البحث

عبارات مقترحة:

المصور

كلمة (المصور) في اللغة اسم فاعل من الفعل صوَّر ومضارعه يُصَوِّر،...

الغفار

كلمة (غفّار) في اللغة صيغة مبالغة من الفعل (غَفَرَ يغْفِرُ)،...

الخلاق

كلمةُ (خَلَّاقٍ) في اللغة هي صيغةُ مبالغة من (الخَلْقِ)، وهو...

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني القرآن الكريم للغة الطاجيكية ترجمها خوجه ميروف خوجه مير نشرها مجمع الملك فهد لطباعة المصحف الشريف بالمدينة المنورة، ملاحظة: ترجمات بعض الآيات (مشار إليها) تم تصويبها بمعرفة مركز رواد الترجمة مع إتاحة الإطلاع على الترجمة الأصلية لغرض إبداء الرأ

1- ﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ الم﴾


1. Алиф, Аом, Мим.(1)

2- ﴿غُلِبَتِ الرُّومُ﴾


2. Румиён шикаст хӯрданд, аз дасти форсиён,

3- ﴿فِي أَدْنَى الْأَرْضِ وَهُمْ مِنْ بَعْدِ غَلَبِهِمْ سَيَغْلِبُونَ﴾


3. дар наздиктарин сарзамин,(1) вале онҳо баъд аз шикасташон ба зудӣ ғолиб хоҳанд шуд,

4- ﴿فِي بِضْعِ سِنِينَ ۗ لِلَّهِ الْأَمْرُ مِنْ قَبْلُ وَمِنْ بَعْدُ ۚ وَيَوْمَئِذٍ يَفْرَحُ الْمُؤْمِنُونَ﴾


4. дар муддати чанд соле(1). Пеш аз ин пирӯзӣ ва пас аз ин пирӯзӣ фармон аз они Аллоҳ аст. Ва он рӯз, ки румиён ғолиб шаванд, муъминон шодмон мешаванд

5- ﴿بِنَصْرِ اللَّهِ ۚ يَنْصُرُ مَنْ يَشَاءُ ۖ وَهُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ﴾


5. ба сабаби ёрии Аллоҳ. Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ёрӣ мекунад, ва ҳар касро, ки бихоҳад хор мекунад ва Ӯ пирӯзманд аст, мағлуб намешавад ва меҳрубон аст ба бандагони мӯъмини худ!

6- ﴿وَعْدَ اللَّهِ ۖ لَا يُخْلِفُ اللَّهُ وَعْدَهُ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ﴾


6. Аллоҳ ба мӯъминон пирӯзии румиён бар форсиёнро ваъдаи қатъӣ додааст ва Аллоҳ ваъдашро хилоф намекунад, вале бисёрии мардумон (кофирони Макка) намедонанд, ки ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст.

7- ﴿يَعْلَمُونَ ظَاهِرًا مِنَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَهُمْ عَنِ الْآخِرَةِ هُمْ غَافِلُونَ﴾


7.       Онҳо фақат ба зоҳири зиндагии дунё ва ороиши он огоҳанд ва аз умури охират бехабаранд.

8- ﴿أَوَلَمْ يَتَفَكَّرُوا فِي أَنْفُسِهِمْ ۗ مَا خَلَقَ اللَّهُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا إِلَّا بِالْحَقِّ وَأَجَلٍ مُسَمًّى ۗ وَإِنَّ كَثِيرًا مِنَ النَّاسِ بِلِقَاءِ رَبِّهِمْ لَكَافِرُونَ﴾


8.
       Оё касоне, ки ба дидори Аллоҳ имон надоранд ва паёмбаронашро бовар надоранд, дар худашон андеша накардаанд, ки Аллоҳ осмонҳову заминро ва ҳар чӣ дар миёни онҳост, ҷуз ба ҳақ ва то замони муайяне, наофаридааст? Ва ҳароина, бисёре аз мардум ба дидори Парвардигорашон имон надоранд.

9- ﴿أَوَلَمْ يَسِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَيَنْظُرُوا كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ ۚ كَانُوا أَشَدَّ مِنْهُمْ قُوَّةً وَأَثَارُوا الْأَرْضَ وَعَمَرُوهَا أَكْثَرَ مِمَّا عَمَرُوهَا وَجَاءَتْهُمْ رُسُلُهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ ۖ فَمَا كَانَ اللَّهُ لِيَظْلِمَهُمْ وَلَٰكِنْ كَانُوا أَنْفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ﴾


9.
       Оё ин кофирони аз охират бехабар дар замин нагаштаанд, то бингаранд, ки оқибати касоне, ки пеш аз онҳо буданд(1), чӣ гуна будааст? Онҳо дар ҷисм басе нерумандтар аз онҳо буданд(2) ва заминро шудгор карданд ва дар он зироатҳо коштанд ва беш аз он чи инҳо (аҳли Макка) ободаш кардаанд, онро обод сохтаанд, вале иморатҳои онҳо ва умри дарозашон ба онҳо фоидае накард. Ва паёмбаронашон бо мӯъҷизаҳо ба сӯяшон омаданд, вале бо вуҷуди ин, онҳо имон наёварданд, пас Аллоҳ бар онҳо ситам накардааст, балки онҳо бо ширку маъсияти худ дар ҳаққи хеш ситам мекарданд.(3)

10- ﴿ثُمَّ كَانَ عَاقِبَةَ الَّذِينَ أَسَاءُوا السُّوأَىٰ أَنْ كَذَّبُوا بِآيَاتِ اللَّهِ وَكَانُوا بِهَا يَسْتَهْزِئُونَ﴾


10.   Сипас оқибати он касоне(1), ки корҳои бад карданд, бадтар шуд. Зеро инҳо оёти Аллоҳро дурӯғ бароварданд ва онро ба масхара мегирифтанд.

11- ﴿اللَّهُ يَبْدَأُ الْخَلْقَ ثُمَّ يُعِيدُهُ ثُمَّ إِلَيْهِ تُرْجَعُونَ﴾


11.
   Аллоҳ офариниши мавҷудотро оғоз мекунад, сипас онро дубора бар мегардонад, он гоҳ ҳама халқ ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед, пас некӯкоронро ба сабаби некӯкориашон ва бадкоронро дар баробари бадкориашон ҷазои муносиб медиҳад.(1)

12- ﴿وَيَوْمَ تَقُومُ السَّاعَةُ يُبْلِسُ الْمُجْرِمُونَ﴾


12.   Ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, гунаҳкорон он рӯз, барои наҷот ёфтанашон аз азоб ҳайратзадаву ноумед бимонанд.

13- ﴿وَلَمْ يَكُنْ لَهُمْ مِنْ شُرَكَائِهِمْ شُفَعَاءُ وَكَانُوا بِشُرَكَائِهِمْ كَافِرِينَ﴾


13.
   Ва барои он мушрикон аз маъбудонашон, ки онҳоро дар дунё ба ҷои Аллоҳ ибодат кардаанд, ҳеҷ шафоаткунандае нахоҳад буд ва худ нисбат ба маъбудонашон бовар надоранд, балки дар ин вақт маъбудонашон аз онҳо безорӣ меҷӯянд ва онҳо низ аз маъбудонашон безорӣ меҷӯянд.(1)

14- ﴿وَيَوْمَ تَقُومُ السَّاعَةُ يَوْمَئِذٍ يَتَفَرَّقُونَ﴾


14.   Ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, дар он рӯз аҳли имон ва аҳли куфр аз якдигар ҷудо шаванд.

15- ﴿فَأَمَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ فَهُمْ فِي رَوْضَةٍ يُحْبَرُونَ﴾


15.   Аммо онҳое, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, пас, онҳо дар боғҳои ҷаннат дар шодӣ ва сархушӣ мавриди икром ва инъом қарор мегиранд.(1)

16- ﴿وَأَمَّا الَّذِينَ كَفَرُوا وَكَذَّبُوا بِآيَاتِنَا وَلِقَاءِ الْآخِرَةِ فَأُولَٰئِكَ فِي الْعَذَابِ مُحْضَرُونَ﴾


16.
   Ва аммо касоне, ки куфр варзидаанд ва оёти Моро, ки паёмбарон барояшон оварда буданд ва дидори охиратро(1) дурӯғ баровардаанд ва инкор кардаанд, пас ба сабаби имон наёварданашон дар дунё он гурӯҳ дар азоби доимӣ ҳозир сохта мешаванд.(2)

17- ﴿فَسُبْحَانَ اللَّهِ حِينَ تُمْسُونَ وَحِينَ تُصْبِحُونَ﴾


17.   Пас, эй мӯъминон, ҳангоми шому субҳ Аллоҳро ба покӣ(1) ёд кунед.

18- ﴿وَلَهُ الْحَمْدُ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَعَشِيًّا وَحِينَ تُظْهِرُونَ﴾


18.   Ва сипосу ситоиш Ӯрост дар осмонҳову замин, ҳангоми аср ва ба ҳангоме ки ба нимрӯз(1) мерасед.

19- ﴿يُخْرِجُ الْحَيَّ مِنَ الْمَيِّتِ وَيُخْرِجُ الْمَيِّتَ مِنَ الْحَيِّ وَيُحْيِي الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا ۚ وَكَذَٰلِكَ تُخْرَجُونَ﴾


19.   Аллоҳ таоло зиндаро аз мурда берун меорад (ба монанди берун овардани инсон аз нутфа ва берун овардани чӯҷа аз тухм) ва мурдаро аз зинда (ба монанди берун овардани нутфа аз инсон ва берун овардани тухм аз чӯҷа.) Ва заминро пас аз мурданаш зинда месозад ва шумо низ инчунин аз қабрҳо барои ҳисобу китоб берун карда мешавед.(1)

20- ﴿وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَكُمْ مِنْ تُرَابٍ ثُمَّ إِذَا أَنْتُمْ بَشَرٌ تَنْتَشِرُونَ﴾


20.   Ва яке аз нишонаҳои бузург ва камоли қудрати Аллоҳ ин аст, ки падари шумо Одам (алайҳиссаломро) аз хок биёфарид, то он гоҳ инсонҳои зиёде шудед ва ба ҳар сӯ пароканда гаштед.(1)

21- ﴿وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُمْ مِنْ أَنْفُسِكُمْ أَزْوَاجًا لِتَسْكُنُوا إِلَيْهَا وَجَعَلَ بَيْنَكُمْ مَوَدَّةً وَرَحْمَةً ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ﴾


21.   Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургии Ӯ ва камоли қудраташ он аст, ки бароятон аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то бо онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дӯстиву меҳрубонӣ ниҳод. Албатта, дар ин офариниш ибратҳоест далолаткунанда бар қудрати Аллоҳ ва ягонагии Ӯ барои мардуме, ки меандешанд.

22- ﴿وَمِنْ آيَاتِهِ خَلْقُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَاخْتِلَافُ أَلْسِنَتِكُمْ وَأَلْوَانِكُمْ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِلْعَالِمِينَ﴾


22.   Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургӣ ва камоли қудрати Ӯ офариниши осмонҳову замин ва гуногунии забонҳову рангҳоятон аст. Бешак, дар ин амр низ барои донишварон ибратҳоест.

23- ﴿وَمِنْ آيَاتِهِ مَنَامُكُمْ بِاللَّيْلِ وَالنَّهَارِ وَابْتِغَاؤُكُمْ مِنْ فَضْلِهِ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَسْمَعُونَ﴾


23.   Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургӣ ва камоли қударати Ӯ хобидани шумост дар шабу рӯз барои истироҳат ва талаби ризқу рӯзии шумо аз фазли Ӯст. Албатта, дар ин амр ибратҳоест барои мардуме, ки мешунаванд.(1)

24- ﴿وَمِنْ آيَاتِهِ يُرِيكُمُ الْبَرْقَ خَوْفًا وَطَمَعًا وَيُنَزِّلُ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَيُحْيِي بِهِ الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ﴾


24.   Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургӣ ва камоли қудрати Ӯ, ки барқро барои тарсонидан ва умедвор сохтан(1) ба шумо нишон медиҳад. Ва аз осмон борон мефиристад, пас замини мурдаро бо он зинда месозад. Албатта, дар ин ибратҳоест далолаткунанда бар камоли қудрат ва ҳикмат ва эҳсони Ӯ барои касоне, ки ба ақл дармеёбанд.(2)

25- ﴿وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ تَقُومَ السَّمَاءُ وَالْأَرْضُ بِأَمْرِهِ ۚ ثُمَّ إِذَا دَعَاكُمْ دَعْوَةً مِنَ الْأَرْضِ إِذَا أَنْتُمْ تَخْرُجُونَ﴾


25.   Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургӣ ва камоли қудрати Ӯ, ки осмону замин ба фармони Ӯ барпоянд. Пас, на ба ҷунбиш дароянд ва на осмон бар замин афтад. Сипас Аллоҳ таоло шуморо аз замин бо нидое фаро мехонад ва шумо, ногаҳон, ба шитоб аз замин берун меоед.

26- ﴿وَلَهُ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ كُلٌّ لَهُ قَانِتُونَ﴾


26.   Аз они Ӯст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст; аз фариштагон, инсон, ҷин, ҳайвон, наботот ва ҷимодот ва ҳама фармонбардори Ӯ ҳастанд.

27- ﴿وَهُوَ الَّذِي يَبْدَأُ الْخَلْقَ ثُمَّ يُعِيدُهُ وَهُوَ أَهْوَنُ عَلَيْهِ ۚ وَلَهُ الْمَثَلُ الْأَعْلَىٰ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ﴾


27.   Ва Ӯст, ки офаринишро оғоз мекунад, сипас онҳоро пас аз марг зинда бозмегардонад. Ва ин кор бар Ӯ осонтар аст. Ба болотарин масал дар осмонҳо ва замин аз они Ӯст ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест ва Ӯ шунавову биност ва Ӯ тавоност, ки ҳаргиз мағлуб намешавад ва дар гуфтору корҳояш ва тадбири умури халқаш бо ҳикмат аст.(1)

28- ﴿ضَرَبَ لَكُمْ مَثَلًا مِنْ أَنْفُسِكُمْ ۖ هَلْ لَكُمْ مِنْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ مِنْ شُرَكَاءَ فِي مَا رَزَقْنَاكُمْ فَأَنْتُمْ فِيهِ سَوَاءٌ تَخَافُونَهُمْ كَخِيفَتِكُمْ أَنْفُسَكُمْ ۚ كَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ الْآيَاتِ لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ﴾


28.
   Аллоҳ бароятон эй мушрикон, аз худатон масале задааст: Оё бандагонатон (ғуломонатон) дар он чӣ ба шумо ризқу рӯзӣ додаем, бо шумо шарик ҳастанд, то шумо дар он баробар бошед, ҳамон гуна, ки шумо аз шарикони озоди худ бим доред, аз онҳо ҳам бим дошта бошед?! Ҳақиқатан, ҳаргиз шумо ба ин тақсимот розӣ намешавед, пас, чӣ гуна розӣ мешавед, ки барои Аллоҳ касеро аз махлуқаш шарик меоред. Инчунин оётро барои гурӯҳе, ки хирад меварзанд, ба равшанӣ баён мекунем.(1)

29- ﴿بَلِ اتَّبَعَ الَّذِينَ ظَلَمُوا أَهْوَاءَهُمْ بِغَيْرِ عِلْمٍ ۖ فَمَنْ يَهْدِي مَنْ أَضَلَّ اللَّهُ ۖ وَمَا لَهُمْ مِنْ نَاصِرِينَ﴾


29.   Балки, ситамкорон бе ҳеҷ донише аз ҳавои нафси худ ба падаронашон пайравӣ кардаанд ва онҳоро дар ҷаҳлу гумроҳӣ ҳамшарикӣ намудаанд. Онҳоро, ки Аллоҳ гумроҳ кардааст, чӣ касе ҳидоят мекунад? Онҳоро ҳеҷ ёридиҳандае нест, ки аз азоби Аллоҳ наҷоташон диҳад.(1)

30- ﴿فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا ۚ فِطْرَتَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا ۚ لَا تَبْدِيلَ لِخَلْقِ اللَّهِ ۚ ذَٰلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ﴾


30.   Пас эй Расул, худ ва пайравони ту рӯйи худро ба ҳақгароӣ ва ихлос ба сӯи дин бигардонед. Ва ҳамеша пойдор бош бар ин дини ислом, ки ин фитрати(1) илоҳӣ аст, ки Аллоҳ таоло мардумро бар он офаридааст. Дигаргунӣ дар офариниши Аллоҳ нест(2). Ин аст дини устувор, ки ба роҳи мустақим ва ба сӯи хушнудии Парвардигори ҷаҳониён ва ҷаннати Ӯ роҳ менамояд, вале аксари мардум ин ҳақиқатро намедонанд, ки дини ҳақ Ислом аст, на дигар динҳо.(3)

31- ﴿۞ مُنِيبِينَ إِلَيْهِ وَاتَّقُوهُ وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَلَا تَكُونُوا مِنَ الْمُشْرِكِينَ﴾


31.
   Ба сӯи Аллоҳ бо тавба ва ихлосу амал бозгардед ва аз Ӯ битарсед бо анҷом додани амрҳояш ва дур будан аз нофармониҳояш ва намозро бо аркон, воҷибот ва шартҳояш барпо доред ва аз гурӯҳи мушрикон мабошед, ки барои Ӯ шарик меоваранд.(1)

32- ﴿مِنَ الَّذِينَ فَرَّقُوا دِينَهُمْ وَكَانُوا شِيَعًا ۖ كُلُّ حِزْبٍ بِمَا لَدَيْهِمْ فَرِحُونَ﴾


32.   Мабошед аз касоне,(1) ки динашонро пароканда сохта ва гӯруҳ гӯруҳ шуданд, ҳар гӯруҳе ба он чӣ ки назди худ доранд, хурсанданд ва мепиндоранд, ки онҳо бар ҳақанд ва дигарон ноҳақ.(2)

33- ﴿وَإِذَا مَسَّ النَّاسَ ضُرٌّ دَعَوْا رَبَّهُمْ مُنِيبِينَ إِلَيْهِ ثُمَّ إِذَا أَذَاقَهُمْ مِنْهُ رَحْمَةً إِذَا فَرِيقٌ مِنْهُمْ بِرَبِّهِمْ يُشْرِكُونَ﴾


33.   Ва ҳар замоне ба мардум ранҷ ва зиёне бирасад, бо ихлос Парвардигорашонро дуову илтиҷо кунанд ва тавбакунон ба сӯи Ӯ бозмегарданд. Сипас чун раҳмати хеш ба онҳо бичашонад, онгоҳ гурӯҳе аз онон бори дигар ба Парвардигорашон ширк меоваранд.

34- ﴿لِيَكْفُرُوا بِمَا آتَيْنَاهُمْ ۚ فَتَمَتَّعُوا فَسَوْفَ تَعْلَمُونَ﴾


34.   Оқибат неъматеро, ки ба онҳо додаем, ношукрӣ кунанд. Пас, дар дунё андаке аз фарохдастӣ ва васеъгии ризқ баҳраманд шавед. Эй мушрикон, ба зудӣ хоҳед донист, чи азобе шуморо дар охират интизор аст!(1)

35- ﴿أَمْ أَنْزَلْنَا عَلَيْهِمْ سُلْطَانًا فَهُوَ يَتَكَلَّمُ بِمَا كَانُوا بِهِ يُشْرِكُونَ﴾


35.   Оё бурҳон ва далеле бар онҳо нозил кардем, пас он далел аз чизе, ки бо Аллоҳ шарик месозанд, сухан мегӯяд?!

36- ﴿وَإِذَا أَذَقْنَا النَّاسَ رَحْمَةً فَرِحُوا بِهَا ۖ وَإِنْ تُصِبْهُمْ سَيِّئَةٌ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ إِذَا هُمْ يَقْنَطُونَ﴾


36.   Чун ба мардум раҳмате бичашонем, шодмон мешаванд бо сармастӣ ва гарданкашӣ ва чун ба сабаби корҳое, ки кардаанд, ранҷе, ё камбағалӣ, ё қаҳтӣ, ё беморй бар онҳо расад, ногоҳ онон маъюс ва ноумед мегарданд!(1)

37- ﴿أَوَلَمْ يَرَوْا أَنَّ اللَّهَ يَبْسُطُ الرِّزْقَ لِمَنْ يَشَاءُ وَيَقْدِرُ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ﴾


37.
   Оё надидаанд, ки Аллоҳ ризқи ҳар касро, ки бихоҳад, барои имтиҳон кардан фаровон мекунад ва барои ҳар касе, ки бихоҳад барои озмоиш кардан танг ва кам мегардонад? Албатта, дар ин фаровонӣ ва тангии неъмат ибратҳоест барои мардуме, ки имон меоваранд!

38- ﴿فَآتِ ذَا الْقُرْبَىٰ حَقَّهُ وَالْمِسْكِينَ وَابْنَ السَّبِيلِ ۚ ذَٰلِكَ خَيْرٌ لِلَّذِينَ يُرِيدُونَ وَجْهَ اللَّهِ ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ﴾


38.    Пас эй мӯъмин, ҳаққи хешовандон(1), мискин ва дар роҳ мондаро адо кун. Ин беҳтар аст барои касоне, ки хушнудии Аллоҳро меҷӯянд ва инҳоанд, ки аз азоб наҷотёфтагонанд.

39- ﴿وَمَا آتَيْتُمْ مِنْ رِبًا لِيَرْبُوَ فِي أَمْوَالِ النَّاسِ فَلَا يَرْبُو عِنْدَ اللَّهِ ۖ وَمَا آتَيْتُمْ مِنْ زَكَاةٍ تُرِيدُونَ وَجْهَ اللَّهِ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُضْعِفُونَ﴾


39.    Ва он моле, ки ба қасди рибо медиҳед, то фоидаи шумо аз моли мардум биафзояд, пас назди Аллоҳ ҳеҷ наафзояд ва моле, ки барои хушнудии Аллоҳ аз боби закоту садақа медиҳед, баракати он биафзояд. Касоне, ки чунин кунанд, пас инҳо, подоши дучанд доранд.(1)

40- ﴿اللَّهُ الَّذِي خَلَقَكُمْ ثُمَّ رَزَقَكُمْ ثُمَّ يُمِيتُكُمْ ثُمَّ يُحْيِيكُمْ ۖ هَلْ مِنْ شُرَكَائِكُمْ مَنْ يَفْعَلُ مِنْ ذَٰلِكُمْ مِنْ شَيْءٍ ۚ سُبْحَانَهُ وَتَعَالَىٰ عَمَّا يُشْرِكُونَ﴾


40.    Аллоҳ Зотест, ки шуморо биёфарид, сипас ризқ дод, сипас мемиронад, сипас дубора зинда мекунад. Оё касонеро, ки шарики Аллоҳ месозед, ҳеҷ аз ин корҳо тавонанд анҷом дод? Аллоҳ таоло пок аст ва аз ҳар чӣ барояш шарик меоваранд, болотар аст.

41- ﴿ظَهَرَ الْفَسَادُ فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ بِمَا كَسَبَتْ أَيْدِي النَّاسِ لِيُذِيقَهُمْ بَعْضَ الَّذِي عَمِلُوا لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ﴾


41.   Ба сабаби аъмоли мардум фасод(1) дар хушкиву дарё ошкор шуд, то ба онҳо ҷазои баъзе аз корҳояшонро, ки дар Дунё карда буданд, бичашонад, шояд ки онҳо аз гуноҳонашон тавба карда бозгарданд.

42- ﴿قُلْ سِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَانْظُرُوا كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الَّذِينَ مِنْ قَبْلُ ۚ كَانَ أَكْثَرُهُمْ مُشْرِكِينَ﴾


42.  Эй Паёмбар, ба дуруғбаровардагони рисолатат бигӯ: «Дар замин бигардед ва ба чашми ибрат бингаред, ки оқибати кори пешиниён, (монанди қавми Нӯҳ, Од ва Самуд) ки аксари онҳо аз мушрикон буданд, чӣ гуна будааст».(1)

43- ﴿فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ الْقَيِّمِ مِنْ قَبْلِ أَنْ يَأْتِيَ يَوْمٌ لَا مَرَدَّ لَهُ مِنَ اللَّهِ ۖ يَوْمَئِذٍ يَصَّدَّعُونَ﴾


43.   Пас, ба дини дурусту пойдор, ки ҳамоно Ислом аст, рӯй бигардон бо анҷом додани амрҳояш ва дур будан аз нофармониҳояш ва пеш аз он ки рӯзи қиёмат фаро расад, ки радкарданашро ҳеҷ кас натавонад. Дар он рӯз мардум ба гӯруҳҳо тақсим мешаванд, то аъмоли хешро бубинанд.(1)

44- ﴿مَنْ كَفَرَ فَعَلَيْهِ كُفْرُهُ ۖ وَمَنْ عَمِلَ صَالِحًا فَلِأَنْفُسِهِمْ يَمْهَدُونَ﴾


44.   Касоне, ки кофир бошанд, куфрашон ба зиёнашон бошад ва онҳо, ки коре шоиста карда бошанд, пас, барои худ подоши некӯ(1) омода кардаанд,

45- ﴿لِيَجْزِيَ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ مِنْ فَضْلِهِ ۚ إِنَّهُ لَا يُحِبُّ الْكَافِرِينَ﴾


45.   то касонеро, ки имон ба Аллоҳ ва расулаш овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, аз фазли худ подош диҳад. Ба таҳқиқ, Аллоҳ кофиронро дӯст намедорад!

46- ﴿وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ يُرْسِلَ الرِّيَاحَ مُبَشِّرَاتٍ وَلِيُذِيقَكُمْ مِنْ رَحْمَتِهِ وَلِتَجْرِيَ الْفُلْكُ بِأَمْرِهِ وَلِتَبْتَغُوا مِنْ فَضْلِهِ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ﴾


46.
   Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургии қудрати Ӯ он аст, ки бодҳои муждадиҳандаро мефиристад, то раҳмати Худро ба шумо, ки ҳамоно борон, фаровонӣ, сарсабзй аст, бирасонад ва то киштиҳо ба фармони Ӯ равон бошанд ва аз фазли Ӯ рӯзӣ биҷӯед. Бошад, ки шукр гӯед ва Ӯро ба ягонагӣ парастиш кунед!(1)

47- ﴿وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ رُسُلًا إِلَىٰ قَوْمِهِمْ فَجَاءُوهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ فَانْتَقَمْنَا مِنَ الَّذِينَ أَجْرَمُوا ۖ وَكَانَ حَقًّا عَلَيْنَا نَصْرُ الْمُؤْمِنِينَ﴾


47.   Ба ба ростӣ, эй Расул, пеш аз ту паёмбаронеро ба сӯи қавмашон ба унвони башоратдиҳанда ва бимдиҳанда фиристодем. Онҳо бо мӯъҷизаҳо ва далелҳои равшани худ наздашон омаданд. Пас, Мо аз касоне, ки гуноҳ карданд, интиқом гирифтем ва ҳалокашон сохтем ва ёрӣ додани мӯъминон бар ӯҳдаи Мо буд. Инчунин мекунем бо такзибкунандагони ту(1), модоме, ки бар дурӯғашон пойдор бошанд ва имон наоранд.(2)

48- ﴿اللَّهُ الَّذِي يُرْسِلُ الرِّيَاحَ فَتُثِيرُ سَحَابًا فَيَبْسُطُهُ فِي السَّمَاءِ كَيْفَ يَشَاءُ وَيَجْعَلُهُ كِسَفًا فَتَرَى الْوَدْقَ يَخْرُجُ مِنْ خِلَالِهِ ۖ فَإِذَا أَصَابَ بِهِ مَنْ يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ إِذَا هُمْ يَسْتَبْشِرُونَ﴾


48.   Аллоҳ Зотест, ки бодҳоро мефиристад, то абрҳоро барангезад ва чунонки хоҳад бар осмон паҳну парешон кунад ва онро порча - порча кунад, пас бинӣ, ки борон аз даруни абрҳо берун меояд. Ва чун боронро ба ҳар кӣ хоҳад аз бандагонаш бирасонад, онҳо, шодмон шаванд.

49- ﴿وَإِنْ كَانُوا مِنْ قَبْلِ أَنْ يُنَزَّلَ عَلَيْهِمْ مِنْ قَبْلِهِ لَمُبْلِسِينَ﴾


49.   Ва агарчи пеш аз он ки борон бар онҳо биборад, ноумед буданд.

50- ﴿فَانْظُرْ إِلَىٰ آثَارِ رَحْمَتِ اللَّهِ كَيْفَ يُحْيِي الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا ۚ إِنَّ ذَٰلِكَ لَمُحْيِي الْمَوْتَىٰ ۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ﴾


50.
   Пас, эй назаркунанда ба осори раҳмати Аллоҳ, бингар, ки чӣ гуна заминро пас аз мурданаш зинда мекунад?! Дар ҳақиқат, Аллоҳ, бешак, зиндакунандаи мурдагон аст ва ба ҳар коре тавоност ва ҳеҷ чизе Ӯро нотавон карда наметавонад.

51- ﴿وَلَئِنْ أَرْسَلْنَا رِيحًا فَرَأَوْهُ مُصْفَرًّا لَظَلُّوا مِنْ بَعْدِهِ يَكْفُرُونَ﴾


51.   Ва агар боде бифиристем, ки офатзо, гарму сӯзон бошад ва киштзорҳоро зиён расонад, пас он киштзорҳоро зардшуда бубинанд, қатьан, пас, аз он ҳама носипос мешаванд.(1)

52- ﴿فَإِنَّكَ لَا تُسْمِعُ الْمَوْتَىٰ وَلَا تُسْمِعُ الصُّمَّ الدُّعَاءَ إِذَا وَلَّوْا مُدْبِرِينَ﴾


52.   Ба таҳқиқ, ту эй Расул, наметавонӣ суханатро ба дили мурдагон бишунавонӣ ва наметавонӣ сухани ҳақро ба карон(1) бишнавонӣ, ҳангоме ки рӯй бармегардонанд ва мераванд.
Пас аз имон наёвардани мушрикон ғамгин мабош, зеро онҳо монанди карон ва мурдагон намешунаванд ва пайхас ҳам намекунанд, агарчанде ҳозир бошанд, пас чӣ гуна аст ҳоли касоне, ки аз ту рӯй бармегардонанд ва назди ту ҳозир нестанд?

53- ﴿وَمَا أَنْتَ بِهَادِ الْعُمْيِ عَنْ ضَلَالَتِهِمْ ۖ إِنْ تُسْمِعُ إِلَّا مَنْ يُؤْمِنُ بِآيَاتِنَا فَهُمْ مُسْلِمُونَ﴾


53.   Ту эй Расул, ҳидояткунандаи нобиноён аз гумроҳияшон нестӣ. Ту садоятро танҳо ба гӯши касоне мерасонӣ, ки ба оёти Мо имон овардаанд, пас, онҳо фармонбардоранд.

54- ﴿۞ اللَّهُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ ضَعْفٍ ثُمَّ جَعَلَ مِنْ بَعْدِ ضَعْفٍ قُوَّةً ثُمَّ جَعَلَ مِنْ بَعْدِ قُوَّةٍ ضَعْفًا وَشَيْبَةً ۚ يَخْلُقُ مَا يَشَاءُ ۖ وَهُوَ الْعَلِيمُ الْقَدِيرُ﴾


54.   Аллоҳ Зотест, ки шуморо аз нотавонӣ (яъне, аз нутфа) биёфарид ва пас аз нотавонӣ нерӯманд сохт, ки он ҷавонӣ аст, он гоҳ пас аз нерӯмандӣ нотавониву пирӣ овард. Ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад ва Ӯ ба халқаш донову бар ҳама чиз тавоност!(1)

55- ﴿وَيَوْمَ تَقُومُ السَّاعَةُ يُقْسِمُ الْمُجْرِمُونَ مَا لَبِثُوا غَيْرَ سَاعَةٍ ۚ كَذَٰلِكَ كَانُوا يُؤْفَكُونَ﴾


55.   Ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад ва ҳама аз қабрҳояшон бархезанд, кофирон савганд хӯранд, ки ҷуз лаҳзае дар дунё(1) наистодаанд. Инчунин аз ҳақиқат ва роҳи ҳақ баргардонида мешаванд. Яъне, онҳо аз фаҳмидани ҳақиқат ва паймудани роҳи дуруст боздошта мешаванд, чи тавре ки дар дунё дурӯғ мегуфтанд.(2)

56- ﴿وَقَالَ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ وَالْإِيمَانَ لَقَدْ لَبِثْتُمْ فِي كِتَابِ اللَّهِ إِلَىٰ يَوْمِ الْبَعْثِ ۖ فَهَٰذَا يَوْمُ الْبَعْثِ وَلَٰكِنَّكُمْ كُنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ﴾


56.
   Онон, ки донишу имон дода шудаанд; аз фариштагон, паёмбарон ва мӯъминон гӯянд: Ҳамоно шумо эй кофирон бар мувофиқи китоби Аллоҳ(1) то рӯзи қиёмат дар гӯр орамидаед ва ин рӯзи қиёмат аст, вале шумо намедонистаед ҳақ будани ин рӯзро.(2)

57- ﴿فَيَوْمَئِذٍ لَا يَنْفَعُ الَّذِينَ ظَلَمُوا مَعْذِرَتُهُمْ وَلَا هُمْ يُسْتَعْتَبُونَ﴾


57.   Пас, он рӯз касоне, ки ситам карданд, узрхоҳиашон ба ҳолашон фоидае надиҳад ва ба онҳо мӯҳлати тавба дода нахоҳад шуд, балки ба сабаби бадиҳо ва гуноҳонашон азоб дода мешаванд.(1)

58- ﴿وَلَقَدْ ضَرَبْنَا لِلنَّاسِ فِي هَٰذَا الْقُرْآنِ مِنْ كُلِّ مَثَلٍ ۚ وَلَئِنْ جِئْتَهُمْ بِآيَةٍ لَيَقُولَنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا إِنْ أَنْتُمْ إِلَّا مُبْطِلُونَ﴾


58.   Ва ҳамоно Мо дар ин Қуръон барои мардум ҳар хуна масал овардаем. Ва эй Расул, чун ояте барояшон биёварӣ, ки далолат бар ҳақиқати паёмбарии ту мекунад, кофирон ҳатман хоҳанд гуфт: «Шумо беҳудагӯёне беш нестед!»(1)

59- ﴿كَذَٰلِكَ يَطْبَعُ اللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِ الَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ﴾


59.   Инчунин Аллоҳ ба дилҳои касоне, ки намедонанд ҳақиқати он чиро, ки ба сӯяшон овардӣ; аз ибратҳо, оёт ва равшаниҳо, мӯҳр мениҳад!

60- ﴿فَاصْبِرْ إِنَّ وَعْدَ اللَّهِ حَقٌّ ۖ وَلَا يَسْتَخِفَّنَّكَ الَّذِينَ لَا يُوقِنُونَ﴾


60.   Пас, сабр кун, эй Расул, аз озори қавмат, ки албатта, ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст, ки туро бар онҳо пирӯз мегардонад. Ва ҳаргиз касоне, ки ба рӯзи охират имони яқин надоранд, туро хашмгин ва сабуксор накунанд.(1)

الترجمات والتفاسير لهذه السورة: