البحث

عبارات مقترحة:

السيد

كلمة (السيد) في اللغة صيغة مبالغة من السيادة أو السُّؤْدَد،...

الملك

كلمة (المَلِك) في اللغة صيغة مبالغة على وزن (فَعِل) وهي مشتقة من...

الغفور

كلمة (غفور) في اللغة صيغة مبالغة على وزن (فَعول) نحو: شَكور، رؤوف،...

Шарҳи Суннат

الطاجيكية - Тоҷикӣ

المؤلف Алҳасан ибни Али ибни Халаф ал-Барбаҳорӣ ، Мусъаби Ҳамза
القسم كتب وأبحاث
النوع نصي
اللغة الطاجيكية - Тоҷикӣ
المفردات منهج أهل السنة والجماعة في تلقي العقيدة - سمات أهل السنة والجماعة
Бидонед, ки ба ростӣ Ислом ҳамон Суннат ва Суннат ҳамон Ислом аст, яке аз ин ду бедигарияш қоим намешавад. Пас, аз ҷумлаи суннат лозим гирифтани ҷамоъат аст, пас касе аз ҷамоъат (яъне ҷамоъати мусалмонон) рӯй гардонаду ҷудо шавад, ба ростӣ ресмони Исломро аз гарданаш кашида аст ва гумроҳу гумроҳкунанда мебошад.

التفاصيل

Шарҳи Суннат Шарҳи Суннат  Шарҳи СуннатАбумуҳаммад Ҳасан ибни Алӣ ибни Халафи БарбаҳорӣТарҷума: Шаҳобиддин ибни СолеҳТаҳия: Мусъаби Ҳамза Шарҳи СуннатБисмиллоҳир Раҳмонир РаҳимСипосу ситоиш барои Аллоҳ, ки моро ба дини Ислом ҳидоят намуд ва ба он бар мо миннат ниҳод. Ва моро дар беҳтарин уммат берун овард, пас Ӯро мепурсем, ки барои он чи ки дӯст медораду розӣ мешавад, моро тавфиқ диҳад ва аз он чи ки бад мебинаду ба ғазаб меояд, моро нигаҳ дорад. 1-   Бидонед, ки ба ростӣ Ислом ҳамон Суннат ва Суннат ҳамон Ислом аст, яке аз ин ду бедигарияш қоим намешавад. 2-   Пас, аз ҷумлаи суннат лозим гирифтани ҷамоъат аст, пас касе аз ҷамоат (яъне ҷамоати мусалмонон) рӯй гардонаду ҷудо шавад, ба ростӣ ресмони Исломро аз гарданаш кашида аст ва гумроҳу гумроҳкунанда мебошад.3-   Ва асосе, ки бар он ҷамоат бино карда мешавад, онон асҳоби Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳастанд, Аллоҳ ҳамаи ононро раҳмат намояд, ва онон аҳли суннат ва ҷамоатанд, пас касе динашро аз онон нагирад, пас ба ростӣ гумроҳ шуда ва бидъаткорӣ кардааст ва ҳамаи бидъат гумроҳӣ аст. Ва гумроҳӣ ва аҳли он дар оташ мебошад.Умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу мегӯяд: Шахсе гумроҳиеро ҳидоят пиндошта анҷом додааст, барояш узр нест ва на ҳидоятеро, ки гумроҳӣ пиндошта тарк кардааст. Пас, ба ростӣ умур баён карда шуда ва ҳуҷҷат собит шуда ва узр қатъ шудааст. Ва ин ба хотири он аст, ки Суннат ва ҷамоат ҳамаи амри динро муҳкам кардаанд ва барои мардум баён шуд, (ки ҳамаи кори дин лозим гирифтани суннат ва ҷамоат аст) пас бар мардум пайравӣ кардан лозим аст. 4-   Бидон, Аллоҳ туро раҳмат кунад, ба дурустӣ Дин аз ҷониби Аллоҳ таборак ва таъоло омадааст, бар ақлҳову андешаҳои мардон гузошта нашудааст ва илми Дин назди Аллоҳ ва расули Ӯст, пас чизеро ба хоҳиши нафсат пайравӣ макун, аз дини Ислом хориҷ мешавӣ. Ба дурустӣ бароят ҳуҷҷате нест, Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам Суннатро барои умматаш баён карда ва барои асҳобаш возеҳ гардондааст ва онон ҷамоат ва саводи аъзам ҳастанд. Ва саводи аъзам ҳақ ва аҳли он аст. Пас, касе асҳоби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар чизе аз амри Дин мухолафат кунад, пас ба ростӣ кофир мешавад. 5-   Ва бидон, албатта мардум ҳаргиз бидъатеро эҷод накардаанд, то ки ҳамонанди он суннатеро тарк кардаанд, пас аз корҳои ҳаром ҳазар кун. Ба ростӣ ҳар пайдошуда бидъат аст ва ҳамаи бидъат гумроҳӣ аст ва гумроҳию аҳли он дар оташ аст.6-   Аз бидъатҳои хурд парҳез кун, пас ба ростӣ бидъатҳои хурд гашта-гашта бузург мешавад. Ва инчунин ҳар бидъате, ки дар ин уммат пайдо шуд, дар ибтидо хурду шабеҳи ҳақ буд. Касе ба ин мағрур шуда дар он ворид шуд, сипас аз он баромада натавонист. Пас он бидъат бузург шуда, онро дин қарор дода мешавад. Пас роҳи мустақимро мухолифат намуда аз Дин хориҷ мешавад. Пас, назар кун, Аллоҳ туро раҳмат кунад, ҳар суханеро, ки хоссатан аз аҳли замонат мешунавӣ, пас шитоб макун ва дар чизе аз он ворид машав, то ки бипурс ва назар кун! Оё дар он мавзӯъ ягон асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ё ягон олим сухан кардааст? Агар асаре аз онон дар ин мавзӯъ ёфтӣ, пас ба он чанг зан ва барои чизе аз он магузар ва бар он чизеро ихтиёр макун, пас (дар ғайри ин сурат) дар оташ меафтӣ.7-   Ва бидон, ки хориҷ шудан аз роҳ, ду навъ аст: Якум: Марде аз роҳ лағжида ва ӯ ба ҷуз ҳақ чизе намехоҳад, пас ба лағжиши ӯ иқтидо карда намешавад, зеро ӯ ҳалок-шаванда аст. Ва (дуюмаш) марде, ки ҳақро зиддият карда ва парҳезгорони пешини худро мухолифат кардааст, пас ӯ гумроҳу гумроҳкунанда, шайтони саркашӣ ин уммат аст. Касе ҳоли ӯро донад, ҳуқуқ дорад, ки мардумро аз ӯ ҳазар кунонад ва қиссаи ӯро барои мардум баён намояд, то ки дар бидъати ӯ касе воқеъ нашаваду пас ҳалок гардад. 8-   Ва бидон, Аллоҳ туро раҳмат кунад, исломи шахс комил намешавад, то ки пайрав, тасдиқкунанда, таслим-шуда бошад. Касе гумон кунад, ки чизе аз амри Дин боқӣ мондааст, асҳоби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва сал-лам онро ба мо нарасонидаанд, пас ба ростӣ ононро дурӯғгӯ намудааст. Ва ин аз рӯи тафриқаангезӣ ва бар онон таъна задан басанда аст, пас ӯ мубтадиъ, гумроҳу гумроҳкунанда аст, дар дини Ислом чизе овардааст, ки аз ҷумлаи он нест.9-   Бидон, Аллоҳ туро раҳмат кунад, дар ақида қиёс нест ва барои он масал зада намешавад ва дар он хоҳишоти нафсро пайравӣ карда намешавад, балки он тасдиқи осори Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам бекайфияту бешарҳ додан (ба маънои ботил) аст ва гуфта намешавад: Чаро ва чӣ гуна? 10- Пас, илми калом, хусумат, баҳсу мунозира ва шакку шубҳа пайдошуда аст, дар дил шакро меафрӯзад, агарчи соҳибаш ҳаққу суннатро дарёбад. 11- Ва бидон, Аллоҳ туро раҳмат кунад, дар зоти Парвардигори таъоло сухан кардан пайдошудааст, он бидъату гумроҳӣ аст. Дар Зоти Парвардигор сухан карда намешавад, магар ба он чизе, ки дар Қуръон барои Худаш васф намудааст ва Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои асҳобаш баён намудааст. Пас Ӯ ҷалла саноуҳу ягона аст «Монанди Ӯ чизе нест ва Ӯ шунавову биност». Сураи Шӯро, ояти: 11 Парвардигори мо аввал аст бе кай (яъне беибтидо) ва охир аст беинтиҳо, пинҳон ва пинҳонтарро медонад ва Ӯ бар Аршаш муставӣ аст ва илми Ӯ дар ҳамаи макон аст ва аз илми Ӯ маконе холӣ нест. 12- Ва касе дар сифатҳои Парвардигори таъоло намегӯяд:«Чӣ гуна ва барои чӣ», ба ҷуз касе, ки дар Аллоҳ таборак ва таъоло шак дорад. 13- Ва Қуръон каломи Аллоҳ фурудовардаи Ӯ ва нури Ӯст. Махлуқ нест, зеро Қуръон аз ҷониби Аллоҳ аст ва он чизе ки аз Аллоҳ аст, махлуқ нест. Инчунин Молик ибни Анас, Аҳмад ибни Ҳанбал ва донишмандони пеш аз онон ва баъд аз онон гуфтаанд. Ва мироъ дар Қуръон куфр аст.(Мироъ-шубҳа, шак, баҳсу мунозира. Баҳсу мунозира кардан дар Қуръон, ки оё махлуқ аст, ё не, куфр аст.) 14- Ва имон доштан ба рӯъят (дидани Аллоҳ) дар рӯзи қиёмат, Аллоҳ азза ва ҷалларо ба чашмонашон мебинанд ва ӯ ононро бепарда ва бетарҷумон ҳисоб мекунад. 15- Ва имон доштан ба мизон дар рӯзи қиёмат. Дар он хайру шарр вазн карда мешавад. Он дорои ду палла ва забон аст. 16- Аз масъалаҳои ақидавӣ имон ба азоби қабр ва ба Мункару Накир аст.17- Аз ҷумлаи масъалаҳои ақидавӣ имон ба ҳавзи Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст. Ва барои ҳар паёмбар ҳавз аст ба ҷуз Солеҳ алайҳис салом, пас ба ростӣ ҳавзи Ӯ пистони шутураш аст.18- Ва аз ҷумлаи масъалаҳои ақидавӣ имон ба шафоати Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои гунаҳгорону хатокорон дар рӯзи қиёмат ва дар вақти гузаштан бар пули Сирот аст ва ононро аз дохили дӯзах мебарорад. Ҳар паёмбар дорои шафоат аст ва инчунин сиддиқон, шаҳидон ва солеҳон дорои шафоат аст. Баъди ин барои Аллоҳ фазли бисёр аст бар касе бихоҳад. Ва аз оташ баромадан баъде ки сӯхта хокистар гаштаанд.19- Ва аз ҷумлаи масъалаҳои ақидавӣ имон ба пули Сирот аст, ки бар пушти дӯзах гузошта шудааст, касеро Аллоҳ бихоҳад, Сирот ӯро мегирад ва касеро Аллоҳ (гузаштанашро) бихоҳад. Мегузарад ва барои онон ба қадри имонашон нурҳост.20- Ва (аз усули имон) имон ба анбиё ва малоикаҳост.21- Ва аз масъалаҳои ақидавӣ имон доштан ба ин ки ҷаннат ва дӯзах ҳақ аст ва онон офаридашудаанд, ҷаннат дар осмони ҳафтум аст ва сақфи он Арш аст ва оташи дӯзах таҳти замини ҳафтум аст ва онон офаридашудаанд. Ба дурустӣ Алоҳ таъоло адади аҳли ҷаннат ва касоне, ки вориди он мешаванд, медонад. Ва адади аҳли дӯзах ва касоне, ки вориди он мешаванд, медонад. Ҳаргиз фонӣ намешаванд. Бақои он ду бо бақои Аллоҳ абаду-л-обидин ва даҳру-д-доҳирин аст.Ва Одам алайҳис салом дар ҷаннате, ки боқию офаридашудааст, буд. Аз он баъде ки Аллоҳ азза ва ҷалларо бефармонӣ кард, бароварда шуд.22- Аз усули аҳли суннат ва ҷамоат имон ба Масеҳи Даҷҷол аст23- Ва имон ба фуруд омадани Исо писари Марям алайҳис салом аст. Мефарояду Даҷҷолро мекушад ва издивоҷ мекунад ва аз паси Қоим (яъне Маҳдӣ) аз аҳли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст, намоз мегузорад ва мемирад ва Ӯро мусалмонон дафн мекунанд.24- Ва имон доштан ба ин ки имон қавлу амал, ният ва ба суннат амал кардан аст. Зиёду кам мешавад, он андозае ки Аллоҳ хоҳад зиёд мешавад ва кам мешавад, то ки аз он чизе боқӣ намемонад.25- Ва беҳтарини ин уммат ва ҳамаи умматҳо баъди анбиё салавотуллоҳи алайҳим аҷмаъин: Абӯбакр, сипас Умар, сипас Усмон разияллоҳу анҳум аст. Инчунин аз ибни Умар разияллоҳу анҳумо барои мо ривоят шудааст. Ибни Умар разияллоҳу анҳумо гуфт: Мо дар замони Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегуфтем: Албатта беҳтарини мардум баъди Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам Абӯбакр, Умар ва Усмон аст ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам инро мешунавид, пас инкор намекард.Сипас беҳтарини мардум баъди эшон: Алӣ, Талҳа, Зубайр, Саъд ибни Абиваққос, Саъид ибни Зайд, Абдурраҳмон ибни Авф ва Абӯубайда Омир ибни Ҷарроҳ аст ва ҳамаашон салоҳияти хилофатро доштанд.Сипас беҳтарини мардум баъди инҳо асҳоби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам асри аввале, ки дар миёнашон фиристода шуд, муҳоҷирони аввал ва ансор ва онон касонеанд, ки ба сӯи қиблатайн (ду қибла) намоз хондаанд.Сипас беҳтарини мардум баъди эшон, касест, ки бо Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам як рӯз, ё моҳ, ё сол, ё камтар аз ин ё зиёдтар аз ин ҳамсуҳбат шудааст, бар ҳамаи он дуои раҳмат мекунем ва фазилати ононро ёд мекунем ва аз зикри лағжишҳояшон худдорӣ мекунем ва ягон нафари ононро зикр намекунем магар ба хайр,аз рӯи фармудаи Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам: Ҳаргоҳ асҳоби Ман зикр карда шуд, пас худдорӣ намоед. Ва Суфён ибни Уяйна мегӯяд: Касе дар паст задани асҳоби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам як калима гӯяд, пас ӯ соҳиби ҳаво аст, яъне хоҳишоти нафсашро пайравӣ мекунад.26- Барои имомон дар он чизе ки Аллоҳ дӯст медораду розӣ шавад, гуш кардану итоат кардан аст. Ва касе хилофатро ба иҷмоъу ризои мардум ба даст орад, пас ӯ амири мӯъминон аст.Ва барои касе ҳалол нест, ки шабе бихобад ва эътиқод надорад, ки бар ӯ имом аст, некӯкор бошад, ё бадкор. 27- Ва ҳаҷ ва корзор ҳамроҳи имом ҷорӣ аст. Ва намози ҷумъа аз паси онон ҷоиз аст. Ва баъди он шаш ракаат намоз хонда дар ҳар ду ракаат салом медиҳад, имом Аҳмад ибни Ҳанбал раҳимаҳуллоҳ инчунин гуфтааст. 28- Ва хилофат ҳаққи Қурайш аст, то ки Исо ибни Марям алайҳис салоту ва-с-салом фуруд ояд. 29- Ва касе аз итоати имоме аз имомҳои мусалмонон хориҷ шавад, пас ӯ хориҷӣ аст. Ба ростӣ якпорчагии мусалмононоро пора-пора карда ва осорро мухолифат намуда ва марги ӯ марги ҷоҳилият аст.30- Ҷангидан бар зидди султон ва хориҷ шудан бар зидди он, агарчи зулм кунад, ҳалол нест. Аз рӯи фармудаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Абӯзари Ғифорӣ разияллоҳу анҳу: «Сабр кун ва агарчи бандаи ҳабашӣ ҳам бошад». Ва фармудаи Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ансор: «Сабр кунед, то бо Ман дар ҳавз вохӯред». Ҷангидан бар зидди султон аз суннат нест, ба ростӣ дар он фасоди дунёву дин аст.31- Ва ҷангидан бо хавориҷ ҳаргоҳ дар молҳо, ҷон ва аҳли мусалмонон таҷовуз кунанд, ҳалол аст. Ва ҳаргоҳ аз корзор даст кашиданд, амирро шоиста нест, ки ононро талаб намояд ва захмиро намекушад ва молҳояшонро ғанимат намегирад ва асиронашонро намекушад ва касоне ки аз онон гурехт аз дунболаш намеравад. 32- Ва бидон, ки барои ягон башар дар маъсияти Аллоҳ азза ва ҷалла итоат нест. Ва касе аз аҳли Ислом бошад ва бар зидди касе шаҳодат дода намешавад ва барои касе шаҳодат дода намешавад ба амали неке, ё баде. Ба дурустӣ ту намедонӣ дар вақти марг ба чи хотима меёбад, барои ӯ раҳмати Аллоҳро умед мекунӣ ва бар ӯ аз азоби Аллоҳ метарсӣ. Ва ту намедонӣ, ки барои ӯ дар вақти марг, ба сӯи Аллоҳ чӣ пушаймонӣ пеш меояд ва Аллоҳ дар он вақт чӣ пайдо мекунад, ҳаргоҳ бар Ислом бимирад, барои ӯ умеди раҳмат мекунӣ ва бар ӯ аз гуноҳонаш метарсӣ. Ва гуноҳе нест магар ки аз барои банда аз он тавба аст.33- Ва раҷм (сангсор) ҳақ аст. Давом дорад инша Аллох.34- Ва масҳ кашидан бар хуффайн (маҳсиҳо) суннат аст. 35- Ва қаср хондани намоз дар сафар суннат аст. 36- Ва (ҳукми) рӯза дар сафар, касе хоҳад рӯза гирад ва касе хоҳад, ифтор кунад. 37- Ва намозро дар саровил хондан боке надорад. 38- Ва нифоқ ин аст, ки Исломро ба забон ошкор мекунад ва куфрро дар дилаш пинҳон мекунад. 39- Ва бидон, ки дунё дори имон ва Ислом аст. Ва уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар он мӯъминону мусалмононанд, дар аҳкомашон, меросашон, забоиҳашон (яъне моле, ки мекушанд) ва бар онон намоз (-и ҷаноза) мехонанд. Ва барои касе ба ҳақиқати имон шоҳидӣ намедиҳем, то ки ҳамаи шариатҳои исломро баҷо орад, пас агар дар чизе аз шариати Ислом кутоҳӣ кунад, дорои имони ноқис мебошад, то ки тавба кунад. Ва бидон, ки имони ӯ дар назди Аллоҳ таъоло имони комил ё имони ноқис аст. Магар чизе ки барои ту маълум шавад аз зоеъ кардани шариъатҳои Ислом. 40- Ва намоз хондан бар (касе аз) аҳли қибла вақте бимирад, суннат аст. Ва сангсоршуда, марду зани зиногор ва касе ки худашро мекушад ва дигарон яъне аз аҳли қибла ва маст ва ғайрашон, намоз хондан бар онон суннат аст. 41- Ягон нафари аҳли қибла аз Ислом хориҷ намешавад, то ки ояте аз Китоби Аллоҳ, ё чизе аз осори Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро рад кунад, ё барои ғайри Аллоҳ намоз гузорад, ё мол кушад ва ҳаргоҳ чизе аз зикршудаҳоро анҷом диҳад, пас ба дурустӣ бар ту воҷиб аст, ки ӯро аз доираи Ислом хориҷ намоӣ. Пас ҳаргоҳ чизе аз зикршудаҳоро анҷом надиҳад, пас ӯ ба ном мӯъмину мусалмон аст, на дар ҳақиқат. 42- Ва ҳар вақте аз осор чизеро шунидӣ, ки ақлат ба он намерасад, монанди гуфтаи Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Дилҳои бандагон байни ду ангушти аз ангуштони ар-Раҳмон азза ва ҷалла аст». Ва фармудаи Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Ба ростӣ Аллоҳ ба сӯи осмони дунё фурӯ меояд» ва дар рӯзи Арафа нозил мешавад ва дар рӯзи қиёмат нозил мешавад. «Ва ба ростӣ дар ҷаҳаннам (дузахиён) андохта мешавад, то ки Аллоҳ ҷалла саноуҳ қадамашро мегузорад». Ва фармудаи Аллоҳ таъоло барои банда: «Агар ба сӯи Ман қадамзанон биёӣ, ба сӯят шитобон меоям». Ва фармудаи Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Аллоҳ Одамро ба сураташ офарид». Ва фармудаи Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Парвардигорамро дар беҳтарин сурат дидам» ва монанди ин ҳадисҳо, пас бар ту таслим шудан, тасдиқ кардан, тафвизи чигунагии он ва розӣ шудан лозим аст ва чизе аз ин зикршудаҳоро ба хоҳиши нафсат шарҳ мадеҳ. Пас албатта имон ба он воҷиб аст, пас касе чизе аз онро ба хоҳишоти нафсаш шарҳ диҳаду рад кунад, пас у ҷаҳми аст.43- Ва касе гумон кунад, ки Парвардигорашро дар дори дунё мебинад, пас ӯ ба Аллоҳ азза ва ҷалла кофир аст.44- Ва дар Зоти Аллоҳ фикр кардан бидъат аст, аз рӯи фармудаи Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Дар махлуқоти Аллоҳ фикр кунед ва дар Зоти Аллоҳ фикр накунед». Пас, ба дурустӣ дар Зоти Аллоҳ фикр кардан дар дил шакро меандозад.45- Ва бидон, ки ҳашаротҳои заҳрдор, даррандаҳо ва чаҳорпоён монанди зарр, паша ва мӯрча ҳамаашон амршудаанд ва чизеро беамри Аллоҳ таъоло анҷом намедиҳанд.46- Ва (аз масъалаҳои ақидавӣ) имон доштан ба ин ки Аллоҳ таъоло он чизе, ки аз аввали даҳр буд ва он чизе ки набуд ва он чизе ки вуҷуд дорад, медонад. Онро нек шуморидааст. Ва касе гӯяд: Ӯ намедонад магар он чизеро ки буд ва мебошад, пас ба ростӣ ба Аллоҳи бузург кофир шудааст.47- Ва никоҳ бевалӣ ва бе ду шоҳиди адл воқеъ намешавад ва маҳр (воҷиб аст) кам бошад, ё зиёд. Ва зане, ки валӣ надошта бошад, пас султон валии касест, ки валӣ надорад.48- Ва ҳаргоҳ мард занашро се талоқ кунад, пас бар ӯ ҳаром мегардад. Барои ӯ ҳалол намешавад, то ки бо шавҳари дигаре издивоҷ кунад.49- Хуни шахси мусалмоне, ки шоҳидӣ медиҳад, ки нест маъбуди бар ҳақ ба ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад банда ва расули Аллоҳ аст, ҳалол намешавад, магар ба яке аз ин се амр:Зинои баъди зандорӣ, ё шавҳардорӣ, ё баъди имон доштан муртад шудан, ё шахси мӯъминеро ба ноҳақ куштан, пас ба хотири он кушта мешавад. Пас дар ғайри ин сурат хуни мусалмон бар мусалмон абадӣ то барпо шудани қиёмат ҳаром аст.50- Бар ҳама чизе, ки Аллоҳ бар он фаноро воҷиб гардондааст, фонӣ мешавад ба ҷуз Ҷаннат, Дӯзах, Арш, Курсӣ, Сур, Қалам ва Лавҳ чизе аз инҳо ҳаргиз фонӣ намешавад. Сипас Аллоҳ дар рӯзи қиёмат халқро ба ҳолате, ки миронида буд, бармеангезад ва ба он чизе ки хоҳад, ҳисобашон мекунад. Гурӯҳе дар Ҷаннат ва гурӯҳе дар дӯзах аст. Ва барои соири халқ, ки барои бақо офарида нашудаанд, мегӯяд: Хок шавед!51- Ва (аз масъалаҳои ақидавӣ) имон доштан ба қисос дар рӯзи қиёмат, дар миёни ҳамаи халқ, фарзанди Одам, даррандаҳо ва ҳашарот, ҳатто мӯрча аз мӯрча мебошад. Аллоҳ азза ва ҷалла барои баъзеашон аз баъзеашон қисос мегирад, барои ҷаннатиён аз дӯзахиён ва барои дӯзахиён аз ҷаннатиён ва барои ҷаннатиён аз якдигарашон ва барои дӯзахиён аз якдигарашон.52- Амалро холис барои Аллоҳ анҷом додан. 53- Ва ба қазои Аллоҳ розӣ шудан. 54- Ва бар ҳукми Аллоҳ сабр кардан. 55- Ва имон доштан ба он чизе ки Аллоҳ азза ва ҷалла гуфтааст.56- Ва ба ҳамаи тақдирҳои Аллоҳ некӯ бадаш ва ширину талхаш имон доштан. Ба дурустӣ он чиро, ки бандагон мекунанд ва бозгашташон ба сӯи чист, Аллоҳ медонад. Аз илми Аллоҳ хориҷ намешаванд ва дар ҳафт замину ҳафт осмон чизе намебошад, магар он чизе ки Аллоҳ азза ва ҷалла медонад. 57- Ва бидон он чизе ки ба ту расид, туро хато намекард ва чизе ки туро хато кард ба ту намерасад. 58- Ва ҳамроҳи Аллоҳ офаридгоре нест. 59- Дар намози ҷаноза чор такбир аст ва ин гуфтаи Молик ибни Анас, Суфёни Саврӣ, Ҳасан ибни Солеҳ, Аҳмад ибни Ҳанбал, фақеҳон аст ва инчунин Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудааст. 60- Ва имон доштан ба ин ки ба ҳар як қатраи борон малоикае аз осмон фурӯд меояд, то онро дар ҷое ки Аллоҳ азза ва ҷалла амр кардааст, бигузорад. 61- Ва имон доштан ба ин ки замоне ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам аҳли Қалиб (яъне мушрикон)-ро дар рӯзи Бадр сухан кард, суханашро мешунавид- анд. 62- Ва имон доштан ба ин ки ҳаргоҳ мард бемор шавад, Аллоҳ бар бемориаш аҷраш медиҳад. 63- Ва Аллоҳ шаҳидро бар шаҳодаташ аҷр медиҳад. 64- Ва боварӣ доштан ба ин ки ҳаргоҳ ба кӯдакон дар дори дунё чизе расад дарду алам меёбанд. Ва ин ба он хотир аст, ки Бакр ибни ухти Абдулвоҳид гуфт: Кӯдакон дарду алам намеёбанд ва дурӯғ гуфт. 65- Ва бидон, ки касе дохили Ҷаннат намешавад, магар ба раҳмати Аллоҳ ва Аллоҳ касеро азоб намедиҳад, магар ба қадри гуноҳҳояш. Ва агар аҳли осмонҳо ва замин, некӯкор ва бадкорашонро азоб диҳад, Ӯ барои онон золим нест. Ҷоиз нест, ки нисбати Аллоҳ гуфта шавад, ки Ӯ золим аст. Албатта касе чизеро, ки аз они ӯ нест мегирад, зулм мекунад. Ва халқу амр аз они Аллоҳ аст, халқ халқи Ӯст ва дор дори Ӯст. Аз он чизе, ки мекунад, пурсида намешавад ва онон пурсида мешаванд. Ва гуфта намешавад: Чаро ва чӣ гуна? Ва ягон нафар байни Аллоҳ ва байни халқаш дахолат намекунад.66- Ва ҳаргоҳ мардеро шунидӣ, ки бар осор таъна мезанад ва қабул намекунад, ё чизе аз ахбори Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро инкор мекунад, пас ӯро бар исломаш муттаҳам дон, зеро ӯ марди пастмазҳабу пастқавл аст. Ва бар Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва асҳобаш разияллоҳу анҳум таъна зада намешавад, зеро мо Аллоҳ, расули Ӯ, Қуръон, хайру бад ва дунёву охиратро ба осор шинохтем. Ба ростӣ Қуръон ба Суннат эҳтиёҷтар аст, аз Суннат ба Қуръон дида.67- Ва калом, мунозира ва хусумат хоссатан дар қадар назди ҳамаи фирқаҳо наҳй шудааст, зеро қадар сирри Аллоҳ аст. Ва Парвардигори таъоло анбиёро аз сухан кардани дар қадар манъ кардааст. Ва Паёмбар саллал-лоҳу алайҳи ва саллам аз баҳсу муноқиша дар мавзӯи қадарро манъ кардааст ва асҳоби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам, тобеъин, олимон ва парҳезгорон онро макрӯҳ донистаанд ва аз баҳсу муноқиша дар мавзӯи қадар манъ кардаанд. Пас бар ту таслиму иқрор шудан ва бовару эътиқод доштан ба он чизе, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҷумлаи ашё гуфтааст, лозим мебошад ва дар ғайри ин сукут кун! 68- Ва имон доштан ба ин ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам шабона ба осмон бурда шуд ва ба Арш расид ва бо Аллоҳ таборак ва таъоло суҳбат кард ва Ҷаннат даромад ва ба дӯзах нигоҳ кард ва малоикаро дид ва каломи Аллоҳро шунавид ва анбиё ба ӯ башорат доданд ва он чизе, ки дар атрофи Арш ва Курсӣ буд ва ҳамаи он чизҳое, ки дар осмонҳо ва заминҳо буд, дар ҳоли бедорӣ дид, Ӯро Ҷибраил бар болои Буроқ бардошт, то дар осмонҳо гардондаш ва дар он шаб бар Ӯ панҷ вақт намоз фарз шуд ва ин пеш аз ҳиҷрат буд. 69- Ва бидон, ки арвоҳи шаҳидон дар чинадони парандаи сабз дар ҷаннат сайр мекунанд ва ба қиндилҳои зери Арш ҷой мегиранд ва арвоҳи фоҷирон ва кофирон дар чоҳи Барҳут аст ва он дар Сиҷҷин аст. 70- Ва имон доштан ба ин ки майитро дар қабраш шинонда мешавад ва дар вай рӯҳашро фиристода мешавад, то ки Мункару Накир ӯро аз имон ва шариатҳои он мепурсанд. Сипас рӯҳаш беалам кашида гирифта мешавад. 71- Майит касе ки ӯро зиёрат биёяд, мешиносад, Муъмин дар қабраш неъмат дода мешавад, Ва фоҷир азоб дода мешавад, чигунае ки Худованд хоҳад.72- Ва бидон ки шарру хайр ба қазову қадари Аллоҳ аст. 73- Ва имон доштан ба ин ки Аллоҳ, Зотест, ки Мӯсо ибни Имрон алайҳис салоту ва-с-саломро дар рӯзи Тур сухан кард ва Мӯсо аз ҷониби Аллоҳ сухани бо овозро мешунавид, дар шунавоиҳояш аз он воқеъ шуд на аз ғайраш. Пас, касе ғайри инро гӯяд, ба ростӣ ба Аллоҳи Бузург кофир шудааст. 74- Ва ақл таваллудшуда (офаридашуда) аст. Ҳар инсонро ба андозае, ки Аллоҳ хоҳад ақл дода мешавад. Дар ақлдорӣ гуногунанд, монанди зарра дар осмонҳо. Ва аз ҳар инсон ба миқдоре, ки ақл дода шудааст, аз ӯ талаб карда мешавад. Ва ақл ба касб кардан ҳосил намешавад, албатта он фазлест аз ҷониби Аллоҳ азза ва ҷалла. 75- Ва бидон, ки Аллоҳ баъзе бандагонро бар баъзеашон дар дунёву охират бартарӣ дод, адле аз ҷониби Ӯст. Ва гуфта намешавад: Ҷавр кард ва на зулм кард. Пас шахсе гӯяд: Албатта фазли Аллоҳ бар мӯъмину кофир баробар аст, пас ӯ мубтадиъ аст, балки Аллоҳ мӯъминро бар кофир, итоаткунандаро бар гунаҳгор ва маъсумро бар махзул бартарӣ додааст, аз ҷониби Ӯ адл аст. Он фазли Ӯст ба касе хоҳад ато мекунад ва аз касе хоҳад манъ мекунад. 76- Ва ҳалол нест, ки насиҳатро аз мусалмонон, некӯкор ва бадкорашон дар амре аз умури дин китмон кунӣ (бипушонӣ). Пас, касе китмон кунад, ба ростӣ мусалмононро хиёнат кардааст ва касе мусалмононро хиёнат кунад, пас ба ростӣ динро хиёнат кардааст ва касе динро хиёнат кунад, пас ба ростӣ Аллоҳ, расули Ӯ ва мӯъминонро хиёнат кардааст. 77- Ва Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло шунаво, бино, доно, дастонаш кушода аст. Ба дурустӣ донист, ки халқ Ӯро бефармонӣ мекунад, пеш аз офариданашон. Илми Ӯ ононро фарогир аст, пас ҳоли ононро донистанаш Ӯро манъ накард, ки ононро ба Ислом ҳидоят кунад ва ба Ислом аз рӯи карам, ҷуд ва фазл бар онон миннат ниҳад. Пас сипосу ҳамд Ӯрост.78- Ва бидон, ки дар вақти марг се башорат аст. гуфта мешавад:Эй дӯсти Аллоҳ ба ризои Аллоҳ ва ҷаннат туро башорат бод. Ва гуфта мешавад:Эй бандаи Аллоҳ ба ҷаннат баъди Ислом туро башорат бод. Ва гуфта мешавад:Эй душмани Аллоҳ ба ғазаби Аллоҳ ва дӯзах туро башорат бод. Ин сухани ибни Аббос разияллоҳу анҳу аст.79- Ва бидон, ки нахустин касе, ки дар ҷаннат ба сӯи Аллоҳ таъоло назар мекунад, нобино аст. Сипас мардон сипас занон ба чашмонашон назар мекунанд, ҳамчунон ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Ба дурустӣ шумо Парвардигоратонро мебинед, ҳамонгуна ки моҳи шаби чаҳордаҳро мебинед. Дар дидани Ӯ издиҳом намекунед». Ва имон ба он воҷиб ва инкори он куфр аст.80- Ва бидон, ки ҳаргиз зандақа, куфр шакҳо, бидъат, гумроҳӣ ва ҳайронии дар Дин набуд, магар ба сабаби илми калом ва аҳли калом ва баҳсу муноқиша, хусумат ва уҷб (худбинӣ). Ва чӣ гуна мард бар баҳсу хусумат ва муноқиша ҷуръат мекунад, дар ҳоле ки Аллоҳ таъоло мефармояд:81- «Дар оятҳои Аллоҳ муноқиша намекунад, магар касоне ки кофир шуданд».Сураи Ғофир, ояти:4Пас бар ту таслим шудан ва ба осор розӣ шудан ва боз истодан ва сукут кардан лозим аст.82- Ва имон доштан ба ин ки Аллоҳ халқро дар оташ, дар тавқҳо, олатҳои азобдиҳӣ ва занҷирҳо азоб медиҳад ва оташ дар шикамҳои онон ва дар болои онон ва зери онон аст. Ва инро (муаллиф ба он хотир зикр кардааст), ки ҷаҳмия. Аз ҷумлаи онҳо Ҳишоми Футӣ аз рӯи рад кардан бар Аллоҳ ва расули Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтааст: Албатта Аллоҳ дар назди оташ азоб медиҳад.83- Ва бидон, ки намози фарз панҷ вақт аст, дар онҳо чизе афзуда ва кам карда намешавад ва дар сафар ба ғайри мағриб (шом) ду ракаат хонда мешавад. Пас, касе аз панҷ вақт зиёд гӯяд. Ба ростӣ мубтадиъ аст ва касе аз панҷ вақт кам гӯяд, мубтадиъ аст. Аллоҳ он намозҳоро, ки дар вақташ адо шудааст, қабул мекунад, магар ки фаромуш шуда бошад, пас вай узр дорад. Ҳаргоҳ ба ёдаш омад мехонад, ё ин ки мусофир аст, пас байни ду намоз (асру пешин ва шому хуфтан) агар хоҳад ҷамъ мекунад.84- Ва закот аз тилло, нуқра, хурмо, донагӣ ва чаҳорпо аст, бинобар фармудаи Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Пас, агар закотро тақсим кунад, ҷоиз аст ва агардар имом бисупорад ҳам ҷоиз аст. Ва Аллоҳ беҳтар медонад.85- Ва бидон, ки аввали Ислом шаҳодати ин аст, ки нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад банда ва паёмбари Ӯст.86- Ва ба дурустӣ он чиро Аллоҳ гуфт, ҳамчунон аст, ки гуфтааст ва дар гуфтаи Аллоҳ хилоф нест ва ӯ ба гуфтааш вафо мекунад.87- Ва ба ҳамаи шариатҳо имон овардан.88- Ва бидон, ки хариду фуруш ҳалол аст. Ҳаргоҳ дар бозорҳои мусалмонон тибқи ҳукми Қуръон ва Суннат фурухта шаваду дар он фиреб додан, зулм, хиёнат, хилофи Қуръон ё хилофи илм дохил нашавад. 89- Ва бидон, Аллоҳ туро раҳмат кунад, ки лоиқи банда ин аст, ки ҳамеша тарси аз Аллоҳ ҳамроҳаш бошад, дар муддати ҳаёташ, зеро намедонад, ки дар кадом ҳолат мемирад ва ба чӣ хотима меёбад ба чи ҳол бо Аллоҳ вомехӯрад ва агарчи ҳар амали неке карда бошад. Ва барои марде, ки бар худаш зиён кардааст шоиста аст, ки дар вақти марг умедашро аз Аллоҳ қатъ нанамояд ва нисбат ба Аллоҳ гумони нек кунад ва аз гуноҳаш битарсад. Пас агар Аллоҳ раҳматаш кунад, пас ба фазли Аллоҳ аст ва агар ӯро азоб диҳад, пас азоб додан ба сабаби гуноҳ аст.90- Ва имон доштан ба ин ки Аллоҳ таъоло ба паёмбараш саллаллоҳу алайҳи ва саллам он чизе ки дар умматаш то рӯзи қиёмат рӯх медиҳад, огоҳонидааст.91- Ва бидон, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Ба зуди уммати Ман ба ҳафтоду се гурӯҳ ҷудо мешаванд, ба ҷуз яке ҳамааш дар оташ аст ва он як гурӯҳ аҳли ҷамоат аст. Гуфта шуд: Онон киянд, эй Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам? Фармуд: Касе, ки амалеро анҷом медиҳад, ки Ман ва асҳобам имрӯз анҷом медиҳем». Инчунин то хилофати Умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу мардум бар як дину як ҷамоат буд ва дар замони Усмон разияллоҳу анҳу ҳамчунин буд. Вақте Усмон разияллоҳу анҳу кушта шуд, ихтилофот ва бидъатҳо пеш омад. Ва мардум гурӯҳ-гурӯҳ шуданд, пас баъзе мардум дар аввали тағйир бар ҳақ собит буданд ва ҳақ мегуфтанду ба ҳақ амал мекарданд ва мардумро ба сӯи ҳақ даъват мекарданд. Пас то табақаи чорум амри Дин мустақим буд. Дар хилофати бани фалонӣ замона дигар шуд ва мардум хело тағйир ёфтанд ва бидъатҳо мунташир шуданд ва доиёни ба сӯи ғайри роҳи ҳаққу ҷамоат бисёр шуданд ва дар ҳамаи чиз имтиҳон воқеъ шуд, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва на ягон саҳоба онро нагуфта буданд. Ва мардумро ба сӯи тафриқа даъват намуданд, пас ба ростӣ Аллоҳ азза ва ҷалла аз он манъ карда буд ва якдигарро кофир ҳукм карданд. Ва ҳар кас ба сӯи раъйи хеш даъват кард ва касе ӯро мухолифат намуд, ба куфр маҳкум намуд, пас ҷоҳилон ва оммаи мардум ва беилмон гумроҳ шуданд ва мардумро дар чизҳои дунявӣ тамаъкор сохтанд ва аз азоби дунё онҳоро тарсониданд. Пас халқ бар тарси дар динашон ва рағбати дар дунё онҳоро пайравӣ карданд. Пас суннат ва аҳли суннат пинҳон гашт ва бидъат ошкору мунташир шуд. Ва аз ҷое, ки намедонистанд, аз чандин ваҷҳ кофир шуданд. Ва қиёсро гузоштанд. Ва қудрат, оятҳо, аҳком ва амру наҳйи Парвардигорро бар ақлҳову андешаҳояшон бардошт карданд, пас оне, ки ба ақлашон мувофиқ омад, қабул карданд ва оне, ки ақлашонро мухолиф омад, рад карданд, пас Ислом, Суннат ғариб гашт ва аҳли суннат дар дохили ватанашон ғариб гаштанд. 92- Ва бидон, ки (никоҳи) мутъа ва ҳалола кардан, то рӯзи қиёмат ҳаром аст. 93- Ва фазлу қадри бани Ҳошимро бидон, барои хешовандони Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам буданашон ва фазлу қадри Қурайш, араб ва баъзе қабилаҳоро бидон. Пас қадру ҳуқуқи ононро дар Ислом бидон. Ва озод кардаҳои қавм, аз ҷумлаи онҳост. Ва ҳуқуқи соири мардумро дар Ислом бидон. Ва фазли ансор ва васияти Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳаққи онон ва аҳлу байти Расул саллаллоҳу алайҳи ва салламро бидон, пас ононро дашном мадеҳ. Ва фазлу каромати ононро бидон. Ва фазли ҳамсояҳои қабр яъне аҳли Мадинаро бидон.94- Ва бидон, ки олимон сухани ҷаҳмияро ҳамеша рад мекарданд, ҳатто дар хилофати бани Аббос камфаҳмон, беилмон дар масъалаҳои омма сухан карданд ва бар осори Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам таъна заданд ва чанг ба қиёсу раъй заданд ва мухолифонашонро кофир ҳукм карданд. Пас дар қавли онон ҷоҳилу ғофил дохил шуд, то аз ҷое, ки намедонистанд, кофир шуданд. Пас аз чандин ваҷҳ уммат (яъне пайравонӣ онон) ҳалок шуд, кофир шуд, зиндиқу гумроҳ ва пароканда шуд ва мубтадиъ шуд, ба ғайри касе ки бар қавлу амри Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва асҳобаш собит монданд ва яке аз ононро нагузарад ва аз кори онон нагузарад ва ӯро ғунҷонад он чизе ки ононро ғунҷонид ва аз тариқа ва мазҳаби онон рӯй нагардонад. Ва бидонад, ки онон бар Ислом ва имони дуруст буданд, пас дар динаш ононро пайравӣ намуда ором гирад ва бидонад, ки Дин ҳамон пайравӣ аст ва пайравӣ ба асҳоби Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам. 95- Ва касе гӯяд: Лафзи ман ба Қуръон махлуқ аст, пас ӯ ҷаҳмӣ аст ва касе сукут кунад, пас нагӯяд: Махлуқ аст, ё ғайри махлуқ, пас ӯ ҷаҳмӣ аст. Ва Аҳмад ибни Ҳанбал раҳимаҳуллоҳ инчунин гуфтааст. Ва Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Ба ростӣ касе аз шумо баъди Ман зиндагӣ кунад, ихтилофи бузургеро мебинад, пас шумо аз чизҳои пайдошуда парҳез намоед, албатта онон гумроҳӣ аст ва суннати Ман ва суннати халифаҳои рошиду ҳидоятёфтагонро ба худатон лозим гиред..». 96- Ва бидон, ки ҷаҳмияҳо ҳалок шуданд, вақте ки дар Зоти Парвардигор азза ва ҷалла фикр карданд, пас саволҳои чаро ва чӣ гунаро дохил карданд ва асарро тарк карданд ва қиёсро вазъ намуданд ва динро бар раъяшон қиёс карданд, пас ошкоро ба куфр даст заданд, ки пӯшида намемонад, пас кофир шуданду халқро кофир ҳукм карданд. Ва ночор ба гуфтани таътил шуданд.Ва баъзе донишмандон аз ҷумла имом Аҳмад ибни Ҳанбал раҳимаҳуллоҳ мегӯянд:Ҷаҳмӣ кофир аст, аз аҳли қибла нест, хунаш ҳалол аст, мерос намегузорад ва на мерос мебарад, зеро ки мегӯяд: Ҷумъа, ҷамоат, идҳо ва садақа нест. Ва гуфтанд: Касе нагӯяд, ки Қуръон махлуқ аст, пас вай кофир аст. Ва шамшерро (яъне куштанро) бар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳалол шуморидан ва пешиниёни худро мухолифат карданд ва мардумро ба чизе озмудан, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва асҳобаш онро нагуфтаанд ва бекор кардани масҷидҳоро хостанд.Ва дини Исломро заиф гардонданд ва ҷиҳодро бекор сохтанд ва дар тафриқаандозӣ саъй намуданд ва осорро мухолифат карданд ва ба далелҳои мансух сухан карданд ва ба далелҳои муташобиҳ ҳуҷҷат оварданд. Пас дар дини мардум шак дароварданд ва дар Зоти Парвардигорашон баҳсу мунозира карданд. Ва гуфтанд: Онҷо азоби қабр, ҳавз ва шафоат нест. Ва Ҷаннату дӯзах офарида нашудаанд. Ва бисёри гуфтаҳои Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро инкор карданд. Пас касе такфиру хунҳои онҳоро ҳалол шуморид, аз рӯи ин эътиқодҳояшон ҳалол шуморид, зеро касе як ояте аз Китоби Аллоҳро рад кунад, пас ба ростӣ ҳамаи Китобро рад кардааст ва касе як ҳадиси Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро рад кунад, пас ба ростӣ ҳамаи ҳадисҳоро рад кардааст ва ӯ ба Аллоҳи Бузург кофир шудааст. Пас онон замоне мудовамат карданд ва бар ин аз ҷониби султон ёрӣ ёфтанд. Ва шамшеру қамчинро бар касе, ки чунин ақида надошт истифода намуданд. Пас илми суннат ва ҷамоат пӯшида монд ва ононро заиф гардонданд ва он ду пинҳон гаштанд, барои ошкор шудани бидъатҳо ва дар он сухан кардан ва барои бисёрии онон ва маҷлисҳоро гирифтанду раъйи худашонро ошкор намуданд ва китобҳо таълиф намуданд ва мардумро тамаъкор сохтанд ва барои онон риёсатро талаб намуданд, пас фитнаи бузург буд, аз он наҷот намеёфт ба ғайри касе, ки Аллоҳ нигаҳаш дошт. Пас пасттарин чизе ки аз ҳамнишинии онон ба мард мерасид, ин буд, ки дар динаш шак мекард, ё ононро пайравӣ мекард, ё раъйи ононро бар ҳақ медонист ва намедонист, ки ӯ бар ҳақ аст, ё бар ботил, пас шак мекард. Пас халқ ҳалок шуд, то рӯзгори Ҷаъфар, ки ӯро Мутаваккил гуфта мешуд, пас Аллоҳ ба сабаби ӯ бидъатҳоро хомуш ва ҳақро ошкор сохт. Ва аҳли суннатро ба сабаби ӯ ошкор сохт ва забонашон дароз шуд (яъне қуввати сухан кардан доштанд) бо вуҷуди камияшон ва бисёрии аҳли бидъат то ба имрӯзи мо. Ва баъзе расму русумҳои гумроҳӣ боқӣ монда, қавме ба он амал мекунанд ва ба сӯи он даъват мекунанд, монеъе ононро манъ намекунад ва ягон кас ононро аз он чи мегӯянд ва мекунанд, манъ намекунад.97- Ва бидон, ки ҳаргиз бидъате (ва навоварие дар дин) наёмад, магар аз ҷониби тӯдаи мардуми бесавод, пайравонӣ ҳар як фарёдзананда, бо ҳар боде майл мекунанд, пас касе ҳолаш чунин бошад, ӯ дин надорад. Аллоҳ азза ва ҷалла мефармояд: «Пас ихтилоф накарданд, магар баъд аз он ки ба эшон илм омад, аз рӯи тааддӣ бо якдигар». Сураи Ҷосия, ояти: 17. Ва онон донишмандони бад, тамаъкор ва мубтадиъ буданд.98- Ва бидон, ки ҳамеша гурӯҳе аз аҳли ҳақ ва суннат боқӣ аст, Аллоҳ ононро ҳидоят карда ва ба сабаби онон дигаронро ҳидоят мекунад ва ба онон суннатҳоро зинда мекунад. Пас онон касоне ҳастанд, ки бо вуҷуди кам буданашон дар назди ихтилоф Аллоҳ таъоло ононро васф карда мефармояд: «Ва ихтилоф накарданд дар он магар касоне ки дода шуд ба эшон Китоб баъд аз он ки омад ба эшон нишонаҳо, аз рӯи саркашӣ дар миёни хеш» пас аҳли ҳақро ҷудо намуда фармуд: «Пас Аллоҳ мӯъминонро ба иродаи Худ роҳ намуд ба он ҳақ, ки дар вай ихтилоф карданд. Ва Аллоҳ касеро, ки хоҳад ба сӯи роҳи рост роҳ менамояд». Сураи Бақара, ояти: 213. Ва Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Ҳамеша гурӯҳе аз уммати Ман ҳақро ошкор мекунанд, зарар намедиҳад ононро касе, ки ононро хор мекунад, то ки амри Аллоҳ ояд ва онҳо ошкоркунандаанд».99- Ва бидон, Аллоҳ туро раҳмат кунад, ки илм ба донистани ривояти бисёр ва китоби бисёр доштан нест ва албатта олим касест, ки илм ва суннатҳоро пайравӣ мекунад ва агарчи илм ва китоби кам дошта бошад. Ва касе Қуръону Суннатро мухолифат кунад, пас ӯ мубтадиъ аст, агарчи илм ва китоби бисёр ҳам дошта бошад. 100-           Ва бидон, Аллоҳ туро раҳмат кунад, касе дар дини Аллоҳ ба раъй, қиёс ва таъвили хеш беҳуҷҷате аз Суннат ва ҷамоат сухан кунад, пас ба ростӣ нисбати Аллоҳ чизе гуфтааст, ки намедонад. Пас ӯ аз ҷумлаи касоне ҳаст, ки беҳуҷҷат дар Дин сухан кардааст. Ва ҳақ он чизест, ки аз назди Аллоҳ азза ва ҷалла омадааст ва суннат, суннати Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст. Ва ҷамоат: Он аст, ки асҳоби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар замони хилофати Абӯбакр, Умар ва Усмон разияллоҳу анҳум бар он ҷамъ шудаанд.Ва касе бар суннати Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва асҳобаш ва ҷамоат устувор бимонад, бар ҳамаи аҳли бидъат ғолиб ояд ва баданашу динаш иншоаллоҳ солим мемонад, зеро Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Ба зуди уммати Ман пароканда мешавад» ва Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои мо гурӯҳи наҷотёбандаро аз миёни онон баён намуда фармуд: «Амалеро, ки имрӯз Ман ва асҳобам мекунем». Пас ин ҳамон шифо, баён, амри равшан ва чароғи нурафшон аст. Ва Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Шумо аз зиёдаравӣ ва дар Дин аз сахтгирӣ парҳез кунед ва дини қадиматонро бар худ лозим гиред».101-           Ва бидон, ки дини қадим, аз вафоти Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам то куштани Усмон ибни Аффон разияллоҳу анҳу буд. Ва куштани ӯ аввалин сабаби ҷудои ва ихтилоф буд. Ва уммат бо ҳам ҷангид ва пароканда шуд ва пайравии тамаъ ва хоҳишоти нафс ва ба дунё моил шуданд. Пас барои касе дар чизе, ки пайдо кардааст, рухсат нест, аз ҷумлаи чизҳое, ки асҳоби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам бар он набуданд, ё ба сӯи бидъате, ки пешиниёни ӯ пайдо кардаанд даъват кунад, пас ӯ мисли пайдокунандаи он аст. Пас касе инро гумон кунад, ё ба он сухан кунад, ба ростӣ суннатро рад карда ва ҳаққу ҷамоатро мухолифат карда ва бидъатро раво донистааст. Ӯ бар ин уммат аз Иблис дида зараровартар аст.Ва касе донад, ки мубтадиъон чи қадар суннатро тарк карда ҷудо шудаанд, пас ӯ аҳли суннат ва ҷамоат аст ва ҳақ дорад, ки пайравӣ карда шавад ва ёрӣ дода шавад ва муҳофизат карда шавад ва ӯ аз ҷумлаи касонест, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо ӯ буданро васият кардааст. 102-           Ва бидон, ки асоси бидъатҳо чор боб аст, аз ин чор боб ҳафтоду ду ҳаво шоха мешавад, сипас ҳар бидъат шоха-шоха мешавад, ҳатто ҳамааш ба ду ҳазору як саду ҳашт шоха мешавад. Ҳамааш гумроҳӣ аст ва ҳамааш дар оташ аст, ба ҷуз як тоифааш. Ва он касест, ки ба он чизе ки дар ин китоб аст имон оварда ва бешакке дар дилаш ба он эътиқод кардааст. Пас ӯ соҳиби суннат аст ва ӯ иншоаллоҳ наҷотёбанда аст. 103-           Ва бидон агар мардум дар назди умури пайдошуда биистанд ва ба чизе онро нагузаранд ва сухане пайдо накунанд, аз ҷумлаи чизҳое, ки дар он асаре аз Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва аз саҳобагон разияллоҳу анҳум наомадааст, бидъат намешуд.104-           Ва бидон, ки байни банда ва байни кофир шуданаш чизе нест, магар ояте аз оятҳои нозилкардаи Аллоҳро инкор кунад, ё дар каломи Аллоҳ чизе зиёд кунад, ё чизе кам кунад, ё чизе аз гуфтаи Аллоҳро инкор намояд, ё чизе аз суханони Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро инкор намояд, пас аз Аллоҳ битарс, Аллоҳ туро раҳмат кунад ва бар нафсат назар кун ва аз зиёдаравии дар Дин парҳез кун, зеро зиёдаравӣ аз тариқи ҳақ нест.105-           Ва ҳамаи он чизе, ки дар ин китоб зикр намудам, пас он аз гуфтаи Аллоҳ таъоло, Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам, саҳобаҳои Ӯ, тобиъин ва аз асри сеюм то асри чорум аст. Пас, эй бандаи Аллоҳ, аз Аллоҳ битарс ва бар ту лозим бод, ки ин китобро тасдиқ намоӣ, таслим шавӣ ва тафвиз вогузор) намоӣ ва розӣ шавӣ ба он чизе, ки дар ин китоб аст ва ин китобро аз ягон мусалмон мапӯшон, пас шояд Аллоҳ ба сабаби ин китоб ҳайронеро аз ҳайронияш гардонад. Пас ба сабаби ин наҷот ёбад. Пас аз Аллоҳ битарс, амри аввали қадимро бар худат лозим гир ва он ҳамон чизест, ки ман барои ту дар ин китоб зикр намудам, мебошад. Пас Аллоҳ бандаеро раҳмат кунад ва падару модарашро раҳмат кунад, ки ин китобро бихонад, нашр намояд. Ба он амал кунад, ба сӯи он даъват кунад ва ба он ҳуҷҷат биёрад, зеро ин дини Аллоҳ ва дини Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст. Пас, ба ростӣ касе чизеро хилофи ин китоб дуруст шуморад, албатта вай дин надорад ва ба дурустӣ, ки ҳамаашро рад кардааст. Ҳамчуноне ки бандае ба ҳамаи он чизе, ки Аллоҳ азза ва ҷалла гуфтааст имон орад, магар дар як ҳарфе шак кунад, пас ба ростӣ ҳамаи гуфтаи Аллоҳ таъолоро рад кардааст, пас вай кофир аст. Ҳамчунон шаҳодати ин ки нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Аллоҳ, аз гӯяндааш қабул намешавад, магар дар сурате ки ба нияти содиқона ва яқини холис гуфта бошад. Инчунин Аллоҳ чизе аз суннатро дар ҳоли тарк кардани баъзеаш қабул намекунад. Ва касе чизе аз суннатро тарк кунад. Пас ба ростӣ ҳамаи суннатро тарк кардааст. Пас қабул карданро бар худат лозим бигир ва муҷодалаву баҳсро аз худат дур кун, зеро ба ботил баҳс кардан аз дини Аллоҳ нест ва хоссатан замони ту замони бад аст, пас аз Аллоҳ битарс. 106-           Ва ҳаргоҳ фитна воқеъ шуд, пас хонаатро бар худат лозим гир ва аз атрофи фитна гурез ва аз таассуб парҳез кун. Ҳар кушторе ки дар миёни мусалмонон ба хотири дунё бошад, пас он фитна аст, пас аз Аллоҳи ягона, ки Ӯро шарике нест, битарс ва дар фитна набаро ва ҷанг макун. Дар чизе аз умури онон орзу, созиш ва майл макун ва дӯст мадор, зеро гуфта мешавад: Касе корҳои қавмеро дӯст дорад, нек бошад ё бад, монанди кунандаи он аст. Ва мову шуморо Аллоҳ барои розигии Худаш тавфиқ диҳад ва аз маъсиятҳояш дур гардонад.107-           Дар ситорагон кам назар кун, магар миқдоре, ки ба он вақтҳои намозро бишиносӣ ва аз ғайри ин дур шав, зеро он ба сӯи зандақа даъват мекунад. 108-           Ва ҳадисҳо ва аҳли ҳадисро лозим гир ва аз онҳо бипурс ва бо онҳо ҳамнишин шав ва аз онҳо иқтибос ор.109-           Ва бидон ба чизе Аллоҳ парастида нашуд, монанди парастидан ба тарси аз Аллоҳ субҳонаҳу ва тариқи хавф, ҳузн (ғам), тарсидан ва ҳаё аз Аллоҳ таборак ва таъолоро лозим гир.110-           Аз ҳамнишинӣ бо касе, ки ба сӯи шавқ ва муҳаббат даъват мекунад ва бо касе, ки бо занон (-и номаҳрам) хилват мекунад ва тариқаи мазҳаб (-и суфӣ) ҳазар кун, зеро ҳамаи инҳо бар гумроҳиянд.111-           Ва бидон, ки Аллоҳ таъоло ҳамаи халқро ба сӯи ибодаташ даъват намуд ва баъди ин касеро, ки хост ба Ислом миннат ниҳод, ин фазлест аз ҷониби Ӯ.112-           Ва забонро нигаҳ доштан аз ҷанги Алӣ, Муовия, Оиша, Талҳа, Зубайр ва ҳамроҳонашон, Аллоҳ ҳамагии ононро раҳмат кунад. Дар мавзӯи онҳо муноқиша макун ва амри онҳоро бо Аллоҳ таборак ва таъоло бисупор, зеро Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Асҳоби Ман, хусурон ва домодҳоямро ба бадӣ ёд накунед» (Ҳадиси заиф аст). Ва фармудаи Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам: Ба ростӣ Аллоҳ таборак ва таъоло ба аҳли Бадр назар карда фармуд: «Ҳар чи мехоҳед, амал намоед, пас ба ростӣ Ман шуморо мағфират кардам».113-           Ва бидон, Аллоҳ туро раҳмат кунад, гирифтани моли мусалмон ҳалол нест, магар ба ризогии вай. Ва агар бо мард моли ҳаром бошад, пас ба дурустӣ зоминаш мешавад, барои касе ҳалол нест, ки аз вай чизе бигирад, магар ба иҷозаташ. Пас шояд вай аз гирифтани моли мардум тавба кунаду бихоҳад, ки он молҳоро ба соҳибонаш баргардонад, пас ту моли ҳаромро гирифтаӣ (ва вай бозгардонда наметавонад).114-           Ва касбҳо, оне ки барои ту дурустияш маълум шуд, пас он мутлақан боке надорад, магар вақте ки фасоди он маълум гардад. Ва агар фосид (ҳаром) бошад, ба миқдоре мегирад, ки ҳаёташро нигаҳ дорад. Ва магӯ, ки касбҳоро тарк мекунам ва он чи ба ман медиҳанд, мегирам. Саҳобагон ва олимон то замони мо ин корро накардаанд. Ва Умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу мегӯяд: Касбе, ки дар он баъзе пастӣ аст, аз талбидан аз мардум беҳтар аст. 115-           Ва панҷ вақт намозро аз паси касе хондӣ, ҷоиз аст, магар ки ҷаҳмӣ бошад, зеро ӯ муаттила аст. Ва агар аз паси вай хондӣ, пас намозатро аз сар хон! Ва агар имомат дар рӯзи ҷумъа ҷаҳмӣ бошад, дар ҳоле ки султон аст, пас аз пушташ бихон ва намозатро иъода кун! Ва агар имомат султон ва ғайри султон аз аҳли суннат бошад, пас аз пушташ намоз бихон ва иъода макун!116-           Ва бовар доштан ба ин ки Абӯбакр ва Умар разияллоҳу анҳумо дар ҳуҷраи Оиша разияллоҳу анҳу бо Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дафн карда шудаанд. Пас, ҳаргоҳ назди қабр рафтӣ баъди салом додан ба Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба онҳо салом додан, воҷиб аст. 117-           Ва амри ба маъруф ва наҳй аз мункар воҷиб аст, ба ғайри касе, ки аз шамшер ё асояш метарсӣ.118-           Ва бар ҳамаи бандагони Аллоҳ салом додан.119-           Ва касе намози ҷумъа ва ҷамоатро дар масҷид беузр тарк кунад, пас вай мубтадиъ аст. Ва узр монанди беморие, ки тоқати баромадан ба сӯи масҷид надорад, ё аз тарси султони золим ва ғайр аз ин сурат, бароят узре нест.120-           Ва касе аз паси имоме хонад, ба вай иқтидо накунад, пас барояш намоз нест.121-           Ва амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ба даст, забон ва дил бешамшер аст. 122-           Ва мусалмоне, ки ҳолаш пӯшида аст, аз ӯ шакку райбе ошкор нашудааст, (пас нисбаташ гумони бад макун). 123-           Ва ҳар илме ки бандагон аз илми ботин даъво мекунанду дар Қуръону Суннат вуҷуд надорад, пас он бидъату гумроҳӣ аст. Шоистаи касе нест, ки ба он амал кунад ва ба сӯи он даъват кунад. 124-           Ва кадом зане худашро ба марде бибахшад, пас барои вай ҳалол намешавад, агар аз вай чизе баҳра барад иқоб карда мешаванд, магар ба валӣ ва ду шоҳиди одил ва маҳр (никоҳ кунанд).125-           Ва ҳаргоҳ мардеро дидӣ, ки ба яке аз асҳоби Расулулоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам таъна мезанад, пас бидон, ки вай соҳиби ҳаво ва бадгуфтор аст, аз рӯи фармудаи Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Ҳаргоҳ асҳоби Ман зикр карда шуд, пас забонҳоятонро нигаҳ доред». Ба ростӣ Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам донист, ки баъди вафоташ аз онҳо лағжиш сар мезанад, пас дар шаъни онҳо ба ҷуз хайр чизе нагуфт. Ва фармудаи Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Асҳоби Маро раҳо кунед, дар ҳаққи онҳо ба ҷуз хайр чизе нагӯед». Ва ба чизе аз лағжишҳои онҳо, ҷанги онҳо, он чизеро, ки намедонӣ сухан макун ва аз касе, ки ба он сухан мекунад, гуш макун, зеро вақте шунидӣ қалбат солим намемонад.126-           Ва ҳаргоҳ мардеро шунидӣ, ки бар осор таъна мезанад, ё осорро рад мекунад, ё ғайри осорро мехоҳад, пас дар Ислом муттаҳамаш шумор ва шак макун, ки ӯ соҳиби ҳавову мубтадиъ аст. 127-           Ва бидон, ки ҷаври султон фарзе аз фарзҳои Аллоҳро, ки ба забони паёмбараш фарз гардонидааст, кам намекунад. Ҷавраш бар худаш аст ва некӯии ту комил бошад, иншоаллоҳ, яъне бо онҳо ҷамоату ҷумъаро бихон, ҷиҳод кун ва дар ҳамаи тоатҳо бо онҳо мушоракат кун, барои ту нияти туст.128-           Ва ҳаргоҳ мардеро дидӣ, ки бар зарари султон дуо мекунад, пас вай аҳли ҳаво аст ва ҳаргоҳ мардеро дидӣ, ки барои салоҳи султон дуо мекунад, пас бидон ӯ иншоаллоҳ аҳли суннат аст, аз рӯи гуфтаи Фузайл ибни Иёз раҳимаҳуллоҳ: Агар барои ман як дуои мустаҷоб мебуд, дар ҳаққи султон дуо мекардам. Барояш гуфта шуд: Эй Абӯалӣ, инро барои мо шарҳ деҳ, гуфт: Ҳаргоҳ дар ҳаққи худам дуо кунам, аз худам намегузарад ва ҳаргоҳ дар ҳаққи султон дуо кунам, ба салоҳ ояд, пас ба салоҳи вай бандагону шаҳрҳо ба салоҳ оянд. Мо амр шудаем, ки ба салоҳи онон дуо кунем ва амр нашудаем, ки бар зарари онон дуо кунем ва агарчанде ҷавру зулм кунанд, зеро зулму ҷаврашон бар худашон аст ва салоҳашон барои худашон ва мусалмонон аст.129-           Ва ягонтаи модарони мӯъмин (яъне ҳамсарони Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро ёд макун, магар ба некӣ.130-           Ва ҳаргоҳ мардеро дидӣ, ки намозҳои фарзро дар ҷамоат бо султон ва ғайри он мехонад, пас бидон, ки ӯ иншоаллоҳу таъоло аҳли суннат аст. Ва ҳаргоҳ мардеро, дидӣ, ки дар адои фарзҳо дар ҷамоат сустӣ мекунад ва агарчи бо султон бошад, пас бидон, ки ӯ аҳли ҳаво аст.131-           Ва ҳалол он аст, ки бар он шаҳодат медиҳӣ, савганд ёд мекунӣ, ки он ҳалол аст ва ҳаром инчунин ва он чизе, ки дар қалбат дудилагӣ эҷод кунад, пас он шубҳа аст. 132-           Ва мастур (пӯшидаҳол) касест, ки пӯшидагияш маълум бошад ва маҳтук фосиқест, ки фосиқияш маълум бошад.133-           Ва ҳаргоҳ мардеро шунидӣ, ки мегӯяд: Фалонӣ мушаббиҳа аст, ё фалонӣ ба ташбеҳ сухан мекунад, пас бидон, ки ӯ ҷаҳмӣ аст. Ва ҳаргоҳ мардеро шунидӣ, ки мегӯяд: Фалонӣ носибӣ аст, пас бидон, ки ӯ рофизӣ аст. Ва ҳаргоҳ мардеро шунидӣ, ки мегӯяд: Ба тавҳид сухан кун, ва барои ман тавҳидро шарҳ деҳ, пас бидон, ки ӯ хориҷию мӯътазилӣ аст, ё мегӯяд: Фалонӣ ҷабрия аст, ё дар мавриди иҷбор сухан мекунад, ё дар мавриди адл сухан мекунад, пас бидон, ки ӯ қадарӣ аст, зеро ин номҳо пайдошуда аст, мубтадиъҳо инҳоро пайдо кардаанд.Абдуллоҳ ибни Муборак раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: Аз аҳли Куфа дар бораи рафз чизе магиред. Аз аҳли Шом дар мавриди шамшер (яъне бар зидди ҳокимон баромадан) чизе магиред. Ва аз аҳли Басра дар мавзӯи қадар ва аз аҳли Хуросон дар мавзӯи ирҷо ва аз аҳли Макка дар мавриди сарф (нақдро ба нақд фурухтан) ва аз аҳли Мадина дар мавриди ғино чизе магиред. Аз онҳо аз ин ашё чизе магиред.134-           Ва ҳаргоҳ мардеро дидӣ, ки Абӯҳурайра, Анас ибни Молик, Усайд ибни Ҳузайр разияллоҳу анҳумро дӯст медорад, пас бидон ӯ иншоаллоҳ аҳли суннат аст. Ва ҳаргоҳ мардеро дидӣ, ки Аюб, ибни Авн, Юнус ибни Убайд, Абдуллоҳ ибни Идриси Авдӣ, Шаъбӣ, Молик ибни Ҷарир, Ҳаммод ибни Салама, Ҳаммод ибни Зайд, Молик ибни Анас, Авзоъӣ ва Зоида ибни Қудомаро дӯст дорад, пас бидон, ки ӯ аҳли суннат аст. Ва ҳаргоҳ мардеро дидӣ, ки Аҳмад ибни Ҳанбал, Ҳаҷҷоҷ ибни Минҳол ва Аҳмад ибни Насрро дӯст медорад ва онҳоро ба некӣ ёд мекунад ва ба гуфтаи онон мегӯяд, пас бидон, ки ӯ аҳли суннат аст.135-           Ва ҳаргоҳ мардеро дидӣ, ки бо аҳли ҳаво ҳамнишин аст, пас ӯро ҳазар кунон ва насиҳат кун, ки аз ҳамнишинии онҳо дур шав, агар баъди насиҳат бо онҳо нишаст, пас аз ӯ ҷудо шав, зеро ӯ соҳиби ҳаво аст.136-           Ва ҳаргоҳ мардеро шунидӣ, ки ҳадисаш мегӯӣ, намехоҳад ва далели Қуръонӣ мехоҳад, пас шак макун, ки ӯ марди мунофиқ аст, пас аз наздаш хезу ӯро тарк кун.137-           Ва бидон, ки ҳамаи ҳавоҳо (ки хилофи Қуръону Суннат аст) паст аст, ҳамааш ба сӯи ҷангу фитна даъват мекунад. Ва пасттарину кофиртарини онҳо равофиз, мӯътазила ва ҷаҳмия аст, зеро онҳо мардумро ба таътил ва зиндиқӣ даъват мекунанд.138-           Ва бидон касе яке аз асҳоби Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро носазо гӯяд, пас бидон, ки мақсади ӯ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст ва ба рости Ӯро дар қабраш озор додааст.139-           Ва ҳаргоҳ аз инсоне барои ту бидъате маълум шавад, пас аз ӯ ҳазар кун, зеро чизе, ки аз ту пӯшонида аст аз он чизе ки маълум шудааст, бисёртар аст.140-           Ва ҳаргоҳ мардеро дидӣ, ки бадроҳу фосиқу фоҷир, соҳиби маъсиятҳо, золим аст ва ӯ аз аҳли суннат аст, пас бо ӯ ҳамсуҳбату ҳамнишин шав, зеро маъсияти вай туро зарар намекунад. Ва ҳаргоҳ мардеро дидӣ, ки дар ибодат кушо, парҳезгор, дилгарми ибодат, соҳиби ҳаво аст, пас ҳамроҳаш манишин, суханашро гуш макун ва ҳамроҳи ӯ дар роҳ марав, пас ман осудатар нестам, ки роҳашро орову зиннат диҳад, пас ҳамроҳи вай ҳалок шавӣ. Юнус ибни Убайд писарашро дид, ки аз пеши соҳиби ҳаво берун меояд, пас гуфт:Эй писарам, аз куҷо баромадӣ? Гуфт:Аз пеши Амр ибни Убайд. Гуфт: Эй писарам, ҳаройина агар медидамат, ки аз хонаи хуносо мебаромадӣ дар назди ман маҳбубтар буд аз ин ки аз хонаи фалонӣ ва фалонӣ бароӣ. Ва эй писарам, ҳаройина агар бо Аллоҳ бо зино, фосиқӣ, дуздӣ ва хиёнаткорӣ вохӯрӣ дар назди ман маҳбубтар аст аз ин ки ба қавли аҳли ҳавоҳо вохӯрӣ! Оё намебинӣ, ки Юнус ибни Убайд донист, ки хуносо фарзандашро аз динаш гумроҳ намекунад ва ин ки мубтадиъ гумроҳаш мекунад, то ки кофир мешавад.141-           Ва хоссатан аз аҳли замонат ҳазар кун, боз ҳазар кун ва бингар бо ки ҳамнишинӣ мекунӣ ва аз ки мешунавӣ ва бо ки ҳамсуҳбатӣ, зеро гӯё халқ дар риддат аст, магар касе ки Аллоҳ ӯро нигаҳ дорад.142-           Ва ҳаргоҳ мардеро дидӣ, ки ибни Абӯдуод, Бишри Марисӣ, Сумома, Абӯҳузайл, Ҳишоми Футӣ ё яке аз пайравону ёридиҳандагони ононро таъриф мекунад, пас аз вай ҳазар кун, зеро вай мубтадиъ аст. Ба ростӣ онон дар риддат буданд. Ин мард ва касе, ки ононро ба некӣ зикр мекунад, тарк кун!143-           Ва имтиҳон дар Ислом бидъат аст ва аммо имрӯз ба суннат имтиҳон карда мешавад, аз рӯи гуфтааш: Ба ростӣ ин илм дин аст, пас нигоҳ кунед динатонро аз ки мегиред. Ва гуфтааш: Ҳадисро қабул накунед, магар аз касе ки шаҳодаташро қабул мекунед. Пас нигоҳ кун, агар аҳли суннату ростқавл бошад, аз вай ҳадисро бинавис вагарна ӯро тарк кун!144-           Ва ҳаргоҳ бар ҳақ ва роҳи аҳли суннати пешиниёнат мустақим буданро бихоҳӣ, пас аз илми калом, аҳли калом, муноқиша, баҳс, қиёс ва мунозараи дар динро ҳазар кун, зеро аз онон шунавиданат агарчи қабул накунӣ ҳам, дар дил шак меандозад ва аз рӯи қабул кардан басанда аст, пас ҳалок мешавӣ. Ва ҳаргиз зандақа, бидъат, ҳаво ва гумроҳӣ набуд, магар аз калом, баҳс, муноқаша ва қиёс буд. Ва инҳо дарҳои бидъату шакҳо ва зандақа аст.145-           Аз Аллоҳ битарс ва ҳадисҳо, аҳли ҳадис ва пайравиро лозим гир. Ба дурустӣ дин ҳамон пайравӣ аст, яъне пайравии Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва асҳобаш разияллоҳу анҳум. Ва пешиниёни мо, моро дар нофаҳмӣ раҳо накардаанд, пас ононро пайравӣ куну ором бигир ва аз ҳадису аҳли ҳадис магузар.Ва дар назди муташобиҳи Қуръону ҳадис ист ва чизеро қиёс макун.Аз пеши худ ҳилае маҷӯ, ки ба он аҳли бидъатро рад намоӣ, ба ростӣ ту амр шудаӣ, ки сукут кунӣ ва ононро бар худат қувват мадеҳ, оё надонистӣ, ки Муҳаммад ибни Сирин раҳимаҳуллоҳ бо вуҷуди фазле, ки дошт як марди мубтадиъро дар як масъала ҷавоб надод ва аз вай як ояте аз Китоби Аллоҳро ҳам гуш накард. Барояш гуфта шуд: Пас ҷавоб дод: Метарсам, ки онро тағйир диҳад, пас дар қалбам чизе воқеъ шавад.146-           Ва ҳаргоҳ мардеро шунидӣ, ки мегӯяд: Мо Аллоҳро бузург мешуморем, вақте ки ҳадисҳои Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро мешунавад. Пас бидон, ки ӯ ҷаҳмӣ аст, мехоҳад ҳадиси Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро ба ин калима рад намояд. Ва вай гумон мекунад, ки Аллоҳро бузургу пок мешуморад, вақте ҳадиси рӯъят (дидани Аллоҳ), нузул (фурӯд омадани Аллоҳ) ва ғайраро мешунавад. Оё ҳадиси Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро рад накардааст, вақте мегӯяд: Ба дурустӣ мо Аллоҳро бузург мешуморем аз ин ки аз ҷое ба ҷои дигар фурӯд ояд, пас вай гумон кардааст, ки аз дигарон дида Аллоҳро хубтар медонад. Аз инҳо ҳазар кун, зеро ҷумҳури мардум, яъне авом ва дигарон бар ҳамин ҳол ҳастанд ва мардумро аз онон ҳазар кунон.147-           Ҳаргоҳ ягон кас туро аз масъалае дар ин боб (боби асмо ва сифот) пурсид, дар ҳоле ки вай талаби ҳақро дорад, пас бо ӯ сухан кун ва ҳақро таълимаш деҳ. Ва вақте омад, то бо ту мунозара намояд, пас аз ӯ ҳазар кун, зеро дар мунозара баҳсу муноқиша, кашмакашу хусумат ва ғазаб аст. Ва ба ростӣ, ту аз ин ба таври қатъӣ манъ карда шудаӣ ва он аз роҳи ҳақ дур мекунад. Ба мо нарасидааст, ки ягон фақеҳону донишмандони мо мунозара, ё баҳсу муноқаша кардаанд. 148-           Ҳасани Басрӣ раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: Донишманди ҳаким бефоида баҳс намекунад ва мадоро намекунад, илмашро нашр мекунад, агар пазируфта шуд, Аллоҳро ҳамду сипос мегӯяд ва пазируфта нашуд ҳам, Аллоҳро ҳамду сипос мегӯяд. Ва марде ба назди Ҳасан омаду гуфт: Ман бо ту дар дин мунозара мекунам. Пас Ҳасан раҳимаҳуллоҳ гуфт: Ман динамро медонам, пас агар динат бо ту набошад, пас бирав динатро ҷустуҷӯ кун. Ва бидон, ки Дин ҳамон пайравӣ аст ва пайравӣ ба асҳоби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст. Ва Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гурӯҳеро дар назди ҳуҷрааш шунавид, ки якеашон мегуфт: Оё Аллоҳ чунин нагуфтааст? Ва дигареаш мегуфт: Оё Аллоҳ чунин нагуфтааст? Пас бо ғазаб баромада фармуд: Оё ба ин Ман шуморо амр кардам, ё ба ин ба сӯи шумо фиристода шудам, ки китоби Аллоҳро баъзеашро ба баъзеаш бизанед? Пас онҳоро аз баҳсу ҷидол манъ кард.Ва ибни Умар разияллоҳу анҳумо мунозараро макрӯҳ мешуморид. Ва Молик ибни Анас ва касоне, ки аз вай боло ва поён буданд, мунозараро макрӯҳ медонистанд. Ва гуфтаи Аллоҳ азза ва ҷалла аз гуфтаи халқ бартар аст, Аллоҳ таборак ва таъоло мефармояд: «Дар оятҳои Аллоҳ муҷодала намекунад ба ҷуз касоне ки кофир шудаанд». Сураи Ғофир, ояти: 4. Ва марде Умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳуро пурсида гуфт: «Ва-н-ношитоти нашто» (Ва қасам ба фариштагоне, ки ба осоиш ва нашот бибаранд.) ( Сураи Нозиъот, ояти:2) чӣ маъно дорад? Пас гуфт:Агар сарам тарошудагӣ мебуд, ҳароина гардан-атро мезадам. (Сари тарошуда аломати хавориҷ аст). Ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Мӯъмин бефоида баҳс намекунад, барои баҳскунанда дар рӯзи қиёмат шафоат намекунам, пас баҳсро барои хайри камаш тарк кунед» (Ҳадиси хело заиф аст).149-           Барои марди мусалмон ҳалол нест, ки бигӯяд: Фалонӣ соҳиби суннат аст, то бидонад, ки дар вай хислат-ҳои суннат ҷамъ шудааст, барои вай гуфта намешавад, ки соҳиби суннат аст, то дар вай ҳамаи суннат ҷамъ шавад. 150-           Абдуллоҳ ибни Муборак раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: Асоси ҳафтоду ду ҳаво чор ҳаво аст, аз ин чор ҳаво ҳафтоду ду ҳаво шоха-шоха шудааст: Қадария, мурҷиа, шиа ва хавориҷ. Пас касе Абӯбакр, Умар, Усмон ва Алӣ разияллоҳу анҳумро бар ҳамаи асҳоби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам муқаддам бидонад ва дар боқии асҳоб сухан накунад, магар ба некӣ ва барояшон дуо намояд, пас аз мазҳаби ташайюъ баромадааст. Ва касе гӯяд: Имон қавлу амал аст, зиёду кам мешавад, аз мазҳаби мурҷиа баромадааст. Ва касе гӯяд: Намоз аз паси ҳар некӯкору бадкор ҷоиз аст ва ҷиҳод бо ҳар халифа ҷоиз аст ва бар зидди султон бо шамшер баромаданро раво надонад ва барои салоҳи онон дуо кунад, пас аз гуфтаи хавориҷ берун баромада аст. Ва касе гӯяд: Тақдир ҳамааш, некӯ бадаш аз ҷониби Аллоҳ аст, касеро бихоҳад гумроҳ мекунад ва касеро бихоҳад ҳидоят мекунад, пас аз гуфтаи ҳамаи қадария хориҷ шудааст ва он суннӣ аст.151-           Ва бидъате зоҳир шудааст, ки он куфри ба Аллоҳи Бузург аст. Ва касе ба он сухан мекунад, пас вай бешак ба Аллоҳ кофир шудааст. Касе, ки ба раҷъат (бозгаштан) имон дораду мегӯяд: Алӣ ибни Абӯтолиб разияллоҳу анҳу зинда аст ва пеш аз қиёмат бозмегардад ва Муҳаммад ибни Алӣ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад ва Мӯсо ибни Ҷаъфар. Ва дар мавзӯи имомат сухан мекунанд ва ин ки онҳо ғайбро медонанд, пас аз онҳо ҳазар кун. Албатта онҳо ва касе, ки ба ин қавл сухан мекунад, ба Аллоҳи Бузург кофир ҳастанд.Тӯъма ибни Амр ва Суфён ибни Уяйна раҳимаҳумаллоҳ мегӯянд: Касе дар назди Усмон ва Алӣ биистад, пас ӯ шиа аст, ҳукм ба адолат карда намешавад ва бо ӯ сухан ва ҳамнишинӣ карда намешавад. Ва касе Алиро бар Усмон муқаддам донад, пас вай рофизӣ аст, ба ростӣ осори асҳоби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро тарк кардааст. Ва касе чор нафарро бар ҳамаи асҳоб муқаддам донад ва бар боқияш дуои раҳмат кунад ва аз лағжишҳои онон худдорӣ кунад, пас ӯ дар ин боб бар роҳи рост ва ҳидоят аст.152-           Ва суннат ин аст, ки даҳ нафареро, ки барояшон Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам шаҳодати ба Ҷаннат додааст, шаҳодат диҳӣ, ки онон бешак аз аҳли Ҷаннатанд.153-           Ва бар касе танҳо салавот мафирист, ба ҷуз Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва бар аҳли Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам.154-           Ва бидон, ки Усмон ибни Аффон разияллоҳу анҳу мазлум кушта шуд ва касе ӯро кушт, золим буд.155-           Касе ба муҳтавои ин китоб иқрор кунад ва имон ораду имони хеш қарор диҳад ва дар ҳарфе аз он шак накунад ва ҳарферо инкор накунад, пас он аз аҳли суннат ва ҷамоат аст, комил аст дар он ҷамоат комил шудааст. Ва касе ҳарфе аз ин китобро инкор кунад, ё дар он шак кунад, ё шак кунаду таваққуф кунад, пас ӯ аҳли ҳаво аст.Ва касе инкор кунад, ё шак кунад дар ҳарфе аз Қуръон, ё дар он чизе ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам овардааст бо Аллоҳ таъоло дурӯғшуморида вомехӯрад, пас аз Аллоҳ битарс, ҳазар кун ва имонатро нигаҳ дор.156-           Ва аз ҷумлаи суннат ин аст, ки ягон касро дар маъсияти Аллоҳ итоат намекунӣ ва на падару модар ва на ҳамаи халқро, дар маъсияти Аллоҳ барои башар итоат нест. Ва маъсият ва касеро, ки ба маъсият амр мекунад дӯст мадор ва ҳамаи инро барои Аллоҳ таборак ва таъоло бад бин.157-           Ва имон доштан ба ин ки тавба бар бандагон фарз аст, ки ба сӯи Аллоҳ азза ва ҷалла аз ҳамаи маъсиятҳои бузургу хурд тавба намоянд.158-           Ва касе шаҳодат надиҳад барои касе, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ҷаннат шаҳодат дода аст, пас ӯ мубтадиъу гумроҳ аст, дар гуфтаи Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам шак дорад.Молик ибни Анас раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: Касе суннатро лозим гирад ва асҳоби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз (забони) ӯ саломат монанд, сипас бимирад бо паёмбарон, сиддиқон, шаҳидон ва солеҳон бошад ва агарчи дар амал камбудӣ карда бошад.Ва Бишр ибни Ҳорис раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: Суннат ҳамон Ислом ва Ислом ҳамон суннат аст. Ва Фузайл ибни Иёз раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: Ҳаргоҳ марде аз аҳли суннатро бубинам, пас гӯё ки марде аз асҳоби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро дидаам ва ҳаргоҳ марди мубтадиъеро бубинам, пас гӯё марде аз мунофиқонро дидаам.Ва Юнус ибни Убайд раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: Аҷаб аз касе, ки имрӯз ба сӯи суннат даъват мекунад ва аҷабтар аз он касест, ки суннатро қабул мекунад. Ва ибни Авн раҳимаҳуллоҳ дар вақти вафоташ мегуфт: «Суннатро-суннатро лозим гиред ва аз бидъатҳо дӯрӣ ҷуед», то ки вафот кард.Ва Аҳмад ибни Ҳанбал раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: Марде аз ёронаш фавтид, пас дар хоб дида шуд, пас гуфт: Ба Абӯабдуллоҳ гӯед: Суннатро лозим гир, зеро аввалин чизе ки Парвардигорам аз ман пурсид, аз суннат буд.Ва Абӯлъолия раҳимаҳуллоҳ гуфт: Касе бар суннат дар ҳоли пӯшидагӣ (Яъне аз вай чизе мухолифи Ислом маълум нашуда бошад.) бимирад, пас вай сиддиқ аст. Ба суннат чанг задан наҷот аст.Ва Суфёни саврӣ раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: Касе мубтадиъеро гуш кунад, аз исмати Аллоҳ хориҷ шуда ба он (яъне ба бидъат) супорида мешавад.Ва Довуд ибни Абӯҳинд раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: Аллоҳ таборак ва таъоло ба Мӯсо ибни Имрон алайҳис салом ваҳй намуд, ки бо аҳли бидъат ҳамнишин машав, пас агар бо онон ҳамнишин шавӣ дар қалбат чизе аз гуфтаҳояшон воқеъ шуда дар оташи Ҷаҳаннам партофта мешавӣ.Ва Фузайл ибни Иёз раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: Касе бо мубтадиъ бинишинад, ба ӯ ҳикмат дода намешавад. Ва Фузайл ибни Иёз раҳимаҳуллоҳ мегӯяд:Бо мубтадиъ машин, ман метарсам, ки бар ту лаънат фурӯ меояд.Ва Фузайл ибни Иёз раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: Касе мубтадиъро дӯст дорад, Аллоҳ амалашро бекор мекунад ва нури Исломро аз қалбаш мебарорад. Ва Фузайл ибни Иёз раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: Касе бо мубтадиъ дар роҳе нишаст, пас ту ба дигар роҳ бирав.Ва Фузайл ибни Иёз раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: Касе мубтадиъро таъзим намояд, ба ростӣ бар хароб кардани Ислом ёрӣ додааст. Ва касе дар рӯи мубтадиъ табассум намояд, пас ба ростӣ ба он чизе ки Аллоҳ азза ва ҷалла бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам нозил кардааст, паст шуморидааст.Ва касе духтарашро ба мубтадиъ диҳад, пас ба ростӣ силаи раҳмашро қатъ карда аст. Ва касе ҷанозаи мубтадиъеро дунбол намояд, ҳамеша дар ғазаби Аллоҳ аст, то ки бозгардад.Ва Фузайл ибни Иёз раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: Касе бо мубтадиъ нишинад, курии (қалбро) меросаш мегузорад.Ва Фузайл ибни Иёз раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: Ҳамроҳи яҳудӣ ва насронӣ мехӯрам ва бо мубтадиъ намехӯрам. Ва дӯст медорам, ки миёни ман ва мубтадиъ қалъае аз оҳан бошад.Ва Фузайл ибни Иёз раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: Ҳаргоҳ Аллоҳ мардеро донад, ки мубтадиъро бад мебинад, ӯро мағфират мекунад ва агарчи амалаш кам бошад. Ва соҳиби суннат мубтадиъро тарафдорӣ намекунад, магар аз рӯи нифоқ. Ва касе аз мубтадиъ рӯй гардонад, Аллоҳ қалбашро пур аз имон кунад.Ва касе мубтадиъеро сарзаниш кунад, Аллоҳ дар рӯзи қиёмат ӯро амон диҳад. Ва касе мубтадиъеро иҳонат кунад, Аллоҳ дар Ҷаннат сад дараҷа барояш мебардорад.✒Пас, дар роҳи Аллоҳ ҳаргиз соҳиби бидъат мабош. Ба охир расид ва Аллоҳ беҳтар медонад ва Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад салоту салом нозил намояд. Рӯзи сешанбе, соати: 09:30, 15/10/2013 мелодӣ мувофиқи 10/зулҳиҷҷа/1434 ҳиҷрӣ ба фазлу раҳмати Аллоҳ таборак ва таъоло тарҷумаи ин китоб ба итмом расид.✒Аз Аллоҳ масъалат менамоям, ки банда ва ҳар касе ки ин китобро нашр мекунад, раҳмату мағфират намояд ва дар мизони ҳасанотамон қарор диҳад, омин.