السيد
كلمة (السيد) في اللغة صيغة مبالغة من السيادة أو السُّؤْدَد،...
158.
Оё онон, ки аз ҳақ рӯй гардонданд ва дигаронро аз ҳақ боздоштанд, интизори он доранд, ки фариштаи марг бо ёронаш барои қабзи рӯҳашон наздашон биёянд? Ё Парвардигорат барои ҷудо кардани байни бандагон некӯкорро аз бадкор наздашон биёяд? «Ё нишонае аз нишонаҳои Аллоҳ ба наздик омадани рӯзи қиёмат бар онҳо зоҳир шавад? Рӯзе, ки баъзе нишонаҳои Аллоҳ ошкор шавад, имони касе, ки пеш аз он имон наёварда ё дар вақти имон доштанаш кори неке анҷом надодааст, барои ӯ фоидае нахоҳад дошт. Бигӯ (эй Расул барояшон): «Мунтазир бошед, ҳамоно мо низ мунтазирем, он рӯзро, то бидонед, ки кадоми яке аз мо ба осоиш сазовортар аст».(1)