Сӯҳбати мо дар бораи чаҳорумин ва охирин халифаҳои рошидин ва яке аз даҳнафараи башорат додашуда ба ҷаннат ва аввалин мусалмон аз хурдсолон ва наздиктарини насаб ба паёмбар (с) аз халифаҳои рошидин буд ва домоди паёмбар (с) шавҳари ҳазрати Фотима, (р) Абулҳасан Алӣ ибни Абутолиб (р) мебошад. Ҳазрати Алӣ (р) дар миёни саҳобаҳо яке аз уламои машҳуру ботақво ва дар майдони ҷанг яке аз қаҳрамонону далерони майдон ба ҳисоб мерафт. Ӯ парчамбардори рӯзи хайбар буд ва шамшераш ҳамавақт барои одоб додани душманони ислом ва гирифтани ҳаққи заъифон омода буд.
التفاصيل
Алӣ ибни Абутолиб (р) Алӣ ибни Абутолиб Дар тарбияти Паёмбар (с) Ислом овардани ҳазрати Алӣ (р) Ҷонфидоии ҳазрати Алӣ (р) ба хотири паёмбар (с) Адои амонат Ҷангҳое, ки ҳазрати Алӣ иштирок карда буд Оё паёмбар (с) васият карда буд, ки ҳазрати Алӣ (р) баъд аз ӯ халифа шавад? Назари ҳазрати Алӣ (р) аз халифаҳои пеш аз худаш Фазилатҳои ҳазрати Алӣ (р) Баъзе ҳадисҳое, ки дар фазли ҳазрати Алӣ (р) омадаанд Ҳадиси сеюм: Манзалати Алӣ (р) Мадҳу санои саҳоба ва уламо бар ҳазрати Алӣ (р) Зоҳидӣ ва хоксории ҳазрати Алӣ (р) Адолати ҳазрати Алӣ (р) Васфи Зирор ибни Замра ҳазрати Алӣро Шаҳид кардани ҳазрати Алӣ (р) Алӣ ибни Абутолиб (р)Одили Шиддӣ Аҳмади МазидМутарҷим: Мисбоҳиддини Ҳомид «Оё намехоҳӣ ки манзилати ту дар наздӣ ман ҳамонанди манзилати Ҳорун дар назди Мӯсо бошад магар ин ки баъди ман Паёмбаре нест» Алӣ ибни Абутолиб(р)ПешгуфторБа номи Худованди бахшандаи меҳрубонҲамду сано Худованди бузургро ва салавоту салом бар беҳтарини паёмбарон Муҳаммад (с) ва аҳли байту асҳобаш. Сӯҳбати мо дар бораи чаҳорумин ва охирин халифаҳои рошидин ва яке аз даҳнафараи башорат додашуда ба ҷаннат ва аввалин мусалмон аз хурдсолон ва наздиктарини насаб ба паёмбар (с) аз халифаҳои рошидин буд ва домоди паёмбар (с) шавҳари ҳазрати Фотима, (р) Абулҳасан Алӣ ибни Абутолиб (р) мебошад.Ҳазрати Алӣ (р) дар миёни саҳобаҳо яке аз уламои машҳуру ботақво ва дар майдони ҷанг яке аз қаҳрамонону далерони майдон ба ҳисоб мерафт.Ӯ парчамбардори рӯзи хайбар буд ва шамшераш ҳамавақт барои одоб додани душманони ислом ва гирифтани ҳаққи заъифон омода буд. Дар тарбияти Паёмбар (с)Ҳазрати Алӣ (р) дар хонаи Паёмбар (с) тарбият ёфта буд, пеш аз биъсати паёмбар (с) дохили хонаи ӯ шуда буд ва то охири умри паёмбар (с) дар тарбияти ӯ буд.Аз ибни Исҳоқ аз Муҷоҳид ибни Ҷибр ривоят шудааст, ки гуфт: «Яке аз неъматҳои Худованд бар ҳазрати Алӣ (р) ин буд, ки қабилаи Қурайш ба мушкилоти қаҳти дучор шуда буданд ва Абутолиб, падари ҳазрати Алӣ фарзандони зиёде дошт. Паём-бар (с) ба амакаш Аббос (р), ки сарватмантарини бани Ҳошим буд, пешниҳод кард, ки дасти кумак ба Абутолиб дароз кунанду ҳар бародараш як фарзанди ӯро ба кафолати худ дарорад. Аббос (р) ин пешниҳо-ди паёмбарро пазируфту ба назди Абутолиб рафтанд ва ба ӯ ин пешниҳодро (кӯмакро) иброз доштанд. Абутолиб ин пешниҳодро қабул карду ба онҳо гуфт: «Барои ман аз фарзандонам Ақилро бигузореду сипас ҳар чиро ки маслиҳат медонед, бикунед».Паёмбар (с) аз фарзандони Абутолиб ҳазрати Алиро ба кафолату тарбияти худ дароварду ҳазрати Аббос (р) Ҷаъфарро, вақте ки паёмбар (с) аз ҷониби Худо-ванд ба Паёмбарӣ ихтиёр шуд, ҳазрати Алӣ (р) аз хурдсолон аввалин шуда исломро қабул кард. *** Ислом овардани ҳазрати Алӣ (р)Ҳазрати Алӣ (р) мегӯяд: «Паёмбар (с) рӯзи душанбе ба паёмбарӣ фиристода шуд ва ман рӯзи чаҳоршанбе имон овардам».Ӯ аввалин мусалмон аз хурдсолон буд, вақте ки имон овард, ҳаштсола буд.Ба сабаби хурдсолияш ва тарбият диданаш дар хонаи Паёмбар (с) беҳтарин ва олитарин ахлоқро аз худ карда буд, дар тӯли умраш, ба буте саҷда накарда буд ва арақ нанӯшида буд, ҳатто роҳи майхонаро ҳам намедонист.*** Ҷонфидоии ҳазрати Алӣ (р) ба хотири паёмбар (с)Паёмбар (с) мехост, ки ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат кунад ва мушрикони Макка бошанд, ҳама иттифоқ карда буданд, ки дар вақти хобаш ҳама бо як зарба бо шамшерҳояшон бояд паёмбарро бикушанд. Мушрикони Макка бо шамшерҳои аз ғилоф берун, пушти дарвоза интизори дохил шудану куштани паёмбарро доштанд.Аммо ҳазрати Алӣ (р) бошад, ҷонашро фидои паём-бар (с) карда, дар бистари паёмбар (с) хобид, то ки ҳар нохушие меояд, бигузор бар сари ӯ биёяду паёмбар (с) солим аз миёни онҳо баромада, ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат кунад.Чи хушо ба ҳоли касе, ки ҷонашро фидои беҳтарини халқ дар назди Худо кунад.*** Адои амонатВақте ки паёмбар (с) ба сӯи Мадина ҳиҷрат кард, ҳазрати Алиро амр кард, ки муддате дар Макка бимонаду амонатҳои мардум, ки назди паёмбар (с) буданд, ба соҳибонаш баргардонад ва сипас ба Мадина биёяд. Агарчи ин кор хеле хатари бузург дошт, ҳазрати Алӣ (р) беягон мамонеъату тардид иҷро кард.*** Ҷангҳое, ки ҳазрати Алӣ иштирок карда будҲазрати Алӣ (р) дар ҷанги Бадр иштирок карда буд ва яке аз қаҳрамонони он ҷанг шинохта мешуд.Дар ҷанги Уҳуд дар тарафи рости лашкар буд, баъди Мусъаб ибни Умайр байрақи ислом дар дасти ӯ буд.Дар ҷанги Хандақ ҳам иштирок карда буд ва дар он ҷанг яке аз паҳлавонон ва қаҳрамонони мушрикон Амр ибни Вудди Омириро ба қатл расонида буд.Дар Ҳудайбия ва байъати Ризвон низ иштирок карда буд.Яке аз қаҳрамонони ҷанги Ҳайбар буд. Дар ин ҷанг қаҳрамониҳои зиёде нишон дод, то ки Худованд бо дасти ӯ мусулмононро дар ин ҷанг пирӯз гардонд.Дар Умратулқазо (умраи қазо шуда) иштирок карда буд. Паёмбар (с) дар он ҷо ба ҳазрати Алӣ (р) гуфт: «Ту аз ман ҳастӣ ва ман аз ту ҳастам». (Ривояти Бухорӣ)Инчунин дар фатҳи Ҳунайну Тоиф низ иштирок карда, дар он ҷойҳо қаҳрамониҳои зиёде нишон дода буд.Паёмбар (с) ӯро бо ҳамроҳии Холид ибни Валид (р) ба сӯи Яман ҳамчун амир ва ҳоким равон карда буд, сипас вақти ҳаҷҷатулвадоъ, нияти ҳаҷ карда ба Макка омад ва ҳамроҳи паёмбар (с) якҷоя ҳаҷ карданду қурбонӣ карданд.*** Оё паёмбар (с) васият карда буд, ки ҳазрати Алӣ (р) баъд аз ӯ халифа шавад?Чун паёмбар (с) мариз шуд, ҳазрати Аббос (р) ба ҳазрати Алӣ (р) гуфт: «Бирав аз паёмбар (с) бипурс, халифаи ӯ кист?» Ҳазрати Алӣ (р) гуфт: «Валлоҳи намепурсам, чунки агар халифагиро барои мо манъ кунад, пас мардум дигар онро барои мо намедиҳанд».Ҳадисҳои саҳеҳу сареҳу возеҳ зиёд аст, ки паёмбар (с) касеро бо таври ошкор халифа ё васият накарда буд, ки баъд аз сараш халифа шавад, балки ишораи хафи (ғайри сариҳ ё ошкор) ва мафҳуме ба сӯи Абубакр (р) карда буд, он ҳам ин буд, ки ӯро дар зиндагияш дар намоз пеш даровард, то ки мардум бифаҳманд, ки ҷонишини ӯ чуноне ки дар умури дини Абубакр (р) аст, ҳамин хел дар умури дуняви низ бояд Абубакр (р) бошад.Аммо он ривоятҳое, ки ҷоҳилону дурӯғгӯён бофандагон мекунанд, ки гӯё паёмбар (с) васият карда бошад, ки ҳазрати Алӣ (р) бояд баъд аз ӯ халифа шавад, инҳо ҳама ифтироҳову дурӯғҳои бофташуда мебошанд. Чунки агар ҳамаи ин ривоятҳо рост бошанд, пас гӯё саҳобаҳои паёмбар (с) хиёнат карда ва васияти паёмбарро ба ҷо наоварда бошанду дигар касро ба ҷои ҳазрати Алӣ (р) халифа интихоб карда бошанд. Ҳамаи ин хиёнатҳо ҳам ба фоидаи кӣ? Ба фоидаи ҳеҷ кас ва ин ҳеҷ маъное надорад!Ҳар як муъмине, ки ба Худову Расулаш имон дораду дар ҳақ будани дини ислом шак надорад, бе ягон шаку шубҳа мефаҳмад, ки ҳамаи ин ривоятҳо бардурӯғ ҳастанд ва саҳобаҳои паёмбар (с) беҳтарини халқ баъд аз паёмбарон мебошанд ва асри сипаркар-даи онҳо беҳтарини асри ин уммат аст.Мувофиқи гуфтаҳои Қуръону паёмбару иҷмоъи сала-фу халаф тамоми саҳобаҳои паёмбар (с) дар расони-дани дин ба мардумони баъдияшон ягон кӯтоҳӣ ё хиёнате накардаанд. («Ал-бидоя ва-н-ниҳоя», 7\236)Инчунин ҳар касе ки даъво мекунад, ки паёмбар (с) васият карда буд, ки Алӣ (р) баъд аз ӯ халифа шаваду боз ҳазрати Алӣ (р) халифагиро талаб накард, балки ба халифаҳои пеш аз худаш ҳамчун вазир шуду боз онҳоро зан доду аз онҳо зан гирифт. Ин як таъна ва як иттиҳоми бузурге дар шаъни ҳазрати Алӣ (р) аст, чунки ин кор маънои онро дорад, ки гӯё ҳазрати Алӣ (р) ҳақро медонисту лекин сукут кард.Аммо мо аҳли суннат бошем, ҳаргиз чунин таънаро дар шаъни ҳазрати Алӣ (р) ҷоиз намедонем, балки ҳазрати Алӣ (р) дар назди мо ҳамчун як қаҳрамону далере буд, ки ба хотири баёни ҳақиқат аз касе тарсу ҳаросе надошт ва ба хотири изҳори ҳақ хотири касеро ҳам намедид.*** Назари ҳазрати Алӣ (р) аз халифаҳои пеш аз худаш Вақте ки паёмбар (с) аз дунё гузашт, ҳазрати Алӣ (р) аз ҷумлаи касоне буд, ки паёмбарро шустушӯй кардаанду кафан карда, ба хок супориданд... Вақте, ки ҳазрати Абубакрро рӯзи Сақифа ба халифагӣ байъат карданд, ҳазрати Алӣ (р) ӯро мисли дигарон байъат кард, ва тоати ӯро воҷиб донист.Вақте ки Абубакр (р) аз дунё гузашт ва ҳазрати Умарро ба халифагии баъд аз худаш таъин кард, дар ин ҷо низ ҳазрати Алӣ (р) бе ягон мамониат ба ҳазрати Умар (р) даст доду байъат кард, ва ҳазрати Алӣ (р) аз ҷумлаи касоне буд, ки ҳазрати Умар (р) доимо аз ӯ машварат мегирифт.Ва дар ривояти дигар омадааст, ки ҳазрати Алӣ (р) дар замони хилофати ҳазрати Умар (р) қозӣ буд ва дар сафараш ба сӯи Шом ӯро ҳазрати Алӣ (р) ҳамроҳӣ карда буд ва шоҳиди хутбаи ҳазрати Умар (р) дар Ҷобия буд.Инчунин, баъд аз он ки ҳазрати Умар (р) аз ҷониби Абулӯълӯъи маҷусӣ захмдори шадид гашт, ҳазрати Алиро аз ҷумлаи шаш нафаре, ки бояд яке аз онҳо халифа мешуданд, таъин карда буд. Сипас аз ин шаш нафар ҳазрати Усмон (р) халифа таъин шуд, ҳазрати Алӣ (р) бо ҷону дил ба ӯ дасти байъат доду тоати ӯро воҷиб донист.Вақте ки ҳазрати Усмон (р) шаҳид шуд, мардум ҳама ба ҳазрати Алӣ (р) рӯй оварданду хостанд, ки ба ӯ байъат кунанд, лекин ҳазрати Алӣ (р) розӣ нашуд, вақте ки мардум исрор варзиданд, ҳазрати Алӣ (р) аз онҳо пинҳон шуду дар боғи Амр ибни Мабдул даромада, дарро аз дохил баст. Мардум бошанд ӯро таъқиб карда, омада дари ӯро зада, аз ӯ талаб карданд, ки берун ояд ва халифаи мусалмонон шавад. Ҳазрати Алӣ (р) қабул накард, то ки Талҳаву Зубайр-ро ҳамроҳи худ оварданд ва ба ҳазрати Алӣ (р) боисрор гуфтанд, ки ин ҳеҷ гоҳ мумкин нест, ки мардум бидуни халифа зиндагӣ кунанд, хулоса баъди исрорварзиҳо ҳазрати Алӣ (р) даст дод ва ӯро ба халифагӣ байъат карданд.*** Фазилатҳои ҳазрати Алӣ (р)Ҳазрати Алӣ (р) соҳиби фазилатҳо ва маноқиби зиёде аст, ҳатто ки имом Аҳмад ибни Ҳанбал мегӯяд: «Он чи ки дар фазилати ҳазрати Алӣ (р) омадааст, дар ғайри ӯ наомадааст ва ин ҳам далолат бар муҳаббати аҳли суннат ва ҷамоат ба ҳазрати Алӣ (р) ва аҳли байти паёмбар (с) мекунад, чунки ҳамаи ин ҳадисҳо ва ривоятҳоро аҳли суннат ва ҷамоат ривоят карданд ва то имрӯз беягон каму зиёду нуқсон онҳоро ҳифз карда ва чизе аз онро пинҳон накарда, ба дигарон расониданд.Имоми Аъзам, имом Абуҳанифа раҳматуллоҳи алайҳ дар "Фиқҳи акбар" чунин мегӯяд:Афзалтарини инсонҳо баъди паёмбарон Абубакри Сиддиқ мебошад, сипас Умари Форуқ ва сипас Усмон ибни Аффон ва сипас Алии Муртазо.Тартиби фазилати онҳо айнан чи гунае ки тартибашон дар хилофат аст, ҳамон хел мебошад. Аввал Абубакр, сипас Умар, сипас Усмон, сипас Алӣ.Яке аз уламои бузурги ислом Абулаббос мефармояд:"من طعن في خلافة أحد من هؤلاء, فهو أضل من حمار أهله"«Касе ба хилофати якеи онҳо таъна занад, пас ӯ гумроҳтар аз хари хонааш аст».Ба хилофати онҳо таъна задан мисли ин аст ки, агар бигӯянд ки Абубакр ба халифагӣ сазовор нест ё ин ки бояд фалонӣ ба ҷои Ӯ халифа мешуд ва ба монанди ин суханҳо таъна ба хилофати онҳо аст.Худованд аз ҳамаи онҳо розӣ шавад.*** Баъзе ҳадисҳое, ки дар фазли ҳазрати Алӣ (р) омадаандҲадиси якум: «Алӣ аз аҳли ҷаннат аст».Паёмбар (с) фармуд: «Абубакр ҷаннати аст, Умар ҷаннати аст, Усмон ҷаннати аст, Алӣ ҷаннати аст…» (Ривояти имом Аҳмад ва Тирмизӣ, ҳадиси саҳеҳ)Ҳадиси дуввум:Аз ҳазрати Алӣ (р) ривоят аст, ки гуфт: «Қасам ба он Худое, ки донаро рӯёнд ва руҳро офарид. Паёмбар (с) ба ман ъаҳд кард, ки дӯст намедорад маро, магар мӯъмин ва бад намебинад маро магар мунофиқ». (Ривояти Муслим) Ҳадиси сеюм: Манзалати Алӣ (р) Аз Саъд ибни Абуваққос (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) ҳазрати Алиро дар Мадина волӣ монду бо саҳобаҳо, ба ҷанги Табук рафт, ҳазрати Алӣ (р) гуфт: «Эй Расули Худо, оё манро ҳамроҳи занҳову кӯдакон мегузорӣ?» Паёмбар (с) гуфт: «Оё намехоҳӣ, ки манзилати ту дар назди ман ҳамонанди манзилати Ҳорун дар назди Мӯсо бошад? Магар ин ки баъди ман паёмбаре нест». (Муттафақун алайҳ)Ҳадиси чаҳорум:Аз Саъд ибни Абуваққос (р) ривоят аст, ки гуфт: вақте ки ин оят нозил шуд:ﭽفَقُلۡ تَعَالَوۡاْ نَدۡعُ أَبۡنَآءَنَا وَأَبۡنَآءَكُمۡ وَنِسَآءَنَا وَنِسَآءَكُمۡ وَأَنفُسَنَا وَأَنفُسَكُمۡ ٦١ﭼ [آل عمران: ٦١]«Пас бигӯ биёед то бихонем фарзандони худро ва фарзандони шуморо ва занони худро ва занони шуморо ва шахсиятҳои худро ва шуморо…»(Сураи Оли Умрон, ояти 61)Паёмбар (с) ҳазрати Алӣ ва Фотимаву Ҳасану Ҳусейн-ро ба наздаш хонду гуфт: «Парвардигоро, инҳо ҳастанд аҳли ман». (Ривояти Муслим)Ҳадиси панҷум:Аз Саҳл ибни Саъд (р) ривоят аст, ки рӯзи Хайбар, паёмбар (с) гуфт: «Фардо байрақро ба касе меди-ҳам, ки Худованд бо дастӣ ӯ пирӯзи меорад ва ӯ Худову расулашро дӯст медорад ва Худову расу-лаш ӯро дӯст медоранд». Мардум тамоми он шаб дар ин бора гуфтугӯ мекарданду бесаброна интизор буданд, ки он шахс ки бошад. Вақте ки субҳ дамид, ҳама ба назди паёмбар (с) рафтанд ва ҳар яки аз онҳо хоҳиш мекарданд, ки байрақро ба онҳо бидиҳад. Па-ёмбар (с) гуфт: «Алӣ дар куҷост?» Гуфтанд: «Чашмонаш дард мекунанд». Гуфт: «Ӯро ба назди ман бихонед». Вақте ки ба назди паёмбар (с) омад, паёмбар (с) аз оби даҳонаш ба чашмони ӯ молид ва дуо кард. Чашмонаш чунон ӯ шифо ёфтанд, ки гӯё маризиеро надида буданд. Сипас байрақро ба дасти ӯ дод ва Худованд ба дасти ҳазрати Алӣ (р) мусулмононро пирӯз гардонд».(Муттафақун алайҳ)Ҳадиси шашум:Аз ҳазрати Алӣ (р) ривоят аст, ки гуфт: «Вақте ки паёмбар (с) маро ба сӯи Яман ҳамчун амир равон кард, ба ӯ гуфтам: «Эй Расули Худо, шумо маро ба сӯи қавме равон мекунед, ки онҳо аз ман калонсоланд. Ман чӣ гуна миёни онҳо ҳукм кунам?» Паёмбар (с) гуфт: «Бирав эй Алӣ, Худованд ҳақро дар забонат устувор мегардонад ва дилатро ҳидоят мекунад». (Ривояти имом Аҳмад ва Насои дар «Хасоис»)Ҳадиси ҳафтум:Аз Бароъ ибни Ъозиб (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) ба Алӣ (р) гуфт: «Ту аз ман ҳастӣ ва ман аз ту ҳастам». (Ривояти Бухорӣ)Аз Ҳабаш ибни Ҷанода (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) гуфт: «Алӣ аз ман аст ва ман аз Алӣ ҳастам, касе кореро накунад ба ҷои ман, магар ман ё Алӣ». (Ривояти имом Аҳмад ва Тирмизӣ)*** Мадҳу санои саҳоба ва уламо бар ҳазрати Алӣ (р)Ҳазрати Умар (р) гуфт: «Алӣ дар қазоват аз беҳта-рини мост».Ибни Аббос (р) мегӯяд: «Агар муътамаде барои мо фатвои Алиро нақл кунад, мо ҳаргиз ӯро намегу-зорему дунболи дигар фатвоҳо гардем».Ибни Саъд аз Саъид ибни Мусаяб ривоят мекунад, ки гуфт: «Касе аз саҳобаҳо намегуфт аз ман бипурсед, магар Алӣ (р)».Ибни Масъуд (р) мегӯяд: «Олимтарин шахс дар фароиз ва қозитарини мардуми Мадина Алӣ (р) буд».Аз ҳазрати Оиша, модари мӯъминон (р) ривоят аст, ки гуфт: «Касе олимтар ба суннати паёмбар (с) мисли Алӣ боқӣ намондааст».Масруқ мегӯяд: «Умару Аливу ибни Масъуд (р) илми тамоми саҳобаро доранд».Ҳазрати Умар (р) мегӯяд: «Барои Алӣ се хислате дода шудааст, ки агар яке аз онҳо барои ман дода мешуд, бароям маҳбубтар аз шутури сурх (ҳумри наъам) буд. Аз ӯ пурсиданд, кадомҳо ҳастанд он хислатҳо? Гуфт: «Паёмбар (с) ба ӯ духтарашро дод ва ӯро дар масҷид иҷозаи сукунат дод ва байрақро рӯзи Ҳайбар ба ӯ дод».Ҳазрати Алӣ (р) мегӯяд: «Ба Худо қасам, ояте нозил нашудааст, ки ман надонам, барои чӣ нозил шудааст ва дар куҷо нозил шудааст ва барои ки нозил шудааст. Худованд барои ман дили дорои ақли расо ва забони буррое арзонӣ доштааст».*** Зоҳидӣ ва хоксории ҳазрати Алӣ (р)Ҳазрати Алӣ (р) байтулмолро мерӯфту дар он ҷо намоз мехонд, ба умеде, ки рӯзи қиёмат шоҳиди би-диҳад, ки молеро аз мусулмонон пинҳон накардааст.Вақте ки ҳазрати Алӣ (р) зимоми хилофатро ба даст гирифт, зоҳидиву хоксорияшро тамоман аз даст на-дода, қабул накард, ки дар қасри хилофат бишинад, балки ӯро пушти сар карда мерафту мегуфт: «Ман дар ин қасрӣ Хибол сукунат намекунам».Ҷурмуз мегӯяд: «Алиро дидам, ки ду либоси қатарӣ ба тан дошт. Яке куртаи хашину шох ва эзори аз зону каме поёнтар ва ридои сараш низ шол бофтаву кӯтоҳе буд ва дар даст тозиёнае дошт. Дар бозорҳо мегашту мардумро ба тарси Худо амр мекарду онҳоро насиҳат мекард, ки муомилаи хуб кунанду ҳамдигарро дар хариду фурӯш фиреб надиҳанд». (Табсира, 1/444)*** Адолати ҳазрати Алӣ (р) Ҳазрати Алӣ (р) дар Сифин сипарашро гум кард. Баъд аз чанд муддате ӯро дар дасти яҳудие пайдо кард. Ҳазрати Алӣ (р) сипарашро аз ӯ талаб кард, яҳуди бошад, даъво кард, ки сипар аз ӯст. Ҳазрати Алӣ (р) яҳудиро ба назди қозӣ Шурайҳ бурд, қозӣ Шурайҳ аз ҳазрати Алӣ (р) талаб кард, ки шоҳид биёрад, ки сипар аз ӯст. Ӯ барои шоҳидӣ ғуломашро бо ҳамроҳии фарзандаш ҳазрати Ҳасан (р) овард. Қозӣ Шурайҳ гуфт: «Шоҳидии фарзанд дар ҳаққи падар ҷоиз нест, барои ҳамин ҳукми ман ин аст, ки сипар аз они яҳуди аст». Яҳуди вақте ин ҳукми одилонаро мушоҳида кард, дар ҳайрат монду гуфт: «Амирулмӯъминин манро ба назди қозияш бурд, аммо қозияш ба фоидаи ман ҳукм кард! Шаҳодат медиҳам ки Худо якка ва ягона аст ва Муҳаммад паёмбари ӯст».Сипас ба ҳазрати Алӣ (р) гуфт: «Эй амирулмӯъми-нин, ин сипар сипари шумост, ҳазрати Алӣ (р) сипарашро ба ӯ бахшид».*** Васфи Зирор ибни Замра ҳазрати АлӣроҲазрати Муъовия (р) аз Зирор ибни Замра талаб кард, ки ҳазрати Алӣро дар наздаш васф кунад. Зирор гуфт: «Маро бубахшед, эй Муъовия». Ҳазрати Муъовия гуфт: «Туро ба Худо қасам медиҳам, Алиро барои ман васф кун». Зирор гуфт: «Ба Худо қасам, ки Алӣ бисёр марди дурандешу қавие буд, одилона ҳукм мекард, чашмаи илм буд, суханони бо ҳикмат мегуфт, аз дунёву кайфу сафояш ҳамеша дар гурез буд, ҳамеша шабзиндадор буд, ба Худо қасам, ки ҳамеша аз тарси Худо оби дидааш мерехт, либоси дӯстдоштааш либосҳои хашину кӯтоҳ буд ва таъоми дӯстдоштааш таъоми хушку хашин буд.Дар миёни мо мисли мо буд, худро аз ҳеҷ кас боло намедонист. Вақте ки аз ӯ суол мекардем ҷавобамон медод, вақте ки ӯро даъват мекардем, даъвати моро мепазируфт ва ба Худо қасам, ки бо вуҷуди ин ки ӯ яке аз мо буд, аз ҳайбаташ метарсидем, ки бо ӯ сухан гӯем.Ва ман шаҳодат медиҳам, ки ман ӯро гоҳо медидам, ки дар нимашабҳои торику беситора, аз ришаш мегирифту, чунон гиряву нолиш мекард, ки фикр мекардӣ, ки аз дарди неши хазандае гиря мекунад ва мегуфт: «Эй дунё, маро бигузор, бирав дигар касро мағрури худ кун, эй дунё, оё ту худатро барои ман зиннат медиҳӣ? Мехоҳӣ манро мағрур кунӣ? Ҳайҳоту ҳайҳот, ки ман туро се талоқи бебозгашт кардам, умри ту кӯтоҳ аст ва хатарат бузург аст, оҳ, оҳ, ки сафар дароз асту роҳ пурхатар аст ва тӯшаи роҳ кам аст».Ҳазрати Муъовия (р) вақте ки ин васфҳоро аз Зирор шунид, гиря карду гуфт: «Худованд раҳмат кунад Абулҳасанро, ба Худо қасам, ки чунин буд. (Савоъиқи муҳриқа, 2/ 375, 384)*** Шаҳид кардани ҳазрати Алӣ (р) Чун ихтилоф миёни ҳазрати Муъовия (р) ва ҳазрати Алӣ (р) бисёр тӯл кашид, се нафар аз хавориҷ иттифоқ карданд, ки бояд ҳазрати Алӣ ва Муъовияву Амр ибни Ъосро бикушанд.Масъули куштани ҳазрати Алӣ (р) Абдураҳмон ибни Мулҷам бо ёрии Шабиб ибни Ъаҷра буданд.Дар шаби ҷумъаи ҳабдаҳуми моҳи рамазони соли чиҳилуми ҳиҷрӣ ҳазрати Алӣ (р) аз хобаш бедор шуд, дар ин вақт азонгу омаду гуфт: «Вақти намоз шудааст, эй амирулмӯъминин, ҳазрати Алӣ (р) аз хона баромаду нидо кард: «Эй мардум, вақти намоз шуд, эй мардум, вақти намоз шуд». Дар ин ҳангом, ин ду хабиси лаънати, ки пинҳон шуда буданд, Шабиб ӯро ба сӯи худаш кашиду бо шамшераш зарбае зад, лекин шамшераш ба дари хона хӯрд. Шабиб вақте дид, ки ба мақсадаш нарасид, гурехта ба хонае дохил шуд, лекин марде аз бани Умайя (аз қабилаи ҳазрати Муъовия) (р) ӯро дастгир карду кушт, сипас Абдураҳмон ибни Мулҷам бо шамше-раш зарба зад. Шамшери ӯ ба чеҳраи ҳазрати Алӣ (р) хурда, устухони сарашро шикаста, ба димоғаш (мағзи сараш) расид. Абдураҳмон ибни Мулҷам роҳи гурез-ро пеш гирифт, лекин мардум ӯро аз ҳар тараф муҳосира карда, дастгир карданд ва ӯро ба назди ҳазрати Алӣ (р) оварданд. Ҳазрати Алӣ (р) ба ӯ нигоҳ карду гуфт: «Агар ман аз дунё гузаштам, хун дар муқобили хун аст, ӯро бикушед, аммо агар зинда мондам, ба ӯ даст назанед, ман медонам бо ӯ чӣ кор кунам».Ҳазрати Алӣ (р) то шаби якшанбе зинда монд, сипас аз дунё гузашт, Худованд раҳматаш кунаду аз ӯ розӣ бошад.Ҳазрати Ҳасан (р) бошад, бо амри падараш ҳазрати Алӣ (р) ибни Мулҷами хабисро бо шамшер гардан зад.Худованд аз Алӣ (р) розӣ бошадПарвардигоро, мо шаҳодат медиҳем, ки ҳазрати Алиро ва инчунин ҳамаи халифаҳои рошидин ва тамоми саҳобагонро дӯст медорем.Парвардигоро, аз ҳамаи онҳо розӣ бош.Хонандагони азиз! Ин буд баъзе аз фазилатҳои чаҳор ёрони Паёмбар (с) пас ёрони паёмбарро бидонед ва ҳурмати онҳоро баҷо оред.Салавоту дуруд бар набии мо ва олу асҳобаш.***