва вуҷуди ду ҷинси мухолиф асос ва пояи бақои ҳаёти ҳайвонот ва набототро ташкил медиҳад. Худованди мутаол роҷеъ ба вуҷуди завҷият дар наботот мефармояд: «Оё онҳо ба Замин наменигаранд ва намебинанд, ки чи қадар анвоъ ва ақсоми гиёҳон ва дарахтони нар ва моддаи зеборо дар он рӯёнидаем»  (Шуаро, 18).Ва роҷеъ ба инсон ва ҳайвон мефармояд:﴿فَاطِرُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ جَعَلَ لَكُم مِّنۡ أَنفُسِكُمۡ أَزۡوَٰجٗا وَمِنَ ٱلۡأَنۡعَٰمِ أَزۡوَٰجٗا يَذۡرَؤُكُمۡ فِيهِۚ لَيۡسَ كَمِثۡلِهِۦ شَيۡءٞۖ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ ١١﴾ [الشورى: ١١]«Худованд офарандаи осмонҳо ва замин аст ва шуморо ба сурати зану мард ва чаҳорпоёнро ба шакли нару мода даровардааст» (Шӯро, 11).Вале Қуръон танҳо ба баёни завҷият дар наботот, инсон ва ҳайвонот иктифо намекунад, балки завҷиятро барои ҳар мавҷуде собит менамояд ва мефармояд: «Аз ҳар чизе ҷуфте офаридаем» (Зориёт, 49).Мо мехоҳем қисмати охири оятро баррасӣ кунем ва танҳо ба ин қаноат намекунем, ки қарнҳо баъд аз нузули Қуръон кашф шудааст, ки барқ шомили  ду бори (заряди) мутафовит ва ду ҷинси мухолифи мусбату манфӣ аст ва бо тамосу иттиҳоди онҳо мавҷҳои электрикӣ ҳосил ва барқ тавлид мегардад, балки пойро фаротар мегузорем ва мутаваҷҷеҳи он ҷузъи хурдтар аз зарра ва атом дар ҳар унсуре мешавем. Ҳамон гуна, ки қаблан гуфтем, уламо кашф кардаанд, ки атом дорои як ҳастаи (ядро)-и марказӣ аст, ки аҷзои бисёр хурде ба номи электрон, ки дорои бори манфӣ мебошад, атрофи ҳастаи марказиро иҳота намуда ва ба даври он мечарханд ва ҳастаи марказӣ худ дорои бори мусбат аст. Пас дар ҳар заррае завҷият ва ду ҷинси мухолиф вуҷуд дорад.Болотар аз ин бояд бигӯем, ки уламои табиӣ аз таҷрибаҳои худ натиҷа гирифтаанд, ки худи ҳастаи марказии зарра ва атом аз аҷзои хурдтар таркиб ёфтааст ва ду ҷузъи асосӣ аз аҷзои ташкилдиҳандаи ҳастаи марказиро пайдо кардаанд, ки якеи онҳо ҳастаи атоми гидроген аст, ки дар истилоҳ протон ном дорад ва дувумӣ нейтрон мебошад, ки дар соли  1932 донишманди табиидони англис ба номи Ҷеймс Чодвик муваффақ ба кашфи он гардид. Бо ин санадҳои илмӣ возеҳ гардид, ки завҷият дар ҳар заррае аз зарроти мавҷудот вуҷуд дорад. Пас лозим аст бо имони  холис бигӯем садақаллоҳулазим, ки мефармояд: «Аз ҳар чизе ҷуфтеро офаридаем».ҶАҲИШИ ЗАМИН ДАР АСАРИ БОРОНХудованд мефармояд: «Заминро мебинед, ки ба ҳолати мурда даромада ва хушк шудааст, ҳамин ки боронро бар он нозил кардем, ба ҳаракат ва ҷунбиш медарояд ва ҳаҷмаш бештар мешавад ва аз анвоъ ва ақсоми гиёҳон ҷуфти зебоеро мерӯёнад» (Ҳаҷҷ, 5).Қуръон бо сароҳат мегӯяд, ки Замин бар асари фурӯ омадани борон бар рӯйи он ба ҳаракат ва эҳтизоз (ҷунбиш) дармеояд ва ҳаҷмаш фузунӣ меёбад. Ин ҳақиқате аст, ки илм онро собит намуда ва таҳқиқу баррасӣ дар мавриди шиносоии хусусиятҳои Замин нишон додааст, ки Замин дорои манфазҳое мебошад, ки ҳаво аз тариқи онҳо ба даруни он дохил мешавад. Вақте борон фурӯ омад, аз тариқи ин манфазҳо дар Замин фурӯ меравад ва ҳавои дохилро дафъ менамояд ва худ ба ҷойи ҳаво дар он қарор мегирад. Вақте манфазҳо пур аз об шуданд, тамоми зарроти Замин ба василаи нерӯи дофиаи об ба ҳаракат дармеоянд. Илми кимиё собит кардааст, ки хок вақте тар мешавад, ҳаҷмаш бештар ва ба ҳангоми хушкӣ ҳаҷми он камтар мегардад. Пас, вақте борон ба Замин нозил мешавад, ҳаҷмаш афзоиш меёбад. Дар асри ҳозир ба василаи миқёс ва васоили илмии махсус мизони дақиқи ҳаракат ва афзоиш ҳаҷми Замин ба ҳангоми нузули борон мушаххас мегардад.ТАОДУЛ ДАР БАЙНИ АНОСИР (ЭЛЕМЕНТҲО)-И ҶАҲОНВА МУШАХХАС БУДАНИ МИҚДОРИ ОНҲОХудованд мефармояд: «Чизе вуҷуд надорад, магар ин ки ганҷинаҳои он пеши  мо аст, вале ҷуз ба андозаи муайян онро фурӯ намефиристем» (Ҳиҷр, 21).Ва боз мефармояд:﴿وَكُلُّ شَيۡءٍ عِندَهُۥ بِمِقۡدَارٍ ٨﴾ [الرعد: ٨]«Ҳар чизе ба назди ӯ ба микдор ва мизони муайян аст» (Раъд, 8).Оре, дар ҷаҳон ҳар чизе бар асоси мизону миқёси дақиқ офарида шуда ва ҳеҷ беназмиву надонамкорие дар заррае аз зарроти олам пайдо намешавад ва ҳар мавҷуде дорои мизону мартабаи хоси худ мебошад, ки чунончи сари мӯйе аз он таҷовуз кунад, назми марбут ба он халалдор гашта ва таодули мавҷуд дар кулли низом низ барҳам мехӯрад. Масалан, оксиген дар ҳаво ба ҳаҷми 21 дарсад аст, агар мизони он дар ҳаво ба 50 дарсад боло мерафт, чӣ мешуд? Мусалламан, тамоми маводе, ки қобилияти эҳтироқ (сӯхтан ва даргирӣ) доранд, монанди бензин дар ҳоли эҳтироқ ва сӯхтан қарор мегирифтанд ва бо хурдтарин ҷарақа (шарора), ки дар ҷангалҳо ба вуқӯъ мепайваст, ҳамаи онҳо тӯъмаи ҳариқ мешуд.Ҳар ҳайвони зиндае оксигени ҳаворо истиншоқ мекунад ва аз тариқи танаффус онро фурӯ мебарад ва диоксиди карбонро пас медиҳад, ҳол он ки дарахтону гиёҳон диоксиди карбонро мегиранд ва ба василаи он ба ҳаёти худ идома медиҳанд ва бо тасфияи ҳаво мӯҷибот идомаи ҳаёти ҳайвонотро фароҳам месозанд. Агар ин таодул ва тавозун вуҷуд намедошт, саранҷом оксиген ё диоксиди карбон тамом мешуд, он гоҳ ҳайвоноту наботот ҳар ду нобуд мегаштанд.Ҳамчунин нурҳои Офтоб ба мизони мушаххасе аст, ки агар нурҳои он ба нисфи шуъои феълӣ кам шавад, тамоми мавҷудоти зинда ба ҳолати инҷимод (яхбастагӣ) дархоҳанд омад ва агар як баробар афзоиш ёбад, тамоми мавҷудоти зинда ба сурати хокистар дархоҳанд омад. Бинобар ин, нур ва шуъои Офтоб низ ба андозаву мизони муайян мебошад, ки бар асари он таодул дар байни мавҷудоти зинда барқарор шуда ва ҳайвоноту гиёҳон ба рушди табиии худ ва тавлиди навъ идома медиҳанд.Пас тамоми зарроти вуҷуд бо ирода, хост ва ҳикмати илоҳӣ ва бар асоси суннат, қонун ва миқёси дақиқ ба вуҷуд омадааст ва ҳеҷ гуна нақсу беназмӣ дар онҳо вуҷуд надорад. Касоне, ки ба вуҷуди Парвардигори донову тавоно эътироф надоранд ва хаёл мекунанд ҷаҳон бо ин азамат аз рӯйи тасодуф ба вуҷуд омадааст, ба ростӣ бадбахту бедарк мебошанд. Илми риёзӣ собит карда, ки тасодуф наметавонад сарчашмаи назму тартиб ва таодул бошад. Худованд дар мавриди таодул ва тавозун дар наботот мефармояд: «Мо заминро густуронидаем ва дар Замин кӯҳҳои устувор ва побарҷоеро падид овардаем ва тамоми гиёҳонро ба гунаи мутаодил, ҳамоҳанг, мавзун ва санҷида бар рӯйи он рӯёндаем» (Ҳиҷр, 19).Дар ин ҷо бояд дар калимаи мавзун диққат кунем, ки мефармояд ба таври дақиқу санҷида ва ба мизони дуруст гиёҳонро ба вуҷуд меоварем. Уламо ва донишмандони табиӣ ва мутахассисони омор дар улуми кимиёӣ ва гиёҳшиносӣ собит кардаанд, аносире, ки гиёҳ аз онҳо ташкил мешавад, бо миқдор ва андозаҳои бисёр дақиқ дар ҳар навъе таъйину мушаххас шудаанд, ки танҳо васоилу миқёсҳои дақиқ метавонад онҳоро ташхис диҳад. Миқдори аносири мавҷуд дар ҳар навъ гиёҳ нисбат ба анвоъи дигари он мутафовит аст. Қуръони карим дар замоне мефармояд ҳама чиз бар асоси тавозун, таодул ва ба мизони дақиқу санҷида ба вуҷуд омадааст, ки башар ба куллӣ аз ин масоили илмӣ беиттилоъ буд ва ин яке аз бузургтарин далоил бар сидқи нубуввати Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳи ва саллам мебошад.МАВҶҲОИ ДАРУНӢ ВА САТҲИИ ДАРЁХудованди мутаол мефармояд:﴿أَوۡ كَظُلُمَٰتٖ فِي بَحۡرٖ لُّجِّيّٖ يَغۡشَىٰهُ مَوۡجٞ مِّن فَوۡقِهِۦ مَوۡجٞ مِّن فَوۡقِهِۦ سَحَابٞۚ ظُلُمَٰتُۢ بَعۡضُهَا فَوۡقَ بَعۡضٍ إِذَآ أَخۡرَجَ يَدَهُۥ لَمۡ يَكَدۡ يَرَىٰهَاۗ وَمَن لَّمۡ يَجۡعَلِ ٱللَّهُ لَهُۥ نُورٗا فَمَا لَهُۥ مِن نُّورٍ ٤٠﴾ [النور : ٤٠]«Аъмоли кофирон ба сони торикиҳое дар дарёи жарфи пурмавҷ мебошад, ки амвоҷи азиме онро фурӯ гирифта бошад ва бар фарози ин амвоҷи хавфнок абрҳои тира хайма зада бошанд ва торикиҳо яке бар фарози дигаре ҷо гирифта, (ки мусофири дарё) ҳар гоҳ дасти худро бадар оварад ва ба он бинигарад, ба сабаби шиддати торикӣ мумкин нест, ки онро бибинад». (Нур, 40).Ин оят ишора ба амвоҷи дохилӣ ва амвоҷи болои дарё менамояд. Медонем, ки дарё дорои ду навъ мавҷ – дарунӣ ва сатҳӣ аст ва амвоҷи дарунӣ бузургтарин амвоҷи дарё ва хатарноктарини онҳост, ки ба зоҳир дида намешаванд ва дар масирҳои худ дар аъмоқи дарё ба суръат дар ҳаракат ҳастанд.Аз қадимулайём маъруф буд, ки киштиҳое, ки ба Қутби Шимол мерафтанд, он қисмат аз масири худро, ки ба Баҳрулмаййит маъруф аст, бо машаққат ва ишколи фаровон мепаймуданд. Ба тозагӣ маълум шудааст, ки он қисмат масири амвоҷи дохилӣ мебошад. Дар авоили соли 1900 аксари дарёнавардони Скандинавия мутаваҷҷеҳ шуданд, ки дар умқи дарё амвоҷе вуҷуд дорад. Ҳарчанд то ба ҳол иллат ва маншаи амвоҷи азиме, ки дар зери дарё болову поин меоянд, кашф нашудааст, вале вуҷуди онҳо дар дарёҳо амре аст возеҳу ошкор. Ин амвоҷи дохилӣ зери дарёҳоро ба дур парт (суқут) мекунад ва ҳамон гуна, ки амвоҷи сатҳӣ киштиҳоро чаппа менамояд, зоҳиран амвоҷи дарунӣ ба ҳангоми бархӯрд бо халиҷ ва ё амвоҷи нерӯманди дигар дар умқи дарё шикаста мешаванд.[19]Ин ояти Қуръон, ки мефармояд: «Бар фарози он мавҷи азим мавҷи азими дигаре қарор гирифта бошад» Ин оят ишора ба амвоҷи дохилӣ ва амвоҷи сатҳӣ аст, ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Қуръон дарёҳоеро, ки дорои амвоҷи дохилӣ ҳастанд, бо калимаи луҷҷий тавсиф менамояд, ки ба маънои пуробу амиқ аст ва мутародиф бо уқёнус аст, яъне маркази ин амвоҷи дохилӣ дар умқи дарёҳо аст, на савоҳили онҳо.Шоёни таваҷҷӯҳ аст, ки дар миёнаи уқёнусҳо тобиш ва нурҳои Офтоб коҳиш меёбад, махсусан вақте абрҳо рӯйи он уқёнусҳоро мепӯшонанд, торикӣ ва зулмат ваҳшатноку руъбангез хоҳад шуд. Ин ҷо аст, ки воқеияти падидае, ки Қуръон онро ба тасвир мекашонад, таҳаққуқ ва таҷассум мепазирад ва айният пайдо мекунад. «Ҳар гоҳ мусофир дасташро бадар оварад, қариб, ки онро намебинад». Касе бо диққат ин оятро мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳад, тасдиқ менамояд, ки Қуръон каломи Худо аст, зеро илму иттилооте, ки ин оят ба мо медиҳад, ҳеҷ гуна робита ва  таносубе бо конун ва маркази ваҳй (Макка) аз назари шароити ҷуғрофӣ надорад, зеро ки Макка бо дарё фосилаи фаровоне дорад. Агар фаразан тасаввур кунем, ки Муҳаммад (с) дар синни ҷавонӣ манзараи дарёро дида бошад, ҳаргиз аз дидани манзараи соҳил таҷовуз накардааст, дар ҳоле ки ин иттилоот марбут ба миёнаи уқёнусҳо аст, ки ӯ ҳаргиз онро надидааст ва баъд аз қарнҳо уламову донишмандон тавонистаанд ба он дастрасӣ пайдо намоянд. Бинобар ин, маълум мешавад, ки Қуръон ваҳйи осмонӣ аст, ки аз ҷониби Парвардигори олам ба манзури ҳидояти башар бар Муҳаммад (с) нозил шудааст.ДУНЁИ ҲАЙВОНОТ ВА ПАРРАНДАҲО ШАБЕҲИ ДУНЁИ ИНСОН АСТХудованд мефармояд:﴿وَمَا مِن دَآبَّةٖ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا طَٰٓئِرٖ يَطِيرُ بِجَنَاحَيۡهِ إِلَّآ أُمَمٌ أَمۡثَالُكُمۚ ٣٨﴾ [الانعام: ٣٨]«Ва ҳеҷ ҷунбандае дар Замин ва ҳеҷ паррандае, ки бо ду боли худ парвоз кунад, вуҷуд надорад, магар ин ки миллатҳое ҳамчу шумо мебошанд». (Анъом, 38).Худованд дар ин оят аз ҳайвонот ва парранда бо калимаи умам –  миллатҳо ном мебарад ва дар байни онҳо ва инсон ташобуҳ қарор медиҳад, яъне онҳо ҳам дорои идроке ҳастанд, ки бар асоси он умури иҷтимоии худро идора менамоянд.Ин мавзӯъ як ҳақиқати илмӣ аст. Ба тозагӣ илм пай бурда, ки дар байни ҷамъиятҳои ҳайвонӣ равобити иҷтимоии бисёр муҳкам ва мунсаҷиме мавҷуд аст, ки афроди онҳоро ба ҳам муртабит месозад. Ва ҳатто баъзе аз ҷамъиятҳои ҳайвонӣ ба сурати як кишвари бисёр муназзам идора мешаванд, монанди мӯр, занбӯри асал ва ғайра. Ҳар як аз анвоъи ҳайвонҳо дорои луғату забони махсус ба худ мебошанд, ки афроди он ба хубӣ онро дарк менамоянд. Дар ҳоле ки уламову донишмандони қадим ба ҳеҷ ваҷҳ ақлу ҳушро барои ҳайвонот қоил набуданд ва мӯътақид буданд, ки онҳо танҳо мавҷудоти зиндае мебошанд, ки эҳсос мекунанд ва ранҷро дарк менамоянд, вале ақл надоранд ва ҳаракотеро, ки аз онҳо зоҳир мешавад ва бар ақлу тафаккур далолат менамояд, ба илҳом аз ғаризаи ҳайвонӣ нисбат медоданд, на ба ақл ва шуури мавҷуд дар онҳо. Ин ақида то чанд қарн пеш ба ҳолати худ боқӣ буд. Файласуфи маъруф Декарт мӯътақид буд, ки ҳайвонот мавҷудоти зиндаи холӣ аз ақл мебошанд ва монанди инсон дорои тафаккур нестанд, балки тамоми корҳояшон ғайрииродӣ ва бо илҳом аз ғариза аст. Ин таърифи Декарт аз ҳайвонот маъруфияти фаровон дошт ва муҳаққиқон ба унвони санад онро нақл мекарданд. То қарни 18-19 касе эътироф накард, ки ҳайвон ва парранда дорои ақл ва қудрати тафаккури нисбӣ мебошанд. Аммо дар ин ҳангом буд, ки Дарвин эътироф кард, ки қудрати тафаккур дар ҳайвонот бо дараҷаи камтаре нисбат ба қудрати тафаккур дар инсон вуҷуд дорад.Бинобар ин, эълони ин матлаб аз ҷониби Қуръон, ки уламо ва донишмандон пас аз қарнҳо талошу кӯшиш тавонистаанд онро кашф намоянд, яке аз мӯъҷизоти он ба шумор меояд.АХБОРИ ҒАЙБИИ ҚУРЪОНДАР БОРАИ ВАСОИЛИ НАҚЛИЯДар Қуръон хабарҳое роҷеъ ба пайдоиши васоили нақлияи мутанаввеъ вуҷуд дорад. Аз чахордаҳ қарн пеш Қуръон мефармояд:«Ва асбу қотиру улоғро ба манзури борбарӣ ва саворӣ ва зинат барои шумо ба вуҷуд овардаем ва васоили дигар барои ҳамлу саворӣ ва зинати шумо баъдан ба вуҷуд меоварем, ки шумо онҳоро намедонед» (Наҳл, 8).Имрӯзҳо мо мебинем, ки Худованд инсонро муваффақ намуда, то мошину қатораву ҳавопайморо ихтироъ кунад, ки ҳеҷ кадом дар асри нузули Қуръон вуҷуд надоштанд. Дар чаҳордаҳ қарн пеш, ки ба ҷуз киштиҳои хурд киштии дигаре вуҷуд надошт, Худованд аз вуҷуди киштиҳои кӯҳпайкар хабар медиҳад ва мефармояд: «Худованд киштиҳое сохта ва пардохтае дар дарё дорад, ки ҳамсони кӯҳҳои сарбаланд мебошанд» (Ар-раҳмон, 24).Ин тавсифи Қуръон комилан мутобиқ бо вазъияти киштиҳои ғулпайкар ва навгонҳои имрӯзӣ мебошад.МАРОҲИЛИ РУШДИ ҶАНИНХудованд мефармояд: «Мо инсонро аз усораи ин гил офаридаем, сипас ӯро ба сурати нутфае дароварда ва дар қароргоҳи усутувор (раҳми модар) ҷой медиҳем, сипас нутфаро ба сурати лахти хун ва ин лахти хунро ба шакли  қитъаи гӯшти ҷавидашуда ва ин қитъаи гӯшти ҷавидашударо ба сони устухони заифе дармеоварем ва баъдан бар устухон гӯшт мепӯшонем ва аз ин пас ӯро офариниши тозае  бахшида ва (бо дамидани ҷон ба колбадаш) онро падидаи дигаре хоҳем кард. Азамат ва бузургӣ барои Худованд аст, ки беҳтарини созандагон аст» (Мӯъминун, 12-14).Ҳар гоҳ бо диққат ба ин оятҳо бинигарем, мебинем, ки ба хубӣ бар чизе далолат менамоянд, ки илм онро ба исбот расонидааст. Ин оятҳо далолат доранд, ки нутфаи инсон аз хок ба вуҷуд омадааст ва ин амре аст мусаллам, чун нутфаи инсон чи аз зан ва чи аз мард, чакидаи маводи ғизоие мебошад, ки аз хок ба вуҷуд меоянд. Пас  маншаи аслии нутфа аз хок аст.Манзур аз нутфа дар ин оят маҷмӯае аз силлуҳо (ҳуҷайраҳо) ва мавҷудоти бисёр хурд ва зиндае ба номи сперматазоид аст, ки дар мании мард вуҷуд доранд ва ҳамин ки бо фишор вориди раҳми зан шуданд, бо ҳам ба мусобиқа дармеоянд, то ҳар як зудтар худро ба танҳо ҳуҷайраи зан ба номи увул (тухмак) бирасонад. Дар миёни миллионҳо ҳуҷайраи мард танҳо яке аз онҳо худро ба тухмак мерасонад ва дар он рахна мекунад ва дар дохили он қарор мегирад ва бо ҳам мамзуҷ ва махлут мегарданд. Ин имтизоҷ ва баҳампайвастагӣ дар байни ҳуҷайраи мард (сперматазоид) ва ҳуҷайраи зан увул (тухмак) аввалин марҳалаи пайдоиши ҷанин мебошад. Сипас Худованд мефармояд: «Ин нутфа ба сурати алақа дармеояд, ки иборат аст аз маҷмӯае аз ҳуҷайраҳои тозае, ки аз тухмаки бордоршуда бо ҳуҷайраи мард ба вуҷуд меоянд ва ба девораи (ҷидор) халтачае дар раҳм мечаспанд ва ба ҳамин ҷиҳат алақа (овезоншуда) номида мешавад ва ё ба хотири ин ба ин маҷмӯа ҳуҷайраҳо алақа мегӯянд, ки ба сурати доираи ғайримуназзам ва куравӣ дармеоянд. Ин маҷмӯа чанд ҳафтае ба ҳолати алақа боқӣ мемонад, сипас ба сурати қитъаи гӯшти ҷавидашуда табдил мегардад, ки дар истилоҳи тиббӣ марҳалаи рушди ҷанин ва тамоюзи ҳуҷайраҳо ва мушаххас шудани баъзе аз  аҷзои он номида мешавад. Дар ин марҳала рушду такомули бештаре мушоҳида мешавад ва осори пайдоиши устухон намоён мегардад ва баъд аз пайдоиши устухон ҳуҷайраҳои он ба анвоъи мухталиф тақсим мегардад ва марҳалаи пайдоиши гӯшт, моҳича, азулот ва дигар аъзои ҷисм оғоз мегардад».Худованд вақте мефармояд: «Баъд аз он ки устухонҳоро бо гӯшт пӯшонидем, онро офариниши тозае мебахшем», яке аз мӯъҷизоти дигари Қуръон аст, зеро собит шудааст, ки ҷанин дар авоили моҳи дувуми пайдоиши худ шабоҳати бисёр каме ба инсон дорад ва ба қурбоққа бештар  шабеҳ аст, вале дар фосилаи моҳи дувум чунон тағйироти физикӣ дар он ҳосил мегардад, ки аз як ҳолати шабоҳат ба як ҳайвони обӣ хориҷ ва ба сурати як инсон дармеояд. Ин таҳаввул ва дигаргунии айнӣ ҳамон офариниши тозае аст, ки Қуръон ба сароҳат эълом мефармояд:  «Баъд аз он ки устухонҳоро бо гӯшт пӯшонидем, онро офариниши тозае мебахшем». Аз маҷмӯи ин баррасӣ барои мо равшан ва мусаллам гардид, ки мароҳили рушди ҷанин дар Қуръон бо он чи ки илми тиб қарнҳо баъд аз нузули Қуръон ба кашфи он ноил шудааст, як аст. Пас тасдиқ хоҳед кард, ки баёни чунин матолибе дар чаҳордаҳ қарн пеш ба василаи як инсони бесавод аз муҳолот мебошад ва ин бузургтарин мӯъҷиза бар сидқи нубуввати ҳазрати Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ваҳйи илоҳӣ будани Қуръон аст.ПАРДАҲОЕ, КИ ҶАНИНРО МЕПӮШОНАДХудованд мефармояд: «Худованд шуморо дар шикамҳои модаронатон дар миёни торикиҳои сегона офаринишҳои гуногун мебахшад ва ҷанинро ҳар дам ба гунае дармеоварад ва бар марҳалаи ҷадиде аз хилқат мерасонад, касе ки чунин неъматҳоеро мебахшад ва нақшофаринӣ мекунад, Аллоҳ - Парвардигори шумо аст ва ҳукумату мамлакати ҷаҳони ҳастӣ аз они ӯст» (Зумар, 6).Ин оят ба сароҳат мефармояд, ки ҷанин дар раҳми модар ба се парда пӯшонида шудааст ва Худованд бо калимаи зулумот аз он таъбир намудааст, чун парда боиси торикӣ аст ва илми ҷадид ва тибби имрӯз ин се пардаро кашф намудааст, ки дар истилоҳи тиббӣ ба ин номҳо маъруф аст:  1. Оминун;      2. Куринун;     3. Олонтуис.Ин пардаҳо ба андозае нозук ва латиф мебошанд, ки ба сурати як парда мушоҳида мешаванд, вале баъд аз баррасӣ бо васоили дақиқи илмӣ маълум мешавад, ки ҷанин бо се пардаи ҷудогона, ки ҳар  як дорои хусусиёт ва нақши асосӣ дар ҳифзу пайдоиши ҷанин аст, пӯшонида шудааст.МАНШАЪ ВА МАКОНИ ПАЙДОИШИ НУТФА ДАР МАРДХудованд мефармояд:﴿وَإِذۡ أَخَذَ رَبُّكَ مِنۢ بَنِيٓ ءَادَمَ مِن ظُهُورِهِمۡ ذُرِّيَّتَهُمۡ وَأَشۡهَدَهُمۡ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ أَلَسۡتُ بِرَبِّكُمۡۖ قَالُواْ بَلَىٰ شَهِدۡنَآۚ ١٧٢﴾ [الاعراف: 172]«Эй пайғамбар, барои мардум баён кун ҳангомеро, ки Парвардигорат фарзандони одамро аз пушти одамизодагон дар тӯли асрҳо падидор кард ва ақлу идрокро ба онҳо дод, то Худои худро бишиносанд ва бо огоҳ сохтани эшон бар нишонаҳои азамату қудрати Худованд онҳоро бар нафси худашон гувоҳ қарор додааст (ва хитоб ба онҳо фармуда): оё ман Парвардигори шумо нестам? Онҳо ҳам ба забони ҳол посух доданд: «Оре, гувоҳӣ медиҳем, ки Ту Холиқ ва Парвардигори мо  ҳастӣ» (Аъроф, 172).Ин оят ба сароҳат эълом медорад, ки Худованд афроди башарро аз нутфае халқ кардааст, ки дар пушти одамизодагон қарор дорад ва маҳалли истиқрори ин нутфа пушти инсон аст, ҳол он ки маъруф ва мутадовил аст, ки нутфа дар байзаҳои инсон қарор дорад ва байзаҳо ҳам дар поини пушт ва байни  он ҷой доранд, вале Худованди мутаол дар ин ҷо чигунагии офариниши инсон ва нашъат ва ҳолати ҷанинро баён медорад ва аз илми ҷаниншиносӣ (эмприология) баҳс менамояд ва он узв аз аъзои ҷанинро, ки маҳалли истиқрори нутфа аст ва вазифааш ҳифозат ва нигаҳдорӣ аз нутфа мебошад, баён медорад. Ва ин узв, ки «байзатан» ном дорад, ибтидо дар пушти ҷанин ва дар поёни гурдаҳои ӯ қарор мегирад ва дар ин маҳал аст, ки байзаҳо рушди физикии худро такмил менамоянд ва то моҳҳои охири валодат дар пушти ҷанин ва дар зери гурдаҳои ӯ боқӣ мемонад, вале дар моҳҳои наздик ба таваллуд аз маҳалли собиқи худ (зери гурдаҳо) поин меоянд ва ба ҳангоми таваллуд дар маркази табиии худ (байни ронҳои мард) қарор мегиранд.Ин ояти шарифа ишора менамояд, ки нуқта ва маркази аслии нутфа дар ҷисми ҷанин дар пушти ӯ аст ва агар бихоҳем, ба таври дақиқ онро мушаххас кунем, бояд бигӯем дар поини гурдаҳо аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки илми ҷаниншиносӣ танҳо дар қарни ахир пешрафт намудааст, боз бояд эътироф кард, ки ин оят ҳам аз мӯъҷизоти илмии Қуръон мебошад.ЧИГУНАГИИ ПАЙДОИШИ НАРУ МОДАХудованд мефармояд:﴿أَيَحۡسَبُ ٱلۡإِنسَٰنُ أَن يُتۡرَكَ سُدًى ٣٦ أَلَمۡ يَكُ نُطۡفَةٗ مِّن مَّنِيّٖ يُمۡنَىٰ ٣٧ ثُمَّ كَانَ عَلَقَةٗ فَخَلَقَ فَسَوَّىٰ ٣٨ فَجَعَلَ مِنۡهُ ٱلزَّوۡجَيۡنِ ٱلذَّكَرَ وَٱلۡأُنثَىٰٓ ٣٩﴾ [القيامة: ٣٦،  ٣٩]«Оё инсон мепиндорад, ки беҳуда ва ба ҳоли худ раҳо мешавад? Оё ӯ нутфаи ночизу беарзише аз манӣ нест, ки ба раҳми модар рехта мегардад, сипас ба сурати хуни лахта ва нимабаста дармеояд ва Худованд офариниши тозае ба ӯ мебахшад, сипас андоми ӯро назму сомон медиҳад ва хилқати ӯро такмил менамояд?» (Қиёмат, 36-39).Худованд эълом медорад, ки чун тифле таваллуд мешавад, чи писар бошад, чи духтар, аслу маншаъи он танҳо нутфа ва мании мард аст ва ин ҳақиқате аст, ки илм онро ба исбот расонидааст.Одатан, тухмдони зан дар ҳар моҳ як тухмак тавлид менамояд, вале мании мард ҳар бор миллионҳо ҳуҷайраро вориди раҳми зан мекунад. Ҳамин ки яке аз ин ҳуҷайраҳои миллионӣ тавонист худро ба тухмак бирасонад ва худро ба он бичаспонад ва дар он қарор гирад, ҳар ду ба сурати як ҳуҷайраи воҳид дармеоянд ва ин ҳуҷайраи воҳид, ки аз талқеҳи тухмак ва сперматазоид ба вуҷуд омадааст, шурӯъ ба афзоиши ҳуҷайраҳои дигаре менамояд, ки аз миллионҳо ҳуҷайра таҷовуз мекунад. Ин бордоркунӣ аввалин марҳалаи ташкили ҷанин аст.Мании (спермаи) мард шомили хромосомаҳои игриг (у) ва икс (х) мебошад, ки игригҳо дорои хусусиятҳои писарӣ ва иксҳо дорои хусусиятҳои  духтарӣ мебошанд. Ҳар гоҳ спермае, ки ба тухмаки зан, ки дорои ду икс (хх) аст, мерасад, дорои хромосомаи икс (х) бошад, ҷанин духтар хоҳад буд ва агар хромосомаи игриг (у) бошад, ҷанин писар мебошад. Дар ин ҷо ҳикмат ва эъҷози Қуръон ошкор мешавад, ки мефармояд: «Нутфа ва мании мардро маншаи офариниши марду зан қарор додаем» (Қиёмат:39).Мусалламан, уламо ва донишмандоне, ки дар илми тиб ва ҷаниншиносию зистшиносӣ тасаллути комил доранд, бештар ба эъҷози ин оят огоҳ ҳастанд ва дар камоли ихлосу фурӯтанӣ сар ба остонаи пурҷабарути илоҳӣ месоянд. Садақаллоҳулазим.«Танҳо уламо аз Худованд бим доранд ва азамати ӯро мешиносанд» (Фотир:28).ҲУҶАЙРАЕ, КИ ДАР МАНИИ ИНСОН ВУҶУД ДОРАД,ШАБЕҲИ ЗОЛУ (ШУЛУК) АСТХудованд мефармояд: «Эй Муҳаммад (с), бихон ба номи Парвардигорат, ки ҳамаи ҷаҳонро офаридааст ва инсонро аз нутфае офаридааст», (ки дорои мавҷудоти зиндае аст золушакл). (Алақ, 1-2).Аз лиҳози илмӣ собит шудааст, ки манӣ ва нутфаи инсон шомили ҳуҷайраҳо ва мавҷудоти бисёр хурди микроскопие мебошад, ки танҳо бо микроскопҳои дақиқ қобили ташхис ҳастанд ва ҳар як аз ин ҳуҷайраҳо дорои сару гардану дум аст ва шаклу қофияи онҳо шабоҳат ба кирмҳои ҳалқаӣ доранд. Ба хотири ин аст, ки Худованд мефармояд: «Инсонро аз ҳуҷайраҳои шабеҳи кирми ҳалқаӣ офаридааст» (Алақ, 2) ва бо ин ташбеҳ матлабро беҳтар ба азҳони шунавандагон наздик кардааст. Ин оят мӯъҷизаи бисёр азими илмӣ аст, ки ба ҳангоми нузули Қуръон мардум аз дарки он оҷиз буданд ва фақат бо пешрафти илму техника ин мӯъҷиза равшан гардид. Албатта, тафовути мӯъҷизоти Пайғамбар (с) бо мӯъҷизаи дигар пайғамбарон дар ин гуна мавридҳо ба хубӣ равшан мешавад. Зеро мӯъҷизаи дигар пайғамбарон танҳо марбут ба асри  худ ва касоне буда, ки мӯъҷизаро мушоҳида менамуданд, вале мӯъҷизаи Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ҳадду марзи замонро намешиносад ва дар ҳар давраву замоне, ҳар миллате, ки бо Қуръон рӯ ба рӯ мешавад, ҳар як ба андозаи илму дониши худ ба эъҷози Қуръон иқрор менамояд. Арабҳо, ки дар фасоҳату балоғат нубуғ доштанд, ба хубӣ медонистанд, ки Қуръон каломи башарӣ нест ва фасоҳати он аз навъи каломи инсон намебошад. Имрӯз, ки илм пешрафт карда ва уламову донишмандоне, ки дар заминаҳои мавриди тахассуси худ Қуръонро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, эътироф менамоянд, ки гуфтани ин гуна масоили дақиқи илмӣ дар чаҳордаҳ қарн пеш бузургтарин далел бар эъҷози Қуръон аст.ФАРҚИ ХАТҲО ВА НАҚШИ САРИ АНГУШТОНИҲАР ИНСОНЕ БО ИНСОНИ ДИГАРХудованд мефармояд:﴿لَآ أُقۡسِمُ بِيَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ ١ وَلَآ أُقۡسِمُ بِٱلنَّفۡسِ ٱللَّوَّامَةِ ٢ أَيَحۡسَبُ ٱلۡإِنسَٰنُ أَلَّن نَّجۡمَعَ عِظَامَهُۥ ٣ بَلَىٰ قَٰدِرِينَ عَلَىٰٓ أَن نُّسَوِّيَ بَنَانَهُۥ ٤﴾ [القيامة: ١،  ٤]«Қасам ба рӯзи қиёмат ва қасам ба нафси маломаткунанда ва сарзанишгар, оё инсон мепиндорад, ки устухонҳои пӯсидаи ӯро ҷамъ нахоҳем кард? Оре, мо ҳатто қодирем сари ангуштони ӯро (ки яке аз аъзои дақиқи бадан аст), комилан монанди собиқ бисозем»  (Қиёмат, 1-4).Мӯъҷизаи ин оят дар он аст, ки Худованди мутаол дар байни аъзои дақиқу ҳассоси бадани инсон ба сари ангуштон ишора менамояд ва бозсозии онро дар қиёмат нишонаи қудрати худ ба ҳисоб меоварад. Оё медонед, ки иллати ин интихоб чист?Иллати интихоби сари ангуштон ин аст, ки мумкин аст дигар аъзои ҷисм монанди чашму бинӣ ва гӯш ва ғайраи ҳар инсоне бо инсони дигаре шабоҳат дошта бошанд, вале сари ангуштони инсонҳо ҳар як дорои хусусиятҳои хоси худ мебошанд, тавре ки сари ангушти ҳеҷ касе бо сари ангушти каси дигаре шабоҳат надорад. Дар соли 1884, яъне дувоздаҳу ним қарн баъд аз нузули Қуръон ташхиси ҳувият ба василаи ангуштнигорӣ дар Англия расман шурӯъ гардид. Чун хатҳо ва нақши сари ангушти ҳар инсоне бо хатҳо ва нақши сари ангушти инсони дигар мутафовит аст, сари ангуштон дорои се навъ – хатҳои қавсшакл, шакли печида ва гирди пай дар пай ҳастанд ва навъи чаҳорум ҳам вуҷуд дорад, ки онро хатҳои мураккаб мегӯянд ва шомили тамоми ашколи хутутӣ аст, ки дар се қисми фавқ тавсиф нашудааст. Ин хатҳо дар тамоми даврони зиндагии инсон бидуни тағйир ва бо хусусиятҳои мунҳасир ба фарди худ боқӣ мемонад ва ҳар инсонеро аз инсони дигар мутамоиз менамояд.БАЪЗЕ НИШОНАҲОИ ҚИЁМАТХудованди мутаол мефармояд: «Пас он гоҳ ки осмон аз ҳам шикофад ва чун гули сурх ва равған гудохта шавад» (ар-Раҳмон, 37). Ин ояти карима даҳшату хавфи рӯзи қиёматро, ки аз ҷумла осмон ду тақсим мешаваду ба гули сурх табдил меёбад, баён менамояд. Ин тавсифи Қуръонро кашфиётҳои илми нав исбот мекунанд. Зеро телескопҳои фазоӣ вақти таркиши ситораҳо чандин суратҳоро аккосӣ карда дастраси муҳаққиқони ин соҳа гардондаанд.Ба тариқи мисол дар таърихи 31-уми октябри соли 1999-и мелодӣ Муассисаи ҳавонавардии Амрико (НАСА) чандин аксҳое аз телескопи фазоӣ нашр кард, ки ҳолати инфиҷори ситораҳоро дар нуқтаи «садим» яъне ситорагони абрӣ нишон медиҳад. Ситорагони мазкур аз мо ба масофаи се ҳазор соли нурӣ дур мебошанд. Ҳар як ситорае аз ситорагони мунфаҷиршуда дар сурат ба шакли гули сурх намудор шудааст.Аз ин рӯ, имкон надорад чунин тавсифи дақиқ аз инсоне сар зада бошад, балки он аз сухани Парвардигори ҷаҳониён аст. [20]ФИШУРДАШАВИИ ЗАМИНҲақ таоло мефармояд: «Оё намебинанд, ки Мо қасд мекунем ба замин ва аз атрофи он коста мекунем?» (Раъд, 41).Ояти зикргардида бар як ҳақиқати  ҷаҳонӣ ишора мекунад, ки он иборат аз фишурдашавии Замин аз атрофи худ мебошад. Сабаби фишурдашавии он баромадани миқдори ниҳоят бузурги модда ва қувва ба шакли газҳо, буғҳо,  маводи моеъ ва дурушт аст, ки тавассути даҳонаҳои вулқонҳо ба андозаи милионҳо тон берун меояд. Донишмандон мегӯянд: «Бешак, Замине, ки мо дар он қарор дорем дар оғози офариниш миллионҳо сол пештар ду сад маротиба аз ҳаҷми Замини ҳозир бузургтар буд.» Баъзе олимони дигар мегӯянд: «Албатта, авомили бодхурӣ баъзе қуллаҳои кӯҳҳоро хӯрда дар қисматҳои ҳамворӣ Замин меандозад, ки як навъ камсозии атрофи Замин ба шумор меравад».[21]          Ҳамчунин дигар донишмандон мегӯянд: «Ҳароина, коҳишёбии атрофи Замин дар натиҷаи чархиши Замин дар атрофи меҳвари худ ба вуҷуд меояд, ки ин амр боиси каме дам шудани Замин дар хатти истиво (экватор) мегардад, ва бешак замин аз атрофаш дар ду қутби шимолӣ ва ҷанубӣ андаке коста мегардад. Аз инрӯ, нисфи тарафи истивоӣ аз нисфи тарафи қутбӣ ба андозаи 21,5 километр ё андаке бештар аз он зоид аст.Ба ҳар сурат кам намудани атрофи Замин маъноҳои зиёди дигар ҳам дорад, ки Қуръони карим онро бо калимаҳои андак баён намудааст. Бинобар ин, хонандаи азиз, бояд дар эъҷозҳои илмии Қуръон андеша намояд.***Инҳо мӯъҷизоте буданд, ки дар ин фасл мо бо онҳо ишора кардем ва боқии мӯъҷизоти илмии Қуръонро дар баҳси «Беҳдошт ва ҳифзи саломатии бадан» баён менамоем ва баъдан ба мӯъҷизоти Қуръон аз ҷанбаҳои иҷтимоӣ мепардозем ва мебинем, ки қавонин ва дастуроташ салоҳияти онро дорад, ки ҳар ҷомеаеро ислоҳ ва ба сӯйи хушбахтӣ ҳидоят намояд ва бо пешрафти илму фалсафа нишонаҳои ин намоён шудааст. Илми имрӯза кӯтоҳии худро дар пешрафти улуми иҷтимоӣ эътироф менамояд. Доктор Ҷон Кунеси Истиврот[22]  эътироф мекунад ва мегӯяд: «Дар ҳоле ки улуми табиӣ пешрафтҳои сеҳромезеро барои худ ба даст овардааст, мебинем, баръакси он улуми иҷтимоӣ ҳанӯз бисёр заиф ва ақибмонда аст, ки ин амр мояи таассуф мебошад. Мушоҳида мешавад, ки улуми табиӣ ва зистшиносию ҳандаса ва тиббӣ пешрафтҳои азиму чашмгиреро касб кардаанд, аммо мутаассифона, сиёсати назарии иқтисод, идораи умури мамлакат ва равобити иҷтимоӣ ба сурати маҷмӯаи беҳаракату камнур мушоҳида мешаванд ва ҷомеашиносон ҳам ба тазодҳои мавҷуд дар ин замина эътироф кардаанд».Ва саллаллоҳу ало саййидино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин. Фасли чаҳорум : ДАЛОИЛИ АҚЛИ БАР СИДҚ ВА ҶАҲОНИЯТИ МУҲАММАД (с) 1. Рафтор ва ахлоқу зиндагии Муҳаммад қабл аз рисолат. 2. Ислоҳ ва инқилобе, ки Муҳаммад дар байни миллати араб ба вуҷуд овард. 3. Ботил сохтани шубҳаҳое нисбат ба рисолати пайғамбар. 4. Рисолати Пайғамбар (с) аз ваҳйи илоҳӣ нашъат гирифтааст. 5. Дарс нахондан ва бесавод будани Пайғамбар (с) 6. Иддаои Пайғамбар (с). 7. Набудани риё ва тазоҳур дар зиндагии Пайғамбар (с) 8. Инъикос ва таъсири рафтори Пайғамбар (с) бар асҳобаш. 9. Таъйидот ва кӯмаки илоҳӣ ба Пайғамбар (с) 10.Пайғамбар (с) рисолати ҳама пайғамбаронро таъйид менамояд.РАФТОР ВА АХЛОҚ ВА ЗИНДАГИИ ПАЙҒАМБАР (с)ҚАБЛ АЗ РИСОЛАТРисолати ҳеҷ як аз пайғамбарон монанди рисолати Муҳаммад писари Абдуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, бо далел ва бурҳони қотеъ ва ошкор муҳаққақ ва собит нашудааст. Аз ин рӯ, ба далоили қотеъе, ки аз зиндагӣ ва тарзи рафтор ва ахлоқи Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам сарчашма мегирад, таваҷҷӯҳ фармоед:Собит ва маълум аст, ки Пайғамбар (с) пеши касе дарс нахонда ва дар байни миллате, ки ба бесаводӣ маъруф буданд, ба дунё омадаю бузург шудааст. Ҳеҷ шеъреро насурудааст, бидуни тафаккуру тааммул хутбаеро нахондааст, раиси ҳеҷ тоифа ва қабилае набуда, ҳеҷ гоҳ дар либоси кашишу коҳин дида нашуда ва аз диёнату шариати миллатҳои собиқ огоҳӣ надоштааст. Агар чизе аз инҳоро медонист, бидуни шак, асҳобаш, ки ба ривоят ва нақли тамоми гуфтаҳо ва ахлоқу сифот ва хусусиятҳои ӯ чи қабл аз баъсат ва чи баъд аз баъсат беандоза ҳарис буданд, ин матлабро аз ӯ ривоят мекарданд ва ё душманони лаҷуҷаш, ки ҳеҷ фурсатеро барои эрод ва таъна аз рисолаташ аз даст намедоданд, онҳоро шоеъ мекарданд, то дастовезе барои инкори нубуввати ӯ барои худ дошта бошанд. Пайғамбар (с) ба ҳолати оддӣ ва бесаводӣ то синни чиҳилсолагӣ боқӣ монд. Чизе, ки мусаллам аст ва ҷойи инкор нест, ин аст, ки нубуғи ашхос дар авоили ҷавонӣ бар онҳо зоҳир мегардад, вале Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам даврони ҷавониро пушти сар гузошт ва ҳеҷ осори ғайриоддӣ аз ӯ мушоҳида нашуд. Танҳо чизе, ки дар ин давра аз ӯ ривоят шуда, ин аст, ки ба амонату дурусткорӣ ва дурӣ аз корҳои лаҳву нописанд ва парҳез аз парастиши бутҳо маъруф будааст. Вале баъд аз синни чиҳилсолагӣ иддаои пайғамбариро шурӯъ кард ва иддаои худро бо Қуръоне таъйид ва сабт намуд, ки шомили хабар додан аз гузашта ва оянда аст ва шомили ақоиди илоҳӣ аст, ки ин ақоид бо далоили ақлӣ ва илмӣ собит ва таъйид шудаанд.Қуръон дарбаргирандаи саҳеҳтарин ахлоқ ва фазоили маънавӣ ва рӯҳӣ ва беҳтарин ибодатҳое аст, ки ҷомеи манофеи рӯҳу ҷисм мебошад.Қуръон, ки одилонатарин усул ва қавоиди сиёсӣ ва иҷтимоиро дар худ ҷамъ карда, қотеътарин далел бар садоқат ва рисолати Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳи ва саллам мебошад.ИСЛОҲ ВА ИНҚИЛОБЕ, КИ МУҲАММАД (С) ДАРБАЙНИ МИЛЛАТАШ БА ВУҶУД ОВАРДҲаводис ва корҳои бисёр муҳиме, ки дар муддати кӯтоҳ ба василаи Пайғамбар (с) анҷом гирифт, назири онҳо ҷуз дар давронҳои бисёр тӯлонӣ ва дигаргуниҳои бешумор имконпазир нест.1. Аз ҷумла арабҳоро, ки миллате буданд пароканда ва қабоиле буданд мутафариқ, ба сурати як миллати муттаҳид даровард.2. Бутпарастиро баъд аз ин ки муддатҳои бисёр тӯлонӣ ба сурати дини обо ва аҷдодии онон даромада буд, решакан сохт ва дини осмониро ба ҷойи он қарор дод, ки боиси пешрафт ва тараққии моддию маънавии инсон ба баландтарин дараҷа гардид.3. Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, инқилоб ва истилоҳи иҷтимоии он чунон азиме дар байни милати араб ба вуҷуд овард, ки фасоди ахлоқӣ ва одатҳои ҷоҳилии арабҳоро аз қабили поймол сохтани ҳуқуқи бечорагон ва ифрот дар корҳои фосиду шаҳавоти нафсониро аз байн бурд ва ахлоқи ҳасанаро дар байни онон ҳукмфармо сохт ва ба адолати иҷтимоӣ таҳаққуқ бахшид. Инҳо корҳое ҳастанд бисёр муҳим ва мушкил, ки ҳар кас битавонад яке аз ин корҳоро барои миллати худ анҷом диҳад, дар аълотарин мақом қарор мегирад ва касе наметавонад дар баробари ӯ изҳори фазл намояд ва исмаш бар байни бузургони таърихи он миллат ба сабт мерасад. Пас дар бораи азамати Муҳаммад бояд чӣ гуна қазоват кард, ки ба танҳоӣ тамоми ин корҳоро барои пайравонаш анҷом додааст.Ин масоил умуре ҳастанд иҷтимоӣ ва бояд ба тавре баррасӣ ва таҳлил шаванд, ки нафс ба онҳо итминон ҳосил кунад. Барои ин мавзӯъ танҳо интихоби яке аз ин ду фарзро дар пеш дорем: ё бояд ҳамон тавре ки Қуръон эълом дошта ва ақли солим онро таъйид кардааст, имон дошта бошем, ки Муҳаммад пайғамбар ва фиристодаи Худо аст ва ё гуфта шавад, ки Муҳаммад (иёзанбиллоҳ) пайғамбари Худо нест ва бо қудрати ақл ва ҳусни сиёсат ба ин мақом расидааст.БОТИЛ СОХТАНИ ШУБҲАҲОЕ НИСБАТБА РИСОЛАТИ ПАЙҒАМБАР (С)Агар касе моил ба фарзи дувум бошад, бо ӯ ба баҳс ва муноқиша мепардозем ва ба ӯ мегӯем: агар гӯем, ки ин назари шумо дуруст аст, пас чандин масъалае пеш хоҳад омад:1. Муҳаммад, ки динашро аз Худо нагирифта бошад, бояд аз кашише ё роҳибе онро ёд гирифта бошад.2. Агар Муҳаммад, наъузубиллоҳ, пайғамбар набошад, ҳатман, дорои саводи хондан ва навиштан будааст, ки тавониста аз ин тариқ дини худро аз дини пайғамбарони собиқ истинбот намояд.3. Агар фаразан Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, пайғамбар набошад, бояд (иёзан биллоҳ) ба дурӯғ иддаои нубувватро карда бошад.4. Агар Муҳаммад (иёзан биллоҳ) пайғамбар набошад, бояд ахлоқу ибодатеро, ки анҷом додааст, тазоҳур ва риё буда бошад.5. Агар Муҳаммад фаразан мутазоҳир буда, бояд тавониста бошад дар тӯли зиндагии худ ин риё ва тазоҳурро аз наздиктарин асҳоб ва ҳамсаронаш пинҳон намояд.6. Агар фаразан Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳи ва саллам пайғамбар набошад, бо вуҷуди ин ки ӯ пайғамбар будааст, бояд Худованд ӯро ба тамоми маъно таъйиду кӯмак карда бошад.7. Бо вуҷуди ин ки Муҳаммад, фаразан пайғамбар нест, вале рисолаташ аз рисолати тамоми пайғамбарон комилтар ва дорои фазоили бештаре аст. Пас лозим аст ин фарзҳои ҳафтгонаро дар партави нури ақл мавриди баррасӣ қарор диҳем ва ботилу нораво будани якояки онҳоро ба исбот бирасонем.РИСОЛАТИ МУҲАММАД (С) АЗ ВАҲЙИ ИЛОҲӢНАШЪАТ ГИРИФТААСТАммо фарзи аввал, ки гуфта мешавад, Муҳаммад динашро аз яке аз роҳибон ё кашишҳо иқтибос намудааст, фарз ва эҳтимоле аст беасос, ки воқеъиятҳои таърихӣ аз тамоми ҷиҳот онро рад ва ботил менамояд.Яке аз шубҳаҳое, ки душманони Ислом дар мавриди нубуввати Пайғамбар (с) ворид кардаанд, иддао менамояд, ки Муҳаммад Қуръонро аз роҳиб Буҳайро, ки дар шаҳри Бусро дар Шом сукунат дошт, ёд гирифтааст ва ин роҳиб як масеҳии настурӣ буд, ки дар тавҳид аз пайравони Ориюс ба шумор мерафт.Дар радди ин иддаои ботил мегӯем: китобҳои сирра ва таърих куллан навиштаанд. Ҳангоме ки Пайғамбар (с) бо амакаш Абӯтолиб ба Шом рафт, нӯҳсола буд ва баъзе гуфтаанд дувоздаҳсола буд. Вақте ин роҳиб Муҳаммадро бо амакаш дид, мутаваҷҷеҳ шуд, ки абре бар сараш соя меафканад, то гармии Офтоб ӯро азият накунад. Ин роҳиб ба амаки Пайғамбар (с) – Абӯтолиб гуфт: “Ин бародарзодаи ту дорои шаъну мақоми азиме хоҳад шуд, аз ӯ муроқибат кун, мабодо яҳуд ба ӯ газанде бирасонанд”. Ва ҳеҷ китоби таърихӣ ва сирае наёмадааст, ки Пайғамбар (с) чизе аз ақида ва дини он роҳибро аз ӯ ёд гирифта бошад". Муҳаммад барои бори дувум дар синни бисту панҷсолагӣ ба манзури тиҷорат барои Хадиҷа ба Шом рафт ва дар ин мусофират ҳеҷ гоҳ аз дигар тоҷирони Қурайш, ки бо ӯ ба Шом омада буданд, ҷудо нашуд ва тиҷоратро барои ёдгирии дину ақоид ва ғайра тарк нанамуд ва беш аз чанд рӯзе дар Бусро боқӣ намонданд ва ҳамин, ки васоили мавриди ниёзро хариданд, тез ба Макка баргаштанд. Тамоми иртиботи Пайғамбар (с) бо Буҳайрои роҳиб беш аз ин набудааст.Ва ба ҷуз ин як бор, ки ба Абӯтолиб гуфт: «Мувозибаш бош, дар ҳеҷ китобе чизи дигаре навишта нашудааст». Гузашта аз ин ки ин иддао санади таърихӣ надорад, аз ҷанбаи ақлӣ низ бепоя ва беасос аст ва бо таваҷҷӯҳ ба далоили ақлии зерин дурӯғ ва бӯҳтон будани он ба хубӣ равшан мешавад:Аввал. Агар фаразан Пайғамбар (с) таълимоти диниро аз Буҳайрои роҳиб ё шахси дигаре фаро мегирифт, ҳатман асҳоб ва пайравони он ҳазрат ин мавзӯъро нақлу ривоят мекарданд, зеро асҳоб тамоми рафтору гуфтор ва шарҳи ҳоли Пайғамбар (с)-ро чи қабл аз баъсат ва чи баъд аз он дар китобҳои сира ва аҳодис нақл кардаанд.Дувум. Агар ин шубҳаи душманони Ислом воқеият медошт, мушрикон, ки душмани сарсахти Пайғамбар (с) буданд, ба он такя мекарданд ва ба Пайғамбар (с) эътироз менамуданд, ки он чи ту мегӯӣ, ваҳйи илоҳӣ нест, балки онро аз яҳуд ё насоро ёд гирифтаӣ, дар ҳоле ки мушрикон бо ҳамаи душмание, ки бо Пайғамбар (с) доштанд, чунин эродеро бар ӯ нагирифтаанд ва танҳо шубҳае, ки мушрикони араб ворид мекарданд, ин буд, ки мегуфтанд: «Муҳаммад ба назди як нафар насронӣ ба номи Ҷабри Румӣ, ки Таврот ва китобҳои дигарро ба забони ғайриарабӣ мехонд, меравад ва Қуръонро аз ӯ ёд гирифтааст».Қуръони карим дар радди ин мушрикин мефармояд:﴿وَلَقَدۡ نَعۡلَمُ أَنَّهُمۡ يَقُولُونَ إِنَّمَا يُعَلِّمُهُۥ بَشَرٞۗ لِّسَانُ ٱلَّذِي يُلۡحِدُونَ إِلَيۡهِ أَعۡجَمِيّٞ وَهَٰذَا لِسَانٌ عَرَبِيّٞ مُّبِينٌ ١٠٣﴾ [النحل: ١٠٣]«Мо медонем, ки (куффори Макка тӯҳмат мезананд ва) мегӯянд: (Ин оятҳои қуръониро Худо ба Муҳаммад намеомӯзад), балки шахсе (ба номи Ҷабри Румӣ) онро ба ӯ меомӯзад, аммо забони касе, ки омӯзиш додани Қуръон ба Муҳаммадро ба ӯ нисбат медиҳанд, гунг ва ғайриарабӣ аст ва ин Қуръон ба забони арабии гӯё ва равшан аст» (Наҳл, 103).Севум. Қуръон шомили комилтарин ақоид ва масоили динӣ аст, ки дигар роҳибони динӣ чи дар замони Муҳаммад ва чи баъд аз он ба онҳо огоҳӣ надоштанд ва шомили қавонин ва дастуроте аст, ки имкон надорад онҳоро аз Буҳайрои роҳиб ё шахси дигаре ёд гирифта бошад, зеро Қуръон дар аксари мавридҳо бо ду аҳди қадиму ҷадид дар баёни масоили марбут ба таърих мухолиф аст.Чаҳорум. Оятҳои Қуръон ба муқтазои ҳаводис ва вақоеъ ба тадриҷ дар зарфи бисту се сол бар Пайғамбар (с) нозил шудааст. Муҳаммад ҳеҷ гоҳ Қуръонро ба сурати як китоби комил бо худ наовардааст ва монанди нависандагон муддатҳо машғули навиштан ва тааммулу тафаккур ва тасҳеҳи он нашудааст, балки дар муддати ин бисту се сол ҳар гоҳ амре иқтизо мекард, чанд оятҳое бар ӯ нозил мешуд ва ин амр ба ҳеҷ ваҷҳ иҷоза намедиҳад, ки гӯем  ӯ Қуръонро аз касе ёд гирифта бошад ва ё сохтаву пардохтаи фикри худаш бошад, балки бузургтарин далел аст, ки Қуръон ваҳйи илоҳӣ аст, ки бар Муҳаммад нозил шудааст.Панҷум. Буҳайрои роҳиб аҳли Шом буд ва Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳи ва саллам аҳли Ҳиҷоз. Бадеҳӣ аст таълиму тааллуми китобе монанди Қуръон дар як ё чанд ҷаласаи махфиёна наметавонад такмил шавад ва ниёз ба он дорад, ки муддатҳои тӯлонӣ шогирд ба назди муаллим биравад. Агар чунин мебуд, бидуни шак, миллати араб аз он огоҳ мешуданд ва ин мавзӯъ машҳур мешуд, ки Муҳаммад дар назди фалон шахс дар фалон ҷо ва фалон замон дарс хондааст. Дар ҳоле ки ин мавзӯъ дар таърих ба ҳеҷ ваҷҳ вуҷуд надорад.Шашум. Буҳайрои роҳиб ҷузъи фасеҳон ва балеғони араб набуд ва Пайғамбар (с) ҳам машҳур набуда, ки ҷузъи балеғони араб бошад. Пас ин Қуръоне, ки дар дараҷаи аъло фасоҳату балоғат қарор дорад ва тамоми фусаҳову булағои арабро ба мубориза талабидааст, вале ҳамаи онон аз овардани каломи балеғе мисли Қуръон оҷиз мондаанд, аз куҷо нашъат гирифтааст? Ҳар ақли солим ва дур аз таассуб эътироф мекунад, ки маншаи Қуръон танҳо ваҳйи илоҳӣ аст ва аз ҷониби Худованд ба василаи Ҷабраил бар рӯҳи пок ва пуразамати Муҳаммад (с) нозил шудааст.Ҳафтум. Агар Буҳайрои роҳиб худ дорои ин маълумот ва ин мақоми шомихи илмӣ буд, чаро онро дар миёни мардум ошкор намекард ва мардумро ба он даъват наменамуд ва мақому манзалат ва шӯҳратеро дар байни мардум барои худ касб намекард? Чаро иҷозат медод дигарон аз маълумоти ӯ истифода кунанд ва ному мақоме ба даст оваранд ва ӯ гумном бимонад? Чаро вақте Муҳаммад пирӯз шуду даъваташ ошкор гардид ва равнақ гирифт, Буҳайрои роҳиб нагуфт, ки ин пирӯзӣ ва равнақи дини Муҳаммад дар сояи таълимоти ӯ будааст, ҳамон гуна ки ағлаби ашхос некии худро ба рӯҳи дигарон мекашонад ва дар илму маърифат худро бар дигарон бартарӣ медиҳанд.БЕСАВОД БУДАНИ ПАЙҒАМБАР (С)Аммо фарзи дувум, ки гуфта шавад, Муҳаммад босавод будааст ва тавонистааст бихонаду бинависад, ин ҳам фарзе аст ботил, ки ба ҳеҷ ваҷҳ санаду мадраки таърихӣ надорад. Собит шудааст, ки Пайғамбар (с) бесавод буда ва тавоноии хондану навиштанро надоштааст ва чи қабл аз рисолаташ ва чи баъд аз он мушоҳида нашудааст, ки барои ёддошт ва таълифу тадвини китобе аз рангу қалам ва коғаз истифода карда бошад. Бесавод будани Пайғамбар (с) яке аз мӯъҷизоти ӯ аст, зеро бо вуҷуди надоштани савод китоберо бо худ овард, ки тамоми афроди башар аз овардани як сурае монанди хурдтарин сураҳои он оҷиз ва нотавон мондаанд.Худи Қуръон сифати уммӣ ва бесаводиро бар Пайғамбар (с) итлоқ карда ва расули акрам дар ҳузури миллати араб ин оятро аз Парвардигори худ нақл ва ривоят кардааст:﴿وَمَا كُنتَ تَتۡلُواْ مِن قَبۡلِهِۦ مِن كِتَٰبٖ وَلَا تَخُطُّهُۥ بِيَمِينِكَۖ إِذٗا لَّٱرۡتَابَ ٱلۡمُبۡطِلُونَ ٤٨﴾ [العنكبوت: ٤٨]«Ту пеш аз нузули Қуръон китоберо намехондӣ ва ё бо дасти рости худ чизеро наменавиштӣ, ки агар чунин мешуд, ботилгароён ба шакку тардид меафтоданд» (Анкабут, 48).Ва Худованд боз мефармояд: «(Ба хусус раҳмати худро ихтисос медиҳам ба) касоне, ки пайравӣ мекунанд аз фиристодаи Худо (Муҳаммади Мустафо), пайғамбаре аст уммӣ, ки (хондан ва навиштанро намедонад ва) васфи ӯро дар Тавроту Инҷил нигошта меёбанд, ӯ ононро ба кори нек дастур медиҳад ва аз кори зишт боз медорад» (Аъроф, 157).Арабҳо ин ду оят ва оятҳои дигарро аз Пайғамбар (с) мешуниданд ва иддаи фаровоне аз онон бо Пайғамбар (с) дар ҳоли душманӣ ва мубориза ба сар мебурданд, агар медонистанд, ки Пайғамбар (с) саводи хондану навиштан дорад, беҳтарин далелро барои такзиби ӯ ба даст меоварданд ва мегуфтанд: ту, ки савод дорӣ, чаро мегӯӣ савод надорам, он вақт бо далел ва бурҳони қотеъ пайғамбарро такзиб менамуданд. Пас вақте ки натавонистанд бо далел ӯро такзиб намоянд, маълум мегардад, ки савод надоштааст.Агар фарз кунем, ки Пайғамбар (с) босавод будааст, бидуни шак, бояд муддати замони тӯлоние дарс хонда бошад, имкон надорад ин муддати тӯлонӣ ба сурати пинҳонӣ сипарӣ шуда бошад ва агар ин муддати тӯлонӣ дарс мехонд, ин мавзӯъ дар байни арабҳо шоеъ мешуд, ки Муҳаммад дар назди чӣ касе дарс хондааст. Аз тарафи дигар, улуме, ки дар Қуръон аст, фаровон мебошанд ва таълими онҳо мумкин нест, магар муаллимаш бисёр тавоно ва олиму забардаст буда бошад. Агар чунин инсони олиму барҷастае дар байни миллати араб вуҷуд медошт, дар авҷи маъруфият ва аз ҳамаи ҷиҳатҳо мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирифт ва аз эҳтироми хосе бархурдор мешуд. Ҳатто Пайғамбар (с) ночор мешуд ӯро бар дигарон бартарӣ диҳад ва эҳтироми бештаре барояш қоил шавад ва ин муаллим гоҳу бегоҳ ба сурати амдӣ ё иштибоҳи иддао мекард, ки ӯ ба Муҳаммад дарс додааст, дар ҳоле ки ҳаргиз чунин набуда ва касе чунин иддаоеро накардааст.ИДДАОИ ПАЙҒАМБАРӢАммо фарзи севум, ки гуфта шавад, Муҳаммад ба ноҳақ иддаои пайғамбарӣ кардааст, боз фарзе аст ботил ва тасаввуре аст ғалат, ки дар баробари баррасиҳои илмӣ қудрати давом ва пойдорӣ надорад, зеро пайғамбарӣ амре аст бас азим, ки иддаои он наметавонад бар мабнои дурӯғу бӯҳтон устувор бошад ва касе қодир нест чунин иддаоеро ба дурӯғ бинамояд, магар касоне, ки дорои қалби ғализу беинсоф ва пуртамаъ ва фитрати фосид бошанд ва ба худ ҷуръат диҳанд, ки бар зидди Худованд қиём намоянд.Касе, ки дорои чунин сифоте бошад, сар то сари зиндагияш пур аз ҷурму ҷиноят ва бо шабакае аз фасод иҳота шуда, аз тамоми ҷиҳатҳо аз хайру баракат дур ва безорӣ менамояд. Оё Муҳамад ҳаргиз дар тамоми зиндагияш ҳатто ҷузъи чунин ашхосе будааст? Магар таърих ва шарҳи ҳоли ӯ шаҳодат намедиҳад, ки ҳатто қабл аз расидан ба мақоми рисолат ҳам дорои чунон сифоту фазоили ахлоқӣ будааст, ки мардумони ҳамасри худ ӯро Амин ном ниҳодаанд ва ҳеҷ касе натавонистааст хурдтарин ҷурм ва ё сифати нописандеро ба ӯ нисбат диҳад. Касе, ки муддати чиҳил соли тамом аз зиндагияш покию садоқат ва амонат бошад, чӣ тавр як дафъа баъд аз чиҳил сол авзоъаш дигаргун мешавад ва ба сурати як инсони фосид дармеояд?! Магар назми хилқат ва суннати Худо дигаргун шудааст?! Не, ҳеҷ гоҳ чунин набуда ва нахоҳад буд.Аз тарафи дигар, касоне, ки бо Муҳаммад муошират доштаанд ва ба ӯ имон овардаанд, аз рафтору гуфтори ӯ яқин ҳосил кардаанд, ки ӯ ростгӯ ва содиқ аст ва ваҳй, ки аз ҷониби Парвардигораш бар ӯ нозил мешавад, саропо хайру баракат ва мояи саодат аст. Барои ҳамин, баъзе арабҳо ҳамин, ки ӯро медиданд, ба ӯ имон меоварданд ва мегуфтанд, ки қасам ба Худо, ки ин чеҳра чеҳраи одамони дурӯғгӯ ва найрангбоз нест. Ҳамсараш низ монанди дигарон ба садоқат ва ростгӯии ӯ имон дошт. Аз ин рӯ, вақте ки ваҳй бар Пайғамбар (с) нозил шуд ва ба Хадиҷа гуфт: «Аз худ метарсам, ки ба балое дучор шавам», Хадиҷа дар ҷавобаш гуфт: «Қасам ба Худо, ҳаргиз Худованд туро бадбахт нахоҳад кард, зеро ту силаи раҳмро ба ҷо меоварӣ ва ростгӯ ҳастӣ, инсонҳои аз кор афтодаро дастгирӣ мекунӣ ва ба онон кӯмак менамоӣ ва аз меҳмонон пазироӣ ба амал меоварӣ ва ба фақирон кӯмак мекунӣ ва ба ҳаводиси ҳақ кӯмак менамоӣ» (Бухорӣ).НАБУДАНИ РИЁ ВА ТАЗОҲУР ДАР ЗИНДАГӢВА РАФТОРИ ПАЙҒАМБАР (С)Фарзи чаҳорум, ки мегӯяд Муҳаммад бо вуҷуди сифот ва ахлоқи неку писандидааш тазоҳур кардааст, бидуни шак, ин фарзро аз гуфтаҳои пешин ботилтар ва беасостар аст ва сусту бепоятар аз он аст, ки дар баробари нақду баррасӣ пойдорӣ намояд. Зеро тазоҳуру риё танҳо ба хотири ғаразу фоидае аз ашхос зоҳир мегардад, ҳамин ки дер ё зуд ҳосил шуд, инсони мутазоҳир аз риё ва тазоҳураш мекоҳад ва инояташ чунон камранг мешавад, ки ба хубӣ моҳияти амр ва дучеҳрагии ӯ мушоҳида мешавад, чаро ки маъмулан риё ва тазоҳур аз нафсҳои заифу паст сар мезанад, ҳамин ки равзанае аз умед бар рӯяш боз шуд, нишонаҳое аз ғуруру пирӯзӣ ва худнамоӣ аз ӯ зоҳир мешавад, ки моҳияту ҳақиқати ӯро ба хубӣ намоён месозад ва боиси расвоӣ ва шарманда шудани ӯ хоҳад шуд.Агар риё ва тазоҳури Пайғамбар (с) ба хотири моддиёт буда бошад, мебоистӣ аз самароти он баҳраманд шавад, дар ҳоле ки ба таври қатъӣ собит шудааст, ки Пайғамбар (с) дар ниҳояти соддагӣ зиндагӣ карда ва аз дунё рафтааст. ӯ ҳеҷ чизе аз дунёро барои худ интихоб накардааст ва замоне, ки моли дунё таҳти ихтиёри ӯ буд, фарши дебо (ҳарир) нагустурд ва либоси абрешимро напӯшид ва худро ба зиннат наорост, балки хонааш ба сурати соддатарин хонаҳо боқӣ монда ва либосаш монанди ашхоси мутавасситулҳол ва оддӣ буд.Агар, (иёзан биллоҳ,) ба хотири мақому ҷоҳ риё ва тазоҳур карда бошад, мебоист худро бартар аз дигарон бидонад ва ба ҳангоми нишастан дар садри маҷлис қарор гирад ва ба вақти роҳ рафтан аз ҳама болотар бошад ва ба мардум дастур диҳад, ки вақте аз канораш мегузаранд, бояд ба унвони таъзим сарашонро хам намоянд. Ҳатто дастур диҳад, ки дар баробари ӯ ба саҷда дароянд ва ӯро таъзим кунанд, дар ҳоле ки собит шудааст, ки Пайғамбар (с) дар поёни маҷлис менишаст ва дар миёни асҳоб роҳ мерафт. Аз Пайғамбар (с) ривоят шудааст: рӯзе ба миёни асҳобаш омад ва ба асое такя карда буд, асҳоб ба унвони эҳтирому таъзим аз ҷойи худ бархостанд. Пайғамбар (с) гуфт: «Ба хотири ман аз ҷойи худ баланд нашавед, ҳамон гуна, ки аҷамиҳо ба унвони таъзими подшоҳони худ баланд мешаванд, зеро ман подшоҳ нестам».Пайғамбар (с) нороҳат буд аз ин ки касе ҳузуран ӯро таърифу тамҷид намояд ва мардумро аз муболиға ва зиёдаравӣ дар таърифи худ наҳй мекард. Ривоят шудааст, ки фармуд: «Дар таърифи ман муболиға ва зиёдаравӣ накунед, ҳамон гуна ки насоро дар ҳаққи Исо, писари Марям зиёдаравӣ карданд. Ман танҳо як бандаи Худо ҳастам, ба ман бигӯед: бандаи Худо ва расули Худо» (Бухорӣ ва Муслим).Агар тазоҳури Пайғамбар (с) барои расидан ба мулку қудрат бошад, бояд гуфт, ки Пайғамбар (с) чунон қудрату тасаллуте бар асҳобаш дошт, агар ба эшон мегуфт монанди подшоҳ бо ман рафтор кунед, бидуни шак, асҳоб чунин бо ӯ рафтор мекарданд. Вале мебинем он ҳазрат ҳамеша дар ҳолати соддаи аввалияи худ боқӣ буд, ғизо ва хӯрокаш танаввӯъ пайдо накард ва либосаш тағйир наёфт, дарбону нигаҳбон барои худ қарор надод, ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ коре аз худ худраъйӣ ва истибдод нишон надод. Мебинем як нафар араби бадавӣ ба назди Пайғамбар (с) меояд ва бо асабоният ридои ӯро мекашад ва бо хушунат бо ӯ ҳарф мезанад, вақте Пайғамбар (с) мутаваҷҷеҳ мешавад, ки асҳобаш мехоҳанд он мардро сарзаниш ва маломат кунанд, ононро аз ин кор манъ менамояд. Ривоят шудааст, ки дар рӯзи фатҳи Макка марде пеши Пайғамбар (с) омад, ки дар ҳоли изтиробу тарс бар сар мебурд, Пайғамбар (с) ӯро дилдорӣ дод ва гуфт: «Ором бош ва натарас, ман подшоҳ нестам, (то аз ман битарсӣ) ҳамоно, ман писари як зани қурайшӣ ҳастам, ки маъмулан гӯшти хушкшударо мехӯрад».Абӯвалидро бибин, ки дар байни қавми худ дорои шахсият ва эҳтиром мебошад ва ҳама аз ӯ итоат мекунанд, ҳангоме ки сарони Қурайш барои машварат дар бораи нубуввати Муҳаммад ба назди ӯ мераванд, Абӯвалид ба онон мегӯяд: «Иҷозат диҳед, ки пеши Муҳаммад биравам ва дар ин маврид бо ӯ сухан бегӯям ва чизҳоеро ба ӯ пешниҳод кунам, шояд баъзе аз онҳоро бипазирад, ҳар чиро бипазирад, ба ӯ медиҳам, он гоҳ аз мо (ва худоёни мо) дастбардор хоҳад шуд». Сарони Қурайш мегӯянд: «Эй Абӯвалид, ихтиёр дар дасти ту аст, ҳар коре, ки мехоҳӣ, анҷом бидеҳ». Сипас Абӯвалид ба назди Пайғамбар (с) меравад ва ба ӯ мегӯяд: «Эй бародари азизам! Агар манзурат аз иддаои нубувват ва он чи худ овардаӣ, мулку мол аст, сарвати фаровонеро барои ту ҷамъ мекунем то ҷое, ки аз ҳамаи мо сарватмандтар шавӣ ва агар манзурат аз он ҷоҳу мақом ва эҳтиром аст, мо туро ба унвони раис ва бузурги худ қарор медиҳем, ки бидуни назари шумо коре анҷом надиҳем ва агар манзурат подшоҳӣ аст, мо шуморо подшоҳи худ қарор медиҳем ва агар он чи бар ту нозил мешавад, назар ва қавли ҷинну шайтон аст ва наметавонӣ онро аз худ дур кунӣ, табибе пайдо мекунем, то шуморо мудово кунад, чун ағлаби ҷинҳо, вақте ки бар инсон тасаллут пайдо карданд, бидуни мудово дастбардор намешаванд». Пайғамбар (с) дар ҷавоб ба ӯ гуфт: «Эй Абӯвалид, суханонат тамом шуд?» Гуфт: «Бале». Пайғамбар (с) гуфт: «Пас ту ҳам аз ман бишунав. Ва чандин оят аз аввали сураи «Фуссилат»-ро барои ӯ тиловат намуд, ки тамоми пешниҳодҳои Абӯвалидро рад кард.Муаррихи амрикоӣ Вашингтон Ирвинг дар бораи шахсияти Пайғамбар (с) мегӯяд: «Оё Муҳаммад сарватманд буд? Не, фақир буд, вале бо Хадиҷа издивоҷ кард ва то андозае дар рафоҳ қарор гирифт ва барои афзоиши сарвати ӯ талош намуд. Оё Муҳаммад дорои шахсияти барҷаста ва боризе буд? Бале, дар ватани худ инсони бошахсияте буд, марде буд боҳуш ва амин. Оё дорои нуфузи фаровон буд? Бале, хонаводаи Муҳаммад пардадорӣ ва хидмати Каъбаро ба ӯҳда доштанд ва идораву сарпарастии шаҳри муқаддаси Маккаро ӯҳдадор буданд ва ин мавқеиёти иҷтимоӣ ва сифоту ахлоқи писандидае, ки дошт, мӯҷиб гардида буд мавриди эътимоди мардум бошанд, вале ҳамин ки ба иддаои нубувват пардохт ва мардумро ба Ислом даъват намуд, бо фишор ва нороҳатии зиёде аз ҷониби хонавода ва тоифаи худ рӯ ба рӯ шуд, чаро ки шикастан ва нобуд сохтани бутҳо бар қудрату тасаллути Қурайш бар Каъба хатти бутлон мекашид ва ононро аз имтиёзоти иқтисодӣ, ки аз омадани ҳоҷиён ба Макка ба даст меоварданд, маҳрум месохт.Пайғамбар (с) дар роҳи нашр ва густариши Ислом ранҷу машаққати зиёдеро таҳаммул намуд ва фидокориҳои фаровоне аз худ нишон дод ва ҷамоати зиёде аз сидқи иддаои нубуввати ӯ дар шакку тардид буданд ва ӯро азият мекарданд, чандин солро бо машаққат пушти сари ҳам гузаронд, бидуни ин ки пирӯзии чашмгире ба даст оварад ва дар хилоли даъвати мардум ба Ислом ва расонидани ваҳйи осмонӣ ба онон бо иҳонатҳо ва тӯҳматҳои нораво ва фишорҳо ва нороҳатиҳои зиёде рӯ ба рӯ мешуд, то он ки ночор шуд ватани худро тарк намояд ва ба фикри ҷое бошад, ки ба сӯи он муҳоҷират кунад.Муҳаммад дар синни чиҳилсолагӣ буд, ки ваҳй бар ӯ нозил шуд, чандин сол пушти сари ҳам дар роҳи интишори дини Ислом ранҷу нороҳатӣ ва шиканҷаи афроди қабилаи худро таҳаммул намуд, вақте аз Макка муҳоҷират кард, сездаҳ сол аз оғози даъваташ сипарӣ шуда буд. Дар он ҳангом аз ҳолати як тоҷири сарватманд ба сурати як муҳоҷири фақиру бечиз даромада буд. Вақте ба Мадина расид, дар бораи қудрати бас азиме, ки дар интизораш буд, фикр намекард, балки фикраш мутаваҷҷеҳи ин буд, ки масҷиде бисозад, то битавонад дар он намоз бигузорад ва дар он ҷо даъваташро мунташир кунад ва тамоми орзуҳояш ин буд, ки дини Ислом дар муҳити ором ва дар фазои сулҳу сафо густариш ёбад».Боз мегӯяд: «Расули Худо дар тамоми корҳояш худро фаромӯш карда буд, ҳаргиз ба фикри худ набуд, рауф ва меҳрубон буд, дар бораи сарвату мол фикр намекард ва манофеи моддиро дар назар надошт, ба тавре ки тамоми моддиётро дар роҳи расидан ба рӯҳониёт ва маънавиёт фидо карда буд».[23]ТАЪСИР ВА ИНЪИКОСИ РАФТОРИ ПАЙҒАМБАР (С)БАР АСҲОБАШАммо фарзи панҷум, ки мегӯяд: Муҳаммад тавониста, риё ва тазоҳури худро аз наздиктарин асҳоб, ҳатто занонаш пинҳон кунад ва касе ба ин тазоҳур ошно нашавад, ин гуфтаву фарз аз фарзҳои собиқ ҳам заифтар ва беарзиштар аст, ки бо андак диққат бутлони он ошкор мегардад. Зеро таърих ба мо нишон медиҳад, касе, ки дорои мабдаъ ва мактабу мӯътақидоти махсусе аст, дӯстон ва низдиконе аз типпи худ дорад, касе, ки худ риёкору мутазоҳир бошад, дӯстон ва ҳамкоронаш низ аз ин тип хоҳанд буд, ки ӯро дар роҳи расидан ба мақсуд кӯмак мекунанд ва дар тақсими манофеъ ва дастовардҳо бо ҳам шарик хоҳанд буд. Таърих ба мо нишон додааст, ки наздиктарин асҳоб ва дӯстони Пайғамбар (с) – Абӯбакри Сиддиқ, Умар ибни Хаттоб, Усмон ибни Аффон ва Алӣ ибни Абитолиб будаанд, ки ҳама дар зӯҳду тақво ва дурӣ аз дунё ва фидокорӣ дар роҳи Худо ба шеваи Пайғамбар (с) рафтор кардаанд. Баъд аз Пайғамбар (с) ҳам, ки хилофатро ба даст гирифтанд, қудратнамоӣ ва ҷоҳталабӣ бар эшон мусаллат нашуд, то зиндагии худро тағйир диҳанд, балки хидматгузори касоне буданд, ки сарпарастии ононро ба ӯҳда доштанд, камтарин ва соддатарин либосро мепӯшиданд, соддатарин ғизоро мехӯрданд ва шабро бо рукӯъ ва суҷуд ба рӯз мерасониданд. Занони Пайғамбарро бибинед, ки ҳама намунаи камолу фазилат буданд ва то замоне, ки дар малакути аъло ба Пайғамбар (с) пайвастанд, дар ниҳояти дараҷаи зӯҳду тақво ва покӣ ва бетаваҷҷӯҳӣ ба дунё ба сар бурданд. Ба ростӣ, ин чӣ тазоҳури зебое аст, ки то ин андоза дорои хайру баракат бошад, ба тавре ки фазилату арзише болотар аз он набошад.Яке аз далоиле, ки сидқи нубуввати Пайғамбар (с)-ро таъкид мекунад, ин аст, ки тамоми дӯстони наздику ҳамроҳонаш бар асрор ва корҳои ӯ огоҳ буданд, агар дар сидқ иддаои Пайғамбар (с) камтарин тардиде медоштанд, ба ӯ имон намеоварданд ва аз ӯ пайравӣ намекарданд.ТАЪЙИД ШУДАНИ ПАЙҒАМБАР (С)АЗ ҶОНИБИ ХУДОАммо фарзи шашум, ки мегӯяд бо вуҷуди ин ки Муҳаммад шахси мутазоҳире будааст, боз Худованд ӯро таъйиду кӯмак кардааст. Ин фарз аз тамоми фарзҳои пешин сусттар ва беэътибортар аст. Чӣ вақт дида шуда, ки Худованд инсонҳои риёкор ва даъвогарро таъйиду кӯмак намояд ва ононро бар рӯҳу ҷони мардум мусаллат кунад, махсусан касоне, ки иддаои мақоми нубувват мекунанд, зеро бидуни шак нубувват бузургтарин ҳаводиси ҷаҳон ва муҳимтарини онҳо аст.Чӣ зебо аст гуфтаи нависандаи англис Томас Корлоил дар китоби худ ба номи «Қаҳрамонон». Ба ростӣ, барои ҳар фарди мутамаддини ин аср бузургтарин айб аст, ки таваҷҷӯҳ ба ин ифтиро ва бадгумонӣ кунад, ки мегӯяд дини Ислом дурӯғ ва Муҳаммад фиребкору музаввир будааст, бар мо лозим аст бар ин шоеоти беарзиш ва шармовар мубориза кунем. Бидуни шак, рисолате, ки ин Пайғамбар ба ӯҳда доштанд, бидуни вақфа барои муддати дувоздаҳ қарн чароғи пурфурӯғе буда, бар пеши роҳи садҳо миллион инсон мисли мо, ки Худованд ононро монанди мо офаридааст. Оё сазовор аст, касе аз шумо гумон бибарад рисолате, ки бар асоси он миллионҳо миллион инсон ба зиндагиии худ идома додаанд ва ба эътиқод ба он мурдаанд, дурӯғ ва фиребкорию ҳуққабозӣ бошад?! Ман ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонам чунин гумонеро дошта бошам, агар дурӯғ ва хиёнат битавонад то ин андоза дар назди мардумон ривоҷ пайдо кунад ва то ин андоза дар байни мардум мавриди таъйиду қабул воқеъ шавад, бояд гуфт, ки мардум ҷуз иддаи аблаҳу девона чизе нестанд ва дар зиндагӣ ҷуз пастӣ ва абасу гумроҳӣ чизи дигаре вуҷуд надорад, беҳтар он буд, ки аслан чунин ҷаҳоне вуҷуд надошта бошад».[24]Карлоил дар идомаи суханаш мегӯяд: «Эй бародарони мӯҳтарам, магар касе дидааст, ки як инсони дурӯғгӯ битавонад динеро бунёд ниҳад ва онро мунташир намояд? Ҷойи тааҷҷуб аст! Қасам ба Худо, инсони дурӯғгӯ ҳатто наметавонад хонаеро аз хишт бисозад, дурӯғгӯе, ки бо хусусиятҳои қиру гаҷ ва хок ва амсоли онҳо ошноӣ надошта бошад, чӣ тавр метавонад чунин сохтмони азимеро бино кунад, ки шомили як ҷаҳон аз маводи мухталиф аст. Оре, дурӯғгӯ наметавонад чунин сохтмони боазаматро бино кунад ва шоиста нест дастоварди дурӯғгӯ муддати дувоздаҳ қарн побарҷо ва собиту барқарор бошад ва садҳо миллион инсонро ба наҳви аҳсан раҳбарӣ намояд, балки сазовор он аст, ки ҳарчи сареътар поятҳои он дарҳам рехта шавад ва мунҳадим гардад ва ба сурати набудае дарояд».МУҲАММАД РИСОЛАТИ ҲАМА ПАЙҒАМБАРОНРО ТАҲАҚҚУҚ МЕБАХШАДАммо охирин фарз, ки мегӯяд Муҳаммад ҳарчанд пайғамбар набудааст, вале камолоту, фазоил ва маънавиёту хайру баракатеро бо худ овардааст, ки комилтар аз фазоиле аст, ки дигар пайғамбарон онҳоро бо худ овардаанд, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва баргузории ибодатро монанди пайғамбарон ривоҷ додааст, бояд бигӯем ин фарз низ монанди дигари фарзҳои пеш ботилу пуч ва беасос аст ва дар муқобили нақду баррасӣ тоби муқовиматро надорад, чун қабули ин фарз ба маънои дигаргунии суннат ва низоми ҳастӣ аст. Чӣ тавр фарз мешавад, ки Муҳаммад дурӯғгӯ аст, вале шариату қонун ва динеро бо худ овардааст, ки аз одилонатарин динҳо ва шариатҳои зоҳиршуда бар саҳнаи вуҷуд ба шумор меояд, шомили усул ва қавоиде аст, ки адолати мутлақ ҳастанд ва дарбаргирандаи тамоми омилҳои тараққӣ ва тамаддуну пешрафт мебошанд. Доктор Густав Лубун дар китоби худ ба номи «Тамаддуни араб» мегӯяд: «Ба ростӣ, усули ахлоқие, ки дар Қуръон ҳаст, ба андозаи тамоми усуле, ки дар тамоми динҳоҳои дигар вуҷуд дорад, баланду мутараққӣ аст».[25]  Боз дар идомаи суханонаш мегӯяд: «Муҳаммад дар мамолики арабӣ ба пирӯзие даст ёфт, ки тамоми диёнатҳои қабл аз Ислом натавониста буданд ба он дастрасӣ пайдо намоянд, монанди яҳудияту масеҳият, ки натавонистанд пирӯзие, ки Ислом ба даст овард, ба даст биоваранд. Бинобар ин, наметавон ҳадд ва андозаеро барои фазлу бузургвории Муҳаммад бар миллати араб дар назар гирифт».[26]Ва мегӯяд: «Ҳар гоҳ миқёси шахсияти инсонҳо корҳое бошад, ки анҷом додаанд, Муҳаммад аз бузургтарин шахсиятҳои инсонӣ хоҳад буд, ки таърихи ононро муаррифӣ кардааст».Ба ростӣ, баъзе аз нависандагони Ғарб нисбат ба Пайғамбар (с)  инсоф ба харҷ додаанд, аммо таассуби динӣ чашми муаррихони Ғарбро кӯр сохта, ки қодир нестанд ба фазилати ӯ эътироф кунанд. Аллома ва донишманди бузург Бортлами Сент Ҳиллар мегӯяд: «Ба ростӣ, Муҳаммад аз ҳамаи арабҳои замони худ поктар ва аз ҳамаи онон диндортар буд, бо бархурдорӣ аз рифъату муҳаббати фаровон ва имтиёзоти ахлоқии фавқулодда қудрату азамати таърихии худро ба даст овард. Бидуни шак, дине, ки Муҳаммад мардумро ба қабули он даъват мекард, неъмате буд бас бузург барои тамоми миллатҳое, ки ба он гаравиданд ва ба он имон оварданд».[27]Ин буд шубҳаҳое, ки мункирони рисолати Пайғамбар (с) онҳоро ворид менамоянд, хостем онҳоро як ба як ботил намоем ва собит кардем, ки ҳеҷ як аз онҳо арзиши илмӣ надоранд ва аз ҳақиқат бебаҳра ҳастанд, пас танҳо як роҳ барои мо боқӣ мондааст, ки бигӯем: Муҳаммад расул ва фиристодаи Парвардигори олам мебошад!!!Китоби «Рӯҳи ислом» асосҳои дини мубини исломро дар партави Қуръону ҳадис ва пажӯҳишҳои илмии нав баён намуда, каломи илоҳӣ будани Қуръони карим ва ҳаққонияти паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бо далоили илмӣ бозгӯ менамояд.[1] Ислом ва насроният. Таълифи Шайх Муҳаммад Абду. – С.150.[2] Нақл аз тарҷумаи арабии устод Аҳмад Фатҳӣ Зағлул. – С. 7.[3] Амио Дермангом. Ҳаёти Муҳаммад (с). - Порис.. – С. 129.- 135.[4] «Эъҷозу-л-Қуръон»-и Рофеъӣ. – С. 222.[5] «Рисолату-т-тавҳид»-и Шайх Муҳаммад  Абду.  – С. 170.[6] «Эъҷозу-л-Куръон»-и Рофеъӣ.  – С. 209.[7] «Эъҷозу-л-Куръон»-и Рофеъӣ.  – С. 203.[8] Хамон ҷо.  – С. 269[9] Тасвири фаннӣ дар Қуръон. Таълифи  устод Саййиди  Қутб. –  С. 83-83.[10] «Мин балоғати-л-Қуръон». Таълифи доктор Аҳмади Бадавӣ.[11] «Эҷозу-л-Қуръон»-и Боқилонӣ.  – С. 39.[12] «Эъҷоз-у-л-Қуръон»-и Рофеъӣ. – С. 39.[13] «Эъҷоз-у-л-Қуръон»-и Рофеъӣ. – С. 273.[14] Нақл аз китоби «Ан нуҷум фи масоликиҳо».[15] Нақл аз китоби «Аш-шамс».[16] Мусиъун ё аз решаи феъли «авсаъа»-и лозим муштак шудааст, ки ба маънои мо ўро васеъ карор додаем ё аз «авсаъа»-и мутааддӣ аст, яъне мо онро густариш медиҳем.[17] Аз китоби «Ал-олам ва Эйнштейн».[18] Нақл аз китоби «Аш-шамс», таълифи доктор Ҷому.[19] Накл аз китоби  «Баҳр моро иҳота дорад», таълифи Рошелл Корсун.[20] Бо ихтисор баргирифта аз китоби «Баъзе нишонаҳои эъҷози илмӣ дар Қуръони карим», таълифи доктор Зағлул Наҷҷор.[21] Маъхази собиқ[22] Аз китоби «Илм ҳанўз хазида меравад». Таълифи Ҷеймс Стукули, устодёри илми табиии донишгоҳи  Барнестон.[23] “Ҳаёти Муҳаммад”. Таълифи Вашингтон Ирвинг. Тарҷумаи доктор Алӣ Ҳусайни Харбутлӣ. – С. 296, 298, 299.[24] Ба нақл аз тарҷумаи арабии устод Муҳаммад Сибоъӣ.  – С. 54.[25] Ба нақл аз тарҷумаи арабии устод Муҳаммад Одили Зуъайтар.  – С. 45.[26] Ба нақл аз тарҷумаи арабии устод Муҳаммад Одили Зуъайтар. – С. 128.[27] Ба нақл аз тарҷумаи арабии устод Муҳаммад Одили Зуъайтар. – С. 128.