الطيب
كلمة الطيب في اللغة صيغة مبالغة من الطيب الذي هو عكس الخبث، واسم...
99.
Ӯст Аллоҳе, ки аз осмон борон фиристод ва ба он борон ҳар гуна набототеро рӯёнидем ва аз он наботот танае сабз ва аз он донаҳое бар якдигар чида мисли ҳӯшаи гандум ва ҷав ва низ аз шохчаҳои хурмо хӯшаҳое сар фароварда падид овардем ва низ боғҳое аз токҳо ва зайтуну анор, монанду номонанд. (1) Ба меваи он бингаред онгоҳ, ки мева медиҳанд ва он гоҳ ки пухта мерасанд. Ҳамоно, ки дар онҳо нишонаҳост, (яъне нишонаҳои қудрати Илоҳист) барои онон, ки имон меоваранд! (2)