البحث

عبارات مقترحة:

المعطي

كلمة (المعطي) في اللغة اسم فاعل من الإعطاء، الذي ينوّل غيره...

القدير

كلمة (القدير) في اللغة صيغة مبالغة من القدرة، أو من التقدير،...

المصور

كلمة (المصور) في اللغة اسم فاعل من الفعل صوَّر ومضارعه يُصَوِّر،...

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

1- ﴿بَرَاءَةٌ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ إِلَى الَّذِينَ عَاهَدْتُمْ مِنَ الْمُشْرِكِينَ﴾


1.Аллоҳу паёмбараш безоранд аз мушриконе, ки бо онҳо аҳду паймон бастаед.

2- ﴿فَسِيحُوا فِي الْأَرْضِ أَرْبَعَةَ أَشْهُرٍ وَاعْلَمُوا أَنَّكُمْ غَيْرُ مُعْجِزِي اللَّهِ ۙ وَأَنَّ اللَّهَ مُخْزِي الْكَافِرِينَ﴾


2.
Пас, - эй мушрикон, - чаҳор моҳ(1) ба шумо мӯҳлат дода шуд, ки дар ин сарзамин(2) бигардед ва бидонед, ки аз азоби Аллоҳ натавонед гурехт ва бидонед, ки Аллоҳ хоркунандаи кофирон аст дар дунё ба куштану асорат ва азоб дар охират.(3)

3- ﴿وَأَذَانٌ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ إِلَى النَّاسِ يَوْمَ الْحَجِّ الْأَكْبَرِ أَنَّ اللَّهَ بَرِيءٌ مِنَ الْمُشْرِكِينَ ۙ وَرَسُولُهُ ۚ فَإِنْ تُبْتُمْ فَهُوَ خَيْرٌ لَكُمْ ۖ وَإِنْ تَوَلَّيْتُمْ فَاعْلَمُوا أَنَّكُمْ غَيْرُ مُعْجِزِي اللَّهِ ۗ وَبَشِّرِ الَّذِينَ كَفَرُوا بِعَذَابٍ أَلِيمٍ﴾


3.Дар рӯзи ҳаҷҷи бузург (яъне, рӯзи иди қурбон) аз ҷониби Аллоҳу паёмбараш ба мардум эълон мешавад, ки Аллоҳу паёмбараш аз мушрикон безоранд. Пас, - эй мушрикон, - агар тавба кунед, бароятон беҳтар аст. Вале агар рӯй бигардонед аз қабули дини ҳақ, пас бидонед, ки аз Аллоҳ натавонед гурехт. Ва кофиронро ба азоби дардовар ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират хабар деҳ.(1)

4- ﴿إِلَّا الَّذِينَ عَاهَدْتُمْ مِنَ الْمُشْرِكِينَ ثُمَّ لَمْ يَنْقُصُوكُمْ شَيْئًا وَلَمْ يُظَاهِرُوا عَلَيْكُمْ أَحَدًا فَأَتِمُّوا إِلَيْهِمْ عَهْدَهُمْ إِلَىٰ مُدَّتِهِمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُتَّقِينَ﴾


4.Магар он гурӯҳ аз мушрикон, ки бо онҳо паймон бастаед ва дар паймони худ ҳеҷ камбудие наёвардаанд (яъне, хиёнат накарданд) ва бо ҳеҷ кас бар зидди шумо набаромадаанд. Бо инҳо ба паймони хеш то поёни муддаташ вафо кунед, ҳамоно Аллоҳ парҳезгоронро (ононро, ки хиёнат намекунанд), дӯст медорад!(1)

5- ﴿فَإِذَا انْسَلَخَ الْأَشْهُرُ الْحُرُمُ فَاقْتُلُوا الْمُشْرِكِينَ حَيْثُ وَجَدْتُمُوهُمْ وَخُذُوهُمْ وَاحْصُرُوهُمْ وَاقْعُدُوا لَهُمْ كُلَّ مَرْصَدٍ ۚ فَإِنْ تَابُوا وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَآتَوُا الزَّكَاةَ فَخَلُّوا سَبِيلَهُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾


5. Пас чун моҳҳои ҳаром(1) ба поён расанд, ҳар ҷо ки мушриконро ёфтед, бикушед ва бигиреду ба ҳабс афканед ва дар ҳама ҷо дар каминашон нишинед. Аммо агар тавба карданд ва бозгаштанд аз ширк ва исломро қабул карданд ва намозро барпо карданд ва закотро адо намуданд, пас раҳо кунед ононро, ки бародарони шумоанд дар Ислом. Ҳамоно Аллоҳ омурзандаи тавбакунандагон ва меҳрубон аст бар онон!(2)

6- ﴿وَإِنْ أَحَدٌ مِنَ الْمُشْرِكِينَ اسْتَجَارَكَ فَأَجِرْهُ حَتَّىٰ يَسْمَعَ كَلَامَ اللَّهِ ثُمَّ أَبْلِغْهُ مَأْمَنَهُ ۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لَا يَعْلَمُونَ﴾


6.
Ва агар касе аз мушрикон аз ту эй Паёмбар паноҳ талаб кунанд, паноҳ бидеҳ ӯро, то каломи Аллоҳро (Қуръон) бишнавад, сипас ба макони амнаш бирасон, ин ҳукм ба сабаби он аст, ки мушрикон гурӯҳеанд, ки намедонанд ҳақиқати Исломро.

7- ﴿كَيْفَ يَكُونُ لِلْمُشْرِكِينَ عَهْدٌ عِنْدَ اللَّهِ وَعِنْدَ رَسُولِهِ إِلَّا الَّذِينَ عَاهَدْتُمْ عِنْدَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ ۖ فَمَا اسْتَقَامُوا لَكُمْ فَاسْتَقِيمُوا لَهُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُتَّقِينَ﴾


7.
       Чӣ гуна мушриконро бо Аллоҳ ва паёмбари Ӯ аҳду паймоне бошад? Магар онҳое, ки назди Масҷидулҳаром (дар Ҳудайбия) бо онҳо паймони сулҳ бастед, чун бар паймонашон собиту устувор истоданд, пас шумо ҳам бар паймонатон собиту устувор биистед. Ҳамоно Аллоҳ парҳезгоронро (ононро, ки дар аҳдашон устувор меистанд), дӯст медорад!(1)

8- ﴿كَيْفَ وَإِنْ يَظْهَرُوا عَلَيْكُمْ لَا يَرْقُبُوا فِيكُمْ إِلًّا وَلَا ذِمَّةً ۚ يُرْضُونَكُمْ بِأَفْوَاهِهِمْ وَتَأْبَىٰ قُلُوبُهُمْ وَأَكْثَرُهُمْ فَاسِقُونَ﴾


8.       Чӣ гуна бошад мушриконро аҳду паймоне!? Зеро агар бар шумо пирӯз шаванд, ба ҳеҷ аҳду савганд ва хешовандӣ вафо накунанд. Ва шуморо фирефта накунад муомила карданашон аз тарси шумо, зеро ки онҳо бо забон хушнудатон месозанд ва қабул намекунад дилҳояшон ва бисёриашон аз дин хориҷанд ва аҳду паймонҳоро мешикананд.(1)

9- ﴿اشْتَرَوْا بِآيَاتِ اللَّهِ ثَمَنًا قَلِيلًا فَصَدُّوا عَنْ سَبِيلِهِ ۚ إِنَّهُمْ سَاءَ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ﴾


9. Оёти Аллоҳро ба баҳои андаке аз моли дунё фурӯхтанд ва мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд ва бадкорӣ карданд.

10- ﴿لَا يَرْقُبُونَ فِي مُؤْمِنٍ إِلًّا وَلَا ذِمَّةً ۚ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُعْتَدُونَ﴾


10. Аҳду савганд ва хешовандии ҳеҷ мӯъминеро риоят намекунанд ва инҳо (мушрикон) мардуми таҷовузкоранд.

11- ﴿فَإِنْ تَابُوا وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَآتَوُا الزَّكَاةَ فَإِخْوَانُكُمْ فِي الدِّينِ ۗ وَنُفَصِّلُ الْآيَاتِ لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ﴾


11. Пас агар тавба карданд аз ибодати ғайри Аллоҳ ва калимаи тавҳидро бар забон ронданд ва намоз ба ҷой оварданд, бародарони динии шумо ҳастанд. Мо оёти Аллоҳро барои мардуме, ки аз доноӣ бархӯрдоранд, баён мекунем.(1)

12- ﴿وَإِنْ نَكَثُوا أَيْمَانَهُمْ مِنْ بَعْدِ عَهْدِهِمْ وَطَعَنُوا فِي دِينِكُمْ فَقَاتِلُوا أَئِمَّةَ الْكُفْرِ ۙ إِنَّهُمْ لَا أَيْمَانَ لَهُمْ لَعَلَّهُمْ يَنْتَهُونَ﴾


12. Ва чун баъди бастани паймон мушрикон савгандҳои худро шикастанд ва дар дини шумо таъна заданд, бо пешвоёни куфр ҷанг кунед, ки онҳоро иродаи савганд нигоҳ доштан нест. Бошад ки аз кирдори бади худ (яъне, таъна задан дар Ислом) бозистанд.(1)

13- ﴿أَلَا تُقَاتِلُونَ قَوْمًا نَكَثُوا أَيْمَانَهُمْ وَهَمُّوا بِإِخْرَاجِ الرَّسُولِ وَهُمْ بَدَءُوكُمْ أَوَّلَ مَرَّةٍ ۚ أَتَخْشَوْنَهُمْ ۚ فَاللَّهُ أَحَقُّ أَنْ تَخْشَوْهُ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ﴾


13.
Оё намеҷангед бо мардуме, ки савганди худро шикастанд ва қасд карданд хориҷ кардани паёмбарро аз Макка ва онҳо бар зидди шумо аввалин шуда душманӣ (азият, озор ва ҷанг) оғоз карданд? Оё аз онҳо метарсед? Бояд аз Аллоҳ битарсед, агар мӯъмини воқеъӣ ва ҳақиқӣ бошед.(1)

14- ﴿قَاتِلُوهُمْ يُعَذِّبْهُمُ اللَّهُ بِأَيْدِيكُمْ وَيُخْزِهِمْ وَيَنْصُرْكُمْ عَلَيْهِمْ وَيَشْفِ صُدُورَ قَوْمٍ مُؤْمِنِينَ﴾


14.   Эй гӯруҳи мӯъминон, бо куффор биҷангед. Аллоҳ ба дасти шумо азобашон мекунад ва хорашон месозад ва шуморо пирӯзӣ медиҳад бар болои онон ва дилҳои мӯъминонро шифо мебахшад.

15- ﴿وَيُذْهِبْ غَيْظَ قُلُوبِهِمْ ۗ وَيَتُوبُ اللَّهُ عَلَىٰ مَنْ يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ﴾


15.   Ва кина аз дилҳои мӯъминон дур кунад ва Аллоҳ тавбаи ҳар киро, ки бихоҳад, мепазирад. Ва Аллоҳ доност, медонад сидқи тавбаи тавбакунандагонро ва устуворкор аст дар корҳояш!

16- ﴿أَمْ حَسِبْتُمْ أَنْ تُتْرَكُوا وَلَمَّا يَعْلَمِ اللَّهُ الَّذِينَ جَاهَدُوا مِنْكُمْ وَلَمْ يَتَّخِذُوا مِنْ دُونِ اللَّهِ وَلَا رَسُولِهِ وَلَا الْمُؤْمِنِينَ وَلِيجَةً ۚ وَاللَّهُ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ﴾


16.
   Эй мӯъминон, оё гумон кардед, ки гузошта шавед бе ҳеҷ имтиҳон (яъне, таклифи амри ҷиҳод болоятон нашавад) ва ҳанӯз ҷудо насохта Аллоҳ аз шумо ононро, ки ҷиҳод карданд ва онон нагирифтанд ҳеҷ дӯстеро пинҳонӣ, ҷуз Аллоҳу паёмбараш ва мӯъминонро? Ва Аллоҳ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст!(1)

17- ﴿مَا كَانَ لِلْمُشْرِكِينَ أَنْ يَعْمُرُوا مَسَاجِدَ اللَّهِ شَاهِدِينَ عَلَىٰ أَنْفُسِهِمْ بِالْكُفْرِ ۚ أُولَٰئِكَ حَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ وَفِي النَّارِ هُمْ خَالِدُونَ﴾


17.   Мушриконро лоиқ нест, ки дар ҳоле, ки ба куфри худ иқрор мекунанд ва барои Аллоҳ шарик меоранд, масҷидҳои Аллоҳро обод созанд. Зеро амали ин кофирон ботил аст ва ҷовидонанд дар оташ!(1)

18- ﴿إِنَّمَا يَعْمُرُ مَسَاجِدَ اللَّهِ مَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَأَقَامَ الصَّلَاةَ وَآتَى الزَّكَاةَ وَلَمْ يَخْشَ إِلَّا اللَّهَ ۖ فَعَسَىٰ أُولَٰئِكَ أَنْ يَكُونُوا مِنَ الْمُهْتَدِينَ﴾


18.   Масҷидҳои Аллоҳро касоне обод мекунанд, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон овардаанд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва ҷуз аз Аллоҳ наметарсанд. Умед аст, ки инҳо аз ҳидоятёфтагон бошанд!

19- ﴿۞ أَجَعَلْتُمْ سِقَايَةَ الْحَاجِّ وَعِمَارَةَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ كَمَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَجَاهَدَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۚ لَا يَسْتَوُونَ عِنْدَ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ﴾


19.
   Оё об(1) додан ба ҳоҷиён ва обод сохтани Масҷидулҳаромро монанди кори касе қарор додаед, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон оварда дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кардааст? Дар назди Аллоҳ баробар нестанд ва Аллоҳ гурӯҳи ситамкоронро ҳидоят намекунад.

20- ﴿الَّذِينَ آمَنُوا وَهَاجَرُوا وَجَاهَدُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ أَعْظَمُ دَرَجَةً عِنْدَ اللَّهِ ۚ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْفَائِزُونَ﴾


20.   Онон, ки имон оварданд ва ҳиҷрат(1) карданд ва дар роҳи Аллоҳ бо молу ҷони хеш ҷиҳод карданд, бузургтаранд дар мартаба назди Аллоҳ ва инҳоянд ба матлаб расидаву комёбшаванда.

21- ﴿يُبَشِّرُهُمْ رَبُّهُمْ بِرَحْمَةٍ مِنْهُ وَرِضْوَانٍ وَجَنَّاتٍ لَهُمْ فِيهَا نَعِيمٌ مُقِيمٌ﴾


21.   Мужда медиҳад ҳиҷраткунандагонро Парвардигорашон ба раҳмату хушнудии худ ва ба биҳиште, ки дар он неъматҳои ҷовид доимӣ бувад.

22- ﴿خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۚ إِنَّ اللَّهَ عِنْدَهُ أَجْرٌ عَظِيمٌ﴾


22.   Дар он биҳишт ҷовидон бимонанд ва инҳо савобҳои он амалҳои солеҳе мебошанд, ки дар дунё карда буданд. Ҳамоно аҷру музди бузург дар назди Аллоҳ аст!(1)

23- ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا آبَاءَكُمْ وَإِخْوَانَكُمْ أَوْلِيَاءَ إِنِ اسْتَحَبُّوا الْكُفْرَ عَلَى الْإِيمَانِ ۚ وَمَنْ يَتَوَلَّهُمْ مِنْكُمْ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الظَّالِمُونَ﴾


23.   Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, агар падарону бародаронатон дӯст доранд, ки куфрро ба ҷои имон интихоб кунанд, онҳоро дӯст магиред ва сирру асрори мусулмононро ба онон фош накунед. Модоме, ки онон бар ақидаи куфрашон ҳастанд. Пас ҳар кас аз шумо дӯсташон бидорад, ҳамоно нофармонбардории Аллоҳ кардааст ва аз ситамкорон хоҳад буд.(1)

24- ﴿قُلْ إِنْ كَانَ آبَاؤُكُمْ وَأَبْنَاؤُكُمْ وَإِخْوَانُكُمْ وَأَزْوَاجُكُمْ وَعَشِيرَتُكُمْ وَأَمْوَالٌ اقْتَرَفْتُمُوهَا وَتِجَارَةٌ تَخْشَوْنَ كَسَادَهَا وَمَسَاكِنُ تَرْضَوْنَهَا أَحَبَّ إِلَيْكُمْ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ وَجِهَادٍ فِي سَبِيلِهِ فَتَرَبَّصُوا حَتَّىٰ يَأْتِيَ اللَّهُ بِأَمْرِهِ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْفَاسِقِينَ﴾


24.
    Бигӯ (эй Расул): «Агар падаронатону фарзандонатон ва бародаронатону занонатон ва хешовандонатон ва молҳое, ки касб кардаед ва тиҷорате, ки аз беравнақии он метарсед ва хонаҳое, ки ба он дилхуш ҳастед, барои шумо аз итоати Аллоҳу паёмбараш ва ҷиҳод кардан дар роҳи Ӯ маҳбубтар аст, мунтазир бошед, то Аллоҳ фармони хеш(1) биёварад». Ва Аллоҳ ононро, ки аз тоати Ӯ баромаданд, ҳидоят нахоҳад кард!(2)

25- ﴿لَقَدْ نَصَرَكُمُ اللَّهُ فِي مَوَاطِنَ كَثِيرَةٍ ۙ وَيَوْمَ حُنَيْنٍ ۙ إِذْ أَعْجَبَتْكُمْ كَثْرَتُكُمْ فَلَمْ تُغْنِ عَنْكُمْ شَيْئًا وَضَاقَتْ عَلَيْكُمُ الْأَرْضُ بِمَا رَحُبَتْ ثُمَّ وَلَّيْتُمْ مُدْبِرِينَ﴾


25.    Ҳамоно Аллоҳ шуморо дар бисёре аз ҷойҳо ёрӣ кард.
Ва низ дар рӯзи Ҳунайн(1) он гоҳ ки бисёрии адади лашкаратон шуморо ба тааҷҷуб оварда буд, вале барои шумо суде надошт ва замин бо ҳамаи васеӣ ва ҳамвориаш бар шумо танг шуд (ва ин ба он сабаб буд, ки дар аввали ҷанг шикаст хӯрда будед). Пас бозгаштед ва ба душман пушт гардондед ва по ба гурез ниҳодед.(2)

26- ﴿ثُمَّ أَنْزَلَ اللَّهُ سَكِينَتَهُ عَلَىٰ رَسُولِهِ وَعَلَى الْمُؤْمِنِينَ وَأَنْزَلَ جُنُودًا لَمْ تَرَوْهَا وَعَذَّبَ الَّذِينَ كَفَرُوا ۚ وَذَٰلِكَ جَزَاءُ الْكَافِرِينَ﴾


26.
    Сипас Аллоҳ оромиши хешро бар Паёмбараш ва бар мӯъминон нозил кард ва лашкарҳоеро, ки онҳоро намедидед (яъне, фариштагонро), фурӯ фиристод ва кофиронро азоб кард (яъне, баъзе аз онон кушта ва баъзе дигарашон асир шуданд) ва ин аст ҷазои кофирон.(1)

27- ﴿ثُمَّ يَتُوبُ اللَّهُ مِنْ بَعْدِ ذَٰلِكَ عَلَىٰ مَنْ يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾


27.    Сипас баъд аз ин ҷанг касе аз куфри худ бозгашт ва дохили Ислом шуд, боз қабул мекунад Аллоҳ баъд аз ин (ҷанг) тавбаро бар ҳар кӣ мехоҳад. Ва Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст!(1)

28- ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْمُشْرِكُونَ نَجَسٌ فَلَا يَقْرَبُوا الْمَسْجِدَ الْحَرَامَ بَعْدَ عَامِهِمْ هَٰذَا ۚ وَإِنْ خِفْتُمْ عَيْلَةً فَسَوْفَ يُغْنِيكُمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ إِنْ شَاءَ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ حَكِيمٌ﴾


28.    Эй касоне, ки имон овардаед, ҳамоно мушрикон палиданд. Пас бояд, ки наздик нашаванд ба хонаи Каъба баъди ин сол (яъне, соли нуҳуми ҳиҷрӣ) ва агар метарсед аз камбағаливу дарвешӣ ба сабаби наёвардани мушрикон(1)

29- ﴿قَاتِلُوا الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَلَا بِالْيَوْمِ الْآخِرِ وَلَا يُحَرِّمُونَ مَا حَرَّمَ اللَّهُ وَرَسُولُهُ وَلَا يَدِينُونَ دِينَ الْحَقِّ مِنَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ حَتَّىٰ يُعْطُوا الْجِزْيَةَ عَنْ يَدٍ وَهُمْ صَاغِرُونَ﴾


29.
    Бо касоне аз ахли Китоб, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон намеоваранд ва чизҳоеро, ки Аллоҳу паёмбараш ҳаром кардааст, бар худ ҳаром намекунанд ва дини ҳақро намепазиранд, ҷанг кунед, то он гоҳ ки ба дасти худ дар ҳоли хорӣ ҷизя(1) бидиҳанд.

30- ﴿وَقَالَتِ الْيَهُودُ عُزَيْرٌ ابْنُ اللَّهِ وَقَالَتِ النَّصَارَى الْمَسِيحُ ابْنُ اللَّهِ ۖ ذَٰلِكَ قَوْلُهُمْ بِأَفْوَاهِهِمْ ۖ يُضَاهِئُونَ قَوْلَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ قَبْلُ ۚ قَاتَلَهُمُ اللَّهُ ۚ أَنَّىٰ يُؤْفَكُونَ﴾


30.   Яҳудиён гуфтанд, ки Узайр писари Аллоҳ аст ва насоро гуфтанд, ки Масеҳ (Исо) писари Аллоҳ аст. Ин суханест, ки асл надорад, монанди гуфтори касонест, ки пеш аз ин кофир буданд.(1) Аллоҳ лаънат ва нобудашон кунад. Пас чӣ гуна аз ҳақ ба сӯи ботил баргардонида мешаванд?(2)

31- ﴿اتَّخَذُوا أَحْبَارَهُمْ وَرُهْبَانَهُمْ أَرْبَابًا مِنْ دُونِ اللَّهِ وَالْمَسِيحَ ابْنَ مَرْيَمَ وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا إِلَٰهًا وَاحِدًا ۖ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۚ سُبْحَانَهُ عَمَّا يُشْرِكُونَ﴾


31.(Яҳуду насоро) олимону обидони хеш ва Масеҳ писари Марямро ба ҷои Аллоҳ маъбуд гирифтанд(1) ва ҳол он ки маъмур буданд, танҳо як Аллоҳро бипарастанд, ки ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуде барҳақ нест. Пок аст, аз он чи шарикаш месозанд!

32- ﴿يُرِيدُونَ أَنْ يُطْفِئُوا نُورَ اللَّهِ بِأَفْوَاهِهِمْ وَيَأْبَى اللَّهُ إِلَّا أَنْ يُتِمَّ نُورَهُ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ﴾


32.Кофирон мехоҳанд нури Аллоҳ (дини Ислом)-ро бо даҳони худ бо суханони дурӯғ ва шубҳаҳояшон хомӯш кунанд ва Аллоҳ қабул намекунад, магар он ки нури худ (дини Ислом)-ро комил созад. Ҳарчанд кофиронро хуш наояд.(1)

33- ﴿هُوَ الَّذِي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَىٰ وَدِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ وَلَوْ كَرِهَ الْمُشْرِكُونَ﴾


33.Аллоҳ Зотест, ки паёмбари худ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро барои ҳидояти мардум фиристод бо Қуръон ва дини дурусту барҳақ, то Исломро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад, ҳарчанд мушриконро дини Ислом хуш наояд.(1)

34- ﴿۞ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّ كَثِيرًا مِنَ الْأَحْبَارِ وَالرُّهْبَانِ لَيَأْكُلُونَ أَمْوَالَ النَّاسِ بِالْبَاطِلِ وَيَصُدُّونَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۗ وَالَّذِينَ يَكْنِزُونَ الذَّهَبَ وَالْفِضَّةَ وَلَا يُنْفِقُونَهَا فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَبَشِّرْهُمْ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ﴾


34. Эй касоне, ки имон овардаед, ҳамоно бисёре аз олимону обидони аҳли китоб амволи мардумро ба ноҳаққӣ (аз роҳи ришва ва ҳаром) мехӯранд ва дигаронро аз роҳи Аллоҳ бозмедоранд. Ва касонеро, ки тиллову нуқра захира мекунанд ва дар роҳи Аллоҳ харҷаш намекунанд (яъне, закот намедиҳанд), башорат деҳ онҳоро ба азоби дардовар.(1)

35- ﴿يَوْمَ يُحْمَىٰ عَلَيْهَا فِي نَارِ جَهَنَّمَ فَتُكْوَىٰ بِهَا جِبَاهُهُمْ وَجُنُوبُهُمْ وَظُهُورُهُمْ ۖ هَٰذَا مَا كَنَزْتُمْ لِأَنْفُسِكُمْ فَذُوقُوا مَا كُنْتُمْ تَكْنِزُونَ﴾


35.  Рӯзе, ки дар оташи ҷаҳаннам порае аз он тиллову нуқра гудохта шавад ва пешониву паҳлӯ ва пушташонро бо он доғ кунанд. Ва гуфта шавад: Ин аст ҷазои он чи захира намудед барои худ (яъне, закоташро надода будед), пас бичашед азоби он молеро, ки захира мекардед.(1)

36- ﴿إِنَّ عِدَّةَ الشُّهُورِ عِنْدَ اللَّهِ اثْنَا عَشَرَ شَهْرًا فِي كِتَابِ اللَّهِ يَوْمَ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ مِنْهَا أَرْبَعَةٌ حُرُمٌ ۚ ذَٰلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ ۚ فَلَا تَظْلِمُوا فِيهِنَّ أَنْفُسَكُمْ ۚ وَقَاتِلُوا الْمُشْرِكِينَ كَافَّةً كَمَا يُقَاتِلُونَكُمْ كَافَّةً ۚ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ مَعَ الْمُتَّقِينَ﴾


36.        Ҳамоно шумораи моҳҳо аз рӯи ҳукм ва тақдири Аллоҳ, дар китоби Аллоҳ, - аз он рӯз, ки осмонҳову заминро биёфарида, - дувоздаҳ аст. Чаҳор моҳ(1) моҳҳои ҳароманд. Ин аст дини ҳақ. Дар он моҳҳо ба сабаби ҷангҳои ноҳақ бар хештан ситам макунед. Ва ҳамчунон, ки мушрикон ҳамагӣ ба ҷанги шумо бархостанд, ҳамагӣ ба ҷанги онҳо бархезед. Ва бидонед, ки ҳамоно Аллоҳ бо парҳезгорон аст, ононро нусрат медиҳад ва пойдорашон мегардонад!

37- ﴿إِنَّمَا النَّسِيءُ زِيَادَةٌ فِي الْكُفْرِ ۖ يُضَلُّ بِهِ الَّذِينَ كَفَرُوا يُحِلُّونَهُ عَامًا وَيُحَرِّمُونَهُ عَامًا لِيُوَاطِئُوا عِدَّةَ مَا حَرَّمَ اللَّهُ فَيُحِلُّوا مَا حَرَّمَ اللَّهُ ۚ زُيِّنَ لَهُمْ سُوءُ أَعْمَالِهِمْ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْكَافِرِينَ﴾


37.
   Ҳамоно ба таъхир андохтани мушрикон моҳҳои ҳаром ва тағйиру табдил додани ҷойҳои онҳо, як зиёдатиест дар куфр ки бо он кофирон гумроҳ гардонида мешаванд; он моҳро як сол ҳалол мешумурданд ва онро соли дигар ҳаром мешумурданд, то бо шумораи он чи ки Аллоҳ ҳаром сохтааст, мувофиқат кунанд. Пас, чизеро ҳалол созанд, ки Аллоҳ ҳаром сохтааст. Кирдорҳои бадашон барои онҳо ороста карда шудааст. Ва Аллоҳ қавми кофиронро ба сӯи ҳақ ҳидоят намекунад.(1)

38- ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا مَا لَكُمْ إِذَا قِيلَ لَكُمُ انْفِرُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ اثَّاقَلْتُمْ إِلَى الْأَرْضِ ۚ أَرَضِيتُمْ بِالْحَيَاةِ الدُّنْيَا مِنَ الْآخِرَةِ ۚ فَمَا مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا فِي الْآخِرَةِ إِلَّا قَلِيلٌ﴾


38.
   Эй касоне, ки имон ба Аллоҳ ва расули Ӯ овардаед, чаро ҳангоме ба шумо гӯянд, ки дар роҳи Аллоҳ барои ҷанги душманонатон шитобон берун оед, танбалӣ карда аз хонаҳоятон берун намеоед? Оё ба ҷои зиндагии ҷовидонаи охират ба зиндагии дунё розӣ шудаед? Ҳамоно кайфу сафои ин дунёи гузаранда дар баробари неъматҳои ҷовидонаи охират ҷуз андаке нест.(1)

39- ﴿إِلَّا تَنْفِرُوا يُعَذِّبْكُمْ عَذَابًا أَلِيمًا وَيَسْتَبْدِلْ قَوْمًا غَيْرَكُمْ وَلَا تَضُرُّوهُ شَيْئًا ۗ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ﴾


39.
  Эй мӯъминон, чун ба ҷанг сафарбар нашавед, Аллоҳ шуморо ба шиканҷаи дардноке азоб мекунад ва қавми дигареро ба ҷои шумо иваз мекунад ва ҳар гоҳ ба онон гуфта шавад, ки ба ҷанг бароед, онон ба ҷанг мебароянд ва итоати Аллоҳу расулаш мекунанд ва агар аз майдони ҷанг ақибнишинӣ кардед ба Аллоҳ зиёне намерасонед, чунки Аллоҳ ба шумо ниёзманд нест, балки шумо ба Ӯ ниёзмандед. Ва Ӯ бе мадади шумо ҳам дин ва паёмбарашро нусрат хоҳад дод, зеро ки Ӯ бар ҳар коре тавоност!(1)

40- ﴿إِلَّا تَنْصُرُوهُ فَقَدْ نَصَرَهُ اللَّهُ إِذْ أَخْرَجَهُ الَّذِينَ كَفَرُوا ثَانِيَ اثْنَيْنِ إِذْ هُمَا فِي الْغَارِ إِذْ يَقُولُ لِصَاحِبِهِ لَا تَحْزَنْ إِنَّ اللَّهَ مَعَنَا ۖ فَأَنْزَلَ اللَّهُ سَكِينَتَهُ عَلَيْهِ وَأَيَّدَهُ بِجُنُودٍ لَمْ تَرَوْهَا وَجَعَلَ كَلِمَةَ الَّذِينَ كَفَرُوا السُّفْلَىٰ ۗ وَكَلِمَةُ اللَّهِ هِيَ الْعُلْيَا ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ﴾


40.
    Эй ёрони Паёмбар, агар Паёмбарро шумо ёриву нусрат надиҳед чӣ суд? Ҳамоно Аллоҳ нусрат додааст ӯро, он гоҳ ки берун карданд ӯро кофирони қурайш аз Макка ва ҳамроҳаш каси дуввум (яъне, Абубакри Сиддиқ разияллоҳу анҳу) буд. Чун ин ду кас (Паёмбар ва Абубакр) дар ғор буданд, он гоҳ Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки ба ёри худ мегуфт: "Ғам махӯр, Аллоҳ бо мост". Пас, фиристод Аллоҳ оромиши худро ба Паёмбар ва нусрату қувват дод ӯро ба лашкарҳое, ки надиданд онҳоро (яъне, фариштагон) ва пасттару фурӯтар сохт сухани кофиронро ва сухани Аллоҳ суханест баланд. Ва Аллоҳ пирӯзманд аст дар мулкаш ва дурусткор аст дар тамоми корҳояш.(1)

41- ﴿انْفِرُوا خِفَافًا وَثِقَالًا وَجَاهِدُوا بِأَمْوَالِكُمْ وَأَنْفُسِكُمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۚ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ﴾


41.  (Эй мӯъминон), ба ҷанг шитобон биравед дар роҳи Аллоҳ хоҳ бар шумо осон бошад, хоҳ душвор ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кунед. Ин ҷиҳод беҳтар аст шуморо, агар медонистед.

42- ﴿لَوْ كَانَ عَرَضًا قَرِيبًا وَسَفَرًا قَاصِدًا لَاتَّبَعُوكَ وَلَٰكِنْ بَعُدَتْ عَلَيْهِمُ الشُّقَّةُ ۚ وَسَيَحْلِفُونَ بِاللَّهِ لَوِ اسْتَطَعْنَا لَخَرَجْنَا مَعَكُمْ يُهْلِكُونَ أَنْفُسَهُمْ وَاللَّهُ يَعْلَمُ إِنَّهُمْ لَكَاذِبُونَ﴾


42.
  Агар нафъи зудҳосилшаванда ва сафари осон мебуд, аз пайи ту (мунофиқон) меомаданд, вале акнун, (он чи ба он даъват мекунӣ ба баромадан ба ҷанги Табук), ки масофати роҳ ба онҳо дур намуд ва ҳаво гарм аст, паймуданашро душвор меҳисобанд. Ва ба Аллоҳ қасам мехӯранд, ки агар метавонистем, ҳамроҳи шумо берун меомадем. Инҳо тан ба ҳалокат месупоранд (бо он савганди дурӯғашон). Аллоҳ медонад, ки мунофиқон дурӯғ мегӯянд.(1)

43- ﴿عَفَا اللَّهُ عَنْكَ لِمَ أَذِنْتَ لَهُمْ حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَكَ الَّذِينَ صَدَقُوا وَتَعْلَمَ الْكَاذِبِينَ﴾


43.  Аллоҳ туро бубахшояд эй Паёмбар, чаро ба ҷиҳод набаромадани мунофиқон рухсат додӣ? Мебоист онҳое, ки рост мегуфтанд, ошкор шаванд ва ту дурӯғгӯёнро ҳам бишносӣ.

44- ﴿لَا يَسْتَأْذِنُكَ الَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ أَنْ يُجَاهِدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالْمُتَّقِينَ﴾


44. Онон, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон доранд, ҳаргиз барои ҷиҳод кардан бо молу ҷонашон дар роҳи Аллоҳ аз ту эй Паёмбар рухсат наметалабанд, балки мунофиқон рухсат металабанд ва Аллоҳ парҳезгоронро мешиносад!(1)

45- ﴿إِنَّمَا يَسْتَأْذِنُكَ الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَارْتَابَتْ قُلُوبُهُمْ فَهُمْ فِي رَيْبِهِمْ يَتَرَدَّدُونَ﴾


45.  Ҳамоно касоне, ки аз ту рухсат мехоҳанд(1) ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон надоранд ва амали солеҳ намекунанд ва дилҳояшонро шак фаро гирифтааст аз савоб ва иқоби рӯзи қиёмат ва ин шак онҳоро ба ҳайронӣ афкандааст.(2)

46- ﴿۞ وَلَوْ أَرَادُوا الْخُرُوجَ لَأَعَدُّوا لَهُ عُدَّةً وَلَٰكِنْ كَرِهَ اللَّهُ انْبِعَاثَهُمْ فَثَبَّطَهُمْ وَقِيلَ اقْعُدُوا مَعَ الْقَاعِدِينَ﴾


46.
   Агар мунофиқон мехостанд, ки барои ҷанг берун шаванд, барои хеш асбоби сафар омода мекарданд, вале Аллоҳ сафарбар шудани ононро написандид ва аз ҷанг онҳоро боздошт ва ба онҳо гуфта шуд, ки ҳамроҳи касоне, ки бояд дар хона бинишинанд, бинишинед.(1)

47- ﴿لَوْ خَرَجُوا فِيكُمْ مَا زَادُوكُمْ إِلَّا خَبَالًا وَلَأَوْضَعُوا خِلَالَكُمْ يَبْغُونَكُمُ الْفِتْنَةَ وَفِيكُمْ سَمَّاعُونَ لَهُمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ﴾


47.   Эй мӯъминон агар бо шумо ба ҷанг берун оянд, чизе ҷуз фасод миёни шумо намеафзуданд ва албатта, мешитофтанд ва кӯшиш мекарданд, ки дар байни шумо фасод ва фитна ангезанд ва шуморо аз ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ боздоранд. Ва (эй мӯъминон) дар миёни шумо суханчинонест, ки ахбори шуморо барои онҳо мебаранд. Ва Аллоҳ ба ҳоли ситамкорону мунофиқон огоҳ аст!(1)

48- ﴿لَقَدِ ابْتَغَوُا الْفِتْنَةَ مِنْ قَبْلُ وَقَلَّبُوا لَكَ الْأُمُورَ حَتَّىٰ جَاءَ الْحَقُّ وَظَهَرَ أَمْرُ اللَّهِ وَهُمْ كَارِهُونَ﴾


48.
        Ҳамоно пеш аз ин ҳам (яъне, дар ҷанги Табук) фитнагарӣ мекарданд ва барои ту эй Паёмбар, корҳоро баръакс ва дигаргун ҷилва медоданд (яъне, кӯшиш мекарданд, ки ба ҳар роҳ аз пешрафти дини ту пешгирӣ кунанд), то он гоҳ ки ҳақ ғолиб омад ва фармони Аллоҳ ошкор шуд, дар ҳоле, ки онҳоро хуш намеомад, ки дин пирӯз шавад.(1)

49- ﴿وَمِنْهُمْ مَنْ يَقُولُ ائْذَنْ لِي وَلَا تَفْتِنِّي ۚ أَلَا فِي الْفِتْنَةِ سَقَطُوا ۗ وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمُحِيطَةٌ بِالْكَافِرِينَ﴾


49.        Баъзе аз мунофиқон(1) касе аст, ки мегӯянд: «Маро барои боқӣ мондан дар Мадина рухсат деҳ ва ба фитна маяндоз маро. Огоҳ бош, ки инҳо худ ба сабаби нифоқашон ва нофармонии Аллоҳ ва Расулаш дар гуноҳи бузург афтодаанд ва ҳамоно оташи ҷаҳаннам кофиронро иҳота кардааст.(2)

50- ﴿إِنْ تُصِبْكَ حَسَنَةٌ تَسُؤْهُمْ ۖ وَإِنْ تُصِبْكَ مُصِيبَةٌ يَقُولُوا قَدْ أَخَذْنَا أَمْرَنَا مِنْ قَبْلُ وَيَتَوَلَّوْا وَهُمْ فَرِحُونَ﴾


50.     Агар неъмате (мисли пирӯзӣ ё ғанимат) ба ту эй Паёмбар, расад, андӯҳгин созад мунофиқонро ва агар ба ту мусибате расад, мегӯянд: «Мо чораи кори хеш пеш аз ин андешидаем». Ва хушҳолшуда бармегарданд.

51- ﴿قُلْ لَنْ يُصِيبَنَا إِلَّا مَا كَتَبَ اللَّهُ لَنَا هُوَ مَوْلَانَا ۚ وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ﴾


51.    Бигӯ эй Паёмбар, барои ин мунофиқон: «Мусибате ба мо ҳаргиз нахоҳад расид, ҷуз он чиро Аллоҳ барои мо дар Лавҳи Маҳфуз навиштааст. Ӯ сарпарасти мост ва мӯъминон бояд, ки бар Аллоҳ таваккал кунанд».(1)

52- ﴿قُلْ هَلْ تَرَبَّصُونَ بِنَا إِلَّا إِحْدَى الْحُسْنَيَيْنِ ۖ وَنَحْنُ نَتَرَبَّصُ بِكُمْ أَنْ يُصِيبَكُمُ اللَّهُ بِعَذَابٍ مِنْ عِنْدِهِ أَوْ بِأَيْدِينَا ۖ فَتَرَبَّصُوا إِنَّا مَعَكُمْ مُتَرَبِّصُونَ﴾


52.   Бигӯ эй Паёмбар: «Оё ҷуз яке аз он ду некӣ (шаҳодат ё пирӯзӣ) интизори чизи дигареро барои мо доред? Вале мо мунтазирем азоберо, ки аз ҷониби Ӯ ба шумо бирасад ё ба дасти мо шуморо ҳалок, ё асир гардонад. Пас, шумо мунтазир бошед, мо низ бо шумо мунтазир мемонем».(1)

53- ﴿قُلْ أَنْفِقُوا طَوْعًا أَوْ كَرْهًا لَنْ يُتَقَبَّلَ مِنْكُمْ ۖ إِنَّكُمْ كُنْتُمْ قَوْمًا فَاسِقِينَ﴾


53.  Бигӯ эй Паёмбар, барои мунофиқон: «Аллоҳ аз шумо намепазирад, чӣ аз рӯи розигӣ харҷ кунед ва чи аз рӯи норозигӣ, зеро дар динатон шак доред ва мардуми нофармон ҳастед».(1)

54- ﴿وَمَا مَنَعَهُمْ أَنْ تُقْبَلَ مِنْهُمْ نَفَقَاتُهُمْ إِلَّا أَنَّهُمْ كَفَرُوا بِاللَّهِ وَبِرَسُولِهِ وَلَا يَأْتُونَ الصَّلَاةَ إِلَّا وَهُمْ كُسَالَىٰ وَلَا يُنْفِقُونَ إِلَّا وَهُمْ كَارِهُونَ﴾


54. Сабаби қабул нашудани харҷҳояшон ин буд, ки онҳо дар замири худ куфрро пинҳон доштанд ва Паёмбари Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро дурӯғ бароварданд. Ва ба намоз намеоянд, магар дар ҳоли танбалӣ ва харҷ намекунанд, магар дар ҳоле ки онҳо ночоранд. Онҳо умедвори савоби ин фарзшудаҳо надоранд ва ба сабаби куфрашон аз тарк кардани фарзҳои Аллоҳ хавф надоранд.

55- ﴿فَلَا تُعْجِبْكَ أَمْوَالُهُمْ وَلَا أَوْلَادُهُمْ ۚ إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُعَذِّبَهُمْ بِهَا فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَتَزْهَقَ أَنْفُسُهُمْ وَهُمْ كَافِرُونَ﴾


55.  Дороиву фарзандони мунофиқон туро эй Паёмбар, ба ҳайрат наандозад. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ мехоҳад ба онҳо дар ин дунё бо машаққату мусибатҳо дар молу фарзандонашон азобашон кунад ва ҷонашон дар ҳоле берун ояд, ки кофир бошанд.1.

56- ﴿وَيَحْلِفُونَ بِاللَّهِ إِنَّهُمْ لَمِنْكُمْ وَمَا هُمْ مِنْكُمْ وَلَٰكِنَّهُمْ قَوْمٌ يَفْرَقُونَ﴾


56.   Мунофиқон ба Аллоҳ савганди дурӯғ мехӯранд, ки аз дини шумоянд ва ҳол он ки аз дини шумо нестанд, валекин онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки метарсанд ақидаи куфрашонро барои шумо зоҳир кунанд.(1)

57- ﴿لَوْ يَجِدُونَ مَلْجَأً أَوْ مَغَارَاتٍ أَوْ مُدَّخَلًا لَوَلَّوْا إِلَيْهِ وَهُمْ يَجْمَحُونَ﴾


57.    Агар инҳо мунофиқон паноҳгоҳ ё ғор, ё даромадгоҳе меёфтанд, ки наҷоташон диҳад, аз шумо шитобон ба он ҷо рӯй меоварданд.

58- ﴿وَمِنْهُمْ مَنْ يَلْمِزُكَ فِي الصَّدَقَاتِ فَإِنْ أُعْطُوا مِنْهَا رَضُوا وَإِنْ لَمْ يُعْطَوْا مِنْهَا إِذَا هُمْ يَسْخَطُونَ﴾


58.        Баъзе аз мунофиқон туро дар тақсими садақот ба зулм муттаҳам мекунанд,(1) агар аз он садақот ба онҳо бисёр диҳанд, хушнуд мешаванд ва агар бисёр надиҳанд, хашм мегиранд.

59- ﴿وَلَوْ أَنَّهُمْ رَضُوا مَا آتَاهُمُ اللَّهُ وَرَسُولُهُ وَقَالُوا حَسْبُنَا اللَّهُ سَيُؤْتِينَا اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ وَرَسُولُهُ إِنَّا إِلَى اللَّهِ رَاغِبُونَ﴾


59.
        Агар онон, ки туро дар тақсимоти садақот айбдор мекунанд, ба он чи Аллоҳу паёмбараш ба онон додааст, хушнуд бошанд ва бигӯянд: «Аллоҳ моро бас аст ва Аллоҳу паёмбараш моро аз фазли худ бенасиб нахоҳанд гузошт ва мо ба Аллоҳ рағбат мекунем?», ин барояшон беҳтар ва фоидаовар буд.(1)

60- ﴿۞ إِنَّمَا الصَّدَقَاتُ لِلْفُقَرَاءِ وَالْمَسَاكِينِ وَالْعَامِلِينَ عَلَيْهَا وَالْمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمْ وَفِي الرِّقَابِ وَالْغَارِمِينَ وَفِي سَبِيلِ اللَّهِ وَابْنِ السَّبِيلِ ۖ فَرِيضَةً مِنَ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ﴾


60.    Садақот (закоти фарзӣ) барои фақироне, ки чизеро аз мулк соҳиб нестанд ва барои мискиноне, ки дар зиндагӣ эҳтиёҷманданд ва барои коргузорони ҷамъоварии закот аст. Ва низ барои онҳое, ки дилҳояшон моил карда мешавад ба Ислом(1) ва барои озод кардани ғуломону қарздорон ва харҷ дар роҳи Аллоҳ (яъне, ҷиҳод) ва мусофирони мӯҳтоҷ ва он ҳукм фаризаест аз ҷониби Аллоҳ. Ва Аллоҳ ба маслиҳати бандагонаш доно ва дар таъин кардани фаризаи закот ҳаким аст!

61- ﴿وَمِنْهُمُ الَّذِينَ يُؤْذُونَ النَّبِيَّ وَيَقُولُونَ هُوَ أُذُنٌ ۚ قُلْ أُذُنُ خَيْرٍ لَكُمْ يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَيُؤْمِنُ لِلْمُؤْمِنِينَ وَرَحْمَةٌ لِلَّذِينَ آمَنُوا مِنْكُمْ ۚ وَالَّذِينَ يُؤْذُونَ رَسُولَ اللَّهِ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ﴾


61.         Баъзе аз мунофиқон Паёмбарро меозоранду мегӯянд, ки ӯ ба сухани ҳар кас гӯш медиҳад ва бовар медорад. Бигӯ эй Паёмбар: «Муҳаммад барои шумо шунавандаи сухани хайр аст. Ба Аллоҳ имон дорад ва мӯъминонро дар суханонашон бовар дорад ва раҳматест барои онҳое, ки имон овардаанд. Ва онон, ки расули Аллоҳро ба ҳар навъе аз озорҳо биёзоранд, ба шиканҷае дардовар гирифтор хоҳанд шуд.

62- ﴿يَحْلِفُونَ بِاللَّهِ لَكُمْ لِيُرْضُوكُمْ وَاللَّهُ وَرَسُولُهُ أَحَقُّ أَنْ يُرْضُوهُ إِنْ كَانُوا مُؤْمِنِينَ﴾


62.        Мунофиқон дар баробари шумо ба Аллоҳ савганди дурӯғ мехӯранд, то хушнудатон созанд ва ҳол он ки агар мӯъмин ҳастанд, шоистатар аст, ки Аллоҳу расулашро хушнуд созанд.

63- ﴿أَلَمْ يَعْلَمُوا أَنَّهُ مَنْ يُحَادِدِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَأَنَّ لَهُ نَارَ جَهَنَّمَ خَالِدًا فِيهَا ۚ ذَٰلِكَ الْخِزْيُ الْعَظِيمُ﴾


63.        Оё инҳо мунофиқон намедонанд, ки ҳар кас, ки ба Аллоху паёмбараш зиддият мекунад, ҷовидона дар оташи ҷаҳаннам хоҳад буд ва ин расвоии бузургест?

64- ﴿يَحْذَرُ الْمُنَافِقُونَ أَنْ تُنَزَّلَ عَلَيْهِمْ سُورَةٌ تُنَبِّئُهُمْ بِمَا فِي قُلُوبِهِمْ ۚ قُلِ اسْتَهْزِئُوا إِنَّ اللَّهَ مُخْرِجٌ مَا تَحْذَرُونَ﴾


64.        Мунофиқон метарсанд, ки мабодо аз осмон дар бораи онҳо сурае нозил шавад ва аз он чи дар дил пинҳон кардаанд аз куфр, бохабарашон созад. Бигӯ эй Паёмбар, барояшон: «Масхара кунед, ки Аллоҳ он чиро, ки аз он метарсед, ошкор хоҳад сохт».

65- ﴿وَلَئِنْ سَأَلْتَهُمْ لَيَقُولُنَّ إِنَّمَا كُنَّا نَخُوضُ وَنَلْعَبُ ۚ قُلْ أَبِاللَّهِ وَآيَاتِهِ وَرَسُولِهِ كُنْتُمْ تَسْتَهْزِئُونَ﴾


65.        Агар аз онҳо (мунофиқон) бипурсӣ, - эй Паёмбар, - аз он чи ки сухани дурӯғ гуфтанд?(1) Мегӯянд: «Мо бо ҳам гап мезадем ва бозӣ мекардем». Бигӯ эй Паёмбар: «Оё ба Аллоҳ ва оёти Ӯ ва паёмбараш масхара мекардед?»

66- ﴿لَا تَعْتَذِرُوا قَدْ كَفَرْتُمْ بَعْدَ إِيمَانِكُمْ ۚ إِنْ نَعْفُ عَنْ طَائِفَةٍ مِنْكُمْ نُعَذِّبْ طَائِفَةً بِأَنَّهُمْ كَانُوا مُجْرِمِينَ﴾


66.    Узр наёваред, - эй гурӯҳи мунофиқон, - аз узр овардани шумо фоидае нест. Пас, аз имонатон ба гуфтани ин мақолаи масхараомез кофир шудаед. Агар аз гуноҳи гурӯҳе аз шумо бигзарем, гурӯҳи дигарро, ки гунаҳкор шудаанд, азоб хоҳем кард.(1)

67- ﴿الْمُنَافِقُونَ وَالْمُنَافِقَاتُ بَعْضُهُمْ مِنْ بَعْضٍ ۚ يَأْمُرُونَ بِالْمُنْكَرِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمَعْرُوفِ وَيَقْبِضُونَ أَيْدِيَهُمْ ۚ نَسُوا اللَّهَ فَنَسِيَهُمْ ۗ إِنَّ الْمُنَافِقِينَ هُمُ الْفَاسِقُونَ﴾


67.        Мардони мунофиқ ва занони мунофиқ дар ошкор кардани имонашон ва пинҳон кардани куфрашон монанди якдигаранд. Ба корҳои зишт фармон медиҳанд ва аз корҳои нек манъ мекунанд ва дастҳои худро аз харҷ дар рохи Аллоҳ мебанданд. Аллоҳро фаромӯш кардаанд. Аллоҳ низ эшонро аз раҳмати худ фаромӯш кардааст, зеро мунофиқон аз роҳи ҳақ берунанд ва дар гумроҳӣ дохиланд.(1)

68- ﴿وَعَدَ اللَّهُ الْمُنَافِقِينَ وَالْمُنَافِقَاتِ وَالْكُفَّارَ نَارَ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ هِيَ حَسْبُهُمْ ۚ وَلَعَنَهُمُ اللَّهُ ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ مُقِيمٌ﴾


68.        Аллоҳ ба мардони мунофиқу занони мунофиқ ва кофирон ваъдаи оташи ҷаҳаннам додааст. Дар он ҷовидонаанд. Ҳамин барояшон бас аст. Лаънати Аллоҳ бар онҳо бод ва ба азоби пойдоре гирифтор хоҳанд шуд.

69- ﴿كَالَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ كَانُوا أَشَدَّ مِنْكُمْ قُوَّةً وَأَكْثَرَ أَمْوَالًا وَأَوْلَادًا فَاسْتَمْتَعُوا بِخَلَاقِهِمْ فَاسْتَمْتَعْتُمْ بِخَلَاقِكُمْ كَمَا اسْتَمْتَعَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ بِخَلَاقِهِمْ وَخُضْتُمْ كَالَّذِي خَاضُوا ۚ أُولَٰئِكَ حَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ﴾


69.
       Феълу хӯи шумо (эй мунофиқон дар тамасхур ва куфр) ба монанди касонест, ки пеш аз шумо нерумандтар ва дорои амвол ва фарзандони бештаре буданд, пас онҳо аз насиби хеш баҳраманд шудаед, ҳамчунон касоне, ки пеш аз шумо будаанд, аз насиби хеш баҳраманд шуда буданд. Шумо суханони ботил гуфтед, ҳамчунон, ки онҳо сухани ботил мегуфтанд. Аъмоли онон дар дунёву охират ночиз гардид ва зиёнманд шуданд.

70- ﴿أَلَمْ يَأْتِهِمْ نَبَأُ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ قَوْمِ نُوحٍ وَعَادٍ وَثَمُودَ وَقَوْمِ إِبْرَاهِيمَ وَأَصْحَابِ مَدْيَنَ وَالْمُؤْتَفِكَاتِ ۚ أَتَتْهُمْ رُسُلُهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ ۖ فَمَا كَانَ اللَّهُ لِيَظْلِمَهُمْ وَلَٰكِنْ كَانُوا أَنْفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ﴾


70.
       Оё инҳо мунофиқон хабари касонеро, ки пеш аз онҳо будаанд, чун қавми Нӯҳ, ки бо туфон ғарқ шуданд ва Од, ки ба боди сахти аз ҳадгузашта ҳалок карда шуданд ва Самуд, ки ба наъраи тунд ҳалок карда шуданд ва қавми Иброҳим, ки Намруд бо мулкаш сарнагун шуд, асҳоби Мадян, ки ба азоби рӯзи хорӣ ҳалок шуданд Муътафикаро, ки қавми Лут алайҳиссалом буд, заминро бар сарашон фурӯ афканд, нашунидаанд, ки паёмбаронашон бо нишонаҳои ошкор бар онҳо фиристода шуданд? Аллоҳ ба онҳо ситам намекард, онон худ бар худ ситам мекарданд! (Оё ин мунофиқон худро дар амон меҳисобанд ба тамасхур карданашон Аллоҳ ва оёти Ӯ ва Паёмбарашро?)(1)

71- ﴿وَالْمُؤْمِنُونَ وَالْمُؤْمِنَاتُ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ يَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَيُقِيمُونَ الصَّلَاةَ وَيُؤْتُونَ الزَّكَاةَ وَيُطِيعُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ ۚ أُولَٰئِكَ سَيَرْحَمُهُمُ اللَّهُ ۗ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ﴾


71.        Мардони мӯъмин ва занони мӯъмин дӯстони якдигаранд дар дин. Ба некӣ фармон медиҳанд ва аз ношоистагӣ бозмедоранд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва аз Аллоҳу паёмбараш фармонбардорӣ мекунанд. Аллоҳ инҳоро раҳмат хоҳад кард ва аз азобаш онҳоро наҷот хоҳад дод ва дохили биҳишташон хоҳад кард. Аллоҳ дар мулки худ пирӯзманд ва дар аҳкому шариаташ ҳаким аст!(1)

72- ﴿وَعَدَ اللَّهُ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا وَمَسَاكِنَ طَيِّبَةً فِي جَنَّاتِ عَدْنٍ ۚ وَرِضْوَانٌ مِنَ اللَّهِ أَكْبَرُ ۚ ذَٰلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ﴾


72.        Аллоҳ ба мардони мӯъмин ва занони мӯъмин биҳиштҳоеро ваъда додааст, ки ҷӯйҳо дар он ҷорист ва биҳиштиён ҳамеша дар он ҷоянд ва низ ба онҳо дар биҳишти ҷовидона хонаҳое некӯ ваъда додааст. Вале хушнудии Аллоҳ аз ҳама бузургтар аст, ки пирӯзии бузург хушнудии Аллоҳ аст!

73- ﴿يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ جَاهِدِ الْكُفَّارَ وَالْمُنَافِقِينَ وَاغْلُظْ عَلَيْهِمْ ۚ وَمَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ ۖ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ﴾


73.   Эй Паёмбар, бо кофирону мунофиқон биҷанг ва бо онон ба шиддат рафтор кун, ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст, ки саранҷоми бадест!

74- ﴿يَحْلِفُونَ بِاللَّهِ مَا قَالُوا وَلَقَدْ قَالُوا كَلِمَةَ الْكُفْرِ وَكَفَرُوا بَعْدَ إِسْلَامِهِمْ وَهَمُّوا بِمَا لَمْ يَنَالُوا ۚ وَمَا نَقَمُوا إِلَّا أَنْ أَغْنَاهُمُ اللَّهُ وَرَسُولُهُ مِنْ فَضْلِهِ ۚ فَإِنْ يَتُوبُوا يَكُ خَيْرًا لَهُمْ ۖ وَإِنْ يَتَوَلَّوْا يُعَذِّبْهُمُ اللَّهُ عَذَابًا أَلِيمًا فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ ۚ وَمَا لَهُمْ فِي الْأَرْضِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ﴾


74.     Мунофиқон ба Аллоҳ савганд мехӯранд, ки нагуфтаанд чизеро, ки Паёмбар ва мусалмонон аз он нороҳат шаванд, вале калимаи куфрро бар забон рондаанд. Ва пас аз он ки ислом оварда буданд, кофир шудаанд. Ва бар қасд кор карданд, ки ба Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам зарарҳо оваранд, аммо ба он ноил нашуданд. Ва мунофиқон чизеро инкор накарданд, магар Аллоҳу паёмбарашро, ки аз ғаниматҳо сарватмандашон карданд.
Пас, агар тавба кунанд, некиашон дар он аст ва агар рӯй гардонанд, Аллоҳ ба азоби дардноке дар дунёву охират азобашон хоҳад кард ва онҳоро дар рӯи замин на дӯстдоре хоҳад буд, ки азоби Аллоҳро аз онҳо боздорад ва на мададкоре, ки аз азоби Аллоҳ наҷоташон диҳад!(1)

75- ﴿۞ وَمِنْهُمْ مَنْ عَاهَدَ اللَّهَ لَئِنْ آتَانَا مِنْ فَضْلِهِ لَنَصَّدَّقَنَّ وَلَنَكُونَنَّ مِنَ الصَّالِحِينَ﴾


75.       Баъзе аз мунофиқони камбағал бо Аллоҳ паймон бастанд, ки агар аз фазли худ моле насибамон кунад, закот медиҳем ва дар зумраи солеҳон медароем.

76- ﴿فَلَمَّا آتَاهُمْ مِنْ فَضْلِهِ بَخِلُوا بِهِ وَتَوَلَّوْا وَهُمْ مُعْرِضُونَ﴾


76.       Чун Аллоҳ аз фазли худ моле насибашон кард, бахилӣ карданд ва эътирозкунон рӯй гардонданд аз Ислом.

77- ﴿فَأَعْقَبَهُمْ نِفَاقًا فِي قُلُوبِهِمْ إِلَىٰ يَوْمِ يَلْقَوْنَهُ بِمَا أَخْلَفُوا اللَّهَ مَا وَعَدُوهُ وَبِمَا كَانُوا يَكْذِبُونَ﴾


77.
       Пас, ин амали нифоқро то рӯзе, ки ба Аллоҳ вохӯранд дар дилҳояшон барқарор сохт ба сабаби он чи ки Ба Аллоҳ ваъда карда буданд (аз додани садақа) хилоф намуданд ва аҳдшиканӣ карданд ва ба сабаби он ки дурӯғ мегуфтанд.(1)

78- ﴿أَلَمْ يَعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ سِرَّهُمْ وَنَجْوَاهُمْ وَأَنَّ اللَّهَ عَلَّامُ الْغُيُوبِ﴾


78.       Оё намедонанд, ки ниҳонҳо ва роз гуфтани ин мунофиқонро Аллоҳ медонад, зеро Аллоҳ аз ниҳонҳо ва розҳо огоҳ аст.

79- ﴿الَّذِينَ يَلْمِزُونَ الْمُطَّوِّعِينَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ فِي الصَّدَقَاتِ وَالَّذِينَ لَا يَجِدُونَ إِلَّا جُهْدَهُمْ فَيَسْخَرُونَ مِنْهُمْ ۙ سَخِرَ اللَّهُ مِنْهُمْ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ﴾


79.
       Аллоҳ мунофиқонеро мавриди масхара қарор медиҳад, ки бар мӯъминони ба рағбат садақа диҳанда ва беш аз тавоноии хеш чизе наёбанда, айб мегиранд ва масхараашон мекунанд (яъне, агар аз мӯъминон касе бисёр садақа кард, мунофиқон мегӯянд, ки ӯ дар садақа додан худнамоӣ мекунад ва агар касе кам диҳад, мегӯянд, ки Аллоҳ ба ин гуна садақаи ночиз мӯҳтоҷ нест). Ба мунофиқонро азоби дардовар аст.(1)

80- ﴿اسْتَغْفِرْ لَهُمْ أَوْ لَا تَسْتَغْفِرْ لَهُمْ إِنْ تَسْتَغْفِرْ لَهُمْ سَبْعِينَ مَرَّةً فَلَنْ يَغْفِرَ اللَّهُ لَهُمْ ۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ كَفَرُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْفَاسِقِينَ﴾


80.        (Мехоҳӣ эй Расул,) барои мунофиқон бахшиш бихоҳ, мехоҳӣ бахшиш нахоҳ. Агар ҳафтод бор ҳам барояшон бахшиш бихоҳӣ, Аллоҳ барояшон нахоҳад бахшид, зеро ба Аллоҳу паёмбараш имон надоранд ва Аллоҳ мардуми фосиқро ҳидоят намекунад!

81- ﴿فَرِحَ الْمُخَلَّفُونَ بِمَقْعَدِهِمْ خِلَافَ رَسُولِ اللَّهِ وَكَرِهُوا أَنْ يُجَاهِدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَقَالُوا لَا تَنْفِرُوا فِي الْحَرِّ ۗ قُلْ نَارُ جَهَنَّمَ أَشَدُّ حَرًّا ۚ لَوْ كَانُوا يَفْقَهُونَ﴾


81.        Онон, ки дар хона нишастаанд ва аз ҳамроҳӣ бо расули Аллоҳ ақибнишинӣ карданд (дар Мадина), хушҳоланд.
Ҷиҳод бо молу ҷони хешро дар роҳи Аллоҳ нохуш шумурданду ва ба ҳамдигар гуфтанд: «Дар ҳавои гарм ба ҷанг наравед!»(1) Агар мефаҳманд, бигӯ бар онҳо эй Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Гармии оташи ҷаҳаннам бештар аст!»

82- ﴿فَلْيَضْحَكُوا قَلِيلًا وَلْيَبْكُوا كَثِيرًا جَزَاءً بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ﴾


82.
         Ба ҷазои аъмоли анҷом додаашон (мунофиқон) бояд ки андак биханданд ва бисёр бигирянд! (Яъне, дар ин дунёи гузаро баҳраманд шаванд ва ба лаззатҳои он хушҳол шаванд, зуд аст, ки бисёр бигирянд дар азоби дарднок ба сабаби он чи касб кардаанд дар дунё аз куфру нифоқ ва нофармонии амри Парвардишрашон).(1)

83- ﴿فَإِنْ رَجَعَكَ اللَّهُ إِلَىٰ طَائِفَةٍ مِنْهُمْ فَاسْتَأْذَنُوكَ لِلْخُرُوجِ فَقُلْ لَنْ تَخْرُجُوا مَعِيَ أَبَدًا وَلَنْ تُقَاتِلُوا مَعِيَ عَدُوًّا ۖ إِنَّكُمْ رَضِيتُمْ بِالْقُعُودِ أَوَّلَ مَرَّةٍ فَاقْعُدُوا مَعَ الْخَالِفِينَ﴾


83.
         Эй Расул, агар Аллоҳ туро аз ҷанг бозгардонид(1) ва бо гурӯҳе аз мунофиқоне, ки дар нифоқашон устуворанд, рӯ ба рӯ кард ва аз ту хостанд, ки барои ҷанги дигар берун оянд,(2) бигӯ: «Шумо ҳаргиз бо ман ба ҷанг берун нахоҳед шуд ва ҳамроҳи ман бо ҳеҷ душмане набард нахоҳед кард, зеро шумо аз нахуст ба нишастан дар хона хушнуд будаед. Пас, акнун ҳам бо онон, ки аз фармони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гарданкашӣ кардаанд, дар хона бимонед!»(3)

84- ﴿وَلَا تُصَلِّ عَلَىٰ أَحَدٍ مِنْهُمْ مَاتَ أَبَدًا وَلَا تَقُمْ عَلَىٰ قَبْرِهِ ۖ إِنَّهُمْ كَفَرُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَمَاتُوا وَهُمْ فَاسِقُونَ﴾


84.   Чун бимиранд, бар ҳеҷ яке аз мунофиқон намоз магузор ва бар қабрашон наист. Зеро онон ба Аллоҳ ва расулаш кофир шудаанд ва дар ҳолати ноитоатии фармон мурдаанд! (Ин ҳукм ом аст ба ҳар касе, ки нифоқаш маълум шудааст).(1)

85- ﴿وَلَا تُعْجِبْكَ أَمْوَالُهُمْ وَأَوْلَادُهُمْ ۚ إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ أَنْ يُعَذِّبَهُمْ بِهَا فِي الدُّنْيَا وَتَزْهَقَ أَنْفُسُهُمْ وَهُمْ كَافِرُونَ﴾


85.   Эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), бисёрии молу фарзандони онон туро ба ҳайрат наорад. Аллоҳ мехоҳад ба сабаби онҳо дар дунё азобашон кунад ва дар ҳолати куфр ҷон бисупоранд.

86- ﴿وَإِذَا أُنْزِلَتْ سُورَةٌ أَنْ آمِنُوا بِاللَّهِ وَجَاهِدُوا مَعَ رَسُولِهِ اسْتَأْذَنَكَ أُولُو الطَّوْلِ مِنْهُمْ وَقَالُوا ذَرْنَا نَكُنْ مَعَ الْقَاعِدِينَ﴾


86.
   Чун сурае бар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шуд, ки ба Аллоҳ имон биёваред ва бо паёмбараш ба ҷанг биравед, тавонгаронашон аз ту рухсат хостанду гуфтанд: «Моро бигзор, то бо онҳое, ки бояд дар хона нишинанд, дар хона бинишинем!»

87- ﴿رَضُوا بِأَنْ يَكُونُوا مَعَ الْخَوَالِفِ وَطُبِعَ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ فَهُمْ لَا يَفْقَهُونَ﴾


87.   Ба он розӣ шудаанд, ки ҳамроҳи хонанишинон(1) бошанд, ба сабаби нифоқашон бар дилҳояшон мӯҳр ниҳода шуд ва намефаҳманд чӣ барояшон шоиста аст.(2)

88- ﴿لَٰكِنِ الرَّسُولُ وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ جَاهَدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ ۚ وَأُولَٰئِكَ لَهُمُ الْخَيْرَاتُ ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ﴾


88.   Вале Паёмбар ва касоне, ки бо ӯ имон овардаанд, бо молу ҷони худ дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод карданд. Некиҳо аз они онҳост ва онҳоянд, наҷотёфтагон!

89- ﴿أَعَدَّ اللَّهُ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ ذَٰلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ﴾


89.   Аллоҳ барояшон биҳиштҳое омода кардааст, ки дар он ҷӯйҳо равон аст ва дар он ҷо ҷовидонанд. Ин аст наҷоти бузург!

90- ﴿وَجَاءَ الْمُعَذِّرُونَ مِنَ الْأَعْرَابِ لِيُؤْذَنَ لَهُمْ وَقَعَدَ الَّذِينَ كَذَبُوا اللَّهَ وَرَسُولَهُ ۚ سَيُصِيبُ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ﴾


90.   Гурӯҳе аз арабҳои бодиянишин омаданд ва аз сустӣ ва нотавонии худ узр пурсиданд, то онҳоро рухсат диҳанд, ки ба ҷанг нараванд ва онҳое, ки ба Аллоҳу паёмбараш дурӯғ гуфта буданд, дар хона нишастанд. Ба зудӣ ба кофиронашон азоби дардовар хоҳад расид, дар дунё ба қатл ва дар охират ба оташ.

91- ﴿لَيْسَ عَلَى الضُّعَفَاءِ وَلَا عَلَى الْمَرْضَىٰ وَلَا عَلَى الَّذِينَ لَا يَجِدُونَ مَا يُنْفِقُونَ حَرَجٌ إِذَا نَصَحُوا لِلَّهِ وَرَسُولِهِ ۚ مَا عَلَى الْمُحْسِنِينَ مِنْ سَبِيلٍ ۚ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾


91.
   Бар нотавонону беморон ва онон, ки маводи ҷангии хешро намеёбанд, ҳар гоҳ дар амал барои Аллоҳу паёмбараш ихлос кунанд, гуноҳе нест, агар ба ҷанг наёянд, ки бар некӯкорон ҳеҷ гуна итобе нест ва Аллоҳ некӯкоронро бахшояндааст ва бо онон меҳрубон аст!

92- ﴿وَلَا عَلَى الَّذِينَ إِذَا مَا أَتَوْكَ لِتَحْمِلَهُمْ قُلْتَ لَا أَجِدُ مَا أَحْمِلُكُمْ عَلَيْهِ تَوَلَّوْا وَأَعْيُنُهُمْ تَفِيضُ مِنَ الدَّمْعِ حَزَنًا أَلَّا يَجِدُوا مَا يُنْفِقُونَ﴾


92.
   Ва низ гуноҳе нест бар онон, ки назди ту эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омаданд, то барои набардашон саворӣ диҳӣ ва ту гуфтӣ, ки саворие надорам ва онҳо барои харҷ кардан ҳеҷ чизе наёфтанд ва ашкрезону ғамгин бозгаштанд.

93- ﴿۞ إِنَّمَا السَّبِيلُ عَلَى الَّذِينَ يَسْتَأْذِنُونَكَ وَهُمْ أَغْنِيَاءُ ۚ رَضُوا بِأَنْ يَكُونُوا مَعَ الْخَوَالِفِ وَطَبَعَ اللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ فَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ﴾


93.   Хашму азоби Аллоҳ бар касонест, ки дар ҳолати тавонгарӣ аз ту рухсат мехоҳанд ва онон мунофиқонанд ва ба он хушнуданд, ки бо хонанишинон дар хона бимонанд. Аллоҳ дар дилҳояшон мӯҳр гузоштааст ва оқибати бадашонро намедонанд, бо он чи ки аз гуноҳҳо касб кардаанд.(1)

94- ﴿يَعْتَذِرُونَ إِلَيْكُمْ إِذَا رَجَعْتُمْ إِلَيْهِمْ ۚ قُلْ لَا تَعْتَذِرُوا لَنْ نُؤْمِنَ لَكُمْ قَدْ نَبَّأَنَا اللَّهُ مِنْ أَخْبَارِكُمْ ۚ وَسَيَرَى اللَّهُ عَمَلَكُمْ وَرَسُولُهُ ثُمَّ تُرَدُّونَ إِلَىٰ عَالِمِ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ فَيُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ﴾


94.   Эй мӯъминон, чун шумо ба наздашон бозгардед, (барои нарафтанашон ба ҷиҳод) меоянду узр мепурсанд. Бигӯ: «Узр мапурсед, гуфторатонро ҳаргиз бовар надорем, ки Аллоҳ моро аз ахбори шумо огоҳ кардааст. Ба зудӣ Аллоҳу паёмбараш амали шуморо дар дунё хоҳанд дид. Оё шумо аз нифоқи худ тавба мекунед ё бар он пойдор меистед? Он гоҳ шуморо назди он Аллоҳе, ки донои ниҳону ошкор аст, мебаранд, то аз натиҷаи аъмолатон огоҳатон созад!»(1)

95- ﴿سَيَحْلِفُونَ بِاللَّهِ لَكُمْ إِذَا انْقَلَبْتُمْ إِلَيْهِمْ لِتُعْرِضُوا عَنْهُمْ ۖ فَأَعْرِضُوا عَنْهُمْ ۖ إِنَّهُمْ رِجْسٌ ۖ وَمَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ جَزَاءً بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ﴾


95.   Эй мӯъминон, чун аз ҷанг ба назди инҳо мунофиқон бозгардед, бароятон савганд мехӯранд, то аз хатояшон даргузаред. Аз онҳо рӯй гардонед ва таркашон кунед, ки мардуме палиданд ва ба хотири аъмолашон ҷой дар ҷаҳаннам доранд!(1)

96- ﴿يَحْلِفُونَ لَكُمْ لِتَرْضَوْا عَنْهُمْ ۖ فَإِنْ تَرْضَوْا عَنْهُمْ فَإِنَّ اللَّهَ لَا يَرْضَىٰ عَنِ الْقَوْمِ الْفَاسِقِينَ﴾


96.   Эй мӯъминон, ин мунофиқон бароятон савганд мехӯранд, то аз онон хушнуд шавед. Агар шумо ҳам хушнуд шавед, Аллоҳ аз ин мардуми нофармон хушнуд нахоҳад шуд!

97- ﴿الْأَعْرَابُ أَشَدُّ كُفْرًا وَنِفَاقًا وَأَجْدَرُ أَلَّا يَعْلَمُوا حُدُودَ مَا أَنْزَلَ اللَّهُ عَلَىٰ رَسُولِهِ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ﴾


97.   Арабҳои бодиянишин кофиртару мунофиқтар аз дигаронанд(1) ва ба надонистани ҳукмҳое, ки Аллоҳ бар паёмбараш нозил кардааст, сазовортаранд. Ба Аллоҳ ба ҳамаи ҳоли онҳо доно ва дар тадбири кори бандагонаш дурусткор аст!

98- ﴿وَمِنَ الْأَعْرَابِ مَنْ يَتَّخِذُ مَا يُنْفِقُ مَغْرَمًا وَيَتَرَبَّصُ بِكُمُ الدَّوَائِرَ ۚ عَلَيْهِمْ دَائِرَةُ السَّوْءِ ۗ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ﴾


98.   Баъзе аз арабҳои бодиянишин он чиро, ки нафақа мекунанд, чун зиёне мепиндоранд ва мунтазиранд, то ба шумо мусибате бирасад. Мусибати бад бар худашон бод ва Аллоҳ шунаво аст ба он чи мегӯянд ва доност ба ниятҳои вайронашон!(1)

99- ﴿وَمِنَ الْأَعْرَابِ مَنْ يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَيَتَّخِذُ مَا يُنْفِقُ قُرُبَاتٍ عِنْدَ اللَّهِ وَصَلَوَاتِ الرَّسُولِ ۚ أَلَا إِنَّهَا قُرْبَةٌ لَهُمْ ۚ سَيُدْخِلُهُمُ اللَّهُ فِي رَحْمَتِهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾


99.   Ва баъзе аз арабҳои бодиянишин ба Аллоҳу рӯзи қиёмат имон доранд ва он чиро, ки дар роҳи Аллоҳ харҷ мекунанд сабаби наздикӣ ба Аллоҳ ва дуои Паёмбар медонанд.
Бидонед, ки ҳамин нафақа кардан ва садақоташон ва низ дуоҳо ва омурзишхоҳии Паёмбар (саллалллоҳу алайҳи ва саллам) сабаби наздикияшон ба Аллоҳ хоҳад шуд ва Аллоҳ ба раҳмати хеш дохили биҳишташон хоҳад кард, зеро омурзандаву меҳрубон аст!

100- ﴿وَالسَّابِقُونَ الْأَوَّلُونَ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ وَالَّذِينَ اتَّبَعُوهُمْ بِإِحْسَانٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي تَحْتَهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۚ ذَٰلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ﴾


100. Аз он гурӯҳи нахустин аз муҳоҷирон(1) ва аҳли Мадина, ки пешқадам шуданд ва онон, ки ба хотири Аллоҳ ба некӣ аз онон пайравӣ карданд (дар эътиқод, гуфтор ва амалҳояшон), Аллоҳ хушнуд аст ва онҳо низ аз Аллоҳ хушнуданд. Аллоҳ барояшон биҳиштҳоеро омода кардааст, ки дар онҳо дарёҳо ҷорист ва ҳамеша дар он ҷо хоҳанд буд. Ин аст комёбии бузург!

101- ﴿وَمِمَّنْ حَوْلَكُمْ مِنَ الْأَعْرَابِ مُنَافِقُونَ ۖ وَمِنْ أَهْلِ الْمَدِينَةِ ۖ مَرَدُوا عَلَى النِّفَاقِ لَا تَعْلَمُهُمْ ۖ نَحْنُ نَعْلَمُهُمْ ۚ سَنُعَذِّبُهُمْ مَرَّتَيْنِ ثُمَّ يُرَدُّونَ إِلَىٰ عَذَابٍ عَظِيمٍ﴾


101. Гурӯҳе аз арабҳои бодиянишин, ки атрофи шуморо гирифтаанд, мунофиқанд ва гурӯҳе аз мардуми Мадина низ дар нифоқ исрор меварзанд. Ту онҳоро намешиносӣ, Мо онҳоро мешиносем ва ду бор азобашон хоҳем кард; ба қатл ва асир гирифтан дар дунё ва дар охират ба азоби бузург гирифтор мешаванд.(1)

102- ﴿وَآخَرُونَ اعْتَرَفُوا بِذُنُوبِهِمْ خَلَطُوا عَمَلًا صَالِحًا وَآخَرَ سَيِّئًا عَسَى اللَّهُ أَنْ يَتُوبَ عَلَيْهِمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾


102. Ва гурӯҳи дигаре аз аҳли Мадина ба гуноҳи худ эътироф карданд, ки аъмоли некӯро бо корҳои зишт омехтаанд (ва он ақибнишинӣ кардан аз ҷанг ҳамроҳи Расули Аллоҳ ва дигар амалҳои бад аст). Шояд Аллоҳ тавбаашонро бипазирад, зеро Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст!(1)

103- ﴿خُذْ مِنْ أَمْوَالِهِمْ صَدَقَةً تُطَهِّرُهُمْ وَتُزَكِّيهِمْ بِهَا وَصَلِّ عَلَيْهِمْ ۖ إِنَّ صَلَاتَكَ سَكَنٌ لَهُمْ ۗ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ﴾


103.
  Аз молҳои тавбакунандагоне, ки аъмоли некӯро бо корҳои зишт омехтаанд, садақа (закот) биситон, то ононро поку муназзаҳ созӣ ва барояшон дуо кун, зеро дуои ту мояи оромиши онҳост ва Аллоҳ ба ҳар дуо шунаво ва ба аҳволи бандагон ва ниятҳояшон доност!(1)

104- ﴿أَلَمْ يَعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ هُوَ يَقْبَلُ التَّوْبَةَ عَنْ عِبَادِهِ وَيَأْخُذُ الصَّدَقَاتِ وَأَنَّ اللَّهَ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ﴾


104.  Оё ҳанӯз (инҳо ақибнишинандагон аз ҷиҳод ва дигарон) надонистаанд, ки Аллоҳ аст, ки тавбаи бандагонашро мепазирад, чун ба тоати Аллоҳ баргарданд ва садақотро қабул мекунад ва Аллоҳ аст, ки тавбапазиру меҳрубон(1).

105- ﴿وَقُلِ اعْمَلُوا فَسَيَرَى اللَّهُ عَمَلَكُمْ وَرَسُولُهُ وَالْمُؤْمِنُونَ ۖ وَسَتُرَدُّونَ إِلَىٰ عَالِمِ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ فَيُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ﴾


105.  Бигӯ: «Амал кунед, Аллоҳу паёмбараш ва мӯъминон аъмоли шуморо хоҳанд дид ва шумо ба назди донандаи ниҳону ошкоро бозгардонида мешавед ва Ӯ аз амалҳоятон огоҳатон хоҳад кард». Ва ин оят ваъда ба азоб аст барои онон, ки ҳамеша дар ботилу ситамкорианд.(1)

106- ﴿وَآخَرُونَ مُرْجَوْنَ لِأَمْرِ اللَّهِ إِمَّا يُعَذِّبُهُمْ وَإِمَّا يَتُوبُ عَلَيْهِمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ﴾


106.  Ва гурӯҳе дигар аз касоне,(1) ки дар ҷанги Табук ақибнишинӣ карданд ва аз кардаи худ пушаймон шуданд ба машийяти (хости) Аллоҳ вогузошта шудаанд, ки ё азобашон мекунад, ё тавбаашонро мепазирад. Ва Аллоҳ доно аст, ки сазовори уқубат ё бахшиш аст ва дар гуфтору кирдораш бо ҳикмат аст!(2)

107- ﴿وَالَّذِينَ اتَّخَذُوا مَسْجِدًا ضِرَارًا وَكُفْرًا وَتَفْرِيقًا بَيْنَ الْمُؤْمِنِينَ وَإِرْصَادًا لِمَنْ حَارَبَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ مِنْ قَبْلُ ۚ وَلَيَحْلِفُنَّ إِنْ أَرَدْنَا إِلَّا الْحُسْنَىٰ ۖ وَاللَّهُ يَشْهَدُ إِنَّهُمْ لَكَاذِبُونَ﴾


107.
  Ва мунофиқон барои зиён расонидани мӯъминон ва куфр овардан ба Аллоҳ ва тафриқа афкандан миёни мусалмонон масҷиде(1) бино карданд, то ки баъзеашон дар он намоз гузоранд ва масҷиди Қуборо, ки дар он мусалмонон намоз мегузориданд, тарк намоянд. Ва масҷиди бинокардаашон барои касоне, ки мехоҳанд бо Аллоҳу паёмбараш ҷанг кунанд, камингоҳе бошад Ва албатта, савганд мехӯранд, ки аз бинои ин масҷид ҳадафе ҷуз некӣ ва хайр надоштем. Вале Аллоҳ гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо яқинан дурӯғгӯянд.(2)

108- ﴿لَا تَقُمْ فِيهِ أَبَدًا ۚ لَمَسْجِدٌ أُسِّسَ عَلَى التَّقْوَىٰ مِنْ أَوَّلِ يَوْمٍ أَحَقُّ أَنْ تَقُومَ فِيهِ ۚ فِيهِ رِجَالٌ يُحِبُّونَ أَنْ يَتَطَهَّرُوا ۚ وَاللَّهُ يُحِبُّ الْمُطَّهِّرِينَ﴾


108.  Эй Паёмбар, ҳаргиз дар он масҷид намоз магузор. Масҷиде, ки аз рӯзи нахуст бар парҳезгорӣ бунёд шуд ва он (масҷиди Расули Аллоҳ) шоистатар аст, ки дар он ҷо намоз гузорӣ. Дар он ҷо мардоне ҳастанд, ки дӯст доранд аз наҷосатҳову палидиҳо ва аз гуноҳҳову маъсиятҳо покиза бошанд, зеро Аллоҳ покизагонро дӯст дорад.(1)

109- ﴿أَفَمَنْ أَسَّسَ بُنْيَانَهُ عَلَىٰ تَقْوَىٰ مِنَ اللَّهِ وَرِضْوَانٍ خَيْرٌ أَمْ مَنْ أَسَّسَ بُنْيَانَهُ عَلَىٰ شَفَا جُرُفٍ هَارٍ فَانْهَارَ بِهِ فِي نَارِ جَهَنَّمَ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ﴾


109.
  Оё касе, ки бинои масҷидро бар тарсгорӣ аз Аллоҳ ва хушнудии Ӯ ниҳода, беҳтар аст ё он касе, ки бинои масҷидро бар канораи селроҳе ниҳодааст, ки об зери онро шуста бошад,(1) то бо ӯ дар оташи ҷаҳаннам сарнагун гардад? Ва Аллоҳ мардуми ситамгарро ҳидоят намекунад.

110- ﴿لَا يَزَالُ بُنْيَانُهُمُ الَّذِي بَنَوْا رِيبَةً فِي قُلُوبِهِمْ إِلَّا أَنْ تَقَطَّعَ قُلُوبُهُمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ﴾


110. Он биное, ки ( мунофиқон барои зарар расондани масҷиди Расули Аллоҳ- бунёд кардаанд, ҳамеша сабаби шакку шубҳа(1) дар дилашон хоҳад буд, то он ҳангом, ки дилашон пора - пора гардад. Ва Аллоҳ доно аст ба мақсадашон, ҳаким аст дар тадбири корҳои бандагонаш!

111- ﴿۞ إِنَّ اللَّهَ اشْتَرَىٰ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ أَنْفُسَهُمْ وَأَمْوَالَهُمْ بِأَنَّ لَهُمُ الْجَنَّةَ ۚ يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَيَقْتُلُونَ وَيُقْتَلُونَ ۖ وَعْدًا عَلَيْهِ حَقًّا فِي التَّوْرَاةِ وَالْإِنْجِيلِ وَالْقُرْآنِ ۚ وَمَنْ أَوْفَىٰ بِعَهْدِهِ مِنَ اللَّهِ ۚ فَاسْتَبْشِرُوا بِبَيْعِكُمُ الَّذِي بَايَعْتُمْ بِهِ ۚ وَذَٰلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ﴾


111. Аллоҳ аз мӯъминон ҷонҳову молҳояшонро харид, то биҳишт барои онон бошад. Дар роҳи Аллоҳ ҷанг мекунанд, чӣ бикушанд ё кушта шаванд, ваъдае, ки Аллоҳ дар Тавроту Инҷил ва Қуръон(1) дода аст ба ҳақ бар ӯҳдаи Ӯст. Ва чӣ касе беҳтар аз Аллоҳ ба аҳди худ вафо хоҳад кард? Ба ин хариду фурӯхт, ки кардаед, шод бошед, - эй мӯъминон, - ки комёбии бузургест!

112- ﴿التَّائِبُونَ الْعَابِدُونَ الْحَامِدُونَ السَّائِحُونَ الرَّاكِعُونَ السَّاجِدُونَ الْآمِرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَالنَّاهُونَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَالْحَافِظُونَ لِحُدُودِ اللَّهِ ۗ وَبَشِّرِ الْمُؤْمِنِينَ﴾


112.
Аз сифатҳое, ки барояшон башорат ба ҷаннат дода шудааст: тавбакунандагонанд, парастандагонанд, шукргузоронанд, рӯзадоронанд, рукӯъкунандагонанд, саҷдакунандагонанд, амркунандагон ба маъруф ва манъкунандагон аз мункаранд ва нигоҳдорандагони ҳудуди Аллоҳанд! Ва (эй Паёмбар), мӯъминонеро, ки дорои ин гуна сифатҳоянд мужда бидеҳ!

113- ﴿مَا كَانَ لِلنَّبِيِّ وَالَّذِينَ آمَنُوا أَنْ يَسْتَغْفِرُوا لِلْمُشْرِكِينَ وَلَوْ كَانُوا أُولِي قُرْبَىٰ مِنْ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُمْ أَصْحَابُ الْجَحِيمِ﴾


113. Набояд Паёмбар (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва касоне, ки имон овардаанд, барои мушрикон, пас аз он ки донистанд,(1) ки ба ҷаҳаннам мераванд, талаби бахшоиш кунанд, ҳарчанд аз хешовандон бошанд ҳам. Зеро Аллоҳ ҳукм кардааст, ки гуноҳони мушриконро намеомурзад.(2)

114- ﴿وَمَا كَانَ اسْتِغْفَارُ إِبْرَاهِيمَ لِأَبِيهِ إِلَّا عَنْ مَوْعِدَةٍ وَعَدَهَا إِيَّاهُ فَلَمَّا تَبَيَّنَ لَهُ أَنَّهُ عَدُوٌّ لِلَّهِ تَبَرَّأَ مِنْهُ ۚ إِنَّ إِبْرَاهِيمَ لَأَوَّاهٌ حَلِيمٌ﴾


114. Бахшоиш хостани Иброҳим барои падараш набуд, магар аз рӯи ваъдаҳое, ки ба ӯ дода буд.(1) Ва чун барои ӯ ошкор шуд, ки падараш душмани Аллоҳ аст, аз ӯ безорӣ ҷуст ва барояш тарки омурзиши гуноҳ кард. Зеро Иброҳим бисёр худотарсу бурдбор буд!

115- ﴿وَمَا كَانَ اللَّهُ لِيُضِلَّ قَوْمًا بَعْدَ إِذْ هَدَاهُمْ حَتَّىٰ يُبَيِّنَ لَهُمْ مَا يَتَّقُونَ ۚ إِنَّ اللَّهَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ﴾


115. Аллоҳ қавмеро, ки ҳидоят кардааст, гумроҳ намекунад, то замоне ки он чиро бояд аз он бипарҳезанд, барояшон равшан намояд. Дар ҳақиқат, Аллоҳ бар ҳар чизе доност!

116- ﴿إِنَّ اللَّهَ لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ يُحْيِي وَيُمِيتُ ۚ وَمَا لَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ﴾


116. Фармонравоии осмонҳову замин аз они Аллоҳ аст! Ӯ дар офариниш ва тадбир ва парастиш ва шариаташ касеро шарик нагирифтааст. Зинда мекунаду мемиронад ва шуморо ҷуз Аллоҳ дӯстдоре нест, ки сарпарастиатон кунад ва мададгоре нест, ки бар душманатон шуморо ғолиб гардонад.(1)

117- ﴿لَقَدْ تَابَ اللَّهُ عَلَى النَّبِيِّ وَالْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ الَّذِينَ اتَّبَعُوهُ فِي سَاعَةِ الْعُسْرَةِ مِنْ بَعْدِ مَا كَادَ يَزِيغُ قُلُوبُ فَرِيقٍ مِنْهُمْ ثُمَّ تَابَ عَلَيْهِمْ ۚ إِنَّهُ بِهِمْ رَءُوفٌ رَحِيمٌ﴾


117.
  Аллоҳ ба паёмбараш тавфиқашро арзонӣ кард ва муҳоҷирин ва ансорро ба тавба кардан мушарраф сохт, ки дар ғазваи Табук дар гармии сахт дар машаққату ташнагӣ пайравии ӯ карданд, баъд аз он ки қариб буд, ки дили гурӯҳе аз онон беҷо шавад ва шак кунад дар динаш ва аз ҷанг бигардад. Тавбаашонро пазируфт, зеро ба онҳо рауфу (мушфиқу) меҳрубон аст!(1)

118- ﴿وَعَلَى الثَّلَاثَةِ الَّذِينَ خُلِّفُوا حَتَّىٰ إِذَا ضَاقَتْ عَلَيْهِمُ الْأَرْضُ بِمَا رَحُبَتْ وَضَاقَتْ عَلَيْهِمْ أَنْفُسُهُمْ وَظَنُّوا أَنْ لَا مَلْجَأَ مِنَ اللَّهِ إِلَّا إِلَيْهِ ثُمَّ تَابَ عَلَيْهِمْ لِيَتُوبُوا ۚ إِنَّ اللَّهَ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ﴾


118.
Ва низ Аллоҳ пазируфт тавбаи он се тан (аз ансориҳо)-ро,(1) ки аз ҷанг хонанишинӣ карда буданд, то он гоҳ ки замин бо ҳамаи кушодагияш бар онҳо танг шуд ва ҷон дар танашон намеғунҷид (ба сабаби ақибнишиниашон аз ҷанг) ва худ донистанд, ки ҷуз Аллоҳ ҳеҷ паноҳгоҳе надоранд, ки ба он рӯй оваранд. Пас, Аллоҳ тавбаи ононро пазируфт, то ба Ӯ бозоянд, ки тавбапазиру меҳрубон аст!

119- ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَكُونُوا مَعَ الصَّادِقِينَ﴾


119.  Эй касоне, ки имон ба Аллоҳ ва расули Ӯ овардаед, аз Аллоҳ битарсед, фармудаҳояшро баҷо оред ва аз манъкардашудаҳояш бозистед ва бо росгӯён бошед!

120- ﴿مَا كَانَ لِأَهْلِ الْمَدِينَةِ وَمَنْ حَوْلَهُمْ مِنَ الْأَعْرَابِ أَنْ يَتَخَلَّفُوا عَنْ رَسُولِ اللَّهِ وَلَا يَرْغَبُوا بِأَنْفُسِهِمْ عَنْ نَفْسِهِ ۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ لَا يُصِيبُهُمْ ظَمَأٌ وَلَا نَصَبٌ وَلَا مَخْمَصَةٌ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَلَا يَطَئُونَ مَوْطِئًا يَغِيظُ الْكُفَّارَ وَلَا يَنَالُونَ مِنْ عَدُوٍّ نَيْلًا إِلَّا كُتِبَ لَهُمْ بِهِ عَمَلٌ صَالِحٌ ۚ إِنَّ اللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ﴾


120.  Ахли Мадина ва арабҳои бодиянишини атрофи онро насазад, ки аз ҳамроҳӣ бо паёмбари Аллоҳ қафокашӣ намоянд ва набояд, ки аз Ӯ ба худ (яъне, аз Ӯ гузашта ба ҳифзи ҷони худ бошанд) пардозанд.
Зеро дар роҳи Аллоҳ ҳеҷ ташнагӣ ва ранҷе бар онҳо нарасад ва ё ба гуруснагӣ дучор нашаванд, ё қадаме барнадоранд, ки кофиронро хашмгин созад, ё ба душман дастбурде назананд, магар он ки амали солеҳе барояшон навишта шавад, ки Аллоҳ подоши некӯкоронро нобуд намесозад!

121- ﴿وَلَا يُنْفِقُونَ نَفَقَةً صَغِيرَةً وَلَا كَبِيرَةً وَلَا يَقْطَعُونَ وَادِيًا إِلَّا كُتِبَ لَهُمْ لِيَجْزِيَهُمُ اللَّهُ أَحْسَنَ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ﴾


121.  Ва ҳеҷ харҷеро, хоҳ кам хоҳ зиёд намекунанд ва ҳеҷ сарзаминеро намегузаранд, магар барояшон навишта мешавад, то ки Аллоҳ некӯтарини он чи ки мекарданд, ба онон подош диҳад.

122- ﴿۞ وَمَا كَانَ الْمُؤْمِنُونَ لِيَنْفِرُوا كَافَّةً ۚ فَلَوْلَا نَفَرَ مِنْ كُلِّ فِرْقَةٍ مِنْهُمْ طَائِفَةٌ لِيَتَفَقَّهُوا فِي الدِّينِ وَلِيُنْذِرُوا قَوْمَهُمْ إِذَا رَجَعُوا إِلَيْهِمْ لَعَلَّهُمْ يَحْذَرُونَ﴾


122.  Ва мумкин нест мӯъминонро, ки ҳамагӣ барои ҷанги душманонашон ба сафар раванд. Пас, чаро аз ҳар гурӯҳе чанд нафаре ба сафар нараванд, то дониши дини хешро биёмӯзанд ва чун бозгаштанд (баъди илм гирифтан), мардуми худро бим кунанд. Бошад ки аз азоби Илоҳӣ битарсанд?

123- ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا قَاتِلُوا الَّذِينَ يَلُونَكُمْ مِنَ الْكُفَّارِ وَلْيَجِدُوا فِيكُمْ غِلْظَةً ۚ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ مَعَ الْمُتَّقِينَ﴾


123.  Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон овардаед, бо кофироне, ки наздики шумоянд, ҷанг кунед, то дар шумо шиддату дуруштӣ ёбанд ва бидонед, ки Аллоҳ бо мадад кардан ва нусрат доданаш бо парҳезгорон аст!(1)

124- ﴿وَإِذَا مَا أُنْزِلَتْ سُورَةٌ فَمِنْهُمْ مَنْ يَقُولُ أَيُّكُمْ زَادَتْهُ هَٰذِهِ إِيمَانًا ۚ فَأَمَّا الَّذِينَ آمَنُوا فَزَادَتْهُمْ إِيمَانًا وَهُمْ يَسْتَبْشِرُونَ﴾


124.
  Ва чун сурае нозил шавад, баъзе (аз мунофиқон ба қасди инкор ва тамасхур) мепурсанд: «Ин сура имони кадоми яке аз шуморо афзудааст?» Онон, ки имон овардаанд, ба имонашон афзуда шавад ва худ шодмонӣ мекунанд ба он чи ки Аллоҳ барояшон имону яқин арзонӣ намудаст.(1)

125- ﴿وَأَمَّا الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ فَزَادَتْهُمْ رِجْسًا إِلَىٰ رِجْسِهِمْ وَمَاتُوا وَهُمْ كَافِرُونَ﴾


125.  Аммо онон, ки дар дилҳояшон (аз нифоқу шак) бемориест, ҷуз палидие бар палидиашон наяфзуд ва ҳамчунон кофир бимурданд.

126- ﴿أَوَلَا يَرَوْنَ أَنَّهُمْ يُفْتَنُونَ فِي كُلِّ عَامٍ مَرَّةً أَوْ مَرَّتَيْنِ ثُمَّ لَا يَتُوبُونَ وَلَا هُمْ يَذَّكَّرُونَ﴾


126.  Оё мунофиқон намебинанд, ки дар ҳар сол як ё ду бор мавриди озмоиш(1) қарор мегиранд? Вале на тавба мекунанд ва на панд мегиранд.

127- ﴿وَإِذَا مَا أُنْزِلَتْ سُورَةٌ نَظَرَ بَعْضُهُمْ إِلَىٰ بَعْضٍ هَلْ يَرَاكُمْ مِنْ أَحَدٍ ثُمَّ انْصَرَفُوا ۚ صَرَفَ اللَّهُ قُلُوبَهُمْ بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لَا يَفْقَهُونَ﴾


127.  Ва чун сурае нозил шавад аз Қуръон ва дар он зикри айби мунофиқон аст баъзе ба баъзе дигар нигоҳ мекунанд ва баъд аз он мегӯянд: "Оё касе аз мӯъминон шуморо мебинад?». Ва агар касе онҳоро набинад аз назди расул бархоста, бозмегаштанд, зеро ки таҳаммули шунидани оётро надоранд ва қироати сура, ки дар он зикри айби онҳост, ба гӯшашон надаромад. Аллоҳ дилҳояшонро аз имон мунсариф сохта (баргардонда), зеро онҳо мардуме нофаҳманд!(1)

128- ﴿لَقَدْ جَاءَكُمْ رَسُولٌ مِنْ أَنْفُسِكُمْ عَزِيزٌ عَلَيْهِ مَا عَنِتُّمْ حَرِيصٌ عَلَيْكُمْ بِالْمُؤْمِنِينَ رَءُوفٌ رَحِيمٌ﴾


128.  Албатта, паёмбаре аз худи шумо бар шумо фиристода шуд, ки шумо вайро мешиносед, ҳар он чи шуморо ранҷ медиҳад, бар ӯ гарон меояд. Бар ҳидояти шумо бисёр ҳарис аст ва бо мӯъминон мушфиқу меҳрубон аст.

129- ﴿فَإِنْ تَوَلَّوْا فَقُلْ حَسْبِيَ اللَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۖ عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ ۖ وَهُوَ رَبُّ الْعَرْشِ الْعَظِيمِ﴾


129.
  Агар мушрикон ва мунофиқон аз имон овардан ба ту рӯй гардонанд, бигӯ барояшон: «Аллоҳ барои ман кофист, маъбуде ҷуз Ӯ нест, бар Ӯ таваккал кардам ва ҳамаи амрамро ба Ӯ таслим намудам ва нусратдиҳанда ва мададгори ман аст ва Ӯст Парвардигори Арши бузург!(1)

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: