الحفي
كلمةُ (الحَفِيِّ) في اللغة هي صفةٌ من الحفاوة، وهي الاهتمامُ...
Ва ҳамчунон [ки хобашон кардем] ононро [аз хоб] бедор намудем, то байни худ аз якдигар суол кунанд. Яке аз онон гуфт: «Чи муддат дар хоб мондед?» [Бақия] Гуфтанд: «Як рӯз ё бахше аз як рӯз». [Саранҷом] Гуфтанд: «Парвардигоратон донотар аст, ки чи қадар [дар ин ҳолат] мондаед.
Пас, [акнун] як нафар аз худатонро бо ин сикка[-ҳоя]-тон ба шаҳр бифиристед, то бубинад, кадом як аз [фурушандагони он ҷо косибӣ ва] ғизояш покизатар аст ва аз [назди] ӯ ғизое бароятон биёварад; ва бояд [дар рафтуомаду харид пинҳонкорӣ ва] зиракӣ намояд ва ҳеҷ касро аз [ҳоли] шумо огоҳ насозад