المولى
كلمة (المولى) في اللغة اسم مكان على وزن (مَفْعَل) أي محل الولاية...
[Ҳамон] Касоне, ки ба ноҳақ аз диёрашон ронда шуданд, [ва гуноҳе надоштанд] ҷуз ин ки мегуфтанд: «Парвардигори мо Аллоҳ таоло аст».
Ва агар Аллоҳ таоло [зулму куфри] бархе аз мардумро ба василаи бархе дигар дафъ намекард, савмааҳо[-и роҳибон] ва маобид [-и масеҳиён] ва ибодатгоҳҳо [-и яҳудиён] ва масоҷиде, ки номи Аллоҳ таоло дар онон бисёр бурда мешавад, ҳатман, вайрон мегардид. Ва Аллоҳ таоло касеро, ки [дини] Ӯро ёрӣ диҳад, яқинан, ёрӣ мекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло қудратманди шикастнопазир аст