الإله
(الإله) اسمٌ من أسماء الله تعالى؛ يعني استحقاقَه جل وعلا...
148. (Мушрикон тақдир ва қазои илоҳиро баҳона (1) карда хоҳанд гуфт): «Агар Аллоҳ мехост, мо ва падаронамон мушрик намешудем ва чизеро ҳаром намекардем». Ва Аллоҳ бар онҳо рад карда шубҳаи ононро баён мекунад: Ҳамчунин касоне, ки пеш аз онҳо буданд, паёмбаронро дурӯғ бароварданд ва хашму азоби Моро чашиданд. Бигӯ (эй Расул): «Агар шуморо донише ҳаст, дар он чи ҳаром шуморидед аз чорпо ва киштзор, пас онро барои мо ошкор созед. Вале шумо дар умури дин танҳо аз гумони хеш пайравӣ мекунед ва ба ҷуз дурӯғ чизе намегӯед!