اللطيف
كلمة (اللطيف) في اللغة صفة مشبهة مشتقة من اللُّطف، وهو الرفق،...
137.
(Чунон ки шайтонҳо барои мушрикон зиннат доданд, ки аз зироат ва чорпоён насибаеро барои Аллоҳ ва барои шариконашон қарор диҳанд,) ҳамчунин (шайтонҳо) куштани фарзандро аз тарси камбағалӣ дар назари бисёре аз мушрикон биёростанд, то ҳалокашон кунанд ва дар бораи динашон ба шакку иштибоҳашон андозанд. Пас гумроҳ ва ҳалок гарданд. Агар Аллоҳ мехост, чунин намекарданд. (Лекин Аллоҳ ба донистанаш ба бадии ҳолашон ва оқибаташон бар гумроҳӣ тақдирашон кард. Пас бо дурӯғе, ки мебофанд), онҳоро гузор (эй Расул)! Ба зудӣ Аллоҳ байни ту ва онҳо ҳукм хоҳад кард. (1)