البحث

عبارات مقترحة:

الودود

كلمة (الودود) في اللغة صيغة مبالغة على وزن (فَعول) من الودّ وهو...

الرزاق

كلمة (الرزاق) في اللغة صيغة مبالغة من الرزق على وزن (فعّال)، تدل...

المولى

كلمة (المولى) في اللغة اسم مكان على وزن (مَفْعَل) أي محل الولاية...

سورة البقرة - الآية 249 : الترجمة الطاجيكية

تفسير الآية

﴿فَلَمَّا فَصَلَ طَالُوتُ بِالْجُنُودِ قَالَ إِنَّ اللَّهَ مُبْتَلِيكُمْ بِنَهَرٍ فَمَنْ شَرِبَ مِنْهُ فَلَيْسَ مِنِّي وَمَنْ لَمْ يَطْعَمْهُ فَإِنَّهُ مِنِّي إِلَّا مَنِ اغْتَرَفَ غُرْفَةً بِيَدِهِ ۚ فَشَرِبُوا مِنْهُ إِلَّا قَلِيلًا مِنْهُمْ ۚ فَلَمَّا جَاوَزَهُ هُوَ وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ قَالُوا لَا طَاقَةَ لَنَا الْيَوْمَ بِجَالُوتَ وَجُنُودِهِ ۚ قَالَ الَّذِينَ يَظُنُّونَ أَنَّهُمْ مُلَاقُو اللَّهِ كَمْ مِنْ فِئَةٍ قَلِيلَةٍ غَلَبَتْ فِئَةً كَثِيرَةً بِإِذْنِ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ مَعَ الصَّابِرِينَ﴾

التفسير

249. Ва ҳангоме ки Толут бо лашкаронаш аз шаҳр берун омад, гуфт: "Ҳамоно Аллоҳ шуморо бо ҷӯе озмоиш мекунад, пас ҳар кас аз он ҷӯй бинӯшад аз ман нест ва ӯ осӣ аст, дар ҷиҳод ҳамроҳи ман тоқат карда наметавонад ва ҳар кас аз он нанӯшад, аз ман аст, зеро ӯ фармонбардори амри ман ва лаёқат ба ҷиҳод шуда метавонад, магар касе, ки кафе аз он бо дасти худ бардорад, иҷозат дода мешавад". Пас, вақте ки ба он ҷӯй расиданд, бесабрӣ карда ҳама об нӯшиданд, магар каме аз онҳо бар ташнагӣ ва гармӣ сабр карданд ва ба нӯшидани як каф об кифоят карданд. Ин ҳангом осиён аз ҷиҳод ақибнишинӣ карданд. Ва он гоҳ ки Толут ва касоне, ки имон оварда буданд, ҳамроҳи ӯ аз ҷӯй гузаштанд, ва гуфтанд: "Имрӯз моро ба муқобили Ҷолут ва лашкарҳои ӯ тавоноие нест аз сабаби бисёрии лашкари душман". Касоне, ки бовар доштанд, Аллоҳро мулоқот хоҳанд кард ва ба бародаронашон мегуфтанд: "Чи басо гурӯҳи андаке ба изни Аллоҳ бар гурӯҳи зиёде ғолиб шавад ва Аллоҳ бо сабркунандагон аст".(1)

المصدر

الترجمة الطاجيكية