الرءوف
كلمةُ (الرَّؤُوف) في اللغة صيغةُ مبالغة من (الرأفةِ)، وهي أرَقُّ...
37.
Ҳамоно ба таъхир андохтани мушрикон моҳҳои ҳаром ва тағйиру табдил додани ҷойҳои онҳо, як зиёдатиест дар куфр ки бо он кофирон гумроҳ гардонида мешаванд; он моҳро як сол ҳалол мешумурданд ва онро соли дигар ҳаром мешумурданд, то бо шумораи он чи ки Аллоҳ ҳаром сохтааст, мувофиқат кунанд. Пас, чизеро ҳалол созанд, ки Аллоҳ ҳаром сохтааст. Кирдорҳои бадашон барои онҳо ороста карда шудааст. Ва Аллоҳ қавми кофиронро ба сӯи ҳақ ҳидоят намекунад.(1)