الباسط
كلمة (الباسط) في اللغة اسم فاعل من البسط، وهو النشر والمدّ، وهو...
30. Пас эй Расул, худ ва пайравони ту рӯйи худро ба ҳақгароӣ ва ихлос ба сӯи дин бигардонед. Ва ҳамеша пойдор бош бар ин дини ислом, ки ин фитрати(1) илоҳӣ аст, ки Аллоҳ таоло мардумро бар он офаридааст. Дигаргунӣ дар офариниши Аллоҳ нест(2). Ин аст дини устувор, ки ба роҳи мустақим ва ба сӯи хушнудии Парвардигори ҷаҳониён ва ҷаннати Ӯ роҳ менамояд, вале аксари мардум ин ҳақиқатро намедонанд, ки дини ҳақ Ислом аст, на дигар динҳо.(3)