الحفيظ
الحفظُ في اللغة هو مراعاةُ الشيء، والاعتناءُ به، و(الحفيظ) اسمٌ...
71. Барои куффори Макка қиссаи Нӯҳро бихон, он гоҳ ки ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, агар истодани ман дар миёни шумо ва ёдоварии оёти Аллоҳ бар шумо гарон меояд, ман бар Аллоҳ таваккал намудаам.
Пас, дар кори худ ҳамроҳи бутҳоятон азм кунед, чунон ки ягон чиз аз коре, ки мекунед, бар шумо пӯшида набошад (яъне, бемалол ва ошкоро якҷоя бо бутҳо кор гиред, ман парвое надорам) ва он чиро мехоҳед дар ҳаққи ман анҷом диҳед ва маро мӯхлат надиҳед!