العلي
كلمة العليّ في اللغة هي صفة مشبهة من العلوّ، والصفة المشبهة تدل...
151. Бигӯ (эй Расул барояшон): «Биёед, то он чиро, ки Парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст, бароятон бихонам. Ин ки ба Аллоҳ чизеро ширк наёваред дар ибодаташ! Балки ҷамиъи навъҳои ибодатро барои Ӯ сарф намоед, (ба монанди дуо, тарс, умед ва ғайри инҳо). Ва ба падару модар некӣ кунед! Ва аз бими камбағалӣ фарзандони худро накушед! Мо ба шумо ва онҳо рӯзӣ медиҳем. Ва ба корҳои зишту беҳаёиҳо чӣ пинҳону чӣ ошкоро наздик нашавед! Ва касеро, ки Аллоҳ куштанашро ҳаром кардааст, ба ғайри хақ макушед! (1) Инҳост он чӣ Аллоҳ шуморо ба он супориш мекунад, бошад, ки ба ақл дарёбед!