البحث

عبارات مقترحة:

الفتاح

كلمة (الفتّاح) في اللغة صيغة مبالغة على وزن (فعّال) من الفعل...

الوهاب

كلمة (الوهاب) في اللغة صيغة مبالغة على وزن (فعّال) مشتق من الفعل...

المقيت

كلمة (المُقيت) في اللغة اسم فاعل من الفعل (أقاتَ) ومضارعه...

Шарҳи осони ақидаи таҳовӣ

الطاجيكية - Тоҷикӣ

المؤلف Муҳаммад Абдурраҳмон Ал-Хумайс ، Абдулҳалим ОРИФӢ
القسم كتب وأبحاث
النوع نصي
اللغة الطاجيكية - Тоҷикӣ
المفردات متون العقيدة
Барои ҳар кор асос ва зербино лозим аст. Илми ақида ҳам асосу таҳдоби ҳамаи корҳо ва илмҳо мебошад, зеро, ки бидуни он некбахтии дунё ва мақбулияти аъмол ба даргоҳи Худованд имконпазир нест. Аз ҳамин ҷиҳат уламои гузашта илми ақидаро муҳимтарин ва сароғози тамоми улум мегуфтанд ва инчунин мусалмононро барои омўзиши он ташвиқу тарғиб менамуданд ва ҳатто донистани он - «ақидаи тавҳид»-ро бар ҳар зану марди мусалмон фарзи айн мешумориданд... . Аммо баъд, китоби ҳозир шарҳи мўҷазест дар баёни ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат, ки эшон дар мазҳаби фақиҳони бузурги уммати Ислом, Абўҳанифа, Нўъмон ибни Собити Кўфи ва Абуюсуф, Яъқуб ибни Иброҳим Ансори ва Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбони мебошанд. Ақидаи саҳеҳи онҳоро имом Абўҷаъфари Таҳови дар ҳаҷми китобе тадвин намуда, ки воқеъан он хело ҷолиб ва муфид гардидааст. Ҳақиқатан тамоми уммати Ислом матни ақидаи Имом Таҳовиро хуб пазируфтанд ва шарҳу таълиқоти зиёд барояш навиштанд, ки баъзеашон тибқи далоили суннати набави шарҳ намуда ва баъзе дигар дар шарҳ намудан тариқаи мутакаллимин (аҳли каломро) дунбол гирифтанд. Яке аз бузургтарину судбахштарини он шарҳҳо шарҳи Имом Абулъиззи Ҳанафи мебошад, ки ў дар шарҳи худ се мулоҳизаи ислоҳҷўёна бар соҳиби «Ақидаи Таҳови» ирод фармудааст.

التفاصيل

ШАРҲИ ОСОНИ АҚИДАИ ТАҲОВӢ Муқаддимаи мутарҷим Муқаддимаи муаллиф Дарси аввал Дарси дуввум Дарси саввум. Дарси панҷум Дарси панҷум Дарси шашум. Дарси ҳафтум. Дарси ҳаштум Дарси нуҳум. Дарси даҳум. Дарси ёздаҳум. Дарси дувоздаҳум. Дарси сездаҳум. Дарси чаҳордаҳум Дарси понздаҳ: Дарси шонздаҳум Дарси ҳабдаҳум. Дарси ҳаждаҳум. Дарси нуздаҳум Дарси бистум. Дарси бисту якум. Дарси бистудуввум Дарси бисту сеюм Дарси бисту чорум Дарси бисту панҷум. Дарси бистушашум Дарси бистуҳафтум. Дарси бистуми ҳаштум  Дарси бисту нуҳум Дарси сиюм. Дарси сиву якум Дарси сивудуввум.  ШАРҲИ ОСОНИ АҚИДАИ ТАҲОВӢМуаллиф: Доктор Муҳаммад ибни Абдурраҳмони ХумайисМутарҷим: Абдулҳалим ОрифӣАммо баъд, китоби ҳозир шарҳи мӯҷазест дар баёни ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат, ки эшон дар мазҳаби фақиҳони бузурги уммати Ислом, Абӯҳанифа, Нӯъмон ибни Собити Кӯфи ва Абуюсуф, Яъқуб ибни Иброҳим Ансори ва Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбони мебошанд.Ақидаи саҳеҳи онҳоро имом Абӯҷаъфари Таҳови дар ҳаҷми китобе тадвин намуда, ки воқеъан он хело ҷолиб ва муфид гардидааст. Ҳақиқатан тамоми уммати Ислом матни ақидаи Имом Таҳовиро хуб пазируфтанд ва шарҳу таълиқоти зиёд барояш навиштанд, ки баъзеашон тибқи далоили суннати набави шарҳ намуда ва баъзе дигар дар шарҳ намудан тариқаи мутакаллимин (аҳли каломро) дунбол гирифтанд. Яке аз бузургтарину судбахштарини он шарҳҳо шарҳи Имом Абулъиззи Ҳанафи мебошад, ки ӯ дар шарҳи худ се мулоҳизаи ислоҳҷӯёна бар соҳиби «Ақидаи Таҳови» ирод фармудааст.Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим Муқаддимаи мутарҷимБарои ҳар кор асос ва зербино лозим аст. Илми ақида ҳам асосу таҳдоби ҳамаи корҳо ва илмҳо мебошад, зеро, ки бидуни он некбахтии дунё ва мақбулияти аъмол ба даргоҳи Худованд имконпазир нест. Аз ҳамин ҷиҳат уламои гузашта илми ақидаро муҳимтарин ва сароғози тамоми улум мегуфтанд ва инчунин мусалмононро барои омӯзиши он ташвиқу тарғиб менамуданд ва ҳатто донистани он - «ақидаи тавҳид»-ро бар ҳар зану марди мусалмон фарзи айн мешумориданд.Китобҳои таълифшуда дар илми ақида бисёранд, вале қадимтарин китобҳое, ки дар ин замина дастраси мусалмонони ҳанафимазҳаб аст, яке «Фиқҳи Акбар»-и имоми бузургвор Абӯҳанифа ва дигаре «Ақидаи Таҳовӣ»-и имом Абӯҷаъфари Таҳовӣ Ҳанафӣ мебошад, ки ин ду матн мақбул ва писанди тамоми мусалмонони салаф ва уламои он гардида ва то ин рӯз мусалмонони аҳли суннат ва ҷамоъат дар шинохтани Худо бо асмову сифоташ ва шинохти аркону аҳкоми имон ва Ислом аз он ду китоби арзишманд истифода мебаранд. Азбаски китобҳои мазкур бо забони арабӣ таълиф шудаанд, лозим донистем, ки онҳоро бо забони тоҷикӣ тарҷума намуда, дар дастрасии мусалмонон қарор диҳем. Бинобар ин банда бо тарҷумаи «Шарҳи осони Ақидаи Таҳовӣ», ки бо қалами доктори илмҳои ақида Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Хумайис таалуқ дорад, пардохтам, зеро ки ӯ матни «Ақидаи Таҳовӣ»-ро бо сабки осони таълимӣ ба дарсҳо тақсим намуда ва ҳар дарсро хулосагирӣ кардаст. Ҳамчунин барои мустаҳкам шудани маълумот дар зиҳни донишҷӯ ва хонанда дар охири ҳар дарс тамринот ва пурсишҳо тартиб додаст. Худованд шориҳи мазкурро барои ин кораш аҷру подоши беҳисоб ато фармояд ва низ ин шарҳи тарҷумашударо барои ҳамаи доништалабон муфид ва судманд қарор диҳад. Дар фарҷоми сухан аз Аллоҳ таъоло масъалат дорам ин амалро ки маҳз барои ризоии ӯ анҷом ёфтааст, бо лутфи амими хеш қабул намуда, дар номаи ҳасаноти ин бандаи оҷиз марқум фармояд ва моро дар тамоми корҳо тавфиқу ҳидоят ва истиқомату пойдорӣ ато намояд. Ҳамчунин аз хонандаи гиромӣ хоҳиш дорам, ки каминаро дар дуъои хеш фаромуш насозад.Абдулҳалим Орифӣ. Душанбе. 20.05.2000. Муқаддимаи муаллифСано ва ситоиш Худоерост, ки ҳамеша ӯро ситоиш намуда ва аз ӯ мадад мехоҳем ва ҳамчунин аз шарри нафсҳои хеш ва аъмоли бад ба ӯ паноҳ мебарем.Касеро, ки Ӯ ҳидоят намояд, ҳаргиз шахсе ӯро гумроҳ нахоҳад кард ва чун бандаеро гумроҳ созад, ҳеҷ кас ӯро ҳидоят карда наметавонад. Гувоҳӣ медиҳем, ки нест худое ба ҷуз Аллоҳ таъоло, ягона аст, ҳеҷ шарику анбозе надорад ва гувоҳӣ медиҳем, ки Муҳаммад (с) банда ва фиристодаи ӯст.«Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед чунончи шоистаи Худотарс будан аст, то намиред ҷуз ба дини мубини Ислом». Оли Имрон, 102Аммо баъд, китоби ҳозир шарҳи мӯҷазест дар баёни ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат, ки эшон дар мазҳаби фақиҳони бузурги уммати Ислом, Абӯҳанифа, Нӯъмон ибни Собити Кӯфӣ ва Абуюсуф, Яъқуб ибни Иброҳим Ансорӣ ва Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ мебошанд.Ақидаи саҳеҳи онҳоро имом Абӯҷаъфари Таҳовӣ дар ҳаҷми китобе тадвин намуда, ки воқеъан он хело ҷолиб ва муфид гардидааст.Албатта, бояд, ки китоби мазкур чунин муассир ва манфиатбахш қарор мегирифт, зеро, ки Абӯҷаъфари Таҳовӣ қавитарин шахсияти илми Ислом буд, ки тавонист ақидаи имомони бузурги Исломро муқаррар ва сабт намояд, аз ҷиҳати ин ки ӯ илми росих ва дар мазҳаби ҳанафӣ мартабаву мақоми баланд дошт. Бинобар ин дар назди фуқаҳо ва уламои аҳли ҳадис шахси сиқа ва мӯътамад маҳсуб мегашт.Ҳақиқатан тамоми уммати Ислом матни ақидаи Имом Таҳовиро хуб пазируфтанд ва шарҳу таълиқоти зиёд барояш навиштанд, ки баъзеашон тибқи далоили суннати набавӣ шарҳ намуда ва баъзе дигар дар шарҳ намудан тариқаи мутакаллимин (аҳли каломро) дунбол гирифтанд.Яке аз бузургтарину судбахштарини он шарҳҳо шарҳи Имом Абулъиззи Ҳанафӣ мебошад, ки ӯ дар шарҳи худ се мулоҳизаи ислоҳҷӯёна бар соҳиби «Ақидаи Таҳовӣ» ирод фармудааст:Якум қавли имом Таҳовӣ, ки дар васфи Худованд гуфта: «Қадим аст беибтидо», ки Ҳақ таъоло дар Қуръон худро чунин васф накарда, балки он аз сохтаҳои аҳли калом аст.Дуввум қавли имом Таҳовӣ: «Худованд аз ҳудуд ва ғоёту аркон ва аъзову адот поку муназзаҳ аст.», ки ин алфоз низ дар сарчашмаҳои шаръ (Қуръон ва ҳадис) на ба шакли мусбат ва на ба сурати манфӣ наомада, балки онҳо бофтаву сохтаи аҳли калом мебошанд ва беҳтар он аст, ки дар тавсифу баёни зоти Худованд аз чорчубаи алфози шаръӣ берун набароем.Саввум: Баён кардани имом Таҳовӣ мазмуни имонро ба ин тариқа «Ба дурустие, ки имон иқрори ба забон ва тасдиқ намудан ба дил аст». Пас ӯ бо ин гуфта аъмолро аз мафҳуму калимаи имон баровард, ки ин хилофи ақидаи тамоми уламои гузашта мебошад, ки эшон пешвоён ва бузургони чор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат буданд.Худованд ҳар ду имоми бузург, Абуҷаъфари Таҳовӣ ва Абулиззи Ҳанафиро маврида раҳмат ва инояти хеш қарор бидиҳад, зеро ки эшон хидмати арзандае барои суннати набавӣ ва низ барои ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат анҷом доданд.Воқеъан, кайҳо боз дар дилам шуру шавқи зиёд пайдо шуд, ки китоби мазкурро шарҳи кӯтоҳ ва дилчасп намояд, то писанду қабули толибони навомӯз гардад ва ҳамчунин тамоми мусалмонон дар шинохтани ақидаи Ислом аз он истифода намоянд.Аз Аллоҳ таъоло масъалату хоҳиш дорам, ки ҳама мусалмононро аз ин китоб баҳраманд созад ва ин амалу кӯшиши каминаро дар рӯзи ҳашр сабаби гароншавии тарозуи ҳасаноти ин бандаи мискин бигардонад.Омин ё рабба-л-ъоламин.Доктор: Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Ҳумайис.Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим Дарси аввалИмом, ҳуҷҷату-л-ислом, Абуҷаъфари Таҳовӣ (р) фармудаанд:Ин баёну тавзеҳи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат аст, ки эшон бар мазҳаби Абуҳанифаи Куфӣ ва Абуюсуфи Ансорӣ ва Абуабдуллоҳи Шайбонӣ (ризвонуллоҳи алайҳим аҷмаъин) мебошанд. Ҳамчунин китоби ҳозир усулу асосҳои динро, ки аҳли суннат ва ҷамоъат ба он эътиқод дошта, ба василаи он Парвардигори ҷаҳониёнро парастиш мекунанд, бозгӯ месозад.Дар баёни тавҳид ва ягонагии Алоҳ таъоло бо такя ба тавфиқу дастгирии Ӯ мегӯем: 1. Ҳамоно Худованд ягона аст ҳеҷ шарику анбозе надорад.Шарҳ:Дар ҳақиқат Худованд дар ҳама чиз ягона аст, дар зоту ҳастиаш ва дар афъолу кирдораш, дар номҳо ва сифатҳояш ва дар истиҳқоқу сазовор будани Ӯ барои ибодат ва парастиш.Хулоса, дар ҳама чиз Ӯ якка буда, шарику ҳамтое дар ҳеҷ коре надорад.Чунончи дар офариниш ва фармонравоӣ шарику анбозе Ӯро нест. «Огоҳ бошед, ки офариниш ва фармон ба дасти ӯст». Аъроф,54«Оё ғайри Аллоҳтоъолоҳ офаридгоре ҳаст, ки шуморо дар осмон ва замин рӯзӣ медиҳад?» Фотир, 3.Ҳамчунин дар фоидаву зиён ва миронидан ва зинда кардан ва умуман дар тамоми корҳои тадбир ва идораи олам барои Худованд шарику анбозе набуда ва нест.Дар асмо ва сифоташ низ шарику монанде ба худ надорад ва инчунин дар улуҳият ва истиҳқоқи убудият ҳам шарику ҳамтои Ӯ нест.Тавҳид ва имони банда комилу пурра намегардад, то ин, ки аз тамоми анвоъи ширк даст кашад ва Худовандро бо тавҳиди холис парастиш намояд, яъне дар рубубият ва афъолаш ягона бидонад ва инчунин дар асмо ва сифоташ ӯро ягона эътиқод намояд, бинобарин ба ҷуз Офаридгор махлуқеро аз ҳаддаш зиёд тавсифу ситоиш накунад, ва низ дар улуҳияташ ӯро муваҳҳаду ягона эътиқод намояд, бинобар ин ҳеҷ навъи ибодатро барои ғайри Аллоҳ таъоло анҷом надиҳад. «Фақат туро ибодат мекунем ва танҳо аз ту мададу ёрӣ металабем». Фотиҳа, 5 «Ва наофаридам ҷинн ва инсонро, магар борои ин ки маро бипарастанд». Зориёт: 56 2. Чизе монанди Ӯ нест.3. Чизе Ӯро оҷиз ва нотавон кардан наметавонад.4. Ва нест худое ғайри Ӯ.Шарҳ: Яке аз усули тавҳид ин аст, ки эътиқод ва бовар дошта бошӣ ба ин ки Аллоҳтаъолоро чизе шабиҳу монанд нест.«Нест чизе мисли Ӯ ва Ӯ шунаво ва биност». Шуро,11.Бинобар ин Хақ таъоло ба касе аз махлуқоташ монанд набуда ва ҳеҷ махлуқаш ба ӯ дар зоту ҳастӣ, дар афъолу кирдор ва низ дар асмо ва сифот ва дар ҳуқуқу салоҳиятҳо шабоҳату монандӣ надорад.Шарҳ: Ҳақ таъоло бар ҳар чизеки хоҳад қодиру тавоност. «Ҳамоно фармони Худо ин аст, ки вақте чизеро ирода кунад ба ӯ мегӯяд мавҷуд шав ва ӯ пайдо мешавад». Ёсин, 82Чизе дар Аллоҳ таъоло гарон набуда ва ҳеҷ чизе мояи аҷзи Ӯ нагашта. Чи тавре Худованд мефармояд:«Ва чизе дар осмонҳо ва замин Худовандро оҷиз нагардондааст. Ҳамоно Ӯ доно ва тавоност». Фотир, 44.Ин амр баёнгари камоли қудрат ва тавоноии Аллоҳ таъоло мебошад, ки Ӯ ҳар чиро ки хоҳад мекунад ва ҳар чиро нахоҳад анҷом намедиҳад ва ин нукта бар камоли рубубияти Ӯ далолат мекунад.Шарҳ: Ин калимаи тавҳид аст, ки тамоми паёмбарон мардумро ба сӯи он фаро хонданд.«Ҳар оина мо дар ҳар қавме паёмбар фристодем, то ба мардум бигӯянд, ки Худоро ибодат намоянд ва аз парастиши бут дурӣ бииҷӯед». Наҳл, 36Маънову маҳфуми оят ин аст, ки ба ҷуз Худованд касе лоиқу сазовори ибодат нест, зеро ки Ӯ Офаридгор, Рӯзидеҳ, Молик ва Идоракунандаи ҷаҳон аст. Аз ин рӯ бояд, ки бандагон тамоми анвоъи ибодатро танҳо барои ӯ анҷом диҳанд ва ҳар чизе ки ғайри Аллоҳ таъоло ниёиш карда ва парастида мешавад, ботил ва беасос мебошад.Чаро ин тавр аст? Зеро ки чизе аз дасти ин худоёни сохта барнамеояд ва эшон дорои ҳеҷ амру фармон ва тадбиру тасарруфе дар умри ҷаҳон намебошанд. Ҷумлаи «Нест худое ба ҷуз Ӯ», ки дорои нафй ва исбот аст, тавҳиди улуҳиятро ифода менамояд.Хулоса:Дар ҳақиқат Худованди бузург дар зоти хеш ва номҳову сифоташ ва дар маъбудияташ якаву танҳо буда, ҳеҷ махлуқаш ба ӯ шарику монанд намебошад ва Ӯ бар ҳама чиз қодиру тавоно аст. Чизе ӯро оҷиз нагардонда ва ба Ӯ ҳеҷ коре гаронӣ ва душворӣ наовардааст, ҳамчуноне ки ба ҷуз Ӯ касе мустаҳиққу сазовори ибодат ва парастиш нест.Пурсишҳо:1) Ваҳдонияти Аллоҳ таъоло чӣ маъно дорад?2) Анвоъ ва ақсоми сегонаи тавҳид кадом аст?3) Анвоъ ва бахшҳои сегонаи ширк кадомҳоянд?4) Ҳамаи паёмбарон мардумро ба сӯи кадом матлаб фаро хонданд? Дарси дуввум5- Қадим аст бе оғоз ва ҳамеша ҳаст бе интиҳо.6- Ҳалок нахоҳад шуд ва несту нопадид нахоҳад гашт.7- Ва ба ҷуз хостаи Ӯ чизе рӯй намедиҳад.Шарҳ:Қадим аз номҳоии Худованд ба шумор намеравад. Мурод аз он ин аст, ки чизе зоти ҳазрати Худовандиро сабқат накарда ва Ӯ ҳамеша ҷовидон ва бентиҳову фарҷом боқӣ хоҳад монд. Ин айнан маҳфуми ояти зерин мебошад. Зеро, ки маънои Аввал яъне пеш аз Ӯ чизе набуда ва Охир, яъне баъди Ӯ чизе арзи ҳастӣ нахоҳад кард, мебошад.Расули Худо (с) ояти мазкурро чунин тафсир намуда: Яъне ҳалок намешавад ва несту нобуд нахоҳад шуд. Чунончи Худованд дар таъйиди ин маъно фармуда:«Ҳар кӣ рӯи замин аст дастхӯши марг ва фаност ва зиндаи абадӣ зоти Худои мунъими бо ҷалол ва азамат аст». Ар-раҳмон 26-27Яъне Худованд ҳар чизеро ки ирода намояд, қодиру тавоно мебошад.Чунончи Аллоҳ таъоло фармуда: «Вале Худованд ҳар чизеро хоҳад мекунад». Бинобар ин ҳар гоҳ Худованд кореро бихоҳад, анҷомаш медиҳад, агар чанде тамоми махлуқоташонро нахоҳанд ва чун кореро нахоҳад, тамоми махлуқоташ онро анҷом дода наметавонанд. Ин аст иродаи қавӣ ва қадарии Аллоҳ таъоло.Аз ин рӯ ҳар кори нек ё баде, ки дар ин олам сар мезанад, ҳама ба ирода ва хости Ӯ сурат мегирад ва иродаи Ӯ ҳаргиз мағлуб ва маҳкум нахоҳад шуд. Чизеро, ки Ӯ бихоҳад, таҳаққуқ мепазирад ва чизеро, ки нахоҳад ба вуқуъ намепайвандад.8- Авҳому гумонҳо ба Ӯ намерасад ва фаҳму хирадҳо ӯро дарк нахоҳанд кард.9- Касе аз мардум ба Ӯ шабиҳу монанд намебошад.10- Зиндааст, ҳаргиз нахоҳад мурд ва пояндаву тадбиркунандааст, ки ҳаргиз касолату хоб ӯро фаро нагирад.Шарҳ: Ҳамоно касе аз мардум ба василаи илму дониш ба Ӯ расида наметавонад. Чунон чи Худованд фармуда «Касе ба илму дониш ба зоти ӯ нахоҳад расид». Бинобар ин тахмину гумонҳо ва тасаввуроту хаёлҳо ба ҳақиқати зоти Худованд нахоҳад расид ва касе ҳам кунҳу умқи зоташро нахоҳад донист. Ҳамчуноне, ки касе аз махлуқоташ дар зоту ҳасти ва номҳову сифот ва афъолу кирдораш ба Ӯ шабоҳат надорад ва Ӯ зиндааст, ки ҳаргиз намемирад. «Ва бар он зоти зиндае, ки ҳаргиз намемирад, таваккал ва эътимод кун.»Пояндаву идоракунандааст, ки ҳаргиз Ӯ ҳолати пинак фаро нагирад, чи ҷои хоб рафтан ва агар ва агар Ӯ хоб фаро гирад, ҳароина тамоми қавонин ва низоми олам мутазалзил ва вайрон мегардад.Ҳамаи ин нуктаҳо афкору эътиқоди тоифаи муташаббиҳаро, ки Худовандро ба мухлуқоташ ташбиҳ дода ва ба ин сабаб кофир гаштаанд, рад менамояд.11- Офаридгори бениёз ва рӯзидиҳи хастанашаванда аст.12- Миронандаи бехавфу тарс ва зиндакунандаи бемашаққат ва хастагӣ мебошад.Шарҳ: Ҳамоно Худованд мардумро ба ин хотир наофарида, ки ба эшон дасти ниёзмандӣ дароз кунад, ё аз онон майли ҳамкорӣ ва кӯмак намояд, балки онҳоро танҳо барои ибодату парастиши зоти покаш офаридааст.Читавре ки мефармояд: «Наофаридам ҷинн ва инсонҳоро магар барои ин ки маро бипарастанд.»Худованд ҳамаи махлуқоташро сарфи назар аз ин ки инсон бошад, ё ҷинн, парранда бошад, ё хазанда, мӯъмин бошад, ё кофир ризқу рӯзӣ дода, хостаҳояшро бароварда месозад, дар ҳоле ки ин амр чизе аз хазинаҳои мулкаш намекоҳад.Ба дасти Аллоҳтаъолост калидҳои осмонҳову замин ва Ӯ махлуқоташро дар соати муқарраршуда бе ягон хавфу ҳарос мемиронад «Худованд мемиронад одамонро чун маргашон даррасад» Зумар, 42 «Аллоҳ таъоло аз корҳои анҷомдодааш пурсида нахоҳад шуд, вале эшон (мардум) мавриди пурсиш қарор мегиранд». Анбиё: 23Ва Ӯ рӯзи қиёмат мурдагонро аз гурҳояшон бармеангезад: «Кофирон чунин пиндоштанд, ки ҳаргиз барангехта нахоҳанд шуд. Бигӯ, савганд ба Парвардигорам, ҳароина барангехта мешавед, сипас аз корҳои анҷомдодаатон хабар дода мешавед ва ин амр дар назди Худованд саҳлу осон аст». Тағобун,7Аз ин рӯ бидуни машаққат ва хастагӣ рӯзи растохез ҳамаи мардумро баъд аз маргашон бори дуввум зинда хоҳад кард. Зеро бешакку шубҳа зоте, ки замини мурдаро ба василаи об зинда кард, бар зиндасозии мурдагон қодиру тавоност «Ҳамчунин мебарорем мурдагонро шояд, ки шумо панд бигиред». Аъроф: 57Ҳамчунин он зоте, ки нахустин бор офарида, қудрату тавони инро дорад, ки дубора онҳор зинда намояд ва ин ин кор дар назди Ӯ бисёр саҳлу осон мебошад.Поку муназзаҳ аст Худованд аз он чи кофирон мегӯянд.Хулоса: Ҳақиқатан, Худованд аввал ва охир буда, ҳамеша зиндаву поянда аст. Чизеро ки хоҳад анҷом медиҳад. Ҳақиқати зоти Ӯро бо илму дониш шинохтан имконпазир нест. Ҳаргиз Ӯро пинак ва хоб намегирад. Аз корҳои анҷом додааш пурсида намешавад, вале мардум мавриди суол ва пурсиш қарор мегиранд.Пурсишҳо:1) Оё Қадим аз номҳои Худованд аст?2) «Ва ҷуз хостаи Ӯ чизе рӯй намедиҳад» чӣ маъно дорад?3) Дар идораву тасмимгирии Худованд шарику анбозе ҳаст? Дарси саввум.13- Ҳамеша пеш аз офариниши мардум ба сифати хеш муттасиф буда, офариниши онон чизе бар сифаташ наафзуда. Ҳамчуноне, ки бо сифаташ азалӣ ва ҳамеша будааст, ҳамин тавр бар он сифатҳо абадӣ ва ҷовидон хоҳад монд.14- Баъди офаридани махлуқот ва ба вуҷуд овардани мардумон номҳои Холиқ (офаридгор) ва Борӣ (эҷодкунанда)-ро касб накардааст.Шарҳ: Дар ҳақиқат ҳар сифате аз сифоти Аллоҳ таъоло пеш аз офаридани махлуқот дар азал барояш собит ва пайдо буд ва тамоми сифатҳои мазкур сифоти камол ва танзиҳи Ӯст, ки набудани сифати мазкур дар зоти Ҳақ таъоло нақс ва адами камол маҳсуб мегардад. Маҳол аст, Аллоҳ таъоло баъди нақс ва нопуррагӣ сифоти камол ва муназзаҳиятро касб карда бошад, ё ин ки баъди офаридани мардум кадом сифате ба сифоташ изофа гардида бошад, балки тамоми сифоти мазкур дар азал қабл аз офариниши ашё барои зоти Ӯ собит ва мавҷуд будааст.Ҳамчуноне, ки Худованди бузург бо сифатҳояш азалӣ аст, ки барои он сифот ибтидову оғоз вуҷуд надорад, ҳамин тавр Ҳақ таъоло бар сифоти мазкур ҷовид ва абадӣ мебошад, ки онҳо ҳеҷ гоҳ несту нобуд намешаванд, балки бо бақову ҳастии мавсуф боқӣ ҳоҳанд монд.Аллоҳ таъоло қабл аз офаридани махлуқот дорои номи Холиқ (офаридгор) буд ва ҳеҷ гоҳ тавсифи Ӯ бо ин ном ба офариниши махлуқот мавқуф набудааст. Ҳамчунин номи Борӣ (эҷодкунанда)-ро баъди ба вуҷуд овардани оламиён ба худ касб накарда, балки Ӯ қабл аз ибдоъ ва эҷоди мавҷудот Борӣ буд. Аз ин рӯ номҳо ва сифоти Ӯ чун зоти покаш қадим (бе ибтидову оғоз) мебошад. Дар ин маврид аз Паёмбари Худо (с) ривоят аст, ки он ҳазрат(с) чунин хабар медиҳад:«Худованди бузург қисмату сарнавишти махлуқоташро панҷоҳ ҳазор сол пеш аз офаридани осмонҳо ва замин муқаддар ва муайян намудааст».15- Маънои рубубият (Парвардигорӣ) барояш хос буда ва худ марбуб (офаридашуда) нест ва нчунин маънои холиқият (офаридгорӣ) барояш хос буда ва худ махлуқ намебошад.16- Ҳамчуноне, ки Ӯ қабл аз дубора зинда кардани мурдагон сазовори ин ном (зиндакунанда) гаштааст, ҳамин тавр пеш аз офаридани мардум сазовору мустаҳиқи ин ном (Холиқ) буд.17- Зеро, ки Ӯ бар ҳама чиз қодиру тавоно буда ва ҳама чиз ба сӯи Ӯ ниёзманд мебошанд ва ҳамаи корҳо бар зоти Ӯ саҳлу осон аст, ки ба чизе муҳтоҷу ниёзманд намегардад. «Ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест ва Ӯ шунавову бино аст».Шарҳ: Дар ҳақиқат Аллоҳ таъоло пеш аз офаридани мардум ба тамоми маънои рубубият Парвардигор мебошад. Ҳамчунин Ӯ қабл аз халқ намудани ашё Холииқу офаридгор мебошад. Пас ин номҳо ва маъонӣ, ки ба Ӯ далолат мекунад, ҳамеша аз аввал то охир хос ба зоти Борӣ таъоло ҳаст.Бинобар ин ҳамчуноне, ки Худованд мурдагонро баъди ҳаёту зиндагониашон ду бора зинда мекунад, ҳамин тавр Ӯ онҳоро қабл аз сурати ҳастӣ гирифтан зинда карда, ба эшон ҳаёт бахшида буд ва чуноне, ки Ҳақ таъоло баъд аз офариниш мурдагонро ду бора халқ мекунад, ҳамин тавр ӯ эшонро қабл аз-ин офариниш халқ бинмуда. Зеро, ки Аллоҳ таъоло бар ҳама чиз қодиру тавоно аст, ҳар гоҳ чизеро хоҳад анҷом медиҳад ва чун нахост пайдо намегардад ва ин иродаи қавии қадарист, ки чизе аз чорчубаи он берун намебарояд ва ҳеҷ гоҳ чизе мухолифи он сурат намегирад. Тоифаи Мӯътазила мегӯяд: Аллоҳ таъоло бар ҳамон чизе, ки дар доираи қудрату тавонаш ҳаст, қодир мебошад, вале афъолу кирдори бандагон аз доираи қудраташ берун аст, бинобар ин Худованд бар афъолу кирдори бандагонаш қодир намебошад. Ин эътиқоди Муътазила салб намудани сифати камол аз Худованд мебошад, зеро, ки Аллоҳ таъоло бар ҳама чиз қодиру тавоност, чуноне Ӯ аз худ хабар дода мегӯяд: «Аллоҳ таъоло бар ҳама чиз қодир мебошад». Бақара: 284Ҳамчунин ҳар чизе, ки дар ин ҷаҳон арзи ҳастӣ мекунад, ҳама бо ирода ва хости Ӯст ва бовару тасдиқ намудани ин масъала аз муҳимтарин шурути имон овардан ба рубубияти Аллоҳ таъоло ба ҳисоб меравад.Ҳар чизе, ки дар ин олам аст, ҳама дар мавҷудият ва бақо ниёзманд ва мӯҳтоҷ ба Аллоҳ таъоло мебошад ва ҳама корҳо дар назди қудрат ва нерӯи Худовандӣ саҳлу осон аст. Чи тавре, ки Ҳақ таъоло мефармояд: «Ҳамоно ин бар Худованд осон аст». Ҳадид: 22Ва Ӯ ба касе ё ба чизе эҳтиёҷ надорад, балки ҳама чиз дар ҳама вақту замон ва мавзиъу макон ба Аллоҳ таъоло мӯҳтоҷ ва ниёзманд мебошад.Хулоса: Сифоти зотии Худованд қадиму азалианд ва сифоти феълиаш қадиму-н-навъ мебошанд. Агар чанде баъзе аз сифоти феълӣ қобили ҳудус ва пайдошавӣ бошанд, вале онҳо бо бақову пояндагии зоти Аллоҳ таъоло боқӣ ва ҷовидон мебошанд ва Худованд қабл аз офариниш дорои асмо ва сифоти хеш буд.Пурсшҳо: 1) Оё маънои рубубияти Худованд ба вуҷуду ҳастии марбубин (махлуқҳо) ниёз дорад? 2) Оё қудрати Аллоҳ таъоло дар ҳама чиз таъсир хоҳад кард?3) Маънову маҳфуми ин оят (Нест чизе шабиҳи Ӯ) чист? Дарси панҷум18- Мардумро бо илми худ биёфарид.19- Тақдиру сарнавишти онҳоро муайян намуд.20- Аҷалу муҳлати онҳоро муқаддар ва муайян сохт.21- Чизе қабл аз офарниши эшон аз зоти Ӯ пинҳон ва махфӣ намонда ва инчунин пеш аз офаридан тамоми кору кирдоре, ки эшон анҷом медиҳанд, медонист.Шарҳ: Ҳамоно Худованд мардумро офарида, дар ҳоле, ки ба эшон доно ва огоҳ буд. Чи тавре, ки мефармояд: «Оё он зоте, ки офаридааст, намедонад ва Ӯ меҳрубон ва огоҳ аст». Мулк: 14Бинобар ин илми Худованд ҳама чизро иҳота намудааст, ҳамчуноне, ки мефармояд: «Он чизеро, ки аз пешу ақиби онҳост, медонад ва касе бо илму дониш ҳақиқати зоти Ӯро намешиносад». Тоҳо: 110Илми Аллоҳ таъоло ба чизҳои гузашта ва оянда ва чизе, ки рух надода, агар ба вуқӯъ меомад, чи гуна сурати ҳастӣ мегириф-ро фаро мегирад.«Чизе ба андозаи як зарра ва на хурдтар ва на бузургтар аз он дар осмонҳо ва замин дар илми Худованд пӯшида нест, магар ин ки ҳама дар китоби возиҳу ошкор сабт гардида», яъне чизе аз Ӯ пӯшида нест ва илми Ӯ куллиёт ва ҷузъиётро фаро гирифтааст.Ҳама чизро Худованд ба андоза офаридааст, ҳамчуноне, ки мефармояд: «Мо ҳама чизро ба андоза офаридем». Қамар: 49Аз ин рӯ хайру некӣ ва шарру бадӣ ҳама муқаддар мебошанд ва ҳама чиз ба андоза офарида шуда.Ин гуфта даъвову пиндори касонеро, ки мегӯянд, ки шарру бадиро Худованд наофаридааст, рад менамояд. Аллоҳ таъоло барои мардум муҳлату вақт муайян намуда, ки аз он заррае таъхир намекунад. «Пас ҳар вақте, ки аҷалашрн фаро расад соате тақдим ва таъхир нахоҳад кард». Аъроф: 34Ҳақиқатан, Худованд ҳама чизро пеш аз офаридан медонист ва инчунин некбахтон ва бадбахтон, некӯкорон ва фосидонро қабл аз офариниш медонад ва чигуна ва дар кадом рӯз сар задани корҳоро аз эшон низ хоҳад донист. Ҳеҷ чизе аз кору кирдори мардум аз Ӯ пӯшида нест.Хулоса: Ҳамоно Худованд мардумро ба илми хеш офарида аст, ва тақдиру сарнавишти ҳар чизро муайян кардааст.Чизе аз махлуқоташ ва аз аъмолу кирдорашон қабл аз офариниш бар ӯ махфӣ ва пинҳон намондааст.Пурсишҳо:1) Маънои ин ҷумла «ва тақдиру сарнавишти онҳоро муайян кардааст» чӣ мебошад?2) Оё Худованд аъмолу кирдори бандагонро пеш аз офариданаш медонад? Дарси панҷум22- Онҳоро ба тоату фармонбардории хеш амр намуда ва аз маъсияту саркашиаш наҳй кардааст.23- Ва ҳама чиз ба тақдиру хости Худованд ҷорӣ мегардад ва иродаву хоҳиши Аллоҳ таъоло иҷро шуданист. Бандагон ҳеҷ иродаву хоҳиш надоранд, магар он чиро ки Худованд барояшон хоста бошад. Пас чизеро ки Худованд хоста, рух медиҳад ва чизеро, ки нахоста воқеъ нахоҳад шуд. Шарҳ: Воқеан, Худованд мардумро бо итоату фармонбардории худ амр намуда, савобу подоши зиёде дар ивази он ваъда додааст. Ҳамчунин эшонро аз маъсияту саркаши наҳй карда, аз азоби дарднок бимашон додааст. Чи тавре, ки Аллоҳ таъоло фармуда: «Ва касе, ки аз Худо ва расулаш итоат намояд, Аллоҳ таъоло ӯро ба биҳиштҳое дохил мекунад, ки зери онҳо ҷӯйҳо равон аст дар ҳоле, ки Ӯ дар он ҷо ҷовидон ва абадӣ мебошад ва ин аст пирузии бузург ва касе, ки аз Худо ва расули Ӯ саркашӣ намуда, марзҳои муайяншудаи Ӯро таҷовуз намояд, Ҳақ аъоло Ӯро ба оташе дохил менамояд, ки дар он ҷовидон месӯзад ва барои ӯст азоби хоркунанда». Нисо: 12-14Худованд баъди ҳарф заданаш аз халқу офаринииш бе восита аз амр ва наҳй хабар медихад, ки ин нукта бар он далолат менамояд, ки Офаридгор дорои амр ва наҳй аст.Чуноне, ки Ҳақ таъоло мефармояд: «Огоҳ бошед, ки барои Худованд аст, амр ва наҳй» Аъроф: 54Ҳама чиз ба тақдир ва хоҳиши Аллоҳ таъоло равон аст ва хеҷ чиз дар олами ҳастӣ бе иродаву хоҳиши Ӯ сурат намегирад ва машияту иродаи Ӯ таҳаққуқпазир ва иҷро шуданӣ аст ва хеҷ гоҳ ба таъхир ва таътил мувоҷиҳ намегардад, ки инро иродаи кавнӣ-қадрӣ меноманд ва маънову мафҳуми он иборат аст, аз ин ки ҳар чизеро, ки Худованд дар ин олам ирода намояд, хоҳ ӯ некӣ ва бадӣ бошад, албатта ӯ таҳаққуқ меёбад ва пайдо мегардад. Худованд мефармояд: «Касеро, ки Худо хоҳад гумроҳ мекунад ва касеро, ки хоҳад бар роҳи рост қарор медиҳад.» Аъроф: 39«Ва агар Худованд мехост эшон даст ба куштор намезаданд, вале Аллоҳ таъоло чизеро, ки хоҳад анҷом медиҳад.» Бакара: 25Иродаву хоҳиши бандагон ҳам аз машият ва хоҳиши Илоҳи берун нест, чунон, ки Худованд мефармояд: «Ва намехоҳед, магар он чиро, ки Худованд, Парвардигори чаҳониён хоста бошад.» Таквир: 29Иродаи кавнӣ аз иродаи шаръӣ фарқ дорад, ба ин гуна, ки он аҳёнан таҳаққуқ намеёбад. Зеро, ки Худованд кореро дӯст медорад ва ба вуҷуд омаданашро намехоҳад.Аҳёнан, кореро бад мебинад, вале рух додани онро аз ҷиҳати ҳикмат ва сабабе мехоҳад, ки он ҳикмату сабабро танхо ӯ медонад.Чизеро, ки Худованд барои бандагонаш хоҳад анҷом меёбад ва ҳар чиро, ки барояшон нахоҳад воқеъ намешавад, агар чанде ҳамаи бандагон онро бихоҳанд. Ин амр хилофи гуфтаи қадария мебошад, ки эшон мегуянд, ки инсон маъсияту гуноҳро ба хоҳиши худ ва бе таъсири иродаи Илоҳӣ анҷом медихад, яъне Худованд он маъсиятро ирода накардааст, балки кунандаи он фақат инсон мебошад, ки ӯ маъсияти мазкурро хоста, на Худо. Ҳамин тавр қадариён инсонро иродакунандаи ашё бе иродаи Илоҳӣ қарор додаанд.24- Касонеро, ки хоҳад ба фазлу раҳмати хеш ба роҳи рост ҳидоят намуда, аз гумроҳӣ нигоҳ медорад ва касеро, ки хоҳад ба ҳукми одилонааш гумроҳ сохта, ба хузлон ва хорӣ гирифтор месозад.25- Ва ҳамаи бандагон дар иродаву хоҳиши Худо миёни фазлу адолаташ мегарданд.Шарҳ: Ҳамоно Худованд касеро, ки аз бандагонаш хоҳад ба роҳи рост ҳидоят кардааст, аз куфру гумроҳи ва гуноҳу маъсият ва аз осори зиёновари он дар дунё ва охират ҳифз менамояд.Ба касе, ки Аллоҳ таъоло ин неъматро лоиқу сазовор бинад, пас ин фазлу раҳмати бекаронаи Илоҳӣ мебошад, ки бояд банда Худовандро барои ин шукргузорӣ намояд.Ҳамчунин касеро, ки аз мардум хоҳад гумроҳ намуда, ба зиллату хорӣ меафканад. Ба ин тариқ, ки эшонро ба нафсҳояш вогузошта, фосилае, ки миёни шайтон ва онҳост мебардорад, бинобар ин аз исмату паноҳи Илоҳӣ маҳрум гашта, дар гумроҳӣ ва маъсият меафтад. Ин амали Худованд, кори одилонаи ӯст, ки ҳикмати ниҳоят бузург дорад ва адолату доди мутлақ ва комил махсуси зоти ӯст. Чунончи оятҳои зерин бар ин гуфтаҳо далолат мекунад. «Касеро, ки хоҳад гумроҳаш мекунад ва касеро, ки хоҳад ба роҳи рост мебарад.» Анъом: 39«Ту (эй Муҳаммад) касеро, ки дӯст дорӣ ҳидоят карда наметавонӣ, вале Худованд аст, ки касеро хоҳад ҳидояташ мекунад.» Қасас: 56Аз ин рӯ, тамомии умури мазкур, (ҳидооят ва гумроҳӣ) ҳама ба дасти Аллоҳ таъолост ва ин амр яке аз усул эътиқодии аҳли суннат ва ҷамоат ба ҳисоб меравад. Бнобар ин ҳар касе ҳидоят ёбад, Худованд аст, ки ӯро ба фазлу карамаш ба роҳи рост ҳидоят фармуда ва ҳар касе гумроҳ шавад, Худованд аст, ки ба адлу ҳикмати хеш ӯро ба залолату гумроҳӣ афкандааст.Вале Мӯътазила бар хилофи эшон мегӯянд, ки афъолу кирдори бандагон хоставу сохти дасти худи онҳост.«Ҳамаи мардум дар машияту иродаи Илоҳӣ миёни фазлу адли Худованд дар гардишанд ». Аз ин рӯ, мебинем, ки баъзе аз эшон мӯъмини ҳидоятёфтаанд, ки албатта ин ҳам ба илму ҳикмат ва фазлу раҳмати Худованд марбут аст ва баъзе дигар гумроҳ ва сарсон ба куфру исён ва ин ҳам тақозои ҳикмат ва адолати Аллоҳ таъоло мебошад, бинобар ин касе аз идораву хоҳиши Худованд заррае берун баромада наметавонад.«Ва намехоҳед, ҷуз он чиро, ки Аллоҳ таъоло Парвардигори ҷаҳониён хоста бошад.» Таквир: 29Ногуфта намонад, ки инсони ҳидоят ёфта аҳёнаи дар натиҷаи маъсият ва ғафлат варзидан Худованд ӯро сазо дода, ба хузлон ва хорӣ меафканад ва сипас боз ба роҳи рост ҳидоят менамояд, ё ин ки ӯро ба залолату гумроҳии абадӣ гирифтор месозад. Худованд моро аз ин нигоҳ дорад.Хулоса: Худованд мардумро амр карда, ки аз Ӯ итоат намоянд ва аз маъсияту саркашиаш наҳй фармудааст. Ҳама чиз ба ирода ва ҳукми Худованд сурат мегирад. Иродаву хоҳиши бандагон дар зери иродаи Аллоҳ таъолост ва Ӯ касеро, ки хоҳад ҳидоят мекунад ва касеро, ки хоҳад гумроҳ месозад ва касе аз иродаву хостаи Ӯ хориҷ шуда наметавонад.Пурсишҳо:1) Худованд ба чӣ кор амр намуда ва аз кадом кор наҳй фармудааст?2) Оё иродаи Иллоҳӣ хайр (некӣ) ва шар (бадӣ)-ро фаро мегирад?3) Маънои ин ҷумла «Худованд касеро хоҳад ба ҳукми одилонааш гумроҳ месозад»- ро бозгӯ ва тафсир намоед. Дарси шашум.26- Ва Ӯ аз нақизу зид ва шабиҳу монанд бартар ва пок аст.27- Касе қазо ва ҳукми Ӯро рад карда наметавонад ва ҳеҷ касе ҳукми Ӯро ба ақиб андохта наметавонад ва ҳеҷ касе бар амру фармонаш чира намегардад.Шарҳ: Ҳамоно Худованд аз ин ки дар амру ҳукм ва офариниш ва мулки ҳастиаш нақиз ва мухолиф дошта бошад, пок ва муназзаҳ аст, инчунин дар номҳо ва сифоти хеш шабиҳ ва анбоз надорад, балки дар ҳақиқат чизе монанди Ӯ нест. Худованд мефармояд:«Ба Худованд шабиҳу анбоз қарор мадиҳед, дар ҳоле, ки шумо инро медонед.» Бақара: 22Ҳар гоҳ Аллоҳ таъоло кореро ҳукм фармояд, ҳатман онро иҷро менамояд ва чун манфиату судеро аз мардум боздорад, агар ҳамаи мардум ҷамъ шаванд барои ҷалби он манфиат чизе карда наметавонанд ва чун ба касе зарару газанде расонданӣ шавад, ҳарчанд тамоми мардум ҷамъ шаванд пеши роҳашро гирифтан наметавонанд. Ва ҳар вақте ҳукми кореро содир намояд, ҳатман ҳукми Ӯ амалӣ гардида, чизе онро ба таъхир намеандозад. «Ва Худованд ҳукм менамояд, дар ҳоле, ки касе ҳукми Ӯро таъхир намеандозад» Раъд: 41Ва ҳар гоҳ кореро хоҳад, албатта иҷро мегардад, дар ҳоле, ки ҳеҷ кас пеши роҳашро гирифта наметавонад, балкии амру фармони Ӯ бар ҳама махлуқот нофиз ва муъассир мебошад. «Ва Худованд бар амру фармони хеш чира мебошад, вале бештари мардум инро намедонанд.» Юсуф: 31Хулоса: Аллоҳ таъоло аз зидду нақиз ва шабиҳу анбоз пок ва муназзаҳ аст ва касе қазову хостаи Ӯро рад ва ҳукмашро таъхир карда наметавонад ва низ бар амру фармони Ӯ чирадастӣ нахоҳад кард.Пурсишҳо:1) Зидду нақиз ва шабиҳу монанд чӣ маъно дорад?2) Оё чизе қазову ҳукми Илоҳиро таърих месозад? Дарси ҳафтум. 28-Ба тамоми ашёи мазкур имон меорем ва яқин мекунем, ки ҳамаи ин аз назди Худост.29-Ва ҳамоно Муҳаммад бандаи писандида ва паёмбари баргузида ва ихтиёркардаи Ӯст.Шарҳ:Муҳаммад (с) яке аз машҳуртарин номҳои бузург мебошад. Аз ҷиҳати дар баргирии ин исм хислатҳои волои инсониро, соҳибашро баро хислатҳо ситоишу тавсиф менамоянд. Ин исм номи охирин паёмовари Илоҳист, ки аз бузургтарин ва поктарин насаби араб ба дунё омадааст.Ӯро Муҳаммад писари Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб меномиданд.Убудияту бандагӣ бузургтарин мақомҳо барои инсон маҳсуб мегардад, чунон чи Аллоҳ таъоло мефармояд: «Пок ва муназзаҳ аст, Худое, ки дар (муборак) шабе бандаи худ Муҳаммад (с)–ро аз Масҷидулҳаром ба Масҷидулақсо сайр дод.» Исро: 1Дар ҳақиқат Худованд Муҳаммад (с)-ро аз беҳтарин махлуқоташ баргузида, бар ҳама мардум фазилат ва бартариаш додааст ва бешак ӯ паёмбари муқарраб ва баргузида аст, ки Аллоҳ таъоло ӯро барои охирин рисолат ва паёми хеш нтихоб намуда,бузургтарин ва шарифтарин китоби осмониро бар ӯ нозил сохтааст.30-Ва ҳамоно ӯ (Муҳаммад) хотами паёмбарон ва маҳбуби Парвардигори ҷаҳониён мебошад.31-Ҳама даъвои нубувват ва паёмбарӣ баъд аз ӯ (Муҳаммад) инҳирофу гумроҳӣ ва ҳавову ҳаваси шайтонист.Шарҳ: Муҳаммад (с) охирон паёмовари Илоҳӣ мебошад. Чи тавре, ки Ҳақ таъоло фармуда: «НестМуҳаммад падари яке аз мардони шумо, ва лекин ӯ Расули Худо ва хатмкунандаи паёмбарон мебошад.» Аҳзоб: 40Ва ӯ (Муҳаммад) бештарини мардум аз рӯи хавфу тарси Худо парҳезгортарини эшон ба шумор мерафт, чунон чи он ҳазрат (с) фармудаанд:«Ман тарсандатарини шумо ба ҳудуд ва аҳкоми Аллоҳ таъоло мебошам.»Ва низ он ҳазрат (с) сарвари анбииё ва паёмбарон мебошанд. Чи тавре, ки фармудаанд: «Ман сарвари фарзандони одам мебошам ва аз ин ҳеҷ фахру сарбаландӣ намекунам.» Ҳамчунин ӯ бузургтарин махлуқот ва маҳбуби Парвардигори оламииён мебошад, ки Худованд барои рисолати осмонӣ баргузида, ба худ муқарраб ва наздик гардонидааст. Расули Худо (с) дар ин маврид чунин мефармоянд: «Худованд чи тавре ки Иброҳим (с)-ро дӯст гирифта буд, маро низ дӯсти худ қарор додааст.»Ҳама иддиои нубувват ва паёмбарӣ баъди ҳазрати Муҳаммад (с) инҳироф ва гумроҳӣ маҳсуб мегирад, бинобар ин касе, ки баъд аз Расули Худо (с) бароии худ, ё барои дигарон даъвои пайғамбарӣ кунад, кофир мешавад. Ҳамчунин касе, ки ӯро дар ин амр тасдиқ ва бовар намояд кофир мегардад, балки ҳар касе, ки дар ин амр шакку гумон намояд (ду дила шавад) низ кофир мегардад .Зеро, ки бандаи мӯъмин чунин имон меоварад, ки баъди Муҳаммад (с) ҳеҷ паёмбаре нест.Оре, шояд баъд аз Расулии Худо (с) даъвогари дурӯғгӯ биёяд, ки ӯ иддаъоии паёмбарӣ намояд ва иҳтимолан баъзе корҳои ғайри оддӣ анҷом диҳад ва пайравоне низ дар атрофи хеш ҷамъ намояд, вале ӯ ба дарозо накашида расво мегардад ва кораш ба ҳеҷ ҷое намерасад. Зеро ки тамоми касоне, ки баъди ҳазрати Муҳаммад (с) даъвои нубувват ва паёмбарӣ кардаанд, ба ҳамин сарнавишт гирифтор шудаанд.32- Ва ӯ (Муҳаммад) бо ҳақиқат ва ҳидоят ва нуру рӯшноӣ ба сӯи тамоми ҷинн ва мардум фиристода шудааст.Шарҳ: Дар ҳақиқат Расули Худо (с) бузургтарин паёмбарон буда, рисолати ӯ ҳама инсу ҷиннро дарбар мегирад. Ҳама паёмбарони пеш аз ӯ фақат ба сӯи қавмҳои худ фиристода шуда будан, вале ӯ ба сӯи тамоми махлуқот, инсу ҷинн фиристода шудааст.Чи тавре, ки Аллоҳ таъоло мефармояд:«Ва нафиристодем туро, магар аз рӯи раҳмату меҳрубонӣ барои ҷаҳониён.» Анбиё: 107Ҳамчунин паёмбар (с) мегӯяд: Ва паёмбарони пеш аз ман фақат ба сӯи қавмаш фиристода мешуд, вале ман ба сӯи тамоми мардум фииристода шудам.Воқиан, Аллоҳ таъоло ӯро бо ҳақиқат ва фидоят ва фиристодааст: «Аллоҳ таъоло паёмбараш (Муҳаммад)-ро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то ӯро бар тамоми динҳо пирӯз гардонад, агар чанде кофирон аз ин кор нохуш шаванд.» Саф: 9Худованд ӯро бо нуре, ки ба роҳи рост ҳидоят менамояд, фиристодааст: Чи тавре ки Аллоҳ таъоло мефармояд: «Дар ҳақиқат аз тарафи Худо бароятон нур ва китоби возиҳу равшан омадааст.» Моида: 15Аз ин рӯ, Қуръон ҳамон рушноиест, ки ба роҳи рост ҳидояд ва раҳнамоӣ мекунад ва инчунин нур ва шифои дилҳо, мебошад.Хулоса: Паёмбар ҳамон расули баргузидааст, ки Худованд ӯро ба сӯи инсу ҷинн бо ҳидоят ва дину ойини ҳақ фиристодааст ва ӯ охиирин паёмбаронест, ки баъд аз ӯ ҳеҷ паёмбаре намеояд.Пурсишҳо: 1) Оё Муҳаммад (с) ба сӯи тамоми мардум фиристода шудааст, ё фақат ба сӯи қавми худ?2) Ҳар касе, ки баъди Расули Худо (с) барои худ, ё барои дигарон даъвои паёмбарӣ намояд чӣ ҳукм дорад? Дарси ҳаштум33-Ва ҳамоно Қуръон каломи Худованд аст, ба тарзи қавлу гуфтор оғоз гардида ва бар паёмбараш ба тариқи вайҳ нозил гардидаст ва мӯъминон ҳақ будуни Қуръонро тасдиқ намудаанд. Ҳамчунин онҳо яқин кардаанд, ки Қуръон дар ҳақиқат каломи Худо буда, мисли сухани мардум офаридашуда нест. Бинобар ин ҳар касе, ки онро шунида гумон кунад, ки каломи башар аст, Ҳаққо, ки кофир шудааст ва ҳамчунин Худованд чунин инсонро мазаммату сарзаниш намуда аз дӯзах бим додаст, зеро ки Ҳақ таъоло фармудааст: «Зуд аст, ки ӯро (шахси такзибкунанда)-ро ба дӯзах медарорам.»Пас, вақте ки Худованд барои шахсе, ки ӯ дар мавриди Қуръон чунин гуфта: «Ҳамоно Қуръон ҷуз қавли башар чизе нест» бими ҷаҳаннам додааст, дарёфтем ва яқини комил ҳосил намудем, ки Қуръон каломи Холиқи башар буда, ба қавлу гуфтори одамон шабоҳате надорад.Шарҳ: Қуръон дар ҳақиқат каломи Худованд буда, аз ӯ сарчашма гирифта аст. Намедонем, ки чи гуна Аллоҳ таъоло ба он ҳарф зада, вале Қуръон ҳақиқати каломи Ӯст.Калом ва сухангуфтан яке аз сифоти камол ва азамати Ҳақ таъоло аст ва нақизу муқобила он ҳарф назадан сифати нақсу айб мебошад, ки Худованди бузург аз он муназзаҳ ва пок аст.Аллоҳ таъоло мефармояд: «Ва сухан гуфт Худо ба Мӯсо сухан гуфтане.» Нисо: 164Бинобар ин калом, сифати Худо буда, ба кайфият ва тариқае, ки ба камолу ҷалолаш шоиста бошад аз Ӯ дармеояд ва ҳамчунин Қуръон калому сухани Аллоҳ таъолост, чи тавре ки Ҳақ таъоло фармуда:«Ва агар яке аз мушрикин ба ту паноҳ орад, пас ӯро паноҳ бидеҳ, то каломи Худовандро бишнавад. Сипас ӯро ба маъво ва манзилаш бирасон.» Тавба: 6Мақсуд аз каломи Худо Қуръони карим мебошад, аз ин рӯ Қуръон сухани ҳақиқии Худо буда, ба тариқи ваҳй онро бар паёмбараш Муҳаммад (с) фурӯ фиристода ва бандагони мӯъмин вайҳ будани Қуръонро тасдиқу бовар намуда ва яқини комил ҳосил бинмудаанд, ки (Қуръон) воқеъан, сухани Худованд буда, махлуқ ва офаридашуда намебошад.Зеро ки сифатҳо ҳамеша ҷузъе аз зот ба ҳисоб мераванд ва сифоти Аллоҳ таъоло чун зоти Ӯ қадим буда, махлуқ намебошанд, вале сухани одамон мисли эшон пайдошаванда ва махлуқ мебощад.Ҳар касе, ки чунин пиндорад, ки Қуръон сухани башар бошад ва одамон аст, пас ӯ кофир ба шумор меравад ва дарр ҳақиқат Худованд ӯро дохили оташи дӯзах менамояд, чи тавре, ки мефармояд:«Ва гуфт (кофири саркаш) ин (Қуръони Муҳаммад) ба ҷуз сиҳр ва баёни сиҳрангез ҳеҷ чизе нест. Ин оёт гуфтори башаре беш нест. Мо ин мункир ва такзибкунандаи Қуръонро ба кайфари куфр ба оташи дӯзах дарафканем.» Мудассир: 24-25Бинобар ин вақте ки мӯъминон диданд, ки Худованд мункири Қуръонро ки гуфта ин гуфтори башар аст ба оташи дӯзах кайфар медиҳад, дарёфтанд ва яқин намуданд ба ин ки ҳамоно Қуръон каломи Холиқи башар буда ва гуфтори одамон ба ӯ шабоҳат ва монандӣ надорад, балки ҳама сифоти Худованд аз сифотҳои махлуқоташ фарқ дорад, чи тавре ки зоти Аллоҳ таъоло аз зоти махлуқот ва офаридаҳояш тафовут дорад.Хулоса: Қуръон дар ҳақиқат каломи Худованд буда, махлуқ ва офаридашуда намебошад ва ҳар касе ки пиндорад, ки ӯ (Қуръон) гуфтори башар ва одамон аст, бешак кофир мегардад.Пурсишҳо:1) Дар робита ба Қуръон чӣ мегӯед?2) Касе, ки чунин пиндорад ки Қуръон махлуқ ва офаридашуда аст, чӣ ҳукм дорад? Дарси нуҳум.34-Ва ҳар касе, ки Худовандро ба яке аз маъонӣ ва авсофи бошар ва одамон васф намояд, бешак кофир мегардад. Бинобар ин касеки ба ин амр дида андузад, иибрат хоҳад гирифт ва аз ин гуна ақвол ва гуфтори кофирон дурӣ меҷӯяд ва дармеёбад, ки дар ҳақиқат Аллоҳ таъоло бо сифатҳояш мисли башар ва одамон нест.Шарҳ: Кадом инсоне, ки Аллоҳ таъолоро ба маъонӣ ва авсофи одамон васф намуда, дар асмо ва сифоташ ӯро ба махлуқоташ ташбиҳ намояд бешак шахси мазкур ба Худованд кофиир гардидааст, зеро ки Ҳақ таъоло мефармояд: «Нест чизе монанди Ӯ ва Ӯ шунаво ва биност.»Ҳар вақте, ки инсон ба ин ҳақиқат дида андӯхта, онро фаҳмда дарк намояд, бешак аз кофир шудани шахсе, ӯ Худовандро ба махлуқоташ ташбиҳ намояд ибрат хоҳад гирифт.Зеро ки ӯ бояд аз ин амр панду ҳикмат гириифта, аз такрор намудани сухани кофирон, ки Аллоҳ таъоло эшонро ба оташи дӯзах кайфар хоҳад кард, парҳез менамояд ва ба зуди дармеёбад, ки Худованд ба сифатҳо ва кайфият ва ҳақиқати маъонияшон ҳаргиз монанди башар ва одамон нест.Хулоса: Сифатҳои Худованд монанди сифатҳои башар ва одамоон нест ва ҳар инсоне, ки Аллоҳ таъолоҳро ба сифат ва авсофи башарият васф намояд, ё ташбиҳ намояд, бешак ӯ кофир мегардад.Пурсишҳо:1) Далели ин гуфта, ки сифоти Аллоҳ таъоло монанди сифоти одамён намебошад, чист?2) Ҳукми касе, ки сиифоти Худовандро ба сифатҳои одамон ташбиҳ намояд, чист? Дарси даҳум.35-Дидани аҳли биҳишт Худовандро бидуни иҳота ва кайфият ҳақ аст. Чи тавре, ки Қуръон ин ҳақиқатро бозгӯ менамояд: «Он рӯз рухсори тоифае аз шодӣ ва сурур барафрӯхта ва нуронист ва ҷамоли Ҳақ таъолоро мушоҳида менамоянд.» Қиёмат: 22-23Тафсиру тавзеҳи руъяти мазкур бо ирода ва илми Алоҳ таъоло бастагӣ дорад ва ҳар ривояти саҳеҳе, ки дар ин маврид аз Расули Худо нақл шуда, албатта бар гуфтор ва фаҳми он ҳазрат (с) мавқуф мебошад (чизе аз кунҳ ва умқи қазияи мазкурро кашф наменамояд.)Мазмуну мӯҳтавои он ривоят ба ирода ва хости он ҳазрат (с) мавқуф мебошад. Ҳаргиз мо дар ин қазия бо таъвилоту гумонҳо ворид намешавем, ва бо афкору орои хеш чизеро таъвил ва тибқи ҳавову ҳаваси худ чизеро ҳадсу гумон намезанем.Зеро ки ҳақиқатан, эмин ва солим намондааст дар дин, магар касе, ки умри дақиқи динро ба Худо ва Паёмбараш вогузор намояд ва муштабаҳоти илмро ба донандаи он ҳавола кунад.Шарҳ: Мушоҳида намудани мӯъминон бо чашмон хеш Парвардигорашонро рӯзи растохез бо Қуръон карим ва Аҳодиси набавӣ собит гардидааст, ҳамчуноне, ки Ҳақ таъоло мефармояд: «Он рӯз рухсори тоифае аз шодӣ ва сурур барафрӯхта ва нуронист ва ҷамоли Ҳақ таъолоро мушоҳида менамоянд.» Қиёмат: 22-23Расули Худо (с) низ дар ин маврид фармуда: “Ҳамоно шумо Парвардгоратро хоҳед дид, чи тавре, ки моҳи шаби чаҳордаҳро мебинед, ки дар диданаш ҳеҷ шакку шубҳа намекунед. Ва ҳаргиз ин маънои онро надорад, ки зоти Худовандиро иҳота карда, фаро грифта шавад, ки Аллоҳ таъоло аз ин амр поку муназзаҳ аст, вале мушоҳида кардан ба чашми ҳақиқат сурат мегирад, на ба чашми маънавии қалб, балки расидан ба дидори Ӯст (Худованд) бузургтарин неъматест, ки аҳл биҳишт ба он мушарраф мегарданд.Аҳодисе, ки дар ин боб аз паёмбар (с) ривоят шуда, тибқи таъйидоти имомони бузурги Ислом мутавотир ва саҳеҳу дуруст мебошад. Муроду мақсуд аз оятҳо ва ҳадисҳо зоҳири онҳо буда, ба умқу шигарфои он ҳеҷ касе роҳ ёфтан наметавонад.Хулосаи сухан ин ки ҳақиқатан, мӯъминон рӯзи қииёмат Парвардигорашонро ошкоро мебинанд ва мо тамоми аҳодис ва ривоятҳоеро, ки дар ин маврид манқул шудаанд, тасдиқу бовар мекунем ва хештанро бо таъвил кардани ривоятҳои мазкур ба василаи афкоори ноқис ва кӯтоҳи худ хаста намекунем ва низ бо ҳавову ҳаваси хеш дунболи ашёе намегардем, ки мухолифи ҳақиқати ривоятҳои мазкур бошанд.Зеро, ки инсон ҳар гоҳ бихоҳад, ки дар дини хеш аз инҳирофу гумроҳӣ солим бимонад, лозим аст бар ӯ, ки ахбору ривоятҳои муракабро ба Худо ва паёмбараш вогузор намояд ва чун амре аз ин қабил бар ӯ муштабаҳ ва мубҳам гардад, марому мақсуди онро ба Холиқу Офаридгораш вогузор намояд. Чи тавре, ки Аллоҳ таъоло фармуда: «То он ки гурӯҳе, ки дар дилашон майли ботил аст аз паи муташобиҳ рафта ва имтиҳон шаванд, то ба таъвили он дар дин роҳи шубҳа ва фитнагарӣ падид оранд, дар сурате, ки таъвили онро касе ҷуз Худо надонад ва аҳли дониш гӯянд, мо ба ҳамон китоб гаравидем, ки ҳамон оятҳои мӯҳкам ва муташобиҳи Қуръон аз ҷониби Парвардигори мо омада ва бар ин дониш ва бар ин маъно танҳо хирадмандони олим огоҳанд.» Оли Имрон: 7 36- Қадами Ислом собиту устувор намегардад, магар бар асоси таслим ва фармонбардории қавомити Аллоҳтаъоло. Аз ин рӯ ҳар кас фарогирии чизеро, ки донистанаш мамнуъ аст, талаб намояд ва ба вогузоштани масоили хос ба зоти Худовандӣ фаҳму идрокаш қаноат нанамояд, ин амр ӯро аз тавҳиди холис ва ноб, маърифати соф ва аз имони саҳеҳу дуруст бозмедорад, ки дар натиҷа миёни куфр ва имон, тасдиқ ва тазкиб, иқрор ва инкор мутараддид ва дудила шуда, ба васвасаву шакку гумонҳо мубтало гашта, гумроҳ мешавад, ки аз ӯ на мӯъмини тасдиқкунанда бар меояд ва на мункири такзибкунанда.Шарх: Бар ҳақиқати Ислом собит ва устувор намемонад, магар касе, ки бароои нусӯси Қуръон ва суннати набавӣ сари таслим фуруд орад. Ва онҳоро тасдиқ намуда итоат намояд, аз ин рӯ ҳаргиз ба нусуси Қуръон ва суннати набавӣ бо ҳавову ҳавас ва шакку шубҳа мухолифат наварзида, онҳоро ба қиёс ва раъйи хеш тафсиру таъвил намекунад.Ҳаргоҳ инсон дар ҷустуҷӯи илме шавад, ки ба даст оварданаш муҳол аст, чун умури ғайбӣ ки ба Худованди бузург ва қазову ҳикматаш таъаалуқ дорад ва ҳамчунин фаҳму хиради ӯ (инсони мазкур) ба вогузоркунии нусуси Қуръон ва суннати набавӣ ба муроду мақсуди Худо ва паёмбар (с) қаноат ва иктифо нанамояд, бешак ӯ бо ин амалаш хештанро аз идроки тавҳиди ҳақиқӣ ва ноб, маърифати софу беолоиш ва низ аз имони саҳеҳ, ки бар асоси тасдиқу боварӣ ва итоату фармонбардорӣ устувор аст, маҳрум месозад. Бинобар ин ӯ миёни тасдиқу такзиб ва имон овардан ба ахбору нусуси шаръӣ ва инкоркунии онҳо мутараддид гардида, дучори васвасаву шубҳаҳо ва хаёлоту афкори фосид мешавад, дар ҳоле, ки вай дар биёбони ҳайрат сарсону саргардон гумроҳ мегардад. Аз ин рӯ, шахси мазкур на мӯъмини тасдиқкунандаи комилулимон шумурда мешавад ва на кофири мункири мутлақ.Зеро, ки ҳақиқати имон тасдиқу бовар кардан ва таслиму вогузор, ҳатто дар умуре, уи ҳикматаш махфӣ буда, ақли башарӣ ба кунҳи ҳақиқаташ расида, наметавонад, ки дар ин сурат ба хабару фармудаи Худо ва расули ӯ иктифо менамоем. 37-Имон овардани аҳли Ислом ба дидани ҷамоли Худованд саҳеҳу дуруст шумурда намешавад, ки эшон руъяту дидори Парвардигорро бо ваҳму гумони хеш тафсир намуда, ё ба фаҳму идроки худ таъвил кунанд.Зеро, ки таъвили руъят (ва таъвили ҳар маъно ва сифате, ки ба рубубияти Худованд нисбат дода мешавад) тарк намудани таъвил ва пойпандӣ ба таолиими Худову расули ӯ мебошад, ки дину ойини муслимин низ бар ин иътиқод устувор аст.Ва ҳар касе, ки аз нафй (инкор) ва ташбиҳ дурӣ наҷӯяд, дучори лағжшу иштибоҳ шуда, танзиҳи зоти Илоҳиро ба ҷо наовардааст. Зеро, ки Парвардигорамон ба сифатҳои ваҳдоният ва ба авсофи мазкура фардоният (ягона будан) мавсуф буда, касе аз мардум дар авсофи мазкура шарику ҳамроҳ нест.Шарҳ: Имони касе, ки дидори Аллоҳ таъолоро ба фаҳму дарки хеш таъвил намуда бо ваҳму гумон кӯшиш намояд, кайфият ва чигунагии онро бифаҳмад, саҳеҳ ба шумор намеравад, бинобар ин шахси мазкур хатокор буда, ба руъяту дидори Худованд имони ҳақиқӣ наёвардааст. Зеро, ки ҳақиқату кайфияти руъятро ҷуз Аллоҳ таъоло касе намедонад ва қазияи руъят ва дигар масоили хос ба Офаридгор тафсиру таъвили дурусташон ин аст, ки ин гуна масоилро ба ашёи маъмулӣ, ки мардум ба он шиносоӣ доранд, тафсир ва таклиф карда намешавад, балки маънои саҳеҳашро бидуни кайфият бахшидан ба он тасдиқ намуда, ба нусуси ахбори Худо ва расулаш сари таслим ва фармонбардорӣ фуруд меорем. Ҳамин аст дини саҳиҳе, ки Худованд паёмбарашро ба он фиристода.Бояд мусулмонон аз ин амри зерин парҳез намоянд: Якум: Инкор кардани сифоти Худо, ё таҳриф намудани маънои ҳақиқӣ ва мақсуди он.Дуввум: Ташбиҳ намудани холиқ ба махлуқоташ дар ашёе, ки ба зоти Худованд ва афъолу кирдор ва номҳову сифоташ тааллуқ дорад ва ин ду амр дар ояти зайл баён гардидааст: «Нест монанди Ӯ чизе ва Ӯ шунавоову биност.» Пас нисфи аввали оят нафй ва инкори ташбиҳ буда, нисфи дуввуми оят сифоти Аллоҳ таъолоро исбот менамояд, биинобар ин ояти мазкур танзеҳ ва исботро дар худ ҷамъ намудааст. Ва ҳар касе, ки аз ин ду амр (нафй ва ташбиҳ) дурӣ наҷӯяд, дар ақидаи хеш дучори хатову иштибоҳ гашта, танзиҳ ва тақдиси Худовандро, ки воҷиб аст, ба ҷой наовардааст. Танзиҳ, яъне Аллоҳ таъолоро аз шарику анбоз ва мислу монанд муназзаҳ дониста эътиқод кардан мебошад.Зеро, ки Аллоҳ таъоло дар зоту афъолаш ва асмову сифоташ, дар оофаринишу фармонравияш ба тамоми сифотии ваҳдоният ва ягонагӣ мавсур ва маъруф мебошад.Чаро, ки бе шакку шубҳа Худованд яккаву танҳо ва бениёзу беҳамто буда, касе аз махлуқоташ дар зот, афъолу кирдор ва номҳову сифоташ ба ӯ шабоҳат надорад.38- Худованд аз ҳадду андоза ва ғояту фарҷомҳо ва аз аркону аъзо ва олоту асбоб муназзаҳ ва пок аст ва самтҳои шашгона ӯро чун ашёи мавҷуда дарбар нахоҳад гирифт.Шарҳ: Худованди бузугр аз ҳудуду марз ва интиҳову фарҷомҳо муназзаҳу пок аст, аз ин рӯ барои Худо ҳадду марзе вуҷуд надорад, ки ӯро аз дигар ашё ҷудо созад ва низ Ӯро интиҳо ва фарҷоме нест, ки ба он мунтаҳӣ шавад.Ин гуфта моънои онро надорад, ки Ҳақ таъоло ба махлуқоташ мутассилу пайваста ва бо эшон мутадохил ва ҳамроҳ аст, балки Худованд аз махлуқоташ фосила ва тафовут дорад.Ҳамчунин Аллоҳ таъоло аз аъзову андом ва олоту дастгоҳҳо, ки бандагон огҳоро барои ҷалби манфиат ва дур сохтани зиён истифода менамоянд, поку муназзаҳ мебошад. Худованд аз тамоми ин ашё ва умур муназзаҳу пок аст.Ин дар ҳолест, ки мо барои Ҳақ таъоло номҳо ва сифоти дар Қуръон омадаро исбот намуда тасдиқ мекунем, вале мегӯем, ки ҳақиқатан ин асмову сифот маъноҳои ҳақиқӣ доранд, ки бар он далолат менамоянд ва маънову маҳфуми онҳоро фаҳмида, ба тариқи шоиста ба зоти Ҳақ исбот менамоем, локин аз кайфият ва чигунагии онҳо чизе нахоҳем гуфт, зеро, ки ин амр ба илми Худо бастагӣ дошта, касе онро намедонад.Чи тавре, ки ҷиҳатҳои шашгона Аллоҳ таъолоро ба монанди дигар мавҷудот иҳота нахоҳад кард, балки Худованд аз ин амр муназзаҳу пок аст.Ин гуфта ҷиҳат ва самтро барои Худо мутлақо инкор намекунад, балки бешак Аллоҳ таъоло дар ҷиҳати баландӣ қарор дорад, вале мақсуд аз он чи ки зикр шуд, ин аст, ки ҷиҳатҳову самтҳо ҳаргиз Худованро чун дигар махлуқот иҳота намекунанд ва фаро намегиранд.Кош мусанниф ин мусталаҳоти аҳли каломро зикр намекард, агар чанде мо яқинан медонем, ки ӯ бо ин истилоҳот гуфтаҳову таъвилоти Аҳли каломро қасд накардааст, зеро ки ӯ аз собит кардани сифот, чун баландӣ, рӯ, даст ва ғайра барои Худо ҳарф задааст.Бинобар ин парҳез кардану тамоман дур буданаш аз истилоҳоти каломӣ беҳтар буд, зеро ки мусталаҳоти мазкур иҳтимоли ҳақ ва ботилро дорад ва мазҳаби аҳли суннат дар баробари истилоҳоти мазкур ин аст, ки баъд аз тафсилу баррасӣ бар онҳо ҳукм менамоем, аз ин рӯ ба ин гуфта, ки «Худованд аз ҳудуд ва маҳдудият ва ғоёту фарҷомҳо муназзаҳ аст.»Мавҷудияти Аллоҳ таъолоро бидуни маҳдудият ва иҳоташавӣ ирода карда шавад, ки ин қавл ҳақ ва дуруст мебошад ва агар бо ҷумлаи мазкур чунин қасд карда шавад, ки Худованд, на дар ҳадди улув ва бартарӣ ва на дар ҷиҳати баландӣ ва улув қарор дорад, пас ин гуфта ботилу беасос ба шумор меравад, зеро ки ин нафй ва инкор намудани улув ва бартарии Аллоҳ таъолост бар махлуқоташ. Аз калимаҳои аъзо ва андомҳои дар матн омада, агар сифоти Худованд, чун рӯ, дудаст ва ду чашм, ки ба рӯй ва андоми махлуқот шабоҳат надошта бошад, ирода шавад, пас ин пиндошт ҳақу дуруст мебошад ва агар чунин ирода карда шавад,ки барои Аллоҳ таъоло на рӯй, на даст ва чашм аст, пас ин пиндору қавл ботил ва беасос маҳсуб мешавад.Агар бо ин гуфт ки Худовандро самтҳои шашгона фаро намегирад ирода карда шавад, Ҳақ таъоло на дар пеш аст ва на дар ақиб на дар боло ва на дар пойин аст ва на дар рост ва чап, пас ин тафсир ва бардошт сад дар сад ботил мебошад, зеро ки ин сифати маъдум ва чизи нопайдост, балки ин гуна сифоту тавсиф муҳол буда, боиси куфри ошкор мегардад, чаро ки тафсиру бардошти мазкур инкори қавли Худо, балки инкори вуҷуди зоти Ҳақ таъолост.Ва агар бо ҷумлаи мазкур ирода карда шавад, ки Худованд бидуни маҳдудият ва побандӣ дар чизе мавҷуд аст, пас ин тафсир ва бардошт ҳақ ва савоб мебошад ва Худо ба кунҳу умқи ҳақоиқ огоҳ аст.Хулоса: Ҳамоно рӯзи қиёмат Худовандро бо чашмҳо дида мешавад. Дар ҳақиқат мӯъминон бидуни иҳота ва фарогирӣ ҷамоли Ҳақро мушоҳида менамоянд, ки ин мазмуну мӯҳтавои тамоми ривоятҳо ва ахборест, ки дар ин замина ворид шудааст.Бар ҳар мусулмон лозиму зарур аст, ки аз таъвил ва суханони аҳли таътил (мункироти сифоти ҳақиқии Худо) дурӣ ҷӯяд ва бидонад, ки Аллоҳ таъоло аз ашёи ҳодис ва пайдошаванда, ва аз шабоҳату монандӣ ба махлуқот пок ва муназзаҳ мебошад.Пурсишҳо:1) Ҳақиқати руъяти Аллоҳ таъоло дар рӯзи қиёмат чист?2) Масъулият ва мавқеъи мусулмон дар баробари нусус ва ривоятҳое, ки барои баёни сифоти Худо ворид шудаанд, чист?3) Манзур ва мақсуд аз ин ки Худовандро самтҳои шашгона фаро нахоҳад гирифт, чист? Дарси ёздаҳум.  39-Меъроҷ (баромадани паёмбар (с) ба осмон) ҳақ аст ва дар ҳақиқат Паёмбари Худоро сайри шабона дода, ба ҷисму рӯҳаш дар ҳоли бедорӣ ба сӯи осмон бароварда шуд. Сипас ба он амокини баланд ки Худо хост интиқол дода шуд ва ба он чизе ки машияту иродаи Ҳақ таъоло буд, икром ва иззат карда шуд ва ваҳйи худро ба сӯи ӯ фиристод ва замиру синаи паёмбар (с) он чиро ки дид, инкор ва такзиб накард. Дуруду саломи Илоҳӣ дар дунё ва охират бар ӯ бод.Шарҳ: Аҳли суннат бо ҷисму рӯҳ баромадани Расули Худо (с)-ро ба осмон дар шаби «исро» иқрор менамоянд. Исро (сийри шаб кардани) он Ҳазрат (с) бо Қуръон ва Суннат ва иҷмои уламои Ислом собит гардидааст ва ин сайри муборак аз Макка шурӯъ шуда ба Байту-л-мақдис идома ёфта, он ҳазрат дар он ҷо имоми паёмбарон шуда, намоз гузориданд. Сипас, мероҷ (бо рӯҳу ҷасад баромадан) –и он ҳазрат ба осмонҳо оғоз гардид, то ин ки паёмбар (с) ба осмони ҳафтум баромада, назди Сидратулмунтаҳо расиданд.Худованд расули акрамро ба василаи меъроҷ бо чанд имтииёзе азизу мукаррам кард, ки дигар паёмбаронро ин тур накарда буд. Аввал ин ки ӯро бо ҷисму ҷонаш ба маконе овард, ки шахсе ба он ҷо то ҳол нарасидааст. Дуввум ин ки Аллоҳ таъоло бо ӯ дар он ҷо бевосита сухан гуфт. Саввум ин ки биҳишту дӯзах ва аҳволи бошандагони онҳоро ва низ дигар ҳақоиқи ваҳйшударо ба он ҳазрат (с) нишон дод. Чаҳорум ин ки дар ин шаб панҷ вақт намоз гузориданро бар уммати ӯ фарз гардонид. Ҳар он чизе дар ин шаби муборак рух додааст, дар Саҳиҳи имом Бухорӣ ва Муслиим аз паёмбар (с) ривоят шудааст.40- Ҳавзе, ки Худованд он ҳазрат (с)-ро ба василаи он икром карда, то кӯмаку ёрие барои умматаш бошад, ҳақ ва рост аст.Шарҳ: Мавҷудияти ин ҳавз бо ҳадисҳои мутавотир аз он ҳазрат (с) собит гардидааст. Фишурдаи мӯҳтавои аҳодиси мазкур он аст, ки ин ҳавзи бузург буда обаш аз ҷаннат маншаъ мегирад, ки аз шир сафедтар ва аз мушк хушбӯйтар мебошад. Дарозиву паҳнои он баробар буда, фосилаи ду тарафаш масофаи як моҳа роҳ мебошад ва кӯзаҳои оби он монандӣ ситорагони осмон аст. Ҳар касе, ки якбор аз он бинӯшад, ҳеҷ гоҳ ташна намешавад ва он бузургтарин ва ширинтарин ҳавзест дар рӯзи қиёмат. Ин ҳавзро Аллоҳ таъоло барои кӯмаку ёрии умматони паёмбараш (с) ки дар он рӯзи ҳавлу даҳшат ташна мешаванд, ба расули ҳабибаш Муҳаммад (с) аз ҷиҳати мақому манзалаташ бахшидааст. Худованд бо лутфи бепоёнаш моро аз ҷумлаи воридшавандагони ҳавзи мазкур дар рӯзи растохез бигардонад.Хулоса: Сайри шаб кардани он ҳазрат (с) аз Макка то Байтулмуқаддас ҳақ аст. Меъроҷи он ҳазрат (с) ба осмон, муколама бо Худованд, дар осмон ва ҳавзи (кавсар) ҳақ ва ростанд ва ҳадисҳои паёмбар (с) дар ин бора низ ҳаққанд.Пурсиишҳо:1) Касе, ки исро ва меъроҷи он ҳазрат (с)-ро инкор намояд, чӣ ҳукм дорад.2) То куҷо Паёмбари Худоро сайри шаб карданд ва ба куҷо баромаданд.3) Аз ҳавзи он ҳазрат (с) чӣ маълумот дорӣ. Дарси дувоздаҳум.41- Шафоате, ки Худованд барои уммати Ислом нигоҳ медорад ҳақ аст, чӣ тавре, ки дар осор ва ривоятҳои он ҳазрат (с) омадааст.42- Мисоқу паймоне Аллоҳ таъоло аз Одам(ъ) ва фарзандонаш гирифта, ҳақ аст.Шарҳ:  Шафоати он ҳазрат (с) чанд навъ мебошад, ки бузургтаринаш шафоати он ҷаноб(с) барои аҳли мавқиф рӯзи ҳисобу китоб аст, то ин ки Худованд миёни бандагонаш файсала ва қазоват намояд. Аз ин рӯ Аллоҳ таъоло ба паёмбаш мегӯяд: «Шафоат кун, шафоатат қабул мегардад ва ин шафоати паёмбар (с) бе ягон шакку шубҳа собит аст ва ҳаққу рост мебошад.»Паёмбари Худо (с) барои ашхос ва ақвоми зерин шафоат менамояд:А-Касоне, ки амали нек ва бадашон баробар бошад.Б- Ақвоме, ки маҳкум ба даромадани дӯзах гардидаанд, ки ба шафоати он ҳазрат(с) дӯзах намедароянд.Б-Гурӯҳе, ки бо шафои он ҷаноб (с) бе ҳисобу китоб ба биҳишт медароянд.Г-Ба шфоаташ азоби бандагони баҳазкор сабук гардонида мешавад.Д-Шафоати ӯ ба ҷамиъи мӯъминон барои дармадани биҳишт.Е-Ба шафоати ӯ тамоми умматаш, ки гирифтори гуноҳони кабира шудаанд, аз дӯзах бароварда мешаванд.Тамоми анвоъи шафоати Расули Худо ба муқтазои ахбор ва ривоятҳои саҳеҳа собит гардидааст ба як шарт, ки агар Аллоҳ таъоло иҷозат диҳад. Чи тавре, ки Худованди бузург дар оятҳои зерин фармудааст:«Бигӯ шафоати ҳамаи халқон бо Худост». Зумар: 44«Ва шафоати касе ҳам, ҷуз он ки Худо ба ӯ изни шафоат дода, судманд нест.» 42-Мисоқи Худованд, ин ҳамон паймонест, ки Аллоҳ таъоло аз Одам (ъ) ва авлодаш ҳине, ки пушти одамро бо дасташ масҳ кард, аз эшон чунин паймоне гирифта, ки ман Парвардигори шумоям ва фармуд то онҳо барои ин амр гувоҳӣ диҳанд ва ин паймонро паймони нахустин гӯянд. Худованд дар ин маврид мефармояд: «Ва ба ёд ор ҳангоме, ки Худои ту аз пушти фарзандони Одам зуррияи онҳоро баргирифт ва онҳоро ба худ гувоҳ сохт, ки оё ман Парврдиигори шумо нестам? Ҳама гуфтанд: Бале, мо ба Худоии ту гувоҳӣ медиҳем». Аъроф: 172 Хулоса: Шафоати он ҳазрат (с) барои умматаш ҳақ аст ва паймоони нахустини Худованд ба Одам ва фарзандонаш низ ҳақ мебошад.Пурсиишҳо: 1)    Шафоати бузургтар дар рӯзи қиёмат кадом аст?2)         Анвоъи шафоати он ҳазрат (с) –ро баён кунед? 3)         Аз паймони нахустин чӣ маълумот доред. Дарси сездаҳум.Ҳақиқатан, Худованд бо илми азалии худ адад касоне, ки ба биҳишт ва адади касонеро ки ба дӯзах медароянд, медонад. Бинобар ин дар адад на зиёд мекунад ва на кам.Шарҳ: Ҳар оина Аллоҳ таъоло дар азал шумораи биҳиштиён ва дӯзахиёни фарзанди Одамро (ъ) бо иҷмол ва тафсил медонад, аз ин рӯ дар адади эшон на зиёд мекунаду на кам.Некбахтӣ ва бадбахтии ҳар инсонро Худо дар шиками модараш муайян менамояд ва инчунин дар лавҳу-л-маҳфуз инро мениград ва илми Аллоҳ таъоло ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбад.44-Ва инчунин Худованд ба илми азалии хеш афъолу кирдори бандагонро пеш аз содир карданашон медонад. Ва ҳар инсон барои он коре, ки офарида шудааст, равона карда мешавд ва аъмоли бандагон вобаста ба хотима ва анҷоми онҳост.Некбахт касест, ки ба ҳукми Худованд некбахт шудааст ва бадбахт касест, ки ба ҳукми Ӯ бадбахт гардидааст.Шарҳ: Ҳамчунин Аллоҳ таъоло бо илми азалии хеш кирдори бандагонашро медонад ва ин чизро навишта сабт кардааст ва ҳар инсон бар коре, ки офаридашудааст, равона карда мешавад, агар аз аҳли ҷаннат бошад, пас ба амали аҳли ҷаннат равона карда мешавад ва агар аз аҳли дӯзах бошад, пас ба амали дӯзахиён ҳаракат дода мешавад.Вале амалҳо ба хотима ва саранҷомашон марбут мебошад, зеро ки Худованд гоҳо хотимаи аъмоли марди гунаҳгореро амали соҳил мегардонад, ки ӯ дохили биҳишт мешавад ва гоҳо хотимаву фарҷом шахси накӯкореро амали палид мегардонад, ки ба сабаби он дохили дӯзах мегардад. Бинобар ин аъмолу кирдор ба хотима ва фарҷом бастагӣ дорад. Ҳамон шахсе метавонад некбахт шавад, ки Худованд дар азал ва муқаддарот саъодатро барояш навиишта ва муқаррар кардааст, ҳамчуниин ҳеҷ касе гирифтори бадбахтӣ намешавад, то ин ки Худо онро барояш навишта ва муқаррар насозад. «Ҳаргиз Худовандро аз корҳояш пурсида намешавд, вале бандагонаш мавриди бозпурсӣ қарор хоҳанд гирифт». Сураи Анбиё: 2345- Ва асли тақдир сирри Худовандист дар махлуқоташ, ки аз он фариштаи муқарраб ва паёмбари мурсал ҳам огаҳӣ надоранд. Аз ҳад зиёд дар он назари амиқ кардан сабабии бадбахтӣ ва маҳрумият ва тӯғёну саркашӣ мегардад. Бинобар ин аз фикру мулоҳизаҳои зиёд ва васвасаҳои шайтонӣ дар ин маврид бояд ҳазар кард, зеро Аллоҳ таъоло илми қадарро аз махлуқоташ махфӣ карда, ва эшонро аз пурсидану кашф намудани марому мақсадаш манъ кардааст. Чи тавре, ки Худои бузург мефармояд: «Ҳаргиз Худовандро аз корҳояш пурсида намешавад, вале бандагонаш мавриди бозпурсӣ қарор мегиранд». Анбиё: 23Аз ҳамин ҷиҳат касе агар гӯяд, чаро Худо, ин тавр кард, дар ҳақиқат ҳукми Қуръонро рад намудааст ва ҳар касе ҳукми Қуръонро рад намояд, аз зумраи кофирон хоҳад гардид.Шарҳ: Реша ва умқи қадар як рози Худованд аст, ки касе аз махлуқоташ бар он иттилоъ ва огаҳӣ надорад ва ғавру баррасии амиқ ва кӯшишҳои расидан ба ҳақиқати он барои мӯъминон ҷоиз нест.Чи тавре, ки Расули Худо (с) фармуда: «Ва чун қадар (тақдир) ёд шавад, муҳри хомӯшӣ бизанед, (аз гуфтани суханони кунҷковона)». Ба ривояти Табаронӣ.Бинобар ин ҳар касе, ки дар мавриди тақдир тааммуқ ва мушикофии зиёд намояд, воқеъан хештанро ба шақовату гумроҳӣ гирифтор ва аз ҳадду марзи худ по фаротар гузоштааст, зеро, ки ҳақиқат ва умқи қадарро ҷуз Эзиди муттаъол касе намедонад.Вале мо мӯъминон бояд ба чаҳор мартаба ва усули қадар пурра имон дошта бошем: Аввал ин ки Худованд ҳама ашёро донистааст.Дуввум ин ки онро дар «Лавҳу-л-маҳфуз» навиштааст. Саввум ин ки бар таҳаққуқи ашёи мазкур ирода ва хоҳиши ӯ собит гардида. Чаҳорум ин, ки худи Аллоҳ таъоло онҳоро эҷод карда ва офаридааст. Агар инсон ба қадар ба он маротиб ва усули мазкур имон наёварад, воқеъан ба қадар имони пурра наовардааст. Бояд шахсии мусулмон аз фикру андешаи амиқ намудан дар қадар ҳазар намуда, аз ғалтидан ба доми васвасаҳои шайтон худро нигоҳ дорад ва яқинан бидонад, ки қадар як рози Илоҳист, ки Худованд онро аз бандагон махфӣ кард эшонро аз ғавру ковишҳои амиқ дар он наҳй фармудааст.Барои банда ҷоиз нест, ки чунин суоле матраҳ намояд: Чаро Худованд чунин ва чунон кард? Зеро ки чунин пурсишҳо рад кардану зери по гузоштани ҳукми Қуръони карим мебошад, ки ин амр сабаби кофир шудани инсон мегардад.Вале агар инсон бо ин гуна пурсишҳо қасди шиносоӣ бо бо ҳикматҳои қавонини илоҳиро дошта бошад, дар иин сурат иншоаллоҳ базаҳкор нахоҳад шуд.46-Он чӣ ки зикр шуд хулосаи ниёзҳои дӯстдории Худованд аст, ки Ӯ таъоло дилҳояшон мунаввар сохтааста ва ин мартабаи олимони росих мебошад. Зеро, ки илм ду навъ аст: якум илмест, ки дар мардум мавҷуд аст. Дуввум илмест, ки дар халқ мафқуд мебошад, бинобар ин инкор намудани илми мавҷуд куфр буда ва даъвои илми мафқуд кардан низ куфр мебошад ва имон собиту устувор намегардад, магар бо қабул кардани илми мавҷуд ва тарк намудани илми мавқуд.Шарҳ: Ҳамоно он чи ки баён кардем хулоса ва фушурдаи ниёзҳои маърифатии бандагони дӯсти Худованд аст, ки Ҳақ таъоло дилҳояшонро бо нури маърифат ва имон мунаввар сохтааст. Ин мақоми дониш мандони росих ва ростин мебошад, ки тамоми фармудаҳои Худоро аз сидқу ихлоси тамом қабул кардаанд.Илм ду навъ аст: Илмест ки дар халоиқ мавҷуд ва ин илми шарииъат ба ҳама усул ва фуруъи он ба шумор меравад. Дуввум илмест, ки дар бандагон мафқуд ва маъдум мебошад ва он иборат аз илми қадар аст, ки Аллоҳ таъоло онро аз бандагон мастур ва пӯшида нигоҳ медорад.Аз ин рӯ ҳар касе илми мавҷудро мункир шавад кофир мегардад, зеро ки тамоми ҳуҷҷатҳои Қуръон ва Ҳадисро бовар накардааст ва ҳар касе илми қадар ва ғайбро иддаъо намояд низ кофир мешавад, зеро ӯ илми ғайбро ки хосаи зоти Ҳақ таъоло маҳсуб аст, ба худ ихтисос дода, тамоми шавоҳид ва далелҳои шаръ инкор намудааст.Ҳамон вақт банда мӯъмин ҳисобида мешавад, ки илми мавҷудро қабул кунад ва ба ҳақиқат ва умиқ илми мафқуд дастдарозӣ накунад.Хулоса: Тамоми ашё ба қазову қарори Илоҳӣ сурат мепазиранд ва дар ҳақиқат Худованд афъолу кирдори бандагонро пеш аз воқеъ шудан медонад ва ҳамчунин аҳли биҳишт ва дӯзахро низ дониста дар «лавҳ» марқум фармудааст. Қадар сирри пӯшидаи Худост, ки бандагони солеҳ умқу решаи онро мушикофӣ намекунанд ва имони банда собиту маҳкам намегардад магар ин ки ӯ ба тақдир таслим шавад.Пурсишҳо: 1) Оё дар боби тақдир ғавр ва баррасии амиқ намудаан ҷоиз аст? 2) Илм ду навъ мебошад, кадомҳоост? Дарси чаҳордаҳум47-Имон меоварем ба лавҳ ва ба қалам ва ба тамоми он чи ки дар он (лавҳ) марқум аст. Пас, агар тамоми мардум бар чизе, ки Худованд мавҷудияти онро нигоштааст, ҷамъ шаванд то онро нест намоянд ҳаргиз ба он муваффақ нахоҳад шуд ва агар тамоми эшон бар эҷод намудани чизе, ки Аллоҳ таъоло мавҷудияти онро нанавиштааст, муттаҳид шаванд ҳеҷ коре карда наметавонанд. Хушк шудааст қалам ба он чизе, ки ба рӯзи растохез мавҷуд мебошад. Ва он чизе, ки банда хато карда, ҳаргиз дар он тавони дуруст карданро надошт ва он чиро банда савоб ва дуруст карда, ҳаргиз тавони хато кардани дар онро надоштааст.Имони қатъи меорем ва тасдиқи ҷазмӣ менамоем ба ин ки лавҳ ҳақ аст.Чи тавре ки Худованд фармудааст: «Балки он Қуръони маҷид аст, ки дар лавҳи мавҳуз қарор дорад». Буруҷ: 21-22Ва ҳамин лавҳи мавҳуз аст, Аллоҳ таъоло дар он муқаддароти тамоми мардумонро навиштааст ва ҳамин қалами мазкур аст, ки Худованд ба он дар лавҳи маҳфуз муқаддаротро нигоштааст. Ҳамчуноне, ки расули акрам ба ин нукта ишора карда мефармояд: «Аввалин чизе, ки Худованд офарида ин қалам мебошад. Барояш гуфт: Бинавис. Қалам гуфт: чӣ нависам? Ҳақ таъоло фармуд: муқаддароти ҳама ашёро то барпо шудани растохез бинавис»! Ба ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ.Бинобар ин ҳама ашё аз оғози дунё то қиёмат дар ин лавҳ дарҷ ёфтааст. Агар тамоми мардум ҷамъ шаванд, то як мавҷуди муқаддар ва офаридаи Худоро нест намоянд, наметавонанд ин корро анҷом диҳанд ва агар бихоҳанд он чиро ки Худованд мавҷудияташро дар муқаддарот нанавишта эҷод намоянд, ҳаргиз аз ӯҳдаи аҷом додани ин кор намебароянд.Қалами Ҳақ таъоло ба чизе, ки рафта бошад, то рӯзи қиёмат бетағйир мемонад ва он чи ки Худо хост ҳамон шавад ва чизе ки нахоста ҳеҷ гоҳ таҳаққуқ нахоҳад ёфт ва ин айнан маҳфуми суханҳои ҳикматомези паёмбар аст, ҳине ки ба Абдулло ибни Аббос гуфт: «Ва бидон, ки агар тамоми уммат (мардум) ҷамъ шаванд то бароят нафъе бирасонанд, нафъе расондан наметавонад магар чизеро ки Худованд бароят навишта ва муқаддар кардааст ва агар ҳама ҷамъ шаванд то ба ту зараре бирасонад, зарару зиёне расонда наметавонанд магар он чиро Худованд бар зиёнаш ннавишта ва муқаддар кардааст. Қаламҳо бардошташуда ва саҳифаҳо хушк гардидааст.» Ба ривояти Тирмизӣ.48- Воҷиб аст бар бандагон бидонанд, ки илми Худованд дар ҳар мавҷуд ва махлуқоташ сабқат намуда онро хуб ва устувор муқаддар кардааст, ки ягон нуқсону камбудӣ ва тағйиру дигаргунсозие дар он рух намедиҳад.Дар офариниши осмонҳо ва замин кадом нақс ва дигаргуние вуҷуд надорадва ин иътироф асоси имон ва усули шинохт ва иқрор ба тавҳид (ягонагии) Худо ва рубубияти Ӯст. Чи тавре, ки Ҳақ таъоло дар Қуръон фармуда: «Худованд ҳамаи чизро офарида ва андозагирии хуб кардааст.»Ва низ дар ҷои дигар мефармояд: «Ва фармони Худо ҳукме нофиз ва ҳатмӣ хоҳад буд». Аҳзоб: 38Аз ин рӯ вай бар ҷони шахсе, ки дар амри тақдир душмани Худо гардида баррасӣ ва фикри сақимашро дар мушикофии қадар ба кор бурда ва бо ваҳму гумонаш дар таҳқиқи илми ғайб рози ниҳонро ҷустуҷӯ карда, хештанро ба гуфтаҳои ботил козиб ва гунаҳкор сохтааст.Шарҳ: Воҷиб аст бар банда бидонад, ки илми Аллоҳ ҳар мавҷуде аз махлуқоташро сабқат кардааст, яъне ҳама ашёро Худованд қабл аз офаридан иҷмолан ва тафсилан дониста, онро андозагирии муҳкам ва дуруст менамояд, ки дигар кадом нуқсону зиёдатӣ, ё таъхиру тағйир даро он ва инчунин дар офариниши осмонҳо ва замин ва дар тамоми махлуқоту мавҷудот рух медиҳад ва ҳамин илми Худованд ба ашё қабл аз офариниш аз зарурииёт ва мусталзамоти имон ва шинохту иқрори рубубияти Аллоҳ таъоло маҳсуб мегардад. Аз ҳамин ҷиҳат Худованди бузург дар китобаш мефармояд: «Ва ҳама чизро офаридааст, пас ӯро як навъ андоза гирифтааст». Фурқон: 2Ҳамчунин дар ҷои дигар фармудааст: «Ва фармони Худо ҳукми нофиз ва ҳатмӣ хоҳад буд.» Аҳзоб: 38 Бинобар ин ҳама чизро Ҳақ таъоло чи тавре, ки ба вуҷуд меояд дониста дар лавҳулмаҳфуз онро менигорад ва феълан ба иродаву хоҳиши худ ӯро меофарад. Пас, вай бар шахсе, ки бо Худованд дар қадар ва сунъаш хусумат варзида, умури мазкурро тазкиб намояд, (дурӯғ бигӯяд), зеро ки ӯ мункири илми Парвардигор ва қудрату тавоноии ӯ гардидааст. Ҳамчунин вой ба ҳоли шахсе, ки бо қалби мариз ва шаккок ба тақдир назар афкандаи ва бо такя бар авҳолу хаёлоти хоми худ дунболи кашфи илми ғайб ва роз ниҳони илоҳӣ ки аз мардум онро махфӣ намудааст, бигардад ва ҳарчанд дар боби тақдир ҳарфҳои зиёде бигӯяд, ҳаргиз ба кунҳу ҳақиқати он нарасида, хештагро дурӯғгӯ ва базаҳкору шармсор мегардонад, зеро ки ӯ қасди таҷовузи ҳарими Илоҳӣ намудааст.Хулоса: Лавҳ ҳақ аст ва қалам низ ҳақ буда, ҳама чиз пеш аз офариниш дар он навишта шудааст. Чизе дар он зиёду кам ва табдилу тағйир нахоҳад шуд. Тамоми иродаву хоҳиши Худо ҷорӣ мегардад, ҳарчанд, ки тамоми мардум онро нахоҳанд.Пурсишҳо: 1) Аз лавҳ ва қалам чӣ маълумот доред? 2) Оё мардум кореро, ки Худо нахостааст метавонанд, тағйир диҳанд? Дарси понздаҳ:49-Арш ва курсӣ ҳақ аст.Шарҳ: Арши (тахти) Худованд ҳақ аст, ки дар он ягон шакку шубҳае нест. Аллоҳ таъоло дар оятҳои фровони Қуръонӣ онро зикр намудааст. «Худованд дороирши бузург аст». Бурҷ: 15 Ва арш як махлуқу офаридаи ниҳоят бузург аст, ки ҷуз Аллоҳ таъоло касе моҳияту кайфияти онро дарк карда наметавонад фариштаҳои бузург онро мебардоранд ва он сақфи ҷаннати фирдавс ба шумор меравад. Тамоми авсофи он аз паёмбар (с) бо ривоятҳои саҳеҳ нақл шудааст. Дар яке аз ривоятҳо омада, ки он дорои пояҳо мебошад, ки ривоят таъвил намудани маънои Аршро бо мулку фармон равоӣ ботил месозад. Курсии Худо низ ҳақ мебошад ва он ба андозаи мавзеъи ду қадам буда, ҳақиқату моҳияташро ҷуз Ҳақ таъоло касе намедонад. Воқеъан курсии Худо осмонҳо ва заминҳоро ғунҷонидааст. Чӣ тавре, ки Аллоҳи бузург мефармояд: «Ғунҷонидааст курсии Худо осмонҳо ва заминро». Бақара: 255Ва ҳамчунин ин ояти сариҳ таъвил намудани маънои курсиро ба илми Худо ботил месозад. 50-Ва Худованд аз Арш ва ғайри арш бениёз мебошад.Шарҳ: Аллоҳ таъоло аз арш ва курсӣ бениёз аст ва муставлӣ шуданаш бар арш ба хотири мӯҳтоҷ буданаш ба он набуда, балки барои ҳикмати болиғаест, ки Ӯ хостааст ва Худованд аз ниёзмандӣ ба аршу курсӣ ва дигар ашё муназзаҳ ва барӣ мебошад, балки арш ва курсӣ ба қудрати ҳукми ӯ маҳмул ҳастанд.51-Худованд тамоми ашёро иҳота намуда ва худ болои ҳама чиз аст ва дар ҳақиқат аз иҳотаи ашё махлуқоташ оҷиз мондаанд.Шарҳ: Ҳақ таъоло ҳамаи махлуқоташро монандиаш ва модуни он бо илму идрок ва қудрату тасаллути хеш иҳота намудааст ва болои арш ҷуз Аллоҳи бузург касе вуҷуд надорад ва касе аз махлуқоташ ба чизе иҳота надорад. Чи тавре ки Худованд мефармояд: «Ва Худо ба илми азалӣ бар ҳамаи оянда ва гузаштаи халоиқ огоҳ аст ва халқро ҳеҷ ба ӯ иҳота ва огаҳӣ нест». Тоҳо: 110Хулоса: Ҳамоно арш ҳақ аст ва курси ҳақ аст ва Худованди бузург ба ин ду иҳтиёҷ надорад ва ҳақиқатан Ӯ аз тамоми махлуқоташ огоҳ аст, вале онҳо бар Худо иҳота ва огаҳие надоранд.  Пурсишҳо:1) Худованди азза ва ҷалл бар чӣ муставлӣ аст?2) Аз курсии Ӯ чӣ маълумот доред? Дарси шонздаҳум52-Бо имон ва тасдиқ ва бо таслим шудан ба муроду мақсуди Худо мегӯем: Ҳамоно Худованд Иброҳим (ъ)-ро дӯст гирифт ва бо Мӯсо (ъ) сухан гирифтааст.Шарҳ: Воқеъан, Худованди муттаъол Иброҳим (ъ)-ро дӯст гирифта буд. Чӣ тавре ки дар Қуръон фармуда: «Ва гирифт Аллоҳ Иброҳимро дӯст». Нисо: 125Бинобар ин ӯро бандаи муқарраб ва мунтахабу баргузидаи хеш қарор дод ва ӯро манзалату мақоме расонд, ки ҷуз паёмбарамон Муҳаммад (с) дигар ҳеҷ паёмбаре ба он нарасида буд. Ҳамчунин Аллоҳ таъоло бо Мӯсо (ъ) сухани ҳақиқӣ дороии ҳарфу савт гуфт, зеро ояти зайл ки матлабро таъйид мекунад: «Ва Худо бо Мӯсо ба таври ошкор ва равшан сухан гуфт». Нисо: 164Дар ин оят масдари «таклиман», ки дар охири он омада, ҳамин матлабро тавзеҳ ва рушан менамояд, ки мақсуд аз ин сухан ҳамон каломи ҳақиқиест, ки дорои ҳуруф ва савт ва кайфияте, ки ба ҳазрати Парвардигор лоиқу сазовор аст, мебошад на он чӣ ки баъзе гумроҳҳон гумон бурда сифати каломро Худо инкор кардаанд.Аз ҳамин ҷиҳат мо ба тамоми сифоти Илоҳӣ тибқи аҳодиси дар ин боб омада ва бидуни инкор ва таъвили сифот имон оварда, онҳоро тасдиқ менамоем ва ба муроду мақсади Худованд ва расулаш аз сифатҳои зикр намудаашон сару таслим фуруд меорем.53- Ва ба фариштагон ва паёмбарон ва ба китобҳое, ки бар эшон фуруд оварда шуд имон меорем ва гувоҳӣ медиҳем ҳамаи паёмбарон бар ҷодаи ҳаққу рӯшан буданд.Шарҳ: Ба фариштагон, ки махлуқоти нуронии бузурги болдор ҳастанд, ба тариқи иҷмол (умум) ва ба тариқи муфассал (мушаххас) чун Ҷабраил, Микоил, Исрофил, Мункару накир, кироман котибин имон меоварем ва ҳамчунин ба паёбароне, Худованд онҳоро аз миёни мардум баргузидааст, хоҳ номашон дар Қуръон ва ва ҳадис мушаххас омада бошад ё на, имон меоварем. Чи тавре, ки Парвардигор дар Қуръон мефармояд: «Ва фиристондем расулоне Шарҳи ҳоли онҳо аз пеш бар ту ҳикоят кардем ва онҳое, ки бар ту ҳикоят накардем». Нисо: 164Ва ба китобҳое, ки Худованд бар расулонаш фурудоварда, хоҳ онҳоро мушаххас бидонем чун Таврот, Инҷил, Забур, Қуръон ва Суҳуфи Иброҳим ва мушаххас надонем, имон меоварем, ки ҳамаи паёмбарон бар ҷодаи ҳақ ва роҳи рост буданд ва воқеъан эшон паёмҳои Илоҳиро бе ягон тақсиру кӯтоҳӣ ба мардум расондаанд.«Миёни ҳеҷ яке аз паёмбарон фарқ нагузорем ва ба ҳар чӣ аз ҷониби Худост гаравида ва таслими фармони Ӯ ҳастем.»Хулоса: Сифоти дӯстӣ кардан ва сухан гуфтан бар ҳақиқаташон барои Худованд собит ва ҳақ мебошанд ва мо ба ин сифатҳо имон дорем ва ҳамчунин ба фариштагони гиромӣ ва ба тамоми паёмбарон ва китобҳои осмонӣ тасдиқ ва иқрор менамоем ва дар ҳақиқат ҳамаи паёмбарон бар ҷодаи ҳақ ва ҳидоят будаанд.Пурсишҳо:1) Дӯсти Худованди бузург кист?2) Ҳақ таъоло ба кӣ сухани ошкор гуфт?3) Ҳукми шахсе, ки ба фариштагон ё ба паёмбарон ё ба китобҳои осмонӣ кофир шавад, чист? Дарси ҳабдаҳум. 54-Ва аҳли қиблаамонро модоме, ки ба шариъати овардаи, расули акрам эътироф дошта, тамоми гуфтаҳои ӯро тасдиқу бовар намояд, мусулмон, мӯъмин меномем.Шарҳ: Мурод аз гуфтаи имом Таҳовӣ, ин аст, ки ҳар шахсе даъвои Ислом дорад ва дар намоз рӯ ба Каъба меистад, ҳаромҳои муайян кардаи Исломро ҳалол нашморад, тамоми гуфтаҳои Расули Худоро тасдиқ намуда, ҳақонияти ақоид, аҳком ва фврмудаҳои он ҳазрат (с)-ро иътироф намояд, воқеъан ӯро мӯъмину мусулмон меномем ва модоме, ки ҳаромеро ҳалол нашмурад ва гуноҳе, ки Исломаш ботил месозад қасдан содир нанамояд, ӯро кофир гуфтан наметавонем. Аз сухани имом Таҳовӣ бармеояд, ки Ислом ва имон яке аст, зеро ки ӯ ҳардуро дар як ҷо (бефосила) овардааст. Баъзеҳо мегӯянд Ислом ва имон аз як дигар фарқ мекунанд, агар аз ҳамдигар ҷудо оварда шаванд, ҳар як ба маънои хоси худ далолат менамояд ва агар якҷо зикр шаванд, пас Ислом аъмоли зоҳирро ва имон аъмоли ботинро дарбар хоҳанд гирифт.Хулоса: Ҳар шахсе, ки шариати овардаи паёмбар (с)-ро иқрор намуда, аз он пайравӣ намояд ва рӯ ба қиблаи мусалмонон орад, ба мусулмоониаш гувоҳӣ хоҳем дод. Пурсишҳо:1) Ба мусулмонии кадом шахс гувоҳӣ медиҳем?  Дарси ҳаждаҳум.55-Дар зоти Худованд ғавр наменамоем ва дар дини ӯ даст ба муҷодала ва низоъ нахоҳем зад.Шарҳ: Дар зот ва шаънӣ Ҳақ таъло ғавр наменамоем, зеро, ки ин аз амр ашёи ғайбӣ аст, ҳеҷ махлуқе онро дарк карда наметавонад, балки аз ҳарфзанӣ дар ин маврид худдорӣ хоҳем кард ва фақат ба ҳамин иктфо менамоем, ки Аллоҳ таъолоро ба он номҳое худро ба он номгузорӣ карда, ном мебарем ва ба он сифатҳое, ки худро ба он тавсиф намуда, васф менамоем ва дар ин замина аз ҳудуди ахбори саҳеҳа берун намебароем. Инчунин дар динӣ ӯ ба муҷодала ва низоъ даст нахоҳем зад ва бар аҳли ҳақ шубҳаҳо ворид намесозем, зеро, ки ин корҳо талбис ва фосидсозии дину мазҳаб ба ҳисоб меравад.56- Дар Қуръони карим муҷодала ва низоъ наменамоем ва гувоҳӣ медиҳем, ки Ӯ каломи Парвардигори ҷаҳониён аст, ки онро Руҳу-л-амин (Ҷабраил) фуруд оварда, ба паёмбар Муҳаммад(с) таълим намудааст ва ӯ каломи Худованди бузург аст, ки сухани мардум ба он баробар шуда наметавонад. Ӯро махлуқ нагуфта, бо ҷамоъаи муслиминро мухолифат намеварзем.  Шарҳ: Бо афкору орои хеш ба муҷодала дар Қуръон ва таъини ӯ намепардоозем ва ҳарфҳои гумроҳонро дар бораи ӯ нахоҳем гуфт, балки гувоҳӣ медиҳем, ки ӯ каломи Раббулъоламин буда, Ҷабраил (ъ) ӯро ба паёмбар (с) фуруд овардаву таълим додааст. Чи тавре, ки Худованд фармуда: «Ва ин Қуръон ба ҳақиқат аз ҷониби Худо нозил шуда. Ҷабраил онро нозил гардонида ва онро бар қалби ту фуруд оварда, то ба ҳикмат аз иқоби Худо битарсонӣ ба забони арабии фасиҳ». Шуаро: 192-195Ҳамчунин иқрор менамояд, ки ҳақиқатан Қуръон каломи Худованди бузург аст ва ҳеҷ навъ суханони мардум ба он баробар қариб ва монанд ҳам нест.Ба монанди тоифаи Ҷаҳмияи гумроҳ нахоҳем гуфт, ки Қуръон махлуқ мебошад, балки мегӯем ӯ каломи Аллоҳи бузург аст ва чизе беш аз ин нагӯем ва ба он чизеки саҳобагон ва тобиъин (пайравонашон) имон овардаанд, имон меоварем ва ҳар касе ба эшон мухолифат варзид, яқинан дар гумроҳӣ қарор дорад.Хулоса: Дар зоти Ҳақ таъоло ва дину ойинаш ғавр намудан ҷоиз нест ва инчунин дар Қуръон ҷидол ва мубоҳиса намудан ҷоиз нест ва ӯ (Қуръон) каломи Аллоҳ таъолост, ки ғайри махлуқ мебошад ва мухолтфату саркашӣ намудан аз эътиқодоти ҷамоъатул муслимин дуруст нест.Пурсишҳо:1) Дар зоти Аллоҳ таъоло ғавр ннамудан чӣ ҳукм дорад?             2) Оё дар Қуръон ҷидолу муноқиша намудан ҷоиз аст? 3) Ҷамоъатул муслимин чист? Дарси нуздаҳум57-Ва ҳеҷ касро аз аҳли қибла ба сабаби гуноҳ намудан кофир намегӯем, модоме, ки ҳамон гуноҳи ҳаромро ҳалол нашморад. Шарҳ: Аҳли суннат ва ҷамоъат шахси мусулмонро ба сабаби гуноҳ хурд бошад ё бузург кофир намеҳисобанд, магар вақте ки онро ба қалбаш ҳалол шуморад, чунон чи онро ҳаром эътиқод накунад, дар ин сурат шахси мазкур кофир мегардад. Зеро ки ӯ ҳаромҳои муайянкардаи Худоро ҳалол шуморидааст. Агар он маъсиятро амалан на қалбан ҳалол шумурда содир намояд, кофир нахоҳад шуд, бар хилфи қавли Хавориҷ , ки онҳо ба муҷарради маъситу гуноҳ кардан шахси мусулмонро кофир гуфта, аз миллати Ислом хориҷ менамоянд.58-Ва намегӯем шахсеро, ки гуноҳ мекунад, бо ҳамроҳии имон гуноҳ ӯро зарару газанд нахоҳад расонид.Шарҳ: Ҳамчунин аҳли суннат намегӯянд, ки гуноҳони банда бо вуҷуди имон ба ӯ зарар намерасонад, зеро ки ин қавли Мурҷиа мебошад, ки он сабаби такзиби оятҳои бим дар ҳаққи базаҳкорон мегардад.Балки масъият ва гуноҳ имонро халалдор намуда мекоҳад ва хавфи дуршавии имонро аз гунаҳкор ва гирифторшавии ӯро ба азоби Илоҳӣ ба миён меорад.59-Барои мӯъминони накӯкор (аз Худованд) умедворем, ки ба раҳмату лутфи онҳоро бахшида, вориди биҳишт менамояд ва бар эшон эмин нестем ва барояшон гувоҳии ба биҳишт дода наметавонем ва барои гунаҳкоронашон талаби омурзиш намуда, ба ҳолашон хавф дорем ва онҳоро (аз раҳмати Худо) ноумед нахоҳем кард. Шарҳ: Аҳли суннат ва ҷамоъат мегӯяд: ҳақиқатан, барои мӯъмини накӯкор умеди даромадани биҳиишт карда мешавад ва агар бо имон бимирад барояш муждаи хайру некӣ вуҷуд дорад. Вале бо вуҷуди ин ҳама аз санҷишу имтиҳони Илоҳӣ эмин нахоҳем монд ва низ барояш ҷаннатро ҳатмӣ намедонем.Аммо шахси гунаҳкорро барояш талаби омурзиш намуда, ба ҳолаш хавфу ҳарос доранд, вале дӯзахро барояш ҳатмӣ намедонанд, зероки ин кор яъсу ноумедӣ аз раҳмати Худованд мебошад.Аҳли суннат ва ҷамоъат барои ҳеҷ касе биҳиштро ҳатмӣ ва воҷиб намедонанд, магар шахсеро ки Қуръон ва Аҳодиси набавӣ муайян карда аст ки ӯ, аз аҳли биҳиштӣ мебошад ва ҳамчунин барои касе дӯзахро ҳатмӣ намедонанд, магар вақте, ки Қуръону Ҳадис маълум намояд, ки ӯ аз аҳли дӯзах мебошад.Вале дар ғайри ин суратҳо барои фарҷоми мусалмон чизеро ба қатъият гуфта наметавонем.60-Ҳамоно эминӣ ва ғафлат (аз имтиҳону муҷозоти Худо) ва навмедӣ (аз раҳмати илоҳӣ) инсонро аз миллати Ислом мебароранд ва роҳи ҳақ ва ростин дар миёни ин ду мебошад.Шарҳ: Дар ҳақиқат ғафлат варзидан аз озмоиш ва муҷозоти Худо ва Яъсу навмудӣ аз раҳмати Ӯ инсонро аз миллати Ислом хориҷ месозад. Ҳақ таъоло мефармояд: «Ҳамонно ноумед намешавад аз раҳмати Худо ба ҷуз кофирон» Юсуф: 87«Пас аз макри Худо (озмоиш ва муҷозоти Ӯ) ғофл ва эмин нашавад, магар мардуми зиёнкор». Аъроф: 99Роҳи аҳли ҳақ ва ҳидоят дар миёни ин ду амр мебошад, аз ин рӯ бандаи мӯъминро зарур аст, ки хавфу бимаз имтиҳону азоби Илоҳӣ ва умедворӣ аз раҳматашро дар хештан ҷамъ намояд, то некбахтии дунё ва охиратро ноил гардад.61-Шарҳ: Ва намебарояд банда аз имон, магар ба инкор намудани он чӣ ки ӯро дар имон даровардааст.Аз неъмати имон бандаи мӯъмин хориҷ намешавад, магар бо сабаби амали ботилсозандаи имон, монанди инкор намудани чизе аз масоил ва аркони имон, ки бидуни он имон комил ва саҳеҳ намегардад, аз ҳамин ҷиҳат имони ӯ ботил ва бекор хоҳад гардид.Ва ин матлаб назари Хавориҷро дар ин бора ки эшон содиркунандаи гуноҳи кабираро кофир мегӯянд ва назари Мӯътазиларо, ки мегӯянд анҷомдиҳандаи кабира беимон гардида, дар миёни куфр ва имон муаллақ мемонад, мардуд менамояд. Балки мусалмон бо гуноҳи кардааш гунаҳкор мегардад, то ин ки аз он гуноҳ тавба нанамояд ва маъсият ба андозаи худ имонашро халалдор месозад ва номи имон аз ӯ тамоман бардошта нахоҳад шуд, магар вақте ки кулли имон ё аслӣ он аз ӯ дур шавад ва ба сабаби дур шудани баъзе имон решаи имон аз ӯ маҳв ва нобуд нахоҳад гардид, зеро ки имон қисмат- қисмат мешавад.62-Имон иқрор намудан ба забон тасдиқ наамудани ба қалб аст.Шарҳ: Дар таърифу баёни имон иштибоҳ ва ғалат шудааст, зеро ҳақиқате, ки аҳли суннат ва аксари уламои забардасти Ислом бар онанд, ин аст, ки имон иқрори ба забон ва тасдиқи ба дил ва амал намудани ба аркон мебошад ва яке аз усули эътиқодии аҳли суннат ба ҳисоб меравад. Далелҳое ки аз имон будани амалро таъйид менамояд аз Қуръон ва аҳодиси набавӣ фаровон ва бешумор мебошад, бинобар ин дар наздии аҳли суннат имон зоид ва кам мешавад, ба тоату ибодат беш ва бо маъсияту гуноҳ коста мегардад. Чи тавре, ки Худованд мефармояд: “Бале онон, ки аҳли имонанд (сураи мазкур) бар имони эшон бияфзуд ва башорату сурур бахшид.” Тавба: 124Ва дар ҷои дигар фармуда: “То бар яқин ва имонаш бияфзояд”. Фатҳ: 4Агар аъмол дар исму маънои имон дохил набошад, ҳароина тамоми мардум, фосиқу фоҷир накӯкор ва осии бадкирдор модоме, ки ба улуҳияти Офаридгор ва аркони имон иқрор ва тасдиқ намояд ҳама дар имондорӣ баробар ва мусовӣ мебошанд.Вале ин назар ва пиндор аз усул ва асосҳои фосид маҳсуб мегардад ва ҳақиқат ҳамон аст, ки баён кардем ва аҳли суннат ва ҷамоат дунболи он рафтаанд.Хулоса: Ҷоиз нест, ки мусалмонро аз ҷиҳати гуноҳ карданаш кофир бигӯем, мадоме, ки онро ҳалол нашморад. Маъсият ва гуноҳон имонро коста ва соҳибашро ба азоби Илоҳӣ мубтало месозад. Бо қатъият ба биҳиштӣ ва дӯзахӣ будани мусалмон гувоҳӣ намедиҳем, магар ашхосе, ки барояшон ин амр бо далел собит гардида бошад.Ғафлату эминӣ ва яъсу навмедӣ инсонро аз миллати Ислом хориҷ месозад, чи тавре ки номи имон аз инсон бардошта намешавад, магар ба сабаби анҷом додани амале , ки имонро маҳв ва нобуд месозад. Имон гувоҳӣ додан ба забон ва тасдиқ намудан ба дил ва амал намудан ба аркони Ислом мебошад.Пурсишҳо:1) Ба сабаби маъсият кардан кофир гуфтани мусалмон чӣ ҳукм дорад?2) Оё содир намудани гуноҳҳо дар вуҷуди имон зарар мерасонад?3) Оё бо қатъият ба биҳиштӣ ва дӯзахӣ будани мусалмон ҳукм карда мешавад? 4) Кадом вақт номи имон аз шахси мусалмон куллан бардошта мешавад? 5) Имон дар назди аҳли суннат ва ҷамоат чӣ гуна муаррифӣ ва баён гардидааст? Дарси бистум.63-Ва тамоми умури шаръӣ ва иршодоте, ки аз Расули Худо (с) ривоят шудаанд, ҳамаашон ҳақ ва ростанд.Шарҳ: Тамоми фармудаҳои шариъат ва ривоятҳои тавзеҳкунандаи умури дин, хоҳ онҳо ба тавотур ба тариқи оҳод нақл шуда бошанд, ҳамаи онҳо ҳақ ва рост мебошанд. Ин мазҳаби аҳли ҳақ ба шумор меравад ва ҳар шахсе, ки ба Паёмбари Худо (с) дурӯғ бандад, яъне аз номи он ҳазрат ҳадиси дурӯғ гӯяд, бешакку шубҳа Аллоҳи бузург ӯро расво ва хор мегардонад.64- Ва имон як аст ва мӯъминон дар асли он баробаранд ва бартарӣ дар миёнашон ба парҳезкорӣ ва тарси Худо ва мухолифат намудани ҳавову ҳавас ва бо пайрави фармонҳои Хақ таъоло мебошад.Шарҳ: Ин сухан бинобар аслиест, ки имом Таҳовӣ аввалан дар таърифу баёни имон зикр намуда буд. Вале ҳақиқат ин аст, ки мардум дар асли имон ҳам аз якдигар фарқ доранд ва агар ин тавр набошад, мумкин аст, ки бигӯем: ҳамоно имони мо монанди имони Паёмбар (с) ва мисли имони фариштагон аст, ки ин фикр ботили ошкор мебошад.Дар ҳақиқат аъмол дар исми имон дохил аст, ки мардум ба василаи он аз ҳамдигар фарқ мекунанд, ҳатто дар тасдиқ мардум аз якдигар тафовут ва фарқ доранд, бинобар ин тасдиқу боварии мо монанди тасдиқи Ҷабраил (ъ) нест.Ҳамчунин мардум ба тақво ва саркашӣ аз ҳавои нафси фосид ва бо анҷомдиҳии аъмоли писандида аз ҳамдигар дар назди Аллоҳ таъоло тафовут доранд. Чи тавре, ки дар Қуръон омадааст: “Ҳамоно гиромитарини шумо дар назди Худо парҳезгортарини шумост”. Ҳуҷурот: 1365-Ва тамоми мӯъминон дӯстони Худоанд ва гиромитарини онҳо дар назди Аллоҳ таъоло мутиътарини онҳо нисбати Қуръони карим мебошад.Шарҳ: Мӯъминон дӯстони Худо ба шумор мераванд, чи тавре, ки Ҳақ таъоло фармуда: “Огоҳ бошед, ки дӯстони Худо ҳаргиз ҳеҷ тарс ва ҳеҷ андӯҳе дар дили онҳо нест. Онҳо аҳли имон ва Худотарсанд” Юнус: 62-63Аз ҳамин ҷиҳат ба андозаи тафовути онҳо дар имон ва тақво мартабаи дӯстӣ ва муқаррабияти онҳо ба Худо низ фарқ мекунад ва гиромитару азизтари эшон дар назди Аллоҳ ҳамон аст, ки Худо ва Расулашро бештар итоат намуда, ҳамеша китоби Худо ва суннати паёмбари Исломро пайравӣ намоянд.Хулоса: Тамоми суханоне, ки аз Расули Худо (с) дар баёни шариъат ва умури дин ривоятшуда ҳақ мебошанд ва аҳли имон дар асл ва мартабаи он аз ҳамдигар тафовут доранд Мӯъминон дӯстони Худо ҳастанд ва эшон дар вилояту дӯстии Ӯ ба андозаи тақво ва Худотарсиашон аз ҳамдигар тафовут ва фарқ доранд.Пурсишҳо:1) Оё мардум дар асли имон баробаранд ё аз ҳамдигар тафовуи доранд? 2) Дӯстони Худо киҳоянд? Дарси бисту якум.66-Ва имон ин аст, ки ба Худо ва фариштаҳои ӯ ва китобҳо ва паёмбарони ӯ ба рӯзи растохез ва ба тақдир, ки нек ва бад, ширин ва талхи ӯ аз тарафи Худост, имон биёрӣ.Шарҳ: Имони ба Аллоҳ таъоло иборат аз афъол, номҳо, ва сифоташ ва ба сазовориаш барои маъбудият ва ба анҷом додани ҳамаи корҳо холис барои Ӯ имон биёрем. Имони ба фариштагон ин аст, ки ба вуҷуди онҳо ва ба сифоту ашколи эшон ва ба вазоиф ва масъулиятҳои онҳо имон биёварем. Имон овардан ба китобҳои осмониро дар боло баён намудем.Имон овардан ба паёмбарон иборат аст аз ин ки ба ҳамаи эшон хоҳ онҳоро мушаххасан бишиносем ё на, имон оварем. Аввалини он расулон Нӯҳ ва охири эшон Муҳаммад (с) мебошад ва ҳақиқатан, онҳо паёмҳои Худоро ба мардум пурра расонидаанд ва роҳи эшон беҳтарин ва комилтарини роҳҳо мебошад. Имони ба рӯзи охират барангехтани аз қабрҳо ва ҳисобу шумори аъмол ва биҳишту дӯзах ва ғайраро дарбар хоҳад гирифт.Дар ниҳоят имони ба тақдир, яъне бовар намоем ба ин ки тақдир аз назди Аллоҳ таъолост ва ҳамоно хайр ва шарр ба ҳукми Ӯ шириниву талхӣ ҳам ба ирода ва тақдирсозии ӯ бастагӣ доранд. Чи тавре ки дар Қуръони карим омада: “Бигӯ, эй Муҳаммад ҳама чиз аз назди Худо мебошад.” Нисо: 78Ва ин усуле, ки баён кардем дар оёти зайл гирд омадаанд: “Вале некӯкор касест, ки ба Худо ва рӯзи растохез ва фариштаҳо ва китоби осмонӣ ва паёмбарон имон орад.” Бақара: 177“Ва ҳар ки ба Худо ва фариштагон ва китобҳои осмонӣ ва расулон ва рӯзи қиёмат кофир шавад, сахт дар гумроҳӣ фурӯмонда ва дур афтодааст.” Нисо: 136Ин усул ва аркони шашгонаи имон аст, ки агар яке аз онҳо набошад, номи имон аз аслу реша бардошта, ба ҷояш номи куфр меояд, Худо аз ин паноҳ диҳад.67- Ва моён ба тамоми аркони имон имоновардаем ва миёни ҳеҷ яке аз Раасулашон фарқ намегузорем ва ҳамаи онҳоро ба ваҳйи овардаашон тасдиқу бовар мекунем.Шарҳ: Ба тамоми усул ва арконе, ки баён шуд, бо тасдиқу иқрор имон меорем ва миёни ҳеҷ яке аз расулон фарқ намекунем, чи тавре, ки Худованди бузург фармуда: “Миёни касе аз паёмбарон фарқ намекунем.” Бақара: 285Бинобар ин миёни расулон ҷудо намесозем ба ин тариқ ки ба баъзеи онҳо имон оварда, ба баъзеи дигар кофир шавем, балки ба ҳамаи онҳо имон оварда, паёмҳои овардаашонро тасдиқ ва бовар менамоем, км аз назди Аллоҳ мебошад.Хулоса: Имон ин аст, ба Худо ва фариштагон ва паёмбарон ва рӯзи қиёмат ва ба тақдир, ки нек ва бадаш аз назди Худост, бовар намоӣ.Пурсишҳо:1) Аркони имон кадомҳост?2) Маънои имон овардан ба тақдир чист? Дарси бистудуввум68-Ва аҳли кабоир (аз умматони Муҳаммад (с) дар дӯзах ҷовид он намебошанд, ҳар вақте, ки онҳо муваҳҳид (якапараст) мурда бошанд, агарчи аз гуноҳони кабира тавба накарда бошанд, баъди аз он ки Худовандро мӯъмин дарёфтанд. Ва онҳо дар машият ва ҳукми Ӯ қарор доранд, агар хоҳад ба фазлу карамаш эшонро мағфират менамояд. Чи тавре, ки дар Қуръони карим фармуда: “Ва гуноҳони ғайри ширкро барои касе, ки бошад меомурзад, (Худо)”.Ва агар хоҳад Худованд бо адлу доди хеш онҳоро дар дӯзах азоб намуда, сипас бо раҳмати худ шафоати бандагони шафоаткунандааш ва шафоати бандагони шафоаткунандааш эшонро аз он ҷо мебарорад. Баъд аз он ба биҳишт мефиристад. Ин ба хотири он аст, ки Аллоҳ таъоло сарпарастии мӯъминонро ба ӯҳдаи худ гирифта, онҳоро дар дунё ва охират монанди мункирону кофирон раҳо ва тарк нахоҳад кард, ки эшон аз ҳидояти Худованд ноумед гардида ба валоят ва сарпарастии ӯ ноил нашудаанд. Бор Худоё, эй сарпарасти Ислом ва муслимин моро то рӯзи дидорат бар дини Ислом собиту устувор гардон.Шарҳ: Ҳамоно муртакииби кабира (касе, ки гунноҳи бузург чун зино, нӯшидани шароб, қатли нафс, судхӯрӣ ва ғайри анҷом медиҳад) агар дӯзах дарояд, ҳам дар он абадӣ нахоҳад монд, зеро ки ӯ бар ақидаи тавҳид (якапарастӣ) мурдааст, ҳарчанд ки бе тавба фавтида бошад. Ва модоме, ки Худованди муттаъолро мӯъмин дарёбад, дар таҳти машияту хоҳиши Ӯ қарор мегирад, агар хоҳад бо адли худ ӯро дар дӯзах азобу иқоб менамояд. Вале дар онҷо (дӯзах) ҷовидон нахоҳад монд, балки аз он ҷо бо раҳмати худаш ва шафоати бандагони муқарраби шафоаткунандааш ки бузургтарини эшон Муҳаммад (с) мебошад хориҷ менамояд.Агар хоҳад (Худованд) бо фазлу карамаш ӯро мебахшад ва гуноҳонашро меомурзад ва барои ҳар гуноҳи ғайри ширк умеди мағфирату омурзиш аст. Чи тавре, ки Ҳақ таъоло фармуда: “Ҳамоно Худованд шарик овардан ба зоташро намеомурзад ва дигар гуноҳои ғайри ширкро хоҳад бахшид”. Нисо: 48 Чунончи дар ҳадиси паёмбар (с) омада: “Касеро ки ба гуноҳи кабира мубтало шавад, сипас Худо ӯро мастур созад. Сарнавишти ӯ ба дасти Аллоҳи бузург аст, агар хоҳад мағфират ва агар хоҳад азобаш мекунад. ”Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим.Ҳатто агар содиркунандаи кабира бе тавба мурда бошад, ҳам дарт таҳти машияти Илоҳӣ қарор дорад ва ҳамин аст ҳаққу савоб, бар хилофи мӯътазила ва Хавориҷ ки мегӯянд: “Содиркунандаи кабира дар дӯзах ҷовидон боқӣ хоҳад монд”. Зеро ки эътиқоди мо аҳли суннат ин аст, ки Худованди мутаъол бо раҳмати хеш аҳли имонро дар дунё ва охират чун мункирони Зоти хеш қарор нахоҳад дод. Ҳамчуноне, ки дар Қуръон фармуд: “Оё онон ки муртакиби аъмоли зишт шудаанд, гумон карданд рутбаи онҳоро монанди касоне, ки ба Худо имон оварда ва накӯкор шуданд қарор медиҳем, то дар марг ва зиндагонӣ ҳам яксон бошанд”. Ҷосия: 21Аз Худованд, ки сарпарасти Ислом ва муслимин аст, масъалат менамоем, ки дилҳои моро бар Ислом собиту маҳкам бигардонад, то бо имону Ислом ба дидори муборакаш ноил гардем.69-Ва дар пушти ҳар мӯъмини парҳезкор ва фоҷир, ки аз аҳли қибла бошад гузоридани намозро ҷоиз медонем ва ҳамчунин бар мурдаи эшон намози ҷаноза хонданро ҳам ҷавоз медорем.Шарҳ: Аҳли суннат дар пушти ҳар мусалмон хоҳ парҳезкор ё фоҷир бошад, хондани намозро ҷавоз медонанд, вале ҳатман шахси парҳезкор бар фосиқ муқаддам мебошад, магар дар сурате, ки дар имоматии ӯ мушаққату гаронӣ бошад, ё имоми фоҷире, ки подшоҳ ӯро таъйин карда агар дар пушти ӯ намоз нахонанд, фитнае сарзанад. Дар ин суратҳо дар пушти фоҷир намоз гузоридан ҷоиз аст, ба шарте, ки бидъати мукаффира (кофиркунанда) содир накарда бошад.Ҳамчунин аҳли суннат бар мурдаи ҳар мусалмон хоҳ парҳезкор бошад ё фосиқ намозхонданро ҷоиз медонанд, магар ин ки ӯ кофир фавтида бошад, ки аҳли куфр ва илҳод намози ҷаноза надоранд.70-Ва касе аз аҳли Исломро ба биҳишт ва дӯзах фуруд намеорем ва бар эшон ба куфр, ширк ва нифоқ модоме, ки аз онҳо ин умур зоҳир нагардидааст, гувоҳӣ намедиҳем ва ботини онҳоро ба Худованди бузург вомегузорем.Шарҳ: Бо қатъият ба биҳиштӣ ва дӯзахӣ будани мусалмонони аҳли қибла ҳукм нахоҳем кард, балки барои бандаи накӯкор умедвори ҷаннат мебошем ва низ аз озмоишу муҷозоти Худо бар ғафлат намеварзем ва касе, ки гунаҳкор бошад, бар ҳолаш метарсем ва ҳаргиз аз раҳтати Аллоҳ таъоло ноумедаш намесозем.Бар мусалмон ба куфр, ширк ва нифоқ, ки ӯро аз доираи Ислом хориҷ созад, гувоҳӣ намедиҳем, магар вақте ки умури мазкур аз эшон сар занад ва низ шурути маҳкумият фароҳам гардад.Ботини мардумро ба Худо ҳавола менамоем, зеро, ки фақат Ӯ ба ботинашон доно ва огоҳ мебошад ва мардумро аз зоҳири ҳолашон арзёбӣ хоҳем кард. 71-Шамшерро (қатлро) бар касе аз уммати Муҳаммад(с) ҷоиз ва мубоҳ намедонем, магар бар оне, ки қатлаш воҷиб гардидааст.Шарҳ: Аҳли суннат қатли мусалмонро ба ҳеҷ ваҷҳ ҷоиз намедонанд, магар дар ҳолатҳое, ки шариъат онро муайян кардааст. Чи тавре, ки Расули Худо (с) мефармояд: “Хуни шахси мусалмон ҳалол нест, магар дар се сурат: Қасос яъне ҷон ба ҷон… ” Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим.Ва низ дар ҳадиси дигар омада: “Магар ин ки дар ӯ куфри бавоҳ (сареҳ)-ро мушоҳида намоед, ки аз ҷониби Худо дар он куфр бурҳон ва ҳуҷҷат дошта бошед. ” Ривояти Муслим.Ҳамчуноне, ки Ҳақ таъоло мефармояд: “Ҳамоно кайфари онон, ки бо Худо ва расули ӯ ба ҷанг бархезанд ва дар замин бар фасод кӯшанд, ҷуз ин набошад, ки онҳоро ба қатл расонда шаванд”. Моида: 33Дар ҳамин ҳолатҳо резондани хуни мусалмон (қатли ӯ) ҷоиз ва мубоҳ мебошад, вале дар ғайри ин суратҳо ба ҳеҷ ваҷҳ қатли ӯ ва куштори ӯ ҷоиз нест.Хулоса: Аҳли кабоир таҳтии машиату иродаи Худо мебошанд, агар хоҳад онҳоро мебахшад ва агар хоҳад иқобашон менамояд.Мумкин нест, ки аҳли имон ба аҳли куфр яксон бошанд ва мо дар пушти ҳар як мусалмон хоҳ парҳезкор бошад, ё фоҷир (базаҳкор) намоз мегузорем ва барои ҳеҷ кадоми эшон бо қатъият ба биҳишт ва дӯзах гувоҳӣ нахоҳем дод ва ҳамчунин болои мусалмон шамшер намебардорем магар ба иҷозаи шариъати Ислом.Пурсишҳо:1) Аҳли суннат дар бораи содиркунандагони гуноҳонни кабира чӣ мегӯянд?2) Дар пушти мусалмони фоҷир намоз гузоридан ҷоиз аст? 3) Ҳолатҳое, ки куштани мусалмон дар он ҷоиз мебошад, кадом аст? Дарси бисту сеюм72-Бар пешвоён ва сарварони давлати Ислом туғён карданро ҷоиз намедонем, агарчи онҳо зулму ситам намуда бошанд ва бар эшон дуои бад нахоҳем кард. Аз тоату фармонбардории онҳо даст барнамедорем ва модоме, ки ба масъияту гуноҳ фармон надиҳанд, итоати эшонро аз тарафи Худои бузург болои хеш фарз медонем ва ҳамеша барояшон ба салоҳу камоли дар дин дуо менамоем.Шарҳ: Аҳли суннат туғёну сарашӣ намудани пешвоён ва сарварони (давлати Ислом) –ро агар, чи онҳо ба мардум ситам раво доштаанд ё аз онҳо фисқу фуҷур зоҳир гардида бошад ҳам раво намебинанд. Зеро, ки туғёну исёни онҳо авоқиб ва осори бадро, чун хунрезӣ, сарзадани бебандуборӣ ба дунбол дорад.Итоату фармонбардори онҳо вақтест, аз Ислом рӯй нагардонда ва ба куфр майл накарда бошанд. Ҳамчунин аҳли суннат бар сарварони ҳокими худ дуои бад накарда, тоату фармонбардорӣ аз эшонро воҷиб медонанд, модоме, ки онҳо ба некӯӣ амр намоянд, вале агар ба маъсият ва гуноҳ амр намоянд, тоати эшон ҷоиз нест, аз ҷиҳати ин фармудаи паёмбар (с) ки мегӯяд: «Воҷиб аст бар шахсии мусалмон итоату пайравии сарварони мусалмон дар корҳои фармудаашон хоҳ онро писандад ё на, модоме, ки ба гуноҳ амр карда нашавад». Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим.Ва низ дар ҳақи онҳо (волиёни умури муслимин) дуои салоҳ ва камоли дар дин мекунанд, зеро ки бо салоҳу накӯии эшон уммати Ислом низ солим ва некӯ хоҳад гардид ва бо фасоду табаҳкории онҳо уммати мусалмон низ фосид мешавад.73-Аз суннат ва ҷамоати муслимин пайравӣ менамоем ва аз ҷудоӣ ва ихтилофу тафриқа дурӣ меҷӯем.Шарҳ: Аҳли суннат ҷудошавӣ аз ҷамоати муслиминро маҳкум намуда, аз он парҳез менамоянд, балки ҳидоят ва ҳақиқатро дар пайравии суннати Расули Худо (с) ва дар ҷамоати муслимин медонанд. Ҷудоӣ аз ҷамоати Ислом ва ихтилоф намудан дар умури дин ва тафриқаандозӣ дар миёни мусалмонон ба залолату гумроҳӣ мекашад.Пайравӣ аз ҷамоати муслимин вақтест, ки онҳо побанди фармонҳои Худо ва ҳақиқату ҳидоят бошанд ва амри маъруф ва наҳий мункар дар миёнашон ҷорӣ бошад, вале агар онҳо фосид гардида, бидъат ҷойгузини суннат ва суннат ҷойгузини бидъат, мункар ба маъруф ва маъруф ба мункар табдил ёбад, дар ин ҳолат ҷудои аз ин мардум на танҳо ҷоиз, балки воҷиб мебошад. Чи тавре ки Худои таъоло фармуда: «Аз тамоми ин фирқаҳо канорагирӣ кун ва агар чанде ба решаи дарахте чанг бизанӣ, то ин ки марг туро дарёбад». Бухорӣ ва Муслим74-Аҳли адл ва амонатро дӯст дошта, аҳли ҷавр ва хиёнатро бад мебинем.Шарҳ: Ҳар мусалмони одилро, ки ба Худо ва мардум амин аст хоҳ ӯ ҳоким бошад ё маҳкум дӯст медорем ва ҳар мусалмони золим ва хоинро хоҳ ҳоким бошад ё маҳкум бад мебинем. Худованд мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардед ба Худо ва расули Ӯ ва ба амонатҳояшон хиёнат накунед.» Ва ин матлабро ҳақ мешуморем, зеро, ки бандаи мӯъмин мусалмонони парҳезкорро дӯст дошта, мӯъминони фосиқ ва табаҳкорро бад мебинем ҳамчуноне, ки расули акрам фармуда: «Агар касе ин хислатро дошта бошад, ҳаловати имонро меёбад. Аввал ин ки Худованд ба сӯи ӯ аз тамоми ашё маҳбубтар бошад.Дуввум ин ки бароят паёмбари ӯ Муҳаммад (с) аз дигарон маҳбубтар бошад. Саввум ин ки бародари мусалмонашро фақат барои Худо дӯст бидорад.» Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим.Ва низ он ҳазрат (с) мефармояд: «Маҳкамтарин ресмони имон барои Худо дӯст дошатан ва барои Худо бад дидан мебошад.» Ба ривояти Аҳмад ва Табаронӣ.Бинобар ин мусалмоонро ба андозаи тоату некӯкориаш дӯст медорем ва инчунин ба миқдори маъсият ва фисқаш ӯро бад мебинем.Хулоса: Итоати сарварони муслимин дар итоати Худо ҷоиз аст ва бе ягон ҳуҷҷат ва бурҳон ҷудоӣ аз ҷамоати муслимин дуруст намебошад ва мо суннат ва ҷамоъатро пайравӣ менамоем ва аҳли адл ва амонатро дӯст дошта ва ситамгорону хоинонро бад мебинем.Пурсишҳо:1) Итоат намудан ба имоми золим чӣ ҳукм дорад?2) Оё саркашидан аз итоати сарварони ситамгар ҷоиз аст?3) Дар қазияи дӯстӣ ва душманӣ фақат барои Худо чӣ гуна рафтор намоем? Дарси бисту чорум 75- Дар чизе, ки бароямон номаълум бошад, мегӯем, ки Худо донотар аст.Шарҳ: Аҳли суннат ҳамвора илми чизеро надонанд, ба Худованди бузург вогузор менамоянд ва мегӯянд, ки Аллоҳ донотар аст ва ин посухи одилона мебошад ва манзур аз ин ки бе илму огаҳӣ бар Худо ҳарф задан ҳаром аст, ҳамин мебошад, ки ин гуноҳи бузург маҳсуб мешавад.Ҳамин тавр вақтеки инсон аз чизе ки намедонад, пурсида шавад, бояд дар посух бигӯяд: «Аллоҳ таъоло донотар аст.»76-Ва маҳс кашидан бар масҳиро чи тавре, ки дар ҳадис омада, ҷоиз медонем.Шарҳ: Аҳли суннат маҳс кашидан бар масҳиҳоро бо шуруте, ки дар китобҳои фиқҳ омада, яъне сешабона рӯз барои мусофир ва якшабонарӯз барои муқим ҷоиз медонанд ва моҳаи наълайнро низ муҷоз гӯянд.Рофизиҳо (шиаён) дар ин амр ба онҳо мухолиф ҳастанд, вале маҳс кашидан бар маҳсиҳо аз расули акрам (с) бо ривояти мутавотир собит шудааст.77-Ҳаҷ ва ҷиҳод бо пешвоёни умури муслимин хоҳ парҳезкор бошанд ё фоҷир то омадани қиёмат давом дорад, ки чизе ин дуро ботил ва нобуд нохоҳад кард.Шарҳ: Аҳли суннат чунин мепиндоранд, ки ҳаҷ ва ҷиҳод бо амирони Ислом хоҳ некӯкор бошанд, ё табаҳкор, бидуни ин ки ҳеҷ чизе воҷиб будани онҳоро бекор карда наметавонад, то барпошавии қиёмат идома хоҳанд ёфт. Тамоми ин умур (ҳаҷ ва ҷиҳод) бо сарпарастии сарварони одилу накӯкор ва фоҷиру табаҳкор воҷиб мегардад, модоме, ки онҳо аз миллати Ислом берун набаромада бошанд.Хулоса: Бояд шахси мусалмон вақте аз чизе, ки огаҳӣ надорад, пурсида мешавад гӯяд: Худо донотар аст ва бар худ такаллуф ва гаронӣ бор насозад. Маҳс кашидан бар масҳиҳо дар сафар ва ҳазар ҷоиз мебошад.Ҳаҷ ва ҷиҳод бо роҳбарони одиил ва ситамгор то оғози қиёмат идома хоҳад ёфт.Пурсишҳо: 1) Аз чизе, кии еамедонӣ, шурсида шавад, чӣ мегӯӣ?2) Масҳ кашидан бар масҳиҳо чӣ ҳукм дорад ва муддатии масҳ чӣ қадар аст?3) Ҷиҳод ва ҳаҷ намудан бо сарвари золим чӣ ҳукм дорад? Дарси бисту панҷум.78-Ба фариштагоне, ки киромулкотибин ном доранд имон меорем, зеро ки дар ҳақиқат Худованд онҳоро бар аъмоли мо гумошта, то онро ҳифз намоянд.Шарҳ: Аҳли суннат ба фариштагони гиромие, ки аъмоли бандагонро менависанд, имон меоранд.Дар ҳақиқат Худованд онҳоро болои мо гумоштааст, то ҳамаи гуфтору кирдори моро баршумурда, сабт намоянд ва ба ҷуз вақти ҷимоъ ва истинҷо ҳама вақт дунболи мо мебошанд. Чи тавре, ки Худованд дар шаънашон фармуда: «Ва ба дурустие, ки бар шумо нигаҳбононе аст, ки бузургвор нависандагонанд, ҳарчи кунед, ҳамаро медонанд». Инфитор: 10-1179 -Ва ба малаку-л-мавт, ки гумошта барои қабзи арвоҳи ҷаҳониён аст, имон меорем.Шарҳ: Ба малаку-л-мавт, ки Худованд ӯро бар қабзи авроҳи инсу ҷин муваззаф намудааст, низ имон меорем, чи тавре, ки Аллоҳ таъоло мефармояд: «Бигӯ, эй паёмбар барои кофирон малаку-л-мавте ки гумошта шуда бар шумо руҳи шуморо қабз хоҳад кард. Баъд аз он ки ба сӯи Парвардигори хеш гардонда мешавед». Саҷда: 11Нисбат додани марг ба сӯи малак (фаришта) ба эътибори ин аст, ки ӯ ба иҷозаи Аллоҳ таъоло ба гирифтани авроҳи одамон машғул мебошад, вале зоти меронанда фақат Худованд бузург аст ва Малакулмавт иҷрокунандаи ирода ва фармони Ҳақ таъоло мебошад. Бинобар ин ӯ фақат ҳамон арвоҳ (ҷонҳое)-ро қазб менамояд, ки Худованд қабзи онҳоро амр намудааст.Ӯ бузургтарин махлуқе дар олами фариштагон масҳуб мегардад ва барояш номи мушаххасе дар Қуръон ва ҳадиси набавӣ наёмадааст. Он номҳое, ки дар миёни оммаи мардум барояш мегӯянд, аз ривоятҳои саҳиҳи паёмбар (с) набуда, балки онҳо аз суханони аҳли китоб (Насоро) маншаъ гирифтаанд.80- Ба азоби гур барои шахсе, ки сазовори он аст, ба саволи Мункар ва Накир аз Парвардигор, дин ва паёмбараш ва ба он аахбору ривоятҳое, ки аз Расули Худо (с) ва саҳобаи киром дар ин замина омадааст, имон меорем.Шарҳ: Ба азобу шиканҷаи ҳақиқӣ ки дар гур ба кофирон, мунофиқон ва мусалмонони фосиқ рух медиҳад, имон оварда тасдиқ менамоем. Манзур аз қабр гудол (чуқурии) дар замин набуда, балки мақсуд аз он алами барзах аст. Бинобар ин шахси табаҳкор хоҳ дар ин гудол бошад, ё баҳр ё шиками наҳангҳо ва дарандгон ё дар шиками паррандагон дар олами барзах азобу шиканҷа карда мешавад ва ба ин ки кайфари мазкур сазои одилонаи онҳост ва воқеъан эшон мустаҳиқи он ҳастанд низ имон хоҳем овард.Ҳамчунин ба Мункару Накир имон меорем ва онҳо ду фариштаи тундест ҳар инсонро дар гураш аз Парвардигор, аз дин ва паёмбараш мепурсанд.Тамоми ин хабарҳо ба тавотурӣ ва дурустӣ аз он ҳазрат (с) ривоят шудааст, бинобар ин эътиқоду бовар кардани онҳо воҷиб мебошад.81-Қабр ё боғе аз боғҳои биҳишт аст, ё гудоле аз гудолҳои дӯзах.Шарҳ: Қабр ё боғе аз боғҳои биҳишт аст, барои мӯъмине, ки Худованд ӯро дар посухи Мункару Накир устувор ва комёб намуда бошад, ё он гудоле аз гудолҳои дӯзах аст, бар ашхоси кофир, мунофиқ ва низ мусалмонони фосиқ ва ситамгар.«Қабр ё боғест аз боғҳо …» ин ҳадис нест, ки аз паёмбар (с) ривоят шуда бошад, балки он мазмуни аҳодиси саҳиҳе аст, ки дар мавриди қабр ва воқиоти марбут ба он омадааст.Хулоса: Ба фариштагони гиромие, ки нигаҳбону нависандагони аъмоли бандагон мебошанд ва ба Малакулмавт, ба азоби қабр ва неъматҳо ва суолу пурсиши он ва ба Мункару Накир имон меоварем.Пурсишҳо:1) Фариштагони нигаҳбон киҳоянд?2) Аз Малакулмавт чӣ маълумот дорӣ?3) Оё дар гӯр азоб ва неъмату осоиш ҳаст? 4) Мункар ва Накир кистанд?  Дарси бистушашум82-Ба ангехтани аз гур ва ба падоши аъмол рӯзи растохез, ба арзу ҳисоб, хондани номаи аъмол, савобу иқоб ва пӯли сирот ва ба тарозӯи Илоҳӣ имон меоварем.Шарҳ: Аҳли суннат ба ин ки Худованди бузург рӯзи қиёмат мурдагонро зинда карда, подоши аъмолашонро медиҳад, низ имон меоранд. Чунончи Ҳақ таъоло мефармояд: «Бигӯ оре, қасам ба Парвардигори ман, албатта шумо дубора зинда карда мешавед, сипас аз кирдорҳои дар дунё кардаатон хабар дода мешавед ва ин амр дар назди иқтидори Илоҳӣ саҳлу осон мебошад». Тағобун: 7Ҳамчунин эшон ба ҳозир намудани бандагон дар назди Худо ва ба ҳисобу бозпурсӣ намудани амалҳои ҳар банда низ имон меоранд. Худованди бузург мефармояд: «Он рӯз шуморо ба пешгоҳи Худо ҳозир кунанд ва аз ҳоли шумо ҳеҷ сирре пинҳон намонад». Алҳоққа: 18Ба хондани номаи аъмол,ба савобу подош ба некӯкорон ва иқобу сазо ба бадкирдорон ва ба пӯли сирот низ имон меоварем.Сирот, пӯлест аз мӯй бориктар ва аз шамшер тезтар болои дӯзах гузошта шудааст, ки бандагони солиҳ онро гузашта ба биҳишт мераванд ва бандагони табаҳкор аз он лағжида ба ҷаҳаннам меафтанд.Ба мизон, тарозуе, ки аъмоли бандагон ба василаи он баркашида хоҳад шуд, низ имон меоранд ва он тарозуи ҳақиқиест, ки дар як паллаи он аъмоли некӯ ва дар паллаи дуввумаш аъмоли бад гузошта мешавад.83 Биҳишт ва дӯзах офарида шудаанд, ки мунтаҳӣ ва нест нашаванд ва Худованд он дуро пеш аз мардум офарида, барои ҳарду (биҳишт ва дӯзах) мардумони сазовор халқ намудааст касеро, ки аз эшон хоҳанд бо фазлу карами худ вориди биҳишт намуда ва ҳар касеро, ки хоҳад бо адлу доди хеш ба дӯзах меандозад. Ҳар кас мувофиқи он чи ки Худованд барояш муқаддар сохта амал намуда, ба сарнавишт ва фарҷоме, ки Офаридгор барояш низ муқаддар намуда, бармегардад.Шарҳ: Аҳли суннат ба вуҷуди биҳишт ва дӯзах ба ин ки онҳо офаридашуда ва алъон мавҷуданд имон меоваранд.Биҳишт бошишгоҳи парҳезкорон ва дӯзах ҷойгоҳи кофирон ва гунаҳкорон мебошад. Дӯзахи гунаҳкорони уммати Ислом тамом шуданист, вале дӯзахи кофирон абадӣ хоҳад буд. Биҳишт тамомнашаванда ва ҷовидон мебошад. Воқеан, Худованд он дуро қабл аз офариниши мардум офаридааст ва барояшон низ ашхоси мувофиқ халқ намуда.Аҳли биҳишт тибқи кирдори биҳиштиён амал менамоянд, вале аҳли дӯзах мувофиқи кирдори дӯзахиён амал мекунанд, аз ин рӯ аҳли ҷаннат ба фазлу карами Аллоҳ таъоло вориди он мешаванд ва аҳли дӯзах ба адлу инсофи Худованд дохили он хоҳанд гардид.Ҳар шахси тибқи муқаддароти Илоҳӣ амал менамояд ва хамчунин ба фарҷоме ки Офаридгор барояш муқаддар сохтааст бозхоҳад гашт.84-Хайру некӣ ва шарру бадӣ бар бандагон муқаддар мебошад.Шарҳ: Хайр ва шарр ҳарду ба қазовату тақдири Аллоҳ таъоло мавҷуд гардиидааст.Чунон чи Худованд мефармояд: «Бигӯ, ҳама (хайр ва шар) аз назди Худост». Нисо: 78Бинобар ин ҳар хайр ва шарре, ки дар ин ҷаҳон рӯй медиҳад, ҳама ба ирода ва тақдири Ҳақ таъоло ҷараён хоҳад гирифт, чизеро ки хоҳад ҷорӣ мешавад ва ҳар чи ки нахост таҳаққуқ намеёбад.85-Иститоъате, ки бад-он феъл воҷиб гардад, аз қисми тавфиқу ҳидояти Илоҳист, ки тавсиф намудани банда ба он ҷавоз надорад, аз ин рӯ он ба феълу иродаи Худованд, марбут мебошад. Вале иститоъати сиҳату саломатӣ, тавону қудрати кор ва фароҳам будани васоил ва имконоти кор қабл аз феъл мебошад ва ҳамин иститоъат ба хитоб ва амри Илоҳӣ тааллуқ дорад ва низ Худованд дар ояти зерин ба он ишора фармуда: «Аллоҳ таъоло ҳар касро ба андозаи тоқат ва нерӯяш мукаллаф менамояд.»Шарҳ: Иститоат ду навъ аст. Якум иститоъати фароҳам омадани асбобу васоили анҷомдиҳии кор ва қуввату нерӯи лозима доштан барои татбиқу пиёда намудани коре, ки ин навъ иститоъат аслан қабл аз анҷом додан кор мавҷуд мебошад. Бинобар ин асоси ҳамин иститоъат амру наҳйи Илоҳӣ бандагонро шомил мегардад. Чунон чи Худованд фармуда: «Аллоҳ таъоло ҳар касро ба андозаи тоқат ва нерӯяш мукаллаф менамояд». Бақара: 286Дуввум қудрат ва иродаи иститоати ҳамон кор аст, ки ин дар дасти тавфиқ ва ҳидояти Худост, ки банда аз ӯҳдаи иҷроии он оҷиз мебошад, аз ин рӯ ҷуз Аллоҳ таъоло касеро ба ин васф карда намешавад.86- Афъолу кирдори бандагон офариниши Худо ва касби бандагон мебошад.Шарҳ: Ҳама афъол ва кирдори бандагон офариниши Худованд бузург аст, чи тавре, ки Офаридгор мефармояд: «Худованд шумо ва амалҳоятонро офаридааст». Соффот: 96Вале анҷомдиҳии он аз тарафи бандагон сурат мегирад ва ин қавл мазҳаби барҳақ меошад, бар хилофи ҷабрия, ки онҳо ирода ва хоҳиши бандаро салб намуда, ӯро мақҳур ва маҷбури иродаи Худо медонанд. Тоифаи мӯътазила ҳам дар ин масъала ба аҳли ҳақ мухолиф баромада, бандаро халқкунандаи афъоли бад беиродаи Худо медонанд, ки ҳар ду гурӯҳи мазкур дар ду тарафи ифрот ва тафрит қарор доранд, вале Аҳли суннат ва ҷамоъат дар хати васат ва иътидол мебошад.87-Худованд бандагонашро ба корҳое, ки дар ҳадди тавону қудраташ аст, мукаллаф ва муваззаф карда ва ба ҷуз таклиф ва супориши Худо тавони анҷом додани кореро (болотар аз он) надоранд ва ин матлаб тафсир ва шарҳи «Ло лавҳа ва ло қуввата илло биллоҳ» аст, ки мегӯяд: «Нест тадбиру чора барои тарки маъсият, магар ба ёриву мадади Худованд ва нест қуввату нерӯ барои анҷом додани тоату ибодати Аллоҳ таъоло, магар ба тавфиқу ҳидояти Ӯ».Шарҳ: Аллоҳ таъоло мардумро ба корҳое, ки дар ҳадди тавону қудраташон аст, мукаллаф намуда, ки ин амр худ далолат ба он менамояд, ки эшон аз ӯҳдаи он мебароянд. Агар онҳо аз таклиифи Илоҳӣ қудрати фаротар ва бештар медоштанд, яқинан, Ҳақ таъоло эшонро ба он кор маъмур месохт. Аз ин онҳоро дар ҳудуди иститоаташон мукаллаф намудааст ва ин амр худ баёнгари маънои «Ло лавҳа ва ло қуввата илло биллоҳ» мебошад, ки дар боло маънои онро зикр намудем. 88-Ва ҳама чиз дар ҷаҳони ҳастӣ ба ирода ва қазову қадарӣ илоҳӣ ҷараён мегирад. Иродаву хоҳиши Худованд бар ҳамаи иродаҳо ғолиб аст ва ҳукми Ӯ тамоми тадбиру найрангҳоро ғалаба кардааст. Ҳар чиро хост, мекунад дар ҳоле ки Ӯ ҳеҷ гоҳ ситам нахоҳад кард.Аз тамоми бадӣ ва ҳалокату нестӣ ва инчунин аз ҳар айбу нуқсон поку муназзаҳ мебошад.Шарҳ: Тамоми ашё ва умур дар ин олам ба ирода, илм ва қазову тақдири Худои бузург ҷорӣ мегардад, аз ҳамин ҷиҳат иродаву хоҳиши Илоҳӣ тамоми хоҳишотро мағлуб кардааст ва инчунин ирода ва хоҳиши Ҳақ таъоло бечуну чаро иҷро мегардад. Ҳарчанд мардум барои раҳидан аз чанги қазову қадари Илоҳӣ тадбиру ҳилла менамоянд ҳам, вале қазо ва ҳукми Ӯ бар ҳама ҳиллаву тадбир чира гашт.Аллоҳ таъоло ҳар чи хоҳад мекунад, дар ҳоле, ки Ӯ аз зулму ситам раво доштан бар чизе ё касе пок ва барӣ мебошад ва ҳар чизе, ки Ӯ ҳукм карда, айни адлу доди Ӯ масҳуб мешавад. Чи тавре, ки дар Қуръони карим омада: «Ҳамоно Худованд ба мардум чизе ситам намекунад, вале онҳо ба нафсҳои худ зулму ситам менамоянд». Юнус: 44Ҳамчунин Худованди Субҳон аз ситаму корҳои бад ва зулму ҷавр ва аз ҳама айбу нуқсон пок ва муназзаҳ мебошад.Хулоса: Зинда кардани мурдагон рӯзи қиёмат, ҳозир намудани эшон ба назди Худо, ҳисобу ҷазо, мизону тарозӯ ва биҳишту дӯзах ҳама ва ҳама ҳақ ва ростанд. Инчунин ҷаннат ва дӯзахро Ҳақ таъоло халқ карда, ки ҳаргиз мунтаҳӣ ва нобуд нохоҳанд шуд.Ҳар банда ба корҳои муқаддар намудаи Худованд равон аст ва тамоми афъолу кирдори бандагон офаридаи Ӯ мебошад. Иститоъат чунончи тавзеҳ намудем, ду навъ аст ва Ҳақ таъоло бандагонашро аз тавону қудраташон бештар мукаллаф ва маъмур насохтааст.Пурсишҳо: 1) Аз аҳволи рӯзи қиёмат чӣ маълумот дорӣ?2) Дар масъалаи нестшавии дӯзах қавли ҳақ ва дуруст кадом аст?3) Оё Худованд некӣ ва бадиро офарида ва муқаддар намудааст?4) Чи гуна иддиъои шахсеро ки гуфтааст: «Худованд мардумро аз тавонашон бештар таклиф намуда» рад менамоед? Дарси бистуҳафтум. 89-Дар дуои зиндагон ва хайроту садақа намудани онҳо манфиъату фоида барои мурдагон мебошад. Шарҳ: Мурда аз дуо ва садақаҳои зиндагон хоҳ фарзандон ё дигар хешу таборонаш бошанд, суду манфиат хоҳад бурд, чунон чи дар ҳадиис омада: «… ё фарзанди некӯкоре, ки барояш дуо намояд.» Ба ривояти Муслим.90-Аллоҳ таъоло дуоҳоро қабул фармуда, ҳоҷату ниёзҳоро бароварда месозад.Шарҳ: Худованд дуову ниёишҳоро мепазирад, чунон чи мефармояд: Худои шумо фармуд, ки маро (аз таҳти дил) дуо кунед, то дуои шуморо мустаҷоб кунам. Ғофир: 60  Ҳамчунин танҳо Ӯст ки ҳавоиҷ ва ниёзҳои мардумро анчом медиҳад ба монанди ҷалби манфиат ба онҳо ва дафъи мазаррат аз эшон, зеро ки ҷуз Худованд касе аз ӯҳдаи ин кор намебарояд.91-Ва Ӯ молики ҳама ашёст ва мамлуки касе ё чизе нест ва аз Аллоҳ таъоло ба андозаи тарфату-л-ъайн (якбор мижа задан) бениёзӣ мумкин нест. Ҳар касе пиндорад ки як тарфатул-ъайн аз Худо бениёз аст бешакку шубҳа кофир гардида аз ҷумлаи ҳалокшудагон мебошадШарҳ: Аллоҳ таъоло молики ҳама моликон ва ҳама ашёи буда тасарруфоту ҳаракатҳои махлуқоташ ба иҷозаи Ӯ мебошадБа миқдори якбор чашмзанӣ бениёзиву мустақилият аз Ӯ мумкин нест. Аз ҳамин ҷиҳат ҳар махлуқ ва мавҷуд аз офариниш ва мавҷудият сар карда то ризқу рӯзӣ тадбири корҳо ва ҳидояту раҳёбӣ ба Худованди бузург мӯҳтоҷ мебошад. Чи тавре мефармояд: «мардум, шумо ба сӯӣ Худо мӯҳтоҷед ва Ӯ танҳо бениёз ва сутуда аст» Фотир: 15Бинобар ин ҳар инсоне яклаҳза гумон кунад ки ӯ аз Худо биниёз буда метавонад, воқеан кофир шуда аз зумраи зиёнкорон ва ҳалокшудагон хоҳад гардид.92-Худованд хашм мекунад ва розиву хушнуд мегардад, на монанди яке аз мардумон.Шарҳ: Вақте ки фароизу воҷиботи Илоҳӣ поймол шавад, Худованд хашму ғазаб мекунад ва чун авомир ва фаразаш ба ҷо оварда шавад, розиву хушнуд мегардад.Ғазаб ва ризо ду сифатест ки дар Худо собит мебошанд, чи тавре ки Хақ таъоло фармуда: Ва ғазаб кард Худо бар Ӯ. Нисо 93Ва дар ҷои дигаар низ мефармояд:«Ҳар оина Худованд аз мӯъминон розӣ ва хушнуд гардидааст». Фатҳ: 18Вале хашму ризои Аллоҳ таъоло ба маъноеки ба азамату бузургии Ӯ лоиқ мебошад, зеро ки ғазаб ва ризои Ҳақ таъоло ҳеҷ вақт монанди сифатҳои одамон намебошад.Хулоса Дуо ва садақаи зиндагон ба мурдагон нафъ мебахшад. Аллоҳ таъоло иҷобаткунандаи дуоҳо мебошад ва молики тамоми ашёет, ки дар осмонҳову замин аст, маҳсуб мешавад ки аз ӯ ҳеҷ махлуқе бениёз нест. Ғазаб ва хушнудии Ӯ ду сифати ҳақиқиест ки бар кайфияту ҳолати лоиқ ба ҳазрати Парвардигор таҳаққуқпазиранд.Пурсишҳо1)    Оё мурда аз дуо ва садоқоти зиндаҳо нафъ ва суд мебарад.2)    Касе гумон кунад ки аз Худо бениёз буда метавонад,чӣ ҳукм дорад?3)    Оё Худованд дорои сифати ғазаб ва хушнудӣ мебошад? Дарси бистуми ҳаштум93 –Асҳобу ёрони Расули Худоро дӯст медорем, вале дар муҳаббату дӯстии касе аз эшон ифрот намекунем.Аз касе аз онҳо безорӣ намеҷӯем ва ҳар касе ки онҳоро бад бинад, ба бадӣ ёд намояд, ӯро бад мебинем ва асҳоби паёмбар (с)-ро фақат ба некӣ ёд мекунем ва дӯст доштани онҳо нишонаи дину имон ва эҳсон маҳсуб мегардад. Ва бадбинии эшон баёнгари куфру нифоқ ва туғёну саркашӣ мебошад.Шарҳ: Чи тавре ки Худо ва паёмбараш асҳоби худро дӯст медоштанд, моҳам онҳоро дӯст хоҳем дошт, вале дар муҳаббати эшон ба ифрот ва азҳадгузорӣ роҳ намедиҳем, чунончи равофиз нисбати Алӣ (с) рафтор намуда, ӯро беш аз мартабааш бардошта, ҳатто ба дараҷаи улуҳият расонданд.Ҳамчунин аз саҳобагон безорӣ ва дурӣ намеҷӯем, зеро ки воқеъан, онҳо мӯъминони комилимон, Худопарастони комил ва муҷоҳидони ростини уммати Ислом масҳуб мешаванд. Бинобар ин ҳар касе, ки онҳоро бад бинад ва дар шаънашон сухани носазо гӯяд, ки ин нишонаи мунофиқӣ аст, ба адовату душмании ӯ бармехезем ва иинчунин фақаат аз эшон ёди хайр ва некӯӣ менамоем, зеро ки Расули Худо (с) онҳоро дӯст дошта ва ба ин амр тавсия намудааст.Аз ҳамин ҷиҳат муҳаббати эшон нишонаи сиҳҳати дин ва камоли имон ба шумор рафта, буғзу бадбинии онҳо баёнгари куфру нифоқ ва тӯғёну гарданфарозӣ мебошад. Худо аз ин гумроҳӣ моро ҳифз намояд.94-Баъди вафоти Расули Худо (с) хилофатро аввалан барои Абубакри Сиддиқ аз ҷиҳти фазилат ва муқаддамияте, ки бар ҷамиъи уммати Ислом дошт, лоиқу сазовор медонем. Сипас барои Умар ибнии Хаттоб, баъд аз он барои Усмон ибни Аффон ва сипас барои Алӣ ибни Абутолиб сазовор хоҳем донист, ки эшон Хулафои рошидин ва пешвоёни ҳидоятшуда маҳсуб мешаванд.Шарҳ: Баъди даргузашти Расули Худо (с) хилофату роҳбарии уммати Исломро барои Абубакри Сиддиқ собиту сазовор медонем, зеро ки ӯ бар ҷамиъи уммат фазилат ва муқаддамият дошта, паёмбар (с) ҳам дар чанд ҳадис ба хилофаташ талмиҳ ва ишора фармуда буданд ва дар ҳақиқат рӯзи Сақифа ҳамаи мусалмонон бар байъаташ иттифоқ намудаанд.Баъди вафоти Абубакри Сиддиқ (с) хилофат барои Умар ибни Хаттаб собит мегардад, зеро ки халифаи роҳил (Абубакр) ӯро бъди худ халифа таъйин карда буд, ки ҳар дуи онҳо ёрони самимии Расули Худо (с) ба ҳисоб мерафтанд.Сипас ба мақоми хилофат Усмон ибни Аффон, ки шавҳари ду духтари паёмбар (с) буд ва аз ҳамин ҷиҳат ӯро зун-нурайн мегуфтанд, мерасад ва баъд аз ӯ Алӣ ибни Абӯтолиб шавҳари Фотима, ки духтари он ҳазрат (с) буд, халифаи мусалмонон интихоб шуд ва ин шахсиятҳои чоргона беҳтарини асҳоби паёмбар (с) буданд, хулафои рошидин ва пешвоёни ҳидоятёфта, маҳсуб мешаванд ва Расули Худо (с) ба пайравии роҳу равиши онҳо тавсия ва суфориш кардаанд.95-Барои даҳ саҳобие, ки Расули Худо (с) онҳоро номбар карда, ба даромадани биҳишт мужда додааст, мо низ тибқи гувоҳии он ҳазрат (с) ба биҳиштӣ буданашон ва бар ҳаққонияти сухани он ҳазрат (с) гувоҳӣ хоҳем дод ва эшон иборатанд аз: Абубакр, Умар, Усмон, Алӣ, Талҳа, Зубайр, Саъд, Саъид, Абдурраҳмон ибни Авф ва Абуубайда ибни Ҷароҳ, ки ӯ амини уммати Ислом буд, Худованд аз эшон розӣ ва хушнуд шудааст. Шарҳ: Мо аҳли суннат имон меорем, ба ин ки воқиъан Расули Худо (с) ба даҳ нафаре аз асҳобаш сароҳатан мужда додааст, ки онҳо вориди биҳишт хоҳанд шуд, ки дар боло номи эшон зикр гардид. Ҳамчунин мо ба ин ва дигар башоратҳо, ки баъзе саҳобагонро низ муждаи духули ҷаннат карда буд, имон хоҳем овард, чи тавре, ки ин матлаб дар аҳодиси саҳеҳ собит гардидааст. 96-Ҳар касе, ки дар шаъни асҳоби паёмбар (с) ва дар шаъни ҳамсарони он ҳазрат (с) ки аз таамоми палидӣ пок будаанд ва дар шаъни авлоди Расули Худо (с), ки аз тамоми палидӣ ва умури зишт поканд, суханни некӯ гӯяд, дар ҳақиқат аз нифоқ барӣ ва дур будааст.Шарҳ: Ҳар шахсе дар ҳаққи ёрони Расули Худо (с), ки воқеъан эшон беҳтарини уммат буданд ва низ дар шаъии занону фарзандони он ҳазрат (с) ки ҳақиқатан онҳо аз тамоми палидӣ ва гуноҳу маъсият тоҳир ва пок буданд, суханҳои хуб гӯяд, бешакку шубҳа аз марази нифоқу мунофиқӣ барӣ ва пок гаштааст.Бояд гуфт, ки паёмбар (с) ҳамвора тавсия ва суфориш мекарданд, ки нисбати асҳоб ва ҳамсарону фарзандони ӯ эҳтиром намуда, аз суханони бад ва зишт дар ҳаққи эшон ҷилавгирӣ намоем ва дар корҳои дин ба онҳо тақлид ва пайравӣ кунем.Хулоса: Тамоми асҳоби паёмбар (с)-ро бе ифрот ва тафрит дӯст дошта, ба фазилату мақоми онҳо бар дигарон эътироф хоҳем кард.Хулафои рошидинро тибқт тартиби вилояташон муқаддам медонем ва мақоми даҳ ёре ки он ҳазрат (с) эшонро муждаи вуруди биҳишт карда, низ эътироф хоҳем кард. Ҳамчунин ба сароҳат мегӯем: ҳар касе, ки дар шаъни асҳоб ё азвоҷу авлоди Расули Худо (с) сухани бад мегӯяд, бешак ӯ мунофиқ гардидааст.Пурсишҳо:1) Масъулияти мо нисбати асҳоби Расули Худо (с) чист? 2) Дар ҳаққи азвоҷ ва фарзандони он ҳазрат (с) чӣ гуна бояд рафтор кунем?3) Мавқеъи мо нисбати касоне, ки дар шаъни асҳоб ва азвоҷу авлоди Расули Худо (с) бадгӯӣ мекунанд, чӣ гуна бояд бошад?  Дарси бисту нуҳум97-Уламои салаф чи собиқин ва чи тобиъин эшон ҳама аҳли хайр ва асар ва аҳли фиқҳ ва назар буданд ва ҳамвора аз онҳо ба накӯӣ ёд хоҳем кард. Ҳар касе нисбати эшон ҳарфи носазо гӯяд, дар ҳақиқат ӯ аз роҳи ҳақ ва ҳаниф берун рафтааст.Шарҳ: Уламову донишмандони собиқи Ислом чи аз саҳобагон ва чи аз табиъин (пайравони онҳо) ҳама аҳли салоҳ ва хайр ва пайравони суннат ва ҳама аҳли фиқҳ ваа иҷтиҳод буданд, ки ҳама вақт аз эшон ба некӣ ва таърифу тавсиф ёд хоҳем кард.Бинобар ин ҳар касе нисбати онҳо сухани зишт гӯяд, бидуни шакку шубҳа гумроҳ гардидааст, зеро ки муҳаббати эшон бар ҳар мусалмон воҷиб аст ва низ гӯшти онҳо барон бадгӯёнаш заҳролуд ва муҳлик мебошад.98-Ҳеҷ валиро бар ҳеҷ паёмбар (ъ) бартар намедонем ва мегӯем, ки як паёмбарт аз ҳама авлиё (дӯстони Худо) беҳтар мебошад.Шарҳ: Авлиёро бар паёмбарон (ъ) бартар намедонем, чи тавре, ки баъзе гумроҳон монанди Ибни Арабӣ ва ҳаммаслаконаш мегӯянд.Балки мегӯем: ҳароина як пайғамбар аз ҳама авлиё беҳтар хоҳад буд, зеро ки Худованд барояшон нубувват ва ҳикматро бахшида, онҳоро ба паёмбари баргузидааст. Чи тавре, ки Ҳақ таъоло мефармояд: «Худованд аз миёни фариштагон ва аз миёни мардум паёмбароне хоҳад баргузид». Ҳаҷ: 7599-Ба каромоти авлиё имон меорем ва ривоятҳои каромоти авлиёро, ки дар салоҳу некӯии эшон шакку шубҳа нест, мавриди қабул ва саҳеҳ мебошанд.Шарҳ: Ба ривояти каромоту корҳои хилофи одат, ки аз авлиёи Худо буруз каарданд имон хоҳем овард ва каромоти собитнашударо рад мекунем.Аслу решаи вуҷуди каромот ояти зерин мебошад, ки Худованд фрмуда: «Ҳар вақт Закариё ба савмаъаи ибдати Марям меомад ризқу рӯзӣ меёфт, ки эй Марям ин рӯзи аз куҷо барои ту мерасад? Посух медод, ки ин аз ҷониби Худост. Ҳамоно Худо ба ҳар кӣ хоҳад рӯзии беҳисоб диҳад». Оли Имрон: 37Он каромоте, ки дар ҳаққи авлиё ривоят шудааст фақат ба ҳамон зумра авлиёи Раҳмон (Худо) ки ба имону парҳезкорӣ машҳуранд, маҳдуд мебошад ба баъзе авлиёи шайтон, ки бо чашмбандӣ баъзе корҳои фавқу-л-лъода содир намуда, иддиъо валигӣ менамоянд ҳеҷ таъаллуқе надорад.Хулоса: Донишмандони солиҳу накӯкорри салафро танҳо ба некӯӣ ёд менамоем ва паёмбарони Илоҳиро бар авлиё бартар медонем ва ба каромоти саҳеҳе, ки аз авлиёи Худо ривоят шудааст, имон хоҳем овард.Пурсишҳо:1) Нисбати олимони салафи солиҳ чӣ гуна рафтор менамоем?2) Оё беҳтар донистани валӣ аз паёмбар (ъ) ҷоиз аст?3) Каромоти авлиё чист ва барои ҷоиз будани каромот далел биёр! Дарси сиюм.100-Ба нишонаҳои қиёмат, ки иборатанд аз баромадани Даҷҷол, фуруд омадани Исо (ъ) аз осмон, баромадани офтоб аз самти мағриб ва ба баромадани ҷонвари замин аз ҷои худ имон меоварем.Шарҳ: Ба аломату нишона доштани қиёмат имон хоҳем овард, ки агар онҳо зоҳир шаванд бешак ба наздикшавӣ ва омадани қиёмат далолат менамоянд. Ҳамаи аломатҳоро Расули Худо (с) дар ҳадисе, ки дар бораи қиёмат гуфта, баён фармудааст: «Ҳамоно қиёмат ҳаргиз барпо нахоҳад шуд, то ин ки даҳ нишонаро бубинед ва шурӯъ карда ба зикри Даҷҷол ва ҷонвар ва баромадани офтоб аз самти мағриб ва фуруд омадани Исо ибни Марям…» Ба ривояти Муслим ва Ибни Моҷа.Ин аломатҳои бузурги қиёмат мебошанд, ки аломатҳои кӯчаки дигар ҳам дорад.101-Коҳин (фолбин) ва арроф (мунаҷҷим)-ро бовар намекунем ва инчунин ҳар касе, ки мухолифи Қуръон ва суннати паёмбар (с) ва иҷмоъи уммат чизе даъво намояд, ӯро тасдиқ ва бовар нахоҳем кард.Шарҳ: Коҳинон ва мунаҷҷимонро, ки даъвои донистани илми ғайб намуда, ҳар чизро пешгӯӣ мекунанд, тасдиқу бовар нахоҳем кард, зеро ки Худованди бузург мефармояд: «Ва ҳеҷ кас намедонад, ки фардо чӣ хоҳад кард.» Луқмон: 34Дар ҷои дигар низ фармуда: «Бигӯ ҳеҷ кас дар осмонҳо ва замин ба ҷуз Худованд илми ғайбро намедонад». Намл: 65Ҳамчунин расули акрам мегӯяд: «Ҳар касе ба назди мунаҷҷим (пешгӯ) ва фолбин равад ва ҳарфҳои эшонро тасдиқу бовар намояд, воқеъан ба дини Муҳаммад (с) кофир гардидааст.» Ба ривояти Тирмизӣ ва Ҳоким. Аз ҳамин ҷиҳат ҳар шахсе чизеро ки мухолифи Қуръон в аҳодиси набавӣ ва иҷмоъи уммат бошад, иддиъо кунад, ӯро маҳкум намуда, суханашро рад хоҳем кард.Хулоса: Ба нишонаҳои бузурги қиёмат имоон меорем ва коҳинону пешгӯён ва ҳар касеро, ки хилофи Қуръон, суннат ва иҷмоъи уммат даъво намояд такзиб намуда, бовар нахоҳем кард.  Пурсишҳо: 1) Аломати қиёмат чӣ маъно дорад ва чор аломаташро баён намоед?2) Шахсоне, ки назди коҳинону фолбинҳо рафта, онҳоро бовар намоянд, чӣ ҳукм дорад? Дарси сиву якум102-Ҷамоъати муслиминро ҳақ ва савоб дониста, ҷудоӣ аз ҷамоатро гумроҳӣ ва азоб медонем.Шарҳ: Ҷамоъатро ҳақиқату савоб ва роҳи рост медонем, ки ин ҷамоъатро фирқаи ноҷия (гурӯҳи растагор) гӯянд ва ин гурӯҳ ҳамвора ба Қуръон ва суннати расули акрам устувор мебошад.Ғайри фирқаи ноҷия (аҳли суннат ва ҷамоъат) дигар тоифаву гурӯҳҳо ҳама мунҳариф буда, ба гумроҳӣ рафтаанд, ки дучори азобу кайфари Илоҳӣ дар дунё ва охират хоҳанд шуд. Чи тавре, ки Худованди бузург мефармояд: «Ва ин аст роҳи рост, пайравии он кунед ва аз роҳҳои дигар, ки муҷиби тафриқа ва парешонии шумо аз роҳи Худо мебошад, мутобиъат накунед». Анъом: 153103-Дини Худванд дар осмонҳо ва замин як аст, ки он дини Ислом мебошад. Ҳақ таъоло мефармояд: «Ҳамоно дини писандида дар назди Худо Ислом аст.»Ва низ мефармояд: «Ва беҳтарин ойинро, ки Ислом аст, бароятон баргузидам.»Шарҳ: Дину ойини баргузидаи Худованд як аст, ки он Ислом мебошад, чунон чи Ӯ дар чанд ҷои Қуръон мефармояд: «Ҳамоно дини писандида дар назди Худо Ислом аст». Оли Имрон: 19“Ҳар касе ғайр аз Ислом дине ихтиёр кунад, ҳаргиз аз вай чизе пазируфта нахоҳад шуд ва ӯ дар охират аз зиёнкорон аст”. Оли Имрон: 85Бинобар ин дини барҳақе, ки Худованд ҳамаи паёмбаронашро бо он фиристода ва ғояву ҳадафи аслии он парастиши Аллоҳи ягона аст, Ислом мебошад.Чунон чи фарзандони Яъқуб (ъ) гуфтанд: “Ва мо барои Ӯ (Худо) муслим ва мӯъмин мебошем.” Бақара: 133Ва низ Мӯсо(ъ) ба қавмаш гуфт: “Эй қавм, агар шумо дар ҳақиқат имони ба Худо оварда ва агар ба ростӣ таслими фармони ӯ ҳастед, бар Худо таваккал кунед”. Юнус: 84Малика Булқис ҳам ҳамин тавр гуфт: “Ҳамроҳи Сулаймон ба Худованд, Парвардигори ҷаҳониён таслим шудам”. Намл: 44104-Ва Ислом динест, ки миёни ифроту тафрит ва ташбиҳу таъвил ва миёни ҷабру тақдир ва ноумедӣ қарор дорад.Шарҳ: Чи тавре, ки Аллоҳ таъоло фармуда “Инчунин мо шуморо уммати васат гардондем.” Ислом дини васат ва миёнаравӣ дар тамоми корҳо мебошад, аз ҳамин ҷиҳат ӯ дар ибодат ба ифроту тафрит (кӯтаҳӣ) роҳ намедиҳад ва дар ҳаққи паёмбар (с) ҳам миёни ифроту тафрит қарор дорад.Дар боби имон ба сифоти Худованд, миёни касоне, ки сифоти Илоҳиро ба сифоти башар ташбиҳ карданд ва касоне, ки сифоти Худоро бо инкори маънояш таътил (бекор ё лағв) намуданд мавқеъгирӣ намудааст.Ҳамин тавр Ислом дар мавриди тақдир мухолифи Ҷабрия, ки инсонро як махлуқи беирода медонанд ва Қадария, ки инсонро офарандаи афъоли хеш мегӯянд, буда, ваатиятро интихоб мекунад.Ислом миёни эминӣ ва ғафлат аз озмоишу муҷозоти Худоваяъсу ноумедӣ аз раҳмати Илоҳӣ қарор дорад, ки пайравонашро ба имон ва тоату ибодат амр карда, мегӯяд, ки ҳаргиз гуноҳу маъсият карда бошад ҳам аз раҳмату бахшоиши Аллоҳ таъоло ноумед набошед. Дарси сивудуввум.105-Ин баёни дин ва эътиқоди зоҳирӣ ва ботинии мост ва мо аз ҳар шахсе ки мухолифи ақоиди мазкура бошад, ба Аллоҳ таъоло бароат ва безории хешро эълом медорем.Аз Худованд масъалат дорем ки бар имон собиту устувор намуда, фарҷоми ҳаёти моро ба он хатм намояд ва моро аз ҳавову ҳаваси мухталиф ва афкори тафриқаангез ва мазҳабҳои фосид, монанди Мушаббиҳа, Муътазила, Ҷаҳмия, Ҷабрия, Қадария ва дигар мухолифони суннат ва ҷамоат ва гумраҳшудагон, ки  мо аз эшон безорбуда онҳоро гумроҳ ва фосид медонем, дар паноҳи исмати хеш нигоҳ дорад. Шарҳ: Дар ҳақиқат мо дин ва ақидаамонро бо зикри ончи дар сафаҳоти гузашта дарҷ гардид бозгӯ намудем, аз ин рӯ эътиқоди зоҳирӣ ва ботинии мо ҳамин мебошад ва ҳаргиз бо касоне ки хилофи ботини хешро вонамуд месозанд (мунофиқин) ҳаммаслак нахоҳем буд ва низ бароату безории худро аз ҳар қавл ё шахсе ки мухолифи матолиб ва ҳақоики мазкур башад ба Худованд эълом медорем.Аз Худованди бузург масъалат ва хоҳиш дорем ки моро бар имону ислом устувор гардонад ва аз ҳавову майли фосид ва гумонҳои ботил ваафкори парешон дар масоили эътиқод ва аз мазҳабҳои фосид, монанди Мушаббиҳа, Мӯътазила, Ҷаҳмия, Ҷабрия, ва Қадария ва дигарон ҳифз фармояд, зеро ки ин мазоҳиби ботила бо суннат ва ҷамоати муслимин мухолиф баромада залолату гумроҳиро интихоб намудаанд ва бо гумроҳон дар тарвиҷу нашри залолат ва куфру бидъат мекушанд, бинобар ин аз ҳамаи онҳо безорӣ меҷӯем.Зеро бар ҳар мусалмон воҷибу фард аст ки аз аҳли залолат ва бидъат безорӣ ҷуста, бо сароҳат гумроҳӣ, ва фасоди ақлу мазҳаби эшонро ба дигарон бозгӯ намояд. Худованд моро аз афкору мазоҳиби фосид нигоҳ дошта, дар роҳи рост муваффақ ва комёб гардонад.Дуруду саломи Худо ва фариштагон нисори Муҳаммад (с) ва тамоми хонадон ва асҳобаш бод.

المرفقات

2

Шарҳи осони ақидаи таҳовӣ
Шарҳи осони ақидаи таҳовӣ