النساء

تفسير سورة النساء

الترجمة الطاجيكية

Тоҷикӣ

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ ۚ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا﴾

1.
Эй мардум! Аз Парвардигоратон битарсед, Парвардигоре, ки шуморо аз як тан(1) офарид ва ҳамсарашро(2) низ аз вай офарид ва аз он ду: мардон ва занони зиёде паҳн кард ва аз Аллоҳ битарсед, ки ба номи Ӯ аз ҳамдигар суол мекунед ва аз тарки хешовандӣ битарсед. Ҳамоно Аллоҳ дар ҳама ҳолат бар шумо нигаҳбон аст.

﴿وَآتُوا الْيَتَامَىٰ أَمْوَالَهُمْ ۖ وَلَا تَتَبَدَّلُوا الْخَبِيثَ بِالطَّيِّبِ ۖ وَلَا تَأْكُلُوا أَمْوَالَهُمْ إِلَىٰ أَمْوَالِكُمْ ۚ إِنَّهُ كَانَ حُوبًا كَبِيرًا﴾

2.
Ва Аллоҳ дастур дод, ки ба ятимон молҳояшонро бидиҳед, чун ба синни булуғ ва ба воя расиданд ва салоҳият ёфтанд ва амволи нопокро ба молҳои пок омезиш накунед ва молҳояшонро бо молҳои худатон нахуред, пас ҳар кас ҷуръат кард ва моли онҳоро ҳамроҳ бо моли худ хӯрд, ба ростӣ, ки гуноҳи бузурге анҷом додааст.(1)

﴿وَإِنْ خِفْتُمْ أَلَّا تُقْسِطُوا فِي الْيَتَامَىٰ فَانْكِحُوا مَا طَابَ لَكُمْ مِنَ النِّسَاءِ مَثْنَىٰ وَثُلَاثَ وَرُبَاعَ ۖ فَإِنْ خِفْتُمْ أَلَّا تَعْدِلُوا فَوَاحِدَةً أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ ۚ ذَٰلِكَ أَدْنَىٰ أَلَّا تَعُولُوا﴾

3.
Ва агар тарсидед, ки адл натавонед кард дар бораи ятимдухтароне, ки зери сарпарастии шумо қарор доранд, пас бо занони дигаре, ки дӯст доред, издивоҷ кунед бо ду ё се ё чор.
Пас агар тарсидед, ки наметавонед адлро ба ҷой оваред, пас бояд ба як зан кифоят кунед ва ё бо канизаконатон издивоҷ кунед, ин наздиктараст, ки ситам накунед.

﴿وَآتُوا النِّسَاءَ صَدُقَاتِهِنَّ نِحْلَةً ۚ فَإِنْ طِبْنَ لَكُمْ عَنْ شَيْءٍ مِنْهُ نَفْسًا فَكُلُوهُ هَنِيئًا مَرِيئًا﴾

4.Ва маҳри занонро ба унвони ҳадя ба онҳо бидиҳед. Пас набояд дар додани он таъхир варзед ва набояд аз он чизе кам кунед. Ва агар бо ризоияти хотир чизе аз маҳри худ ба шумо бахшиданд, пас онро ҳалол ва гуворо бихӯред.(1)

﴿وَلَا تُؤْتُوا السُّفَهَاءَ أَمْوَالَكُمُ الَّتِي جَعَلَ اللَّهُ لَكُمْ قِيَامًا وَارْزُقُوهُمْ فِيهَا وَاكْسُوهُمْ وَقُولُوا لَهُمْ قَوْلًا مَعْرُوفًا﴾

5.
Ва (эй сарпарастон) молҳои худро, ки Аллоҳ онро барои шумо сабаби истиқомати зиндагӣ гардондааст, ба бехирадон (яъне, ноболиғ, маҷнун ва беақлон) мадиҳед ва аз он молҳо хурока ва пӯшоки онҳоро бидиҳед ва бо онон сухани хуб ва шоиста бигуед. (1)

﴿وَابْتَلُوا الْيَتَامَىٰ حَتَّىٰ إِذَا بَلَغُوا النِّكَاحَ فَإِنْ آنَسْتُمْ مِنْهُمْ رُشْدًا فَادْفَعُوا إِلَيْهِمْ أَمْوَالَهُمْ ۖ وَلَا تَأْكُلُوهَا إِسْرَافًا وَبِدَارًا أَنْ يَكْبَرُوا ۚ وَمَنْ كَانَ غَنِيًّا فَلْيَسْتَعْفِفْ ۖ وَمَنْ كَانَ فَقِيرًا فَلْيَأْكُلْ بِالْمَعْرُوفِ ۚ فَإِذَا دَفَعْتُمْ إِلَيْهِمْ أَمْوَالَهُمْ فَأَشْهِدُوا عَلَيْهِمْ ۚ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ حَسِيبًا﴾

6.
Ва ятимонро биёзмоед, то он гоҳ ки ба синни издивоҷ бирасанд, пас агар дар онҳо салоҳият дидед, амволашонро ба худашон бисупоред ва амволи онҳоро пеш аз он ки бузург (калон) шаванд, ба исроф ва шитоб нахӯред.(1) Ва ҳар кас ки тавонгар ва сарватманд бошад, бояд аз гирифтани ҳаққи (уҷраи) сарпарастӣ худдорӣ кунад.
Ва ҳар кас, ки ниёзманд бошад, бояд ба сурати писандида ва некӯ бихӯрад, пас вақте ки молҳояшонро ба онҳо супоридед, касонеро бар онҳо ба шоҳидӣ гиред дар вақти додани моли онҳо то шоҳидеро ихтиёр кунед ва Аллоҳ барои ҳисоб кардан кофист.

﴿لِلرِّجَالِ نَصِيبٌ مِمَّا تَرَكَ الْوَالِدَانِ وَالْأَقْرَبُونَ وَلِلنِّسَاءِ نَصِيبٌ مِمَّا تَرَكَ الْوَالِدَانِ وَالْأَقْرَبُونَ مِمَّا قَلَّ مِنْهُ أَوْ كَثُرَ ۚ نَصِيبًا مَفْرُوضًا﴾

7.
  Барои мардон аз он чи ки падару модар ва хешовандон боқӣ гузоштаанд, саҳме аст, ва барои занон аз он чи ки падару модар ва хешовандон боқӣ гузоштаанд, саҳме аст. Шояд баъзе гумон баранд, ки занон ва кудакон баҳрае аз мерос надоранд, магар дар моли зиёд, (барои ҳамин Аллоҳ баён кард). Чи он "саҳм" кам бошад ва чи зиёд. Ва Аллоҳ саҳми ҳар якро муқаррар ва мушаххас гардонидааст. (1)

﴿وَإِذَا حَضَرَ الْقِسْمَةَ أُولُو الْقُرْبَىٰ وَالْيَتَامَىٰ وَالْمَسَاكِينُ فَارْزُقُوهُمْ مِنْهُ وَقُولُوا لَهُمْ قَوْلًا مَعْرُوفًا﴾

8.
 Ва ҳангоме ки дар тақсими мерос хешовандоне ки ворис нестанд, (1) ва ятимон ва фуқарои мустаҳиқ, ки ҳозир шуданд, аз ин мол, ки беранҷ ва заҳмат онро ба даст меоваред, чизе ба онҳо бидиҳед, пас хотири онҳоро таскин (ором) диҳед, чаро ки додани ин мол ба шумо зиёне намерасонад ва ба онҳо сухани некӯ бигуед.(2)

﴿وَلْيَخْشَ الَّذِينَ لَوْ تَرَكُوا مِنْ خَلْفِهِمْ ذُرِّيَّةً ضِعَافًا خَافُوا عَلَيْهِمْ فَلْيَتَّقُوا اللَّهَ وَلْيَقُولُوا قَوْلًا سَدِيدًا﴾

9.
 Ва касоне, ки пас аз худ фарзандони нотавоне бар ҷой мегузоранд ва нигарони ояндаи онҳо ҳастанд, бояд аз ситам бар ятимони мардум битарсанд, Пас дар сарпарастии дигарон аз Аллоҳ битарсанд ва сухани рост ва дуруст бигӯянд.

﴿إِنَّ الَّذِينَ يَأْكُلُونَ أَمْوَالَ الْيَتَامَىٰ ظُلْمًا إِنَّمَا يَأْكُلُونَ فِي بُطُونِهِمْ نَارًا ۖ وَسَيَصْلَوْنَ سَعِيرًا﴾

10.
    Бегумон касоне, ки амволи ятимонро ба ноҳақӣ ва ситамгарона мехуранд, ҳамоно он чи ки мехӯранд, оташест, ки дар шикамҳояшон шӯъла мезанад ва онҳо худи ин оташро дар шикамҳои худ фурӯ бурдаанд. Ва ба оташи сӯзон ворид хоҳанд шуд.

﴿يُوصِيكُمُ اللَّهُ فِي أَوْلَادِكُمْ ۖ لِلذَّكَرِ مِثْلُ حَظِّ الْأُنْثَيَيْنِ ۚ فَإِنْ كُنَّ نِسَاءً فَوْقَ اثْنَتَيْنِ فَلَهُنَّ ثُلُثَا مَا تَرَكَ ۖ وَإِنْ كَانَتْ وَاحِدَةً فَلَهَا النِّصْفُ ۚ وَلِأَبَوَيْهِ لِكُلِّ وَاحِدٍ مِنْهُمَا السُّدُسُ مِمَّا تَرَكَ إِنْ كَانَ لَهُ وَلَدٌ ۚ فَإِنْ لَمْ يَكُنْ لَهُ وَلَدٌ وَوَرِثَهُ أَبَوَاهُ فَلِأُمِّهِ الثُّلُثُ ۚ فَإِنْ كَانَ لَهُ إِخْوَةٌ فَلِأُمِّهِ السُّدُسُ ۚ مِنْ بَعْدِ وَصِيَّةٍ يُوصِي بِهَا أَوْ دَيْنٍ ۗ آبَاؤُكُمْ وَأَبْنَاؤُكُمْ لَا تَدْرُونَ أَيُّهُمْ أَقْرَبُ لَكُمْ نَفْعًا ۚ فَرِيضَةً مِنَ اللَّهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلِيمًا حَكِيمًا﴾

11. Аллоҳ дар бораи фарзандонатон шуморо фармон медиҳад, ки дар вақти тақсимоти мерос ҳиссаи як писар ба андозаи ҳиссаи ду духтар аст. Ва агар фарзандон ҳама духтар ва аз ду бештар буданд, аз се ду ҳиссаи "тарака" (1) моли онҳост. Ва агар фарзанд як духтар буд нисфи тарака аз они ӯст. Ва агар мурда дорои фарзанд ва падар ва модар бошад ба ҳар як аз падару модар аз шаш як ҳисса тарака мерасад. Ва агар мурда фарзанд надошт ва вориси ӯ падару модараш буданд, саҳми модараш аз се як ҳиссаи тарака аст.
Ва агар мурда бародароне дошта бошад, ба модараш аз шаш як ҳиссаи мерасад, (ҳамаи инҳо) пас аз анҷоми васияте аст, ки мурда ба он васият карда ва ё пас аз қарзҳое аст, ки бар гардани ӯст. Шумо намедонед, ки падаронатон ва фарзандонатон кадом яке дар нафъ расонидан ба шумо наздиктар аст. Ин ҳиссаи муайянкардашуда аз ҷониби Аллоҳ аст. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ доно ва бо ҳикмат аст.

﴿۞ وَلَكُمْ نِصْفُ مَا تَرَكَ أَزْوَاجُكُمْ إِنْ لَمْ يَكُنْ لَهُنَّ وَلَدٌ ۚ فَإِنْ كَانَ لَهُنَّ وَلَدٌ فَلَكُمُ الرُّبُعُ مِمَّا تَرَكْنَ ۚ مِنْ بَعْدِ وَصِيَّةٍ يُوصِينَ بِهَا أَوْ دَيْنٍ ۚ وَلَهُنَّ الرُّبُعُ مِمَّا تَرَكْتُمْ إِنْ لَمْ يَكُنْ لَكُمْ وَلَدٌ ۚ فَإِنْ كَانَ لَكُمْ وَلَدٌ فَلَهُنَّ الثُّمُنُ مِمَّا تَرَكْتُمْ ۚ مِنْ بَعْدِ وَصِيَّةٍ تُوصُونَ بِهَا أَوْ دَيْنٍ ۗ وَإِنْ كَانَ رَجُلٌ يُورَثُ كَلَالَةً أَوِ امْرَأَةٌ وَلَهُ أَخٌ أَوْ أُخْتٌ فَلِكُلِّ وَاحِدٍ مِنْهُمَا السُّدُسُ ۚ فَإِنْ كَانُوا أَكْثَرَ مِنْ ذَٰلِكَ فَهُمْ شُرَكَاءُ فِي الثُّلُثِ ۚ مِنْ بَعْدِ وَصِيَّةٍ يُوصَىٰ بِهَا أَوْ دَيْنٍ غَيْرَ مُضَارٍّ ۚ وَصِيَّةً مِنَ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَلِيمٌ﴾

12. Ва нимаи аз дороии ҳамсаронатон барои шумост, ба шарте ки фарзанде надошта бошанд, аммо агар фарзанде доштанд, пас аз чаҳор як ҳиссаи тарака моли шумост. Албатта пас аз анҷом додани васияте, ки бар он васият кардаанд, ё баъд аз пардохти қарзе ки бар гардани онҳост.
Ва аз чаҳор як ҳисса дороии шумо моли онҳост, агар шумо фарзанде надошта бошед, вале агар фарзанде дошта бошед, аз ҳашт як ҳисса дороии шумо моли ҳамсаронатон аст. Баъд аз анҷом васияте, ки шумо ба он васият мекунед ва баъд аз пардохтани қарзе, ки бар ӯҳдаи шумост.
Ва агар мард ё зане, ки ба сурати калола (1) аз ӯ мерос дода мешавад, агар бародар ва хоҳаре дошта бошад (аз тарафи модар бо ҳам бародар на аз тарафи падар), барои ҳар яке аз онҳо аз шаш як ҳисса аст.
Ва агар зиёд аз як нафар буданд, пас ҳама дар аз се як ҳисса шарик ҳастанд, баъд аз анҷоми васияте, ки ба он васият шуда ва пас аз адои қарзе, ки бояд пардохт шавад. Ба шарте ки ҳамон васият ё қарз барои меросхур зиёне надошта бошад Ин ҳукм аз ҷониби Аллоҳ аст ва Аллоҳ доно ва пурбардор аст.

﴿تِلْكَ حُدُودُ اللَّهِ ۚ وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ يُدْخِلْهُ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ وَذَٰلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ﴾

13.    Ин ҳудуди муқарраркардаи Илоҳӣ аст.
Ва ҳар кас итоъати Аллоҳ ва паёмбараш кунад, Аллоҳ ӯро вориди боғҳое мекунад, ки ҷӯйҳо дар зери он равон аст, онон ҷовидона дар он мемонанд ва ин аст пирӯзии бузург.

﴿وَمَنْ يَعْصِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَيَتَعَدَّ حُدُودَهُ يُدْخِلْهُ نَارًا خَالِدًا فِيهَا وَلَهُ عَذَابٌ مُهِينٌ﴾

14.
Ва ҳар кас аз Аллоҳ ва паёмбараш нофармонӣ ва аз ҳудуди Илоҳӣ таҷовуз намояд Аллоҳ ӯро вориди оташе мекунад, ки ҳамеша дар он боқӣ мемонад ва барои ӯст азобе хоркунанда.

﴿وَاللَّاتِي يَأْتِينَ الْفَاحِشَةَ مِنْ نِسَائِكُمْ فَاسْتَشْهِدُوا عَلَيْهِنَّ أَرْبَعَةً مِنْكُمْ ۖ فَإِنْ شَهِدُوا فَأَمْسِكُوهُنَّ فِي الْبُيُوتِ حَتَّىٰ يَتَوَفَّاهُنَّ الْمَوْتُ أَوْ يَجْعَلَ اللَّهُ لَهُنَّ سَبِيلًا﴾

15.
 Ва касоне аз занонатон, ки муртакиби зино мешаванд, чор нафар аз худатон (аз мусалмонон) бар онҳо гувоҳ бигиред, пас агар гувоҳӣ доданд, онҳоро дар хонаҳо нигоҳ доред, то ин ки марг онҳоро дарёбад ва ё Аллоҳ барои онҳо роҳе қарор диҳад. (1)

﴿وَاللَّذَانِ يَأْتِيَانِهَا مِنْكُمْ فَآذُوهُمَا ۖ فَإِنْ تَابَا وَأَصْلَحَا فَأَعْرِضُوا عَنْهُمَا ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ تَوَّابًا رَحِيمًا﴾

16.
 Ҳамчунин мардон ва занони шумо, ки муртакиби зино мешаванд, онҳоро сарзаниш ва айбҷӯӣ кунед ва бо амали задане, ки аз ин амали зишт бозашон дорад, биёзоред. (Бинобар ин ҳаргоҳ мардон муртакиби зино шаванд, мавриди азият ва озор қарор мегиранд ва занон зиндонӣ ва азият мешаванд. Пас зиндонӣ кардан, то замони фаро расидани марг аст ва озор расондан, то вақтест, ки фард тавба кунад ва ба ислоҳи худ бипардозад. Бинобар ин фармуд:) Ва агар тавба карданд ва ба ислоҳ пардохтанд, онҳоро раҳо кунед, ҳамоно Аллоҳ тавбапазиру меҳрубон аст. (1)

﴿إِنَّمَا التَّوْبَةُ عَلَى اللَّهِ لِلَّذِينَ يَعْمَلُونَ السُّوءَ بِجَهَالَةٍ ثُمَّ يَتُوبُونَ مِنْ قَرِيبٍ فَأُولَٰئِكَ يَتُوبُ اللَّهُ عَلَيْهِمْ ۗ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا﴾

17.
  Ба дурустӣ Аллоҳ тавбаи касонеро қабул мекунад, ки аз рӯи нодонӣ кори бад анҷом медиҳанд, сипас зуд тавба мекунанд, пас Аллоҳ тавбаи эшонро қабул мекунад ва Аллоҳ ба халқи худ доно ва дар тадбиру тақдираш бо ҳикмат аст. (1)

﴿وَلَيْسَتِ التَّوْبَةُ لِلَّذِينَ يَعْمَلُونَ السَّيِّئَاتِ حَتَّىٰ إِذَا حَضَرَ أَحَدَهُمُ الْمَوْتُ قَالَ إِنِّي تُبْتُ الْآنَ وَلَا الَّذِينَ يَمُوتُونَ وَهُمْ كُفَّارٌ ۚ أُولَٰئِكَ أَعْتَدْنَا لَهُمْ عَذَابًا أَلِيمًا﴾

18. Тавбаи касоне қабул карда намешавад, ки корҳои бад анҷом медиҳанд, то ин ки марги яке аз онҳо наздик шавад, мегуяд: "Акнун тавба кардам". Ва қабул карда намешавад тавбаи касоне, ки мемиранд, дар ҳоле ки онҳо кофир ҳастанд. Онҳо касоне ҳастанд, ки барояшон азоби дардноке омода кардаем. (Тавба кардан дар ҳолати фаро расидани марг, тавбаи маҷбурӣ аст ва ба тавбакунанда фоидае надорад. Балки тавбае фоидаовар аст, ки он аз рӯи ихтиёр бошад.) (1)

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا يَحِلُّ لَكُمْ أَنْ تَرِثُوا النِّسَاءَ كَرْهًا ۖ وَلَا تَعْضُلُوهُنَّ لِتَذْهَبُوا بِبَعْضِ مَا آتَيْتُمُوهُنَّ إِلَّا أَنْ يَأْتِينَ بِفَاحِشَةٍ مُبَيِّنَةٍ ۚ وَعَاشِرُوهُنَّ بِالْمَعْرُوفِ ۚ فَإِنْ كَرِهْتُمُوهُنَّ فَعَسَىٰ أَنْ تَكْرَهُوا شَيْئًا وَيَجْعَلَ اللَّهُ فِيهِ خَيْرًا كَثِيرًا﴾

19.
    Эй касоне, ки имон овардаед! Барои шумо ҳалол нест, ки занонро мерос гиред ва онҳо нохуш бошанд; ва онҳоро манъ накунед аз никоҳ бо ҳар ки хоҳанд, то баъзе он чиро ки ба онҳо додаед, ба даст оред; магар ин ки ошкоро кори бад бикунанд! Ва ба онҳо ба таври шоиста зиндагӣ кунед ва агар ҳам онҳоро намеписандед, пас шояд, ки шумо чизеро намеписандед ва Аллоҳ дар он хайр ва некии фаровонеро қарор медиҳад. (1)

﴿وَإِنْ أَرَدْتُمُ اسْتِبْدَالَ زَوْجٍ مَكَانَ زَوْجٍ وَآتَيْتُمْ إِحْدَاهُنَّ قِنْطَارًا فَلَا تَأْخُذُوا مِنْهُ شَيْئًا ۚ أَتَأْخُذُونَهُ بُهْتَانًا وَإِثْمًا مُبِينًا﴾

20.
    Агар хостед, зане ба ҷои зани дигар бигиред ва ӯро (яъне зане, ки ҷудо мешавад) моли бисёре додаед (дар маҳр), пас аз он мол чизеро бознагиред, балки онро ба таври комил ба вай дода ва дар додани он таъхир накунед. Оё мехоҳед маҳрро бо бӯҳтон ва гуноҳи ошкор бигиред?

﴿وَكَيْفَ تَأْخُذُونَهُ وَقَدْ أَفْضَىٰ بَعْضُكُمْ إِلَىٰ بَعْضٍ وَأَخَذْنَ مِنْكُمْ مِيثَاقًا غَلِيظًا﴾

21.
    Ва чӣ гуна онро пас мегиред, дар ҳоле ки бо якдигар омезиш кардаед ва занон аз шумо паймони маҳкаме гирифтаанд?! (Ин бузургтарин зулм аст ва инчунин Аллоҳ аз шавҳарон паймони маҳкаме гирифтааст, ки ҳуқуқи ҳамсаронашонро риъоят кунанд.)(1)

﴿وَلَا تَنْكِحُوا مَا نَكَحَ آبَاؤُكُمْ مِنَ النِّسَاءِ إِلَّا مَا قَدْ سَلَفَ ۚ إِنَّهُ كَانَ فَاحِشَةً وَمَقْتًا وَسَاءَ سَبِيلًا﴾

22.
    Ва бо заноне, ки падаронатон ба онон издивоҷ кардаанд, издивоҷ накунед, магар он чи ки қаблан анҷом дода шуда буд, ҳамоно ин кор бисёр зишт ва гуноҳ ва равиши нодурусти бад аст.

﴿حُرِّمَتْ عَلَيْكُمْ أُمَّهَاتُكُمْ وَبَنَاتُكُمْ وَأَخَوَاتُكُمْ وَعَمَّاتُكُمْ وَخَالَاتُكُمْ وَبَنَاتُ الْأَخِ وَبَنَاتُ الْأُخْتِ وَأُمَّهَاتُكُمُ اللَّاتِي أَرْضَعْنَكُمْ وَأَخَوَاتُكُمْ مِنَ الرَّضَاعَةِ وَأُمَّهَاتُ نِسَائِكُمْ وَرَبَائِبُكُمُ اللَّاتِي فِي حُجُورِكُمْ مِنْ نِسَائِكُمُ اللَّاتِي دَخَلْتُمْ بِهِنَّ فَإِنْ لَمْ تَكُونُوا دَخَلْتُمْ بِهِنَّ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ وَحَلَائِلُ أَبْنَائِكُمُ الَّذِينَ مِنْ أَصْلَابِكُمْ وَأَنْ تَجْمَعُوا بَيْنَ الْأُخْتَيْنِ إِلَّا مَا قَدْ سَلَفَ ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ غَفُورًا رَحِيمًا﴾

23.
Аллоҳ бар шумо ҳаром кардааст издивоҷ бо модаронатон ва хоҳаронатон ва аммаҳоятон ва холаҳоятон ва додарзодаҳоятон ва хоҳарзодаҳоятон ва модаронатон, ки ба шумо шир додаанд ва хоҳарони шумо аз ҷиҳати ширхорагӣ ва модарони ҳамсаронатон ва духтарони занонатон, ки дар зери дасти шумо парвариш ёфтаанд ва бо модарҳояшон омезиш кардаед ва агар бо модарҳояшон омезиш накардаед, гуноҳе бар шумо нест ва ҳамсарони писаронатон, ки аз пушти шумо ҳастанд ва ҷамъи ду хоҳар бо ҳамдигар, магар он чи дар гузашта рӯй додааст, ҳамоно Аллоҳ бахшандаву меҳрубон аст.
(Ин оёт дарбар мегирад издивоҷ кардан бо заноне, ки ба воситаи насаб, ширхорагӣ, хешовандӣ аз роҳи пайванди заношӯӣ ва ҷамъ кардан (бо ҳамдигар) ҳароманд) (1)

﴿۞ وَالْمُحْصَنَاتُ مِنَ النِّسَاءِ إِلَّا مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ ۖ كِتَابَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ ۚ وَأُحِلَّ لَكُمْ مَا وَرَاءَ ذَٰلِكُمْ أَنْ تَبْتَغُوا بِأَمْوَالِكُمْ مُحْصِنِينَ غَيْرَ مُسَافِحِينَ ۚ فَمَا اسْتَمْتَعْتُمْ بِهِ مِنْهُنَّ فَآتُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ فَرِيضَةً ۚ وَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ فِيمَا تَرَاضَيْتُمْ بِهِ مِنْ بَعْدِ الْفَرِيضَةِ ۚ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلِيمًا حَكِيمًا﴾

24.    Ва занони шавҳардор бар шумо ҳароманд, магар заноне, ки онро асир гирифта бошед, ки бароятон ҳалоланд, инро Аллоҳ барои шумо муқаррар гардонид.
Ва ғайр аз инҳо низ занони дигар бароятон ҳалоланд ва метавонед бо молҳои худ занонеро биҷуед ва ба онҳо издивоҷ кунед, ба шарте ки покдоман бошанд ва худатонро аз зино дур кунед ва агар бо зане издивоҷ кардед ва аз ӯ баҳраманд шудед, пас бояд маҳри ӯро ба унвони фариза бипардозед ва баъд аз таъини маҳр гуноҳе бар шумо нест, дар он чи бо якдигар тавофуқ кунед. (1) Ҳамоно Аллоҳ ба кори бандагонаш доно ва дар аҳкому тадбираш бо ҳикмат аст.

﴿وَمَنْ لَمْ يَسْتَطِعْ مِنْكُمْ طَوْلًا أَنْ يَنْكِحَ الْمُحْصَنَاتِ الْمُؤْمِنَاتِ فَمِنْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ مِنْ فَتَيَاتِكُمُ الْمُؤْمِنَاتِ ۚ وَاللَّهُ أَعْلَمُ بِإِيمَانِكُمْ ۚ بَعْضُكُمْ مِنْ بَعْضٍ ۚ فَانْكِحُوهُنَّ بِإِذْنِ أَهْلِهِنَّ وَآتُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ بِالْمَعْرُوفِ مُحْصَنَاتٍ غَيْرَ مُسَافِحَاتٍ وَلَا مُتَّخِذَاتِ أَخْدَانٍ ۚ فَإِذَا أُحْصِنَّ فَإِنْ أَتَيْنَ بِفَاحِشَةٍ فَعَلَيْهِنَّ نِصْفُ مَا عَلَى الْمُحْصَنَاتِ مِنَ الْعَذَابِ ۚ ذَٰلِكَ لِمَنْ خَشِيَ الْعَنَتَ مِنْكُمْ ۚ وَأَنْ تَصْبِرُوا خَيْرٌ لَكُمْ ۗ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾

25.
    Ва агар касе аз шумо тавоноӣ надошт бо занони озоди мӯъмин издивоҷ кунад, пас бо канизони мӯъмин издивоҷ кунад ва Аллоҳ ба имони шумо огоҳ аст, баъзе аз шумо аз баъзеи дигар ҳастед, пас бо иҷозати соҳибонашон бо онҳо издивоҷ кунед ва маҳрашонро ба таври шоиста бипардозед.
Канизонеро барои издивоҷ интихоб кунед, ки покдоман бошанд ва ошкор муртакиби зино нашаванд ва дӯстони номашрӯъ (бегона) ва пинҳонӣ барои худ ихтиёр накунанд ва агар пас аз издивоҷ муртакиби зино шуданд, ҷазои онҳо нисфи ҷазои занони озода аст ва он ҷазо дарра аст.
Дар ҳолати издивоҷ карда натавонистан ба занҳои озод издивоҷ ба канизон барои касе аст, ки аз фасод битарсад ва агар сабр кунед, бароятон беҳтар аст ва Аллоҳ бахшандаву меҳрубон аст.

﴿يُرِيدُ اللَّهُ لِيُبَيِّنَ لَكُمْ وَيَهْدِيَكُمْ سُنَنَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ وَيَتُوبَ عَلَيْكُمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ﴾

26.
    Аллоҳ мехоҳад барои шумо аҳкомҳои худро равшан намояд ва шуморо ба роҳи касоне, ки пеш аз шумо буданд (аз роҳи паёмбарон ва солеҳон,) роҳнамоӣ кунад ва тавбаи шуморо бипазирад ва Аллоҳ ба салоҳияти бандагонаш доно ва аҳкоми Ӯ бо ҳикмат аст.

﴿وَاللَّهُ يُرِيدُ أَنْ يَتُوبَ عَلَيْكُمْ وَيُرِيدُ الَّذِينَ يَتَّبِعُونَ الشَّهَوَاتِ أَنْ تَمِيلُوا مَيْلًا عَظِيمًا﴾

27.
    Ва Аллоҳ мехоҳад тавбаи шуморо бипазирад ва касоне, ки пайравии шаҳватҳо ҳастанд, мехоҳанд шуморо аз роҳи рост ба роҳи гумроҳон ва роҳи касоне, ки Аллоҳ ба онҳо хашм гирифтааст, бероҳа кунанд.

﴿يُرِيدُ اللَّهُ أَنْ يُخَفِّفَ عَنْكُمْ ۚ وَخُلِقَ الْإِنْسَانُ ضَعِيفًا﴾

28.    Аллоҳ мехоҳад аҳкоми худро барои шумо осон кунад ва инсон нотавон офарида шудааст.

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَأْكُلُوا أَمْوَالَكُمْ بَيْنَكُمْ بِالْبَاطِلِ إِلَّا أَنْ تَكُونَ تِجَارَةً عَنْ تَرَاضٍ مِنْكُمْ ۚ وَلَا تَقْتُلُوا أَنْفُسَكُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ كَانَ بِكُمْ رَحِيمًا﴾

29.
    Эй касоне ки имон овардед! Молҳоятонро дар миёни худ ба ноҳаққӣ нахӯред, (мисли дуздӣ, бо зурӣ кашида гирифтани моли касе ва ғайра), магар тиҷорате бошад, ки аз ризоияти шумо сарчашма гирад ва якдигарро ба сабаби хурдани моли ноҳақ накушед. Ҳамоно Аллоҳ нисбат ба шумо меҳрубон аст.(1)

﴿وَمَنْ يَفْعَلْ ذَٰلِكَ عُدْوَانًا وَظُلْمًا فَسَوْفَ نُصْلِيهِ نَارًا ۚ وَكَانَ ذَٰلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرًا﴾

30.    Ва касе ки чунин кореро қасдан аз рӯи душманӣ ва ситам анҷом диҳад, ӯро бо оташ хоҳем сӯзонд ва ин кор барои Аллоҳ осон аст.

﴿إِنْ تَجْتَنِبُوا كَبَائِرَ مَا تُنْهَوْنَ عَنْهُ نُكَفِّرْ عَنْكُمْ سَيِّئَاتِكُمْ وَنُدْخِلْكُمْ مُدْخَلًا كَرِيمًا﴾

31. Агар аз гуноҳони кабирае, (1) ки аз онҳо манъ карда мешавед, худдорӣ кунед, гуноҳонатонро мебахшем ва шуморо ба ҷойгоҳи бузургворонае дохил мекунем.

﴿وَلَا تَتَمَنَّوْا مَا فَضَّلَ اللَّهُ بِهِ بَعْضَكُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ ۚ لِلرِّجَالِ نَصِيبٌ مِمَّا اكْتَسَبُوا ۖ وَلِلنِّسَاءِ نَصِيبٌ مِمَّا اكْتَسَبْنَ ۚ وَاسْأَلُوا اللَّهَ مِنْ فَضْلِهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمًا﴾

32.
Ва орзуи чизеро накунед, ки Аллоҳ бархе аз шуморо бо он аз бархи дигар бартарӣ додааст, барои мардон баҳрае аст аз он чи ба даст меоваранд ва барои занон баҳрае аст аз он чи ба даст меоваранд ва аз Аллоҳ фазли Ӯро биҷӯед, ҳамоно Аллоҳ ба ҳар чизе огоҳ аст. (Аллоҳ ба ҳар кас чизеро медиҳад, ки шоистагии бархӯрдории онро дорад. Ва неъматҳои худро ба касе намедиҳад, ки шоистаи он набошад.) (1)

﴿وَلِكُلٍّ جَعَلْنَا مَوَالِيَ مِمَّا تَرَكَ الْوَالِدَانِ وَالْأَقْرَبُونَ ۚ وَالَّذِينَ عَقَدَتْ أَيْمَانُكُمْ فَآتُوهُمْ نَصِيبَهُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدًا﴾

33.    Ва барои ҳар касе ворисоне қарор додаем, ки бояд аз амволи падару модар ва хешовандонаш барои ӯ боқӣ гузошта ба вай дода шавад. Ва бо касоне, ки паймон бастаед, насибашонро бидиҳед, бегумон Аллоҳ ба ҳар чизе ҳозир ва огоҳ аст.

﴿الرِّجَالُ قَوَّامُونَ عَلَى النِّسَاءِ بِمَا فَضَّلَ اللَّهُ بَعْضَهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ وَبِمَا أَنْفَقُوا مِنْ أَمْوَالِهِمْ ۚ فَالصَّالِحَاتُ قَانِتَاتٌ حَافِظَاتٌ لِلْغَيْبِ بِمَا حَفِظَ اللَّهُ ۚ وَاللَّاتِي تَخَافُونَ نُشُوزَهُنَّ فَعِظُوهُنَّ وَاهْجُرُوهُنَّ فِي الْمَضَاجِعِ وَاضْرِبُوهُنَّ ۖ فَإِنْ أَطَعْنَكُمْ فَلَا تَبْغُوا عَلَيْهِنَّ سَبِيلًا ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلِيًّا كَبِيرًا﴾

34.
    Мардон сарпарасти занон ҳастанд ба хотири ин ки Аллоҳ мардонро бар занон бартарӣ додааст ва низ ба хотири ин ки аз молҳояшон харҷ мекунанд ва либосу маскани онҳоро тайёр менамоянд.
Пас занони солеҳа онҳое ҳастанд, ки фармонбардори Аллоҳ буда ва дар пинҳонӣ ва дар ғиёби шавҳарашон аз онҳо итоъат мекунанд ва ин аз он сабаб аст, ки Аллоҳ онҳоро муҳофизат намуда тавфиқ додааст.
Ва занонеро, ки аз саркашии онҳо бим доред, онҳоро насиҳат кунед, сипас бистари худро ҷудо кунед, сипас онҳоро бизанед, пас агар аз шумо итоъат карданд, дигар роҳе барои эшон наҷӯед (яъне онҳоро талоқ надиҳед), ҳамоно Аллоҳ баландмартабаи бузургқадр аст.

﴿وَإِنْ خِفْتُمْ شِقَاقَ بَيْنِهِمَا فَابْعَثُوا حَكَمًا مِنْ أَهْلِهِ وَحَكَمًا مِنْ أَهْلِهَا إِنْ يُرِيدَا إِصْلَاحًا يُوَفِّقِ اللَّهُ بَيْنَهُمَا ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلِيمًا خَبِيرًا﴾

35.
    Ва агар аз ихтилоф ва ҷудоии онҳо бим доштед, пас доваре (мусалмони одил ва оқил бошад) аз хонаводаи шавҳар ва доваре аз хонаводаи зан бифиристед, агар ин ду довар хоҳони ислоҳ бошанд, Аллоҳ байни онҳо тавофуқ ҳосил мекунад, ҳамоно Аллоҳ доно ва огоҳ аст.

﴿۞ وَاعْبُدُوا اللَّهَ وَلَا تُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا ۖ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا وَبِذِي الْقُرْبَىٰ وَالْيَتَامَىٰ وَالْمَسَاكِينِ وَالْجَارِ ذِي الْقُرْبَىٰ وَالْجَارِ الْجُنُبِ وَالصَّاحِبِ بِالْجَنْبِ وَابْنِ السَّبِيلِ وَمَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ مَنْ كَانَ مُخْتَالًا فَخُورًا﴾

36.    Ва Аллоҳро ибодат кунед. Ва дар офариниш ва ибодаташ чизеро бо Ӯ шарик қарор надиҳед. (Зеро Парвардигор на ширки хурд ва на ширки бузургро намепазирад.
Ва набояд малоика ва паёмбар ва касе дигар аз офаридагонро, ки наметавонанд барои худ фоида ё зиёне биёваранд, бо ӯ шарик қарор дод,)(1) ва бо падар ва модар бо сухан, рафтору кирдор ва иззату эҳтиром ва бо мол некӣ намоед ва ҳуқуқашонро адо намоед.
Ва бо хешовандон ва ятимон ва бечорагон ва ҳамсояи хеш ва ҳамсояи бегона ва ҳамнишини наздик ва мусофир ва канизон ва ғуломон низ некӣ кунед, ҳамоно Аллоҳ касеро, ки худписанд ва худсито бошад, дӯст надорад.

﴿الَّذِينَ يَبْخَلُونَ وَيَأْمُرُونَ النَّاسَ بِالْبُخْلِ وَيَكْتُمُونَ مَا آتَاهُمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ ۗ وَأَعْتَدْنَا لِلْكَافِرِينَ عَذَابًا مُهِينًا﴾

37.
    Касоне, ки ҳуқуқи бар онҳо додашударо адо намекунанд ва мардумро бо гуфтор ва кирдорашон ба бухл фармон медиҳанд ва пинҳон мекунанд он чизеро, ки Аллоҳ аз фазли хеш ба онҳо додааст, Аллоҳ дар ҳақи онҳо фармуд: Мо аз барои кофирон азоби хоркунандае омода сохтем. (1)

﴿وَالَّذِينَ يُنْفِقُونَ أَمْوَالَهُمْ رِئَاءَ النَّاسِ وَلَا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَلَا بِالْيَوْمِ الْآخِرِ ۗ وَمَنْ يَكُنِ الشَّيْطَانُ لَهُ قَرِينًا فَسَاءَ قَرِينًا﴾

38.
     Ва касоне, ки молҳояшонро барои он хайр кунанд, ки мардум онҳоро бубинанд ва ситоиш кунанд ва онҳоро таъзим намоянд ва хайр ва бахшиши онҳо аз ихлос ва имони ба Аллоҳ ва умед ба подоши Ӯ сарчашма нагирифтааст, пас ин роҳи шайтон ва кори ӯст, ки гурӯҳи худро ба сӯи он даъват мекунад, то аз аҳли ҷаҳаннам шавад. Ва ҳар кас, ки шайтон ҳамроҳи ӯ бошад, бисёр ҳамроҳ ва ҳамдами баде аст, зеро мехоҳад вайро ҳалок кунад. (1)

﴿وَمَاذَا عَلَيْهِمْ لَوْ آمَنُوا بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَأَنْفَقُوا مِمَّا رَزَقَهُمُ اللَّهُ ۚ وَكَانَ اللَّهُ بِهِمْ عَلِيمًا﴾

39.
     Чи чизе онҳоро дучори сахтӣ ва душворӣ мегардонад, агар ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон оваранд ва аз молҳое, ки Аллоҳ ба онҳо бахшидааст, бибахшоянд, пас ҳам имон ва ихлос дошта бошанд? Ва Аллоҳ ба тамоми ҳолатҳои онҳо огоҳ аст.

﴿إِنَّ اللَّهَ لَا يَظْلِمُ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ ۖ وَإِنْ تَكُ حَسَنَةً يُضَاعِفْهَا وَيُؤْتِ مِنْ لَدُنْهُ أَجْرًا عَظِيمًا﴾

40.  Ба таъкид Аллоҳ ба микдори заррае ситам намекунад ва агар некие бошад, онро чанд баробар зиёд менамояд ва аз тарафи худ подоши бузург медиҳад.

﴿فَكَيْفَ إِذَا جِئْنَا مِنْ كُلِّ أُمَّةٍ بِشَهِيدٍ وَجِئْنَا بِكَ عَلَىٰ هَٰؤُلَاءِ شَهِيدًا﴾

41.
   Пас чи гуна хоҳад буд, он гоҳ ки аз ҳар уммате гувоҳе биёварем ва Туро (эй Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба унвони гувоҳ бар қавмҳои гузашта биёварем. (1)

﴿يَوْمَئِذٍ يَوَدُّ الَّذِينَ كَفَرُوا وَعَصَوُا الرَّسُولَ لَوْ تُسَوَّىٰ بِهِمُ الْأَرْضُ وَلَا يَكْتُمُونَ اللَّهَ حَدِيثًا﴾

42.
     Дар он рӯз онон, ки ба Аллоҳ ва паёмбараш куфр варзида ва аз паёмбараш нофармонӣ карданд, дӯст доранд ва орзу мекунанд, ки кош замин онҳоро фурӯ мебурд ва табдил ба хок мегаштанд ва нобуд мешуданд.
Ва ҳеҷ суханеро аз Аллоҳ пинҳон намедоранд, балки ба ҳамаи корҳое, ки кардаанд, назди Аллоҳ эътироф мекунанд ва забон ва даст ва пойҳояшон аз корҳое, ки кардаанд, гувоҳӣ медиҳанд. (1)

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَقْرَبُوا الصَّلَاةَ وَأَنْتُمْ سُكَارَىٰ حَتَّىٰ تَعْلَمُوا مَا تَقُولُونَ وَلَا جُنُبًا إِلَّا عَابِرِي سَبِيلٍ حَتَّىٰ تَغْتَسِلُوا ۚ وَإِنْ كُنْتُمْ مَرْضَىٰ أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ أَوْ جَاءَ أَحَدٌ مِنْكُمْ مِنَ الْغَائِطِ أَوْ لَامَسْتُمُ النِّسَاءَ فَلَمْ تَجِدُوا مَاءً فَتَيَمَّمُوا صَعِيدًا طَيِّبًا فَامْسَحُوا بِوُجُوهِكُمْ وَأَيْدِيكُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَفُوًّا غَفُورًا﴾

43.
     Эй касоне, ки имон овардед! Дар ҳоле ки маст ҳастед, дар намоз наистед, то вақте ки бидонед чи мегӯед ва дар ҳоле, ки ҷунуб ҳастед, дар намоз наистед ва ба маконҳое (масҷидҳое), ки намоз гузорида мешавад, наздик машавед, магар касоне аз шумо, ки мехоҳанд аз яке аз дарҳои масҷид ворид шуда ва аз дари дигаре хориҷ шаванд, (яъне, роҳгузар бошед), то вақте ки таҳорат баргиред ва агар бемор бошед ё дар мусофират будед ё яке аз шумо аз қазои ҳоҷат омад, ё бо занон омезиш кардед ва об наёфтед, таяммум кунед, (1) пас рӯй ва дастҳоятонро масҳ кунед. (Аллоҳ таяммумро барои бемор ба таври мутлақ, хоҳ об вуҷуд дошта бошад ё на, ҷоиз қарор дод. Иллати ҷоиз будани таямум барои дардманд беморӣ аст, ки аз истифодаи об, бемориаш бештар мешавад. Таяммумро дар сафар низ ҷоиз қарор додааст, зеро гумон меравад, ки дар сафар об ёфт нашавад.
Ва ҳамчунин ҳар гоҳ инсон ба сабаби қазои ҳоҷат ё омезиш бо занон нопок шуд, агар обро наёфт, барояш ҷоиз аст таяммум кунад, хоҳ дар сафар бошад ё на, ҳамон тавр ки умуми оят бар ин матлаб далолат мекунад).(2) Ҳамоно Аллоҳ авфкунанда ва омӯрзанда аст.

﴿أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ أُوتُوا نَصِيبًا مِنَ الْكِتَابِ يَشْتَرُونَ الضَّلَالَةَ وَيُرِيدُونَ أَنْ تَضِلُّوا السَّبِيلَ﴾

44.
     Магар намебинӣ касонеро, ки баҳрае аз китоб дода шудаанд (яъне, яҳудони Мадина), ки гумроҳиро мехаранд ва мехоҳанд шумо ҳам (эй мӯъминон) гумроҳ шавед?! Пас онҳо бениҳоят ба гумроҳ кардани шумо машғул ҳастанд ва талоши худро дар ин роҳ сарф мекунанд.

﴿وَاللَّهُ أَعْلَمُ بِأَعْدَائِكُمْ ۚ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ وَلِيًّا وَكَفَىٰ بِاللَّهِ نَصِيرًا﴾

45.     Ва Аллоҳ душманони шуморо беҳтар мешиносад ва кофӣ аст, ки Аллоҳ сарпарасти шумо бошад ва кофӣ аст, ки Аллоҳ ёвари шумо бошад.

﴿مِنَ الَّذِينَ هَادُوا يُحَرِّفُونَ الْكَلِمَ عَنْ مَوَاضِعِهِ وَيَقُولُونَ سَمِعْنَا وَعَصَيْنَا وَاسْمَعْ غَيْرَ مُسْمَعٍ وَرَاعِنَا لَيًّا بِأَلْسِنَتِهِمْ وَطَعْنًا فِي الدِّينِ ۚ وَلَوْ أَنَّهُمْ قَالُوا سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا وَاسْمَعْ وَانْظُرْنَا لَكَانَ خَيْرًا لَهُمْ وَأَقْوَمَ وَلَٰكِنْ لَعَنَهُمُ اللَّهُ بِكُفْرِهِمْ فَلَا يُؤْمِنُونَ إِلَّا قَلِيلًا﴾

46.
     Гурӯҳе аз яҳудиён суханонро аз ҷойгоҳашон дигаргун карда ва мегӯянд: "Шунидем ва нофармонӣ кардем ва бишнав, кошкӣ ношунаво гардӣ ва (мегуфтанд) моро риоят кун".
Онҳо бо истифодаи ин гуна калимаҳо ва печ додани забонашон ба айбҷӯйӣ аз дин ба паёмбар мепардохтанд ва дар миёни худ мн матлабро бо равшанӣ баён мекарданд.
Сипас Аллоҳ онҳоро ба анҷоми он чи ки барояшон беҳтар аст, роҳнамоӣ намуд ва фармуд: Ва агар онҳо мегуфтанд: "Шунидем ва фармон бурдем ва бишнав ва ба сӯи мо бингар" барояшон беҳтар ва дурусттар буд. Вале аз он ҷо ки сиришташон нопок буд, аз ин шева рӯй гардонданд. Аммо Аллоҳ ба сабаби куфрашон ононро лаънат кард, пас ба ҷуз иддаи каме имон намеоранд.(1)

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ آمِنُوا بِمَا نَزَّلْنَا مُصَدِّقًا لِمَا مَعَكُمْ مِنْ قَبْلِ أَنْ نَطْمِسَ وُجُوهًا فَنَرُدَّهَا عَلَىٰ أَدْبَارِهَا أَوْ نَلْعَنَهُمْ كَمَا لَعَنَّا أَصْحَابَ السَّبْتِ ۚ وَكَانَ أَمْرُ اللَّهِ مَفْعُولًا﴾

47.    Эй аҳли китоб! Имон оваред ба он чи Мо нозил кардаем аз Қуръон, ки тасдиқкунандаи чизҳоест, ки шумо бо худ доред.
Пас ҳамон тавре ки онҳо ҳақро тарк гуфта ва ботилро ривоҷ доданд, ба сазое аз навъи корашон ҷазо дода шуданд ва чеҳраҳояшон маҳв гардид, ҳамон тавре ки онҳо ҳақро маҳв карданд. Ва баргардондани чеҳраҳояшон ба сурате буд, ки чеҳраи онон дар пушт қарор гирифт ва ин зишттарин сурат аст. Ё онҳоро лаънат кунем, ҳамон тавре ки ёрони шанберо лаънат кардем.
(Яъне, онҳоро аз раҳмати худ дур намуд ва табдил ба маймун гардонд, ҳамон тавр ки Аллоҳ бо бародаронашон, ки дар рӯзи шанбе таҷовуз ва сарпечӣ карданд, чунин кард). Ва фармони Алдоҳ анҷом шуданӣ аст. (1)

﴿إِنَّ اللَّهَ لَا يَغْفِرُ أَنْ يُشْرَكَ بِهِ وَيَغْفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَنْ يَشَاءُ ۚ وَمَنْ يُشْرِكْ بِاللَّهِ فَقَدِ افْتَرَىٰ إِثْمًا عَظِيمًا﴾

48.
     Ба дурустӣ, ки Аллоҳ намеомӯрзад, ки Ӯро ширк муқаррар карда шавад ва гуноҳони поинтар аз онро барои ҳар касе, ки бихоҳад (аз гуноҳони сағира ва кабира), меомӯрзад. Ва ҳар кас ба Аллоҳ ширк варзад, гуноҳи бузургеро содир кардааст.

﴿أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ يُزَكُّونَ أَنْفُسَهُمْ ۚ بَلِ اللَّهُ يُزَكِّي مَنْ يَشَاءُ وَلَا يُظْلَمُونَ فَتِيلًا﴾

49.     Оё касонеро намебинӣ, ки худро пок мешуморанд, балки Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад пок месозад. (Яъне, ӯро ба сабаби имон ва амали солеҳ ва оростагӣ ва ахлоқи зебо пок мегардонад. Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад ва ба андозаи риштае ситам нахоҳад шуд. Аммо яҳудиён гарчи худро пок бидонанд ва даъво кунанд, ки ба роҳи рост ҳастанд, дурӯғгӯ мебошанд.
Ба ба сабаби ситам ва куфрашон аз хислатҳои покон баҳрае надоранд) ва Аллоҳ бар онҳо ситам раво надоштааст, ҳатто ба андозаи риштаи борике ки дар пӯсти хурмо ҳаст.(1)

﴿انْظُرْ كَيْفَ يَفْتَرُونَ عَلَى اللَّهِ الْكَذِبَ ۖ وَكَفَىٰ بِهِ إِثْمًا مُبِينًا﴾

50.    Нигоҳ кун чи гуна бо пок қарор додани худ, ба Аллоҳ дурӯғ мебанданд ва ин бузургтарин дурӯғест ба Аллоҳ нисбат дода мешавад. Ва кофӣ аст, ки ин дурӯғи ошкоре бошад.

﴿أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ أُوتُوا نَصِيبًا مِنَ الْكِتَابِ يُؤْمِنُونَ بِالْجِبْتِ وَالطَّاغُوتِ وَيَقُولُونَ لِلَّذِينَ كَفَرُوا هَٰؤُلَاءِ أَهْدَىٰ مِنَ الَّذِينَ آمَنُوا سَبِيلًا﴾

51.
    Оё касонеро намебинӣ, ки баҳрае аз Китоб дода шудаанд?! Ахлоқи зишт ва палидашон ононро водор кард, то аз имон ба Аллоҳ ва паёмбараш рӯй бигардонанд ва ба ҷибт (бутон) ва тоғут (1) имон биёваранд. Ва ба кофирон мегӯянд: "Инҳо аз касоне, ки имон овардаанд, роҳёбандатаронанд". (2)

﴿أُولَٰئِكَ الَّذِينَ لَعَنَهُمُ اللَّهُ ۖ وَمَنْ يَلْعَنِ اللَّهُ فَلَنْ تَجِدَ لَهُ نَصِيرًا﴾

52.    Онҳо касоне ҳастанд, ки Аллоҳ онҳоро аз раҳмати худаш дур намудааст. Ва ҳар касе, ки Аллоҳ ӯро лаънат кунад, барои ӯ ёридиҳандае нахоҳӣ ёфт, ки ӯро сарпарастӣ кунад ва ӯро аз нороҳатиҳо муҳофизат намояд.

﴿أَمْ لَهُمْ نَصِيبٌ مِنَ الْمُلْكِ فَإِذًا لَا يُؤْتُونَ النَّاسَ نَقِيرًا﴾

53.    Оё онон ҳиссае аз мулк доранд? Агар дошта бошанд ҳам, мардумро ба андозаи нуқтае, ки дар пушти хурмо ҳаст, нахоҳанд дод.

﴿أَمْ يَحْسُدُونَ النَّاسَ عَلَىٰ مَا آتَاهُمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ ۖ فَقَدْ آتَيْنَا آلَ إِبْرَاهِيمَ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَآتَيْنَاهُمْ مُلْكًا عَظِيمًا﴾

54.
    Оё фаҳмиши суханашон ин аст, ки онҳо шарики Аллоҳ ҳастанд ва ҳар касро ки бихоҳанд ба ӯ бузургӣ медиҳанд ва фазл ва аторо ба ӯ мебахшанд? Ё ҳасад варзиданд ба Паёмбар ва мӯъминон бар он чи ки Аллоҳ аз фазли худ ба онон додааст? Ва он неъматҳое аз қабили паёмбарӣ ва китоб аст, ки Аллоҳ бар Иброҳим ва фарзандонаш арзонӣ дошт ва мулк ва подшоҳие аст, ки ба баъзе аз паёмбаронаш (монанди Довуд ва Сулаймон) бахшид. (Пас онҳо чи гуна неъматеро, ки Аллоҳ аз паёмбарӣ ва пирӯзӣ ба Муҳаммад додааст, инкор мекунанд?!)(1)

﴿فَمِنْهُمْ مَنْ آمَنَ بِهِ وَمِنْهُمْ مَنْ صَدَّ عَنْهُ ۚ وَكَفَىٰ بِجَهَنَّمَ سَعِيرًا﴾

55.
    Гурӯҳе аз онон ба (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) имон оварда (ва хушбахтии дунё ва охиратро ба даст оварданд) ва дастае аз онҳо (аз рӯи кина ва ҳасад) мардумро аз он боздоштанд, Ва ҷаҳаннами сӯзон барои шумо (эй такзибкунандагон) (1) басанда аст.

﴿إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا بِآيَاتِنَا سَوْفَ نُصْلِيهِمْ نَارًا كُلَّمَا نَضِجَتْ جُلُودُهُمْ بَدَّلْنَاهُمْ جُلُودًا غَيْرَهَا لِيَذُوقُوا الْعَذَابَ ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَزِيزًا حَكِيمًا﴾

56.    Онон, ки оёти Моро инкор кардаанд, онҳоро ба оташе, ки бузург аст ва ҳарораташ бисёр баланд аст, месӯзонем. Ҳар гоҳ ки пӯстҳояшон бисӯзад, ба ҷои он пӯстҳои дигар қарор медиҳем, то сахтарин азобро бичашанд.
Ва чун куфрро ба сурати ҳамешагӣ такрор кардан чун сифат ва одати онҳо гардидааст, азоб ҳам бар онҳо такрор мешавад, то сазои баробар бо аъмоли худро бубинанд. Ҳамоно Аллоҳ азиз ва ҳаким аст.

﴿وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ سَنُدْخِلُهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۖ لَهُمْ فِيهَا أَزْوَاجٌ مُطَهَّرَةٌ ۖ وَنُدْخِلُهُمْ ظِلًّا ظَلِيلًا﴾

57.
    Ва касоне, ки ба Аллоҳ имон овардаанд ва корҳои шоиста (аз воҷибот ва мустаҳабботро) анҷом доданд, ононро вориди боғҳое мекунем, ки аз зери дарахтонашон ҷӯйҳо равон ҳастанд ва ҷовидона дар он мемонанд ва барои онҳо дар он ҷо занҳои покиза ҳаст, (ки аз ахлоқи зишт ва аз ҳар айб ва олудагие, ки занони дунё доранд, пок ҳастанд) ва онҳоро ба сояи бардавом ворид мекунем, ки ҳеҷ гоҳ нобудшаванда нест.

﴿۞ إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُكُمْ أَنْ تُؤَدُّوا الْأَمَانَاتِ إِلَىٰ أَهْلِهَا وَإِذَا حَكَمْتُمْ بَيْنَ النَّاسِ أَنْ تَحْكُمُوا بِالْعَدْلِ ۚ إِنَّ اللَّهَ نِعِمَّا يَعِظُكُمْ بِهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ سَمِيعًا بَصِيرًا﴾

58.  Ҳамоно Аллоҳ шуморо фармон медиҳад, то амонатро ба соҳибонашон бирасонед, пас агар касе амонатро (1) ба ғайри соҳибаш дода бошад, амонатро нарасондааст. Ва ҳангоме ки миёни мардум ҳукм мекунед, аз рӯи адл ҳукм кунед, ҳамоно Аллоҳ шуморо ба беҳтарин ҳукмҳо панд медиҳад, ҳароина Аллоҳ шунаво ва бино аст.

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ وَأُولِي الْأَمْرِ مِنْكُمْ ۖ فَإِنْ تَنَازَعْتُمْ فِي شَيْءٍ فَرُدُّوهُ إِلَى اللَّهِ وَالرَّسُولِ إِنْ كُنْتُمْ تُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ ۚ ذَٰلِكَ خَيْرٌ وَأَحْسَنُ تَأْوِيلًا﴾

59.  Эй касоне, ки имон овардаед, итоъати Аллоҳ ва Паёмбар ва улуламри мусалмонон кунед ва ҳар кас ки Паёмбарро пайравӣ кунад, Аллоҳро пайравӣ кардааст. Аммо масъулин ва ҳукамо замоне ба фармон бурдан аз онҳо дастур дода мешавад, ки фармони онҳо гуноҳ набошад. Ва чун дар чизе ихтилоф кардед, онро ба Аллоҳ ва Паёмбар баргардонед, агар ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон доред, ин барои шумо беҳтар ва хуштар аст.(1)

﴿أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ يَزْعُمُونَ أَنَّهُمْ آمَنُوا بِمَا أُنْزِلَ إِلَيْكَ وَمَا أُنْزِلَ مِنْ قَبْلِكَ يُرِيدُونَ أَنْ يَتَحَاكَمُوا إِلَى الطَّاغُوتِ وَقَدْ أُمِرُوا أَنْ يَكْفُرُوا بِهِ وَيُرِيدُ الشَّيْطَانُ أَنْ يُضِلَّهُمْ ضَلَالًا بَعِيدًا﴾

60.
    Оё таъаҷҷуб намекунӣ, аз касоне, ки даъво мекунанд ба он чи бар Паёмбар ва пеш аз ӯ нозил шудааст, имон овардаанд, аммо бо ин вуҷуд мехоҳанд барои ҳукм кардан ба пеши тоғут бираванд ва ҳар кас ки ба ғайр аз он чи Аллоҳ машрӯъ намудааст, ҳукм кунад, тоғут аст, дар ҳоле ки ба онон дастур дода шудааст, ки ба тоғут куфр варзанд. (Зеро ҳақиқати имон он аст, ки фарди мӯъмин баробари қонуни Аллоҳ таслим шавад. Пас ҳар кас даъво кунад мӯъмин аст, аммо ҳукми тоғутро бар ҳукми Аллоҳ бартар ҳисобад, дурӯғ мегӯяд.) Ва шайтон мехоҳад онҳоро гумроҳ ва аз ҳақ бисёр дур намояд.(1)

﴿وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ تَعَالَوْا إِلَىٰ مَا أَنْزَلَ اللَّهُ وَإِلَى الرَّسُولِ رَأَيْتَ الْمُنَافِقِينَ يَصُدُّونَ عَنْكَ صُدُودًا﴾

61.
    Ва чун ба эшон гуфта шавад: "Биёед ба сӯи он чи ки Аллоҳ нозил карда ва ба сӯи Паёмбар", мунофиқонро мебинӣ, ки ба ту пушт мегардонанд ва аз ту боз медоранд.

﴿فَكَيْفَ إِذَا أَصَابَتْهُمْ مُصِيبَةٌ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ ثُمَّ جَاءُوكَ يَحْلِفُونَ بِاللَّهِ إِنْ أَرَدْنَا إِلَّا إِحْسَانًا وَتَوْفِيقًا﴾

62.
    Пас ҳоли ин гумроҳон чӣ гуна хоҳад буд, вақте ки ба сабаби гуноҳоне, ки бо дасти худ анҷом доданд ва ин ки тоғутро ҳоким қарор доданд, ба мусибат ва балое гирифтор шаванд?! Сипас пеши ту меоянд ва барои коре, ки анҷом додаанд, узр меоранд ва ба Аллоҳ савганд мехӯранд, ки мақсади хайрхоҳӣ ва оштӣ додани ду тараф доштанд, дар ҳоле ки онон дурӯғ мегӯянд.(1)

﴿أُولَٰئِكَ الَّذِينَ يَعْلَمُ اللَّهُ مَا فِي قُلُوبِهِمْ فَأَعْرِضْ عَنْهُمْ وَعِظْهُمْ وَقُلْ لَهُمْ فِي أَنْفُسِهِمْ قَوْلًا بَلِيغًا﴾

63.
    Онҳо касонеанд, ки Аллоҳ медонад дар дилҳояшон чи нифоқ ва нияти баде вуҷуд дорад, пас ба онон таваҷҷуҳ макун ва бо онҳо рӯ ба рӯ машав ва пандашон бидеҳ.( Ва ононро ба сурати махфиёна ва дар хилват насиҳат кун, зеро насиҳат дар танҳоӣ барои комёбӣ ба мақсуд мувофиқтараст.) Ва дар сарзаниш ва берун овардани онҳо муболиға кун ва зиёд бикӯш.

﴿وَمَا أَرْسَلْنَا مِنْ رَسُولٍ إِلَّا لِيُطَاعَ بِإِذْنِ اللَّهِ ۚ وَلَوْ أَنَّهُمْ إِذْ ظَلَمُوا أَنْفُسَهُمْ جَاءُوكَ فَاسْتَغْفَرُوا اللَّهَ وَاسْتَغْفَرَ لَهُمُ الرَّسُولُ لَوَجَدُوا اللَّهَ تَوَّابًا رَحِيمًا﴾

64.    Ва Мо ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар ки ба ҳукми Аллоҳ ӯро фармонбардорӣ кунанд.
Ва агар онҳо ҳангоме ки ба худ ситам мекарданд, пеши ту меомаданд ва ба гуноҳонашон эътироф мекарданд ва пушаймон мешуданд, пас барои гуноҳони худ талаби омӯрзиш мекарданд ва Паёмбар барои онҳо омӯрзиш мехост, Аллоҳро тавбапазир ва меҳрубон меёфтанд.

﴿فَلَا وَرَبِّكَ لَا يُؤْمِنُونَ حَتَّىٰ يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيْنَهُمْ ثُمَّ لَا يَجِدُوا فِي أَنْفُسِهِمْ حَرَجًا مِمَّا قَضَيْتَ وَيُسَلِّمُوا تَسْلِيمًا﴾

65.
     Сипас Аллоҳ ба Зоти бузургвораш савганд ёд намуд, ки нест амр чунон ки онҳо гумон мебаранд, ки онҳо мӯъминонанд ва баъд аз он ба ҳукми ту розӣ намешаванд ва туро дар ҳамаи ихтилофоти худ ҳоким қарор намедиҳанд. Ва бояд малоле аз ҳукми ту дар дили худ надошта ва комилан таслим бошанд.
(Ихтиёр намудани ҳукми Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва розӣ будан ва таслим шудан ба он чи овардааст аз назди Аллоҳ дар ҳама ҳолатҳои ҳаёт аз нишонаи сидқи имон аст)(1).

﴿وَلَوْ أَنَّا كَتَبْنَا عَلَيْهِمْ أَنِ اقْتُلُوا أَنْفُسَكُمْ أَوِ اخْرُجُوا مِنْ دِيَارِكُمْ مَا فَعَلُوهُ إِلَّا قَلِيلٌ مِنْهُمْ ۖ وَلَوْ أَنَّهُمْ فَعَلُوا مَا يُوعَظُونَ بِهِ لَكَانَ خَيْرًا لَهُمْ وَأَشَدَّ تَثْبِيتًا﴾

66.
     Ва агар бар онҳо (яъне мунофиқоне ки ҳукми тоғутро бар ҳукми Аллоҳ бартар доштанд) воҷиб мегардондем, ки хештанро бикушед, ё аз сарзаминҳоятон берун биравед, ҷуз шумораи андаке аз онҳо чунин намекарданд ва агар он чиро мекарданд, ки ба он панд дода мешаванд ҳамоно барои онон беҳтар ва устувортар менамуд.

﴿وَإِذًا لَآتَيْنَاهُمْ مِنْ لَدُنَّا أَجْرًا عَظِيمًا﴾

67.    Ва онгоҳ дар дунё ва охират ба онон аз пеши худ подоши бузурге медодем.

﴿وَلَهَدَيْنَاهُمْ صِرَاطًا مُسْتَقِيمًا﴾

68.    Ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят менамудем.

﴿وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَالرَّسُولَ فَأُولَٰئِكَ مَعَ الَّذِينَ أَنْعَمَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ مِنَ النَّبِيِّينَ وَالصِّدِّيقِينَ وَالشُّهَدَاءِ وَالصَّالِحِينَ ۚ وَحَسُنَ أُولَٰئِكَ رَفِيقًا﴾

69.
    Ва ҳар кас фармудаҳои Аллоҳро ба ҷо овард ва ба роҳнамудаи Паёмбари Аллоҳ (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амал намуд, пас онҳо ҳамнишини касоне хоҳанд буд, ки Аллоҳ ба онҳо неъмат додааст аз паёмбарон ва сиддиқон, (1) ва шаҳидон,(2) ва солеҳони мӯъминон, ки Аллоҳ зоҳир ва ботинашонро ислоҳ намудааст. Ва инҳо чи хуб дӯстоне ҳастанд, ки бо онҳо дар боғҳои биҳишт ҷамъ шуда ҳаёт ба сар мебаранд.

﴿ذَٰلِكَ الْفَضْلُ مِنَ اللَّهِ ۚ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ عَلِيمًا﴾

70.    Ин бахшише аст аз ҷониби Аллоҳ. Ва басандааст, ки Аллоҳ ба ҳоли бандагонаш доност ва медонад аз онҳо, ки сазовори савоби бисёр мешавад.

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا خُذُوا حِذْرَكُمْ فَانْفِرُوا ثُبَاتٍ أَوِ انْفِرُوا جَمِيعًا﴾

71.    Эй касоне ки имон овардаед! Ба муқобили душманонатон омодагии худро бубинед ва гурӯҳ-гурӯҳ ё ҳама ҷамъ омада берун (ба ҷанг) биравед.

﴿وَإِنَّ مِنْكُمْ لَمَنْ لَيُبَطِّئَنَّ فَإِنْ أَصَابَتْكُمْ مُصِيبَةٌ قَالَ قَدْ أَنْعَمَ اللَّهُ عَلَيَّ إِذْ لَمْ أَكُنْ مَعَهُمْ شَهِيدًا﴾

72.    Ва эй мӯъминон! Гурӯҳе аз шумо ҳастанд, ки дар ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ сустӣ мекунанд.
Агар мусибате ба шумо бирасад (аз қабили шикаст хӯрдан ва кушта шудан ва пирӯз шудани душманон бар шумо, фарде, ки дар ҷиҳод ширкат накардааст), (1) мегуяд: "Ба ростӣ Аллоҳ ба ман лутф намуд, ки бо онон ҳамроҳ ва ҳозир набудам".

﴿وَلَئِنْ أَصَابَكُمْ فَضْلٌ مِنَ اللَّهِ لَيَقُولَنَّ كَأَنْ لَمْ تَكُنْ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَهُ مَوَدَّةٌ يَا لَيْتَنِي كُنْتُ مَعَهُمْ فَأَفُوزَ فَوْزًا عَظِيمًا﴾

73.
    Ва агар ба шумо раҳмат ва фазле (яъне пирӯзӣ ё ғанимат ба даст овардан), аз ҷониби Аллоҳ бирасад, албатта ин мунофиқи ҳасадхӯр ҳасраткунон - чунон ки гӯӣ ҳаргиз миёни шумо ва миёни вай дӯстӣ набуда - мегӯяд: «Кош ҳамроҳи онҳо будам ва хеле баҳра мебурдам (1) ва ба муваффақияти бузурге даст меёфтам.

﴿۞ فَلْيُقَاتِلْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ الَّذِينَ يَشْرُونَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا بِالْآخِرَةِ ۚ وَمَنْ يُقَاتِلْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَيُقْتَلْ أَوْ يَغْلِبْ فَسَوْفَ نُؤْتِيهِ أَجْرًا عَظِيمًا﴾

74.
Пас касоне, ки зиндагии дунёро ба охират мефурӯшанд, бояд дар роҳи Аллоҳ биҷанганд ва ҳар кӣ дар роҳи Аллоҳ ҷанг кунад ва кушта шавад, ё ғолиб ояд, подоши бузурге ба ӯ хоҳем дод.

﴿وَمَا لَكُمْ لَا تُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَالْمُسْتَضْعَفِينَ مِنَ الرِّجَالِ وَالنِّسَاءِ وَالْوِلْدَانِ الَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَا أَخْرِجْنَا مِنْ هَٰذِهِ الْقَرْيَةِ الظَّالِمِ أَهْلُهَا وَاجْعَلْ لَنَا مِنْ لَدُنْكَ وَلِيًّا وَاجْعَلْ لَنَا مِنْ لَدُنْكَ نَصِيرًا﴾

75. Ва чист шуморо эй мӯъминон, ки дар роҳи Аллоҳ ва барои наҷоти бечорагон аз мардон ва занон ва кӯдакон ҷанг намекунед.
Онон ки дар зулму ситами душманон дучор шудаанд ва онҳоро дигар чорае нест ба ҷуз аз Парвардигорашон, дуъо карда мегӯянд : "Эй Парвардигори мо! Моро аз ин шаҳр (Макка) ва сарзамине, ки сокинони он ситамгаранд, берун овар ва аз ҷониби худат барои мо сарпараст ва ёридиҳандае қарор бидеҳ"

﴿الَّذِينَ آمَنُوا يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۖ وَالَّذِينَ كَفَرُوا يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ الطَّاغُوتِ فَقَاتِلُوا أَوْلِيَاءَ الشَّيْطَانِ ۖ إِنَّ كَيْدَ الشَّيْطَانِ كَانَ ضَعِيفًا﴾

76.
Касоне, ки имон овардаанд дар роҳи Аллоҳ меҷанганд ва касоне, ки куфр варзида дар роҳи зулму фасод меҷанганд, пас (эй мӯъминон) бо аҳли куфр ва ширк, ки ёрони шайтонанд, биҷангед, ҳамоно макри шайтон ҳамеша заъиф аст.

﴿أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ قِيلَ لَهُمْ كُفُّوا أَيْدِيَكُمْ وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ فَلَمَّا كُتِبَ عَلَيْهِمُ الْقِتَالُ إِذَا فَرِيقٌ مِنْهُمْ يَخْشَوْنَ النَّاسَ كَخَشْيَةِ اللَّهِ أَوْ أَشَدَّ خَشْيَةً ۚ وَقَالُوا رَبَّنَا لِمَ كَتَبْتَ عَلَيْنَا الْقِتَالَ لَوْلَا أَخَّرْتَنَا إِلَىٰ أَجَلٍ قَرِيبٍ ۗ قُلْ مَتَاعُ الدُّنْيَا قَلِيلٌ وَالْآخِرَةُ خَيْرٌ لِمَنِ اتَّقَىٰ وَلَا تُظْلَمُونَ فَتِيلًا﴾

77.
    Оё намебинӣ касонеро, ки пеш аз амри ба ҷиҳод бо онҳо гуфта шуд: "Аз ҷанги душманонатон (мушрикон) даст бардоред ва намози фарзшударо барпо доред ва аз молҳоятон (закот) бидиҳед".
Пас ҳангоме ки ҷанг бар онон воҷиб шуд, дар ин ҳангом гурӯҳе аз онҳо аз мардум метарсиданд, ҳамон гуна ки аз Аллоҳ тарс доштанд, ё бештар аз он метарсиданд ва гуфтанд: "Парвардигоро! Чаро ҷангро бар мо воҷиб кардӣ? Чи мешуд агар бар мо мӯҳлати бештаре медодӣ? "Бигу: "Матоъи дунё ночиз аст ва охират барои касе, ки парҳезгор бошад, беҳтар аст ва Парвардигори Ту хурдтарин ситаме бар шумо раво намедорад, агарчанде миқдори риштаи борике, ки бар пӯсти хурмо аст".

﴿أَيْنَمَا تَكُونُوا يُدْرِكْكُمُ الْمَوْتُ وَلَوْ كُنْتُمْ فِي بُرُوجٍ مُشَيَّدَةٍ ۗ وَإِنْ تُصِبْهُمْ حَسَنَةٌ يَقُولُوا هَٰذِهِ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ ۖ وَإِنْ تُصِبْهُمْ سَيِّئَةٌ يَقُولُوا هَٰذِهِ مِنْ عِنْدِكَ ۚ قُلْ كُلٌّ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ ۖ فَمَالِ هَٰؤُلَاءِ الْقَوْمِ لَا يَكَادُونَ يَفْقَهُونَ حَدِيثًا﴾

78.    Ҳар куҷо бошед, марг шуморо дар ҳар замон ва маконе дармеёбад. Агар чи дар қасрҳои маҳкам ва манзилҳои баланде бошед. Ва замоне, ки аз некӣ аз фаровонии мол ва фарзандон ва саломатӣ бархӯрдор бошанд, мегӯянд: Ин аз ҷониби Аллоҳ аст.
Ва агар мусибат ва мушкилие бар онҳо бирасад ва дучори фақр ва беморӣ ва аз даст додани фарзандон ва дӯстон гарданд, мегӯянд: Эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)! ин ба сабаби чизе аст, ки ту пеши мо овардаӣ. Бигӯ: "Ҳама аз ҷониби Аллоҳ аст". Ин мардумро чи шудааст, ки ҳеҷ суханеро намефаҳманд ва ба фаҳмидани он наздик ҳам намешаванд.(1)

﴿مَا أَصَابَكَ مِنْ حَسَنَةٍ فَمِنَ اللَّهِ ۖ وَمَا أَصَابَكَ مِنْ سَيِّئَةٍ فَمِنْ نَفْسِكَ ۚ وَأَرْسَلْنَاكَ لِلنَّاسِ رَسُولًا ۚ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ شَهِيدًا﴾

79.    Ва агар дар дунё ва дин ба ту некӣ ва хубӣ бирасад, аз ҷониби Аллоҳ аст ва Аллоҳ онро ба ту арзонӣ дошта ва сабабҳои онро бароят осон намудааст.
Ва бадӣ ва балое, ки дар дин ва дунё ба ту мерасад, аз ҷониби худат мебошад ва мо туро ба унвони паёмбарӣ барои мардум фиристодем ва кофӣ аст, ки Аллоҳ гувоҳ бошад.

﴿مَنْ يُطِعِ الرَّسُولَ فَقَدْ أَطَاعَ اللَّهَ ۖ وَمَنْ تَوَلَّىٰ فَمَا أَرْسَلْنَاكَ عَلَيْهِمْ حَفِيظًا﴾

80.    Ҳар кас итоъати Паёмбар кард, ба ростӣ, ки итоъати Аллоҳ кардааст, зеро паёмбар амр ва наҳй намекунад, магар ба амри Аллоҳ ва ваҳйи Ӯ. Ва ҳар кас аз фармонбардорӣ ва итоъати Аллоҳ ва Паёмбараш рӯй бигардонад, фақат ба худаш зарар овардааст. Ва туро ба унвони нигаҳбон бар онҳо нафиристодаем, то нигаҳбони аъмоли онҳо бошӣ, балки туро фақат ба унвони баёнкунанда фиристодаем.(1)

﴿وَيَقُولُونَ طَاعَةٌ فَإِذَا بَرَزُوا مِنْ عِنْدِكَ بَيَّتَ طَائِفَةٌ مِنْهُمْ غَيْرَ الَّذِي تَقُولُ ۖ وَاللَّهُ يَكْتُبُ مَا يُبَيِّتُونَ ۖ فَأَعْرِضْ عَنْهُمْ وَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ ۚ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ وَكِيلًا﴾

81.    Вақте ки пеши ту бошанд, -эй Паёмбар- изҳори итоъат мекунанд. Ва ҳангоме ки аз пеши ту берун раванд ва танҳо бошанд, дар шаб ва дар пинҳонӣ чораҳоеро меандешиданд, ки бар хилофи суханони ту буд(1). Аллоҳ чораҳоеро, ки дар шаб меандешанд, менависад ва онҳоро ба таври комил бар он ҷазо хоҳад дод. Бинобар ин аз онҳо рӯй бигардон ва бар Аллоҳ таваккал кун ва кофӣ аст, ки Аллоҳ сарпараст ва ҳофизи ту бошад.

﴿أَفَلَا يَتَدَبَّرُونَ الْقُرْآنَ ۚ وَلَوْ كَانَ مِنْ عِنْدِ غَيْرِ اللَّهِ لَوَجَدُوا فِيهِ اخْتِلَافًا كَثِيرًا﴾

82.
     Оё дар маънои оятҳои Қуръон тафаккур намекунанд! Ва агар аз ҷониби ғайри Аллоҳ буд, дар он ихтилофи зиёде меёфтанд ва чун аз ҷониби Аллоҳ аст дар он аслан ихтилофе вуҷуд надорад.

﴿وَإِذَا جَاءَهُمْ أَمْرٌ مِنَ الْأَمْنِ أَوِ الْخَوْفِ أَذَاعُوا بِهِ ۖ وَلَوْ رَدُّوهُ إِلَى الرَّسُولِ وَإِلَىٰ أُولِي الْأَمْرِ مِنْهُمْ لَعَلِمَهُ الَّذِينَ يَسْتَنْبِطُونَهُ مِنْهُمْ ۗ وَلَوْلَا فَضْلُ اللَّهِ عَلَيْكُمْ وَرَحْمَتُهُ لَاتَّبَعْتُمُ الشَّيْطَانَ إِلَّا قَلِيلًا﴾

83. Вақте кори муҳим ё манфиъати умумӣ, ки амният ва некии мӯъминонро дар худ дорад, ё тарсе, ки мусибатро бар онҳо ҳамроҳ дорад, пеш ояд, устувор бошанд. Ва дар паҳн кардани ин хабар шитоб наварзанд. Балки онро ба паёмбар ва улуламри худ гардонанд, ҳамоно касоне дар миёни онҳо вуҷуд доштанд, ки метавонистанд дуруст ё ғалат будани онро дарёбанд. Ва агар фазл ва раҳмати Аллоҳ бар шумо намебуд, ба ҷуз андаке ҳама албатта шайтонро пайравӣ мекардед.

﴿فَقَاتِلْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ لَا تُكَلَّفُ إِلَّا نَفْسَكَ ۚ وَحَرِّضِ الْمُؤْمِنِينَ ۖ عَسَى اللَّهُ أَنْ يَكُفَّ بَأْسَ الَّذِينَ كَفَرُوا ۚ وَاللَّهُ أَشَدُّ بَأْسًا وَأَشَدُّ تَنْكِيلًا﴾

84. Пас дар роҳи Аллоҳ биҷанг ту (эй Муҳаммад) ҷуз барои худат барои касе ҷавобгар нестӣ.
Ва мӯъминонро барои ҷангидан бар зидди мушрикон ҳаракат кунон Бошад, ки Аллоҳ қудрати кофиронро ба сабаби ин ки шумо дар роҳи Ӯ меҷангед ва якдигарро бар он рағбат мекунед, боздорад. Ва қудрат ва иззати Аллоҳ бештар аст ва азоб ва ҷазои Ӯ барои гунаҳкорон сахттар аст.

﴿مَنْ يَشْفَعْ شَفَاعَةً حَسَنَةً يَكُنْ لَهُ نَصِيبٌ مِنْهَا ۖ وَمَنْ يَشْفَعْ شَفَاعَةً سَيِّئَةً يَكُنْ لَهُ كِفْلٌ مِنْهَا ۗ وَكَانَ اللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ مُقِيتًا﴾

85. Пас ҳар кас ки дигареро дар кори хайре ёрӣ диҳад, ӯро аз савоби он баҳрае бошад. Ва ҳар кас дигареро бар анҷоми кори бад ёрӣ кунад, ӯро аз азоби он ҳиссае бошад. Ва Аллоҳ бар ҳар чизе гувоҳ ва ҳофиз аст.

﴿وَإِذَا حُيِّيتُمْ بِتَحِيَّةٍ فَحَيُّوا بِأَحْسَنَ مِنْهَا أَوْ رُدُّوهَا ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ حَسِيبًا﴾

86. Ҳаргоҳ ба шумо салом гуфта шуд, беҳтар аз он, ё монанди ҳамон, ҷавоб бигӯед. Албатта Аллоҳ бар ҳар чизе ҳисобрас аст, пас Аллоҳ аъмоли нек ва бад ва хурду калони бандагонашро сабт менамояд(1).

﴿اللَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۚ لَيَجْمَعَنَّكُمْ إِلَىٰ يَوْمِ الْقِيَامَةِ لَا رَيْبَ فِيهِ ۗ وَمَنْ أَصْدَقُ مِنَ اللَّهِ حَدِيثًا﴾

87. Ҷуз Аллоҳ ҳеҷ маъбуди бар ҳаққе нест, ҳатман шуморо дар рӯзе, ки ҳеҷ шакке дар он нест, ҷамъ меоварад. Ва чи касе аз Аллоҳ ростгӯйтар аст?

﴿۞ فَمَا لَكُمْ فِي الْمُنَافِقِينَ فِئَتَيْنِ وَاللَّهُ أَرْكَسَهُمْ بِمَا كَسَبُوا ۚ أَتُرِيدُونَ أَنْ تَهْدُوا مَنْ أَضَلَّ اللَّهُ ۖ وَمَنْ يُضْلِلِ اللَّهُ فَلَنْ تَجِدَ لَهُ سَبِيلًا﴾

88.
Шумо (эй мӯъминон), чаро дар бораи мунофиқон ду гурӯҳ шудаед, ки барои шумо шоиста нест, дар мавриди онҳо дучори иштибоҳ шавед ва шак кунед? Ҳол он ки Аллоҳ онҳоро ба сабаби кирдори бадашон ва ба сабаби он чи анҷом додаанд, сарнагун сохтааст. Оё мехоҳед касеро ҳидоят кунед, ки Аллоҳ ӯро гумроҳ кардааст? Ва ҳар касро ки Аллоҳ аз динаш гумроҳ созад, барои ӯ роҳи ҳидоят нахоҳӣ ёфт.(1)

﴿وَدُّوا لَوْ تَكْفُرُونَ كَمَا كَفَرُوا فَتَكُونُونَ سَوَاءً ۖ فَلَا تَتَّخِذُوا مِنْهُمْ أَوْلِيَاءَ حَتَّىٰ يُهَاجِرُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۚ فَإِنْ تَوَلَّوْا فَخُذُوهُمْ وَاقْتُلُوهُمْ حَيْثُ وَجَدْتُمُوهُمْ ۖ وَلَا تَتَّخِذُوا مِنْهُمْ وَلِيًّا وَلَا نَصِيرًا﴾

89.    Мунофиқон дӯст доранд, ки шумо монанди онҳо кофир шавед. Агар шумо ҳақиқати он чиро ки дилҳоятон тасдиқ намуда буд, инкор кунед, мисли он ки дилҳои онҳо инкор кардаанд, он гоҳ шумо ва онҳо баробар мешавед. Пас аз онҳо барои худ дӯстон нагиред, магар ки дар роҳи Аллоҳ ҳиҷрат кунанд ва ин далел бар сидқи имони онҳо аст. Пас агар рӯй гардонанд, онҳоро бигиред ва ҳар куҷо ки ёфтед, бикушед ва аз онҳо дӯст ва ёридиҳандае нагиред.

﴿إِلَّا الَّذِينَ يَصِلُونَ إِلَىٰ قَوْمٍ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَهُمْ مِيثَاقٌ أَوْ جَاءُوكُمْ حَصِرَتْ صُدُورُهُمْ أَنْ يُقَاتِلُوكُمْ أَوْ يُقَاتِلُوا قَوْمَهُمْ ۚ وَلَوْ شَاءَ اللَّهُ لَسَلَّطَهُمْ عَلَيْكُمْ فَلَقَاتَلُوكُمْ ۚ فَإِنِ اعْتَزَلُوكُمْ فَلَمْ يُقَاتِلُوكُمْ وَأَلْقَوْا إِلَيْكُمُ السَّلَمَ فَمَا جَعَلَ اللَّهُ لَكُمْ عَلَيْهِمْ سَبِيلًا﴾

90.
Магар касоне, ки бо гурӯҳе пайванд пайдо мекунанд, ки миёни шумо ва онон паймонест, пас ба онҳо маҷангед ва инчунин касоне, ки назди шумо меоянд, дар ҳоле ки намехоҳанд бо шумо биҷанганд ва намехоҳанд бо қавмашон биҷанганд, пас онҳо на ҳамроҳи шумоанд ва на ҳамроҳи қавмашон. Пас бо онҳо маҷангед ва агар Аллоҳ мехост онҳоро бар шумо ҳукмрон ва пирӯз мегардонд ва онон ҳамроҳи душманони шумо (мушрикон) бо шумо меҷангиданд. Ва лекин Аллоҳ ба фазлу қудраташ онҳоро аз шумо нигоҳ дошт. Бинобар ин агар аз шумо канорагирӣ карданд ва бо шумо наҷангиданд ва пешниҳоди сулҳ карданд, Аллоҳ барои шумо ҳеҷ роҳе бар зидди онҳо накушодааст.

﴿سَتَجِدُونَ آخَرِينَ يُرِيدُونَ أَنْ يَأْمَنُوكُمْ وَيَأْمَنُوا قَوْمَهُمْ كُلَّ مَا رُدُّوا إِلَى الْفِتْنَةِ أُرْكِسُوا فِيهَا ۚ فَإِنْ لَمْ يَعْتَزِلُوكُمْ وَيُلْقُوا إِلَيْكُمُ السَّلَمَ وَيَكُفُّوا أَيْدِيَهُمْ فَخُذُوهُمْ وَاقْتُلُوهُمْ حَيْثُ ثَقِفْتُمُوهُمْ ۚ وَأُولَٰئِكُمْ جَعَلْنَا لَكُمْ عَلَيْهِمْ سُلْطَانًا مُبِينًا﴾

91.
Гурӯҳе дигареро аз мунофиқон хоҳед ёфт, ки мехоҳанд, ки аз ҷониби шумо дар амон бошанд, пас бароятон имонро зоҳир мекунанд ва мехоҳанд, ки аз ҷониби қавмашон дар амон бошанд, пас барояшон куфрро зоҳир мекунанд.
Ҳар гоҳ ба сӯи куфр ва ахди он хонда шаванд, дар он фурӯ мераванд (яъне, ҳамеша бар куфр ва нифоқи худ боқӣ ҳастанд), пас агар аз шумо канорагирӣ накарданд ва ба шумо пешниҳоди сулҳ нанамуданд ва аз ҷанг бо шумо даст бардоштанд, онҳоро асир бигиред ва ҳар куҷо ононро ёфтед, бикушед. Онон касоне ҳастанд, ки мо далели ошкоре бар қатл ва асир гирифтани онҳо ба шумо додаем.

﴿وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ أَنْ يَقْتُلَ مُؤْمِنًا إِلَّا خَطَأً ۚ وَمَنْ قَتَلَ مُؤْمِنًا خَطَأً فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُؤْمِنَةٍ وَدِيَةٌ مُسَلَّمَةٌ إِلَىٰ أَهْلِهِ إِلَّا أَنْ يَصَّدَّقُوا ۚ فَإِنْ كَانَ مِنْ قَوْمٍ عَدُوٍّ لَكُمْ وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُؤْمِنَةٍ ۖ وَإِنْ كَانَ مِنْ قَوْمٍ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَهُمْ مِيثَاقٌ فَدِيَةٌ مُسَلَّمَةٌ إِلَىٰ أَهْلِهِ وَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُؤْمِنَةٍ ۖ فَمَنْ لَمْ يَجِدْ فَصِيَامُ شَهْرَيْنِ مُتَتَابِعَيْنِ تَوْبَةً مِنَ اللَّهِ ۗ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا﴾

92.
    Ва ҳеҷ мӯъмине набояд мӯъминеро бикушад, магар аз рӯи хато ва ҳар кас ки мӯъминеро ба хато кушт, пас бояд бандае (гулом) мӯъминеро озод кунад ва хунбаҳое ба хонаводаи мақтул (шахси кушташуда) бипардозад (то хотирашон ором гардад), магар ки ворисони мақтул бо авф кардани хунбаҳо даргузаранд. Пас дар ин сурат хунбаҳо аз қотил (шахси кушанда) соқит мешавад. Ва агар мақтул аз гурӯҳи душманони шумо буд ва худи ӯ мӯъмин буд, пас қотил бояд бандае мӯъмине озод кунад. Ва агар аз қавме буд, ки миёни шумо ва онҳо паймон буд, бояд хунбаҳои мақтулро ба ворисони ӯ бипардозед ва як бандаи мӯъмин озод кунед. Ва ҳар кас банда наёфт ва қимати онро низ надошт, ки дар ивази банда пардохт кунад, пас бояд ду моҳ паёпай рӯза бигирад. Аллоҳ инро (ба унвони) қабули тавба муқаррар доштааст. Ва Аллоҳ доно аст ба ҳақиқати ҳоли бандагонаш ва ҳаким аст, ба он чи ки дар шариъати худ барои бандагонаш муқаррар кардааст.

﴿وَمَنْ يَقْتُلْ مُؤْمِنًا مُتَعَمِّدًا فَجَزَاؤُهُ جَهَنَّمُ خَالِدًا فِيهَا وَغَضِبَ اللَّهُ عَلَيْهِ وَلَعَنَهُ وَأَعَدَّ لَهُ عَذَابًا عَظِيمًا﴾

93.
    Ба ҳар кас мӯъминеро ба қасд бикушад, пас, ҷазои ӯ ҷаҳаннам аст ва ҳамеша дар он мемонад ва Аллоҳ бар ӯ хашм мегирад ва ӯро лаънат кардааст ва барои ӯ азоби бузург омода кардааст, валекин Аллоҳ аҳли имонро мебахшад ва ба фазли хеш онҳоро дар ҷаҳаннам абадан намегузорад.

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا ضَرَبْتُمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَتَبَيَّنُوا وَلَا تَقُولُوا لِمَنْ أَلْقَىٰ إِلَيْكُمُ السَّلَامَ لَسْتَ مُؤْمِنًا تَبْتَغُونَ عَرَضَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا فَعِنْدَ اللَّهِ مَغَانِمُ كَثِيرَةٌ ۚ كَذَٰلِكَ كُنْتُمْ مِنْ قَبْلُ فَمَنَّ اللَّهُ عَلَيْكُمْ فَتَبَيَّنُوا ۚ إِنَّ اللَّهَ كَانَ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرًا﴾

94.  Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон овардаед ва амал ба шариъати Ӯ доред! Вақте дар роҳи Аллоҳ ба мусофират рафтед, таҳқиқ кунед.
Ва ба касе, ки ба шумо бо салом (яъне, калимаи Ло илоҳа иллаллоҳ) муроҷиат мекунад ва бо шумо намеҷангад, эҳтимол ин ки мӯъмин аст, ки имонашро пинҳон кардааст, нагуед, ки ту мӯъмин нестӣ, то ба ин тариқ матоъи зиндагонии дунёро биҷӯед.
Пас назди Аллоҳ ғаниматҳои зиёде аст, ки шумо ҳам пеш аз ин чунин будед, дар ибтидои ислом имони худро аз мушрикони қавматон пинҳон медоштед, вале Аллоҳ бар шумо миннат ниҳод. Ва шуморо ба имон ва қувват азиз гардонд. Пас корҳоятонро дониста таҳқиқ кунед, ҳамоно Аллоҳ ба он чи мекунед, огоҳ аст.(1)

﴿لَا يَسْتَوِي الْقَاعِدُونَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ غَيْرُ أُولِي الضَّرَرِ وَالْمُجَاهِدُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ ۚ فَضَّلَ اللَّهُ الْمُجَاهِدِينَ بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ عَلَى الْقَاعِدِينَ دَرَجَةً ۚ وَكُلًّا وَعَدَ اللَّهُ الْحُسْنَىٰ ۚ وَفَضَّلَ اللَّهُ الْمُجَاهِدِينَ عَلَى الْقَاعِدِينَ أَجْرًا عَظِيمًا﴾

95.    Мӯъминони хонанишин, ки узре барои рафтан ба ҷиҳод надоранд, бо касоне, ки дар роҳи Аллоҳ бо мол ва ҷонашон ҷиҳод мекунанд, баробар нестанд.
Аллоҳ касонеро, ки бо ҷону молашон ҷиҳод мекунанд, бар касоне, ки нишастаанд ва ба сабаби узрашон монеъи рафтан ба ҷиҳод шудаанд ва ба ҷиҳод нарафтаанд, бартарие қарор дода ва барояшон дар ҷаннат дараҷаҳои олиро баланд кардааст ва ба ҳар як ваъдаи некӯ додааст. Ва Аллоҳ муҷоҳидинро бар касоне, ки бознишастаанд, бо аҷри фаровон ва бузург бартарӣ додааст.

﴿دَرَجَاتٍ مِنْهُ وَمَغْفِرَةً وَرَحْمَةً ۚ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا﴾

96.
    Ин гуна савоб ва мақомҳо ва дараҷоти бузург ва хос аз барои бандагоне, ки дар роҳи Ӯ ҷиҳод карданд, ба тариқи мағфират ва раҳмати Аллоҳ (насиби онон) мешавад ва Аллоҳ омӯрзгор ва меҳрубон аст.

﴿إِنَّ الَّذِينَ تَوَفَّاهُمُ الْمَلَائِكَةُ ظَالِمِي أَنْفُسِهِمْ قَالُوا فِيمَ كُنْتُمْ ۖ قَالُوا كُنَّا مُسْتَضْعَفِينَ فِي الْأَرْضِ ۚ قَالُوا أَلَمْ تَكُنْ أَرْضُ اللَّهِ وَاسِعَةً فَتُهَاجِرُوا فِيهَا ۚ فَأُولَٰئِكَ مَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ ۖ وَسَاءَتْ مَصِيرًا﴾

97.
  Ҳамоно касоне, ки бо нишастанашон дар дори куфр ва тарки ҳиҷрат бар худ ситам карданд, дар ҳоле, ки фариштагон ҷони ононро мегиранд, ба онҳо сарзаниш карда мегуянд: "Дар чи ҳол будед?" Мегӯянд: "Мо дар дунё нотавон ва ситамдида будем".
Пас фариштагон мегӯянд: "Оё замини Аллоҳ васеъ набуд, ки то ба он ҳиҷрат кунед ва ба дигар замин берун равед ва динатонро дар амон нигоҳ доред?" Пас ҷойгоҳи ин гуна касон ҷаҳаннам аст ва чи бад ҷойгоҳ ва чи бад саранҷоме аст!

﴿إِلَّا الْمُسْتَضْعَفِينَ مِنَ الرِّجَالِ وَالنِّسَاءِ وَالْوِلْدَانِ لَا يَسْتَطِيعُونَ حِيلَةً وَلَا يَهْتَدُونَ سَبِيلًا﴾

98.    Магар мардон ва занон ва кӯдакони бечора ва дармондагоне ки наметавонанд коре бикунанд ва роҳу чорае намедонанд, то халос шаванд.

﴿فَأُولَٰئِكَ عَسَى اللَّهُ أَنْ يَعْفُوَ عَنْهُمْ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَفُوًّا غَفُورًا﴾

99.    Пас онон ки (узре доранд) бошад, ки Аллоҳ онҳоро авф кунад ва Аллоҳ бахшандаи хато ва омӯрзандааст

﴿۞ وَمَنْ يُهَاجِرْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ يَجِدْ فِي الْأَرْضِ مُرَاغَمًا كَثِيرًا وَسَعَةً ۚ وَمَنْ يَخْرُجْ مِنْ بَيْتِهِ مُهَاجِرًا إِلَى اللَّهِ وَرَسُولِهِ ثُمَّ يُدْرِكْهُ الْمَوْتُ فَقَدْ وَقَعَ أَجْرُهُ عَلَى اللَّهِ ۗ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا﴾

100.   Ва ҳар кас дар роҳи Аллоҳ тарки ватан кунад, иқоматгоҳи зиёд ва кушоиш (1) дар замин хоҳад дид.
Ва ҳар кас ки аз хонааш берун равад ба сӯи Аллоҳ ва паёмбараш ва ҳадафаш аз ҳиҷрат, Аллоҳ ва хушнудии вай ва муҳаббати паёмбар бошад ва ҳадафи дигар надошта бошад, сипас марг ӯро дарёбад, ба ростӣ, ӯ савоби муҳоҷирро ба даст овардааст. Ва Аллоҳ ба бандагонаш омӯрзгор ва меҳрубон аст.(2)

﴿وَإِذَا ضَرَبْتُمْ فِي الْأَرْضِ فَلَيْسَ عَلَيْكُمْ جُنَاحٌ أَنْ تَقْصُرُوا مِنَ الصَّلَاةِ إِنْ خِفْتُمْ أَنْ يَفْتِنَكُمُ الَّذِينَ كَفَرُوا ۚ إِنَّ الْكَافِرِينَ كَانُوا لَكُمْ عَدُوًّا مُبِينًا﴾

101.   Ва ҳар вақте ки сафар кунед, нест шуморо гуноҳе дар қаср хондани намоз, агар битарсед, аз он ки шуморо кофирон дар фитнаву бало меандозанд. Ҳамоно кофирон душмани ошкоро барои шумоанд, пас аз онон ҳазар кунед.

﴿وَإِذَا كُنْتَ فِيهِمْ فَأَقَمْتَ لَهُمُ الصَّلَاةَ فَلْتَقُمْ طَائِفَةٌ مِنْهُمْ مَعَكَ وَلْيَأْخُذُوا أَسْلِحَتَهُمْ فَإِذَا سَجَدُوا فَلْيَكُونُوا مِنْ وَرَائِكُمْ وَلْتَأْتِ طَائِفَةٌ أُخْرَىٰ لَمْ يُصَلُّوا فَلْيُصَلُّوا مَعَكَ وَلْيَأْخُذُوا حِذْرَهُمْ وَأَسْلِحَتَهُمْ ۗ وَدَّ الَّذِينَ كَفَرُوا لَوْ تَغْفُلُونَ عَنْ أَسْلِحَتِكُمْ وَأَمْتِعَتِكُمْ فَيَمِيلُونَ عَلَيْكُمْ مَيْلَةً وَاحِدَةً ۚ وَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ إِنْ كَانَ بِكُمْ أَذًى مِنْ مَطَرٍ أَوْ كُنْتُمْ مَرْضَىٰ أَنْ تَضَعُوا أَسْلِحَتَكُمْ ۖ وَخُذُوا حِذْرَكُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ أَعَدَّ لِلْكَافِرِينَ عَذَابًا مُهِينًا﴾

102.
   Ва чун вақти хавф дар байни мӯъминон бошӣ, пас эй Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам) бигзорӣ барояшон намозро, гӯруҳе аз онон бояд ба ту иқтидо кунанд ва бо худ силоҳро бигиранд ва чун ба саҷда раванд (яъне як ракъат хонанд), пас гурӯҳи дигар дар муқобили душман биистанд ва гурӯҳе дигар, ки дар баробари душманон истода буданд ва намоз нахондаанд, биёянд ва бо ту намоз бихонанд, бояд, ки бо худ зиреҳу сипару силоҳи худро бигиранд. Кофирон дӯст доранд, то шумо аз аслиҳа ва матоъҳоятон ғофил шавед ва онгоҳ якбора бар шумо ҳамла кунанд. Ва гуноҳе нест бар шумо, агар бошад шуморо ранҷе аз борон ё бемор бошед, то аслиҳаи худро бар замин бигзоред, аммо бояд эҳтиёт ва омодагӣ дошта бошед. Ҳамоно Аллоҳ омода кардааст барои кофирон азоби дарднокро. (1)

﴿فَإِذَا قَضَيْتُمُ الصَّلَاةَ فَاذْكُرُوا اللَّهَ قِيَامًا وَقُعُودًا وَعَلَىٰ جُنُوبِكُمْ ۚ فَإِذَا اطْمَأْنَنْتُمْ فَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ ۚ إِنَّ الصَّلَاةَ كَانَتْ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ كِتَابًا مَوْقُوتًا﴾

103.
  Ва чун тамом кардед намозро, ёд кунед Аллоҳро истода, нишаста ва бар паҳлӯ ва дар ҳама ҳолат ва чун ором гирифтед, барпо кунед намозро ба тариқи намозе, ки дар оромӣ мегузоштед. Ҳамоно намоз бар мӯъминон дар вақти муайян воҷиб шудааст.(1)

﴿وَلَا تَهِنُوا فِي ابْتِغَاءِ الْقَوْمِ ۖ إِنْ تَكُونُوا تَأْلَمُونَ فَإِنَّهُمْ يَأْلَمُونَ كَمَا تَأْلَمُونَ ۖ وَتَرْجُونَ مِنَ اللَّهِ مَا لَا يَرْجُونَ ۗ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا﴾

104.
  Ва дар ҷустуҷӯи он қавм (кофирон) сустӣ макунед, (зеро суст шудани дил боиси суст шудани бадан мегардад ва сустии бадан боиси нотавонӣ дар баробари душманон мешавад.) Агар шумо захмӣ ва дарманд мешавед. Онҳо низ ҳамон тавр, ки шумо дардманд мешавед, дарманд мешаванд, вале шумо аз Аллоҳ чизеро умед доред, (1) ки онон умед надоранд. Ва Аллоҳ донову ҳаким аст!

﴿إِنَّا أَنْزَلْنَا إِلَيْكَ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ لِتَحْكُمَ بَيْنَ النَّاسِ بِمَا أَرَاكَ اللَّهُ ۚ وَلَا تَكُنْ لِلْخَائِنِينَ خَصِيمًا﴾

105.   Мо ин китоби Қуръонро ба ростӣ ба ту нозил кардем, то он тавре, ки Аллоҳ ба ту омӯхтааст, миёни мардум ҳукм кунӣ, на бар асоси ҳаво ва хости худат. Аз хиёнаткор дифоъ накун, зеро ӯ даъвогари чизе аст, ки моли ӯ нест, хоҳ инро бидонад ё аз рӯи гумон чунин кунад. (1)

﴿وَاسْتَغْفِرِ اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ كَانَ غَفُورًا رَحِيمًا﴾

106.   Ва аз Аллоҳ омӯрзиш бихоҳ агар чизе аз ту сар задааст, ки Ӯ омӯрзанда ва меҳрубон аст.

﴿وَلَا تُجَادِلْ عَنِ الَّذِينَ يَخْتَانُونَ أَنْفُسَهُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ مَنْ كَانَ خَوَّانًا أَثِيمًا﴾

107.
   Ва ба хотири касоне, ки ба худ хиёнат меварзанд (гуноҳ содир мекунанд,), тарафдорӣ макун, зеро Аллоҳ дӯст надорад хоинеро, ки хиёнаташ бузург ва гуноҳаш бисёр аст.

﴿يَسْتَخْفُونَ مِنَ النَّاسِ وَلَا يَسْتَخْفُونَ مِنَ اللَّهِ وَهُوَ مَعَهُمْ إِذْ يُبَيِّتُونَ مَا لَا يَرْضَىٰ مِنَ الْقَوْلِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ بِمَا يَعْمَلُونَ مُحِيطًا﴾

108.
   Онҳо пинҳон мекунанд аз мардум амалҳои ношоистаи худро ва аз Аллоҳ пинҳон ва шарм намекунанд, ҳол он ки Ӯ бо онҳост он гоҳ ки дар шаб миёни худ машварат мекунанд(1) ва суханонеро ба забон меоранд, ки Аллоҳ аз он нохушнуд аст. Ва Аллоҳ ба он чи мекунанд, фарогирандааст. (Донандаи ҳамаи сирҳои пинҳониву ошкоро аст)(2)

﴿هَا أَنْتُمْ هَٰؤُلَاءِ جَادَلْتُمْ عَنْهُمْ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا فَمَنْ يُجَادِلُ اللَّهَ عَنْهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ أَمْ مَنْ يَكُونُ عَلَيْهِمْ وَكِيلًا﴾

109.
   Огоҳ бошед, ин шумоед, ки дар ин ҷаҳон аз онон сахт ҷонибдорӣ кардед, кист, ки дар рӯзи қиёмат аз онҳо дар баробари Аллоҳ ҷонибдорӣ кунад ё чӣ касе вакили онҳо хоҳад буд?

﴿وَمَنْ يَعْمَلْ سُوءًا أَوْ يَظْلِمْ نَفْسَهُ ثُمَّ يَسْتَغْفِرِ اللَّهَ يَجِدِ اللَّهَ غَفُورًا رَحِيمًا﴾

110.
   Ва ҳар ки кори баде кунад ё ба худ ситам раво дорад, он гоҳ аз Аллоҳ омӯрзиш хоҳад ва ба гуноҳ эътироф кунад ва аз он пушаймон шавад ва аз он даст бикашад ва тасмим гирад, ки онро бори дигар анҷом надиҳад, Аллоҳро омӯрзанда ва меҳрубон хоҳад ёфт.

﴿وَمَنْ يَكْسِبْ إِثْمًا فَإِنَّمَا يَكْسِبُهُ عَلَىٰ نَفْسِهِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا﴾

111.
   Ва ҳар ки гуноҳе кунад, ҷазои он гуноҳ дар дунёву охират ба зиёни худаш мерасад ва Аллоҳ ба ҳақиқати кори бандагонаш доно ва он чӣ миёни онҳо ҳукм мекунад бо ҳикмат аст!

﴿وَمَنْ يَكْسِبْ خَطِيئَةً أَوْ إِثْمًا ثُمَّ يَرْمِ بِهِ بَرِيئًا فَقَدِ احْتَمَلَ بُهْتَانًا وَإِثْمًا مُبِينًا﴾

112.  Ва ҳар кӣ хато ё гуноҳе кунад, он гоҳ бегуноҳеро ба он гуноҳ айбдор созад, албатта, барои туҳматаш гуноҳи ошкоро бар дӯши худ гирифтааст.

﴿وَلَوْلَا فَضْلُ اللَّهِ عَلَيْكَ وَرَحْمَتُهُ لَهَمَّتْ طَائِفَةٌ مِنْهُمْ أَنْ يُضِلُّوكَ وَمَا يُضِلُّونَ إِلَّا أَنْفُسَهُمْ ۖ وَمَا يَضُرُّونَكَ مِنْ شَيْءٍ ۚ وَأَنْزَلَ اللَّهُ عَلَيْكَ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَعَلَّمَكَ مَا لَمْ تَكُنْ تَعْلَمُ ۚ وَكَانَ فَضْلُ اللَّهِ عَلَيْكَ عَظِيمًا﴾

113.
  Агар фазлу раҳмати Аллоҳ эй Муҳаммад (саллаллоху алайҳи ва саллам) шомили ҳоли ту намебуд, гурӯҳе аз кофирон қасди он доштаанд, ки туро гумроҳ кунанд, вале онон ҷуз худ касеро гумроҳ намекунанд ва ҳеҷ зиёне ба ту намерасонанд. Ва Аллоҳ бар ту китобу ҳикмат (суннат) нозил кард ва чизҳое ба ту омӯхт, ки аз ин пеш намедонистӣ ва Аллоҳ лутфи бузурги худро бар ту арзонӣ дошт!(1)

﴿۞ لَا خَيْرَ فِي كَثِيرٍ مِنْ نَجْوَاهُمْ إِلَّا مَنْ أَمَرَ بِصَدَقَةٍ أَوْ مَعْرُوفٍ أَوْ إِصْلَاحٍ بَيْنَ النَّاسِ ۚ وَمَنْ يَفْعَلْ ذَٰلِكَ ابْتِغَاءَ مَرْضَاتِ اللَّهِ فَسَوْفَ نُؤْتِيهِ أَجْرًا عَظِيمًا﴾

114.
  Дар бисёре аз машваратҳои пинҳониашон фоидае нест, магар дар сухани онон, ки ба садақа додан ё ба кори писандида ва ё ба оштиҷӯӣ миёни мардум фармон медиҳанд. Ва ҳар касе, ки барои хушнудии Аллоҳ чунин кунад, барои ӯ музди бузурге хоҳем дод.

﴿وَمَنْ يُشَاقِقِ الرَّسُولَ مِنْ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُ الْهُدَىٰ وَيَتَّبِعْ غَيْرَ سَبِيلِ الْمُؤْمِنِينَ نُوَلِّهِ مَا تَوَلَّىٰ وَنُصْلِهِ جَهَنَّمَ ۖ وَسَاءَتْ مَصِيرًا﴾

115.
  Ҳар ки пас аз ошкор шудани роҳи ҳидоят бо Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мухолифат варзад ва пайравии роҳи мӯъминон накунад, гузорем ӯро ба он роҳе, ки ихтиёр кардааст ва ӯро ба некӣ ва ҳушбахтӣ тавфиқ надиҳем, балки ба ҷаҳаннам ӯро афканем. Ва ҷаҳаннам саранҷоми бадест!

﴿إِنَّ اللَّهَ لَا يَغْفِرُ أَنْ يُشْرَكَ بِهِ وَيَغْفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَنْ يَشَاءُ ۚ وَمَنْ يُشْرِكْ بِاللَّهِ فَقَدْ ضَلَّ ضَلَالًا بَعِيدًا﴾

116.   Аллоҳ касеро, ки барои Ӯ шарике қарор диҳад, намеомӯрзад ва биёмӯрзад ғайри ширкро барои ҳар кӣ хоҳад. Ва ҳар кас, ки дар ибодаташ барои Аллоҳ шарике қарор диҳад, сахт дар гумроҳӣ афтодаст. (Яъне аз роҳи ҳақ дур шудааст) (1)

﴿إِنْ يَدْعُونَ مِنْ دُونِهِ إِلَّا إِنَاثًا وَإِنْ يَدْعُونَ إِلَّا شَيْطَانًا مَرِيدًا﴾

117.
   Намепарастанд ғайри Аллоҳ магар бутҳоеро, ки на фоида мерасонанд ва на зарар ва ба онҳо номҳои духтарона мегузоштанд (мисли; Лот, Уззо, Манот ва гайра) ва намепарастанд гайри Аллоҳ, магар шайтони саркашро,

﴿لَعَنَهُ اللَّهُ ۘ وَقَالَ لَأَتَّخِذَنَّ مِنْ عِبَادِكَ نَصِيبًا مَفْرُوضًا﴾

118.   ки Аллоҳ ӯро лаънат (1) кардааст. Ва (шайтон) гуфт: Аз бандагонат (ҳам дар гуфтор ва кирдор) насибае муайяне бармегирам.

﴿وَلَأُضِلَّنَّهُمْ وَلَأُمَنِّيَنَّهُمْ وَلَآمُرَنَّهُمْ فَلَيُبَتِّكُنَّ آذَانَ الْأَنْعَامِ وَلَآمُرَنَّهُمْ فَلَيُغَيِّرُنَّ خَلْقَ اللَّهِ ۚ وَمَنْ يَتَّخِذِ الشَّيْطَانَ وَلِيًّا مِنْ دُونِ اللَّهِ فَقَدْ خَسِرَ خُسْرَانًا مُبِينًا﴾

119.  Ва албатта, онҳоро аз роҳи рост гумроҳ мекунам ва орзуҳои ботил дар дилашон меандозам ва ба онон фармон медиҳам, то гӯшҳои чорпоёнро бишикофанд. Ва ба онон фармон медиҳам, то хилқати Аллоҳро дигаргун созанд (яъне, дар бадан хол кӯбанд, қош чинанд ва ғайра...). Ва ҳар кас, ки ба ҷои Аллоҳ шайтонро дӯсти худ гирад, зиёни ошкоре кардааст! (1)

﴿يَعِدُهُمْ وَيُمَنِّيهِمْ ۖ وَمَا يَعِدُهُمُ الشَّيْطَانُ إِلَّا غُرُورًا﴾

120.   Шайтон ба онҳо ваъдаи дурӯғ медиҳад ва ба орзуҳо фиреб медиҳад ( яъне, умрат дароз аст, дунёро соҳиб шав..) (1) ва шайтон онҳоро ҷуз ба фиреб ба дигар чизе ваъда надиҳад!

﴿أُولَٰئِكَ مَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ وَلَا يَجِدُونَ عَنْهَا مَحِيصًا﴾

121.   Ин гӯруҳ, ки итоъати шайтон намуданд, ҷояшон дӯзах аст ва дар он ҷо роҳи гурезе нахоҳанд ёфт!

﴿وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ سَنُدْخِلُهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۖ وَعْدَ اللَّهِ حَقًّا ۚ وَمَنْ أَصْدَقُ مِنَ اللَّهِ قِيلًا﴾

122.   Ва касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои некӯ кардаанд, ба биҳиштҳое дармеоварем, ки дар зери дарахтони он ҷӯйҳо равон аст ва дар он ҷо ҷовидонанд. Ваъдаи Аллоҳ рост аст ва ваъдаашро хилоф намекунад ва чӣ касе аз Ӯ ростгуйтар аст?

﴿لَيْسَ بِأَمَانِيِّكُمْ وَلَا أَمَانِيِّ أَهْلِ الْكِتَابِ ۗ مَنْ يَعْمَلْ سُوءًا يُجْزَ بِهِ وَلَا يَجِدْ لَهُ مِنْ دُونِ اللَّهِ وَلِيًّا وَلَا نَصِيرًا﴾

123.
   Эй мусалмонон, ин фазли бузург (салоҳ ва наҷот) ро ба орзуҳо соҳиб шуда наметавонед ва ин на мувофиқи орзуи шумост ва на мувофиқи орзуи аҳли китоб, балки ба имони рост ва амали неке, ки ризогии Аллоҳ дар он аст, соҳиб шуда метавонед. Ва ҳар кас, ки муртакиби кори баде шавад, ҷазояшро бубинад ва ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ дӯсте ва ёридиҳандае наёбад.

﴿وَمَنْ يَعْمَلْ مِنَ الصَّالِحَاتِ مِنْ ذَكَرٍ أَوْ أُنْثَىٰ وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَأُولَٰئِكَ يَدْخُلُونَ الْجَنَّةَ وَلَا يُظْلَمُونَ نَقِيرًا﴾

124.
   Ва ҳар кас, ки кори шоистае кунад, чи зан ва чи мард, агар мӯъмин бошад,(1) ба биҳишт меравад ва ба қадри он нуқтаи хурде, ки бар пушти донаи хурмост, ба ҳеҷ касе ситам намешавад.

﴿وَمَنْ أَحْسَنُ دِينًا مِمَّنْ أَسْلَمَ وَجْهَهُ لِلَّهِ وَهُوَ مُحْسِنٌ وَاتَّبَعَ مِلَّةَ إِبْرَاهِيمَ حَنِيفًا ۗ وَاتَّخَذَ اللَّهُ إِبْرَاهِيمَ خَلِيلًا﴾

125.
   Дини чӣ касе беҳтар аз дини касест, ки ба ихлос рӯй ба ҷониби Аллоҳ кард ва некӯкор буд ва аз дини ҳанифи Иброҳим (1) пайравӣ кард? Ва Аллоҳ Иброҳимро ба дӯстии худ баргузид (гирифт).

﴿وَلِلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ مُحِيطًا﴾

126. Аз они Аллоҳ аст, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва Аллоҳ бар ҳар чизе иҳота дорад ва чизе аз корҳои бандагонаш бар Ӯ пӯшида намемонад.

﴿وَيَسْتَفْتُونَكَ فِي النِّسَاءِ ۖ قُلِ اللَّهُ يُفْتِيكُمْ فِيهِنَّ وَمَا يُتْلَىٰ عَلَيْكُمْ فِي الْكِتَابِ فِي يَتَامَى النِّسَاءِ اللَّاتِي لَا تُؤْتُونَهُنَّ مَا كُتِبَ لَهُنَّ وَتَرْغَبُونَ أَنْ تَنْكِحُوهُنَّ وَالْمُسْتَضْعَفِينَ مِنَ الْوِلْدَانِ وَأَنْ تَقُومُوا لِلْيَتَامَىٰ بِالْقِسْطِ ۚ وَمَا تَفْعَلُوا مِنْ خَيْرٍ فَإِنَّ اللَّهَ كَانَ بِهِ عَلِيمًا﴾

127. Аз ту -эй Паёмбар-, дар бораи занон фатво мехоҳанд. Бигу: «Аллоҳ дар бораи онон ба он чӣ ки дар ин китоб бар шумо хонда мешавад, фатво додааст.
Ин фатво дар бораи занони ятимае, нозил шудааст, ки ҳаққи муқаррарашон (маҳр ва мерос ва ғайр аз ин дигар ҳуқуқҳо)-ро намепардозед ё онро кам мекунед ва мехоҳед онҳоро ба никоҳи худ дароваред ва низ дар боби кӯдакони нотавон нозил шудааст.
(1) Ва бояд, ки дар бораи ятимон ба адолат рафтор кунед ва ҳуқуқашонро риоя кунед ва молҳояшонро ҳифз карда ва онро ривоҷ диҳед ва ҳар кори неке, ки анҷом медиҳед, Аллоҳ ба он огоҳ аст. (2)

﴿وَإِنِ امْرَأَةٌ خَافَتْ مِنْ بَعْلِهَا نُشُوزًا أَوْ إِعْرَاضًا فَلَا جُنَاحَ عَلَيْهِمَا أَنْ يُصْلِحَا بَيْنَهُمَا صُلْحًا ۚ وَالصُّلْحُ خَيْرٌ ۗ وَأُحْضِرَتِ الْأَنْفُسُ الشُّحَّ ۚ وَإِنْ تُحْسِنُوا وَتَتَّقُوا فَإِنَّ اللَّهَ كَانَ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرًا﴾

128.
Агар зане дарёфт, ки шавҳараш бо ӯ бемеҳр ва аз ӯ безор шудааст, боке нест, ки ҳарду дар миёни худ сулҳ бикунанд (яъне, зан аз баъзе ҳуқуқи худ даст кашад, ба монанди ин ки ба либос ё хонаи оддӣ қаноат кунад...), ки сулҳ беҳтар аст. Вале бухлу пастӣ бар нафсҳои мардум ғалаба кардааст. Ва агар некӣ ва парҳезгорӣ кунед, Аллоҳ ба ҳар чӣ мекунед, огоҳ аст ва мувофиқи он шуморо мукофот медиҳад! (1)

﴿وَلَنْ تَسْتَطِيعُوا أَنْ تَعْدِلُوا بَيْنَ النِّسَاءِ وَلَوْ حَرَصْتُمْ ۖ فَلَا تَمِيلُوا كُلَّ الْمَيْلِ فَتَذَرُوهَا كَالْمُعَلَّقَةِ ۚ وَإِنْ تُصْلِحُوا وَتَتَّقُوا فَإِنَّ اللَّهَ كَانَ غَفُورًا رَحِيمًا﴾

129.   Эй мардон, ҳарчанд бикушед, ҳаргиз натавонед, ки дар миёни занон (дар муҳаббат ва хуфтухоб) ба адолат рафтор кунед. Ҳарчанд бар адолат ҳарис бошед.
Акнун ки ҳаргиз натавонед миёни занон тамоман адолат кунед, якбора ба сӯи яке аз онро, ки дӯсташ медоред майл накунед, то дигареро, ки дӯсташ намедоред муаллақ (1) монад. Агар ба салоҳ оед ва парҳезгорӣ кунед, Аллоҳ омӯрзанда ва меҳрубон аст ва аз камбудиҳое, ки қаблан аз шумо сар зада шуморо азоб намекунад! (2)

﴿وَإِنْ يَتَفَرَّقَا يُغْنِ اللَّهُ كُلًّا مِنْ سَعَتِهِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ وَاسِعًا حَكِيمًا﴾

130.
Ва агар он ду (зану шавҳар) аз якдигар ҷудо шаванд, Аллоҳ ҳар дуро ба тавонгарии худ кифоят кунад, (яъне барои мард занеро муҳайё мегардонад, ки бо вай созиш дошта бошад ва чашму дилаш ба ӯ ором гирад ва барои зан низ мардеро насиб мекунад, ки бо суҳбати вай лаззат бурда ва комилан эҳсоси хушбахтӣ намояд), ки Аллоҳ бисёр ҳам сахиву устуворкор аст! (1)

﴿وَلِلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۗ وَلَقَدْ وَصَّيْنَا الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ مِنْ قَبْلِكُمْ وَإِيَّاكُمْ أَنِ اتَّقُوا اللَّهَ ۚ وَإِنْ تَكْفُرُوا فَإِنَّ لِلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ غَنِيًّا حَمِيدًا﴾

131. Аз они Аллоҳ аст, он чӣ дар осмонҳо ва замин аст.
Ва ҳамоно аҳли китобро, ки пеш аз шумо буданд ва низ шуморо, эй умматони Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр кардем, ки аз Аллоҳ битарсед ва шариъатро барпо доред ва агар куфр ҳам варзед, ҳеҷ зараре ба Аллоҳ натавонед расонид. Ба дурустӣ он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, зери тасарруфи Аллоҳ аст ва Ӯст бениёз аз халқаш ва лоиқи ситоиш аст дар сифот ва афъолаш! (1)

﴿وَلِلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۚ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ وَكِيلًا﴾

132.  Ва аз они Аллоҳ аст, он чӣ дар осмонҳо ва замин аст ва Аллоҳ кифояткунандааст дар тадбири корҳои бандагон!

﴿إِنْ يَشَأْ يُذْهِبْكُمْ أَيُّهَا النَّاسُ وَيَأْتِ بِآخَرِينَ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَلَىٰ ذَٰلِكَ قَدِيرًا﴾

133.
  Эй мардум! Агар Аллоҳ бихоҳад шуморо аз миён мебарад ва касони дигарро меоварад, ки аз шумо фармонбардортар ва беҳтар бошанд ва Аллоҳ бар ин кор қодир аст! (1)

﴿مَنْ كَانَ يُرِيدُ ثَوَابَ الدُّنْيَا فَعِنْدَ اللَّهِ ثَوَابُ الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ سَمِيعًا بَصِيرًا﴾

134.  Эй мардум, ҳар кас, ки подоши ин ҷаҳонро металабад, бидонад, ки подоши инҷаҳониву онҷаҳонӣ дар назди Аллоҳ аст. Ва Ӯ ба гуфтори бандагонаш шунаво ва ба нияту аъмолашон биност! Ва ҳар якеро ҷазои мувофиқ хоҳад дод.

﴿۞ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُونُوا قَوَّامِينَ بِالْقِسْطِ شُهَدَاءَ لِلَّهِ وَلَوْ عَلَىٰ أَنْفُسِكُمْ أَوِ الْوَالِدَيْنِ وَالْأَقْرَبِينَ ۚ إِنْ يَكُنْ غَنِيًّا أَوْ فَقِيرًا فَاللَّهُ أَوْلَىٰ بِهِمَا ۖ فَلَا تَتَّبِعُوا الْهَوَىٰ أَنْ تَعْدِلُوا ۚ وَإِنْ تَلْوُوا أَوْ تُعْرِضُوا فَإِنَّ اللَّهَ كَانَ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرًا﴾

135.
  Эй касоне, ки имон овардед, барподорандаи адл бошед ва барои Аллоҳ шаҳодат диҳед, ҳарчанд ба зиёни худ ё падару модар ё хешовандони шумо, чӣ тавонгар ва чӣ тангдаст бошанд. Зеро Аллоҳ бар он ду (сарватманду камбағал) сазовортар (меҳрубонтар) аст. Пас аз хоҳишҳои нафс пайравӣ макунед, то аз адл рӯй гардонед. Чун дигар кунед суханро (яъне, нодуруст гувоҳӣ диҳед) ё аз он шаҳодат рӯй тобед, Аллоҳ ба ҳар чӣ мекунед, (ошкору пинҳон) огоҳ аст! (1)

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا آمِنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَالْكِتَابِ الَّذِي نَزَّلَ عَلَىٰ رَسُولِهِ وَالْكِتَابِ الَّذِي أَنْزَلَ مِنْ قَبْلُ ۚ وَمَنْ يَكْفُرْ بِاللَّهِ وَمَلَائِكَتِهِ وَكُتُبِهِ وَرُسُلِهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ فَقَدْ ضَلَّ ضَلَالًا بَعِيدًا﴾

136.
Эй касоне, ки имон овардаед, имони ҳақиқӣ биёваред ба Аллоҳу паёмбараш ва ба китобе, ки (Қуръон) бар паёмбараш нозил карда шудааст ва ба ҷамиъи китобҳое (Таврот, Инҷил ва Забур...), ки пеш аз он нозил кардааст. Ва ҳар кӣ ба Аллоҳу фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш ва ба рӯзи қиёмат кофир шавад, сахт дар гумроҳӣ афтодааст ва аз дин хориҷ шудааст. (1)

﴿إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا ثُمَّ كَفَرُوا ثُمَّ آمَنُوا ثُمَّ كَفَرُوا ثُمَّ ازْدَادُوا كُفْرًا لَمْ يَكُنِ اللَّهُ لِيَغْفِرَ لَهُمْ وَلَا لِيَهْدِيَهُمْ سَبِيلًا﴾

137.
Албатта, Аллоҳ ононро, ки имон овардаанд (яъне мунофиқонро), (1) сипас кофир шуданд ва боз имон оварданд, сипас кофир шуданд ва ба куфри хеш афзуданд ва давомат карданд, нахоҳад омӯрзид ва ба роҳи рост ҳидоят нахоҳад кард.

﴿بَشِّرِ الْمُنَافِقِينَ بِأَنَّ لَهُمْ عَذَابًا أَلِيمًا﴾

138. Мунофиқонро (1) башорат деҳ, ки азобе дардовар барояшон омода шудааст,

﴿الَّذِينَ يَتَّخِذُونَ الْكَافِرِينَ أَوْلِيَاءَ مِنْ دُونِ الْمُؤْمِنِينَ ۚ أَيَبْتَغُونَ عِنْدَهُمُ الْعِزَّةَ فَإِنَّ الْعِزَّةَ لِلَّهِ جَمِيعًا﴾

139.
Мунофиқон касонеанд, ки ба ҷои мӯъминон кофиронро дӯст мегиранд ва ононро барояшон ёвар интихоб мекунанд ва дӯстии мӯъминонро тарк мекунанд, оё иззату тавоноӣ ва кӯмакро назди онон (кофирон) меҷӯянд, дар ҳоле, ки иззату кӯмак ҳамааш аз они Аллоҳ аст. Касеро, ки хоҳад азиз медорад ва касеро, ки хоҳад хор мегардонад. (1)

﴿وَقَدْ نَزَّلَ عَلَيْكُمْ فِي الْكِتَابِ أَنْ إِذَا سَمِعْتُمْ آيَاتِ اللَّهِ يُكْفَرُ بِهَا وَيُسْتَهْزَأُ بِهَا فَلَا تَقْعُدُوا مَعَهُمْ حَتَّىٰ يَخُوضُوا فِي حَدِيثٍ غَيْرِهِ ۚ إِنَّكُمْ إِذًا مِثْلُهُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ جَامِعُ الْمُنَافِقِينَ وَالْكَافِرِينَ فِي جَهَنَّمَ جَمِيعًا﴾

140.
Албатта Аллоҳ дар китоби Қуръон, бар шумо нозил карда, ки чун бишнавед, ки оятҳои Аллоҳ инкор карда мешаванд, ё оёти вай ба тамасхур гирифта мешавад, пас нанишинед бо онон (яъне, бо мункирону тамасхуркунандагон), то он ки ба сухани дигаре бипардозанд, ҳамоно шумо агар бинишинед ва гӯш диҳед, пас монанди он кофирон бошед. (Зеро розӣ шудан дар гуноҳ ва онро тағйир надодан мисли гуноҳ кардан аст). Ҳамоно Аллоҳ якҷо созад мунофиқону кофиронро дар дӯзах. (1)

﴿الَّذِينَ يَتَرَبَّصُونَ بِكُمْ فَإِنْ كَانَ لَكُمْ فَتْحٌ مِنَ اللَّهِ قَالُوا أَلَمْ نَكُنْ مَعَكُمْ وَإِنْ كَانَ لِلْكَافِرِينَ نَصِيبٌ قَالُوا أَلَمْ نَسْتَحْوِذْ عَلَيْكُمْ وَنَمْنَعْكُمْ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ ۚ فَاللَّهُ يَحْكُمُ بَيْنَكُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ ۗ وَلَنْ يَجْعَلَ اللَّهُ لِلْكَافِرِينَ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ سَبِيلًا﴾

141.
  Он мунофиқоне, ки ҳамеша интизори чигунагии аҳволи шумо ҳастанд, пас агар аз ҷониби Аллоҳ пирӯзӣ насибатон шавад, мегӯянд: «Магар мо ҳамроҳи шумо набудем?» (То аз пулу моли ғанимат баҳраманд шаванд).
Ва агар пирӯзӣ насиби кофирон шавад, мегӯянд: «Оё на чунон буд, ки ба шумо ёрӣ расонда будем ва мӯъминонро аз осеб расонидан ба шумо боздоштем?» Дар рӯзи қиёмат Аллоҳ миёни шумо ҳукм мекунад ва Ӯ ҳаргиз барои кофирон ба зиёни мусалмонон роҳе накушодааст. (Яъне, ҳаргиз кофиронро бар мусалмонон пирӯз нахоҳад кард). (1)

﴿إِنَّ الْمُنَافِقِينَ يُخَادِعُونَ اللَّهَ وَهُوَ خَادِعُهُمْ وَإِذَا قَامُوا إِلَى الصَّلَاةِ قَامُوا كُسَالَىٰ يُرَاءُونَ النَّاسَ وَلَا يَذْكُرُونَ اللَّهَ إِلَّا قَلِيلًا﴾

142.  Мунофиқон Аллоҳро ба гумони худашон фиреб додан мехоҳанд ва ҳол он ки Аллоҳ онҳоро мувофиқи фиребу макрашон ҷазо медиҳад.
Ва чун ба намоз бархезанд, ба ночорӣ бархезанд (танбалӣ ва сустии онон бад-он хотир аст, ки дилҳояшон ба намоз алоқа надорад) ва барои худнамоӣ (риё) намоз бихонанд ва дар намоз, ҷуз андаке Аллоҳро ёд накунанд. (1)

﴿مُذَبْذَبِينَ بَيْنَ ذَٰلِكَ لَا إِلَىٰ هَٰؤُلَاءِ وَلَا إِلَىٰ هَٰؤُلَاءِ ۚ وَمَنْ يُضْلِلِ اللَّهُ فَلَنْ تَجِدَ لَهُ سَبِيلًا﴾

143.
   Мутараддид (дудила) ва ҳайронанд: на бо мӯъминонанд ва на бо кофиронанд, ботинашонро ба кофирон додаанд ва зоҳирашонро ба мӯъминон, Ва ин бузургтарин ҳадди гумроҳӣ аст. Он ки Аллоҳ гумроҳаш кунад, ҳеҷ роҳе барои ӯ нахоҳӣ ёфт. (1)

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا الْكَافِرِينَ أَوْلِيَاءَ مِنْ دُونِ الْمُؤْمِنِينَ ۚ أَتُرِيدُونَ أَنْ تَجْعَلُوا لِلَّهِ عَلَيْكُمْ سُلْطَانًا مُبِينًا﴾

144.   Эй касоне, ки имон овардаед, ба ҷои мӯъминон кофиронро дӯст магиред.
Оё коре мекунед, ки барои Аллоҳ ба зиёни худ ҳуҷҷате ошкор падид оред? (Ва ин оят баёнкунандаи он аст, ки Аллоҳ ҳеҷ касеро пеш аз ин ки ҳуҷҷат ва далел бар ӯ омода шавад, азоб намедиҳад.) (1)

﴿إِنَّ الْمُنَافِقِينَ فِي الدَّرْكِ الْأَسْفَلِ مِنَ النَّارِ وَلَنْ تَجِدَ لَهُمْ نَصِيرًا﴾

145.   Албатта, мунофиқон дар пасттарин табақоти оташ ҳастанд ва ҳаргиз барояшон ёридиҳандае наёбӣ, ки ононро аз оташи дӯзах бираҳонад. (1)

﴿إِلَّا الَّذِينَ تَابُوا وَأَصْلَحُوا وَاعْتَصَمُوا بِاللَّهِ وَأَخْلَصُوا دِينَهُمْ لِلَّهِ فَأُولَٰئِكَ مَعَ الْمُؤْمِنِينَ ۖ وَسَوْفَ يُؤْتِ اللَّهُ الْمُؤْمِنِينَ أَجْرًا عَظِيمًا﴾

146. Магар онон, ки тавба карданд ва худро ислоҳ карданд ва ба дини Аллоҳ чанг заданд ва барои Аллоҳ аз рӯи ихлос ба дин гаравиданд. Инҳо дар гӯруҳи мӯъминонанд ва Аллоҳ ба мӯъминон савоби бузург хоҳад дод!

﴿مَا يَفْعَلُ اللَّهُ بِعَذَابِكُمْ إِنْ شَكَرْتُمْ وَآمَنْتُمْ ۚ وَكَانَ اللَّهُ شَاكِرًا عَلِيمًا﴾

147.
Чаро Аллоҳ шуморо азоб кунад (эй мунофиқон), агар сипосгузори неъматҳояш бошед ва имон оваред ва аз риё дур шавед? Зеро дар азоб кардани шумо барои Аллоҳ ягон фоида ё зараре нест. Дар ҳоле, ки Аллоҳ ба тоъати бандагонаш қадршинос ва ба ҳама чиз доност! (1)

﴿۞ لَا يُحِبُّ اللَّهُ الْجَهْرَ بِالسُّوءِ مِنَ الْقَوْلِ إِلَّا مَنْ ظُلِمَ ۚ وَكَانَ اللَّهُ سَمِيعًا عَلِيمًا﴾

148. Аллоҳ баланд кардани овозро ба бадгӯӣ (ба монанди; дашном, бӯҳтон ва тӯҳмат...
) дӯст надорад, магар аз он кас, ки ба ӯ ситаме шуда бошад, ( яъне агар мазлум дар ҳаққи золим суханҳои бад гӯяд, ҷоиз аст,) (ба шарте, ки аз ҳад нагузаронад) ва Аллоҳ шунаво аст, тамоми суханҳои неку бади шуморо мешунавад ва доност, ки ниятҳои шуморо медонад! (1)

﴿إِنْ تُبْدُوا خَيْرًا أَوْ تُخْفُوهُ أَوْ تَعْفُوا عَنْ سُوءٍ فَإِنَّ اللَّهَ كَانَ عَفُوًّا قَدِيرًا﴾

149.
Эй мӯъминон, агар кори некро (садақа ё суханҳои хуб) ошкоро ё пинҳонӣ анҷом диҳед, ё аз касе, ки нисбат ба ҷисм ва ҷон ё амволатон ва обрӯятон бадӣ раво доштааст, чашм бипӯшед ва ӯро бубахшед, ҳамоно Аллоҳ дар рӯзи қиёмат мебахшад гуноҳони шуморо ва Ӯ ба ҳама кор тавоност! (1)

﴿إِنَّ الَّذِينَ يَكْفُرُونَ بِاللَّهِ وَرُسُلِهِ وَيُرِيدُونَ أَنْ يُفَرِّقُوا بَيْنَ اللَّهِ وَرُسُلِهِ وَيَقُولُونَ نُؤْمِنُ بِبَعْضٍ وَنَكْفُرُ بِبَعْضٍ وَيُرِيدُونَ أَنْ يَتَّخِذُوا بَيْنَ ذَٰلِكَ سَبِيلًا﴾

150.
Ба дурустӣ, касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳ ва паёмбараш кофир мешаванд (аз яҳуду насоро) ва мехоҳанд миёни Аллоҳу паёмбаронаш ҷудоӣ андозанд ва мегӯянд, ки баъзеро мепазирем ва баъзеро намепазирем (1) ва мехоҳанд дар ин миёна роҳе гиранд барои гумроҳиашон.

﴿أُولَٰئِكَ هُمُ الْكَافِرُونَ حَقًّا ۚ وَأَعْتَدْنَا لِلْكَافِرِينَ عَذَابًا مُهِينًا﴾

151. Инҳо дар ҳақиқат кофиронанд ва мо барои кофирон азоби хоркунанда омода сохтаем. Ҳамон тавр ки онҳо аз имон овардан ба Аллоҳ рӯй гардонданд, такаббур варзиданд.

﴿وَالَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرُسُلِهِ وَلَمْ يُفَرِّقُوا بَيْنَ أَحَدٍ مِنْهُمْ أُولَٰئِكَ سَوْفَ يُؤْتِيهِمْ أُجُورَهُمْ ۗ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا﴾

152.
Ва касоне, ки ба ягонагии Аллоҳ ва паёмбаронаш имон оварданд ва миёни ҳеҷ кадом аз паёмбаронаш фарқе намегузоранд, балки ба ҳамаашон имон оварданд, подошашонро Аллоҳ хоҳад дод ва Аллоҳ омӯрзандаи гуноҳони чунин бандагон аст ва меҳрубон аст, ки ононро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. (1)

﴿يَسْأَلُكَ أَهْلُ الْكِتَابِ أَنْ تُنَزِّلَ عَلَيْهِمْ كِتَابًا مِنَ السَّمَاءِ ۚ فَقَدْ سَأَلُوا مُوسَىٰ أَكْبَرَ مِنْ ذَٰلِكَ فَقَالُوا أَرِنَا اللَّهَ جَهْرَةً فَأَخَذَتْهُمُ الصَّاعِقَةُ بِظُلْمِهِمْ ۚ ثُمَّ اتَّخَذُوا الْعِجْلَ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْهُمُ الْبَيِّنَاتُ فَعَفَوْنَا عَنْ ذَٰلِكَ ۚ وَآتَيْنَا مُوسَىٰ سُلْطَانًا مُبِينًا﴾

153.
Аҳли китоб (яҳудиён) аз ту мехоҳанд (эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки барояшон Қуръон якбора нозил шавад, (он тавр ки Таврот ва Инҷил якбора нозил шудаанд, то ин ки ба рост будани паёмбарии ту далолат кунад.) Онҳо (яҳудиёни қавми Мӯсо) аз Мӯсо бузургтар аз инро талаб карданд ва гуфтанд: «Аллоҳро ошкор ба мо нишон деҳ». Ба сабаби ин сухани куфромезашон соиқаи азоб (оташак) онҳоро ҳалок кард. Ва пас аз он ки мӯъҷизаҳое (1) барояшон омада буд, гусолаеро маъбуди худ гирифтанд ва Мо онҳоро бахшидем ва Мӯсоро ҳуҷҷати ошкоре додем. (2)

﴿وَرَفَعْنَا فَوْقَهُمُ الطُّورَ بِمِيثَاقِهِمْ وَقُلْنَا لَهُمُ ادْخُلُوا الْبَابَ سُجَّدًا وَقُلْنَا لَهُمْ لَا تَعْدُوا فِي السَّبْتِ وَأَخَذْنَا مِنْهُمْ مِيثَاقًا غَلِيظًا﴾

154.
   Ва ба хотири паймоне, (1) ки бо онҳо баста будем, кӯҳи Турро бар болои сарашон бардоштем ва гуфтем: «Саҷдакунон (яъне, сарҳоятонро фурӯ андохта) аз он дари Байтудмуқаддас дохил шавед ва дар рӯзи шанбе аз ҳад магузаред, (яъне моҳӣ надоред)». Ва аз онҳо паймони сахт гирифтем, вале паймонро шикастанд. (2)

﴿فَبِمَا نَقْضِهِمْ مِيثَاقَهُمْ وَكُفْرِهِمْ بِآيَاتِ اللَّهِ وَقَتْلِهِمُ الْأَنْبِيَاءَ بِغَيْرِ حَقٍّ وَقَوْلِهِمْ قُلُوبُنَا غُلْفٌ ۚ بَلْ طَبَعَ اللَّهُ عَلَيْهَا بِكُفْرِهِمْ فَلَا يُؤْمِنُونَ إِلَّا قَلِيلًا﴾

155.
  Пас ба сабаби паймон шикастанашон ва кофир шуданашон ба оёти Аллоҳ ва ба ноҳақ куштани паёмбарон ва ин ки гуфтанд: «Дилҳои мо бастааст ва болояш пардаест», Аллоҳ бар дилҳояшон мӯҳр ниҳодааст ва ҷуз каме аз онон имон намеоваранд.

﴿وَبِكُفْرِهِمْ وَقَوْلِهِمْ عَلَىٰ مَرْيَمَ بُهْتَانًا عَظِيمًا﴾

156.   Ва низ ба сабаби куфрашон ва он тӯҳмати бузург, ки ба Марям заданд (яъне, ӯро ба зинокорӣ тӯҳмат карданд, ҳол он ки ӯ покдоман буд).

﴿وَقَوْلِهِمْ إِنَّا قَتَلْنَا الْمَسِيحَ عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ رَسُولَ اللَّهِ وَمَا قَتَلُوهُ وَمَا صَلَبُوهُ وَلَٰكِنْ شُبِّهَ لَهُمْ ۚ وَإِنَّ الَّذِينَ اخْتَلَفُوا فِيهِ لَفِي شَكٍّ مِنْهُ ۚ مَا لَهُمْ بِهِ مِنْ عِلْمٍ إِلَّا اتِّبَاعَ الظَّنِّ ۚ وَمَا قَتَلُوهُ يَقِينًا﴾

157.   Ва низ ба он сабаб, ки гуфтанд: «Мо Масеҳ (Исо алайҳиссалом), писари Марям, паёмбари Аллоҳро куштем».
Ва ҳол он, ки онон Масеҳро накуштанд ва бар дор наовехтанд, балки ин амр барояшон монанд шуд (яъне, онон шахсеро ба монанди Исо куштанд), ҳамоно ки дар бораи ӯ ихтилоф мекарданд (яҳуду насоро), худ дар шакку шубҳа буданд ва ба он боварӣ надоштанд. Танҳо пайрави гумони худ буданд ва Исоро дар воқеъ накуштаанд,

﴿بَلْ رَفَعَهُ اللَّهُ إِلَيْهِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمًا﴾

158.   балки Аллоҳ ӯро (Исоро бо баданаш ва рӯҳаш) ба назди худ боло бурд, ки Аллоҳ пирӯзманд аст дар мулкаш ва соҳиби тадбир аст дар ҳукмҳояш ! (1)

﴿وَإِنْ مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ إِلَّا لَيُؤْمِنَنَّ بِهِ قَبْلَ مَوْتِهِ ۖ وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ يَكُونُ عَلَيْهِمْ شَهِيدًا﴾

159.
   Ва ҳеҷ як аз аҳли китоб нест, магар ки пеш аз марги (Исо алайҳиссалом) ба Ӯ имон оварад ва Исо дар рӯзи қиёмат ба имонашон гувоҳӣ хоҳад дод оё имонашон мувофиқи шариъат буд ё на, (1)

﴿فَبِظُلْمٍ مِنَ الَّذِينَ هَادُوا حَرَّمْنَا عَلَيْهِمْ طَيِّبَاتٍ أُحِلَّتْ لَهُمْ وَبِصَدِّهِمْ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ كَثِيرًا﴾

160.   пас ба сабаби зулму ситаме, (1) ки аз ҷониби яҳудиҳо сар зад, ҳаром гардондем барояшон чизҳои покизаро, ки пеш аз он барояшон ҳалол буд. Ва низ ба сабаби манъ карданашон мардумони бисёрро аз роҳи Аллоҳ. (2)

﴿وَأَخْذِهِمُ الرِّبَا وَقَدْ نُهُوا عَنْهُ وَأَكْلِهِمْ أَمْوَالَ النَّاسِ بِالْبَاطِلِ ۚ وَأَعْتَدْنَا لِلْكَافِرِينَ مِنْهُمْ عَذَابًا أَلِيمًا﴾

161.
   Ва низ ба сабаби судхуриҳояшон, ҳол он ки дар Таврот аз он манъ карда шуда буданд ва ба сабаби ҳурданашон молҳои мардумро ба ноҳақ (бо роҳи рибо ва зиёдахурӣ). Ва мо барои кофирони яҳуд азоби дардоваре муҳайё кардаем. (1)

﴿لَٰكِنِ الرَّاسِخُونَ فِي الْعِلْمِ مِنْهُمْ وَالْمُؤْمِنُونَ يُؤْمِنُونَ بِمَا أُنْزِلَ إِلَيْكَ وَمَا أُنْزِلَ مِنْ قَبْلِكَ ۚ وَالْمُقِيمِينَ الصَّلَاةَ ۚ وَالْمُؤْتُونَ الزَّكَاةَ وَالْمُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ أُولَٰئِكَ سَنُؤْتِيهِمْ أَجْرًا عَظِيمًا﴾

162.
   Вале ононе, ки собитқадаманд дар илм аз ахли китоб ва он мӯъминонеро, ки ба он чӣ бар ту Қуръон ва ба он чӣ пеш аз ту нозил шуда, (ба Тавроту Инҷил) имон доранд ва намозро дар вақташ мегузоранд ва закоти молҳояшонро медиҳанд ва боварӣ доранд ба Аллоҳу рӯзи қиёмат, аҷри бузурге хоҳем дод!(1)

﴿۞ إِنَّا أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ كَمَا أَوْحَيْنَا إِلَىٰ نُوحٍ وَالنَّبِيِّينَ مِنْ بَعْدِهِ ۚ وَأَوْحَيْنَا إِلَىٰ إِبْرَاهِيمَ وَإِسْمَاعِيلَ وَإِسْحَاقَ وَيَعْقُوبَ وَالْأَسْبَاطِ وَعِيسَىٰ وَأَيُّوبَ وَيُونُسَ وَهَارُونَ وَسُلَيْمَانَ ۚ وَآتَيْنَا دَاوُودَ زَبُورًا﴾

163.
   Мо ба ту (эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ваҳй фиристодем, ҳамчунон ки ба Нӯҳ ва паёмбарони баъд аз ӯ ваҳй фиристодем ва ба Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наберагони Яъқуб ва Исо ва Аюб ва Юнус ва Ҳорун ва Сулаймон (алайҳимуссалом) ваҳй фиристодем ва ба Довуд Забурро додем.

﴿وَرُسُلًا قَدْ قَصَصْنَاهُمْ عَلَيْكَ مِنْ قَبْلُ وَرُسُلًا لَمْ نَقْصُصْهُمْ عَلَيْكَ ۚ وَكَلَّمَ اللَّهُ مُوسَىٰ تَكْلِيمًا﴾

164.   Ва паёмбароне, ки пеш аз ин қиссаҳояшонро барои ту гуфтаем дар Қуръон ва он, ки қиссаҳояшонро барои ту нагуфтаем. Ва Аллоҳ бо Мӯсо (алайҳиссалом) сухан гуфт, сухан гуфтани бевосита.

﴿رُسُلًا مُبَشِّرِينَ وَمُنْذِرِينَ لِئَلَّا يَكُونَ لِلنَّاسِ عَلَى اللَّهِ حُجَّةٌ بَعْدَ الرُّسُلِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمًا﴾

165.   Паёмбароне, ки муждадиҳанда (1) ва тарсонанда (2) буданд, то баъд аз паёмбарон далел ва ҳуҷҷате барои мардум бар Аллоҳ боқӣ намонад. Ва Аллоҳ ғолиб аст дар мулкаш ва дар тадбираш бо ҳикмат аст.

﴿لَٰكِنِ اللَّهُ يَشْهَدُ بِمَا أَنْزَلَ إِلَيْكَ ۖ أَنْزَلَهُ بِعِلْمِهِ ۖ وَالْمَلَائِكَةُ يَشْهَدُونَ ۚ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ شَهِيدًا﴾

166.
   Вале Аллоҳ ба он чи бар ту нозил кардааст (Қуръонро), шаҳодат медиҳад, ки онро ба илми худ нозил кардааст ва фариштагон низ шаҳодат медиҳанд (ба ҳақ будани Қуръон) ва кофӣ аст, ки Аллоҳ гувоҳ бошад. (1)

﴿إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا وَصَدُّوا عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ قَدْ ضَلُّوا ضَلَالًا بَعِيدًا﴾

167.
Ҳамоно касоне, ки кофир шуданд (инкор карданд сифатҳои Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро) ва манъ карданд мардумонро аз роҳи Аллоҳ, сахт ба гумроҳӣ афтодаанд. (1)

﴿إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا وَظَلَمُوا لَمْ يَكُنِ اللَّهُ لِيَغْفِرَ لَهُمْ وَلَا لِيَهْدِيَهُمْ طَرِيقًا﴾

168. Ҳамоно касоне, ки кофир шуданд ва зулму ситам карданд, ҳаргиз Аллоҳ намеомӯрзад ононро ва нишон надиҳад ба онон роҳи ҳақро,

﴿إِلَّا طَرِيقَ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۚ وَكَانَ ذَٰلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرًا﴾

169. магар роҳи дӯзах, ки абадианд дар он ҳамеша! Ва ин кор ба Аллоҳ осон аст.

﴿يَا أَيُّهَا النَّاسُ قَدْ جَاءَكُمُ الرَّسُولُ بِالْحَقِّ مِنْ رَبِّكُمْ فَآمِنُوا خَيْرًا لَكُمْ ۚ وَإِنْ تَكْفُرُوا فَإِنَّ لِلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا﴾

170.
Эй мардум! Ин паёмбар (Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)) ҳақ ва ҳақиқатро аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо овардааст, пас ба ӯ имон биёваред ва ӯро пайравӣ намоед, ки имон овардан беҳтар бошад барои шумо. Ва агар бар куфри худ давомат кардед зарари худи шумост, зеро Аллоҳ ба шумо ва имонатон эҳтиёҷ надорад. Ҳамоно он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ аст. Ва Ӯ доно аст ба гуфтору кирдори шумо ва медонад чи касе сазовори ҳидоят ё гумроҳӣ аст! (1)

﴿يَا أَهْلَ الْكِتَابِ لَا تَغْلُوا فِي دِينِكُمْ وَلَا تَقُولُوا عَلَى اللَّهِ إِلَّا الْحَقَّ ۚ إِنَّمَا الْمَسِيحُ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ رَسُولُ اللَّهِ وَكَلِمَتُهُ أَلْقَاهَا إِلَىٰ مَرْيَمَ وَرُوحٌ مِنْهُ ۖ فَآمِنُوا بِاللَّهِ وَرُسُلِهِ ۖ وَلَا تَقُولُوا ثَلَاثَةٌ ۚ انْتَهُوا خَيْرًا لَكُمْ ۚ إِنَّمَا اللَّهُ إِلَٰهٌ وَاحِدٌ ۖ سُبْحَانَهُ أَنْ يَكُونَ لَهُ وَلَدٌ ۘ لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۗ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ وَكِيلًا﴾

171.
Эй аҳли китоб! Дар дини худ аз ҳад нагузаред ва дар бораи Аллоҳ ҷуз ҳақ чизи дигаре нагуед ва ба Аллоҳ ҳамсар ва фарзанд қарор мадиҳед, ҳамоно Исои Масеҳ писари Марям фиристодаи Аллоҳ аст, Аллоҳ ӯро ба ҳақ фиристод ва ӯро ба ҳамон калимае халқ намуд, ки онро бо воситаи Ҷабраил ба сӯи Марям фиристод ва он иборат буд аз фармудаи худаш "Кун", (Бишав), пас шуд. Ва рӯҳе аст, ки Аллоҳ офаридааст, пас ба Аллоҳ ва паёмбараш имон биёваред ва нагӯед: "Аллоҳ сегона аст". (1) Бозистед аз гуфтани ин сухан, ки барои шумо беҳтар аст, ҳамоно Аллоҳ фақат маъбуди ягона аст. Пок аст, аз ин ки фарзанде дошта бошад. Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Ва Ӯ тадбири кори осмонҳо ва заминро басандааст. Аз ҳама чиз бениёз аст ва ҳама ба Ӯ ниёзманданд, пас чӣ гуна Ӯ дорои фарзанде аст? (2)

﴿لَنْ يَسْتَنْكِفَ الْمَسِيحُ أَنْ يَكُونَ عَبْدًا لِلَّهِ وَلَا الْمَلَائِكَةُ الْمُقَرَّبُونَ ۚ وَمَنْ يَسْتَنْكِفْ عَنْ عِبَادَتِهِ وَيَسْتَكْبِرْ فَسَيَحْشُرُهُمْ إِلَيْهِ جَمِيعًا﴾

172. Исои Масеҳ ҳаргиз аз он ки яке аз бандагони Аллоҳ бошад, нафрат надошт ва малоикаҳои муқарраб низ аз ин нафрат надоранд.
Ҳар кӣ аз парастиши (ибодати) Аллоҳ нафрат кунад ва такаббурона саркашӣ кунад, бидонад, ки Аллоҳ ҳама (нафраткунандагон, мутакаббирон ва бандагони муъмин)-ро дар назди худ ҷамъ хоҳад сохт, то дар байни онон ҳукми сазоворе кунад. Ва ҳар киро дар баробари амалаш ҷазои муносиб хоҳад дод. (1)

﴿فَأَمَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ فَيُوَفِّيهِمْ أُجُورَهُمْ وَيَزِيدُهُمْ مِنْ فَضْلِهِ ۖ وَأَمَّا الَّذِينَ اسْتَنْكَفُوا وَاسْتَكْبَرُوا فَيُعَذِّبُهُمْ عَذَابًا أَلِيمًا وَلَا يَجِدُونَ لَهُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ وَلِيًّا وَلَا نَصِيرًا﴾

173.
Аммо онон, ки имон овардаанд ба ягонагии Аллоҳ ва корҳои нек кардаанд, ҳаққи Аллоҳ ва ҳаққи бандагонро ба ҷо оварданд, Аллоҳ аҷрашонро ба пуррагӣ хоҳад дод ва аз бузургии худ бар онон хоҳад афзуд.
Аммо касонеро, ки ибову саркашӣ кардаанд, ба азобе дардовар азоб хоҳад кард ва барои худ ҷуз маъбуди барҳақ ҳеҷ дӯсте намеёбанд, ки ононро аз азоби Аллоҳ бираҳонад ва ҳеҷ ёридиҳандае ҳам намеёбанд, ки аз онон тарафдорӣ кунад. (1)

﴿يَا أَيُّهَا النَّاسُ قَدْ جَاءَكُمْ بُرْهَانٌ مِنْ رَبِّكُمْ وَأَنْزَلْنَا إِلَيْكُمْ نُورًا مُبِينًا﴾

174.
Эй мардум, дар ҳақиқат барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон ҳуҷҷате (1) омад ва барои шумо нури ошкоре нозил кардаем, (ки он нур, Қуръони бузургест, ки улуми гузаштагон ва ояндагонро дар бар дорад. Пас мардум агар дар зери анвори Қуръон роҳашонро наёбанд, дар торикӣ ва бадбахтии бузурге ғӯта хоҳанд зад). (2)

﴿فَأَمَّا الَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَاعْتَصَمُوا بِهِ فَسَيُدْخِلُهُمْ فِي رَحْمَةٍ مِنْهُ وَفَضْلٍ وَيَهْدِيهِمْ إِلَيْهِ صِرَاطًا مُسْتَقِيمًا﴾

175.
Аммо ононро, ки ба ягонагӣ ва тамоми сифатҳои Аллоҳ имон овардаанд ва ба Ӯ эътимод ва тавассул ҷӯстаанд, ба остони фазлу раҳмати хеш медароварад (яъне, ба сӯи некиҳо муваффақ мегардонад ва аз бадиҳо боз медорад) ва ба роҳи рост (илму амал ва донистани ҳақ) ҳидоят мекунад. (1)

﴿يَسْتَفْتُونَكَ قُلِ اللَّهُ يُفْتِيكُمْ فِي الْكَلَالَةِ ۚ إِنِ امْرُؤٌ هَلَكَ لَيْسَ لَهُ وَلَدٌ وَلَهُ أُخْتٌ فَلَهَا نِصْفُ مَا تَرَكَ ۚ وَهُوَ يَرِثُهَا إِنْ لَمْ يَكُنْ لَهَا وَلَدٌ ۚ فَإِنْ كَانَتَا اثْنَتَيْنِ فَلَهُمَا الثُّلُثَانِ مِمَّا تَرَكَ ۚ وَإِنْ كَانُوا إِخْوَةً رِجَالًا وَنِسَاءً فَلِلذَّكَرِ مِثْلُ حَظِّ الْأُنْثَيَيْنِ ۗ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمْ أَنْ تَضِلُّوا ۗ وَاللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ﴾

176.
Аз ту (эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)) фатво мехоҳанд, бигуй, ки Аллоҳ дар бораи калола (1) бароятон фатво медиҳад: ҳар гоҳ марде, ки фарзанд ё падаре надошта бошад, бимирад ва ӯро хоҳари ҳамтание ё хоҳари аз падар дошта бошад, ба он хоҳар нисфи мероси ӯ мерасад. Агар хоҳаре бимирад ва он хоҳарро низ фарзанд ё падаре набошад, бародари ҳамтанӣ ё бародаре, ки аз падар мебошад аз ӯ мерос мебарад. Агар аз шахси мутаваффо хоҳарон ду кас, ё бештар боқӣ бимонад аз се ду ҳиссаи дороиро мерос мебаранд. Ва агар якчанд бародару хоҳар буданд, ҳар мард баробари ду зан ҳақ мегирад. Аллоҳ барои шумо тақсими мерос ва ҳукми калоларо баён мекунад, то гумроҳ нашавед ва Аллоҳ донандаи тамоми корҳои гузашта ва оянда аст! (2)

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: