الحفي
كلمةُ (الحَفِيِّ) في اللغة هي صفةٌ من الحفاوة، وهي الاهتمامُ...
40.
Онҳое, ки ба ноҳақ аз диёрашон ронда шудаанд, гуноҳашон танҳо ин буд, ки мегуфтанд: «Парвардигори мо Аллоҳи яктост?» Ва агар Аллоҳ баъзе аз мардумро ба василаи баъзе дигар дафъ намекард, бегумон хилватхонаҳои роҳибон(1) ва ибодатхонаҳои насоро ва яҳуд ва масоҷиди мусалмонон, ки дар онҳо номи Аллоҳ бисёр ёд карда мешавад, вайрон мегардид. Ва албатта, Аллоҳ ёрӣ мекунад касеро, ки дини Ӯро ёрӣ медиҳад. Бегумон Аллоҳ тавонову пирӯзманд аст бар ҳамаи халоиқ ва ғолиб аст ва ҳама дар ихтиёри Ӯянд.(2)