الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ1- ﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمْ ۚ إِنَّ زَلْزَلَةَ السَّاعَةِ شَيْءٌ عَظِيمٌ﴾
1.
Эй мардум, аз азоби Парвардигоратон бо иҷро намудани амрҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш битарсед, ки албатта, зилзилаи қиёмат ҳодисаи бузургест, ки андоза ва сифати он зилзиларо ва чӣ гуна шуданашро ҳеҷ кас надонад, ба ҷуз Парвардигори ҷаҳониён.(1)
2- ﴿يَوْمَ تَرَوْنَهَا تَذْهَلُ كُلُّ مُرْضِعَةٍ عَمَّا أَرْضَعَتْ وَتَضَعُ كُلُّ ذَاتِ حَمْلٍ حَمْلَهَا وَتَرَى النَّاسَ سُكَارَىٰ وَمَا هُمْ بِسُكَارَىٰ وَلَٰكِنَّ عَذَابَ اللَّهِ شَدِيدٌ﴾
2.
Он рӯз, барпо шудани қиёматро бубинед, ки ҳар ширдиҳанда аз тифле, ки шир медиҳад, ғофил шавад ва ҳар зани бордор бори шиками худро (1) бар замин гузорад ва мардумро чун маст бинӣ, ҳол он ки маст нестанд, балки азоби Аллоҳ бисёр сахт аст, ки ақлу идрокашонро рабудааст.
3- ﴿وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يُجَادِلُ فِي اللَّهِ بِغَيْرِ عِلْمٍ وَيَتَّبِعُ كُلَّ شَيْطَانٍ مَرِيدٍ﴾
3. Баъзе аз мардуми аҳли куфр бе ҳеҷ донише дар бораи Аллоҳ баҳс мекунанд ва дар қудрати Аллоҳ шак меоранд, ки чӣ гуна аз нав зинда хоҳем шуд? Ва ҳар шайтони саркашро пайравӣ мекунанд.
4- ﴿كُتِبَ عَلَيْهِ أَنَّهُ مَنْ تَوَلَّاهُ فَأَنَّهُ يُضِلُّهُ وَيَهْدِيهِ إِلَىٰ عَذَابِ السَّعِيرِ﴾
4. Дар қазои илоҳӣ бар шайтон чунин муқаррар шудааст, ки ҳар кас, ки шайтонро дӯст бидорад ва пайравӣ намояд, пас шайтон ӯро гумроҳ мекунад ва ӯро ба сӯи азоби оташи сӯзон мебарад.(1)
5- ﴿يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنْ كُنْتُمْ فِي رَيْبٍ مِنَ الْبَعْثِ فَإِنَّا خَلَقْنَاكُمْ مِنْ تُرَابٍ ثُمَّ مِنْ نُطْفَةٍ ثُمَّ مِنْ عَلَقَةٍ ثُمَّ مِنْ مُضْغَةٍ مُخَلَّقَةٍ وَغَيْرِ مُخَلَّقَةٍ لِنُبَيِّنَ لَكُمْ ۚ وَنُقِرُّ فِي الْأَرْحَامِ مَا نَشَاءُ إِلَىٰ أَجَلٍ مُسَمًّى ثُمَّ نُخْرِجُكُمْ طِفْلًا ثُمَّ لِتَبْلُغُوا أَشُدَّكُمْ ۖ وَمِنْكُمْ مَنْ يُتَوَفَّىٰ وَمِنْكُمْ مَنْ يُرَدُّ إِلَىٰ أَرْذَلِ الْعُمُرِ لِكَيْلَا يَعْلَمَ مِنْ بَعْدِ عِلْمٍ شَيْئًا ۚ وَتَرَى الْأَرْضَ هَامِدَةً فَإِذَا أَنْزَلْنَا عَلَيْهَا الْمَاءَ اهْتَزَّتْ وَرَبَتْ وَأَنْبَتَتْ مِنْ كُلِّ زَوْجٍ بَهِيجٍ﴾
5.
Эй мардум, агар дар шубҳа ҳастед аз рӯзе, ки Аллоҳ мурдаҳоро зинда мегардонад, Мо падари шуморо аз хок, сипас насли вайро аз нутфае, ки дар раҳми зан қарор мегирад, сипас аз лахтаи хуне, ки он ба қудрати Аллоҳ баста мегардад, сипас аз порагӯшти шаклёфта, ки дар муддати муайян таваллуд мешавад ва гоҳ ношаклёфта, ки пеш аз муддати таваллуд, меафтад, биёфаридаем, то қудрати худро бароятон ошкор кунем. Ва то замоне муайян ҳар чиро хоҳем, дар раҳмҳо нигаҳ медорем, сипас аз батни модаратон шуморо кӯдаке берун меоварем. Сипас, шуморо тарбият мекунем, то ба ниҳояти ҷавонии худ бирасед. Баъзе аз шумо мемиранд ва баъзе ба пирию фартутӣ бурда мешаванд, то он гоҳ ки ҳар чи омӯхтаанд, фаромӯш кунанд. Ва ту заминро хушкшуда мебинӣ. Чун борон бар он бифиристем, дар ҷунбиш ояд ва сабзиш ёбад ва аз ҳар навъ гиёҳи зебо ва хуррам бирӯёнад.(1)
6- ﴿ذَٰلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ هُوَ الْحَقُّ وَأَنَّهُ يُحْيِي الْمَوْتَىٰ وَأَنَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ﴾
6. Ин ҳама далелҳои зикршуда ба сабаби он аст, ки Аллоҳ ҳақ аст, мурдагонро зинда месозад ва албатта, Ӯ бар ҳама чиз тавоно аст.
7- ﴿وَأَنَّ السَّاعَةَ آتِيَةٌ لَا رَيْبَ فِيهَا وَأَنَّ اللَّهَ يَبْعَثُ مَنْ فِي الْقُبُورِ﴾
7. Ва ба дурустӣ, ки қиёмат хоҳад омад, шубҳае дар он нест. Ва Аллоҳ ҳамаи касонеро, ки дар гӯрҳо ҳастанд, зинда мекунад.
8- ﴿وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يُجَادِلُ فِي اللَّهِ بِغَيْرِ عِلْمٍ وَلَا هُدًى وَلَا كِتَابٍ مُنِيرٍ﴾
8. Ва аз миёни мардуми куффор касест, ки дар бораи ягонагии Аллоҳ бе ҳеҷ донише ва ҳеҷ роҳнамоӣ ва ҳеҷ китоби равшанибахше баҳс мекунад.
9- ﴿ثَانِيَ عِطْفِهِ لِيُضِلَّ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۖ لَهُ فِي الدُّنْيَا خِزْيٌ ۖ وَنُذِيقُهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ عَذَابَ الْحَرِيقِ﴾
9. Гарданро ба такаббур ба як сӯ мегардонад, то мардумро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ созад. Насиби ӯ дар дунё хорист ва дар рӯзи қиёмат азоби оташро ба ӯ мечашонем.
10- ﴿ذَٰلِكَ بِمَا قَدَّمَتْ يَدَاكَ وَأَنَّ اللَّهَ لَيْسَ بِظَلَّامٍ لِلْعَبِيدِ﴾
10. Барои он саркаш гуфта мешавад: Ин ҷазои корҳоест, ки пеш аз ин кардаӣ ва Аллоҳ бе гуноҳ ба бандагонаш ситам намекунад.
11- ﴿وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَعْبُدُ اللَّهَ عَلَىٰ حَرْفٍ ۖ فَإِنْ أَصَابَهُ خَيْرٌ اطْمَأَنَّ بِهِ ۖ وَإِنْ أَصَابَتْهُ فِتْنَةٌ انْقَلَبَ عَلَىٰ وَجْهِهِ خَسِرَ الدُّنْيَا وَالْآخِرَةَ ۚ ذَٰلِكَ هُوَ الْخُسْرَانُ الْمُبِينُ﴾
11. Ва аз миёни мардум касест, ки ислом овардааст, вале дар қалбаш имон дохил нашудааст Аллоҳро бо шубҳа мепарастад. Агар хайре ба ӯ расад, дилаш ба он хайр ором гираду мутмаин шавад ва дар ибодати Аллоҳ бардавом истад ва агар озмоише (балое) пеш ояд, рӯй бартобад. Дар дунёву охират зиён бинад ва он зиёни ошкору равшан аст.
12- ﴿يَدْعُو مِنْ دُونِ اللَّهِ مَا لَا يَضُرُّهُ وَمَا لَا يَنْفَعُهُ ۚ ذَٰلِكَ هُوَ الضَّلَالُ الْبَعِيدُ﴾
12. Ва он зиёндида ғайри Аллоҳ касеро мехонад, ки на зиёне ба ӯ мерасонад ва на фоидае ва ин гумроҳиест беинтиҳо.
13- ﴿يَدْعُو لَمَنْ ضَرُّهُ أَقْرَبُ مِنْ نَفْعِهِ ۚ لَبِئْسَ الْمَوْلَىٰ وَلَبِئْسَ الْعَشِيرُ﴾
13. Касеро мехонад, ки зиёнаш наздиктар аз суди ӯ. Ва чӣ ҳамдамон ва дӯстони баде ҳастанд. (Яъне, мурод аз ин бутҳояшон аст).(1)
14- ﴿إِنَّ اللَّهَ يُدْخِلُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ ۚ إِنَّ اللَّهَ يَفْعَلُ مَا يُرِيدُ﴾
14. Ҳамоно Аллоҳ касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд, ба бустонҳое, ки дар зери он ҷӯйҳо ҷорӣ мешаванд, дохил месозад ва Аллоҳ ҳар чӣ хоҳад, ҳамон мекунад.
15- ﴿مَنْ كَانَ يَظُنُّ أَنْ لَنْ يَنْصُرَهُ اللَّهُ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ فَلْيَمْدُدْ بِسَبَبٍ إِلَى السَّمَاءِ ثُمَّ لْيَقْطَعْ فَلْيَنْظُرْ هَلْ يُذْهِبَنَّ كَيْدُهُ مَا يَغِيظُ﴾
15.
Касе мепиндошт, ки Аллоҳ дар дунёву охират, ҳаргиз ӯро (дини Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро) нусрат намедиҳад ва ба ин хотир асабонӣ аст, пас ресмоне аз сақфи хонааш биёвезад, то худро хафа кунад, сипас ресмонро бибурад ва бингарад, ки оё ин ҳила хашмашро дур мекунад? (Хулосаи маъно ин аст, ки ҳамон тавре ки расидани ӯ ба осмон ғайри мумкин аст, ҳаргиз Аллоҳ нусрати паёмбараш Муҳаммад саллаллоху алайҳи ва салламро қатъ намегардонад)(1)
16- ﴿وَكَذَٰلِكَ أَنْزَلْنَاهُ آيَاتٍ بَيِّنَاتٍ وَأَنَّ اللَّهَ يَهْدِي مَنْ يُرِيدُ﴾
16. Ва ин гуна Қуръонро ба сурати оёти равшан нозил кардем. Ва аммо ҳидоят дар дасти Аллоҳ аст, Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ҳидоят мекунад. (1)
17- ﴿إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَالَّذِينَ هَادُوا وَالصَّابِئِينَ وَالنَّصَارَىٰ وَالْمَجُوسَ وَالَّذِينَ أَشْرَكُوا إِنَّ اللَّهَ يَفْصِلُ بَيْنَهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدٌ﴾
17.
Аллоҳ миёни онон, ки имон ба Аллоҳ ва расулаш овардаанд ва онон, ки дини яҳуд ё собиён,(1) ё насоро, ё маҷусият (оташпарастӣ)-ро баргузидаанд ва онон, ки мушрик шудаанд, дар рӯзи қиёмат ҳукм мекунад ва мӯъминонро ба ҷаннат ва кофиронро ба дӯзах медарорад. Бегумон Аллоҳ бар ҳама чиз огоҳ аст! Ва ҳар якро мувофиқи аъмолаш ҷазои муносиб медиҳад(2)
18- ﴿أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّهَ يَسْجُدُ لَهُ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَمَنْ فِي الْأَرْضِ وَالشَّمْسُ وَالْقَمَرُ وَالنُّجُومُ وَالْجِبَالُ وَالشَّجَرُ وَالدَّوَابُّ وَكَثِيرٌ مِنَ النَّاسِ ۖ وَكَثِيرٌ حَقَّ عَلَيْهِ الْعَذَابُ ۗ وَمَنْ يُهِنِ اللَّهُ فَمَا لَهُ مِنْ مُكْرِمٍ ۚ إِنَّ اللَّهَ يَفْعَلُ مَا يَشَاءُ ۩﴾
18. Оё надидаӣ, (эй Паёмбар), тамоми касоне, ки дар осмонҳову замин ҳастанд ва офтобу моҳ ва ситорагону кӯҳҳо ва дарахтону чаҳорпоён ва бисёре аз мардум Аллоҳро саҷда мекунанд. Ва бисёр касоне ҳастанд, ки азоб бар онҳо муқаррар шудааст ва ҳар киро Аллоҳ хор созад, гиромидорандае надорад. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ ҳар чӣ бихоҳад, ҳамон мекунад.
19- ﴿۞ هَٰذَانِ خَصْمَانِ اخْتَصَمُوا فِي رَبِّهِمْ ۖ فَالَّذِينَ كَفَرُوا قُطِّعَتْ لَهُمْ ثِيَابٌ مِنْ نَارٍ يُصَبُّ مِنْ فَوْقِ رُءُوسِهِمُ الْحَمِيمُ﴾
19. Ин ду гурӯҳ: (аҳли имон ва аҳли куфр) душманони якдигаранд дар бораи Парвардигорашон ба хусумат бархостаанд. Ҳар яке худро ҳақ медонад. Пас, онон, ки кофир шуданд, барояшон ҷомаҳое аз оташ бурида шудааст, ки ҷасадҳояшонро бирён мекунад ва аз боло бар сарашон оби ҷӯшон мерезанд.
20- ﴿يُصْهَرُ بِهِ مَا فِي بُطُونِهِمْ وَالْجُلُودُ﴾
20. Ба он оби ҷӯшон ҳар чӣ дар даруни шикам доранд ва низ пӯстҳояшон гудохта мешавад.
22- ﴿كُلَّمَا أَرَادُوا أَنْ يَخْرُجُوا مِنْهَا مِنْ غَمٍّ أُعِيدُوا فِيهَا وَذُوقُوا عَذَابَ الْحَرِيقِ﴾
22. Ҳар гоҳ ки бихоҳанд аз он азоб, аз он андӯҳ берун оянд, бори дигар ононро ба он бозгардонда мешаванд. Ва ба онон гуфта мешавад, ки бичашед азоби оташи сӯзонро.
23- ﴿إِنَّ اللَّهَ يُدْخِلُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ يُحَلَّوْنَ فِيهَا مِنْ أَسَاوِرَ مِنْ ذَهَبٍ وَلُؤْلُؤًا ۖ وَلِبَاسُهُمْ فِيهَا حَرِيرٌ﴾
23. Аллоҳ касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дар зери он ҷӯйҳо меравад, дохил месозад. Дар он ҷо бо дастбандҳое аз тиллову марворид ороста шаванд ва либосашон дар он ҷо аз ҳарир (абрешим) аст.
24- ﴿وَهُدُوا إِلَى الطَّيِّبِ مِنَ الْقَوْلِ وَهُدُوا إِلَىٰ صِرَاطِ الْحَمِيدِ﴾
24. Онон дар дунё ба сӯи сухани пок тавҳид роҳ ёфтанд ва ба сӯи роҳи ислом, ки баранда ба ҷаннат аст, роҳнамоӣ шудаанд.(1)
25- ﴿إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا وَيَصُدُّونَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ وَالْمَسْجِدِ الْحَرَامِ الَّذِي جَعَلْنَاهُ لِلنَّاسِ سَوَاءً الْعَاكِفُ فِيهِ وَالْبَادِ ۚ وَمَنْ يُرِدْ فِيهِ بِإِلْحَادٍ بِظُلْمٍ نُذِقْهُ مِنْ عَذَابٍ أَلِيمٍ﴾
25.
Онҳое, ки кофир шудаанд ба он чи ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) овард ва мардумро аз роҳи Аллоҳ ва Масҷидулҳаром, ки барои мардуми чи муқиму чи мусофир баробар аст, бозмедоранд ва низ ҳар киро дар он ҷо қасди каҷравӣ ё ситамкорӣ дошта бошад, ба ӯ азоби дардовар бичашонем.
26- ﴿وَإِذْ بَوَّأْنَا لِإِبْرَاهِيمَ مَكَانَ الْبَيْتِ أَنْ لَا تُشْرِكْ بِي شَيْئًا وَطَهِّرْ بَيْتِيَ لِلطَّائِفِينَ وَالْقَائِمِينَ وَالرُّكَّعِ السُّجُودِ﴾
26.
Ва эй Паёмбар, ба ёд ор замонеро, ки ҷойгоҳи хонаи Аллоҳро барои Иброҳим муайян сохтем ва ба ӯ гуфтем: «Ҳеҷ чизро шарики Ман масоз ва хонаи Маро барои тавофкунандагон ва ба намоз истодагон ва рукуъкунандаву саҷдакунандагон покиза бидор».
27- ﴿وَأَذِّنْ فِي النَّاسِ بِالْحَجِّ يَأْتُوكَ رِجَالًا وَعَلَىٰ كُلِّ ضَامِرٍ يَأْتِينَ مِنْ كُلِّ فَجٍّ عَمِيقٍ﴾
27. Ва эй Иброҳим, мардумро ба воҷиб будани ҳаҷ даъват кун, то пиёда ё савор бар шутурони лоғар, ки асари заҳмати сафар онҳоро хаста кардааст, аз роҳҳои дур назди ту биёянд.
28- ﴿لِيَشْهَدُوا مَنَافِعَ لَهُمْ وَيَذْكُرُوا اسْمَ اللَّهِ فِي أَيَّامٍ مَعْلُومَاتٍ عَلَىٰ مَا رَزَقَهُمْ مِنْ بَهِيمَةِ الْأَنْعَامِ ۖ فَكُلُوا مِنْهَا وَأَطْعِمُوا الْبَائِسَ الْفَقِيرَ﴾
28.
То шоҳиди манфиатҳои худ бошанд, аз омурзиши гуноҳҳояшон ва савобҳои қурбониашон ва тоаташон ва савдоҳояшон ва номи Аллоҳро дар рӯзҳое муайян (даҳаи аввали зулҳиҷҷа ва серӯзи пас аз он) ба ҳангоми забҳи чорпоён; (аз шутур, гов ва гӯсфандон), ки Аллоҳ ризқи рӯзии онҳо сохтааст, ёд кунанд. Пас аз онҳо бихӯреду бенавоёни фақирро низ таом диҳед.(1)
29- ﴿ثُمَّ لْيَقْضُوا تَفَثَهُمْ وَلْيُوفُوا نُذُورَهُمْ وَلْيَطَّوَّفُوا بِالْبَيْتِ الْعَتِيقِ﴾
29. Сипас, чиркро(1) аз худ дур кунанд ва назрҳои хешро адо кунанд ва бар он хонаи кӯҳансол (Каъба) тавоф кунанд.
30- ﴿ذَٰلِكَ وَمَنْ يُعَظِّمْ حُرُمَاتِ اللَّهِ فَهُوَ خَيْرٌ لَهُ عِنْدَ رَبِّهِ ۗ وَأُحِلَّتْ لَكُمُ الْأَنْعَامُ إِلَّا مَا يُتْلَىٰ عَلَيْكُمْ ۖ فَاجْتَنِبُوا الرِّجْسَ مِنَ الْأَوْثَانِ وَاجْتَنِبُوا قَوْلَ الزُّورِ﴾
30. Ин аст ҳукми Аллоҳ дар он чи гузашт ва ҳар кас шаъоири (1) Аллоҳро бузург шуморад, пас ин дар назди Парвардигораш барояш беҳтар аст. Ва чорпоён бар шумо ҳалоланд, магар онҳое, ки бароятон хонда шуд: аз моли худмурда, хун ва дигар чизҳои ҳаромшуда. Пас аз палидиҳое, ки баъзе аз онҳо бутҳо ҳастанд, дурӣ кунед ва аз сухани ботилу дурӯғ низ парҳез кунед.
31- ﴿حُنَفَاءَ لِلَّهِ غَيْرَ مُشْرِكِينَ بِهِ ۚ وَمَنْ يُشْرِكْ بِاللَّهِ فَكَأَنَّمَا خَرَّ مِنَ السَّمَاءِ فَتَخْطَفُهُ الطَّيْرُ أَوْ تَهْوِي بِهِ الرِّيحُ فِي مَكَانٍ سَحِيقٍ﴾
31. Дар дини Аллоҳ рост бошед, барои Аллоҳ ҳеҷ гуна шарике муқаррар накунед ва ҳар кас, ки ба Аллоҳ ширк оварад, чун касест, ки аз осмон фурӯ афтад ва паррандае ӯро бирабояд ё боде ба макони дуре рӯфта партофтааст.
32- ﴿ذَٰلِكَ وَمَنْ يُعَظِّمْ شَعَائِرَ اللَّهِ فَإِنَّهَا مِنْ تَقْوَى الْقُلُوبِ﴾
32. Ин аст ҳукми Аллоҳ ва касоне, ки шиорҳои Аллоҳро бузург мешуморанд; (аз ибодатҳо ва қурбониҳо) ба дурустӣ ин корашон нишони парҳезгории дилҳост.
33- ﴿لَكُمْ فِيهَا مَنَافِعُ إِلَىٰ أَجَلٍ مُسَمًّى ثُمَّ مَحِلُّهَا إِلَى الْبَيْتِ الْعَتِيقِ﴾
33. Аз он шутурони қурбонӣ то замоне муайян бароятон фоидаҳоест, сипас ҷои қурбониашон дар он хонаи кӯҳансол (Каъба) аст.
34- ﴿وَلِكُلِّ أُمَّةٍ جَعَلْنَا مَنْسَكًا لِيَذْكُرُوا اسْمَ اللَّهِ عَلَىٰ مَا رَزَقَهُمْ مِنْ بَهِيمَةِ الْأَنْعَامِ ۗ فَإِلَٰهُكُمْ إِلَٰهٌ وَاحِدٌ فَلَهُ أَسْلِمُوا ۗ وَبَشِّرِ الْمُخْبِتِينَ﴾
34. Барои ҳар уммате тарзи қурбониро муаяйн сохтаем, то номи Аллоҳро ба ҳангоми забҳ бар чорпоёне, ки қурбонӣ карда мешаванд бар забон ронанд. Пас маъбуди шумо маъбуди яктост, дар баробари Ӯ таслим шавед. Ва фӯрутанонро(1) ба некиҳои дунёву охират хушхабар деҳ.
35- ﴿الَّذِينَ إِذَا ذُكِرَ اللَّهُ وَجِلَتْ قُلُوبُهُمْ وَالصَّابِرِينَ عَلَىٰ مَا أَصَابَهُمْ وَالْمُقِيمِي الصَّلَاةِ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنْفِقُونَ﴾
35. Касоне ҳастанд, чун номи Аллоҳ бурда шавад, дилҳояшон аз тарси Ӯ ҳаросон мегардад ва дар баробари мусибатҳое, ки ба онҳо мерасад, сабр меварзанд ва намозро барпо медоранд ва аз он чи рӯзиашон додаем, нафақа мекунанд.
36- ﴿وَالْبُدْنَ جَعَلْنَاهَا لَكُمْ مِنْ شَعَائِرِ اللَّهِ لَكُمْ فِيهَا خَيْرٌ ۖ فَاذْكُرُوا اسْمَ اللَّهِ عَلَيْهَا صَوَافَّ ۖ فَإِذَا وَجَبَتْ جُنُوبُهَا فَكُلُوا مِنْهَا وَأَطْعِمُوا الْقَانِعَ وَالْمُعْتَرَّ ۚ كَذَٰلِكَ سَخَّرْنَاهَا لَكُمْ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ﴾
36. Шутурони қурбониро барои шумо аз шаъоири Аллоҳ қарор додем, то ба он ба сӯи Аллоҳ наздик шавед. Шуморо дар онҳо хайру баракатест; аз хӯрдан, садақа кардан ва савоб гирифтан. Пас ҳангоми қурбонӣ, дар ҳоле, ки бар пой истодаанд, номи Аллоҳро бар онҳо бихонед ва чун пахлӯяшон бар замин расид, аз гӯшти онҳо бихӯред ва фақирони боқаноат ва гадоёнро бихӯронед. Ин гуна Мо онҳоро барои шумо ром кардем. Бошад, ки шумо сипосгузорӣ кунед!(1)
37- ﴿لَنْ يَنَالَ اللَّهَ لُحُومُهَا وَلَا دِمَاؤُهَا وَلَٰكِنْ يَنَالُهُ التَّقْوَىٰ مِنْكُمْ ۚ كَذَٰلِكَ سَخَّرَهَا لَكُمْ لِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَاكُمْ ۗ وَبَشِّرِ الْمُحْسِنِينَ﴾
37. Ҳаргиз гӯштҳо ва хунҳои қурбониён ба Аллоҳ намерасад, чунки Аллоҳ бениёз ва лоиқи ситоиш аст, балки парҳезгории шумо, (яъне ихлосу нияти шумо) ба Ӯ мерасад. Ҳамчунин онҳоро бароятон мусаххар намуд, то Аллоҳро ба хотири он, ки ҳидоятатон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед. Ва некӯкоронро мужда бидеҳ!
38- ﴿۞ إِنَّ اللَّهَ يُدَافِعُ عَنِ الَّذِينَ آمَنُوا ۗ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ كُلَّ خَوَّانٍ كَفُورٍ﴾
38. Ба ростӣ, Аллоҳ аз касоне, ки имон овардаанд, дифоъ мекунад, зеро Аллоҳ хиёнаткорони носипосро дӯст надорад!
39- ﴿أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقَاتَلُونَ بِأَنَّهُمْ ظُلِمُوا ۚ وَإِنَّ اللَّهَ عَلَىٰ نَصْرِهِمْ لَقَدِيرٌ﴾
39. (Дар ибтидои Ислом ҷангидан бар муқобили куффор мамнӯъ буд ва бар азияти онҳо сабр кардан маъмӯр буд. Пас вақте, ки азияти мушрикон то ҷое расид, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз Макка ба Мадина ҳиҷрат намуд ва Ислом қувват пайдо кард.) Ба мусалмонон ҷангидан бо куффор рухсат дода шуд, ба сабаби он ки онҳо мавриди ситам қарор гирифтаанд ва бегумон Аллоҳ бар ёрӣ кардан ва пирӯз гардонидани онҳо тавоност.
40- ﴿الَّذِينَ أُخْرِجُوا مِنْ دِيَارِهِمْ بِغَيْرِ حَقٍّ إِلَّا أَنْ يَقُولُوا رَبُّنَا اللَّهُ ۗ وَلَوْلَا دَفْعُ اللَّهِ النَّاسَ بَعْضَهُمْ بِبَعْضٍ لَهُدِّمَتْ صَوَامِعُ وَبِيَعٌ وَصَلَوَاتٌ وَمَسَاجِدُ يُذْكَرُ فِيهَا اسْمُ اللَّهِ كَثِيرًا ۗ وَلَيَنْصُرَنَّ اللَّهُ مَنْ يَنْصُرُهُ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَقَوِيٌّ عَزِيزٌ﴾
40.
Онҳое, ки ба ноҳақ аз диёрашон ронда шудаанд, гуноҳашон танҳо ин буд, ки мегуфтанд: «Парвардигори мо Аллоҳи яктост?» Ва агар Аллоҳ баъзе аз мардумро ба василаи баъзе дигар дафъ намекард, бегумон хилватхонаҳои роҳибон(1) ва ибодатхонаҳои насоро ва яҳуд ва масоҷиди мусалмонон, ки дар онҳо номи Аллоҳ бисёр ёд карда мешавад, вайрон мегардид. Ва албатта, Аллоҳ ёрӣ мекунад касеро, ки дини Ӯро ёрӣ медиҳад. Бегумон Аллоҳ тавонову пирӯзманд аст бар ҳамаи халоиқ ва ғолиб аст ва ҳама дар ихтиёри Ӯянд.(2)
41- ﴿الَّذِينَ إِنْ مَكَّنَّاهُمْ فِي الْأَرْضِ أَقَامُوا الصَّلَاةَ وَآتَوُا الزَّكَاةَ وَأَمَرُوا بِالْمَعْرُوفِ وَنَهَوْا عَنِ الْمُنْكَرِ ۗ وَلِلَّهِ عَاقِبَةُ الْأُمُورِ﴾
41. Ҳамон касоне, ки агар дар замин ба онҳо қудрат диҳем, намозро дар вақташ мегузоранд ва закоти молро бар мустаҳиқаш медиҳанд ва амр ба маъруфу наҳй аз мункар мекунанд. Ва саранҷоми ҳамаи корҳо аз они Аллоҳ аст!
42- ﴿وَإِنْ يُكَذِّبُوكَ فَقَدْ كَذَّبَتْ قَبْلَهُمْ قَوْمُ نُوحٍ وَعَادٌ وَثَمُودُ﴾
42. Эй Расул, ғамгин набош, агар инҳо туро Дурӯғгӯ бароранд, пеш аз онҳо қавми Нӯҳу Од ва Самудро низ дурӯғ бароварда буданд,
44- ﴿وَأَصْحَابُ مَدْيَنَ ۖ وَكُذِّبَ مُوسَىٰ فَأَمْلَيْتُ لِلْكَافِرِينَ ثُمَّ أَخَذْتُهُمْ ۖ فَكَيْفَ كَانَ نَكِيرِ﴾
44. ва мардуми Мадян(1) ва Мӯсоро низ дурӯғгӯ шумориданд. Ман ба кофирон мӯҳлат додам ва ба зудӣ онҳоро ба ҷурми гуноҳашон ҷазо накардам, сипас онҳоро ба азоб гирифтор намудам. Ва (бингар) уқубати Ман чӣ гуна буд?(2)
45- ﴿فَكَأَيِّنْ مِنْ قَرْيَةٍ أَهْلَكْنَاهَا وَهِيَ ظَالِمَةٌ فَهِيَ خَاوِيَةٌ عَلَىٰ عُرُوشِهَا وَبِئْرٍ مُعَطَّلَةٍ وَقَصْرٍ مَشِيدٍ﴾
45. Чӣ бисёр шаҳрҳоеро дар ҳоле, ки аҳлаш ситамкор буданд, нобуд кардаем ва чунон ки сақфҳояшон бар деворҳояшон фурӯ рехтааст ва чӣ бисёр чоҳҳо, ки бекор монд ва (низ) қасрҳои баланди гаҷкоришуда бесоҳиб монд.
46- ﴿أَفَلَمْ يَسِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَتَكُونَ لَهُمْ قُلُوبٌ يَعْقِلُونَ بِهَا أَوْ آذَانٌ يَسْمَعُونَ بِهَا ۖ فَإِنَّهَا لَا تَعْمَى الْأَبْصَارُ وَلَٰكِنْ تَعْمَى الْقُلُوبُ الَّتِي فِي الصُّدُورِ﴾
46.
Оё қурайшиҳои беимон дар замин сайр намекунанд, то соҳиби дилҳое гарданд, ки ба василаи онҳо хирадмандона биандешанд, то ибрат бигиранд ва гӯшҳое, ки ба он бишнаванд, панд бигиранд? Бегумон чашмҳо нобино намегарданд, балки дилҳое, ки дар синаҳо ҷой доранд, аз дарк кардани ҳақ кӯр мешаванд.(1)
47- ﴿وَيَسْتَعْجِلُونَكَ بِالْعَذَابِ وَلَنْ يُخْلِفَ اللَّهُ وَعْدَهُ ۚ وَإِنَّ يَوْمًا عِنْدَ رَبِّكَ كَأَلْفِ سَنَةٍ مِمَّا تَعُدُّونَ﴾
47. Ва кофирони Қурайш аз рӯи ҷаҳолаташон бо шитоб азобро аз ту, -эй Расул-, металабанд ва Аллоҳ ҳаргиз ваъдаи худро хилоф намекунад. Ва бегумон назди Парвардигори ту як рӯз аз рӯзҳои қиёмат монанди ҳазор сол аст, ки шумо дар дунё мешумуред.(1)
48- ﴿وَكَأَيِّنْ مِنْ قَرْيَةٍ أَمْلَيْتُ لَهَا وَهِيَ ظَالِمَةٌ ثُمَّ أَخَذْتُهَا وَإِلَيَّ الْمَصِيرُ﴾
48. Чӣ бисёр деҳаҳое буданд, ки мардумонашон золим буданд ва Ман мӯҳлаташон додам, сипас онҳоро ба азоб гирифтор намудам. Ва бозгашти ҳама назди Ман аст!
49- ﴿قُلْ يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّمَا أَنَا لَكُمْ نَذِيرٌ مُبِينٌ﴾
49. Бигӯ - эй Расул: «Эй мардум, ман барои шумо бимдиҳандаи ошкорам».
50- ﴿فَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَهُمْ مَغْفِرَةٌ وَرِزْقٌ كَرِيمٌ﴾
50. Пас онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, барои онҳо омурзиши гуноҳон аст ва аз ризқу рӯзии пок ва хубе бархӯрдоранд.
51- ﴿وَالَّذِينَ سَعَوْا فِي آيَاتِنَا مُعَاجِزِينَ أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ الْجَحِيمِ﴾
51. Ва онон, ки дар инкори оёти Мо мекӯшанд ва мехоҳанд Моро оҷиз кунанд, онҳо сокинони ахли ҷаҳаннаманд.
52- ﴿وَمَا أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ مِنْ رَسُولٍ وَلَا نَبِيٍّ إِلَّا إِذَا تَمَنَّىٰ أَلْقَى الشَّيْطَانُ فِي أُمْنِيَّتِهِ فَيَنْسَخُ اللَّهُ مَا يُلْقِي الشَّيْطَانُ ثُمَّ يُحْكِمُ اللَّهُ آيَاتِهِ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ﴾
52. Мо пеш аз ту ҳеҷ расул ё паёмбареро нафиристодаем, магар он ки чун ба хондани оёт машғул шуд, шайтон дар сухани ӯ чизе шубҳа меафканд.
Ва он гоҳ Аллоҳ он чиро, ки шайтон афканда буд, аз байн мебарад, сипас оёти хешро устувор медорад ва Аллоҳ доно аст ба он чи ки шуд ва мешавад ва чизе аз Ӯ пинҳон намемонад ва бо ҳикмат аст ҳар чизеро дар ҷояш қарор медиҳад!(1)
53- ﴿لِيَجْعَلَ مَا يُلْقِي الشَّيْطَانُ فِتْنَةً لِلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ وَالْقَاسِيَةِ قُلُوبُهُمْ ۗ وَإِنَّ الظَّالِمِينَ لَفِي شِقَاقٍ بَعِيدٍ﴾
53. То Аллоҳ он чиро ки шайтон барои бемордилоне, ки дар дилҳояшон шак ва нифоқ аст, меафканад ва онон, ки дилҳояшон аз имон овардани ба Аллоҳ сахт аст, озмуне қарор диҳад. Бегумон ситамкорон бар муқобили Аллоҳ ва расулаш дар мухолифат ва душмании дуру дароз ҳастанд.(1)
54- ﴿وَلِيَعْلَمَ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ أَنَّهُ الْحَقُّ مِنْ رَبِّكَ فَيُؤْمِنُوا بِهِ فَتُخْبِتَ لَهُ قُلُوبُهُمْ ۗ وَإِنَّ اللَّهَ لَهَادِ الَّذِينَ آمَنُوا إِلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ﴾
54. Ва то соҳибони илм бидонанд, ки он (ваҳй) аз ҷониби Парвардигорат ҳақ аст ва ба он имон биёваранд ва дилҳояшон ба он ором гирад ва дар баробараш таслим ва фӯрутан шаванд. Ва ба дурустӣ, ки Аллоҳ касонеро, ки имон овардаанд, ба роҳи рост (яъне Ислом) ҳидоят мекунад.(1)
55- ﴿وَلَا يَزَالُ الَّذِينَ كَفَرُوا فِي مِرْيَةٍ مِنْهُ حَتَّىٰ تَأْتِيَهُمُ السَّاعَةُ بَغْتَةً أَوْ يَأْتِيَهُمْ عَذَابُ يَوْمٍ عَقِيمٍ﴾
55. Ҳамеша кофирон дар он чи Паёмбар овардааст шак мекунанд, то он гоҳ, ки қиёмат ногаҳон бар сарашон фаро расад ё ба азоби рузи наҳс(1) гирифтор оянд.
56- ﴿الْمُلْكُ يَوْمَئِذٍ لِلَّهِ يَحْكُمُ بَيْنَهُمْ ۚ فَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ فِي جَنَّاتِ النَّعِيمِ﴾
56. Фармонравоӣ дар он рӯз аз они Аллоҳ аст. Миёнашон ҳукм мекунад. Пас касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар боғҳои пурнозу неъмат (биҳишт) ҳастанд.
57- ﴿وَالَّذِينَ كَفَرُوا وَكَذَّبُوا بِآيَاتِنَا فَأُولَٰئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ مُهِينٌ﴾
57. Ва касоне, ки куфр варзидаанд ва оёти Моро дурӯғ шумурдаанд, барояшон азоби хоркунандае аст, ки онҳоро хору залил мегардонад!(1)
58- ﴿وَالَّذِينَ هَاجَرُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ ثُمَّ قُتِلُوا أَوْ مَاتُوا لَيَرْزُقَنَّهُمُ اللَّهُ رِزْقًا حَسَنًا ۚ وَإِنَّ اللَّهَ لَهُوَ خَيْرُ الرَّازِقِينَ﴾
58. Ва касоне, ки дар роҳи Аллоҳ барои нусрати дини Аллоҳ ҳиҷрат намуданд, сипас дар майдони ҷанг кушта шуданд ё дар бистари худ мурданд, албатта, Аллоҳ ба онҳо дар ҷаннат ризқи нек медиҳад. Яқинан Аллоҳ беҳтарин рӯзидиҳандагон аст.(1)
59- ﴿لَيُدْخِلَنَّهُمْ مُدْخَلًا يَرْضَوْنَهُ ۗ وَإِنَّ اللَّهَ لَعَلِيمٌ حَلِيمٌ﴾
59. Ононро ба ҷое дароварад, ки онон он ҷоро дӯст доранд ва аз он хушнуд бошанд. Ва он ҷаннат аст. Ва албатта, Аллоҳ доно аст ба ҳоли шахсе, ки дар роҳи Ӯ ҳиҷрат намудааст ё барои дунё ҳиҷрат кардааст ва бурдбор аст аз он касоне, ки Ӯро нофармонбардорӣ мекунанд ва фавран онҳоро ба азоб намегирад!(1)
60- ﴿۞ ذَٰلِكَ وَمَنْ عَاقَبَ بِمِثْلِ مَا عُوقِبَ بِهِ ثُمَّ بُغِيَ عَلَيْهِ لَيَنْصُرَنَّهُ اللَّهُ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَعَفُوٌّ غَفُورٌ﴾
60. Ҳукм бар ин аст, ҳар кас ситам кунад, барои ӯ ҷоиз аст, ба андозае, ки ба ӯ ситам шудааст, бар ҷинояткор ситам намояд баъд аз он ҷинояткор бар ӯ дубора ситам кунад, ба дурустӣ, ки Аллоҳ ситамдидаро ёриаш хоҳад кард. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ афвкунанда ва омурзанда аст гунаҳкоронро, фавран ба гуноҳашон азоб намедиҳад ва аз гуноҳашон дармегузарад.(1)
61- ﴿ذَٰلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ يُولِجُ اللَّيْلَ فِي النَّهَارِ وَيُولِجُ النَّهَارَ فِي اللَّيْلِ وَأَنَّ اللَّهَ سَمِيعٌ بَصِيرٌ﴾
61. Ин ба он сабаб аст, ки Аллоҳ шабро дар рӯз ва рӯзро дар шаб дохил мегардонад ва бар яке аз он ду меафзояд ва аз дигаре мекоҳад ва баръакс. Ба Аллоҳ ба ҳамаи садоҳо шунавост ва ба ҳама корҳо биност.(1)
62- ﴿ذَٰلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ هُوَ الْحَقُّ وَأَنَّ مَا يَدْعُونَ مِنْ دُونِهِ هُوَ الْبَاطِلُ وَأَنَّ اللَّهَ هُوَ الْعَلِيُّ الْكَبِيرُ﴾
62. Ин ба он сабаб аст, ки Аллоҳ ҳақ аст ва он чи кофирон ҷуз Ӯ маъбуди дигаре мехонанд, ботил аст ва Ӯ баландмартабаву бузург аст.
63- ﴿أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّهَ أَنْزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَتُصْبِحُ الْأَرْضُ مُخْضَرَّةً ۗ إِنَّ اللَّهَ لَطِيفٌ خَبِيرٌ﴾
63. Оё надидаӣ, ки Аллоҳ аз осмон борон фиристод ва замин бар асари он сарсабзу хуррам мегардад? Албатта, Аллоҳ дар рӯёнидани наботот аз замин дақиқ ва огоҳ аст!
64- ﴿لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۗ وَإِنَّ اللَّهَ لَهُوَ الْغَنِيُّ الْحَمِيدُ﴾
64. Аз они Ӯст он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст. Ба дурустӣ, Аллоҳ бениёз ва сазовори ситоиш аст!
65- ﴿أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّهَ سَخَّرَ لَكُمْ مَا فِي الْأَرْضِ وَالْفُلْكَ تَجْرِي فِي الْبَحْرِ بِأَمْرِهِ وَيُمْسِكُ السَّمَاءَ أَنْ تَقَعَ عَلَى الْأَرْضِ إِلَّا بِإِذْنِهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ بِالنَّاسِ لَرَءُوفٌ رَحِيمٌ﴾
65.
Оё надидаӣ, ки Аллоҳ ҳар чиро дар рӯи замин ҳаст ва киштиҳоро, ки дар баҳр ба фармони Ӯ мераванд, бароятон мусаххар гардонид? Ва Аллоҳ намегузорад осмон бар замин фурӯ резад, то ҳама ҳалок шаванд, магар ба изну хости худаш. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ бар мардум бахшоянда ва меҳрубон аст.
66- ﴿وَهُوَ الَّذِي أَحْيَاكُمْ ثُمَّ يُمِيتُكُمْ ثُمَّ يُحْيِيكُمْ ۗ إِنَّ الْإِنْسَانَ لَكَفُورٌ﴾
66. Ӯ Аллоҳ зотест, ки шуморо зиндагӣ бахшид ва шуморо аз нестӣ ба вуҷуд овардааст, сипас бимиронад ва баъд аз мурданатон шуморо боз зинда месозад. Бегумон инсон дар баробари неъматҳои Аллоҳ ношукр аст.(1)
67- ﴿لِكُلِّ أُمَّةٍ جَعَلْنَا مَنْسَكًا هُمْ نَاسِكُوهُ ۖ فَلَا يُنَازِعُنَّكَ فِي الْأَمْرِ ۚ وَادْعُ إِلَىٰ رَبِّكَ ۖ إِنَّكَ لَعَلَىٰ هُدًى مُسْتَقِيمٍ﴾
67. Барои ҳар уммате дине ниҳодем, то бар он дину оин амал кунанд. Пас, дар бораи амр мушрикони Қурайш бо ту эй Расул, ситеза накунанд ва мардумро ба сӯи Парвардигори худ даъват кун, бегумон ту бар роҳи рост ҳастӣ.
68- ﴿وَإِنْ جَادَلُوكَ فَقُلِ اللَّهُ أَعْلَمُ بِمَا تَعْمَلُونَ﴾
68. Ва агар бо ту эй Расул, ситеза карданд, бигӯ барояшон: "Аллоҳ бар ҳар коре, ки мекунед, огоҳтар аст".
69- ﴿اللَّهُ يَحْكُمُ بَيْنَكُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فِيمَا كُنْتُمْ فِيهِ تَخْتَلِفُونَ﴾
69. Аллоҳ миёни шумо дар рӯзи қиёмат дар бораи он чи ихтилоф меварзидед, ҳукм хоҳад кард.(1)
70- ﴿أَلَمْ تَعْلَمْ أَنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ مَا فِي السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ ۗ إِنَّ ذَٰلِكَ فِي كِتَابٍ ۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرٌ﴾
70. Оё надонистаӣ, эй Расул, ки Аллоҳ ҳар чиро, ки дар осмонҳову замин аст, медонад? Бегумон тамоми инҳо дар китоби Лавҳи Маҳфуз сабт аст ва ин кор барои Аллоҳ осон аст.
71- ﴿وَيَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ مَا لَمْ يُنَزِّلْ بِهِ سُلْطَانًا وَمَا لَيْسَ لَهُمْ بِهِ عِلْمٌ ۗ وَمَا لِلظَّالِمِينَ مِنْ نَصِيرٍ﴾
71. Ва мушрикон ғайри Аллоҳ чизеро мепарастанд, ки Аллоҳ ҳеҷ далеле бар сиҳатии парастиши онҳо нозил накардааст ва чизеро мепарастанд, ки ба он илме надоранд. Ва барои ситамкорон ҳеҷ ёваре нест.
72- ﴿وَإِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ آيَاتُنَا بَيِّنَاتٍ تَعْرِفُ فِي وُجُوهِ الَّذِينَ كَفَرُوا الْمُنْكَرَ ۖ يَكَادُونَ يَسْطُونَ بِالَّذِينَ يَتْلُونَ عَلَيْهِمْ آيَاتِنَا ۗ قُلْ أَفَأُنَبِّئُكُمْ بِشَرٍّ مِنْ ذَٰلِكُمُ ۗ النَّارُ وَعَدَهَا اللَّهُ الَّذِينَ كَفَرُوا ۖ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ﴾
72. Ва ҳангоме ки оёти равшани Мо бар онон хонда мешавад, дар чеҳраи кофирон нохӯширо мебинӣ, балки наздик аст ҳамла кунанд ба он касоне, ки оёти Моро бар онҳо мехонанд. Бигӯ эй Расул барояшон: «Оё шуморо бар чизе бадтар аз ин огоҳ кунам? Ҳамон оташи ҷаҳаннам аст, ки Аллоҳ онро бар касоне, ки имон наовардаанд, ваъда додааст ва оташ, бад саранҷомест!»
73- ﴿يَا أَيُّهَا النَّاسُ ضُرِبَ مَثَلٌ فَاسْتَمِعُوا لَهُ ۚ إِنَّ الَّذِينَ تَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ لَنْ يَخْلُقُوا ذُبَابًا وَلَوِ اجْتَمَعُوا لَهُ ۖ وَإِنْ يَسْلُبْهُمُ الذُّبَابُ شَيْئًا لَا يَسْتَنْقِذُوهُ مِنْهُ ۚ ضَعُفَ الطَّالِبُ وَالْمَطْلُوبُ﴾
73. Эй мардум, мисоле оварда шуд. Ба он гӯш диҳед. Касонеро, ки ба ҷои Аллоҳ маъбуди худ мехонед ва мадад металабед, агар ҳама ҷамъ шаванд, магасе (пашшае)-ро нахоҳанд офарид ва агар магасе чизе аз онҳо бирабояд, наметавонанд онро аз ӯ боз пас бигиранд. Пас, толибу матлуб ҳарду (дармондаву) нотавонанд! Пас, бо ин қадар хорию нотавонӣ чӣ гуна ин бутҳоро парастиш карда мешавад?(1)
74- ﴿مَا قَدَرُوا اللَّهَ حَقَّ قَدْرِهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَقَوِيٌّ عَزِيزٌ﴾
74. Инҳо мушрикон Аллоҳро, чунонки лоиқи бузургии Ӯст, бузург надоштанд. Ҳароина, Аллоҳ бар ҳама чиз нерӯманд ва пирӯз аст!
75- ﴿اللَّهُ يَصْطَفِي مِنَ الْمَلَائِكَةِ رُسُلًا وَمِنَ النَّاسِ ۚ إِنَّ اللَّهَ سَمِيعٌ بَصِيرٌ﴾
75. Аллоҳ аз миёни фариштагону мардумон расулоне ихтиёр мекунад. Албатта, Аллоҳ ба гуфтори бандаҳояш шунаво аст ва ба ҷамиъи ашё биност!
76- ﴿يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ ۗ وَإِلَى اللَّهِ تُرْجَعُ الْأُمُورُ﴾
76. Он чиро, ки дар пеши рӯяшон аст ва он чиро, ки пушти сарашон (оянда ва гузаштаи онҳо) аст, медонад. Ва ҳамаи корҳо ба сӯи Ӯ бозмегарданд.
77- ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا ارْكَعُوا وَاسْجُدُوا وَاعْبُدُوا رَبَّكُمْ وَافْعَلُوا الْخَيْرَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ ۩﴾
77. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш, Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) имон овардаед, дар намози худ рукӯъ ва саҷда кунед ва Парвардигоратонро бипарастед ва корҳои нек ба ҷой оваред, то наҷот ёбед.
78- ﴿وَجَاهِدُوا فِي اللَّهِ حَقَّ جِهَادِهِ ۚ هُوَ اجْتَبَاكُمْ وَمَا جَعَلَ عَلَيْكُمْ فِي الدِّينِ مِنْ حَرَجٍ ۚ مِلَّةَ أَبِيكُمْ إِبْرَاهِيمَ ۚ هُوَ سَمَّاكُمُ الْمُسْلِمِينَ مِنْ قَبْلُ وَفِي هَٰذَا لِيَكُونَ الرَّسُولُ شَهِيدًا عَلَيْكُمْ وَتَكُونُوا شُهَدَاءَ عَلَى النَّاسِ ۚ فَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ وَاعْتَصِمُوا بِاللَّهِ هُوَ مَوْلَاكُمْ ۖ فَنِعْمَ الْمَوْلَىٰ وَنِعْمَ النَّصِيرُ﴾
78. Дар роҳи Аллоҳ, ҷиҳод кунед, он гуна ки шоистаи ҷиҳод дар роҳи Ӯст. Ӯ шуморо баргузид. Ва бароятон дар дин ҳеҷ корҳои душвориро бар дӯши шумо нагузоштааст. Дини падаратон Иброҳимро барои шумо ташриъ кардааст. Ӯ пеш аз ин дар китобҳои пешин ва дар ин Қуръон шуморо "мусалмон" номид. То Паёмбар бар шумо гувоҳ бошад ва шумо низ бар дигар мардум гувоҳ бошед. Пас, намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба Аллоҳ ибодат кунед, ки Ӯ ёвар ва сарпарасти шумо аст. Чӣ сарпараст ва сарвари нек ва чӣ мададгор ва кӯмаккунандаи хубе аст!
الترجمات والتفاسير لهذه السورة:
- الحج : الترجمة الأمهرية አማርኛ - الأمهرية
- الحج : اللغة العربية - معاني الكلمات العربية - العربية
- الحج : اللغة العربية - التفسير الميسر العربية - العربية
- الحج : اللغة العربية - المختصر في تفسير القرآن الكريم العربية - العربية
- الحج : الترجمة الأسامية অসমীয়া - الأسامية
- الحج : الترجمة الأذرية Azərbaycanca / آذربايجان - الأذرية
- الحج : الترجمة البنغالية বাংলা - البنغالية
- الحج : الترجمة البوسنية للمختصر في تفسير القرآن الكريم Bosanski - البوسنية
- الحج : الترجمة البوسنية - كوركت Bosanski - البوسنية
- الحج : الترجمة البوسنية - ميهانوفيتش Bosanski - البوسنية
- الحج : الترجمة الألمانية - أبو رضا Deutsch - الألمانية
- الحج : الترجمة الألمانية - بوبنهايم Deutsch - الألمانية
- الحج : الترجمة الإنجليزية - صحيح انترناشونال English - الإنجليزية
- الحج : الترجمة الإنجليزية - هلالي-خان English - الإنجليزية
- الحج : الترجمة الإسبانية - المنتدى الإسلامي Español - الإسبانية
- الحج : الترجمة الإسبانية (أمريكا اللاتينية) - المنتدى الإسلامي Español - الإسبانية
- الحج : الترجمة الإسبانية Español - الإسبانية
- الحج : الترجمة الفارسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم فارسی - الفارسية
- الحج : الترجمة الفارسية - حسين تاجي فارسی - الفارسية
- الحج : الترجمة الفارسية - دار الإسلام فارسی - الفارسية
- الحج : الترجمة الفرنسية - المنتدى الإسلامي Français - الفرنسية
- الحج : الترجمة الفرنسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم Français - الفرنسية
- الحج : الترجمة الغوجراتية ગુજરાતી - الغوجراتية
- الحج : الترجمة الهوساوية هَوُسَ - الهوساوية
- الحج : الترجمة الهندية हिन्दी - الهندية
- الحج : الترجمة الإندونيسية - وزارة الشؤون الإسلامية Bahasa Indonesia - الأندونيسية
- الحج : الترجمة الإندونيسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم Bahasa Indonesia - الأندونيسية
- الحج : الترجمة الإندونيسية - المجمع Bahasa Indonesia - الأندونيسية
- الحج : الترجمة الإندونيسية - شركة سابق Bahasa Indonesia - الأندونيسية
- الحج : الترجمة الإيطالية للمختصر في تفسير القرآن الكريم Italiano - الإيطالية
- الحج : الترجمة الإيطالية Italiano - الإيطالية
- الحج : الترجمة اليابانية 日本語 - اليابانية
- الحج : الترجمة الكازاخية - مجمع الملك فهد Қазақша - الكازاخية
- الحج : الترجمة الكازاخية - جمعية خليفة ألطاي Қазақша - الكازاخية
- الحج : الترجمة الخميرية ភាសាខ្មែរ - الخميرية
- الحج : الترجمة الكورية 한국어 - الكورية
- الحج : الترجمة الكردية Kurdî / كوردی - الكردية
- الحج : الترجمة المليبارية മലയാളം - المليبارية
- الحج : الترجمة الماراتية मराठी - الماراتية
- الحج : الترجمة النيبالية नेपाली - النيبالية
- الحج : الترجمة الأورومية Oromoo - الأورومية
- الحج : الترجمة البشتوية پښتو - البشتوية
- الحج : الترجمة البرتغالية Português - البرتغالية
- الحج : الترجمة السنهالية සිංහල - السنهالية
- الحج : الترجمة الصومالية Soomaaliga - الصومالية
- الحج : الترجمة الألبانية Shqip - الألبانية
- الحج : الترجمة التاميلية தமிழ் - التاميلية
- الحج : الترجمة التلجوية తెలుగు - التلجوية
- الحج : الترجمة الطاجيكية - عارفي Тоҷикӣ - الطاجيكية
- الحج : الترجمة الطاجيكية Тоҷикӣ - الطاجيكية
- الحج : الترجمة التايلاندية ไทย / Phasa Thai - التايلاندية
- الحج : الترجمة الفلبينية (تجالوج) للمختصر في تفسير القرآن الكريم Tagalog - الفلبينية (تجالوج)
- الحج : الترجمة الفلبينية (تجالوج) Tagalog - الفلبينية (تجالوج)
- الحج : الترجمة التركية - مجمع الملك فهد Türkçe - التركية
- الحج : الترجمة التركية - شعبان بريتش Türkçe - التركية
- الحج : الترجمة التركية - مركز رواد الترجمة Türkçe - التركية
- الحج : الترجمة التركية للمختصر في تفسير القرآن الكريم Türkçe - التركية
- الحج : الترجمة الأويغورية Uyƣurqə / ئۇيغۇرچە - الأويغورية
- الحج : الترجمة الأوكرانية Українська - الأوكرانية
- الحج : الترجمة الأردية اردو - الأردية
- الحج : الترجمة الأوزبكية - علاء الدين منصور Ўзбек - الأوزبكية
- الحج : الترجمة الأوزبكية - محمد صادق Ўзбек - الأوزبكية
- الحج : الترجمة الفيتنامية Vèneto - الفيتنامية
- الحج : الترجمة الفيتنامية للمختصر في تفسير القرآن الكريم Vèneto - الفيتنامية
- الحج : الترجمة اليورباوية Yorùbá - اليوروبا
- الحج : الترجمة الصينية 中文 - الصينية