القادر
كلمة (القادر) في اللغة اسم فاعل من القدرة، أو من التقدير، واسم...
83.
Эй Расул, агар Аллоҳ туро аз ҷанг бозгардонид(1) ва бо гурӯҳе аз мунофиқоне, ки дар нифоқашон устуворанд, рӯ ба рӯ кард ва аз ту хостанд, ки барои ҷанги дигар берун оянд,(2) бигӯ: «Шумо ҳаргиз бо ман ба ҷанг берун нахоҳед шуд ва ҳамроҳи ман бо ҳеҷ душмане набард нахоҳед кард, зеро шумо аз нахуст ба нишастан дар хона хушнуд будаед. Пас, акнун ҳам бо онон, ки аз фармони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гарданкашӣ кардаанд, дар хона бимонед!»(3)