المبين
كلمة (المُبِين) في اللغة اسمُ فاعل من الفعل (أبان)، ومعناه:...
78. Дар роҳи Аллоҳ, ҷиҳод кунед, он гуна ки шоистаи ҷиҳод дар роҳи Ӯст. Ӯ шуморо баргузид. Ва бароятон дар дин ҳеҷ корҳои душвориро бар дӯши шумо нагузоштааст. Дини падаратон Иброҳимро барои шумо ташриъ кардааст. Ӯ пеш аз ин дар китобҳои пешин ва дар ин Қуръон шуморо "мусалмон" номид. То Паёмбар бар шумо гувоҳ бошад ва шумо низ бар дигар мардум гувоҳ бошед. Пас, намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба Аллоҳ ибодат кунед, ки Ӯ ёвар ва сарпарасти шумо аст. Чӣ сарпараст ва сарвари нек ва чӣ мададгор ва кӯмаккунандаи хубе аст!