الصمد
كلمة (الصمد) في اللغة صفة من الفعل (صَمَدَ يصمُدُ) والمصدر منها:...
Ва он гоҳ ки [дар оғози ҷанги Уҳуд] ба фармони Ӯ онон [кофирон]-ро мекуштед, ба ростӣ, Аллоҳ таоло ваъдаи худро ба шумо таҳаққуқ бахшид, то [тарсидед ва дар ҳифзи мавқеияти худ] суст шудед ва дар кор [-и ҷангу ҷамъоварии ғанимат] бо якдигар ба низоъ пардохтед; ва пас аз он ки [Аллоҳ таоло] он чиро дӯст медоштед [пирӯзӣ], ба шумо нишон дод, [аз дастури паёмбар] сарпечӣ кардед; бархе аз шумо хоҳони дунё буданд ва бархе хоҳони охират.
Сипас [Аллоҳ таоло] барои он ки шуморо биёзмояд, аз [таъқиби] онон мунсарифатон кард [ва пирӯзиятон ба шикаст анҷомид] ва [чун аз гуноҳ ва кӯтоҳии худ дар нофармонӣ аз расул пушаймон шудед] аз шумо даргузашт; ва Аллоҳ таоло нисбат ба муъминон бахшиш [-и бисёр] дорад